Главная / Илм / КОЙТЕЗАК

КОЙТЕЗАК

koytezakКОЙТЕЗАК, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Шуғнон. Дар соҳили чапи д. Суули- Тогаркаки воқеъ гаштааст. Баландиаш аз с. б. 3960 м. Мавзеи К. шибарзамин аст. Оби чашма ба воситаи 3 пармачоҳ мебарояд. Дебиташ – 1,5 – 4,0 л/сон., ҳарор. обаш +23 – +330С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (72,0 мг/л), анионҳои гидрокарбонатҳо ва сулфатҳо (182 мг/л), кислотаи силитсий (77,0 мг/л), фтор (12,0 мг/л), радон (3,4 нКи/л), ҳамчунин бор, руҳ, литий, мис, никел мавҷуданд. Оби чашма гази нитроген дорад. Барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, узвҳои такягоҳ ва системаи асаб, бемориҳои узвҳои ҷинсӣ, ғадудҳои дохилӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода мешавад. Оби чашмаро менӯшанд, барои қабули обзан (ванна) кор мефармоянд.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …