Главная / Илм / ҚОДИРОВ Давронҷон Муҳаммадҷонович

ҚОДИРОВ Давронҷон Муҳаммадҷонович

nophoto-manҚОДИРОВ Давронҷон Муҳаммадҷонович (тав. 18. 11. 1950, ноҳ. Колхозободи вил. Хатлон), духтури ҷарроҳ, доктори илми тиб (1998). Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2004). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1973). Духтур-ҷарроҳи Беморхонаи клиникии ш. Душанбе (1973 – 76), аспирант (1976 – 79), ходими хурди илмӣ (1979 – 84), ходими калони илмӣ (1984 – 90) ва аз с. 1990 мудири шӯъбаи бемориҳои меъдаю рӯда ва ҷарроҳии шиками Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология. Дар мавзӯи «Холангиоскопия дар ташхиси маҷмӯии бемориҳои роҳҳои талхагузар» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Этиопатогенез ва ҷарроҳии стенозҳои захмии пилородуоденӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмист. Дар ҷаласаҳои Ассотсиатсияи ҷарроҳони ҶТ, симпозиумҳою конфронсҳои умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Рязан, Смоленск иштирок ва маърӯза кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ 3 наф. рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …