Главная / Биология / Коди генетикӣ

Коди генетикӣ

Миқдори зиёди аминокислотаҳо, ки тавассути эволютсия интихоб шудаанд, бо кислотаҳои нуклеинат синтез гардида, бо як пайдарҳамии муайян дар сафедаҳо ҷойгир мешаванд. Дар занҷири полипептидӣ ба ҳар як аминокислота комбинатсияи иборат аз се нуклеотид – триплет рост меояд. Масалан, ба аминокислотаи систеин триплети АСА, ба валин – САА, ба лизин – ТТТ ва ғайра.

kodi-geneteki

Ҳамин тариқ, якҷояшавии нуклеотидҳо ва пайиҳам ҷойгиршавии онҳо дар молекулаи КДН код мебошад, ки оид ба структураи сафеда хабар мерасонад. Код ҳамаи имконияти якҷояшавии се асоси нитрогениро (аз чор асоси нитрогенӣ) ворид менамояд. Чунин якҷояшавӣ мумкин 43 = 64 бошад ва дар навбати худ 20 аминокислотаро кодгирӣ мекунад. Дар натиҷа баъзе аминокислотаҳо бо якчанд триплетҳо кодгирӣ мешаванд. Ин ҳолат барои гузаронидани ахбори генетикӣ

аҳамияти калон дорад. Масалан, ба аминокислотаи аргинин мумкин аст триплетҳои ГСА, ГСТ, ГСС ва ғайра мувофиқӣ намоянд. Маълум аст, ки тағйироти тасодуфии нуклеотиди сеюм дар ин триплетҳо дар структураи сафедаи синтезшаванда инъикос намеёбад.

Дар ҳар молекулаи КДН, ки аз миллионҳо ҷуфти нуклеотидӣ иборат аст, ахбори пайдарҳамии аминокислотаҳо дар садҳо сафедаҳои гуногун сабт шудааст. Қисми молекулаи КДН, ки оид ба структураи як сафеда хабар мебарад, чӣ тавр аз дигар қисмҳо маҳдуд мегардад? Триплетҳое мавҷуданд, ки функсияашон ба вуқўъ омадани синтези силсилаи полинуклеотидӣ мебошад, ҳамчунин триплетҳое ҳастанд, ки онҳо ба синтез монеъ мешаванд. Яке аз хосиятҳои асосии код махсусияти он мебошад. Ҳеҷ гоҳ чунин ҳолат рўй намеди

Расми 3.11. Коди генетикӣ дар пайдарҳамии кодонҳои КДН:йцу

Фен – фенилалинин, Лей – лейсин, Илей – изолейсин,

Мет – метионин, Вал – валин, Тир – тирозин,

Гис – гистидин, Глн – кислотаи глутамин,

Лиз – лизин, Асп – аспарагин, Глу – глутамин,

Сис – систеин, Три – триптофан, Арг – аргенин,

Сер – серин, Гли – глитсин, Про- пролин,

Тре – треонин, Ала – аланин.

Ист – охири синтези сафедаи муайян

Код барои ҳамаи организмҳои зинда умумӣ аст ва ҳаргиз қатъ намегардад. Яъне, аминокислотаҳои кодгиришавандаи триплетҳо – кодонҳои КДН дар намуди ахбори триплетҳо (кодонҳо) – КРН-а ҳамеша яклухт расонда мешаванд. Барои синтез шудани сафеда, ахбор дар бораи пайиҳам ҷойгиршавии аминокислотаҳо дар структураи якумини он бояд ба рибосома расонда шавад. Ин раванд ду давра – транскрипсия ва транслятсияро дохил менамояд, ки оид ба онҳо дар боби оянда маълумот дода мешавад.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Кислотаҳои нуклеинат чист?
  2. Кадом пайвастагиҳои оддии органикӣ ҳамчун қисмҳои таркибии кислотаҳои нуклеинат хизмат менамоянд?
  1. Кадом хели кислотаҳои нуклеинатро медонед?
  2. Фарқи сохти молекулаи КДН ва КРН дар чист?
  3. Функсияи КДН-ро гуфта диҳед.
  4. Дар ҳуҷайра кадом намудҳои КРН мавҷуданд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …