Главная / Ҷамъият / КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚИСМИ УМУМӢ.. 12

ФАСЛИ I. ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ.. 12

БОБИ  1. ВАЗИФА ВА ПРИНЦИПҲОИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, АСОСИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ.. 12

Моддаи 1. Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12

Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 13

Моддаи 3. Принсипҳои Қонуни ҷиноятӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ. 13

Моддаи 4. Принсипи қонуният. 13

Моддаи 5. Принсипи баробарӣ дар назди қонун. 13

Моддаи 6. Принсипи ногузирии ҷавобгарӣ. 13

Моддаи 7. Принсипи ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳгорӣ. 13

Моддаи 8. Принсипи адолат. 13

Моддаи 9. Принсипи  инсондўстӣ. 13

Моддаи 10. Принсипи демократизм.. 14

Моддаи 11. Асоси ҷавобгарии  ҷиноятӣ. 14

Моддаи 111. Қоидаҳои тафсири қонуни ҷиноятӣ. 14

БОБИ 2. АМАЛИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ ДАР ЗАМОНУ МАКОН.. 14

Моддаи 12.  Амали Қонуни ҷиноятӣ дар замон. 14

Моддаи 13. Қувваи бозгашти Қонуни  ҷиноятӣ. 14

Моддаи 14. Амали  қонуни  ҷиноятӣ  нисбати шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд. 14

Моддаи 15. Амали қонуни ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд. 15

Моддаи 16. Супоридани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст. 15

ФАСЛИ II. ҶИНОЯТ. 15

БОБИ 3.  МАФҲУМ ВА НАМУДҲОИ ҶИНОЯТ. 15

Моддаи 17. Мафҳуми ҷиноят. 15

Моддаи 18.  Категорияҳои ҷиноят. 16

Моддаи 19. Такрори ҷиноят. 16

Моддаи 20. Маҷмўи ҷиноят. 16

Моддаи 21. Рецидиви ҷиноят. 17

БОБИ 4. ШАХСОНЕ, КИ БОЯД БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИДА ШАВАНД.. 17

Моддаи 22. Шартҳои умумии ҷавобгарии ҷиноятӣ. 17

Моддаи 23. Синну соле, ки аз он ҷавобгарии ҷиноятӣ фаро мерасад. 17

Моддаи 24. Номукаллафӣ. 18

Моддаи 25. Ҷавобгарии  ҷиноятии шахсони дорои парешонҳолии дардмандонаи  рўҳӣ, ки мукаллафиро истисно намекунад (мукаллафии маҳдуд) 18

Моддаи 26. Ҷавобгарии  ҷиноятии  шахсоне,  ки  дар ҳолати  мастӣ ҷиноят содир намудаанд. 18

БОБИ 5. ГУНОҲ.. 18

Моддаи 27. Шаклҳои гуноҳ. 18

Моддаи 28. Ҷинояти қасдан содиршуда. 18

Моддаи 29. Ҷинояти аз беэҳтиётӣ  содиршуда. 19

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои ҷинояте, ки бо ду шакли гуноҳ содир шудааст. 19

Моддаи 31. Бегуноҳ расонидани зарар  (тасодуф) 19

БОБИ 6. ҶИНОЯТИ НОТАМОМ ВА ХОТИМАЁФТА.. 19

Моддаи 32. Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят. 19

Моддаи 33. Ҷинояти хотимаёфта. 19

Моддаи 34.  Ихтиёрӣ  даст кашидан аз  ҷиноят. 19

БОБИ 7. ШАРИКӢ ДАР ҶИНОЯТ. 20

Моддаи 35. Мафҳуми шарикӣ  дар ҷиноят. 20

Моддаи 36. Шарикони ҷиноят. 20

Моддаи 37. Ҷавобгарии шарикони ҷиноят. 20

Моддаи 38. Ифроти (эксцесс) иҷрокунандаи  ҷиноят. 20

Моддаи 39. Ҷиноят содир  намудани  гурўҳи  шахсон, гурўҳи  шахсон  бо  маслиҳати  пешакӣ, гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ  (ташкилоти ҷиноятӣ) 21

БОБИ 8. ҲОЛАТҲОЕ, КИ ҶИНОЯТ БУДАНИ  КИРДОРРО ИСТИСНО МЕКУНАНД.. 21

Моддаи 40. Мудофиаи зарурӣ. 21

Моддаи 41. Расонидани зарар ҳангоми дастгир кардани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст. 22

Моддаи 42. Зарурати ниҳоӣ. 22

Моддаи 43. Маҷбуркунии ҷисмонӣ  ё рўҳӣ. 22

Моддаи 44. Таваккали асоснок. 22

Моддаи 45. Иҷрои фармон ё амр. 23

ФАСЛИ III. ҶАЗО.. 23

БОБИ 9. МАФҲУМ, МАҚСАД ВА НАМУДҲОИ ҶАЗО.. 23

Моддаи 46. Мафҳум ва мақсади ҷазо. 23

Моддаи 47. Намудҳои ҷазо. 23

Моддаи 48. Ҷазоҳои асосӣ ва иловагӣ. 23

Моддаи 481. Корҳои ҳатмӣ. 24

Моддаи 49. Ҷарима. 24

Моддаи 50.  Маҳрум  кардан  аз ҳуқуқи ишғоли  мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян. 25

Моддаи 51. Маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон. 25

Моддаи 52. Корҳои ислоҳӣ. 25

Моддаи 53. Маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ. 26

Моддаи 54. Маҳдуд кардани озодӣ. 26

Моддаи 55 бо  ҚҶТ аз 17.05.04 с., №35 хориҷ шуд. 26

Моддаи 56. Нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ. 26

Моддаи 57. Мусодираи молу мулк. 27

Моддаи 58. Маҳрум сохтан аз озодӣ. 27

Моддаи 581. Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан. 28

Моддаи 59. Ҷазои қатл. 28

БОБИ 10. ТАЪИНИ ҶАЗО.. 29

Моддаи 60. Асосҳои умумии таъини ҷазо. 29

Моддаи 61. Ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук  мекунанд. 29

Моддаи 62. Ҳолатҳое, ки ҷазоро вазнин   мекунанд. 29

Моддаи 63. Таъини ҷазои сабуктар нисбат  ба ҷазое, ки  барои  ин ҷиноят  пешбинӣ шудааст. 30

Моддаи 64. Таъини ҷазо барои ҷинояти нотамом.. 30

Моддаи 65. Таъини ҷазо барои содир намудани ҷиноят дар шарикӣ. 31

Моддаи 66. Таъини ҷазо дар ҳолати рецидиви ҷиноятҳо. 31

Моддаи 67. Таъини ҷазо барои маҷмўи  ҷиноятҳо. 31

Моддаи 68. Таъини ҷазо аз рўи маҷмўи ҳукмҳо. 32

Моддаи 69.  Тартиби муайяни кардани мўҳлати ҷазо ҳангоми зам кардани он. 32

Моддаи 70. Ҳисоб кардани мўҳлати ҷазо ва ба ҳисоб гирифтани ҷазо. 32

Моддаи 71. Шартан татбиқ накардани  ҷазо. 33

ФАСЛИ IV. ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ВА ҶАЗО.. 33

БОБИ 11. ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ.. 33

Моддаи 72. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, бо сабаби пушаймонӣ аз кирдор. 33

Моддаи 73.  Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби оштӣ шудан бо ҷабрдида. 34

Моддаи 74. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби тағьир ёфтани вазъият. 34

Моддаи 75. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани мўҳлати  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан. 34

БОБИ 12. ОЗОД  КАРДАН АЗ ҶАЗО.. 34

Моддаи 76. Шартан пеш аз мўҳлат  аз адои  ҷазо озод кардан. 34

Моддаи 77.  Ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо. 35

Моддаи 78.  Мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кўдакони то синни ҳаштсола доранд. 36

Моддаи 79. Бо сабаби беморӣ аз ҷазо  озод кардан. 36

Моддаи 80. Озод кардан аз ҷазо дар натиҷаи  ҳолатҳои фавқулодда. 36

Моддаи 81. Озод кардан аз адои ҷазо бо сабаби гузаштани мўҳлати иҷрои ҳукми  айбдоркунӣ. 36

БОБИ 13. АВФ.  БАХШИШИ ҶАЗО. ДОҒИ  СУДӢ. САФЕДКУНӢ.. 37

Моддаи 82. Авф.. 37

Моддаи 83. Бахшиши ҷазо. 37

Моддаи 84. Доғи судӣ. 37

Моддаи 85. Сафедкунӣ. 38

ФАСЛИ V. ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТИИ НОБОЛИҒОН.. 38

БОБИ 14. ХУСУСИЯТҲОИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ВА ҶАЗОДИҲИИ НОБОЛИҒОН.. 38

Моддаи 86. Ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон. 38

Моддаи 87. Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда  мешаванд. 38

Моддаи 88. Таъин намудани ҷазо ба ноболиғон. 39

Моддаи 89. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо истифодаи чораҳои  маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта. 39

Моддаи 90. Аз ҷазо озод кардани ноболиғон. 40

Моддаи 91. Шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод намудани ноболиғон. 40

Моддаи 92. Ба ҷазои нисбатан сабуктар  иваз намудани ҷазо. 40

Моддаи 93. Мўҳлати  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ  кашидан ва  иҷрои ҳукм.. 41

Моддаи 94. Мўҳлати барҳам додани доғи  судӣ. 41

Моддаи 95. Татбиқи муқаррароти ҳамин боб  нисбати шахсони аз  ҳаждаҳ то бистсола. 41

ФАСЛИ VI. ЧОРАҲОИ МАҶБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББӢ.. 41

БОБИ 15. МАҚСАД, АСОС, ТАЪИН КАРДАНВА ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ЧОРАҲОИ МАҶБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББӢ.. 41

Моддаи 96. Мақсади татбиқи чораҳои маҷбурии  дорои хусусияти тиббӣ. 41

Моддаи 97. Асосҳо барои татбиқи чораҳои  маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ. 41

Моддаи 98. Намуди чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ. 42

Моддаи 99. Таъин намудани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ. 42

Моддаи 100. Дароз кардани мўҳлат, тағйир додан ва қатъ намудани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ. 42

Моддаи 101. Татбиқи чораҳои  маҷбурии   дорои хусусияти тиббӣ нисбати шахсони гирифтори майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ё бемории сил. 42

Моддаи 102.  Ба ҳисоб гарифтани вақти татбиқи  чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ. 42

Моддаи 103. Табобати маҷбури якҷоя бо татбиқи ҷазо. 43

ҚИСМИ МАХСУС.. 43

ФАСЛИ VII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ШАХСИЯТ. 43

БОБИ 16. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲАЁТ ВА САЛОМАТӢ.. 43

Моддаи 104. Одамкушӣ. 43

Моддаи 105.  Кўдаки навзоди худро куштани модар. 43

Моддаи 106. Одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рўҳӣ. 44

Моддаи 107. Одамкўшӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан ё дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир намудани шахси ҷиноят содир карда заруранд. 44

Моддаи 108. Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан. 44

Моддаи 109. Ба худкушӣ расондан. 44

Моддаи 110. Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ. 44

Моддаи 111. Қасдан расонидани зарари  миёна ба саломатӣ. 45

Моддаи 112. Қасдан расонидани зарари  сабук ба саломатӣ. 45

Моддаи 113. Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рўҳӣ. 45

Моддаи 114. Қасдан расонидани  зарари  вазнин ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ. 46

Моддаи 115.  Қасдан расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳои зарурӣ ҳангоми дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда. 46

Моддаи 116. Лату кўб. 46

Моддаи 117. Азобу уқубат. 46

Моддаи 118. Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари  вазнин ба саломатӣ. 46

Моддаи 119. Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари  миёна ба саломатӣ. 47

Моддаи 120.  Таҳдиди куштан ё расонидани  зарари вазнин ба саломатӣ. 47

Моддаи 121. Вайрон кардани қоидаҳои  ҷарроҳии трансплантация. 47

Моддаи 122. Маҷбур кардан барои гирифтани узвҳо ё бофтаҳои бадани инсон барои трансплантатсия  47

Моддаи 123. Исқоти ғайриқонунии ҳамл (аборт) 47

Моддаи 124. Ба исқоти ҳамл маҷбур  сохтани зан. 48

Моддаи 125. Сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам.. 48

Моддаи 126. Сироят кардан бо касалии зўҳрав. 48

Моддаи 127. Дар хатар монондан. 48

Моддаи 128. Ёрӣ нарасонидан ба бемор. 49

Моддаи 129. Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ. 49

БОБИ 17. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОЗОДӢ,  ОБРӮ ВА ЭЪТИБОРИ ШАХСИЯТ. 49

Моддаи 130.  Одамрабоӣ. 49

Моддаи 130.1 Хариду фуруши одамон. 50

Моддаи 1302. Истифодаи меҳнати ғуломона. 50

Моддаи 131. Ғайриқонунӣ маҳрум кардан  аз озодӣ. 51

Моддаи 132. Ҷалби одамон барои истисмор. 51

Моддаи 133. Ғайриқонунӣ ҷойгир намудан дар  шифохонаи бемориҳои рўҳӣ. 51

Моддаи 134. Маҷбуркунӣ. 52

Моддаҳои 135 ва 136 бо ҚҶТ аз 3.07.12 с., № 844 хориҷ шуд. 52

Моддаи 137. Таҳқири оммавии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тўҳмат кардан ба ў. 52

Моддаи 1371. Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ё тўҳмат кардан ба ў. 52

БОБИ 18. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОЗОДИИ ҶИНСӢ ВА ДАХЛНОПАЗИРИИ  ҶИНСӢ.. 52

Моддаи 138. Таҷовуз ба номус. 52

Моддаи 139. Ҳаракати зўроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ. 53

Моддаи 140.  Маҷбур  намудан  ба  ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ. 53

Моддаи 141. Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст. 53

Моддаи 142. Ҳаракати бадахлоқона. 53

Моддаи 1421. Алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ. 54

БОБИ 19. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД.. 54

Моддаи 143. Вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон. 54

Моддаи 1431. Шиканҷа. 54

Моддаи 144. Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ. 55

Моддаи 145. Ошкор намудани сирри тиббӣ. 55

Моддаи 146. Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобирот телеграфӣ ё  дигар  мухобирот. 55

Моддаи 147. Вайрон намудани дахлнопазирии манзил. 56

Моддаи 148. Радди додани маълумот ба шаҳрванд. 56

Моддаи 149. Ғайриқонунӣ маҳдуд кардани тағйири макон, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ кардан ва бозгаштани шаҳрванд ба он. 56

Моддаи 150. Монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ  56

Моддаи 151. Сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ ё ҳисоби нодурусти овоз  57

Моддаи 152. Маҷбур намудан барои иштирок дар корпартоӣ ва ё рад кардани иштирок дар корпартоӣ. 57

Моддаи 1521. Роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда. 57

Моддаи 153. Вайрон кардани қонунҳои меҳнат. 57

Моддаи 1531. Напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулӣ ё дигар пардохтҳо. 57

Моддаи 154. Вайрон кардани қоидаҳои  муҳофизати меҳнат. 57

Моддаи 155. Беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдўш намудани зани синни қўдакаш  то сесола. 58

Моддаи 156. Вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он. 58

Моддаи 1561 Вайрон кардани ҳуқуқҳо ба ихтироот, намунаҳои саноатӣ ва моделҳои муфид. 58

Моддаи 157. Монеъ шудан ба фаъолияти ташкилоти динӣ. 58

Моддаи 158. Монеъ шудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ. 59

Моддаи 159. Ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоти диние, ки ба шахсият ва  ҳуқуқи шаҳрвандон таҷовуз мекунанд. 59

Моддаи 160. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузормҳо ва роҳпаймоихо. 59

Моддаи 161. Монеъ шудан ба гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоӣ, пикетгузорӣ ё иштирок дар онҳо. 59

Моддаи 162.  Монеъ   шудан  ба  фаъолияти қонунии касбии журналистон. 59

Моддаи 163.  Вайрон  кардани  қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон. 60

Моддаи 164. Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нўҳсола) 60

БОБИ 20. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОИЛА  ВА  НОБОЛИҒОН.. 60

Моддаи 165. Ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят. 60

Моддаи 166. Ҷалби шахси  ноболиғ  ба содир намудани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ. 60

Моддаи 167. Хариду фурўши ноболиғон. 61

Моддаи 168.  Ба шавҳар додани духтари  ба синни никоҳ нарасида. 61

Моддаи 169. Бастани ақди  никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст. 61

Моддаи 170. Дузанагӣ ё серзанагӣ. 62

Моддаи 171. Иваз намудани тифл. 62

Моддаи 172. Писархондии (духтархондии) ғайриқонунӣ. 62

Моддаи 173. Ифшои сирри писархондӣ (духтархондӣ) 62

Моддаи 174. Иҷро накардани ўҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ. 62

Моддаи 175. Иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кўдак. 62

Моддаи 176. Суиистифода аз ҳуқуқи васӣ  ё парастор. 63

Моддаи 177. Бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон. 63

Моддаи 178. Бадқасдона саркашӣ намудани  фарзандон  аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат. 63

ФАСЛИ VIII. ҶИНОЯТҲО  БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА САЛОМАТИИ АҲОЛӢ   63

БОБИ 21. ҶИНОЯТҲО  БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ЧАМЪИЯТӢ.. 63

Моддаи 179. Терроризм.. 63

Моддаи 1791. Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо. 64

Моддаи 1792. Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта. 64

Моддаи 179 3. Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террорстӣ. 65

Моддаи 180.  Иттилооти баръало бардурўғ оид   ба кирдори террористӣ. 65

Моддаи 181. Ғасби гаравгон. 65

Моддаи 182. Ғасби бино, иншоот, воситаҳои  иттилоот ва алоқа. 66

Моддаи 183. Роҳзании обӣ. 66

Моддаи 184. Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби  ҳавопаймо, киштӣ  ё қатори роҳи оҳан. 66

Моддаи 1841. Ғасб, вайрон кардан, содир намудани амалҳои зўроварӣ дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ. 67

Моддаи 1842. Кирдорҳои қасдона ба муқобили бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ. 67

Моддаи 1843. Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии фурудгоҳҳое, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонанд. 68

Моддаи 1844 . Интиқоли ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҷинояти хусусияти террористидошта дар нақлиёт. 68

Моддаи 185. Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ. 68

Моддаи 186. Бандитизм.. 69

Моддаи 187. Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) 69

Моддаи 188. Бетартибиҳои оммавӣ. 69

Моддаи 189 . Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ. 69

Моддаи 190.  Вайрон кардани  қоидаҳои бехатарии  корҳои   кўҳӣ,  сохтмон ва дигар корҳо. 70

Моддаи 191. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар  объектҳое, ки  хавфи таркиш доранд. 70

Моддаи 192. Вайрон кардани қоидаҳои зидди сўхтор. 70

Моддаи 193. Муносибати ғайриқонунӣ бо маводи радиоактивӣ. 70

Моддаи 194. Тасарруфи  маводи  радиоактивӣ. 71

Моддаи 1941. Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ. 71

Моддаи 1942. Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии дастгоҳи ядроӣ. 72

Моддаи 1943. Ғайриқонунӣ тайёр кардани воситаи таркандаи ядроӣ ё воситаи афканандаи радиатсия  72

Моддаи 1944. Ҳамлу нақли ғайриқонунии моддаҳои тарканда, маводи радиоактивӣ, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ дар ҳавопаймо, киштӣ ё нақлиёти хушкигард. 72

Моддаи 1945. Ғайриқонунӣ истифода бурдан ва ё партофтани моддаҳои тарканда, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, моддаҳои хатарнок ва зараррасон аз киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ. 73

Моддаи 195. Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани силоҳ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш.. 73

Моддаи 1951. Ғайриқонунӣ расонидан, ҷойгир намудан, ба кор андохтан ё тарконидани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар. 74

Моддаи 1952 .  Муомилот ва истифодаи моддаҳои оташзананда. 74

Моддаи 196. Ғайриқонунӣ сохтани силоҳ. 75

Моддаи 197. Нигаҳдошти бепарвоёнаи  силоҳ. 75

Моддаи 198. Иҷрои номатлуби вазифаи ҳифзи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш.. 75

Моддаи 199. Тасарруфи  силоҳ, лавозимоти  ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш.. 75

Моддаи 1991. Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) 76

БОБИ 22. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ.. 76

Моддаи 200. Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан. 76

Моддаи 201. Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ. 77

Моддаи  202. Тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ. 77

Моддаи 2021. Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба соҳибияти каси дигар додан, интиқол ё фиристодани прекурсорҳо. 78

Моддаи 2022. Тасарруфи прекурсорҳо. 78

Моддаи 203. Моил кардан ба истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ. 78

Моддаи 204. Парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда  79

Моддаи 205. Ташкил ё нигаҳдошти фасодхона  барои  истеъмоли  воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ. 79

Моддаи 206. Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан. 79

Моддаи 2061. Вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд. 80

Моддаи 207. Вайрон намудани қоидаҳои санитарию  эпидемиологӣ. 80

Моддаи 208. Ниҳон доштани иттилоот оид ба ҳолатҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии одамон хавфнок мебошанд. 80

Моддаи 209. Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё  ба соҳибияти каси дигар додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб нмедиҳад. 80

Моддаи 210. Ғайриқонуни машғул шудан ба фаъолияти амалии хусусии тиббӣ ва фаъолияти хусусии фармасефтӣ. 81

Моддаи 2101. Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўйнабуда, инчунин дорувории мўҳлати истифодааш гузашта. 81

БОБИ 23. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ВА ИСТИФОДАИ НАҚЛИЁТ  81

Моддаи 211. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё обӣ. 81

Моддаи 212. Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт. 82

Моддаи 2121. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт. 82

Моддаи 2122. Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад. 82

Моддаи 213. Таъмири бадсифати роҳҳо воситаҳои нақлиёт ва ба истифода баровардани онҳо бо  норасоиҳои техникӣ. 83

Моддаи 214. Корношоям сохтани воситаҳои наклиёт  ё роҳҳо. 83

Моддаи 215. Ғайриқонуни дар нақлиёти ҳавоӣ бо худ бурдани моддаҳои тарканда ё зуддаргиранда  83

Моддаи 216. Вайрон кардани қоидаҳое, ки кори бехатарии  нақлиётро таъмин менамояд. 83

Моддаи 217. Вайрон кардани  қоидаҳои  бехатарӣ  ҳангоми сохтмон, истифодабарӣ ва таъмири хатҳои  қубури  магистралӣ. 84

Моддаи 218. Вайрон кардани қоидаҳои парвози  байналмилалӣ. 84

Моддаи 219. Худсарона, бидуни зарурат  боздоштани  поезд. 84

ФАСЛИ IX. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ. 84

БОБИ 24. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ. 84

Моддаи 220. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии экологӣ ҳангоми иҷрои кор. 84

Моддаи 221. Қасдан ниҳон доштан ё таҳриф кардани таҳсилот оид ба олудагии муҳити атроф.. 84

Моддаи 222. Наандешидани тадбир ҷиҳати рафъи  оқибати олудагии экологӣ. 85

Моддаи 223. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо моддаҳо ва партовҳои аз нигоҳи экологӣ хавфнок. 85

Моддаи 224. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ  ё дигар омилҳои биологӣ ё токсинҳо (моддаҳои заҳролуд) 85

Моддаи 225. Вайрон кардани қоидаҳои байторӣ (ветеринарӣ) ва қоидаҳои барои мубориза ба муқобили касалӣ ва ҳашароти зараррасони растанӣ муқарраршуда. 85

Моддаи 226. Ифлос кардани об. 85

Моддаи 227. Олуда сохтани фазо. 86

Моддаи 228. Хароб кардани замин. 86

Моддаи 229. Вайрон  кардани қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ. 86

Моддаи 230. Сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ. 87

Моддаи 231. Вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи захираи моҳӣ. 87

Моддаи 232. Шикори ғайриқонунӣ. 87

Моддаи 233. Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок қарордоштаи зисти организмҳо, ки ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд. 88

Моддаи 234. Ғайриқонунӣ буридани дарахт  ва буттаҳо. 88

Моддаи 2341. Муомилоти ғайриқонунии шираи камол. 88

Моддаи 235. Несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба ҷангал. 88

Моддаи 236. Вайрон кардани низоми ҳудудҳо ва объектҳои табии махсус ҳифзшаванда. 89

ФАСЛИ X. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБОТӢ ҶАМЪИЯТӢ ВА АХЛОҚ.. 89

БОБИ 25. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АХЛОҚ.. 89

Моддаи 237. Авбошӣ. 89

Моддаи 2371. Вандализм.. 89

Моддаи 238. Ба фоҳишагӣ ҷалб намудан. 89

Моддаи 239. Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ. 90

Моддаи 240. Ташкил  ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ. 90

Моддаи 241. Ғайриқонунӣ тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ. 90

Моддаи 2411. Тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон. 90

Моддаи 2412. Истифодаи ноболиғ бо мақсади истеҳсол намудани мавод ё предметҳои порнографӣ  91

Моддаи 242. Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих ва фарҳанг. 91

Моддаи 243. Таҳқири ҷасади фавтидагон ва  гўри онҳо. 91

ФАСЛИ ХI. ҶИНОЯТҲО ДАР СОҲАИ ИҚТИСОДИЁТ. 91

БОБИ 26. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ МОЛИКИЯТ. 91

Моддаи 244. Дуздӣ. 91

Моддаи 245. Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ. 92

Моддаи 246. Тасарруфи пулу молӣ ба тариқи кредит додашуда. 93

Моддаи 247. Қаллобӣ. 93

Моддаи 248. Ғоратгарӣ. 94

Моддаи 249. Роҳзанӣ. 94

Моддаи 250. Тамаъҷўӣ. 95

Моддаи 251. Тасарруфи ашьё ё асноди дорои арзиши  махсус. 95

Моддаи 252. Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф.. 95

Моддаи 253. Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи  фиреб ё сўиистифодаи боварӣ. 96

Моддаи 254. Соҳиб  шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани молу мулке, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда  шудааст. 96

Моддаи 255. Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк. 96

Моддаи 256. Аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё  вайрон кардани молу мулк. 97

Моддаи 257. Тасарруфи воситаи фондҳои  кўмаки хориҷӣ. 97

БОБИ 27. ҶИНОЯТҲО ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ.. 97

Моддаи 258. Монеъ шудан ба фаъолияти  қонунии соҳибкорӣ. 97

Моддаи 259. Соҳибкории ғайриқонунӣ. 98

Моддаи 2591. Истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда. 98

Моддаи 260. Ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии)  ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ. 98

Моддаи 2601. Истифодаи ғайриқонунии ҳуҷҷатҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ. 99

Моддаи 261. Бақайдгирии аҳди ғайри-қонунӣ бо замин. 99

Моддаи 262. Қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда. 99

Моддаи 263. Фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ. 100

Моддаи 264. Ғайриқонунӣ гирифтани кредит. 100

Моддаи 265. Ғайриқонунӣ додани кредит. 101

Моддаи 266. Саркашии бадқасдона аз адои  қарзи кредиторӣ. 101

Моддаи 267. Маҷбур кардан ба бастани аҳд ё ба саркашӣ кардан аз бастани он. 101

Моддаи 268.  Ғайриқонунӣ истифода бурдани  маблағ. 101

Моддаи 269.  Ҳаракати ғайриқонунӣ ҳангоми муфлисшавӣ. 102

Моддаи 270.   Муфлисии бадқасдона. 102

Моддаи 271. Муфлисии сохта. 102

Моддаи 272 бо қҷт аз 17.05.04 с., №35 хориҷ карда шудааст. 102

Моддаи 273. Кирдори  инҳисорӣ (монополистӣ) ва маҳдуд  кардани рақобат. 102

Моддаи 274. Бадқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории савдои оммавӣ ё тендер, ё музоядаҳо (аукцион) 103

Моддаи 275. Истифодаи ғайриқонунии воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳлҳои гражданӣ молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ. 103

Моддаи 276. Дидаю дониста додани рекламаи бардурўғ. 103

Моддаи 277.  Ғайриқонунӣ ба даст овардани маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ. 104

Моддаи 278. Ифшои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ. 104

Моддаи 279. Ришвадиҳии тиҷоратӣ. 104

Моддаи 280. Ришвадиҳӣ ба иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои касбии варзишӣ ва озмунҳои намоишии тиҷоратӣ. 105

Моддаи 281. Тайёр кардан ё ба муомилот  баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбаки (сохта) 105

Моддаи 282.  Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани картаҳои сохтаи (қалбакии) кредитӣ ё ҳисоббаробаркунӣ ё дигар асноди  пардохт. 105

Моддаи 283. Сўиистифода ҳангоми баровардани коғазҳои қиматнок (эмиссия) 106

Моддаи 284. Бастани аҳди ғайриқонунии бо металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қимматбаҳои табиӣ ё марворид. 106

Моддаи 285.  Вайрон кардани қоидаҳои ба давлат  супоридани  фулузот  ва  сангҳои қиматбаҳо. 106

Моддаи 286. Додугирифти ғайриқонунӣ бо  асъори хориҷӣ. 106

Моддаи 287. Аз хориҷа барнагардонидани воситаҳо ба асъори хориҷӣ. 107

Моддаи 288 бо қҷт аз 17.05.04 с., №35 хориҷ карда шудааст. 107

Моддаи 289. Қочоқ. 107

Моддаи 290. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барнагардонидани  сарватҳои бадеӣ, таърихӣ ё бостоншиносии халқҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ. 108

Моддаи 291. Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ. 108

Моддаи 292. Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ. 108

Моддаи 293. Саркашии  шахси воқеъӣ аз пардохти андоз. 109

Моддаи 294. Фиреби истеъмолкунандагон. 109

Моддаи 295. Сўиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо. 110

Моддаи 296. Сўиистифодаи ваколат аз ҷониби  аудиторҳо, судяҳои ҳакамӣ ё арбитрҳои арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, (адвокат) 110

Моддаи 297. Аз ҳадди ваколат гузаштани кормандони хадамоти муҳофизати хусусӣ ва детективӣ  111

ФАСЛИ XII. ҶИНОЯТҲО  БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ.. 111

БОБИ 28. ҶИНОЯТҲО  БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ.. 111

Моддаи 298. Ғайриқонунӣ  даромадан ба  иттилооти компьютерӣ. 111

Моддаи 299. Тағйир додани иттилооти компьютерӣ. 111

Моддаи 300. Тахриби компьютерӣ. 111

Моддаи 301. Ғайриқонунӣ ба даст овардани  иттилооти компьютерӣ. 112

Моддаи 302.  Тайёр кардан ва ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсус барои гирифтани тамоси ғайриқонунӣ ба системаи ё шабакаи компьютерӣ. 112

Моддаи 303. Таҳия, истифода ва паҳн кардани  барномаҳои зараровар. 112

Моддаи 304.  Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи система ё шабакаи компьютерӣ. 112

ФАСЛИ ХIII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ.. 113

БОБИ 29. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АСОСҲОИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ. 113

Моддаи 305. Хиёнат ба давлат. 113

Моддаи 306. Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият. 113

Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон. 114

Моддаи 3071. Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм.. 114

Моддаи 3072. Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) 114

Моддаи 3073. Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) 115

Моддам 3074. Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусмяти динии экстремистидошта. 115

Моддаи 308. Ҷосусӣ. 115

Моддаи 309. Тахрибкорӣ (Диверсия) 115

Моддаи 310. Таҷовуз  ба ҳаёти  арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 116

Моддаи 311. Ифшои сирри давлатӣ. 116

Моддаи 312. Гум кардани асноди дорои сирри давлатӣ. 116

Моддаи 313. Исёни мусаллаҳона. 116

БОБИ 30. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ВА МАНФИАТҲОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ.. 116

Моддаи 314. Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ. 116

Моддаи 315. Беамалӣ дар иҷрои вазифа. 117

Моддаи 316. Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ. 117

Моддаи 317 . Соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор. 118

Моддаи 318. Иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ. 118

Моддаи 319. Гирифтани пора. 118

Моддаи 320. Додани пора. 119

Моддаи 321. Иғвои порадиҳӣ. 119

Моддаи 322. Хунукназарӣ. 120

Моддаи 323. Сохтакории хизматӣ. 120

Моддаи 3231. Ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошанд, ворид намудани маълумотҳои баръало бардурўғ. 120

Моддаи 324. Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ. 120

Моддаи 325. Додани мукофот ба хизматчӣ. 121

Моддаи 326. Ғайриқонунӣ иҷозат додан ба гирифта гаштан ва нигоҳдории силоҳи оташфишон. 121

Моддаи 327. Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муҳофизони  шахсӣ ва истифодаи техникаи ҷангӣ бо ҳамин мақсад. 121

БОБИ 31. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБИ ИДОРАКУНӢ.. 121

Моддаи 328. Истифодаи зўроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият. 121

Моддаи 329. Таҳдид нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ. 121

Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият. 122

Моддаи 331. Монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои татбиқкунандаи ҷазо ва муассисаҳои ҳабси пешакӣ. 122

Моддаи 332.  Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият  аз озодиро номураттаб месозанд. 122

Моддаи 333. Истифодаи ғайриқонунии аломату нишонаҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар. 122

Моддаи 334. Худсарӣ. 122

Моддаи 335. Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 123

Моддаи 3351. Ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ ба воситаи марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 123

Моддаи 335 2. Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ. 123

Моддаи 336. Вайрон кардани низоми  Сарҳади  давлатӣ. 123

Моддаи 337. Тасарруфи мукофоти давлатӣ. 124

Моддаи 338. Худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он. 124

Моддаи 3381. Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин. 124

Моддаи 339. Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат,  штамп, мўҳр. 124

Моддаи 340. Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ. 125

Моддаи 3401. Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқат ва ё истифодаи онҳо. 125

Моддаи 341. Соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷатҳои расмӣ ва мукофоти давлатӣ  125

Моддаи 342. Таҳқир кардани рамзҳои  давлатӣ. 125

Моддаи 343. Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва  альтернативӣ. 125

Моддаи 344. Саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ. 126

БОБИ 32. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ.. 126

Моддаи 345. Монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ. 126

Моддаи 346. Дидаю дониста расонидани  хабари бардурўғ. 126

Моддаи 347.  Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он. 126

Моддаи 348. Дидаю дониста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси бегуноҳ. 127

Моддаи 349. Дидаю дониста ғайриқонунӣ баровардани ҳукм, ҳалнома ё дигар актҳои судӣ. 127

Моддаи 350. Монеъ шудан ба ҳозиршавии шоҳид ё ҷабрдида ба суд, мақомоти таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ. 127

Моддаи 351. Гувоҳии бардурўғ. 127

Моддаи 352. Саркашӣ аз ҳозир шудан ё нахостани додани нишондод, хулоса ё  тарҷума кардан. 128

Моддаи 353. Ришвадиҳӣ ё маҷбур кардан барои додани  баёноти  бардурўғ, хулосаи  бардурўғ ё тарҷумаи нодуруст. 128

Моддаи 354. Аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё суд маҷбур сохтан ба додани нишондод. 128

Моддаи 355. Беэҳтиромӣ нисбати суд. 128

Моддаи 356. Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ  129

Моддаи 357 бо қҷт аз 17.05.04 с., №35 хориҷ карда шудааст. 129

Моддаи 358. Ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан. 129

Моддаи 359. Сохтакории далелҳо. 129

Моддаи 360. Ғайриқонунӣ озод кардан  аз ҷавобгарии ҷиноятӣ. 129

Моддаи 361. Фош кардани маълумоти таҳқиқ ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ. 130

Моддаи 362. Ҳаракати ғайриқонунӣ нисбати молу мулке, ки рўйхат шудааст, ё ба вай ҳабс гузошта шудааст, ё ин ки мусодира карда мешавад. 130

Моддаи 363. Иҷро накардани ҳукми суд, ҳалномаи  суд ё санади дигари судӣ. 130

Моддаи 364. Саркашӣ аз адои ҷазои маҳрум  сохтан аз озодӣ. 130

Моддаи 365. Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ. 130

ФАСЛИ XIV. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ.. 131

БОБИ 33. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ХИЗМАТИ  ҲАРБӢ.. 131

Моддаи 366. Мафҳуми ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ. 131

Моддаи 367 бо қҷт аз 17.05.04 с., №35 хориҷ карда шудааст. 131

Моддаи 368. Иҷро накардани фармон. 131

Моддаи 369. Муқобилият ба  сардор ё маҷбур кардани ў ба вайрон кардани вазифаҳои хизматӣ. 131

Моддаи 370. Истифодаи зўроварӣ дар ҳаққи сардор. 131

Моддаи 371. Таҳдид ба сардор. 132

Моддаи 372. Таҳқири хизматчии ҳарбӣ. 132

Моддаи 373. Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо. 132

Моддаи 374. Худсарона тарк кардании қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмат. 132

Моддаи 375. Фирор. 133

Моддаи 376. Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар. 133

Моддаи 377. Вайронкунии қоидаҳои баҷооварии  навбатдории ҷангӣ. 134

Моддаи 378. Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо  овардани хизмати сарҳадӣ. 134

Моддаи 379. Вайронкунии қоидаҳои оинномавии хизмати қаровулӣ. 134

Моддаи 380. Вайронкунии қоидаҳои оинномавии ба ҷо овардани хизмати дохилӣ ва гардиши посбонон дар гарнизон. 134

Моддаи 381. Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмат оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини  амнияти  ҷамъиятӣ. 134

Моддаи 382. Ихтиёран додани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ва техникаи ҷангӣ аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ. 135

Моддаи 383. Воситаҳои бурдани ҷангро ба душман таслим намудан ё он воситаҳоро партофта рафтан  135

Моддаи 384. Худсарона баромада рафтан аз майдони ҷанг ё саркашӣ кардан аз кор фармудани силоҳ  135

Моддаи 385. Бо ихтиёри худ таслим шудан  ба асирӣ. 135

Моддаи 386. Несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ҳарбӣ. 135

Моддаи 387. Вайронкунии қоидаҳои муносибат  бо силоҳ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад. 135

Моддаи 388. Барбод додан ё гум кардани молу мулки ҳарбӣ. 136

Моддаи 389.  Вайронкунии қоидаҳои ронандагӣ  ё истифодабарии мошинҳо. 136

Моддаи 390. Вайронкунии қоидаҳои парвоз  ё тайёрӣ ба он. 136

Моддаи 391. Сўиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият. 136

Моддаи 392. Муносибати хунукназарона  ба хизмат. 137

Моддаи 393. Тасарруфи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҷангӣ. 137

Моддаи 394 бо қҷт аз 2.12.02 с., № 64 хориҷ карда шудааст. 137

ФАСЛИ XV. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ СУЛҲУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ. 137

БОБИ 34. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ СУЛҲУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ. 137

Моддаи 395. Ҷанги таҷовузкорона. 137

Моддаи 396. Даъвати оммавӣ барои сар кардани ҷанги таҷовузкорона. 137

Моддаи 397. Истеҳсол ё паҳн намудани силоҳи қатли ом.. 138

Моддаи 398. Геноцид. 138

Моддаи 399. Биоцид. 138

Моддаи 400. Экоцид. 138

Моддаи 401. Зархаридӣ. 138

Моддаи 4011. Ҷалб ва иштироки гайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо. 139

Моддаи 402. Ҳамла ба шахсон ва муассисаҳои таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта. 139

Моддаи 403. Барқасдона вайрон  кардани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ки дар ҷараёни низои мусаллаҳона содир  шудааст. 139

Моддаи 404. Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башар, ки дар вақти мухолифати мусаллаҳонаи байналмилалӣ ё дохилӣ бо таҳдид ба саломатӣ содир шудаст ё боиси осеби ҷисмонӣ гардидааст. 140

Моддаи 405. Дигар қонуншиканиҳои меъёри байналмилалии ҳуқуқи башар. 140

Замимаи № 1. 141

 

 

ҚИСМИ УМУМӢ

 ФАСЛИ I. ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ 

БОБИ  1. ВАЗИФА ВА ПРИНЦИПҲОИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, АСОСИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ

 

Моддаи 1. Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1) Қонуни  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин Кодекс иборат аст. Қонунҳои наве, ки ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамоянд, ба Кодекси ҷиноятӣ бояд дохил карда шаванд.

2) Ҳамин Кодекс ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи  ҳуқуқи  байналмилалӣ  асос меёбад.

 

Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1) Вазифаҳои ҳамин Кодекс аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳлӣ, муҳити зист, тартиботи ҷиноятӣ ва ахлоқ, моликият, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовузи ҷиноятӣ, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии ҷиноятҳо иборат аст.

2) Барои татбиқи ин вазифаҳо ҳамин Кодекс асосу принципҳои ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намуда, муайян мекунад, ки кадом кирдорҳои барои шахсият, ҷамъият ё давлат хавфнок ҷиноят эътироф мегарданд ва намудҳои ҷазою чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро барои содир кардани онҳо муқаррар менамояд.

 

Моддаи 3. Принсипҳои Қонуни ҷиноятӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ

 

Қонуни ҷиноятӣ ба принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузир будани ҷавобгарӣ, ҷавобгарии фардӣ, гунаҳгорӣ, адолат, инсондустӣ ва демократизм асос меёбад.  

 

Моддаи 4. Принсипи қонуният

 

1) Ҷиноят будани кирдор, сазовори ҷазо ва оқибатҳои дигари ҳуқуқии ҷиноӣ будани онро танҳо ҳамин Кодекс муайян менамояд.

2) Ҳеҷ кас дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад ба ҷуз  бо ҳукми суд ва дар асоси қонун.

3) Татбиқи қонуни ҷиноятӣ аз  рўи  қиёс манъ аст.

4) Мазмуни Кодекси ҷиноятӣ бояд дақиқан мутобиқи матни он фаҳмида шавад.

 

Моддаи 5. Принсипи баробарӣ дар назди қонун

 

Шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, қатъи назар аз ҷинс, нажод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молу мулкӣ, мансубият ба  ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқоматашон ва дигар ҳолатҳо дар назди қонун баробаранд ва  бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. 

 

Моддаи 6. Принсипи ногузирии ҷавобгарӣ

 

Ҳар шахсе, ки ҷиноят содир намудааст, бояд  таҳти ҷазо қарор гирад ё нисбати ў чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноии дар ҳамин Кодекс пешбинишуда татбиқ гардад.

 

Моддаи 7. Принсипи ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳгорӣ

 

1) Ҳеҷ кас таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ  қарор гирифта наметавонад ба ҷуз  аз кирдори  (ҳаракат ё баҳаракатӣ) шахсии худ.

2) Шахс танҳо барои он кирдори барои ҷамъият хавфнок ва оқибати хавфнокии ҷамъиятии ба вуқўъ пайвастани он, ки гуноҳи ў нисбати он  муайян  шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

3)  Гунаҳгоркунии объективӣ, яъне барои зарари бегуноҳона расонидашуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.

 

Моддаи 8. Принсипи адолат

 

1) Ҷазо ва чораҳои дигари дорои хусусиятӣ ҳуқуқии ҷиноӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда татбиқ мешавад, бояд одилона бошад, яъне ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, ҳолатҳои содир намудани он ва шахсияти гунаҳгор мувофиқ бошанд.

 

Моддаи 9. Принсипи  инсондўстӣ

 

1) Ба шахси ҷиноят содирнамуда бояд ҷазое таъин гардад ё чунин чораи дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноӣ раво дида шавад, ки барои ислоҳи ў ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои нав зарур ва кофӣ  бошад.

2) Ҷазо ё чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқи ҷиноӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда истифода мешавад, мақсади озори  ҷисмонӣ, таҳқири шаъну эътибори инсонро надорад.

 

Моддаи 10. Принсипи демократизм

 

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс барои ислоҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти худидораи шаҳрвандон ё коллективҳо бо дархосту ризоияти онҳо ҷалб карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Асоси ҷавобгарии  ҷиноятӣ

 

Асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ содир намудани кирдоре мебошад, ки дорои  тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аст.

 

Моддаи 111. Қоидаҳои тафсири қонуни ҷиноятӣ

 

1) Агар меъёри ҳуқуқӣ ҷиноятӣ духўра ифода ёфта башад, ё худ онро ду маънидод намоянд, дар ин сурат он ба мафиати айбдоршаванда (судшаванда, маҳкумшуда) тафсир (маънидод) карда мешавад.

2) Ибораҳо ва (ё) мафҳумҳое, ки дар ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд, ҳамон маъноеро дороянд, ки дар қонунҳои дахлдор оварда шудаанд, агар дар Кодекси ҷиноятӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

3) Дар доираи Кодекси мазкур ба маъноҳои гуногун тафсир кардани мафҳуми якхела манъ аст, ба шарте, ки дар худи ҳамин Кодекс оид ба он нишондоди махсус мавҷуд набошад.

 

БОБИ 2. АМАЛИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ ДАР ЗАМОНУ МАКОН

 

Моддаи 12.  Амали Қонуни ҷиноятӣ дар замон

 

1) Ҷиноят ва сазовори ҷазо будани кирдор бо қонуне, ки дар вақти содир намудани он кирдор амал мекунад, муайян карда мешавад.

2) Вақти содир намудани ҷиноят, вақти содир шудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, сарфи назар аз вақти фаро расидани оқибатҳои он, эътироф карда мешавад.

 

Моддаи 13. Қувваи бозгашти Қонуни  ҷиноятӣ

 

1) Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, ҷазоро сабук ё ба тариқи дигар вазъи шахси ҷиноят содиркардаро беҳтар мекунад, қувваи бозгашт дорад, яъне ба шахсоне татбиқ мегардад, ки то эътибор пайдо кардани чунин қонун кирдор содир кардаанд, аз ҷумла ба шахсоне, ки мўҳлати ҷазоро адо мекунанд ё кардаанд, вале доғи судӣ доранд. Аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани қонуне, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, кирдори то эътибор пайдо кардани қонун содиршуда ҷиноят ҳисоб намешавад.

2) Агар қонуни нави ҷиноятӣ ҷазои кирдореро, ки шахс барои содир кардани он мўҳлати ҷазоро адо мекунад, сабук созад, ҷазои таъиншуда бояд мутобиқи ҳадди болоии ҷазое, ки қонуни ҷиноятии нав муайян кардааст, ихтисор  карда шавад.

3) Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро муқаррар менамояд, ҷазоро пурзўр мекунад ё ба тариқи дигар вазъи шахсеро, ки ин кирдорро содир намудааст, бадтар месозад, қувваи бозгашт надорад.

 

Моддаи 14. Амали  қонуни  ҷиноятӣ  нисбати шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд

 

1) Шахсе, ки дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудааст, мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, агар тибқи  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

2) Чунин кирдор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда ҷиноят эътироф карда мешавад, агар:

а) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ шудааст ё идома ёфтааст ва ё ба итмом расонида шудааст;

б) берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати ҷиноят дар ҳудуди он фаро расидааст;

в) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати ҷиноят  берун аз ҳудуди он фаро расидааст;

г) дар шарикӣ бо шахсоне содир шудааст, ки фаъолияти ҷинояткоронаи худро дар ҳудуди давлати дигар ба амал баровардааст.

3) Шахсе, ки дар киштии обӣ ё ҳавопаймои қонунан таҳти парчам ё аломатҳои шиносоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракаткунанда ҷиноят содир карда бошад, мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Шахсе, ки дар киштии ҳарбии обӣ ё ҳавопаймои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз маҳалли воқеъбудаи онҳо ҷиноят содир кардааст, ҳамчунин мутобиқи ҳами Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

4) Масъалаи ҷавобгарии ҷиноятии намояндагони дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони дигари дорои масуният, дар ҳолати аз ҷониби ин шахсон содир шудани ҷиноят дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи  байналмилалӣ  ҳал мешавад.

 

Моддаи 15. Амали қонуни ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд

 

1) Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванди доимо дар он истиқоматкунанда барои ҷинояти дар ҳудуди давлати хориҷӣ содиркардааш мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, агар кирдори содиркардаи ў дар давлате, ки дар ҳудуди он ин кирдорро содир кардааст, ҷиноят эътироф карда шавад ва агар ў барои ин ҷиноят дар давлати  хориҷӣ  маҳкум нашуда бошад. Ҳангоми маҳкум кардани шахсони маскур ҷазо набояд аз ҳадди болои санксияи пешбининамудаи қонуни давлати хориҷие, ки дар ҳудуди он ҷиноят содир шуда буд, зиёд бошад.

2) Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматнакунанда барои ҷинояти берун аз ҳудуди Тоҷикистон содир кардааш мутобиқи ҳамин Кодекс дар ҳолатҳои зерин ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, агар ў:

а) ҷинояте содир карда бошад, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда ё меъёрҳои муқарарнамудаи қарордод ё созишномаҳои байнидавлатӣ пешбинӣ намудаанд;

б) бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон ё манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояти вазнин ё ҷинояти махсусан вазнин содир карда бошад.

3) Ин қоидаҳо дар ҳолате истифода мешаванд, ки агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматнакунанда дар давлати дигар маҳкум нашуда бошад.

4) Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматкунанда барои ҷинояти дар ҳудуди давлати хориҷӣ содиркардааш мутобиқи Кодекси мазкур дар ҳолате низ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ки мутобиқи моддаҳои мушаххаси Қисми махсуси Кодекси мазкур ҷавобгарии ҷиноятӣ маҳз барои дар ҳудуди давлати хориҷӣ содир намудани ҷиноят пешбинӣ гардида бошад. Дар ин маврид ҳолатҳои дар қисми 1 (ба истиснои маҳкум шудан) ҳамин модда пешбинигардида ба инобат гирифта намешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359).

5) Доғи судӣ ва дигар оқибатҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ нисбати шахсе, ки дар ҳудуди давлати хориҷӣ ҷиноят содир кардааст, набояд ҳангоми банду басти (квалификатсияи) кирдори ин шахс ва ҳангоми таъини ҷазо барои ҷинояте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардааст, ба инобат гирифта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ  нашуда бошад.

 

Моддаи 16. Супоридани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст

 

1)  Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар ҷиноят содир кардааст, ба он давлат супорида намешавад, агар дар  шартномаи тарафайн тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

2) Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намуда, дар ҳудуди он қарор дорад, мутобиқи шартномаи байналмилалӣ метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё адо намудани ҷазо ба давлати хориҷӣ супорида шавад.

 

ФАСЛИ II. ҶИНОЯТ 

БОБИ 3.  МАФҲУМ ВА НАМУДҲОИ ҶИНОЯТ

 

Моддаи 17. Мафҳуми ҷиноят

 

1) Кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки ҳамин Кодекс бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст, ҷиноят эътироф мешавад.

2) Кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки зоҳиран аломатҳои яке аз кирдорҳои дар  Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад ҳам, вале бо сабаби камаҳамиятӣ барои ҷамъият хавфнок нестанд, ҷиноят намебошад.

 

Моддаи 18.  Категорияҳои ҷиноят

 

1) Кирдорҳои дар ҳамин Кодекс пешбинигардида вобаста ба хусусият ва дараҷаи хавфи барои ҷамъият доштаашон ба ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна, вазнин ва махсусан вазнин тақсим мешаванд.

2) Кирдорҳои қасдона содиркардае,  ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз ду соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиётӣ содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест, ҷиноятҳои начандон вазнин эътироф мешаванд.

3) Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида  аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиётӣ содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд мебошад, ҷиноятҳои дараҷаи миёна эътироф мешаванд.

4) Кирдорҳои қасдан содиршудае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест, ҷиноятҳои вазнин эътироф мешаванд.

5) Кирдорҳои қасдан содиршудае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс зиёда аз дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои қатл пешбинӣ гардидааст, ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф мешаванд.

 

Моддаи 19. Такрори ҷиноят

 

1) Такрори ҷиноят кирдоре эътироф мешавад, ки шахс дар вақти гуногун ду ё зиёда   ҷинояти дар ҳамон як модда ё қисми моддаи ҳамин Кодекс пешбинишударо содир намудааст.

2) Содир кардани ду ва ё зиёда аз он ҷинояти дар моддаҳои мухталифи ҳамин Кодекс пешбинигардидаро танҳо дар ҳолатҳое такрори ҷиноят ҳисобидан мумкин аст, ки агар он дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс зикр гардида бошад.

3) Ҷиноят такрорӣ эътироф намешавад, агар шахс  барои ҷинояти қаблан содирнамудааш мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда буд ё  доғи судӣ барои ин ҷиноятҳо барҳам хўрда  ё бардошта шудааст.

4) Дар мавриде, такрори ҷиноятро ҳамин Кодекс ба сифати ҳолатҳое пешбинӣ менамояд, ки барои он ҷазои нисбатан сахтарро пешбинӣ кардааст, ҷинояти аз тарафи шахс содиргардида мутобиқи қисми дахлдори моддаи ҳамин Кодекс, ки ҷазоро барои такрори ҷиноят пешбинӣ менамояд, банду баст (квалификатсия) карда мешавад.

5) Ҷинояте, ки аз як қатор кирдорҳои ҷиноятии ҳаммонанд иборат буда, бо қасди умумӣ ва мақсади ягона равона шудааст ва  дар маҷмўъ  ҷинояти давомдорро ташкил мекунанд, такрори ҷиноят эътироф намешавад.

6) Дар муддати дароз иҷро накардани ўҳдадориҳое, ки хусусияти пайваста содир намудани  таркиби як ҷинояти дарозмуддат дорад, такрори ҷиноят эътироф намешавад.

 

Моддаи 20. Маҷмўи ҷиноят

 

1) Содир кардани ду ё зиёда аз он кирдори ҷиноятии дар моддаҳои гуногун  ё қисмҳои мухталифи ҳамон  моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида, ки шахс барои ҳеҷ кадоми он маҳкум нашудааст, маҷмўи ҷиноят эътироф мешавад. Дар айни замон ҷиноятҳое, ки шахс барои содир кардани онҳо тибқи асосҳои муқаррарнамудаи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст, ба назар гирифта  намешаванд.

2) Як кирдоре, ки аломатҳои ҷинояти дар ду ё бештар моддаи ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дорад, ҳамчунин маҷмўи ҷиноятҳо эътироф мешавад.

3) Ҳангоми содир намудани маҷмўи ҷиноят шахс барои ҳар ҷинояти содирнамудааш дар асоси модда ё қисми дахлдори ҳамин Кодекс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

4) Агар ҷиноят аз ҷониби меъёрҳои умумӣ ва махсус пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ маҷмўи ҷиноят ҷой надорад ва ҷавобгарии ҷиноятӣ дар асоси меъёри махсус ба миён меояд.

 

Моддаи 21. Рецидиви ҷиноят

 

1) Содир намудани ҷинояти қасдона аз тарафи шахсе, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ дорад, рецидиви ҷиноят  эътироф мешавад.

2) Ретсидиви ҷиноят дар ҳолатҳои зерин хавфнок дониста мешавад:

а) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан на камтар аз ду маротиба барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи миёна бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда бошад;

б) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар шахс қаблан барои содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ  маҳкум шуда бошад;

в) дар ҳолати содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, агар ин шахс қаблан барои содир намудани ҷинояти вазнин ба маҳрум сохтан  аз озодӣ  маҳкум шуда бошад.

3) Ретсидиви ҷиноят дар ҳолатҳои зерин махсусан хавфнок дониста мешавад:

а) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда бошад;

б) дар ҳолати содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, агар ин шахс қблан ду маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум карда шудааст, ё ин ки қблан барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда бошад.

4)  Ҳангоми эътирофи ретсидиви ҷиноят ба назар гирифта намешавад:

а) доғи судӣ барои ҷинояте, ки шахс то синни ҳаждаҳсолагӣ содир намудааст;

б) доғи судӣ барои ҷинояте, ки нисбати он шартан татбиқ накардани ҷазо ё ин ки аз рўи он мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм татбиқ гардидааст, агар шартан татбиқ накардани ҷазо ё мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм бекор карда нашуда бошад ва шахс барои адо намудани ҷазо ба ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ фиристода нашудааст, инчунин доғи судие,  ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 84 – и ҳамин Кодекс барҳам хўрдааст ё бардошта шудааст.

5) Ретсидиви ҷиноят дар асос ва ҳудуди пешбининамудаи ҳамин Кодекс боиси ҷазои сахттар мегардад.

 

БОБИ 4. ШАХСОНЕ, КИ БОЯД БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИДА ШАВАНД

 

Моддаи 22. Шартҳои умумии ҷавобгарии ҷиноятӣ

 

Танҳо шахси  воқеии  мукаллаф ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки ба синну соли муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс расидааст.

 

Моддаи 23. Синну соле, ки аз он ҷавобгарии ҷиноятӣ фаро мерасад

 

1) Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ шахсе кашида мешавад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни шонздаҳсолагӣ расидааст.

2) Шахсе, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни чордаҳсолагӣ расидааст, барои содир намудани ҷиноятҳои зерин ба ҷавобграрии ҷиноятӣ кашида мешаванд: одамкушӣ (моддаи 104), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110), қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ (моддаи 111),  одамрабоӣ (моддаи 130), таҷовуз ба номус (моддаи 138), кирдори зўроварии дорои хусусяти шаҳвонӣ (моддаи 139), терроризм (моддаи 179), ғасби гаравгон (моддаи 181), тасарруфи силоҳи, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш (моддаи 199), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ  бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 200), муносибатҳи ғайриқонунӣ  бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳӣ  психотропӣ (моддаи 201), тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ (моддаи 202), парвариши ғайриқонунии  зироатҳои  дорои моддаҳои нашъаовари кишташон манъшуда (моддаи 204), муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ва заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 206), корношоям сохтани воситаҳои нақлиёт ё роҳҳо (моддаи 214), авбошӣ дар ҳолатҳои вазнинкунанда (қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 237), дуздӣ (моддаи 244), ғоратгарӣ (моддаи 248), роҳзанӣ (моддаи 249), тамаъҷўӣ (моддаи 250), ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани  автомобиль ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф (моддаи 252), қасдан несту нобуд ё  вайрон  кардани  молу мулк   дар ҳолатҳои    вазнинкунанда (қисми дуюми моддаи 255).

3) Дар ҳолатҳои алоҳидаи дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида танҳо он шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки аз синни шонздаҳсола болотар аст.

4) Агар ноболиғ дар вақти содир намудани кирдори ба ҷамъият хавфнок ба сину соли дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда расида бошад, аммо дар натиҷаи ақиб мондан дар инкишофи рўҳи, ки бо парешонҳолии рўҳӣ алоқаманд намебошад, наметавонист ба таври пурра хусуссияти воқеӣ ва хавфи ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк намояд ё онҳоро идора намояд, ў ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.

 

Моддаи 24. Номукаллафӣ

 

1) Шахсе, ки ҳангоми содир намудани кирдори барои ҷамъият хавфнок дар ҳолати номукаллафӣ буд, яъне бар асари бемории рўҳии доимӣ, парешонии муваққатии рўҳӣ, заъфи ақл ва ё ҳолати  дигари бемории рўҳӣ хусусияти воқеӣ ва хавфнокии ҷамъиятии  ҳаракат ё беҳаракатии худро дарк ё онро идора карда наметавонист, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.

2) Ба шахсе, ки дар ҳолати номукаллафӣ кирдори барои ҷамъият хавфноки дар қонуни ҷиноятӣ пешбинишударо содир намудааст, чораҳои дорои хусусияти маҷбурии тиббии дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро таъин кардан мумкин аст (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330).

3) Шахсе, ки дар ҳолати мукаллафӣ ҷиноят содир намуда, вале то баровардани ҳукми суд мубталои бемории рўҳие шудааст, ки барои дарки хавфи кирдори худ ё идора кардани онро имконият намедиҳад, ҳамчунин ҷазо дода намешавад. Суд метавонад нисбати чунин шахс  чораҳои  маҷбурии  дорои хусусияти тиббиро раво бинад ва пас аз шифо ёфтан ин шахсро ҷазо додан мумкин аст агар мўҳлатҳои дар моддаи 75 ҳамин Кодекс пешбинишуда нагузашта бошад.

 

Моддаи 25. Ҷавобгарии  ҷиноятии шахсони дорои парешонҳолии дардмандонаи  рўҳӣ, ки мукаллафиро истисно намекунад (мукаллафии маҳдуд)

 

1) Шахси мукаллафе, ки дар вақти содир намудани ҷиноят бар асари парешонҳолии рўҳӣ наметавонист пурра хуссусияти воқеӣ ва хавфи ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк намояд ё онро идора намояд, ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад.

2) Ҳолати мукаллафии маҳдуд ҳангоми таъини ҷазо ба назар гирифта шуда, барои таъин намудани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ асос шуда метавонад.

 

Моддаи 26. Ҷавобгарии  ҷиноятии  шахсоне,  ки  дар ҳолати  мастӣ ҷиноят содир намудаанд

 

1) Шахсе, ки дар ҳолати мастӣ дар асари истеъмоли машруботи алкоголӣ,  воситаҳои нашъдор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҷиноят содир кардааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда намешавад.

2) Дар сурати ҷиноятро содир намудани майзада, нашъаманд ё токсикоман, суд дар баробари муқаррар намудани ҷазо метавонад чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббии дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро таъин намояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330).

 

БОБИ 5. ГУНОҲ

 

Моддаи 27. Шаклҳои гуноҳ

 

1) Танҳо шахсе дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор эътироф мешавад, ки ў ин кирдорро қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда бошад.

2) Кирдори танҳо аз беэҳтиётӣ содиршуда дар ҳолате ҷиноят эътироф мешавад, ки агар он дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 28. Ҷинояти қасдан содиршуда

 

1) Ҷинояти қасдан содиршуда кирдоре эътироф мешавад, ки бо қасди бевосита ё бавосита содир шудааст.

2) Ҷиноят бо қасди бевосита содиршуда эътироф мешавад, агар шахс ба ҷамъият хавфнок будани ҳаракати ( беҳаракатии) худро дарк карда, имконияте ё ногузирии фаро расидани оқибати барои ҷамъият хавфноки онро пешбинӣ намуда, хоҳони фаро расидани он бошад .

3) Ҷиноят бо қасди бавосита содиршуда эътироф мешавад,  агар шахс ба ҷамъият хавфнок будани ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк карда, имконияти фаро расидани оқибати барои ҷамъият хавфнокии онро пешбинӣ намуда, фаро расидани оқибатро нахоста, вале дидаву дониста  ба ин оқибатҳо роҳ дода бошад,  ё ба онҳо беэътиноёна муносибат карда бошад.

 

Моддаи 29. Ҷинояти аз беэҳтиётӣ  содиршуда

 

1) Ҷинояти  аз беэҳтиётӣ содиршуда кирдори барои ҷамъият хавфноке эътироф мешавад, ки аз худбоварӣ ё  бепарвоӣ содир шудааст.

2) Ҷиноят ҳангоме аз  худбоварӣ содиршуда эътироф мешавад , ки агар шахс имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфноки ҳаракати (беҳаракатии) худро пешбинӣ карда, вале бе асосҳои ба он кофӣ, худбоварона ҳисоб карда бошад, ки он оқибатҳоро бартараф мекунад.

3) Ҷиноят ҳангоме аз бепарвоӣ содиршуда эътироф мешавад, ки агар шахс имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнокии ҳаракати (беҳаракатии) худро пешбинӣ накарда бошад, ҳол он, ки  дар сурати  бодиққатӣ ва дурандешии зарурӣ мебоист ва метавонист он оқибатҳоро  пешбинӣ кунад.

 

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои ҷинояте, ки бо ду шакли гуноҳ содир шудааст

 

Агар шахс дар натиҷаи қасдан содир намудани ҷиноят аз беэҳтиётӣ дигар оқибатҳои ба ҷамъият хавфнокро расонад, ки мувофиқи ҳамин Кодекс боиси таъини ҷазои сахттар мегардад, чунин ҷиноят қасдан содиршуда эътироф мешавад.

 

Моддаи 31. Бегуноҳ расонидани зарар  (тасодуф)

 

1) Кирдор бегуноҳ содиршуда эътироф мешавад, агар шахси содирнамудаи он хавфнокии ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк накарда бошад ва вобаста ба ҳолатҳои кор намебоист ё наметавонист онро дарк кунад ё имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнокро пешбинӣ накарда бошад ва вобаста ба ҳолатҳои кор намебоист ё наметавонист онро пешбинӣ кунад.

2) Кирдор инчунин бегуноҳ содиршуда эътироф мешавад, агар шахси содирнамудаи он, гарчанд имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфноки ҳаракати (беҳаракатии) худро пешбинӣ карда бошад ҳам, аммо ин оқибатҳоро бо сабаби номувофиқии сифатҳои психофизиологии худ ба талаботи шароити фавқуллода ё аз ҳад зиёд мондашавии асабу рўҳ пешгирӣ карда натавониста бошад.

 

БОБИ 6. ҶИНОЯТИ НОТАМОМ ВА ХОТИМАЁФТА

 

Моддаи 32. Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят

 

1) Тайёрӣ ба ҷиноят ин аз тарафи шахс қасдан ҷустуҷў, тайёр  ё мувофиқ кардани восита ё олоти содир намудани ҷиноят, ёфтани шарикони ҷиноят, забоняккунӣ барои содир кардани ҷиноят ё қасдан фароҳам овардани шароити дигар барои содир кардани ҷиноят мебошад, агар зимнан ҷиноят бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад.

2) Ҷавобгарии ҷиноятӣ танҳо барои тайёрӣ ба ҷинояти, вазнин ё махсусан вазнин муқаррар  карда  мешавад.

3) Сўиқасди ҷиноят  ҳаракати (беҳаракатии) қасдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардани ҷиноят равона гардидааст, агар зимнан ҷиноят бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба  охир расонида нашуда бошад.

4) Ҷавобгарӣ барои тайёрӣ ба ҷиноят ё сўиқасди ҷиноят бо ишора ба ҳамин модда мутобиқи ҳамон моддаи Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ фаро мерасад, ки барои ҷинояти хотимаёфта муқаррар шудааст.

 

Моддаи 33. Ҷинояти хотимаёфта

 

Ҷиноят хотимаёфта эътироф мешавад, агар кирдори содирнамудаи шахс тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад.

 

Моддаи 34.  Ихтиёрӣ  даст кашидан аз  ҷиноят

 

1) Бо ихтиёри худ даст кашидан аз ҷиноят он аст, ки  агар шахс имконияти то охир расонидани ҷиноятро дарк карда, ихтиёран ва ба таври қатъӣ ҳаракатҳои тайёрӣ ё ҳаракати (беҳаракатии) бевосита ба содир намудани ҷиноят равонашударо қатъ кунад.

2) Агар шахс ҷиноятро ба охир нарасонида, бо ихтиёри худ ва ба таври қатъӣ аз он даст кашида бошад, ў барои ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

3) Шахсе, ки ихтиёран аз ба охир расонидани ҷиноят даст кашидааст, танҳо дар ҳолате ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки кирдори содирнамудаи ў таркиби ҷинояти дигар дошта бошад.

4) Агар ташкилкунандаи ҷиноят ва таҳриккунандаи ҷиноят бо роҳи саривақт хабар додан ба мақомоти ҳокимият ё чораҳои дигари андешидаашон аз ҷониби иҷрокунанда ба охир расонидани ҷиноятро пешгирӣ карда бошанд, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.  Агар ёрдамчӣ барои пешгирии содиршавии ҷиноят ҳамаи чораҳои аз ў вобастабударо андешида бошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.

5) Агар ҳаракатҳои дар қисми чоруми ҳамин модда зикргардидаи ташкилкунанда ва таҳриккунанда аз ҷониби иҷрокунанда содир кардани ҷиноятро пешгирӣ карда натавонанд, чораҳои андешидаи онҳоро ҳангоми таъин намудани ҷазо ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ҳисоб  кардан мумкин аст.

 

БОБИ 7. ШАРИКӢ ДАР ҶИНОЯТ

 

Моддаи 35. Мафҳуми шарикӣ  дар ҷиноят

 

Иштироки якҷояи  қасдонаи ду ё зиёда шахсон дар содир намудани ҷинояти қасдона шарикӣ дар ҷиноят эътироф  мешавад.

 

Моддаи 36. Шарикони ҷиноят

 

1) Ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ дар баробари иҷрокунанда шарикони ҷиноят эътироф  мешаванд.

2) Иҷрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита ҷиноятро содир намудааст ё якҷоя бо шахсони дигар (ҳамиҷрокунандагон) бевосита дар содир намудани он иштирок кардааст, инчунин шахсе, ки бо роҳи истифодаи шахсони дигаре, ки мувофиқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд,   ҷиноят содир кардааст.

3) Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки ҷиноятро ташкил  ё ба иҷрои он роҳбарӣ карда бошад, инчунин шахсе, ки гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятиро (ташкилоти ҷиноятӣ) таъсис дода ё ба он роҳбарӣ кардааст.

4) Таҳриккунанда шахсе эътироф  мешавад, ки шахси дигарро бо роҳи багапдарорӣ, порадиҳӣ (харидан), таҳдид ё ба тариқи дигар ба содир кардани ҷиноят моил кардааст.

5) Ёрдамчӣ шахсе ътироф  мешавад, ки бо маслиҳату дастур, додани таҳсилот, восита ё олоти содир кардани ҷиноят ё рафъи монеаҳо ба содир намудани ҷиноят мусоидат кардааст, инчунин шахсе, ки пинҳон кардани ҷинояткор, восита ё олоти содир намудани ҷиноят, осори ҷиноят ё ашьёи бо роҳи ҷиноят ба даст омадаро пешакӣ ваъда додааст, ҳамчунин шахсе, ки дар хусуси соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ашьёро пешакӣ ваъда додааст.

 

Моддаи 37. Ҷавобгарии шарикони ҷиноят

 

1) Ҷавобгарии шарикони ҷиноят вобаста ба хусусият ва дараҷаи иштироки воқеии  ҳар яки онҳо дар содир намудани ҷиноят муайян карда мешавад.

2) Ҳамиҷрокунандагон барои ҷинояти якҷоя содирнамудаашон бо моддаи Қисми махсуси  ҳамин Кодекс бе ишора ба моддаи 36 ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

3) Ҷавобгарии ҷиноятии ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ бо ишора ба моддаи 36 ҳамин Кодекс мутобиқи моддаи Қисми махсуси Кодекси мазкур муқаррар мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо дар як вақт ҳамиҷрокунандагони ҷиноят бошанд.

4) Шахсе, ки субъекти ҷинояти дар моддаи Қисми махсуси ҳамин Кодекс махсус зикргардида набуда, дар содир намудани ҷинояти пешбининамудаи ҳамин модда иштирок кардааст, барои ин ҷиноят метавонад танҳо ба сифати ташкилкунанда, таҳриккунанда ё ёрдамчӣ  ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

5) Агар иҷрокунанда бо сабабҳои аз ў новобаста ҷиноятро то ба охир расонида натавонад, шарикони дигари ҷиноят барои шарикӣ дар тайёрӣ ба содир намудани ҷиноят ё сўиқасди содир намудани ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

6) Агар кирдорҳои ташкилкунанда, таҳриккунанда ё ёрдамчӣ бо сабабҳои аз онҳо новобаста барор нагиранд, онҳо барои тайёрӣ ба ҷинояти дахлдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 38. Ифроти (эксцесс) иҷрокунандаи  ҷиноят

 

Аз ҷониби иҷрокунанда содир гардидани ҷинояте, ки шарикони дигар қасди онро надоштанд, ифроти иҷрокунанда эътироф мешавад. Барои ифроти иҷрокунанда дигар шарикони ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

 

Моддаи 39. Ҷиноят содир  намудани  гурўҳи  шахсон, гурўҳи  шахсон  бо  маслиҳати  пешакӣ, гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ  (ташкилоти ҷиноятӣ)

 

1) Ҷиноят бе маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон содиршуда эътироф мешавад, агар дар он иҷрокунандагоне иштирок карда бошанд, ки дар хусуси  якҷоя содир намудани он пешакӣ маслиҳат накардаанд.

2) Ҷиноят бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон содиршуда эътироф мешавад, агар дар он  шахсоне иштирок карда бошанд, ки дар хусуси якҷоя содир намудани он пешакӣ маслиҳат кардаанд.

3) Ҷиноят аз ҷониби гурўҳи муташаккил содиршуда эътироф мешавад, агар он аз ҷониби гурўҳи устувори шахсоне, ки пешакӣ барои содир кардани  як ё якчанд ҷиноят муттаҳид шудаанд, содир шуда бошад.

4) Иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)  муттаҳидшавии ду ё якчанд  гурўҳи муташаккил эътироф мешавад, ки барои содир намудани   ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин ба ташкилоти устувор  таъсис ёфта, фаъолияти он ба тақсимоти вазифаи идоракунӣ, таъмин ва иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи иттиҳод дар байни аъзои иттиҳод  ва сохторҳои он асос меёбад.

5) Ҷиноят дар ҳолате аз ҷониби иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содиршуда эътироф мешавад, ки агар онро узви (аъзои) чунин иттиҳод ҷиҳати иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи он, инчунин бо супориши иттиҳоди ҷиноятӣ шахсе содир карда бошад, ки узви иттиҳоди ҷиноятӣ нест.

6) Шахсе, ки гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) таъсис додааст ё ба он роҳбарӣ кардааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои ташкил ва роҳбарии онҳо, инчунин барои тамоми ҷиноятҳои  содирнамудаи гурўҳи муташаккил, ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) агар   қсди  ў содир намудани онҳоро дар бар гирифта бошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Дигар иштирокчиёни гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)  барои иштирок дар  онҳо дар ҳолати пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс инчунин барои ҷиноятҳое, ки дар тайёрӣ ё содир кардани онҳо ширкат варзидаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

7) Таъсиси гурўҳи муташаккил дар ҳолатҳое, ки дар моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс  пешбинӣ нашудааст, боиси Ҷавобгарии ҷиноятии барои тайёрӣ ба он ҷиноятҳое мегардад, ки барои содир кардани онҳо ин гурўҳ таъсис ёфтааст.

8) Ҷавобгарии ҷиноятии шахсони дар ҳамин модда номбаршуда бе ишора ба моддаи 36 Қисми умумии ҳамин Кодекс фаро мерасад.

9) Иштирокчии гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ),   ки ихтиёран ба мақомоти ҳокимият ҳозир шуда, то содир гардидани ҷиноят дар ошкор намудани нияти ҷинояткорона фаъолона мусоидат намудааст, агар дар кирдори ў аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад. аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

 

БОБИ 8. ҲОЛАТҲОЕ, КИ ҶИНОЯТ БУДАНИ  КИРДОРРО ИСТИСНО МЕКУНАНД

 

Моддаи 40. Мудофиаи зарурӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 с., №35)

 

1) Ҳаракате, ки дар ҳолати мудофиаи зарурӣ, яъне ҳангоми ҳимояи шахсият ва ҳуқуқҳои  мудофиакунанда ё шахси дигар, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа ё давлат аз таҷовузи барои ҷамъият хавфнок бо роҳи расонидани зарар ба таҷовузкунанда содир шудааст, агар ин таҷовуз бо зўроварӣ барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок бошад, ё ин ки бо таҳдиди бевоситаи истифодаи чунин зўроварӣ алоқаманд бошад, ҷиноят ҳисобида намешавад.  (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 с., №35)

2) Ҳимоя аз таҷовузи ба зўроварӣ марбут набуда, ки барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок нест, ё ин ки бо таҳдиди бевоситаи истифодаи чунин зўроварӣ қонунӣ ҳисобида мешавад, агар зимнан ба аз ҳадди мудофиаи заррурӣ баромадан, роҳ дода нашуда бошад, яъне ҳаракати қасдонае, ки баръало ба хусусияту дараҷаи хавфнокии таҷовуз мувофиқ нест.  (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 с., №35)

3) Ҳаракатҳои шахси мудофиакунанда, ки дар натиҷаи таҷовузи нобаҳангом ба вуҷуд омадаанд, баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ ҳисоб намешавад, агар шахс имконияти ба таври объективӣ баҳо додани дараҷа ва хусусияти хавфнокии таҷовузро набошта бошад.  (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 с., №35)

4) Шахс, сарфи назар аз имконияти халос шудан аз таҷовуз, новобаста аз тайёрии касбӣ ё дигари тайёрии махсус ё мақоми хизматиаш ё имконияти ба шахсони дигар ё мақомоти ҳокимият барои кўмак муроҷиат карданаш, ба мудофиаи зарурӣ ҳуқуқ дорад.   (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 с., №35)

5) Қасдан барангехтани иғвои таҷовуз бо мақсади расонидани зарар, мудофиаи зарурӣ ҳисоб намешавад.   (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 с., №35)

 

Моддаи 41. Расонидани зарар ҳангоми дастгир кардани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст

 

1) Ҳаракатҳое, ки ҳангоми дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда бо мақсади ба мақомоти ҳокимият супурдан ё пешгирии имконияти ҷиноятҳои навро содир карданаш ба ў зарар расонидаанд, агар бо воситаҳои дигар дастгир намудани чунин шахс ғайриимкон бошад ва дар айни замон чораҳои зарурии бо ин мақсад андешидашуда аз ҳад набаромада бошанд, ҷиноят ҳисоб намешаванд.

2) Номутобиқатии ошкорои воситаю усулҳои дастгир кардан ба хавфи кирдор ва шахси содирнамуда, инчунин ба ҳолатҳои дастгир кардан, ки дар натиҷаи онҳо ба шахс қасдан зараре расонида шавад, ки зарурати дастгир кардан  онро талаб намекард,  баромада аз ҳадди чораҳои зарурӣ барои дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда эътироф мешавад.

3) Ҳуқуқи дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамударо дар баробари шахсони ба ин кор махсус ваколатдор, инчунин ҷабрдидагон ва шаҳрвандони дигар низ доранд.

4) Ҳангоми арзёбии қонунӣ будани зарари дар вақти дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда расонидашуда ҳаракати ў дар мавриди аз дастгиршавӣ халос хўрдан, қувваю имконияти дастгиршаванда, ҳолати рўҳии ў ва ҳолатҳои дигари вобаста бо амали дастгир кардан ба назар гирифта мешаванд.

 

Моддаи 42. Зарурати ниҳоӣ

 

1) Дар ҳолати зарурати ниҳоӣ, яъне барои рафъи хавфи бевосита ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ин шахс ё шахсони дигар, манфиатҳои ҷомеа ё давлат таҳдидкунанда расонидани зарар ба манфиатҳое, ки ҳамин Кодекс муҳофизат мекунад, агар рафъи ин хавф бо воситаҳои дигар номумкин бошад  ҷиноят ҳисоб намешавад, агар зимнан зарурати ниҳоӣ аз ҳад нагузашта бошад,

2) Расонидани зараре, ки ба хусусияту дараҷаи хавфи таҳдидкунанда ва ҳолатҳои рафъи хавф баръало мувофиқ набуда, дар натиҷа ба манфиатҳои қонунан муҳофизатшаванда баробари зарари пешгиришуда ё аз он бештар зиён оварда шуда бошад, он аз ҳад гузаронидани зарурати ниҳоӣ эътироф мешавад. Чунин азҳадгузаронӣ танҳо дар ҳолати қасдан расонидани зарар боиси ҷавобгарӣ мегардад.

3) Ҳангоми арзёбии қонунӣ будани кирдори дар ҳолати зарурати ниҳоӣ содиршуда хусусияту дараҷаи хавфи рафъшаванда, воқеят ва наздикии фаро расидани он, имконияти воқеии шахс дар мавриди пешгирӣ намудани он, вазъи рўҳии ў дар ҳолати бамиёномада ва ҳолатҳои дигар ба  назар гирифта мешаванд.

 

Моддаи 43. Маҷбуркунии ҷисмонӣ  ё рўҳӣ

 

1) Расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда дар натиҷаи маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рўҳӣ, агар дар натиҷаи чунин маҷбуркунӣ шахс ҳаракати (беҳаракатии) худро идора карда натавонад, ҷиноят ҳисоб намешавад.

2) Масъалаи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда дар натиҷаи маҷбуркунии рўҳӣ, инчунин дар натиҷаи маҷбуркунии ҷисмонӣ, ки дар асари он шахс имконияти идора кардани амали худро нигоҳ доштааст, бо дарназардошти муқаррароти моддаи 42 ҳамин Кодекс ҳал мешавад.

 

Моддаи 44. Таваккали асоснок

 

1) Расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда ҳангоми таваккали асоснок ҷиҳати ноил шудан ба мақсади барои ҷомеа фоиданок ҷиноят ҳисоб намешавад.

2) Таваккал дар ҳолате асоснок эътироф мешавад, ки агар ноил шудан ба мақсади мазкур бо ҳаракати (беҳаракатии) ба таваккал марбутнабуда номумкин бошад ва шахсе, ки ба таваккал роҳ додааст, барои пешгирӣ намудани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда тамоми чораҳои заруриро андешида бошад.

3) Агар таваккал баръало бо таҳдиди ҳалокати одамон, фалокати экологӣ ё офати ҷамъиятӣ алоқаманд бошад, он асоснок эътироф карда намешавад.

 

Моддаи 45. Иҷрои фармон ё амр

 

1) Расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда аз ҷониби шахсе, ки бо мақсади иҷрои ҳатмии фармон ё амри мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ў додашуда амал кардааст, ҷиноят намебошад. Барои расонидани чунин зарар шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки фармон ё амри ғайриқонунӣ додааст.

2) Шахсе, ки бо мақсади иҷрои фармон ё амри ғайриқонунӣ қасдан ҷиноят содир кардааст, бо асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

3) Иҷро накардани фармон ё амри баръало ғайриқонунӣ ҷавобгарии ҷиноятиро истисно мекунад.

 

ФАСЛИ III. ҶАЗО

 БОБИ 9. МАФҲУМ, МАҚСАД ВА НАМУДҲОИ ҶАЗО

 

Моддаи 46. Мафҳум ва мақсади ҷазо

 

1) Ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад. Он нисбати шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор эътироф шудааст татбиқ гардида, аз маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои  шахс, ки дар ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд, иборат мебошад.

2) Ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав  татбиқ мешавад.

 

Моддаи 47. Намудҳои ҷазо

 

Намудҳои ҷазо инҳо мебошанд:

а) ҷарима;

б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян;

в) маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон;

г) корҳои ҳатмӣ; (ҚҶТ аз 31.12.08с., №451)

д) корҳои ислоҳӣ;

е) маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ;

ж) маҳдуд кардани озодӣ;

з) нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ;

и) мусодираи молу мулк;

к) маҳрум сохтан аз озодӣ;

л) якумра аз озодӣ маҳрум сохтан;

м) ҷазои қатл.

 

Моддаи 48. Ҷазоҳои асосӣ ва иловагӣ

 

1) Корҳои  ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, ҷазои қатл танҳо ҳамчун  ба сифати ҷазои асосӣ татбиқ мешаванд.

2) Ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҳам ба сифати ҷазоҳои асосӣ ва ҳам иловагӣ татбиқ мешаванд.

3) Маҳрум кардан аз рутбаи махсус, ҳарбӣ, рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ, инчунин мусодираи молу мулк танҳо ба сифати ҷазои иловагӣ истифода мешаванд.

4) Барои як ҷиноят танҳо як ҷазои асосӣ таъин намудан мумкин аст. Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бо ҷазои асосӣ таъин кардани як ё якчанд ҷазои иловагӣ мумкин аст. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1088)

5) Ҷаримаро ҳамчун ҷазои иловагӣ танҳо дар ҳолатҳое, ки бевосита дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, таъин намудан мумкин аст. (ҚҶТ аз 13.06.13с., №965)

Қисми 6 бо ҚҶТ аз 26.07.14с., №1088 хориҷ шуд

 

Моддаи 481. Корҳои ҳатмӣ

 

1) Корҳои ҳатмӣ аз ҷониби маҳкумшуда берун аз вақти корҳои асосӣ ё аз таълим ба таври бемузд иҷро намудани корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ мебошад, ки намудҳои онҳоро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ муайян менамояд.

2) Корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз шаст то дусаду чил соат муқаррар карда мешавад ва на зиёда аз чор соат дар як рўз адо карда мешаванд.

3) таъини корҳои ҳатмӣ барои шахсони зерин манъ аст:

а) хизматчиёни ҳарб;

б) шахсоне, ки ба синну соли нафақа расидаанд;

в) занони ҳомила;

г) шахсоне, ки бо сабаби нигоҳубини кўдак дар рухсатӣ мебошанд;

д) маъюбони гурўҳҳои 1 ва 11;

4) Дар давраи  адои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба миён омадани яке аз ҳолатҳои дар қисми сеюми ҳамин модда пешбинишуда суд бо пешниҳодӣ мақоме, ки ба зиммаи он иҷрои ҳукм вогузор шудааст, шахсро аз адои минбаъдаи ҷазо озод мекунад.

5) Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ кардани маҳкумшуда аз адои корҳои ҳатмӣ, суд онро ба ҷазои корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ дар доираи ин намудҳои ҷазо, ки бо ҳамн Кодекс пешбинӣ шудааст, иваз менамояд.

 

Моддаи 49. Ҷарима

 

1) Ҷарима ситонидани маблағе мебошад, ки дар доираи пешбининамудаи ҳамин Кодекс таъин шудааст.

2) Ҷарима ба маблағи аз сад то бисту як ҳазору нуҳсад андозаи муқарраршудаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар вақти содир шудани ҷиноят амал мекард таъин карда мешавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274).

Андозаи ҷарима аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ё маҷмӯи ҳукумҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинигардида аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо,  ки дар вақти содир кардани ҷиноят амал мекард, зиёд буда наметавонад. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

3) Суд андозаи ҷаримаро бо дарназардошти вазнинии ҷинояти содиргардида ва вазъи молу мулкии маҳкумшуда дар доираи пешбинӣ намудаи ҳамин Кодекс муайян менамояд.

4) Ҷаримаро ба сифати намуди ҷазои иловагӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қмсми махсуси ҳамин Кодекс таъин кардан мумкин аст.

5) Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ  намудан аз пардохти ҷарима суд онро ба ҷазоҳои корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ мутобиқан ба андозаи ҷаримаи таъингардида, дар доираи ин намудҳои ҷазо, ки бо ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, иваз менамояд.

6) Дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани  ҷиноятҳои дар моддаҳои  245 (ба истиснои банди «а» қисми 4),  246 (ба истиснои банди «а» қисми 3), 247 (ба истиснои банди «в» қисми 3 ва банди «а» қисми 4), 251, 253, 255 (ба истиснои бандҳои «а» ва «б» қисми 2), 256 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошад), 257 (ба истиснои банди «г» қисми 2 ва банди «б» қисми 3), 258, 259, 2591, 260, 263, 264, 265, 266, 268, 270, 271, 273 (ба истиснои бандҳои «а» ва «б» қисми 3), 274, 276, 277, 278, 285, 286, 287, 289 қисмҳои 1 ва 2, 295, 3401 ва 388 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси мазкур пешбинишуда, агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набудаи дар санксияҳои моддаҳои номбаршуда пешбинигардида таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1359; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1379).

7) Дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани  ҷиноятҳои дар моддаҳои 314 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 315, 316 (ба истиснои бандҳои «а» ва «б» қисми 3 ва ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 318, 322 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 323, 340 қисмҳои 1 ва 2 ва 391 қисми 1 ҳамин Кодекс пешбинигардида, агар онҳо дар алоқамандӣ бо ҷиноятҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи мазкур содир шуда бошанд, ҷазо ба тартиби муайяннамудаи қисми 6 ҳамин мода таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11 с., №694)

8) Дар мавриди пас аз баровардани ҳукми суд пурра талофӣ намудани зарари моддӣ аз тарафи маҳкумшуда барои содир намудани ҷиноятҳои  пешбининамудаи қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи мазкур ҷазои таъингардидаи маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷониби суде ,ки ҳукм бароварда аст ё суди маҳаллииҷрои ҷазо ё суди болоӣ ба ҷазои ҷарима иваз карда мешавад. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

9) Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудан ва ё имконнопазирии пардохти ҷарима, к ибо тартиби пешбининамудаи қисмҳои 6, 7 ва (ё) 8 моддаи мазкур ба сифати ҷазои асосӣ таъин ё иваз карда шудааст, суд ҷазои ҷаримаро (ё қисми напардохтаи онро) ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз менамояд. Ҳангоми иваз намудани ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима, мӯҳлат ва андозаи ин намуди ҷазоҳо набояд аз ҳадди поёнӣ ва болоии муқаррарнамудаи моддаҳои дахлдори қисми махсуси ҳамин Кодекс бо назардошти қисми адокардаи ҷазо кам ва ё зиёд бошанд. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

10) Дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ва ё ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ як шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба истиснои ҷиноятҳои дар қисми 11 ҳамин модда пешбинишуда баробар аст. (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274)

11) Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудан ва ё имконнопазирии пардохти ҷарима, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319-321 ҳамин Кодекс пешбинигардида таъин карда шудааст, суд ҷазои ҷаримаро (ё қисми напардохтаи онро) ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз менамояд. Ин масъала аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст, ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ва ё суди болоӣ ҳал карда мешавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274).

12) Ҳангоми иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ё ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисми 11 ҳамин модда пешбинигардида як шабонарўзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274).

 

Моддаи 50.  Маҳрум  кардан  аз ҳуқуқи ишғоли  мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян

 

1) Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян аз манъ кардани ишғоли мансаб дар хидмати давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ё машғул шудан бо фаъолияти муайяни касбӣ ё фаъолияти дигар иборат аст.

2) Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян аз як то бист сол муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1467)

3) Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян дар ҳолате ба сифати ҷазои иловагӣ низ  бо ишора ба ҳамин модда таъин карда шуда  метавонад, ки ин намуди ҷазо дар Моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ нагардида бошад ҳам ва агар суд, бо дарназардошти хусусият ва дараҷаи ҷинояти содиршуда ва дар хусуси шахсияти гунаҳгор, имконнопазирии нигоҳ доштани ҳуқуқи ўро барои ишғол намудани мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян эътироф намояд.

4) Ҳангоми ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҳабс, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳдуд кардани озодӣ ё аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидани ин ҷазо, он  дар  тамоми вақти адои ҷазои асосӣ ва зиёда аз он  пас аз адои ҷазои асосӣ дар мўҳлати муқаррарнамудаи ҳукм  низ татбиқ мегардад. Дар ҳолатҳои дигар мўҳлати он аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 51. Маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон

 

Шахсе, ки рутбаи  ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо,  унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистонро дорад, дар ҳолати барои ҷиноятҳои  вазнин ё махсусан вазнин маҳкум шуданаш   суд метавонад бо назардошти шахсият ва кирдори содиркардааш ўро аз чунин рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон маҳрум намояд.

 

Моддаи 52. Корҳои ислоҳӣ

 

1) Корҳои ислоҳӣ дар ҷои кори маҳкумшуда ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқомати маҳкумшуда ба мўҳлати аз ду моҳ то ду сол таъин гардида,  аз даҳ то сӣ фоизи музди меҳнат ба фоидаи давлат нигоҳ дошта мешавад. (ҚҶТ аз 17.05.04 с., №35)

2) Дар мавриди аз тарафи шахси маҳкумшуда ҳангоми адо намудани ҷазои корҳои ислоҳӣ ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинишуда,  суд бо пешниҳоди мақоме, ки ба зиммаи он иҷрои ҳукм вогузор шудааст, шахсро аз адои минбаъдаи ҷазо озод менамояд ё ин, ки қисми адо накардаи ҷазоро ба ҷазои сабуктар иваз менамояд.

3) Дар сурати аз адои мўҳлати ҷазо ашадӣ саркашӣ намудани шахси ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда, суд метавонад ба ҳисоби  як рўзи маҳдуд кардани озодӣ ба ҷои  як рўзи корҳои ислоҳӣ, як рўзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷои се рўзи корҳои ислоҳӣ ҷазои нотамомро бо маҳдуд кардани озодӣ, ҳабс ё маҳрум сохтан аз озодӣ иваз намояд.

4) Таъини корҳои ислоҳӣ барои шахсони зерин манъ аст:

а) хизматчиёни ҳарбӣ;

б) шахсони ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида;

в) шахсоне, ки ба синну соли нафақа расидааст;

г) занони ҳомиладор;

д) шахсоне, ки бо сабаби нигоҳубини кўдак дар рухсатӣ мебошанд;

е) маъюбони гурўҳҳои I ва II.

 

Моддаи 53. Маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ

 

1) Маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ дар ҳолатҳое, ки дар моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидаанд, инчунин бар ивази корҳои ислоҳи меҳнатии барои ҷиноятҳои дигар пешбинигардида нисбати хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудаи ҳайати афсарон, инчунин хизматчиёни ҳарбии  бо тартиби ихтиёрӣ хизматкунанда ба мўҳлати аз ду моҳ то ду сол татбиқ мешавад.

2) Аз таъминоти пулии шахси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда ба фоидаи давлат ба андозаи муқаррарнамудаи ҳукми суд  аз даҳ то сӣ фоизи маблағи таъминоти пулӣ ситонида мешавад.

3) Дар давраи адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ  маҳкумшударо  ба мансаби баланд таъин  кардан ё ба ў додани рутбаи ҳарбии болотар манъ аст, мўҳлати ҷазо бошад ба собиқаи хизматӣ ў барои додани рутбаи навбатии ҳарбӣ ҳисоб карда намешавад.

 

Моддаи 54. Маҳдуд кардани озодӣ

 

1) Маҳдуд кардани озодӣ, яъне нигоҳ доштани маҳкумшуда дар муассисаҳои махсус бидуни ҷудо кардан аз ҷамъият дар шароити татбиқи назорат аз болои он ба мўҳлати аз як то панҷ сол  мебошад.

2) Дар ҳолати иваз кардани корҳои ислоҳӣ бо маҳдуд кардани озодӣ, он метавонад ба мўҳлати камтар аз  як сол таъин гардад.

3) Дар ҳолати аз адои ҷазо ашадӣ саркашӣ намудани шахси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда, он ба мўҳлате, ки дар ҳукми суд барои маҳдуд кардани озодӣ таъин шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда мешавад. Дар айни замон вақти адои маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ дохил мегардад аз ҳисоби  як рўзи маҳрум сохтан аз озодӣ баробари  як рўзи маҳдуд кардани озодӣ.

4) Таъини маҳдуд кардани озодӣ барои  шахсони зерин манъ аст:

а) хизматчиёни ҳрбӣ;

б) шахсоне, ки ба синну соли нафақа расидаанд;

в) занони ҳомиладор;

г) шахсоне, ки бо сабаби нигоҳубини кўдак дар рухсатӣ мебошанд;

д) маъюбони гурўҳҳои I ва II.

 

Моддаи 55 бо  ҚҶТ аз 17.05.04 с., №35 хориҷ шуд.

 

Моддаи 56. Нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ

 

1) Нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба хизматчиёни ҳарбие таъин карда мешавад, ки хизмати ҳарбиро аз рўи даъвати хизматӣ мўҳлатнок адо мекунанд, инчунин ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро  бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаи аскари қаторӣ ва ҳайати сержантҳо адо мекунанд, агар онҳо дар лаҳзаи ҳукмро баровардани суд мўҳлати бо қонун муқарраргардидаи хизматро тибқи даъват адо накарда бошанд. Ин ҷазо ба мўҳлати аз се моҳ то ду сол  дар ҳолатҳое муқаррар карда мешавад, ки моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои содир намудани ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ пешбинӣ намудаанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки хусусияти ҷиноят ва шахсияти гунаҳгор дар бораи имконияти иваз намудани маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати на бештар аз ду сол  бо нигоҳ доштани  маҳкумшуда дар қисми ҳарбии интизомӣ дар ҳамин мўҳлат далолат диҳанд.

2) Иваз кардани маҳрум сохтан аз озодиро  бо нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба шахсе, ки қаблан ҷазоро дар  намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо намудааст, манъ аст.

3) Ба хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудае, ки бо сабаби вазъи саломатиашон барои хизмати ҳарбӣ ношоям дониста шудаанд ё нисбати онҳо ҳолатҳои дигаре муқаррар шудаанд, ки онҳоро аз хизмати ҳарбӣ озод мекунанд, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ татбиқ карда намешавад.

4) Ҳангоми нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ бар ивази маҳрум сохтан аз озодӣ мўҳлати нигоҳ доштан  дар қисми ҳарбии интизомӣ ба ҳисоби як рўзи маҳрум сохтан аз озодӣ баробари як рўзи нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 57. Мусодираи молу мулк

 

1) Мусодираи  молу  мулк  ин дар асоси ҳукми айбдоркунанда маҷбуран ба таври ройгон гирифтан ва ба моликияти давлат гузаронидани молу мулки зерини маҳкумшуда мебошад: (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1089)

а) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани  ҷиноятҳои дар қисми 2 моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 110, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 130, моддаи 1301, қисми 3 моддаи 131, моддаи 132, қисми 2 моддаи 150, моддаи 1531 (агар ҷиноят бо ғараз содир шуда бошад), моддаҳои 156, 1561, 167, қисми 2 моддаи 171 (агар ҷиноят бо мақсади ғаразнок содир шуда бошад), моддаи 172 (агар ҷиноят бо мақсади ғаразнок содир шуда бошад), моддаи 173 (агар ҷиноят бо ғараз содир шуда бошад), моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 183, 184,1842, 185, 186, 187, 188, 193, 194, 195, 200, 201, 202, 2021, 2022, 204, 205, 206, 221, 230, 232, 238, 239, 240, 241,244, 250, 254, 257, 259, 2591, 262, 273, 274, 275, 277, 278, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 279, қисми 3 моддаи 280, моддаҳои 281, 282, 284, 286, 291,  293, 305, 306, 307, 3071, 3072, 3073, 308, 309, 310, 313, 314, 319,320, қисми 2 моддаи 324, 3351, 3352, қисми 2 моддаи 3381, 340, 2401, 351, 352, 353,356, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 391, 397 ва қисми 3 моддаи 401 ва моддаи 402 Кодекси мазкур пешбинишуда ба даст оварда шудаанд ё мол ва (ё ашёи дигари қочоқ мебошанд, ки барои он моддаи 289 Кодекси мазкур ҷавобгарӣ муқаррар намудааст ва ҳама гуна даромадҳо аз ин молу мулк, ба истиснои молу мулк ва даромадҳо аз он, ки бояд ба соҳиби қонунӣ баргардонида шаванд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1089; ҚҶТ аз 14.05.16 с., №1304; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1379);

б) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки ба онҳо молу мулки дар натиҷаи содир намудани ақаллан як ҷинояти бо моддаҳои дар банди а) қисми мазкур пешбинигардида бадастовардашуда ва даромадҳо аз ин молу мулк қисман ё пура табдил дода ё ба шакли дигар  гардонида шудаанд;

в) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки барои маблағгузории терроризм, гурӯҳи муташаккил, воҳиди мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) истифода мешаванд ё пешбинӣ шудаанд;

г) олот ва (ё) воситаҳои содир намудани ҷиноят, ки ба шахси гунаҳгор тааллуқ доранд. 

2) Агар молу мулки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят бадастовардашуда ва (ё) даромадҳо аз ин молу мулк ба молу мулки ба таври қонунӣ бадастомада ҳамроҳ карда шуда бошанд, он қисмати ин молу мулк мусодира мегардад, ки ба арзиши молу мулки ҳамроҳкардашуда ва даромадҳо аз он мувофиқ мебошад.

3) Молу мулки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикргардида, ки аз ҷониби шахси гунаҳгор ба дигар шахс (ташкилот) дода шудааст, дар он ҳолат мусодира мегардад, ки агар шахси ин молу мулкро қабулнамуда медонист ё бояд медонист, ки он дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятӣ ба даст оварда шудааст.

4) Агар мусодираи ашёи муайян, ки ба молу мулки дар қисмҳои 1- 3 моддаи мазкур зикргардида дохил мешавад, дар лаҳзаи қабули қарори суд дар бораи мусодираи ин ашё бинобар истифодаи он, фурӯш ё бо сабаби дигар ғайриимкон бошад, суд дар бораи мусодираи маблағи пулие, ки ба арзиши ашёи мазкур мувофиқ аст, қарор қабул менамояд.

5) Ҳангоми ҳалли масъалаи мусодираи молу мулк мутобиқи қисмҳои 1 – 4 моддаи мазкур, дар навбати аввал бояд масъалаи талофӣ гардидани зарари ба соҳиби қонунӣ расонидашуда, ҳал карда шавад.

6) Дар ҳолате, ки шахси гунаҳгор молу мулки дигарро, ки ба он ситониш метавонад татбиқ гардад, надошта бошад, он гоҳ зарари ба соҳиби қонунӣ расонидашуда аз арзиши молу мулки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикршуда талофӣ гардида, қисми боқимонда ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.

7) Барои содир намудани ҷиноятҳои дар банди а) қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда суд метавонад мусодираи пурраи молу мулкро ҳамчун ҷазои иловагӣ таъин намояд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1089)

8) Молу мулке, ки барои маҳкумшуда ё шахсони таҳти сарпарастии ӯ қарордошта зарур аст, мувофиқи рӯйхати дар Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мусодира карда намешавад.

(ҚҶТ аз 13.06.13с., №965)

 

Моддаи 58. Маҳрум сохтан аз озодӣ

 

1) Маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷудо кардани шахси маҳкумшуда аз ҷамъият бо роҳи дар колонияҳои ислоҳи сукунат, дар колонияҳои ислоҳи низомашон умумӣ, пурзур сахт, махсус ё дар маҳбас ҷо кардани ў иборат аст. Шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки дар лаҳзаи баровардани ҳукм ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд, дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми умумӣ ё пурзўр бо тартиби муқаррарнамудаи фасли панҷуми Қисми умумии ҳамин Кодекс ҷо карда мешаванд.

2) Маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз шаш моҳ то бисту панҷ сол муқаррар мешавад. Ҳангоми то баровардани ҳукми суд пурра талофӣ намудани зарари моддӣ аз ҷониби гунаҳгор барои содир намудани ҷиноятҳои  дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинигардида нисбати ӯ ҷазои  маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда намешавад. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

3) Дар сурати иваз кардани ҷазоҳои ҷарима, корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ он метавонад мутобиқан бо назардошти андоза ва мӯҳлати адонагардидаи ин намуди ҷазоҳо ба мӯҳлати камтар аз шаш моҳ таъин гардад. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

4) Дар сурати қисман ё пурра ҷамъ кардани мўҳлатҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ҳангоми таъин намудани ҷазо аз рўи маҷмўи ҷинояту ҳукмҳо, мўҳлати ҳадди аксари маҳрум сохтан аз озодӣ набояд аз сӣ сол зиёд бошад.

5) Ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар ҷойҳои зерин таъин мешавад:

а) барои шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намуда ва ба мўҳлати на   зиёдтар аз панҷ сол  бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд – дар колонияҳои ислоҳи сукунат;

б) барои шахсоне, ки бори аввал бо маҳрум сохтан аз озодӣ барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин,  дараҷаи миёна, инчунин шахсоне, ки барои содир  намудани ҷиноят аз беэҳтиётӣ  ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ  ба мўҳлати зиёда аз панҷ сол маҳкум шудаанд – дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ;

в) барои шахсоне, ки бори аввал бо маҳрум сохтан аз озодӣ барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд – дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзўр;

г) барои шахсоне, ки бори аввал ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд  ва инчунин ҳангоми рецидиви ҷиноят, агар маҳкумшуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда истода бошад ё қаблан ин намуди ҷазоро адо карда бошад  – дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт;

д)  дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок, инчунин барои маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шудааст ё ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст  – дар калонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус;

е) ба шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба мўҳлати зиёда аз даҳ сол маҳкум шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои рецидиви махсусан хавфнок мумкин аст дар маҳбас адо кардани қисми мўҳлати ҷазо таъин шавад, вале на зиёдтар аз панҷ сол.

6) Ба занони ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкумшуда адои ҷазо дар колонияи ислоҳи низоми зерин таъин карда мешавад:

а) дар ҳолати рецидивӣ махсусан хавфнок – дар колонияҳои ислоҳи дорои низоми сахт;

б) барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содир намуда – дар колонияҳои ислоҳи сукунат;

в) дигар заноне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ  маҳкум шудаанд – дар колонияҳои ислоҳи дорои низоми умумӣ.

7) Вобаста ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти гунаҳгор ва ҳолатҳои дигар суд метавонад бо зикри далелҳои қабули қарор низоми сабуктари адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро таъин намояд.

8) Намуди бо ҳукм таъиншудаи муассисаи ислоҳиро суд мутобиқи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағьир медиҳад.

 

Моддаи 581. Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан

 

1) Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан танҳо ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, таъин карда мешавад.

2) Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ба занон, инчунин шахсони то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содирнамуда ва мардоне, ки дар лаҳзаи баровардани ҳукм аз тарафи суд ба шастусесолагӣ расидаанд, таъин карда намешавад.

 

Моддаи 59. Ҷазои қатл

 

1) Ҷазои қатл дар шакли паррондан ҳамчун чораи истисноӣ танҳо барои ҷиноятҳои зерин  муқаррар карда мешавад: одамкушӣ (қисми дуюми моддаи 104), таҷовуз ба номус (қисми сеюми моддаи 138),  терроризм (қисми сеюми моддаи 179).

2) Қатл ба зани ҳомиладор ё шахси то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содирнамуда таъин карда намешавад.

3) Ҷазои қатл ба тариқи бахшиши ҷазо мумкин аст ба якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ё  маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати бисту панҷ сол иваз карда шавад.

 

БОБИ 10. ТАЪИНИ ҶАЗО

 

Моддаи 60. Асосҳои умумии таъини ҷазо

 

1) Ба шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шудааст, дар доираи муқаррарнамудаи Қисми махсус ва бо дарназардошти муқаррароти Қисми умумии ҳамин Кодекс ҷазои сазовор таъин карда мешавад.

2) Намуди ҷазои нисбатан сахттар аз ҷумлаи ҷазоҳое, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ гардидааст, танҳо дар ҳолате таъин карда мешавад, ки намуди ҷазои нисбатан сабуктар ноил шудан ба мақсади ҷазоро таъмин карда натавонад.

3) Ҳангоми таъини ҷазо суд принципи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, фикру ақидаи ҷабрдидаро аз рўи парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ ба назар мегирад.

 

Моддаи 61. Ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук  мекунанд

 

1) Ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо инҳо мебошанд:

а) бори аввал содир намудани ҷиноят;

б) ноболиғ будани гунаҳгор;

в) ҳомиладор будан;

г) кўдакони хурдсол доштани гунаҳгор;

д) бо сабаби вазнинии шароити зиндагӣ ва ё аз рўи дилсўзӣ содир намудани ҷиноят;

е) содир намудани ҷиноят дар ҳолати ҳаяҷони сахти рўҳие, ки сабаби он зўроварӣ, таҳқири сахт ё амалҳои дигари ғайриқонунии ҷабрдида мебошад;

ж) содир намудани ҷиноят дар ҳолати аз ҳадди муҳофизати зарурӣ гузаштан,  дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда, зарурати ниҳоӣ, таваккали асоснок, иҷрои фармон ё амр;

з) таҳти таъсири маҷбуркунии ҷисмони ё рўҳи вобастагии моддӣ, хизматӣ ва ё вобастагии дигар содир намудани ҷиноят;

и) ихтиёран омада ба гуноҳи худ иқрор шудан, сидқан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани ҷиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни ҷиноят ва дар кофтукови молу мулки дар натиҷаи ҷиноят бадастомада;

к) бевосита пас аз содир намудани ҷиноят расонидани ёрии тиббӣ ё кўмаки дигар ба ҷабрдида, ихтиёран талофӣ кардан ё рафъ сохтани зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда, анҷом додани амалҳои дигаре, ки ба ислоҳи зарари ба ҷабрдида расонидашуда равона гардидаанд.

2) Агар ҳолати дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс ба сифати аломати ҷиноят пешбинӣ шуда бошад, онро такроран ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо ба назар гирифтан мумкин нест.

3) Ҳангоми таъин намудани ҷазо ҳолатҳои дигари дар қисми якуми ҳамин модда зикрнагардида мумкин аст ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ба назар гирифта шаванд.

 

Моддаи 62. Ҳолатҳое, ки ҷазоро вазнин   мекунанд

 

1) Ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо инҳо мебошанд:

а) такроран содир намудани ҷиноят, рецидив, ҳамчун касб содир намудани ҷиноят;

б) оқибати вазнин доштани ҷиноят;

в) дар ҳайати гурўҳи шахсон, гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир намудани ҷиноят;

г) нақши махсусан фаъол дар содир намудани ҷиноят;

д) ба содир намудани ҷиноят дидаю дониста ҷалб кардани шахсоне, ки гирифтори бемории рўҳӣ мебошанд, дар ҳолати мастӣ қарор доранд, инчунин шахсони хурдсол ё ноболиғ;

е) содир намудани ҷиноят бо сабаби адовати  маҳалгароӣ, миллӣ,  нажодӣ ё динӣ, таассуби динӣ, қассосгирӣ барои амалҳои қонунии шахсони дигар, инчунин бо мақсади рўйпўш намудани ҷинояти дигар ё сабук кардани содиршавии он;

ж) дидаю дониста  аз тарафи гунаҳгор содир намудани ҷиноят нисбати зани ҳомиладор, инчунин нисбати кўдаки хурдсол, ноболиғ, шахси дигари бепаноҳ ё нотавон ё шахсе, ки дар тобеияти гунаҳгор мебошад;

з) содир намудани ҷиноят нисбати шахс ё хешовандони наздики ў вобаста ба иҷрои фаъолияти  хизматӣ ё ҷамъиятиаш;

и) ҷиноят содир намудани шахс, ки бо  рафтори худ савганд ё қасами касбии ёдкардаашро вайрон намудааст;

к) содир намудани ҷиноят бо бераҳмии махсус садизм, шиканҷа ё азобу уқубат додани ҷабрдида;

л) содир намудани ҷиноят нисбати шахсон бо истифодаи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ , техникаи ҳарбӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё  воситаҳои ба он монанд, воситаҳои техникии махсус тайёркардашуда, моддаҳои заҳрнок ва радиоактивӣ, дорувор ва дигар воситаҳои химиявии дорусозӣ ё бо усули барои ҷомеа хавфнок;

м) содир намудани ҷиноят бо истифода аз шароити вазъияти фавқулодда, офати табиӣ ё фалокатҳои  дигари ҷамъиятӣ, инчунин ҳангоми бетартибиҳои оммавӣ;

н) содир намудани ҷиноят дар ҳолати мастии майзадагӣ, мадҳушӣ аз маводи нашъаовар ё таҳти таъсири моддаҳои психотропӣ ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда;

о) қасдан содир намудани ҷиноят нисбати падару модар;

п) содир намудани ҷиноят бо мақсади ғаразнок ё  дигар нияти нопоку паст.

2) Суд метавонад вобаста ба хусусияти ҷиноят ҳолатҳои дар бандҳои «а», «н» ва «о» зикргардидаро ҳамчун ҳолатҳои вазнинкунанда эътироф накунад.

3) Агар ҳолати дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида дар моддаи дахлдори Кисми махсуси ҳамин Кодекс ба сифати  аломати ҷиноят пешбинӣ шуда бошад, онро  суд такроран ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷазо ба назар гирифта наметавонад. 

4) Ҳангоми таъини ҷазо суд ҳолатҳои дар ҳамин модда зикрнагардидаро ҳолатҳои вазнинкунанда эътироф карда наметавонад.

 

Моддаи 63. Таъини ҷазои сабуктар нисбат  ба ҷазое, ки  барои  ин ҷиноят  пешбинӣ шудааст

 

1) Дар ҳолати мавҷуд будани ҳолатҳои мустаснои вобаста бо мақсаду ниятҳо, нақши гунаҳгор, рафтори ў ҳангоми содир намудани ҷиноят ё пас аз он ё ҳолатҳои дигаре, ки дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятро хеле кам мекунанд ва ҳамчунин дар ҳолати мусоидати фаъолонаи иштирокчии ҷинояти гурўҳӣ барои ошкор намудани ҷинояти содирнамудаи гурўҳ, мумкин аст  ҷазо аз ҳадди поёнии дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида камтар таъин карда шавад ё суд метавонад нисбат ба ҷазои дар ин модда пешбинигардида ҷазои сабуктар таъин намояд ё ҷазои иловагиро,  ки ба сифати ҷазои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст, таъин накунад.

2) Ҳолатҳои алоҳидаи сабуккунанда ва ҳам маҷмўи чунин ҳолатҳо метавонанд ҳамчун ҳолатҳои мустасно эътироф карда шаванд.

 

Моддаи 64. Таъини ҷазо барои ҷинояти нотамом

 

1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо барои ҷинояти нотамом ҳолатҳое ба назар гирифта мешаванд, ки бо сабаби онҳо ҷиноят то ба охир расонида нашудааст.

2) Мўҳлат ё андозаи ҷазо барои тайёрӣ ба ҷиноят аз нисфи мўҳлати ҳадди аксар ё андозаи болотарини намуди ҷазои сахте, ки дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои ҷинояти тамомшуда пешбинӣ гардидааст, зиёд буда наметавонад.

3) Мўҳлат ё андозаи ҷазо барои сўиқасди ҷиноят аз чор се ҳиссаи мўҳлати ҳадди аксар ё андозаи болотарини намуди ҷазои сахте, ки дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои ҷинояти тамомшуда пешбинӣ гардидааст, зиёд буда наметавонад.

4) Барои тайёрӣ ба ҷиноят ва  сўйқасди ҷиноят ҷазои қатл ва ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда намешавад.

 

Моддаи 65. Таъини ҷазо барои содир намудани ҷиноят дар шарикӣ

 

1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо барои ҷинояти дар шарикӣ содиршуда хусусият ва дараҷаи иштироки воқеии шахс дар содир намудани он, аҳамияти ин иштирок дар муваффақ шудан ба мақсади ҷиноят, таъсири ў ба хусусият ва андозаи зарари расонидашуда ё  зарари имконпазир ба назар гирифта мешавад.

2) Ҳолатҳои сабуккунанда ё вазнинкунандаи марбут ба шахсияти яке аз шарикон ҳангоми таъин намудани ҷазо танҳо нисбат ба ин шарик ба назар гирифта мешавад.

 

Моддаи 66. Таъини ҷазо дар ҳолати рецидиви ҷиноятҳо

 

1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо дар ҳолати рецидив, рецидиви хавфнок ё рецидиви махсусан хавфноки ҷиноятҳо шумора, хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои қаблан содиршуда, ҳолатҳое, ки дар асоси онҳо таъсири ислоҳкунии ҷазои қаблӣ нокифоя буд, инчунин хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои нав содиргардида ба назар гирифта мешавад.

2) Мўҳлати ҷазо дар ҳолати рецидиви ҷиноятҳо на камтар аз нисфи мўҳлати ҳадди аксари намуди ҷазои сахте, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ шудааст, дар ҳолати рецидиви хавфноки ҷиноятҳо –  на камтар аз се ду ҳисса ва дар ҳолати рецидиви махсусан хавфноки ҷиноятҳо –  на камтар аз чор се ҳиссаи мўҳлати ҳадди аксари намуди ҷазои сахте, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ гардидааст, буда наметавонад.

3) Агар дар моддаи (қисми моддаи) Қисми махсуси ҳамин Кодекс ҳолат рецидив, рецидиви хавфнок ё рецидиви махсусан хавфнок ҳамчун аломати таснифкунанда ишора гардида бошад, дар ин маврид ҷазо барои ҷинояти содир намуда бидуни дарназардошти қоидаҳои пешбини намудаи қисми дуюми ҳамин модда таъин карда мешавад.

4) Муқаррароти моддаи мазкур барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда намешаванд. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 67. Таъини ҷазо барои маҷмўи  ҷиноятҳо

 

1) Дар сурати содир намудани маҷмўи ҷиноятҳо суд барои ҳар ҷиноят алоҳида ҷазо (асосӣ ва иловагӣ) таъин намуда, бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои вазнинтар ва ё бо роҳи пурра ё қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда ҷазои ниҳоиро муайян менамояд.

2) Агар маҷмўи ҷиноятҳоро ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна дар бар гирифта бошад, ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои вазнинтар ва ё бо роҳи пурра ё қисман зам кардани ҷазоҳо таъин карда мешавад. Дар ин ҳолатҳо ҷазои ниҳоӣ ҳангоми зам кардан набояд аз мўҳлат ё андозаи ҷазои болоие, ки барои содир намудани ҷинояти нисбатан вазнинтар, аз ҷумлаи ҷиноятҳои содиршуда пешбинӣ гардидааст, сахттар бошад.

3)  Агар яке аз ҷиноятҳои дар маҷмўъ содиршуда ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин бошад, он гоҳ ҷазои ниҳоӣ  бо роҳи қисман ё пурра зам кардани ҷазоҳои таъиншуда таъин карда мешавад. Дар ин ҳолат ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ набояд аз сӣ сол зиёдтар бошад. Ҷазои ниҳоии ҷарима аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда набояд аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Агар яке аз ҷиноятҳои дар маҷмуъ содиршуда ҷинояти дигар бошад, ҷазои ниҳоӣ аз рӯи қоидаҳои умумӣ муайян карда мешавад. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

4) Агар барои яке аз ҷиноятҳои дар маҷмўъ содиршуда ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда шавад, он гоҳ ҷазои ниҳоӣ ба роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда мешавад.

5) Ба ҷазои асосии барои маҷмўи ҷиноятҳо таъиншуда метавонанд ҷазоҳои иловагие ҳамроҳ карда шаванд, ки барои ҷиноятҳои маҷмўи ҷиноятҳоро ташкилкунанда таъин шудаанд. Агар барои якчанд  ҷиноятҳо як намуди ҷазои иловагӣ таъин гардида бошад, он гоҳ мўҳлат ва андозаи ҷазои ниҳоӣ мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда, вале на зиёда аз мўҳлат ё андозаи ҳадди аксаре, ки дар Қисми умумии ҳамин Кодекс барои ҳар як намуди ҷазо пешбинӣ шудааст, муаян карда мешавад. Ҷазоҳои иловагии гуногуннамуд бояд мустақилона иҷро карда шаванд.

6) Агар пас аз баровардани ҳукм аз рўи парванда муқаррар гардад, ки маҳкумшуда дар содир намудани ҷинояти дигари то баровардани ҳукм аз рўи парвандаи аввал низ гунаҳгор мебошад, ҷазо бо қоидаҳои дар ҳамин модда зикргардида таъин карда мешавад. Дар ин ҳолат ҷазои аз рўи ҳукми аввали суд адогардида ба мўҳлати ниҳоии ҷазо ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 68. Таъини ҷазо аз рўи маҷмўи ҳукмҳо

 

1) Агар маҳкумшуда пас аз баровардани ҳукм, вале то адои пурраи ҷазо ҷинояти нав содир карда бошад, суд ҷазоеро, ки аз рўи ҳукми пештара то охир адо нашудааст пурра ё қисман ба ҷазои дар асоси ҳукми нав таъиншуда зам мекунад.

2) Ҷазои ниҳоӣ аз рўи маҷмўи ҳукмҳо, дар ҳолате, ки агар он бо маҳрум сохтан аз озодӣ вобаста набошад, аз мўҳлат ва андозаи баландтарине, ки дар Қисми умумии ҳамин Кодекс барои ин намудҳои ҷазо муқаррар гардидааст, зиёд буда наметавонад. Ҷазои ниҳоии ҷарима аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо барои ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда набояд аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Агар яке аз ҷиноятҳои ба маҷмӯи ҳукмҳо дохил буда ҷинояти дигар бошад, ҷазои ниҳоӣ аз рӯи қоидаҳои умумӣ муайян карда мешавад. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

3) Ҷазои ниҳоӣ аз рўи маҷмўи ҳукмҳо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ метавонад аз мўҳлати баландтарини ҷазое, ки дар ҳамин Кодекс барои ҷиноят аз рўи ҳукми охир пешбинӣ шудааст, баландтар бошад, вале на зиёда аз сӣ солро ташкил кунад.

4) Дар мавриди таъини ҷазо аз рўи маҷмўи ҳукмҳо, агар бо яке аз ҳукмҳо ҷази қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шуда бошад, ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда мешавад.

5) Ҷазои ниҳоӣ аз рўи маҷмуӣ ҳукумҳо бояд ҳам аз ҷазоӣ ӣ ӣ ўӣ ҷиночби нав таъин шуда ва ҳам аз қисми то охир адонашудаи ҷазо аз рўи ҳукми пештараи суд зиёдтар бошад.

6) Ба ҷазои асосӣ ҳамроҳ кардани ҷазоҳои иловагии аз рўи ҳукми пештара иҷронашуда мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 67 ҳамин Кодекс сурат мегирад.

 

Моддаи 69.  Тартиби муайяни кардани мўҳлати ҷазо ҳангоми зам кардани он

  

1) Дар ҳолати қисман ё пурра зам кардани ҷазоҳо аз рўи маҷмўи  ҷиноятҳо ё маҷмўи ҳукмҳо як рўзи маҳрум сохтан аз озодӣ баробар аст ба:

а)   як рўзи   нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ;

б)  ду рўзи маҳдуд кардани озодӣ;

в)  се рўзи корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардан  дар хизмати ҳарбӣ;

г) ҳашт соати корҳои ҳатмӣ.

д) 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати андозаи ҷаримае, ки доир ба ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда таъин гардидаанд. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

2) Ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, маҳрум сохтан аз рутбаи махсус, рутбаи  ҳарбӣ, рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ, инчунин мусодираи молу мулк ҳангоми бо маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ зам шуданашон мустақилона иҷро мешаванд.

 

Моддаи 70. Ҳисоб кардани мўҳлати ҷазо ва ба ҳисоб гирифтани ҷазо

 

1) Мўҳлати маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, ҳабс, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ бо моҳ ва сол инчунин корҳои ҳатмӣ –  бо соатҳо  ҳисоб карда мешаванд.

2) Ҳангоми иваз ё зам кардани ҷазоҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, инчунин ҳангоми ба ҳисоб гирифтани ҷазо, мўҳлатро бо шабонарўз ҳисоб кардан мумкин аст.

3) Ҳангоми таъин намудани ҷазо ба маҳкумшудаи то мурофиаи судӣ дар ҳабс нигоҳдошташуда дар  намуди ҷарима, маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти  муайян, агар онҳо ба сифати ҷазои асосӣ таъин шуда бошанд, суд бо дарназардошти мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани ў, ҷазоро сабуктар мекунад ё аз адои он пурра озод менамояд. Дар ин маврид ҳангоми таъин намудани ҷазои ҷарима барои ҷиноятҳои  пешбининамудаи қисмҳои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур, тартиби муайяннамудаи қисми 10 моддаи 49 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

4) То эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм дар ҳабс нигоҳ доштан ба мўҳлати ҷазо дар  намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба ҳисоби  як рўз баробари як рўз, дар шакли маҳдуд кардани озодӣ – як рўз баробари ду рўз, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ – як рўз баробари се рўз,  қоҳои ҳатмӣ – як рўз баробари ҳашт соати корҳои ҳатмӣ  ба ҳисоб гирифта мешавад. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

5) То эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм дар ҳабс нигоҳ доштан ё адои ҷазо дар  намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, ки бо ҳукми суд барои ҷинояти дар хориҷа содирнамуда таъин шудааст, дар ҳолати мутобиқи моддаи 16 ҳамин Кодекс супурда шудани шахс, як   рўз баробари   як рўз ба ҳисоб гирифта мешавад.

6) Вақте, ки дар давоми он нисбати шахси пас аз содир намудани ҷиноят мубталои бемории рўҳӣ гардида чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ карда шудаанд, ба мўҳлати ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 71. Шартан татбиқ накардани ҷазо

 

1) Агар суд ҷазоро дар  намуди корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намуда, ба хулосае ояд, ки ислоҳ кардани маҳкумшуда бе адои ҷазо, вале дар шароити назорати рафтораш имконпазир аст, он гоҳ метавонад дар хусуси шартан татбиқ накардани ҷазо қарор қабул намояд.

2) Ҳангоми шартан татбиқ накардани ҷазо суд хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, бораи шахсияти гунаҳгор ва ҳолатҳои сабуку вазнинкунандаро ба назар мегирад. Шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати шахсе, ки барои  ҷинояти махсусан вазнин ва инчунин қаблан барои ҷинояти қасдона ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст, ба истиснои ноболиғон, маъюбони гурўҳи якум ва дуюм, занон, инчунин мардоне, ки ба синни нафақа расидаанд, татбиқ карда намешавад.

3) Дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо суд мўҳлати санҷиш муқаррар менамояд, ки дар давоми он маҳкумшуда бояд бо рафтори худ ислоҳ шуданашро исбот кунад. Мўҳлати санҷиш бо давомнокии аз як то панҷ сол таъин гардида, аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳисоб карда мешавад.

4) Дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо мумкин аст ҷазоҳои иловагӣ, ба истиснои мусодираи молу мулк, таъин карда шаванд.

5) Суд дар хусуси шартан татбиқ накардани ҷазо қарор қабул намуда, метавонад иҷрои вазифаҳои муайяни зеринро ба зиммаи маҳкумшуда гузорад: дар мўҳлати муайян зарари расонидаро барқарор намудан, иваз накардани истиқоматгоҳи доимӣ, ҷои кор ё таҳсил бидуни огоҳ кардани мақомоте, ки ба рафтори маҳкумшуда назорат мекунанд, ба ҷойҳои муайян нарафтан, ба кор ё таҳсил дохил шудан, даври муолиҷаи майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикоманӣ ё касалиҳои зуҳравӣ тамом кардан, аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намудани оила.

6) Агар маҳкумшуда бо гузашти на камтар аз нисфи мўҳлати санҷиш бо рафтори худ ислоҳ шуданашро исбот кунад, суд бо пешниҳоди мақомоти ба рафтори маҳкумшуда назораткунанда метавонад дар хусуси бекор кардани маҳкумӣ ва бардоштани доғи судӣ қарор қабул намояд.

7) Агар маҳкумшуда дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо  ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ роҳ дода барои содир намудани он ба ў ҷазои маъмурӣ таъин шуда бошад ё ашаддӣ аз ўҳдадориҳое, ки суд ба зимааш гузоштааст, саркашӣ намояд суд метавонад бо пешниҳоди мақомоти дар қисми нуҳуми ҳамин модда зикргардида дар бораи бекор кардани шартан маҳқумшавӣ ва барои адои ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристодани маҳкум қарор қабул кунад.

8) Агар маҳкумшуда дар давоми мўҳлати санҷиш ҷинояти нав содир намояд, суд шартан татбиқ накардани ҷазоро бекор намуда, мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 68 ҳамин Кодекс ҷазо таъин мекунад.

9) Ба рафтори маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ў шартан татбиқ накардани ҷазо таъин  карда шудааст – мақоми ваколатдори давлатӣ, ба рафтори хизматчиёни ҳарбӣ бошад- фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ назорат мекунанд. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

 

ФАСЛИ IV. ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ВА ҶАЗО 

БОБИ 11. ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ

 

Моддаи 72. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, бо сабаби пушаймонӣ аз кирдор

 

1) Шахсе, ки бори аввал ҷинояти начандон вазнин ва ё дараҷаи миёна содир кардааст, агар пас аз содир намудани ҷиноят ихтиёрӣ омада, ба гуноҳи худ иқрор шавад ё ба ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат кунад  ё зарари расонидаашро  талофӣ намояд ё ин ки ба тариқи дигар зиёни расонидаашро рафъ кунад, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2) Шахсе, ки категорияи дигари ҷиноятро содир намудааст, танҳо дар ҳолатҳое, ки махсус дар моддаи Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617; ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359).

 

Моддаи 73.  Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби оштӣ шудан бо ҷабрдида

 

Агар шахси ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содирнамуда  бо ҷабрдида оштӣ шуда, зарари ба ҷабрдида расонидаашро талофӣ карда бошад, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад. (ҚҶТ аз 17.05.04 с., №35)

 

Моддаи 74. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби тағьир ёфтани вазъият

 

Шахси бори аввал содиркардаи ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна мумкин аст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад, агар муқаррар  гардад,  ки бо сабаби тағйир ёфтани вазъият ин шахс ва ё кирдори содирнамудаи ў дигар барои ҷамъият хавфнок нест.

 

Моддаи 75. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани мўҳлати  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан

 

1) Агар аз рўзи содир шудани ҷиноят мўҳлати зерин гузашта бошад, шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад:

а) ду сол пас аз содир намудани ҷинояти начандон вазнин;

б) шаш сол пас аз содир намудани ҷинояти дараҷаи миёна;

в) даҳ сол пас аз содир намудани ҷинояти вазнин;

г) понздаҳ сол пас аз содир намудани ҷинояти махсусан вазнин ба истиснои нишондоди қисми панҷуми ҳамин модда.

2) Мўҳлати ба  ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рўзи содир шудани ҷиноят то рўзи эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукм ҳисоб карда мешавад.

3) Агар шахс аз тафтишот ё суд саркашӣ намояд, ҷараёни мўҳлати ба  ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан боздошта мешавад. Дар ин ҳолат мўҳлати ба  ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рўзи дастгир кардани  шахс ё омада, ба гуноҳи худ иқрор шудани ў барқарор карда мешавад. Зимнан, агар аз вақти содир намудани ҷиноят бист сол гузашта, мўҳлати ба  ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан бо содир намудани ҷинояти нав қатъ нагардида бошад, ин шахсро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.

4) Агар то гузаштани мўҳлати дар ҳамин модда зикрёфта шахс  қасдан ҷинояти нави дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин содир намояд, мўҳлати ба  ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рўзи содир намудани ҷиноятҳои мазкур аз нав шурўъ гардида, мўҳлати ба  ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан барои ҳар ҷиноят алоҳида ҳисоб карда мешавад. пешбинӣ шудааст, суд ҳал менамояд. Агар суд бо сабаби гузаштани мўҳлати

5) Масъалаи истифодаи мўҳлати ба  ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданро нисбати шахси содирнамудаи ҷинояте, ки барои он ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ба  ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсро имконнопазир донад, ба ў ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда намешавад.

6) Нисбати шахсоне, ки ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият ҷиноят содир намудаанд, мўҳлати ба  ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан истифода карда намешавад.

 

БОБИ 12. ОЗОД  КАРДАН АЗ ҶАЗО

 

Моддаи 76. Шартан пеш аз мўҳлат  аз адои  ҷазо озод кардан

 

1) Шахсе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ,маҳрум сохтан аз озодӣ ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ адо карда истодааст, агар ў бо рафтори намунавӣ ва муносибати софдилона ба меҳнат ислоҳ шудани худро исбот кунад , суд метавонад  ўро шартан пеш аз мўҳлат  аз адои ҷазо озод кунад. Дар айни замон ин шахсро пурра ё қисман аз  адои ҷазои иловагӣ озод намудан мумкин аст.

2) Суд шахсро шартан пеш аз мўҳлат  аз адои ҷазо озод карда, метавонад ба зиммааш ўҳдадориҳои пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 71 ҳамин Кодексро гузорад, ки шахс бояд дар давоми қисми адонашудаи ҷазо онҳоро иҷро кунад.

3) Шартан пеш аз мўҳлат озод кардани маҳкумшуда танҳо дар мавриди  воқеан мўҳлати зеринро адо намудани ў имконпазир аст:

а) на камтар аз нисфи ҷазое, ки барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна таъин гардидааст;

б) на камтар аз се ду қисми ҷазое, ки барои ҷинояти вазнин таъин шудааст;

в) на камтар аз чор се ҳиссаи  ҷазои барои ҷинояти махсусан вазнин таъиншуда, инчунин ҷазое, ки ба шахси қаблан шартан пеш аз мўҳлат  аз адои ҷазо озодгардида таъин шудааст, агар шартан пеш аз мўҳлат  аз адои  ҷазо озод намудан тибқи асосҳои дар қисми шашуми ҳамин модда пешбигардида бекор карда шуда бошад.

4) Мўҳлати ҷазои воқеан адонамудаи шахс дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ аз шаш моҳ камтар буда наметавонад.

5) Ба рафтори шахсе, ки шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод карда шудааст, мақоми давлатии ваколатдор ва ба рафтори хизматчиёни ҳарбӣ фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ назорат мекунанд.

6) Агар дар давоми мўҳлати боқимондаи ҷазои адонашуда:

а) маҳкумшуда тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда ва барои он ба ў ҷазои маъмурӣ татбиқ шуда  бошад ё аз иҷрои ўҳдадориҳое, ки суд ҳангоми шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардани ў ба зиммааш гузоштааст, ашадд  саркашӣ намояд, суд бо дархости мақомоти дар қисми панҷуми ҳамин модда зикргардида дар хусуси бекор кардани шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан ва татбиқи қисми ҷазои адонашуда қарор қабул мекунад;

б) маҳкумшуда ҷиноят содир намояд, суд мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 68 ҳамин Кодекс ба ў ҷазо таъин мекунад.

7) Шахсони зайл дар ҳолатҳои зерин шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо  озод  карда намешаванд:

а) шахсе, ки нисбати ў ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шудааст ё ҷазои қатл ба тариқи бахшиши ҷазо  бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;

б) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

в) ташкилкунанда, иштирокчиёни гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

г) шахсе, ки барои ҷиноятҳои муқобили сулҳу амнияти башарият маҳкум карда шудааст.

 

Моддаи 77.  Ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо

 

1) Ба шахсе, ки барои содир намудани ҷиноят   ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо мекунад, суд бо дарназардошти рафтори ў дар давраи адои ҷазо, қисми адонашудаи ҷазоро бо намуди ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда метавонад. Дар айни замон шахс метавонад пурра ё қисман аз намуди адои ҷазои иловагӣ озод карда шавад.

2)  Дар сурати иваз намудани қисми адонашудаи ҷазо суд метавонад мутобиқи намудҳои ҷазоҳое, ки дар моддаи 47 ҳамин Кодекс нишон дода шудаанд, намуди сабуктари ҷазоро дар доираи ин намуди ҷазои пешбиникардаи ҳамин Кодекс интихоб намояд.

3)  хориҷ карда шудааст.

3) Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз кардани ҷазо пас аз воқеан мўҳлати зеринро адо намудани маҳкумшуда татбиқ шуда метавонад, ба истиснои муқаррароти пешбининамудаи қисми 8 моддаи 49 Кодекси мазкур: (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

а) на камтар аз сеяки мўҳлати ҷазое, ки суд барои ҷинояти начандон вазнин ва  дараҷаи миёна таъин кардааст;

б) на камтар аз нисфи ҷазое, ки суд барои ҷинояти вазнин таъин кардааст, инчунин ба шахсе, ки қаблан барои қасдан содир намудани ҷиноят ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунад;

в) на камтар аз се ду ҳиссаи ҷазое, ки суд барои ҷинояти махсусан вазнин таъин кардааст, инчунин ба шахсе, ки қаблан шартан пеш аз мўҳлат аз ҷазо озод кардан, ё ҷазояш ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз шуда, дар давоми қисми адонашудаи ҷазо қасдан ҷинояти нав содир кардааст.

4) Шахсоне, ки ҷазояшон ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, мумкин аст мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 76 ҳамин Кодекс шартан пеш аз мўҳлат аз  адои ҷазо озод карда шаванд.

5)  Нисбати шахсоне, ки ҷазояшон ба ҷзои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 76 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.

6) Қисми ҷазои адонакардаи шахсони дар қисми ҳафтуми моддаи 76 ҳамин Кодекс номбаршуда бо ҷазои нисбатан сабук иваз карда намешавад.

7) Дар мавриди аз тарафи маҳкумшуда пурра талофӣ намудани зарари моддӣ тартиби пешьининамудаи қисми 8 моддаи 49 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 78.  Мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кўдакони то синни ҳаштсола доранд

 

1)  Занони ҳомилаи маҳкумшуда ё занони дорои фарзандони то синни ҳаштсоларо ба истиснои заноне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум гардидаанд, суд метавонад то ҳаштсола шудани кўдак адои ҷазоро нисбати онҳо мавқуф гузорад.

2) Нисбати зани маҳкумшуда адои ҷазо дар сурате мавқуф гузошта мешавад, ки оила ё хешовандонаш барои якҷоя бо ў зиндагӣ кардан розигӣ додаанд ё барои мустақилона таъмин намудани шароити лозимаи тарбияи кўдак имконият доранд.

3) Агар зани маҳкумшудае, ки нисбати он адои ҷазо мавқуф гузошта шудааст  аз кўдак даст кашад ё ўро ба ятимхона супорад, аз маҳалли сукунат ғайб зада бошад ё аз тарбияи кўдак ва нигоҳубини ў саркашӣ намояд, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кунад ва дар ин хусус мақоми ба ў назораткунанда зиёда аз ду маротиба ўро хаттӣ огоҳ карда бошад, суд метавонад зани маҳкумшударо барои адо намудани ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристад.

4) Пас аз ҳаштсола шудани кўдак ё дар ҳолати вафот кардани ў, суд вобаста ба рафтори зани маҳкумшуда метавонад ўро аз адои ҷазо озод кунад ё онро бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз намояд ва ё зани маҳкумшударо барои адо намудани ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристад. Дар ин ҳолат суд метавонад вақтеро, ки дар давоми он зани маҳкумшуда мўҳлати ҷазоро адо накарда аст, пурра ё қисман ба мўҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирад.

5) Агар зани маҳкумшуда дар давраи  мавқуф гузоштани адои ҷазо  ҷинояти нав содир кунад, суд мувофиқи қоидаҳои дар моддаи 68 ҳамин Кодекс пешбинигардида ба ў ҷазо таъин мекунад.

 

Моддаи 79. Бо сабаби беморӣ аз ҷазо  озод кардан

 

1) Суд шахсеро, ки пас аз баромадани ҳукм ба бемории рўҳӣ гирифтор шуда, имконияти дарки воқеии амалҳои худ ва идора кардани онҳоро аз даст додааст, аз ҷазо ё адои минбаъдаи он озод мекунад. Ба чунин шахс суд метавонад чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббиро таъин намояд.

2) Шахсеро, ки пас аз баромадани ҳукм мубталои бемории дигари вазнине гардидааст, ки монеи адои ҷазо мебошад, суд метавонад аз адо намудани ҷазо озод кунад ё ин ҷазоро бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз намояд. Зимнан вазнинии ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда, хусусияти беморӣ ва ҳолатҳои дигар ба назар гирифта мешаванд.

3) Хизматчиёни ҳарбие, ки ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд, дар ҳолати мубталои беморие шуданашон, ки дар натиҷаи он барои хизмат ношоям эътироф мегарданд, аз ҷазо ё адои минбаъдаи он озод карда мешаванд. Ҳамчунин қисми адонашудаи ҷазо мумкин аст ба ҷазои дигари нисбатан сабуктар иваз карда шавад.

4) Шахсони дар қисмиҳои якум ва дуюи ҳамин модда зикргардида, дар ҳолати шифо ёфтанашон, агар мўҳлати  дар моддаи 81 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, нагузашта бошад, мумкин аст ҷазо дода шаванд. Дар айни замон вақте, ки дар давоми он нисбати онҳо чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ андешида шудаанд, ба мўҳлати ҷазо ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 80. Озод кардан аз ҷазо дар натиҷаи  ҳолатҳои фавқулодда

 

Шахсе, ки барои содир намудани ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна маҳкум шудааст мумкин аст аз ҷазо озод карда шавад, агар ҷазоро адо намуданаш дар натиҷаи сўхтор ё офати табиӣ, бемории вазнин ё фавти ягона узви қобили меҳнати оила ё ҳолатҳои дигари фавқулодда метавонад барои маҳкумшуда ё оилаи ў боиси оқибатҳои хеле вазнин  гардад.

 

Моддаи 81. Озод кардан аз адои ҷазо бо сабаби гузаштани мўҳлати иҷрои ҳукми  айбдоркунӣ

 

1) Агар ҳукми айбдоркунӣ аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо карданаш дар мўҳлати зерин ба иҷро расонида нашуда бошад, шахси барои ҷиноят маҳкумшуда аз адои ҷазо озод карда мешавад:

а) ду сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти начандон вазнин;

б) шаш сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти  дараҷаи миёна;

в) даҳ сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти вазнин;

г) понздаҳ сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти махсусан вазнин ба истиснои нишондоди қисми чоруми ҳамин модда.

2) Агар маҳкумшуда аз адои ҷазо саркашӣ кунад, мўҳлати иҷрои ҳукм боздошта мешавад. Дар ин ҳолат мўҳлати  иҷрои ҳукм аз рўзи дастгир кардани шахс ё омада ба гуноҳи худ иқрор шудани ў барқарор мешавад. Дар айни замон, агар аз вақти баровардани ҳукм бист сол гузашта, мўҳлати иҷрои ҳукм қатъ нашуда бошад, ҳукми айбдоркунӣ ба иҷро расонида намешавад.

3) Агар то гузаштани мўҳлати дар ҳамин модда зикргардида шахс қасдан ҷинояти нави дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин  содир кунад, мўҳлати иҷрои ҳукм қатъ мегардад. Дар ин ҳолат ҳисоби мўҳлати иҷрои ҳукм аз сари нав аз рўзи содир намудани ҷинояти нав шурўъ мешавад.

4) Масъалаи нисбати шахси ба ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкумшуда татбиқ намудани мўҳлати иҷрои ҳукмро суд ҳал мекунад. Агар суд татбиқи мўҳлати иҷрои ҳукмро имконнопазир донад, ин намуди ҷазо  бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда мешавад.

5) Нисбати шахсоне, ки ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият ҷиноят содир кардаанд, мўҳлати иҷрои ҳукм татбиқ карда намешавад.

 

БОБИ 13. АВФ.  БАХШИШИ ҶАЗО. ДОҒИ  СУДӢ. САФЕДКУНӢ

 

Моддаи 82. Авф

 

1) Авф дар  асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни шахсон  татбиқ карда мешавад.

2) Бо санади авф шахси содирнамудаи ҷиноят метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад ва шахси барои ҷиноят маҳкумшуда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ў ихтисор гардад ё ба намуди ҷазои сабуктар  иваз карда  шавад ё доғи судиаш  бардошта шавад.

3) Санади авф ба кирдорҳои сазовори ҷазои ҷиноятие, ки то қабули он содир гардидаанд, дахл дорад.

 

Моддаи 83. Бахшиши ҷазо

 

1) Бахшиши ҷазо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахси муайян татбиқ мегардад.

2) Бо санади бахшиши ҷазо шахси барои ҷиноят маҳкумшуда метавонад ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ў ихтисор гардад ё ба ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад.

Эзоҳ ба моддаҳои 82 ва 83: Татбиқи санадҳои авф ва бахшиши ҷазо  барои ҳуқуқи ҷабрдида дар мавриди гирифтани товони зарари бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда монеъ шуда наметавонад.

 

Моддаи 84. Доғи судӣ

 

1)  Шахс доғи судӣ дошта эътироф карда мешавад, аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ, ки бо он ҷазо таъин карда шудааст ва то рўзи барҳам хўрдан ё бардоштани доғи судӣ. 

2) Шахс  доғи судӣ надошта ҳисоб мешавад:

а) дар сурати қабули санадҳои авф ё бахшиши ҷазо, агар дар ин санадҳо бардоштани доғи судӣ пешбинӣ шуда бошад – аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин санадҳо;

б) дар сурати қабули санади авф ба шарте, ки он барои кирдори содиркардашуда татбиқ намудани ҷазоро бекор кунад ва ин ҳолат дар рафти мурофиаи судӣ ошкор шавад – аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ;

в) дар сурати қбул намудани қонуни нави ҷиноятӣ, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад – аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин Қонун;

г) дар сурати аз ҷазо озод кардани ноболиғон мувофиқи моддаи 90 ҳамин Кодекс – аз рўи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи аз ҷазо озод кардани ноболиғ;

д) дар сурати иҷро накардани ҳукми айбдоркунӣ – аз рўзи гузаштани мўҳлатҳои иҷрои ҳукми айбдоркунӣ.

3) Доғи судӣ дар мўҳлати зерин барҳам мехўрад:

а)  ба маҳкумшудае, ки нисбати ў шартан татбиқ накардани ҷазо татбиқ карда шудааст баъди тамом шудани мўҳлати санҷиш;

б) нисбати шахсоне, ки аз маҳдуд кардани озодӣ дида ба ҷазои сабуктар маҳкум шудаанд- бо гузаштани  як сол пас аз тамом кардани мўҳлати таъиншудаи ҷазо;

в) нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба маҳдуд кардани озодӣ ва ё маҳрум  сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд – бо гузаштани се сол пас аз адои ҷазо;

г) нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои вазнин бо маҳрум  сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд – бо гузаштани панҷ сол пас аз адои ҷазо.

д) нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд – бо гузаштани ҳашт сол пас аз адои ҷазо.

4)  хориҷ карда шудааст.

4) Агар шахс мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пеш аз мўҳлат аз ҷазо озод шуда ё қисми ҷазои адонакардаи ў бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз шуда бошад, мўҳлати барҳам додани доғи судӣ аз лаҳзаи аз адои ҷазои асосӣ ва иловагӣ озод карда шуданаш ҳисоб карда мешавад.

5) Агар шахс то тамом шудани мўҳлати барҳам додани доғи судӣ ҷинояти нав содир кунад, ҷараёни мўҳлати барҳам додани доғи судӣ қатъ мегардад. Мўҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти аввал пас аз адои воқеии ҷазо (асосӣ ва иловагӣ) барои ҷинояти охирин аз нав ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолат то тамом шудани мўҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти нисбатан вазнинтар шахс дорои доғи судӣ барои ду ҷиноят ҳисоб карда мешавад.

6) Агар маҳкумшуда пас аз адои ҷазо рафтори бенуқсон нишон диҳад, суд дар асоси илтимосномаи ў метавонад доғи судиашро то тамом шудани мўҳлати барҳамдиҳии доғи судӣ, вале баъди   гузаштани нисфи ин мўҳлат бекор кунад.

7)  Барҳам хўрдан ё бардоштани доғи судӣ оқибатҳои ҳуқуқии ҷавобгарии ҷиноятиро беэътибор мегардонад.

 

Моддаи 85. Сафедкунӣ

 

1) Шахсе, ки ҷиноят содир накарда, беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё ғаъриқонунӣ маҳкум гардидааст, бояд сафед карда шавад, яъне суд далели беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё ғайриқонунӣ маҳкум шудани ўро эътироф намояд.

2) Ҳамаи ҳуқуқҳои шахси сафедкардашуда пурра барқарор карда, аз ў ё дар ҳолати зарурӣ аз хешовандони ў аз номи давлат узр хоста мешавад, ки дар ҳолати ба нашр мухолиф набудани ў ё хешовандонаш, дар матбуоти маҳалли зисти шахси сафед- кардашуда ба табъ расонида мешавад.

3) Зарареро, ки ба шаҳрванд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳкум кардан ё ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданаш расонида шудааст, давлат пурра талофӣ менамояд.

 

ФАСЛИ V. ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТИИ НОБОЛИҒОН 

БОБИ 14. ХУСУСИЯТҲОИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ВА ҶАЗОДИҲИИ НОБОЛИҒОН

 

Моддаи 86. Ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон

 

1) Шахсоне ноболиғ эътироф мегарданд, ки дар вақти содир намудани ҷиноят синни чордаҳсолагиро пур кардаанд вале ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд.

2) Ба ноболиғоне, ки ҷиноят содир намудаанд, мумкин аст ҷазо ё чораҳои маҷбуркунӣ  дорои хусусияти тарбиявӣ дошта таъин карда шаванд.

 

Моддаи 87. Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда  мешаванд

 

1) Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда мешавад, аз инҳо иборатанд:

а) ҷарима;

б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян;

в) корҳои ҳатмӣ; (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

г) корҳои ислоҳӣ;

д) маҳрум сохтан аз аз озодӣ.

2) Ҷарима танҳо дар сурате таъин карда мешавад, ки ноболиғ даромади мустақилона ё молу мулке дошта бошад, ки ба он ҷарима андохтан мумкин аст. Ҷарима ба андозаи то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда мешавад. Дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 8 моддаи 49 ҳамин Кодекс барои ҷиноятҳои дар қисмҳои  6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинигардида андозаи ниҳоии ҷарима  аз дусат нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд буда наметавонад. Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудани ноболиғ аз пардохти ҷарима ва ё имконнопазирии пардохти ҷарима суд ҷаримаро (ё қисми напардохтаи онро) мутобиқи тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 49 ҳамин Кодекс иваз менамояд. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

3) Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ноболиғон ба мўҳлати аз  як то ду сол таъин карда мешавад.

4) Корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз чил то як саду шаст соат таъин карда мешавад, ки он аз иҷрои корҳои барои ноболиғон мувофиқ, берун аз вақти таҳсил ё корҳои асосӣ иборат аст. Давомнокии иҷрои чунин намуди ҷазо нисбати ноболиғони то синни шонздаҳсола аз ду соат дар як рўз ва нисбати ноболиғони синни аз шонздаҳ то ҳаждаҳсола аз се соат дар як рўз зиёд буда наметавонад.

5) Корҳои ислоҳӣ ба ноболиғон дар ҷои корашон ба мўҳлати аз ду моҳ то як сол таъин карда мешаванд. Дар айни замон аз  панҷ то понздаҳ фоизи музди меҳнатӣ маҳкумшудагон ба ҳисоби даромади давлат нигоҳ дошта мешавад.

6)  Ба ноболиғоне, бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ё дараҷаи миёна содир намудаанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда намешавад ва агар санксияи моддаи Қисми махсус ғайр аз ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дигар намуди ҷазоро пешбинӣ накарда бошад, он гоҳ суд ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набудаи дар Қисми умумии ҳамин Кодекс пешбинишударо дар доираи ҳаҷм ва мўҳлатҳои пешбининамудаӣ Қисми умумии ҳамин Кодекс таъин менамояд. Маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати ноболиғоне таъин карда мешавад, ки: (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

а)  дар синни то шонздаҳсолагӣ ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд – ба мўҳлати то ҳафт сол;

б)  дар синни аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсолагӣ ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд – ба мўҳлати то даҳ сол;

7) Маҳрум  сохтан аз озодиро ноболиғон дар ҷойҳои зерин адо мекунанд:

а) ноболиғони ҷинси марде, ки бори аввал  ба маҳрум  сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ноболиғони ҷинси зан- дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми умумӣ;

б) ноболиғони ҷинси марде, ки қаблан маҳрум сохтан аз озодиро адо намудаанд- дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми пурзўр.

 

Моддаи 88. Таъин намудани ҷазо ба ноболиғон

 

1) Ҳангоми ба ноболиғ таъин намудани ҷазо, ба ғайр аз ҳолатҳои дар моддаи 60 ҳамин Кодекс пешбинигардида, инчунин шароити зиндагӣ ва тарбияи ў, дараҷаи инкишофи рўҳӣ, вазъи саломатӣ, хусусиятҳои дигари шахсӣ, инчунин таъсири шахсони дигар ба назар гирифта мешавад.

2)  Ба шахсе, ки дар синни аз чордаҳсолагӣ то шонздҳсолагӣ якчанд ҷиноят содир кардааст ва яке аз ин ҷиноятҳо вазнин ё махсусан вазнин мебошад, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз рўи маҷмуи ҷиноятҳ ва маҷмўи ҳукмҳо аз даҳ сол зиёд буда наметавонад.

3)  Ба шахсоне, ки дар синни аз шонздаҳсолагӣ то ҳаждаҳсолагӣ як чанд ҷиноят содир кардааст ва яке аз ин ҷиноятҳо вазнин ё махсусан вазнин аст, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо ва маҷмўи ҳукмҳо аз дувоздаҳ сол зиёд буда наметавонад.

4) Андозаи ниҳоии ҷазои ҷарима ба ноболиғон барои маҷмӯи ҷиноятҳо ва ё аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо доир ба ҷиноятҳои дар қисмҳои  6 ва (ё) 7 моддаи 49 ҳамин Кодекс пешбинигардида аз дусат нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд буда наметавонад. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 89. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо истифодаи чораҳои  маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта

 

1) Агар ҳисоб карда шавад, ки ислоҳи ноболиғи бори аввал ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содирнамуда бо роҳи татбиқи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявӣдошта имконпазир аст, ўро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан мумкин аст.

2) Ба ноболиғ чунин чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявӣдошта таъин кардан мумкин аст:

а) огоҳ кардан;

б) ба назорати падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ё мақоми давлатӣ оид ба кор бо ноболиғон супурдан;

в) ба зимма гузоштани ўҳдадории барқарор кардани зарари расонидашуда;

г) маҳдуд кардани фароғат ва муқаррар намудани талаботи махсус ба рафтор.

3) Ба ноболиғ мумкин аст ҳамзамон якчанд чораи маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявӣдошта таъин карда шавад. Давомнокии мўҳлати татбиқи чораҳои маҷбурии таъсиррасонии тарбиявиро, ки дар бандҳои «б» ва «г» қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, мақоми таъиннамудаи ин чораҳо муқаррар менамояд.

4) Дар ҳолати мунтазам аз чораи маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявӣдошта саркашӣ намудани ноболиғ, он бо дархости мақоми давлатӣ оид ба кор бо ноболиғон бекор карда шуда, мавод барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ноболиғ мувофиқи қонун ба мақоми дахлдор фиристода мешавад.

 

Моддаи 90. Аз ҷазо озод кардани ноболиғон

 

1)  Ноболиғе, ки барои содир намудани ҷинояти вазнин ё дараҷаи миёна маҳкум шудааст, мумкин аст аз ҷониби суд бо татбиқи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта, ки дар қисми дуюми моддаи 89 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, аз ҷазо озод карда шавад.

2)  Ноболиғе, ки барои содир намудани ҷинояти дараҷаи миёна маҳкум шудааст, мумкин аст аз ҷониби суд аз ҷазо озод карда шавад, агар эътироф карда шавад, ки мақсадҳои ҷазо мумкин аст танҳо бо роҳи ҷойгир кардани ў дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ ё табобатӣ – тарбиявӣ барои ноболиғон ба даст оварда мешавад. Дар ин маврид мўҳлати дар муасисаи нишондодашуда нигоҳ доштан аз мўҳлати ҳадди болоии ҷазо, ки Кодекси мазкур барои ҷинояти содиркардаи ноболиғ пешбинӣ намудааст, зиёд буда наметавонад.

3)  Нигоҳ доштани ноболиғ дар муассисаҳои дар қисми дуюми ҳамин модда нишондодашуда мумкин аст то ба охир расидани мўҳлате, ки қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ кардааст, қатъ карда шавад, агар тибқи хулосаи мақоми махсуси давлатӣ, ки ислоҳшавиро таъмин менамояд,  ноболиғ барои ислоҳшавии худ ба татбиқи минбаъдаи чораи мазкур дигар эҳтиёҷ надошта бошад. Дароз кардани мўҳлати нигоҳ доштан дар муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатӣ – тарбиявӣ барои ноболиғон баъди ба охир расидани мўҳлати пешбиникардаи қисми дуюми ҳамин модда танҳо дар мавриди зарурати ба охир расидани тайёрии таҳсилоти умумӣ ё касбӣ роҳ дода мешавад.

 

Моддаи 91. Шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод намудани ноболиғон

 

1) Шахсоне, ки дар синну соли ноболиғӣ ҷиноят содир намуда, ба корҳои ислоҳӣ ё маҳрум  сохтан аз озодӣ маҳкум  шудаанд, пас аз воқеан адо намудани мўҳлати зерин метавонанд шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод карда шаванд:

а) на камтар аз сеяки мўҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна таъин шудааст;

б) на камтар аз нисфи ҷазое, ки барои ҷинояти вазнин таъин шудааст;

в) на камтар аз се ду ҳиссаи ҷазое, ки барои ҷинояти махсусан вазнин таъин шудааст.

 

Моддаи 92. Ба ҷазои нисбатан сабуктар  иваз намудани ҷазо

 

1) Ба шахсе,  ки барои ҷинояти дар синни то ҳаждаҳсолагӣ содирнамудааш  бо маҳрум  сохтан аз озодӣ ё бо корҳои ислоҳӣ маҳкум шудааст, қисми адонакардаи ҷазо мумкин аст бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шавад.

2)  Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз намудани қисми адонашудаи ҷазо нисбати шахси маҳкумшуда дар сурате татбиқ шуданаш мумкин аст, ки агар ў бо рафтори намунавӣ ва муносибати софдилона ба меҳнат ё таълим роҳи ислоҳшавиро пеша карда бошад.

3) Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз кардани қисми мўҳлати адонашудаи ҷазо дар ҳолати воқеан адо намудани мўҳлати зерин имконпазир аст, ба истиснои муқаррароти  пешбининамудаи қисми 8 моддаи 49 Кодекси мазкур. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

а) на камтар аз чорьяки мўҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна таъин шудааст;

б) на камтар аз сеяки мўҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти вазнин таъин шудааст;

в) на камтар аз нисфи мўҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти махсусан вазнин таъин шудааст, инчунин барои ҷинояти қасдона, агар шахс қаблан барои қасдан содир намудани ҷиноят ба маҳрум  сохтан аз озодӣ маҳкум шуда бошад.

4) Ҳангоми бо корҳои ислоҳӣ иваз кардани қисми адонашудаи маҳрум  сохтан аз озодӣ, онҳо дар доираи мўҳлатҳои барои ин намуди ҷазо муқарраргардида таъин шуда, набояд аз мўҳлати адонашудаи маҳрум  сохтан аз озодӣ зиёдтар бошанд.

5)  Нисбати шахсоне, ки ҷазояшон ба ҷзои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 91 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.

6) Агар шахсе,  ки ҷазояш ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, дар давоми қисми адонашудаи ҷазо қасдан ҷинояти нав содир кунад, суд мувофиқи қоидаҳои дар моддаҳои 68 ва 88 ҳамин Кодекс пешбинигардида ба ў ҷазо таъин менамояд.

7) Дар мавриди аз тарафи маҳкумшуда пурра талофӣ намудани зарари моддӣ, тартиби пешбининамудаи қисми 8 моддаи 49 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад. (ҚҶТаз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 93. Мўҳлати  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ  кашидан ва  иҷрои ҳукм

 

Мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ    кашидан ва  иҷрои ҳукми айбдоркунии  дар моддаҳои 75 ва 81 ҳамин Кодекс пешбинигардида ҳангоми аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз адои мўҳлати ҷазо озод намудани ноболиғон нисфи он ихтисор карда мешавад.

 

Моддаи 94. Мўҳлати барҳам додани доғи  судӣ

 

Барои шахсоне,  ки то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содир кардаанд, мўҳлати дар қисми сеюми моддаи 84 ҳамин Кодекс пешбинигардидаи барҳам додани доғи судӣ ихтисор гардида, мутобиқан баробар аст  ба:

а) як сол пас аз адо намудани мўҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷинояти начандон вазнин ё  дараҷаи миёна;

б) се сол пас аз адо намудани мўҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин.

 

Моддаи 95. Татбиқи муқаррароти ҳамин боб  нисбати шахсони аз  ҳаждаҳ то бистсола

 

Дар ҳолатҳои истисно, бо дарназардошти кирдори содиршуда ва шахсият,  суд метавонад  нисбат ба  шахсоне, ки дар    синни аз хаждаҳсолагӣ то бистсолагӣ ҷиноят содир намудаанд, муқаррароти ҳамин бобро татбиқ намояд, ба ғайр аз дар муассисаи тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ барои ноболиғон ҷойгир кардани онҳо.

 

ФАСЛИ VI. ЧОРАҲОИ МАҶБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББӢ 

БОБИ 15. МАҚСАД, АСОС, ТАЪИН КАРДАНВА ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ЧОРАҲОИ МАҶБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББӢ

 

Моддаи 96. Мақсади татбиқи чораҳои маҷбурии  дорои хусусияти тиббӣ

 

Мақсад аз татбиқи чораҳои маҷбурии дорои  хусусияти тиббӣ – ин муолиҷаи шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи 97 ҳамин Кодекс зикргардида ё беҳбуди ҳолати рўҳии онҳо, инчунин пешгирии кирдорҳои наве, ки метавонад аз ҷониби онҳо содир шавад ва дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидааст, иборат  мебошад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330).

 

Моддаи 97. Асосҳо барои татбиқи чораҳои  маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

 

1) Чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро суд метавонад ба шахсони зерин таъин намояд, ки кирдорҳои дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дар ҳолатҳои зерин содир намудаанд;

а) дар ҳолати номукаллафӣ;

б) пас аз содир намудани ҷиноят мубталои бемориҳои рўҳие гардидаанд, ки таъин ё иҷрои ҷазоро имконнопазир месозанд;

в) дар ҳолати ҷой доштани мукаллафии маҳдуд;

г) ҷиноят содир намуда, мўҳтоҷи табобат аз майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ё бемории сил, мебошанд (ҚҶТаз 23.11.15 с., №1228; ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330).

2) Тартиби ба иҷро расонидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бо  санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3) Нисбати шахсони дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки ҷинояти начандон вазнин содир намудаанд, инчунин шахсоне, ки аз рўи ҳолати рўҳияшон хавфе надоранд, суд метавонад маводҳои заруриро ба мақомоти тандурустӣ барои ҳалли масъалаи табобати ин шахсон ё фиристонидани онҳо ба муассисаҳои бемориҳои рўҳу асаб мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.

 

Моддаи 98. Намуди чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

1) Суд намудҳои зерини чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро таъин карда метавонад:

а) назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобат дар назди духтури бемориҳои рўҳӣ (психиатр);

б) табобати маҷбурӣ дар шифохонаи умумии бемориҳои рўҳӣ;

в) табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсус- гардонидашудаи бемориҳои рўҳӣ;

г) табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рўҳӣ таҳти назорати пуршиддат.

2) Ба шахсоне, ки барои дар ҳолати мукаллафӣ содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс маҳкум шудаанд, вале ба табобати майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ё бемории сил ва ё бемориҳои рўҳии мукаллафиро истиснонакунанда эҳтиёҷ доранд, суд дар баробари ҷазо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббиро дар шакли назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобатро дар назди духтури бемориҳои рўҳи ё сил таъин карда метавонад. (ҚҶТаз 23.11.15 с., №1228; ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

Моддаи 99. Таъин намудани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

 

1) Дар ҳолати ҷой доштани асосҳои пешбининамудаи моддаи 97 ҳамин Кодекс, агар шахс тибқи ҳолати рўҳии худ барои ҷойгиркунӣ дар шифохонаи бемориҳои рўҳӣ эҳтиёҷ надошта бошад, мумкин аст назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобат дар назди духтури бемориҳои рўҳӣ таъин карда шавад.

2) Дар ҳолати ҷой доштани асосҳои пешбининамудаи моддаи 97 ҳамин Кодекс, агар хусусият ва вазнинии бемории рўҳии шахс чунин шароити табобат, нигоҳубин, нигоҳдорӣ ва назоратро талаб кунад, ки танҳо дар шароити шифохона имконпазир бошад, метавонад табобати маҷбурӣ дар шифохонаи бемориҳои рўҳӣ таъин карда шавад.

3) Табобати маҷбурӣ дар шифохонаи умумии бемориҳои рўҳи танҳо ба шахсе таъин кардан мумкин аст, ки аз рўи ҳолати рўҳии худ ба ҷой кардан дар шифохона эҳтиёҷ дорад, вале назорати пуршиддатро талаб намекунад.

4) Табобати маҷбури дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рўҳӣ ба шахсе таъин кардан мумкин аст, ки аз рўи ҳолати рўҳии худ назорати доимиро талаб мекунад.

5) Табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рўҳӣ таҳти назорати пуршиддат метавонад ба шахсе таъин карда шавад, ки аз рўи ҳолати рўҳиаш барои худ ва шахсони дигар махсусан хавфнок буда, назорати доимию шадидро талаб мекунад.

 

Моддаи 100. Дароз кардани мўҳлат, тағйир додан ва қатъ намудани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

 

1) Дароз кардани мўҳлат, тағйир додан ва қатъ намудани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар асоси хулосаи комиссияи духтурони бемориҳои рўҳӣ аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад.

2) Дар ҳолати ба татбиқи чораҳои маҷбурии  дорои  хусусияти тиббӣ эҳтиёҷ надоштани шахси рўҳан бемор, инчунин дар ҳолати бекор карда шудани онҳо суд метавонад чунин шахсро барои ҳалли масъалаи тибқи асосҳои умумӣ табобат кардан ба мақомоти тандурустӣ супорад ё ба муассисаи таъминоти иҷтимоӣ фиристад ё ин ки  ўро бо шарти назорати ҳатмии духтурон ба парастории хешовандон ё васиён диҳад.

 

Моддаи 101. Татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбати шахсони гирифтори майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ё бемории сил

(ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1228; ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

1) Дар ҳолати ҷиноят содир намудани шахсони гирифтори майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ё бемории сил суд дар ҳолати мавҷуд будани хулосаи тиббӣ метавонад дар баробари ҷазо ба онҳо чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро низ таъин намояд (ҚҶТаз 23.11.15 с., №1228; ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330).

2) Шахсони дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки ба намуди ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ вобастанабуда маҳкум шудаанд, бояд дар муассисаҳои тиббӣ мачбуран табобат карда шаванд.

3) Шахсони дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, бояд дар маҳалли адои ҷазо ва пас аз озод шуданашон, дар ҳолати ҷой доштани зарурат барои идома додани табобат, тибқи асосҳои умумӣ дар муассисаҳои тиббӣ табобат карда шаванд.

 

Моддаи 102.  Ба ҳисоб гарифтани вақти татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

 

Мўҳлате, ки дар давоми он ба шахси пас аз содир намудани ҷиноят ба бемории рўҳӣ гирифторшуда чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ шудаанд, дар ҳолати шифо ёфтани ў ва таъин шудани ҷазо ё барқарор намудани татбиқи он, ба ҳисоби   як рўзи дар шифохонаи бемориҳои рўҳӣ баробар ба як рўзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати ҷазо ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 103. Табобати маҷбури якҷоя бо татбиқи ҷазо

 

1) Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 98 ҳамин Кодекс чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар маҳалли адо намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва нисбати шахсони ба намудҳои дигари ҷазо маҳкумшуда бошад дар муассисаҳои мақомоти тиббие ба иҷро расонида мешаванд, ки ба беморони рўҳӣ кўмаки амбулатории психиатрӣ мерасонанд.

2) Дар асоси хулосаи комиссияи духтурони бемориҳои рўҳӣ суд метавонад чунин шахсро ҷиҳати табобат ба шифохонаи бемориҳои рўҳӣ ё муассисаи дигари табобатӣ фиристад , агар ин ба  ҳолати рўҳии маҳкумшуда асос ёфта, ба манфиати табобат бошад.

3) Вақти табобат дар муассисаҳои нобурда ба мўҳлати адои ҷазо ҳисоб карда мешавад. Дар ҳолати аз байн рафтани зарурати табобати маҳкумшуда дар муассисаҳои номбурда,  ў бо қарори суд мувофиқи тартиби пешбининамудаи қисми чоруми  ҳамин модда, барои адои мўҳлати боқимондаи  ҷазо фиристода мешавад.

4) Чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббии якҷоя бо иҷрои ҷазо таъингардидаро суд бо пешниҳоди мақомоти татбиқкунандаи ҷазо, дар асоси хулосаи комиссияи духтурони бемориҳои рўҳӣ,  қатъ мекунад.

 

ҚИСМИ МАХСУС 

ФАСЛИ VII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ШАХСИЯТ 

БОБИ 16. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲАЁТ ВА САЛОМАТӢ

 

Моддаи 104. Одамкушӣ

 

1) Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Куштани:

а) ду шахс ё бештар аз он;

б) шахс ё наздикони ў вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро кардани ў;

в) бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст;

г) марбут ба одамрабоӣ ё гаравгонгирӣ;

д) зане, ки ҳомилагии ў барои гунаҳгор аён аст;

е)  одам бо бераҳмии махсус;

ж) одам бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок;

з) одам аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурўҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ;

и) одам бо мақсади ғаразнок ё кирояи зархаридон, инчунин марбут ба роҳзанӣ, тамаъҷўӣ ё бандитизм;

к) одам аз ҳиссиёти авбошӣ;

л) одам бо нияти рўйпўш намудани ҷинояти дигар ё осон кардани содир намудани он, инчунин марбут бо таҷовуз ба номус ё кирдори зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ;

м) одам бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ;

н) одам бо мақсади истифодаи аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида;

п)  хориҷ карда шудааст;

о) одам дар ҳолати пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 403 ҳамин Кодекс

п) одам дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок ё такроран ба истиснои кирдорҳои пешбининамудаи моддаҳои 105, 106 ва 107 ҳамин Кодекс,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол бо мусодираи молу мулк ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан бо мусодираи молу мулк  ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №451).

 

Моддаи 105.  Кўдаки навзоди худро куштани модар

 

1)  Кўдаки навзоди худро куштани модар ҳангоми таваллуд ё бевосита пас аз он дар ҳолати ҳарбии асаб, ки бо сабаби таваллуд ба вуҷуд омадааст ё дар ҳолати харобии рўҳие, ки мукаллафиро истисно намекунад,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то  панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба  мўҳлати то се сол  ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 17.05.04 с., №35)

 

Моддаи 106. Одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рўҳӣ

 

1) Одамкушӣ дар ҳолати ҳаяони сахти рўҳӣ (ҷунун), ки ногаҳон бо сабаби зўроварӣ, таҳқир ё дашноми қабеҳ ё рафтори дигари зиддиҳуқуқӣ  ё бадахлоқонаи ҷабрдида, инчунин дар ҳолати давомдори харобкунандаи асаб бо сабаби рафтори мунтазами гайриқонунӣ ё рафтории бадахлоқонаи ҷабрдида ба вуҷуд омадааст,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Дар ҳолати ҷунун куштани ду ё бештар шахсон,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 107. Одамкўшӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан ё дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир намудани шахси ҷиноят содир карда заруранд

 

1) Одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан,-

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Одамкушӣ дар ҳолати  баромадан аз ҳадди  чораҳое, ки барои дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда заруранд,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 108. Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан

 

1) Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан дар натиҷаи вазифаи касбии худро ба таври дахлдор  иҷро накардани шахс, инчунин аз беэҳтиётӣ ба марг расондани ду ва ё зиёда шахсон,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ва ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 109. Ба худкушӣ расондан

 

1) Бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ ё сўиқасди  худкушӣ расонидани шахс,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор нисбати шахсе,ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар тобеи гунаҳгор мебошад ё ин ки дар ҳаққи ноболиғ  содир шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 110. Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

 

1) Қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад ё боиси нобино, гунг, кар шудан ё талаф додани ягон узви бадан гардидааст ё  аз кор мондани ин узв, қатъ гардидани ҳомиладорӣ ё дар бадсуратии ислоҳнопазири рўй ифода ёфтааст, инчунин расонидани зарари дигар ба саломатӣ, ки барои ҳаёт хавфнок мебошад ё боиси харобшавии  зиёди саломатии марбут бо аз даст додани на камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ гардидаст ё гунаҳгор  баръало медонист, ки он боиси пурра аз даст додани қобилияти меҳнатии касбӣ ё бемории рўҳӣ, нашъамандӣ ва ё токсикомания мегардад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар он:

а) нисбати ду ва ё зиёда шахсон;

б) нисбати шахс ё наздикони ў вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро намудани ў;

в)  нисбати шахси баръало ноболиғ ё шахсе,  ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст;

г) нисбати шахси рабудашуда ё гаравгон;

д)  хориҷ карда шудааст;

д) бо бераҳмии махсус;

е) бо усули хатари умумидошта;

ж) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

з) дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ;

и) бо нияти ғаразнок ё бо кирояи зархаридон;

к) бо ҳиссиёти авбошона;

л) бо мақсади рўйпўш намудани ҷинояти дигар ё осон кардани содир намудани он, инчунин марбут бо таҷовуз ба номус ё кирдори зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ;

м) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ , нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқом;

н) бо мақсади истифодаи аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида;

о) такроран ё аз ҷониби шахсони қаблан барои одамкушӣ маҳкумшуда содир гардидааст, ба истиснои кирдорҳои пешбининамудаи моддаҳои 105, 106 ва 107 ҳамин Кодекс,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ва мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар онҳо:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) дар ҳолати рецидиви хавфнок содир  гардида бошанд;

в) аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ва мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №451)

 

Моддаи 111. Қасдан расонидани зарари  миёна ба саломатӣ

 

1) Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ, ки барои ҳаёт хавфнок набуда ва оқибатҳои дар моддаи 110 ҳамин Кодекс пешбинишударо ба миён наовардааст,  вале боиси харобшавии  тўлонии саломатӣ ё  ба таври устувору назаррас аз даст додани  камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ шудааст,

– бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) нисбати шахс ё наздикони ў вобаста бо фаъолияти хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиро иҷро намудани ў;

в) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

г) бо бераҳмии махсус;

д) дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ;

е) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқом;

ж) такроран ё аз ҷониби шахси қаблан содирнамудаи ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё одамкушии пешбининамудаи моддаҳоии 104 ва 110 ҳамин Кодекс содир гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 112. Қасдан расонидани зарари  сабук ба саломатӣ

 

Расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси ба мўҳлати кўтоҳ хароб шудани саломатӣ ё андаке ба таври устувор аз даст додани қобилияти меҳнат гардидааст,

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз ҳаштод то яксаду шаст соат ё бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол  ё ҳабс ба мўҳлати то чор моҳ ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 113. Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рўҳӣ

 

1) Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рўҳӣ (ҷунун), ки ногаҳон дар асари зўроварӣ, таҳқир ё дашноми қабеҳ ё рафтори дигари зиддиҳуқуқӣ ё бадахлоқонаи ҷабрдида, инчунин дар ҳолати давомдори харобкунандаи асаб бо сабаби кирдори мунтазами ғайриқонунӣ ё рафтори бадахлоқонаи ҷабрдида ба вуҷуд омадааст,

– бо  корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз сад то яксаду ҳаштод соат ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки дар ҳолатҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида содир шудааст,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се  сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 114. Қасдан расонидани  зарари  вазнин ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ

 

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ,

– бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ  ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 115.  Қасдан расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳои зарурӣ ҳангоми дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда

 

1) Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии шахси содирнамудаи ҷиноят дар ҳолати  баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир кардани ў заруранд,

– бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати то яксаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси содирнамудаи ҷиноят дар ҳолати  баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир кардани ў заруранд,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 116. Лату кўб

 

Лату кўб ё  содир намудани ҳаракати  дигари зўроварӣ, ки дарди ҷисмонӣ расонидаанд, вале боиси оқибатҳои дар моддаи 112 ҳамин Кодекс зикршуда нагардидаанд,

– бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати то яксаду бист соат ё бо ҷарима  ба андозаи то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 117. Азобу уқубат

 

1) Азобу уқубати ҷисмонӣ ё рўҳӣ бо роҳи лату кўби мунтазам ё бо усули дигари зўроварӣ, агар он боиси оқибатҳои дар моддаҳои 110 ва 111 ҳамин Кодекс зикршуда нагардида бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) нисбати шахс ё наздикони ў вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро намудани ў;

в) нисбати  бараъло ноболиғ ё шахсе, ки нотавон будани ў барои гунаҳгор аён аст, ё шахсе, ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар вобастаи гунаҳгор аст, инчунин шахси  рабудашуда  ё гаравгон гирифташуда;

г) нисбати зане, ки ҳомила будани ў барои гунаҳгор аён аст;

д) аз ҷониби гурўҳи шахсон ва гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

е) аз рўи кирояи зархаридон;

ж) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқом  содир шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 118. Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари  вазнин ба саломатӣ

 

1) Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатӣ,

– бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки дар натиҷаи ўҳдадориҳои касбии худро ба таври лозимӣ иҷро накардани шахс содир шудааст ё аз беэҳтиётӣ расонидани  зарари вазнин ба саломатии ду ё зиёда шахсон,

– бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ба   мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 119. Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари  миёна ба саломатӣ

1) Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари миёна ба саломатӣ,

– бо  корҳӣ ҳатмӣ ба мўҳлати аз як саду бист то дусад соат ё бо  ҷарима  ба андозаи аз сад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки дар натиҷаи ўҳдадориҳои касбии худро ба таври лозимӣ иҷро накардани шахс содир шудааст ё аз беэҳтиётӣ расонидани зарари миёна ба саломатии ду ё зиёда шахсон,

– бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 120.  Таҳдиди куштан ё расонидани  зарари вазнин ба саломатӣ

 

Таҳдиди куштан ё расонидани  зарари  вазнин  ба  саломатӣ, агар барои амалӣ гаштани ин таҳдид асосӣ тарсу ҳарос мавҷуд бошад,

– бо  маҳдуд  кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол  ё ҳабс ба мўҳлати аз чор то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 121. Вайрон кардани қоидаҳои  ҷарроҳии трансплантация

 

1) Вайрон кардани шарту тартиби бурида гирифтани аъзо ё бофтаҳои бадани инсон ё шарту тартиби дар қонун пешбинигардидаи трансплантация, ки боиси аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатии донор ё реципиент гардидааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 122. Маҷбур кардан барои гирифтани узвҳо ё бофтаҳои бадани инсон барои трансплантатсия

 

1) Маҷбур кардан барои гирифтани узвҳо ё бофтаҳои бадани ҷабрдида барои трансплантатсия, ки бо роҳи истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати ў ё наздиконаш ё бо роҳи таҳдиди несту нобуд кардани молу мулки ў содир шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) нисбати шахсе, ки нотавонии ў барои гунаҳгор аён аст ё шахси таҳти вобастагии моддӣ ё тобеияти дигари гунаҳгор қарордошта;

б) нисбати шахси  баръало  ноболиғ;

в) нисбати ду ё зиёда шахсон содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати панҷ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардидае, ки аз ҷониби:

а) гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) гурўҳи муташаккил ё иттиҳодияи ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  панҷ то даҳ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 123. Исқоти ғайриқонунии ҳамл (аборт)

 

1) Исқоти ғайриқонунии ҳамл аз ҷониби шахси дорои таҳсилоти олии тиббии риштаи дахлдор,

– бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Исқоти ҳамл аз ҷониби шахсе, ки таҳсилоти олии тиббии риштаи дахлдор надорад ё шахси қаблан барои исқоти ғайриқонунии ҳамл судшуда содир шуда бошад,

– бо  ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё расонидани зарари вазнин ба саломатии ў гардида бошанд,

– бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол  ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 124. Ба исқоти ҳамл маҷбур  сохтани зан

 

Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан, агар дар натиҷа исқоти ҳамл ба амал бароварда шавад,

– бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 125. Сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам

   (ҚҶТаз 23.07.16 с., №1330)

 

1) Дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузоштани шахси дигар (ҚҶТаз 23.07.16 с., №1330),

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то  ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Бо вируси норасоии масунияти одам сироят кардани шахси дигар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист (ҚҶТаз 23.07.16 с., №1330),

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати  аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 17.05.04 с., №35)

3) Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) нисбати шахси баръало ноболиғ содир шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати  аз панҷ то даҳ  сол ҷазо  дода мешавад. (ҚҶТ аз 17.05.04 с., №35)

 

Моддаи 126. Сироят кардан бо касалии зўҳрав

 

1) Бо касалии зўҳравӣ сироят кардани шахси дингар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист,

– бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати аз як то ду сол  ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) нисбати шахси баръало ноболиғ содир шуда бошад,

– бо ҷарима ба андозаи аз  панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати   то  ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 127. Дар хатар монондан

 

1) Дидаю дониста нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад ва аз сабаби хурдсолӣ, пиронсолӣ, беморӣ ё аз сабаби оҷизии худ имконияти андешидани чораҳои худмуҳофизатиро надорад, ҳангоме, ки шахси гунаҳгор  метавонист ба ин шахс ёрӣ расонад ва вазифадор буд нисбати ў ғамхорӣ зоҳир намояд ё худаш  ўро дар ҳолати барои ҳаёт ё саломатиаш хатарнок гузоштааст,

– бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардида бошад,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян  ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ:

а) боиси марги одамон;

б) боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати  то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 128. Ёрӣ нарасонидан ба бемор

 

1) Бидуни сабабҳои узрнок ёрӣ нарасондан ба бемор аз ҷониби шахсе, ки вазифадор буд мутобиқи қонун ё қоидаҳои махсус ёрӣ расонад ва он аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии бемор расонидани зарари   миёна гардидааст,

– бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё  бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ марги бемор шуда бошад ё ба саломатӣ зарари вазнин расонда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мўҳлат ё маҳрум карда аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 129. Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ

 

1) Иҷро накардан ё номатлуб ба ҷо овардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби корманди тиб бинобар муносибати бепарвоена ё беинсофона, ки аз сабаби чунин беэҳтиётӣ ба саломатии бемор зарари миёна расонида шудааст,

– бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар он бинобар беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё марги бемор ё мубталои вируси норасоии масунияти одам гардидани бемор шуда бошад (ҚҶТаз 23.07.16 с., №1330),

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати  аз се то панҷ сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ:

а) боиси марги одамон;

б) дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳафт сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол  ҷазо дода мешавад.

 

БОБИ 17. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОЗОДӢ, ОБРӮ ВА ЭЪТИБОРИ ШАХСИЯТ

 

Моддаи 130.  Одамрабоӣ

 

1) Одамрабо, яъне пинҳонӣ, ошкоро, бо роҳи фиреб ё суиистифодаи боварӣ ё бо истифодаи зўроварӣ, ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ, зиддиҳуқуқӣ ба даст овардани шахс ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 181 ҳамин Кодекс пешбинишуда,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ:

б) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешбининамудаи моддаҳои  1301; 131 ва 181 ҳамин Кодексро содир кардааст;

в) бо истифодаи зўроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ;

г) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад;

д) нисбати шахси баръало ноболиғ;

е) нисбати зане, ки гунаҳгор баръало аз ҳомиладор будани ў огоҳ буд;

ж) нисбати ду ё зиёда шахсон;

з) бо ғарази шахсӣ содир шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳое, ки  дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар онҳо:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигар истисмор намудани шахси дуздидашуда;

в) бо мақсади гирифтани аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида барои трансплантатсия;

г) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок:

д) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Шахсе, ки   одами рабудаашро ё ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардаашро ихтиёрӣ озод мекунад,  агар дар кирдори ў таркиби ҷиноятҳои дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

 

Моддаи 130.1 Хариду фуруши одамон

1) Хариду фурўши одамон, яъне бо мақсади суиистифода (суиистифодаи фоҳишагарии дигар шахсон ё дигар шакли суиистифодаи шаҳвоният, кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ, ҳолати ноилоҷӣ ё гирифтани узв ва (ё) бофта) – ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, пинҳонкунӣ ё гирифтани одамон бо роҳи таҳдиди зурӣ ё истифодаи он ё дигар шаклҳои маҷбурсозӣ, дуздӣ, қаллобӣ, фиреб, суиистифодаи мансаб ё ҳолати заифӣ, ё бо роҳи ришва додан дар шакли пардохт ё фоида барои гирифтани розигии шахсе, ки дигар шахсро назорат мекунад,содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08 с., №339)

2) Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) нисбати ду ё зиёда шахс;

г) бо истифодаи зурӣ ё таҳдиди истифодаи он;

д) бо мақсади аз ҷабрдида гирифтани узв ё бофтаҳои бадан барои трансплантатсия;

е) аз тарафи шахси мансабдор ё намояндаи ҳокимият бо истифодаи вазифаҳои хизматӣ, ё дигар шахсе, ки дар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ё дигар ташкилотҳо вазифаи идоракуниро иҷро мекунад;

ё) бо ҷойивазкунии ҷабрдида таввасути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якуми ва дуюми  ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар:

а) боиси марги ҷабрдидаихариду фурўши одамон ва ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

в) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Шахсе,ки кирдорҳои дар қисмҳои якуми ва дуюми  ҳамин модда пешбиншударо содир карда бошад, агар ихтиёран ба мақомотҳои дахлдор хабар дода, ҷабрдида хариду фурўши одамонро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорҳои ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

 

Моддаи 1302. Истифодаи меҳнати ғуломона

 

1) Истифодаи меҳнати инсон, ки нисбат ба он ваколатҳои ба ҳуқуқи моликият хосбуда амалӣ мешаванд, дар ҳолате, ки агар шахс бо сабабҳои аз вай вобастанабуда иҷрои корро(хизматрасониро)рад карда наметавонад,

– бо маҳрум сохтан  аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ  сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) нисбати маъюбон;

в) нисбати зане, ки ҳомила будани ӯ барои гунаҳгор аён аст ё нисбати шахси баръало ноболиғ;

г) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ; 

д) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш;

е) бо роҳи истифодаи иръоб (шантаж), зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

ж) бо кашида гирифтан, пинҳон намудан ё нобуд кардани ҳуҷҷатҳои  тасдиқкунандаи  шахсияти  ҷабрдида   содир  шудааст,

– бо маҳрум  сохтан  аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт  сол  ҷазо дода мешавад. 

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошанд;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол  ҷазо дода мешаванд.

(ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 131. Ғайриқонунӣ маҳрум кардан  аз озодӣ

 

1) Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, ки ба одамрабоӣ ё ғасби гаравгон  алоқаманд намебошад,-

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешбининамудаи моддаҳои 130, 1301, ва 181 ҳамин Кодексро содир кардааст;

в) ба истифодаи усули барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок;

г) ба истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад;

д) нисбати шахси баръало ноболиғ;

е) нисбати зане, ки гунаҳгор баръало аз ҳомиладор будани ў огоҳ буд;

ж) нисбати ду ё зиёда шахсон содир шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигар истисмор намудани шахси ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрумшуда;

в) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 132. Ҷалби одамон барои истисмор

 

1) Ҷалби одамон бо мақсади шаҳвонӣ ё бо тарзи дигар истисмор намудани онҳо,

– бо  ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба  ҳамон мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар: 

а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) нисбати шахси баръало ноболиғ;

в) такроран содир шуда бошад,

– бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдоре, ки  дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар онҳо:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) бо мақсади аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани чунин шахсон;

в) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 133. Ғайриқонунӣ ҷойгир намудан дар  шифохонаи бемориҳои рўҳӣ

 

1) Ғайриқонунӣ дар  шифохонаҳои бемориҳои рўҳӣ ҷойгир намудани шахсе, ки мўҳтоҷи чунин шакли муолиҷа намебошад ё ғайриқонунӣ нигоҳ доштани ў дар ин шифохона,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз як то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо ғарази шахсӣ;

б) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ;

в) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст ё  боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  панҷ  то  ҳашт сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 134. Маҷбуркунӣ

 

Маҷбур намудани шахс барои иҷро кардан ё  иҷро  накардани ягон ҳаракат, ки бо таҳдиди истифодаи  зўроварӣ нисбати ў ё нисбати дигар шахсони ба ў наздик, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки онҳо, паҳн кардани маълумоти тўҳматангез ё ифшо намудани дигар маълумоте, ки онҳо онро ниҳон доштан мехоҳанд ва ё бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ, озодӣ ва мафиатҳои қонунии ин шахсон, бидуни аломатҳои ҷиноятҳои нисбатан вазнин содир шуда бошад,

– ба корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то паҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

 

Моддаҳои 135 ва 136 бо ҚҶТ аз 3.07.12 с., № 844 хориҷ шуд.

 

Моддаи 137. Таҳқири оммавии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тўҳмат кардан ба ў

 

1) Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тўҳмат кардан ба ў,

– бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор бо истифодаи матбуот  дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет содир шуда бошад,

– бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 1371. Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ё тўҳмат кардан ба ў

(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1358)

 

1) Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ё тўҳмат кардан ба ў, –

бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар бо истифодаи матбуот, дигар воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад, –

бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1358)

 

БОБИ 18. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОЗОДИИ ҶИНСӢ ВА ДАХЛНОПАЗИРИИ ҶИНСӢ

 

Моддаи 138. Таҷовуз ба номус

 

1) Таҷовуз ба номус, яъне алоқаи ҷинсӣ бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати зан ё нисбати дигар шахсони ба ў наздик  ё бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зан,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

2) Таҷовуз ба номусе, ки;

а) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешбининамудаи моддаи 139 ҳамин Кодексро содир кардааст;

б) аз тарафи гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо бераҳмии махсус нисбат ба ҷабрдида ё дигар шахсони ба ў наздик;

г) боиси ба касалии зўҳравӣ мубтало гардидании ҷабрдида шудааст;

д) нисбат ба духтари баръало ноболиғ;

е) нисбати ду ё зиёда шахсон содир шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Таҷовуз ба номусе, ки;

а) нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик;

б) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

в) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

г) бо истифода аз вазъияти бадбахтии умумӣ ё дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ ё ба оқибатҳои вазнин оварда расонда бошад;

д) бо истифодаи силоҳ ё таҳдиди истифодаи он ё предмете, ки ба сифати силоҳ хизмат мекунад, содир шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл  ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 139. Ҳаракати зўроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ

 

1) Бачабозӣ, ҷимои зан бо зан (лесбиянство) ё дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, ки бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати ҷабрдида ё дигар шахсони ба ў наздик ё истифодаи вазъияти оҷизонаи ҷабрдида анҷом дода шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, агар:

а) такроран ё аз ҷониби шахси қаблан таҷовус ба номусро содиркарда;

б) аз тарафи гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо бераҳмии махсус нисбат ба ҷабрдида ё дигар шахсони ба ў наздик содир шуда бошад;

г) боиси ба касалии зўҳравӣ гирифтор шудани ҷабрдида гардидааст;

д) нисбат ба шахси баръало ноболиғ анҷом дода шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати  аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин ҳаракат, агар:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) нисбат ба хеши наздик содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Ҳаракате, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, агар:

а) нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида;

б) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

в) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

г) бо истифода аз вазъияти бадбахтии умумӣ ё дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 140.  Маҷбур  намудан  ба  ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ

 

Маҷбур намудани  шахс  ба  алоқаи  ҷинсӣ,  бачабозӣ, ҷимои зан бо зан ё анҷом додани дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо роҳи иръоб (шантаж) ё таҳдиди несту нобуд, вайрон кардан ё кашида гирифтани молу мулк ё бо истифода аз тобеияти хизматӣ, молу мулкӣ  ё дигар шакли вобастагии ҷабрдида,

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 141. Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст

 

1) Алоқаи ҷинсӣ, бачабозӣ, ҷимои зан бо зан ё дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки баръало ба синни шондаҳсолагӣ нарасидааст, ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти дар моддаҳои 138 ва 139 ҳамин Кодекс пешбинишуда,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, агар:

а) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

б) аз ҷониби падару модар, омўзгор ё дигар шахси вазифаҳои тарбиявӣ ба зиммааш гузошташуда содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 142. Ҳаракати бадахлоқона

 

1) Анҷом додани ҳаракати бадахлоқона нисбат ба шахсе, ки баръало ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти пешбининамудаи моддаҳои 138, 139 ва 140 ҳамин Кодекс,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, агар:

а) бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

в) аз ҷониби падару модар, омўзгор ё дигар шахси вазифаи тарбиявӣ ба зиммаашон гузошташуда;

г) нисбат  ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида  ё хеши наздик содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 1421. Алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ

 

  1. Алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона, ки бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ҷабрдида ё дар раванди таълими динӣ содир шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

  • Ҳамин кирдор, агар нисбат ба шахси ноболиғ содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274)

 

БОБИ 19. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

 

Моддаи 143. Вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон

 

1)  Қасдан бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳо ё ин ки бевосита ё бавосита муқаррар намудани бартарии шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеъи шахсӣ, молу мулкӣ ё мансабӣ, маҳалли истиқомат, муносибат бо дин, ақида, марбут будан ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқ ва мафиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонидааст,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс:

а) бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи мақоми хизматиаш содир шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 1431. Шиканҷа

 

1)Қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ, ки аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё розигии хомӯшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ӯ барои ҳаракате, ки  содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шудааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) нисбати зане, ки ҳомиладории ӯ барои гунаҳгор аён аст ё  шахси баръало ноболиғ ё нисбати маъюб;

г) бо расонидани зарари миёна ба саломатӣ содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати  то панҷ сол  ҷазо дода  мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи  қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:

а) бо  расонидани зарари вазнин ба саломатӣ содир шуда бошанд; 

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё боиси дигар оқибатҳои вазнин  гардида бошанд, бо маҳрум сохтан  аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати  то панҷ сол  ҷазо дода мешаванд.  (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №808)

 

Моддаи 144. Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ

 

1) Ғайриқонунӣ ҷамъ кардан   ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад бидуни иҷозати ў, ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар  дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад, –

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол  ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш анҷом дода шудаааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 145. Ошкор намудани сирри тиббӣ

 

1) Ошкор намудани таҳсилот оид ба беморӣ ё дигар натиҷаҳои таҳқиқи тиббии бемор аз ҷониби корманди соҳаи тиб, дорусозӣ ё дигар корманд бидуни зарурати касбӣ ё хизматӣ,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то паҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба  мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки дар фош кардани таҳсилот оид ба гирифтории шахс ба бемории вируси норасоии масунияти одам ифода меёбад (ҚҶТаз 23.07.16 с., №1330),-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якум ё дуюми ҳамин модда, агар онҳо боиси оқибатҳои вазнин шуда бошанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати  аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешаванд.

 

Моддаи 146. Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобирот телеграфӣ ё  дигар  мухобирот

 

1) Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба,  сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё  дигар  мухобироти шаҳрвандон,-

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз сад то яксаду шаст соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш ё воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани таҳсилот пешбинӣ гардидаанд, содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум намудан аз ҳуқуқҳои ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ғайриқонунӣ истеҳсол кардан, ба соҳибияти каси дигар додан ё соҳиб шудан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани таҳсилот пешбинӣ шудаанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳру кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 147. Вайрон намудани дахлнопазирии манзил

 

1) Ғайриқонунӣ ба даромадан бар хилофи хоҳиши шахсӣ дар он истиқоматкунанда манзил ё касеро аз манзилаш маҳрум кардан, –

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

в) бо ғайриқонунӣ васл намудани воситаҳои гўшандозӣ ё дигар воситаҳои махсус дар манзили истиқоматӣ содир шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Дар зери мафҳуми манзил дар ҳамин ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс хонаи истиқоматии фардӣ бо биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ба он дохилшаванда, бинои истиқоматӣ новобаста аз шакли моликият ба фонди манзил дохилшаванда, ки барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ мувофиқ аст, ҳамчунин дигар бино ё сохтмони ба фонди манзил дохилшаванда, вале барои истиқомати муваққатӣ таъин гардидааст, фаҳмида мешавад.

 

Моддаи 148. Радди додани маълумот ба шаҳрванд

 

Аз ҷониби  шахси мансабдор радди ғайриқонунӣ ба шаҳрванд додани санад ё ҳуҷҷатҳое, ки бевосита ба ҳуқуқ ва озодиҳои ў дахл доранд ва мутобиқи тартиби муқарраршуда ҷамъоварӣ гардидаанд, инчунин додани таҳсилоти нопурра ё қасдан додани чунин маълумоти барғалат нопурра, агар он ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамин шаҳрванд зарар расонида бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 149. Ғайриқонунӣ маҳдуд кардани тағйири макон, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ кардан ва бозгаштани шаҳрванд ба он

 

1) Ғайриқонунӣ маҳдуд намудани  тағйири макон, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ кардан ва бозгаштани шаҳрванд ба он,-

бо ҷарима ба  андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад;

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 150. Монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ

 

1) Монеъ шудан ба шаҳрванд ҷиҳати татбиқи ҳуқуқҳои интихоботиаш ё ҳуқуқи иштирок дар райъпурсӣ, инчунин монеъ шудан бо фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ё комиссия оид ба гузаронидани райъпурсӣ,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар:

а) дар алоқамандӣ бо ришвадиҳӣ, фиреб, зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

в) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати аз як то ду сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 151. Сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ ё ҳисоби нодурусти овоз

 

Сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ,  дидаю дониста нодуруст ҳисоб кардани овоз, дидаю дониста нодуруст муайян кардани натиҷаҳои интихобот, раъйпурсӣ, ҳамчунин вайрон намудани овоздиҳии пинҳонӣ, ки аз ҷониби узви комиссияи интихоботӣ, гурўҳи ташаббускор ё комиссия оид ба гузаронидани раъйпурсӣ содир шудааст,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то чор сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 152. Маҷбур намудан барои иштирок дар корпартоӣ ва ё рад кардани иштирок дар корпартоӣ

 

Бо зўроварӣ  ё таҳдиди истифодаи он маҷбур намудан ба иштирок дар корпартоӣ ё рад кардани иштирок дар корпартоӣ,

– бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 1521. Роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда

 

Барои роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда, ҳамчунин барои монеъ шудан ба кори корхона, муассиса ва дигар ташкилот дар шароити вазъияти фавқулодда,

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то нӯҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё махдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

(ҚҶТ аз 26.07.14с., №1088)

 

Моддаи 153. Вайрон кардани қонунҳои меҳнат

 

Дидаю дониста ғайриқонунӣ аз кор озод кардани шахс, иҷро накардани қарори суд дар хусуси ба ҷои кори пештара барқарор кардан, меҳнат, ҳамчунин дигар ҳаракатҳои қасдан ва моҳиятан вайронкунии қонунҳои меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 1531. Напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулӣ ё дигар пардохтҳо

 

Аз ҷониби корфармо, роҳбари корхона, муассиса ё ташкилот новобаста аз шакли моликияташон зиёда аз ду моҳ напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулӣ ё дигар пардохтҳои бо қонун муқарраргардида, агар ин кирдор бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то паҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 154. Вайрон кардани қоидаҳои  муҳофизати меҳнат

 

1) Вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ё дигар қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби шахсе, ки ба риоя кардани он масъул мебошад, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ ё бемории касбӣ гашта бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст ё ба саломатии чанд нафар зарари вазнин ворид намудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3)  Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон гардидаанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 155. Беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдўш намудани зани синни қўдакаш  то сесола

 

Беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдуш намудани зан бинобар ҳомиладорӣ, ҳамчунин беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдўш намудани зане, ки кўдаки то сесола дорад, –

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то паҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 156. Вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он

 

1) Азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ)ҳамчунин ба ҳаммуалифӣ маҷбур кардан, агар ин кирдорҳо ба муаллиф ё дигар соҳибҳуқуқ ба микдори калон зарарр расонида бошад, –

бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Истифодаи ғайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ё ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳамчунин ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фиристондани нусхаҳои ғайриқонунии асар ё фонограммаҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, агар ин кирдорҳо ба миқдори калон зарар расонидани бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷо то  сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, агар

а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гӯрӯҳи муташаккил;

б) бо расонидани зарар ба миқдори мухсусан калон;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шудабошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Дар моддаи 156 ва 1561 Кодекси мазкур таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо пранҷсад маротиба зиёд мебошад ва зарар ба миқдори махсусан  калон чунин зараре ҳисобида мешавад,ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёд мебошад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №844)

 

Моддаи 1561 Вайрон кардани ҳуқуқҳо ба ихтироот, намунаҳои саноатӣ ва моделҳои муфид

 

1) Истифодаи ғайриқонунии ихтироот, намунаҳои саноатӣ ё моделҳои муфид, бидуни розигии муаллиф ё арномадеҳ фош намудани моҳияти ихтирооот, намудани саноатӣ ё модели муфид то интишори расмии маълумот дар бораи онҳо, азхудкунии муаллифӣ ё ба ҳаммуалифӣ маҷбур кардан, агар ин кирдорҳо ба миқдори калон зарар расонида бошад, –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанюда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтани аз озодиӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Кирдорҳои пешбиннамудаи қисми якуми ҳамин моддаи, агар аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтани аз озодӣ ӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №844)

 

Моддаи 157. Монеъ шудан ба фаъолияти ташкилоти динӣ

 

Монеъ шудан ба фаъолияти ташкилотҳои дине, ки ба қонун зид намебошанд ё ба амали ба ҷо овардани маросимҳои динӣ, агар онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд ва ба ҳуқуқи шаҳрвандон таҷовус нанамоянд, –

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 158. Монеъ шудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

 

Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамиятӣ, ҳамчунин дахолат бо фаъолияти қонуниашон, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои умумии онҳоро ба таври назаррас вайрон кардааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 159. Ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоти диние, ки ба шахсият ва  ҳуқуқи шаҳрвандон таҷовуз мекунанд

 

Ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилоти диние, ки фаолияташон бо расонидани зарар ба саломатии шаҳрвандон ё дигар таҷовуз ба шахсият ё ҳуқуқи шаҳрвандон алоқаманд мебошад, ҳамчунин роҳбарӣ ба онҳо –

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан  аз озодӣ ба  мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 160. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузормҳо ва роҳпаймоихо

 

  1. Вайрон кардани тартиби ташкил ва (ё) гузаронидани маҷлисҳо. гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ё роҳпаймоиҳо аз тарафи шахси ташкилкунанда ё иштирокчии фаъоли ҳамин чорабиниҳо, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

  1. Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз мақоми хизматӣ ё истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ содир шуда бошад ё боиси вайрон ё несту нобуд шудани молу мулк ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодй ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.(ҚҶТ аз 02.08.11., №750)

 

Моддаи 161. Монеъ шудан ба гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоӣ, пикетгузорӣ ё иштирок дар онҳо

 

1)Ғайриқонунӣ монеъ шудан ба гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоӣ, пикетгузорӣ ё иштирок дар онҳо ё ин ки маҷбур кардан дар иштирок дар онҳо, агар ин кирдор бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз як хазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 162.  Монеъ   шудан  ба  фаъолияти қонунии касбии журналистон

 

1) Дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ў барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зўроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурўғи бофтае ё фош намудани дигар таҳсилоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2 )Ҳамин кирдор, агар:

а) бо зўроварӣ;

б) несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,-

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 163.  Вайрон  кардани  қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон

 

1) Радди ғайриқонунии баррасии муроҷиати шаҳрвандон, бидуни сабабҳои узрнок вайрон намудани мўҳлати барррасии арзу шикояти онҳо, қабули қарори беасос ва хилофи қонун, инчунин вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ ворид намудааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад  то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум кардани аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се  сол ҷазо дода мешавад.

2) Таъқиби шаҳрванд аз ҷониби шахси мансабдор вобаста ба муроҷиати ў ба мақоми давлатӣ, корхона, ташкилоту муассиса ё иттиҳоди ҷамъиятӣ ё барои танқиди дар муроҷиаташ инъикосёфта, инчунин барои дар шакли дигар бо танқид баромад карданаш, –

бо  ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад  то ду хазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо  маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 164. Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нўҳсола)

 

Ба ҳар тарзе монеъ шудани шахси воқеӣ ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нўҳсола), –

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

БОБИ 20. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОИЛА  ВА  НОБОЛИҒОН

 

Моддаи 165. Ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят

 

1) Ҷалби шахси ноболиғ ба содир намудани ҷиноят бо роҳи ваъда, фиреб, таҳдид ё дигар усул, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳсолагӣ расида анҷом дода шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат агар аз ҷониби падару модар, омўзгор ё шахси дигари қонунан ба зимааш тарбияи шахсони ноболиғ гузошташуда содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракати дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он анҷом дода шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқ ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

4) Ҳаракати дар қисми якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда пешбинишуда, ки бо ҷалби шахси ноболиғ:

а) ба гурўҳи муташаккил ё  иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

б) ҷиҳати содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин анҷом дода шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқ ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се  то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Дар боби мазкур зери мафҳуми ноболиғон шахсони хурдсол ва ноболиғ фаҳмида мешавад.

 

Моддаи 166. Ҷалби шахси  ноболиғ  ба содир намудани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ

 

1) Ҷалби шахси ноболиғ ҷиҳати истеъмоли мунтазами нушокиҳои спиртӣ, истеъмоли мунтазам ғайритиббии моддаҳои сахттаъсир ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда, ё ба фоҳишагарӣ, оворагардӣ, гадоӣ, ки аз  ҷониби шахси синнаш ба ҳаждаҳсолагӣ расида содир шудааст, –

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат агар аз ҷониби падару модар, омўзгор ё шахси дигари қонунан ба зиммааш тарбияи  шахсони ноболиғ гузошташуда, содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракати пешбининамудаи қисми якум ё дуюми ҳамин модда, агар :

а) нисбат ба ду ё якчанд ноболиғ;

б) бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он,

в) такроран содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўхлати аз ду то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 167. Хариду фурўши ноболиғон

 

1) Хариду фурўши ноболиғон, яъне хариду фурўши шахси баръало ноболиғ новобаста аз намуд ва шаклҳои маҷбурсозӣ, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  панҷ то ҳашт  сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

2) Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) нисбати ду ё зиёда ноболиғ;

г) бо истифодаи зўрӣ ё таҳдиди истифодаи он;

д) бо мақсади аз ҷабрдида гирифтани узв ё бофтаҳои банд барои трансплантатсия;

е) аз тарафи шахси мансабдор ё намояндаи ҳокимият бо истифодаи вазифоҳои ҳокимиятӣ, ё дигар шахсе, ки дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилотҳо вазифаи идоракуниро иҷро мекунад;

ё) бо ҷойивазкунии ҷабрдида тавассти сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда бошад: –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳое, ки  дар қисми якум ва  дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар:

а) боиси марги ҷабрдидаи хариду фурўши ноболиғон ва ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

в) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дуаоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Шахсе,ки кирдорҳои дар қисмҳои якуми ва дуюми ҳамин модда пешбиншударо содир карда бошад, агар ихтиёран ба мақомотҳои дахлдор хабар дода, ҷабрдида хариду фурўши одамонро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорҳои ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад».

 

Моддаи 168.  Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида

 

Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби падару модар ё шахсоне, ки духтар таҳти васояти онҳост ё шахсоне, ки ў тобеи онҳо мебошад, хамчунин далолат кардан ё мусоидат кардан  барои ба шавҳар додан,-

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол  ё  маҳдуд кардани озодӣ ба  мўҳлати то паҷсол  ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 169. Бастани ақди никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст

 

Бастани созиши  никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳ нарасидааст, инчунин бастани  ақди  никоҳ бо чунин шахс,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то паҷ сол  ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 170. Дузанагӣ ё серзанагӣ

 

Дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ, –

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 171. Иваз намудани тифл

 

1) Иваз намудани тифл,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то чор сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки бо мақсади ғаразнок ё нияти дигари қабеҳ содир шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 172. Писархондии (духтархондии) ғайриқонунӣ

 

Ҳаракати ғайриқонунӣ  дар мавриди писархондии (духтархондии) кўдак, ба парастори (таҳти васоят) додани онҳо ё додани онҳо ба тарбияи оилаи шаҳрвандон, ки бо мақсадҳои ғаразнок ё бо ниятҳои дигари қабеҳ анҷом дода шудааст,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 173. Ифшои сирри писархондӣ (духтархондӣ)

 

1) Ифшои сирри писархондӣ (духтархондӣ) бидуни ихтиёри шахси фарзандхонда, ки аз ҷониби шахсе, ки воқеияти писархондиро (духтархондиро) ҳамчун сирри хизматӣ ё касбӣ вазифадор аст ҳифз кунад ё аз ҷониби шахси дигар агар ин кирдор бо ғарази  ё бо дигар ниятҳои қабеҳ содир бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 174. Иҷро накардани ўҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ

  (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1177)

 

Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғ аз ҷониби падару модар ё шахси дигар, ки ин ўҳдадорӣ ба зиммаш  қонунан гузошта шудааст, инчунин аз ҷониби омўзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, агар ин кирдор бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад, (ҚҶТ аз 17.05.04 с., №35; аз 18.03.15с., №1177)

– бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1177)

 

Моддаи 175. Иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кўдак

 

1) Иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кўдаки хурдсол аз ҷониби шахсе, ки ин ўҳдадори тибқи вазифаи хизматӣ ба зиммаш гузошта шудааст  ё аз ҷониби шахсе, ки ин вазифаро мувофиқи супориши махсус ба ҷо меорад, ё ин ўҳдадориро ихтиёран ба зимма гирифтааст, агар дар натиҷа аз беэҳтиётӣ ба саломатии кўдак зарари миёна расида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз беэҳтиётӣ боиси ворид гаштани зарари вазнин ба саломатии хурдсол гаштааст;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги ў шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт  сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Дар Кодекси мазкур зери мафҳуми кўдаки хурдсол шахси ба синни чордаҳсола нарасида фаҳмида мешавад.

 

Моддаи 176. Суиистифода аз ҳуқуқи васӣ  ё парастор

 

Истифодаи васоят ё  парасторӣ  бо мақсади ғаразнок ё дигар  ниятҳои қабеҳ, ҳамчунин дидаю дониста бе назорат ё  бе ёрдами зарурӣ гузоштани шахси таҳти васоят ё парасторӣ қарордошта, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси таҳти васоят ё парастона қарордоштаро ба таври назаррас поймол кардааст,-

бо ҷарима бо андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 177. Бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон

 

Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ расидааст,-

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 178. Бадқасдона саркашӣ намудани  фарзандон  аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат

 

Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани фарзандон аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ ҷиҳати таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат ё эҳтиёҷманди ёрии моддӣ,-

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то як саду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамн мўҳлат ҷазо дода мешавад.

 

ФАСЛИ VIII. ҶИНОЯТҲО  БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА САЛОМАТИИ АҲОЛӢ 

БОБИ 21. ҶИНОЯТҲО  БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ЧАМЪИЯТӢ

 

Моддаи 179. Терроризм

 

1) Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сўхтор, тирпаррони аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо,-  (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) такроран; (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

в) аз ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ; (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

г) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ; (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

д) аз ҷониби шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ; (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

е) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад, –  (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ҳамин модда, агар он :

а) аз ҷонибии гурўҳи муташаккил;

б) дар алоқамандӣ бо таҳдиди истифодаи силоҳи қатли ом, маводи радиоактивӣ ё иҷрои дигар кирдоре, ки ба ҳалокати оммавии одамон оварда мерасонад;

в) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад;

г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё ин ки дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум  сохтан бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №451).

Эзоҳ: Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ  иштирок  дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори терористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Такрори дар моддаи мазкур пештар содир шудани як ё якчанд ҷинояти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин моддаҳои 1791, 180, 181, 185, 310 ва 402 ҳамин Кодексэътироф карда мешавад. (қҷт аз 17.05.04 №35)

 

Моддаи 1791. Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо

 

1) Ҷалб кардани шахсон барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ё моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ, мусаллаҳ намудан ё таълими шахсон бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои номбаршуда, инчунин мусоидат кардан ба тарзи дигар, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошанд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

Эзоҳ: Шахсе, ки ҷинояти дар моддаи мазкур пешбинишударо содирнамуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар ў ихтиёран ва саривақт бо роҳи ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ хабар додан ё бо дигар тарзҳо барои пешгирии содир шудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта мусоидат намояд, агар дар ҳаракатҳояш таркиби ҷинояти дигар набошад.

 

Моддаи 1792. Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта

 

1) Бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он ки ин воситаҳо аз ҷониби террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ ё  барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1791, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс истифода мегарданд, ҳамчунин агар воситаҳои мазкур воқеан дар ҷиноятҳои зикршуда истифода нагарданд, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ, ҳатто агар он бо акти (актҳои) террористии мушаххас алоқаманд набошад (ҚҶТ аз 12.11.13с., №1028)

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 13.06.13с., №965, 966)

2) Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаи  қонунигардонидашуда (расмикунонидашуда) содир шуда бошанд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №808)

3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошанд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №808)

 

Эзоҳ: Зери мафҳуми «воситаҳо» дар моддаи мазкур активҳои ҳама навъ, ламсшаванда ё ламснашаванда, манқул ё ғайриманқул, новобаста ба тарзи ба даст овардани онҳо, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва ё санадҳо дар ҳама гуна шакл, аз он ҷумла электронӣ ва рақамӣ, ки ҳуқуқро ба чунин активҳо ва ё иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, инчунин кредитҳои бонкӣ, чекҳои сафарӣ, чекҳои бонкӣ, интиқолоти почтавӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок, облигатсияҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо фаҳмида мешаванд.

 

Моддаи 179 3. Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террорстӣ

(ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

1) Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1791, 1792, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс, инчунин сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ, –    (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдорҳо, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори омма содир карда шудаанд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд.

 

Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура  ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

Моддаи 180.  Иттилооти баръало бардурўғ оид   ба кирдори террористӣ

 

1) Иттилооти баръало бардурўғ оид ба рух додани таркиш, сўхтор ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддии ба молу мулк ё ба рух додани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок оварда мерасонад, ё ба амнияти ҳавопаймо ва шиноварии бехатари киштии обӣ таҳдид мекунад

бо корҳои ислоҳӣ ба муддати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.(ҚҶТ аз 13.00.2013с.№965)

2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарар ба саломатӣ ё дигар  оқибатҳои вазнин гардида бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 13.00.13с., №966)

 

Моддаи 181. Ғасби гаравгон

 

1) Ғасби гаравгон ё нигоҳ доштани шахс ба сифати гаравгон марбут бо таҳдиди куштан ё расонидани зарар ба саломатии ў ё минбаъд нигоҳ  доштани ҳамин шахс бо мақсади маҷбур намудани давлат, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеъӣ ҳуқуқӣ ё гурўҳи шахсон ба иҷро ё худдорӣ намудан аз иҷрои ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод кардани гаравгон, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в)  бо истифодаи зўроварие, ки барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок мебошад;

г) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад;

д) нисбат ба шахси баръало ноболиғ;

е) нисбат ба зане, ки гунаҳгор баръало ҳомиладор буданашро медонад;

ж) нисбат ба шахсе, ки гунаҳгор баръало аз дар вазъияти оҷизона қрор доштани ў огоҳ буд;

з) бо нияти ғаразнок ё кирояи зархаридон;

и) нисбати ду ва ё зиёда шахсон анҷом дода шудааст;

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракати пешбинишудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар;

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад;

в) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол  ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Шахсе, ки  бо ихтиёри худ ё талаби мақомоти ҳокимият гаравгонро озод мекунад, агар дар ҳаракати ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

 

Моддаи 182. Ғасби бино, иншоот, воситаҳои  иттилоот ва алоқа

 

1) Ғасби бино, иншоот, роҳҳо ё воситаи иттилоот ё алоқа, дигар иншооти коммуникатсионӣ ё  ин ки нигоҳ доштани онҳо, марбут бо  таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани онҳо ё бо таҳдиди куштори шаҳрвандон ё расонидани зарар ба саломатии онҳо бо мақсади маҷбур кардани давлат ё дигар мақомот, шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ ё гурўҳи шахсон ба иҷро ё худдорӣ кардан аз иҷрои ягон ҳаракат ҳамчун шарти иҷро накардани таҳдид, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифодаи зўроварие, ки  барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок мебошад;

г) бо истифода аз силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташакил анҷом дода шуда бошад:

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин шуда бошад;

в) дар ҳолати рецидивӣ махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ  то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 183. Роҳзании обӣ

 

1) Ҳуҷум ба киштии обӣ бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр, ки бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) аз беэҳтиётӣ боиси  марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

в) такроран ё  бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад , содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 184. Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби  ҳавопаймо, киштӣ  ё қатори роҳи оҳан

 

1) Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби ҳавопаймо, киштӣ ё қатори роҳи оҳан, ҳамчунин ғасби чунин киштӣ ё қатор бо мақсади ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ин ки амалӣ намудани назорати ғайриқонунӣ дар дигар шакл, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ бо мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои содир намудани ягон ҳаракат ё ин ки худдорӣ намудан аз он, агар чунин кирдорҳо тавонанд воқеан ба бехатарии ҳавопаймо, киштӣ ё қатораи роҳи оҳан таҳдид намоянд‚ –

бо маҳрум намудан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад;

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо зўроварӣ, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ;

г) бо истифодаи силоҳ,  ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ва сеюми  ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибати вазнин гашта бошад;

в) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 1841. Ғасб, вайрон кардан, содир намудани амалҳои зўроварӣ дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ

 

1) Ғасби платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ ё дигар шаклҳои назорати ғайриқонунӣ аз болои он ё қасдона вайрон кардани он ва ё расонидани зарар ба он, ки ба бехатарии платформа таҳдид менамояд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Содир намудани амали зўроварӣ нисбати шахс дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ, ки ба бехатарии он таҳдид менамояд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, агар чунин кирдорҳо тавонанд воқеан ба бехатарии платформаи стасионарии воқеи  шелфи континенталӣ таҳдид намоянд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ бо ҳар тарз ҷойгир кардан ё содир намудани ҳаракатҳо бо мақсади ҷойгир кардани восита ё моддае, ки метавонад платформаи стасионариро вайрон намояд ё ба бехатарии он таҳдид кунад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

5) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм, сеюм ё чоруми ҳамин модда, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошанд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 1842. Кирдорҳои қасдона ба муқобили бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ

 

1) Содир намудани амали зўроварӣ нисбати шахсе, ки дар ҳавопаймо ё киштӣ қарор дорад, агар чунин амал тавонад ба бехатарии ин ҳавопаймо ё киштӣ таҳдид намояд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Вайрон кардани ҳавопаймо ё киштӣ ва ё расонидани зарар ба ин ҳавопаймо ё киштӣ ё ин ки ба бори он, аз ҷумла вайрон намудани таҷҳизоти навигатсионӣ ё ба вуҷуд овардани монеаҳои ҷиддӣ дар истифодабарии он, ки онро аз кор мебарорад ё метавонад ба бехатарии он таҳдид намояд, ҷойгир кардан ё содир намудани ҳаракатҳое, ки дар ҳавопаймо ё киштӣ бо ҳар тарз ҷойгир намудани восита ё моддае оварда расонад, ки метавонад чунин ҳавопаймо ё киштӣ ва ё бори онро вайрон намояд ё ба он зараре расонад, ки метавонад ба бехатарии он таҳдид намояд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, агар чунин кирдорҳо тавонанд воқеан ба бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ таҳдид намоянд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд.(ҚҶТ аз 13.06.13с., №966)

д) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешаванд.

 

Моддаи 1843. Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии фурудгоҳҳое, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонанд

 

1) Содир намудани амали зўроварӣ дар фурудгоҳ нисбати шахсе, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад, агар чунин амал ба бехатарӣ дар ин фурудгоҳ таҳдид мекунад ё метавонад таҳдид кунад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Вайрон намудан ё расонидани зарари ҷиддӣ ба таҷҳизот ё иншооти фурудгоҳе, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад ё ин ки ба ҳавопаймоҳои воқеи фурудгоҳ, ки дар истифодабарӣ қарор надоранд, ё халал расондан ба кори хадамоти фурудгоҳ, агар чунин амал ба бехатарӣ дар ин фурудгоҳ таҳдид кунад ё метавонад таҳдид кунад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ кардан аз он, агар чунин кирдорҳо ба бехатарӣ дар фурудгоҳе, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад, таҳдид мекунанд ё метавонанд таҳдид кунанд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил; (ҚҶТ аз 13.06.13 с., №966)

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд; (ҚҶТ аз 13.06.13 с., №966)

д) бо истифодаи силоҳ ё предмете, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошанд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешаванд.

 

Моддаи 1844. Интиқоли ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҷинояти хусусияти террористидошта дар нақлиёт

 

Интиқоли ғайриқонунии шахс дар нақлиёт бо дарки он ки ин шахс ҳаракате содир намудааст, ки бо моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷиноят мебошад, бо мақсади ёрӣ расонидан ба чунин шахс барои гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 185. Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ

1) Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ (иттиҳодия, отряд, дастаҳо ё дигар гурўҳҳо), ҳамчунин роҳбарӣ ба ин гуна воҳидҳо ё иштирок дар онҳо,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ анҷом дода шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ даст кашида ва силоҳашро супурдааст, агар дар кирдори ў дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 186. Бандитизм

 

1) Ташкили гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор бо мақсади ҳуҷум ба шаҳрвандон ё ташкилот, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин гурўҳ (даста),-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ  то бист сол ё бидуни он  ҷазо дода мешавад.

2) Иштирок дар гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор ё дар  ҳуҷумҳои анҷоммедодаи он,-

бо маҳрум сохтан  аз озодӣ ба мўҳлати аз  даҳ  то понздаҳ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок анҷом дода шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муддати то  панҷ  сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 187. Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)

 

1) Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин  ё ҷиноятҳои махсусан вазнин, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳод (ташкилот) ё ба ҷузъу томи таркибии онҳо, инчунин ташкили иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил бо мақсади таҳияи нақша ва фароҳамоварии шароит барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист  сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок анҷом дода шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран ба мақомоти ҳокимият оид ба иштирокаш дар иттиҳодди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) иттилоъ дода ва барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

 

Моддаи 188. Бетартибиҳои оммавӣ

 

1) Ташкили бетартибиҳои оммавӣ, ки бо зўроварӣ нисбат ба шахсият, харобкорӣ, сўхтор, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк, истифодаи силоҳи оташфишон, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё моддаҳои оташзананда алоқаманд аст, инчунин муқобилият нишон додан ба ҳокимият, ки бо истифодаи силоҳ ё дигар предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда содир шудааст, ҳамчунин иштирок дар ин амал, (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1089)

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Даъват ҷиҳати фаъолона итоат накардан ба талаботи қонунии намояндагони ҳокимият ё ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зўроварӣ нисбат ба шаҳрвандон,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё  маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 189. Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ

 

1) Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои  ахбори омма анҷом дода шуда бошад,-

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, агар:

а) такроран;

б) бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

г) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

в) ба зўран пеш кардани шаҳрванд аз маҳалли сукунати доимӣ оварда расонад;

г) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол  ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 190.  Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои кўҳӣ, сохтмон ва дигар корҳо

 

1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми корҳои кўҳӣ, сохтмон ва дигар корҳо, агар ин аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии инсон расонидани зарари вазнин ва ё миёна гардида бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 191. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар объектҳое, ки хавфи таркиш доранд

 

1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар объектҳо ё цехҳое, ки хавфи таркиш доранд агар ин аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии инсон расонидани зарари вазнин ё миёна гашта бошад,-

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то чор сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, –

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 192. Вайрон кардани қоидаҳои зидди сўхтор

 

1) Вайрон кардани қоидаҳои зидди сўхтор аз ҷониби шахсе, ки ба ўҳдааш риояи ин масъулият  гузошта шудааст, агар он дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштод то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 193. Муносибати ғайриқонунӣ бо маводи радиоактивӣ

 

1) Ғайриқонунӣ соҳибӣ кардан, истифода бурдан, ба даст овардан, фурўхтан, нигоҳ доштан, интиқол, ба дигарон додан ё вайрон кардани маводи радиоактивӣ, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Содир намудани ҳаракате, ки аз талабот бо таҳдиди зўрӣ ё истифодаи он ё ин ки бо ягон шакли дигари тарсонидан барои додани маводи радиоактивӣ иборат мебошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлат аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 194. Тасарруфи маводи радиоактивӣ

 

1) Тасарруфи маводи радиоактивӣ,  ҳамчунин таҳдиди тасарруфи онҳо бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор  то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи зўроварӣ, ки ба ҳаёт ё саломатии шахс хавфнок намебошад ё таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ анҷом дода шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) бо истифодаи зўроварии барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ:

в) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур, инчунин дар моддаҳои 199 ва 202-и  ҳамин Кодекс ҳамон вақт ҷиноят такроран содиршуда эътироф карда мешавад, агар шахс пештар як ё бештар ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин моддаҳо, инчунин ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 186, 244-251-и ҳамин Кодексро содир карда бошад.

 

Моддаи 1941. Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ

 

Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ бо тарзе, ки раҳоиёбӣ ва ё хатари раҳоиёбии маводи радиоактивӣ ба вуҷуд омада, боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари ҷиддӣ ба моликият, ба муҳити зист мегардад, бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, ҳамчунин таҳдиди содир намудани чунин кирдор бо ҳамин мақсад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур зери мафҳуми «маводи радиоактивӣ» маводи ядроӣ ва дигар моддаҳои радиоактивии нуклиддоре фаҳмида мешавад, ки худ аз худ таҷзия меёбанд (ҷараёне, ки зимни он афканишоти ионии як ё якчанд намуд, масалан, алфа–афканишот, бета–афканишот, афканишоти нейтронӣ ва гамма–афканишот сурат мегирад) ва онҳо вобаста ба хусусиятҳои радиологӣ ва ё таҷзияи худ метавонанд боиси марг, зарари вазнин ба саломатӣ ва ё зарари ҷиддӣ ба моликият ва муҳити зист шаванд.

«Маводи ядроӣ» – плутоний, ба истиснои плутонийи дорои ҷамъи изотопҳо, ки зиёда аз 80 фоизаш плутоний–238 аст; уран–233; урани бо изотопҳои уран–235 ё уран–233 ғанигардонидашуда; урани дорои омехтаи изотопҳое, ки дар табиат дар шакле вомехўранд, ки аз маъдан ё пасмондаҳои маъданӣ фарқ мекунанд; ва ҳар гуна маводи дорои як ё якчанд элементҳои зикргардидае мебошад, ки дар ин ҳолат «урани бо изотопҳои уран–235 ё уран–233 ғанигардонидашуда» урани дорои изотопҳои уран–235 ё уран–233 номида мешавад ва ё дорои ҳар ду изотопест ба андозае, ки фоизи барзиёди маҷмўи ин изотопҳо дар муқоиса бо изотопи уран–238 нисбат ба фоизи изотопи уран–235 дар муқоиса бо изотопи уран–238, ки дар табиат вомехўрад, зиёдтар аст.

«Объекти ядроӣ» аз инҳо иборат аст:

а) ҳама гуна реактори ядроӣ, аз он ҷумла реакторҳое, ки дар киштиҳои баҳрӣ, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда ё объектҳои кайҳонӣ барои истифодабарӣ ба сифати манбаи барқ барои ба ҳаракат овардани чунин киштиҳо, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда ё объектҳои кайҳонӣ ва ё ҳама гуна дигар мақсад насб карда шудаанд;

б) ҳама гуна иншоот ё воситаи ҳамлу нақл, ки барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, азнавкоркардабароӣ ё интиқоли маводи радиоактивӣ истифода мегардад.

«Восита» аз инҳо иборат аст:

а) ҳама гуна воситаи таркандаи ядроӣ; ё

б) ҳама гуна воситаи паҳнкунандаи маводи радиоактивӣ ё афканандаи радиатсия, ки метавонад вобаста ба хусусиятҳои радиологии худ боиси марг, зарари вазнин ба саломатӣ ё зарари воқеӣ ба моликият ё муҳити зист гардад.

 

Моддаи 1942. Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии дастгоҳи ядроӣ

 

1) Содир намудани ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии дастгоҳи ядроӣ, инчунин ҳаракатҳои ба истифодабарии дастгоҳи ядроӣ халалрасонанда, ки таъсиррасонии шуоъи радиоактивӣ ё партовҳои маводи радиоактивӣ боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари ҷиддӣ ба моликият ё ба муҳити зист мегардад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, –

бо маҳрум намудан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Зери мафҳуми «дастгоҳи ядроӣ» дар моддаи мазкур дастгоҳе (инчунин биноҳо ва таҷҳизоти бо вай алоқаманде) фаҳмида мешавад, ки дар он истеҳсол, азнавкоркардабароӣ, истифодабарӣ, коркард, нигоҳдорӣ ё гўронидани маводи ядроӣ амалӣ карда мешавад, агар зарар ё дахолат ба истифодабарии чунин дастгоҳ метавонад ба шуоъхўрии зиёди радиоактивӣ ё партови зиёди маводи радиоактивӣ оварда расонад.

 

Моддаи 1943. Ғайриқонунӣ тайёр кардани воситаи таркандаи ядроӣ ё воситаи афканандаи радиатсия

 

1) Ғайриқонунӣ тайёр кардани воситаи таркандаи ядроӣ ё воситаи паҳнкунандаи маводи радиоактивӣ ё афканандаи радиатсия, ки боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари ҷиддӣ ба моликият ё ба муҳити зист мегардад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст‚-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудаанд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки воситаҳои дар моддаи мазкур зикргардидаро бо ихтиёри худ месупорад, агар дар ҳаракати ў дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

 

Моддаи 1944. Ҳамлу нақли ғайриқонунии моддаҳои тарканда, маводи радиоактивӣ, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ дар ҳавопаймо, киштӣ ё нақлиёти хушкигард

 

1) Ҳамлу нақли ғайриқонунӣ дар ҳавопаймо, киштӣ ё нақлиёти хушкигард:

а) ягон моддаи тарканда ё маводи радиоактивӣ, бо дарки он ки онҳо барои расонидан ё ба вуҷуд овардани таҳдиди расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё зарар бо мақсади тарсонидани аҳолӣ ё маҷбур намудани давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ аз он таъин гардидаанд;

б) ҳама гуна силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ бо дарки он ки он силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ мебошад;

в) ҳама гуна маводи ибтидоӣ, ки махсус таҷзия мешавад ё таҷҳизот ё маводе, ки махсус барои коркард, истифодабарӣ ва ё истеҳсоли маводи махсус таҷзияшаванда таъин ё тайёр карда шудаанд, бо дарки он ки онҳо барои истифода дар фаъолияти бо таркишҳои ядроӣ ё дигар фаъолияти ядроӣ алоқаманди бо кафолатҳои мувофиқи созишнома дар бораи кафолатҳои пурра бо Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ фаронагиранда таъин гардидаанд; ва ё

г) ҳама гуна таҷҳизот, мавод ё таъминоти барномавӣ ё ин ки технологияи мувофиқ, ки саҳми назаррасро дар банақшагирӣ, истеҳсол ё расонидани силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ мегузорад, бо нияти истифодаи онҳо ба ин мақсад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан ё расонидани зарари вазнин ба саломатии ягон шахс бинобар содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 1945. Ғайриқонунӣ истифода бурдан ва ё партофтани моддаҳои тарканда, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, моддаҳои хатарнок ва зараррасон аз киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ

 

1) Ба муқобили киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ ғайриқонунӣ истифода бурдан ё ин ки аз киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ партофтани моддаҳои тарканда, маводи радиоактивӣ ё силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, ё ин ки нафт, гази моеи табиӣ ё дигар моддаи хатарнок ё зараррасон ба андоза ва ҳаҷме, ки он боиси марг ё зарари вазнин ба саломатӣ мегардад ё шуда метавонад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бо мақсади тарсонидани аҳолӣ ва ё маҷбур кардани давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои иҷрои ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 195. Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани силоҳ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш

 

1) Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, (ғайр  аз силоҳи суфтамили шикорӣ), лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш, (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1089)

– бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба миқдори калон анҷом дода шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ  ба мўҳлати аз  се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда агар аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад, ҳамчунин ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ  доштан, интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологи (бактириологӣ) ё дигар намуди силоҳи қатли ом ё мавод ё таҷҳизоте, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё гирифта гаштани силоҳи газӣ, ханҷар, корди дудама ё дигар силоҳи сард, аз ҷумла силоҳи ҳаводиҳанда агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,

– бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз як саду ҳаштод то ду саду чил соат ё бо ҷрима ба андозаи аз дусад то паҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: 1) Шахсе, ки ихтиёрӣ предметҳои дар модаи мазкур  номбурдашударо месупорад, агар дар кирдори ў дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

2) Мутобиқи қисми якуми ҳамин модда ҷавобгарии ҷиноятӣ  барои кирдорҳои ғайриқонунӣ бо тирҳо танҳо он вақт ба миён меояд, ки шумораи тирҳо то даҳ дона бошад ва агар ин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад. Барои зиёда аз даҳ дона тир бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ новобаста аз ҷавобгарии маъмурӣ ба миён меояд;

3) Силоҳи оташфишон (ду адад ва зиёда аз он), лавозимоти ҷангӣ (граната, снаряд ва ғайра ду адад ва зиёда аз он, тир 30 адад ва зиёда аз он), миқдори калон ҳисоб карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1089)

 

Моддаи 1951. Ғайриқонунӣ расонидан, ҷойгир намудан, ба кор андохтан ё тарконидани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар

 

Ғайриқонунӣ ва қасдона расонидан, ҷойгир намудан, ба кор андохтан ё тарконидани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар дар ҳудуди ҷойҳои истифодаи ҷамъиятӣ, объекти давлатӣ ё ҳукуматӣ, объекти системаи нақлиёти ҷамъиятӣ ё объекти инфрасохтор, инчунин ба тарзе, ки он ба муқобили онҳо равона шуда, боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон мегардад ё ин ки чунин ҷойҳо, объект ё системаро бағоят хароб сохта, зиёни калони иқтисодӣ мерасонад ё метавонад расонад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур «воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар» аз инҳо иборат аст:

а) силоҳи тарканда ё оташбор ё воситае, ки дорои таъиноти расонидан ё қобили расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё зарари ҷиддии моддӣ мебошад;

б) силоҳ ё воситае, ки бо усули раҳо, паҳн кардан ё таъсир расонидан бо моддаҳои заҳрноки химиявӣ, агентҳои биологӣ ё заҳрҳо ва ё моддаҳои ба онҳо монанд ё ин ки радиатсия ё маводи радиоактивии дорои таъиноти расонидан ё қобили расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё зарари ҷиддии моддӣ мебошад.

 

Моддаи 1952.  Муомилот ва истифодаи моддаҳои оташзананда

 

1) Истеҳсол, тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, фиристодан, интиқол додан, бо худ гирифта гаштани моддаҳои оташзананда, ки барои ба сифати силоҳ истифода бурдан мувофиқ карда шудаанд,

– бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Истифода бурдани моддаҳои оташзананда,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок;

в) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, мазҳабӣ, маҳалгароӣ ё интиқом;

г) ба миқдори калон содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва ё 3 ҳамин модда, агар:

а)  аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми моддаҳои оташзананда дар ҳамин ва дигар моддаҳои Қисми махсуси Кодекси мазкур маҳлул, мавод ва моддаҳое фаҳмида мешаванд, ки новобаста аз тарзи омода намудан дорои қобилияти даргирандагӣ буда, барои истифода бурдан ба сифати силоҳ мувофиқ карда шуда, ҷиҳати расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ, молу мулк ва муҳити зист равона карда шудаанд.

2) Шахсе, ки ихтиёрӣ моддаҳои оташзанандаи дар ҳамин модда зикршударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, барои содир намудани ҷинояти мазкур ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

3) Моддаҳои оташзананда дар ҳаҷми аз 0,5 литр то 1 литр миқдори калон ва зиёда аз 1 литр миқдори махсусан калон ҳисобида мешаванд.  (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1089)

 

Моддаи 196. Ғайриқонунӣ сохтани силоҳ

 

1) Ғайриқонунӣ сохтан ё таъмир кардани силоҳи оташфишон, қисмҳои комплектии (пуркунандаи) онҳо, ҳамчунин ғайриқонунӣ сохтани лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш,-

бо ҷарима ба андозаи аз як то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки такроран ё аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби гурўҳи муташаккил ё дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

4) Ғайриқонунӣ сохтани силоҳи газӣ, ҳамчунин ханҷар, корди дудама ё дигар силоҳи сард, аз ҷумла силоҳи ҳаводиҳанда,-

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз як саду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ предметҳои дар ҳамин модда зикршударо месупорад, агар дар кирдори ў дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

 

Моддаи 197. Нигаҳдошти бепарвоёнаи  силоҳ

 

Нигаҳдошти бепарвоёнаи  силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷнгӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш аз ҷониби дорандаи қонунии онҳо, ки барои онро истифода бурдани шахси дигар шароит фароҳам овардааст ва агар он аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду  ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 198. Иҷрои номатлуби вазифаи ҳифзи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш

 

1) Иҷрои номатлуби вазифаи хеш аз ҷониби шахсе, ки ба зиммааш ҳифзи силоҳ

оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш гузошта шудааст, агар он сабаби тасарруф ё нобуд шудани онҳо ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,-

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Иҷрои номатлуби вазифа оид ба ҳифзи силоҳ зарравӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ) ё дигар намуди силоҳи қатли ом ё мавод ё таҷҳизоте, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, агар ин боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад ё хавфи ба миён омадани чунин оқибатҳоро пеш оварда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 199. Тасарруфи  силоҳ, лавозимоти  ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш

 

1) Тасарруфи силоҳи оташфишон, қисмҳои комплектии (пуркунандаи) он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Тасарруфи силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва дигар намуди силоҳи қатли ом, ҳамчунин мавод ё таҷҳизотҳое, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифодаи зўроварӣ, ки ба ҳаёт ва ё саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ анҷом дода шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

4) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) бо истифодаи зўроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г)  дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 1991. Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)

 

1) Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурўхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори на чандон калон ё дар давоми сол пас аз таъини ҷазои маъмурӣ барои содир намудани чунин кирдорҳо, –

бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдорҳо, агар ба миқдори калон содир шуда бошанд, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон аз бист то сад адад маводи тарфгарии (пиротехникии) барои оташфаввораҳо истифодашаванда, аз панҷоҳ то дусад адад бозичаҳои оташбозӣ ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда), ба миқдори калон зиёда аз сад адад маводи тарфгарии (пиротехникии) барои оташфаввораҳо, зиёда аз дусад адад бозичаҳои оташбозӣ ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда) фаҳмида мешавад.

 

БОБИ 22. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ

 

Моддаи 200. Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан

 

1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ба  миқдори кам,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ  сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда,  агар ба миқдори начандон калон  содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.  (ҚҶТ аз 13.06.13с., №965)

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар :

а) такроран;

б) дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ё дар дигар ҷойҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ, варзишӣ ё дигар чорабиниҳои ҷамъиятӣ истифода бурда мешавад;

в)  аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

г)  ба миқдори калон;

д)  дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.  (ҚҶТ аз 13.06.13с., №965)

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ё сеюм ҳамин модда, агар :

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

г) аз ҷониби гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

д) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлат аз дувоздаҳ то бист сол дода мешавад.  (ҚҶТ аз 13.06.13с., №965)

 

Эзоҳ:

1) Дар моддаҳои  200 – 205- и ҳамин Кодекс ҳамон вақт ҷиноят такроран содир шуда эътироф карда мешавад, ки агар шахс қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин моддаҳоро содир карда бошад.

2) Мафҳуми миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калон, ки дар моддаҳои 200 – 202 ва 204 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, мутобиқи «Номгў ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва перекурсорҳои дар муомилоти ғайриқонунӣ буда», ки дар замимаи №1 Кодекси мазкур  нишон дода шудаанд, муайян карда мешавад.

3) Мафҳуми миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калон дар моддаи 204 нишон дода шуда дар Номгў аз рўи миқдори ниҳоли зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон маъшуда муайян карда мешавад.

 

Моддаи 201. Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ

 

1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр намудан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори кам, –

бо ҷарима ба мндозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё   маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳаракатҳои  пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон  содир  шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол  ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар;

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) дар маҳалли адои ҷазои дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ;

г) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

д)  дар ҳолати рецидиви хавфнок;

е)  ба миқдори калон содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар;

а) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 202. Тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ

 

1) Тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то  паҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) ба миқдори калон содир шуда бошад;

д) бо зўроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи он анҷом дода шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз паҷ то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол  ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатӣ пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) ба миқдори махсусан калон;

в) бо истифодаи зўроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ;

г)  дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок  содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 2021. Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба соҳибияти каси дигар додан, интиқол ё фиристодани прекурсорҳо

 

1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба соҳибияти каси дигар додан, интиқол ё фиристодани прекурсорҳо бо мақсади истифода бурдани онҳо барои истеҳсол ё райёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ба миқдори калон, –

бо  маҳрум сохтан аз  озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  панҷ то ҳафт сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешаванд. (ҚҶТ  аз 5.08.09с., №547)

 

Моддаи 2022. Тасарруфи прекурсорҳо

 

1) тасарруфи прекурсорҳо бо мақсади истеҳсол ё тайёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ  сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 5.08.09с., №547)

2) Ҳамин ҳаракат агар:

а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) такроран;

в) бо истифодаи зўроварие, ки барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи он;

г) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

д) ба миқдори калон содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли масабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ  аз 5.08.09с., №547)

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) бо истифодаи зўроварие, ки барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳтиди истифодаи чунин зўроварӣ;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 203. Моил кардан ба истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ

 

1) Моил кардан ба истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, агар:

а) нисбати шахсони баръало ноболиғ;

б) нисбати ду ё зиёда шахсон;

в) бо роҳи фиреб;

г) бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

д) такроран;

е) дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ;

ж) аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё расонидани дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 204. Парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда

 

1) Парвариш, яъне кишт ё нигоҳубини ғайриқонунии зироатҳое, ки дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда мебошанд, ба миқдори кам содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол  ҷазо дода мешавад.

2) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок;

г) ба миқдори калон содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт  сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он  ҷазо дода мешавад.

4) Ҳаракатҳои  пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми  ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ  сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 205. Ташкил ё нигаҳдошти фасодхона  барои  истеъмоли  воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ

 

1) Ташкил ё нигаҳдории  фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ё  моддаҳои психотропӣ,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то  панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ  то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 206. Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан

 

1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр намудан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд, ки воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ намебошанд, –

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар;

а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) такроран содир гардида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панч то ҳафт сол  бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) вобаста ба моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд ба миқдори калон содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 2061. Вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд

 

1) Вайрон намудани қоидаҳои истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ, додан, фурўш, тақсимот, интиқол, фиристодан, соҳибшудан, истифода, воридот, содирот ё нобуд кардани воситаҳои нашъадор моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, инчунин мавод, асбоб ё таҷҳизоте, ки барои тайёр кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо истифода бурда мешаванд ва таҳти назорати махсус қарор доранд, агар ин кирдор аз ҷониби шахсе анҷом дода шуда бошад, ки он вазифадор аст қоидаҳои зикргардидаро риоя кунад, –

бо ҷарима ба андозаи то паҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Вайрон кардани қоидаҳои истеҳсол, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба ҳисобгирӣ, додан, интиқол ё фиристодани моддаҳои сахттаъсир ё звҳролуд, агар он боиси тасарруфи онҳо ё расонидани дигар зарари ҷиддӣ гардида бошад, –

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (қҷт аз 17.05.04 №35)

 

Моддаи 207. Вайрон намудани қоидаҳои санитарию  эпидемиологӣ

 

1) Вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад. (қҷт аз 17.05.04 с., №35)

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду  то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 208. Ниҳон доштани иттилоот оид ба ҳолатҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии одамон хавфнок мебошанд

 

1) Ниҳон доштан ё таҳриф кардани иттилоот дар мавриди ҳодисаҳо, воқеъаҳо ё рўйдодҳое, ки барои ҳайёт ё саломатии одамон ё муҳити атроф хавфнок мебошад, аз ҷониби шахсе, ки вазифадор аст аҳолиро бо чунин иттилоот таъмин намояд, – (қҷт аз 17.05.04 с., №35)

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ;

б) аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарар расонида бошад ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,-

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 209. Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё  ба соҳибияти каси дигар додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб нмедиҳад

 

1) Истеҳсол, нигоҳ доштан ё интиқол додан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ё ин ки ба соҳибияти каси диагр додани   мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ё саломатии истеъмолкунандагон ҷавоб намедиҳад, ҳамчунин ғайриқонунӣ додани санади расмӣ ё истифодаи чунин санад, ки мутобиқи ин мол, кор ё хизматрасониро ба талаботи бехатарӣ тасдиқ мекунад,

– бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамон мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) вобаста ба мол, ё маҳсулот, кор ё хизматрасоние, ки ба кўдакони то синни шашсола тааллуқ доранд;

б) аз беэҳтиётӣ ба саломатии ду ё бештар ҷабрдидагон зарар расонида бошад;

в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  се  то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми моддаи мазкур, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар ҷабрдидагон гардидааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 210. Ғайриқонуни машғул шудан ба фаъолияти амалии хусусии тиббӣ ва фаъолияти хусусии фармасефтӣ

 

1) Машғул шудан ба фаъолияти амалии хусусии тиббӣ ё фаъолияти хусусии фармасефтӣ аз ҷониби шахсе, ки барои ин фаъолияти интихобнамудааш иҷозатнома (лицензия) надорад, агар ин аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарар ба саломатии инсон  гашта бошад, – (қҷт аз 17.05.04 с., №35)

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳукуки ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар аз беэҳтиёти боиси марги инсон гардида бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 2101. Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўйнабуда, инчунин дорувории мўҳлати истифодааш гузашта

 

1) Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўйнабуда, инчунин дорувории мўҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) ба миқдори махсусан калон;

в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўйнабуда, инчунин дорувории мўҳлати истифодааш гузаштаи дар ҳамин модда пешбинишуда ба миқдори калон арзиши маводҳои дорувории аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд ва ба миқдори махсусан калон аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд фаҳмида мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с., №451).

 

БОБИ 23. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ВА ИСТИФОДАИ НАҚЛИЁТ

 

Моддаи 211. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё обӣ

 

1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ё истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё обӣ аз ҷониби шахсе, ки вобаста ба корҳои иҷронамуда ё вазифаҳои ишғолнамудааш ўҳдадор шудааст  ин қоидаҳоро риоя кунад, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст ё зарар ба миқдори калон ворид намудааст, –

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум намудан аз ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми моддаи мазкур, агар:

а) аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахс;

б) хориҷ карда шудааст;

б) боиси дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъоляти муайян  ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 212. Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт

 

1) Аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобиль ё дигар воситаи нақлиёти механики вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ  ё истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари  миёна ба саломатии инсон гаштааст, –

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъоляти муайян  ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъоляти муайян ба мўҳлати то панҷ  сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз тарафи шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надорад, содир карда шуда, аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст,-  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1467)

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол ҷазо дода мешавад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1467)

5) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз тарафи шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надорад, содир карда шуда, аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва ё зиёда шахсон гардидааст,-  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1467)

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1467)

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ дар моддаи мазкур трактор, дигар мошинҳои худгард, троллейбус, инчунин мотоцикл ва дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ дар назар дошта шудааст.

 

Моддаи 2121. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт

 

  1. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

  1. Тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт, –

бо ҷарима ба андозаи аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.  (ҚҶТ аз 23.07.2016 с., №1331).

 

Моддаи 2122. Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад

 

Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, инчунин аз тарафи ин шахс барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1467)

 

Моддаи 213. Таъмири бадсифати роҳҳо воситаҳои нақлиёт ва ба истифода баровардани онҳо бо  норасоиҳои техникӣ

 

1) Таъмири бадсифати воситаҳои наклиёт, роҳҳо, воситаҳои огоҳони ё алоқа ё дигар таҷҳизоти нақлиёт , ҳамчунин барои истифодабарӣ иҷозат додани нақлиёти аз ҷиҳати техники носоз аз ҷониби шахси масъули ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии ҷабрдида зарари вазнин ё миёна, ё зарар ба миқдори калон расонида бошад, –

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (қҷт аз 17.05.04 с., №35)

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар:

а) аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон;

б) хориҷ карда шудааст; (қҷт аз 17.05.04 с., №35)

б) боиси оқибатҳои дигари вазнин гардида бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 214. Корношоям сохтани воситаҳои наклиёт  ё роҳҳо

 

1)  Хароб кардан, осеб расонидан ё бо усулу воситаҳои дигар барои истифода корношоям гардонидани воситаҳои нақлиёт, роҳҳо, воситаҳои огоҳонӣ ё алоқа ё дигар таҷҳизоти нақлиёт, ҳамчунин муҳосираи роҳҳои нақлиёт, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна ё зарари калон расонида бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабс ба мўҳлати то шаш моҳ ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон гаштааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 215. Ғайриқонуни дар нақлиёти ҳавоӣ бо худ бурдани моддаҳои тарканда ё зуддаргиранда

 

1) Ғайриқонуни дар кишти ҳавоӣ бо худ бурдани моддаҳои тарканда ё зуддаргиранда, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки боиси рўй додани оқибатҳои вазнин гардидааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 216. Вайрон кардани қоидаҳое, ки кори бехатарии  нақлиётро таъмин менамояд

 

1) Аз ҷониби мусофир, пиёдагард ё дигар иштироккунандаи ҳаракат (ба ғайр аз шахсони дар моддаҳои 211 ва 212 ҳамин Кодекс зикр гардида) вайрон кардани қоидаҳои бехатари ҳаракат ё истифодаи воситаҳои нақлиёт, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна  расонида бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба  мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда агар,

а) аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон;

б) сабаби садама;

в) боиси оқибатҳои  дигари вазнин гардида бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 217. Вайрон кардани  қоидаҳои  бехатарӣ  ҳангоми сохтмон, истифодабарӣ ва таъмири хатҳои  қубури  магистралӣ

 

1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сохтмон, истифода ё таъмири хатҳои қубури магистралӣ, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна ё зарар ба миқдори калон расонида бошад, –

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то чор сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон гаштааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 218. Вайрон кардани қоидаҳои парвози  байналмилалӣ

 

Риоя накардани хати парвози муайяншуда, ҷои фуруд дарвозаҳои фазоӣ, баландии парвоз ё вайрон кардани дигар қоидаҳои парвози байналмилалӣ, –

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё корҳои ислоҳӣ ба   мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 219. Худсарона, бидуни зарурат  боздоштани  поезд

 

Худсарона, бидуни зарурат боздоштани поезд бо асбоби боздорӣ (стопкран) бо роҳи ҷудо кардани магистрали ҳавоии тормозӣ ё бо воситаи дигар,  агар он аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон,  чаппашавӣ, осеб дидани қатори поезд ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

ФАСЛИ IX. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ

(қҷт аз 17.05.04 с., №35)

 

БОБИ 24. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ

(қҷт аз 17.05.04 №35)

 

Моддаи 220. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии экологӣ ҳангоми иҷрои кор

 

Вайрон кардани  қоидаҳои  ҳифзи   муҳити   атроф   ҳангоми лоиҳакашӣ, ҷойгирсозӣ, сохтмон, ба истифода додан ё истифодаи иншоотҳои саноатӣ, кишоварзӣ, илмӣ ё дигар объектҳо аз ҷониби шахсоне, ки барои риояи он масъул мебошанд, агар чунин кирдор аз беэҳтиётӣ боиси тағьироти муҳими манзари (фони) радиоактивӣ, марги як ё чанд шахсон, бемории оммавии одамон ё саросар мурдани ҳайвонот ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 221. Қасдан ниҳон доштан ё таҳриф кардани таҳсилот оид ба олудагии муҳити атроф

 

1) Дидаю дониста аз ҷониби шахси мансабдор аз аҳолӣ ниҳон доштани таҳсилот дар бораи олудагии радиоактивӣ, химиявӣ, бактериологӣ ё дигар олудагиҳои барои ҳаёт ё саломатии одамон ё муҳити атроф хавфнок, ҳамчунин ба онҳо баръало додани иттилооти таҳрифшуда оид ба чунин олудагиҳо,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад

2) Ҳамин кирдор, агар;

а) аз беэҳтиётӣ боиси марги як ё зиёда шахсон шуда бошад;

б) сабаби бемории оммавии одамон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 222. Наандешидани тадбир ҷиҳати рафъи  оқибати олудагии экологӣ

 

Саркашӣ аз гузаронидани корҳо  ё  номатлуб  анҷом  додани тадбирҳои дезактивӣ ва барқарорсозӣ дар маҳалҳое, ки бо олудагии экологӣ фаро гирифта шудаанд, аз ҷониби шахсе, ки вазифадор шудааст ин тадбирҳоро андешад, агар он аз беэҳтиётӣ боиси марги як  ё чанд шахсон, бемории оммавии одамон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 223. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо моддаҳо ва партовҳои аз нигоҳи экологӣ хавфнок

 

1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истеҳсол интиқол, нигаҳдошт, гўр кардан, истифода ё дигар муносибат бо моддаҳо ё партовҳои радиоактивӣ, бактериологӣ, химиявӣ, агар он ба расонидани зарари ҷиддӣ ба саломатии инсон ё муҳити табиат таҳдид кунад,-

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол  ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) боиси олудагӣ, сироят ё заҳролудшавии  муҳити табиати атроф гашта бошад, ба саломатии инсон зараровар ва ё боиси   саросар мурдани ҳайвонот гардида бошад;

б) дар минтақаҳои офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемориҳои оммавии инсон ё марги инсон гардида бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 224. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ  ё дигар омилҳои биологӣ ё токсинҳо (моддаҳои заҳролуд)

 

1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ ё дигар омилҳои биологӣ ё токсинҳо, агар он аз беэҳтиётӣ ба саломатии одамон зарар расонида, боиси паҳн гардидани эпидемия (касалиҳои сирояткунанда) ё эпизоотия (муромурии ҳайвонот) ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 225. Вайрон кардани қоидаҳои байторӣ (ветеринарӣ) ва қоидаҳои барои мубориза ба муқобили касалӣ ва ҳашароти зараррасони растанӣ муқарраршуда

 

1) Вайрон кардани қоидаҳои байторӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси паҳн гардидани эпидемия (касалиҳои сирояткунанда), эпизоотия (муромурии ҳайвонот)  ё дигар оқибатҳои вазнин шудааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Вайрон кардани қоидаҳои барои мубориза ба муқобили касалӣ бар зидди ҳашароти зараррасони растанӣ муқарраршуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гаштааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба   мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 226. Ифлос кардани об

 

1)  Ифлос ё олуда кардани обҳои рўизаминӣ ё зеризаминӣ, манбаъҳои оби нўшиданӣ,  мунтазам кам кардани захираҳои об ё бад кардани сифати он ё шакли дигари тағйири хусусиятҳои табиии он, агар  чунин кирдор дар давоми соли баъд аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, –

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) боиси расонидани зарари ҷиддӣ ба олами ҳайвонот ё наботот, захираҳои моҳӣ, хоҷагии ҷангал ё соҳаи кишоварзӣ, гардида бошад;

б) бо сабаби беэҳтиётӣ ба саломатии одамон зарар расонида бошад;

в) боиси муромурии саросари ҳайвонот гашта бошад;

г) дар минтақаҳои мамнўъгоҳи давлатӣ ё парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё   вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад, –

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлатиаз панҷ то ҳашт сол сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 227. Олуда сохтани фазо

 

1) Олуда сохтан ё ба тарзи дигар тағьир додани хосиятҳои табиии ҳаво бо баланд кардани меъёрҳои муайяншуда дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳо, иншоот ё дигар объектҳо, агар ин кирдор ба муҳити табиати атроф зарари ҷиддӣ ворид карда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз   панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо  корҳои ислоҳӣ  ба мўҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се   сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарар расонида бошад, –

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан  аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 228. Хароб кардани замин

 

1) Заҳролуд ё ифлос кардани замин бо маҳсулоти зиёновари хоҷагӣ ё бо дигар навъи фаъолият дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои муносибат бо доруҳои заҳрдор, пору, нумўяи авҷи растанӣ ё дигар моддаҳои хавфноки химиявӣ ё биологи ҳангоми нигаҳдошт, истифода, интиқоли онҳо ҳамчунин дигар усули хароб кардани замин, ки ба саломатии инсон ё ба муҳити табиати  атроф зарари ҷиддӣ ворид кардааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол  ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки дар минтақаи офати экологӣ ё вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шудааст ё аз беэҳтиётӣ ба саломатии одамон зарар расонидааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 229. Вайрон  кардани қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

 

Вайрон кардани қоидаҳои ҳифз ва  истифодаи  сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми лоиҳакаши, ҷойгир намудан, сохтмон, ба истифода додан ва истифодаи корхонаҳои саноатии истихроҷи маъдан ё иншооти зеризаминӣ, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданок алоқаманд нестанд, ҳамчунин худсарона сохтани иншоот дар минтақаҳои ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок, агар чунин кирдор зарари  ҷиддӣ ворид намуда бошад,  –

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо   ё маҳрум кардан аз  ҳуқуқи  ишғоли мансабҳои муайян ё  машғул  шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати  то панҷ сол ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду  сол  ҷазо  дода   мешавад.

 

Моддаи 230. Сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ

 

1) Сайди ғайриқонунии моҳӣ ё дигар намуди ҳайвоноти обӣ, агар ин кирдор:

а) ба миқдори калон зарар оварда бошад;

б) бо истифода аз усули маҳви оммавӣ анҷом дода шуда бошад;

в) дар ҷойҳои тухмгузорӣ ё роҳҳои ҳаракат ба он ҷойҳо

содир шуда бошад;

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ҳафт сол ё ҳабс ба мўҳлати аз се то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки:

а) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи

муташаккил;

в) такроран;

г) дар ҳудуди мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то  ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мўҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 231. Вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи захираи моҳӣ

 

Солронӣ, сохтмони пул, сарбанд, анҷом додани корҳои таркиш ва дигар корҳо, ҳамчунин истифодаи иншоотҳои обгирӣ ва таҷҳизоти обкашӣ бо вайрон намудани қоидаҳои ҳифзи захираи моҳӣ, агар ин кирдор боиси талафоти саросари моҳӣ ё дигар ҳайвоноти обӣ ҳамчунин боиси расонидани зарари ҷиддӣ  аз маҳв гардидани захираи хўрока ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 232. Шикори ғайриқонунӣ

 

1) Шикори ғайриқонунӣ, агар ин кирдор:

а) ба миқдори калон зарар оварда бошад;

б) бо истифода аз воситаҳои нақлиёти механикӣ ё кишти ҳавоӣ, моддаҳои тарканда, газҳо ё дигар усулҳои маҳви саросари паррандагон ва ҳайвонот содир шуда бошад;

в) бо шикори паррандагон ва ҳайвонот, ки шикори онҳо пурра манъ шудааст, алоқаманд бошад;

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё ҳабс ба мўҳлати аз се то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурўҳи муташаккил; (қҷт аз 17.05.04 №35)

в) дар ҳудуди мамнўъгоҳ, парваишгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то  ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 233. Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок қарордоштаи зисти организмҳо, ки ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд

 

Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок қарордоштаи  зисти организмҳо, ки ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд ва сабаби маҳви паҳншавии ин организмҳо гардидаанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 234. Ғайриқонунӣ буридани дарахт  ва буттаҳо

 

1) Ғайриқонунӣ буридани дарахт, буттаҳо ё изғичи печон ё ҳамчунин расонидани зараре, ки ба сабзиши ояндаи онҳо дар ҷангалзори гурўҳи якум ё қитъаҳои махсус ҳифзшавандаи ҳамаи гурўҳи ҷангалзорҳо имконнопазир гардидааст, инчунин дарахту бутта ва изғичи печон, ки ба фонди ҷангал дохил нашудааст ё буридани онҳо манъ шудааст, агар бо ин кирдор зарари ҷиддӣ расонида шуда бошад,-

бо  корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду шаст то дусаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол  ҷазо дода мешавад.

2) Ғайриқонунӣ буридан ё расонидани зараре, ки сабзиши чунин дарахту бутта ва изғичи печон, дигар намуди ниҳолу буттаҳои ба фонди ҷангал дохилнашударо дар ҳама гурўҳҳои ҷангал имконнопазир гардонидааст, агар ин кирдор,

а) такроран;

б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

в) боиси расонидани зарар ба миқдори калон гардида бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ё ҳабс ба мўҳлати аз ду то шаш моҳ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 2341. Муомилоти ғайриқонунии шираи камол

 

1) Ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани шираи камол ба миқдори на чандон калон, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи зўроварӣ;

д) ба миқдори калон содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ба миқдори на чандон калон дар моддаи мазкур зиёда аз ду килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 20 бехи буттаи камол ва ба миқдори калон зиёда аз даҳ килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 100 бехи буттаи камол фаҳмида мешавад.(ҚҶТ аз 31.12.08с №457).

 

Моддаи 235. Несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба ҷангал

 

1) Несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба ҷангал, инчунин ба дарахтзоре, ки ба фонди ҷангал дохил нашудааст, дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона бо оташ, моддаҳои тарканда ё дигар манбаи ниҳоят хатарнок,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Несту нобуд кардан ё расонидани осеб ба ҷангал, ҳамчунин ба дарахтзоре, ки ба фонди ҷангал дохил нашудааст, бо роҳи  оташ задан ё дигар усули хатарноки умумидошта ё дар натиҷаи ифлоскунии он бо моддаҳои зарарнок, партов, оби ифлос ё дигар мавод,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то  се сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдор, агар ба миқдори калон зарар расонда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то  ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 236. Вайрон кардани низоми ҳудудҳо ва объектҳои табии махсус ҳифзшаванда

 

Вайрон кардани низоми мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ, ёдгориҳои табиат ё дигар ҳудудҳои табиии аз ҷониби давлат махсус ҳифзшаванда, ки боиси расонидани зарари ҷиддӣ гардидааст,-

 бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё ҳабс ба мўҳлати аз чор то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар ин боб таҳти мафҳуми зарари ҷиддӣ ҳисобу китобе дар назар дошта шудааст, ки мутобиқи таксаҳои муайяншуда зарар аз андозаи ҳадди ақали нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар  лаҳзаи  содир гардидани ҷиноят сӣ маротиба бештар мебошад, таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон бошад  бештар аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  дар назар дошта шудааст.

 

ФАСЛИ X. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБОТӢ ҶАМЪИЯТӢ ВА АХЛОҚ 

БОБИ 25. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АХЛОҚ

 

Моддаи 237. Авбошӣ

 

1) Авбошӣ,  яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба зоҳир мегардад ва бо зўроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ, ҳамчунин несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр алоқаманд мебошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) боиси ворид намудани зарари миёна ба саломатӣ гардида бошад;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё муташаккил ё такроран;

в) бо нишон додани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи  ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба ўҳда дорад ё ба шахсе, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ монеъ шудааст;

г) бо бешармии хоса, ки дар беэътиноии ошкоро нисбати меъёрҳои қабулшудаи одобу ахлоқ ифода ёфтаанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Авбошие, ки бо:

а) истифодаи силоҳ ё предмети ба сифати силоҳи истифодашаванда ;

б) дар ҳолати  рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 2371. Вандализм

 

Вандализм, яъне зишту касиф намудани бино ва дигар иншоотҳо, расонидани зиён дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,-

бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз шаст то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 238. Ба фоҳишагӣ ҷалб намудан

 

1) Ҷалб намудан ба фоҳишагӣ бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он, истифодаи вазъи тобеият, иръоб (шантаж), таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк ё бо роҳи фиреб,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё. маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар такроран ё аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 239. Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ

 

Ташкил ё  нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ  бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ, –

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 240. Ташкил  ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ

 

Ташкил  ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз шаш то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №487)

 

Моддаи 241. Ғайриқонунӣ тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ

 

1) Ғайриқонунӣ тайёр кардан ва (ё) гузаронидан тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё реклама кардан ва ё паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё  рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ,

– бо ҷарима ба андозаи аз дусад то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд. 

2) Паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ дар байни ноболиғон ва ё ҷалб намудани ноболиғ ба муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳ расида содир шудаанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ба мӯҳлати то панҷ  сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд. 

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;

б) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет);

в) бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон содир шудаанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ  ба  мӯҳлати аз  панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ба мӯҳлати то панҷ  сол ҷазо дода мешаванд.

 

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми даромад ба миқдори калон дар моддаи мазкур, инчунин дар моддаи 2411 ҳамин Кодекс даромад ба андозаи бештар аз дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо фаҳмида мешавад.

(ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 2411. Тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон

 

1) Тайёр кардан,  соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва (ё) гузаронидан тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё реклама кардан ва ё паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ба мӯҳлати то панҷ  сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

2) Ҳамин кирдорҳо, ки:

а) аз ҷониби  падару модар ё дигар шахси қонунан ба зиммааш тарбияи ноболиғ гузошташуда, ҳамчунин омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ, тарбиявӣ ё муолиҷавӣ;

б) нисбати шахси баръало ба синни чордаҳ нарасида;

в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;

г) бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон;

д) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет) содир шудаанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ  сол ҷазо дода мешаванд.

(ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 2412. Истифодаи ноболиғ бо мақсади истеҳсол намудани мавод ё предметҳои порнографӣ

 

1) Суратгирӣ, наворбардории кино ё видеоии ноболиғ бо мақсади истеҳсол ва (ё) паҳн намудани мавод ё предметҳои порнографӣ ва ё ҷалб намудани ноболиғ ба сифати иҷрокунанда барои иштирок дар чорабиниҳои намоишии хусусияти порнографӣ, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳ расида содир шудаанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.

2) Ҳамин кирдорҳо, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;

в) нисбати шахси  баръало ба синни чордаҳ нарасида;

г) бо  истифодаи  шабакаҳои  иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет) содир шудаанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.

(ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 242. Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих ва фарҳанг

 

1) Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих, фарҳанг, комплексҳои табиӣ ё  обектҳое, ки таҳти ҳифзи давлат қарор доранд, ҳамчунин предмет ё аснод, ки дорои арзиши таърихӣ ё фарҳангӣ мебошанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё  маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки вобаста ба объект ё ёдгориҳои махсусан арзишнок содир шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 243. Таҳқири ҷасади фавтидагон ва  гўри онҳо

 

1) Таҳқири ҷасади фавтидагон ё несту нобуд ё вайрон намудан ё касиф сохтани қабристони онҳо, сохтмонҳои рўи қабр ё бинои гўри, ки барои маросими дафн ё ёдбуди гузаштагон пешбинӣ шудаанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё ҳабс ба мўҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ё гурўҳи муташаккил;

б) аз рўи ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ;

в) ба муқобили ҳайкалу пайкара ё иншооти меъморӣ, ки ба муборизаи зидди фашизм ё ба қурбониёни фашизм, ё қабристони иштирокчиёни мубориза бар зидди фашизм бахшида шудаанд;

г) бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

ФАСЛИ ХI. ҶИНОЯТҲО ДАР СОҲАИ ИҚТИСОДИЁТ 

БОБИ 26. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ МОЛИКИЯТ

 

Моддаи 244. Дуздӣ

 

1) Дуздӣ, яъне  тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр,-

бо ҷарима ба андозаи панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба  ҳамин мўҳлат сол ҷазо дода мешавад

2) Дуздие, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба шаҳрванд зарари ҷиддӣ расонидааст;

г) бо роҳи ғайриқонунӣ дохил шудан ба манзил, бино ё дигар амборхонаҳо содир шуда бошад,-

 бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад

3) Дуздие,ки:

а) ба миқдори калон;

б) бо истифода  аз шароити офати табиӣ ё ҷамъиятӣ:

в)  дар ҳолати рецидиви хавфнок содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

4) Дуздие,ки:

а)  дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон,-

в) аз ҷониби гурўҳҳи муташаккил содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми тасарруф дар моддаҳои Кодекси мазкур ғайриқонунӣ, боғараз, ройгон гирифтан   ва (ё) ситонидани молу мулки ғайр ба фоидаи гунаҳгор ё дигар шахсон дар назар дошта шудааст.

2) Таҳти мафҳуми ба миқдори калон  дар моддаҳои ҳамин боб андозаи арзиши молу мулке дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал як ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон арзиши молу мулке фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Андозаи зарари ба моликияти шахсӣ расонидашуда (ҷиддӣ, калон ва махсусан калон) аз рўи аҳволи моддии ҷабрдида муайян карда мешавад.

3) Таҳти мафҳуми такроран (такрорӣ) дар моддаҳои 244-251, 254 ва 257 ҳамин Кодекс ҷинояте дар назар дошта шудааст, ки агар қабл аз он як  ё якчанд ҷинояти пешбининамудаи ҳамин моддаҳо, ҳамчунин дар моддаҳои 186, 194, 199, 202 ҳамин Кодекс пешбинишуда,  содир шуда бошад.

4)  Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тасарруфи молу мулки давлатӣ ё дастаҷамъӣ (ғайр аз ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва тамаъҷўӣ) дар ҳолатҳое ба миён меояд,  ки  агар арзиши молу мулки тасарруфшуда аз даҳ андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тасарруфи молу мулки шахсӣ новобаста аз арзиши он ба миён меояд.

 

Моддаи 245. Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

 

1) Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёри ў мебошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;

г) бо истифодаи ваколати мансабдорӣ содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) ба миқдори калон;

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то якҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то чор сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

б) ба миқдори  махсусан калон содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 246. Тасарруфи пулу молӣ ба тариқи кредит додашуда

 

1) Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2) Ҳамин кирдор, агар:

а)  такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба миқдори калон содир шуда бошад; –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон;

в) аз ҷониби гурўҳи  муташаккил содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз якҳазору чорсаду шаст то дуҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз   ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 247. Қаллобӣ

 

1) Қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи  боварӣ,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду солҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2) Қаллобие, ки :

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;

г) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст,-

бо ҷарима ба андозаи  аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

3) Қаллобие, ки;

а)  ба миқдори калон;

б)  аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

в) дар ҳолати рецидиви  хавфнок содир шудааст,-

бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

4) Қаллобие, ки:

а) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон содир шудааст,-

бо ҷарима ба андозаи  аз якҳазору чорсаду шаст то дуҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  ҳашт  то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 248. Ғоратгарӣ

 

1) Ғоратгарӣ, яъне ошкоро тасарруф кардани молу мулки ғайр,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол  ҷазо дода мешавад.

2) Ғоратгарие, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;

г) бо истифодаи зўроварии барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ва ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ;

д) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба манзил, бино ё дигар анборхонаҳо  содир шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  панҷ то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ғоратгарие, ки:

а) бо истифода аз шароити офати табиӣ ё ҷамъиятӣ;

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

г)  дар ҳолати рецидиви  хавфнок содир шудааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то дувоздаҳ   сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

4) Ғоратгарие, ки:

а) дар ҳолати рецидиви  махсусан хавфнок;

б) ба миқдори  махсусан калон содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ    сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 249. Роҳзанӣ

 

1) Роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зўроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ содир  шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Роҳзание, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо  роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба манзил, бино ё дигар анборхонаҳо содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Роҳзание, ки;

а) бо мақсади ба миқдори калон ба даст овардани молу мулк;

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

в) бо истифода аз шароити офати табиӣ ё ҷамъиятӣ;

г) бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ;

д) дар ҳолати рецидиви хавфнок содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

4) Роҳзание, ки;

а) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

б) бо  мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани  молу мулк;

в) бо истифодаи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ё моддаҳои тарканда содир  шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк  ҷазо дода мешавад.

Моддаи 250. Тамаъҷўӣ

 

1) Тасарруф бо роҳи тамаъҷўӣ, яъне талаби додани молу мулки ғайр ё ҳуқуқ ба молу мулк ё содир намудани дигар кирдори дорои хусусияти молу мулкӣ бо таҳдиди ифшои таҳсилотҳои беобрўкунанда (бадномкунанда) нисбати ҷабрдида ё наздикони ў, ошкор кардани чунин таҳсилотҳо  оид ба ҳолатҳое, ки вай   мехоҳад онро ниҳон дорад, ҳамчунин бо таҳдиди истифодаи зўроварӣ нисбат ба ў ё наздикони  ў ё бо таҳдиди несту нобуд,  вайрон  кардани молу мулки ғайр, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Тамаъҷўие, ки:

а) такроран;

б) бо истифодаи зўроварӣ;

в) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содиршуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Тамаъҷўие, ки:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ;

в) дар ҳолати рецидиви  хавфнок;

г) бо мақсади ба  миқдори калон ба даст овардани молу мулк содир шудааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

  1. Тамаъҷўие, ки :

а) дар ҳолати рецидиви  махсусан хавфнок;

б) бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк;

в) бо истифодаи силоҳ, лавозимоти ҳарбӣ ё моддаҳои тарканда содиршуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 251. Тасарруфи ашьё ё асноди дорои арзиши  махсус

 

1) Тасарруфи ашьё  ё  асноди дорои арзиши махсуси таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ё фарҳангӣ, сарфи назар аз тарзи тасарруфи он,-

бо ҷарима ба андозаи  аз нӯҳсаду дувоздаҳ то якҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.(ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2) Ҳамин кирдорҳо, агар:

а)  такроран;

б) гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешаки ё  аз ҷониби гурўҳи муташаккил, содир шуда бошад;

в) боиси несту нобуд, хароб ё вайрон кардани ашьё ё асноди дар қисми якуми ҳамин модда нишондодашуда гардида бошад ,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то дуҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.(ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 252. Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф

 

1) Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобиль ё дигар воситаҳои нақлиёт  бидуни мақсади тасарруф (рабудан); –

ба ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар;

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо зўроварӣ, ки барои ҳаёт ё саломатии ҷабрдида хавфнок намебошад ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ содир шудааст, –

бо   маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар :

а)  бо расонидани зарар ба миқдори калон;

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

в) бо истифодаи зўроварӣ, ки барои ҳаёт ё саломатии ҷабрдида хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ содир шудааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 253. Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи  фиреб ё сўиистифодаи боварӣ

 

1) Расонидани зарари молу мулкӣ ба молик ё дигар соҳиби молу мулк бо роҳи фиреб ё сўиистифода аз боварӣ   ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои тасарруф; –

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад; –

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то ҳафтсаду сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то чор сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б)  бо расонидани зарар ба  миқдори калон содир шуда   бошад;

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда  барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 254. Соҳиб  шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани молу мулке, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда  шудааст

 

1) Соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё ба соҳибияти каси дигар додани молу мулки   қаблан ваъдадоданашудае, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст, –

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё  маҳрум  сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад; –

бо ҳабс ба мўҳлати то шаш моҳ  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 255. Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк

 

1) Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ки зарари ҷиддӣ расонидааст; –

бо ҷарима ба андозаи  аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ  ба ҳамин мўҳлат сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо роҳи оташ задан, таркиш ё дигар усули хавфи умумидошта содир шуда бошад;

б)  аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

в) зарар ба миқдори калон расонида бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол  ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 256. Аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё  вайрон кардани молу мулк

 

Несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ки  аз сабаби муносибати беэҳтиётона бо оташ ё манбаи хатари умумидошта содир шудааст  ё  ба миқдори калон зарар расонидааст ё ба дигар оқибатҳои вазнин оварда расонидааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  корҳои ислоҳи меҳнати ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 257. Тасарруфи воситаи фондҳои  кўмаки хориҷӣ

 

1) Тасарруфи  воситаи фондҳои кўмаки хориҷӣ, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2) Ҳамин кирдорҳо, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба миқдори калон;

г)  бо истифодаи зўроварӣ, ки ба ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то якҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то ҳафт сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

3) Кирдорҳои пешбинишудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) хориҷ карда шудааст.

б) бо роҳи роҳзанӣ ё тамаҷъўӣ;

в) дар миқдори махсусан калон содиршуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

 

Эзоҳ: Дар ҳолати нарх надоштани  воситаҳои фондҳои кўмаки хориҷӣ арзиши он аз рўи нархи бозорӣ, ки дар рўзи содиршавии ҷиноят ҷой дорад, ҳисоб карда мешавад.

 

БОБИ 27. ҶИНОЯТҲО ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ

 

Моддаи 258. Монеъ шудан ба фаъолияти  қонунии соҳибкорӣ

 

1) Радди ғайриқонунии бақайдгирии соҳибкории инфиродӣ ё корхона ё корхонаи тиҷоратӣ ё саркашӣ аз бақайдгирии онҳо, радди ғайриқонунии додани иҷозати махсус (лицензия) барои татбиқи фаъолияти муайян ё саркашӣ аз додани чунин иҷозатнома, ғайриқонунӣ маҳдуд сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкории инфиродӣ ё корхона ё корхонаи тиҷоратӣ, ҳамчунин дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти онҳо, ки аз ҷониби шахси мансабдор бо сўиистифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати се сол ҷазо дода мешавад; (ҚҶТ аз 21.07.10с., №617)

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо риоя накардани қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд;

б) ба миқдори калон зарар  расондааст содир шуда бошад,

– бо ҷарима ба андозаи аз  сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлти то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ бо мўҳлати то се сол ҷазо дода  мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10с., №617)

 

Моддаи 259. Соҳибкории ғайриқонунӣ

 

1) Татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус (лицензия) дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозат (лицензия) ҳатмӣ мебошад ё бо вайрон кардани шартҳои лицензиякунонӣ ва (ё) бо роҳи истифода бурдани шахсони дигар, инчунин машғул шудан ба намудҳои манъшудаи фаъолияти соҳибкорӣ, ки бо ба даст овардани даромад  ба миқдори калон ё расонидани зарар ба микдори калон ба манфиати шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ ё ба давлат   содир шудааст (ҚҶТ аз 14.05.16. №1305),

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил:

б) бо ба даст овардани даромад ба  миқдори махсусан калон;

в) аз ҷониби шахси қаблан барои соҳибкории ғайриқонунӣ ё фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ судшуда содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи  аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё   бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10с., №617)

 

Моддаи 2591. Истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда

 

  1. Истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл бо мақсади муомилот ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда ки ҳатман бояд бо маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқатии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда тамға карда шаванд, агар он ба миқдори калон содир шуда бошад,

– бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати  то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10с., №617)

  1. Ҳамин кирдор агар:

а) аз  ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ё гурўҳи муташаккил;

б) ба миқдори  махсусан калон содир шуда бошад,

– бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10с., №617)

 

Эзоҳ: 1) Дар моддаҳои 258, 259 ва 2591-и Кодекси мазкур таҳти мафҳуми даромад ё зарар ба миқдори калон, даромад ё зараре фаҳмида мешавад, ки он аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд мебошад ва таҳти мафҳуми даромад ба миқдори махсусан калон даромаде фаҳмида мешавад, ки андозаи он аз ду ҳазор  нишондиҳанда  барои  ҳисобҳо  зиёд мебошад.

2) Таҳти мафҳуми даромад, ки дар боби мазкур  пешбинӣ шудааст, фоида аз фарқи байни маблағи сарфшуда ва дохилшуда  фаҳмида мешавад.

3) Дар моддаҳои боби мазкур зарар ба миқдори калон ба манфиати шаҳрвандон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо  панҷсад маротиба зиёд мебошад.

(ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 260. Ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии)  ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ

 

1) Ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ ба воситаи шахсони дигар ва ё истифода бурдани чунин шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони дигар (ҚҶТ аз 14.05.16. №1305),

– бо ҷарима ба андозаи то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдорҳо, ки:

а) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш;

б) аз ҷониби  гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шудаанд,

– бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати  то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ  ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол  ҷазо дода мешаванд.

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур таҳти мафҳуми шахсони дигар  шахсоне фаҳмида мешаванд, ки  муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақомоти идоракунии шахси ҳуқуқӣ буда, бо роҳи гумроҳ намудани онҳо шахси ҳуқуқӣ ташкил (таъсис, азнавташкилдиҳӣ)  шуда буд.

(ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 2601. Истифодаи ғайриқонунии ҳуҷҷатҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ

 

1) Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё додани ваколатнома, агар ин ҳаракатҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ бо мақсади содир намудани як ё якчанд ҷиноятҳо вобаста ба амалиёти молиявӣ ва ё аҳдҳо бо маблағи пулӣ ё дигар молу мулк содир шуда бошанд,

– бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то як сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешаванд.

2) Соҳиб шудан ба ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё истифодаи маълумоти шахсӣ, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, агар ин кирдорҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ бо мақсади содир намудани як ё якчанд ҷиноятҳо вобаста ба амалиёти молиявӣ ё аҳдҳо бо маблағи пулӣ ё дигар молу мулк содир шуда бошанд,

– бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсаду чилу ҳашт  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешаванд.

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми соҳиб шудан ба ҳуҷҷати тас-диқкунандаи шахсият дар моддаи мазкур дар асоси музднок ё ройгон ба даст овардани он, азонихудкунии ҳуҷҷати ёфтшуда ё тасарруфшудаи тасдиқкунандаи шахсият, инчунин бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз боварӣ соҳиб шудан ба  он фаҳмида мешавад.

(ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 261. Бақайдгирии аҳди ғайри-қонунӣ бо замин

 

Дидаю дониста бақайд гирифтани аҳди ғайриқонунӣ  бо  замин, таҳриф намудани таҳсилотҳои баҳисобгирии Кадастри давлатии замин, ҳамчунин қасдан кам кардани андозаи пардохтҳо барои замин, агар ин кирдорҳо бо ғараз ё  дигар манфиатҳои шахсӣ аз ҷониби шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ анҷом дода шуда бошад;

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол   ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 262. Қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда

 

1) Анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рӯйпӯш ва пинҳон намудани сарчашмаи  ба даст овардани ин молу мулк ва ё  мусоидат намудан ба ҳар гуна шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ  иштирок намудааст, то ки ӯ тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рӯйпӯш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, ҳамчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории  чунин молу мулк, (ҚҶТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 13.06.13с., №966)

2)  Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) ба миқдори калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.(ҚҶТ аз 13.06.13с., №966)

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошанд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.

Эзоҳ: 1) Шахсе, ки дар қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда иштирок кардааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҳамин кирдор озод карда мешавад, агар ӯ пас аз содир намудани ҷиноят ихтиёрӣ омада, ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат кунад ва (ё) ихтиёран даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаашро супорида бошад.

2) Таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаи мазкур андозаи даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дасовардашудае дар назар дошта шудааст, ки аз  андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон андозаи маблағҳои пулӣ ё арзиши молу мулке фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо  панҷ ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. (ҚҶТ аз 13.06.2013с.№966)

3) Даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда – ҳама гуна молу мулке, ки бевосита ё бавосита дар натиҷаи содир намудани ҷиноят ба даст оварда шудаанд.

4) Агар даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда қисман ё пура ба дигар молу мулк табдил дода шуда бошанд ё ба шакли дигар гардонида шуда бошанд, он гоҳ чунин молу мулк мусодира карда мешавад.

5) Агар даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда  ба молу мулки аз сарчашмаҳои қонунӣ гирифташуда ҳамроҳ карда шуда бошанд, он гоҳ бе расонидани зарар ба ҳар гуна ваколатҳои марбут ба манъ ё ҳабси он қисми молу мулк, ки ба арзиши даромадҳои ҳамроҳшуда мувофиқ меояд, мусодира карда мешавад. 

6) Нисбат ба фоида ё дигар манфиатҳое, ки аз  даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда аз молу мулке, ки даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба он табдил дода шудаанд ё ба шакли дигар гардонида шудаанд ё аз молу мулке, ки ба он  даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда  ҳамроҳ карда шудаанд, гирифта шудаанд, чораҳои дар моддаи мазкур зикршуда бо ҳамон тарз ва дараҷае, ки нисбат ба  даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда  пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда мешаванд.

7) Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва дигар молу мулке, ки   бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд,  инчунин фоида ё дигар манфиатҳое, ки аз ин даромадҳо ба даст оварда шудаанд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 78 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.(ҚҶТ аз 13.06.2013с.№966)

 

Моддаи 263. Фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ

 

1) Татбиқи фаъолияти бонкӣ (амалиёти бонкӣ) бидуни бақайдгирӣ ё иҷозатномаи махсус (лицензия) дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад, ё бо вайрон кардани шартҳои лицензиякунонӣ, агар ин кирдор бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон вобаста бошад ё ба манфиати шаҳрванд,  ташкилотҳои тиҷоратӣ ё  ғайритиҷоратӣ  ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошад; –

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё   маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати  то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни  он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б)  бо  ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон;

в) аз ҷониби шахсе, ки қаблан барои фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ ё соҳибкории ғайриқонунӣ судшуда содир гардида бошад; –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  се то панҷ сол  бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

Эзоҳ:  Даромад ё зарар ба миқдори калон чунин даромад ё зарарест, ки маблағи он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал як ҳазор маротиба ва даромади махсусан калон аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо се ҳазор маротиба зиёдтар мебошад.

 

Моддаи 264. Ғайриқонунӣ гирифтани кредит

 

1) Аз ҷониби шаҳрванд, соҳибкори инфиродӣ ё роҳбарӣ ташкилот гирифтани   кредит, иловапулӣ (дотация) ё дигар шароити имтиёзноки кредитгузорӣ бо роҳи ба бонк ё дигар муассисаи кредити баръало пешниҳод кардани таҳсилоти таҳрифшуда оид ба вазъи хоҷагидорӣ ё молиявии шаҳрванд, соҳибкории инфиродӣ ё ташкилот ё оид ба дигар ҳолатҳое, ки барои гирифтани  кредит, иловапулӣ ё шароити имтиёзноки кредитгузорӣ заруранд, (ҳангоми мавҷуд набудани нишонаҳои тасарруфи молу мулки ғайр), –

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то ҳафтсаду сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё   маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то чор сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2) Ғайриқонунӣ гирифтани кредити мақсадноки давлатӣ ё кредите, ки дар зери кафолати давлатӣ дода мешавад, ҳамчунин бар хилофи мақсад истифода  бурдани онҳо, агар ин кирдор ба шаҳрванд, ташкилот ё давлат  ба миқдори калон зарар расонида бошад (ҳангоми мавҷуд набудани нишонаҳои тасарруфи молу мулки ғайр);

-бо ҷарима ба андозаи аз  сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо   ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

Эзоҳ: Зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёд мебошад.

 

Моддаи 265. Ғайриқонунӣ додани кредит

 

Ғайриқонунӣ додани ҳама гуна кредит ё ба ин мусоидат кардани шахсоне, ки бо истифода бурдани вазифаи хизматиаш мебоист ё метавонист ин кирдорҳоро ба ҷо оварад; –

бо ҷарима ба андозаи аз  як дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 266. Саркашии бадқасдона аз адои  қарзи кредиторӣ

 

Саркашии бадқасдонаи роҳбари ташкилот,  соҳибкори инфиродӣ ё шаҳрванд  аз адои қарзи кредиторӣ ба миқдори   калон ё аз пардохти коғазҳои қиматнок пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд; –

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми қарзи кредиторӣ ба миқдори калон  –  қарзи шаҳрванд ба андозаи бештар аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал ва қарзи корхона ба андозаи бештар аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар назар дошта шудааст.

 

Моддаи 267. Маҷбур кардан ба бастани аҳд ё ба саркашӣ кардан аз бастани он

 

1) Маҷбур кардан ба бастани аҳд ё ба саркашӣ кардан аз бастани он бо таҳдиди истифодаи зўроварӣ, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ҳамчунин паҳн намудани таҳсилотҳое, ки ҷабрдида мехоҳад  онро ниҳон дорад (дар ҳолати набудани аломатҳои тамаъҷўӣ),-

бо ҷарима ба андозаи аз  панҷсад то як ҳазор  нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду  сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) бо истифодаи зўроварӣ;

в) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад;

г) ба ҷабрдида ба миқдори калон зарар расонида бошад, –

бо  маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 268.  Ғайриқонунӣ истифода бурдани  маблағ

 

1) Кирдори бадқасдонаи роҳбари муассисаи кредитӣ ё корхона, сарфи назар аз шакли моликият, ки бо мақсади ғараз ё манфиатдории шахсӣ маблағи пулии дар суратҳисоби худ бударо ба суратҳисоби ташкилоти дигар ғайриқонунӣ гузаронидааст, ҳамчунин тартиботи муқарраршударо вайрон карда, маблағи пулиро ба тарзи дигар истифода бурдааст  ё дигар маблағи буҷетиро ғайримақсад истифода бурдааст, агар ин кирдор ба манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхона ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо   ё маҳдуд кардани озодӣ ба  мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2). Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба миқдори махсусан калон зарар расонида бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

Эзоҳ: 1) Дар таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон чунин зарарест, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал панҷсад маротиба ва зарар ба миқдори махсусан калон аз ду ҳазор маротиба зиёд мебошад.

3) Ҳангоми муайян намудани андозаи (миқдори) зарари расонидашуда ғайр аз зиёни бевосита ҳамчунин фоидаи аз даст рафтаро ба ҳисоб гирифтан зарур аст.

 

Моддаи 269.  Ҳаракати ғайриқонунӣ ҳангоми муфлисшавӣ

 

1) Пинҳон кардани молу мулк ё ўҳдадориҳои молу мулкӣ, таҳсилот дар  бораи молу мулк, миқдори он, маҳалли ҷойгиршавӣ ё дигар таҳсилот оид ба молу мулк, ба ихтиёри дигар кас  вогузоштани молу мулк, бегона кардан ё несту нобуд кардани молу мулк, ҳамчунин пинҳон, несту нобуд ё таҳриф кардани асноди муҳосибавӣ ё дигар асноди баҳисобгирии бухгалтерӣ, ки фаъолияти иқтисодиро дар бар мегиранд, агар ин кирдор аз ҷониби роҳбар ё моликӣ ташкилоти қарздор ё соҳибкори инфиродӣ ҳангоми муфлисшавӣ ё ҳангоми пешбинии муфлисшавӣ содир шуда, ки  ба миқдори калон  зарар расонида бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо    ё  ба корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Дидаю дониста бар зарари кредиторони дигар ғайриқонунӣ қонеъ намудани талаботи молу мулкии кредиторони алоҳида аз ҷониби роҳбар ё моликӣ ташкилоти қарздор ё соҳибкори инфиродӣ, ки аз вазъияти воқеии нодории худ (муфлисӣ) огоҳанд, ҳамчунин қабул намудани чунин шакли қонеъгардонӣ аз ҷониби кредиторе, ки бар зарари дигар кредиторон аз бартарии ба ў фароҳам овардаи қарздор (нодор) огоҳ аст, агар ин кирдор ба миқдори калон  зарар расонида бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол  ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 270.   Муфлисии бадқасдона

 

Бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар  вонамуд  сохтан ё зиёд кардани андозаи ғайри қобили пардохт будани корхонаи тиҷоратӣ аз ҷониби молик ё роҳбари он, ҳамчунин аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, агар он ба миқдори калон зарар расонида бошад,  ё ба дигар оқибатҳои вазнин оварда расонад,-

бо ҷарима ба андозаи аз  дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан  аз  озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 271. Муфлисии сохта

 

Муфлисии сохта, яъне дидаю дониста аз ҷониби роҳбар ё молики корхонаи тиҷоратӣ, ҳамчунин соҳибкори инфиродӣ эълон кардани муфлисӣ бо мақсади ба таҳлука андохтани кредиторон барои дароз кардани мўҳлат (отсрочка) ё қисм ба қисм додани(рассрочка) пардохти маблағ ба кредиторон ё тахфифи қарзҳо, ҳамчунин барои надодани қарзҳо, ки ба миқдори калон зарар расонидааст,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. . (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

Эзоҳ: Дар моддаҳои 269, 270 ва 271-и Кодекси маскур зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки агар он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо  аз як ҳазор маротиба зиёд бошад.

 

Моддаи 272 бо қҷт аз 17.05.04 с., №35 хориҷ карда шудааст

 

Моддаи 273. Кирдори  инҳисорӣ (монополистӣ) ва маҳдуд  кардани рақобат

 

1) Кирдори инҳисорӣ (монополистӣ), ки бо роҳи муқаррар намудани нархҳои баланди инҳисорӣ ё нархҳои пасти инҳисорӣ содир шудаанд, ҳамчунин маҳдуд кардани рақобат бо роҳи тақсим кардани бозор, маҳдуд кардани дохилшавӣ ба бозор, аз он танг карда баровардани дигар субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ, муқаррар намудан ё нигоҳ доштани нархи ягона,-

бо ҷарима ба андозаи дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳти пешакӣ содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр ё таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр бидуни нишонаҳои тамаъҷўӣ;

в) бо сўиистифодаи мақоми хизматӣ;

г) аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору ҳаштсаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 274. Бадқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории савдои оммавӣ ё тендер, ё музоядаҳо (аукцион)

(қҷт аз 17.05.04 с., №35; ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

Бадқасдона вайрон  кардани  қоидаҳои  баргузории савдои оммавӣ ё тендер, ё музоядаҳо, ки ба молики молу мулк, созмондиҳандаи савдо ё тендер, ё музояда, харидор ё дигар субъекти хоҷагидорӣ ба миқдори калон зарар расонидааст (қҷт аз 17.05.04 с., №35; ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330).

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳруми сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 275. Истифодаи ғайриқонунии воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳлҳои гражданӣ молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ

 

1) Истифодаи ғайриқонуни номи фирмавӣ, ҳамчун номи маҳалли истеҳсоли мол, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ, агар ин кирдорҳо такроран пас аз додани ҷазои маъмурӣ содир гардида ё ба миқдори калон зарар расонида бошанд, –

бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  бо корҳои  ислоҳӣ мўҳлати то дусол  ҷазо дода мешавад.

2) Истифодаи ғайриқонунии тамғагузории огоҳкунанда нисбат ба номи маҳалли истеҳсоли мол, ё тамғае молие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, агар ин кирдор такроран пас аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда ё ба миқдори калон зарар расонида бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз як дусаду панҷо то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтани аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол  ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои  пешбининамудаи қисмҳои якум ёдуюми ҳамин  мода, агар аз ҷониби гӯрӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташшакил содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду  дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтани аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №844)

 

Моддаи 276. Дидаю дониста додани рекламаи бардурўғ

 

1) Аз ҷониби рекламадиҳанда дидаю дониста додани таҳсилоти бардурўғ оид ба мол, кор ё хизматрасонӣ, инчунин таҳиякунандагон ё фурўшандагони онҳо, ки бо нияти ғаразнок  содир шудааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма сурат гирифта бошад;

б)  ба миқдори калон зарар расонида бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ  ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

Эзоҳ: Дар моддаҳои 274, 275 ва 276-и Кодекси маскур зарар ба миқдори калон чунин зарар ҳисобида мешавад, ки агар аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёд бошад.

 

Моддаи 277.  Ғайриқонунӣ ба даст овардани маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ

 

Ҷамъоварии маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ   бо роҳи тасарруфи аснод, ришвадиҳӣ ё таҳдид нисбати шахсоне, ки сирри тиҷоратӣ ё бонкиро медонанд ё бо наздикони онҳо, дошта гирифтани мавҷи воситаҳои алоқа ё ғайриқонунӣ тамос гирифтан ба системаи ё шабакаи компьютерӣ  ё истифодаи воситаҳои махсуси техникӣ, ҳамчунин бо роҳи дигари ғайриқонунӣ бо мақсади ифшо ё истифодаи ғайриқонунии ин маълумотҳо, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё   маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 278. Ифшои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ

 

Ифшои ғайриқонунӣ ё истифодаи сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ  бидуни розигии молики он аз ҷониби шахсе, ки ин сир вобаста ба фаъолияти касбӣ ё хизматиаш маълум буд  ва ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиати шахсӣ содир гардида, ба корхонаи тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба миқдори калон зарар  расондааст,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё  маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

Эзоҳ: Таъқиби ҷиноят барои содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин модда мутобиқи аризаи корхонаи тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродии зарардида оғоз меёбад.

 

Моддаи 279. Ришвадиҳии тиҷоратӣ

 

1) Ғайриқонунӣ додани пул, коғазҳои қиматнок ё дигар молу мулк ба шахсе, ки дар корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона вазифаи идоракуниро ба ҷо меорад, ҳамчунин вобаста ба мақоми ишғолнамудаи ин шахс ғайриқонунӣ расонидани хизмати дорои хусусияти молу мулкӣ ба ў барои амали анҷомдодааш (беамалиаш) ба манфиати ришвадиҳанда, –

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол   ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то чор сол ҷазо дода мешавад.

3) Аз ҷониби шахсе, ки вазифаи идоракуниро дар корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона анҷом медиҳад, ғайриқонунӣ гирифтани пул, коғазҳои қиматнок ё дигар молу мулк, ҳамчунин аз ҷониби ў ғайриқонунӣ вобаста ба мақоми ишғол намудаи хизматӣ истифода бурдани хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкӣ барои амали анҷомдода (беамалӣ) ба манфиати ришвадиҳанда, –

бо ҷарима ба андозаи аз   ҳаштсад то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми сеюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил;

в) дар алоқамандӣ бо тамаъҷўи содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайн ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол  ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Агар нисбат ба шахси кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин моддаро содирнамуда тамаҷўи ҷойдошта бошад ва ў ихтиёрӣ ба мақоме, ки ҳақ дорад парвандаи ҷиноятӣ кушояд, оид ба ришвадиҳӣ иттилоъ диҳад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

 

Моддаи 280. Ришвадиҳӣ ба иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои касбии варзишӣ ва озмунҳои намоишии тиҷоратӣ

 

1) Ришвадиҳӣ ба варзишгарон, доварони варзиш, устодон, роҳбарони дастаҳо ё дигар иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои варзишии касбӣ, ҳамчунин ришвадиҳӣ ба ташкилотчиён ё аъзои доварони (жюрии) озмунҳои намоиши тиҷоратӣ бо мақсади расонидани таъсир ба натиҷахои мусобиқа ё озмунҳо, –

бо корҳои  ҳатмӣ ба мўҳлати аз  сад то як саду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил содир шудааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол  ҷазо дода мешавад.

3) Ғайриқонунӣ гирифтани арзишҳои моддӣ ё истифода аз хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкӣ аз ҷониби варзишгарон, доварони варзиш, устодон, роҳбарони дастаҳо ё дигар иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои варзиши касбӣ, ҳамчунин аз ҷониби ташкилотчиён ё аъзои доварони (жюрӣ) озмунҳои намоиши тиҷоратӣ, ки баръало барои таъсир расонидан ба натиҷаҳои мусобиқа ё озмунҳо дода шудаанд ё истифода гардидаанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол   ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 281. Тайёр кардан ё ба муомилот  баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбаки (сохта)

 

1) Тайёр кардан  бо мақсади ба муомилот баровардан ё ба муомилот баровардани билетҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон, танга ё  қоғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъори хориҷӣ ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори  хориҷӣ, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) ба миқдори калон;

в) такроран, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шудааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 282.  Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани картаҳои сохтаи (қалбакии) кредитӣ ё ҳисоббаробаркунӣ ё дигар асноди  пардохт

 

1) Тайёр кардан бо мақсади ба муомилот  баровардан ё ба муомилот баровардани картаҳои сохтаи кредитӣ ё картаҳои ҳисоббаробаркунӣ ё дигар асноди пардохт ё дигар ҳуҷҷатҳо, ки асъор ё дигар коғазҳои  қиматнок ба шумор намераванд, вале асноди тасдиқкунанда, муқарраркунанда ё диҳандаи ҳуқуқ ё ўҳдадориҳои молу мулкӣ мебошанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол  ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби шахси қаблан барои ҳамин ҷиноят ё барои тайёр кардан  ё  ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои  қиматноки қалбакӣ судшуда;

г) аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 283. Сўиистифода ҳангоми баровардани коғазҳои қиматнок (эмиссия)

 

1) Баровардани коғазҳои қиматнок (эмиссия)  ва ба таври оммавӣ тақсим (паҳн) кардани онҳо бидуни бақайдгирӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида ё дидаю дониста истифода бурдани асноди сохта (қалбакӣ) барои бақайдгирии коғазҳои қиматнок,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ба тарҳи эмиссияи коғазҳои қиматнок дидаю дониста дохил намудани таҳсилоти нодуруст, ҳамчунин тасдиқи тарҳи эммиссия, ки баръало таҳсилоти нодуруст дорад ё дидаю дониста тасдиқ кардани натиҷаҳои таҳрифшудаи эмиссия, агар ин кирдор ба миқдори калон зарар расонида бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз  як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар моддаҳои 281, 282 ва 283 ҳамин Кодекс таҳти маҳфуми миқдори калон ё зарар ба миқдори калон чунин миқдор ё зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо  як ҳазор маротиба зиёд бошад.

 

Моддаи 284. Бастани аҳди ғайриқонунии бо металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қимматбаҳои табиӣ ё марворид

 

1) Додугирифти металлҳои қимматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид бар хилофи қоидаҳои муқарраргардидаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол додан ё кашондани фулузоти қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид дар ҳар  намуду ҳолат, ба истиснои маснуоти заргарӣ (ҷавоҳирот) ва маишӣ ва  пораҳои чунин маснуот, –

бо ҷарима ба андозаи аз як  ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  маҳдуд  кардани озодӣ ба  мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол бо мусодираи молу мулк  ё  бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ:  Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда ҳамон вақт ба миқдори калон содиршуда эътироф карда мешаванд, ки агар арзиши металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид, ки мавриди муомилоти ғайриқонунӣ гардидаанд, аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал зиёдтар бошад.

 

Моддаи 285.  Вайрон кардани қоидаҳои ба давлат  супоридани  фулузот  ва  сангҳои қиматбаҳо

 

Саркашӣ кардан аз ҳатман ба аффинаж супоридан ё ҳатман ба давлат фурўхтани  металлҳои қиматбаҳо ё сангҳои қиматбаҳои аз қаъри замин истихроҷшуда ё аз ашёи хомими муштақ ба дастовардашуда ҳамчунин бардошташуда ё ёфташуда, агар ин кирдор ба миқдори калон содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо   ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

Эзоҳ: Вайрон кардани  қоидаҳои супоридан ё фурўши фулузот ва сангҳои қимматбаҳо ба давлат вақте ба миқдори калон содиршуда шуморида мешавад, ки агар арзиши молу маҳсулоти дар ҳамин модда зикргардидаи ба давлаат насупорида ё фурўхтанашуда аз андозаи як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  зиёд бошад.

 

Моддаи 286. Додугирифти ғайриқонунӣ бо  асъори хориҷӣ

 

1) Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харидан, фурўхтан, фурўш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, агар дар давоми сол баъд аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то сесаду шасту панҷ маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба  мўҳлати  аз шаш моҳ то як сол  ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 14.05.16 с., №1304).

2) Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харидан, фурўш,  иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз панҷсад маоши ҳадди ақал зиёд бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсаду сӣ то як ҳазору наваду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба  мўҳлати аз чор то шаш сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 14.05.16 с., №1304).

3) Кирдори пебининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба миқдори калон содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт то як ҳазору шашсаду чилу ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум  сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то нуҳ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617; ҚҶТ аз 14.05.16 с., №1304).

Эзоҳ:  Кирдорҳои дар ҳамин модда номбаршуда ҳамон вақт ба миқдори калон ҳисобида мешаванд, ки агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  зиёдтар бошад.

 

Моддаи 287. Аз хориҷа барнагардонидани воситаҳо ба асъори хориҷӣ

 

Аз хориҷа ба миқдори калон барнагардондани воситаҳо ба асъори хориҷӣ аз ҷониби роҳбарони корхона, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ҳисобномаи бонки ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман гузаронида шавад,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё  машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

Эзоҳ: Дар  моддаи  мазкур кирдорҳо ҳангоме ба миқдори калон содиршуда шуморида мешавад, ки агар воситаҳои ба асъори хориҷӣ баргардониданашуда аз андозаи панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад.

 

Моддаи 288 бо қҷт аз 17.05.04 с., №35 хориҷ карда шудааст

 

Моддаи 289. Қочоқ

(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1379)

 

1) Қочоқ – интиқоли мол ва (ё) ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо ё воситаҳои ҳаммонандкунии (идентификатсионии) гумрукӣ, ё декларатсия накардан, ё декларатсиякунонии носаҳеҳи онҳо, ба истиснои ашёҳое, ки дар қисми 3) моддаи мазкур нишон дода шудаанд, агар дар давоми сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1379)

2) Ҳамин кирдор, агар ба миқдори калон содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1379)

3) Интиқоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир, заҳролуд, заҳролудкунанда, радиоактивӣ, тарканда, аслиҳа, воситаҳои таркиш, силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ё муҳимоти ҳарбӣ, силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ ё дигар намуди силоҳи қатли ом, мавод ва таҷҳизоте, ки барои сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, ҳамчунин ашёи хоми аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, осори бадеӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ё арзишҳои дигари фарҳангӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба онҳо қоидаҳои махсуси интиқол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, агар ин кирдор бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, ё бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо, ё воситаҳои ҳаммонандкунии (идентификатсионии) гумрукӣ, ё декларатсия накардан ё декларатсиякунонии носаҳеҳ содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1379)

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми моддаи мазкур агар:

а) такроран; 

б) аз ҷониби шахси мансабдор бо истифодаи мақоми хизматӣ;

в) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди он нисбат ба шахсе, ки назорати гумрукиро анҷом медиҳад;

г) бо роҳи рахна кардани сарҳади гумрукӣ содир шуда бошанд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

5) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм, сеюм ё чоруми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1379)

Эзоҳ: Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми моддаи мазкур ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешавад, агар арзиши мол ё воситаи нақлиёти интиқолшуда аз дую ним ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1379)

 

Моддаи 290. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барнагардонидани  сарватҳои бадеӣ, таърихӣ ё бостоншиносии халқҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ

 

Дар мўҳлати муқарраршуда ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барнагардонидани сарватҳои бадеӣ, таърихӣ ё бостоншиносии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мамлакатҳои хориҷие, ки берун аз хоки он бурда шуда буд, ба шарте, ки баргардонидани он,  мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ бошад,

– бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 291. Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ

 

1) Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ба миқдори калон,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Ҳамин кирдор, агар:

а)  аз ҷониби гурўҳ бо маслиҳати пешакӣ;

б) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

в) аз ҷониби  шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 292 ё 293 пешбинишуда судшуда;

г) ба миқдори махсусан клон содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба хамин мўҳлат сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

(Эзоњ бо ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

Моддаи 292. Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ

 

1) Саркашӣ аз  супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ, ки қонун муқаррар намудааст, бо роҳи дидаю дониста ба асноди муҳосибавӣ (бухгалтерӣ) ё деклоратсияи андоз дохил намудани таҳсилоти  таҳрифшуда оид ба даромад ва хароҷот ё бо роҳи дигар пинҳон доштани дигари объектҳои андозбандишаванда, ки ба миқдори калон содир шудааст,-

бо ҷарима бо андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои  ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан  бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 291 ё 293 пешбинишуда, судшуда;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,-

бо ҷарима бо андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Эзоҳ: 1) Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо, ки дар моддаҳои 291, 292 ва 293 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, танҳо дар ҳолате ба миён меояд, ки агар шахс бори аввал ин кирдорҳоро содир намуда, дар давоми чилу ҳашт рӯзи бонкӣ аз рӯзи қабули қарори дахлдори мақомоти гумрук, андоз ва (ё) дигар мақомоти дахлдор, маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра насупорад, инчунин кирдорҳои мазкурро такроран содир намуда, дар давоми бисту чор рӯзи бонкӣ аз рӯзи қабули қарори дахлдори мақомоти гумрук, андоз ва (ё) дигар мақомоти дахлдор маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра насупорида бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

2) Агар нисбати шахс бо моддаҳои 291, 292 ё 293 Кодекси мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҳангоми тафтиши пешакӣ ва ё баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ шахс маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра супорад, дар асоси моддаи 72 ҳамин Кодекс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

3) Дар мавриди пас аз баровардани ҳукми суд маҳкумшуда маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра супорад, бо қарори суде, ки ҳукм баровардааст, ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ва ё суди болоӣ, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

4) Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо, ки дар моддаҳои 291, 292 ва 293 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешавад, ки агар маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳои супориданашуда аз бист ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба миқдори махсусан калон, аз сию ҳафт ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

Моддаи 293. Саркашии  шахси воқеъӣ аз пардохти андоз

 

1) Саркашии  шахси воқеъӣ аз пардохти андоз бо роҳи пешниҳод накардани декларация оид ба даромад, дар ҳолате, ки пешниҳоди декларация ҳатмӣ мебошад ё ба декларация дидаю дониста дохил кардани таҳсилотҳои таҳрифшуда оид ба даромад ва хароҷот, ки боиси ба миқдори калон напардохтани андоз гаштааст, –

бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Ҳамин кирдор, агар ;

а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаи 291 ё 292 пешбинишуда, судшуда;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

– бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

(Эзоњ бо ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

Моддаи 294. Фиреби истеъмолкунандагон

 

1) Камтар чен кардан, кам баркашидан, кам додани бақияи пул, гумроҳ кардани истеъмолкунандагон дар мавриди хосияти истеъмолкунӣ ё сифати маҳсулот (хизматрасонӣ) ё дигар навъи фиреб  додани истеъмолкунандагон дар корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият, ки ба фурўши молу маҳсулот ё хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғуланд, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандон   ба миқдори назаррас  содир шуда бошанд; –

бо ҷарима ба андозаи  то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а)  аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби шахсе, ки қаблан барои фиреби истеъмолкунандагон суд  шудааст, содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

а) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз  ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Фиреби истеъмолкунандагон  ҳангоме ба миқдори назаррас содиршуда шумурда мешавад, ки агар зарари ба истеъмолкунандагон расонидашуда аз даҳяки нишондиҳанда барои ҳисобҳо  бештар, ба миқдори калон бошад – аз  як  нишондиҳанда барои ҳисобҳо  бештар бошад, ба миқдори махсусан калон аз панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.

 

Моддаи 295. Сўиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо

 

1) Аз ҷониби кормандони ташкилоти тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо истифода намудани ваколатҳои фармонфармоӣ ё дигар ваколатҳои идоравӣ бар хилофи манфиатҳои ин ташкилотҳо ва бо мақсади ба даст овардани фоида ва бартарӣ барои худ ё барои дигарон ё расонидани зарар ба шахсони дигар, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхона, ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ расонда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё  бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Ҳамин кирдор агар боиси оқибатҳои вазнин гардида  бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо   ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми  кормандони ташкилотҳои   тиҷоратӣ  ё дигар  ташкилотҳо дар моддаи мазкур шахсоне дар назар дошта шудаанд, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё мутобиқи ваколати махсус вазифаи фармонфармоӣ ё дигар вазифаи идоравиро дар ташкилоти  тиҷоратӣ сарфи назар аз шакли моликият ва инчунин дар ташкилоти ғайритиҷоратӣ, ки мақоми ҳокимияти давлатӣ намебошанд,  анҷом медиҳанд.

2) Агар кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин модда танҳо ба ташкилоти тиҷоратӣ, ки ташкилоти давлатӣ намебошад, зарар расонида бошад, таъқиби ҷиноятӣ аз рўи аризаи ҳамин ташкилот  ё бо розигии он оғоз карда мешавад. Ҳангоми расонидани зарар ба дигар ташкилот, инчунин ба манфиати шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат – таъқиби ҷиноятӣ дар асосҳои умумӣ  ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 296. Сўиистифодаи ваколат аз ҷониби  аудиторҳо, судяҳои ҳакамӣ ё арбитрҳои арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, (адвокат)

   (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

1) Аз ҷониби аудитор, судяи ҳакамӣ ё арбитри арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, истифода намудани ваколаташон бар хилофи вазифаҳои фаъолияти ба зиммаашон гузошташуда ва ба мақсади ба даст овардани фоида ва бартариҳо барои худ ё дигар шахсон ё расонидани зарар ба дигарон, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилот, ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ расонда бошад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330),

– бо ҷарима ба андозаи аз  панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар такрори содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо   ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 297. Аз ҳадди ваколат гузаштани кормандони хадамоти муҳофизати хусусӣ ва детективӣ

 

1) Аз ҷониби роҳбарон ё хизматчиёни хадамоти муҳофизати хусусӣ ё детективӣ, бар хилофи вазифаҳои фаъолияти худ гузаштан аз ҳадди ваколат, ки мутобиқи лецензия ба онҳо дода шудааст, агар ин кирдор бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад, –

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи силоҳ ё воситаҳои махсус содир шуда бошад;

б) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз   панҷ то ҳашт сол  ҷазо дода мешавад.

 

ФАСЛИ XII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ 

БОБИ 28. ҶИНОЯТҲО  БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ

 

Моддаи 298. Ғайриқонунӣ  даромадан ба  иттилооти компьютерӣ

 

1) Ғайриқонунӣ  даромадан ба иттилооте, ки дар система ё шабакаи компьютерӣ, ё дар махзани мошинҳо мавҷуданд, бо вайрон кардани   системаи муҳофизати онҳо,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ  боиси тағйир додан, нест кардан ё муҳосираи (блокировкаи) иттилоот, ҳамчунин аз кор баровардани таҷҳизоти компьютерӣ гардида бошад ё зарари ҷиддӣ расонида бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё  корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба  мўҳлати то се сол  ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз чорсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то чор сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 299. Тағйир додани иттилооти компьютерӣ

 

1) Тағйири иттилоот, ки дар системаи ё шабакаи компьютерӣ, ё дар махзани мошинҳо нигоҳ дошта шудааст, ҳамчунин дидаю дониста ба онҳо дохил намудани иттилооти баръало бардурўғ, ки зарари ҷиддӣ расонидааст ё таҳдиди расонидани чунин зарарро пеш овардааст,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё  корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба системаи ё шабакаи компьютерӣ алоқаманд бошад;

б) аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё   маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 300. Тахриби компьютерӣ

 

1) Несту нобуд, муҳосира ё корношоям сохтани иттилооти компьпютерӣ ё барнома, аз кор баровардани таҷҳизоти компьютерӣ, ҳамчунин вайрон кардани системаи ё шабакаи комьпютерӣ ё махзани мошинҳо, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё  маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё ҳабс ба мўҳлати то чор моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба системаи ё шабакаи компьютерӣ алоқаманд бошад;

б)  аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё  маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 301. Ғайриқонунӣ ба даст овардани  иттилооти компьютерӣ

 

1) Нусхабардории ғайриқонунӣ ё бо дигар усули ғайриқонуни ба даст овардани иттилоот, ки дар система ё шабакаи компьютерӣ ё дар маҳзани мошинҳо мавҷуданд, ҳамчунин дошта гирифтани  иттилооте, ки ба воситаи алоқаи компьютерӣ  фиристода мешавад, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё  маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Маҷбур кардан барои додани иттилооте, ки дар системаи ё шабакаи компьютерӣ ё дар маҳзани мошинҳо мавҷуданд, бо таҳдиди ифшо кардани таҳсилотҳои беобрўкунанда нисбати шахс ё наздикони ў, ошкор кардани чунин таҳсилотҳо оид ба ҳолатҳое, ки ҷабрдида мехоҳад онҳоро ниҳон дорад, ҳамчунин бо таҳдиди истифодаи зўроварӣ нисбат ба шахс ё наздикони ў ё бо таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки шахс, наздикони ў ва шахсони дигар, ки чунин иттилоот ба онҳо бовар карда супорида шудааст ё таҳти муҳофизати онҳо қарор дорад, –

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё   маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то чор сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) бо истифодаи зўроварӣ нисбат ба шахс ё наздикони ў алоқаманд бошад;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад;

в) ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонида бошад;

г) бо мақсади ба даст овардани иттилооти ниҳоят арзишнок содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад;

в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 302.  Тайёр кардан ва ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсус барои гирифтани тамоси ғайриқонунӣ ба системаи ё шабакаи компьютерӣ

 

Тайёр кардан  бо  мақсади ба соҳибияти каси дигар додан,  ҳамчунин ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсусӣ барномаи ё таҷҳизотӣ барои ғайриқонунӣ даромадан ба системаи ё шабакаи компьютерии муҳофизатдор,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё  маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол   ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 303. Таҳия, истифода ва паҳн кардани  барномаҳои зараровар

 

1) Таҳияи барномаҳои компьютерӣ ё даровардани тағйирот ба барномаҳои мавҷуда бо мақсади бе иҷозат нобуд ё муҳосира кардан ё тағйир додан ё  нусхабардории  иттилоот, ки   дар  системаи ё шабакаи компьютерӣ ё  дар маҳзани мошинҳо маҳфуз аст, инчунин таҳияи барномаҳои махсуси вирусдор, дидаю дониста истифода бурдани онҳо ё паҳн кардани махзанҳои дорои чунин барномаҳо, –

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин  гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 304.  Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи система ё шабакаи компьютерӣ

 

1) Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи системаи ё шабакаи компьютерӣ аз ҷониби шахсе, ки ба ин система ё шабака  ҳуқуқи даромаданро дорад, агар ин амал аз беэҳтиётӣ боиси нобуд ё муҳосира шудан ё тағйир ёфтани иттилооти компьютерӣ, вайрон шудани кори таҷҳизоти компьютерӣ  ё расонидани  дигар зарари ҷиддӣ гашта бошад, –

бо ҷарима ба андозаи  то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё   маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар ҳангоми истифодаи система ё шабакаи компьютерӣ, ки иттилооти ниҳоят арзишнок дорад, содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё  корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё  маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

ФАСЛИ ХIII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ 

БОБИ 29. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АСОСҲОИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ

 

Моддаи 305. Хиёнат ба давлат

 

  1. Хиёнат ба давлат, яъне ҷосусӣ, додани сирри давлатӣ, ё расонидани дигар хел ёрӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ё ба намояндагони онҳо дар фаъолияти душманонаашон ба зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ва ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг;

д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

Эзоҳ: Шахсе, ки ҷинояти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин моддаҳои 306 ва 308 Кодекси мазкурро содир кардааст, агар ихтиёрӣ ва бо сари вақт огоҳонидани мақомоти  ҳокимият ё дигар усул ба пешгирии зарари расонидашаванда мусоидат карда бошад ва дар кирдорҳои ў дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда  мешавад.

 

Моддаи 306. Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият

 

  1. Ҳаракате, ки барои бо роҳи зўроварӣ ба ғасб кардани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият бар хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, ҳамчунин ба мақсади бо зўровари тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо зўроварӣ  тағйир  додани  тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст,  (Ѕонуни ЇТ аз17.05.2004 № 35;  ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг;

д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

 

1) Даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зўроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зўроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба содиркунии чунин кирдорҳо  (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет;

д) дар ҳолати рецидиви  махсусан хавфнок содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти  муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ  сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 3071. Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм

1) Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии экстремизм тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

Моддаи 3072. Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)

1) Ташкили иттиҳоди экстремистӣ, яъне гурўҳи муташаккили шахсон барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 2371, 242, 243 (ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта) пешбинамудаи ҳамин Кодекс аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўҳи иҷтимоӣ, инчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳоди экстремистӣ, ба ҷузъ ё томҳои ба чунин иттиҳод дохилшаванда, ҳамчунин  ташкили иттиҳоди  ташкилкунандагон, роҳбарон ё дигар намояндагони ҷузъ ё томҳои чунин иттиҳод бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва (ё) шароит барои содир намудани ҷиноятҳои  хусусияти экстремистӣ дошта,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабои муайян  ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., № 1261)

2) Иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ,-

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., № 1261)

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки такроран ё бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., № 1261)

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии иноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.

 

Моддаи 3073. Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)

 

1) Ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам  додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., № 1261)

2) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар,   (ҚҶТ аз 14.11.2016 с., №1359)

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., № 1261)

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳибҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.

 

Моддам 3074. Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусмяти динии экстремистидошта

 

  1. Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим,

– бо маҳрум сохтан аз озодй ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., № 1261)

  1. Ҳамин кирдор, агар:

– бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад;

– бо маблағгузорӣ намудани чунин гурӯҳҳо алоқаманд бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., № 1261; ҚҶТ аз 2.08.11с.,№750)

 

Моддаи 308. Ҷосусӣ

 

Супоридани таҳсилотҳои дорои сирри давлатӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ё намояндагони онҳо, инчунин ҷамъоварӣ, тасарруф кардан ё нигаҳдоштани чунин таҳсилотҳо бо мақсади супоридан ба онҳо ҳамчунин супоридан ё ҷамъоварии дигар таҳсилотҳо мутобиқи супориши кашфи (разведкаи) хориҷӣ барои истифода бурдани онҳо бар зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ин кирдор аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 309. Тахрибкорӣ (Диверсия)

 

1) Бо мақсади ноустувор сохтани амнияти иқтисодӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содир намудани таркиш, сўхтор ё дигар кирдорҳое, ки барои нобуд ё вайрон кардани корхонаю иншоот, роҳ ва воситаҳои нақлиёт, воситаҳои алоқа, объектҳои таъминоти зиндагии аҳолӣ равона шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк  ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 310. Таҷовуз  ба ҳаёти  арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Таҷовуз ба  ҳаёти  арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади суст кардани асосҳои сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардонидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият (акти террористӣ),

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 311. Ифшои сирри давлатӣ

 

1) Ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ў бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ў маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ў нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол  ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, (қҷт аз 17.05.04 с., №35)

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 312. Гум кардани асноди дорои сирри давлатӣ

 

Аз ҷониби шахсе, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дорад, вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи муносибат бо аснодҳои дорои сирри давлатӣ дошта, ҳамчунин бо предметҳое, ки маълумот дар бораи онҳо сирри давлатӣ мебошанд, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ боиси гум шудани онҳо ё фаро расидани оқибатҳои вазнин гардида бошад,

– бо   маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 313. Исёни мусаллаҳона

 

Ташкили исёни  мусаллаҳона  ё иштироки фаъолона дар он бо мақсади аз байн бурдан ё бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё вайрон намудани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

БОБИ 30. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ВА МАНФИАТҲОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

         

Моддаи 314. Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ

 

1) Аз ҷониби шахси мансабдор истифода намудани ваколатҳои хизмати худ бархилофи манфиатҳои хизматӣ, агар ин кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) бо ғараз ё дигар манфиатҳои  шахсӣ содир шуда, ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилотҳо ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлатро поймол карда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Ҳамин кирдор агар аз ҷониби шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидоракунии маҳаллиро ишғол мекунад, содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати  аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

3) Кирдрҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору ҳаштсаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷто даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

Эзоҳ:

1) Таҳти мафҳуми шахси мансабдор дар Кодекси мазкур шахси таъин ё интихобшуда фаҳмида мешавад, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ нисбат ба шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ӯ қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, батаври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1380)

2) Таҳти мафҳуми шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунад, дар моддаҳои боби мазкур ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс шахсоне дар назар дошта шудаанд, ки мансабҳои барои иҷрои бевоситаи салоҳияти мақомоти давлатӣ муайнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунанд.

3) Хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба шумули шахсони мансабдор дохил намешаванд, мутобиқи моддаҳои ҳамин боб дар ҳолатҳои махсус пешбининамудаи моддаҳои дахлдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1380)

4) Вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ – ваколатҳо оид ба амалӣ намудани роҳбарии коллективи меҳнатӣ, доираи муайяни кор, кормандони алоҳида, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ташкили меҳнати кормандони тобеъ, назорат ва санҷиши риояи интизоми меҳнат, татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозоти интизомӣ.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1380)

5) Вазифаҳои маъмурию хоҷагидорӣ – ваколатҳо оид ба идора ва ихтиёрдории молумулк.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1380)

 

Моддаи 315. Беамалӣ дар иҷрои вазифа

 

Аз тарафи хизматчии давлатӣ, ки шахси мансабдор  намебошад бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиати шахсӣ ё гурўҳӣ иҷро накардани вазифаҳои хеш, агар ин кирдор ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилотҳо, ҷамъият ё давлатро поймол карда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 316. Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ

 

1) Аз ҷониби шахси мансабдор анҷом додани ҳаракате, ки аз ҳадди ваколатҳои ў баръало берун мебарояд ва боиси ба таври ҷиддӣ поймол гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд ё ташкилот ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлат гаштааст,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то ҳафтсаду сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то чор сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Ҳамин ҳаракатро агар шахсе содир карда бошад, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидораи маҳаллиро ишғол мекунад,

– бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсаду сӣ то як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:

а) бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи силоҳ ё воситаҳои махсус;

в) бо расонидани оқибатҳои вазнин содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору ҳаштсаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 317 . Соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор

 

Аз ҷониби хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти  худидораи маҳаллӣ, ки шахси мансабдор намебошад, соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор ва вобаста ба он содир намудани ҳаракате, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилотҳоро ба таври ҷиддӣ поймол мекунанд,-

бо ҷарима ба андозаи  то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо   ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол  ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 318. Иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ

 

Аз ҷониби шахси мансабдор  таъсис додани ташкилоте,  ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад ё шахсан иштирок дар идораи чунин ташкилот ё ба воситаи шахси боваринок хилофи манъи муқаррарнамудаи қонун, агар ин кирдор аз фароҳам овардани имтиёз ва бартарӣ ё бо дигар шакли пуштибонӣ ба чунин ташкилот  алоқаманд бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10.№617)

 

Моддаи 319. Гирифтани пора

 

1) Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок дигар, молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ў, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ)   ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси ё шахси ташкилоти байналмилалӣ дохил бошанд ё онҳо вобаста ба қудрати мавқеи мансабиашон ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонанд, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ  дар хизмат, (ҚҶТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274)

2) Аз ҷониби шахси мансабдор шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси ташкилоти байналмилалӣ гирифтани пора барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ, (ҚҶТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷ ҳазору чорсаду ҳафтоду панҷ то дувоздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274)

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар аз ҷониби шахсе содир шуда бошад, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидораи маҳаллиро ишғол мекунад,-

– бо ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274).

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил;

в) бо тамаъҷўии пора;

г) ба миқдори калон,

– бо ҷарима ба андозаи аз дувоздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ то бисту як ҳазору нуҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати панҷ  сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274).

 

Эзоҳ: 1) Дар моддаи 319 Кодекси мазкур  зери мафҳуми  миқдори калон, миқдори пул, арзиши қоғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои хусусияти молу мулкӣ доштае фаҳмида мешавад, ки арзиши онҳо аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал  зиёд  бошад.

2) Таҳти мафҳуми такроран (такрорӣ)  дар моддаҳои 319, 320, 324 ва 325-и ҳамин Кодекс ҷинояте дар назар дошта шудааст, ки агар қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои пешбинӣ намудаи ҳамин моддаҳоро содир шуда бошад.

 3) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори давлати хориҷӣ дар моддаҳои 319-321 Кодекси мазкур шахси дар мақомоти қонунгузор, иҷроия, маъмурӣ ё судии давлати хориҷӣ ягон мансабро ишғолнамуда (интихобгардида ё таъингардида) ва дигар шахсе, ки барои ин мақомоти давлати хориҷӣ ягон функсияи давлатиро иҷро менамояд, фаҳмида мешавад. (ҚҶТ аз 12.11.13с., №1028)

4) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ хизматчии ташкилоти байналмилалӣ ё дигар шахсе, ки ваколатдор аст аз номи ин ташкилот фаъолият намояд, фаҳмида мешавад. (ҚҶТ аз 12.11.13 с., №1028)

 

Моддаи 320. Додани пора

 

1) Додани пора шахсан ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси ё шахси ташкилоти байналмилалӣ ё аз тариқи миёнарав, (ҚҶТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274)

2) Додани пора ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси ташкилоти байналмилалӣ барои аз ҷониби онҳо дидаю дониста анҷом додани ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ ё такроран додани пора, (ҚҶТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274).

 

Эзоҳ: 1) Агар аз  ҷониби  шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси ташкилоти байналмилалӣ тамаъҷўии пора ба амал омада бошад ё агар шахси порадода ихтиёран ба мақоме, ки ба оғози парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад хабар диҳад, ў аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. (ҚҶТ аз 12.11.13с., №1028)

2) Таҳти мафҳуми тамаъҷўе, ки дар моддаи 319 ва 320 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, талаботи шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси ташкилоти байналмилалӣ оид ба додани пора зери таҳдиди содир кардани чунин амалҳои вобаста ба фаъолияти хизматие, ки метавонад ба манфиатҳои қонунии порадиҳанда зарар расонад, ё инчунин қасдона гузоштани шаҳрванд ба чунин ҳолате, ки ў маҷбур аст барои бартараф кардани оқибатҳои зарарнок ба манфиатҳои қонунии худ пора диҳад, фаҳмида мешавад.

 

Моддаи 321. Иғвои порадиҳӣ

 

Кўшиши ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси  ташкилоти байналмилалӣ додани пул, коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкӣ бе розигии онҳо бо мақсади сохтани далелҳои сунъӣ оид ба гирифтани пора (ҚҶТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274).

 

Моддаи 322. Хунукназарӣ

 

1) Хунукназарӣ, яъне иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани  вазифаҳои худ аз ҷониби шахси мансабдор дар натиҷаи муносибати беинсофона ё бепарвоёна ба хизмат, агар ин боиси ба таври ҷиддӣ поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд ё ташкилот ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлат гашта бошад,

– бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гаштааст,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 323. Сохтакории хизматӣ

 

Сохтакории хизматӣ,  яъне аз ҷониби шахси мансабдор, ҳамчунин хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти худидоракунии маҳҳалӣ, ки шахси мансабдор намебошад, ба асноди расмӣ дидаю дониста дохил намудани таҳсилотҳои бардурўғ, ҳамчунин ба асноди зикршуда ворид намудани ислоҳоте, ки мазмуни аслии онро таҳриф мекунад ё дидаю дониста додани ҳуҷҷатҳои бардуруғ ё қалбакӣ, агар ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиатдории шахсӣ содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати аз як то ду сол  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 3231. Ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошанд, ворид намудани маълумотҳои баръало бардурўғ

 

1) Аз ҷониби шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ҳамчунин аз ҷониби шахси мансабдор, хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки шахси мансабдор намебошад, ворид намудани маълумотҳои баръало бардурўғ ба ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегарданд,

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Аз ҷониби шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ ба таври дахлдор иҷро накардан ё хунукназарона иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ, ки боиси ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ё ғайриқонунӣ ба даст овардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта бошад,

– бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.  (ҚҶТ аз 31.12.08с №451).

 

Моддаи 324. Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ

 

1) Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ, яъне талаб кардани мукофоти молӣ ё фоидаи молу мулкӣ аз ҷониби хизматчии корхона сарфи назар аз шакли моликият, ғайр аз шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, барои иҷрои кори муайян ё расонидани хизмат, ки ба доираи вазифаи хизматии чунин корманд дохил мешавад, ҳамчунин қасдан гузоштани шаҳрванд дар чунин шароите, ки ў барои пешгирӣ кардани вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандааш маҷбур аст чунин мукофотро барояш муҳайё созад,

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо , ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба миқдори калон содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

 Моддаи 325. Додани мукофот ба хизматчӣ

 

1) Додани мукофот ба хизматчӣ, яъне додани мукофоти молӣ ё фоидаи молу мулкӣ ба хизматчии корхона, сарфи назар аз шакли моликият, ғайр аз шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, барои ба манфиати шахси мукофотдиҳанда  иҷро кардани амали ғайриқонунӣ,

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2)  Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба миқдори калон;

г) ба манфиати гурўҳи муташаккил содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Дар моддаҳои 324 ва 325 – и Кодекси мазкур зери мафҳуми миқдори калон, миқдори пул, арзиши қғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои хусусиятӣ молу мулкӣ доштае фаҳмида мешавад, ки арзиши онҳо аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.

 

Моддаи 326. Ғайриқонунӣ иҷозат додан ба гирифта гаштан ва нигоҳдории силоҳи оташфишон

 

Ғайриқонунӣ иҷозат додан ба гирифта гаштан ва нигоҳдории силоҳи оташфишон,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 327. Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муҳофизони  шахсӣ ва истифодаи техникаи ҷангӣ бо ҳамин мақсад

 

Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муҳофизони шахсӣ, инчунин истифодаи, техникаи ҷангӣ бо ҳамин мақсад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

 

БОБИ 31. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБИ ИДОРАКУНӢ

 

Моддаи 328. Истифодаи зўроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият

 

1) Истифодаи зўроварие, ки барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ, ҳамчунин таҳдиди несту нобуд кардани молу мулк нисбат ба намояндаи ҳокимият ё наздиконаш вобаста ба иҷрои вазифаашон, (қҷт аз 17.05.04 с., №35)

– бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Истифодаи зўроварӣ нисбат ба шахсони дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, ки ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ  сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Дар моддаи  мазкур  ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс таҳти мафҳуми намояндаи ҳокимият шахсе дар назар дошта шудааст, ки дар мақомоти  ҳокимияти давлатӣ  хизмат карда ва мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун нисбат ба шахсони таҳти тобеъияти хизматиаш қарорнадошта ваколати амрдиҳиро дорад.

 

Моддаи 329. Таҳдид нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ

 

Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломатӣ, вайрон ё несту нобуд сохтани молу мулк  нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин нисбати шахсони наздики онҳо бо мақсади монеъ шудан бо фаъолияти қонуни ин шахсон оиди муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ё таъмини бехатарии ҷамъият ё аз рўи интиқом барои чунин фаъолияташон содир шуда бошад, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати  то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият

 

1) Таҳқири оммавии намояндаи ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё вобаста ба иҷрои онҳо,

бо корҳои ҳатмӣ бо мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад  то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати аз ду моҳ то як сол  ҷазо дода мешавад. (қҷт аз 17.05.04 с., №35)

2) Таҳқири намояндаи ҳокимият дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда  дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет,

– бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор  то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал ё ҳабс ба мўҳлати аз ду то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 331. Монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои татбиқкунандаи ҷазо ва муассисаҳои ҳабси пешакӣ

 

1) Таҳдиди зўроварӣ нисбати кормандони муассисаҳои татбиқкунандаи ҷазо, нисбати кормандони муассисаҳои ҳабси пешакӣ бо мақсади монеъ шудан ба фаъолияти мўътадили ин муассисаҳо,

бо  маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то се сол  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Бо ҳамин мақсад истифода бурдани зўроварӣ нисбати шахсони дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, ки ба ҳаёт ё саломатии шахс хавфнок намебошад,

бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол  ҷазо дода мешавад.   

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) бо зўроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатии шахс хавфнок аст;

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил:

в) дар ҳолати рецидиви  хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 332.  Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият  аз озодиро номураттаб месозанд

1) Кирдорҳое, ки шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ содир намуда, дар:

а) таҳқиру шиканҷаи маҳкумшудагон;

б) ҳамла овардан ба намояндагони маъмурияти ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ;

в) ташкил намудани гурўҳҳо бо ин мақсад ё дар амали онҳо фаъолона иштирок намудан ифода ёфтааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз ҷониби шахси барои ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин маҳкумшуда содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 333. Истифодаи ғайриқонунии аломату нишонаҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар

 

Истифодаи ғайриқонунии аломату нишонҳои тафриқаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин номи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар,

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо   ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 334. Худсарӣ

 

1) Худсарӣ, яъне худсарона, бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонун ё санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба амал баровардани ҳуқуқи воқеӣ ё эҳтимолӣ, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандон ё манфиатҳои ё ҷамъиятӣ давлатӣ зарари ҷиддӣ расонидааст,

– бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати аз  як то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол,  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №451).

 

Моддаи 335. Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1) Ғайриқонунӣ, бидуни ҳуҷҷати муайяншуда ва иҷозати зарурӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №451)

2) Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ, бо маслиҳати пешакӣ гузаштани гурўҳи шахсон ё гурўҳи муташаккил ё бо истифодаи зўроварӣ ё бо таҳдиди истифодаи он,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Кирдори  пешбининамудаи ҳамин модда нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки бо вайрон кардани қоидаи гузаштан аз  Сарҳади давлатӣ ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ҳуқуқи паноҳгоҳи сиёсӣ мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштаанд, паҳн намегардад.

 

Моддаи 3351. Ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ ба воситаи марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1) Ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунии чунин шахсон ба воситаи марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

– бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати аз шаш моҳ то як сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил;

в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;

г) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

д) бо мақсади машғул шудан бо фаъолияти ғайриқонунӣ содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №451)

 

Моддаи 335 2. Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

 

1) Ташкили ғайриқонунӣ фиристонидан ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа,

– бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати аз шаш моҳ то як сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Бо кор таъмин намудани муҳоҷирон аз ҷониби шахсе, ки барои амалӣ намудани чунин намуди фаъолият иҷозатнома надорад,

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати аз як то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.  (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №451)

 

Моддаи 336. Вайрон кардани низоми  Сарҳади  давлатӣ

 

Вайрон кардани низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ, ки дар давоми сол пас аз додани ҷазои маъмурӣ барои ҳамин гуна вайронкуниҳо содир шуда бошад,

– бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 337. Тасарруфи мукофоти давлатӣ

 

Тасарруфи мукофоти давлатӣ,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 338. Худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он

 

1)  Худсарона ишғол намудани қитъаи замин, агар дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкунӣ содир шуда бошад,

– бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панчоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғол намуда, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ,

– бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3)  Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад,

– бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯхлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Ҷиноятҳои дар моддаҳои 338 ва 3381 Кодекси мазкур пешбинигардида дар ҳамон вақт такроран содиршуда эътироф карда мешаванд, ки агар шахсе қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои дар ҳамин моддаҳо пешбинигардидаро содир намуда бошад. (ҚҶТ аз 25.03.11 с., №694)

 

Моддаи 3381. Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин

 

1) Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин,

– бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифода аз ваколати мансабӣ содир шуда бошад,

– бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11 с., №694)

 

Моддаи 339. Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат,  штамп, мўҳр

 

1) Тусарруфи шиноснома (паспорт) ё дигар ҳуҷҷати муҳими шахсии шаҳрванд,

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз ҳаштод то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2)  Бо мақсади ғаразнок ё манфиати дигари шахсӣ тасарруф, нобуд, вайрон ё пинҳон кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ, штамп ё мўҳр,

– бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё  корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, ки бо мақсади хариду фурўши одамон содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 340. Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ

 

1) Сохтакории шиноснома (паспорт) шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз ўҳдадорӣ озодкунанда бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат, ба ҳамин мақсад тайёр кардан  ё ба соҳибияти каси дигар додани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС, штампу мўҳр ё бланкаҳои қалбакӣ, инчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои баръало қалбакӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11 с., №694)

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон;

в) бо истифодаи техникаи компьютерӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11 с., №694)

3) Кирдорҳои дар қисми якум ва дуюми ҳамин модда пешбинигардида, ки бо мақсади хариду фурўши одамон содир шуда бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

                                                 

Моддаи 3401. Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқат ва ё истифодаи онҳо

 

  1. Сохтакорона тайёр кардан бо мақсади муомилот ё ба муомилот баровардани маркаҳои аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқати муҳофизатшаванда ва ё истифодаи онҳо,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

  1. Ҳамин кирдор, агар бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон ва ё гурўҳи муташаккил содир шуда бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду  то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 341. Соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷатҳои расмӣ ва мукофоти давлатӣ

 

Ғайриқонунӣ соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз ўҳдадорӣ озодкунанда, инчунин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС, –

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷазо дода мешавад. (қҷт аз 17.05.04 с., №35)

 

Моддаи 342. Таҳқир кардани рамзҳои  давлатӣ

 

Таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 343. Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва  альтернативӣ

 

1) Саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин саркашӣ кардани шахси ўҳдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷиши ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намудан,

– бо ҷарима ба андозаи аз  панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо   ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Саркашии шахсони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда аз адои хизмати альтернативӣ,

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешаванд.

3) Саркашӣ аз даъвати хизмати ҳарбии ҳатмӣ ё альтернативӣ бо роҳи:

а) ба худ расонидани зарар  ба саломатӣ;

б) бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ё фиреби дигар,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Агар даъватшаванда то ба суд супурдани парванда ба даъватгоҳ ҳозир шавад, ў аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

 

Моддаи 344. Саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ

 

Саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

БОБИ 32. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ

 

Моддаи 345. Монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ

  (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274)

 

1) Дар ҳар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо мақсади монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ,

– бо ҷарима ба андозаи аз  панҷсад  то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё  корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2)  Дар ҳар шакле дахолат кардан ба фаъолияти прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда бо мақсади монеъ шудан ба ҳамаҷониба, пурра ва объективии таҳқиқ ё тафтиши пешакии парванда (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274),

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, ки аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматии худ содир шудаанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 346. Дидаю дониста расонидани  хабари бардурўғ

 

1) Дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ оиди содир шудани ҷиноят,

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳдуд кардани озодӣ  ба мўҳлати то ду сол  ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар вобаста:

а) бо гунаҳгор кардан ба содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин;

б) бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ;

в) аз нияти ғаразнок;

г) ба манфиати гурўҳи муташаккил содир шуда бошад,

– бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида агар:

а) нисбати судя, прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда содир шуда бошанд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274);

б) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 347.  Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он

 

1) Хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин, аниқ маълуми тайёршудаистода ё содиршуда, ҳамчунин хабар надодан дар бораи шахси аниқ маълуми содирнамудаи ин ҷиноят ё бошишгоҳи ў,

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Пинҳон доштани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини пешакӣ ваъданашуда,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: 1) Ҳамсар ва хешовандони наздики шахси содирнамудаи ҷиноят барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон доштани ҷинояти пешакӣ ваъданашудаи он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

2) Инчунин ходими калисо барои хабар надодан дар бораи ҷинояте, ки ба ў ҳангоми омурзиш маълум гардидааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.

 

Моддаи 348. Дидаю дониста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси бегуноҳ

 

1) Дидаю дониста шахси бегуноҳро ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) вобаста бо айбдоркунӣ дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин;

б) вобаста бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ содир шуда бошад;

в) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ  сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 349. Дидаю дониста ғайриқонунӣ баровардани ҳукм, ҳалнома ё дигар актҳои судӣ

 

1) Дидаю дониста аз тарафи судя (судяҳо) ғайриқонунӣ баровардани ҳукм, ҳалнома ё дигар актҳои судӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) вобаста бо баровардани ҳукми аз озодӣ маҳрум сохтан;

б) вобаста бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ содир шуда бошад;

в) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 350. Монеъ шудан ба ҳозиршавии шоҳид ё ҷабрдида ба суд, мақомоти таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ

 (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274)

 

Монеъ шудан  ба  ҳозиршавии  шоҳид  ё  ҷабрдида  ба  суд, мақомоти таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё  маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 351. Гувоҳии бардурўғ

 

1) Дидаю дониста  нишондоди бардурўғ додани шоҳид,  ҷабрдида ё хулосаи ғалат додани коршинос (эксперт), ҳамчунин ҳангоми таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё дар суд дидаю дониста нодуруст тарҷума кардани тарҷумон (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар вобаста:

а) ба айбдоркунӣ дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин:

б) ба тайёр кардани далелҳои сунъии айбдоркунӣ;

в) бо мақсади ғаразнок;

г) ба манфиати гурўҳи муташаккил содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Агар шоҳид, ҷабрдида, коршинос ё тарҷумон дар ҷараёни таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё мурофиаи судӣ то баровардани ҳукм ё ҳалномаи суд дар хусуси бардурўғ будани баёнот, хулосаҳо ё дидаю дониста нодуруст тарҷума карданашон ихтиёрӣ арз намоянд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274).

 

Моддаи 352. Саркашӣ аз ҳозир шудан ё нахостани додани нишондод, хулоса ё  тарҷума кардан

 

1) Саркашӣ кардани шоҳид ё ҷабрдида аз ҳозир шудан ба даъвати мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё ба суд ё нахостани додани нишондод (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274),-

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷазо дода мешавад.

2) Саркашӣ кардани коршинос (эксперт), мутахассис тарҷумон ё шахси холис аз ҳозир шудан ба даъвати худи ҳамон мақомот ё саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои худ,- (ҚҶТ аз 31.12.08с №451).

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Шахс барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ба муқобили худ ва хешовандони наздикаш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274).

 

Моддаи 353. Ришвадиҳӣ ё маҷбур кардан барои додани  баёноти  бардурўғ, хулосаи  бардурўғ ё тарҷумаи нодуруст

 

1) Ришвадиҳӣ ба шоҳид, ҷабрдида бо мақсади аз ҷониби онҳо додани баёноти бардурўғ ё ба коршинос бо мақсади пешкаш намудани хулосаи бардурўғ ё додани нишондоди бардурўғ, ҳамчунин ба тарҷумон бо мақсади нодуруст тарҷума карданаш,-

бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод  соат ё бо ҷарима ба андозаи  то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷазо дода мешавад.

2) Маҷбур сохтани шоҳид, ҷабрдида барои додани нишондоди бардурўғ, коршинос барои пешниҳоди хулосаи бардурўғ ё тарҷумон ҷиҳати нодуруст тарҷума кардан, ҳамчунин маҷбур сохтани шахсони мазкур барои саркашӣ намудан аз додани нишондод вобаста бо:

а) иръоб (шантаж);

б) таҳдиди куштан;

в) таҳдиди расонидани зарар ба саломатӣ;

г) таҳдиди нобуд сохтани молу мулки ин шахсон ё наздикони онҳо содир шуда бошад, –

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинигардида, бо истифодаи зўроварии барои ҳаёт ва саломатии шахсони мазкур хавфнок набуда содир шуда бошад, –

бо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардидае, ки:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) бо истифодаи зўроварии барои ҳаёт ва саломатии шахсони зикргардида хавфнок содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 354. Аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё суд маҷбур сохтан ба додани нишондод

(ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274)

 

1) Бо роҳи таҳдид, иръоб ё кирдорҳои дигари ғайриқонунӣ гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ё шоҳидро маҷбур намудан ба додани нишондод, инчунин коршиносро барои пешниҳоди хулоса маҷбур каран аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё суд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 355. Беэҳтиромӣ нисбати суд

 

1) Беэҳтиромӣ нисбати суд, ки дар таҳқири иштирокчиёни мурофиаи судӣ ифода ёфтааст, –

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи  то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад.

2) Таҳқири судя,  машваратчӣ ё шахси дигаре, ки дар татбиқи адолати судӣ иштирок менамояд,-

бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 356. Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ

(ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274)

 

1) Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломатӣ, вайрон ё несту нобуд кардани молу мулк нисбати судя, машваратчии халқӣ, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, адвокат эксперт, тарҷумон, пристави суд ё котиби суд, иҷрочии суд, ҳамчунин наздикони онҳо вобаста ба гузаронидани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, баррасии парванда ё мавод дар суд, ё иҷрои ҳукм, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Бо сабаби гузаронидани таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ, баррасии парванда ё мавод дар суд ё иҷрои ҳукм, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ нисбати шахсони дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, истифода намудани зўроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатиашон хавфнок нест,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда бо истифода намудани зўроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 357 бо қҷт аз 17.05.04 с., №35 хориҷ карда шудааст

 

Моддаи 358. Ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан

 

1) Дидаю дониста ғайриқонунӣ дастгир намудан, –

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Дидаю дониста ғайриқонунӣ ҳабс кардан ё дар ҳабс нигоҳ доштан,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то паҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардидае, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидаанд, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ  сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 359. Сохтакории далелҳо

 

1) Сохтакории далелҳои парвандаи гражданӣ аз ҷониби шахси дар парванда иштирокдошта ё намояндаи ў, –

бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду шаст то дусаду чил соат ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо  корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё ҳимоятгар (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби шахсони дар қисми дуюми ҳамин модда зикргардида, агар:

а) дар хусуси ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин бошад;

б) аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 360. Ғайриқонунӣ озод кардан  аз ҷавобгарии ҷиноятӣ

 

Шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё айбдоршавандаро ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 361. Фош кардани маълумоти таҳқиқ ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ

(ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274)

 

Бе иҷозати таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор таҳсилоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакиро фош кардани шахсе, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз фош накардани онҳо огоҳонида шуда буд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 362. Ҳаракати ғайриқонунӣ нисбати молу мулке, ки рўйхат шудааст, ё ба вай ҳабс гузошта шудааст, ё ин ки мусодира карда мешавад

 

1) Молу мулки рўйхат шуда ё ба он ҳабс гузошташударо исроф намудан, бегона ё пинҳон кардани шахсе, ки молу мулки мазкур ба вай бовар карда супурда шуда буд, ҳамчунин аз тарафи хизматчиёни ташкилотҳои кредитӣ ба амал баровардани амалиётҳои бонкӣ ба воситаҳои пулӣ (пасандозҳо), ки ба онҳо ҳабс гузошта шуда буд, –

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо , ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Пинҳон ё азони худ кардани молу мулке, ки бо ҳукми суд мусодира карда мешавад, ҳамчунин бо тарзи дигар саркашӣ кардан аз иҷрои ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд оиди таъмини мусодираи молу мулк, –

бо чарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 363. Иҷро накардани ҳукми суд, ҳалномаи  суд ё санади дигари судӣ

 

Ҳукм, ҳалнома ё санади дигари эътибори қонунӣ пайдонамудаи судро қасдан иҷро накардани намояндаи ҳокимият, хизматчии давлатии хизматчии мақоми худидораи маҳаллӣ, инчунин хизматчии муассисаи давлатӣ, ташкилоти тиҷоратӣ ё дигар ташкилот, инчунин ба иҷрои онҳо монеъ шудан,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 364. Саркашӣ аз адои ҷазои маҳрум  сохтан аз озодӣ

 

Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ саркашӣ кардани шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки ба ў барои аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати кўтоҳ сафар  кардан иҷозат дода шудааст  ё иҷрои ҳукм дар мавриди татбиқи ҷазо мавқуф гузошта шудааст баъд аз ба охир расидани мўҳлати иҷозати рафтан ё мўҳлати мавқуф гузошта шуда, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 365. Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ

 

1) Аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ гурехтани  шахсе, ки ҷазоро адо мекунад ё дар ҳабси пешакӣ мебошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон;

б) бо зўроварии барои ҳаёт ё саломатии шахсони дигар хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ;

в) бо истифодаи силоҳ ё предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад. (қҷт аз 17.05.04 с., №35)

 

Эзоҳ: Шахсе, ки дар мўҳлати се рўз ихтиёрӣ,  ба ҷойҳои маҳрум аз озодӣ ё ба ҳабси пешакӣ бармегардад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гурехтан озод када мешавад, агар дар ҳаракатҳои ин шахс таркиби ҷиноятҳои дигар набошад.

 

ФАСЛИ XIV. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ 

БОБИ 33. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ХИЗМАТИ  ҲАРБӢ

 

Моддаи 366. Мафҳуми ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ

 

1) Ҷиноятҳои муқобили хизмати ҳарбӣ – он ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин боб эътироф карда мешаванд, ки ба муқобили тартиботи муқарраргардидаи адои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар асоси даъват ё  ба тартиби ихтиёрӣ дар Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, содир шудаанд, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандони дар эҳтиётбуда, ҳангоми гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ё шахсони, ки мутобиқи қонунҳои ҷорӣ мақоми хизматии ҳарбӣ доранд, содир шудаанд.

2) Шахсоне, ки дар ҳамин модда зикр нашудаанд, барои шарикӣ дар ҷиноятҳои муқобили хизмати ҳарбӣ аз  рўи моддаҳои дахлдори ҳамин Кодес ба сифати ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 367 бо қҷт аз 17.05.04 с., №35 хориҷ карда шудааст

 

Моддаи 368. Иҷро накардани фармон

1) Аз ҷониби зердаст иҷро накардани фармони мутобиқи тартиби муқарраршуда додаи сардор, ки ба манфиати хизмат зарари ҷиддӣ расонидааст ба истиснои ҳолатҳои иҷро накардани фармони баръало ҷиноятӣ,-

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол  ё бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки дар вазъияти чангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 369. Муқобилият ба  сардор ё маҷбур кардани ў ба вайрон кардани вазифаҳои хизматӣ

 

1) Муқобилият нишон додан ба сардор ё ба шахси дигаре, ки  иҷрои вазифаҳои сардор ба ўҳдааш гузошта шудааст, ҳамчунин барои вайрон кардани ин вазифаҳо маҷбур сохтани ў, ки бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он алоқаманд аст,-

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол ё  нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи шахсон, гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил;

б) бо истифодаи силоҳ техникаи ҷангӣ ё моддаҳои тарканда;

в) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ содир

шудааст ва ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдор, ки дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 370. Истифодаи зўроварӣ дар ҳаққи сардор

 

1) Лату кўб ё истифодаи шакли дигари зўроварӣ ба сардор вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбии ў  ё ҳангоми иҷрои ин вазифаҳо, –

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол ё  нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи шахсон, гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил;

б) бо истифодаи силоҳ;

в) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ содир шудааст ва ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шудаанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 371. Таҳдид ба сардор

 

1) Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломатӣ ё таҳдиди лату кўби  сардор дар ҳолати мавҷудияти асосҳои кофӣ, барои амалӣ шудани ин таҳдид бинобар вазифаҳои хизмати ҳарбиро иҷро кардани вай, –

нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони чанг содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 372. Таҳқири хизматчии ҳарбӣ

 

1) Аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ таҳқир намудани хизматчии ҳарбии дигар ҳангоми иҷрои вазифа ва ё вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ, –

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то шаш моҳ ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Сардорро таҳқир кардани зердаст, ҳамчунин таҳқири зердаст аз ҷониби сардор ҳангоми иҷрои вазифа ё вобаста ба иҷрои вазифаи хизмати ҳарбӣ, –

бо маҳдуд кардани хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то як сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад. 

 

Моддаи 373. Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо

 

1) Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ки дар таҳқири мунтазам, паст задани шаъну эътибор, шиканҷа, расонидани зарари сабук  ба саломатӣ, ки боиси бад шудани саломатӣ гардидааст ё дар ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ зоҳир мегардад, –

бо нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) нисбати ду ва зиёда шахсон;

в) аз ҷониби гурўҳи шахсон, гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил;

г) бо истифодаи силоҳ;

д) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ содир шудааст ва ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 374. Худсарона тарк кардании қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмат

 

1) Худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмат, ҳамчунин бидуни сабабҳои узрнок сари вақт барнагаштан ба хизмат пас аз рухсатӣ аз қисми ҳарбӣ, рўҳсати меҳнатӣ, ҳангоми таъин кардан ё гузаронидан бо дигар ҷой ба хизмат, ё ба дигар хизмат гузаронидан, ё аз сафари хизматӣ бар нагаштан, ё аз муассисаҳои табобати, ки зиёда аз се  шабонарўз, вале на зиёда аз даҳ шабонарўзро дар бар мегирад аз ҷониби хизматчиёни ҳарбие, ки тибқи даъват хизмат мекунанд, инчунин саркашӣ кардан аз хизмат ба ҳамин мўҳлат бо роҳи пешкаш намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё шаклҳои дигари фиреб, –

бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ мўҳлати ҷазоро адо мекунад, содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё ҷои хизмат аз ҷониби хизматчии хизмати ҳатмии ҳарбӣ, шахси ҳайати афсарӣ, прапорщик, ё хизматчие, ки бо тартиби ихтиёрӣ  адои хизмат мекунад, инчунин барнагаштан ба хизмати ҳарбӣ дар вақти муайяншуда бе сабабҳои узрнок, зиёда аз даҳ шабонарўз, вале на бештар аз як  моҳ инчунин саркашӣ кардан аз хизмати ҳарбӣ ба ҳамин мўҳлат бо роҳи пешкаш намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё шаклҳои дигари фиреб,-

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ  ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

4) Худсарона тарк кардани қисмҳои ҳарбӣ ё маҳали хизмат, ё бе сабабҳои узрнок сари вақт барнагаштан ба маҳали хизмат зиёда аз даҳ шабонарўз, инчунин саркашӣ кардан аз хизматбо мўҳлати зикргардида бо роҳи пешниҳод намудани ҳуҷатҳои қалбакӣ, ё шаклҳои дигари фиреб, аз ҷониби хизматчии ҳарбие, ки дар қисми ҳарбии интизомӣ мўҳлати ҷазоро адо менамояд, содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то чор сол ҷазо дода мешавад. 

 5) Худсарона тарк карданиқисмҳои ҳарбӣ ё маҳали хизмат, инчунин бе сабабҳои узрнок сари вақт барнагаштан ба маҳали хизмат зиёда аз як моҳ аз ҷониби дар кисмҳои якум ё сеюми  ҳамин модда зикргардида, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ  сол ҷазо дода мешавад. 

6) Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти ҷанг ё замони  ҷанг ,сарфи назар аз давомнокии он содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Хизматчии  ҳарбии кирдори дар дар кисмҳои якум, дуюм, сеюм,  чорум ва панҷуми  модди мазкур пешбинишударо бори аввал содир карда, агар худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ бо сабаби пеш омадани шароитҳои вазнин содир шуда бошад, метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад.

 

Моддаи 375. Фирор

 

1) Фирор, яъне худсарона аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат баромада рафтани хизматчии ҳарбии дар асоси даъват адои хизмат кардаистода бо мақсади саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ, инчунин бо ҳамин мақсад барнагаштан дар вақти муайяншуда,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар аз ҷониби шахси ҳайати афсарӣ, прапорщик, ё хизматчии ҳарбие, ки бо тартиби ихтиёрӣ адои  хизмат мекунад содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

3) Фирор бо силоҳ, ки дар ҷои хизмат бовар карда супурда шудааст, инчунин фирор аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Фироре, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати  аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Хизматчии ҳарбие, ки мутобиқи кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бори аввал фирор кардааст, агар ихтиёран дар мўҳлати се рўз омада ба гуноҳаш иқрор шавад ва ё фирор аз сабаби ба миён омадани шароитҳои вазнин содир шуда бошад, метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад.

 

Моддаи 376. Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар

 

1) Саркашии хизматчии ҳарбӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи расонидани зарар ба худ (узвмаибкунӣ), ё саркашӣ бо роҳи бемории сохта ва ё фиреби дигар,-             

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол, ё равон кардан ба қисмҳои ҳарбии интизомӣ  ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдор, ки дар вазъияти ҷанг ё дар замони ҷангӣ содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 377. Вайронкунии қоидаҳои баҷооварии  навбатдории ҷангӣ

 

1) Вайронкунии қоидаҳои баҷооварии навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ) оид ба сари вақт ошкор намудан ва зада гардонидани ҳуҷуми нигаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оид ба таъмини амнияти он, агар ин кирдор ба манфиатҳои амнияти давлат зарар расонидааст ё метавонист зарар расонад, –

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст ё дар вазъияти ҷангӣ ё замони чанг содир шуда бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ  сол ҷазо дода мешавад.

3) Вайрон кардани қоидаҳои ба ҷо овардани навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ) дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба хизмат, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст,-

бо маҳдуд кардани дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 378. Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо  овардани хизмати сарҳадӣ

 

1) Вайронкунии қоидаҳои  ба ҷо овардани хизмати сарҳадӣ, аз ҷониби шахси дар хизмати наряди сарҳадӣ буда ё иҷрокунандаи дигар вазифаҳои хизмати сарҳадӣ, агар ин кирдор ба манфиатҳои амнияти давлат зарар расонидааст ё метавонист зарар оварад,-

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки боиси рўй додани оқибатҳои вазнин гардидааст ё дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,-

бо  маҳрум сохтан аз  озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмати сарҳади дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба онҳо, ки сабаби оқибатҳои вазнин шудааст,-

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 379. Вайронкунии қоидаҳои оинномавии хизмати қаровулӣ

 

1) Вайронкунии қоидаҳои оинномавии хизмати қаровулӣ (посбонӣ) аз ҷониби шахси ба ҳайати қаровулӣ (посбонӣ) дохилшуда, агар ин кирдор боиси ба объектҳои аз ҷониби қаровул (посбон) муҳофизатшаванда расонидани зарар гардидааст,-

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол,  ё бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки боиси рўй додани оқибатҳои вазнин гардидааст ё дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Вайронкунии хизмати оинномавии қаровулӣ (посбонӣ), дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба онҳо, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 380. Вайронкунии қоидаҳои оинномавии ба ҷо овардани хизмати дохилӣ ва гардиши посбонон дар гарнизон

 

Вайронкунии қоидаҳои оинномавии хизмати дохилӣ  аз ҷониби   шахси ба ҳайати наряди шабонарўза дохилбуда, ҳамчунин вайронкунии қоидаҳои оинномавии гардиши посбон дар гарнизон аз ҷониби шахси ба ҳайати наради посбонон дохил буда, агар ин кирдор боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол, ё бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 381. Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмат оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини  амнияти  ҷамъиятӣ

 

1) Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмат оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ё таъмини амнияти ҷамъиятӣ, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар расонида бошад,-

бо маҳдуд  кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол,  ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 382. Ихтиёран додани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ва техникаи ҷангӣ аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ

 

Ихтиёран ба шахси дигар додани силоҳи оташфишон,  лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё техникаи ҷангӣ аз  ҷониби хизматчии ҳарбӣ, ки ба ў ин чизҳо барои истифодаи хизматӣ бовар карда супурда шудааст ва агар он боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 383. Воситаҳои бурдани ҷангро ба душман таслим намудан ё он воситаҳоро партофта рафтан

 

Қувваҳои ҳарбӣ ба ў бовар карда супоридашударо ба душман таслим намудани сардор, инчунин бе зарурияти вазъияти ҷанг истеҳком, техникаи ҷангӣ ё дигар воситаҳои бурдани ҷангро ба ихтиёри душман партофта рафтани сардор, ки вай ин ҳаракатҳоро бе мақсади ба душман ёрӣ расондан содир карда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати  аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 384. Худсарона баромада рафтан аз майдони ҷанг ё саркашӣ кардан аз кор фармудани силоҳ

 

Дар вақти ҷанг худсарона баромада рафтан аз майдони ҷанг ё ки дар вақти ҷанг саркашӣ кардан аз кор  фармудани силоҳ,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 385. Бо ихтиёри худ таслим шудан  ба асирӣ

 

Аз сабаби тарсончакӣ ё беҷуръатӣ бо ихтиёри худ таслим шудан ба асирӣ,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 386. Несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ҳарбӣ

 

1) Несту нобуд ё вайрон кардани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҳарбӣ дар натиҷаи беэҳтиётӣ, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал ё бо маҳдуд  кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҳарбӣ,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 387. Вайронкунии қоидаҳои муносибат  бо силоҳ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад

 

1) Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи радиоактивӣ, моддаҳои тарканда ё дигар маводу асбобу анҷоме, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расидани зарари вазнин ё миёна ба саломатии ҷабрдида, нобуд шудани техникаи ҳарбӣ ё ба дигар оқибатҳои вазнин оварда расонида бошад,-

бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки  аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда ҷабрдидагон гашта бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 388. Барбод додан ё гум кардани молу мулки ҳарбӣ

 

1) Барбод додан, яъне аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ фурўхтан, ба истифода додан, ба шахси дигар ё ба гарав мондани сарулибос ё асбобу анҷомҳои ҳарбие, ки бо ў барои истифодабарии шахсӣ дода шудаанд, инчунин дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои сариштакунӣ гум ё вайрон кардани чизҳои мазкур,-

бо чарима ба андозаи дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё бо нигоҳ доштан дар қисмҳоии ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2) Вайронкунии қоидаҳои сариштакунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҷангӣ, ки барои истифодаи хизмати боваркарда супорида шудааст, агар ин сабаби гум шудани онҳо гардида бошад,-

бо ҷарима ба андозаи  аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисмҳои интизомӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

3) Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинӣ шуда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 389.  Вайронкунии қоидаҳои ронандагӣ  ё истифодабарии мошинҳо

 

1) Вайронкунии қоидаҳои ронандагӣ ё истифодабарии мошинҳои ҷангӣ, махсус ё дигар нақлиёте, ки аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии ҷабрдида расонидани зарари вазнин ё миёна гашта бошад,-

бо  нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори дар банди якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда ҷабрдидагон гашта бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз чор то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 390. Вайронкунии қоидаҳои парвоз  ё тайёрӣ ба он

 

Вайронкунии қоидаҳои парвоз ё ин ки тайёрӣ ба он, инчунин вайронкунии қоидаҳои истифодабарии аппаратҳои парвозкунанда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибаҳои вазнин гардида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 391. Сўиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият

 

1) Сўиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Ҳамин кирдорҳо, агар боиси расонидани зарари миёна ё вазнини ба саломати инсон гардида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдорҳо, агар:

а) аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон;

б) боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 392. Муносибати хунукназарона  ба хизмат

 

1) Иҷро накардан ё  иҷрои  номатлуби  вазифаҳои  хизматии худ аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор дар натиҷаи муносибатҳои беэҳтиётона ё беинсофона ба онҳо, ки боиси  расондани зарар ба миқдори калон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,-

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то панҷ  сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор,  агар дар  вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 393. Тасарруфи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҷангӣ

 

1) Тасарруфи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё дигар молу мулки ҷангӣ, ки дар анборҳои ҳарбӣ ё дигар анборҳо, дар истифодаи хизматӣ ё дар дасти дигар хизматчиён маҳфузанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

2 ) Тасарруфе, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифодаи зўроварӣ, ки ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок нест ё таҳдиди чунин зўроварӣ содир гардидааст;

г) ба миқдори калон ё боиси оқибатҳои вазнин гардидааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол  ҷазо дода мешавад.

3) ) Тасарруфе, ки:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) ба миқдори  махсусан калон;

в) бо истифодаи зўроварии ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ содир гардидааст, –

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк  ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 394 бо қҷт аз 2.12.02 с., № 64 хориҷ карда шудааст

 

  ФАСЛИ XV. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ СУЛҲУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ 

БОБИ 34. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ СУЛҲУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ

 

Моддаи 395. Ҷанги таҷовузкорона

 

1) Ба нақша гирифтан ё тайёр кардани ҷанги таҷовузкорона,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ба мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

2) Оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 396. Даъвати оммавӣ барои сар кардани ҷанги таҷовузкорона

 

1) Даъвати оммавӣ барои сар кардани ҷанги таҷовузкорона,

– бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки бо истифода аз  воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет ё аз ҷониби шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати   то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Рўйхати шахсоне,  ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол  мекунанд, бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад.

 

Моддаи 397. Истеҳсол ё паҳн намудани силоҳи қатли ом

 

Ғайриқонунӣ сохтан, истеҳсол, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, ирсол ё ба соҳибияти каси дигар додани силоҳи зарравӣ (ядроӣ), нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ, инчунин намуди дигари силоҳи қатли оми бо шартномаи байналмилалӣ манъшуда, ҳамчунин ба ҳар давлати силоҳи зарравӣ надошта додани маводи ибтидоӣ ё махсуси таҷзияшаванда ё технологияе, ки баръало барои бунёди силоҳи қатли ом истифода шуда метавонанд, ё ба ҳар гуна шахс додани намудҳои дигари силоҳи қатли ом ё қисматҳои  барои истеҳсоли он зарурбудае, ки бо шартномаҳои байналмилалӣ манъ гардидаанд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330),

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 398. Геноцид

 

Кирдорҳое, ки ба пурра ё қисман маҳв сохтани гурўҳи миллӣ, этникӣ, нажодӣ ё динӣ бо роҳи пурра ё қисман қир кардани онҳо, зўроварона монеъ шудан ба таваллуди кўдак равона гардидаанд, ё аз як гурўҳи одамон ба дигаре додани кўдакон, расонидани зарари вазнин ба саломатии онҳо ё фароҳам овардани чунин шароити зиндагие, ки ба нобудкунии ҷисмонии аъзои ин гурўҳ нигаронида шудаанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 399. Биоцид

 

Истифодаи силоҳи зарравӣ, нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ),  иқлимӣ ё силоҳи дигари қатли ом бо мақсади нобуд кардани мардум ва муҳити  зист,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 400. Экоцид

Маҳви оммавии олами наботот ё ҳайвонот,  заҳролудкунии атмосфера ё захираҳои об, инчунин анҷоми кирдорҳои дигаре, ки фалокати экологиро ба вуҷуд оварда метавонанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 401. Зархаридӣ

 

1) Ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё нисбати ноболиғ содир намудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

3) Иштироки зархарид дар задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

 

Эзоҳ: Шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гирифтани подоши моддӣ амал мекунад, шаҳрванди давлате намебошад, ки дар задухўрдҳои муссалоҳона ё амалиёти  ҷангӣ иштирок мекунад,  дар ҳудуди он сукунати доимӣ надорад, ба ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи давлате, ки дар ҳолати ҷанг қарор дорад, шомил намебошад ва барои иҷрои вазифаҳои расмӣ дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлати дигар фиристода нашудааст.

 

Моддаи 4011. Ҷалб ва иштироки гайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо

 

Ҷалби гайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин иштироки гайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

(ҚҶТ аз 26.07.14с., №1088)

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1176)

 

Моддаи 402. Ҳамла ба шахсон ва муассисаҳои таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта

   (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

1) Ҳамлаи қасдона ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ў истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсоне, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бинобар мақоми расмии онҳо ё бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Таҳдиди бо ҳамлаи дар қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар:

а) бо ҳуҷуми мусаллаҳона; 

б) аз тарафи гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад;

в) боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.(ҚҶТ аз 13.06.13с., №966)

 

Моддаи 403. Барқасдона вайрон  кардани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ки дар ҷараёни низои мусаллаҳона содир  шудааст

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

1) Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои байналхалқии ҳуқуқи башар, ки дар вақти низои мусаллаҳонаи байналхалқӣ ё дохилӣ содир шудааст, яъне ҳамла ба аҳолии мулкӣ ё шахсони алоҳидаи мулкӣ, ҳуҷуми дорои хусусияти интихобнагардида, ки ба манфиати аҳолии мулкӣ, ё иншооти мулкӣ дахолат мекунад, ҳуҷум ба дастгоҳҳо ё иншооте, ки дорои нерўи хавфнок мебошад, ҳуҷум ба шахсе, ки иштироки худро дар амалиёти ҷангӣ қатъ кардааст, ба манбаи ҳуҷум қарор додани маҳалли муҳофизатнашаванда ва минтақаҳои ғайринизомӣ гардонидашуда, аз байн бурдан ё осеб расонидан ба ёдгориҳои таърихӣ, асарҳои санъат ё маҳалҳои адои расму русуми динӣ, ки ёдгории фарҳангӣ ё манъанавии халқҳо мебошад, аҳдшиканона истифода бурдани нишонаҳои фарқкунандаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва дигар нишонаҳои ҳимоявӣ ва бонгҳое (ишоратҳое), ки мутобиқи ҳуқуқи байналмилалии башар эътироф шудааст, аз ҷониби давлати забткунанда аз як ҷо ба ҷои дигар интиқол додани қисми аҳолии мулкӣ ба ҳудуде, ки аз ҷониби он забт шудааст ё депортацияи он ё интиқол додани як қисм ё тамоми аҳолии ҳудуди забтшуда дар доираи ҳамин минтақа ё берун аз ҳудуди он,  беасос дароз кардани мўҳлати репатриацияи асирони ҳарбӣ ё шахсони мулкӣ, истифодаи амалияи апартеит ё дигар кирдорҳои ғайрибашардўстона ё пастзананда, ки шаъни шахсиятро таҳқир мекунад ва ба дискриминацияи нажодӣ асос ёфта ва боиси марг гардидааст ё зарари назаррас ба ҳолати ҷисмонӣ ё рўҳии ҳама гуна шахс зарари ҷиддӣ расонидааст ё зиёни калон ворид намудааст, (қҷт аз 17.05.04 с., №35; ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330)

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башар, ки дар вақти мухолифати мусаллаҳонаи байналмилалӣ ё дохилӣ содир шуда, ба муқобили шахсоне равона гардидааст, ки дар амалиёти ҳарбӣ иштирок намекунад ё дорои воситаи ҳимоя намебошанд, инчунин ба муқобили захмиён, беморон, ҳамчунин ба муқобили ҳайати шахсии табибон ва рўҳониён, қисмҳои санитарӣ ё воситаи нақлиёти санитарӣ, муқобили асирони ҳарбӣ, шахсони мулкӣ, аҳолии мулкӣ, ки дар минтақаҳои забтшуда ё дар минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ қарор доранд, ба муқобили гурезаҳо ва апатритҳо, ҳамчунин ба муқобили дигар шахсоне, ки ҳангоми амалиёти ҳарбӣ аз ҳимоя истифода мебаранд ва он дар кирдорҳои зайл ифода ёфтааст (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330):

а) қину азоб додан ё муомилаи ғайриинсонӣ, ки таҷрибаҳои биологии ба одамон татбиқ карда шударо дар бар мегирад;

б) расонидани азобу шиканҷаи вазнин ё амале, ки ба ҳолати ҷисмонӣ ва рўҳӣ таҳдид мекунад;

в) маҷбур намудани асири ҳарбӣ ё шахси  пуштибонро ба хизмат ба қувваҳои мусаллаҳи рақиб; (қҷт аз 17.05.04 с., №35)

г) маҳрум кардани асири ҳарбӣ ё шахси  дигари пуштибонро аз ҳуқуқи мурофиаи судии беғараз ва мўътадил; (қҷт аз 17.05.04 с., №35)

д)  депортация ё бадарғаи ғайриқонунӣ ё дастгир кардани шахсони таҳти  пуштибон қароргиранда; (қҷт аз 17.05.04 с., №35)

е) гаравгонгирӣ;

ж) худсарона расонидани харобкориҳо ба миқьёси калон ё аз худ кардани молу мулке, ки аз нуқтаи назари ҳарбӣ зарур нестанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 404. Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башар, ки дар вақти мухолифати мусаллаҳонаи байналмилалӣ ё дохилӣ бо таҳдид ба саломатӣ содир шудаст ё боиси осеби ҷисмонӣ гардидааст

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

Нисбати шахсоне, ки дар таҳти ҳокимияти тарафи муқобил қарор доранд, шахсони дастгиршуда ё бо ин ё он сабаб аз озодӣ маҳрум шуда, истифода бурдани ҳама гуна навъи амалиёти тиббӣ, ки мутобиқи вазъи саломати шахсони зикргардида ба он зарурат надоранд ва он ба меъёрҳои умумиқабулгардидаи тиббӣ, ки ҳангоми ҳолатҳои аз ҷиҳати тиббӣ шабеҳ нисбат ба шаҳрвандони давлате, ки чунин амалро анҷом медиҳанд истифода бурда мешаванд,  мувофиқ нестанд, аз ҷумла ҳатто бо розигии онҳо нисбат ба чунин шахсон истифода бурдани амале, ки боиси осеби ҷисмонӣ гардидааст, гузаронидани таҷрибаҳои тиббӣ ё илмӣ, амалиёт оид ба ҷудо карда гирифтани бофтаҳо ё узв барои ба дигар кас шинонидани онхо,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 405. Дигар қонуншиканиҳои меъёри байналмилалии ҳуқуқи башар

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

Ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 403 ва 404 ҳамин Кодекс, толонгарӣ, яъне дар вазъияти ҷангӣ соҳиб шудан ба молу мулки шахсони фавтида ё захмиён, ҳамчунин молу мулки шаҳрвандон, ки дар минтакаҳои амалиёти ҳарбӣ монда шудаанд, истифоди шахсони зикргардида барои аз амалиёти ҳарбӣ ҳимояи қувваҳои худ ё иншоот, дар амалиёти ҳарбӣ ё мухолифати мусаллаҳона истифода бурдани восита ва маводе, ки тибқи шартномаҳои байналмилалӣ манъ шуданд, истифодаи силоҳи қатли ом, ки мутобиқи шартномаи байналмилалӣ манъ шудааст (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1330),

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                       Э.Раҳмонов

 

г. Душанбе

21 маи соли 1998, №574

 

 

(Ба ҳамин Кодекс бо Қонуни ҶТ аз 17.05.04 с., № 35 замимаи № 1 илова шуд)

 

Замимаи № 1

 

Номгўй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӢ ва прекурсорҳои дар муомилоти ғайри қонунӢ буда

 

Ҷадвали №1

 

Номгўи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ Миқдори начандон калон, «зиёда аз» – «то (ҳамчунин)» Миқдори начандон калон, «зиёда аз» – «то (ҳамчунин)» Миқдори калон «зиёда аз»- «то (ҳамчунин)» Миқдори махсусан калон «зиёда аз»
1 2 3 4 5 6
1. Бангдона (Каннабис)
Ниҳоли бангдона 5-10 ниҳол 10-50 ниҳол 50-500 ниҳол 500 ниҳол
Бангдонаи нохушконда 500-1000 гр 1-5кг. 5кг. – 50 кг. 50 кг.
Бангдонаи хушконда 100-200 гр. 200-1000 гр. 1-10 кг. 10 кг.
Ҳашиш (гул, гулбарг ва меваи бангдона ба ғайр аз тухмии он). 20-100 гр. 100-500 гр. 500гр. – 5кг. 5 кг.
Шираи бангдона (чарс) 10-25гр. 25-125 гр. 125гр.-1кг. 1 кг.
Равғани ҳашиш 10-25гр. 25-125гр. 125гр. -1кг. 1 кг.
2. Кўкнор
Ниҳоли кўкнор 10-25 ниҳол 25-125 ниҳол 125-1250 ниҳол 1250 ниҳол
Омехтаи поя, баргҳо тухмдон (кўрак) ва дигар қисмҳои ниҳоли кўкнори нохушконда 100-500 гр. 500 гр. -2,5кг. 2,5-25 кг. 25кг.
Омехтаи поя, баргҳо, тухмдон (кўрак) ва дигар қисмҳои ниҳоли кўкнори хушконда 20-100гр. 100-500гр. 500г.-5кг. 5кг.
Қиём, шира, ҷўшондаи кўкнор, инчунин бо роҳи истеҳсоли косибӣ 20-100 мл. 100-500 мл. 500мл.-5л. 5 л.
Афюн 5-100гр. 100-1000гр. 1-10 кг. 10 кг.
3. Кока
Ниҳоли кока 1-ниҳол 1-5 ниҳол 5-50 ниҳол 50 ниҳол
Баргҳои кокаи нохушконда 500 гр. 500 гр. -2,5кг 2,5-25 кг. 25 кг.
Баргҳои кокаи хушконда 100 гр. 100-500 гр. 500 гр. -5 кг. 5 кг.
Хамираи кока 25 гр. 25-125 гр. 125 гр -1 кг. 1 кг.
4. Ҳосилаи  табиӣ ва сунъии морфинмонанд, ки дар тиб истифода намешаванд
Атсеторфин 0,5-10 гр. 10-100 гр. 100-1000гр. 1000 гр.
Дезоморфин 0,5-10 гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Эторфин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000 гр.
Героин (диатсетилморфин) 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
5. Ҳосилаҳои фентанил, ки дар тиб истифода намешаванд
Альфа-метилфентанил 0,0002-0,01 гр. 0,01-01гр. 0,1-1,0 гр. 1,0 гр.
МППП(МРРР) 0,0002-0,01 гр. 0,01-0,1гр. 0,1-1,0гр. 1,0гр.
Тиофентанил 0,0002-0,01 гр. 0,01-0,1гр. 0,1-1,0гр. 1,0гр.
6. Моддаҳои гурўҳи амфетаминҳо, ки дар тиб истифода намешаванд
Катинон 0,02-1,0гр. 1,0-10гр. 10-100гр. 100гр.
МДМА(МDМА) 0,02-1,0гр. 1,0-10гр. 10-100гр. 100гр.
Тенамфетамин 0,02-1,0гр. 1,0-10гр. 10-100гр. 100гр.
7. Лизергид(ЛСД) 0,02-1мг. 0,001-0,01г. 0,01-0,1гр. 0,1гр.
8. Тетрагидрокан-набинол, дигар изомерҳо ва шаклҳои стериохимиявиашон. 0,1 -10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
9. Ҳосилаҳои табиӣ ва сунъии морфинмонанд, ки дар тиб истифода мешаванд
Атсетилметадол 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Дигидроморфин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Димепгептанол (Метадол) 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Гидрокодон 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Гидроморфон 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Изометадон 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Метадон 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Морфин 0,5-10гр. 10-100 гр. 100-1000гр. 1000гр.
Норметадон 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Норморфин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Тебаин 0,5-10 гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Кодеин 1-10гр. 10-100гр 100-1000гр 1000гр.
Этилморфин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Норкодеин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Фолкодин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Тримеперидин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
10. Фентнаил 0,001-0,1гр. 0,1-1,0гр. 1,0-10гр. 10гр.
11. Маводҳои гурўҳи кокаин
Кокаин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Экгонин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
12. Маводҳои гурўҳи амфетамин, ки дар тиб истифода мешаванд
Амфетамин (фенамин) 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Катин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Метамфетамин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
13. Моддаҳои гурўҳи барбитуратҳо, ки дар тиб истифодаашон маҳдуд мебошад
Амобарбитал 2-100гр. 100-1000гр. 1кг. -10кг. 10 кг.
Сиклобарбитал 2-100гр. 100-1000гр. 1 кг. -10 кг. 10кг.
Пентобарбитал 2-100гр. 100-1000гр. 1кг.-10кг. 10кг.
14. Моддаҳои гурўҳи барбитуратҳо, ки дар тиб васеъ истифода мешаванд.
Аллобарбитал 5-100гр. 100-1000гр. 1кг.-10кг. 10кг.
Бутобарбитал 5-100гр. 100-1000гр. 1кг.-10кг. 10 кг.
Барбитал 5-100гр. 100-1000гр. 1 кг.-10кг. 10 кг.
Фенобарбитал 5-100гр. 100-1000гр. 1кг. -10кг. 10кг.
Секбутабарбитал 5-100гр. 100-1000гр. 1кг.-10кг. 10кг.
Глутетимид 10-100гр. 100-1000гр. 1кг.-10кг. 10кг.
Пентазотсин 2-100гр. 100-1000гр. 1 кг.-10кг. 10 кг.
15. Моддаҳои гурўҳи бензодиазепин, ки дар тиб васеъ истифода мешаванд
Алпразолам 0,1-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Бромазепам 0,6-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Хлордиазепоксид (Элениум) 1-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Клобазам 0,5-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Клоназепам 0,2-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Клоразепат (Транксен) 1,5-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5гр. 2,5 кг.
Клотиазепам 0,5-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5 кг.
Клоксазолам 0,5-25 гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5 кг.
Делоразепам 0,5-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5 кг.
Диазепам(Реланиум) 0,5-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Эстазолам 0,2-25 гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5 кг.
Флунитразепам 0,1-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг 2,5кг.
Лоразепам 0,2-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Медазепам (Мезапам) 1-25 гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Нитразепам (Радедорм) 1-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Оксазепам(Тазепам) 1-25гр. 25-250гр. 250гр.- 2,5кг. 2,5 кг.
Темазепам 1-25 гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5 кг.
Тетразепам 5-25 гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5 кг.
Триазолам 0,05-25гр. 25-250гр. 250 гр. -2,5кг. 2,5 кг.
16. Мепробамат 40-100 гр. 100-1000гр. 1-10 кг. 10 кг.

 

ЭЗОҲ:

1.Ба воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ он восита ва моддаҳое, ки ба номгўи мазкур дохил нагардиданд, вале ба Рўйхатҳои Конвенсияи СММ ва Рўйхати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё баъди нашри Номгўи мазкур ба таври иловагӣ ба Рўйхатҳои Конвенсияи СММ ва Рўйхати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррар гардида дохил карда шудаанд, дар вобастагӣ ба гурўҳҳои пешбининамуда, мансуб мебошанд.

2.Дар номгўи мазкур вуҷуд надоштани номи воситаи нашъадор, моддаи психотропӣ ё ин, ки мувофиқан синоними онҳо, маънои онро надорад, ки ин восита ё моддаи мазкур, ки номаш ба «Рўйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» баён шудааст, воситаи нашъадор, моддаи психотропӣ ба шумор намераванд. Дар ин ҳолат, онҳо ба яке аз гурўҳҳои дар номгў пешбинишуда дахл доранд ва мувофиқи он гурўҳ, банду баст карда мешаванд.

3.Ҳангоми ошкор намудани дока, пахта ё латтаи чабида бо воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, миқдорҳои онҳо аз рўи боқимондаи хушки экстраксияи моддаҳои мазкур бе қайди иловагиҳои нейтралӣ муайян карда мешавад.

 

МАФҲУМҲО

Воситаҳои нашъадор – маводи сунъи ё табиӣ, шаклҳои дорувории онҳо ва растаниҳое, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рўйхати милли айнан гурўҳбанд шудаанд.

Моддаҳои психотропӣ– маводи сунъӣ ё табиӣ, шаклҳои дорувории онҳо инчунин растаниҳое, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рўйхати миллӣ айнан гурўҳбанд шудаанд.

Доруворӣ – омехтаи моддаҳо дар ҳама гуна ҳолатҳои физикӣ ва шакли доруворӣ, ки дар таркибашон новобаста аз миқдорашон як ё якчанд воситаи нашъадор  ё моддаи психотропӣ  дорад (Ба истиснои моддаҳои дар Рўйхати  IV пешбинишуда).

Ниҳоли бангдона – (ҳама гуна ниҳолҳои гурўҳи Cannabis)

Бангдона – қисми болоии ниҳоли бангдона бо гулбарг, гул ва меваҳояш, ки аз онҳо  ширааш  ногирифта бошад.

Ҳашиш – омехтаи шираи махсус тайёрнамуда аз гард  ё қисми болоии  бангдона, ки новобаста аз шаклаш  (моеъ ё сахт ) дорои воситаи нашъадори канобиноид мебошад.

Равғани  ҳашиш – аз ҳама  гуна  намудҳои  растаниҳои  бангдона бо ҳар гуна маҳлулҳо ё равғанҳо бо роҳи ҷудо намудан (ҷабидан, экстрасия) пайдо намудани воситаҳои нашъадор.

Шираи бангдона – аз растании бангдона ҷудо намудани  шираи тоза кардашуда ё тозанокарда.

Омехтаи  хошоки кўкнор – аз омехтаи  хошоки  кўкнор  ҷудо намудани маводи омехтаи алколоидҳо, инчунин бо роҳи  косибӣ  тайёр намудани  доруворӣ, ҳаргуна номе, ки надошта  бошанд, аз нигоҳи ҳамин Маҷмўи номгў ба воситаҳои нашъадор мансуб дониста мешаванд.

 

Ҷадвали  № 2

 

Номгўи прекурсорҳо «Миқдори калон («зиёда аз-то» (ҳамчунин), кг». «Миқдори махсусан калон  (зиёда  аз), кг».
1 2 3 4
1. Кислотаи лизергин 0,0001-0,001 0,001

 

2. Посевдоэфедрин 0,03-0,3 0,3
3. 1-фенил-2-пропанон 0,04-0,4 0,4
4. Эргометрин (эргоновин) 0,01-0,05 0,05
5. Эрготамин 0,01-0,05 0,05
6. Эфедрин 0,03-0,3 0,3
7. N-кислотаи  ацетилантранил 0,3-3,0 3,0
8. Изосафрол 0,5-5,0 5,0
9. 3,4-метилендиоксифенил-2-пропанон 0,1-0,5 0,5
10. Приперональ 0,2-2,0 2,0
11. Сафрол 1,0-10 10,0
12. Гиёҳи эфедра (Ephedra eduisetina Bunge)

– нохушконда

– хушконда

 

2,5-12,5

2,0-10,0

 

12,5

10,0

13. Норэфедрин 0,03-0,3 0,3

 

Ҷадвали №3

 

Номгўи прекурсорҳо «Миқдори калон «зиёда аз-то» (ҳамчунин), кг». «Миқдори махсусан калон  (зиёда аз), кг».
1 2 3 4
1. Ангидриди кислотаи уксус 2,0-4,0 4,0
2. Кислотаи антранил 2,5-25,0 25,0
3. Атсетон 50,0-200,0 200,0
4. Пиперидин 0,2-2,0 2,0
5. Эфири этилӣ 20,0-200,0 200,0
6. Кислотаи атсетати  фенил (фенилуксус) 1,0-10,0 10,0
7. Метилэтилкетон 50,0-200,0 200,0
8. Перманганати калий 1,0-5,0 5,0
9. Кислотаи сульфат 100,0-500,0 500,0
10. Кислотаи хлорид 100,0-500,0 500,0
11. Толуол 50,0-200,0 200,0

 

ЭЗОҲ:

  1. Моддаҳои номбаршудаи ҷадвали 2 ва 3 дар зери назорати миллӣ қарор доранд (Номгўи 4 Рўйхати Миллии  воситаҳои  нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №390 аз 21.09 соли 2000 тасдиқ шудааст). Инчунин, онҳо (ғайр аз гиёҳи эфедра), дар зери назорати байналмилалӣ  қарор доранд (ба Ҷадвалҳои I ва II-и Конвенсияи соли 1988 СММ оид ба мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор  ва моддаҳои  психотропӣ дохил карда шудаанд). Ин моддаҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «прекурсорҳо» ном гирифтаанд. Прекурсорҳо – моддаҳое, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рўйхати Миллӣ  ҳамчун  асос ё ёрирасон барои истеҳсол, тайёр кардан  ва коркарди  воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ  гурўҳбанд шудаанд.
  2. Ба ҷадвали 1 моддаҳое, ки аз онҳо тайёр кардани воситаҳои нашъадор  ва моддаҳои  психотропӣ имконпазир аст, дохил  карда шудаанд. Ба Ҷадвали 2 моддаҳое, ки ба воситаи онҳо тайёр кардани воситаҳои  нашъадор  ва моддаҳои  психотропӣ имконпазир аст, дохил карда шудаанд. Дар муайянкунии андозаи прекурсорҳо тавсияҳо, корҳо ва маводи таҳсилотии Кумитаи байналмилалии назорати прекурсорҳо (Вена, Австрия), Кумитаи мубориза  бо нашъамандӣ ва нашъаҷаллобии Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Қазоқистон, актҳои қонунгузорӣ ва меъёрии Ташкилоти Давлатҳои Амрико (ОАГ), Иттиҳоди  Аврупо  (ЕС), Украина  истифода  шуданд. Инчунин, ҳангоми ҳисоби андозаҳои калон ва махсусан калони прекурсорҳо истифода  шуданд:  М.Д. Машковский  «Лекарственные средства», Вып. 2, Т.1. – 14-е изд., перераб. испр. и доп.- М.: ООО Изд-во  «Новая Волна», 2000.-540 с;  Прекурсоры (справочное пособие), сост-ль  Саидмурадов  Ш.Д.,  АКН.,  Изд-во  ГП «Востокредмет», 2001. 0 80 с.;  «Сборник руководств  по клинической  практике  для  службы  ПМСП  Республики Таджикистан», по ред. Профессора А. Ахмедова, Душанбе, 2002  г; Chemicals used in the clandesfine producfion of drugs/ U.S. Department of  Justice Drug Enforcement  Administration. 1997;  Merck Index, 11 th edition, Merck and Co.,Inc., United States America, 1989.
  3. Ҳангоми мусодира кардани прекурсорҳои моеъ, ки бо литр ифода ёфтаанд, гузаронидани онҳо ба моддаи сахт барои муайян кардани вазн бо килограмм, формулаи химиявии «зичи»-ро истифода мебаранд. Зичӣ ин массаи (вазни) модда дар воҳиди ҳаҷм мебошад. Поёнтар формулаи зичӣ оварда мешавад:

 

Зичи  (d) = масса (m)

ҳаҷм (v)

 

Воҳиди зичӣ, чун қоида, бо кг/л ё г/л ифода мешавад. Бо мақсади  якшаклӣ, дар ин тасниф ҳамаи зичиҳо бо кг/л  ифода мешаванд. Формулаи зичиро барои  ҳисоб кардани массаи модда ҳангоми муайян  будани ҳаҷм, ё ин  ки ҳаҷм  ҳангоми муайян будани  вазн  истифода мебаранд. Дар поён  мисолҳои  ҳисоб кардани  вазн  ва ҳаҷм  бо ин формула  оварда  мешаванд:

А) Агар  2500 литр  метилэтилкетон мусодира шуда бошад, вазни он бо меъёри килограмм (кг) чи қадар мешавад?

M=d x v;

  1. Зичии метилэтилкетонро ёбед. Он 0,81 кг/л-ро ташкил дод.
  2. 0,81 кг/л (d) зарби 2500 л. (v) тахминан ба 2025 кг. (m) баробар мешавад.
  3. Ҳамин тавр, 2500 л. Метилэтилкетон 2025 кг. вазн дорад. Дар поён зичии баъзе прекурсорҳо  оварда мешавад (дар асоси  маълумотҳо таҳсилотҳо оиди зичӣ, ки дар Merck Index, 11 th edition, Merck and Co., Inc., United States America, 1989, оварда  шудаанд):

 

Номгўи  прекурсорҳо Зичӣ, кг/л
1-фенил-2-пропанон 1,02
Изосафрол 1,12
3,4 метилендиоксифенил

-2-пропанон

1,20
Сафрол 1,10
Ангидриди кислотаи уксус 1,08
Атсетон 0,79
Пиперидин 0,86
Эфири этилӣ 0,71
Метилэтилкетон 0,81
Толуол 0,87
Кислотаи консентронидаи  сулфати   98% 1,84
Кислотаи  консентронидаи хлориди 38% 1,19

 

Барои муайян кардани андозаҳои кислотаҳои  сулфат ва хлорид, андозаҳои нишондодашуда ба кислотаҳои  консентронида  – кислотаи  сулфати  98%  ва кислотаи  хлориди  38%  дахл доранд. Ҳангоми  мусодира  намудани маҳлулҳои омехтаи ин кислотаҳо, муайян кардани  консентратсияи  фоизии ин маҳлулҳо ва гардондани миқдори кислотаи омехта ба миқдори кислотаи консентронида, ки барои тайёр  кардани ҳамин миқдор кислотаи омехта  лозим мебошад, зарур аст.

Мисол:

Ҳангоми мусодира  кардани 100 литр кислотаи  сулфати  25% (зичии кислота 1,18 кг/л), ҳисоб  кардани миқдори кислота  бо кг зарур аст.

 

Axdxc           А-миқдори кислотаи мусодирашуда бо кг;

Х= ———–;       d-зичии кислотаи  мусодирашуда бо кг/л;

98%            с-консентратсия кислотаи мусодирашуда бо %;

Х-миқдори кислота бо кг;

 

Axdxc            100 л х 1,18 кг/л  х   25%

Х=———-=—————————————-=30,1 кг кислотаи  сулфати  консентронида.

98%                            98%

 

***

 

 

Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Дар бораи қабули Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

 

  1. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

 

  1. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1961 “Дар бораи тасдиқ кардани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст, инчунин ҳамаи қонунҳое, ки дар давраи аз 17 августи соли 1961 то 21 маи соли 1998 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид кардаанд, аз рӯзи амалӣ гардидани Кодекси нав беэътибор дониста шаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 21 маи соли 1998

№ 574

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 9, моддаи 69)

 

 

***

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал қарор додани

Кодекси Ҷиноятии ҶумҲурии Тоҷикистон

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

 

  1. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расман нашр шуданаш аз 1 сентябри соли 1998 мавриди амал қарор дода шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қарор мӯҳлати дигари мавриди амал қарор доданро мукаррар кардааст.

 

2.Минбаъд то ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ кардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳукуқӣ дар қисме, ки онҳо ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, истифода карда мешаванд.

 

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳ:

а) таклифҳояшро доир ба мутобиқ намудани қонунгузории амалкунандаи ҷорӣ бо Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

б) қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонад.

 

  1. Бинобар он, ки дар асоси моддаи 13 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо қонуне, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, ҷазоро сабук месозад, инчунин ба тариқи дигар вазъи шахси ҷиноят содиркардаро беҳтар мекунад, кувваи бозгашт дорад, ҳукми судҳо ва дигар санадҳое, ки чораҳои хусусияти ҳукуқии ҷиноиро доранду то рӯзи амалӣ гардидани ҳамин Кодекс бароварда шудаанд, бо мақсади мутобиқ сохтани онҳо ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромада шаванд.

Аз нав дида баромадани ҳукмҳои судҳо ва дигар санадҳои судии қаблан бароварда шуда, аз ҷониби судяи суде, ки ҳукмро баровардааст ё суде, ки дар ҷои адои ҷазои маҳкумшуда ҷойгир аст, ба амал бароварда мешавад.

Ҳамаи парвандаҳои ҷиноятии оғозшуда оиди кирдорҳое, ки мутобиқи Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят эътироф нашудаанд, қатъ карда шаванд.

 

  1. Ҳолатҳои ҳамин Кодекс оиди намудҳои ҷазои махдуд кардани озодӣ ё ҳабс баъд аз ба мавриди амал қарор додани Кодекси ичроияи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода мешаванд, ҳангоми ба вучуд овардани шароитҳои зарурӣ оиди иҷрои ин намуди ҷазоҳо, вале на дертар аз 1 январи соли 2000.

 

  1. Ашхосе, ки мутобиқи моддаи 24 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон реседивисти махсусан хавфнок эътироф шудаанд, чазоро дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ дар калонияҳои ислоҳии низомашон махсус адо мекунанд.

 

Раиси

Маҷлиси Олии

Чумхурии Тоҷикистон                                                                                 С. Раҷабов

 

ш. Душанбе, 21 маи соли 1998

№ 575

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 9, моддаи 70)

 

***

 

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл

 

Маҷлиси намояндагон 2-юми июни соли 2004 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 8-уми июли соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 

Моддаи 1.

  1. Татбиқи ҷазо дар шакли ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104 қисми 2, 138 қисми 3, 179 қисми 3, 398 ва 399 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ва инчунин иҷрои ҷазои қатл ва дигар қоидаҳои вобаста ба он, ки дар моддаҳои 19, 21, 23, 25, 78, 100, 127, 129, 131, 133, 214-222 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, боздошта шавад.
  2. Дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати бисту панҷ сол муайян карда шавад.

 

Моддаи 2.

Қонуни мазкур аз 30 апрели соли 2004 мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                              Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 15 июли соли 2004

№ 45

(Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694, с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, №11, мод. 875; с. 2017, №2, мод. 2, мод. 3; Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 с., №1467)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …