Главная / Маданият ва санъат / Қоидаи санитарию гигиенӣ ва тартиби қоидаҳои кор дар мошинаи дарздӯзӣ дастӣ

Қоидаи санитарию гигиенӣ ва тартиби қоидаҳои кор дар мошинаи дарздӯзӣ дастӣ

  1. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ва баланд бардоштани меҳнати истеҳсолӣ вақти кор бо мошинаи дарздӯзӣ тарзи нишаст роли муҳимро мебозад.
  2. Курсии назди мошинро муқобили риштаравнок аз канори он 15-20 см дуртар гузоштан лозим аст.
  3. Ҳангоми кор ба сатҳи пурраи курсӣ нишаста, тахтапушт ба пуштаки он, пойҳо ба сатҳи фашр ё тирак такя карда шавад. Танаро андак каҷ намуда, сарро ба пеш хам карда, нигоҳ бояд дошт. Ҳангоми нодуруст нишасти кори мӯътадили организм вайрон мешавад.
  4. Масофаи дӯзанда аз мошинаи дарздўзӣ ба масофаи 35-45 см дуртар аз чашм гузошта мешавад.
  5. Мошинаи дарздӯзӣ бояд назди тиреза тарзе гузошта шавад, ки равшанӣ аз тарафи чап афтад. Ба дуруст риоя накардани қоидаҳои нишаст дар назди мошинаи дарздӯзӣ ба чунин камбудиҳо оварда мерасонад:

Ба каҷшавии тахтапушт ва сутунмӯҳра, тезмондашавӣ ва касалиҳои органҳои дарунӣ оварда мерасонад. Барои он ки вақти кор кардан бо мошинаи дарздӯз ҳодисаҳои нохуш (маъюбшавӣ) рӯй надиҳанд, қоидаҳои зерини техникаи бехатариро риоя бояд кард.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …