Главная / Илм / КОЙЛОНИХИЯ

КОЙЛОНИХИЯ

koylonihiyaКОЙЛОНИХИЯ, як навъ бемории нохун; шакли махсуси ониходистрофия. Сабаби пайдоиши К. беҳад тунук будани нохун аст. Нохун бисёр вақт бинобар дар организм нарасидани оҳан, ҳангоми гемохроматоз, бемориҳои сироятии бардавом, таъсири мунтазами моддаҳои химиявӣ ба нохунҳо (сарукор доштан бо моддаҳои химиявӣ дар истеҳсолот ва рӯзгор, барои тоза кардани локи нохун кор фармудани моеъҳои дорои атсетон, истифодаи нохунҳои сунъӣ ва ғ.) тунук мешавад. Дар мавриди баъзе бемориҳо, мас., шукуфаи сурхи паҳн, псориаз ва онихомикоз низ нохунҳо мумкин аст тунук шуда, тарҳи асосии худро гум кунанд. К. бисёр сабабҳои диг. низ дорад (чунончи, беҳад дароз шудани онҳо, кӯтоҳ будани буғуми ангуштон ва ғ.).

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …