Главная / Ҷамъият / КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ҚИСМИ I. ҚИСМИ УМУМӢ.. 16

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ.. 16

БОБИ 1. ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТӢ.. 16

Моддаи 1. Қонунгузорие, ки тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятиро муайян мекунад. 16

Моддаи 2. Вазифаҳои пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ. 16

Моддаи 3. Амали Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар макон. 17

Моддаи 4. Амали Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар замон. 17

Моддаи 5. Амали Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси. 17

Моддаи 6. Мафҳумҳои асосӣ. 17

БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАИ  ҶИНОЯТӢ.. 19

Моддаи 7. Татбиқи адолати судӣ. 19

Моддаи 8. Ҳифзи судӣ. 19

Моддаи 9. Қонуният ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ. 19

Моддаи 10. Эҳтироми шаъну шарафи шахс. 19

Моддаи 11. Дахлнопазирии шахсият. 20

Моддаи 12. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахс ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ. 20

Моддаи 13. Дахлнопазирии манзил. 20

Моддаи 14. Маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот, мухобирот, сирри шахсӣ ва. 20

Моддаи 15. Эҳтимолияти бегуноҳӣ. 20

Моддаи 16. Баробарӣ дар назди қонун ва суд. 21

Моддаи 17. Мустақилияти судяҳо. 21

Моддаи 18. Забони мурофиаи судии ҷиноятӣ. 21

Моддаи 19. Ошкоро  будани муҳокимаи судӣ. 21

Моддаи 20. Мубоҳиса ва баробарии тарафҳо. 21

Моддаи 21. Тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои кор. 21

Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи ҳимоя ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва. 22

Моддаи 23. Ҳуқуқи шикоят намудан аз амал ва қарорҳои мурофиа. 22

БОБИ 3. АСОСҲОИ РАД ВА ҚАТЪ НАМУДАНИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ  ҶИНОЯТӢ.. 22

Моддаи 24. Парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ, хусусӣ-умумӣ ва умумӣ. 22

Моддаи 25. Ҳуқуқи ҷабрдида ба иштирок дар таъқиби ҷиноятӣ. 23

Моддаи 26. Ӯҳдадории ба амал баровардани таъқиби ҷиноятӣ. 23

Моддаи 27. Ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро  истисно мекунанд. 23

Моддаи 28. Рад ва қатъ намудани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо озод кардани шахс аз. 24

Моддаи 29. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби пушаймонӣ аз кирдори худ. 24

Моддаи 30. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби оштӣ шудан бо ҷабрдида. 24

Моддаи 31. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби тағйир ёфтани вазъият. 25

Моддаи 32. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани мўҳлати ба. 25

ФАСЛИ II. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ.. 25

БОБИ 4. СУД.. 25

Моддаи 33. Судҳое, ки адолати судиро оид ба парвандаҳои  ҷиноятӣ амалӣ мекунанд. 25

Моддаи 34. Ҳайати суд. 25

Моддаи 35. Салоҳияти суд. 25

БОБИ 5. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТИЕ, КИ ТАЪҚИБИ ҶИНОЯТИРО АНҶОМ МЕДИҲАНД.. 26

Моддаи 36. Прокурор. 26

Моддаи 37. Ваколати роҳбари мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия. 27

Моддаи 38. Сардори воҳиди тафтишот. 27

Моддаи 39. Муфаттиш.. 27

Моддаи 40. Мақомоти таҳқиқ. 28

Моддаи 41. Сардори воҳиди таҳқиқ ва таҳқиқбаранда. 28

Моддаи 42. Ҷабрдида. 29

Моддаи 43. Айбдоркунандаи хусусӣ. 30

Моддаи 44. Даъвогари гражданӣ. 30

Моддаи 45. Намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ. 31

БОБИ 6. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ ҶИНОЯТИЕ, КИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ ХУД Ё НАМОЯНДАГИАШОНРО ҲИМОЯ МЕНАМОЯНД.. 31

Моддаи 46. Гумонбаршуда. 31

Моддаи 47. Айбдоршаванда. 32

Моддаи 48.  Намояндаи қонунии ноболиғ. 33

Моддаи 49. Ҳимоятгар. 33

Моддаи 50. Даъват, таъин ва иваз кардани ҳимоятгар. 33

Моддаи 51. Ҳатмӣ будани иштироки ҳимоятгар. 34

Моддаи 52. Даст кашидан аз ҳимоятгар. 34

Моддаи 53. Салоҳияти ҳимоятгар. 35

Моддаи 54. Ҷавобгари гражданӣ. 36

Моддаи 55. Намояндаи ҷавобгари гражданӣ. 36

БОБИ 7. ИШТИРОКЧИЁНИ ДИГАРИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ.. 37

Моддаи 56. Шоҳид. 37

Моддаи 57. Мутахассис. 37

Моддаи 58. Коршинос (эксперт) 38

Моддаи 59. Тарҷумон. 38

Моддаи 60. Шахси холис. 39

БОБИ 8. ҲОЛАТҲОЕ, КИ ИМКОНИЯТИ ИШТИРОКРО ДАР МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ ИСТИСНО МЕКУНАНД.. 39

Моддаи 61. Ҳолатҳое, ки иштироки судяро дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ истисно мекунанд. 40

Моддаи 62. Ҳолатҳое, ки иштироки такрории судяро дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ истисно. 40

Моддаи 63. Рад кардани судя. 40

Моддаи 64.  Тартиби ҳалли раддияе, ки нисбат ба судя арз шудааст. 40

Моддаи 65. Рад кардани прокурор. 41

Моддаи 66. Рад кардани муфаттиш ва таҳқиқбаранда. 41

Моддаи 67. Рад кардани котиби маҷлиси суд. 41

Моддаи 68. Рад кардани тарҷумон. 41

Моддаи 69. Рад кардани коршинос. 42

Моддаи 70. Рад кардани мутахассис. 42

Моддаи 71. Ҳолатҳое, ки иштироки ҳимоятгар, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё. 42

ФАСЛИ III. ДАЛЕЛҲО ВА ИСБОТ. 42

БОБИ 9. ДАЛЕЛҲО.. 42

Моддаи 72. Далелҳо. 43

Моддаи 73. Нишондоди шоҳид. 43

Моддаи 74. Нишондоди ҷабрдида. 43

Моддаи 75. Нишондоди гумонбаршуда. 43

Моддаи 76. Нишондоди айбдоршаванда. 43

Моддаи 77. Хулоса ва нишондоди коршинос. 43

Моддаи 78. Далелҳои шайъӣ. 44

Моддаи 79. Нигоҳ доштани далелҳои шайъӣ. 44

Моддаи 80. Мўҳлатҳои нигоҳ доштани далели шайъӣ. 45

Моддаи 81. Протоколи амали тафтишӣ ва маҷлиси суд. 45

Моддаи 82. Ҳуҷҷатҳои дигар. 45

Моддаи 83. Ба парванда ҳамроҳ кардан, нигоҳ доштан ва пасгардонидани ҳуҷҷат. 45

Моддаи 84. Истифодаи натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ. 45

БОБИ 10. ИСБОТ. 46

Моддаи 85. Ҳолатҳое, ки оид ба парвандаи ҷиноятӣ бояд исбот карда шаванд. 46

Моддаи 86. Ҷамъ овардани далел. 46

Моддаи 87. Тафтиши далелҳо. 46

Моддаи 88. Баҳодиҳии далелҳо. 47

Моддаи 881. Далелҳои ғайри қобили қабул. 47

Моддаи 89. Преюдитсия. 48

Моддаи 90. Ҳолатҳое, ки доир ба парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғон бояд муқаррар карда. 48

ФАСЛИ IV. ЧОРАҲОИ МАҶБУРКУНИИ МУРОФИАВӢ.. 48

БОБИ 11. ДАСТГИР КАРДАНИ ШАХС.. 48

Моддаи 91. Дастгир кардани шахс. 48

Моддаи 92. Дастгир кардан дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят. 49

Моддаи 93. Ҳуқуқи шаҳрванд ба дастгир кардани шахси ҷиноятсодиркарда  49

Моддаи 94. Тартиби дастгир намудани гумонбаршуда. 49

Моддаи 95. Дастгир кардани айбдоршаванда барои эълон кардани айб. 50

Моддаи 96. Дастгир кардани айбдоршаванда то ба ҳабс гирифтани ў дар асоси қарори мақомоти. 50

Моддаи 97. Дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ. 50

Моддаи 98. Тартиби дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда. 51

Моддаи 99. Озод кардани дастгиршуда. 51

Моддаи 100. Хабар додан дар бораи дастгиркунӣ. 51

БОБИ 12. ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ.. 51

Моддаи 101. Чораҳои пешгирӣ. 51

Моддаи 102. Асосҳои татбиқи чораҳои пешгирӣ. 52

Моддаи 103. Татбиқ ва мўҳлати амали чораи пешгирӣ дар ҳаққи гумонбаршуда. 52

Моддаи 104. Тартиби татбиқ намудан, тағйир додан ва ё бекор кардани чораи пешгирӣ. 52

Моддаи 105. Забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат. 53

Моддаи 106. Кафолати шахсӣ. 53

Моддаи 107. Таҳти назорати фармондеҳии қисми ҳарбӣ супоридани хизматчии ҳарбӣ. 53

Моддаи 108. Таҳти парасторӣ супоридани ноболиғи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё. 53

Моддаи 109. Гарав. 54

Моддаи 110. Ҳабси хонагӣ. 54

Моддаи 111. Ба ҳабс гирифтан. 55

Моддаи 112. Мўҳлати нигоҳ доштан дар ҳабс ва тартиби дароз кардани он  56

БОБИ 13. ЧОРАҲОИ ДИГАРИ МАҶБУРИИ МУРОФИАВӢ.. 57

Моддаи 113. Асосҳо барои татбиқи чораҳои дигари маҷбурии  мурофиавӣ  57

Моддаи 114. Муваққатан дур кардан аз вазифа. 57

Моддаи 115. Маҷбуран овардан. 58

Моддаи 116. Ҳабси молу мулк. 58

Моддаи 117. Ҷарима. 58

Моддаи 118. Тартиби таъини ҷарима ва ба фоидаи давлат гузаронидани маблағи гарав. 58

БОБИ 14. ШИКОЯТ АЗ АМАЛ ВА ҚАРОРИ СУД.. 59

Моддаи 119. Шикоят. 59

Моддаи 120. Мўҳлати пешниҳоди шикоят. 59

Моддаи 121. Боздоштани иҷрои қарор вобаста ба шикоят. 59

Моддаи 122. Тартиби умумии баррасии шикоят. 59

Моддаи 123. Шикоят аз амал (беамалӣ) ва қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш.. 60

Моддаи 124. Тартиби судии баррасии шикоят аз қарори прокурор. 60

Моддаи 125. Шикоят аз қарори суд ё эътироз ба он. 60

ФАСЛИ V. ДИГАР МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ.. 61

БОБИ 15. ДАЪВОИ ГРАЖДАНӢ ДАР ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ.. 61

Моддаи 126. Даъвои граждание, ки дар парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ карда мешавад. 61

Моддаи 127. Пешниҳоди даъвои гражданӣ. 61

Моддаи 128. Эътироф намудани даъвогари гражданӣ. 61

Моддаи 129. Рад кардани эътирофи даъвогари гражданӣ. 61

Моддаи 130. Ҷалб намудан ба сифати ҷавобгари гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ. 62

Моддаи 131. Татбиқи қоидаҳо дар бораи асосҳо, шартҳо, ҳаҷм ва тарзи рўёнидани зарар. 62

Моддаи 132. Даст кашидан аз даъвои гражданӣ. 62

Моддаи 133. Қарор оид ба даъвои гражданӣ. 62

Моддаи 134. Таъмини иҷрои ҳукм дар қисми даъвои гражданӣ. 63

Моддаи 135. Иҷрои ҳукм ва таъиноти суд дар қисми даъвои гражданӣ. 63

БОБИ 16. МЎҲЛАТ ВА ХАРОҶОТИ МУРОФИАВӢ.. 63

Моддаи 136. Баҳисобгирии мўҳлат. 63

Моддаи 137. Оқибатҳои гузаронидани мўҳлат ва барқарор намудани он. 64

Моддаи 138. Хароҷоти мурофиавӣ. 64

Моддаи 139. Ситонидани хароҷоти мурофиавӣ. 64

ҚИСМИ II. ҚИСМИ МАХСУС.. 65

ФАСЛИ VI. ПЕШБУРДИ ТОСУДИИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ.. 65

БОБИ 17. САБАБ ВА АСОСҲОИ ОҒОЗИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ.. 65

Моддаи 140. Асосҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ. 65

Моддаи 141. Ариза дар бораи ҷиноят. 65

Моддаи 142. Ҳозир шудан бо иқрори гуноҳ. 66

Моддаи 143.  Иттилооти шахси мансабдори корхона, муассиса ва ташкилот дар бораи ҷиноят. 66

Моддаи 144. Иттилооти воситаҳои ахбори омма. 66

Моддаи 145. Ҳатмӣ будани қабул ва баррасии аризаю иттилоот дар бораи ҷиноят. 66

БОБИ 18. ТАРТИБИ ОҒОЗИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ.. 67

Моддаи 146. Оғози парвандаи ҷиноятии айбдоркунии умумӣ. 67

Моддаи 147. Оғози парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ- умумӣ. 67

Моддаи 148. Равон кардани парвандаи  оғозшуда. 67

Моддаи 149. Рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ. 67

Моддаи 150. Назорати прокурор ҷиҳати қонунӣ будани оғози парвандаи ҷиноятӣ. 68

ФАСЛИ VII. ТАҲҚИҚ ВА ТАФТИШИ ПЕШАКӢ.. 68

БОБИ 19. ТАҲҚИҚ. 68

Моддаи 151. Таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ. 68

Моддаи 152. Фаъолияти мақомоти таҳқиқ. 68

Моддаи 153. Фаъолияти мақомоти таҳқиқ дар мавриди парвандаҳое, ки доир ба онҳо тафтиши. 68

Моддаи 154. Тартиби таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятие, ки пешбурди тафтиши пешакии онҳо. 69

Моддаи 155. Мўҳлати пешбурди таҳқиқ. 69

Моддаи 156. Ҳолатҳои истисноии пешбурди ҳатмии тафтиши пешакӣ. 69

Моддаи 157. Анҷом додан ва боздоштани таҳқиқ. 69

Моддаи 158. Ваколатҳои прокурор оид ба назорати пешбурди таҳқиқ. 70

БОБИ 20. ШАРТҲОИ УМУМИИ ТАФТИШИ ПЕШАКӢ.. 70

Моддаи 159. Мақомоти тафтиши пешакӣ. 70

Моддаи 160. Пешбурди ҳатмии тафтиши пешакӣ. 70

Моддаи 161. Тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ. 70

Моддаи 162. Маҳалли пешбурди тафтиши пешакӣ. 72

Моддаи 163. Оғози пешбурди тафтиши пешакӣ. 72

Моддаи 164. Мўҳлати пешбурди тафтиши пешакӣ. 72

Моддаи 165. Анҷоми тафтиши пешакӣ. 73

Моддаи 166. Якҷоя кардани парвандаҳои ҷиноятӣ. 73

Моддаи 167. Ҷудо кардани парвандаҳои ҷиноятӣ ё мавод. 73

Моддаи 1671. Барқарор намудани парвандаи ҷиноятӣ. 73

Моддаи 168. Ваколатҳои прокурор оид ба назорати иҷрои қонунҳо ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши. 74

Моддаи 169. Пешбурди тафтиши пешакӣ аз ҷониби гурўҳи муфаттишон. 75

Моддаи 170. Ваколати роҳбари гурўҳи тафтишот. 75

Моддаи 171. Қоидаҳои умумии пешбурди амали тафтишӣ. 75

Моддаи 172. Протоколи амали тафтишӣ. 75

Моддаи 173. Тасдиқи воқеияти  даст кашидан аз имзо ё ғайриимкон будани имзои протоколи. 76

Моддаи 174. Ҳатмӣ будани фаҳмондан ва таъмини ҳуқуқи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ. 77

Моддаи 175. Ҳатмӣ будани баррасии дархост. 77

Моддаи 176. Чораҳои парасторӣ нисбати кўдак, мўҳтоҷон ва ҳифзи молу мулки гумонбаршуда ё. 77

Моддаи 177. Норавоии фош кардани маълумоти тафтиши  пешакӣ. 77

Моддаи 178. Пешниҳод оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содир шудани ҷиноят ва дигар. 77

Моддаи 179. Иштироки мутахассис. 78

Моддаи 180. Иштироки тарҷумон. 78

Моддаи 181. Иштироки шахсони холис. 78

БОБИ 21. АЗНАЗАРГУЗАРОНӢ, ШАҲОДАТКУНОНӢ, ОЗМОИШИ (ЭКСПЕРИМЕНТИ) ТАФТИШӢ.. 78

Моддаи 182. Асос барои пешбурди азназаргузаронӣ. 78

Моддаи 183. Тартиби пешбурди азназаргузаронӣ. 78

Моддаи 184. Азназаргузаронии ҷасад, эксгуматсия. 79

Моддаи 185. Азназаргузаронӣ ва нигаҳдошти далелҳои шайъӣ. 79

Моддаи 186. Шаҳодаткунонӣ. 80

Моддаи 187. Протоколи азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ. 80

Моддаи 188. Озмоиши (эксперименти) тафтишӣ. 80

Моддаи 189. Протоколи озмоиши тафтишӣ. 81

БОБИ 22. КОФТУКОВ, ЁФТА ГИРИФТАН, ҲАБСИ МУРОСИЛОТИ ПОЧТА, ХАБАРҲОИ ТЕЛЕГРАФӢ ВА ХАБАРҲОИ ДИГАРЕ, КИ ТАВАССУТИ ШАБАҚАҲОИ АЛОҚАИ БАРҚӢ ВА АЛОҚАИ ПОЧТА ИНТИҚОЛ МЕШАВАНД, ГӮШ КАРДАН ВА САБТИ ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНӢ.. 81

Моддаи 190. Асосҳо барои гузаронидани кофтуков. 81

Моддаи 191. Асосҳо барои дарёфт кардан. 81

Моддаи 192. Тартиби анҷом додани кофтуков ва дарёфт кардан. 81

Моддаи 193. Кофтукови шахсӣ. 82

Моддаи 194. Протоколи кофтуков ва дарёфт кардан. 82

Моддаи 195. Ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути. 83

Моддаи 196. Гўш ва сабт кардани гуфтугў. 83

БОБИ 23. ПУРСИШ, РӮБАРӮКУНӢ, ШИНОХТАН ВА САНҶИШИ НИШОНДОД ДАР ҶОИ ҲОДИСА.. 84

Моддаи 197. Ҷои пурсиш.. 84

Моддаи 198. Тартиби даъват ба пурсиш.. 84

Моддаи 199. Қоидаҳои умумии пурсиш.. 85

Моддаи 200. Протоколи пурсиш.. 85

Моддаи 201. Истифодаи сабти овоз ва видео ҳангоми пурсиш.. 86

Моддаи 202. Тартиби пурсиши шоҳид ва ҷабрдида. 86

Моддаи 203. Хусусияти пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ 86

Моддаи 204. Рўбарўкунӣ. 87

Моддаи 205. Нишон додан барои шинохтан. 87

Моддаи 206. Тартиби нишон додан барои шинохтан. 88

Моддаи 207. Санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса. 88

БОБИ 24. ЭКСПЕРТИЗА.. 89

Моддаи 208. Тартиби таъини экпертиза. 89

Моддаи 209. Таъини ҳатмии экспертиза. 89

Моддаи 210. Ҳуқуқи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ҳангоми таъин ва. 89

Моддаи 211. Гузаронидани экспертиза дар муассисаи экспертӣ. 90

Моддаи 212. Гузаронидани экспертиза берун аз муассисаи экспертӣ. 90

Моддаи 213. Экспертизаи комиссионӣ. 90

Моддаи 214. Экспертизаи комплексӣ. 90

Моддаи 215. Гирифтани намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавӣ. 91

Моддаи 216. Барои гузаронидани экспертиза дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардан. 91

Моддаи 217. Мазмуни хулосаи коршинос. 91

Моддаи 218. Пурсиши коршинос. 92

Моддаи 219. Ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ҷабрдида  пешниҳод кардани хулосаи экспертиза. 92

Моддаи 220. Экспертизаи иловагӣ ва такрорӣ. 92

БОБИ 25. ЭЪЛОН КАРДАНИ АЙБ ВА ПУРСИШИ АЙБДОРШАВАНДА.. 92

Моддаи 221. Ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда. 92

Моддаи 222. Қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда. 93

Моддаи 223. Тартиби даъвати айбдоршаванда. 93

Моддаи 224. Ҳатмӣ будани ҳозир шудани айбдоршаванда. 93

Моддаи 225. Эълон кардани айб. 94

Моддаи 226. Дар тафтиши пешакӣ фаҳмонда додани ҳуқуқҳои   айбдоршаванда. 94

Моддаи 227. Пурсиши айбдоршаванда. 94

Моддаи 228. Протоколи пурсиши айбдоршаванда. 95

Моддаи 229. Тағйир додан, илова ва ё қисман қатъ кардани айби эълоншуда. 95

БОБИ 26. БОЗДОШТАН ВА АЗ НАВ САР КАРДАНИ ТАФТИШИ ПЕШАКӢ.. 95

Моддаи 230. Асос, тартиб ва мўҳлати боздоштани тафтиши пешакӣ. 95

Моддаи 231. Амали муфаттиш пас аз боздоштани тафтиши пешакӣ. 95

Моддаи 232. Кофтукови айбдоршаванда. 96

Моддаи 233. Аз нав сар кардани тафтиши пешакии боздошташуда. 96

БОБИ  27. ҚАТЪ КАРДАНИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ.. 96

Моддаи 234. Асосҳои қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ. 96

Моддаи 235. Қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ. 97

Моддаи 236. Амали муфаттиш пас аз қатъи парвандаи ҷиноятӣ. 97

Моддаи 237. Шикоят кардан аз қарори қатъи парвандаи  ҷиноятӣ. 97

Моддаи 238. Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятии қатъшуда  98

БОБИ 28. БА ПРОКУРОР ИРСОЛ КАРДАНИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БО ФИКРИ АЙБДОРКУНӢ.. 98

Моддаи 239. Эълони анҷоми тафтиши пешакӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ  98

Моддаи 240. Бо маводи парвандаи ҷиноятӣ шинос кардани ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо. 98

Моддаи 241. Шинос кардани айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў бо маводи парванда. 98

Моддаи 242. Протокол дар бораи шиносоӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ  99

Моддаи 243. Арзи дархост ва баррасии он. 99

Моддаи 244. Фикри айбдоркунӣ. 100

Моддаи 245. Замима ба фикри айбдоркунӣ. 100

Моддаи 246. Ба прокурор ирсол кардани парвандаи ҷиноятӣ. 100

БОБИ 29. АМАЛ ВА ҚАРОРИ ПРОКУРОР ОИД БА ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТИЕ, КИ БО ФИКРИ АЙБДОРКУНӢ ВОРИД ШУДААСТ. 100

Моддаи 247. Масъалаҳоеро, ки прокурор вобаста ба парвандаи ҷиноятии бо фикри айбдоркунӣ воридшуда ҳал мекунад. 101

Моддаи 248. Қарори прокурор оид ба парвандае, ки бо фикри айбдоркунӣ ворид гардидааст. 101

Моддаи 249. Қарор дар бораи чораҳои пешгирӣ. 101

Моддаи 250. Ба суд ирсол кардани парвандаи ҷиноятӣ. 102

ҚИСМИ III. ПЕШБУРДИ СУДӢ.. 102

ФАСЛИ VIII. ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ ЯКУМ   102

БОБИ 30. ТОБЕИЯТИ СУДӢ.. 102

Моддаи 251. Тобеияти судии парвандаҳои ҷиноятӣ. 102

Моддаи 252. Тобеияти парвандаҳои ҷиноятӣ ба суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, 102

Моддаи 253. Тобеияти парвандаҳои ҷиноятӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 102

Моддаи 254. Тобеияти парвандаҳои ҷиноятӣ ба судҳои ҳарбӣ. 103

Моддаи 255. Ҳуқуқи суди болоӣ барои ба баррасӣ гирифтани парвандаҳои ҷиноятии тобеи суди. 103

Моддаи 256. Тобеияти судии ҳудудии парвандаҳои ҷиноятӣ. 103

Моддаи 257. Муайян кардани тобеияти судӣ ҳангоми якҷоя кардани парвандаҳои ҷиноятӣ. 104

Моддаи 258.  Супурда шудани парвандаи ҷиноятӣ аз рўи тобеияти судӣ. 104

Моддаи 259. Ба суди дигар супурдани парвандаи ҷиноятӣ аз суде, ки таҳти тобеияти судии он қарор дорад. 104

Моддаи 260. Норавоии баҳс дар бораи тобеияти судӣ. 104

БОБИ 31. ТАЪИНИ МУҲОКИМАИ СУДӢ ВА ОМОДАГӢ БА ОН.. 104

Моддаи 261. Салоҳияти судя оид ба парвандаи ба суд воридшуда. 104

Моддаи 262. Муайян намудани ҳолатҳои вобаста ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда. 105

Моддаи 263. Таъин кардани маҷлиси суд. 105

Моддаи 264. Баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиши иловагӣ  106

Моддаи 265. Боздоштани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ. 106

Моддаи 266. Равон кардани парвандаи ҷиноятӣ аз рўи тобеияти судӣ. 106

Моддаи 267. Чораҳои таъмини даъвои гражданӣ ва мусодираи  молу мулк  106

Моддаи 268. Қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ. 106

Моддаи 269. Тайёр намудани муҳокимаи судӣ. 107

Моддаи 270. Ба тарафҳо таъмин намудани имконияти шиносоӣ бо маводи парванда. 107

Моддаи 271. Мўҳлати оғози муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси суд  107

БОБИ 32. ШАРТҲОИ УМУМИИ МУҲОКИМАИ СУДӢ.. 107

Моддаи 272. Муҳокимаи бевосита ва шифоҳии судӣ. 107

Моддаи 273. Муҳокимаи ошкорои судӣ. 107

Моддаи 274. Тағйирнопазирии ҳайати суд ҳангоми муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ. 108

Моддаи 275. Машваратчии халқии эҳтиётӣ. 108

Моддаи 276. Раисикунанда дар маҷлиси суд. 108

Моддаи 277. Баробарҳуқуқии тарафҳо дар муҳокимаи судӣ. 108

Моддаи 278. Котиби маҷлиси суд. 108

Моддаи 279. Иштироки айбдоркунандаи давлатӣ дар муҳокимаи судӣ. 109

Моддаи 280. Иштироки судшаванда дар муҳокимаи судӣ. 109

Моддаи 281. Иштироки ҳимоятгар дар муҳокимаи судӣ. 110

Моддаи 282. Иштироки ҷабрдида дар муҳокимаи судӣ. 110

Моддаи 283. Иштироки даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданӣ дар муҳокимаи судӣ. 110

Моддаи 284. Иштироки мутахассис дар муҳокимаи судӣ. 110

Моддаи 285. Ҳадди муҳокимаи судӣ. 110

Моддаи 286. Мавқуф гузоштан ва боздоштани муҳокимаи судӣ. 111

Моддаи 287. Баргардонидани парванда барои тафтиши иловагӣ. 111

Моддаи 288. Қатъ намудани парванда дар маҷлиси суд. 111

Моддаи 289. Ҳалли масъалаи чораи пешгирӣ. 111

Моддаи 290. Тартиби баровардани таъинот ва қарор дар  маҷлиси суд. 112

Моддаи 291. Тартиби маҷлиси суд. 112

Моддаи 292. Чораҳои таъсир расонидан барои риоя накардани тартибот дар маҷлиси суд. 112

Моддаи 293. Протоколи маҷлиси суд. 112

Моддаи 294. Эродҳо ба протоколи маҷлиси суд. 113

Моддаи 295. Баррасии эродҳо доир ба протоколи маҷлиси суд. 113

БОБИ 33. ҚИСМИ ОМОДАСОЗИИ МАҶЛИСИ СУД.. 113

Моддаи 296. Оғози маҷлиси суд. 113

Моддаи 297. Муайян кардани ҳозиршавӣ ба суд. 114

Моддаи 298. Ба тарҷумон фаҳмондани ҳуқуқу ўҳдадориҳояш.. 114

Моддаи 299. Баровардани шоҳидон аз толори маҷлиси суд. 114

Моддаи 300. Муайян намудани шахсияти судшаванда ва сари вақт ба ў супурдани нусхаи фикри айбдоркунӣ. 114

Моддаи 301. Эълони ҳайати суд, дигар иштирокчиёни мурофиа ва фаҳмондани ҳуқуқи рад. 114

Моддаи 302. Ба судшаванда фаҳмондани ҳуқуқҳояш.. 115

Моддаи 303. Ба ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва ҷавобгари гражданӣ фаҳмондани ҳуқуқҳояшон. 115

Моддаи 304. Ба коршинос фаҳмондани ҳуқуқу ўҳдадориҳояш.. 115

Моддаи 305. Ба мутахассис фаҳмондани ҳуқуқу ўҳдадориҳояш.. 115

Моддаи 306. Изҳори дархост ва баррасии он. 115

Моддаи 307. Ҳалли масъала дар бораи имконпазирии баррасии парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми иштирок надоштани  яке аз иштирокчиёни муҳокимаи судӣ  115

БОБИ 34. ТАФТИШИ СУДӢ.. 116

Моддаи 308. Оғози тафтиши судӣ. 116

Моддаи 309. Муқаррар намудани тартиби таҳқиқи далелҳо. 116

Моддаи 310. Тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ. 116

Моддаи 311. Пурсиши судшаванда. 117

Моддаи 312. Эълони нишондоди судшаванда. 117

Моддаи 313. Пурсиши ҷабрдида. 117

Моддаи 314. Пурсиши шоҳид. 117

Моддаи 315. Аз ҷониби ҷабрдида ва шоҳид истифода бурдани  сабтҳои хаттӣ ва ҳуҷҷатҳо. 118

Моддаи 316. Хусусиятҳои пурсиши ҷабрдида ва шоҳиди ноболиғ 118

Моддаи 317. Эълони нишондоди ҷабрдида ва шоҳид. 118

Моддаи 318. Гузаронидани экспертиза дар суд. 119

Моддаи 319. Пурсиши коршинос. 119

Моддаи 320. Гузаронидани экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ. 119

Моддаи 321. Азназаргузаронии далелҳои шайъӣ. 119

Моддаи 322. Эълони протоколи амали тафтишӣ ва ҳуҷҷатҳо. 120

Моддаи 323. Азназаргузаронии маҳал ва бино. 120

Моддаи 324. Гузаронидани озмоиши (эксперименти) тафтишӣ. 120

Моддаи 325. Нишондиҳӣ барои шинохтан. 120

Моддаи 326. Шаҳодаткунонӣ. 120

Моддаи 327.  Анҷоми тафтиши судӣ. 121

БОБИ 35. МУЗОКИРАИ СУДӢ ВА СУХАНИ  ОХИРИНИ СУДШАВАНДА.. 121

Моддаи 328. Мазмун ва тартиби музокираи судӣ. 121

Моддаи 329. Сухани охирини судшаванда. 121

Моддаи 330. Аз нав сар кардани тафтиши судӣ. 121

Моддаи 331. Ба хонаи машваратӣ даромадани суд, судя. 122

БОБИ 36. БАРОВАРДАНИ ҲУКМ.. 122

Моддаи 332. Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ҳукм.. 122

Моддаи 333.  Талаботе, ки нисбат ба ҳукм пешниҳод карда мешаванд. 122

Моддаи 334. Махфӣ будани машварати судяҳо. 122

Моддаи 335.  Масъалаҳое, ки суд ҳангоми баровардани ҳукм ҳал мекунад  122

Моддаи 336. Ҳалли масъалаи мукаллафии судшаванда. 123

Моддаи 337. Тартиби машварати судяҳо ҳангоми баррасии дастаҷамъонаи парванда. 123

Моддаи 338. Намудҳои ҳукм.. 123

Моддаи 339. Асосҳои қабули ҳукми айбдоркунанда. 123

Моддаи 340. Асосҳои баровардани ҳукми сафедкунанда. 124

Моддаи 341. Тартиб додани ҳукм.. 124

Моддаи 342. Қисми муқаддимавии ҳукм.. 124

Моддаи 343. Қисми баёнию асосноккунии ҳукми айбдоркунанда. 125

Моддаи 344. Қисми хулосавии ҳукми айбдоркунанда. 125

Моддаи 345. Қисми баёнию асосноккунии ҳукми сафедкунанда. 125

Моддаи 346. Қисми хулосавии ҳукми сафедкунанда. 125

Моддаи 347. Дигар масъалаҳое, ки бояд дар қисми хулосавии ҳукм ҳал карда шаванд. 126

Моддаи 348. Эълони ҳукм.. 126

Моддаи 349. Озод кардани судшаванда аз ҳабс. 126

Моддаи 350. Супурдани нусхаи ҳукми суд. 126

Моддаи 351. Масъалаҳое, ки суд ҳамзамон бо баровардани ҳукм ҳал мекунад. 126

Моддаи 352. Додани имконияти вохўрӣ бо маҳкумшуда. 127

БОБИ 37. ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ АЙБДОРКУНИИ ХУСУСӢ.. 127

Моддаи 353. Тобеияти судии парвандаи айбдоркунии хусусӣ. 127

Моддаи 354. Оғоз кардани парвандаи айбдоркунии хусусӣ. 127

Моддаи 355. Ваколатҳои суд оид ба парвандаи айбдоркунии хусусӣ то оғози муҳокимаи судӣ. 127

Моддаи 356. Баррасии парванда дар маҷлиси суд. 128

ФАСЛИ IV. АЗ НАВ  ДИДА БАРОМАДАНИ ҲУКМ, ТАЪИНОТ ВА ҚАРОРЕ, КИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДО НАКАРДААНД.. 128

БОБИ 38. ШИКОЯТ ВА ЭЪТИРОЗИ КАССАТСИОНӢ АЗ ҚАРОРИ СУД, КИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДО НАКАРДААСТ. 128

Моддаи 357. Ҳуқуқи овардани шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз ҳукм.. 128

Моддаи 358. Тартиби шикоят кардан ва эътироз овардан ба ҳукмҳо. 128

Моддаи 359. Мўҳлатҳои шикоят кардан ва эътироз овардан ба ҳукмҳо. 129

Моддаи 360. Тартиби барқарор намудани мўҳлати шикоят  кардан ва эътироз овардан. 129

Моддаи 361. Огоҳ кардани тарафҳо аз шикоят ва эътирози пешниҳодшуда  129

Моддаи 362. Оқибатҳои шикоят кардан ва эътироз овардан. 129

Моддаи 363. Шикоят кардан ва эътироз овардан аз таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум.. 130

БОБИ 39. БА ТАРИҚИ КАССАТСИОНӢ БАРРАСӢ КАРДАНИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ.. 130

Моддаи 364. Мавзўи муҳокимаи судӣ дар марҳилаи кассатсионӣ. 130

Моддаи 365. Ҳайати  суд  ҳангоми  баррасии  парвандае, ки аз он шикоят карда ва ба он эътирози кассатсионӣ оварда шудааст. 130

Моддаи 366. Мўҳлатҳои баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ. 130

Моддаи 367. Шикоят ё эътирози кассатсионӣ. 131

Моддаи 368. Таъини маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ. 131

Моддаи 369. Тартиби баррасии парванда аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ. 131

Моддаи 370. Ҳадди баррасии парванда дар суди  марҳилаи кассатсионӣ  132

Моддаи 371. Қароре, ки суди марҳилаи кассатсионӣ қабул мекунад. 132

Моддаи 372. Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани ҳукм дар суди  марҳилаи кассатсионӣ. 132

Моддаи 373.  Яктарафа ё нопурра будани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ  132

Моддаи 374. Ба ҳолатҳои воқеии кор мувофиқ набудани хулосаи суд, ки дар ҳукм ифода ёфтаанд. 133

Моддаи 375. Ба  таври ҷиддӣ вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ  133

Моддаи 376. Нодуруст татбиқ карда шудани қонуни ҷиноятӣ. 133

Моддаи 377. Номувофиқии ҷазои таъиннамудаи суд. 134

Моддаи 378. Норавоии вазнин кардани ҷазои маҳкумшуда ё дар ҳаққи ў татбиқ намудани қонуни оид ба ҷинояти вазнинтар дар марҳилаи кассатсионӣ. 134

Моддаи 379. Бекор кардани ҳукми айбдоркунӣ ва қатъ кардани парванда  134

Моддаи 380. Бекор кардани ҳукми сафедкунанда. 134

Моддаи 381. Оқибатҳои бекор кардани ҳукм.. 134

Моддаи 382. Тағйир додани ҳукм.. 135

Моддаи 383. Мазмуни таъиноти кассатсионӣ. 135

Моддаи 384. Ҳадди ҳуқуқҳои суди марҳилаи кассатсионӣ. 135

Моддаи 385. Ба иҷро расонидани таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ  135

БОБИ 40. БА ИҶРО РАСОНИДАНИ ҲУКМ, ТАЪИНОТ ВА ҚАРОР.. 136

Моддаи 386. Эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ва иҷрои он. 136

Моддаи 387. Эътибори қонунӣ пайдо кардани таъиноти (қарори) суд ва иҷрои он. 136

Моддаи 388. Тартиби иҷрои ҳукм, таъинот ва қарори суд. 136

Моддаи 389. Хабар додан ба хешовандони наздики маҳкумшуда ва даъвогари гражданӣ дар бораи иҷрои ҳукм.. 137

БОБИ 41. ПЕШБУРД ОИД БА БАРРАСӢ ВА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ИҶРОИ ҲУКМ.. 137

Моддаи 390. Мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм.. 137

Моддаи 391. Озод кардан аз адои ҷазо вобаста ба бемории вазнин. 137

Моддаи 392. Шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан. 137

Моддаи 393. Бекор кардани маҳкумкунии шартӣ. 138

Моддаи 394. Иваз кардани мўҳлати адонакардаи ҷазо бо ҷазои нисбатан сабуктар. 138

Моддаи 395. Иваз кардани корҳои ислоҳӣ ва ҷарима бо чораҳои  дигари ҷазо. 138

Моддаи 396. Қатъ кардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ. 139

Моддаи 397. Аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ гузаронидани маҳкумшуда. 139

Моддаи 398. Баҳисобгирии мўҳлати дар муассисаи табобатӣ гузаронидашуда ба мўҳлати адои. 139

Моддаи 399. Иҷрои ҳукм дар сурати мавҷуд будани ҳукмҳои дигари иҷронашуда. 139

Моддаи 400. Судҳое, ки масъалаҳои марбут ба иҷрои ҳукмро ҳал мекунанд  139

Моддаи 401. Тартиби ҳалли масъалаҳои марбут ба иҷрои ҳукм.. 140

Моддаи 402. Баррасии дархост дар бораи бардоштани доғи судӣ. 140

ФАСЛИ V. АЗ НАВ ДИДА БАРОМАДАНИ ҲУКМ, ТАЪИНОТ ВА ҚАРОРЕ, КИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДО КАРДААНД (ПЕШБУРДИ НАЗОРАТӢ) 140

БОБИ 42. ПЕШБУРД ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ НАЗОРАТӢ.. 141

Моддаи 403. Эътироз ё шикоят овардан ба тариқи назоратӣ аз ҳукм, таъинот, қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд. 141

Моддаи 404. Тартиби пешниҳоди эътироз ё шикояти назоратӣ. 141

Моддаи 405. Мўҳлати ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарори суд. 141

Моддаи 406. Мўҳтавои эътироз ё шикояти назоратӣ. 142

Моддаи 407. Бе баррасӣ баргардонидани эътироз ё шикояти  назоратӣ. 142

Моддаи 408. Амалҳо оид ба эътироз ё шикояти назоратии воридшуда. 142

Моддаи 409. Талаб карда гирифтани парвандаи ҷиноятӣ. 143

Моддаи 410. Ҳайат ва тартиби баррасии парвандаи ҷиноятӣ аз рўи эътироз ё шикоят. 143

Моддаи 411. Таъинот ва қарори суде, ки эътироз ё шикоятро дида мебарояд. 144

Моддаи 412. Асосҳои бекор кардан ё тағйир додани ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд. 144

Моддаи 413. Ҳадди ҳуқуқҳои суди марҳилаи назоратӣ. 144

Моддаи 414. Ҳатмӣ будани дастурҳои суде, ки ба тариқи назоратӣ парвандаро баррасӣ кардааст. 145

Моддаи 415. Мазмуни таъинот ё қарор. 145

Моддаи 416. Баррасии парванда баъд аз бекор карда шудани ҳукми аввал ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ. 145

БОБИ 43. АЗ НАВ САР КАРДАНИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БИНОБАР ҲОЛАТҲОИ НАВ ОШКОРШУДА.. 145

Моддаи 417. Асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ. 145

Моддаи 418. Мўҳлатҳои аз нав сар кардани пешбурд. 146

Моддаи 419. Аз нав сар кардани пешбурд. 146

Моддаи 420. Амали прокурор баъди анҷоми таҳқиқ ё тафтиш.. 147

Моддаи 421. Аз ҷониби суд ҳал намудани масъалаи аз нав сар кардани пешбурд аз рўи парванда. 147

Моддаи 422. Таъиноти (қарори) суде, ки пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи  прокурорро баррасӣ мекунад. 148

Моддаи 423. Пешбурди  парванда  баъди бекор кардани қарорҳои суд. 148

ФАСЛИ VI. ХУСУСИЯТҲОИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТИИ КАТЕГОРИЯҲОИ АЛОҲИДА.. 148

БОБИ 44.  ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ҶИНОЯТҲОИ НОБОЛИҒОН.. 148

Моддаи 424.  Тартиби пешбурди парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон  148

Моддаи 425. Ҳолатҳое, ки бояд муқаррар карда шаванд. 148

Моддаи 426. Ба пешбурди алоҳида ҷудо кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғ 148

Моддаи 427. Татбиқи чораҳои пешгирӣ ва дастгир намудан нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшавандаи ноболиғ 149

Моддаи 428. Тартиби даъвати гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ 149

Моддаи 429. Пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ 149

Моддаи 430. Иштироки омўзгор ва равоншинос (психолог) 149

Моддаи 431. Иштироки намояндаи қонунии гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ дар тафтиши пешакӣ. 149

Моддаи 432. Қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ бо истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ. 150

Моддаи 433. Иштироки намояндаи қонунии судшавандаи ноболиғ дар муҳокимаи судӣ. 150

Моддаи 434.  Аз толори маҷлиси суд берун кардани судшавандаи ноболиғ 151

Моддаи 435. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳукм нисбат ба судшавандаи ноболиғ ҳал. 151

Моддаи 436. Бо татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ ноболиғро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани суд. 151

Моддаи 437. Ноболиғро аз ҷазо озод кардани суд бо равон кардани ў ба муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ. 151

БОБИ 45. ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲО ДОИР БА ТАТБИҚИ ЧОРАҲОИ МАҶБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББӢ.. 152

Моддаи 438. Асосҳо барои пешбурди парвандаҳо доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ. 152

Моддаи 439. Ҳолатҳое, ки бояд исбот карда шаванд. 152

Моддаи 440. Дар муассисаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рўҳӣ ҷойгир кардан. 152

Моддаи 441. Ҷудо кардани парвандаи ҷиноятӣ. 152

Моддаи 442. Ҳуқуқи шахсе, ки нисбат ба ў парванда оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ пеш бурда мешавад. 153

Моддаи 443. Иштироки намояндаи қонунӣ. 153

Моддаи 444. Иштироки ҳимоятгар. 153

Моддаи 445. Анҷом додани тафтиши пешакӣ. 153

Моддаи 446. Таъин кардани маҷлиси суд. 154

Моддаи 447. Муҳокимаи судӣ. 154

Моддаи 448. Масъалаҳое, ки аз тарафи суд ҳангоми қабули қарор оид ба парванда ҳал карда. 154

Моддаи 449. Қарори суд. 155

Моддаи 450. Шикоят ва эътироз овардан ба таъиноти суд. 155

Моддаи 451. Тартиби дароз кардани мўҳлат, тағйир додан ва  қатъ намудани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ. 155

Моддаи 452. Аз нав сар кардани парванда дар ҳаққи шахсе, ки нисбат ба ў чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ шудааст. 156

БОБИ 46. ПЕШБУРДИ СУРЪАТНОК. 156

Моддаи 453. Тартиби пешбурди суръатнок. 156

Моддаи 454. Мўҳлати пешбурди суръатнок. 156

Моддаи 455. Анҷом додани пешбурди суръатнок. 156

Моддаи 456. Амали прокурор оид ба парвандаи ҷиноятӣ. 157

Моддаи 457. Пешбурди таҳқиқ. 157

Моддаи 458. Пешбурди тафтиши пешакӣ. 157

Моддаи 459. Салоҳияти судя доир ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда. 157

Моддаи 460. Баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси суд. 157

БОБИ 47. ПЕШБУРД ОИД БА РЎЁНИДАНИ ЗАРАРЕ, КИ ДАР НАТИҶАИ АМАЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ СУД ВА МАҚОМОТИ АНҶОМДИҲАНДАИ ПЕШБУРДИ ТОСУДӢ  ДОИР БА ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ РАСИДААСТ. 158

Моддаи 461. Асосҳо ва шартҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқ барои рўёнидани товони зарар. 158

Моддаи 462. Товони зараре, ки бояд рўёнида шавад. 158

Моддаи 463. Эътирофи ҳуқуқ ба рўёнидани товони зарар. 159

Моддаи 464. Муайян кардани андозаи зарари молумулкӣ ва тартиби рўёнидани товони он. 159

Моддаи 465. Шикоят аз қарорҳои анҷом додани пардохтҳо. 159

Моддаи 466. Бартараф кардани оқибати зарари маънавӣ ва зарарҳои дигар. 159

Моддаи 467. Барқарор кардани ҳуқуқҳои дигар. 159

Моддаи 468. Мўҳлати пешниҳоди ариза. 160

Моддаи 469. Рўёнидани товони зарар ба шахсони ҳуқуқӣ. 160

ФАСЛИ VII.  МУҚАРРАРОТИ  АСОСИИ ТАРТИБИ ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ СУДҲО, ПРОКУРОРҲО, МУФАТТИШОН ВА МАҚОМОТИ ТАҲҚИҚ БО МАҚОМОТ ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ДАХЛДОРИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДОИР БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ.. 160

БОБИ 48. ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ СУДҲО, ПРОКУРОРҲО, МУФАТТИШОН ВА МАҚОМОТИ ТАҲҚИҚ БО МАҚОМОТ ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ДАХЛДОРИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТАРТИБИ РАСОНИДАНИ КӮМАКИ ҲУҚУҚӢ ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ.. 160

Моддаи 470. Равон кардани супориш доир ба гузаронидани амалиёти мурофиавӣ. 160

Моддаи 471. Мазмуни супориши гузаронидани амалиёти мурофиавӣ. 161

Моддаи 472. Даъват ва пурсиш кардани шоҳид, ҷабрдида, коршинос, даъвогари гражданӣ, 161

Моддаи 473. Иҷрои супориш оид ба гузаронидани амалҳои мурофиавӣ дар Ҷумҳурии. 161

Моддаи 474. Барои идома додани таъқиби ҷиноятӣ равон кардани маводи парванда. 162

Моддаи 475. Иҷрои дархости идома додани таъқиби ҷиноятӣ ё оид ба оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 162

БОБИ 49. СУПОРИДАНИ ШАХС БАРОИ БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИДАН Ё БАРОИ ИҶРОИ ҲУКМ.. 162

Моддаи 476. Равон кардани талабнома дар хусуси додани шахсе, ки дар ҳудуди давлати хориҷӣ мебошад. 162

Моддаи 477. Ҳадди ҷавобгарии ҷиноятии шахси ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридашуда. 162

Моддаи 478. Иҷрои талабномаи супоридани шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. 163

Моддаи 479. Рад кардани супоридани шахс. 163

Моддаи 480. Супоридани шахсони дорои душаҳрвандӣ ва шахсони бешаҳрванд. 163

Моддаи 481. Ба ҳабс гирифтан барои супоридан. 163

Моддаи 482. Супоридани ашё. 164

БОБИ 50. СУПОРИДАНИ  ШАХСЕ, КИ БА МАҲРУМ КАРДАН АЗ ОЗОДӢ МАҲКУМ ШУДААСТ, БАРОИ АДОИ ҶАЗО БА ДАВЛАТЕ, КИ Ӯ ШАҲРВАНДИ ОН АСТ. 164

Моддаи 483. Асосҳо барои супоридани шахсе, ки ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо ба давлате, ки ў шаҳрванди он аст  164

Моддаи 484. Шарт ва тартиби супоридани маҳкумшуда барои  адои ҷазо ба давлате, ки ў. 164

Моддаи 485.  Рад кардани супоридани шахси ба маҳрум кардан аз  озодӣ маҳкумшуда ба давлати. 164

Моддаи 486. Баррасии дархост дар бораи дар Ҷумҳурии   Тоҷикистон адо намудани ҷазо. 165

 

 

ҚИСМИ I. ҚИСМИ УМУМӢ

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

БОБИ 1. ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТӢ

 

Моддаи 1. Қонунгузорие, ки тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятиро муайян мекунад

 

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятиро Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, муайян мекунад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  2. Тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ барои суд, мақомоти прокуратура, тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ, инчунин барои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳатмӣ мебошад.
  3. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии меъёрҳои ҳуқуқие мебошанд, ки пешбурди мурофиаи ҷиноятиро танзим менамоянд. Агар тибқи ин санадҳо нисбат ба муқаррароти Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ гардида бошад, он гоҳ муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал мекунанд.

 

Моддаи 2. Вазифаҳои пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ

 

  1. Вазифаҳои пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ аз инҳо иборатанд:

– муқаррар кардани тартиби пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ;

– ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– ҳимояи манфиати ҷамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҷиноят зарар дидаанд;

– сари вақт ва пурра ошкор намудани ҷиноят;

– ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси ҷиноят содиркарда;

– ҳалли одилонаи масъалаҳои баррасишаванда дар суд;

– риоя намудани меъёрҳои мурофиавӣ ҳангоми татбиқи қонуни ҷиноятӣ;

– кафолати ҳимояи манфиати қонунии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва шахсони дигар.

  1. Мурофиаи судии ҷиноятӣ барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноят, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба амал баровардани адолати судӣ равона шудааст.
  2. Тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур оид ба пешбурди парвандаи ҷиноятӣ инсон ва шаҳрвандро аз беасос айбдор ва маҳкум кардан, ғайриқонунӣ маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ў ҳимоя мекунад ва дар ҳолати гунаҳгор донистан ё маҳкум намудани шахси бегуноҳ ўро бетаъхир сафед менамояд.

 

Моддаи 3. Амали Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар макон

 

  1. Дар ҳудуд Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди парвандаи ҷиноятӣ мувофиқи Кодекси мазкур сурат мегирад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  2. Қоидаҳои Кодекси мазкур, инчунин ҳангоми пешбурди парванда оид ба ҷиноятҳое татбиқ мегарданд, ки дар ҳавопаймо, киштиҳои баҳрӣ ва дарёӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавоӣ ва таҳти парчам ё нишонаи фарқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, содир шудаанд.
  3. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани қонуни мурофиавии ҷиноятии давлати хориҷӣ аз тарафи мақомоти тафтишот ва судҳои давлати хориҷӣ ва ё бо супориши онҳо аз тарафи мақомоти дахлдор дар ҳолате татбиқ мегардад, ки ин ҳолат дар санади ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ шуда бошад.

 

Моддаи 4. Амали Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар замон

 

Ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ қонуни мурофиавии ҷиноятие татбиқ карда мешавад, ки дар вақти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ё баррасии парванда дар суд  амал мекунад.

 

Моддаи 5. Амали Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд

 

  1. Пешбурди парванда оид ба ҷинояте, ки аз тарафи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар ҳудуд Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда шудааст, мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  2. Нисбат ба шахси дорои ҳуқуқи дахлнопазирии дипломатӣ танҳо бо хоҳиш ё ризои ў, ки тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад, амалиёти мурофиавии бо Кодекси мазкур пешбинишуда гузаронида мешавад.

 

Моддаи 6. Мафҳумҳои асосӣ

 

Мафҳумҳои асосие, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд, дорои мазмуни зайланд:

айбдоркунандаи давлатӣ – шахси мансабдори мақомоти прокуратура, ки аз номи давлат дар мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ айбдоркуниро дастгирӣ менамояд;

айбдоркунандаи хусусӣ – шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба суд ариза дода, дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад, инчунин ҷабрдидае, ки ҳангоми аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандаи давлатӣ дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад;

вақти шабона – фосилаи вақтест, ки аз соати 22.00 то 6.00 рўзи дигарро дар бар мегирад;

иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ – мақомот ва шахсоне, ки таъқиби ҷиноятӣ ва тақвияти айбдоркуниро дар суд анҷом медиҳанд, инчунин шахсоне, ки худро аз айбдоркунӣ ҳимоя намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳояшонро муҳофизат менамоянд (прокурор-айбдоркунандаи давлатӣ, ҷабрдида-айбдоркунандаи хусусӣ, даъвогари гражданӣ, намояндагони қонунӣ ва намояндагони онҳо, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндагони қонунии онҳо, ҳимоятгар, ҷавобгари гражданӣ, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ў); (ҚҶТ аз 2.08.11с.,№755)

иштирокчиёни дигари мурофиаи ҷиноятӣ – коршинос (эксперт), мутахассис, шоҳид, шахси холис, тарҷумон;

қарор – санаде, ки аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар рафти пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ қабул карда шудааст, инчунин санаде, ки судяи суди марҳилаи якум танҳо қабул кардааст ё санаде, ки судяи суди марҳилаи назоратӣ оид ба ҳалли шикоят ё эътирози назоратӣ қабул кардааст ё санаде, ки раёсати суд дар вақти аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои поёнӣ қабул кардааст;

қонуни ҷиноятӣ – Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ – лаҳзаи воқеан маҳдуд кардани озодии шахе, аз ҷумла имконияти озодона ҳаракат намудан, маҷбуран дар ҷои муайян нигоҳ доштан, маҷбуран овардан ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё мамониат кардан ба анҷом додани дигар ҳаракатҳои шахс тибқи иродаи худ новобаста ба расман додани ягон мақоми мурофиавӣ ба шахси дастгиршуда ё иҷро намудани дигар расмиёти муқарраршуда (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., №1306);

мурофиаи судии ҷиноятӣ – пешбурди тосудӣ ва мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ;

муфаттиш – шахси мансабдори давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ваколатдор аст тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро анҷом диҳад;

намояндагони қонунӣ – падару модар, фарзандон, васиён, парасторони гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё ҷабрдида, намояндагони муассиса ва ташкилот, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё ҷабрдида таҳти парастории онҳо қарор дорад;

прокурор – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри  Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, муовинони онҳо, сардорони раёсатҳо (шўъбаҳо) ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шўъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шўъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо ва ба онҳо баробаркардашуда, прокурорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо, ҳарбии гарнизонҳо, назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, муовинон, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, прокурор-криминалистҳои калон ва прокурор-криминалистҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд;

раисикунанда – судяе, ки дар маҷлиси суд ҳангоми дастаҷамъона ё танҳо баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ раисӣ мекунад;

сардори воҳиди тафтишот – шахси мансабдоре, ки ба раёсат, шўъба ва дигар воҳидҳои тафтишот дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои худ сарварӣ менамояд;

суд – мақомоти ҳокимияти судӣ, ки ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, парвандаҳои ҷиноятиро ба таври дастаҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунад (Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия);

суди марҳилаи кассатсионӣ – суде, ки парвандаро аз рўи шикоят ва эътироз нисбат ба ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад;

суди марҳилаи назоратӣ – суде, ки парвандаи ҷиноятиро аз рўи шикоят, эътироз нисбат ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суди марҳилаи якум ва ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ менамояд;

суди марҳилаи якум – суде, ки ваколати моҳиятан баррасӣ ва қабул кардани  қарори нахустинро оид ба парвандаи ҷиноятӣ дорад;

судя –шахси мансабдоре, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ё интихоб гардидааст;

тарафи айбдоркунанда – прокурор (айбдоркунандаи давлатӣ), ҷабрдида (айбдоркунандаи хусусӣ), даъвогари гражданӣ, намояндагони қонунӣ ва намояндагони ҷабрдида ва даъвогари гражданӣ;

тарафи ҳимоя – гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии онҳо, ҳимоятгар, ҷавобгари гражданӣ, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ў (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333);

тарафҳо – иштирокчиёни мурофиа, ки дар муҳокимаи судӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқӣ айбдоркуниро дастгирӣ мекунанд ва ё ҳимояро аз айбдоркунӣ анҷом медиҳанд;

таҳқиқ – шакли тафтиши тосудӣ буда, таҳқиқбаранда парвандаи ҷиноятиеро, ки тафтиши пешакии он шарт нест, анҷом медиҳад;

таъинот – қарори судие, ки (ғайр аз ҳукм) суди марҳилаи якум дар вақти мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ баровардааст, инчунин ҳама гуна санаде, ки судҳои марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ, ғайр аз раёсати судҳо дар вақти аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд қабул кардааст;

таъқиби ҷиноятӣ фаъолияти мурофиавиест, ки прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо мақсади муайян кардани кирдори бо қонуни ҷиноятӣ манъшуда ва шахсе, ки онро содир кардааст, ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардани ў, ҳамчунин барои таъмин намудани татбиқи ҷазо ва ё дигар чораҳои маҷбурӣ нисбат ба чунин шахс анҷом медиҳад;

хешовандони наздик – падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондашудагон, бародарон ва ҳоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар;

ҳабс – чораи пешгириест, ки бо қарори судя ё таъиноти суд танҳо нисбат ба шахсони гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда татбиқ карда мешавад;

ҳимоятгар – шахсест, ки ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо ҳифз намуда, ба онҳо бо ҳар восита ва усули манънакардаи қонун ёрии ҳуқуқӣ мерасонад;

ҳукм – қароре, ки суди марҳилаи якум дар бораи гунаҳгор ё бегуноҳ будани судшаванда баровардааст.

 

БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАИ  ҶИНОЯТӢ

 

Моддаи 7. Татбиқи адолати судӣ

 

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ танҳо аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад.
  2. Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

 

Моддаи 8. Ҳифзи судӣ

 

Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

 

Моддаи 9. Қонуният ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ

 

  1. Суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ вазифадоранд, ки муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар қонунҳоро ба таври дақиқ, якхела риоя намоянд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  2. Муқаррароти мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки дар дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд, бояд ба муқаррароти Кодекси мазкур мутобиқ бошанд.
  3. Ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ риоя накардани талаботи қонун, сарфи назар аз он ки дар кадом асос роҳ дода шудааст, иҷозат дода намешавад ва боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун гардида, санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда беэътибор дониста, бекор карда мешаванд. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

 

Моддаи 10. Эҳтироми шаъну шарафи шахс

 

  1. Эҳтироми шаъну шарафи шахс вазифаи шахсони мансабдор ва мақомотест, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро анҷом медиҳанд.
  2. Ҳеҷ яке аз иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ наметавонад таҳти зўроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ қарор гирад.

 

Моддаи 11. Дахлнопазирии шахсият

 

  1. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест.
  2. Ба ҳабс гирифтан, маҷбурӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё тарбиявӣ нигоҳ доштани шахс танҳо дар асоси қарори суд, судя ба иҷро расонида мешавад.
  3. Шахсеро, ки нисбаташ чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ шудааст, инчунин шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир шудааст, бояд дар ҷойҳое нигоҳ дошта шавад, ки шароиташон барои ҳаёт ва саломатӣ хавф надошта бошад.
  4. Шахси ба ҳабс гирифташуда ҳуқуқи шикоят карданро дорад.
  5. Қарори суд, судя дар бораи аз ҳабс озод намудани шахс фавран иҷро карда мешавад.

 

Моддаи 12. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахс ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ

 

  1. Суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд ҳуқуқу озодиҳои шахсро, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иштирок мекунанд, ҳимоя намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо шароит фароҳам оваранд, барои қонеъ намудани талаботи қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ сари вақт чораҳо андешанд.
  2. Товони зараре, ки ба шахс ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар натиҷаи риоя накардани ҳуқуқу озодиҳои ў расонида шудааст, бояд тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рўёнида шавад.
  3. Ҳангоми мавҷуд будани маълумоти кофӣ дар бораи он ки ба ҷабрдида, шоҳид ё дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятї, инчунин аъзои оила ё хешовандони наздики онҳо бо куштор, зўроварӣ, несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба молу мулк ё дигар амали ғайриқонунии хавфнок таҳдид мекунанд, суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ўҳдадоранд дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати муҳофизати ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, обрў ва молу мулки ин шахсон чораҳои пешбининамудаи қонунро андешанд. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  4. Тартиби муҳофизати ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, обрў ва молу мулки иштирокчиёни мурофиаро қонун муайян менамояд.
  5. Ҳеҷ кас ўҳдадор нест ба муқобили худ, хешовандони наздик, ки доираи онҳоро Кодекси мазкур муайян кардааст, нишондод диҳад.

 

Моддаи 13. Дахлнопазирии манзил

 

  1. Манзили шахс дахлнопазир аст.
  2. Ворид шудан ба манзил бе ризои шахсони маскуни он манъ аст.
  3. Азназаргузаронӣ ва кофтукови манзил бо тартибе, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 14. Маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот, мухобирот, сирри шахсӣ ва оилавӣ

 

Сирри шахсӣ ва оилавиро қонун ҳифз мекунад. Ҳар шахс ба сирри амонат ва пасандоз, мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот, мухобирот ва дигар ахборот ҳуқуқ дорад. Маҳдуд кардани ин ҳуқуқҳо дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ танҳо дар ҳолатҳо ва тартибе, ки қонунгузорӣ бевосита муқаррар кардааст, мумкин мебошад.

 

Моддаи 15. Эҳтимолияти бегуноҳӣ

 

  1. Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.
  2. Ӯҳдадории исботи айб ба зиммаи айбдоркунанда гузошта мешавад.
  3. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда уҳдадор нестанд, ки бегуноҳии худро исбот намоянд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1275).
  4. Ҳама гуна шубҳаҳои гунаҳгории айбдоршаванда, ки бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур бартараф карда намешаванд, ба фоидаи айбдоршаванда маънидод карда мешавад.
  5. Ҳукми айбдоркуниро бо тахмин асоснок кардан мумкин нест.

 

Моддаи 16. Баробарӣ дар назди қонун ва суд

 

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк‚ ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

 

Моддаи 17. Мустақилияти судяҳо

 

  1. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд.
  2. Дахолат ба фаъолияти судяҳо манъ аст.

 

Моддаи 18. Забони мурофиаи судии ҷиноятӣ

 

  1. Мурофиаи судии ҷиноятӣ ба забони давлатӣ баргузор мегардад.
  2. Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки забони мурофиаро намедонанд, ҳуқуқи ба забони модариашон ё забони дигаре, ки онро медонанд, арз кардан, нишондод додан, изҳори дархост кардан, шинос шудан бо маводи парвандаро дошта, бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур ба онҳо хизматрасонии тарҷумон таъмин карда мешавад ё мурофиаи судии ҷиноятӣ бо забони аксарияти аҳолии маҳал гузаронида мешавад.
  3. Ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, ки мутобиқи Кодекси мазкур ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, маҳкумшуда, инчунин дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти ин ҳуҷҷатҳоро таҳиянамуда дода мешаванд, бояд ба таври дахлдор тасдиқ карда шуда,ба забони давлатӣ ё забоне, ки онҳо медонанд, тарҷума шуда бошанд. (ЌЉТ аз 14.03.14 с., № 1067)

 

Моддаи 19. Ошкоро  будани муҳокимаи судӣ

 

  1. Парвандаи ҷиноятӣ дар суд ба таври ошкоро муҳокима карда мешавад.
  2. Муҳокимаи пўшидаи судӣ танҳо дар ҳолатҳои дар моддаи 273 Кодекси мазкур зикргардида мумкин аст.

 

Моддаи 20. Мубоҳиса ва баробарии тарафҳо

 

  1. Мурофиаи судии ҷиноятӣ ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.
  2. Суд мақомоти таъқиби ҷиноятӣ нест ва тарафи айбдоркунанда ё ҳимояро ҷонибдорӣ намекунад. Суд барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мурофиавии тарафҳо шароит муҳайё мекунад.
  3. Тарафи айбдоркунанда ва ҳимоя дар мурофиаи судии ҷиноятӣ баробарҳуқуқанд ва барои ҳимояи мавқеи худ имкониятҳои баробар доранд.

 

Моддаи 21. Тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои кор

 

  1. Прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда вазифадоранд, ки барои ҳамаҷониба, пурра ва холисона тафтиш кардани ҳолатҳои кор тамоми чораҳои пешбининамудаи қонунро андешанд, ҳолатҳои ошкоркунанда, сафедкунанда, вазнинкунанда, сабуккунанда ва ҷавобгарии айбдоршавандаро муайян намоянд.
  2. Суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда ҳуқуқ надоранд, ки вазифаи исбот кардани бегуноҳиро ба зиммаи айбдоршаванда гузоранд.
  3. Ҳамаи ҳолатҳои исботшаванда бояд ҳамаҷониба, пурра ва холисона санҷида шаванд.
  4. Ҳангоми ҳалли ҳама гуна масъалаҳое, ки аз парванда бармеоянд, бояд ҳам ҳолатҳои айбдоркунанда ва ҳам сафедкунандаи айбдоршаванда, инчунин ҳолатҳои ҷавобгарии ўро сабук ё вазнинкунанда муайян карда, ба инобат гирифта шаванд.
  5. Суд, судя холисӣ ва беғаразиро риоя намуда, дар таҳқиқи пурраи ҳолатҳои парванда барои амалӣ намудани ҳуқуқи тарафҳо шароити зарурӣ фароҳам меоварад.

 

Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи ҳимоя ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда

 

  1. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шуданаш метавонад аз ёрии ҳимоятгар истифода кунад.
  2. Дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда ҳуқуқ доранд барои ҳимояи худ аз айбдоркунӣ ҳуқуқҳояшонро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур шахсан, инчунин тавассути ҳимоятгар ё намояндаи қонуниашон истифода баранд.
  3. Суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда ҳуқуқҳояшонро фаҳмонанд, ба онҳо имконият фароҳам оваранд, ки бо усул ва воситаҳои муқаррарнамудаи қонун худро ҳимоя кунанд, инчунин ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ ва молумулкии онҳоро таъмин намоянд.
  4. Ҳуқуқи ҳимоя инчунин ба шахсе таъмин карда мешавад, ки нисбат ба ў пешбурди парвандаи ҷиноятӣ оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ҷой дорад.
  5. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун шахсоне, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ба зиммаашон гузошта шудааст, вазифадоранд иштироки ҳимоятгари гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо таъмин намоянд.

 

Моддаи 23. Ҳуқуқи шикоят намудан аз амал ва қарорҳои мурофиа

 

  1. Иштирокчиёни мурофиа, шаҳрвандон, намояндагони корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, ки ба пешбурди парвандаи ҷиноятӣ манфиатдоранд, ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиб ва мўҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз амал ё қарори суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда шикоят кунанд.
  2. Шахси маҳкумшуда ё сафедкардашуда ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз нав дида баромадани ҳукмро аз тарафи суди болоӣ талаб кунад.

 

БОБИ 3. АСОСҲОИ РАД ВА ҚАТЪ НАМУДАНИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ  ҶИНОЯТӢ

 

Моддаи 24. Парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ, хусусӣ-умумӣ ва умумӣ

 

  1. Вобаста ба хусусият ва дараҷаи вазнинии ҷинояти содиршуда айбдоркунӣ дар суд бо тартиби хусусӣ, хусусӣ-умумӣ ва умумӣ анҷом дода мешавад.
  2. Парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 112, 116, моддаи 156 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ эътироф гардида, бо аризаи шахси аз ҷиноят ҷабрдида, намояндаи қонунии ў оғоз карда мешавад ва пешбурди парванда дар ҳолати оштӣ шудани ў бо айбдоршаванда қатъ карда мешавад.
  3. Парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 113 – 115, 118 қисми 1, 119, 120, 123 қисмҳои 1 ва 2, 124, 125 қисми 1, 126 қисми 1, 127 қисми 1, 128 қисми 1, 129 қисми 1, 138 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ-умумӣ эътироф гардида, бо аризаи шахси аз ҷиноят ҷабрдида, намояндаи қонунии ў оғоз карда мешавад. Дар сурати оштӣ шудани шахси аз ҷиноят ҷабрдида бо айбдоршаванда ва барқарор намудани товони зарари ба ҷабрдида расонидашуда, пешбурди парванда қатъ карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.2016 с., №1332).
  4. Прокурор дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мавқеи ҷабрдида, таъқиби ҷиноятиро оид ба айбдоркунии хусусӣ ва хусусӣ-умумӣ анҷом диҳад.
  5. Даст кашидани прокурор аз айбдоркунӣ шахси аз ҷиноят ҷабрдидаро аз ҳуқуқи дастгирӣ кардани айбдоркунӣ маҳрум намекунад.
  6. Парвандаҳои ҷиноятӣ, ба истиснои парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинишуда, парвандаҳои дорои хусусияти умумӣ дониста мешаванд.

 

Моддаи 25. Ҳуқуқи ҷабрдида ба иштирок дар таъқиби ҷиноятӣ

 

  1. Ҷабрдида, дар сурати фавтидани ў ё аз рўи синну сол ё вазъи саломатӣ қобилияти изҳори иродаи худро надошта бошад, дар мурофиаи судии ҷиноятӣ намояндаи қонунӣ ё намояндаи ў ҳуқуқ доранд бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур дар айбдоркунии айбдоршаванда иштирок кунанд, оид ба парвандаи айбдоркунии хусусӣ бошад, дорои ҳуқуқи пешниҳод ва дастгирӣ кардани айбдоркунӣ ба муқобили шахси дахлдор мебошанд.
  2. Ҷабрдида, намояндаи қонунӣ ё намояндаи ў дар ҳар лаҳзаи мурофиаи ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд аз дастгирӣ кардани айбдоркунӣ даст кашанд.

 

Моддаи 26. Ӯҳдадории ба амал баровардани таъқиби ҷиноятӣ

 

  1. Прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд дар доираи салоҳияти худ ҳангоми ошкор намудани ҳодисаи ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, барои муқаррар намудани ҳодисаи ҷиноят шахси онро содиркарда бояд чораҳои пешбининамудаи қонунро андешида, дар сурати мавҷуд будани далелҳои кофӣ маводи парвандаи ҷиноятиро ба баррасии суд пешниҳод намоянд.
  2. Дар мурофиаи судии ҷиноятӣ прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда салоҳияти худро тибқи талаботи Кодекси мазкур ва қатъи назар аз ҳар гуна мақомот ва шахси мансабдор анҷом медиҳанд.
  3. Ҳар гуна фишороварӣ ба прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда бо мақсади халал расонидан ба тафтиши холисонаи парвандаи ҷиноятӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун боиси ҷавобгарӣ мегардад.
  4. Иҷрои талаби прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, ки мутобиқи Кодекси мазкур пешниҳод шудааст, барои ҳамаи корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 27. Ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро  истисно мекунанд

 

  1. Дар мавридҳои зерин парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда намешавад ва парвандаи оғозшуда қатъ карда мешавад:

– ҳангоми мавҷуд набудани ҳодисаи ҷиноят;

– ҳангоми дар кирдори содиршуда мавҷуд  набудани аломатҳои таркиби ҷиноят;

– ҳангоми гузаштани мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан;

– ҳангоми қабули санади авф;

– ҳангоми оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда оид ба парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ;

– ҳангоми мавҷуд набудани аризаи ҷабрдида, агар парвандаи ҷиноятӣ маҳз тибқи аризаи ў оғоз гардад, ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 147 Кодекси мазкур, ки ба прокурор ҳуқуқ дода шудааст бе аризаи ҷабрдида парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд;

– нисбат ба шахси фавтида, ғайр аз ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барои муқаррар кардани бегуноҳии ў ё аз нав оғоз кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҳаққи дигар шахсон;

– нисбат ба шахсе, ки дар ҳаққи ў аз рўи ҳамон айбдоркунӣ ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда ё таъиноти суд ва ё қарори суд, судя оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз рўи  ҳамон асос мавҷуд аст;

– нисбат ба шахсе, ки қарори бекорнашудаи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар хусуси қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ё қарор дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳамон айбдоркунӣ вуҷуд дорад.

  1. Агар ҳолатҳои дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида ҳангоми муҳокимаи судӣ ошкор гарданд, суд муҳокимаи судиро ба охир расонда, ҳукми сафедкунанда мебарорад.
  2. Ба қатъ намудани парванда бо асосҳои дар сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда иҷозат дода намешавад, ба шарте ки айбдоршаванда дар ин бора норозигӣ баён кунад. Дар ин ҳолат пешбурди парванда мувофиқи талаботи Кодекси мазкур идома ёфта, ҳукми айбдоркунанда ё ҳукми сафедкунанда бароварда, шахс аз ҷазо озод карда мешавад.
  3. Агар то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҷиноят ва сазовори ҷазо будани ин кирдор бо қонуни нави ҷиноятӣ бартараф карда шуда бошад, мутобиқи сархати дуюми қисми 1 ҳамин модда пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бояд қатъ карда шавад.

 

Моддаи 28. Рад ва қатъ намудани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ

 

  1. Суд, судя, прокурор дар асоси моддаҳои 72, 73, 74 ва 75 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо дастрас кардани моддаҳои зикршуда ва бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд дар мавридҳои зерин оғози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд ё пешбурди парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд:

– пушаймонӣ аз кирдор;

– оштӣ шудан бо ҷабрдида ва барқарор кардани товони зарари расонидашуда;

– тағйир ёфтани вазъият;

– гузаштани мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан.

  1. Қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида мумкин нест, ба шарте ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ба он розӣ набошанд. Дар чунин ҳолат пешбурди парвандаи ҷиноятӣ идома меёбад.
  2. Дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани пешбурди он ба ҷабрдида хабар дода, фаҳмонида мешавад, ки ў ҳуқуқ дорад дар давоми панҷ шабонарўз аз таъиноти суд ё қарори прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда нисбат ба масъалаи зикршуда мувофиқан ба суди болоӣ ё прокурори болоӣ арз намояд.

 

Моддаи 29. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби пушаймонӣ аз кирдори худ

 

  1. Суд, судя, прокурор дар асоси моддаи 72 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо дастрас кардани моддаи зикршуда ва бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд:

– бо сабаби пушаймонӣ аз кирдори худ дар ҳаққи шахсе, ки бори аввал ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содир кардааст, оғози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333);

– парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд.

  1. Рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани пешбурди он бо асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда нисбат ба дигар ҷиноятҳо дар ҳолате ҷой дошта метавонад, ба шарте ки он дар моддаҳои қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.
  2. Пеш аз рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда бояд ба шахс асосҳои қарори қабулгардида ва ба ин қарор ҳуқуқи норозигӣ баён кардани ў фаҳмонида шавад.

 

Моддаи 30. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби оштӣ шудан бо ҷабрдида

 

Суд, судя, прокурор дар асоси моддаи 73 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда мутобиқи моддаи зикршуда ва бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд:

– дар асоси аризаи ҷабрдида ё намояндаи қонунии ў нисбат ба шахси ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содиркарда, ба шарте ки бо ҷабрдида оштӣ шуда, товони зарари ба ў расонидаашро барқарор карда бошад, оғози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд;

– парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд.

 

Моддаи 31. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби тағйир ёфтани вазъият

 

Суд, судя, прокурор дар асоси моддаи 74 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда мутобиқи моддаи зикршуда ва бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд:

– дар асоси аризаи шахси бори аввал ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содиркарда оғози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд, ба шарте муқаррар гардад, ки бо сабаби тағйир ёфтани вазъият ин шахс ва кирдори содирнамудаи ў дигар ба ҷамъият хавфнок нест;

– парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд.

 

Моддаи 32. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан

 

Суд, судя, прокурор дар асоси моддаи 75 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда мутобиқи моддаи мазкур ва бо ризои прокурор бинобар гузаштани мўҳлати ба чавобгарии ҷиноятӣ кашидан вазифадоранд:

– оғози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд;

– пешбурди парвандаи ҷиноятии оғозшударо қатъ намоянд.

 

ФАСЛИ II. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ

БОБИ 4. СУД

 

Моддаи 33. Судҳое, ки адолати судиро оид ба парвандаҳои  ҷиноятӣ амалӣ мекунанд

 

Адолати судиро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе,  шаҳр ва ноҳия  амалӣ мекунанд.

 

Моддаи 34. Ҳайати суд

 

  1. Парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум дастаҷамъона ва ё танҳо баррасӣ карда мешавад.
  2. Баррасии дастаҷамъонаи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби суд дар ҳайати судя ва ду нафар машваратчии халқӣ анҷом дода мешавад.
  3. Машваратчиёни халқӣ ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ аз тамоми ҳуқуқҳои судя истифода мебаранд.
  4. Судя парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои махсусан вазнин, танҳо баррасӣ менамояд.
  5. Парвандаи ҷиноятӣ бо тартиби кассатсионӣ ва назоратӣ дар ҳайати судяҳои муқарраркардаи моддаҳои 365 ва 410 Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.

 

Моддаи 35. Салоҳияти суд

 

  1. Танҳо суд ҳуқуқ дорад:

– шахсро дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста, ба ў ҷазо таъин кунад;

– нисбат ба ноболиғ чораҳои дорои хусусияти тарбиявиро мутобиқи боби 44 Кодекси мазкур таъин кунад;

– нисбат ба шахс чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро мутобиқи боби 45 Кодекси мазкур таъин кунад;

– барои шахсро ҳабс кардан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан иҷозат диҳад ва ё мўҳлати онро дароз кунад;

– санадҳои қабулкардаи судҳои марҳилаҳои поёниро бекор кунад ва ё тағйир диҳад;

– оид ба гузаронидани экспертизаи судӣ – тиббӣ ё судӣ – равонпизишкӣ барои дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ ҷой кардани гумонбаршуда ва айбдоршавандае, ки дар ҳабс намебошад, иҷозат диҳад;

– барои азназаргузаронии манзил, дар сурати розӣ набудани шахсони маскуни он, иҷозат диҳад;

– барои кофтукови манзил иҷозат диҳад;

– ба ҳабси  молу мулк иҷозат диҳад;

– барои кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти пасандоз ва суратҳисоби маблағи бонкӣ иҷозат диҳад;

– барои ҳабси маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар  суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарор доранд, иҷозат диҳад;

– ба ҳабси  муросилот, азназаргузаронӣ, ёфта гирифтани онҳо дар муассисаи алоқа ва ё хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабақаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешавад иҷозат диҳад; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №692)

– дар бораи муваққатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда мувофиқи моддаи 114 Кодекси мазкур қарор қабул кунад;

– ба гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар гуфтугўҳо иҷозат диҳад;

– дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, онро барои гузаронидани тафтиши пешакӣ аз рўи тобеъият ба мақомоти дахлдор ирсол намояд; (ЌЉТ аз 14.03.14 с., № 1067)

– дигар ваколатҳоеро, ки Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст,  амалӣ намояд.

  1. Агар ҳангоми баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, инчунин риоя накардани муқаррароти қонун, ки зимни пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, баррасии судӣ ошкор карда мешаванд, суд, судя ҳуқуқ доранд нисбат ба онҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, таъиноти (қарори) хусусӣ бароранд.
  2. Суд, судя ҳуқуқ доранд дар дигар ҳолатҳо низ таъиноти (қарори) хусусӣ бароранд.

 

Моддаи 351. Тартиби баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шахрваидон ҳангоми гузаронидаии чорабинжҳои оперативй – ҷустуҷуи

 

Тартиби баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрваидон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативй – ҷустуҷӯй мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативй – ҷустуҷӯй» муайян карда мешавад.  (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

 

БОБИ 5. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТИЕ, КИ ТАЪҚИБИ ҶИНОЯТИРО АНҶОМ МЕДИҲАНД

 

Моддаи 36. Прокурор

 

  1. Прокурор шахси мансабдори давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти худ айбдоркуниро аз номи давлат ба амал бароварда, дар ҳамаи давраҳои мурофиаи ҷиноятӣ таъқиби онро мутобиқи Кодекси мазкур таъмин менамояд.
  2. Прокурор назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ амалӣ менамояд.
  3. Прокуроре, ки дар баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ иштирок мекунад, айбдоркунандаи давлатӣ номида мешавад. Ҳангоми тақвияти айбдоркунии давлатӣ прокурор мавқеи худро оид ба масъалаҳои татбиқи қонуни ҷиноятӣ ва таъин намудани ҷазо нисбат ба судшаванда, тибқи талаботи қонун ва эътимоди ботинии хеш, ки бо натиҷаҳои таҳқиқи ҳамаи ҳолатҳои парванда асоснок шудааст, изҳор менамояд.
  4. Прокурор ҳуқуқ дорад дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи Кодекси мазкур оид ба бекор кардан ва тағйир додани санади қабулкардаи суд ба суди болоӣ эътироз оварад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).
  5. Прокурор ҳуқуқ дорад бо асос ва тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур то лаҳзаи ба хонаи машваратӣ барои баровардани ҳукм даромадани суд аз таъқиби ҷиноятӣ ва айбдоркунӣ даст кашад.

 

Моддаи 37. Ваколати роҳбари мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия

 

Роҳбари мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ҳуқуқ дорад барои тафтиши ҷинояти алоҳида ё якчанд ҷиноят аз ҳисоби кормандони ҳамин мақомот гурўҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис диҳад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №692)

 

Моддаи 38. Сардори воҳиди тафтишот

 

  1. Сардори воҳиди тафтишот дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– ба фаъолияти муфаттишон доир ба тафтиши ҷиноятҳо назорат кунад;

– барои пурра, ҳаматарафа ва холисона тафтиш кардани ҳолатҳои парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешад;

– парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ба пешбурди худ қабул кунад ё пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятиро ба муфаттиш супорад;

– пешбурди парвандаи ҷиноятиро аз як муфаттиш гирифта, ба муфаттиши дигар диҳад;

– ба прокурор дар бораи бекор кардани қарорҳои беасос қабулкардаи муфаттиш дархост пешниҳод кунад;

– аз тарафи муфаттишон риоя шудани мўҳлати тафтиши пешакиро назорат кунад;

– аз тарафи муфаттишон иҷро шудани дастурҳои прокурорро таъмин намояд;

– пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро ба якчанд муфаттиш супорад;

– иҷрои супоришҳои дигар муфаттишонро, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, назорат кунад;

– дар тафтиши парвандаи ҷиноятии дар пешбурди муфаттиш қарордошта иштирок намуда, ҳамзамон аз ваколатҳои муфаттиш истифода барад.

  1. Дастурҳои сардори воҳиди тафтишот оид ба парвандаи ҷиноятӣ мустақилияти муфаттиш ва ҳуқуқҳои бо моддаи 39 Кодекси мазкур муқарраршудаи ўро маҳдуд карда наметавонанд. Дастурҳо ба муфаттиш дар шакли хаттӣ дода мешаванд ва иҷрои онҳо ҳатмист.

 

Моддаи 39. Муфаттиш

 

  1. Муфаттиш дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 140 Кодекси мазкур нишондодашуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд;

– парвандаи ҷиноятиро ба пешбурди худ қабул намуда, амалҳои тафтишӣ барад;

– оид ба парвандаи ҷиноятӣ мустақилона қарор қабул кунад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур гирифтани ризои прокурор ё иҷозати судро талаб мекунад;

– пешбурди парвандаи ҷиноятиро сари вақт анҷом диҳад;

– ба сифати айбдоршаванда кашидани шахс, бандубасти ҷиноят, андозаи айбдорӣ қарор қабул кунад;

– пешбурди парвандаи ҷиноятиро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур қатъ кунад ё ба суд равон кунад;

– дар ҳолати розӣ набудан ба дастури прокурор ҳуқуқ дорад бо изҳори хаттии норизоии худ парвандаро ба прокурори болоӣ ирсол намояд;

– бо маводи оперативӣ – ҷустуҷўие, ки бо парвандаи тафтишшаванда алоқаманд аст, мутобиқи қонунгузорӣ шинос шавад; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №692)

– ба кормандони мақомоти таҳқиқ барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва пешбурди амалҳои тафтишӣ супоришу дастурҳои хаттие диҳад, ки иҷрояшон ҳатмӣ буда, мусоидати ин мақомотро дар пешбурди амалҳои тафтишӣ талаб намояд; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №692)

– барои тафтиши ҳамаҷониба, холисона ва воқеъбинонаи парвандаи ҷиноятӣ чора андешад;

– нисбат ба шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят далелҳои кофии тасдиқкунанда ҷамъоварӣ шудааст, айб эълон кунад;

– бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур чораи пешгирӣ интихоб кунад;

– барои барқарор намудани зараре, ки аз ҷинояти содиршуда расидааст, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ чораҳо андешад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1275);

– таъқиби ҷиноятиро анҷом диҳад ва парвандаро бо фикри айбдоркунӣ ба прокурор супорад.

 

  1. Мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур иҷрои қарорҳои қабулкардаи муфаттиш оид ба парвандаи ҷиноятие, ки таҳти пешбурди ў қарор дорад, барои ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ‚ новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 40. Мақомоти таҳқиқ

 

  1. Мақомоти таҳқиқ инҳо ба ҳисоб мераванд:

– воҳидҳои мақомоти Вазорати  корҳои  дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон;

– воҳидҳои мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– воҳидҳои мақомоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– воҳидҳои мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– сардорони муассисаҳои ислоҳӣ;

– воҳидҳои мақомоти назорати давлатии зидди сўхтор;

– воҳидҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– воҳидҳои мақомоти гумрук;

– воҳидҳои мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– воҳидҳои мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия.

  1. Ба зиммаи мақомоти таҳқиқ вогузошта мешаванд:

– қабул, ба қайд гирифтан ва баррасӣ намудани аризаҳо ва маълумот дар бораи ҷинояти содиршуда ё ҷинояти нотамом;

– пешбурди таҳқиқ оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки нисбати онҳо тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест;

– иҷрои амалҳои таъхирнопазир оид ба парвандаҳое, ки барои онҳо пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ мебошад;

– пешбурди тафтиши пешакӣ дар ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст.

  1. Оғози парвандаи ҷиноятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 146 Кодекси мазкур ва иҷрои амалҳои тафтишии таъхирнопазир ба зиммаи инҳо вогузошта мешавад:

– сардорони дастаҳо ва гурўҳҳои ҷустуҷўи геологии зимистонгузароние, ки аз маҳалли будубоши мақомоти таҳқиқи дар қисми 1 ҳамин модда номбаршуда дар масофаи дур ҷойгиранд – оид ба ҷиноятҳое, ки дар маҳалли будубоши дастаю гурўҳҳои мазкури зимистонгузаронӣ содир карда шудаанд;

– роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳое, ки дар ҳудуди намояндагиҳо ва муассисаҳои мазкур содир карда шудаанд.

 

Моддаи 41. Сардори воҳиди таҳқиқ ва таҳқиқбаранда

 

  1. Сардори воҳиди таҳқиқ шахси мансабдор буда, тибқи муқаррароти Кодекси мазкур нисбат ба таҳқиқбарандагони тобеи худ ваколатҳои зеринро дорост:

– гузаронидани санҷиши арзу шикоятҳоро дар бораи ҷиноят ба таҳқиқбаранда супорад;

– тибқи муқаррароти моддаи 145 Кодекси мазкур оид ба ҳалли арзу шикоят қарор қабул намояд;

чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ  ва амалҳои тафтиширо вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ гузаронад; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №692)

– парвандаи ҷиноятиро аз як таҳқиқбаранда гирифта, ба дигар таҳқиқбаранда супорад;

– ба прокурор ҷиҳати бекор кардани қарори ғайриқонунӣ ё беасоси таҳқиқбаранда оид ба рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ дархост пешниҳод намояд;

– парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пешбурди онро амалӣ намояд ва дар ҳаҷми пурра бо истифода аз ваколатҳои таҳқиқбаранда амалҳои таҳқиқӣ гузаронад;

– маводи парвандаи ҷиноятиро мавриди омўзиш қарор диҳад;

– ба таҳқиқбаранда оид ба гузаронидани тафтиш, амалҳои алоҳидаи тафтишӣ, интихоби намуди чораи пешгирӣ нисбат ба гумонбаршуда, бандубасти ҷиноят ва андозаи айбдорӣ супоришҳо диҳад.

  1. Супоришҳои сардори воҳиди таҳқиқ оид ба парвандаи ҷиноятӣ дар шакли хаттӣ дода шуда, иҷрои онҳо аз тарафи таҳқиқбаранда ҳатмӣ мебошад. Дар сурати розӣ набудан бо супориш таҳқиқбаранда ҳуқуқ дорад ба прокурор арз намояд. Арз намудани шикоят иҷрои супоришҳоро бознамедорад.
  2. Таҳқиқбаранда шахси мансабдор буда, тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ваколатҳои зеринро дорост:

– амалҳои тафтишӣ ва дигар амалҳои мурофиавиро мустақилона анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо Кодекси мазкур тасдиқи онҳо аз тарафи сардори воҳиди таҳқиқ, иҷозати прокурор ё суд пешбинӣ шудаанд;

– ҳангоми пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятие, ки ба он тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, қоидаҳои бо Кодекси мазкур барои тафтиши пешакӣ пешбинишударо, ба истиснои муқаррароти боби 20 Кодекси мазкур, ба роҳбарӣ гирад.

  1. Таҳқиқбаранда вазифадор аст:

– бо супориши сардори мақомоти таҳқиқ дар ҳолатҳои таъхирнопазир парвандаи ҷиноятиро, ки нисбат ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист, оғоз намуда, амалҳои тафтишии таъхирнопазир ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад ва дар ин бора дар мўҳлати на дертар аз 24 соат ба прокурор ва мақомоти пешбурди тафтишоти пешакӣ хабар диҳад; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №692)

– супоришҳои суд, судя, прокурор, мақомоти тафтишоти пешакӣ, сардори мақомоти таҳқиқро дар бораи анҷом додани амалҳои алоҳидаи тафтишӣ, дар бораи татбиқи чораҳои таъмини амнияти шахсони дар мурофиаи ҷиноятӣ иштироккунанда иҷро намояд.

  1. Дастурҳои суд, судя, прокурор, мақомоти тафтишоти пешакӣ, сардори мақомоти таҳқиқ барои таҳқиқбаранда ҳатмӣ мебошанд.
  2. Аз дастурҳои сардори мақомоти таҳқиқ ба прокурори назоратбаранда, аз дастурҳои прокурор бошад, ба прокурори болоӣ шикоят кардан мумкин аст.
  3. Шикоят кардан иҷрои супоришҳоро бознамедорад, ба истиснои дастурҳои бандубасти ҷиноят, андозаи айбдоркунӣ, ҳангоми ба прокурор супоридани парвандаи ҷиноятӣ ва минбаъд ба суд равон кардан ё қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ.

 

Моддаи 42. Ҷабрдида

 

  1. Ҷабрдида шахсест, ки сарфи назар аз синну сол, ҳолати рўҳӣ ва ҷисмонӣ ба ў аз ҷиноят зарари ҷисмонӣ, моддӣ, маънавӣ расонида шудааст, инчунин шахсе мебошад, ки ҳуқуқу манфиатҳои ў зери таҳдиди бевоситаи сўиқасд ба ҷиноят қарор гирифтааст. Инчунин ҷабрдида шахси ҳуқуқие низ эътироф шуда метавонад, ки дар натиҷаи содир гардидани ҷиноят ба ў зарари моддӣ ё маънавӣ расидааст. Дар ин сурат ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ҷабрдидаро намояндаи шахси ҳуқуқӣ татбиқ мекунад. Дар бораи ҷабрдида эътироф кардани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор баъди муқаррар кардани ҳодисаи ҷиноят ва воқеияти бар асари ҷиноят расидани зарар фавран қарор қабул карда, суд таъинот мебарорад.
  2. Ҷабрдида, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ў ҳуқуқ доранд:

– далелҳо пешниҳод кунанд;

– дархост ё раддия изҳор кунанд;

– бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонанд, нишондод диҳанд;

– аз кўмаки тарҷумон ройгон истифода баранд;

– намоянда дошта бошанд;

– бо протоколи амалҳои тафтишӣ, ки бо иштироки онҳо гузаронида шудаанд, шинос шаванд ва ба онҳо эродҳо баён кунанд;

– бо иҷозати муфаттиш ё таҳқиқбаранда дар амалҳои тафтишӣ, ки тибқи дархости ў ё дархости намояндаи қонунӣ ва намояндааш амалӣ мешаванд, иштирок кунанд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333);

– пас аз анҷоми тафтиш бо ҳамаи маводи тафтишот шинос шаванд, аз онҳо ҳама гуна маълумотро ба андозаи гуногун барои худ рўйнавис кунанд, дар суди марҳилаи якум дар муҳокима ва музокираҳои судӣ оид ба парванда иштирок кунанд;

– бо протоколи маҷлиси суд шинос шаванд ва нисбат ба он эродҳои худро изҳор кунанд;

– аз амал ё қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя шикоят кунанд;

– аз ҳукм ё таъинот ё қарори суд шикоят намоянд;

– аз шикоят ва эътирозе, ки нисбат ба парванда баён шудааст, хабардор карда шаванд ва нисбат ба онҳо норозигӣ баён кунанд;

– дар баррасии судии эътирозу шикоятҳои пешниҳодгардида иштирок намоянд.

  1. Ҷабрдида вазифадор аст:

– бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ҳозир шавад, дар бораи ҳамаи маълумоте, ки доир ба парванда ба ў маълум аст, хабар дода, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавоб диҳад;

– маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакиро, ки барояш маълуманд, фош накунад;

– ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси суд тартиби муайяншударо риоя кунад.

  1. Ҷабрдида ҳангоми ба даъват бе сабабҳои узрнок ҳозир нашуданаш маҷбуран оварда мешавад.
  2. Ҷабрдида барои саркашӣ аз ҳозир шудан бо даъвати мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё ба суд ё саркашӣ аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ тибқи моддаҳои 351 ва 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
  3. Дар парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки оқибати онҳо боиси марги ҷабрдида гардидааст, ҳуқуқи пешбининамудаи ҳамин моддаро хешовандони наздики ў доранд.
  4. Ҷабрдида инчунин дорои дигар ҳуқуқу ўҳдадориҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мебошад.
  5. Давлат ба ҷабрдида дастрас будани адолати судӣ ва ҷуброни зарари расонидашударо кафолат медиҳад.

 

Моддаи 43. Айбдоркунандаи хусусӣ

 

  1. Айбдоркунандаи хусусӣ шахсест, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба суд ариза дода, дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад, инчунин ҷабрдидаест, ки ҳангоми аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандаи давлатӣ дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  2. Агар ҷабрдида ноболиғ ё ғайриқобили амал бошад, айбдоркунандаи хусусӣ намояндаи қонунии ў ба ҳисоб меравад, ки дархост, илтимос ё шикоят изҳор намудааст.
  3. Айбдоркунандаи хусусӣ аз тамоми ҳуқуқҳо ва ўҳдадориҳои ҷабрдида, инчунин аз ҳуқуқҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 42 Кодекси мазкур пешбинишуда, ба истиснои ҳуқуқҳои вобаста ба марҳилаи пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятӣ истифода мебарад.
  4. Айбдоркунандаи хусусӣ аз ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ба зиммааш гузошташуда шахсан ё ба воситаи намояндаи худ истифода мебарад.

 

Моддаи 44. Даъвогари гражданӣ

 

  1. Даъвогари гражданӣ шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқие эътироф карда мешавад, ки ба ў дар натиҷаи содир шудани ҷиноят зарари молумулкӣ расонида шуда, оид ба рўёнидани он даъво пешниҳод кардааст. Даъвогари гражданӣ оид ба рўёнидани товони зарари маънавӣ низ метавонад даъвои гражданӣ пешниҳод намояд.
  2. Дар бораи эътироф кардани даъвогари гражданӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор қарор қабул мекунанд ва суд таъинот мебарорад.
  3. Барои ҳимояи манфиатҳои ноболиғон, инчунин шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида ғайриқобили амал эътироф шудаанд, даъвои гражданӣ аз тарафи намояндагони қонунии онҳо метавонад пешниҳод шавад.
  4. Даъвогари гражданӣ ҳуқуқ дорад:

– даъвои гражданиро дастгирӣ кунад ё аз даъво даст кашад;

– далелҳо пешниҳод намояд;

– дархост ва ё раддия пешниҳод кунад;

– бо забони модарӣ ё забоне, ки медонад, баёнот ва нишондод диҳад;

-аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;

– намоянда дошта бошад;

– бо протоколҳои амалҳои тафтишӣ, ки бо иштироки ў сурат гирифтаанд, шинос шавад;

– бо иҷозати муфаттиш ё таҳқиқбаранда дар амалҳои тафтишии мутобиқи дархости ў ё намояндааш доиршаванда иштирок кунад;

– пас аз анҷоми тафтиш бо маводи оид ба даъвои гражданӣ шинос шавад ва аз он маълумотҳои заруриро навишта гирад;

– дар муҳокимаҳои судии марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок намояд;

– дар муҳокимаҳо ва музокираҳои судӣ баромад кунад;

– бо протоколи маҷлиси суд шинос шуда, ба он эродҳо баён кунад;

– аз амал ва қарорҳои таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят намояд;

– аз ҳукм ва таъиноти суд, судя, қарори судя дар қисмати марбут ба даъвои гражданӣ шикоят кунад;

– аз шикоят ва эътирозҳои вобаста ба парванда хабардор карда шавад ва нисбат ба онҳо норозигӣ баён кунад;

– дар баррасии судии шикоят ва эътирозҳои овардашуда иштирок намояд.

  1. Даъвогари гражданӣ ўҳдадор аст:

– бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ҳозир шавад;

– ба суд пешниҳод кардани нусхаҳои аризаи даъворо мутобиқи шумораи ҷавобгарони гражданӣ таъмин намояд;

– бо талаби мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ашё ва ҳуҷҷатҳои доштаашро пешниҳод намояд;

– ба амри қонунии мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ итоат намояд;

– маълумотро дар бораи ҳолатҳое, ки аз рўи парвандаи ҷиноятӣ ба ў маълум гаштааст, фош насозад, ба шарте ки ў дар ин бора аз тарафи мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ё суд огоҳ карда шуда бошад.

  1. Барои фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ бе иҷозати мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ даъвогари гражданӣ мутобиқи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
  2. Даъвогари гражданӣ метавонад ба сифати шоҳид пурсида шавад.
  3. Даъвогари гражданӣ ҳуқуқҳояшро истифода бурда, ўҳдадориҳои ба зиммааш гузошташударо шахсан ё ба воситаи намояндаи худ иҷро менамояд.
  4. Аз даъво даст кашидани даъвогари гражданӣ дар тамоми марҳилаҳои мурофиавӣ то ба хонаи машваратӣ барои баровардани ҳукм даромадани суд ҷой дошта метавонад. Аз даъво даст кашидан боиси қатъ гардидани пешбурди он мегардад.

 

Моддаи 45. Намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ

 

  1. Намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ хешовандони наздик ё дигар шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи қонун ҳуқуқ доранд ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ манфиатҳои қонунии ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё айбдоркунандаи хусусиро намояндагӣ кунанд ва бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, таъиноти суд, судя барои иштирок дар парванда роҳ дода шаванд.
  2. Барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагони ноболиғ ё онҳое, ки мутобиқи ҳолати ҷисмонӣ ва рўҳии худ аз имконияти мустақилона муҳофизат кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон маҳруманд, барои иштироки ҳатмӣ дар баррасии парванда намояндагони қонунии онҳо ҷалб карда мешаванд.
  3. Намояндагони қонунӣ ва намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд, ҳуқуқҳои мурофиавиро истифода мебаранд.
  4. Иштироки шахсии ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ дар баррасии парванда онҳоро аз ҳуқуқи доштани намояндаи худ ба ин парванда маҳрум намесозад.

 

БОБИ 6. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ ҶИНОЯТИЕ, КИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ ХУД Ё НАМОЯНДАГИАШОНРО ҲИМОЯ МЕНАМОЯНД

 

Моддаи 46. Гумонбаршуда

 

  1. Гумонбаршуда шахсест, ки нисбат ба ў бо асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бинобар гумонбар шуданаш дар содир намудани ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин бора ба ў муфаттиш ё таҳқиқбаранда хабар медиҳад ё ў дастгир карда шудааст ва ё дар ҳаққи ў то пешниҳод кардани айб чораи пешгирӣ татбиқ карда шудааст.
  2. Гумонбаршуда аз лаҳзаи воқеан дастгир карда шуданаш фавран, вале на дертар аз 24 соат бояд пурсида шавад.
  3. Гумонбаршуда аз лаҳзаи воқеан дастгир шудан мутобиқи моддаи 49 Кодекси мазкур ҳуқуқи ҳимоя дорад (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., №1306).
  4. Гумонбаршуда ҳуқуқ дорад:

– аз лахзаи воќеан дастгир шудан бетаъхир аз хизмати химоятгар истифода барад, бидуни мамониат бо њимоятгар як ба як, аз љумла то оғози пурсиш, мулоќот кунад  (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., №1306);

– нишондод диҳад ё надиҳад ва дар ин бора пеш аз пурсиш хабардор карда шавад;

– донад, ки барои чӣ гумонбар шудааст;

– нусхаи протоколи дастгиршавӣ ё қарорро оид ба татбиқи чораи пешгирӣ гирад;

– бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад;

– аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;

– далелҳо пешниҳод кунад;

– дархост изҳор кунад;

– бо протоколҳои амали тафтишӣ, ки бо иштироки ў гузаронида шудаанд, ҳамчунин бо маводе, ки ба суд барои татбиқи ҳабс нисбат ба ў чун чораи пешгирӣ равон карда шудааст, шинос шавад;

– раддия изҳор намояд;

– аз амалу қарори суд, прокурор, муфаттиш ва шахси таҳқиқбаранда шикоят намояд.

 

Моддаи 47. Айбдоршаванда

 

  1. Айбдоршаванда шахсе мебошад, ки нисбат ба ў қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда бароварда шудааст (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).
  2. Айбдоршаванда пас аз таъин кардани парванда ба маҷлиси суд судшаванда номида мешавад; судшавандае, ки нисбат ба ў ҳукми суд эътибори қонунӣ пайдо кардааст, маҳкумшуда номида мешавад, агар  ҳукм пурра сафедкунанда бошад, сафедшуда номида мешавад.
  3. Айбдоршаванда ҳуқуқ дорад манфиатҳои қонунии худро бо тамоми восита ва усулҳое, ки хилофи қонун ва Кодекси мазкур нестанд, ҳифз кунад ва барои омодагӣ ба ҳимоя ба таври кофӣ вақт ва имконият дошта бошад.
  4. Айбдоршаванда ҳуқуқ дорад:

– нишондод диҳад ё надиҳад ва дар ин бора пеш аз пурсиш огоҳ карда шавад;

– донад, ки барои чӣ айбдор карда шудааст ва нусхаи қарорҳоро дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, оид ба татбиқ намудани чораи пешгирӣ, инчунин нусхаи фикри айбдоркуниро гирад;

– оид ба айби нисбат ба ў эълоншуда нишондод диҳад;

– далелҳо пешниҳод кунад;

– дархост ва раддия изҳор кунад;

– бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад;

– аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;

– аз лаҳзаи дастгир шудан ҳимоятгар дошта бошад, аз ҷумла тибқи ҳолат ва тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур аз кўмаки ҳимоятгар ройгон истифода барад;

– аз лаҳзаи дастгир шудан бидуни мамониат бо ҳимоятгар як ба як мулоқот кунад;

– дар амалҳои тафтишӣ, ки тибқи дархости ў ё дархости ҳимоятгар гузаронида мешавад, иштирок намояд;

– бо протоколи амалҳои тафтишӣ шинос шавад ва нисбат ба он эроди худро изҳор кунад;

– бо қарори таъин кардани экспертиза ва хулосаи коршинос шинос шавад;

– пас аз ба охир расонидани тафтиш бо маводи парванда шинос шавад ва аз он ҳама гуна маълумоти заруриро рўйнавис кунад;

– аз амал ва қарорҳои шахси таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя шикоят кунад;

– оид ба қатъи пешбурди парванда норозигӣ изҳор намояд;

– дар муҳокимаи судӣ оид ба баррасии интихоби чораи пешгирӣ иштирок кунад.

  1. Айбдоршаванда ўҳдадор аст:

– бо даъвати мақомоти пешбурди тафтишот ҳозир шавад;

– ба амрҳои қонунии мақомоти пешбурди тафтишот итоат намояд;

– дар амали тафтишӣ ва дигари мурофиавӣ иштирок намояд, ба шарте ки мақомоти пешбурди тафтишоти пешакӣ лозим донад.

  1. Судшаванда ҳуқуқ дорад:

-дар муҳокимаи судии суди марҳилаи якум ва кассатсионӣ иштирок намояд;

– сухани охирин гўяд;

– бо протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва ба он эрод пешниҳод намояд;

– аз ҳукм, таъинот ва қарори суд, судя шикоят намояд;

– нусхаҳои қарорҳои шикоятшударо гирад;

– нусхаҳои шикоят ва пешниҳодҳои ба парвандаи ҷиноятӣ овардашударо гирад ва ба онҳо норозигӣ изҳор намояд;

– дар баррасии масъалаҳое, ки ба иҷрои ҳукм вобастаанд, иштирок намояд;

– аз дигар ҳуқуқҳое, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, истифода кунад.

  1. Маҳкумшуда аз ҳуқуқҳои дар моддаҳои 403 ва 410 Кодекси мазкур пешбинишуда метавонад истифода намояд.

 

Моддаи 48.  Намояндаи қонунии ноболиғ

 

Дар парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон  содир шудаанд, ҷиҳати иштирок дар парванда ҳатман намояндагони қонунии онҳо бо тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур ҷалб карда мешаванд.

 

Моддаи 49. Ҳимоятгар

 

  1. Ба сифати ҳимоятгар адвокатҳо роҳ дода мешаванд. Бо таъиноти суд, қарори судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда хешовандони наздик ва намояндагони қонунии дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба сифати ҳимоятгар ба пешбурди парванда роҳ дода мешаванд. (Муқаррароти ҚҶТаз 23.11.15 с., №1229 – аз 27 марти соли 2016 мавриди амал қарор дода мешавад.)
  2. Ҳимоятгар барои иштирок дар парванда аз лаҳзаи дар ҳаққи шахс баровардани қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ, инчунин аз лаҳзаи воқеан дастгир гардидани гумонбаршуда роҳ дода мешавад.
  3. Як шахс наметавонад ҳимоятгари ду дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда бошад, ба шарте ки манфиати яке аз онҳо хилофи манфиати дигаре бошад.

 

Моддаи 50. Даъват, таъин ва иваз кардани ҳимоятгар

 

  1. Ҳимоятгар аз ҳисоби шахсоне, ки дар моддаи 49 Кодекси мазкур зикр шудаанд, аз ҷониби дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии онҳо, инчунин бо супориш ё ризои онҳо аз ҷониби дигар шахсон даъват карда мешавад.
  2. Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ҳуқуқ надорад, ки ба ягон кас даъвати ҳимоятгари муайянро тавсия намояд.
  3. Иштироки ҳимоятгар бо дархости дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ва намояндаи онҳо аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя таъмин карда мешавад.
  4. Агар иштироки ҳимоятгари интихоб ё таъиншуда дар давоми на камтар аз панҷ шабонарўз имконнопазир бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш‚ прокурор ва суд ҳуқуқ доранд ба дастгиршуда, гумонбаршуда ё айбдоршаванда даъват кардани ҳимоятгари дигарро пешниҳод кунанд ва дар сурати даст кашидани ў аз таъин намудани ҳимоятгар чораҳо андешанд.
  5. Агар ҳимоятгари дар парвандаи ҷиноятӣ иштироккунанда дар давоми панҷ шабонарўз дар амалиёти мурофиавӣ иштирок карда натавонад, гумонбаршуда, айбдоршаванда ҳимоятгари дигарро даъват накунад ва барои таъин намудани ҳимоятгар дархост пешниҳод накунад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ҳуқуқ доранд ҳамин амалиёти мурофиавиро бе иштироки ҳимоятгар гузаронанд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 51 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд.
  6. Агар дар давоми 24 соат аз лаҳзаи дастгиркунии гумонбаршуда ё ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда таъин намудани ҳимоятгари интихобнамудаи онҳо имконнопазир бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор барои таъин намудани ҳимоятгари дигар бояд чораҳо андешанд.
  7. Агар гумонбаршуда, айбдоршаванда аз ҳимоятгари таъиншуда даст кашанд, амалҳои тафтишӣ бо иштироки гумонбаршуда, айбдоршаванда мумкин аст бе иштироки ҳимоятгар гузаронида шаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 51 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд. Даст кашидан аз ҳимоятгар аз ҷониби гумонбаршуда ва айборшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 52 Кодекси мазкур сурат мегирад.
  8. Агар гумонбаршаванда ё айбдоршаванда аз ҳуқуқи гирифтани ҳимоятгар истифода накунад, прокурор ё муфаттиш ба ў ҳимоятгар таъин менамояд. (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333)
  9. Ҳимоятгар дар мурофиаи судӣ мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 281 Кодекси мазкур иваз карда мешавад;
  10. Музди меҳнати ҳимоятгар мутобиқи қонунгузории ҷорӣ пардохта мешавад.
  11. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя ҳуқуқ доранд, ки дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаро аз пардохти музди ёрии ҳуқуқӣ пурра ё қисман озод кунанд. Дар чунин ҳолат музди меҳнати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат пардохта мешавад.
  12. Музди меҳнати ҳимоятгар, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 ҳамин модда, ҳангоме ки ҳимоятгар тибқи таъинот бе бастани шартнома бо мизоҷ дар пешбурди тафтиши пешакӣ ё суд иштирок намудааст, аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. Дар ин ҳолат ҷуброни хароҷоти давлатро ба ўҳдаи маҳкумшуда гузоштан мумкин аст.

 

Моддаи 51. Ҳатмӣ будани иштироки ҳимоятгар

 

  1. Иштироки ҳимоятгар дар пешбурди парвандаҳо ҳатмист, ба шарте ки:

– дар ин бора гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дархост пешниҳод кунанд;

– гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ноболиғ бошанд;

– гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда бинобар камбудиҳои ҷисмонию рўҳӣ ҳуқуқи худашонро оид ба ҳимоя  мустақилона амалӣ карда натавонанд;

– гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда забони пешбурди мурофиаро надонанд;

– судшавандаи таҳти ҳабс қарордошта аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ саркашӣ намояд  (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333);

– айбдоршаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ кунад  (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).

– шахс дар содир намудани ҷинояте айбдор карда шавад, ки барои он ҷазои қатл ё ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шуда бошад.

  1. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ҳуқуқ доранд иштироки ҳимоятгарро оид ба дигар парвандаҳо низ зарур шуморанд, ба шарте онҳо чунин шуморанд, ки мураккабии парванда ва дигар ҳолатҳо метавонанд ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда амалӣ гардонидани ҳуқуқашонро барои ҳимоя мушкил намоянд.
  2. Агар дар ҳолатҳои дар ҳамин модда зикршуда ҳимоятгар аз ҷониби худи дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё намояндаи қонунии онҳо, инчунин бо ризои онҳо аз ҷониби дигар шахсон даъват нашуда бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя вазифадоранд иштироки ҳимоятгарро дар парванда таъмин намоянд. Дар ин сурат қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд дар бораи ҷудо кардани ҳимоятгар барои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст. (ҚҶТаз 23.11.15 с., №1229)

 

Моддаи 52. Даст кашидан аз ҳимоятгар

 

  1. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ҳуқуқ доранд дар ҳар лаҳзаи пешбурди парванда бо ташаббуси худ, ки дар шакли хаттӣ пешниҳод намудаанд, аз хизмати ҳимоятгар дар ҳузури ў даст кашанд.
  2. Даст кашидан аз ҳимоятгар бинобар надоштани маблағ барои пардохти музди ёрии ҳуқуқӣ ё дигар ҳолатҳое, ки аз маҷбуран даст кашидан аз ҳимоятгар шаҳодат медиҳанд, иҷозат дода намешавад.
  3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 51 Кодекси мазкур ба даст кашидан аз ҳимоятгар иҷозат дода намешавад.
  4. Даст кашидан аз ҳимоятгар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаро аз ҳуқуқи дар оянда изҳор кардани дархост доир ба роҳ додани ҳимоятгар барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҷиноятӣ маҳрум намесозад. Роҳ додани ҳимоятгар такроран доир намудани амалҳои мурофиавиро талаб намекунад.

 

Моддаи 53. Салоҳияти ҳимоятгар

 

  1. Ҳимоятгар вазифадор аст бо мақсади ошкор ва пешниҳод намудани далелҳои сафедкунандаи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё сабуккунандаи ҷавобгарии онҳо ҳамаи восита ва усулҳои дар қонун ва Кодекси мазкур манънашударо истифода барад ва ба онҳо ёрии ҳуқуқии зарурӣ расонад.
  2. Ҳимоятгар аз лаҳзаи ба парванда роҳ дода шуданаш ҳуқуқ дорад:

– донад, ки шахсе, ки ў манфиатҳояшро ҳимоя мекунад, барои чӣ гумонбар ё айбдор карда мешавад;

– бе мамониат бо шахси таҳти ҳимояташ буда як ба як, бе маҳдуд кардани шумора ва давомнокӣ сўҳбат кунад; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1134)

– далел ва маълумоти барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруриро ҷамъ оварад ва пешниҳод кунад;

– бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 225 Кодекси мазкур ҳангоми ба айбдоршаванда эълон кардани айб иштирок намояд;

– дар пурсиши гумонбаршуда ва айбдоршаванда, инчунин дигар амалҳои тафтишӣ, ки бо дархости худи ҳимоятгар анҷом дода мешавад, иштирок кунад;

– бо протоколи дастгиркунӣ, қарори татбиқи чораҳои пешгирӣ, протоколи амали тафтишӣ, ки бо иштироки гумонбаршуда ё худи ҳимоятгар гузаронида  шудааст, бо ҳуҷҷатҳое, ки пешниҳод шудаанд ё  бояд ба гумонбаршуда ё айбдоршаванда пешниҳод карда шаванд, шинос шавад;

– пас аз анҷоми таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ бо тамоми маводи парванда шинос шуда, аз он ҳама гуна маълумотро дар ҳар ҳаҷме, ки хоҳад, рўйнавис кунад;

– дархост изҳор кунад;

– дар муҳокимаи судии суди марҳилаи якум иштирок намояд;

– дар музокираҳои судӣ баромад кунад;

– дар маҷлиси суд, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ мекунад ё ҳангоми аз нав оғоз кардани парванда оид ба ҳолатҳои нав ошкоршуда иштирок намояд ва оид ба шикоятҳо тавзеҳот диҳад;

– раддия арз кунад;

– аз амал ва қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад ва  дар баррасии онҳо иштирок намояд;

– барои ҳимоя ҳама гуна воситаҳо ва усули хилофи қонун набударо истифода барад;

– оид ба эътироз ва шикоятҳои ба парванда пешниҳодшуда маълумот дошта бошад ва нисбат ба онҳо изҳори норизогӣ кунад.

  1. Ҳимоятгаре, ки дар пешбурди амалҳои тафтишӣ иштирок кардааст, ҳуқуқ дорад бо иҷозати муфаттиш ба шахсони пурсидашаванда саволҳо диҳад. Муфаттиш ё таҳқиқбаранда метавонад ба додани саволҳои раҳнамункунанда эътироз кунанд, вале вазифадоранд онҳоро дар протокол сабт кунанд.
  2. Ҳимоятгар ҳуқуқ дорад дар протоколи амали тафтишӣ дар бораи саҳеҳӣ ва пуррагии сабти он эродҳои хаттии худро инъикос намояд.
  3. Ҳимоятгари дар баррасии парванда иштироккунанда метавонад ёрдамчӣ дошта бошад. Ёрдамчӣ бо ризои гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда дар ҳузури ҳимоятгар ё бо ваколатномаи ў бо маводи парванда шинос шавад.
  4. Ҳимоятгар ҳуқуқ надорад:

– маълумотеро, ки бинобар татбиқи ҳимоя ё расонидани дигар кўмаки ҳуқуқӣ барояш маълум гаштааст, фош кунад;

– аз ўҳдадории худ дар бобати ҳимояи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда даст кашад;

– шахси таҳти ҳимояташ қарордоштаро бар хилофи мавқеи ў ба кирдори барои ҷамъият хавфнок алоқадор ё дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор эътироф намояд;

– бе супориши шахси таҳти ҳимояташ қарордошта дар бораи оштӣ шудан бо ҷабрдида, эътироф кардани даъвои гражданӣ ва баргардонидани шикоятномаи додаи ў арз намояд;

– худсарона ваколатҳояшро қатъ намояд ва бе ризои ҳимоятшаванда ваколатҳояшро дар бобати ҳимоя ба зиммаи дигар кас вогузорад.

  1. Ҳимоятгар ўҳдадор аст:

– бо даъвати мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ ва суд, судя барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ва ба онҳо расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳозир шавад;

– дар сурати ҳозир шуда натавонистан дар давоми 24 соат дар ин бора мақомоти пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ва судро огоҳ намояд;

– ба амрҳои қонунии мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ итоат намояд;

– маълумотро дар бораи ҳолатҳое, ки бо сабаби расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ў маълум гаштааст, инчунин маълумоти тафтиши пешакӣ ва маҷлиси пўшидаи судиро фош насозад.

  1. Ҳимоятгар барои фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ бе иҷозати мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ба шарте ки ў дар ин бора аз тарафи мақомоти пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ё суд, судя мутобиқи моддаи 177 Кодекси мазкур огоҳ карда шуда бошад.

 

Моддаи 54. Ҷавобгари гражданӣ

 

  1. Ба сифати ҷавобгари гражданӣ шахси воқеӣ ва шахси ҳуқуқие, ки тибқи қонун барои зарари аз ҷиноятрасида масъулияти молӣ доранд, ҷалб карда мешаванд.
  2. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва судя дар бораи ба ҷавобгарии гражданӣ кашидани шахс қарор, судя бошад, таъинот мебароранд.
  3. Ҷавобгари гражданӣ ҳуқуқ дорад:

– моҳияти айбдоркунӣ ва даъвои гражданиро донад;

– зидди даъво норозигӣ баён кунад;

– оид ба моҳияти даъвои пешниҳодшуда нишондод диҳад;

– намоянда дошта бошад;

– далелҳо пешниҳод кунад;

– дархост ва раддия диҳад;

– пас аз анҷоми тафтиш бо маводи парванда, ки ба даъвои гражданӣ марбут аст, шинос шавад, маълумотҳои заруриро рўйнавис кунад;

– дар мурофиаи судӣ иштирок намояд;

– дар музокираҳои судӣ баромад кунад;

– аз амал ва қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад;

– бо протоколи маҷлиси суд шинос шуда, ба он эрод пешниҳод кунад;

– аз ҳукм ва таъиноти суд дар бобати даъвои гражданӣ шикоят кунад, эътироз ва шикоятеро, ки нисбат ба парванда пешниҳод шудааст, донад ва ба онҳо изҳори норизоӣ баён кунад; (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

– дар баррасии судии эътироз ва шикоятҳо иштирок намояд.

  1. Ҷавобгари гражданӣ ўҳдадор аст:

– бо даъвати мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ ва суд, судя ҳозир шавад;

– ба қарори қонунии мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ ва суд, судя итоат намояд;

–  маълумотро дар бораи ҳолатҳое, ки аз рўи парвандаи ҷиноятӣ ба ў маълум гаштааст, фош насозад, ба шарте ки ў дар ин бора аз тарафи мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ё суд, судя огоҳ карда шуда бошад.

  1. Ҷавобгари гражданӣ барои фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ бе иҷозати мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 55. Намояндаи ҷавобгари гражданӣ

 

  1. Намояндаи ҷавобгари гражданӣ ҳимоятгар, хешовандони наздик ва дигар шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи қонун ва Кодекси мазкур ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд манфиатҳои қонунии ҷавобгари гражданиро ҳифз кунанд ва бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё бо таъиноти суд барои иштирок дар парванда роҳ дода шудаанд.
  2. Намояндаи ҷавобгари гражданӣ дорои ҳуқуқҳое мебошад, ки ҷавобгари гражданӣ дорад.
  3. Иштироки ҷавобгари гражданӣ дар парванда ўро аз ҳуқуқи дар ин парванда доштани намоянда маҳрум намекунад.

 

БОБИ 7. ИШТИРОКЧИЁНИ ДИГАРИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ

 

Моддаи 56. Шоҳид

 

  1. Ба сифати шоҳид барои додани нишондод шахсе даъват карда мешавад, ки ба ў ягон ҳолати барои парвандаи ҷиноятӣ аҳамиятдошта маълум аст.
  2. Ба сифати шоҳид шахсони зерин пурсида намешаванд:

– шахсоне, ки бо сабаби норасоиҳои ҷисмонӣ ё рўҳӣ қобилият надоранд, ки ҳолатҳои дар парвандаи ҷиноятӣ муқарраршавандаро дуруст дарк ва барқарор намоянд;

– адвокат ва ёрдамчии ў барои аниқ намудани маълумоте, ки мумкин аст ба онҳо ба сабаби муроҷиат барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ё расонидани чунин ёрӣ аён гардидааст;

– хешовандони наздики гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ба шарте ки онҳо барои пурсиш ба сифати шоҳиди парвандаи мазкур розӣ нашуда бошанд;

– судя, машваратчии халқӣ оид ба ҳолатҳои муҳокимаи масъалаҳое, ки ҳангоми иштироки онҳо дар баррасии парванда маълум гаштааст.

  1. Шоҳид ҳуқуқ дорад:

– бо забони модарӣ ё бо забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад;

– аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;

– ба тарҷумоне, ки дар пурсиши ў иштирок мекунад, раддия изҳор намояд;

– бо дасти худ дар протоколи пурсиш нишондодашро сабт кунад;

– оид ба татбиқ намудани чораҳои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ тибқи муқаррароти моддаи 12 Кодекси мазкур дархост пешниҳод намояд;

– аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад.

  1. Шоҳид вазифадор аст:

– бо даъвати таҳқиқкунанда, муфаттиш, прокурор ва суд ҳозир шавад;

– ҳамаи он чизеро, ки оид ба парванда барояш маълум аст, саҳеҳ иттилоъ диҳад ва ба саволҳои гузошташуда дуруст ҷавоб диҳад;

– бе иҷозати пурсишкунанда маълумоти оид ба ҳолатҳои парванда ба ў маълумро фош накунад;

– тартиби муайяншудаи пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси судро риоя кунад.

  1. Шоҳид ҳангоми қасдан аз рўи даъват ҳозир нашудан маҷбуран оварда мешавад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
  2. Шоҳид барои саркашӣ аз ҳозир шудан ва барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ ё нахостани додани нишондод мутобиқи моддаҳои 351 ва 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 57. Мутахассис

 

  1. Мутахассис шахсест, ки ба ҳалли парвандаи ҷиноятӣ манфиатдор набуда, дорои донишу таҷрибаи махсус аст ва барои мусоидат намудан ба таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя дар ошкор ё дарёфт намудани далел, асоснок кардани он, инчунин дар татбиқи воситаҳои техникӣ мумкин аст ҷалб карда шавад.
  2. Мутахассис барои иштирок намудан дар пешбурди амалҳои тафтишӣ ва муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаҳои 179, 284, 305 Кодекси мазкур даъват карда мешавад.
  3. Мутахассис ҳуқуқ дорад:

– сабаби даъват шуданашро донад;

– агар дорои донишу таҷрибаи соҳаи дахлдор набошад, аз иштирок дар пешбурди парванда даст кашад;

– бо иҷозати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ба иштирокчиёни амали тафтишӣ савол диҳад;

– бо протоколи тафтиш, ки дар он иштирок мекунад, шинос шавад ва арзу мулоҳизотеро пешниҳод намояд, ки бояд ба протокол дохил карда шаванд;

– аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад.

  1. Мутахассис ўҳдадор аст:

– бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад;

– дар пешбурди амали тафтишӣ ва муҳокимаи судӣ донишу таҷрибаи худ ва воситаҳои илмию техникиро истифода намуда, барои ошкор ё дарёфт намудани далел ва асоснок кардани он иштирок намояд;

– дар ҷараёни маҷлиси суд оид ба амалҳои анҷомдодааш тавзеҳот диҳад.

  1. Мутахассис барои саркашӣ кардан аз ҳозиршавӣ ба даъвати мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишотӣ ва суд ё саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 58. Коршинос (эксперт)

 

  1. Коршинос дар ҳолатҳое даъват карда мешавад, ки барои пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё ҳангоми муҳокимаи судии парванда ба дониши махсус дар соҳаи илм, техника, фарҳанг ё касбу ҳунар зарурат ба миён ояд.
  2. Ба сифати коршинос ҳар шахсе, ки барои пешниҳоди хулоса дониши махсус ва дар ҳолатҳои зарурӣ иҷозатномаи дахлдор дорад, даъват шуданаш мумкин аст.
  3. Даъват кардани коршинос, таъин ва пешбурди экспертиза бо тартиби пешбининамудаи боби 24 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
  4. Коршинос ҳуқуқ дорад:

– бо маводи парвандаи ҷиноятӣ, ки ба мавзўи экспертиза алоқаманд аст, шинос шавад;

– дар бораи ба ў пешниҳод намудани маводи иловагӣ, ки барои додани хулоса заруранд ё дар бораи таъини экспертизаи комплексӣ дархост кунад;

– бо иҷозати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок карда, ба пурсишшавандагон ва дигар шахсон, ки дар ин амал иштирок доранд, вобаста ба масъалаҳои мавзўи экспертиза саволҳо диҳад;

– бо забони модарӣ ё дигар забоне, ки медонад, нишондод диҳад;

– аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;

– аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя, ки ҳуқуқи ўро ҳангоми пешбурди экспертиза маҳдуд мекунад, шикоят намояд;

– агар ҳаллу фасли масъалаи гузошташуда аз доираи дониши тахассусаш берун бошад ё маводи дар ихтиёраш буда барои додани хулоса нокифоя бошад, аз пешниҳоди хулоса даст кашад.

  1. Коршинос ҳуқуқ надорад бе огоҳ намудани таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя бо дигар иштирокчиёни мурофиа дар бораи масъалаҳои марбут бо экспертиза гуфтушунид кунад, барои тадқиқот мустақилона мавод ҷамъоварӣ намояд, агар барои он иҷозати махсуси таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя мавҷуд набошад, тафтише гузаронад, ки боиси пурра ё қисман несту нобуд гардидани объектҳо ё тағйир ёфтани намуди зоҳирӣ ё хосиятҳои асосии онҳо гардад.
  2. Коршинос ўҳдадор аст:

– бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад;

– вобаста ба масъалаҳои тадқиқот ва саволҳои пешниҳодшуда хулосаи асоснок ва воқеъбинонаи хаттӣ пешниҳод намояд;

– маълумоти маводи парвандаро фош накунад;

– ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси суд тартиботро риоя намояд.

  1. Коршинос барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ, инчунин барои саркашӣ кардан аз ҳозиршавӣ ё иҷрои вазифаҳои худ мутобиқи моддаҳои 351 ва 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

 

Моддаи 59. Тарҷумон

 

  1. Тарҷумон шахсест, ки забонҳои барои тарҷума зарурро медонад ва барои иштирок дар амалҳои тафтишию судӣ дар ҳолатҳое, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҳимоятгарони онҳо ё ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо, инчунин шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиа забонеро, ки пешбурди парванда ба воситаи он анҷом дода мешавад, намедонанд, инчунин барои тарҷумаи маводи хаттӣ даъват карда мешавад.
  2. Тарҷумон бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ва таъиноти суд таъин карда мешавад.
  3. Тарҷумон инчунин мутобиқи Кодекси мазкур шахсе ҳисоб меёбад, ки имову ишораи гунгонро мефаҳмад ва қодир аст бо карҳо бо истифодаи аломатҳо сўҳбат кунад.
  4. Тарҷумон ҳуқуқ дорад:

– бо протоколи амали тафтишӣ, ки ҳангоми пешбурди он иштирок дошт, инчунин бо протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва ба онҳо эрод гирад ва он бояд дар протокол дарҷ шавад;

– агар ў дониши барои тарҷума зарурӣ надошта бошад, аз иштирок дар парванда даст кашад;

– аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад.

  1. Тарҷумон ўҳдадор аст:

– бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад;

– тарҷумаи матни ба ў супурдашударо дақиқ ва пурра ба ҷо орад, саҳеҳ будани тарҷума дар протоколи тафтиш, ки бо иштироки ў сурат гирифтааст, инчунин тарҷумаи матни ҳуҷҷатҳои мурофиавиро, ки ба иштирокчиёни мурофиа бо забони модарии онҳо ё дигар забоне, ки онҳо медонанд, додашударо бо имзои худ тасдиқ кунад;

– маълумоти маводи парвандаро фош накунад;

– ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси суд тартиботро риоя кунад.

  1. Тарҷумон дар ҳолати дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан, инчунин ҳангоми саркашӣ кардан аз ҳозир шудан ба даъват ё аз иҷрои вазифаҳои худ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 351 ва 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 60. Шахси холис

 

  1. Шахси холис шахсест, ки ба ҳалли парвандаи ҷиноятӣ манфиатдор нест ва барои иштирок дар амали тафтишӣ ё дигар амали мурофиавӣ барои тасдиқи далели пешбурди он, мазмун, ҷараён ва натиҷаҳои он аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя даъват шудааст.
  2. Инҳо шахсони холис буда наметавонанд:

– ноболиғон;

– шахсони номукаллаф;

– иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва хешовандони онҳо;

– кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дорои ваколатҳои гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва таҳқиқу тафтиши пешакӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №692)

  1. Шахсони холисе, ки дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок мекунанд, набояд камтар аз ду нафар бошанд. Пеш аз оғози амали тафтишӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ба онҳо ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшонро мефаҳмонанд.
  2. Шахси холис ҳуқуқ дорад:

– дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок кунад;

– оид ба пешбурди амали тафтишӣ мулоҳизаҳояшро баён кунад, ба он эрод гирад ва ин мулоҳизаву эродҳо бояд дар протокол сабт шаванд;

– бо протоколи тафтиш, ки дар он иштирок кардааст, шинос шавад;

– аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор шикоят кунад.

  1. Шахси холис ўҳдадор аст:

– бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад;

– дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок кунад;

– далели пешбурди ин амал, ҷараён ва натиҷаҳои онро дар протоколи тафтиш бо имзо тасдиқ намояд;

– маълумоти маводи тафтишро фош накунад;

– ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ тартиботро риоя кунад.

  1. Шахси холис дар сурати саркашӣ кардан аз ҳозир шудан ё аз иҷрои вазифаҳои худ тибқи моддаи 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
  2. Шахси холис бояд тамоми амали дар ҳузури ў ба миёномадаро пурра ва саҳеҳ дарк карда тавонад.

 

БОБИ 8. ҲОЛАТҲОЕ, КИ ИМКОНИЯТИ ИШТИРОКРО ДАР МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ ИСТИСНО МЕКУНАНД

 

Моддаи 61. Ҳолатҳое, ки иштироки судяро дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ истисно мекунанд

 

  1. Судя наметавонад дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ иштирок намояд, агар:

– тибқи қонун барои баррасии ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ваколатдор набошад;

– оид ба ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё шоҳид бошад;

– дар ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ба сифати коршинос, мутахассис, тарҷумон, шахси холис, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, котиби маҷлиси суд, ҳимоятгар, намояндаи қонунии гумонбаршуда,  айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданӣ иштирок карда бошад;

– худ, хешовандони наздики ў бевосита ё бавосита ба ҳалли парванда манфиатдор бошанд;

– хешованди айбдоркунандаи давлатӣ, айбдоркунандаи хусусӣ, муфаттиш, таҳқиқбаранда, айбдоршаванда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндаи онҳо, ҳимоятгар бошад;

– ҳолатҳое мавжуд бошанд, ки беғаразии судяро таҳти шубҳа гузоранд. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур судя вазифадор аст аз иштирок дар парванда даст кашад.

 

Моддаи 62. Ҳолатҳое, ки иштироки такрории судяро дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ истисно мекунанд

 

  1. Судяе, ки қарори ба ҳабс гирифтан ё таҳти ҳабси хонагӣ қарор додани гумонбаршуда ё айбдоршавандаро қабул намудааст, мўҳлати дар ҳабс ё ҳабси хонагӣ нигоҳ доштани онҳоро дароз кардааст, дар баррасии ҳамон парванда дар судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок карда наметавонад. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №809)
  2. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум иштирок намудааст, ҳангоми баррасии ҳамон парванда ба тариқи кассатсионӣ ё назоратӣ, ҳамчунин дар сурати бекор шудани ҳукм ё қарор (таъинот) дар бораи қатъ намудани пешбурди парвандаи ҷиноятие, ки бо иштироки ў қабул карда шудааст, ҳамзамон ҳангоми аз нав баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум иштирок карда наметавонад.
  3. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок намудааст, дар баррасии ҳамон парванда дар суди марҳилаҳои якум ё назоратӣ, ҳамчунин дар баррасии нави парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ баъди бекор шудани таъиноти бо иштироки ў баровардашуда иштирок карда наметавонад.
  4. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи назоратӣ иштирок намудааст, дар баррасии ҳамон парванда дар судҳои марҳилаҳои якум ва кассатсионӣ иштирок карда наметавонад.

 

Моддаи 63. Рад кардани судя

 

  1. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 61 ва 62 Кодекси мазкур судя ва машваратчии халқӣ вазифадор аст аз иштирок дар парванда даст кашад. Бо ҳамон асосҳо ба судя ва машваратчии халқӣ аз тарафи иштирокчиёни мурофиаи судии дар моддаи 301 Кодекси мазкур нишондодашуда метавонад раддия арз намояд.
  2. Раддия бояд асоснок карда, то оғози тафтиши судӣ арз шавад. Арзи дертари раддия танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки асоси раддия ба суд ё ба шахси изҳоркунандаи раддия пас аз оғози тафтиши судӣ аён гардида бошад. Судя ё машваратчии халқие, ки ба ў раддия арз шудааст, ҳуқуқ дорад доир ба ин масъала баёнот диҳад.

 

Моддаи 64.  Тартиби ҳалли раддияе, ки нисбат ба судя арз шудааст

 

  1. Масъалаи рад намудани судя, инчунин дигар иштирокчиёни мурофиа, ки дар давраи мурофиаи судӣ арз шудааст, аз ҷониби суд тавассути баровардани таъинот дар хонаи машваратӣ ҳал карда мешавад.
  2. Раддияе, ки нисбат ба судя арз шудааст, аз тарафи судяҳои дигар дар ғайби ў ҳал карда мешавад. Радшаванда ҳуқуқ дорад то ба хонаи машваратӣ даромадани суд баёноташро дар бораи раддияи ба ў арзшуда изҳор намояд. Ҳангоми баробар будани овозҳо судя рад кардашуда ҳисоб меёбад.
  3. Раддияе, ки ба якчанд судя ё ҳайати пурраи суд арз шудааст, аз ҷониби ҳайати пурраи ҳамон суд бо аксарияти овозҳо ҳал карда мешавад.
  4. Раддия нисбат ба судяе, ки парвандаро танҳо баррасӣ мекунад ё шикоятро оид ба татбиқи чораи пешгирӣ ва дигар чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ дида мебарояд, аз тарафи судя танҳо тавассути қабули қарор ҳал карда мешавад.
  5. Дар ҳолати қонеъ намудани арзи раддия парвандаи ҷиноятӣ, шикоят ё дархост барои баррасӣ ба дигар судя супорида мешавад.
  6. Дар баробари аз ҷониби яке аз тарафҳо нисбат ба судя, котиби маҷлиси суд, тарҷумон, коршинос, мутахассис арз шудани раддия дар навбати аввал масъалаи рад кардани судя ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 65. Рад кардани прокурор

 

  1. Прокурор ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 61 Кодекси мазкур вазифадор аст аз иштирок дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ даст кашад.
  2. Прокурор дар пешбурди тафтиши пешакӣ ё таҳқиқ, инчунин дастгирӣ кардани айбдоркунӣ дар суд иштирок карда бошад, барои иштироки минбаъдаи ў дар парванда монеа шуда наметавонад.
  3. Бо асосҳои пешбининамудаи моддаи 61 Кодекси мазкур ба прокурор метавонанд гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии онҳо, ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида ва намояндагони ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо раддия арз кунанд.
  4. Масъалаи рад кардани прокурор дар давраи пешбурди тосудии парванда аз ҷониби прокурори болоӣ, ҳангоми пешбурди судии парванда бошад, аз ҷониби суди баррасикунандаи парванда ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 66. Рад кардани муфаттиш ва таҳқиқбаранда

 

  1. Муфаттиш ва таҳқиқбаранда дар тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 61 Кодекси мазкур иштирок карда наметавонанд. Иштироки онҳо дар таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ, ки қаблан оид ба ҳамин парванда сурат гирифта буд, барои рад кардани онҳо асос шуда наметавонад.
  2. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои рад кардани муфаттиш ё таҳқиқбаранда онҳо вазифадоранд аз иштирок дар парвандаи ҷиноятӣ даст кашанд.
  3. Масъалаи рад кардани муфаттиш ё таҳқиқбаранда аз ҷониби прокурор ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 67. Рад кардани котиби маҷлиси суд

 

  1. Муқаррароти моддаи 61 Кодекси мазкур ба котиби маҷлиси суд низ дахл доранд. Иштироки қаблии ў дар парванда ба сифати котиби маҷлиси суд барои рад кардани ў асос шуда наметавонад.
  2. Масъалаи рад кардани котиби маҷлиси суд аз ҷониби суд ё судяе, ки парвандаро баррасӣ менамояд, ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 68. Рад кардани тарҷумон

 

  1. Тарҷумон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 61 Кодекси мазкур нишондодашуда, ҳамчунин дар ҳолате, ки бесалоҳиятии ў ошкор мегардад, дар пешбурди парванда иштирок карда наметавонад.
  2. Ҳангоми мавҷуд будани ин асосҳо гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии ў, ҳимоятгар, айбдоркунанда, инчунин ҷабрдида ва намояндаи онҳо, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо нисбат ба тарҷумон раддия арз карда метавонанд.
  3. Дар ҳолати ошкор гардидани бесалоҳиятии тарҷумон шоҳиде, ки нишондодашро тарҷумон тарҷума кардааст, нисбат ба ў раддия арз карда метавонад.
  4. Қаблан ба сифати тарҷумон иштирок кардани шахс дар парванда барои рад кардани ў асос шуда наметавонад.
  5. Масъалаи рад намудани тарҷумон ҳангоми пешбурди таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ мутаносибан аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор, дар мурофиаи судӣ аз ҷониби суд, судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 69. Рад кардани коршинос

 

  1. Коршинос дар ҳолатҳои зайл наметавонад дар пешбурди парвандаҳо иштирок кунад:

– ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 61 Кодекси мазкур зикргардида;

– агар ў таҳти вобастагии хизматӣ ё дигар вобастагии таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя, гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда, ҳимоятгар ё намояндагони қонунии онҳо, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо қарор дошт ё қарор дорад;

– агар ў оид ба ҳамин парванда санҷиш (ревизия) анҷом дода бошад;

– дар ҳолати ошкор гардидани бесалоҳиятии ў.

  1. Иштироки қаблии коршинос дар парванда ба сифати мутахассис ва ё ба сифати коршинос барои рад кардани ў асос шуда наметавонад.
  2. Масъалаи рад кардани коршинос бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 68 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 70. Рад кардани мутахассис

 

  1. Мутахассис ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 61 Кодекси мазкур нишондодашуда дар пешбурди парванда иштирок карда наметавонад.
  2. Иштироки қаблӣ дар парванда ба сифати мутахассис барои рад кардани ў асос шуда наметавонад.
  3. Масъалаи рад кардани мутахассис бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 68 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 71. Ҳолатҳое, ки иштироки ҳимоятгар, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданиро дар парванда истисно мекунанд

 

  1. Ҳимоятгар, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва ё ҷавобгари гражданӣ ҳуқуқ надоранд дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ иштирок кунанд, ба шарте ки:

– қаблан дар парванда ба сифати судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси суд, шоҳид, коршинос, мутахассис, тарҷумон ё шахси холис иштирок карда бошанд;

– бо судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ё котиби маҷлиси суд, ки дар тафтиш ё баррасии судии ҳамин парванда иштирок мекунанд ё бо шахси манфиаташ ба манфиати иштирокчиёни мурофиаи бо ў дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ созишномабаста мухолифанд, муносибатҳои хешутаборӣ дошта бошанд;

– ба шахсе, ки манфиаташ ба манфиати айбдоршаванда ё гумонбаршудаи аз ҷониби ў ҳимояшаванда ё ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва ҷавобгари гражданӣ, ки онҳоро намояндагӣ мекунад, мухолиф аст, ёрии ҳуқуқӣ мерасонад ё қаблан ёрӣ расонидааст.

  1. Масъалаи рад кардани ҳимоятгар, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданӣ бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 68 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.

 

ФАСЛИ III. ДАЛЕЛҲО ВА ИСБОТ

БОБИ 9. ДАЛЕЛҲО

 

Моддаи 72. Далелҳо

 

  1. Далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд.
  2. Инҳо ҳамчун далел ҳисобида мешаванд:

– нишондоди шоҳид;

– нишондоди ҷабрдида;

– нишондоди гумонбаршуда;

– нишондоди айбдоршаванда;

– нишондоди судшаванда;

– хулоса ва нишондоди коршинос;

-хулоса ва нишондоди мутахассис;

– далелҳои шайъӣ;

– протоколҳои амалҳои тафтишӣ ва судӣ;

– сабтҳои пинҳонӣ;

– гуфтугўи телефонии гўшкардашуда ва сабтгардида;

– мушоҳидаҳои электронӣ, видео ва магнитофонӣ;

– ҳуҷҷатҳои дигар.

 

Моддаи 73. Нишондоди шоҳид

 

Барои муқаррар намудани ҳамаи ҳолатҳои марбут ба парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла дар хусуси шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ва муносибатҳои байни онҳо бояд аз шоҳид пурсида шавад. Агар шоҳид сарчашмаи ин маълумотро  нишон дода натавонад, маълумоти додаи ў далел шуда наметавонад.

 

Моддаи 74. Нишондоди ҷабрдида

 

  1. Ҷабрдида оид ба ҳолате, ки нисбати ҳамин парванда бояд исбот карда шавад, инчунин оид ба муносибатҳои байни ў ва гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда метавонад пурсида шавад.
  2. Агар ҷабрдида сарчашмаи маълумоти додаашро нишон дода натавонад, он далел шуда наметавонад.

 

Моддаи 75. Нишондоди гумонбаршуда

 

Гумонбаршуда ҳуқуқ дорад дар хусуси ҳолатҳое, ки барои дастгир шудани ў ё интихоб кардани чораҳои пешгирӣ дар ҳаққи ў асос шудаанд, инчунин дар хусуси ҳолатҳои ба ў маълуми парвандаи ҷиноятӣ нишондод диҳад.

 

Моддаи 76. Нишондоди айбдоршаванда

 

  1. Айбдоршаванда ҳуқуқ дорад дар бораи айби ба ў эълоншуда, инчунин дигар ҳолатҳои ба ў маълуми барои парванда аҳамиятдошта ва далелҳо нишондод диҳад.
  2. Ба гуноҳи худ иқрор шудани айбдоршаванда барои гунаҳгор эътироф намудани ў асос шуда наметавонад, ба шарте ки он бо маҷмўи далелҳои дар парванда ҷамъоварда исбот нашуда бошад.

 

Моддаи 77. Хулоса ва нишондоди коршинос

 

  1. Агар ҳангоми пешбурди тафтиш ва муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ дониши махсус дар соҳаи илм, техника, санъат ё касбу ҳунар зарур бошад, экспертиза таъин карда мешавад, ки тартиби гузаронидани онро боби 24 Кодекси мазкур муайян намудааст.
  2. Хулосаи коршинос барои суд, судя ҳатмӣ нест, вале норизоии онҳо нисбати хулоса бояд асоснок бошад.
  3. Коршинос оид ба ҳолатҳое, ки аз хулосаи ў бармеоянд, пурсида шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 78. Далелҳои шайъӣ

 

  1. Далелҳои шайъӣ ашёе ба ҳисоб мераванд, ки:

– чун олоти ҷиноят истифода шудаанд;

– дар худ нишонаҳои ҷиноятро нигоҳ доштаанд;

– объекти содир шудани кирдори ҷиноятӣ будаанд;

– пул ва дигар арзишҳое, ки бо роҳи ҷиноятӣ ба даст оварда шудаанд;

– ашёи дигаре, ки барои ошкор намудани ҷиноят, муайян кардани ҳолатҳои воқеии парванда, пайдо намудани гунаҳгорон ё рад кардани айб ё сабук кардани ҷавобгарӣ восита шудаанд.

  1. Далелҳои шайъӣ бояд дар протоколи азназаргузаронӣ муфассал сабт гардида, ба қадри имкон аксбардорӣ карда, бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ба парванда илова карда шаванд.
  2. Ҳангоми баровардани ҳукм, таъинот ё қарор дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бояд масъалаи далели шайъӣ бо чунин роҳҳо ҳал карда шавад:

– олоти ҷиноят, ки ба айбдоршаванда, судшаванда тааллуқ дорад, бояд мусодира карда ё ба муассисаи дахлдор супорида ё нобуд карда шавад;

– ашёе, ки муомилоти он манъ аст, бояд ба муассисаи дахлдор супорида ё нобуд карда шавад;

– ашёе, ки ҳеҷ арзиш надорад ва аз тарафи шахсе талаб карда нашудааст, бояд нобуд карда шавад ва ё онро дар ҳолати гирифтани дархости шахси манфиатдор ё муассиса ба онҳо додан мумкин аст;

даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, сарфи назар аз он, ки қонунигардонӣ (расмикунонӣ) шудаанд, бо ҳукми суд ба фоидаи давлат гузаронида шуда, ашёи дигар ба моликони қонунии онҳо баргардонида мешавад, дар мавриде ки соҳибони онҳо муайян нашуда бошанд, ба моликияти давлат гузаронида мешаванд; (ЌЉТ аз 14.03.14 с., № 1067)

– дар сурати ба миён омадани баҳс оид ба мансубияти ашё баҳс бояд бо тартиби мурофиаи судии гражданӣ ҳал карда шавад;

– ҳуҷҷате, ки далели шайъӣ мебошад, ҳамроҳи парванда нигоҳ дошта ё ба муассисаи дахлдор супурда мешавад.

  1. Таҳти ашё суд аҳамияти далели шайъиро фақат дар ҳолатҳои зайл эътироф мекунад, агар:

– бо тасвири мукаммали он, мўҳргузорӣ ва дигар чунин амал, ки фавран баъди ба даст овардани он анҷом дода, имконияти иваз кардани он, ба таври назаррас тағйир додани нишона, хосият, изҳои дар он мавҷуда бартараф карда шуда бошанд;

– он бевосита пеш аз таҳқиқ дар суд аз ҷониби гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ё шоҳид шинохта шуда бошад.

Моддаи 79. Нигоҳ доштани далелҳои шайъӣ

Далелҳои шайъӣ бояд якҷоя бо парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта шаванд.

  1. Агар далели шайъӣ бинобар калонҳаҷм буданаш ё бо сабаби дигар бо парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ доштанаш имконнопазир бошад, аксбардорӣ карда, мўҳр зада, дар ҷое, ки таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя нишон медиҳанд, нигоҳ дошта, дар ин бора дар парванда маълумоти дахлдор сабт карда мешавад.
  2. Дар вақти аз мақомоти таҳқиқ ба муфаттиш ё аз як муфаттиш гирифта ба муфаттиши дигар супоридани парвандаи ҷиноятӣ, инчунин ба прокурор ва суд супоридани он далели шайъӣ якҷоя бо парвандаи ҷиноятӣ равон карда мешавад, ғайр аз мавридҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 185 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд. (ҚҶТ аз 1.08.12с., № 878)
  3. Агар нигоҳдории далели шайъӣ бар зарари парванда набошад, он гоҳ ба нигоҳубини соҳибаш вогузор карда, ҳамзамон ў огоҳонида мешавад, ки дар сурати содир намудани ҳаракати ғайриқонунӣ нисбат ба далелҳои шайъӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 80. Мўҳлатҳои нигоҳ доштани далели шайъӣ

 

  1. Далели шайъӣ ҳамчунин намунаҳои далелҳои шайъии дар қисми 5 моддаи 185 Кодекси мазкур пешбинишуда то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ё то тамом шудани мўҳлати шикоят аз қарор ё таъиноти оид ба қатъ кардани парванда нигоҳ дошта мешаванд. Дар мавридҳое, ки баҳси ҳуқуқ доштан ба ашё бо роҳи мурофиаи судии гражданӣ ҳал карда мешавад, далелҳои шайъӣ то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд нигоҳ дошта мешаванд. (ҚҶТ аз 1.08.12с., № 878)
  2. Дар баъзе мавридҳо далели шайъиро то тамом шудани мўҳлатҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр ёфтаанд, ба соҳибонашон баргардонидан мумкин аст, ба шарте ки ин ба тафтиши парванда зарар нарасонад.
  3. Агар далелҳои шайъӣ маҳсулоти зуднобудшаванда бошанд ва онҳоро ба соҳибаш баргардондан мумкин набошад, барои мақсаднок истифода бурдан онҳо ба муассисаҳои дахлдор супурда мешаванд. Агар зарур шавад, ба ҷои онҳо ба соҳибаш чизҳои дорои ҳамон гуна сифат ё арзишашон пардохта мешавад.

 

Моддаи 81. Протоколи амали тафтишӣ ва маҷлиси суд

 

Протоколи амали тафтишӣ, ки мувофиқи талаботи Кодекси мазкур тартиб дода шуда, ҳолатҳоеро тасдиқ мекунанд, ки ҳангоми  азназаргузаронӣ, шаҳодаткунонӣ, ёфта гирифтан, кофтуков, дастгиркунӣ, барои шинохтан пешниҳод намудан, санҷиши нишондодҳо дар ҷои ҳодиса, озмоиши тафтишӣ, гўш кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар воситаҳои техникии алоқа ҷой доштанд, инчунин протоколи маҷлиси суд, ки мутобиқи талаботи Кодекси мазкур тартиб дода шудаанд, далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ ба шумор мераванд.

 

Моддаи 82. Ҳуҷҷатҳои дигар

 

  1. Ҳуҷҷатҳои дигар ҳамчун далел эътироф мешаванд, ба шарте ки маълумоти дар онҳо аз ҷониби корхонаю ташкилот, шахсони мансабдор ва воқеӣ инъикос ё тасдиқнамуда барои парвандаи ҷиноятӣ аҳамият дошта бошанд.
  2. Ҳуҷҷат метавонад маълумотеро дар бар гирад, ки хаттӣ ё ба тарзи дигар сабт шудааст. Ба ҳуҷҷат маводи аккосӣ ва навори кино, сабти аудиою видео дохил мешаванд, ки аз сарчашмаҳои электронии иттилоот ва манбаъҳои дигар гирифта шудаанд ё бо тартиби пешбининамудаи моддаи 86 Кодекси мазкур пешниҳод ва ҳамчун далели парванда эътироф гардидаанд.
  3. Агар ҳуҷҷат дорои ҳамаи нишонаҳои дар моддаи 78 Кодекси мазкур зикргардида бошад, далели шайъӣ ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 83. Ба парванда ҳамроҳ кардан, нигоҳ доштан ва пасгардонидани ҳуҷҷат

 

  1. Ҳуҷҷат ба маводи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоте, ки мурофиаи ҷиноятиро пеш мебарад, ҳамроҳ карда, дар тамоми давраи мавҷудияти он нигоҳ дошта мешавад.
  2. Агар ҳуҷҷати гирифта ва ба парванда ҳамроҳкарда ба соҳиби қонуниаш барои ҳисобгирӣ ё ҳисоботдиҳии ҷорӣ ё мақсадҳои дигари қонунӣ зарур шавад, ба ў имконият дода мешавад, ки ин ҳуҷҷатро барои истифодаи муваққатӣ гирад ё нусхабардорӣ кунад.
  3. Баъди як соли эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ё қарори мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ дар бораи қатъи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуҷҷати аслии ба парванда хамроҳкардашуда тибқи дархост ба соҳиби қонуниаш баргардонида мешавад. Ҳамзамон дар парванда нусхаи ҳуҷҷате нигоҳ дошта мешавад, ки саҳеҳ будани он вобаста ба ҷойи нигаҳдошти парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби муфаттиш, прокурор ё суд, судя тасдиқ карда шудааст.

 

Моддаи 84. Истифодаи натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

 

Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ба даст овардашуда ба шарте далел эътироф карда мешаванд, ки бо риояи муқаррароти Кодекси мазкур ҷамъоварӣ шуда бошанд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №692)

 

БОБИ 10. ИСБОТ

 

Моддаи 85. Ҳолатҳое, ки оид ба парвандаи ҷиноятӣ бояд исбот карда шаванд

 

Ҳангоми пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ ҳолатҳои зерин бояд исбот карда шаванд:

– ҳодисаи ҷиноят (вақт, ҷой, тарз ва дигар ҳолатҳои содир намудани ҷиноят);

– ҳолатҳое, ки шахсияти айбдоршавандаро муайян мекунанд;

– ҳолатҳое, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунанд;

– ҳолатҳое, ки метавонанд боиси аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод кардани шахс гарданд;

– ҳолатҳое, ки гунаҳгории айбдоршавандаро дар содир кардани ҷиноят ва мусоидат намудан ба он, дараҷаи гуноҳ ва ангезаи онро муайян мекунанд;

– ҳолатҳои ба дараҷа ва хусусияти ҷавобгарии айбдоршаванда таъсиррасонанда, ки дар моддаҳои 61 ва 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, инчунин дигар ҳолатҳое, ки шахсияти айбдоршавандаро арзёбӣ мекунанд;

– ҳолатҳое, ки хусусият ва андозаи зарари аз ҷинояти содиршуда расидаро муайян мекунанд;

– ҳолатҳое, ки боиси содиршавии ҷиноят гардидаанд.

 

Моддаи 86. Ҷамъ овардани далел

 

  1. Ҷамъ овардани далел дар ҷараёни таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
  2. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, инчунин суд, судя бо дархости тарафҳо ҳуқуқ доранд:

– оид ба парвандаи таҳти пешбурд қарордошта бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳар шахсро барои пурсиш ва пешниҳод кардани хулоса ба сифати коршинос ҷалб намоянд;

– азназаргузаронӣ, кофтуков ва амали дигари тафтишии пешбининамудаи Кодекси мазкурро анҷом диҳанд;

– аз корхона, ташкилот, муассиса, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ва ашёи барои парванда аҳамиятдоштаро талаб намоянд; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №692)

– пешбурди тафтиш ва санҷишро (ревизия) аз мақомоти ваколатдор ва шахсони мансабдор талаб кунанд.

  1. Ҳимоятгаре, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур барои иштирок дар баррасии парванда роҳ дода шудааст, ҳуқуқ дорад:

– далелҳо пешниҳод кунад;

– маълумотеро, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруранд, ҷамъ оварад;

– маълумотнома, тавсифнома ва дигар ҳуҷҷатҳоро аз муассиса, ташкилот ва корхонаҳои мухталиф, ки бо тартиби муқарраршуда ба додани ин ҳуҷҷатҳо ё нусхаи онҳо ўҳдадоранд, талаб кунад;

– бо ризои ҳимояшаванда фикри мутахассисонро барои шарҳи масъалаҳое, ки вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба миён меоянд ва онҳо дониши махсусро талаб мекунанд, пурсад.

  1. Маълумот ба тариқи шифоҳӣ, хаттӣ, сабти аудиою видео, инчунин ашё ва ҳуҷҷатҳоеро, ки далел шуда метавонанд, гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳимоятгар, айбдоркунанда, судшаванда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, шаҳрвандон, шахсони мансабдори корхона, ташкилоту муассиса ҳуқуқ доранд пешниҳод кунанд.

 

Моддаи 87. Тафтиши далелҳо

 

Далелҳои аз рўи парванда ҷамъовардашуда бояд ҳамаҷониба ва холисона тафтиш карда шаванд. Тафтиш аз таҳлили далелҳои ба даст овардашуда, муқоисаи онҳо бо дигар далелҳо, далелҳои нави ҷамъовардашуда, манбаъҳои ба даст овардашудаи далелҳо иборат аст.

 

Моддаи 88. Баҳодиҳии далелҳо

 

  1. Тањќиќбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ќонун ва дарки њуќуќиро ба роњбарї гирифта, далелњоро бо аќидаи ботинии худ, ки ба баррасии њаматарафа, пурра ва холисонаи њама њолатњои парванда асос ёфтааст, аз нигоњи мансубият доштан, ќобили ќабул будан, сањењ будан ва кифоя будани маљмўи њамаи далелњои љамъовардащуда барои њалли парвандаи љиноятї бањо медињад.
  2. Далел ба парванда мансубият дошта эътироф карда мешавад, агар аз маълумотњоивоќеие иборат бошад, ки онњо хулосањо оид ба мављуд будани њолатњои барои парвандаи мазкур ањамиятдоштаро тасдиќ намоянд, рад кунанд ё тањти шубња гузоранд.
  3. Далел ќобили ќабул эътироф карда мешавад, агар он бо тартиби дар Кодекси мазкур пешбинишуда ба даст оварда шуда бошад.
  4. Далел сањењ эътироф карда мешавад, агар дар натиљаи тафтиш маълум шавад, ки он ба њаќиќат мувофиќ аст.
  5. Маљмўи далелњо барои њалли парвандаи љиноятї кофї эътироф карда мешавад, агар далелњои ба парванда мансубиятдошта ва ќобили ќабуле љамъоварї шуда бошанд, ки њаќиќатро оид ба њама ва њар як њолате, ки бояд бо парвандаи мазкур исбот карда шаванд, бе бањс муайян намоянд.
  6. Ягон далел барои тањќиќбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ќувваи пешакї муќарраршударо доро нест (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., №1306).

 

Моддаи 881. Далелҳои ғайри қобили қабул

 

  1. Далелҳо ғайри қобили қабул ҳисобида мешаванд, агар онҳо бо вайрон кардани талаботи Кодекси мазкур бо роҳи маҳрум кардан ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, ки бо қонун кафолат дода шудаанд, вайрон кардани тартиби ҷамъоварии далелҳо ё дигар қоидаҳои мурофиаи ҷиноятӣ ҳангоми пешбурди тосудӣ ё муҳокимаи судии парванда ба даст оварда шуда, ба саҳеҳияти
    маълумотҳои воқеии бадастовардашуда таъсир расонида бошанд ё имкони таъсиррасонӣ дошта бошанд, аз ҷумла бо:

– истифодаи шиканҷа, муносибати бераҳмона, зўроварӣ, таҳдид, фиреб ё дигар кирдори ғайриқонунӣ;

– истифодаи гумроҳшавӣ, ки дар натиҷаи нафаҳмонидан, нопурра ё нодуруст фаҳмонидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ ба миён омадааст;

– гузаронидани амали мурофиавӣ аз ҷониби шахсе, ки ҳуқуқи анҷом додани пешбурдро бо парвандаи ҷиноятии мазкур надошт;

– гузаронидани амали мурофиавӣ бо иштироки шахсе, ки бояд рад карда мешуд;

– ба таври ҷиддӣ вайрон кардани тартиби гузаронидани амали мурофиавӣ;

– ба даст овардани маълумот аз сарчашмаи номаълум ё сарчашмаи дигаре, ки дар мурофиаи ҷиноятӣ муайян кардани он ғайриимкон аст;

– истифода бурдани усулҳои хилофи донишҳои муосири илмӣ ҳангоми исботкунӣ.

  1. Қобили қабул набудани далелҳо, инчунин маҳдуд кардани истифодаи онҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ аз тарафи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя бо ташаббуси худи онҳо ё бо дархости тарафҳо муайян карда мешаванд. Маълумоти воқеӣ дар бораи истифода шудани шиканҷа ё муносибати бераҳмона нисбати гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда, новобаста ба ворид шудани аризаи онҳо ё дархости ҳимоятгар аз нигоҳи қобили қабул будани нишондодҳои онҳо ҳамчун далел, мавриди тафтиш ва баҳодихӣ қарор дода мешаванд.
  2. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ҳангоми ҳал кардани масъалаи ғайри қобили қабул будани далелҳо вазифадоранд дар ҳар як ҳолат маҳз дар чӣ зоҳир шудани қонунвайронкуниро муайян карда, қарори асоснок қабул намоянд. Ҳангоми ғайри қобили қабул ҳисобидани далел бо сабаби истифода намудани шиканҷа ё муносибати бераҳмона таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя дар доираи салоҳияти худ оид ба ҷавобгарии дахлдори шахсони ба ин амалҳо роҳдода, чораҳо меандешанд.
  3. Далелҳое, ки ғайри қобили қабул ҳисобида шудаанд, беэътибор дониста шуда, ба асоси айбдоркунӣ гузошта намешаванд ва барои исботи ягон ҳолати дар моддаи 85 Кодекси мазкур зикрёфта истифода шуда наметавонанд.
  4. Маълумотҳои воқеие, ки бо қонунвайронкуниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида ба даст оварда шудаанд, ба сифати исботи ҳолати ҷой доштани қонунвайронкуниҳои дахлдор ва айбдоркунии шахсоне, ки ба онҳо дар рафти таъқиби ҷиноятӣ роҳ додаанд, истифода шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., №1306)

 

 

Моддаи 89. Преюдитсия

 

  1. Ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда оид ба парвандаи ҷиноятӣ барои суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ҳолатҳои муқарраркардашуда ва ҳам баҳодиҳии ҳуқуқии онҳо ҳатмӣ мебошад.
  2. Ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва қарори суд оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои суд, судя, прокурор, муфаттиш‚ таҳқиқбаранда ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ танҳо оид ба масъалаи ҷой доштани худи ҳодиса ё кирдор ҳатмӣ буда, набояд пешакӣ гунаҳгорӣ ё бегуноҳии судшавандаро ҳал намояд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1134)

 

Моддаи 90. Ҳолатҳое, ки доир ба парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғон бояд муқаррар карда шаванд

 

  1. Ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ доир ба парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғон ба муайян кардани ҳолатҳои зайл диққати махсус додан лозим аст:

– синну соли ноболиғ (рўз, моҳ, соли таваллуд);

– шароити зиндагӣ ва таълиму тарбия; (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

– сабаб ва шароитҳое, ки ба ҷиноят содир кардани ноболиғ мусоидат намудаанд;

– мавҷудияти таҳриккунандагон ва шарикони дигар.

  1. Ҳангоми мавҷуд будани маълумот дар бораи камақлии ноболиғ, ки бо бемории рўҳӣ алоқаманд нест, инчунин бояд моҳияти кирдори худро пурра дарк карда тавонистани ў ошкор карда шавад. Барои муқаррар кардани ин ҳолат бояд падару модари ноболиғ, муаллимон, мураббиёни ў ва шахсони дигаре, ки маълумоти зарурӣ дода метавонанд, пурсида, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои лозима талаб карда, амалҳои дигари тафтишӣ ва судӣ анҷом дода шаванд.

 

ФАСЛИ IV. ЧОРАҲОИ МАҶБУРКУНИИ МУРОФИАВӢ

БОБИ 11. ДАСТГИР КАРДАНИ ШАХС

 

Моддаи 91. Дастгир кардани шахс

 

  1. Дастгир кардани шахс, яъне ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани ў ва ба мўҳлати кўтоҳ дар ҷойҳои махсус бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ва Кодекси мазкур нигоҳ доштан аст.
  2. Дастгир кардани шахс танҳо татбиқ мегардад:

– нисбат ба гумонбаршуда дар содир намудани ҷинояте, ки барои он ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ пешбинӣ шудааст;

– нисбат ба айбдоршаванда ва судшавандае, ки қоидаҳои чораи пешгирии нисбат ба ў татбиқшударо вайрон намудааст;

– нисбат ба маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ў пешниҳоди мақомоти ваколатдор дар бораи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо (моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан (моддаи 76 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), мавқуф гузоштани адои ҷазо (моддаи 78 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) мавҷуд аст.

  1. Шахс танҳо дар ҳолатҳои зайл дастгир карда мешавад:

– дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят;

– дар асоси қарори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ;

– дар асоси қарори (таъиноти) суд, судя дар бораи дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо, мавқуф гузоштани адои ҷазо ё шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан.

 

Моддаи 92. Дастгир кардан дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят

 

  1. Шахсро дар содир намудани ҷиноят ба шарте гумонбаршуда ҳисобидан мумкин аст, ки аз тарафи мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ дар доираи салоҳияти худ ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин дастгир карда шавад, агар:

– дар вақти содир кардани ҷиноят ё бевосита баъди содир кардани он боздошт шуда бошад;

– шоҳидони ҳодиса, аз он ҷумла, шахси аз ҷиноят ҷабрдида бевосита шахси содирнамудаи ҷиноятро нишон диҳанд ё бо тартиби пешбининамудаи моддаи 94 Кодекси мазкур боздошт намоянд;

– дар бадан, либос, ашёи ҳамроҳи шахсбуда, дар чизҳои истифодакарда, манзил, ҷои кор ё воситаи нақлиёти ў осори бараълои ҷиноят ошкор карда шуда бошанд, ки аз шарик будани ў дар содир намудани ҷиноят дарак медиҳанд;

– агар асосҳои дигари кофии гумонбар шудани шахс дар содир намудани ҷиноят мавҷуд бошанд, ба шарте ки вай кўшиши аз ҷои ҳодиса ё аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ пинҳон шуданро карда бошад ё ҷои зисти доимӣ надошта бошад ё дар маҳалли дигар зиндагӣ кунад‚ ё шахсияташ муайян карда нашуда бошад.

  1. Шахс мумкин аст бо асосҳои пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда то оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ дастгир карда шавад. Дар айни замон масъалаи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ бояд дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгир кардан ҳал карда шавад. Дар сурати рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ё дар мўҳлати муқарраршуда қабул накардани қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ дастгиршуда бояд озод карда шавад.
  2. Шахсро бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин мўҳлат дастгиршуда бояд аз ҳабс озод карда ё дар ҳаққи ў чораи дигари пешгирии дар Кодекси мазкур пешбинишуда татбиқ карда шавад, ба истиснои муқаррароти қисми 5 моддаи 111 Кодекси мазкур. Оғози муҳлати дастгиршавии шахс лаҳзаи воқеан дастгир кардани ў ҳисоб карда мешавад (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., №1306).

 

Моддаи 93. Ҳуқуқи шаҳрванд ба дастгир кардани шахси ҷиноятсодиркарда

 

Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсеро, ки ҷиноят содир кардааст ё баъди содир кардани ҷиноят кўшиши пинҳон шуданро дорад, дастгир карда, маҷбуран ба мақомоти ҳокимият супорад.

 

Моддаи 94. Тартиби дастгир намудани гумонбаршуда

 

  1. Ҳангоми дастгир намудани шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда корманди ваколатдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё дигар шахси босалохият вазифадор аст дар ҷои дастгиркунии воқеӣ ба таври шифоҳӣ ба шахс эълон намояд, ки барои содир намудани кадом ҷиноят ў дастгир карда шудааст, ҳуқуқи ўро ба занги телефонӣ ё хабар додан ба адвокат ё хешованди наздик, доштани ҳимоятгар ва даст кашидан аз додани нишондод фаҳмонида, огоҳ намояд, ки нишондодҳои ў метавонанд ба сифати далел дар парвандаи ҷиноятӣ муқобили ў истифода шаванд.
  2. Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда шахси мансабдори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш дар давоми се соат протоколи дастгиркунӣ тартиб медиҳанд. Ҳангоми тартиб додани протоколи мазкур ба гумонбаршуда ҳуқуқҳои ў, ки бо моддаи 46 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, фаҳмонида шуда, дар ин бора дар протоколи дастгиркунӣ сабт карда мешавад. Дар протоколи дастгиркунӣ маълумотҳои зерин дарҷ карда мешаванд:

– сана, ҷой ва вақти тартиб додани протокол, рақами тартибии он;

– насаб, ном ва номи падар, вазифа ва рутбаи кормандони мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, шахсони мансабдор ва шахсони дигар, ки дар анҷом додани амалиёти дастгиркунӣ иштирок кардаанд;

– дар сурати иштирок кардани шахсони холис, тарҷумон ва дигар шахсон дар амалиёти дастгиркунӣ насаб, нам, номи падар, сурога ва дигар маълумотҳое, ки шахсияти онҳоро муайян мекунанд;

– асос ва ваҷҳҳои дастгир намудан, ҷой ва вақти дастгиркунии воқеӣ, ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани шахс (бо зикри сана, соату дақиқа);

– маълумот дар бораи фаҳмонидани ҳуқуқҳои гумонбаршуда, холисон ва шахсони дигар, ки дар амалиёт иштирок мекунанд;

– натиҷаҳои кофтукови шахсии дастгиршуда;

– сана ва вақти дастгиркунии шахс ва аз ҷой нигоҳдории ў хабардор кардани аъзои болиғи оила ё хешованди наздики шахси дастгиршуда, тарзи хабардоркунӣ (аз ҷониби кӣ ва ба кадом восита хабар расонида шудааст, агар хабари телефонӣ бошад, рақами телефон нишон дода мешавад), насаб, ном ва номи падари шахсе, ки аз дастгиркунӣ ва ҷоӣ нигоҳдории дастгиршуда хабардор карда шудааст.

  1. Протоколи дастгиркунӣ ба дастгиршуда эълон карда шуда, аз ҷониби шахси мансабдори онро тартибдода, дастгиршуда, ҳимоятгари ў (агар ў иштирок дошта бошад) ва дигар шахсон, ки дар амалиёти мазкур иштирок кардаанд, имзо карда мешавад.
  2. Ҳангоми ҷойгир кардани гумонбаршуда дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ барои муайян намудани вазъи умумии саломатӣ ва ё мавҷуд будани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ аз ҷониби корманди тиб муоинаи тиббии ў гузаронида мешавад. Гумонбаршуда ё ҳимоятгари ў ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки муоинаи тиббиро табиби мустақил ё коршиноси судӣ – тиббӣ гузаронад. Хулосаи муоинаи тиббӣ ба протоколи дастгиркунӣ ҳамроҳ карда мешавад.
  3. Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда, фаҳмонидани ҳуқуқҳои ў, тартиб додани протоколи дастгиркунӣ ва гузаронидани муоинаи тиббӣ шахси дастгиршуда бетаъхир дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир карда мешавад.
  4. Дар бораи дастгир намудани гумонбаршуда мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда ё муфаттиш уҳдадоранд дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеии шахс ба прокурори дахлдор ба таври хаттӣ хабар диҳанд.  (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., №1306)

 

Моддаи 95. Дастгир кардани айбдоршаванда барои эълон кардани айб

 

  1. Агар айбдоршаванда дар дигар маҳал бошад ё ҷои будубоши ў маълум набошад, мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад дар бораи дастгир кардани ин шахс қарор барорад. Қарор бояд аз тарафи мақомоти таҳқиқ иҷро карда шавад.
  2. Аз иҷро шудани қарори дастгиркунӣ мақомоти таъқиби ҷинояте, ки қарор баровардааст, фавран хабардор карда мешавад.
  3. Дастгиркунӣ бо асосҳои пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда аз 72 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ зиёд идома ёфта наметавонад.
  4. Ба дастгиршуда мумкин аст дар мўҳлати мазкур айб эълон карда шавад, ба шарте ки то ба охир расидани 72 соат аз лаҳзаи дастгиркунӣ вай аз ҳабс бо татбиқи чораи пешгирӣ, ки бо дар ҳабс нигоҳ доштан вобаста нест ё бе татбиқи чораи пешгирӣ дар ҳаққи ў озод карда шавад.

 

Моддаи 96. Дастгир кардани айбдоршаванда то ба ҳабс гирифтани ў дар асоси қарори мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ

 

  1. Агар айбдоршаванда қоидаҳои чораи пешгирии дар ҳаққи ў татбиқшударо, ки ба нигоҳ доштан дар ҳабс вобаста нест ё ўҳдадории хаттиашро дар бобати ҳозир шудан бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ё хабар додан дар бораи ивази ҷои истиқомат риоя накунад, мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад дар бораи дастгир кардани ин шахс дар як вақт бо тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур ҳал намудани масъалаи татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан қарор (таъинот) барорад.
  2. Дастгир кардани айбдоршаванда бо тартиби пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда аз 72 соат аз лаҳзаи дастгир кардани воқеӣ зиёд буда наметавонад.

 

Моддаи 97. Дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо  ё шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан ё мавқуф гузоштани адои ҷазо

 

  1. Суд, судя дар бораи дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо ё шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан ё мавқуф гузоштани адои ҷазо қарор (таъинот) мебарорад, ба шарте ки аз мақомоти ваколатдор пешниҳод бо маводе ворид шуда бошад, ки дар онҳо асосҳои аз ҷониби маҳкумшуда иҷро нагардидани ўҳдадориҳои барои ў аз ҷониби суд муқарраршуда ё дигар шартҳои дар моддаҳои 71, 76 ва 78 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда шаҳодат диҳанд.
  2. Суд, судя дар давоми ҳафт шабонарўз аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ пешниҳоди мақомоти ваколатдорро баррасӣ мекунад.
  3. Суд, судя қарор (таъинот)-ро дар бораи дастгиркунии маҳкумшуда барои иҷро ба мақомоти таҳқиқ равон мекунад. Доир ба иҷрои қарор (таъинот) дар бораи дастгиркунӣ мақомоти онро иҷрокарда фавран судро хабардор мекунад.

 

Моддаи 98. Тартиби дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда

 

Тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда,  айбдоршаванда, судшаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад.

 

Моддаи 99. Озод кардани дастгиршуда

 

  1. Дастгиршуда дар асоси қарори (таъиноти) мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ дар ҳолатҳои зайл бояд озод карда шавад, агар:

– гумони аз тарафи шахс содир шудани ҷиноят тасдиқ нагардида бошад;

– асосҳои минбаъд дар ҳабс нигоҳ доштан аз байн рафта бошанд;

– муқаррар карда шуда бошад, ки дастгиркунӣ бо риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ шудааст;

– мўҳлати дастгиркунӣ гузашта бошад.

  1. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи сархати чоруми қисми 1 ҳамин модда сардори муассисаи нигоҳдории муваққатӣ дастгиршударо пас аз огоҳ намудани мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ, ки айбдорро дастгир кардааст, озод менамояд.
  2. Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ, ки дар бораи озод кардани дастгиршуда қарор қабул кардааст, ба ў маълумотномае медиҳад, ки дар он аз тарафи кӣ дастгир шудан, асос, ҷой ва вақти дастгиркунӣ, асос, сабаб ва вақти озодшавӣ нишон дода мешавад.

 

Моддаи 100. Хабар додан дар бораи дастгиркунӣ

 

  1. Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятие, ки шахсро дастгир кардааст, вазифадор аст бетаъхир аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ дар бораи дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳ доштани дастгиршуда ё ивазкунии ҷои нигоҳдории дастгиршуда ягон аъзои болиғи оила ё хешовандони наздикро хабардор кунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро диҳад (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., №1306).
  2. Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятие, ки шаҳрванди давлати хориҷиро дастгир кардааст, дар мўҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда дар бораи дастгиркунӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои огоҳ намудани сафоратхона ё консулгарии ин давлат хабар медиҳад.

 

БОБИ 12. ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ

 

Моддаи 101. Чораҳои пешгирӣ

 

  1. Чораҳои пешгирӣ амалҳои маҷбурие мебошанд, ки дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда барои пешгирии аз тарафи онҳо содир шудани ҷиноят ё ҳаракатҳои халалдоркунандаи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, инчунин барои таъмини иҷрои ҳукм татбиқ карда мешаванд.
  2. Чораҳои пешгирӣ инҳоянд:

– забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли истиқомат;

– кафолати шахсӣ;

– супоридани хизматчии ҳарбӣ таҳти назорати фармондеҳии қисми ҳарбӣ;

– таҳти парасторӣ супоридани ноболиғ;

– гарав;

– ҳабси хонагӣ;

– ба ҳабс гирифтан.

 

Моддаи 102. Асосҳои татбиқи чораҳои пешгирӣ

 

  1. Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ танҳо дар ҳолате чораи пешгириро татбиқ карда метавонанд, агар:

– далелҳои аз рўи парвандаи ҷиноятӣ ҷамъ овардашуда асоси кофӣ диҳанд, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда метавонанд аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон шаванд;

– гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ба тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ё баррасии он аз тарафи суд мамониат кунанд, аз ҷумла маводи барои парванда аҳамиятдоштаро пинҳон ё сохтакорӣ кунанд ё бо роҳи ғайриқонунӣ ба шахсони дар мурофиаи ҷиноятӣ иштироккунанда таъсир расонанд, бе сабабҳои узрнок бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ҳозир нашаванд, ҷинояти дигарро содир намоянд, ба иҷрои ҳукм монеъ шаванд.

  1. Ҳангоми зарурати татбиқи чораи пешгирӣ дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда хусусияти гумонбаркунӣ ё айбдоркунӣ, шахсият, синну сол ва вазъи саломатии онҳо, намуди машғулият, вазъи оилавӣ ва молумулкӣ, мавҷудияти ҷои доимии истиқомат ва ҳолатҳои дигар ба инобат гирифта мешаванд.

 

Моддаи 103. Татбиқ ва мўҳлати амали чораи пешгирӣ дар ҳаққи гумонбаршуда

 

Дар сурати мавҷуд будани асосҳо ва бо дарназардошти ҳолатҳои дар моддаҳои 101 ва 102 Кодекси мазкур пешбинишуда мумкин аст дар ҳаққи гумонбаршуда чораи пешгирӣ татбиқ карда шавад. Агар дар ин ҳолат гумонбаршуда дастгир гардида ва сипас нисбат ба ў чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ шуда бошад, ба ў бояд айбдоркунӣ дар мўҳлати на дертар аз даҳ шабонарўз аз лаҳзаи татбиқи чораи пешгирӣ, дар ҳамон мўҳлат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ эълон карда шавад. Агар дар ҳамин мўҳлат айб эълон карда нашавад, мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ бояд чораи пешгириро фавран бекор намояд.

 

Моддаи 104. Тартиби татбиқ намудан, тағйир додан ва ё бекор кардани чораи пешгирӣ

 

  1. Дар бораи татбиқ намудан, тағйир додан ва ё бекор кардани чораи пешгирӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя қарор ва суд таъинот мебароранд, ки дар онҳо зарурати татбиқи чораи пешгирӣ, тағйир додан ва ё бекор кардани он нишон дода мешавад.
  2. Ҳабс кардан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан ҳамчун чораи пешгирӣ бо қарори судя ё таъиноти суд татбиқ карда мешавад.
  3. Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ба гумонбаршуда ва айбдоршаванда қарор ё таъиноти татбиқ намудан, тағйир додан ё ин ки бекор намудани чораи пешгириро эълон мекунад, тартиби шикоят намуданро фаҳмонида, нусхаи қарор ё таъинотро ба ў месупорад. Иҷрои амалҳои мазкур бо имзои гумонбаршуда ё айбдоршаванда ва шахси мансабдоре, ки қарор ё таъиноти татбиқи чораи пешгириро эълон намудааст, тасдиқ карда мешавад.
  4. Агар ҳолатҳои парвандаи ҷиноятӣ талаб намоянд, чораҳои пешгирӣ бекор карда ё тағйир дода мешаванд. Бекор кардан ва тағйир додани чораҳои пешгирӣ дар намуди ҳабси хонагӣ ва ба ҳабс гирифтан дар давраи тосудии парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи муфаттиш ё таҳқиқбаранда бо розигии прокурор амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).

 

Моддаи 105. Забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат

 

  1. Забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат дар гирифтани ўҳдадории хаттӣ аз гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомати доимӣ ё муваққатӣ бе иҷозати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё суд, судя, монеъ нашудан ба тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ва баррасии он дар суд, дар вақти таъиншуда ҳозир шудан бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ифода меёбад.
  2. Дар сурати аз ҷониби гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда риоя накардани талаботи забонхат дар ҳаққи ў чораи сахттари пешгирӣ татбиқ карда мешавад, ки ин талабот ҳангоми гирифтани забонхат бояд ба ў эълон карда шавад.

 

Моддаи 106. Кафолати шахсӣ

 

  1. Кафолати шахсӣ аз тарафи шахси ба боварӣ сазовор қабул кардани ўҳдадории хаттӣ аст, ки гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда ҳангоми дар озодӣ будан аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон намешавад, ба тафтиши парванда ё баррасии судии он монеъ намегардад ва бо фаъолияти ҷиноятӣ машғул намешавад. Шумораи кафилон бояд аз ду нафар кам набошад.
  2. Кафолати шахсӣ бо дархости хаттии кафилон ва ризои шахсе, ки ба ў кафолат дода мешавад, татбиқ мегардад.
  3. Кафилон забонхат дода, тасдиқ мекунанд, ки моҳияти гумонбар ё айбдор кардани шахсе, ки ба вай кафолат медиҳанд ва масъулияти кафил ба онҳо фаҳмонда шудааст.
  4. Дар сурати аз ҷониби кафил иҷро накардани ўҳдадориҳояш ў мутобиқи моддаи 117 Кодекси мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 107. Таҳти назорати фармондеҳии қисми ҳарбӣ супоридани хизматчии ҳарбӣ

 

  1. Таҳти назорати фармондеҳии қисми ҳарбӣ супоридани хизматчии ҳарбӣ маънои ба зиммаи фармондеҳии қисми ҳарбӣ, қўшун, сардори муассисаи ҳарбӣ, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дар он адои хизмат мекунанд ё барои таълими ҳарбӣ ҷамъ омадаанд, гузоштани вазифаи таъмини рафтори матлуби онҳоро дорад.
  2. Нусхаи қарор ё таъиноти татбиқи чораи пешгирии мазкур ба ҳайати фармондеҳӣ, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда таҳти назорати он супорида шудааст, дода мешавад. Фармондеҳии қисми ҳарбӣ дар бораи муқаррар намудани назорат мақомотеро, ки ин чораи пешгириро татбиқ намудааст, огоҳ месозад.
  3. Ҳайати фармондеҳӣ барои иҷрои ўҳдадориҳояш оид ба назорат кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаи ба ў тобеъ ҳуқуқ дорад чораҳои дахлдори пешбининамудаи Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешад, ки метавонанд рафтори дахлдори ин шахсон ва ҳозир шудани онҳоро бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ таъмин кунанд.
  4. Дар сурати аз ҷониби гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда содир намудани амале, ки ҷиҳати пешгирии он ҳамин чораи пешгирӣ андешида шуда буд, фармондеҳии қисми ҳарбӣ бояд фавран дар ин бора ба мақомоте, ки чунин чораро татбиқ кардааст, хабар диҳад.

 

Моддаи 108. Таҳти парасторӣ супоридани ноболиғи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда

 

  1. Таҳти парастории падару модар, парасторон, васиён ё дигар шахсони сазовори эътимод, инчунин намояндагони муассисаҳои махсуси кўдакон додани ноболиғон аз он иборат аст, ки яке аз шахсони номбаршуда ба зиммаи худ ўҳдадории хаттӣ мегирад, ки ноболиғи дар озодӣ будаи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон намешавад, ба тафтиши парванда ва баррасии судии он монеъ намегардад ва бо фаъолияти ҷинояткорӣ машғул намешавад.
  2. Супурдани ноболиғ таҳти парастории шахсони дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда бо дархости хаттии онҳо имконпазир аст. Дар айни замон онҳо доир ба хусусияти ҷиноят ва ҷавобгариашон дар сурати риоя накардани ўҳдадориҳои парасторӣ огоҳ карда мешаванд.
  3. Шахсоне, ки ноболиғи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда таҳти парасториашон супорида шудааст, дар сурати аз ҷониби онҳо риоя накардани ўҳдадорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 109. Гарав

 

  1. Гарав аз супоридани маблағ ба депозити мақомоти тафтишот ё судӣ аз тарафи худи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таъмини ҳозир шудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд иборат аст. Маблағи гаравро мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ва суде, ки ин чораи пешгириро татбиқ мекунад, вобаста ба вазнинии ҷиноят, шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, вазъи молумулкии гаравгузор, вале на камтар аз шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян менамояд. Гарав ба шарте татбиқ карда мешавад, ки товони зарари моддии бо ҷиноят расонидашуда пурра баргардонида шуда бошад. Гарав нисбат ба шахсони дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин гумонбаршуда ё айбдоршуда татбиқ намегардад. (ҚҶТ аз 03.07.12с., №864)
  2. Таҳқиқбаранда ва муфаттиш гаравро бо ризои прокурор татбиқ мекунанд.
  3. Ба гаравгузор, агар ў гумонбаршуда ё айбдоршаванда набошад, моҳияти гумонбарӣ ё айбдоркунии шахси нисбаташ ин чораи пешгирӣ татбиқшаванда фаҳмонида, бо имзои шахси нисбаташ ин чораи пешгирӣ татбиқшаванда, гаравгузор ва шахси мансабдори ин чораи пешгириро татбиқнамуда тасдиқ карда мешавад. Нусхаи қарор, таъинот барои супоридани гарав ба гаравгузор дода мешавад.
  4. Дар сурати саркашӣ намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз ҳозир шудан бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд чораи пешгирӣ иваз карда, маблағи гарав тибқи талаботи моддаи 118 Кодекси мазкур дар асоси қарори суд ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.
  5. Дар дигар ҳолатҳо суд зимни ҳукм ё таъинот (қарор) баровардан дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ масъалаи ба гаравдеҳ баргардонидани маблағи гаравро ҳал менамояд. Ҳангоми қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар давраи тафтиши пешакӣ маблағи гарав ба гаравдеҳ бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё муовини ў баргардонида мешавад.

 

Моддаи 110. Ҳабси хонагӣ

 

  1. Ҳабси хонагӣ аз комилан ҷудо нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз ҷамъият бе таҳти ҳабс қарор додан, вале бо татбиқи маҳдудиятҳои ҳуқуқии муайянкардаи суд, судя иборат аст.
  2. Ҳабси хонагиро метавон бо чораҳои зерин дар алоҳидагӣ ва дар якҷоягӣ татбиқ кард:

– тамоман ё дар вақти муайян набаромадан аз манзил;

– манъи гуфтугўи телефонӣ, мукотибот ва истифодаи воситаҳои алоқа, ба истиснои ҳолатҳои дар сархати панҷуми ҳамин қисм пешбинишуда;

– манъи робита бо шахсони муайян ва дар хонаи худ қабул кардани ягон шахс;

– истифодаи воситаҳои электронии назоратӣ, вогузории ўҳдадорӣ доир ба гирифта гаштани ин воситаҳо бо худ ва кори онҳоро таъмин намудан;

– ўҳдадор кардан дар хусуси ҷавоб додан ба зангҳои назорати телефонӣ ё дигар ишораҳои (сигналҳои) назоратӣ, занг задан бо телефон ё шахсан ҳозир шудан дар вақти муайян ба мақомоти таҳқиқ ё дигар мақомоти назораткунандаи рафтори гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда;

– ба зери назорат гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ё ин ки манзил, инчунин муҳофизати манзил ё дигар ҷои ба ў чун манзил ҷудо кардашуда;

– чораҳои дигар, ки рафтори дахлдор ва аз ҷамъият ҷудо нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаро таъмин менамоянд.

  1. Асосҳо ва тартиби ҳамчун чораи пешгирӣ татбиқ кардани ҳабси хонагӣ, муқаррар намудан ва дароз кардани мўҳлати он, бекор кардани ҳабси хонагӣ бо меъёрҳои дахлдори марбут ба чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан танзим мегарданд.
  2. Дар қарори судя ва таъиноти суд дар бораи ба ҳабси хонагӣ гирифтан маҳдудиятҳои мушаххасе, ки дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда татбиқ мегарданд, инчунин мақомот ё шахси мансабдоре нишон дода мешавад, ки чунин назоратро анҷом медиҳад.

 

Моддаи 111. Ба ҳабс гирифтан

 

  1. Ба ҳабс гирифтан ба сифати чораи пешгирӣ бо қарори судя ё таъиноти суд танҳо дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандае татбиқ карда мешавад, ки барои ҷинояти содиркардаашон қонуни ҷиноятӣ ҷазоро дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба мўҳлати зиёда аз ду сол пешбинӣ намудааст. Нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан танҳо мутобиқи вазнинии ҷиноят татбиқ карда шуданаш мумкин аст. Дар мавридҳои истисно ин чораи пешгирӣ, мумкин аст, нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда оид ба ҷиноятҳое, ки барояшон қонун ҷазои маҳрум кардан аз озодиро ба мўҳлати камтар аз ду сол пешбинӣ намудааст, татбиқ карда мешавад, ба шарте ки онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои истиқомати доимӣ надошта бошанд ё шахсияташон муқаррар карда нашуда бошад ё ин ки онҳо аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё суд пинҳон шуда бошанд ё чораи пешгириро риоя накарда бошанд.
  2. Ҳангоми зарурати интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо ризои прокурор дархости дахлдорро дар шакли қарор ба суд пешниҳод менамоянд. Дар қарор дар бораи пешниҳод кардани дархост оид ба интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан асос ва сабабҳое, ки аз рўи он зарурати ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда ба миён омадааст ва интихоби дигар чораи пешгирӣ ғайриимкон аст, дарҷ карда мешавад. Ба қарор маводе, ки асоснок будани дархостро тасдиқ менамояд, ҳамроҳ карда мешавад. Агар дархост нисбат ба гумонбаршуда, ки бо тартиби муқарраркардаи моддаҳои 92 ва 94 Кодекси мазкур дастгир шудааст, оғоз карда шавад, қарор ва маводи номбурда ба судя на дертар аз 8 соат то ба охир расидани мўҳлати дастгиркунӣ бояд пешниҳод карда шавад.
  3. Қарори оғоз кардани дархост дар бораи интихоб кардани чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан аз ҷониби судяи суди шаҳр ва ноҳия ё ин ки суди ҳарбии гарнизон бо иштироки гумонбаршуда, айбдоршаванда, прокурор, ҳимоятгар, ба шарте ки ҳимоятгар дар парвандаи ҷиноятӣ иштирок намояд, аз рўи маҳалли пешбурди тафтиши пешакӣ ё ин ки аз рўи маҳалли дастгиршавии гумонбаршуда дар муддати 8 соат аз лаҳзаи ба суд ворид шудани мавод баррасӣ карда мешавад. Гумонбаршудае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 92 ва 94 Кодекси мазкур дастгир шудааст, ба маҷлиси суд оварда мешавад. Дар маҷлиси суд инчунин намояндаи қонунии гумонбаршуда ва айбдоршавандаи ноболиғ, муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳуқуқи иштирок кардан доранд. Бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани тарафҳо, ки аз вақти гузаронидани маҷлиси суд сари вақт огоҳонида шудаанд, барои баррасии дархост монеъ шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои ҳозир нашудани гумонбаршуда ё айбдоршаванда.
  4. Дар оғози маҷлис судя эълон мекунад, ки кадом дархост мавриди баррасӣ қарор мегирад, ба шахсони ба маҷлиси суд ҳозиршуда ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшонро мефаҳмонад. Пас аз он прокурор ё бо супориши ў шахси дархостро оғозкарда онро асоснок мекунад, сипас баёноти шахсони дигари дар маҷлиси суд ҳузурдошта шунида мешавад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  5. Судя дархостро баррасӣ карда, яке аз қарорҳои зеринро мебарорад:

– дар бораи ба сифати чораи пешгири дар намуди ба ҳабс, ҳабси хонагӣ гирифтани гумонбаршуда ё айбдоршаванда иҷозат медиҳад; (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

– дар бораи рад кардани дархост;

– дар бораи ба таъхир гузоштани қабули қарори дархост ба мўҳлати на зиёда аз 72 соат барои пешниҳоди далелҳои асосноки дастгиркунӣ. Дар ин маврид судя дар қарор муқаррар менамояд, ки мўҳлати дастгиркуниро то чанд  рўзу соат дароз мекунад.

  1. Қарори суд, судя ба шахси дархостро пешниҳодкарда, прокурор, гумонбаршуда ё айбдоршаванда равон карда мешавад ва бояд фавран иҷро гардад.
  2. Дар хусуси ба ҳабс гирифтани ҳамон як шахс аз рўи ҳамон як парвандаи ҷиноятӣ пас аз баровардани қарори суд дар бораи рад кардани интихоби ин чораи пешгирӣ танҳо ҳангоми пайдо шудани ҳолатҳои нав, ки зарурати татбиқи ба ҳабс гирифтани шахсро ба миён меоваранд, такроран ба суд бо дархост муроҷиат кардан мумкин аст.
  3. Агар масъалаи ба ҳабс гирифтани судшаванда дар мурофиаи судӣ пайдо шавад, дар ин маврид судя ё суд бо дархости тарафҳо ё ин ки бо ташаббуси худ ин масъаларо ҳал намуда, дар ин бора қарор ё таъинот мебарорад.
  4. Аз қарори судя дар бораи ба сифати чораи пешгирӣ ба ҳабс гирифтан ё ин ки рад кардани он ба суди болоӣ бо тартиби кассатсионӣ дар муддати 3 шабонарўз аз рўзи баровардани қарор шикоят ва эътироз кардан мумкин аст. Суде, ки чунин қарорро қабул кардааст, бояд на дертар аз рӯзи дигари ба охир расидани ин мӯҳлат шикоят ё эътирозро якҷоя бо мавод ба суди марҳилаи кассатсионӣ ирсол намояд. Суди марҳилаи кассатсионӣ аз рўи шикоят ва ё эътироз дар муддати на дертар аз 3 шабонарўз аз лаҳзаи воридшавии мавод қарор қабул мекунад. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №809)
  5. Шахсе, ки дар пешбурди ў парвандаи ҷиноятӣ қарор дорад, вазифадор аст, ки барои татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ба шахсони дар моддаи 100 Кодекси мазкур нишондодашуда, дар хусуси хизматчиёни ҳарбӣ бошад, ба фармондеҳи қисми ҳарбӣ хабар диҳад.

 

Моддаи 112. Мўҳлати нигоҳ доштан дар ҳабс ва тартиби дароз кардани он

 

  1. Чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ҳангоми тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ набояд аз ду моҳ зиёд бошад.
  2. Мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан аз вақти ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда то рўзи аз тарафи прокурор ба суд фиристодани парванда ҳисоб карда мешавад. Ба ин мўҳлат вақти нигоҳ доштани шахс дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ (тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ ва дигар ҷойҳои нигоҳдории маҳбусон дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти пешбурди тосудӣ), инчунин мўҳлати ба таври маҷбурӣ дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ будан ба ҳисоб гирифта мешавад.
  3. Дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршаванда дар вақти тафтиши пешакӣ то шаш моҳ аз ҷониби судяи суди ноҳия ва шаҳр ё суди ҳарбии гарнизон бо тартиби муқарраркардаи қисмҳои 2 ва3 моддаи 111 Кодекси мазкур танҳо дар сурати ғайриимкон будани анҷом додани тафтиш дар мўҳлати 2 моҳ ва дар сурати набудани асос барои нисбат ба айбдоршаванда татбиқ намудани чораи дигари пешгирӣ мумкин аст. Минбаъд дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан ба мўҳлати зиёда аз шаш моҳ танҳо дар ҳаққи шахсони дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин айбдоршаванда, инчунин дар ҳаққи шахсони дар ҳудуд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содирнамудае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои зисти доимӣ надоранд, мумкин аст, ба шарте ки барои гумон кардан асосҳои кофӣ бошанд, ки онҳо аз тафтиш ва суд берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳон мешаванд. Дар ин сурат дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштанро судяи ҳамон суд дар асоси дархости муфаттиш бо ризои прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, прокурори вилоят, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ризои муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодкарда ба мўҳлати то 12 моҳ амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  4. Мўҳлати зиёда аз 12 моҳ дар ҳабс нигоҳ доштан танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, нисбат ба шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин айбдор карда мешаванд, аз ҷониби судяҳои суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости муфаттиш, ки бо ризои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў пешниҳод гардидааст, ба муҳлати то 18 моҳ дароз намудан мумкин аст. Мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда мешавад.
  5. Минбаъд ба дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан роҳ дода намешавад ва айбдоршаванда бояд фавран озод карда шавад, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 8 ҳамин модда пешбинишуда.
  6. Маводи тафтиши анҷомёфтаи парвандаи ҷиноятӣ барои шиносшавӣ ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў бояд дар мўҳлати на дертар аз 30 шабонарўз то анҷоми мўҳлати муайяншудаи дар ҳабс нигоҳ доштан, ки қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда муайян кардаанд, пешниҳод гардад.
  7. Агар баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ маводи парвандаи ҷиноятӣ ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў дар муддати камтар аз 30 шабонарўз то анҷоми мўҳлати ниҳоии дар ҳабс нигоҳ доштан пешниҳод шуда бошад, он гоҳ пас аз гузаштани ин мўҳлат айбдоршаванда ҳатман озод карда мешавад. Дар ин маврид айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ ҳуқуқ доранд минбаъд бо маводи парвандаи ҷиноятй шинос шаванд. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  8. Агар баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ мўҳлати пешбиникардаи қисми 6 ҳамин модда оид ба пешниҳоди маводи парвандаи ҷиноятии мазкур ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў риоя шуда бошаду лекин 30 шабонарўз барои шиносшавӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ камӣ кунад, муфаттиш ҳуқуқ дорад на дертар аз 5 рўзи то анҷом ёфтани мўҳлати ниҳоии дар ҳабс нигоҳ доштан бо ризои прокурорҳои дар қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда пешбинишуда мувофиқан ба судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан дархост пешниҳод намояд.
  9. Судяи суди дахлдор дар давоми 5 шабонарўзи баъди қабул кардани дархост бояд яке аз қарорҳои зеринро қабул намояд:

– дар бораи дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан то лаҳзаи анҷом додани шиносшавии айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў бо маводи парвандаи ҷиноятӣ ва аз ҷониби прокурор ба суд фиристонидани парвандаи ҷиноятӣ, ба истиснои ҳолати дар қисми 7 ҳамин модда пешбинишуда;

– дар бораи рад кардани дархост ва аз ҳабс озод кардани айбдоршаванда.

  1. Ба мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан ҳамчунин мўҳлатҳои зерин ҳисоб карда мешаванд:

–  муддати дастгир шудани шахс ба сифати гумонбаршуда;

– муддати дар ҳабси хонагӣ будан;

– муддати дар ҳабс будани шахс дар ҳудуди давлати хориҷа аз рўи талаботи расонидани кўмаки ҳуқуқӣ ё ин ки мутобиқи талаботи моддаи 481 Кодекси мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ў;

– муддати дар асоси қарори суд ба таври маҷбурӣ дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ будан.

  1. Дар сурати такроран татбиқ намудани чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда дар рафти тафтиши пешакии ҳамон як парванда, инчунин парвандаи ҷиноятии ба он ҳамроҳ ё аз он ҷудо кардашуда мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан бо ба ҳисоб гирифтани мўҳлати пештар таҳти ҳабс қарор доштанашон ҳисоб карда мешавад.
  2. Ҳангоми ба тафтиши иловагӣ баргардонидани парвандаи ҷиноятие, ки мўҳлати бо қисми 1 ҳамин модда пешбинишудаи дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршаванда ба охир расидаасту аз рўи ҳолатҳои кор бошад, чораи пешгириро дар намуди ба ҳабс гирифтан тағйир додан мумкин нест, мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан бо тартиби муқарраркардаи қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда дароз карда мешавад. Дар ин маврид мўҳлати дар суд будани парвандаи ҷиноятӣ ба инобат гирифта намешавад.

 

БОБИ 13. ЧОРАҲОИ ДИГАРИ МАҶБУРИИ МУРОФИАВӢ

 

Моддаи 113. Асосҳо барои татбиқи чораҳои дигари маҷбурии  мурофиавӣ

 

  1. Бо мақсади таъмини тартиби бо Кодекси мазкур пешбинишудаи тафтиш ва мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, иҷрои дахлдори ҳукм таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда чораҳои дигари зерини маҷбурии мурофиавиро татбиқ намоянд:

– муваққатан дур кардан аз вазифа;

– маҷбуран овардан;

– ҷарима таъин кардан;

– ҳабси молу мулк, аз ҷумла маблағи амонатҳо, суратҳисобҳои бонкӣ.

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя дар доираи салоҳияташон ҳуқуқ доранд дар ҳаққи ҷабрдида ва дигар иштирокчиёни мурофиа чораҳои маҷбурии мурофиавии зайлро татбиқ намоянд:

– маҷбуран овардан;

– таъин кардани ҷарима.

 

Моддаи 114. Муваққатан дур кардан аз вазифа

 

  1. Муваққатан дур кардан аз вазифа аз он иборат аст, ки ба айбдоршаванда иҷро намудани ваколат ё машғул шудан ба фаъолияте, ки ў пештар анҷом медод, манъ карда мешавад.
  2. Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ бо ризои прокурор барои муваққатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда ба суд дархост пешниҳод менамояд. Ин дархост аз ҷониби судя бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои 2-10 моддаи 111 Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.
  3. Қарори муваққатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда ба роҳбари ҷои кораш равон карда мешавад ва ў вазифадор аст дар мўҳлати се шабонарўз баъди гирифтани қарор онро иҷро карда, дар ин бора ба шахси мансабдори мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ ва суд, ки қарори дур карданро аз вазифа қабул кардааст, огоҳ кунад.
  4. Айбдоршавандаи аз вазифа дуркардашуда ҳуқуқ дорад бо кўмакпулии ҳармоҳаи давлатӣ дар ҳаҷми на камтар аз аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъмин карда шавад, ба шарте ки ў дар натиҷаи ҳолатҳои ба ў новобаста ба кори дигар гузашта натавонад. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №864)

 

Моддаи 115. Маҷбуран овардан

 

  1. Дар сурати бе сабабҳои узрнок ба даъват ҳозир нашудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, инчунин шоҳид ва ҷабрдида бо қарори асосноки таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя ва ё бо таъиноти суд онҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ маҷбуран оварда мешаванд. Сабабҳои узрноки ҳозир нашудан ба даъват ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 224 Кодекси мазкур нишондодашуда эътироф мешаванд. Дар бораи мавҷуд будани сабабҳои узрнок, ки ба ҳозир шудан дар мўҳлати муайяншуда тибқи даъват монеа шуда метавонанд, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, инчунин шоҳид ва ҷабрдида бояд мақомоти даъватнамударо огоҳ кунад.
  2. Қарор (таъинот)-и маҷбуран овардан ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, инчунин шоҳид ва ҷабрдида қабл аз иҷрои он эълон карда, ин ҳолат бо имзои онҳо дар қарор тасдиқ карда мешавад.
  3. Маҷбуран овардан ҳангоми шаб ба истиснои ҳолатҳои таъхирнопазир иҷозат дода намешавад.
  4. Маҷбуран овардани ноболиғи то 14 – сола, зани ҳомила, инчунин беморе, ки бо вазъи саломатӣ наметавонанд ё набояд маҳалли будубоши худро тарк намоянд ва ин ҳолат аз ҷониби духтури муассисаи тиббӣ тасдиқ гардидааст, иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 116. Ҳабси молу мулк

 

  1. Ҳабси молу мулк чораи маҷбурии мурофиавӣ буда, аз номнависи молу мулк ва ба молик ё соҳиби он манъ кардани ихтиёрдорӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ истифода бурдани ин молу мулк иборат аст.
  2. Ҳабси молу мулк барои таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодираи молу мулк татбиқ карда мешавад. Мақомоти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо ризои прокурор дар бораи ҳабси молу мулки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё шахсоне, ки мувофиқи қонун барои кирдорашон аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгаранд, ба суд дархост менамояд. Судя дар бораи ҳабси молу мулк қарор мебарорад.
  3. Ҳабси молу мулк аз он иборат аст, ки ба молик ё соҳиби он манъи ихтиёрдорӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ манъи истифодаи ин молу мулк эълон карда ё ситонида, барои нигоҳдошт супорида мешавад.
  4. Ҳабси молу мулк ва тартиб додани протокол тибқи қоидаҳои моддаҳои 172 ва 173 Кодекси мазкур сурат мегирад.
  5. Ҳабси молу мулке, ки мутобиқи замимаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ашёи зарурати аввал ба ҳисоб меравад, мумкин нест.
  6. Ҳабси молу мулк бо иштироки шахсони холис ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки мутахассисе, ки арзиши онро муайян менамояд, сурат мегирад.
  7. Молу мулки ба ҳабс гирифтаро ситонидан ё бо салоҳияти шахсе, ки онро боздошт кардааст, барои нигоҳдошт ба намояндаи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилоти истифодаи манзил, молики ин молу мулк ё ба дигар шахсе, ки барои таъмини нигоҳдошти он мутасаддӣ шудааст, супоридан мумкин аст, ки дар ин бора забонхат гирифта мешавад.
  8. Ҳабси маблағи амонатҳо, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок ҳама гуна амалиёти додугирифтро қатъ мекунад.
  9. Ҳабси молу мулк бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, таъиноти суд, судяе, ки парванда таҳти пешбурди онҳо қарор дорад, бекор карда мешавад, ба шарте ки зарурат ба ин чора аз байн равад.

 

Моддаи 117. Ҷарима

 

Барои иҷро накардани ўҳдадориҳои мурофиавӣ, риоя накардани тартибот дар маҷлиси суд ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 118 Кодекси мазкур ба миқдори то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

 

Моддаи 118. Тартиби таъини ҷарима ва ба фоидаи давлат гузаронидани маблағи гарав

 

  1. Ҷарима дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 117 Кодекси мазкур аз ҷониби суд таъин карда мешавад.
  2. Агар ўҳдадориҳои мурофиавӣ иҷро нашуда, дар маҷлиси суд тартибот риоя нашуда бошад, қарори ҷарима таъин кардани суд, судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, дар ҳамон маҷлиси суд қабул карда, дар ин бора таъинот (қарор) бароварда мешавад.
  3. Агар ҳуқуқвайронкуниҳои дар моддаи 117 Кодекси мазкур пешбинишуда дар давраи тосудии пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ содир шуда бошанд, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор дар ин хусус протокол тартиб дода, онро ба суд ирсол мекунад. Протокол аз ҷониби судя дар давоми панҷ шабонарўз бо даъвати шахси протоколро тартибдода ва шахсе, ки дар бораи ў протокол тартиб дода шудааст, баррасӣ карда мешавад. Ҳозир нашудани ҳуқуқвайронкунанда барои баррасии он монеъ шуда наметавонад.
  4. Оид ба баррасии протокол судя дар бораи таъин кардан ё накардани ҷарима қарор мебарорад. Нусхаи қарор ба шахси протоколро тартибдода ва шахсе, ки нисбаташ ҷарима таъин карда шудааст, фиристода мешавад.
  5. Масъалаи ба фоидаи давлат гузаронидани маблағи гарав дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 109 Кодекси мазкур аз ҷониби суд, судя дар маҷлиси суд бо баровардани таъинот (қарор) ҳаллу фасл мешавад.

 

БОБИ 14. ШИКОЯТ АЗ АМАЛ ВА ҚАРОРИ СУД

 

Моддаи 119. Шикоят

 

  1. Аз амал (беамалӣ) ва қарорҳои таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва дигар шахсоне, ки манфиати онҳо халалдор шудааст, ба мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки барои пешбурди парвандаи ҷиноятӣ масъуланд, шикоят мекунанд.
  2. Шикоят шифоҳӣ ва хаттӣ шуда метавонад. Шикояти шифоҳӣ дар протокол инъикос меёбад, ки ба он шикояткунанда ва шахси мансабдори шикоятро қабулкарда имзо мегузоранд.
  3. Шикояти шифоҳии шаҳрванд, ки ҳангоми ўро қабул кардани шахси мансабдори дахлдор арз шудааст, бо асосҳои умумӣ дар қатори шикоятҳои дар шакли хаттӣ пешниҳодгардида ҳал карда мешавад. Ба шикоят маводи иловагиро замима кардан мумкин аст.

 

Моддаи 120. Мўҳлати пешниҳоди шикоят

 

  1. Аз амал (беамалӣ) ва қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя дар тамоми давраи пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ шикоят кардан мумкин аст.
  2. Шикоят аз қарори рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ва қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, ҳукм ва таъиноте, ки судҳои марҳилаи якум баровардаанд, дар мўҳлати муайянкардаи Кодекси мазкур оварда мешавад.

 

Моддаи 121. Боздоштани иҷрои қарор вобаста ба шикоят

 

Шикоят бо тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур иҷрои қарореро, ки аз он шикоят оварда шудааст, бознамедорад, ба шарте ки дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 122. Тартиби умумии баррасии шикоят

 

  1. Баррасии шикоятро ба зиммаи прокурор ва судяе, ки аз амали онҳо шикоят кардаанд ва инчунин ба зиммаи шахси мансабдоре, ки қарори аз он шикоятшударо тасдиқ намудааст, вогузоштан манъ аст.
  2. Прокурор ё судя дар ҷараёни баррасии шикоят вазифадоранд, ки ваҷҳҳои дар он овардашударо ҳамаҷониба санҷад, ҳангоми зарурат маводи иловагӣ талаб намояд ва бо хоҳиши аризадиҳанда вобаста ба амал ва қарори аз он шикоятшуда аз вай тавзеҳот гирад.
  3. Прокурор ё судяе, ки шикоятро баррасӣ мекунад, вазифадор аст дар доираи ваколати худ барои  барқарор  намудани  ҳуқуқу  манфиатҳои қонунии поймолшудаи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, инчунин дигар шаҳрвандон, корхона, ташкилот ва муассисаҳо чораҳо андешад.
  4. Агар аз амал ё қарори ғайриқонунии шикоятшуда ба шаҳрванд зарари маънавӣ, ҷисмонӣ ё моддӣ расида бошад, ба ў бояд ҳуқуқҳояш дар бораи ҷуброн ё бартараф кардани зарар ва тартиби татбиқи ин ҳуқуқ, ки боби 47 Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, фаҳмонда шавад.

 

Моддаи 123. Шикоят аз амал (беамалӣ) ва қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор

 

  1. Аз амал (беамалӣ) ва қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ба прокуроре, ки иҷрои қонунҳоро ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ назорат мекунад, шикоят кардан мумкин аст. Аз амал ва қарори прокурор ба прокурори болоӣ ва ё суд шикоят карда мешавад. (ҚҶТ аз 2.08.11 с., №755)
  2. Прокурор вазифадор аст, ки шикоятро дар давоми се шабонарўз аз лаҳзаи гирифтани он баррасӣ кунад. Дар ҳолатҳои истисно, агар барои санҷиши шикоят зарурати талаб карда гирифтани маводи иловагӣ ё андешидани чораҳои дигар пеш ояд, мумкин аст, ки шикоят дар мўҳлати то ҳафт шабонарўз баррасӣ гардад ва дар ин бора шахси шикояткарда ва манфиатдор огоҳ карда мешаванд.
  3. Дар натиҷаи баррасии шикоят қарори пурра ё қисман қонеъ гардонидани шикоят ба воситаи бекор кардан ё тағйир додани қарори шикоятшуда ё ин ки дар бораи рад намудани қонеъ гардонидани шикоят қарор қабул карда мешавад. Дар айни замон қарори қаблан қабулгардида тағйир дода намешавад, ба шарте ки он боиси бад шудани вазъи шахсе гардад, ки шикоят карда ё ба манфиати он шахс шикоят арз шуда буд.
  4. Шахси шикояткарда ва шахсони манфиатдор бояд аз қарори доир ба шикоят қабулгардида огоҳ карда шаванд.

 

Моддаи 124. Тартиби судии баррасии шикоят аз қарори прокурор

 

  1. Агар шикояти шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз ҷониби прокурор, прокурори болоӣ қонеъ нашуда бошад ва ё дар мўҳлати муайянкардаи Кодекси мазкур ҳал нашуда бошад, онҳо ҳуқуқ доранд дар бораи рад кардани қабули аризаашон оид ба ҷиноят ё вайрон кардани қонун ҳангоми оғоз ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ба суд шикоят кунанд.
  2. Шикоятро ба суди маҳалли ҷойгиршавии мақомоти прокуратура дар давоми як моҳ аз рўзи гирифтани огоҳиномаи прокурор дар бораи рад намудани қонеъгардонии он ё аз рўзи гузаштани мўҳлати як моҳи баъди додани шикоят, ба шарте ки ба он ҷавоб нарасида бошад, арз кардан мумкин аст.
  3. Шикоят аз ҷониби судя дар давоми даҳ шабонарўз аз лаҳзаи ворид шудани он бо роҳи огоҳ намудани арзкунанда ва прокурор аз вақти баррасӣ дида баромада мешавад. Ба маҷлиси суд ҳозир нашудани шикояткунанда ё прокурор ба баррасии шикоят монеъ шуда наметавонад, вале судя метавонад ҳозир шудани онҳоро ҳатмӣ шуморад. Прокурор ба суд маводи бо шикоят алоқамандро пешниҳод менамояд. Прокурор ва шикояткунанда ҳуқуқ доранд ҳангоми баррасии шикоят фикри худро иброз кунанд.
  4. Судя шикоятро асоснок эътироф намуда, дар бораи қонеъ намудани шикоят ва бекор кардани қарор ё ин ки бенатиҷа гузоштани шикоят қарор мебарорад. Қарори судя дар бораи бекор кардани қарори рад кардани оғоз ё ин ки қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ барои иҷро ба прокурор равон карда мешавад.
  5. Судяе, ки шикоят аз қарори прокурорро баррасӣ кардааст, моҳиятан дар баррасии парванда ҳуқуқи иштирок кардан надорад.

 

Моддаи 125. Шикоят аз қарори суд ё эътироз ба он

 

  1. Шикоят аз ҳукм, таъинот ва қарори суди марҳилаи якум, ки эътибори қонунӣ пайдо накардаанд ё эътироз ба он тибқи қоидаҳои боби 38 Кодекси мазкур оварда мешавад.
  2. Шикоят ё эътирози аз нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарори суди марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, тибқи қоидаҳои бобҳои 42 ва 43 Кодекси мазкур пешниҳод карда мешаванд.

 

ФАСЛИ V. ДИГАР МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

БОБИ 15. ДАЪВОИ ГРАЖДАНӢ ДАР ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

 

Моддаи 126. Даъвои граждание, ки дар парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ карда мешавад

 

  1. Дар парвандаи ҷиноятӣ даъвои граждании шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин прокурор ва мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия оид ба рўёнидани зараре, ки дар натиҷаи содир кардани ҷиноят расонида шудааст, мавриди баррасӣ қарор мегирад.
  2. Даъвогар ҳангоми пешниҳоди даъвои гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ аз боҷи давлатӣ озод карда мешавад.
  3. Тобеияти судии даъвои гражданӣ, ки аз парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, тибқи тобеияти судии парвандаи ҷиноятӣ, ки дар он пешниҳод гардидааст, муайян карда мешавад.
  4. Даъвои граждание, ки аз парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, тибқи қоидаҳои муайяннамудаи Кодекси мазкур исбот карда мешавад.
  5. Агар муносибатҳои мурофиавие, ки аз даъвои гражданӣ бармеоянд, дар асоси Кодекси мазкур танзим нашуда бошанд, меъёрҳои қонунгузории мурофиавии гражданӣ истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 127. Пешниҳоди даъвои гражданӣ

 

  1. Шахсе, ки аз ҷиноят ё кирдори бо Кодекси ҷиноятӣ манъгардидаи шахси номукаллаф зарар дидааст ё намояндаи ў ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи оғози парвандаи ҷиноятӣ то оғози тафтиши судӣ даъвои гражданӣ арз кунад. Рад кардани қонеънагардонии даъвое, ки бо тартиби мурофиаи гражданӣ пешниҳод шудааст, даъвогарро аз ҳуқуқи дубора арз намудани ҳамон даъво оид ба парвандаи ҷиноятӣ маҳрум месозад.
  2. Даъвои гражданиро ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ арз кардан мумкин аст. Арзи шифоҳӣ бо тартиби пешбининамудаи қисми 2 моддаи 141 Кодекси мазкур дар протокол сабт мешавад.
  3. Номаълум будани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ҷалб шавад, ба пешниҳоди даъвои гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ монеъ шуда наметавонад.
  4. Шахсе, ки дар мурофиаи ҷиноятӣ даъвои гражданӣ арз накардааст, инчунин шахсе, ки даъвои ўро суд бе муҳокима гузоштааст, ҳуқуқ дорад бо тартиби мурофиаи гражданӣ даъво кунад.
  5. Барои ҳифзи манфиати давлат прокурор ҳуқуқ дорад дар мурофиаи ҷиноятӣ даъвои гражданӣ пешниҳод намояд.

 

Моддаи 128. Эътироф намудани даъвогари гражданӣ

 

  1. Агар аз маводи парвандаи ҷиноятӣ муайян гардад, ки аз ҷиноят ё кирдори барои ҷамъият хавфноки шахси номукаллаф ба шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқӣ зарар расидааст, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд ба онҳо ё намояндагони онҳо ҳуқуқашонро дар бораи пешниҳоди даъвои гражданӣ мефаҳмонанд.
  2. Шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки даъво арз кардааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 44 Кодекси мазкур даъвогари гражданӣ эътироф мешавад. Ба шахси пешниҳодкардаи даъво ва намояндаи ў қарори (таъиноти) эътироф кардани даъвогари гражданӣ эълон карда, ҳуқуқу ўҳдадориҳои пешбининамудаи қисмҳои 4 ва 5 моддаи 44 ва қисми 3 моддаи 45 Кодекси мазкур фаҳмонда мешавад.

 

Моддаи 129. Рад кардани эътирофи даъвогари гражданӣ

 

Агар барои пешниҳоди даъвои гражданӣ ба шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқӣ, ки даъво арз кардааст, асосҳои пешбининамудаи моддаи 127 Кодекси мазкур мавҷуд набошанд, ба эътирофи ў ба сифати даъвогари гражданӣ ҷавоби рад дода, дар ин бора қарор ё таъиноти асоснок бароварда, ба ў ҳуқуқи шикоят кардан фаҳмонда мешавад. Дар тафтиши пешакӣ рад кардани эътироф ба сифати даъвогари гражданӣ то оғози тафтиши судӣ ўро аз ҳуқуқи пешниҳоди даъво дар суд маҳрум намесозад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

 

Моддаи 130. Ҷалб намудан ба сифати ҷавобгари гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ

 

Дар сурати пешниҳод намудани даъвои гражданӣ ба парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми муайян кардани шахсе, ки барои бо ҷиноят ё кирдори барои ҷамъият хавфноки шахси номукаллаф зарар расониданаш масъулият дорад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд ўро бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 54 Кодекси мазкур ба сифати ҷавобгари гражданӣ ҷалб менамояд. Ба ҷавобгари гражданӣ ё намояндаи ў қарор (таъинот) дар бораи ба сифати ҷавобгари гражданӣ ҷалб шудан эълон карда, ҳуқуқҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 55 Кодекси мазкур фаҳмонда мешавад.

 

Моддаи 131. Татбиқи қоидаҳо дар бораи асосҳо, шартҳо, ҳаҷм ва тарзи рўёнидани зарар

 

Ҳангоми баррасии даъвои гражданӣ, ки дар парвандаи ҷиноятӣ пешниҳод шудааст, асос, шарт, ҳаҷм ва тарзи рўёнидани зарар мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин  тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Точикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 132. Даст кашидан аз даъвои гражданӣ

 

  1. Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз даъвои граждании арзкардааш ҳуқуқи даст кашиданро дорад.
  2. Аризаи даъвогар дар бораи даст кашидан аз даъво ба протоколи амали тафтишӣ ва маҷлиси суд дохил карда мешавад. Агар даст кашидан аз даъво аз ҷониби даъвогар хаттӣ пешниҳод шуда бошад, он ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.
  3. Даст кашидан аз даъво аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор дар ҳар лаҳзаи пешбурди таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ қабул гардида, дар ин бора қарор бароварда мешавад. Инчунин суд дар ҳар лаҳзаи муҳокимаи судӣ таъинот бароварда, то даромадани суд ба хонаи машваратӣ барои баровардани ҳукм аз даъво даст кашиданро қабул карда метавонад.
  4. Қабули даст кашидан аз даъво боиси қатъ намудани пешбурди он гардида, даъвогари гражданиро дар мурофиаи ҷиноятӣ ё гражданӣ аз ҳуқуқи такроран пешниҳод кардани даъво ба ҳамон шахс ва бо ҳамон асос маҳрум месозад.
  5. То даст кашидани даъвогар аз даъво таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд вазифадоранд ба даъвогар оқибатҳои муқаррарнамудаи қисми 4 ҳамин моддаро фаҳмонанд.
  6. Агар даст кашидани даъвогари гражданӣ аз даъво хилофи қонун бошад ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон кунад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд аз даъво даст кашидани даъвогарро қабул намекунанд ва дар ин бора қарор ё таъиноти асоснок мебароранд.

 

Моддаи 133. Қарор оид ба даъвои гражданӣ

 

  1. Ҳангоми баровардани ҳукми айбдоркунӣ ё таъинот дар бораи чораи маҷбурӣ, ки хусусияти тиббӣ дорад, суд даъвои гражданиро пурра ё қисман қонеъ мегардонад ё онро рад мекунад.
  2. Ҳангоми қонеъ гардонидани даъвои гражданӣ суд, судя ҳуқуқ дорад аз доираи талаботи даъво берун барояд, ба шарте ки ҳаҷми он ба бандубасти ҷиноят ва чораи ҷазои гунаҳгорон таъсир нарасонад.
  3. Ҳангоми баровардани ҳукми сафедкунанда, ҳамчунин баровардани таъинот ва қарори қатъ намудани парванда дар бораи татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ суд метавонад:

– қонеъ гардонидани даъвои гражданиро рад кунад, ба шарте ки ҳодисаи ҷиноят ё кирдори барои ҷамъият хавфноки айбдоршаванда ё иштироки судшаванда ё шахсе, ки нисбати ў масъалаи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ҳал карда мешаванд, содир намудани ҷиноят ё кирдори барои ҷамъият хавфнок муайян ва исбот карда нашуда бошад;

– даъворо бе баррасӣ монад, дар сурати аз сабаби мавҷуд набудани таркиби ҷиноят судшаванда сафед карда шуда бошад ё ин ки қатъ намудани парванда барои набудани асоси татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ, ки бо хусусияти кирдори аз ҷониби ў содиршуда ва вазъи худ барои ҷамъият хавфнок нест ва ба муолиҷаи маҷбурӣ мўҳтоҷ намебошад;

– дар сурати имконнопазирии муайян кардани миқдори аниқи маблағи талаби даъво ба даъвогари гражданӣ фаҳмонида мешавад, ки ў ҳуқуқ дорад, ба тариқи умумӣ бо даъвои гражданӣ ба суд муроҷиат намояд.

  1. Ҳангоми қатъ намудани парванда бо асосҳое, ки дар сархатҳои сеюм-нуҳуми қисми 1 моддаи 27 ва моддаи 28 Кодекси мазкур зикр гардидаанд, суд даъвои гражданиро бе баррасӣ мемонад.
  2. Агар тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда парвандаи ҷиноятӣ дар давраи пешбурди тосудӣ қатъ гардида бошад, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ё намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд бо тартиби мурофиаи гражданӣ даъво пешниҳод кунанд.

 

Моддаи 134. Таъмини иҷрои ҳукм дар қисми даъвои гражданӣ

 

Дар сурати қонеъ гардонидани даъвои гражданӣ суд ҳуқуқ дорад то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм дар бораи қабули чораи таъмини даъво, ба шарте ки чунин қарор қаблан бароварда нашуда бошад, қарор қабул кунад.

 

Моддаи 135. Иҷрои ҳукм ва таъиноти суд дар қисми даъвои гражданӣ

 

Ҳангоми аз ҷониби суд қонеъ гардонидани даъвои гражданӣ ҳукм, инчунин  таъинот дар бораи татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар қисми даъвои гражданӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 16. МЎҲЛАТ ВА ХАРОҶОТИ МУРОФИАВӢ

 

Моддаи 136. Баҳисобгирии мўҳлат

 

  1. Мўҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бо соат, шабонарўз, моҳ ва сол ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳисоби мўҳлат соат ва рўзе, ки ҷараёни мўҳлат оғоз мегардад, ба ҳисоб гирифта намешавад. Ин қоида ба ҳисоби мўҳлати дастгиркунӣ дахл надорад. Ба ҳисоби мўҳлат, инчунин вақти ғайрикорӣ низ зам карда мешавад.
  2. Дар ҳисоби мўҳлат бо моҳ ё сол мўҳлат дар рўзи дахлдори моҳи охирин хотима меёбад, агар ин моҳ санаи дахлдор надошта бошад, мўҳлат дар рўзи охирини ҳамин моҳ ба охир мерасад. Агар хатми мўҳлат ба рўзи ғайрикорӣ рост ояд, рўзи охирини мўҳлат рўзи кории баъди он рўз фарорасанда ба ҳисоб меравад, ба ғайр аз ҳолатҳои ҳисоби мўҳлат ҳангоми дастгиркунӣ, ба ҳабс гирифтан, ҳабси хонагӣ ва мўҳлати дар муассисаи тиббӣ будан.
  3. Ҳангоми дастгиркунӣ мўҳлат аз лаҳзаи татбиқи воқеии ин чора ба ҳисоб гирифта мешавад.
  4. Мўҳлат гузаронидашуда ба ҳисоб намеравад, ба шарте ки шикоят ё дигар санад то гузашти мўҳлат дар почта ва барои шахсони ба ҳабс гирифташуда ва ё дар муассисаи тиббӣ ҷойдода бошад, агар шикоят ё дигар ҳуҷҷатҳо то гузашти мўҳлат ба маъмурияти маҳалли баҳабсгирӣ ё муассисаи тиббӣ супурда шуда бошанд. Вақти супурдани шикоят ё дигар ҳуҷҷатҳо ба почта аз рўи мўҳри почта ва вақти супурдани он ба маъмурияти маҳалли нигоҳдории таҳти ҳабс ё муассисаи тиббӣ тибқи сабти дафтархона ё шахси мансабдори ин муассисаҳо муайян карда мешавад.
  5. Аз ҷониби шахси мансабдор риоя кардани мўҳлати муайяншуда бо сабти дахлдор дар ҳуҷҷати мурофиавӣ тасдиқ карда мешавад. Гирифтани ҳуҷҷат, ки бояд ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ супурда шавад, бо забонхати ба парванда ҳамроҳгардидаи онҳо тасдиқ мегардад.

 

Моддаи 137. Оқибатҳои гузаронидани мўҳлат ва барқарор намудани он

 

  1. Амалҳои мурофиавие, ки бо гузаштани мўҳлат содир шудаанд, дар сурати барқарор карда нашудани мўҳлат беэътибор дониста мешаванд.
  2. Шахсе, ки ба барқарор намудани мўҳлати гузаронидашуда манфиатдор аст, ба мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ бо дархост ё хоҳиш муроҷиат мекунад. Мутобиқи дархост ё хоҳиши шахси зикргардида иҷрои қароре, ки вобаста ба гузаштани мўҳлати муқараргардида шикоят шудааст, мумкин аст, то ҳалли масъалаи барқарор намудани мўҳлати гузаронидашуда боздошта шавад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  3. Мўҳлати бо сабабҳои узрнок гузаронидашуда бояд бо қарори мақомоте, ки мурофиаи судии ҷиноятиро пеш мебарад, бо дархост ё хоҳиши шахси манфиатдоре, ки мўҳлатро гузаронидааст, барқарор карда шавад.
  4. Дар хусуси рад кардани барқарор намудани мўҳлати гузаронидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур шикоят овардан мумкин аст.

 

Моддаи 138. Хароҷоти мурофиавӣ

 

  1. Хароҷоти мурофиавӣ аз маблағҳои зерин иборат аст:

– маблағи ба шоҳидон, ҷабрдидаҳо ва намояндагони онҳо, коршиносон, мутахассисон, тарҷумонҳо, шахсони холис барои пўшонидани хароҷоташон ҳангоми ҳозир шудан ба маҳалли гузаронидани амали мурофиавӣ ва бозгашт, барои иҷораи манзил, инчунин масрафи шабонарўзии пардохташуда;

– маблағи ба коршиносон, тарҷумонҳо, мутахассисон пардохташуда барои иҷрои ўҳдадориҳояшон ҳангоми таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё дар суд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ин ўҳдадориҳо бо тартиби супориши хизматӣ анҷом дода шудаанд;

– подоши кўмаки ҳуқуқи ҳимоятгар дар сурати озод кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз пардохти он ё иштироки ҳимоятгар дар таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва дар суд тибқи таъинот, бе бастани созишнома бо мизоҷ;

– маблағи ба сифати кўмакпулӣ ба айбдоршаванда пардохташуда, ки нисбат ба он чораи пешгирӣ бо роҳи дур кардан аз вазифа татбиқ шуда буд;

– маблағи барои нигаҳдорӣ ва интиқоли далелҳои шайъӣ масрафгардида;

– маблағи барои кофтукови гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда масрафгардида, ки аз тафтиш ё суд пинҳон карда шудааст;

– маблағи барои гузаронидани экспертиза дар муассисаҳои экспертӣ масрафгардида;

– маблағи барои чораҳои дигари анҷом додани пешбурди парвандаи дахлдори ҷиноятӣ ё маводи дахлдор масрафгардида.

  1. Хароҷоти мурофиавӣ ба депозити суд қабул карда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ пардохта мешавад, ба шарте ки Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
  2. Маблағҳои дар сархатҳои якум – чорум ва ҳаштуми қисми 1 ҳамин модда зикргардида бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё бо таъиноти (қарори) суд пардохта мешаванд.

 

Моддаи 139. Ситонидани хароҷоти мурофиавӣ

 

  1. Хароҷоти мурофиавӣ аз маҳкумшудагон ситонида ё аз ҳисоби давлат пардохт мешавад.
  2. Суд, судя ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда, ба истиснои маблағи ба тарҷумон, инчунин ба ҳимоятгар пардохташуда, хароҷоти мурофиавиро аз маҳкумшуда ситонанд. Хароҷоти мурофиавиро ҳам аз маҳкумшудае, ки аз ҷазо озод карда шудааст, ҳам аз маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ў ҷазо таъин нагардидааст, ситонидан мумкин аст.
  3. Хароҷоти мурофиавӣ вобаста ба иштироки тарҷумон дар парванда аз ҳисоби давлат мебошад. Агар тарҷумон вазифаи худро тибқи супориши вазифагӣ анҷом дода бошад, музди меҳнати ў аз ҷониби давлат ба корхонае, ки ў кор мекунад, ҷуброн карда мешавад.
  4. Агар гумонбаршуда ё айбдоршаванда аз ҳимоятгар даст кашида, вале он қонеъ гардонида нашуда, ҳимоятгар дар парванда тибқи таъинот иштирок дошта бошад, музди меҳнати ҳимоятгар бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ ва Кодекси мазкур пардохта мешавад.
  5. Дар ҳолати бо сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 27 ва сархати дуюми қисми 1 моддаи 234 Кодекси мазкур сафед кардани судшаванда ё қатъ намудани парванда хароҷоти мурофиавӣ аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. Агар судшаванда қисман сафед шуда бошад, суд ўро ўҳдадор мекунад хароҷоти мурофиавиро вобаста ба айбдоркуние, ки ў гунаҳгор дониста шудааст, пардозад.
  6. Дар сурати бад будани вазъи молумулкии шахсе, ки аз ў хароҷоти мурофиавӣ бояд ситонида шавад, он аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. Суд ҳуқуқ дорад маҳкумшударо пурра ё қисман аз пардохти хароҷоти мурофиавӣ озод кунад, ба шарте ки он ба вазъи молумулкии шахсоне, ки таҳти парастории маҳкумшуда қарор доранд, таъсири ҷиддӣ расонад.
  7. Суд оид ба парванда якчанд судшавандаро гунаҳгор эътироф намуда, муайян мекунад, ки хароҷоти мурофиавӣ ба кадом андоза аз ҳар яки онҳо ситонида мешавад. Дар айни замон суд хусусияти гуноҳ, дараҷаи масъулият ва вазъи молумулкии маҳкумшударо ба инобат мегирад.
  8. Оид ба парвандаи ҷиноятии ноболиғон суд метавонад пардохти хароҷоти мурофиавиро ба зиммаи падару модари ноболиғон ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, гузорад.
  9. Ҳангоми сафед кардани судшаванда оид ба парвандаи айбдоркунии хусусӣ суд ҳуқуқ дорад хароҷоти мурофиавиро аз шахсе, ки мутобиқи шикояти ў пешбурди парванда оғоз гардида буд, пурра ё қисман ситонад. Ҳангоми қатъ намудани парванда ба сабаби оштӣ шудани тарафҳо хароҷоти мурофиавӣ аз як ё аз ҳар ду тараф ситонида мешавад.

 

ҚИСМИ II. ҚИСМИ МАХСУС

ФАСЛИ VI. ПЕШБУРДИ ТОСУДИИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

БОБИ 17. САБАБ ВА АСОСҲОИ ОҒОЗИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

 

Моддаи 140. Асосҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ

 

Асосҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ аз инҳо иборатанд:

– ариза дар бораи ҷиноят;

– ҳозир шудан бо иқрори гуноҳ;

– иттилооти шахси мансабдори корхона, муассиса ва ташкилот;

– иттилоот дар воситаҳои ахбори омма;

– аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор бевосита ба даст овардани маълумоте, ки ба аломатҳои ҷиноят ишора мекунанд.

 

Моддаи 141. Ариза дар бораи ҷиноят

 

  1. Ариза дар бораи ҷиноят шифоҳӣ ё хаттӣ шуда метавонад.
  2. Аризаи хаттӣ бояд аз ҷониби шахси аризадиҳанда имзо гузошта шавад.
  3. Аризаи шифоҳӣ ба протокол дохил карда шуда, ба он аризадиҳанда ва шахси мансабдори мақомоти таҳқиқ, муфаттиш ё прокуроре, ки аризаро қабул кардаанд, имзо мегузоранд.
  4. Протокол бояд маълумотро дар бораи аризадиҳанда, маҳалли истиқомат ва кор, инчунин ҳуҷҷатҳои шахсии ў дар бар гирад.
  5. Аризадиҳанда дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ оид ба дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ огоҳонида, дар протокол сабт ва бо имзоаш тасдиқ карда мешавад.
  6. Ариза, мактуб ё дигар иттилооти беном, беимзо ё бо имзои қалбакӣ ё аз номи шахси сохта навишташуда барои оғози парвандаи ҷиноятӣ асос шуда наметавонад.

 

Моддаи 142. Ҳозир шудан бо иқрори гуноҳ

 

  1. Ҳозир шудан бо иқрори гуноҳ иттилооти ихтиёрии шахс дар бораи ҷинояти содирнамудааш, ки ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ маълум нест, ҳисобида мешавад, ба шарте ки ин шахс ҳанўз гумонбар нашуда ё айбдоркунӣ дар содир намудани ҷиноят пешниҳод нагардида бошад.
  2. Аризаи иқрори гуноҳ ба тарзи шифоҳӣ ё хаттӣ дода мешавад ва бояд аз тарафи аризадиҳанда ба мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор супорида шавад.
  3. Аризаи шифоҳӣ ба протокол дохил карда шуда, мазмунаш пурра инъикос мегардад. Протокол аз ҷониби шахси бо иқрори гуноҳ ҳозиршуда ва мансабдоре, ки онро қабул кардааст, имзо карда мешавад.

 

Моддаи 143.  Иттилооти шахси мансабдори корхона, муассиса ва ташкилот дар бораи ҷиноят

 

  1. Иттилооти шахси мансабдори корхона, муассиса ва ташкилот дар бораи ҷиноят бояд дар шакли хаттӣ пешниҳод карда шавад.
  2. Ба иттилоот мумкин аст ҳуҷҷат ва дигар маводи тасдиқкунандаи ҳолатҳои содир намудани ҷиноят замима шаванд.

Моддаи 144. Иттилооти воситаҳои ахбори омма

 

  1. Иттилооти воситаҳои ахбори омма барои оғози парвандаи ҷинояти асос шуда метавонад, ба шарте ки он асоси воқеи дошта, дар рузнома ё маҷалла дарч гардида ё ба воситаи радио ва телевизион пахш туда бошад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  2. Шахси мансабдори воситаи ахбори омма, ки иттилоотро дар бораи ҷиноят дарҷ ва ё пахш кардааст, бо талаби шахси барои оғози парвандаи ҷиноятӣ ваколатдор вазифадор аст, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва маводи дар ихтиёраш будаи тасдиқкунандаи иттилооти пахшшударо дастрас кунад, инчунин шахси пешниҳодкардаи ин маълумотро, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ин шахс онро бо шарти маҳфуз доштани манбаи иттилоот додааст, номбар кунад.

 

Моддаи 145. Ҳатмӣ будани қабул ва баррасии аризаю иттилоот дар бораи ҷиноят

 

  1. Мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор вазифадоранд дар бораи ҳама гуна ҷинояти тайёршаванда, содиршаванда ва содиршуда аризаю иттилоотро қабул ва баррасӣ намоянд. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  2. Ба аризадиҳанда дар бораи ба қайд гирифтани ариза ё иттилоот дар бораи ҷиноят бо сабти номи шахсе, ки ариза ё иттилоотро қабул кардааст ва вақти ба қайд гирифтани он ҳуҷҷат дода мешавад.
  3. Аз беасос даст кашидан аз қабули ариза ё иттилоот дар бораи ҷиноят ба прокурор ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 122, 123 ва 124 Кодекси мазкур шикоят кардан мумкин аст.
  4. Ариза ва иттилоот дар бораи ҷиноят, ки ба суд ворид шудааст, барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ ба прокурор равон карда, аризадиҳанда огоҳ карда мешавад.
  5. Қарор оид ба ариза ва иттилоот дар бораи ҷиноят бояд дар мўҳлати на дертар аз се шабонарўз аз лаҳзаи гирифтани ариза ва иттилоот қабул карда шавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ прокурор барои гирифтани нишондоди иловагии шахси аризадиҳанда, талаб карда гирифтани ҳуҷҷатҳо, азназаргузаронии ҷои ҳодиса ин мўҳлатро то даҳ шабонарўз дароз карда метавонад.
  6. Дар мавриди гирифтани ариза ё иттилоот дар бораи ҷиноят ё бевосита ошкор кардани ҷиноят мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, сардори воҳиди таҳқиқ, муфаттиш, сардори воҳиди тафтишот ё прокурор яке аз қарорҳои зайлро қабул мекунад:

–  дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ;

–  дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ;

– дар бораи аз рўи тобеияти тафтишӣ равон кардани ариза ё иттилоот.

  1. Оид ба қарори нисбат ба ариза ё иттилооти қабулшуда ба шахс, корхона, муассиса, ташкилот ё шахси мансабдоре, ки аз онҳо ариза ё иттилоот расидааст, хабар дода, ба онҳо ҳуқуқи шикоят кардан аз қарор фаҳмонда мешавад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  2. Дар сурати аз рўи тобеияти тафтишӣ равон кардани ариза ё иттилоот мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор вазифадоранд барои пешгирӣ ё рафъи ҷиноят, ҳамчунин тақвияти изи ҷиноят чораҳо андешанд.

 

БОБИ 18. ТАРТИБИ ОҒОЗИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

 

Моддаи 146. Оғози парвандаи ҷиноятии айбдоркунии умумӣ

 

  1. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбиникардаи моддаи 140 Кодекси мазкур таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул мекунанд.
  2. Дар қарор вақт ва маҳалли қабули он, аз ҷониби кӣ қабул карда шудани он, сабаб ва асосҳо барои оғози парванда, моддаи Кодекси ҷиноятӣ, ки тибқи он парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, инчунин самти минбаъдаи парванда нишон дода мешавад. Нусхаи қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ фавран ба прокурор равон карда, ба аризадиҳанда хабар дода мешавад.

 

Моддаи 147. Оғози парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ- умумӣ

 

  1. Парвандаҳои ҷиноятҳои пешбиникардаи қисми 3 моддаи 24 Кодекси мазкур аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор тибқи муқаррароти Кодекси мазкур, танҳо бо аризаи ҷабрдида оғоз гардида, дар сурати оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур ҳал карда мешаванд. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  2. Дар ҳолатҳои истисно, агар парванда дар бораи ягон ҷинояти пешбиникардаи қисми 3 моддаи 24 Кодекси мазкур дорои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ бошад ё ҷабрдида оид ба ҳамин парванда бо сабаби вазъи оҷизонаи худ, вобастагӣ аз айбдоршаванда ва ё дигар сабабҳо ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ қодир набошад, прокурор ҳуқуқ дорад бе аризаи ҷабрдида парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунад. Чунин парванда бо сабаби оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 148. Равон кардани парвандаи  оғозшуда

 

Пас аз қабули қарор дар хусуси оғози парванда:

– мақомоти таҳқиқ оид ба парвандаҳое, ки пешбурди тафтиши пешакиашон ҳатмист, баъди иҷрои амалҳои тафтишии таъхирнопазир аз ҷониби таҳқиқбаранда парвандаро барои пешбурди тафтиши пешакӣ фиристода, аз рўи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои пешбиникардаи қисми 1 моддаи 154 Кодекси мазкур бошад, таҳқиқ мегузаронад;

– муфаттиш баъди қабули парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурди тафтиши пешакӣ шурўъ мекунад;

– прокурор парвандаи ҷиноятиро барои пешбурди тафтиши пешакӣ ба муфаттиш ё таҳқиқбаранда равон мекунад ё худаш ба пешбурди тафтиши пешакӣ шурўъ мекунад.

 

Моддаи 149. Рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ

 

  1. Ҳангоми мавҷуд набудани асос барои оғози парвандаи ҷиноятӣ мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор оид ба рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қарори асоснок мебароранд.
  2. Нусхаи қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ дар мўҳлати се шабонарўз ба шахс, корхона, муассиса, ташкилот ё мансабдоре, ки аз он ариза ё иттилоот гирифта шудааст, равон карда мешавад.
  3. Дар айни замон ба онҳо бояд ҳуқуқҳояшон ва тартиби шикоят кардан аз қарор фаҳмонда шаванд.
  4. Аз қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ дар давоми чордаҳ шабонарўз аз лаҳзаи гирифтани нусхаи қарор ба прокурор ва дар хусуси аз ҷониби прокурор рад кардан аз қонеъ гардонидани шикоят бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба прокурори болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст.
  5. Ҳангоми рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ дар бораи ҷинояте, ки вобаста ба содир шудани он иттилоъ аз шахс гирифта шудааст, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда масъалаи оғози парвандаи ҷиноятиро вобаста ба иттилои бардурўғи шахс дида мебароянд.
  6. Иттилооте, ки дар бораи содир намудани ҷиноят дар воситаҳои ахбори омма чоп гардида, дар рафти тафтиш тасдиқи худро наёфтааст, дар ҳамон воситаи ахбори омма дар ин бора раддия чоп карда мешавад.

 

Моддаи 150. Назорати прокурор ҷиҳати қонунӣ будани оғози парвандаи ҷиноятӣ

 

Прокурор ҳангоми амалӣ гардонидани назорат ҷиҳати қонунӣ будани оғози парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад:

– мўҳлати баррасии ариза ё иттилоотро бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 145 Кодекси мазкур дароз намояд;

– қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурори поёниро дар хусуси рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор карда, маводро барои санҷиши иловагӣ ирсол намояд;

– қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурори поёниро дар хусуси оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор кунад ва оғози парвандаи ҷиноятиро рад намояд;

–  қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурори поёниро дар хусуси рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор кунад ва  парвандаи ҷиноятиро оғоз намояд;

– қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурори поёниро дар хусуси оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор кунад ва парвандаи ҷиноятиро, агар оид ба он амалҳои тафтишӣ анҷом дода шуда бошанд, қатъ кунад.

 

ФАСЛИ VII. ТАҲҚИҚ ВА ТАФТИШИ ПЕШАКӢ

БОБИ 19. ТАҲҚИҚ

 

Моддаи 151. Таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ

 

Таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ дар хусуси ҷиноятҳои пешбинишуда дар моддаҳои 119, 120, 125 қисми 1, 126, 131 қисми 1, 171, 195 қисми 4, 213 қисми 1, 230, 232, 234, 235, 237 қисми 1, 238, 242 қисми 1, 243, 244 қисми 1, 252 қисми 1, 254 қисми 1, 255 қисми 1, 256, 259 қисми 1, 286 қисми 1, 294, 341, 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти таҳқиқ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 152. Фаъолияти мақомоти таҳқиқ

 

Фаъолияти мақомоти таҳқиқ вобаста ба амалиёташон бо парвандаҳое, ки доир ба онҳо пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист ё ин ки бо парвандаҳое, ки доир ба онҳо пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, фарқ мекунад.

 

Моддаи 153. Фаъолияти мақомоти таҳқиқ дар мавриди парвандаҳое, ки доир ба онҳо тафтиши пешакӣ ҳатмист

 

  1. Дар сурати мавҷуд будани аломатҳои ҷинояте, ки доир ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист, мақомоти таҳқиқ ҳуқуқ дорад парвандаи ҷиноятиро оғоз намояд. Таҳқиқбаранда қоидаҳои Кодекси мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, ҳаракатҳои таъхирнопазири тафтишӣ ва дигар амалҳои мурофиавиро барои муқаррар ва мустаҳкам намудани изҳои ҷиноят мегузаронад, чунончӣ: азназаргузаронӣ, ёфта гирифтан, кофтуков, ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабақаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, гўш кардан ва сабти гуфтугў, нишон додан барои шинохтан, шаҳодаткунонӣ, дастгиркунӣ ва пурсиши гумонбаршуда, ҷабрдида ва шоҳидон. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  2. Оид ба ҷинояти ошкоршуда ва оғози парвандаи ҷиноятӣ фавран ба прокурор хабар медиҳад.
  3. Пас аз иҷро намудани амалҳои таъхирнопазири тафтишӣ, вале на дертар аз даҳ шабонарўз аз рўзи оғози парванда мақомоти таҳқиқ вазифадор аст парвандаро ба муфаттиш супорад.
  4. Баъд аз он ки парванда ба муфаттиш супорида шуд, мақомоти таҳқиқ амалҳои тафтишӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо супориши муфаттиш анҷом дода метавонад. Дар сурати ба муфаттиш супорида шудани парвандае, ки оид ба он ошкор кардани шахси содиркунандаи ҷиноят муяссар нашудааст, мақомоти таҳқиқ вазифадор аст барои муқаррар намудани шахси ҷиноятро содиркарда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўиро давом дода, муфаттишро аз натиҷаҳои бадастоварда хабардор кунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №692)

 

 

Моддаи 154. Тартиби таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятие, ки пешбурди тафтиши пешакии онҳо ҳатмӣ нест

 

  1. Оид ба парвандаи ҷиноятие, ки пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, мақомоти таҳқиқ парвандаро оғоз мекунад ва барои муқаррар намудани ҳолатҳое, ки бояд оид ба парвандаи ҷиноятӣ исбот карда шаванд, ҳамаи чораҳои пешбиникардаи Кодекси мазкурро меандешад.
  2. Оид ба парвандаи ҷиноятие, ки пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, маводи таҳқиқ барои дар суд баррасӣ намудани парванда асос мегардад.
  3. Дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар боби 46 Кодекси мазкур пешбинишуда мақомоти таҳқиқ пешбурди суръатнокро анҷом медиҳад.

 

Моддаи 155. Мўҳлати пешбурди таҳқиқ

 

  1. Оид ба парвандае, ки пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, пешбурди таҳқиқ бояд дар мўҳлати на дертар аз понздаҳ шабонарўз аз рўзи оғози парвандаи ҷиноятӣ то рўзи ба прокурор барои ба суд равон кардан ё то рўзи қатъ кардани пешбурди парванда тамом карда шавад.
  2. Ба мўҳлати пешбурди таҳқиқ муддате, ки дар давоми он таҳқиқ бо асосҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур боздошта шуда буд, дохил намешавад.
  3. Мўҳлати бо қисми 1 ҳамин модда пешбинишудаи пешбурди таҳқиқ мумкин аст аз тарафи прокурор ё муовини ў дароз карда шавад, вале на зиёдтар аз понздаҳ шабонарўз.
  4. Дар ҳолатҳои истисноӣ мўҳлати пешбурди таҳқиқи парванда мумкин аст тибқи қоидаҳои муқарраркардаи моддаи 168 Кодекси мазкур дароз карда шавад.

 

Моддаи 156. Ҳолатҳои истисноии пешбурди ҳатмии тафтиши пешакӣ

 

Оид ба парвандаи ҷиноятие, ки доир ба он тибқи қоидаҳои муқарраркардаи Кодекси мазкур тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, ба шарте ки ҷиноят аз тарафи ноболиғ, шахси номукаллаф ё баъди содиркунии ҷиноят ба бемории рўҳӣ гирифторшуда содир карда шуда бошад, ҳатман тафтиши пешакӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 157. Анҷом додан ва боздоштани таҳқиқ

 

  1. Таҳқиқи парвандае, ки доир ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист, бо тартиб додани қарор дар бораи ба муфаттиш равон кардани парванда анҷом меёбад.
  2. Таҳқиқи парвандае, ки доир ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, бо тартиб додани фикри айбдоркунӣ ё қарори қатъ кардани парванда анҷом меёбад.
  3. Дар сурати мавҷуд будани яке аз асосҳои пешбинишудаи моддаи 234 Кодекси мазкур, мақомоти таҳқиқ парвандаро бо қарори асоснок қатъ намуда, нусхаи онро дар муддати як шабонарўз ба прокурор равона мекунад.
  4. Дар сурати қатъ карда шудани парванда нисбати даъватшаванда мақомоти таҳқиқ дар муддати ҳафт шабонарўз дар ин хусус ба комиссариати ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) хабар медиҳад.
  5. Дар мавридҳои дигар фикри айбдоркунӣ тартиб дода, бо якҷоягии ҳамаи маводи таҳқиқ парвандаи ҷиноятӣ ба прокурор барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.
  6. Дар сурати мавҷуд будани яке аз асосҳои пешбиникардаи моддаи 230 Кодекси мазкур мақомоти таҳқиқ ҳуқуқ дорад пешбурди парвандаеро, ки доир ба он тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, боздорад. Дар бораи боздоштани таҳқиқ қарор бароварда, нусхаи он дар муддати як шабонарўз ба прокурор равон карда мешавад.

 

Моддаи 158. Ваколатҳои прокурор оид ба назорати пешбурди таҳқиқ

 

Прокурор дар рафти назорати иҷрои қонунҳо ҳангоми пешбурди таҳқиқ ҳуқуқ дорад:

– аз мақомоти таҳқиқ маводи таҳқиқро талаб карда гирад;

– парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд;

-парвандаи оғозшударо барои пешбурди тафтиши пешакӣ равон кунад;

– ваколатҳои дигарро, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, амалӣ гардонад.

 

БОБИ 20. ШАРТҲОИ УМУМИИ ТАФТИШИ ПЕШАКӢ

 

Моддаи 159. Мақомоти тафтиши пешакӣ

 

  1. Тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ мутобиқи тобеияти тафтишии пешбининамудаи Кодекси мазкур аз ҷониби муфаттишони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар анҷом дода мешавад.
  2. Прокурор ҳуқуқ дорад ҳама гуна парвандаҳои ҷиноятиро мувофиќи тартиби пешбининамудаи моддањои 161, 168 ва 169 Кодекси мазкур ба пешбурди худ қабул намояд.(ЌЉТ аз 22.07.13с., №983)

 

Моддаи 160. Пешбурди ҳатмии тафтиши пешакӣ

 

  1. Тафтиши пешакии ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ ба истиснои парвандаҳои ҷиноятии дар моддаи 151 Кодекси мазкур зикр шуда, ҳатмӣ мебошад.
  2. Тафтиши пешакии ҳамаи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содиркарда тавассути ноболиғон ё шахсоне, ки бинобар камбудии ҷисмонӣ ё рўҳӣ наметавонанд ҳуқуқашонро ба ҳимояи худ татбиқ намоянд, ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 161. Тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ

 

  1. Тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти дар қисми 1 моддаи 159 нишондодашуда, анҷом дода мешавад.
  2. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104-109, 121-124, 127-130, 1301, 131 қисмҳои 2 ва 3, 132, 133, 137, 1371, 138, 141-164, 168-170, 172-178, 183, 185-188, 190, 191, 198, 199, 207-211, 217, 220-229, 231, 233, 236, 245 қисми 1, қисми 2 бандҳои «а», «б», «в», 246, 251, 257, 258, 261, 263, 274, 276, 286 қисми 2, 287-291, 295-297, 298-304, инчунин моддаҳои 314-317, 322, 323, агар ин кирдор хусусияти коррупсионӣ надошта бошад, моддаҳои 328-332, 338, 343-365, 368-393, 398-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, аз тарафи муфаттиши мақомоти прокуратура бурда мешавад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  3. Тафтиши пешакии парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳое, ки аз тарафи судя, прокурор, муфаттиш ё шахси мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ ва гумрук, агентии мубориза бо коррупсия ва назорати маводи нашъаовар содир шудаанд, инчунин нисбат ба онҳо ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ содир гардидаанд, ба истиснои ҷиноятҳое, ки дар қисми 7 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, муфаттишони мақомоти прокуратура мегузаронанд. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ки бо тафтиши парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар ҳамин қисм ва қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида алоқаманд мебошанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти прокуратура гузаронида мешавад. (ЌЉТ аз 22.07.13с., №983)
  4. Тафтиши пешакии парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳое, ки аз тарафи хизматчии ҳарбӣ, шахси ўҳдадори ҳарбӣ, ки ба ҷамъомади ҳарбӣ даъват мешавад, инчунин аз ҷониби ҳайати ғайринизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вобаста ба адои вазифаи хизматӣ ё дар ҳудуди қисми ҳарбӣ содир гаштаанд, муфаттишони прокуратураи ҳарбӣ мегузаронанд.
  5. Тафтиши пешакии парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179-182, 184, 189, 218, 287-290, 298-313, 335, 336, 395-397 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти амнияти миллӣ гузаронида мешавад.
  6. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 314, 316, 319-322 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд низ аз тарафи муфаттишони мақомоти амнияти миллӣ гузаронида мешавад, ба шарте ки онҳо бо тафтиши дигар парвандаҳои ҷиноятие, ки дар тобеияти тафтишии ин мақомотанд, алоқаманд бошанд.
  7. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаи 245 қисми 2 банди «г», қисмҳои 3 ва 4, моддаҳои 246, 247 қисми 2 банди «г», қисмҳои 3 ва 4 ба шарте ки ин кирдорҳо бо истифодаи ваколати мансабӣ содир шуда бошанд, моддаҳои 257, 258, 259, 2591, 260, 2601, 261, 262, 264, агар ин кирдор аз ҷониби роҳбари корхона, муассиса ва ташкилоти дигар қатъи назар аз шакли моликият содир шуда бошад, моддаҳои 265, 268, 269, 270, 271, моддаи 273 қисми 3 банди «в», ба шарте ин кирдорҳо бо истифодаи ваколати мансабӣ содир шуда бошад, моддаҳои 274, 278, 279, 280, 287, моддаи 289 қисми 3 банди «б», агар ин кирдор бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ содир шуда бошад, қисми 4, агар дар гурўҳи муташаккил субъекти ҷинояти коррупсионӣ иштирок дошта бошад, моддаи 291 қисми 2 банди «б», моддаҳои 292, 293, 295, 296, 314 -317, агар ин кирдорҳо хусусияти коррупсионӣ дошта бошанд, моддаҳои 318- 321, 323- 327, 3381, 3401, 345 қисми 3, агар ин кирдорҳо бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ содир шуда бошанд, моддаҳои 348, 349, 359 қисмҳои 2 ва 3, ба шарте ки ин кирдорҳо аз ҷониби субъекти ҷинояти хусусияти коррупсионидошта содир шуда бошанд, моддаҳои 360, 363 ва 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ин кирдорҳо хусусияти коррупсионӣ дошта бошанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия гузаронида мешавад. Тафтиши пешакии парвандаҳо дар ҳаққи судяҳо, прокурорҳо, муфаттишон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (аз ҷумла кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия), оид ба ҷиноятҳое, ки дар ҳамин қисм пешбинӣ шудаанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия гузаронида мешавад. Дар ҳолати аз тарафи мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ошкор намудани ҷиноятҳои дар ҳамин қисм пешбинигардида, ки аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин ўҳдадорони ҳарбии ба ҷамъомади ҳарбӣ даъват кардашуда содир гардида бошанд, тафтиши пешакии парвандаҳо аз тарафи муфаттишони ҳамин мақомот бурда мешавад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755; аз 23.11.15 с., №1229)
  8. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 143-164, 244-297- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки бо тафтиши парванда оид ба ҷиноятҳои дар қисми 7 моддаи мазкур пешбинигардида алоқаманд мебошанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия гузаронида мешавад.
  9. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 181, 200, 201, 202, 2021, 2022, 2061, 245, 246, 251, 257, 258, 261, 263-268, 273-280, 286-291, 323-325 пешбинишудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиноятҳое, ки дар қисмҳои 2-7 моддаи мазкур дарҷ нагардидаанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 314, 316, 340, 346, 347, 352, 353 пешбинишудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз тарафи муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад, ба шарте ки онҳо бо тафтиши парвандаҳои дигари ҷиноятие, ки дар тобеияти ин мақомотанд, алоқаманд бошанд.
  10. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки ноболиғон ё шахсоне содир кардаанд, ки бинобар иллати ҷисмонӣ ё рўҳӣ ҳуқуқи худро ҳимоя карда наметавонанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад.
  11. Оид ба парвандаҳои вобаста бо ҷиноятҳое, ки моддаҳои 200, 201, 202, 2021, 2022, 2061 ва 289 (нисбати контрабандаи (қочоқи) маводи нашъаовар, психотропӣ ва прекурсорҳо) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, тафтиши пешакӣ инчунин аз тарафи муфаттишони Агентии назорати маводи нашъаовар гузаронида мешаванд.
  12. Прокурор бо мақсади пурра, ҳаматарафа ва холисона анҷом додани таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ сарфи назар аз тобеияти тафтиш тибқи моддаи 168 Кодекси мазкур ҳуқуқ дорад ҳар як парвандаи ҷиноятиро ба истиснои парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта аз як мақомоти таҳқиқ ё тафтиш ба дигар мақомоти таҳқиқ ё тафтишот диҳад ё таҳти тафтиши мақомоти прокуратура гирад. Агар дар рафти фаъолияти мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва назорати маводи нашъаовар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор шаванд, прокурор ҳуқуқ дорад оид ба тафтиши онҳо гурӯҳҳои тафтишотӣ – оперативӣ таъсис дода, тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятиро ба зиммаи ҳамин мақомот супорад. (ЌЉТ аз 22.07.13с., №983)

 

Моддаи 162. Маҳалли пешбурди тафтиши пешакӣ

 

  1. Пешбурди тафтиши пешакӣ дар маҳалле сурат мегирад, ки дар он ҷо ҷиноят содир шудааст.
  2. Бо мақсади таъмини анҷоми фаврӣ, холисона ва пурра мумкин аст пешбурди тафтиши пешакӣ дар ҷои ошкор шудани ҷиноят, инчунин дар маҳалли будубоши гумонбаршуда, айбдоршаванда ё аксарияти шоҳидон анҷом дода шавад.
  3. Муфаттиш баъди дар тобеияти тафтишии худ набудани парвандаро муайян кардан вазифадор аст амалҳои таъхирнопазири тафтиширо анҷом диҳад ва парвандаро барои ирсол тибқи тобеият ба прокурор супорад. Масъалаи тобеияти тафтишӣ аз тарафи прокурори маҳалле, ки дар он ҷо тафтиш шурўъ шудааст, ҳал карда мешавад.
  4. Ҳангоми зарурати пешбурди амалҳои тафтишӣ дар маҳалли дигар муфаттиш ҳуқуқ дорад онҳоро шахсан гузаронад ё пешбурди ин амалҳоро ба муфаттиш ё мақомоти таҳқиқи ин маҳал супорад. Муфаттиш ҳуқуқ дорад гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўиро ба мақомоти таҳқиқи маҳалли тафтиши пешакӣ ё маҳалли пешбурди он супорад. Супориши муфаттиш бояд дар мўҳлати на дертар аз понздаҳ шабонарўз иҷро карда шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №692)

 

Моддаи 163. Оғози пешбурди тафтиши пешакӣ

 

  1. Пешбурди тафтиши пешакӣ танҳо пас аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ва бо тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур гузаронида мешавад.
  2. Муфаттиш вазифадор аст ба тафтиши парвандаи оғоз намудааш ё парвандаи ба ў супурдашуда фавран шурўъ кунад. Муфаттиш дар бораи ба баррасии худ қабул кардани парванда қарор мебарорад. Агар парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби муфаттиш оғоз ёфта, ба пешбурди худ қабул шуда бошад, дар ин бора як қарор бароварда мешавад. Муфаттиш нусхаи қарорро дар муддати на дертар аз 24 соат ба прокурор равон мекунад.

 

Моддаи 164. Мўҳлати пешбурди тафтиши пешакӣ

 

  1. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ бояд дар мўҳлати на дертар аз ду моҳ аз рўзи оғози парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шавад.
  2. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятие, ки таҳқиқбаранда мегузаронад, бояд дар мўҳлати як моҳ аз рўзи оғози парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шавад.
  3. Мўҳлати тафтиши пешакӣ аз рўзи оғози парванда ва то рўзи ба прокурор равон кардани парванда бо фикри айбдоркунӣ ё қарор дар бораи ба суд равон кардани парвандаи ҷиноятӣ барои баррасии масъалаи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ё то рўзи баровардани қарори қатъи парвандаи ҷиноятӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
  4. Ба мўҳлати пешбурди тафтиши пешакӣ муддате, ки дар давоми он тафтиши пешакӣ тибқи асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур боздошта шуда буд, дохил карда намешавад.
  5. Мўҳлати тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда аз тарафи прокурори ноҳия, шаҳр ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда то шаш моҳ, аз тарафи Сарпрокурори ҳарбӣ,прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон мумкин аст то як сол дароз карда шавад. Мўҳлати тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз тарафи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда мешавад. Мўҳлати минбаъдаи тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда мешавад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755; аз 14.03.14 с., № 1067)
  6. Мўҳлати бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ шинос шудани айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў ба мўҳлати тафтиши пешакӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.

 

 Моддаи 165. Анҷоми тафтиши пешакӣ

 

Пешбурди тафтиши пешакӣ бо тартиб додани фикри айбдоркунӣ ё қарор дар бораи ба суд равон кардани парвандаи ҷиноятӣ барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ё баровардани қарори қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ анҷом меёбад.

 

Моддаи 166. Якҷоя кардани парвандаҳои ҷиноятӣ

 

  1. Бо қарори прокурор, инчунин бо қарори муфаттиш таҳқиқбаранда ё таъинот ва қарори суд, судя дар як пешбурд мумкин аст парвандаҳо оид ба айбдоркунии чандин шахс дар содир намудани як ё якчанд ҷиноят дар шарикӣ, парвандаҳо оид ба айбдоркунии як  шахс дар содир намудани чандин ҷиноят,  инчунин оид ба айбдоркунӣ дар  пинҳон кардани ин ҷиноятҳо бе ваъдаи пешакӣ ё хабар надодан дар бораи онҳо якҷоя карда шаванд.
  2. Якҷоя кардани парвандаҳои ҷиноятие, ки тибқи он як шахс ҳам айбдоршаванда ва ҳам ҷабрдида мебошад, ба ғайр аз парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ, иҷозат дода намешавад.
  3. Мўҳлати пешбурди парвандаи ҷиноятие, ки дар он якчанд парвандаи ҷиноятӣ якҷоя карда шудааст, аз рўзи оғози парвандае ба ҳисоб гирифта мешавад, ки аввал оғоз шудааст. Ба мўҳлати умумии тафтишоти парвандаҳои якҷоя кардашуда тамоми вақти воқеии тақвимие, ки ба пешбурди он сарф шудааст, дохил карда мешавад.

 

Моддаи 167. Ҷудо кардани парвандаҳои ҷиноятӣ ё мавод

 

  1. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор дар ҷараёни пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои зарурӣ қисми онро нисбат ба шахсони зерин ба пешбурди алоҳида ҷудо кунанд:

–  айбдоршавандае, ки маҳалли зисташ номаълум аст;

– айбдоршавандае, ки ба бемории вазнин гирифтор аст;

– айбдоршавандаи ноболиғ, ки дар як парвандаи ҷиноятӣ якҷоя бо шахси болиғ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

  1. Оид ба парвандаҳои бисёрлаҳза бо назардошти муқаррароти қонун дар бораи тобеияти судии парвандаи ҷиноятӣ прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳуқуқ доранд ҳангоми нисбат ба шахси алоҳида ба баъзе ҳолатҳои айбдоркунӣ кифоя эътироф кардани далелҳои ҷамъоваришуда барои тартиб додани фикри айбдоркунӣ ва ба суд фиристодани парванда доир ба ҳамин ҳолатҳо қарор қабул намоянд. Қарор дар бораи ҷудо кардан ва тафтиши парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дигар (лаҳзаҳо) мутобиқи Кодекси мазкур қабул карда мешавад. Ҷудо кардани парванда ба шарте мумкин аст, ки он ба тафтиши ҳамаҷониба ва холисонаи парвандаи таҳти пешбурд қарордошта таъсир нарасонад.
  2. Парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҷинояти шахси дигар содиркардае, ки дар ҷараёни тафтиши ҷиноят маълум гардида, ба кирдори оид ба парвандаи тафтишшаванда марбути айбдоршаванда донисташуда алоқаманд нест, бояд барои пешбурди алоҳида ҷудо карда шавад.  Дар чунин ҳолатҳо аз парвандаи ҷиноятӣ  маводе, ки барои оғоз кардан ва тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар бораи ҷинояти ошкоршуда зарур   мебошад, ҷудо карда шуданаш мумкин аст.
  3. Ҷудо кардани парванда ё мавод бо қарори мақомоти таҳқиқ, муфаттиш ё прокурор, бо қарор ё таъиноти суд анҷом дода мешавад. Ба парвандаи ҷудокардашуда бояд номгўи маводи дар шакли асл ё нусхаи он ҷудокардашуда замима гардад.
  4. Мўҳлати тафтиши пешакии парвандаи ҷудо кардашуда аз рўзи қабули қарори дахлдор ба ҳисоб гирифта мешавад, ба шарте ки парванда ба ҷинояти нав ё нисбат ба шахси дигар ҷудо карда шавад. Дар ҳолатҳои дигар мўҳлат аз лаҳзаи оғози парвандаи ҷиноятии асосӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 1671. Барқарор намудани парвандаи ҷиноятӣ

 

  1. Барқарор намудани парвандаи ҷиноятии нобуд ё гумшуда ва ё қисми маводи он ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ бо қарори прокурор амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати нобуд ё гум шудани парвандаи ҷиноятй ва ё қисми маводи он дар рафти пешбурди судӣ барқарор намудани онҳо, бо қарори суд амалӣ гардида, барои иҷро ба прокурор ирсол карда мешавад.
  2. Парвандаи ҷиноятии нобуд ё гумшуда аз рўи нусхаҳои нигоҳдошташудаи маводи парвандаи ҷиноятӣ, ки бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур далел эътироф карда мешаванд, инчунин бо роҳи гузаронидани амалҳои тафтишӣ барқарор карда мешавад.
  3. Мўҳлатҳои таҳқиқ, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ва дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршаванда ҳангоми барқарор намудани парвандаи ҷиноятӣ бо тартиби муқарраркардаи моддаҳои 112, 155 ва 164 Кодекси мазкур ҳисоб карда мешаванд.
  4. Агар аз рўи парвандаи ҷиноятии нобуд ё гумшуда ҳадди ниҳоии мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан гузашта бошад, айбдоршаванда бояд фавран озод карда шавад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1275).

 

Моддаи 168. Ваколатҳои прокурор оид ба назорати иҷрои қонунҳо ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаи  ҷиноятӣ

 

  1. Прокурор назорати иҷрои қонунҳоро ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаи ҷиноятӣ амалӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ:

– иҷрои талаботи қонунро ҳангоми қабул, бақайдгирӣ ва баррасии ариза ва иттилоот дар хусуси ҷиноят назорат мекунад;

– ҳангоми пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ иҷрои талаботи қонунро санҷида, дар айни замон ҳуқуқ дорад аз мақомоти тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуҷҷатҳо, мавод ва маълумоти дигарро дар хусуси ҷиноятҳои содиршуда, ҷараёни таҳқиқ ва тафтиш, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ талаб кунад; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №692)

– ба таҳқиқбаранда, муфаттиш барои ба суд дархост пешниҳод намудан дар бораи татбиқи чораи пешгирӣ ба тариқи ба ҳабс гирифтан, ба ҳабси хонагӣ гирифтан, аз ҷумла, дар бораи тағйир додан ва бекор кардани онҳо розигӣ диҳад;

– ба таҳқиқбаранда ва муфаттиш барои ба суд пешниҳод намудани дархост оид ба ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интнқол мешаванд, азназаргузаронӣ, ёфта гирифтани онҳо аз муассисаҳои алоқаи почта ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, гуш кардан ва сабти гуфтугуи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо розигӣ диҳад; (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

– дар пешбурди тафтиши пешакӣ иштирок намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ шахсан амали тафтиширо анҷом медиҳад, оид ба ҳар як парванда дар ҳаҷми пурра тафтиши ҳамаҷонибаи пешакӣ мегузаронад;

– дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур қарор ё амали муфаттиш ва таҳқиқбарандаро тасдиқ мекунад;

–  мўҳлати таҳқиқ ва тафтиши пешакиро дароз мекунад;

– аризаи оид ба радди таҳқиқбаранда ва муфаттиш, инчунин прокурори поёниро баррасӣ мекунад;

– дар бораи амал ва қарори таҳқиқбаранда ва муфаттиш, инчунин прокурори поёнӣ шикоятҳоро баррасӣ мекунад;

– дар хусуси иҷрои талаботи қонун ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ дастурҳои хаттӣ медиҳад;

– парвандаи  ҷиноятӣ оғоз мекунад ё оғози онро рад мекунад;

– пешбурди  парвандаи ҷиноятиро қатъ мекунад ё бозмедорад;

– оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби муфаттиш ё мақомоти таҳқиқ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур розигӣ медиҳад;

– қарорҳои ғайриқонунии таҳқиқбаранда, мақомоти таҳқиқ, муфаттиш  ва прокурори поёниро бекор мекунад;

– ба мақомоти таҳқиқ дар бораи анҷом додани амали тафтишӣ супориш медиҳад;

– дар бораи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ барои ошкор кардани ҷиноят ва пайдо кардани шахсони ҷиноят содиркарда доир ба парвандаҳое, ки таҳти пешбурди прокурор ё муфаттиш қарор дорад, дастур медиҳад; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №692)

– бо дастури худ дар хусуси пешбурди тафтиши иловагӣ парвандаҳои ҷиноятиро ба муфаттиш ё мақомоти таҳқиқ бармегардонад;

– парвандаро аз мақомоти таҳқиқ гирифта, ба муфаттиш месупорад;

– парвандаро бо њатман нишон додани асос тибќи тартиби пешбининаиудаи моддаи 161 Кодекси мазкур аз як муфаттиш гирифта, ба муфаттиши дигар ё аз як мақомоти тафтишот ба мақомоти дигари тафтишот месупорад; (ҚҶТ аз 22.07.13с., №983)

– таҳқиқбаранда ё муфаттишро, ки ҳангоми тафтиши парванда қонунро вайрон карда бошанд, аз пешбурди минбаъдаи тафтиш дур месозад;

– фикри айбдоркуниро тасдиқ мекунад;

– парвандаро ба суд ирсол мекунад;

– дигар ваколатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкурро анҷом медиҳад.

  1. Иҷрои дастурҳои прокурор барои муфаттиш, мақомоти таҳқиқ ва таҳқиқбаранда, ки бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур дода шудаанд, ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 169. Пешбурди тафтиши пешакӣ аз ҷониби гурўҳи муфаттишон

 

Агар парвандаи ҷиноятӣ мураккаб ё калонҳаҷм бошад, тафтиши пешакиашро ба гурўҳи муфаттишон (гурўҳи тафтишот) супоридан мумкин аст ва ин ҳолат дар қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ зикр мегардад ё қарори алоҳида қабул карда мешавад. Дар ин хусус прокурор, сардори воҳиди тафтишот ё роҳбари макомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ҳуқуқ доранд, қарор қабул кунанд. Дар қарор бояд ҳамаи муфаттишоне, ки пешбурди тафтиш ба онҳо супорида шудааст, аз он ҷумла роҳбари гурўҳ нишон дода шаванд. Гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо бояд бо қарори тафтиши парванда аз ҷониби гурўҳи муфаттишон шинос карда, ҳуқуқи онҳо дар бораи рад намудани ҳар як муфаттиш аз ҳайати гурўҳ фаҳмонда шавад. Прокурор оид ба пешбурди тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, новобаста аз тобеияти тафтишотии онҳо, гурӯҳҳои тафтишотӣ – оперативӣ таъсис дода, тафтиши парвандаро ба зиммаи мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, мақоми махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ё назорати маводи нашъаовар месупорад. (ҚҶТ аз 22.07.13с., №983)

 

Моддаи 170. Ваколати роҳбари гурўҳи тафтишот

 

  1. Роҳбари гурўҳи тафтишот парвандаи ҷиноятиро ба пешбурди худ қабул карда, фаъолияти гурўҳи тафтишотро ташкил намуда, ба амали муфаттишони дигар роҳбарӣ мекунад.
  2. Қарори якҷоя ё ҷудо кардани парванда, оғоз кардани дархост дар хусуси дароз кардани мўҳлати тафтиш, ба сифати чораи пешгирӣ татбиқ намудани баҳабсгирӣ, ҳабси хонагӣ ва дароз кардани мўҳлати онҳо, инчунин гарав ва муваққатан дур кардани айбдоршаванда аз вазифа, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ дар маҷмўъ ё қисман боздоштани он ё аз нав шурўъ кардани пешбурди парванда танҳо аз ҷониби роҳбари гурўҳи тафтишот қабул карда мешавад.
  3. Фикри айбдоркунӣ ё қарор дар бораи ба суд равон кардани парванда барои баррасии масъалаи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ аз ҷониби роҳбари гурўҳи тафтишот таҳия мегардад.
  4. Роҳбари гурўҳи тафтишот ҳуқуқ дорад:

– дар амали тафтишие, ки дигар муфаттишон анҷом медиҳанд, иштирок намояд;

– шахсан тафтиш гузаронад;

– оид ба парванда қарор қабул кунад.

 

Моддаи 171. Қоидаҳои умумии пешбурди амали тафтишӣ

 

  1. Муфаттиш ба тафтишот шахсони пешбиникардаи Кодекси мазкурро ҷалб намуда, шахсияти онҳоро муайян мекунад, ба онҳо ҳуқуқ ва ўҳдадориҳо, инчунин тартиби пешбурди тафтишро мефаҳмонад.
  2. Пешбурди амали тафтишӣ ба истиснои ҳолатҳои таъхирнопазир шабона манъ аст.
  3. Ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ мумкин аст воситаҳои техникӣ, усулҳои илман асосноки ошкоркунӣ, бақайдгирию сабт ва ёфта гирифтани изҳои ҷиноят ва далелҳои шайъӣ истифода шаванд.
  4. Ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ татбиқи зўроварӣ, таҳдид ва дигар чораҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин ба вуҷуд овардани хавф барои ҳаёт ва саломатии шахсони дар он ширкаткунанда мумкин нест.
  5. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи моддаи 35 Кодекси мазкур амали тафтишӣ дар асоси қарори суд анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 172. Протоколи амали тафтишӣ

 

  1. Протоколи амали тафтишӣ дар ҷараёни пешбурди тафтиш ё бевосита баъди анҷом он тартиб дода мешавад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  2. Протоколро дастӣ навиштан, дар мошинка чоп кардан ё ба тарзи компютерӣ тартиб додан мумкин аст. Барои мукаммал таҳия намудани протокол мумкин аст сабтҳои стенографӣ, сабти овоз ва видео истифода шаванд. Сабти стенографӣ, маводи сабти овоз ва видео якҷоя бо парванда нигоҳ дошта мешаванд.
  3. Дар протокол инҳо инъикос меёбанд:

– маҳал (ҷой) ва санаи пешбурди амали тафтишӣ;

– вақти оғоз ва анҷоми он;

– вазифа ва ному насаби шахси тартибдиҳандаи протокол;

– ном, номи падари ҳар шахсе, ки дар амали тафтишӣ иштирок намудааст, инчунин суроғаи ў;

– амали мурофиавӣ бо ҳамон тартибе, ки онҳо ҷой доштанд;

– ҳолатҳои ҳангоми гузаронидани мурофиа ошкоршудаи барои парванда муҳим;

– арзи шахсони дар пешбурди амали тафтишӣ иштирокдошта.

  1. Агар ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ аксбардорӣ, сабти овоз ва видео татбиқ шуда бошад ё қолабгирӣ ва нақшгирӣ аз из анҷом дода шуда, нақшаю тарҳ кашида шуда бошад, пас дар протокол воситаҳои техникие, ки ҳангоми анҷом додани амали дахлдори тафтишӣ ба кор бурда шудаанд, шарт ва тартиби татбиқи онҳо, объектҳое, ки нисбати онҳо ин воситаҳо татбиқ шудаанд ва натиҷаҳои ба даст омада бояд инъикос гарданд. Дар протокол ба ғайр аз он бояд сабт гардад, ки оё қабл аз татбиқи воситаҳои техникӣ дар ин бора шахсони дар пешбурди амали тафтишӣ иштирокдошта огоҳ карда шуда буданд ё не.
  2. Протокол барои шиносоӣ ба ҳамаи шахсоне, ки дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок доштанд, пешниҳод карда мешавад. Ба онҳо ҳуқуқи эродгирӣ, ки ба протокол бояд дохил карда шавад, фаҳмонда мешавад. Тамоми эроду иловаҳо ва ислоҳоти ба протокол дохил кардашуда, бояд пешакӣ мувофиқа ва бо имзои ин шахсон тасдиқ карда шаванд.
  3. Ҳар як саҳифаи протокол аз ҷониби муфаттиш, шахси пурсидашуда, тарҷумон, мутахассис, шахсони холис ва дигар шахсони иштирокчии амали тафтишӣ имзо карда мешавад.
  4. Ба протокол негативҳои акс, сурат, диапозитив, кассета, сабти овоз ва видео, нақшаю тарҳ ва схема, қолаб, изу пай, ки ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ анҷом дода шудааст, замима мегарданд.
  5. Ҳангоми мавҷуд будани асос барои эҳтимоли он, ки таъмини амнияти ҷабрдида, намояндаи ў, шоҳид ва аъзои оилаи онҳо зарур аст, муфаттиш ҳуқуқ дорад дар протоколи амали тафтишӣ, ки дар он ҷабрдида, намояндаи ў ва шоҳид иштирок доранд, маълумотро дар бораи шахсияти онҳо зикр накунад. Дар ин сурат муфаттиш вазифадор аст қароре барорад, ки дар он сабаби дар хусуси махфӣ нигоҳ доштани маълумот оид ба шахсияти иштирокчии амали тафтишӣ қабул кардани қарорро зикр намуда, намунаи имзоро, ки вай дар протоколи амали тафтишӣ бо иштироки ў аз он истифода мебарад, сабт кунад. Қарор дар лифофаи мўҳршуда нигоҳ дошта мешавад, ки бо мазмуни он ба ғайр аз муфаттиш, прокурори назораткунанда‚ ҳайати суд ё судя шинос шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

 

Моддаи 173. Тасдиқи воқеияти  даст кашидан аз имзо ё ғайриимкон будани имзои протоколи амали тафтишӣ

  1. Агар гумонбаршуда, айбдоршаванда, шоҳид ё шахси дигар имзои протоколи амали тафтиширо рад кунад, дар ин бора дар протокол сабт ва бо имзои шахсе, ки амали тафтиширо анҷом додааст, тасдиқ карда мешавад.
  2. Ба шахсе, ки имзогузории протоколро рад кардааст, бояд имконият фароҳам овард, ки ў сабаби онро шарҳ диҳад ва шарҳи ў ба протокол дохил карда мешавад.
  3. Агар гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ё  шоҳид  бо  сабаби камбудии ҷисмонӣ ё вазъи саломатӣ протоколи пурсишро имзо карда натавонанд, муфаттиш шахси бегонаро даъват мекунад ва ў бо розигии шахси пурсидашуда дурустии сабти нишондоди ўро бо имзои худ тасдиқ мекунад. Ин протоколро инчунин муфаттише, ки пурсиш кардааст, имзо мегузорад. Агар бо ҳамин сабабҳо яке аз шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида протоколи амали дигари тафтиширо имзо карда натавонад, он дар протокол зикр ёфта, бо имзои муфаттиш ва шахсони холис тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 174. Ҳатмӣ будани фаҳмондан ва таъмини ҳуқуқи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ

 

Муфаттиш вазифадор аст ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ  ва намояндагони онҳо, инчунин шахсони дигари иштирокчии пешбурди амали тафтишӣ ҳуқуқи ҳар кадоми онҳоро фаҳмонда, имконияти татбиқи ҳуқуқҳояшонро ҳангоми таҳқиқи парванда таъмин намояд. Ҳамзамон ба онҳо бояд ўҳдадориҳояшон ва оқибати иҷро накардани онҳо фаҳмонда шаванд.

 

Моддаи 175. Ҳатмӣ будани баррасии дархост

 

  1. Муфаттиш вазифадор аст, тамоми дархостҳои оид ба парванда арзшударо баррасӣ кунад. Дар айни замон ў ҳуқуқ надорад дархости гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳимоятгари онҳо, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳоро дар хусуси пурсиши шоҳидон, пешбурди экспертиза ва дигар амали тафтишӣ рад намояд, агар ҳолатҳое, ки барои муқаррар намуданашон онҳо дархост додаанд, барои парванда аҳамиятнок бошанд.
  2. Дар бораи натиҷаҳои баррасии дархост дар мўҳлати на бештар аз панҷ шабонарўз ба аризадиҳанда хабар дода мешавад. Ҳангоми пурра ё қисман рад кардани қонеъгардонии дархост муфаттиш вазифадор аст бо зикри сабабҳои рад қарор барорад.

 

Моддаи 176. Чораҳои парасторӣ нисбати кўдак, мўҳтоҷон ва ҳифзи молу мулки гумонбаршуда ё айбдоршаванда

 

  1. Агар дастгиршуда ё ба сифати чораи пешгирӣ таҳти ҳабс қарордошта фарзандони ноболиғи бидуни сарпараст ё ғамхор, падару модари пиронсол ё дигар шахсони эҳтиёҷманд дошта бошанд, муфаттиш вазифадор аст онҳоро барои парасторӣ ба падару модар ё дигар шахсон супорад ё дар муассисаҳои барои кўдакони бе парастормонда ё иҷтимоӣ (муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигар) ҷойгир кунад.
  2. Муфаттиш вазифадор аст барои ҳифзи молу мулк ва манзили гумонбаршуда ё айбдоршавандаи дастгиршуда ё ба ҳабс гирифташуда тибқи қонунгузорӣ чораҳо андешад.
  3. Дар бораи чораҳои парасторӣ ва ҳифзи молу мулк гумонбаршуда ё айбдоршаванда огоҳ карда мешаванд.

 

Моддаи 177. Норавоии фош кардани маълумоти тафтиши  пешакӣ

 

  1. Маълумоти тафтиши пешакиро танҳо бо иҷозати шахси пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ва ба андозае, ки ў имконпазир медонад, фош кардан мумкин аст.
  2. Дар ҳолатҳои зарурӣ шахси пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ муфаттиш, шоҳид, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, коршинос, мутахассис, тарҷумон, шахсони холис ва шахсони дигари ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ иштирокдоштаро дар бораи норавоии фош кардани маълумоти тафтиши пешакӣ бе иҷозати ў огоҳ месозад. Аз шахсони зикршуда дар хусуси огоҳ карда шуданашон оид ба ҷавобгарии пешбиникардаи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон забонхат гирифта мешавад.

 

Моддаи 178. Пешниҳод оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содир шудани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мусоидат мекунанд

 

  1. Муфаттиш ҳангоми пешбурди парванда ҳолатҳоеро, ки ба содир шудани ҷиноят мусоидат мекунанд, муқаррар намуда, ҳуқуқ дорад ба ташкилот, муассисаи дахлдор сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ё шахси мансабдори дахлдор дар бораи андешидани чораҳо барои рафъи ин ҳолатҳо ё дигар қонуншиканиҳо пешниҳод равон кунад.
  2. Пешниҳод бояд дар муддати як моҳ баррасӣ карда, аз натиҷаи чораҳои андешидашуда ҳатман ба мақомоти пешниҳод ирсолнамуда хабар дода шавад.

 

Моддаи 179. Иштироки мутахассис

 

  1. Муфаттиш ҳуқуқ дорад барои иштирок дар пешбурди амали тафтишӣ мутахассисеро, ки ба натиҷаҳои парванда манфиатдор нест, ҷалб намояд. Талаби муфаттиш дар хусуси даъвати мутахассис барои роҳбари корхона, муассиса ё ташкилоте, ки мутахассис дар он кор мекунад, ҳатмӣ мебошад.
  2. Пеш аз оғози амали тафтишӣ муфаттиш ба шахсият ва салоҳиятмандии мутахассис боварӣ ҳосил намуда, муносибати ўро нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ҷабрдида муайян мекунад, ба мутахассис ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшро, ки моддаи 57 Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, фаҳмонда, оид ба ҷавобгарии пешбиникардаи ҳамин модда барои рад кардан ё саркашӣ аз иҷрои ўҳдадориҳояш ўро дар ин бора огоҳ месозад ва дар ин хусус дар протоколи амали тафтишӣ зикр намуда, онро бо имзои мутахассис тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 180. Иштироки тарҷумон

 

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 18 Кодекси мазкур муфаттиш ҳангоми пурсиш ё дигар амали тафтишӣ вазифадор аст тарҷумонро даъват кунад.
  2. Пеш аз оғози амали тафтишие, ки дар он тарҷумон иштирок мекунад, муфаттиш ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ўро, ки моддаи 59 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, фаҳмонда, ўро оид ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи ҳамин модда ҳангоми саркашӣ аз ҳозиршавӣ ё иҷрои ўҳдадорӣ, инчунин дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан огоҳ месозад ва инро дар протоколи амали тафтишӣ зикр намуда, бо имзои тарҷумон тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 181. Иштироки шахсони холис

 

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур тафтиш бо иштироки на камтар аз ду шахси холис, ки барои тасдиқи воқеияти пешбурди амали тафтиш, ҷараён ва натиҷаҳои он даъват мешаванд, анҷом мепазирад.
  2. Пеш аз оғози тафтиш муфаттиш ба шахсони холис мақсади амали тафтишӣ, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои онҳоро, ки моддаи 60 Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, фаҳмонда медиҳад.

 

БОБИ 21. АЗНАЗАРГУЗАРОНӢ, ШАҲОДАТКУНОНӢ, ОЗМОИШИ (ЭКСПЕРИМЕНТИ) ТАФТИШӢ

 

Моддаи 182. Асос барои пешбурди азназаргузаронӣ

 

  1. Азназаргузаронии ҷои ҳодиса, маҳал, бино, асбобу анҷом ва ҳуҷҷатҳо бо мақсади ошкор кардани осори ҷиноят ва дигар объектҳои моддӣ, муайян кардани дигар ҳолатҳои барои парванда аҳамиятнок анҷом дода мешавад.
  2. Дар мавридҳои таъхирнопазир азназаргузаронии ҷои ҳодисаро то оғози парвандаи ҷиноятӣ анҷом додан мумкин аст.

 

Моддаи 183. Тартиби пешбурди азназаргузаронӣ

 

  1. Азназаргузаронӣ бо иштироки шахсони холис сурат мегирад. Дар ҳолатҳои истисно (дар маҳалҳои душворгузар, ҳангоми мавҷуд набудани воситаҳои дахлдори иттилоот, инчунин дар ҳолатҳое, ки азназаргузаронӣ барои ҳаёт ва саломатии одамон хавфнок бошад) азназаргузаронӣ бидуни шахсони холис анҷом дода мешавад.
  2. Муфаттиш ва таҳқиқбаранда ҳуқуқ доранд барои иштирок дар азназаргузаронӣ айбдоршаванда, гумонбаршуда, ҷабрдида, шоҳид, инчунин мутахассисро ҷалб намоянд.
  3. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳангоми азназаргузаронӣ андозагирӣ, аксбардорӣ, сабти овоз, ба навори видео гирифтан, нақшакашӣ ва тарҳрезӣ анҷом дода мешавад. Қолаб ва нусхаи изҳо бардошта мешаванд ва дар сурати имконпазирӣ худи из якҷоя бо асбобу анҷом ё як қисми он бо истифода аз воситаю усулҳои техникии иҷозатдодаи қонун гирифта мешавад.
  4. Азназаргузаронии изҳо ва дигар объектҳои моддии ошкоршуда дар маҳалли пешбурди амали тафтишӣ анҷом дода мешавад. Агар барои азназаргузаронӣ мўҳлати зиёд лозим бошад ё азназаргузаронӣ дар ҷойи муайяншуда ниҳоят душвор бошад, объектҳо бояд гирифта, печонда ва мўҳр зада, бидуни расонидани осеб ба ҷойи дигари барои азназаргузаронӣ мусоид оварда мешаванд.
  5. Ҳамаи чизҳои ҳангоми азназаргузаронӣ ошкоргардида ва гирифташуда бояд ба шахсони холис, дигар иштирокчиёни азназаргузаронӣ нишон дода шаванд.
  6. Танҳо объектҳое гирифта мешаванд, ки ба парванда дахл доранд. Объектҳои гирифташуда бастубанд ва мўҳр карда, бо имзои муфаттиш ва шахсони холис тасдиқ карда мешаванд.
  7. Иштирокчиёни азназаргузаронӣ ҳуқуқ доранд таваҷҷўҳи муфаттишро ба ҳамаи он чизе, ки ба ақидаи онҳо, метавонад ба дақиқ сохтани ҳолатҳои парванда мусоидат намояд, ҷалб кунанд.
  8. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматӣ бояд ҳозир будани шахси болиғи маскуни он таъмин карда шавад. Дар сурати имконнопазирии ҳозир шудани ў намояндагони ташкилоти манзилию коммуналӣ ё маъмурияти маҳаллӣ даъват карда мешаванд ва азназаргузаронии манзил бо риояи талаботи моддаи 13 Кодекси мазкур амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  9. Азназаргузаронӣ дар бинои корхона, ташкилот ва муассисаҳо бо иштироки намояндагони онҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ анҷом дода мешавад.
  10. Азназаргузаронӣ дар биноҳое, ки намояндагиҳои дипломатӣ ҷойгир шудаанд, ҳамчунин дар биноҳое, ки аъзои намояндагии дипломатӣ ва оилаи онҳо истиқомат мекунанд, танҳо бо хоҳиш ё ризои намояндаи дипломатӣ ва дар ҳузури онҳо анҷом дода мешавад. Ризои намояндаи дипломатӣ ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад. Ҳангоми азназаргузаронӣ иштироки прокурор ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.

 

Моддаи 184. Азназаргузаронии ҷасад, эксгуматсия

 

  1. Муфаттиш азназаргузаронии зоҳирии ҷасадро дар ҷойи ошкор намудани он бо иштироки шахсони холис ва коршиноси судии тиббӣ ва агар иштироки ў имконнопазир бошад бо иштироки духтури дигар анҷом медиҳад.
  2. Ҷасадҳои шинохтанашуда бояд ҳатман аксбардорӣ ва дактилоскопия карда шаванд.
  3. Ҳангоми зарурати аз ҷои дафн (гўр) ҷиҳати азназаргузаронӣ берун овардани ҷасад муфаттиш қарор мебарорад. Иҷрои қарор дар бораи аз ҷои дафн (гўр) берун овардани ҷасад (эксгуматсия) барои маъмурияти қабристон ва хешовандони наздики фавтида ҳатмӣ мебошад.
  4. Берун овардани ҷасад аз ҷои дафн ва азназаргузаронии он бо иштироки шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда сурат мегирад.

 

Моддаи 185. Азназаргузаронӣ ва нигаҳдошти далелҳои шайъӣ

 

  1. Ашёе, ки мутобиқи моддаи 78 Кодекси мазкур далели шайъӣ ба ҳисоб рафта, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса ё бино ошкор шудааст, ҳангоми пешбурди кофтуков, ёфта гирифтан, озмоиши тафтишӣ ё амали дигари тафтишӣ гирифта шудааст ё бо талаби муфаттиш корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва шаҳрвандон пешниҳод кардаанд, бояд тибқи қоидаҳои моддаи 183 Кодекси мазкур аз назар гузаронида шаванд.
  2. Дар бораи далели шайъӣ эътироф намудани ашё ва ба парванда замима кардани он муфаттиш қарор мебарорад. Дар ҳамон қарор бояд масъалаи ба парванда хамроҳ кардани далели шайъӣ ё ба молики он ё ба шахсони дигар ё ба ташкилот барои нигоҳдошт супоридани он ҳал карда шавад.
  3. Агар ашё вобаста ба калонҳаҷм будан ё дигар сабабҳо ба парванда ҳамроҳ карда нашавад, он бояд аксбардорӣ шуда, аз рўи имкон мўҳргузорӣ ва дар ҷои муайяннамудаи муфаттиш ҳифз гардад. Дар бораи ҷои нигаҳдошти далели шайъӣ дар парванда бояд маълумотномаи дахлдор мавҷуд бошад.
  4. Далели шайъии зуд нобудшаванда, ба шарте ки онро ба моликаш баргардонидан имконнопазир бошад, ба муассисаи дахлдор барои тибқи таъинот истифода бурдан супурда мешавад. Ҳангоми мавҷуд будани асос ба ивази он ба молик ҳамон гуна чизи дорои ҳамон гуна сифат баргардонида ва ё арзиши он пардохт мешавад.
  5. Дар ҳолатҳои бо асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мазкур боздошта шудани тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба маълумоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба миқдори калон ё махсусан калон, дар асоси қарори муфаттиш ва бо розигии прокурор, бо иштироки ҳатмии мутахассис ва шахсони холис бо татбиқи сабти видео ва аксбардорӣ аз ҳаҷми умумии далелҳои шайъӣ барои ҳамроҳ намудан ба парвандаи ҷиноятӣ намунаҳо мутаносибан ба андозаи на камтар аз ҳадди ибтидоии миқдори калон ё махсусан калони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки дар замимаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷудо карда гирифта мешаванд. Қисми боқимондаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешавад. (ҚҶТ аз 1.08.12с., № 878)
  6. Ҳангоми қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ дар марҳилаи тафтиш масъалаи далелҳои шайъӣ тибқи қоидаҳои қисми 3 моддаи 78 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 186. Шаҳодаткунонӣ

 

  1. Барои дар бадани инсон ошкор кардани нишонаҳои махсус, осори ҷиноят, захмҳои ҷисмонӣ, муайян кардани ҳолати мастӣ ё дигар хусусият ва аломатҳое, ки барои парванда муҳиманд, ба шарте ки он муоина кардан (экспертиза)-ро тақозо накунад, мумкин аст, шаҳодаткунонии гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ё шоҳид ба ҷо оварда шавад. Дар бораи гузаронидани  шаҳодаткунонӣ муфаттиш қарор мебарорад.
  2. Қарори гузаронидани шаҳодаткунонӣ барои гумонбаршуда ва айбдоршаванда ҳатмист.
  3. Шаҳодаткунонӣ аз ҷониби муфаттиш бо иштироки шахсони холис, дар мавридҳои зарурӣ бошад, бо иштироки духтур ба ҷо оварда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки ин амали тафтишӣ бо бараҳна кардани шахси муоинашаванда алоқаманд бошад, муоина бо иштироки шахсони холиси ҳамҷинс анҷом дода мешавад.
  4. Муфаттиш ҳангоми муоинаи шахси ҷинси дигар иштирок намекунад, ба шарте ки он бо бараҳна кардани шахс алоқаманд бошад. Дар ин сурат муоина аз ҷониби духтур бо иштироки шахсони ҳамҷинси холис анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 187. Протоколи азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ

 

  1. Муфаттиш дар бораи азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ бо риояи талаботи моддаҳои 172 ва 173 Кодекси мазкур протокол тартиб медиҳад.
  2. Дар протокол ҳамаи амалҳои муфаттиш, дар баробари он тамоми объектҳои ҳангоми азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ ошкоргардида бо ҳамон пайдарҳамие, ки азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ сурат гирифта буд ва дар ҳамон шакле, ки объекти ошкоргардида дар лаҳзаи азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ мушоҳида шудааст, дарҷ мегардад. Дар протокол ҳамаи объектҳои ҳангоми азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ гирифташуда номбар ва дарҷ карда мешаванд.
  3. Дар протокол ба ғайр аз он бояд чунин нуқтаҳо зикр карда шаванд:

– дар кадом вақт, дар чӣ хел ҳаво, дар чӣ хел рушноӣ азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ сурат гирифт;

– кадом воситаҳои техникӣ татбиқ шуд ва натиҷаҳои он чӣ гуна аст;

– киҳо ба азназаргузаронӣ ва ё шаҳодаткунонӣ ҷалб шуданд ва моҳияти иштироки онҳо аз чӣ иборат аст;

– кадом объектҳо мўҳр зада шудаанд ва бо кадом мўҳр;

– ҷасад ё ашёҳое, ки барои парванда аҳамиятноканд, пас аз шаҳодаткунонӣ ба куҷо равона карда шудаанд.

 

Моддаи 188. Озмоиши (эксперименти) тафтишӣ

 

  1. Бо мақсади озмоиш ва аниқ намудани маълумоте, ки барои парванда аҳамиятноканд, муфаттиш ҳуқуқ дорад бо роҳи аз нав такрор намудани амалиёт, вазъ ё ҳолатҳои дигари ҳодисаи муайян кардан ва анҷом додани амали зарурии таҷрибавӣ озмоиши (эксперименти) тафтиширо анҷом диҳад. Дар айни замон имконияти дарки ягон далел, анҷом додани ҳаракати муайян, фарорасии ягон воқеа санҷида шуда, инчунин пайдарҳамии ҳодисаи рухдода ва тариқи ба вуҷуд омадани изҳо санҷида мешавад. Озмоиши тафтишӣ ба шарте иҷозат дода мешавад, ки он ба саломатии иштирокчиёнаш хавфнок набошад.
  2. Ҳангоми озмоиши тафтишӣ бояд шахсони холис иштирок дошта бошанд. Дар сурати зарурат барои иштирок дар озмоиши тафтишӣ мумкин аст гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, шоҳид, инчунин мутахассис, коршинос, шахсоне, ки амалиёти таҷрибавиро анҷом медиҳанд, ҷалб карда шаванд. Ба иштирокчиёни озмоиши тафтишӣ мақсад ва тартиби гузаронидани он фаҳмонда мешавад.
  3. Дар ҳолатҳои зарурӣ, ҳангоми озмоиши тафтишӣ андозагирӣ, аксбардорӣ, сабти овоз ва видео анҷом дода, нақшаҳо ва тарҳҳо таҳия карда мешаванд.

 

Моддаи 189. Протоколи озмоиши тафтишӣ

 

  1. Дар хусуси гузаронидани озмоиши тафтишӣ муфаттиш бо риояи талаботи моддаҳои 172-173 Кодекси мазкур протокол тартиб медиҳад.
  2. Дар протокол шароит, ҷараён ва натиҷаҳои озмоиши тафтишӣ муфассал инъикос гардида, инҳо зикр мешаванд:

– бо кадом мақсад‚ кай ва дар куҷо ва дар кадом шароит озмоиш гузаронида шуд;

– айнан такрор кардани вазъият ва ҳолати ҳодиса дар чӣ мушаххас аён гардид;

– кадом ҳаракатҳои таҷрибавӣ, бо кадом пайдарҳамӣ, аз ҷониби кӣ ва чанд маротиба анҷом дода шуд;

– натиҷаҳои ба даст омада чӣ гунаанд.

 

БОБИ 22. КОФТУКОВ, ЁФТА ГИРИФТАН, ҲАБСИ МУРОСИЛОТИ ПОЧТА, ХАБАРҲОИ ТЕЛЕГРАФӢ ВА ХАБАРҲОИ ДИГАРЕ, КИ ТАВАССУТИ ШАБАҚАҲОИ АЛОҚАИ БАРҚӢ ВА АЛОҚАИ ПОЧТА ИНТИҚОЛ МЕШАВАНД, ГӮШ КАРДАН ВА САБТИ ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНӢ

 

Моддаи 190. Асосҳо барои гузаронидани кофтуков

 

  1. Барои кофтуков мавҷуд будани маълумоти кофӣ дар бораи тахмини он ки дар ягон бино ё ягон ҷой ё дар ягон шахс мумкин аст олоти ҷиноят, ашёҳо, ҳуҷҷатҳо ё чизҳои арзишманди барои парванда аҳамиятнок мавҷуд бошад, асос мегардад.
  2. Кофтуков инчунин мумкин аст бо мақсади ошкор намудани шахси ҷустуҷўшаванда ва ҷасад гузаронида шавад.

 

Моддаи 191. Асосҳо барои дарёфт кардан

 

Ҳангоми зарурати дарёфти ашёҳо ё ҳуҷҷатҳои муайян, ки барои парванда аҳамият доранд, ба шарте ки дар куҷо ва дар дасти кӣ будани онҳо маълум бошад, кофтуков ва дарёфти онҳо гузаронида мешавад.

 

Моддаи 192. Тартиби анҷом додани кофтуков ва дарёфт кардан

 

  1. Кофтуков ва дарёфт кардан бо қарори асоснок аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор бо иҷозати суд, судя гузаронида мешавад.
  2. Кофтуков ва дарёфти ҳуҷҷатҳои дорои сирри давлатӣ ё дигар сирри қонунан ҳифзшуда бояд аз ҷониби суд, судя иҷозат дода шавад.
  3. Дар ҳолатҳои истисно, ҳангоми мавҷуд будани хавфи воқеӣ, ки объекти ҷустуҷўшаванда ва ё дарёфташаванда аз сабаби сари вақт ошкор накардан гум ё вайрон карда мешавад ё ба мақсадҳои ҷиноятӣ истифода мегардад ё шахси ҷустуҷўшаванда пинҳон мешавад, мумкин аст бе иҷозати суд, судя кофтуков гузаронида дар ин бора дар давоми 24 соат ба суд маълумоти хаттӣ пешниҳод карда мешавад.
  4. Пеш аз оғози кофтуков таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор шахсони манфиатдорро бо қарори гузаронидани кофтуков шинос мекунанд.
  5. Кофтуков ва ёфта гирифтан бо иштироки шахсони холис ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки мутахассис ва тарҷумон сурат мегирад.
  6. То оғози кофтуков‚ ёфта гирифтан таҳқиқбаранда, муфаттиш бояд қарорро ба прокурор дар хусуси аз тарафи прокурор ба суд пешниҳод намудани дархост ирсол намоянд.
  7. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ба кофтуков шурўъ намуда, пешниҳод мекунанд, ки ашё ва ҳуҷҷатҳои барои парванда аҳамиятнок ихтиёран супурда шаванд. Агар онҳо ихтиёран супурда шаванд ва хавфи ниҳон кардани ашё ва ҳуҷҷатҳои гирифташаванда аз байн равад, кофтукови минбаъда қатъ карда мешавад.
  8. Ҳангоми кофтуков мумкин аст қулфи бино ва анбори маҳкам, ба шарте ки соҳиби он аз ихтиёран кушодан саркашӣ кунад, маҷбуран кушода мешавад. Бе зарурат ба вайрон кардани қулфи дар ва дигар ашё иҷозат дода намешавад.
  9. Ҳангоми дарёфт кардани ашё ва ҳуҷҷатҳои ҷустуҷўшаванда таҳқиқбаранда, муфаттиш онҳоро маҷбурӣ меситонанд.
  10. Кофтуков ва дарёфт кардан дар манзили истиқоматӣ, бинои корхонаю ташкилот ва муассиса бо иштироки шахсони дар қисмҳои 8 ва 9 моддаи 183 Кодекси мазкур зикргардида анҷом дода мешавад.
  11. Кофтуков ва дарёфт кардан дар биное, ки намояндагони дипломатӣ ишғол кардаанд, инчунин дар манзиле, ки онҳо бо оилаашон зиндагӣ доранд, бо риояи талаботи муайяннамудаи қисми 10 моддаи 183 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
  12. Таҳқиқбаранда ва муфаттиш вазифадоранд барои фош накардани маълумоти дахлдори ҳаёти шахсии онҳое, ки дар ин бино зиндагӣ мекунанд ва ё шахсони дигари ҳангоми кофтуков ва дарёфт кардан ошкоршуда чораҳо андешад.
  13. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳуқуқ доранд ба шахсоне, ки дар бино ё маҳалли кофтуков ё дарёфт карда гирифтан ҳузур доранд, инчунин ба шахсоне, ки ба ин бино ё маҳал меоянд, то охири кофтуков ё дарёфт кардан тарк намудани онро, инчунин байни ҳам ё бо дигар шахсон мусоҳиб шудани онҳоро манъ кунанд.
  14. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳангоми кофтуков ё дарёфт кардан бояд қатъиян бо гирифтани ашё ва ҳуҷҷатҳое, ки ба парванда муносибат дорад, маҳдуд шаванд. Ашё ва ҳуҷҷатҳое, ки барои муомилот манъ шудааст, сарфи назар аз алоқамандӣ бо парванда бояд гирифта шаванд.
  15. Ҳамаи ашё ва ҳуҷҷатҳои гирифташуда бояд ба шахсони холис ва дигар иштирокчиён нишон дода, ҳангоми зарурат дар ҷои кофтуков ё ёфта гирифтан бастубанд ва мўҳр карда, бо имзои муфаттиш ва шахсони холис тасдиқ карда шаванд.

 

Моддаи 193. Кофтукови шахсӣ

 

  1. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 190 ва бо риояи талаботи қисмҳои 5 ва 7 моддаи 192 Кодекси мазкур прокурор, таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳуқуқ доранд бо мақсади ошкор ва гирифтани ашё ва ҳуҷҷатҳо, ки шояд дар бадан, либос ё асбобу анҷоми шахс мавҷуд аст, кофтукови шахсиро анҷом диҳанд.
  2. Ҳангоми дастгир намудани шахс ё ба ҳабс гирифтан, инчунин ҳангоми будани асосҳои кофӣ, бо тахмини он ки шахси дар бино ё дигар ҷой ҳузурдошта, ки дар он ҷо кофтуков сурат мегирад, ҳуҷҷатҳо ё ашёи барои парванда аҳамиятнокро пинҳон намудааст, кофтукови шахсиро бе қарори махсус анҷом додан мумкин аст.
  3. Кофтукови шахсӣ танҳо аз ҷониби шахси бо кофтуковшаванда ҳамҷинс ва бо иштироки шахсони холис ва мутахассисони ҳамҷинс анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 194. Протоколи кофтуков ва дарёфт кардан

 

  1. Шахсе, ки кофтуков ё дарёфт карданро анҷом медиҳад, бо риояи талаботи моддаҳои 172, 173 ва 192 Кодекси мазкур протокол тартиб медиҳад.
  2. Дар протокол бояд зикр гардад, ки дар куҷо, дар кадом ҳолат ашё ва ҳуҷҷатҳо ошкор гардиданд, онҳо ихтиёрӣ дода ё маҷбурӣ гирифта шудаанд. Шумора, андоза, вазн, аломатҳои инфиродӣ ва ҳаддалимкон бо арзиши ҳамаи ашёҳои гирифташуда бояд дар протокол дақиқ нишон дода шавад.
  3. Агар ҳангоми кофтуков ё дарёфт кардан барои несту нобуд ё пинҳон кардани ашё ё ҳуҷҷатҳои гирифташаванда кўшише шуда бошад, ин ҳолат ва чораҳои пешгирии он бояд дар протокол инъикос ёбанд.
  4. Нусхаи протоколи кофтуков ва дарёфт кардан бо гирифтани забонхат ба шахсе, ки кофтуков шудааст ё аъзои болиғи оилаи ў ва дар сурати ҳозир набудани онҳо ба намояндаи ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ супурда мешавад. Агар кофтуков ё дарёфт кардан дар корхона, муассиса ё ташкилот сурат гирифта бошад, нусхаи протокол бо гирифтани забонхат ба намояндагони онҳо супурда мешавад.

 

Моддаи 195. Ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои  алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузаронӣ ва дарёфт карда гирифтани онҳо

 

  1. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои тахмини он, ки мактуб, телеграмма, радиограмма, баста, фириста ва дигар муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд дорои маълумот, ҳуҷҷат ё ашёи барои парванда аҳамиятнок мебошанд, онҳоро таҳти ҳабс қарор додан мумкин аст. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  2. Ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузарони ва дарёфт карда гирифтани онҳо танҳо бо иҷозати суд, судя анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  3. Таҳқиқбаранда. муфаттиш ҳангоми зарурати ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабақаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузарони ва дарёфт карда гирифтани онҳо қарори асоснок бароварда, инҳоро зикр менамояд:

– насаб, ном ва номи падари шахсе, ки муросилоти почта, хабарҳои телеграфй ва хабарҳои дигари тавассути шабақаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқолшавандаи он бояд хабс карда шаванд;

– суроғаи аниқи ин шахс;

– асосҳо барои ба ҳабсгирӣ ва ёфта гирифтани муросилот;

– навъҳои муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигари тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқолшавандае, ки онҳо бояд ба хабс гирифта шаванд;

– мўҳлате, ки дар ҷараёни он баҳабсгирӣ бояд амал кунад;

– номи муассисаи алоқа, ки ба зиммаи он ўҳдадории боздошти муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд гузошта шудааст.

  1. Баррасии дархости муфаттиш дар хусуси боздошт кардани муросилоти почтаю телеграф, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онро суд, судя тибқи қоидаҳои моддаи 192 Кодекси мазкур анҷом медиҳад. Дар сурати ба боздошти муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд иҷозат додани суд, судя‚ муфаттиш қарорро ба муассисаи дахлдори алоқа фиристода, ба он пешниҳод мекунад, ки муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд боздорад ва фавран дар ин бора муфаттишро огоҳ намояд.
  2. Муфаттиш азназаргузаронӣ, ёфта гирифтан ва нусхабардории муросилоти боздошташудаи почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд дар муассисаи алоқа бо иштироки холисон аз ҳисоби кормандони ин муассиса мегузаронад. Муфаттиш дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд ҳуқуқ дорад мутахассиси дахлдор, инчунин тарҷумонро даъват намояд. Барои ҳар як азназаргузаронии муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд протокол тартиб диҳад ва зикр намояд, ки муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд аз ҷониби кӣ ва чӣ гуна аз назар гузаронида, нусхабардорӣ шудааст ва ба унвони кӣ равона карда ё боздошта шудааст.
  3. Ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфи ва хабарҳои дигаре. ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқй ва алоқаи почта интиқол мешаванд ҳангоми аз байн рафтани зарурат, вале дар ҳар ҳолат на дертар аз қатъи парванда ё ба суд фиристодани он бекор карда мешавад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

 

Моддаи 196. Гўш ва сабт кардани гуфтугў

 

  1. Оид ба парвандаи ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба шарти мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои тахмини он ки гуфтугўи телефонии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва дигар шахсон ё гуфтугў бо дигар воситаҳои алоқа, ки дорои маълумот дар бораи ҷиноят шуда метавонанд ё дорои маълумоти барои парванда аҳамиятнок мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 192 Кодекси мазкур ва иҷозати суд, судя гўш ва сабт кардани ин гуфтугўро анҷом додан мумкин аст.
  2. Ҳангоми мавҷуд будани таҳдиди истифодаи зўроварӣ, тамаъкорӣ ва дигар амали ҷиноятӣ нисбат ба ҷабрдида, шоҳид ё аъзои оилаи онҳо, тибқи аризаи хаттии онҳо ё ҳангоми мавҷуд набудани чунин ариза тибқи дархости муфаттиш бо иҷозати суд, судя мумкин аст гуфтугўе, ки тавассути телефони онҳо ё ба воситаҳои дигари алоқа сурат мегирад ва сабти он анҷом дода шавад.
  3. Дар бораи зарурати гўш ва сабт кардани гуфтугў муфаттиш қарори асоснок мебарорад, ки дар он инҳо зикр мегарданд:

– парвандаи ҷиноятӣ ва асосҳое, ки тибқи онҳо ин амали тафтишӣ сурат мегирад;

– ному насаби шахсе, ки гуфтугўи онҳо гўш карда мешавад;

– дар тўли кадом мўҳлат гўш ва сабт кардани гуфтугў гузаронида мешавад;

– муассисае, ки ба зиммааш воситаҳои техникии гўшкунӣ ва сабти гуфтугў вогузошта шудааст.

  1. Муфаттиш қарорро ба суд, судя ирсол намуда, дар сурати иҷозат додани суд, судя онро барои иҷро ба муассисаи дахлдор равон мекунад.
  2. Гўш ва сабт кардани гуфтугў ба мўҳлати на бештар аз шаш моҳ муайян мешавад. Ҳангоми дар оянда зарур набудани ин чора, вале дар ҳама ҳолат на дертар аз қатъи парванда ва ё ба суд равон кардани он ин амал бекор карда мешавад.
  3. Муфаттиш дар тўли тамоми мўҳлати муқарраршуда ҳуқуқ дорад, дар ҳар вақту замон фонограммаро барои азназаргузаронӣ ва шунидани он талаб карда гирад. Фонограмма ба муфаттиш дар шакли мўҳршуда бо мактуб равон карда мешавад, ки дар он бояд вақти оғоз ва хатми сабти гуфтугў ва таснифи зарурии техникии воситаҳои татбиқшуда инъикос гардад.
  4. Азназаргузаронӣ ва шунидани фонограмма аз ҷониби муфаттиш бо иштироки шахсони холис ва ҳангоми зарурат мутахассис, сурат гирифта, дар ин бора протокол тартиб дода, дар он ҳамон қисми фонограмма, ки ба парванда дахл дорад, айнан оварда мешавад. Фонограмма ба парванда замима мегардад ва дар айни замон қисмате, ки ба парванда алоқаманд нест, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ё қатъи парванда нобуд карда мешавад.

 

БОБИ 23. ПУРСИШ, РӮБАРӮКУНӢ, ШИНОХТАН ВА САНҶИШИ НИШОНДОД ДАР ҶОИ ҲОДИСА

 

Моддаи 197. Ҷои пурсиш

 

Пурсиш дар ҷои тафтиши пешакӣ анҷом дода мешавад. Муфаттиш, агар зарур шуморад, метавонад шахсро дар ҷои будубош пурсиш намояд.

 

Моддаи 198. Тартиби даъват ба пурсиш

 

  1. Шоҳид, ҷабрдида, ҳамчунин гумонбаршуда, айбдоршавандае, ки дар озодӣ мебошанд, барои пурсиш тавассути даъватнома даъват карда шуда, дар он ба ҳайси кӣ, ба назди кӣ, ба кадом суроға, вақти ҳозир шудан, оқибатҳои бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан қайд карда мешавад.
  2. Даъватнома ба шахси даъватшаванда супорида шуда, имзои ў гирифта мешавад. Дар сурати набудани даъватшаванда даъватнома барои ба ў расонидан ба яке аз аъзои болиғи оила супорида шуда, имзои ў гирифта мешавад. Ҳангоми набудани онҳо даъватнома ба ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ё маъмурияти ҷои кор супорида мешавад, ки онҳо вазифадоранд, онро ба шахси даъватшуда супоранд. Даъватшавандаро бо воситаҳои дигари алоқа низ даъват кардан мумкин аст.
  3. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда вазифадоранд, ки мувофиқи даъват ба пурсиш ҳозир шаванд. Дар ҳолати бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан дар ҳаққи онҳо метавонанд чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ, ки дар моддаи 113 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда шаванд.
  4. Шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд ба пурсиш тавассути маъмурияти ҳабсхона даъват карда мешаванд.
  5. Шахсе, ки ба синни шонздаҳ нарасидааст, ҳамроҳи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ў ба ҳайси шоҳид ё ҷабрдида даъват карда мешавад. Тартиби дигари даъват кардани ноболиғ танҳо дар сурате, ки ҳолатҳои парванда тақозо мекунанд, имконпазир аст.

 

Моддаи 199. Қоидаҳои умумии пурсиш

 

  1. Пеш аз пурсиш муфаттиш бояд маълумотро оид ба шахсияти пурсишшаванда муайян намояд. Пурсишшаванда бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод медиҳад.
  2. Ба шахсе, ки ба пурсиш даъват шудааст, хабар дода мешавад, ки ў ба ҳайси кӣ, аз рўи кадом парвандаи ҷиноятӣ пурсиш мешавад, ҳуқуқу ўҳдадориҳои ў, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, фаҳмонида, дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад. Шахсоне, ки ба пурсиш ба ҳайси шоҳид ё ҷабрдида даъват шудаанд, дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан ё саркашӣ намудан аз додани нишондод, ҳамчунин барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ огоҳ карда мешаванд.
  3. Пурсиш аз он оғоз мегардад, ки пурсишшаванда ҳолатҳои ба ў маълумбудаи парвандаро баён кунад. Агар пурсишшаванда дар бораи ҳолатҳое сухан гўяд, ки бо парванда ҳеҷ робитае надорад, ў бояд огоҳ карда шавад.
  4. Баъди ба охир расидани нақли озод ба пурсишшаванда саволҳое додан мумкин аст, ки мақсад аз онҳо саҳеҳ ва пурра гардонидани нишондод бошад. Додани саволҳои раҳнамункунанда манъ аст.
  5. Агар нишондод бо маълумоти рақамӣ ё маълумоти дигар вобаста бошад, ки дар хотир нигоҳ доштани онҳо мушкил аст, пурсишшаванда ҳуқуқ дорад аз ҳуҷҷатҳо ва сабтҳое, ки бо ташаббуси муфаттиш ва бо ризои ё бо хоҳиши пурсишшаванда метавонанд ба парванда дохил карда шаванд, истифода барад.
  6. Дар ҷараёни пурсиш муфаттиш метавонад ба пурсишшаванда далелҳои шайъӣ ва ҳуҷҷатҳоро нишон диҳад ва баъди ба охир расидани нақли озод нишондодеро, ки дар маводи парвандаи ҷиноятӣ мавҷуданд, бихонад, сабти овоз ва видео ё маводи наворбардоришударо намоиш диҳад ва шарҳи онҳоро пурсад.
  7. Пурсиши бефосила аз 4 соат ва давомнокии он дар як рўз аз 8 соат зиёд шуда наметавонад.

 

Моддаи 200. Протоколи пурсиш

 

  1. Ҷараён ва натиҷаи пурсиш дар протоколи бо риояи талаботи моддаҳои 172 ва 173 Кодекси мазкур тартиб дода, инъикос карда мешаванд. Нишондод аз забони шахси аввал ва аз рўи имкон айнан сабт карда мешавад. Саволҳо ва ҷавобҳои онҳо бо ҳамон тартибе, ки дар ҷараёни пурсиш сурат гирифтааст, сабт мегарданд. Дар протокол ҳамчунин бояд саволҳои шахсоне, ки дар пурсиш иштирок кардаанд, саволҳое, ки аз тарафи муфаттиш дур карда шудаанд ё саволҳое, ки пурсишшаванда ба онҳо ҷавоб доданро рад намудааст, бо зикри далелҳои дур ё рад кардан инъикос меёбанд.
  2. Нишон додани далели шайъӣ ва ҳуҷҷат, хондани протокол ва намоиши сабти овоз, видео ва наворбардории амалҳои тафтишӣ, ҳамчунин нишондоде, ки вобаста ба он аз тарафи пурсишшаванда дода шудаанд, бояд ҳатман дар протокол инъикос ёбанд.
  3. Пурсишшаванда дар ҷараёни тафтиш метавонад тарҳ, нақша, расм, диаграмма тайёр кунад, ки онҳо ба протокол ҳамроҳ карда, дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.
  4. Баъди ба охир расидани нақли озод пурсишшаванда ҳуқуқ дорад нишондодашро бо дасти худ нависад. Баъди бо дасти худ навиштани нишондод ва имзо гузоштани пурсишшаванда муфаттиш метавонад саволҳои пурракунанда ва дақиқкунанда диҳад.
  5. Баъди ба охир расидани пурсиш протокол барои хондан ба пурсишшаванда пешниҳод мешавад ё бо хоҳиши ў хонда мешавад. Талаби пурсишшаванда дар бораи ба протокол дохил намудани иловаҳо ва тасҳеҳот бояд ҳатман иҷро карда шавад.
  6. Пурсишшаванда далели шинос шудан бо нишондод ва дурустии сабти онҳоро бо имзои худ дар охири протокол тасдиқ менамояд. Ҳар саҳифаи протокол аз тарафи пурсишшаванда имзо карда мешавад.
  7. Агар дар пурсиш тарҷумон иштирок карда бошад, ў низ ҳар як саҳифа ва протоколро дар маҷмўъ имзо мекунад. Тарҷумон ба тарҷумаи нишондоди бо дасти худ навиштаи пурсишшаванда имзо мегузорад.
  8. Ҳамаи шахсоне, ки дар пурсиш иштирок карданд, дар протокол имзо мегузоранд.

 

Моддаи 201. Истифодаи сабти овоз ва видео ҳангоми пурсиш

 

  1. Бо қарори муфаттиш ҳангоми пурсиши гумонбаршуда, айбдоршаванда, шоҳид ё ҷабрдида сабти овоз ва видео истифода шуда метавонад. Сабти овоз ва видео метавонад ҳамчунин бо хоҳиши гумонбаршуда, айбдоршаванда, шоҳид ё ҷабрдида истифода гардад.
  2. Муфаттиш дар бораи сабти овоз ва видео қарор қабул мекунад ва дар ин бобат ба пурсишшаванда то оғози пурсиш хабар медиҳад.
  3. Сабти овоз ва видео маълумотеро, ки дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 172 Кодекси мазкур зикр шудаанд, бояд тамоми ҷараёни пурсишро инъикос намояд. Сабти овоз ва видеои як қисми пурсиш, ҳамчунин такрори маълумоте, ки дар ҷараёни ҳамон пурсиш дода шудаанд, махсус барои сабти нишондод мумкин нест.
  4. Баъди ба охир расидани пурсиш сабти овоз ва видео ба пурсишшаванда пурра шунавонида ва нишон дода мешавад. Баъди ба охир расидани намоиш ё шунидани сабт аз пурсишшаванда пурсида мешавад, ки оё ў гуфтаҳои худро пурра ё аниқ карда метавонад ва оё ў дурустии сабтро тасдиқ мекунад. Иловаҳои пурсишшаванда ба нишондодҳои сабти овоз ва видео, ҳамчунин ба фонограмма ва видеограммаҳо дохил карда мешаванд. Сабти овоз ва видео бо изҳороти пурсишшаванда, ки дурустии онро тасдиқ мекунад, ба охир мерасад.
  5. Нишондоди дар ҷараёни пурсиш бо истифодаи сабти овоз ва видео гирифташуда мутобиқи қоидаҳои Кодекси мазкур ба протокол дохил карда мешаванд. Дар протоколи пурсиш ҳамчунин инҳо зикр мегардад:

– қайди татбиқи сабти овоз ва видео ва огоҳ кардани пурсишшаванда дар ин бобат;

– маълумот оид ба воситаҳои техникӣ ва шароити сабти овоз ва видео;

– изҳори пурсишшаванда доир ба татбиқи сабти овоз ва видео нисбати ў;

– тасдиқи дурустии протокол, сабти овоз ва видео аз тарафи пурсишшаванда ва муфаттиш.

  1. Фонограмма ва видеограмма ҳамроҳи парванда нигоҳ дошта, баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣ мўҳр карда мешаванд.

 

Моддаи 202. Тартиби пурсиши шоҳид ва ҷабрдида

 

  1. Шоҳид ва ҷабрдидае, ки аз рўи як парванда даъват шудаанд, дар алоҳидагӣ ва дар набудани дигар шоҳид ва ҷабрдида пурсиш карда мешаванд. Муфаттиш чора меандешад, ки шоҳидон ва ҷабрдидагони як парванда бо ҳамдигар гуфтугў карда натавонанд. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  2. Пеш аз пурсиш муфаттиш ба шахсияти шоҳид ё ҷабрдида боварӣ ҳосил карда, муносибати онҳоро бо айбдоршаванда ё гумонбаршуда муайян менамояд, ба онҳо ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мурофиавиро мефаҳмонад, доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ онҳоро огоҳ мекунад. Зимнан муфаттиш вазифадор аст фаҳмонад, ки шоҳид ё ҷабрдида ҳуқуқ дорад аз додани нишондоде, ки худи онҳо ё хешованди наздики онҳоро барои содир намудани ҷиноят айбдор мекунад, рад намояд. Шоҳид ё ҷабрдидае, ки аз ин ҳуқуқ истифода набурдааст, доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ огоҳ карда мешавад. Дар бобати ба шоҳид ё ҷабрдида фаҳмонидани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои онҳо огоҳӣ доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан ё саркашӣ намудан аз додани нишондод, ҳамчунин дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ дар протокол қайд намуда, бо имзои шахси пурсишшаванда тасдиқ карда мешавад.
  3. Пурсиши шоҳид ва ҷабрдида мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 199 Кодекси мазкур сурат мегирад.

 

Моддаи 203. Хусусияти пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ

 

  1. Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ба синни шонздаҳ нарасида, инчунин шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ва рўҳии худ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, иштироки омўзгор ва (ё) равоншинос ҳатмӣ мебошад. Омўзгор ё равоншинос ҳангоми пурсиши шоҳид ва ҷабрдидаи синнаш аз шонздаҳ боло бо салоҳдиди прокурор, муфаттиш ва ё бо дархости ҳимоятгар иштирок мекунад. Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ иштироки намояндагони қонунии он ҳатмист.
  2. Шоҳид ва ҷабрдидаи синнашон ба шонздаҳ нарасида, инчунин шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ва рўҳии худ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, доир ба ҷавобгарӣ барои надодани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ огоҳ карда намешаванд. Ҳангоми ба чунин шоҳидон ва ҷабрдидагони ноболиғ фаҳмонидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мурофиавии онҳо таъкид карда мешавад, ки танҳо ҳақиқатро гўянд. Ба шоҳидон ва ҷабрдидагони ноболиғ ҳуқуқи надодани нишондоде, ки худи онҳо ва хешовандони наздики онҳоро ба содир кардани ҷиноят айбдор мекунанд, фаҳмонида мешавад. Дар бораи фаҳмонидани ҳуқуқу уҳдадориҳо дар протокол қайд гузошта, он бо имзои шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ, намояндаи қонунии ў, омўзгор ва ё равоншинос тасдиқ карда мешавад.
  3. Омўзгор ва ё равоншинос ҳуқуқ доранд бо иҷозати муфаттиш ба шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ саволҳо диҳанд ва баъди ба охир расидани пурсиш бо протоколи пурсиш шинос шаванд ва доир ба дурустӣ ва пуррагии сабтҳои он мулоҳизаҳояшонро пешниҳод намоянд. Ин ҳуқуқро муфаттиш пеш аз пурсиши шоҳид ва ҷабрдидаи ноболиғ ба омўзгор ё равоншинос мефаҳмонад. Дар ин хусус дар протоколи пурсиш сабт карда мешавад.
  1. Ба шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, ки ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ иштирок кардаанд, ҳуқуқи пешниҳоди мулоҳизоти ба протокол воридшаванда оид ба вайрон гардидани ҳуқуқу манфиатҳои пурсишшавандагон, додани саволҳо бо иҷозати муфаттиш фаҳмонида мешавад. Муфаттиш метавонад саволро рад намояд, вале бояд онро ба протокол ворид намуда, сабаби радкуниро зикр кунад. (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1275)

 

Моддаи 204. Рўбарўкунӣ

 

  1. Муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки ду шахси қаблан пурсишшударо, агар дар нишондоди онҳо мухолифати ҷиддӣ вуҷуд дошта бошад, рўбарў кунад.
  2. Пеш аз оғози рўбарўкунӣ муфаттиш ба иштирокчиёни ин амал ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшон, ҳамчунин тартиби ба ҷо овардани ин амали тафтиширо мефаҳмонад. Агар рўбарўкунӣ бо иштироки шоҳид ва ҷабрдида гузаронида шавад, онҳо дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ огоҳ карда мешаванд ва дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.
  3. Муфаттиш аз шахсоне, ки дар байни онҳо рўбарўкунӣ сурат мегирад, мепурсад, ки оё онҳо ҳамдигарро медонанд ё не ва ба ҳамдигар чӣ гуна муносибат доранд. Ба иштирокчиён бо навбат пешниҳод карда мешавад, ки оид ба муайян кардани ҳолатҳои рўбарўкунӣ нишондод диҳанд. Баъди додани нишондод муфаттиш метавонад ба ҳар кадоме аз пурсишшавандагон савол диҳад. Шахсоне, ки бо ҳамдигар рўбарў карда мешаванд, метавонанд бо иҷозати муфаттиш ба якдигар саволҳо диҳанд. Дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.
  4. Ҳангоми рўбарўкунӣ муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки далелҳои шайъӣ ва ҳуҷҷатҳои ба парванда дохил кардашударо нишон диҳад.
  5. Хонда додани нишондоди иштирокчиёни рўбарўкунӣ, ки дар протоколҳои пурсишҳои пешина мавҷуданд, ҳамчунин шунавонидан ва намоиш додани сабти овозӣ ва видеоии нишондоди мазкур танҳо баъди аз тарафи онҳо дода шудани нишондод дар вақти рўбарўкунӣ ва сабти онҳо дар протокол мумкин аст.
  6. Дар протоколи рўбарўкунӣ нишондоди шахсони пурсишшаванда бо ҳамон навбат сабт карда мешаванд, ки онҳо нишондод додаанд. Ҳар як иштирокчии рўбарўкунӣ нишондоди худ ва ҳар як саҳифаи протоколро дар алоҳидагӣ имзо мегузорад.
  7. Агар муқаррар карда шуда бошад, ки рўбарўкунии айбдоршаванда бо ҷабрдида ва шоҳид метавонад ба шоҳид ва ҷабрдида зарар расонад ё онҳоро тарсонад, рўбарўкунӣ бояд истисно карда шавад.

 

Моддаи 205. Нишон додан барои шинохтан

 

  1. Муфаттиш метавонад шахс ё ашёро барои шинохтан ба шоҳид, ҷабрдида, гумонбаршуда ё айбдоршаванда нишон диҳад. Барои шинохтан ҷасадро низ нишон додан мумкин аст.
  2. Шиносшавандагон қаблан дар бораи ҳолатҳое, ки онҳо шахс ё ашёи дахлдорро дидаанд, оид ба нишонаҳо ва мушаххасоте, ки аз рўи онҳо метавонанд шахс ё ашёро шиносанд, пурсида мешаванд.

 

Моддаи 206. Тартиби нишон додан барои шинохтан

 

  1. Шахс барои шинохтан якҷоя бо шахсони дигаре, ки аз рўи имкон зоҳиран ба ў монанд бошанд, нишон дода мешавад. Теъдоди умумии шахсоне, ки барои шинохтан нишон дода мешаванд, набояд аз се нафар кам бошад. Ин қоида дар мавриди шинохтани ҷасад татбиқ намегардад.
  2. Пеш аз нишон додан барои шинохтан ба шахси шинохташаванда пешниҳод карда мешавад, ки дар байни нишондодашавандагон ҳар ҷоеро, ки хоста бошад, ишғол намояд ва дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.
  3. Ҳангоми ғайриимкон будани нишондиҳии шахс барои шинохтан, ин амал метавонад аз рўи акси ў, ки якҷоя бо аксҳои шахсони аз рўи имкон зоҳиран ба ў монанд, бо теъдоди на кам аз се акс анҷом дода мешавад.
  4. Ашё якҷоя бо ашёи якхела бо теъдоди на камтар аз се ашё барои шинохтан пешниҳод карда мешавад.
  5. Агар шиносанда шоҳид ё ҷабрдида бошад, ў пеш аз шинохтан дар бораи ҷавобгарӣ барои рад кардан ё саркашӣ кардан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ огоҳ карда мешавад, ки дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.
  6. Ба шиносанда пешниҳод карда мешавад, ки шахс ё ашёи дар нишондоди худ зикркардаашро нишон диҳад. Додани саволҳои раҳнамункунанда мумкин нест.
  7. Агар шиносанда яке аз шахсон ё ашёи ба ў нишондодашударо шиносад, аз ў пурсида мешавад, ки аз рўи кадом нишонаҳо ё мушаххасот он шахс ё ашёро шинохтааст.
  8. Нишон додан барои шинохтан дар ҳузури шахсони холис гузаронида мешавад.
  9. Бо мақсади таъмини амнияти шиносанда нишон додани шахс барои шинохтан метавонад дар шароите доир гардад, ки шинохташаванда шиносандаро дида натавонад. Дар чунин ҳолатҳо шахсони холис бояд дар ҷойи қарордоштаи шиносанда қарор дошта бошанд. Ба шахсони холис ва шиносанда бояд имкон фароҳам оварда шавад, ки шахсони шинохташавандаро дида тавонанд.
  10. Дар бораи нишон додан барои шинохтан бо риояи талаботи моддаҳои 172, 187 Кодекси мазкур протокол тартиб дода мешавад. Дар протокол шароит, ҷараён, натиҷаҳои шинохтан зикр ва аз рўи имкон шарҳҳои шиносанда айнан баён карда мешаванд. Агар пешниҳоди шахсе, ки барои шинохтан нишон дода шудааст, дар шароите анҷом дода шуда бошад, ки шинохташаванда имкони дидани шиносандаро надошт, ин ҷиҳат ҳам дар протокол зикр карда мешавад.

 

Моддаи 207. Санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса

 

  1. Нишондоди гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ва шоҳид мумкин аст дар ҷое, ки ба ҳодисаи тафтишшаванда вобаста аст, барои муқаррар намудани маълумоти нави воқеӣ, нишон додани хатти сайр ва ҷойҳое, ки амали тафтишшаванда содир карда шудааст, ҳамчунин барои муайян намудани эътимоднокии онҳо бо роҳи муқоиса бо вазъи ҳодиса тафтиш ё аниқ карда шаванд.
  2. Санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса метавонад аз инҳо иборат бошад:

– шахси нишондоддода дар ҷои ҳодиса, вазъ ва ҳолатҳои ҳодисаи тафтишшавандаро барқарор мекунад;

– ашё, ҳуҷҷатҳо ва нишонаҳоеро, ки барои парванда аҳамият доранд, кофта меёбад ва нишон медиҳад;

– амалҳои муайянро намоиш медиҳад;

– нишон медиҳад, ки дар воқеаи таҳқиқшаванда ин ё он ашё кадом нақшро иҷро кардааст;

– ба тағйири вазъи ҷои ҳодиса таваҷҷўҳ зоҳир менамояд;

– нишондоди пешинаи худро мушаххас ва аниқ месозад.

  1. Ба ин амалҳо ягон дахолати беруна ва саволҳои раҳнамункунанда додан мумкин нест.
  2. Санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса дар ҳузури шахсони холис ва дар мавриди зарурӣ бо иштироки мутахассис гузаронида мешавад.
  3. Дар ҷои ҳодиса дар як вақт санҷидани нишондоди якчанд шахс мумкин нест.
  4. Баъди аниқ кардани нишондод ва нишон додани амалҳо ба шахсе, ки нишондодаш санҷида мешавад, саволҳои марбут ба амалҳои тафтишӣ додан мумкин аст.
  5. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса андозагирию аксбардорӣ‚ сабти овоз, сабти видео анҷом дода, нақшаҳо ва тарҳҳо тартиб дода мешаванд.
  6. Доир ба гузаронидани санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса бо риояи талаботи моддаҳои 172, 187 Кодекси мазкур протокол тартиб дода мешавад. Дар протокол шароит, ҷараён ва натиҷаҳои санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса муфассал инъикос карда мешаванд.

 

БОБИ 24. ЭКСПЕРТИЗА

 

Моддаи 208. Тартиби таъини экпертиза

 

  1. Муфаттиш таъини экспертизаро зарур шуморида, дар ин бора қарор қабул мекунад ва дар он маълумотҳои зеринро зикр менамояд:

– асосҳои таъини экспертиза;

– ному насаби коршинос ё муассисае, ки экспертиза бояд дар он ҷой гузаронида шавад;

– саволҳое, ки дар назди коршинос гузошта шудаанд;

– маводе, ки ба коршинос пешниҳод мешавад.

  1. Иҷрои қарори муфаттиш доир ба таъини экспертиза барои шахсон ё муассисаҳое, ки қарор ба онҳо равон карда шудааст ва ба салоҳияти онҳо дохил мешавад, ҳатмист.
  2. Экспертиза аз тарафи мутахассисони муассисаҳои экспертӣ, муассисаҳои дигари давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилоту корхонаҳо ё шахсони воқиф, ки муфаттиш таъин кардааст, гузаронида мешавад.
  3. Иваз кардани экспертиза бо таҳқиқоте, ки берун аз тарзи мурофиавии муқаррарнамудаи қонун сурат мегирад, мумкин нест. Хулосаҳои нозироти идоравӣ, актҳои ревизия, машваратҳои мутахассисон зарурати гузаронидани экспертизаро истисно намекунанд.
  4. То фиристодани қарор ба муассисаи экспертизаи судӣ муфаттиш вазифадор аст, ки бо он гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, ҳамчунин шоҳидеро, ки таҳти экспертиза қарор мегирад, шинос намояд ва ба онҳо ҳуқуқи дар моддаи 210 Кодекси мазкур муқарраршударо фаҳмонад. Дар ин бобат протокол тартиб дода, аз тарафи муфаттиш ва шахсе, ки бо қарор шинос карда шудааст, имзо карда мешавад.
  5. Қарор дар бораи таъини экспертизаи равонпизишкии судӣ ва хулосаи коршиносон ба шахсоне, ки вазъи рўҳиашон дарки онро ғайриимкон мегардонад, эълон карда намешавад.

 

Моддаи 209. Таъини ҳатмии экспертиза

 

Агар аз рўи парванда муқаррар кардани ҳолатҳои зерин зарур бошад, таъин ва гузаронидани экспертиза ҳатмист:

– сабаби марг;

– хусусият ва дараҷаи вазнинии зарари ҷисмонӣ;

– синну соли гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, ба шарте, ки ин барои парванда аҳамият дошта бошад ва ҳуҷҷатҳо доир ба синну сол вуҷуд надошта ё шубҳаовар бошанд;

– ҳолати рўҳӣ ё ҷисмонии гумонбаршуда, айбдоршаванда, вақте ки дар масъалаи мукаллафӣ ё қобилияти онҳо дар бобати ҳимояи мустақилонаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ дар мурофиаи ҷиноятӣ шубҳа ба миён меояд;

– ҳолати рўҳӣ ва ҷисмонии ҷабрдида, шоҳид дар ҳолатҳое, ки қобилияти онҳо дар бораи дуруст дарк кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта ва додани нишондод доир ба онҳо таҳти шубҳа қарор мегирад.

 

Моддаи 210. Ҳуқуқи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ҳангоми таъин ва гузаронидани экспертиза

 

  1. Ҳангоми таъин кардан ва гузаронидани экспертиза гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва ҷабрдида ҳуқуқ доранд:

– бо қарори таъин намудани экспертиза шинос шаванд;

– ба коршинос раддия изҳор намоянд;

– дар бораи дур кардани муассисаи экспертӣ аз гузаронидани экспертиза дар сурати муқаррар гардидани ҳолатҳое, ки ба оқибати парванда манфиатдор набудани роҳбари муассисаи экспертӣ – ҷои кори шахси салоҳиятдорро таҳти шубҳа қарор медиҳанд, дархост пешниҳод намоянд;

– хоҳиш намоянд, ки шахсони аз тарафи онҳо зикршуда ё мутахассисони муассисаҳои мушаххаси судии экспертӣ ба ҳайси коршиносон ҷалб карда шаванд;

– саволҳои  иловагӣ пешниҳод намоянд;

– дар вақти гузаронидани экспертиза ҳузур дошта бошанд ва ба коршинос саволҳо диҳанд, шарҳу тафсир кунанд;

– бо хулосаи коршинос ё хабари имконнопазирии додани хулоса шинос шаванд.

  1. Экспертизаи ҷабрдидагон ва шоҳидон танҳо бо ризои ихтиёрии онҳо, ки ба шакли хаттӣ дода мешавад, сурат мегирад. Агар ин шахсон ба синни шонздаҳ нарасида бошанд ё суд онҳоро номукаллаф эътироф карда бошад, ризои хаттиро барои гузаронидани экспертиза намояндагони қонунии онҳо медиҳанд.
  2. Дар сурати қонеъ кардани дархосте, ки шахсони дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикршуда додаанд, муфаттиш қарори худро оид ба таъини экспертиза мутобиқан тағйир медиҳад ё пурра месозад. Дар бораи рад карда шудани дархост муфаттиш қарор қабул мекунад, ки он ба шахси дархостдода эълон карда, имзои ў гирифта мешавад.

 

Моддаи 211. Гузаронидани экспертиза дар муассисаи экспертӣ

 

  1. Ҳангоми гузаронидани экспертиза дар муассисаи экспертӣ муфаттиш қарори худ ва маводи заруриро ба ин муассиса ирсол менамояд.
  2. Роҳбари муассисаи экспертӣ вазифадор аст:

– гузаронидани экспертизаро ба як ё якчанд коршинос супорида, дар ин бора ба муфаттиш хабар диҳад;

– ба коршиносон ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои онҳоро, ки дар моддаи 58 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, фаҳмонад, оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста хулосаи бардурўғ додан огоҳ кунад ва дар ин бобат аз онҳо забонхат гирад, ки он якҷоя бо хулосаи эксперт ба муфаттиш равон карда мешаванд.

 

Моддаи 212. Гузаронидани экспертиза берун аз муассисаи экспертӣ

 

  1. Агар экспертиза берун аз муассисаи экспертӣ гузаронида шавад, муфаттиш пеш аз баровардани қарор оид ба таъини экспертиза бояд ба шахсияти фарде, ки экспертизаро ба ў супориданист, ба салоҳиятнокии ў итминон ҳосил намуда, муносибати ўро бо айбдоршаванда, гумонбаршуда, ҷабрдида ва бо шахсе, ки таҳти экспертиза қарор гирифтааст, муайян намояд ва санҷад, ки оё асосҳо барои дур кардани коршинос мавҷуданд ё не.
  2. Муфаттиш баъди аниқ кардани маълумоти зарурӣ дар бораи таъини экспертиза қарор мебарорад, онро ба коршинос месупорад, ба ў ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои дар моддаи 58 Кодекси мазкур пешбинишударо мефаҳмонад ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурўғ огоҳ мекунад. Доир ба иҷрои амалҳои мазкур муфаттиш дар қарори таъин кардани экспертиза қайд мегузорад ва он бо имзои коршинос тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 213. Экспертизаи комиссионӣ

 

  1. Экспертизаи комиссионӣ дар ҳолатҳои зарурати анҷом додани таҳқиқоти мураккаби экспертӣ ва аз тарафи якчанд нафар коршиноси дорои як ихтисос (касб) гузаронида мешавад.
  2. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи комиссионӣ коршиносон натиҷаҳои ҳосилшударо якҷоя таҳлил мекунанд ва баъди ба як ақида омадан хулосаи ягона (ё акт дар бораи имконнопазирии пешниҳоди хулоса) тартиб медиҳанд ва имзо мекунанд.
  3. Дар сурати мавҷуд будани ихтилофи назар дар байни коршиносон ҳар кадоми онҳо ё як қисми онҳо хулосаи алоҳида пешниҳод мекунанд ва ё коршиносе, ки нуқтаи назари ў аз хулосаҳои аксарият фарқ дорад, ақидаи худро дар хулоса алоҳида инъикос мекунад.

 

Моддаи 214. Экспертизаи комплексӣ

 

  1. Экспертизаи комплексӣ дар ҳолатҳое таъин карда мешавад, ки барои таҳқиқот маълумоти соҳаҳои гуногуни дониш зарур бошад. Он аз тарафи коршиносони дорои ихтисосҳои гуногун дар доираи салоҳиятнокии онҳо гузаронида мешавад.
  2. Дар хулосаи экспертизаи комплексӣ бояд зикр гардад, ки ҳар як коршинос кадом таҳқиқотро ба кадом ҳаҷм анҷом дод ва ба чӣ хулоса омадааст.
  3. Ҳар як коршинос ҳамон қисми хулосаро имзо мекунад, ки дар он таҳқиқоти ў инъикос ёфтааст.
  4. Хулоса (хулосаҳо)-и умумиро коршиносоне мебароранд ки дар баҳодиҳии натиҷаи ҳосилшуда салоҳият доранд. Агар далелҳои аз ҷониби яке аз коршиносон (коршиносони алоҳида) муқарраркардашуда асоси хулосаи ниҳоии комиссия ё як қисми он бошад, он бояд дар хулоса зикр шавад. Дар сурати ихтилофи назар байни коршиносон натиҷаи таҳқиқот мувофиқи талаботи қисми 3 моддаи 213 Кодекси мазкур ба расмият дароварда мешавад.
  5. Агар экспертиза ба муассисаи экспертӣ супорида шуда бошад, ташкили таҳқиқи комплексӣ ба зиммаи роҳбари он муассиса гузошта мешавад.

 

Моддаи 215. Гирифтани намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавӣ

 

  1. Муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки барои таҳқиқоти муқоисавӣ аз гумонбаршуда ё айбдоршаванда, инчунин ҷабрдида ва шоҳид намунаҳои дастнавис ё дигар намунаҳо гирад.
  2. Ҳангоми гирифтани намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавӣ набояд усулҳое татбиқ гарданд, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок бошанд ё шараф ва номуси ўро паст зананд.
  3. Муфаттиш доир ба гирифтани намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавии шахсони зинда қарор мебарорад. Гирифтани намунаҳо бо иштироки шахсони холис ва дар мавридҳои зарурӣ бо иштироки мутахассисон гузаронида мешавад. Дар ин бора бо риояи талаботи моддаҳои 172, 183 Кодекси мазкур протокол тартиб дода мешавад.
  4. Агар гирифтани намунаҳо қисми таҳқиқоти экспертӣ бошад, ин амалро коршинос ба ҷо меоварад. Дар ин ҳолат коршинос маълумотро доир ба ин амал дар хулосаи худ инъикос мекунад.

 

Моддаи 216. Барои гузаронидани экспертиза дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардан

 

  1. Агар ҳангоми таъин кардан ё гузаронидани экспертизаи тиббии судӣ ё равонпизишкии судӣ зарурати муоинаи статсионарӣ ба миён ояд, гумонбаршуда ё айбдоршавандаро дар муассисаи давлатии тиббӣ ҷойгир кардан мумкин аст, ки ин ҳолат дар қарори таъини экспертиза зикр карда мешавад.
  2. Агар зарурати экспертиза ва дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардани судшаванда ҳангоми маҷлиси суд ба миён ояд, суд, судя дар ин бобат бо дархости тарафҳо ё бо ташаббуси худ оид ба ин масъала таъинот ё қарор мебарорад.
  3. Ҳангоми дар муассисаи тиббӣ барои гузаронидани экспертизаи статсионарии равонпизишкии судӣ ҷойгир кардани гумонбаршуда мўҳлате, ки дар давоми он ба ў бояд айб эълон карда шавад, то гирифтани хулосаи комиссияи духтурони равоншинос оид ба ҳолати рўҳии гумонбаршуда боздошта мешавад.

 

Моддаи 217. Мазмуни хулосаи коршинос

 

  1. Баъди гузаронидани таҳқиқ аз рўи натиҷаҳои он коршинос ё коршиносон аз номи худ хулосае тартиб медиҳанд, ки дар он бояд маълумоти зерин зикр гардад:

– экспертиза кай, дар куҷо гузаронида шудааст;

– аз тарафи кӣ (насаб, ном, номи падар, таҳсилот, ихтисос, собиқаи кор, дараҷаю унвони илмӣ, вазифаи ишғолкарда) (ҚҶТ аз 23.07.2016 с., №1332);

– дар кадом асос экспертиза гузаронида шудааст;

– қайди бо имзои коршинос тасдиқшуда доир ба он ки ў дар бобати ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан ё саркашӣ намудан аз додани хулоса ё дидаю дониста хулосаи бардурўғ додан огоҳ карда шудааст;

– ҳангоми гузаронидани экспертиза кӣ иштирок дошт;

– коршинос чӣ гуна маводро истифода намудааст ва кадом таҳқиқотро гузаронидааст;

– саволҳои дар назди коршинос гузошташуда ва ҷавобҳои асосноки ў.

  1. Хулоса дар шакли хаттӣ пешниҳод ва аз тарафи коршинос (коршиносон) имзо карда мешавад. Ба хулосаи коршинос бояд далелҳои шайъии баъди таҳқиқ боқимонда, намунаҳое, ки бо роҳи таҷриба гирифта, барои муқоиса истифода бурда мешаванд, ҳамчунин аксҳо, тарҳрезаҳо, нақшаҳо, ҷадвалҳо ва маводи дигари иловагие, ки хулосаҳои коршиносро тасдиқ мекунанд, замима карда шаванд. Замимаи хулоса низ аз тарафи коршинос имзо карда мешавад.
  2. Агар коршинос итминон ҳосил намояд, ки масъалаҳои гузошташуда аз доираи донишҳои махсуси ў берун мебароянд ё маводи ба ў пешниҳодшуда барои пешниҳод кардани хулоса корношоям ё нокифоя аст ва пурра кардани он номумкин мебошад ё ин ки сатҳи илм ва амалияи экспертӣ барои ҷавоб додан ба масъалаҳои гузошташуда имконият намедиҳанд, вай хабари асоснок кардашударо дар бораи ғайриимкон будани пешниҳоди хулоса тартиб медиҳад ва онро ба мақомот ё шахси экспертизаро таъиннамуда ирсол менамояд.

 

Моддаи 218. Пурсиши коршинос

 

  1. Муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки коршиносро барои шарҳ додани хулосаи пешниҳодкардааш пурсиш намояд. Коршинос метавонад ҷавобҳояшро бо дасти худ нависад. Протоколи пурсиши коршинос бо риояи қоидаҳои дар моддаҳои 172 Кодекси мазкур пешбинигардида тартиб дода мешавад.
  2. Пурсиши коршинос то аз тарафи ў пешниҳод шудани хулоса мумкин нест.

 

Моддаи 219. Ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ҷабрдида  пешниҳод кардани хулосаи экспертиза

 

  1. Хулосаи коршинос ё хабари ў дар бораи имконнопазирии пешниҳоди хулоса, ҳамчунин протоколи пурсиши коршинос то анҷоми тафтиши пешакӣ ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, ҳамчунин ба шоҳиде, ки таҳти экспертиза қарор гирифта буд, пешниҳод карда мешавад ва онҳо ҳуқуқ доранд, ки шарҳу мулоҳизаи худро пешниҳод кунанд ва ақидаи худро оид ба хулосаи коршинос изҳор намоянд. Дар сурати қонеъ гардонида шудан ё рад шудани чунин дархост муфаттиш қарори дахлдор бароварда, ба шахсе, ки дархост додаст, бо гирифтани забонхат эълон мекунад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  2. Дар бораи шинос кардан бо хулосаи коршинос ва протоколи пурсиш протоколе тартиб дода мешавад, ки дар он хабар ё эътирози баёншуда инъикос карда мешавад.
  3. Қоидаҳои ҳамин модда дар ҳолатҳое низ татбиқ мегарданд, ки экспертиза то ҷалб намудани шахс ҳамчун айбдоршаванда, гумонбаршуда ё ҷабрдида эътироф шудани ў гузаронида шуда бошад.

 

Моддаи 220. Экспертизаи иловагӣ ва такрорӣ

 

  1. Ҳангоми нофаҳмо ё нопурра будани хулоса, инчунин ба миён омадани масъалаҳои нав нисбати ҳолатҳои қаблан таҳқиқшуда, мумкин аст экспертизаи иловагӣ таъин карда, иҷрои он ба ҳамон коршинос ё коршиноси дигар супурда шавад.
  2. Дар ҳолати беасос будани хулосаи коршинос ё ба миён омадани шубҳа оид ба дурустии он экспертизаи такрорӣ таъин намудан мумкин аст, ки гузаронидани он ба коршинос ё коршиносони дигар супурда мешавад.
  3. Экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ бо риояи талаботи боби мазкур таъин ва гузаронида мешавад.

 

БОБИ 25. ЭЪЛОН КАРДАНИ АЙБ ВА ПУРСИШИ АЙБДОРШАВАНДА

 

Моддаи 221. Ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда

 

  1. Ҳангоми мавҷуд будани далелҳои кофӣ прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахс ба сифати айбдоршаванда дар содир намудани ҷиноят ва ба ў эълон кардани айб қарори асоснок мебароранд.
  2. Прокурор , муфаттиш, таҳқиқбаранда, айбдоршавандаро аз рўзи эълон кардани айб огоҳ намуда, ҳамзамон ҳуқуқи ўро дар бораи даъвати ҳимоятгар ё ба муфаттиш пешниҳод кардани дархост оид ба таъмини иштироки ҳимоятгар мефаҳмонанд.
  3. Оид ба парвандае, ки мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 51 Кодекси мазкур иштироки ҳимоятгар ҳатмист, муфаттиш барои таъмини иштироки ў чораҳо меандешад, ба шарте, ки ҳимоятгар аз ҷониби худи айбдоршаванда, намояндаи қонунии ў ё бо супориши ў аз ҷониби шахсони дигар даъват нагардида бошад.

 

Моддаи 222. Қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда

 

  1. Дар қарори ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда маълумотҳои зерин бояд нишон дода шаванд:

– вақт ва маҳалли тартиб додани он;

– аз ҷониби кӣ тартиб дода шудани он;

– ном, номи падари шахсе, ки ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида мешавад;

– рўз, моҳ, сол ва маҳалли таваллуди ў;

– баёни ҷинояте, ки тибқи он шахс айбдор дониста мешавад;

– нишон додани вақт, маҳалли содир шудани ҷиноят;

– ҳолатҳои дигаре, ки бояд мутобиқи моддаи 85 Кодекси мазкур исбот карда шаванд;

– Кодекси ҷиноятӣ (модда, қисм, банд), ки барои ҳамин ҷиноят ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.

  1. Қарор бояд масъалаи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро оид ба парвандаи таҳти тафтиш қарордошта дар бар гирад.
  2. Ҳангоми айбдор намудани шахс дар содир намудани якчанд ҷиноят, ки дар банду қисмҳои мухталифи моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд‚ дар қарори ба ҷавобгарӣ кашидани ў ба сифати айбдоршаванда бояд зикр гардад, ки кадом амалҳои мушаххас, мутобиқи ҳар як банд ва қисми моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба айбдоршаванда банду баст карда мешаванд.

 

Моддаи 223. Тартиби даъвати айбдоршаванда

 

  1. Айбдоршаванда барои пурсиш ба назди прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо тартиби зерин даъват карда мешавад:

-айбдоршавандае, ки дар озодӣ мебошад, бо огоҳинома, даъватнома, телефонограмма ё телеграмма;

– айбдоршавандае, ки дар ҳабс аст, тавассути маъмурияти тавқифгоҳҳои муваққатӣ ва тафтишотӣ.

  1. Дар даъватнома маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

насаб,  ном, номи падар ва шахси даъватшаванда;

– маҳал, мақомот, вақти ҳозиршавӣ ва ба назди кӣ даъват шудан;

– оқибати ҳозир нашудан.

  1. Даъватнома бо гирифтани имзои айбдоршаванда ба ў супорида мешавад ва дар ҳолати ҳозир набудан ба аъзои болиғи оилаи ў ё намояндаи маъмурияти ҷои кор, ҷои таҳсил ё намояндаи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ барои супоридан ба айбдоршаванда дода мешавад.

 

Моддаи 224. Ҳатмӣ будани ҳозир шудани айбдоршаванда

 

  1. Айбдоршавандаи дар озодӣ буда вазифадор аст, ки дар мўҳлати муайяншуда бо даъвати муфаттиш ҳозир шавад.
  2. Сабабҳои узрноки бо даъвати муфаттиш ҳозир нашудани айбдоршаванда инҳо эътироф карда мешаванд:

– беморӣ, ки ҳозир шудани айбдоршавандаро номумкин месозад;

– фавтидани хешовандони наздик;

– офатҳои табиӣ;

– нагирифтани даъватнома;

– ҳолатҳои дигаре, ки дар мўҳлати муайян ҳозир шудани айбдоршавандаро номумкин месозад.

  1. Айбдоршаванда бояд муфаттиш, таҳқиқбарандаро аз сабаби дар мўҳлати таъингардида ҳозир нашуданаш огоҳ кунад.

 

Моддаи 225. Эълон кардани айб

 

  1. Айб на дертар аз ду шабонарўз аз лаҳзаи баровардани қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидани шахс дар ҳузури ҳимоятгар эълон карда мешавад, ба шарте, ки ў дар парвандаи ҷиноятӣ иштирок дошта бошад ё иштироки ҳимоятгар мутобиқи Кодекси мазкур ҳатмӣ бошад ё дар ин бора айбдоршаванда дархост карда бошад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).
  2. Айб ба айбдоршаванда дар рўзи маҷбуран оварда шуданаш эълон карда мешавад. Зимнан, дар сурате ки иштироки ҳимоятгар тибқи Кодекси мазкур ҳатмӣ бошад, муфаттиш бояд барои иштирок намудани ҳимоятгар ҳангоми пешниҳоди айб ҳамаи чораҳоро андешад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).
  3. Муфаттиш баъди ба шахсияти айбдоршаванда ва супоришнома (ордер)-и ҳимоятгар оид ба пешбурди ҳимоя итминон пайдо кардан ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашиданро пешниҳод мекунад.
  4. Муфаттиш вазифадор аст ба айбдоршаванда моҳияти айби пешниҳодшударо фаҳмонад.
  5. Иҷрои амалҳои дар қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда нишондодашуда бо имзои айбдоршаванда, ҳимоятгар ва муфаттиш дар қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан бо сабти санад ва соати пешниҳоди айб тасдиқ карда мешавад.
  6. Дар ҳолати қарорро имзо накардани айбдоршаванда муфаттиш ва ҳимоятгар, ба шарте, ки ў ҳангоми эълони айб иштирок дошта бошад, дар қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан ва дар хусуси ба ў эълон карда шудани матни қарор имзои тасдиқкунанда мегузоранд.
  7. Ба айбдоршаванда нусхаи қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидани шахс супурда мешавад.
  8. Нусхаи қарор ба прокурор фиристода мешавад.

 

Моддаи 226. Дар тафтиши пешакӣ фаҳмонда додани ҳуқуқҳои   айбдоршаванда

 

Муфаттиш айбдоршавандаро бо қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашиданаш шинос намуда, вазифадор аст, ба ў ҳуқуқҳояшро, ки моддаи 47 Кодекси мазкур муайян кардааст, фаҳмонда, дар ин бора дар қарор сабт кунад. Сабт бояд бо имзои айбдоршаванда, инчунин имзои ҳимоятгар тасдиқ карда шавад, ба шарте, ки ў ҳангоми эълони айб ҳозир бошад.

 

Моддаи 227. Пурсиши айбдоршаванда

 

  1. Муфаттиш вазифадор аст айбдоршавандаро, баъди ба ў эълон намудани айб‚ фавран пурсиш кунад ва дар сурати аз додани нишондод даст кашидани айбдоршаванда дар ин бора бояд дар протоколи пурсиши ў сабт гузорад.
  2. Дар оғози пурсиш муфаттиш бояд муайян кунад, ки оё айбдоршаванда хоҳишманд аст, ки муносибати худро ба айби эълоншуда изҳор намояд, оё ў ба айби худ пурра ё қисман иқрор аст ё гуноҳи худро дар бораи айби пешниҳодшуда рад мекунад. Дар ин бора дар протоколи пурсиш бояд сабти дахлдор ворид карда шавад.
  3. Иштироки ҳимоятгар ҳангоми пурсиши айбдоршавандаи ноболиғ, айбдоршавандае, ки ба сабаби нуқсони ҷисмонию рўҳӣ имкон надорад ҳуқуқашро ҳимоя намояд ва ё забонеро, ки бо он пешбурди парванда анҷом дода мешавад, намедонад, инчунин ҳангоми айбдоркунии шахс барои ҷинояте, ки барои он ҷазои якумра маҳрум кардан аз озодӣ ё ҷазои қатл таъин кардан мумкин аст, ҳатмӣ мебошад.
  4. Айбдоршаванда тибқи қоидаҳои моддаҳои 199 – 201 Кодекси мазкур пурсиш карда мешавад.
  5. Айбдоршавандаҳое, ки аз рўи як парванда даъват шудаанд, дар алоҳидагӣ пурсиш карда мешаванд. Зимнан, муфаттиш бояд барои бо ҳам сўҳбат карда натавонистани онҳо тамоми чораҳоро андешад.
  6. Ҳангоми оид ба ҳолатҳои парвандаи тафтишшаванда ба миён омадани зарурати саҳеҳ ва ё пурра кардани нишондодҳои қаблан додашуда, айбдоршавандаро ба таври илова пурсиш кардан мумкин аст.

 

Моддаи 228. Протоколи пурсиши айбдоршаванда

 

  1. Оид ба ҳар пурсиши айбдоршаванда муфаттиш бо риояи талаботи моддаи 200 Кодекси мазкур протокол тартиб медиҳад.
  2. Дар протоколи пурсиши якум маълумот дар бораи шахсияти айбдоршаванда, аз ҷумла насаб, ном, номи падар, рўз, моҳ, сол ва маҳалли таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, таҳсилот, вазъи оилавӣ, ҷои кор, машғулият ё вазифа, маҳалли истиқомат, қаблан суд шудан, инчунин маълумотҳои дигар, ки барои ҳолатҳои парванда муҳиманд, зикр карда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.07.2016 с., №1332)
  3. Дар протоколҳои минбаъдаи пурсиш маълумотро дар бораи шахсияти айбдоршаванда, ба шарте, ки тағйир наёфта бошад, танҳо бо сабти насаб, ном ва номи падар маҳдуд кардан мумкин аст.

 

Моддаи 229. Тағйир додан, илова ва ё қисман қатъ кардани айби эълоншуда

 

  1. Агар ҳангоми тафтиши пешакӣ барои тағйир додан ва илова кардани айб асосе ба миён ояд, муфаттиш вазифадор аст бо риояи талаботи моддаи 225 Кодекси мазкур дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан қарори нав барорад ва онро бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 225 ва 226 Кодекси мазкур ба айбдоршаванда эълон кунад.
  2. Агар дар ҷараёни тафтиши пешакӣ яке аз қисматҳои айби эълоншуда тасдиқ нашуда бошад, муфаттиш бо қарори худ таъқиби ҷиноятии ҳамин қисматро қатъ карда, дар ин бора айбдоршаванда ва дигар иштирокчиёни мурофиаро огоҳ месозад.

 

БОБИ 26. БОЗДОШТАН ВА АЗ НАВ САР КАРДАНИ ТАФТИШИ ПЕШАКӢ

 

Моддаи 230. Асос, тартиб ва мўҳлати боздоштани тафтиши пешакӣ

 

  1. Тафтиши пешакӣ ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зайл, ки барои идома ва хатми он монеа шуда метавонад, боздошта мешавад:

– вобаста ба муайян карда нашудани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шавад;

– дар ҳолате, ки айбдоршаванда аз тафтиш ё суд пинҳон шудааст ё бо сабабҳои дигар маҳалли будубоши ў муайян карда нашудааст;

– дар сурати ба бемории рўҳӣ ё бемории дигари вазнин гирифтор шудани айбдоршаванда, ки аз ҷониби духтури муассисаи табобатии давлатӣ тасдиқ карда шудааст;

– дар сурате, ки маҳалли будубоши айбдоршаванда маълум аст, вале вобаста ба ҳалли масъалаи маҳрум кардани айбдоршаванда аз масуният ё супоридани ў ба давлати хориҷӣ, инчунин бинобар дар экспедитсия ё сафари хизматӣ зиёда аз ду моҳ буданаш имконияти воқеии иштироки ў дар парванда мавҷуд нест.

  1. Муфаттиш дар бораи боздоштани тафтиши пешакӣ қарори асоснок бароварда, нусхаи онро ба прокурор мефиристад.
  2. Агар ба парванда ду ё якчанд айбдоршаванда ҷалб шуда, асоси боздорӣ ба ҳамаи онҳо дахл надошта бошад, муфаттиш ҳуқуқ дорад қисми маводро ба пешбурди алоҳида ҷудо намуда, дар ин қисм пешбурдро боздорад ё агар тафтиши пешакиро бе иштироки айбдоршавандагон давом додан мумкин набошад, пешбурди парвандаро боздорад.
  3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда тафтиши пешакӣ танҳо пас аз гузаштани мўҳлати пешбурди он боздошта мешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати сеюми қисми 1 ҳамин модда онро пеш аз хатми мўҳлати тафтиши пешакӣ низ боздоштан мумкин аст.
  4. То боздоштани тафтиши пешакӣ муфаттиш вазифадор аст ҳамаи амалҳои тафтиширо, ки пешбурди онҳо бе иштироки айбдоршаванда имконпазир аст, анҷом диҳад ва барои кофтукови айбдоршаванда, ҳамчунин муайян кардани шахсе, ки ҷиноятро содир кардааст, тамоми чораҳоро андешад.

 

Моддаи 231. Амали муфаттиш пас аз боздоштани тафтиши пешакӣ

 

  1. Муфаттиш тафтиши пешакиро боздошта, вазифадор аст ҷабрдида, намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳоро хаттӣ огоҳ сохта, ҳамзамон ба онҳо фаҳмонад, ки аз қарори боздоштани тафтиши пешакӣ дар давоми панҷ шабонарўз ба прокурор шикоят кардан мумкин аст. Ҳангоми бо асосҳои пешбининамудаи сархати сеюми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мазкур боздоштани тафтиши пешакӣ инчунин айбдоршаванда ва ҳимоятгар дар ин бора огоҳ карда мешаванд.
  2. Пас аз боздоштани тафтиши пешакӣ муфаттиш:

– дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мазкур мустақиман, ҳамчунин аз тариқи мақомоти таҳқиқ барои муайян кардани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шавад, чора меандешад;

– дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати дуюми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мазкур маҳалли будубоши айбдоршавандаро муайян мекунад, агар ў пинҳон шуда бошад, барои кофтукови ў чора меандешад.

  1. Оид ба парвандае, ки тафтиши он боздошта шудааст, гузаронидани амали тафтишӣ мумкин нест.

 

Моддаи 232. Кофтукови айбдоршаванда

 

  1. Ҳангоми номуайян будани маҳалли будубоши айбдоршаванда муфаттиш ҳуқуқ дорад пешбурди кофтуковро ба мақомоти таҳқиқ супорад. Ин супориш дар қарори боздоштани тафтиши пешакӣ зикр мегардад ё дар ин бобат қарори алоҳида бароварда мешавад.
  2. Кофтукови айбдоршавандаро чӣ ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ ва чӣ ҳангоми боздоштани тафтиши он эълон кардан мумкин аст.
  3. Дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 101 Кодекси мазкур нишондодашуда нисбат ба айбдоршавандаи дар кофтуковбуда чораҳои пешгирӣ татбиқ кардан мумкин аст. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 111 Кодекси мазкур татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан имконпазир аст.

 

Моддаи 233. Аз нав сар кардани тафтиши пешакии боздошташуда

 

  1. 1. Тафтиши пешакии боздошташуда бо қарори асосноки муфаттиш аз нав сар карда мешавад, ба шарте, ки:

– асосҳои боздоштан аз байн рафта бошанд;

– зарурати пешбурди амали тафтишӣ ба миён омада бошад, ки бе иштироки айбдоршаванда низ анҷом додани он мумкин аст.

  1. Тафтиши пешакии боздошташударо инчунин бо қарори асосноки прокурор, ки бинобар бекор кардани қарори муфаттиш дар хусуси боздоштани тафтиш баровардааст, аз нав сар кардан мумкин аст.
  2. Дар бораи аз нав сар кардани тафтиши пешакӣ айбдоршаванда ва ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида, намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо огоҳ карда мешаванд.

 

БОБИ  27. ҚАТЪ КАРДАНИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

 

Моддаи 234. Асосҳои қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ

 

  1. Парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои зерин қатъ карда мешавад:

– ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаҳои 27 ва 28 Кодекси мазкур зикршуда;

– ҳангоми исбот нашудани иштироки гумонбаршуда ё айбдоршаванда дар содир намудани ҷиноят, ба шарте, ки тамоми имкониятҳо барои ҷамъоварии далелҳои иловагӣ истифода шуда бошанд.

  1. Агар аз рўи парванда якчанд айбдоршаванда ҷалб карда шуда, вале асосҳои қатъ намудани он на ба ҳамаи айбдоршавандагон дахл дошта бошад, он гоҳ таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба айбдоршавандагони алоҳида қатъ карда мешавад.
  2. Муфаттиш дар сурати қатъи парванда бо асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мазкур, инчунин ҳангоми исбот нашудани иштироки гумонбаршуда ё айбдоршаванда дар содир намудани ҷиноят бояд барои сафед кардани шахс ва ҷуброни зарари моддии дар натиҷаи ғайриқонунӣ дастгир ва ё ҳабс кардан расонидашуда тамоми чораҳои пешбининамудаи қонунро андешад.

 

Моддаи 235. Қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ

 

  1. Дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ муфаттиш қарори асоснок қабул мекунад.
  2. Дар қисми муқаддимавии қарор вақт ва маҳалли таҳияи он, насаб, ном, номи падар ва вазифаи муфаттиш сабт карда мешавад. (ЌЉТ аз 14.03.14 с., № 1067)
  3. Дар қисми баёнию асосноккунии қарор ҳолатҳое, ки сабаб ва асоси оғози парванда гаштаанд, натиҷаҳои тафтиш ба воситаи нишон додани маълумот дар бораи шахсоне, ки аз рўи парванда дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё айбдор шудаанд, моҳияти он, бандубасти ҷиноят ва чораҳои пешгирии татбиқшуда дарҷ меёбад.
  4. Дар қисми хулосавии қарор муфаттиш дар бораи қатъи парванда бо такя ба моддаи Кодекси мазкур, ки барои қатъи парванда асос шудааст, инчунин дастур дар бораи бекор кардани чораи пешгирӣ, бекор кардани ҳабси молу мулк, дар бораи тақдири далелҳои шайъӣ инъикос карда мешавад.
  5. Дар ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун қатъи парванда танҳо бо ризои айбдоршаванда ё ҷабрдида иҷозат дода мешавад, вуҷуд доштани чунин розигӣ бояд дар қарор зикр карда шавад.
  6. Ҳангоми қатъи парванда мувофиқи асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 27 ва қисми 1 моддаи 229 Кодекси мазкур ба қарор дохил намудани ифодаҳои зери шубҳа гузорандаи бегуноҳии шахсе, ки нисбат ба ў парванда қатъ шудааст, манъ мебошад.
  7. Нусхаи қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ба прокурор фиристода мешавад.

 

Моддаи 236. Амали муфаттиш пас аз қатъи парвандаи ҷиноятӣ

 

  1. Муфаттиш аз қатъи парванда ва асосҳои қатъи он гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳимоятгарони онҳо, ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, инчунин шахс ва ё муассисаеро, ки тибқи аризаи онҳо парванда оғоз шуда буд, хаттӣ огоҳ месозад. Дар сурати қатъи парванда нисбати даъватшаванда муфаттиш дар мўҳлати ҳафт рўз ба комиссариати ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар ин бора хабар медиҳад.
  2. Ба шахсоне, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, ҳуқуқи шиносшавӣ бо маводи парванда ва тартиби шикоят кардан аз қарори қатъи он фаҳмонда мешавад. Бо хоҳиши ин шахсон нусхаи қарори қатъи парванда ба онҳо супорида мешавад.
  3. Шиносоӣ бо маводи парванда бо риояи талаботи моддаҳои 240-242 Кодекси мазкур сурат мегирад.
  4. Агар дар натиҷаи тафтиш ҳолатҳое муқаррар карда шуда бошанд, ки нисбати шахси ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидашуда ё шахсони дигар татбиқ намудани чораҳои таъсиррасонии интизомӣ ё ҷазои маъмуриро талаб мекунанд, муфаттиш парвандаро қатъ карда, маълумотро ба маъмурияти ҷои кори ў мерасонад ва маводро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ ба мақомоти салоҳиятдор равон мекунад, ба шарте, ки мўҳлати ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашидан нагузашта бошад.

 

Моддаи 237. Шикоят кардан аз қарори қатъи парвандаи  ҷиноятӣ

 

  1. Аз қарори муфаттиш дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳимоятгарони онҳо, ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва ё намояндагони онҳо, инчунин шахс ва ё намояндаи муассиса, ки тибқи аризаи онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд, ба прокуроре, ки ба тафтиш назорат мекунад, дар давоми ҳафт шабонарўз аз лаҳзаи ба онҳо супоридани нусхаи ин қарор ё огоҳинома дар бораи қатъи парванда шикоят карданашон мумкин аст.
  2. Агар парванда бо ризои прокурор қатъ карда шуда бошад, аз қарор ба прокурори болоӣ шикоят карда мешавад.
  3. Мўҳлати бо сабабҳои узрнок гузаронидашуда оид ба додани шикоят аз ҷониби прокуроре, ки ба вай шикоят расидааст, барқарор карда шуданаш мумкин аст.
  4. Дар ҳолати шикоятро қонеъ нагардонидани прокурор аз қатъи парвандаи ҷиноятӣ тибқи қоидаҳои моддаи 124 Кодекси мазкур ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 238. Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятии қатъшуда

 

  1. Агар мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс нагузашта бошад, пешбурди парвандаи ҷиноятии қатъшуда бо қарори прокурор дар ҳолатҳои зайл аз нав сар карда мешавад:

– бекор кардани қарори муфаттиш дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ;

– аз ҷониби суд бо тартиби муайяннамудаи моддаи 124 Кодекси мазкур қонеъ кунонидани шикоят дар хусуси беасос будани қатъи парвандаи ҷиноятӣ;

  1. Дар бораи аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ҳимоятгарони онҳо, ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, инчунин шахс ё муассиса, ки бо аризаи онҳо парванда оғоз шуда буд, хаттӣ огоҳ карда мешаванд.

 

БОБИ 28. БА ПРОКУРОР ИРСОЛ КАРДАНИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БО ФИКРИ АЙБДОРКУНӢ

 

Моддаи 239. Эълони анҷоми тафтиши пешакӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ

 

  1. Муфаттиш бо эътирофи он ки тамоми амалҳои тафтишӣ аз рўи парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шудаанд ва далелҳои ҷамъоварда барои тартиб додани фикри айбдоркунӣ кифояанд, вазифадор аст, ки дар ин бора айбдоршавандаро огоҳ созад ва ба ў фаҳмонад, ки ҳуқуқ дорад шахсан ё бо ёрии ҳимоятгар ба тамоми маводи парванда шинос шуда, дар бораи пурра кардани тафтиши пешакӣ барои қабул кардани қарори дигар нисбат ба парванда дархост кунад.
  2. Муфаттиш дар бораи анҷоми тафтиши пешакӣ ва ҳуқуқи шинос шудан бо маводи парванда ва арзи дархост вазифадор аст, ки ҳимоятгари айбдоршавандаро, ба шарте, ки ў дар парванда иштирок намояд, инчунин ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳоро огоҳ созад.
  3. Агар ҳимоятгари айбдоршаванда ё намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ бо сабабҳои узрнок барои шинос шудан бо парванда дар вақти муайяншуда ҳозир шуда натавонад, муфаттиш мўҳлати шиносшавиро ба муддати на бештар аз панҷ шабонарўз ба таъхир мегузорад.
  4. Дар сурати ҳозир нашудани ҳимоятгар ё намоянда дар давоми ин мўҳлат муфаттиш барои ҳозир шудани ҳимоятгар ё намояндаи дигар чора меандешад.
  5. Дар ҳолатҳои истисноӣ аз рўи парванда оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки айбдоршаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад, муфаттиш оид ба анҷоми тафтиши пешакӣ ва ҳуқуқи шинос шудан бо маводи парванда ва пешниҳоди дархост оид ба пурра кардани тафтиши пешакӣ ҳимоятгарро огоҳ менамояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).

 

Моддаи 240. Бо маводи парвандаи ҷиноятӣ шинос кардани ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо

 

  1. Муфаттиш дар ҳолати изҳори дархости шифоҳӣ ё хаттии ҷабрдида, намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо ин шахсонро бо ҳамаи маводи парванда ё бо он қисмати парванда, ки онҳо шинос шудан мехоҳанд, шинос мекунад. Агар даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндаи онҳо дар бораи шинос шудан бо маводи парванда дархост арз карда бошанд, танҳо бо он қисме, ки ба даъвои гражданӣ дахл дорад, шинос карда мешавад.
  2. Шинос кардан бо тартиби пешбиникардаи моддаи 241 Кодекси мазкур сурат мегирад.

 

Моддаи 241. Шинос кардани айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў бо маводи парванда

 

  1. Муфаттиш талаботи моддаҳои 239-240 Кодекси мазкурро иҷро намуда, ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў тамоми маводи парвандаро, ки бояд дўхта ва рақамгузорӣ шаванд, пешниҳод мекунад. Барои шиносоӣ инчунин далелҳои шайъӣ пешниҳод гардида, бо хоҳиши айбдоршаванда ё ҳимоятгари ў фонограмма, сабти видео, кинофилмҳо, слайдҳо, ба шарте, ки онҳо ба протоколи амали тафтишӣ замима гардида бошанд, барои шунидан ва тамошо кардан низ пешниҳод мешаванд. Бо хоҳиши айбдоршаванда ё ҳимоятгари ў онҳо метавонанд бо маводи парванда якҷоя ё дар алоҳидагӣ шинос карда шаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 239 Кодекси мазкур маводи парванда барои шинос шудан ба ҳимоятгар пешниҳод карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).
  2. Агар парванда аз якчанд ҷилд иборат бошад, айбдоршаванда ва ҳимоятгар дар ҷараёни шиносшавӣ бо маводи парванда ҳуқуқ доранд такроран ба ҳар як ҷилди он баргарданд, аз онҳо ҳама гуна маълумотро ба андозаи гуногун рўйнавис кунанд, аз ҷумла ҳуҷҷатҳоро бо ёрии воситаҳои техникӣ нусхабардорӣ намоянд, ки бояд аз ҷониби муфаттиш тасдиқ карда шаванд. Рўйнависҳо ва нусхаи ҳуҷҷатҳои парванда, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, дар парванда нигоҳ дошта шуда‚ ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў ҳангоми муҳокимаи судӣ супурда мешаванд, ки онҳо танҳо дар маҷлиси судӣ истифода бурда, баъди анҷоми ҳар як маҷлиси судӣ барои нигоҳ доштан дар парванда баргардонида мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1134)
  3. Мўҳлате, ки барои шинос шудани айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў бо ҳамаи маводи парванда зарур аст, маҳдуд карда намешавад. Агар айбдоршаванда ё ҳимоятгар мўҳлати шиносшавиро бо маводи парванда кашол диҳанд, муфаттиш ва прокурор ҳуқуқ доранд бо қарори асосноки худ мўҳлати муайянро, ки барои шинос шудан бо маводи парванда кифоя аст, муқаррар намоянд. Дар сурати бе сабабҳои узрнок дар мўҳлати муқарраршуда ба охир нарасонидани шиносшавӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ бо қарори муфаттиш ё прокурор шиносшавӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ анҷомёфта ҳисобида мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).
  4. Пас аз анҷоми шиносоии айбдоршаванда ва ҳимоятгар бо маводи парванда муфаттиш вазифадор аст аз онҳо пурсад, ки оё онҳо мехоҳанд дархост арз намоянд ва боз дар бораи чӣ арз кардан мехоҳанд.

 

Моддаи 242. Протокол дар бораи шиносоӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ

 

  1. Дар хусуси ба айбдоршаванда эълон кардани анҷоми тафтиши пешакӣ ва шиносоӣ бо ҳамаи маводи парванда протоколи ягона тартиб дода, дар он маҳал ва санаи гузаронидани амалҳои тафтишӣ, вақти оғоз ва анҷоми он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, бо кадом парвандаи ҷиноятӣ шиносоӣ сурат мегирад, насаб, ном, номи падари айбдоршаванда ва моддаи Кодекси ҷиноятӣ, ки дар асоси он ба ў айб эълон карда шудааст, хоҳиши айбдоршаванда бобати шиносоӣ бо иштироки ҳимоятгар ё бе иштироки ў (оид ба парвандаҳое, ки иштироки ҳимоятгар дар онҳо ҳатмӣ нест), дар бораи таъмин бо тарҷумон, варақа ва ҷилди парванда бо нишон додани вақт ва санаи шиносшавӣ, дархости айбдоршаванда ва ҳимоятгар баъди шиносоӣ бо парванда, ба шарте, ки бошанд, нишон дода мешавад. Протоколро шахсони дар шиносоӣ иштирокдошта имзо мекунанд. Зимни тартиб додани протокол талаботи моддаи 172 Кодекси мазкур низ риоя карда мешавад. Дар бораи шиносоии ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ ва ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо тибқи талаботи ҳамин модда протокол тартиб дода мешавад.
  2. Агар шиносоӣ бо маводи парванда аз ҷониби айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў ё ҷабрдида ва намояндаи ў якҷоя сурат гирифта бошад, протоколи ягона тартиб дода мешавад.

 

Моддаи 243. Арзи дархост ва баррасии он

 

  1. Дархости айбдоршаванда ва ҳимоятгари ў, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, ки пас аз шиносоӣ бо маводи парванда шифоҳӣ изҳор шудаанд, дар протоколи шиносоӣ бо маводи парванда инъикос карда мешаванд.
  2. Агар иштирокчии парванда дар бораи додани дархости хаттӣ арз кунад, барои таҳияи он вақти муайян ҷудо карда‚ дар ин бора дар протокол сабт карда, сипас он хаттӣ ба парванда замима карда мешавад.
  3. Мутобиқи моддаи 175 Кодекси мазкур муфаттиш ҳуқуқ надорад қонеъ намудани дархостро дар бораи муайян кардани ҳолатҳое, ки барои парванда дорои аҳамият мебошанд, рад кунад. Дар чунин ҳолатҳо муфаттиш вазифадор аст тафтиши пешакиро пурра намояд, зимнан бо маводи парвандаи ҷиноятӣ шинос шудани иштирокчиёни дигари мурофиа ба ҳалли дархост ва дар сурати ҳал гаштани он ба гузаронидани тафтиш монеъ намешавад.
  4. Пас аз гузарондани амали иловагии тафтишӣ муфаттиш вазифадор аст иштирокчиёни мурофиаро аз хатми тафтиши пешакӣ аз нав огоҳ созад ва ба онҳо шароит фароҳам оварад, ки бо маводи иловагии парванда шинос шаванд.
  5. Дар сурати пурра ё қисман рад намудани қонеъгардонии дархост муфаттиш қарор бароварда, тартибу мўҳлати шикоят оварданро фаҳмонида, нусхаи қарорро ба аризадиҳанда равон мекунад.

 

Моддаи 244. Фикри айбдоркунӣ

 

  1. Пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо маводи парванда шинос кардани шахсони дар моддаи 239 Кодекси мазкур номбаршуда муфаттиш фикри айборкуниро тартиб медиҳад.
  2. Фикри айбдоркунӣ аз қисми муқаддима, баёнию асосноккунӣ ва хулоса иборат аст.
  3. Дар қисми муқаддима муфаттиш ном, номи падар ва насаби и айбдоршаванда (айбдоршавандагон)-ро, ки нисбат ба ў (онҳо) фикри айбдоркунӣ таҳия мегардад, модда, қисм ва банди қонуни ҷиноятӣ, ки мувофиқи он амали ў бандубаст мешавад, инъикос мекунад.
  4. Дар қисми баёнию асосноккунӣ инҳо инъикос мегарданд:

– моҳияти айбдоркунӣ;

– маҳал ва вақти содир намудани ҷиноят;

– усул, сабаб, оқибат ва ҳолатҳои дигари муҳим;

– маълумот дар бораи ҷабрдида, хусусият ва андозаи зарари ба ў расонидашуда, даъвогар ва ҷавобгари гаражданӣ;

– далелҳои тасдиқкунандаи гуноҳи айбдоршаванда;

– ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо;

– ваҷҳҳое, ки айбдоршаванда барои ҳимояи худ пеш меорад ва натиҷаи санҷиши ин ваҷҳҳо.

  1. Фикри айбдоркунӣ бояд истинод ба ҷилд ва саҳифаҳои парвандаро дар бар гирад.
  2. Дар қисми хулоса маълумоти шахсияти айбдоршаванда, ифодаи айби эълоншуда бо нишон додани қонуни ҷиноятӣ (модда, қисм, банд), ки барои ҳамин ҷиноят ҷавобгариро пешбинӣ мекунад, зикр мегардад.
  3. Муфаттиш маҳал ва санаи таҳияи фикри айбдоркуниро нишон дода, онро имзо мекунад.

 

Моддаи 245. Замима ба фикри айбдоркунӣ

 

  1. Ба фикри айбдоркунӣ рўйхати айбдоршаванда, ҷабрдида, шоҳидон, коршинос, ки бояд ба маҷлиси суд даъват шаванд, замима мегардад.
  2. Ба фикри айбдоркунӣ инчунин маълумотнома дар бораи мўҳлати тафтиш, чораҳои интихобшудаи пешгирӣ бо нишон додани мўҳлати нигоҳ доштан дар ҳабс ва ҳабси хонагӣ, дар хусуси далелҳои шайъӣ ва ҷойи нигоҳдошти онҳо, даъвои гражданӣ, дар бораи чораҳое, ки барои таъмини даъвои гражданӣ ва имконпазирии мусодираи молу мулк андешида шудаанд, хароҷоти мурофиавӣ замима карда мешаванд.
  3. Дар рўйхати шахсоне, ки бояд ба маҷлиси суд даъват карда шаванд, ном, номи падар ва насаб, маҳалли зист ё будубоши онҳо ва варақаҳои парванда, ки дар он нишондоди онҳо ё хулосаҳо инъикос гардидаанд, зикр мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва Кодекси мазкур дар ин рўйхат танҳо тахаллуси шахсоне, ки бояд ба маҷлиси суд даъват карда шаванд, сабт мегардад.

 

Моддаи 246. Ба прокурор ирсол кардани парвандаи ҷиноятӣ

 

Баъди аз ҷониби муфаттиш имзо шудани фикри айбдоркунӣ парвандаи ҷиноятӣ фавран ба прокурор равон карда мешавад.

 

БОБИ 29. АМАЛ ВА ҚАРОРИ ПРОКУРОР ОИД БА ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТИЕ, КИ БО ФИКРИ АЙБДОРКУНӢ ВОРИД ШУДААСТ

 

Моддаи 247. Масъалаҳоеро, ки прокурор вобаста ба парвандаи ҷиноятии бо фикри айбдоркунӣ воридшуда ҳал мекунад

 

  1. Прокурор бояд дар мўҳлати ҳафт шабонарўз парвандаи ҷиноятии бо фикри айбдоркунӣ воридшударо омўхта, ҳолатҳои зеринро санҷад:

– оё кирдори ҷиноятии ба айбдоршаванда мансуб ҷой дорад ва дар ин кирдор таркиби ҷиноят мавҷуд аст ё не;

– оё дар парванда ҳолатҳое мавҷуд нестанд, ки метавонанд боиси қатъи он гарданд;

– оё айби эълоншуда асоснок аст ва он бо далелҳои дар парванда мавҷуда тасдиқ мегардад;

– оё нисбат ба ҳамаи кирдорҳои содиркардаи айбдоршаванда, ки муайян ва исбот шудаанд, айб эълон карда шудааст;

– оё ҳамаи шахсоне, ки дар парванда дар бораи ҷиноят содир намуданашон далел ба даст оварда шудааст, ба сифати айбдоршаванда ҷалб гардидаанд;

– оё кирдори айбдоршаванда дуруст бандубаст шудааст;

– оё чораи  пешгирӣ дуруст интихоб гардидааст ва ё дар парванда барои тағйир додан ё бекор кардани он асос мавҷуд аст;

– оё барои таъмини даъвои гражданӣ ва имконпазирии мусодираи молу мулк чораҳо андешида шудаанд;

– оё фикри айбдоркунӣ мутобиқи талаботи Кодекси мазкур тартиб дода шудааст;

– оё дар пешбурди тафтиши пешакӣ ба вайронкунии ҷиддии қонуни мурофиавии ҷиноятӣ роҳ дода нашудааст;

– оё таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ ҳамаҷониба, пурра ва холисона гузаронида шудааст;

– оё шароите, ки барои содиршавии ҷиноят мусоидат кардаанд, муайян карда, барои рафъи оқибати онҳо чора андешида шудааст.

  1. Мўҳлати дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ба мўҳлати тафтиш дохил намешавад.

 

Моддаи 248. Қарори прокурор оид ба парвандае, ки бо фикри айбдоркунӣ ворид гардидааст

 

  1. Прокурор ё муовини ў парвандаи аз муфаттиш бо фикри айбдоркунӣ воридшударо баррасӣ намуда, ҳуқуқ доранд яке аз қарорҳои зеринро қабул намоянд:

– фикри айбдоркуниро тасдиқ кунанд;

– бо қарори худ бандҳои алоҳидаи айбдоркуниро хориҷ намоянд;

– кирдори айбдоршавандаро бо татбиқи қонун дар бораи ҷазои нисбатан сабук бандубаст намоянд;

– парвандаи ҷиноятиро пурра ё нисбат ба айбдоршавандагони алоҳида қатъ намоянд;

– парвандаро бо дастуроти хаттии худ барои пешбурди тафтиши иловагӣ ё аз нав таҳия кардани фикри айбдоркунӣ ба муфаттиш баргардонанд;

– дар ҳолатҳои истисноӣ аз рўи парванда оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки айбдоршаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ  мекунад‚ фикри айбдоркуниро тасдиқ карда, парвандаро ба суд бо дархост оид ба гузаронидани мурофиаи судӣ дар ғоибии судшаванда ирсол намояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).

–  фикри айбдоркунӣ тартиб диҳанд.

  1. Прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда фикри айбдоркунии парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳое, ки барои онҳо дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ё ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, аз рӯи тобеият тасдиқ мекунанд. Фикри айбдоркунии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳое, ки барои онҳо дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ё ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва муовинони онҳо аз рӯи тобеият тасдиқ карда мешавад. (ЌЉТ аз 14.03.14 с., № 1067)

 

Моддаи 249. Қарор дар бораи чораҳои пешгирӣ

 

Оид ба парвандаи ҷиноятие, ки бо фикри айбдоркунӣ ба прокуратура ворид шудааст, прокурор ё муовини ў дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд бо қарори худ чораҳои пешгирии қаблан дар ҳаққи айбдоршаванда андешидашударо бекор кунанд ё тағйир диҳанд, инчунин чораҳои дигари пешгириро ба истиснои ҳабс кардан ё ба ҳабси хонагӣ гирифтан интихоб намоянд.

 

Моддаи 250. Ба суд ирсол кардани парвандаи ҷиноятӣ

 

  1. Пас аз тасдиқ кардани фикри айбдоркунӣ прокурор ба айбдоршаванда ва дар ҳолатҳои бо сархати шашуми қисми 1 моддаи 248 Кодекси мазкур пешбининамуда, ба ҳимоятгар супоридани нусхаи фикри айбдоркунӣ ва замимаи онро таъмин мекунад. Агар айбдоршаванда забонеро, ки бо он фикри айбдоркунӣ тартиб дода шудааст, надонад, нусхаи фикри айбдоркунӣ бо тарҷума ба забоне, ки ў медонад, супурда мешавад. Бо дархости ҳимоятгар ё ҷабрдида нусхаи фикри айбдоркунӣ ба онҳо низ супурда мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1275; ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).
  2. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан бо дархости прокурор, муфаттиш ва ё таҳқиқбаранда ба айбдоршавандаи дар ҳабс нигоҳдошташуда нусхаи фикри айбдоркуниро бо гирифтани забонхат, ки дар он бояд имзо, рўз ва вақти супоридан гузошта шавад, месупорад. Нусхаи аслии забонхат ба суд пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1275)
  3. Прокуроре, ки фикри айбдоркуниро тасдиқ кардааст, бояд парвандаи ҷиноятиро ба суд аз рўи тобеияти судӣ ирсол карда, ҳамзамон дар ин бора ба айбдоршаванда, ҳимоятгар, ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо хабар диҳад. (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1275)
  4. Баъди ба суд ирсол кардани парвандаи ҷиноятӣ ҳамаи дархосту шикоятҳо оид ба парванда бевосита ба суд ирсол карда мешаванд. (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1275)

 

ҚИСМИ III. ПЕШБУРДИ СУДӢ

ФАСЛИ VIII. ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ ЯКУМ

БОБИ 30. ТОБЕИЯТИ СУДӢ

 

Моддаи 251. Тобеияти судии парвандаҳои ҷиноятӣ

 

  1. Ба судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ, ба ғайр аз парвандаҳое, ки ба судҳои болоӣ ё судҳои ҳарбӣ тобеанд, тобеияти судӣ доранд.
  2. Судҳои шаҳрӣ ва ноҳияви дар рафти баррасии тосудии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба масъалаҳое, ки дар қисми 1 моддаи 35 ва моддаи 124 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, қарор қабул менамоянд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

 

 

Моддаи 252. Тобеияти парвандаҳои ҷиноятӣ ба суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои  вилоят, суди шаҳри Душанбе

 

Ба суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ, ки барои онҳо мутобиқи қонун ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум кардан ё ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, ба ғайр аз парвандаҳои марбути судҳои ҳарбӣ, тобеияти судӣ доранд.

 

Моддаи 253. Тобеияти парвандаҳои ҷиноятӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятие, ки дар моддаи 252 Кодекси мазкур зикр шудаанд ва онҳо дар ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ содир шудаанд, тобеияти судӣ доранд.
  2. Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин парвандаҳои ҷиноятие, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд ва ё тибқи қонун баррасии онҳо ба салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шудааст, тобеияти судӣ доранд.

 

Моддаи 254. Тобеияти парвандаҳои ҷиноятӣ ба судҳои ҳарбӣ

 

  1. Ба судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятии зерин тобеияти судӣ доранд:

– парвандаҳо дар бораи тамоми ҷиноятҳое, ки хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин ўҳдадорони ҳарбӣ дар давраи гузаштани ҷамъомади ҳарбӣ содир намудаанд;

– парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳое, ки хизматчиёни ҳарбии воҳидҳо ва қисмҳои милитсияи аз рўи даъват ташкилкардашудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардаанд;

– парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои зидди тартиби муқарраршудаи адои хизмат, ки шахсони ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои ислоҳӣ содир намудаанд;

– парвандаҳо дар бораи ҷосусӣ.

  1. Судҳои ҳарбӣ якҷоя бо парвандаҳои ҷиноятӣ даъвои граждании қисмҳои ҳарбӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, шахсони дигари ҳуқуқиро, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, ҳамчунин даъвои шаҳрвандонро дар бораи рўёнидани товони зарари моддие, ки ба онҳо дар натиҷаи ҷинояти содирнамудаи хизматчиёни ҳарбӣ расонида шудааст, баррасӣ менамоянд.
  2. Судҳои ҳарбии гарнизонҳо дар рафти баррасии тосудии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба масъалаҳои дар қисми 1 моддаи 35 ва моддаи 124 ҳамин Кодекс пешбинигардида қарор қабул менамоянд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбини нагардида бошад. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)
  3. Ҳангоми айбдор донистани шахс ё гурўҳи шахсон дар содир намудани як ё якчанд ҷиноят, ба шарте, ки ақаллан парванда дар бораи як ҷиноят ба Суди ҳарбӣ тобеият дорад, парвандаҳои ҳамаи ҷиноятҳоро Суди ҳарбӣ баррасӣ мекунад.
  4. Ҳангоми айбдор донистани гурўҳи шахсон дар содир намудани як ё якчанд ҷиноят, ба шарте, ки парванда ақаллан нисбат ба як айбдоршаванда дар тобеияти суди ҳарбӣ қарор дошта бошад, парвандаҳоро нисбат ба ҳамаи айбдоршавандагон суди ҳарбӣ баррасӣ менамояд.
  5. Парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳои шахсони дар сархатҳои якум-сеюми қисми 1 ҳамин модда зикршуда, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ содир намудаанд ва дар вақти баррасии парванда дар суд аз хизмат ҷавоб шудаанд, судҳои ҳарбӣ баррасӣ мекунанд.
  6. Тобеияти судии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки шахс то вақти даъват ба хизмат ё дохил шудан ба хизмати низомии дар мақомоти дар сархатҳои якум – сеюми қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида содир намудааст, тибқи талаботи моддаҳои 251-253 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.
  7. Ба Суди ҳарбии гарнизон парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содирнамудаи шахсони дорои унвони то подполковник тобеияти судӣ доранд.
  8. Парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содирнамудаи шахсоне, ки дорои унвони полковник ва аз он баланд ё вазифаи фармондеҳи полкро ишғол мекунанд ва шахсони аз рўи вазифаи хизматӣ ба онҳо баробар, парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содирнамудаи хизматчиёни ҳарбӣ, ки барои онҳо қонуни ҷиноятӣ ҷазои якумра маҳрум кардан аз озодӣ ё қатл пешбинӣ намудааст, ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судӣ доранд.
  9. Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳама гуна парвандаро, ки ба суди ҳарбии поёнӣ тобеияти судӣ доранд, ба сифати суди марҳилаи якум ба баррасии худ қабул намояд.

 

Моддаи 255. Ҳуқуқи суди болоӣ барои ба баррасӣ гирифтани парвандаҳои ҷиноятии тобеи суди поёнӣ

 

Суди болоӣ дар ҳолатҳои истисно ҳуқуқ дорад аз суди поёнӣ ҳама гуна парвандаҳои ҷиноятиро талаб карда, ба пешбурди худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ намояд.

 

Моддаи 256. Тобеияти судии ҳудудии парвандаҳои ҷиноятӣ

 

Парвандаи ҷиноятӣ бояд дар ҳамон суде мавриди баррасӣ қарор гирад, ки дар ҳудуди фаъолияти он ҷиноят содир шудааст. Агар маҳалли содир шудани ҷиноятро муайян кардан имконнопазир бошад, парванда тобеи он суде мебошад, ки дар доираи ҳудуди фаъолияти он пешбурди тафтиши пешакӣ ё таҳқиқи парванда анҷом дода шудааст.

 

Моддаи 257. Муайян кардани тобеияти судӣ ҳангоми якҷоя кардани парвандаҳои ҷиноятӣ

 

  1. Ҳангоми айбдор кардани шахс ё гурўҳи шахсон дар содир намудани якчанд ҷиноят, ки парвандаи онҳо ба судҳои марҳилаҳои гуногун тобеият дорад, парванда оид ба ҳамин ҷиноятҳо аз ҷониби суди марҳилаи болоии судҳои зикршуда баррасӣ карда мешавад.
  2. Парванда тобеи якчанд судҳои марҳилаи якхела дар суде баррасӣ карда мешавад, ки дар ҳудуди фаъолияти он тафтиши пешакӣ ё таҳқиқи парванда ба охир расонида шудааст.

 

Моддаи 258.  Супурда шудани парвандаи ҷиноятӣ аз рўи тобеияти судӣ

 

  1. Агар суд, судя ҳангоми муайян кардани он ки парвандаи воридшуда тобеи ҳамин суд намебошад, онро аз рўи тобеияти судӣ равон мекунад.
  2. Агар суд, судя муайян намояд, ки парвандаи ҷиноятии дар пешбурдаш қарордошта ба суди дигари марҳилаи якхела тобеият дорад, танҳо дар ҳамон ҳолат ҳуқуқ дорад ин парвандаи ҷиноятиро дар пешбурдаш монад, ба шарте, ки баррасии парвандаро дар маҷлиси суд оғоз намуда бошад. Агар парванда тобеи суди болоӣ ё суди ҳарбӣ бошад, он бояд дар ҳама ҳолат аз рўи тобеияти судӣ равона карда шавад.
  3. Парвандаеро, ки баррасиаш дар маҷлиси судии суди болоӣ оғоз шудааст, ба суди поёнӣ ирсол кардан мумкин нест.

 

Моддаи 259. Ба суди дигар супурдани парвандаи ҷиноятӣ аз суде, ки таҳти тобеияти судии он қарор дорад

 

  1. Дар ҳолатҳои алоҳида бо мақсади пурра ва холисона баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ онро аз як суд ба суди дигари ҳамто супурдан мумкин аст. Бо ин асосҳо супурдани парвандаи ҷиноятӣ танҳо пеш аз оғози баррасии он дар маҷлиси суд иҷозат дода мешавад.
  2. Масъалаи бо асосҳои зикршуда супурдани парвандаи ҷиноятӣ аз суди ноҳия (шаҳр) ба суди дигар дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе мувофиқан аз ҷониби раиси суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, раисони судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе иҷозат дода мешавад.
  3. Ба суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе аз як суд ба суди дигари шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супурдани парвандаи ҷиноятиро бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ў иҷозат медиҳанд.

 

Моддаи 260. Норавоии баҳс дар бораи тобеияти судӣ

 

Баҳсҳо дар бораи тобеияти судӣ байни судҳо нораво мебошад. Ҳама гуна парвандае, ки бо тартиби пешбиникардаи моддаҳои 258 ва 259 Кодекси мазкур аз як суд ба суди дигар ирсол гардидааст, бояд аз ҷониби суде, ки ба он равон карда шудааст, бе чунучаро барои пешбурд қабул карда шавад.

 

БОБИ 31. ТАЪИНИ МУҲОКИМАИ СУДӢ ВА ОМОДАГӢ БА ОН

 

Моддаи 261. Салоҳияти судя оид ба парвандаи ба суд воридшуда

 

  1. Судя оид ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:

– дар бораи таъин намудани маҷлиси суд;

– дар бораи баргардонидани парванда ба тафтиши иловагӣ;

– дар бораи боздоштани пешбурди парванда;

– дар бораи тибқи тобеияти судӣ фиристодани парванда;

– дар бораи  қатъ кардани парванда.

  1. Оид ба парвандаи ҷиноятӣ судя санади худро дар шакли қарор қабул мекунад, ки дар он бояд инҳо нишон дода шаванд:

– вақт ва маҳалли қабул кардани қарор;

– мансаб, насаб, ном ва номи падари судяе, ки қарор қабул кардааст;

– асос ва моҳияти қарорҳои қабулшуда.

  1. Қарор бояд дар мўҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарўз аз лаҳзаи ба суд ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ қабул карда шавад. Барои парвандаҳои мураккаб ва ҳаҷман калон мўҳлат мумкин аст бо қарори раиси суд то як моҳ дароз карда шавад.

 

Моддаи 262. Муайян намудани ҳолатҳои вобаста ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда

 

  1. Ҳангоми ба суд ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ судя бояд ҳолатҳои зеринро муайян кунад:

– парванда таҳти тобеияти ҳамин суд қарор дорад ё не;

– ҳолатҳое, ки боиси қатъ ё боздоштани пешбурди ҳамин парванда мегарданд, вуҷуд доранд ё не;

– ҳангоми пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ, ки барои таъин намудани маҷлиси суд монеа шуда метавонад, роҳ дода шудааст ё не;

– нусхаи фикри айбдоркунӣ ё қарори оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ оид ба пешбурди суръатнок супурда шудаанд ё не;

– чораи пешгирии интихобгардидаро тағйир додан ё бекор кардан зарур аст ё не;

– ҷиҳати таъмини рўёнидани товони зарар, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят расонида шудааст ва эҳтимоли мусодираи молу мулк чора андешида шудааст ё не;

– ариза ва дархостҳо қобили қонеъ гардониданианд ё не.

  1. Ҳангоми баррасии ариза ва дархостҳо судя ҳуқуқ дорад барои додани тавзеҳот шахс ё намояндаи ташкилотеро, ки дархостро пешниҳод кардааст, даъват кунад.
  2. Аз натиҷаи баррасии дархост шахс ё муассисаи дархостро пешниҳоднамуда хабардор карда мешавад. Рад намудани дархост мавриди шикоят қарор дода намешавад, аммо онро аз нав дар маҷлиси суд пешниҳод намудан мумкин аст.

 

Моддаи 263. Таъин кардани маҷлиси суд

 

  1. Судя мавҷуд набудани асосҳои барои баррасии парванда дар маҷлиси суд монеашавандаро муайян намуда, дар бораи таъини маҷлиси суд қарор мебарорад.
  2. Дар қарори таъини маҷлиси суд масъалаҳои зайл ҳал карда мешаванд:

–  дар бораи ҷой ва вақти муҳокимаи судӣ;

–  дар бораи дар муҳокимаи судӣ иштирок доштани ҳимоятгар, ба шарте, ки иштироки вай ҳатмӣ бошад;

–  дар бораи шахсоне, ки ба маҷлиси суд даъват карда мешаванд;

– дар хусуси дар маҷлиси пўшидаи суд баррасӣ кардани парванда дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 273 Кодекси мазкур.

  1. Дар баробари масъалаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикршуда дар қарори таъини маҷлиси суд бояд чораи пешгирӣ нисбат ба шахсоне, ки аз рўи парвандаи ҷиноятӣ айбдор дониста мешаванд, маълумот дар бораи шахсияти онҳо‚ бандубасти ҷинояте, ки ба онҳо нисбат дода мешавад, инъикос гардад.
  2. Тарафҳо бояд дар мўҳлати на камтар аз панҷ шабонарўз дар бораи вақти оғози муҳокимаи суд огоҳ карда шаванд.

 

Моддаи 264. Баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиши иловагӣ

 

  1. Дар ҳолати ҷиддан риоя накардани талаботи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар мурофиаи судӣ судя ҳуқуқ дорад парвандаро барои тафтиши иловагӣ баргардонад.
  2. Парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиши иловагӣ ба прокурор баргардонида мешавад. Судя бояд дар қарори худ зикр кунад, ки парванда дар кадом асос баргардонида шудааст ва ба таври мушаххас кадом амали тафтиширо ҳангоми тафтиши иловагӣ гузаронидан зарур аст.
  3. Ҳангоми ба тафтиши иловагӣ баргардонидани парванда судя бояд масъалаи татбиқи чораи пешгириро нисбат ба айбдоршаванда ҳал кунад.

 

Моддаи 265. Боздоштани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ

 

  1. Суд, судя пешбурди парвандаи ҷиноятиро дар ҳолатҳои зайл бозмедорад:

– ҳангоме ки айбдоршаванда пинҳон шудааст ва маҳалли будубоши ў маълум нест;

– ҳангоми бемори вазнин будани айбдоршаванда, ки аз ҷониби духтури муассисаи давлатӣ тасдиқ карда шудааст;

– ҳангоми пешниҳоди суд, судя ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи конститутсионӣ будани қонуни дар ҳамин парванда татбиқшуда;

– ҳангоми таъин намудани экспертиза.

  1. Судя дар бораи боздоштани пешбурди парванда қарор қабул мекунад.
  2. Ҳангоми боздоштани пешбурди парванда бо асосҳои пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 ҳамин модда парвандаи ҷиноятӣ барои кофтукови айбдоршаванда ба прокурор баргардонида мешавад. Агар асосҳои боздоштани парванда аз байн рафта бошанд, пешбурди он аз сари нав оғоз карда мешавад.

 

Моддаи 266. Равон кардани парвандаи ҷиноятӣ аз рўи тобеияти судӣ

 

Агар судя масъалаи таъини муҳокимаи судиро ҳаллу фасл намуда, муайян намояд, ки парвандаи ҷиноятӣ ба ҳамин суд тобеият надорад, онро бо қарори худ тибқи талаботи боби 30 Кодекси мазкур аз рўи тобеият равон мекунад.

 

Моддаи 267. Чораҳои таъмини даъвои гражданӣ ва мусодираи  молу мулк

 

Дар сурати аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор наандешидани чорае, ки рўёнидани товони зарари бо ҷиноят расонидашуда ва эҳтимоли мусодираи молу мулкро таъмин менамояд, судя бо қарори худ мақомоти тафтишотро вазифадор мекунад, ки чораҳои зарури таъминотӣ андешанд.

 

Моддаи 268. Қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ

 

  1. Судя ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар сархатҳои сеюм-нўҳуми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мазкур нишондодашуда оид ба қатъ намудани парванда қарор мебарорад. Судя дар бораи қатъ намудани парванда қарор бароварда, чораи пешгирӣ, даъвои гражданӣ, мусодираи молу мулкро тағйир медиҳад ва масъалаи далелҳои шайъиро ҳал мекунад. Нусхаи қарори судя дар бораи қатъ намудани парванда ба прокурор, инчунин ба шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда ва ба ҷабрдида супурда мешавад.
  2. Судя инчунин ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 28 Кодекси мазкур нишондодашуда бо дархости прокурор ва ризои ҷабрдида метавонад парвандаро қатъ кунад.
  3. Нисбати қарор дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ шикоят ва эътироз кардан мумкин аст.

 

Моддаи 269. Тайёр намудани муҳокимаи судӣ

 

Баъди аз ҷониби судя баровардани қарор дар бораи таъин намудани маҷлиси суд бо супориши ў котиби маҷлиси суд:

– ба судшаванда ва ҷабрдида нусхаи қарори чораи пешгириро нисбат ба судшаванда мефиристад, ба шарте, ки он аз тарафи судя тағйир дода шуда бошад;

– ба маҷлиси суд шахсонеро даъват менамояд, ки дар бораи зарурати даъвати онҳо судя дар қарори таъин кардани маҷлиси суд нишон додааст;

– дигар чораҳоро оид ба тайёр кардани муҳокимаи судӣ меандешад.

 

Моддаи 270. Ба тарафҳо таъмин намудани имконияти шиносоӣ бо маводи парванда

 

Судя баъди таъини маҷлиси суд вазифадор аст ба тарафҳо дар асоси дархости онҳо барои шиносоӣ бо ҳамаи маводи парвандаи ҷиноятӣ ва аз он рўйнавис кардани маълумоти зарурӣ имконият фароҳам оваранд.

 

Моддаи 271. Мўҳлати оғози муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси суд

 

Баррасии парвандаи ҷиноятӣ бояд дар мўҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарўз аз лаҳзаи баровардани қарори судя дар бораи таъин намудани маҷлиси суд, дар ҳолатҳои истисноӣ бошад, дар мўҳлати сӣ шабонарўз дар маҷлиси суд оғоз карда шавад.

 

БОБИ 32. ШАРТҲОИ УМУМИИ МУҲОКИМАИ СУДӢ

 

Моддаи 272. Муҳокимаи бевосита ва шифоҳии судӣ

 

  1. Дар муҳокимаи судӣ ҳамаи далелҳои парванда бояд таҳти тафтиши бевосита қарор дода шаванд. Суд, судя бояд нишондоди судшаванда, ҷабрдида, шоҳид, хулосаи коршиносонро шунавад, далелҳои шайъиро аз назар гузаронад, протокол ва дигар ҳуҷҷатҳоро эълон кунад ва дигар амалҳои судиро оид ба тафтиши далелҳо анҷом диҳад.
  2. Эълони нишондоде, ки ҳангоми пешбурди таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ дода шудаанд, танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур иҷозат дода мешавад.
  3. Ҳукми суд, судя танҳо бо он далелҳое, ки дар маҷлиси суд тафтиш шудаанд, асоснок карда мешавад.

 

Моддаи 273. Муҳокимаи ошкорои судӣ

 

  1. Суд, судя бояд ошкоро будани муҳокимаи судии парвандаро, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки он ба фош шудани сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшуда оварда мерасонад, таъмин намояд.
  2. Муҳокимаи пўшидаи судӣ, инчунин бо таъиноти асосноки суд (қарори судя) оид ба парвандаҳои ҷиноятии шахсоне, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд, ба муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ва ҷиноятҳои дигар, бо мақсади пешгирии фош шудани маълумоти ҷанбаҳои маҳрамонаи шахсони иштирокчии парванда ё маълумоте, ки шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, инчунин дар ҳолатҳое, ки онро манфиати таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиа ва шоҳидон ё хешовандони наздики онҳо талаб мекунад, мумкин аст гузаронида шавад.
  3. Парванда дар маҷлиси пўшидаи суд бо риояи ҳамаи қоидаҳои пешбурди судӣ баррасӣ карда мешавад. Таъиноти суд (қарори судя)-ро дар хусуси дар маҷлиси пўшида баррасӣ намудани парванда оид ба тамоми муҳокима ё қисмҳои алоҳидаи он баровардан мумкин аст.
  4. Бо мақсади риояи махфияти мукотиба ва муросилоти телеграфӣ, тафтиш намудани мукотибаи хусусӣ ва иттилооти шахсии шаҳрвандон дар маҷлиси ошкорои суд танҳо бо иҷозати шахсоне, ки байни онҳо чунин мукотиба ё иттилооти телеграфӣ сурат гирифтааст, иҷозат дода мешавад. Дар акси ҳол чунин мукотиба ва иттилооти телеграфӣ дар маҷлиси пўшидаи суд эълон ва тафтиш карда мешавад. Қоидаҳои зикршуда инчунин ҳангоми тафтиши сабтҳои овоз ва видео, ки дорои хусусияти шахсӣ мебошанд, татбиқ карда мешаванд.
  5. Шахсони иштирокчии маҷлиси ошкорои суд ҳуқуқ доранд рафти мурофиаро ба коғаз ва навори магнитофон сабт намоянд. Суратгирӣ ва сабти видео танҳо бо иҷозати раисикунанда ва ризои тарафҳо мумкин аст.
  6. Ноболиғони то шонздаҳсола, ба шарте, ки судшаванда, ҷабрдида ё аз рўи парванда шоҳид набошанд, ба толори маҷлиси суд роҳ дода намешаванд.
  7. Ҳукми суд ба таври ошкоро эълон карда мешавад. Дар ҳолатҳои баррасии парванда дар маҷлисҳои пўшида тибқи таъиноти (қарори) асосноки суд, судя, танҳо қисми муқаддима ва хулосаи ҳукм эълон карда мешавад.

 

Моддаи 274. Тағйирнопазирии ҳайати суд ҳангоми муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ

 

  1. Ҳангоми дастаҷамъона баррасӣ кардани парванда, он бояд аз ҷониби ҳамон ҳайати суд мавриди баррасӣ қарор гирад.
  2. Дар сурати имконнопазирии иштироки яке аз судяҳо дар маҷлиси суд ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 275 Кодекси мазкур он бо судяи дигар иваз карда, муҳокимаи парванда аз нав шурўъ карда мешавад.

 

Моддаи 275. Машваратчии халқии эҳтиётӣ

 

Оид ба парвандаи ҷиноятие, ки барои муҳокимаи судӣ муддати дарозро талаб мекунад, мумкин аст машваратчии халқии эҳтиётӣ ҷалб карда шавад. Машваратчии халқии эҳтиётие, ки аз оғози муҳокимаи парванда дар толори маҷлиси суд иштирок дорад, дар сурати хориҷ шудани яке аз машваратчиёни халқӣ ўро иваз мекунад ва муҳокимаи парванда идома дода мешавад.

 

Моддаи 276. Раисикунанда дар маҷлиси суд

 

Раисикунанда ба маҷлиси суд роҳбарӣ намуда, тамоми чораҳои пешбининамудаи Кодекси мазкурро барои таъмини мубоҳиса ва баробарии тарафҳо меандешад, ки суд ҳаққонӣ ва беғаразона ҷараён гирад ва барои ҳамаҷониба ва пурра тафтиш намудани ҳолатҳои парванда барои тарафҳо шароити зарурӣ фароҳам оварад. Раисикунанда инчунин риояи тартиботи маҷлиси судро таъмин намуда, ба ҳамаи иштирокчиёни муҳокимаи судӣ ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшон ва тартиби татбиқи онҳоро мефаҳмонад. Дар сурати аз ҷониби яке аз иштирокчиёни муҳокимаи судӣ арз кардани норозигӣ ба амали раисикунанда ин норозигӣ дар протоколи маҷлиси суд инъикос мегардад.

 

Моддаи 277. Баробарҳуқуқии тарафҳо дар муҳокимаи судӣ

 

Айбдоркунанда, судшаванда, ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо барои изҳори раддия ва дархост, пешниҳоди далел, иштирок дар тафтиш, баромад дар музокираҳои судӣ, ба суд пешниҳод кардани тавсия оид ба ҳамаи масъалаҳои дар сархатҳои як-шаши қисми 1 моддаи 335 Кодекси мазкур нишондодашуда, инчунин барои иштирок дар баррасии ҳама масъалаҳои дигар, ки ҳангоми муҳокимаи судии парванда ба миён меоянд, аз ҳуқуқи баробар истифода мебаранд.

 

Моддаи 278. Котиби маҷлиси суд

 

  1. Котиби маҷлиси суд ҳозир шудани шахсонеро, ки бояд дар маҷлиси суд иштирок кунанд, тафтиш намуда, бо супориши раисикунанда дигар амалҳои пешбининамудаи Кодекси мазкурро анҷом медиҳад.
  2. Котиби маҷлиси суд протоколи маҷлиси судро тартиб медиҳад. Ӯ вазифадор аст амал ва қарори суд, инчунин амали иштирокчиёни мурофиаро, ки дар ҷараёни маҷлис ҷой доштанд, пурра ва саҳеҳ дар протокол инъикос намояд.

 

Моддаи 279. Иштироки айбдоркунандаи давлатӣ дар муҳокимаи судӣ

 

  1. Дар мурофиаи суд иштироки айбдоркунандаи давлатӣ ҳатмист,ба истиснои парвандаҳои ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ, ки дар онҳо айбдоркуниро ҷабрдида дастгирӣ мекунад.
  2. Прокурор ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ дар суд бо парвандаҳои ҷиноятии айбдоркунии умумӣ ва хусусӣ-умумӣ айбдоркунии давлатиро дастгирӣ мекунад.
  3. Оид ба парвандаҳои мураккаб ва бисёрлаҳза айбдоркуниро якчанд айбдоркунандаи давлатӣ дастгирӣ карда метавонад.
  4. Дар сурати ғайриимкон будани иштироки айбдоркунандаи давлатӣ дар ҷараёни тамоми муҳокимаи судӣ ўро иваз кардан мумкин аст.
  5. Ворид шудани айбдоркунандаи давлатӣ ба баррасии парванда боиси такрори амалҳое намегардад, ки то ин лаҳза дар суд анҷом дода шуда буданд, вале бо дархости ў барои шиносоӣ бо маводи парванда ва далелҳои дар тафтиши суд баррасишуда суд ба ў вақт ҷудо мекунад.
  6. Айбдоркунандаи давлатӣ, ки айбдоркуниро дастгирӣ мекунад, аз рўи талаботи қонун ва эътиқоди ботинии худ амал мекунад.
  7. Айбдоркунандаи давлатӣ дар тафтиши далел иштирок намуда, ба суд ақидаи худро дар бораи моҳияти айбдоркунӣ ва дигар масъалҳое, ки ҳангоми муҳокимаи судӣ ба миён омадаанд, баён мекунад, инчунин ба суд дар бораи татбиқи қонуни ҷиноятӣ ва ба судшаванда таъин намудани ҷазо фикри худро изҳор менамояд.
  8. Айбдоркунандаи давлатӣ мутобиқи талаботи Кодекси мазкур даъвои граждании ҷабрдидаро пешниҳод ё дастгирӣ мекунад, ба шарте, ки онро ҳифзи манфиати давлат ё ҷамъият ё ҳуқуқи шаҳрвандон талаб намояд.
  9. Айбдоркунандаи давлатӣ ҳуқуқ дорад дар бораи сабук кардани айбдоркунӣ таклиф пешниҳод намояд, пурра ё қисман аз айбдоркунӣ даст кашад.
  10. Аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандаи давлатӣ, ба шарте, ки ҷабрдида ҳам аз айбдоркунӣ даст кашида бошад, барои аз ҷониби суд қабул кардани таъинот (қарор)-и қатъ намудани парванда асос шуда метавонад.
  11. Агар ҷабрдида аз айбдоркунӣ даст накашида бошад, суд муҳокимаи парвандаро идома дода, масъалаи гунаҳгор ё бегуноҳ будани судшавандаро бо тартиби умумӣ ҳал мекунад.

 

Моддаи 280. Иштироки судшаванда дар муҳокимаи судӣ

 

  1. Муҳокимаи парванда дар маҷлиси суди марҳилаи якум ба ғайр аз ҳолати пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда бо иштироки ҳатмии судшаванда мегузарад. Ҳангоми ҳозир набудани судшаванда баррасии парванда бояд мавқуф гузошта шавад.
  2. Суд, судя ҳуқуқ доранд судшавандаи бе сабабҳои узрнок ҳозирнашударо маҷбуран оранд, нисбати ў чораи пешгириро татбиқ намоянд ё онро тағйир диҳанд.
  3. Ҳангоми саркашӣ намудани судшавандаи таҳти ҳабс қарордошта аз ҳозир шудан ба маҷлиси суд суд, судя ҳуқуқ доранд парвандаро дар ғоибии ў ва бо иштироки ҳатмии ҳимоятгар баррасӣ намоянд.
  4. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд метавонад парвандаро оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бе иштироки судшавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозиршавӣ ба муҳокимаи судӣ саркашӣ мекунад, баррасӣ намояд, агар ин шахс дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо ҳамин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).
  5. Дар сурати аз байн рафтани ҳолатҳои истисноии дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда ҳукм ё таъиноти судие, ки ғоибона қабул карда шудааст, бо дархости маҳкумшуда ё ҳимоятгари ў тибқи талаботи боби 42 Кодекси мазкур бекор карда мешавад. Муҳокимаи судӣ дар ин сурат бо тартиби умумӣ гузаронида мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).

 

Моддаи 281. Иштироки ҳимоятгар дар муҳокимаи судӣ

 

  1. Ҳимоятгари судшаванда дар тафтиши далелҳо иштирок намуда, ба суд дар бораи моҳияти айбдоркунӣ ва исбот карда шудани он, дар бораи ҳолатҳое, ки ҷавобгарии судшавандаро сабук ё ўро сафед мекунанд, дар бораи чораи ҷазо ва дигар масъалаҳо, ки ҳангоми муҳокимаи судӣ ба миён омадаанд, ақидаи худро изҳор мекунад.
  2. Ҳангоми ҳозир нашудани ҳимоятгар ва имконнопазирии иваз намудани вай муҳокимаи парванда мавқуф гузошта мешавад. Агар иштироки ҳимоятгари интихоб ё таъиншуда дар маҷлиси суд дар давоми на камтар аз панҷ шабонарўз имконнопазир бошад, суд, судя ҳуқуқ доранд ба судшаванда даъвати ҳимоятгари дигарро пешниҳод кунанд ё барои таъин намудани ҳимоятгар чора андешанд.
  3. Ба ҳимоятгаре, ки нав ба муҳокимаи парванда ҳамроҳ шудааст, барои омодагӣ ҷиҳати иштирок дар муҳокимаи судӣ вақти зарурӣ дода мешавад.

 

Моддаи 282. Иштироки ҷабрдида дар муҳокимаи судӣ

 

  1. Муҳокимаи парванда дар маҷлиси суди марҳилаи якум бо иштироки ҳатмии ҷабрдида ё намояндаи ў гузаронида мешавад.
  2. Ҳангоми ҳозир нашудани ҷабрдида суд масъалаи муҳокимаи парванда ё мавқуф гузоштани онро вобаста ба он ки оё дар ҳолати ҳозир набудани ҷабрдида комилан равшан сохтани ҳамаи ҳолатҳои парванда ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ў имконпазир аст, ҳал мекунад. Агар дар маҷлиси суд намояндаи ҷабрдида ҳозир шавад, суд ин масъаларо мутобиқи фикри намоянда ҳал мекунад.
  3. Мувофиқи дархости ҷабрдида суд, судя метавонад ўро аз иштирок дар маҷлиси суд озод намуда, вазифадор кунад, ки дар мўҳлати муайян барои додани нишондод ҳозир шавад.
  4. Оид ба парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани ҷабрдида ба маҷлиси суди марҳилаи якум боиси қатъ намудани пешбурди парванда шуда метавонад, вале бо дархости судшаванда дар ғоибии ҷабрдида моҳиятан баррасӣ шудани парванда имконпазир аст.

 

Моддаи 283. Иштироки даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданӣ дар муҳокимаи судӣ

 

  1. Дар муҳокимаи судӣ даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо иштирок мекунанд.
  2. Ҳангоми ба суди марҳилаи якум ҳозир нашудани даъвогари гражданӣ ё намояндаи ў мумкин аст даъвои гражданӣ бе баррасӣ монда шавад.
  3. Суд, судя ҳуқуқ дорад бо дархости даъвогари гражданӣ ё намояндаи ў даъвои гражданиро дар ғоибии даъвогари гражданӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад.
  4. Суд, судя сарфи назар аз ҳозир шудани даъвогари гражданӣ ё намояндаи ў, ба шарте, ки даъворо прокурор дастгирӣ намояд ё суд, судя онро зарур шуморад, даъвои гражданиро баррасӣ мекунад.
  5. Ба суд ҳозир нашудани ҷавобгари гражданӣ ё намояндаи ў баррасии даъвои гражданиро боздошта наметавонад.

 

Моддаи 284. Иштироки мутахассис дар муҳокимаи судӣ

 

Мутахассиси ба суд даъватшуда бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 57 ва 179 Кодекси мазкур дар муҳокимаи судӣ иштирок мекунад.

 

Моддаи 285. Ҳадди муҳокимаи судӣ

 

  1. Парванда дар суд танҳо нисбат ба айбдоршавандагон ва танҳо нисбат ба ҳамон айбе, ки ба ў бо тартиби дар Кодекси мазкур пешбинишуда эълон шудааст, муҳокима карда мешавад.
  2. Айбдоркуниро дар суд тағйир додан мумкин аст, ба шарте, ки вазъи судшаванда бадтар нашавад ва ҳуқуқи ў ба ҳимоя риоя гардад.

 

Моддаи 286. Мавқуф гузоштан ва боздоштани муҳокимаи судӣ

  1. Агар дар натиҷаи ба маҷлиси суд ҳозир нашудани яке аз шахсони даъватшуда муҳокимаи парванда имконнопазир гардад ё бо дархости тарафҳо зарурати талаб карда гирифтани далелҳои нав ба миён ояд, суд, судя дар бораи мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда таъинот (қарор) мебарорад. Ҳамзамон барои даъват ё маҷбуран овардани шахсони ҳозирнашуда, қонеъ намудани дархостҳо чораҳо андешида мешаванд.
  2. Муҳокимаи парванда баъди мавқуф гузоштан ва боздоштани он аз лаҳзаи мавқуфгузорӣ ва боздошт идома дода, тарафҳо бояд бо далелҳои нави ба дастоварда шинос карда шаванд.
  3. Агар судшаванда пинҳон шуда бошад, инчунин ба бемории рўҳӣ ё бемории дигари вазнин гирифтор гашта, ҳозир шудани ўро ба маҷлиси суд имконнопазир гардонад, суд пешбурди парвандаро нисбат ба ин судшаванда то кофтуков намудан ё шифо ёфтани ў ё гирифтани хулосаи экспертиза бозмедорад ва нисбати судшавандагони дигар пешбурди парвандаро идома медиҳад. Агар муҳокимаи алоҳида ҳалли дурусти парвандаро мушкил гардонад, пешбурди парванда пурра боздошта мешавад. Кофтукови судшавандаи пинҳоншуда бо таъиноти (қарори) суд эълон карда мешавад.

 

Моддаи 287. Баргардонидани парванда барои тафтиши иловагӣ

 

  1. Агар дар ҷараёни муҳокимаи суд ҳолатҳои нави қаблан номуайян ва барои парванда муҳим ошкор шуда бошанд, ки тафтиши онҳо дар маҷлиси суд бе тафтиши иловагӣ имконнопазир аст, суд, судя метавонад бо ташаббуси худ ё дархости тарафҳо парвандаро барои тафтиши иловагӣ баргардонад.
  2. Суд, судя парвандаро барои тафтиши иловагӣ баргардонида, дар айни замон вазифадор аст, масъалаи чораҳои пешгириро нисбат ба судшаванда ҳал кунад.
  3. Ҳангоми пас аз тафтиши иловагӣ ба суд ворид гардидани парванда масъалаи таъини маҷлиси суд бо тартиби умумӣ ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 288. Қатъ намудани парванда дар маҷлиси суд

 

  1. Агар ҳангоми муҳокимаи судӣ ҳолатҳои дар сархатҳои сеюм-нўҳуми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мазкур нишондодашуда муайян гарданд, инчунин ҳангоми мутобиқи қоидаҳои қисми 10 моддаи 279 Кодекси мазкур аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандаи давлатӣ парвандаи ҷиноятӣ бояд дар маҷлиси суд қатъ карда шавад.
  2. Суд, судя ҳуқуқ дорад бо асосҳои дар моддаи 28 Кодекси мазкур зикршуда парвандаи ҷиноятиро дар маҷлиси суд қатъ намояд.

 

Моддаи 289. Ҳалли масъалаи чораи пешгирӣ

 

  1. Суд, судя ҳуқуқ дорад ҳангоми муҳокимаи судӣ дар ҳаққӣ судшаванда чораи пешгириро интихоб намояд, тағйир диҳад ё бекор кунад.
  2. Мўҳлати чораи пешгирӣ ба сифати дар ҳабс нигоҳ доштани судшаванда аз лаҳзаи ба суд ворид гардидани парванда то лаҳзаи баровардани ҳукм аз шаш моҳ бештар шуда наметавонад.
  3. Оид ба парвандаҳои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бо гузашти мўҳлати дар қисми 2 ҳамин модда нишондодашуда суд, судя ҳуқуқ дорад бо таъиноти (қарори) худ мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштанро то дувоздаҳ моҳ дароз кунад.
  4. Пас аз гузаштани мўҳлати таҳти ҳабс қарор додан, ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда нишон дода шудаанд, суд, судя бояд чораи пешгириро дар ҳаққи судшаванда ба дигар чораи пешгирӣ иваз кунад.

 

Моддаи 290. Тартиби баровардани таъинот ва қарор дар  маҷлиси суд

 

  1. Оид ба ҳамаи масъалаҳое, ки ҳангоми муҳокимаи судӣ аз тарафи суд ҳал мегардад, суд, судя таъинот (қарор) мебароранд, ки он бояд дар маҷлиси суд эълон карда шавад.
  2. Таъинот (қарор) дар бораи ба тафтиши иловагӣ фиристодани парванда, қатъ намудани парванда, тағйир додан, татбиқ ё бекор кардани чораи пешгирӣ оид ба раддияҳо, таъини экспертиза, ҳамчунин таъиноти хусусӣ дар хонаи машваратӣ бароварда, дар шакли ҳуҷҷатҳои алоҳида тартиб дода мешаванд.
  3. Ҳамаи таъинот (қарор)-и дигар бо салоҳдиди суд, судя ё бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 ҳамин модда ё дар толори маҷлиси суд бо дохил намудани таъинот (қарор) ба протоколи маҷлиси суд бароварда мешаванд.

 

Моддаи 291. Тартиби маҷлиси суд

  1. Муҳокимаи судӣ дар шароите, ки барои кори мўътадили суд ва амнияти иштирокчиёни мурофиа мусоид аст, гузаронида мешавад.
  2. Ҳангоми ба толори маҷлиси суд ворид шудани суд, судя бо хитоби котиби маҷлиси суд «Суд меояд, хоҳишмандам аз ҷой бархезед!» ҳамаи ҳозирин аз ҷой бармехезанд.
  3. Ҳамаи иштирокчиёни муҳокимаи судӣ аз ҷой бармехезанд ва ҳар гоҳ ба суд бо ибораи «Мўҳтарам суд» муроҷиат мекунанд, нишондод медиҳанд ва арзи изҳорот мекунанд. Сарфи назар кардани қоидаҳои мазкур танҳо бо иҷозати раисикунанда мумкин аст.
  4. Ҳамаи иштирокчиёни муҳокимаи судӣ, ҳамчунин ҳамаи шаҳрвандони дар толори маҷлиси суд ҳозирбуда бояд фармоиши раисикунандаро дар бобати риояи тартибот дар маҷлиси суд ба ҷо оваранд.

 

Моддаи 292. Чораҳои таъсир расонидан барои риоя накардани тартибот дар маҷлиси суд

 

  1. Ҳангоми риоя накардани тартибот дар толори маҷлиси суд, итоат накардан ба амри раисикунанда иштирокчии мурофиа огоҳ карда мешавад, ки дар сурати такроран риоя накардани тартибот ў аз толори маҷлиси суд берун ё ба андозаи то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Ҳар як иштирокчии мурофиа, ғайр аз айбдоркунанда ва ҳимоятгар мумкин аст аз толор берун карда шавад. Нисбат ба судшаванда, ҳимоятгар ва айбдоркунандаи давлатӣ ҷаримабандӣ татбиқ карда намешавад.
  2. Агар судшаванда аз толори маҷлиси суд берун карда шуда бошад, ҳукм бояд дар ҳузури ў ё пас аз қабули он ба гирифтани забонхат фавран ба ў эълон карда шавад.
  3. Дар бораи аз толори маҷлиси суд берун кардани иштирокчии мурофиа ва ҷаримабандӣ шудани ў таъинот (қарор) бароварда мешавад.
  4. Шахсоне, ки дар толори маҷлиси суд ҳузур доранд, вале иштирокчии мурофиа намебошанд, дар сурати аз ҷониби онҳо риоя накардани тартибот бо амри раисикунанда аз толори маҷлиси суд берун карда мешаванд. Ба ғайр аз ин суд онҳоро ба андозаи то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда метавонад.
  5. Агар аз ҷониби иштирокчиёни муҳокимаи судӣ ё шахси дар толори маҷлиси суд ҳузурдошта ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир шуда, ба суд ва нисбати қоидаҳои муайяннамудаи суд беэҳтиромӣ зоҳир гардад, суд ҳуқуқвайронкунандаро пурсиш ва далелҳои ўро тафтиш намуда, ҳуқуқ дорад дар ҳамон муҳокимаи судӣ дар бораи ба ў татбиқ кардани яке аз ҷазоҳои маъмурии пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинот (қарор) барорад.
  6. Агар дар амали вайронкунандаи тартиботи маҷлиси суд аломатҳои ҷиноят вуҷуд дошта бошад, суд маводи дахлдорро барои ҳалли масъалаи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ба прокурор равон мекунад.

 

Моддаи 293. Протоколи маҷлиси суд

 

  1. Дар маҷлиси суди марҳилаи якум протокол тартиб дода мешавад.
  2. Протоколро бо даст навиштан ё чоп кардан мумкин аст.
  3. Дар протоколи маҷлиси суд маълумоти зерин қайд карда мешаванд:

– вақти оғоз ва анҷоми он;

– ному насаби ҳайати суд, котиб, тарҷумон, айбдоркунанда, ҳимоятгар, судшаванда, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, шахсони дигари даъватнамудаи суд;

– парвандаи баррасишаванда;

– маълумот дар бораи шахсияти судшаванда ва чораи пешгирӣ;

– амали суд бо тартибе, ки он сурат гирифта буд;

– нишондод, эътироз ва дархостҳои шахсони иштирокчии парванда;

– таъиноти суд (қарори судя), ки бе рафтан ба хонаи машварат бароварда шудааст;

– ишора дар бораи баровардани таъинот (қарор) дар хонаи машварат;

– ба шахсони иштирокчии парванда фаҳмондани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои онҳо;

– матни пурраи нишондод;

– саволҳое, ки ба коршинос дода шудаанд ва ҷавоби ў;

– натиҷаҳои азназаргузаронӣ ва амалҳои дигари тафтиши далелҳо, ки дар маҷлиси суд анҷом дода шудаанд;

– ишора ба далелҳое, ки шахсони иштирокчии парванда хоҳиш кардаанд‚ дар протокол тасдиқ карда шавад;

– мазмуни асосии баромади тарафҳо дар музокираи судӣ;

– сухани охирини судшаванда;

– ишора дар бораи эълон кардани ҳукм ва фаҳмонда додани тартиб ва мўҳлати шикоят ё эътироз ба он.

  1. Дар протокол инчунин далелҳои беэҳтиромӣ нисбат ба суд, ба шарте, ки чунин амал вуҷуд дошта бошад, ишора ба шахсияти вайронкунандаи тартибот ва чораҳои таъсиррасонӣ, ки суд дар ҳаққи вайронкунанда андешидааст, инъикос карда мешавад.
  2. Протокол бояд аз ҷониби раисикунанда ва котиб таҳия ва дар мўҳлати на дертар аз панҷ шабонарўз аз лаҳзаи хотимаи маҷлиси суд имзо карда шавад.
  3. Раисикунанда вазифадор аст ба тарафҳо барои пурра шинос шудан бо протоколи маҷлиси суд вобаста ба таҳия гардидани протокол имконият фароҳам орад.

 

Моддаи 294. Эродҳо ба протоколи маҷлиси суд

 

Тарафҳо ҳуқуқ доранд дар давоми панҷ шабонарўзи баъди имзои протоколи маҷлиси суд эродҳои худро доир ба протокол пешниҳод кунанд. Ин мўҳлат аз ҷониби раисикунанда, мумкин аст бо дархости тарафҳо то даҳ шабонарўз дароз карда шавад.

 

Моддаи 295. Баррасии эродҳо доир ба протоколи маҷлиси суд

 

  1. Эродҳо ба протоколи маҷлиси суд аз ҷониби раисикунанда баррасӣ карда мешавад ва барои дақиқ намудан шахсонеро, ки эрод пешниҳод кардаанд, даъват карда мешаванд. Эродҳои прокурор ва ҳимоятгар бо иштироки онҳо баррасӣ карда мешавад. Ҳозир нашудани шахсони мазкур барои баррасӣ намудани эродҳо монеа намешаванд.
  2. Раисикунанда дар бораи натиҷаҳои баррасии эродҳо доир ба тасдиқи қобили қабул будан ё набудани онҳо қарори асоснок мебарорад. Эродҳо ва қарори судя ба протоколи маҷлиси суд замима карда мешаванд.

 

БОБИ 33. ҚИСМИ ОМОДАСОЗИИ МАҶЛИСИ СУД

 

Моддаи 296. Оғози маҷлиси суд

 

Раисикунанда маҷлиси судро дар вақти таъиншуда кушода, эълон мекунад, ки кадом парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

 

Моддаи 297. Муайян кардани ҳозиршавӣ ба суд

 

Котиб дар бораи ба суд ҳозир шудани прокурор, судшаванда, ҳимоятгар, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, тарҷумон, шоҳидон, коршиносон ва мутахассисон ва оид ба сабабҳои ҳозир нашудани дигар иштирокчиён ахборот медиҳад.

 

Моддаи 298. Ба тарҷумон фаҳмондани ҳуқуқу ўҳдадориҳояш

 

  1. Раисикунанда ба тарҷумон ўҳдадориҳои зерини ўро мефаҳмонад:

– ба суд нишондод ва баёноти шахсони иштирокчии парвандаро, ки забони пешбурди мурофиаро намедонанд ва ба ин шахсон мазмуни нишондод, баёнот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки дар суд эълон шудаанд, дақиқ ва пурра тарҷума кунад;

– амри раисикунанда ва қарори суд, судяро тарҷума кунад.

  1. Ба тарҷумон инчунин бояд ҳуқуқҳои зерини ў фаҳмонда шаванд:

– савол додан ба иштирокчиёни парванда бо мақсади дақиқ намудани тарҷума;

– шинос шудан бо протоколи маҷлиси суд ва баён кардани эрод оид ба дурустии сабти тарҷумааш.

  1. Тарҷумон аз ҷониби раисикунанда дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан огоҳонида шуда, дар ин бора аз ў забонхат гирифта мешавад ва он ба протоколи маҷлиси суд замима мегардад.
  2. Ба тарҷумон фаҳмонда мешавад, ки барои саркашӣ аз иҷрои ўҳдадорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 299. Баровардани шоҳидон аз толори маҷлиси суд

 

Шоҳидони ҳозиршуда то оғози пурсиш аз толори маҷлиси суд бароварда мешаванд. Раисикунанда барои он ки шоҳидони аз ҷониби суд пурсиданашуда бо шоҳидони пурсидашуда, инчунин бо дигар шахсони дар толори маҷлиси суд ҳузурдошта гуфтугў накунанд, чора меандешад.

 

Моддаи 300. Муайян намудани шахсияти судшаванда ва сари вақт ба ў супурдани нусхаи фикри айбдоркунӣ

 

Раисикунанда шахсияти судшаванда, ном, номи падар, насаб, сол, моҳ, рўз ва ҷои таваллуд, донистани забоне, ки бо он пешбурди парванда гузаронида мешавад, инчунин ҷои истиқомат, машғулият, таҳсилот, вазъи оилавӣ ва дигар маълумотро, ки ба шахсияти ў алоқаманд аст, пурсида муайян мекунад. Сипас раисикунанда муайян мекунад, ки оё ба судшаванда ва дар ҳолатҳои дар қисми 4 моддаи 280 Кодекси мазкур бошад, ба ҳимоятгар нусхаи фикри айбдоркунӣ ё қарори мақомоти таҳқиқ оид ба оғози парвандаи ҷиноятӣ супурда шудааст ва кай ин кор анҷом дода шудааст. Муҳокимаи судиро дар мўҳлати на пештар аз се шабонарўз аз рўзи супоридани фикри айбдоркунӣ ё қарори мақомоти таҳқиқ оид ба оғози парвандаи ҷиноятӣ сар кардан мумкин нест (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333).

 

Моддаи 301. Эълони ҳайати суд, дигар иштирокчиёни мурофиа ва фаҳмондани ҳуқуқи рад кардан

 

  1. Раисикунанда ҳайати судро эълон карда, маълум мекунад, ки кадоме аз иштирокчиён айбдоркунанда, ҳимоятгар, ҷабрдида ва намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндаи онҳо, инчунин котиби маҷлиси суд, коршинос, мутахассис ва тарҷумон мебошанд. Раисикунанда ба тарафҳо ҳуқуқашонро дар бораи тибқи қоидаҳои боби 8 Кодекси мазкур изҳор намудани раддия нисбат ба ҳайати суд, яке аз судяҳо, инчунин нисбат ба ҳар як шахси иштирокчии мурофиаи дар ҳамин модда зикршуда мефаҳмонад.
  2. Агар дар маҷлиси суд машваратчии эҳтиётӣ иштирок намояд, раисикунанда дар ин бора эълон мекунад. Ба машваратчии эҳтиётӣ низ раддия арз кардан мумкин аст.

 

Моддаи 302. Ба судшаванда фаҳмондани ҳуқуқҳояш

 

Дар муҳокимаи судӣ раисикунанда ба судшаванда ҳуқуқҳояшро, ки дар моддаи 47 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мефаҳмонад.

 

Моддаи 303. Ба ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва ҷавобгари гражданӣ фаҳмондани ҳуқуқҳояшон

 

Раисикунанда ба ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо ҳуқуқҳояшонро, ки мувофиқан мутобиқи моддаҳои 42, 44, 54 ва 55 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, мефаҳмонад. Ба ҷабрдида оид ба парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ ва хусусӣ-умумӣ, инчунин оид ба ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҳуқуқҳояш дар бораи оштӣ шудан бо судшаванда фаҳмонда мешавад.

 

Моддаи 304. Ба коршинос фаҳмондани ҳуқуқу ўҳдадориҳояш

 

Раисикунанда ба коршинос ҳуқуқу ўҳдадориҳояшро, ки дар моддаи 58 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, фаҳмонда, ўро дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои додани хулосаи бардурўғ огоҳ месозад ва аз ў забонхат мегирад, ки он ба протоколи маҷлиси суд ҳамроҳ карда мешавад.

 

Моддаи 305. Ба мутахассис фаҳмондани ҳуқуқу ўҳдадориҳояш

 

Раисикунанда ба мутахассис ҳуқуқу ўҳдадориҳояшро, ки моддаи 57 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, фаҳмонда, ўро дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад ё саркашӣ аз иҷрои ўҳдадориҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур огоҳ намуда, аз ў забонхат мегирад, ки он ба протоколи маҷлиси суд ҳамроҳ карда мешавад.

 

Моддаи 306. Изҳори дархост ва баррасии он

 

  1. Раисикунанда аз тарафҳо мепурсад, ки оё онҳо дар хусуси даъвати шоҳидону, коршиносон, мутахассисони нав ва талаб карда гирифтани далелҳои шайъӣ ё ҳуҷҷатҳо дархост доранд ё не. Шахсе, ки ба суд дархост пешниҳод кардааст, бояд нишон диҳад, ки барои муайян кардани маҳз кадом ҳолатҳо далелҳои иловагӣ заруранд.
  2. Суд, судя фикри дигар иштирокчиёни муҳокимаи судиро шунида, бояд ҳар як дархости баёншударо мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро қонеъ гардонад ё дар бораи рад кардани дархост таъиноти (қарори) асоснок барорад.
  3. Суд, судя ҳуқуқ надорад, ки қонеъ кардани дархости пурсиши шоҳидонро дар маҷлиси суд, ки бо ташаббуси тарафҳо ҳозир шудаанд, рад намояд.
  4. Шахсе, ки дархосташ аз тарафи суд, судя рад шудааст, ҳуқуқ дорад минбаъд низ ба суд дархост пешниҳод кунад.

 

Моддаи 307. Ҳалли масъала дар бораи имконпазирии баррасии парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми иштирок надоштани  яке аз иштирокчиёни муҳокимаи судӣ

 

  1. Ҳангоми ҳозир нашудани яке аз иштирокчиёни муҳокимаи судӣ, аз ҷумла шоҳид, коршинос ё мутахассис суд фикру андешаи тарафҳоро дар хусуси имконпазирии муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ шунида, оид ба идомаи муҳокима ё мавқуф гузоштани он таъиноти (қарори) асоснок мебарорад.
  2. То ҳалли масъала мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда суд, судя метавонад тафтиши судиро оғоз намуда, шоҳидони ҳозиршуда, коршинос ё мутахассис, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндагони онҳоро пурсиш кунад ва сипас дар бораи мавқуф гузоштани муҳокима таъинот (қарор) барорад. Агар пас аз ин парванда дар ҳамон ҳайати суд баррасӣ карда шавад, шахсони пурсидашуда ба маҷлиси суд танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ такроран даъват карда мешаванд.

 

БОБИ 34. ТАФТИШИ СУДӢ

 

Моддаи 308. Оғози тафтиши судӣ

 

  1. Тафтиши судӣ аз баёни моҳияти айбдоркунии пешниҳодшуда дар ҳаққи судшаванда аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ, дар парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ бошад, аз баёни шикоят аз ҷониби айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндаи ў оғоз мегардад.
  2. Раисикунанда аз судшаванда мепурсад, ки оё моҳияти айби эълоншуда ба ў фаҳмост, бо айби эълоншуда худро гунаҳгор мешуморад ё не, оё хоҳиш дорад, ки ба айби эълоншуда муносибати худро баён намояд. Ҳангоми нофаҳмо будани айб ба судшаванда моҳияти он фаҳмонда мешавад.

 

Моддаи 309. Муқаррар намудани тартиби таҳқиқи далелҳо

 

  1. Пас аз иҷрои талаботи моддаи 308 Кодекси мазкур раисикунанда бо мувофиқаи тарафҳо тартиби таҳқиқи далелҳоро муайян мекунад. Суд, судя дар ин бора таъинот (қарор) мебарорад. Тартиби пешниҳоди далелҳо аз ҷониби тарафҳо муайян карда мешавад. Тағйир додани тартиби таҳқиқи далелҳо аз ҷониби суд, судя, мумкин аст бо мувофиқаи тарафҳо ва бо баровардани таъиноти (қарори) дахлдор гузаронида шавад.
  2. Судшаванда бо иҷозати раискунанда ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи тафтиши судӣ нишондод диҳад.

 

Моддаи 310. Тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ

 

  1. Дар сурати ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда, ки аз ҷониби тарафҳо мавриди баҳс қарор нагирифтааст ва судро низ таҳти шубҳа намегузорад, суд, судя бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он ки оё эътирофи ў маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад, танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда‚ ба музокираи судӣ гузарад.
  2. Раисикунанда бояд ба тарафҳо фаҳмонад, ки даст кашидан аз таҳқиқи далелҳо боиси бо ин асосҳо имконнопазир шудани арзи шикоят ё эътироз ба ҳукм мегардад.
  3. Қоидаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида нисбат ба парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, инчунин дар ҳолатҳое ки ақаллан як нафар аз судшавандаҳо ба гуноҳи худ иқрор набошад, ва парвандаро дар ҳаққи ў барои пешбурди алоҳида ҷудо кардан имконнопазир бошад, татбиқ карда намешаванд.
  4. Дархост дар бораи гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ танҳо аз ҷониби судшаванда бо ризои айбдоркунандаи давлатӣ ё хусусӣ ва ҷабрдида пешниҳод карда мешавад.
  5. Дар сурати рад намудани дархости судшаванда ё норизоии айбдоркунандаи давлатӣ ё хусусӣ ва ё ҷабрдида барои гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашуда, мурофиаи судӣ бо асосҳои умумӣ гузаронида мешавад.
  6. Агар суд, судя муайян намояд, ки айби эътирофнамудаи судшаванда асоснок буда, бо далелҳои ҷамъовардашуда оид ба парванда тасдиқ мегардад, ҳукми айбдоркунӣ бароварда, нисбати судшаванда ҷазо таъин мекунад. Зимнан ҷазои таъиннамудаи суд аз се ду ҳиссаи мўҳлат ё андозаи ҷазои баландтарини барои ҷиноятҳои содиршуда пешбинигардида зиёд буда наметавонад.
  7. Гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур қатъ намудани пешбурди парвандаро истисно намекунад. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №809)
  8. Баъди эълони ҳукм ё таъинот суд, судя ба тарафҳо ҳуқуқ ва тартиби аз ҳукм ё таъинот шикояту эътироз оварданро мутобиқи талаботи боби 38 Кодекси мазкур мефаҳмонад. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №809)
  9. Нисбат ба ҳукме, ки мутобиқи талаботи ҳамин модда бароварда шудааст, бо асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми моддаи 372 Кодекси мазкур шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин нест.

 

Моддаи 311. Пурсиши судшаванда

 

  1. Раисикунанда ба судшаванда ҳуқуқи ўро дар бораи додан ё надодани нишондод нисбат ба айби ба ў эълоншуда ва ҳолатҳои дигари парванда фаҳмонда, инчунин дар бораи он ки тамоми гуфтаҳои ў, мумкин аст, ба муқобили ў истифода шаванд, огоҳ месозад. Ҳангоми ба додани нишондод розӣ будани судшаванда сараввал ўро ҳимоятгар ва иштирокчиёни мурофиа аз тарафи ҳимоя ва сипас айбдоркунандаи давлатӣ ва иштирокчиёни мурофиа аз тарафи айбдоркунӣ пурсиш мекунанд. Раисикунанда саволҳои раҳнамункунанда ва ба парванда дахлнадоштаро аз байн мебардорад.
  2. Суд, судя пас аз пурсиши судшаванда аз ҷониби тарафҳо ба ў савол медиҳад, вале саволҳои дақиқкунанда дар ҳар лаҳзаи пурсиши ў дода шуданаш мумкин аст.
  3. Агар судшаванда пурра ба гуноҳаш иқрор шавад ва доир ба айби эълоншуда нишондод додан хоҳад, суд, судя ғайр аз ҳолатҳое, ки нишондоди ў ба парванда алоқаманд нест, суханони ўро набурида мешунаванд.
  4. Пурсиши судшаванда дар ғайби судшавандаи дигар танҳо бо ташаббуси суд, судя ё дархости тарафҳо иҷозат дода мешавад. Дар ин бора суд, судя таъинот(қарор) мебарорад. Дар ин сурат пас аз баргаштани судшаванда ба толори маҷлиси суд раисикунанда ўро аз мазмуни нишондоди дар ғайби ў додашуда воқиф намуда, ба ў имкон медиҳад ба судшавандае, ки дар ғайби ў пурсиш шудааст, савол диҳад.

 

Моддаи 312. Эълони нишондоди судшаванда

 

  1. Дар суд эълон кардани нишондод ё баёноти судшаванда, ки ҳангоми пешбурди таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ додааст, инчунин ба шунидани сабти нишондоди ў ё тамошои сабти видео, ки ба протокол замима шудааст, танҳо бо дархости тарафҳо ва бо ташаббуси суд, судя дар ҳолатҳои зайл иҷозат додан мумкин аст:

– мавҷуд будани ихтилофоти назаррас байни нишондоди судшаванда дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ё таҳқиқ дар суд;

– саркашӣ кардани судшаванда аз  додани нишондод дар суд;

– дар ғоибии судшаванда баррасӣ гардидани парванда.

  1. Қоидаҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда инчунин барои ҳолатҳои эълон кардани нишондоди судшаванда, ки қаблан дар суд дода шуда буд, татбиқ мегарданд.
  2. Ба шунидани сабти овоз ё нишон додани сабти видео бе эълони пешакии нишондод, ки дар протоколи дахлдори пурсиш ё протоколи маҷлиси суд мавҷуданд, иҷозат дода намешавад. Дар бораи шунидан ё тамошои сабт дар протоколи маҷлиси суд қайд карда мешавад.

 

Моддаи 313. Пурсиши ҷабрдида

 

  1. Ҷабрдида мутобиқи қоидаҳои пурсиши шоҳидон, ки дар қисмҳои 2-5 моддаи 314 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, пурсиш карда мешавад.
  2. Ҷабрдида дар ҳар лаҳзаи тафтиши судӣ бо иҷозати раисикунанда нишондод дода метавонад.

 

Моддаи 314. Пурсиши шоҳид

 

  1. Шоҳид дар алоҳидагӣ ва дар ғайби шоҳидони ҳанўз пурсиданашуда пурсиш карда мешавад.
  2. Раисикунанда қабл аз пурсиш шахсияти шоҳидро муайян намуда, муносибати ўро ба судшаванда ва ҷабрдида аниқ мекунад, қарзи шаҳрвандӣ ва ўҳдадории ўро дар бораи додани нишондоди ростқавлона роҷеъ ба парванда, ҷавобгариро барои саркашӣ аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ мефаҳмонад. Ба шахсоне, ки мутобиқи қонун аз додани нишондод озод карда шудаанд, дар сурати ихтиёран нишондод додан ҷавобгариашон танҳо барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ фаҳмонда мешавад. Аз шоҳидон дар бораи он ки ўҳдадорӣ ва масъулияташон фаҳмонда шудааст, забонхат гирифта мешавад. Забонхат ба протоколи маҷлиси суд замима мегардад.
  3. Шоҳидро айбдоркунанда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, судшаванда ва ҳимоятгари ў пурсиш мекунанд. Саволро аввал тарафе медиҳад, ки бо дархости ў шоҳид ба маҷлиси суд даъват гардидааст.
  4. Раисикунанда ба пурсидани саволҳои раҳнамункунанда ва дигар саволҳое, ки ба парванда алоқаманд нестанд, иҷозат намедиҳад. Суд, судя шоҳидро баъди пурсиши тарафҳо низ пурсиш мекунад.
  5. Шоҳидони пурсидашуда дар толори маҷлиси суд мемонанд ва то хатми тафтиши судӣ бе иҷозати раисикунанда ва ризои тарафҳо толорро тарк намекунанд.
  6. Пурсиши шоҳиде, ки дар рўйхат танҳо тахаллуси ў дарҷ гардидааст, бе эълон намудани маълумоти аслии шахсияти ў, бе рўбарўкунии вай бо дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ сурат мегирад. Дар ин бора суд, судя таъиноти (қарори) дахлдор қабул мекунад.

Моддаи 315. Аз ҷониби ҷабрдида ва шоҳид истифода бурдани  сабтҳои хаттӣ ва ҳуҷҷатҳо

 

  1. Ҷабрдида ва шоҳид сабтҳои хаттиро истифода бурда метавонанд. Ин сабтҳо бо талаби суд бояд пешниҳод карда шаванд.
  2. Ба ҷабрдида ва шоҳид иҷозат дода мешавад, ки ҳуҷҷатҳои дар дасташон бударо, ки ба нишондоди онҳо дахл доранд, хонанд, ба суд пешниҳод кунанд, тибқи таъиноти (қарори) суд мумкин аст ба парванда замима карда шаванд.

 

Моддаи 316. Хусусиятҳои пурсиши ҷабрдида ва шоҳиди ноболиғ

 

  1. Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ба синни шонздаҳ нарасида, инчунин шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ва рўҳии худ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, иштироки омўзгор ва ё равоншинос ҳатмӣ мебошад. Омўзгор ё равоншинос ҳангоми пурсиши шоҳид ва ҷабрдидаи синнаш аз шонздаҳ боло бо салоҳдиди суд, судя ва ё бо дархости айбдоркунандаи давлатӣ ё ҳимоятгар иштирок мекунад. Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ иштироки намояндагони қонунии онҳо ҳатмист. Шахсони зикргардида бо иҷозати раисикунанда метавонанд ба ҷабрдида ва шоҳид савол диҳанд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1275).
  2. Пеш аз пурсиши ҷабрдида ва шоҳиде, ки ба синни шонздаҳ нарасидааст, раисикунанда ба онҳо аҳамияти доир ба парванда додани нишондоди пурра ва дурустро мефаҳмонад. Онҳо барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ огоҳ карда намешаванд ва аз онҳо забонхат гирифта намешавад.
  3. Пурсиши ҷабрдидаи ноболиғ ё шоҳид бо дархости тарафҳо ё бо ташаббуси суд, судя дар ғоибии судшаванда анҷом дода шуда, дар ин бора суд, судя таъинот (қарор) мебарорад. Баъди ба толори маҷлиси суд баргаштани судшаванда ўро аз нишондоди ин шахсон хабардор кардан ва барои ба онҳо савол додан имконият фароҳам овардан лозим аст.
  4. Ҷабрдида ва шоҳиде, ки синнашон ба шонздаҳ нарасидааст, пас аз анҷоми пурсиш, ғайр аз ҳолатҳое, ки суд минбаъд ҳам ҳузур доштани онҳоро зарур мешуморад, аз толори маҷлиси суд хориҷ карда мешаванд.

 

Моддаи 317. Эълони нишондоди ҷабрдида ва шоҳид

 

  1. Дар суд ба эълон кардани нишондоди ҷабрдида ва шоҳид, ки ҳангоми пешбурди таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ додаанд, инчунин ба шунидани сабти овоз ё тамошои сабти видеоии пурсиш мумкин аст бо дархости тарафҳо ва ташаббуси суд дар ҳолатҳои зайл иҷозат дода шавад:

– мавҷуд будани ихтилофҳои ҷиддӣ байни ин нишондод ва нишондоде, ки дар суд дода шудааст;

– дар маҷлиси суд ҳозир набудани ҷабрдида ё шоҳид бо сабабҳое, ки  имконияти ба суд омадани онҳоро истисно мекунад.

  1. Қоидаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда инчунин ба ҳолатҳои эълони нишондоди ҷабрдида ва шоҳид, ки қаблан дар суд додаанд, татбиқ карда мешаванд.
  2. Дар маҷлиси суд инчунин нишондоди ҷабрдида ва шоҳид, ки мутобиқи муқаррароти қисми 2 моддаи 307 Кодекси мазкур аз тарафи суд пурсиш шудаанд, мумкин аст эълон карда шавад.
  3. Сабти овози ҷабрдида ва шоҳид, сабти видеоии пурсиши онҳоро тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 312 Кодекси мазкур шунидан ё тамошо кардан мумкин аст.

 

Моддаи 318. Гузаронидани экспертиза дар суд

 

  1. Суд, судя бо дархости тарафҳо, инчунин бо ташаббуси худ ҳуқуқ дорад дар маҷлиси суд экспертиза таъин кунад. Экспертизаро коршиносоне, ки дар тафтиши пешакӣ хулоса додаанд ё дигар коршиносоне, ки суд таъин кардааст, анҷом медиҳанд.
  2. Экспертиза дар суд тибқи қоидаҳои дар боби 24 Кодекси мазкур зикргардида гузаронида мешавад.
  3. Раисикунанда таъиноти (қарори) баровардаро дар бораи таъини экспертиза эълон намуда, ҳуқуқи тарафҳоро дар бобати рад кардани коршинос, пешниҳод намудани дархост доир ба ҳайати коршиносон, ба таври иловагӣ ворид намудани шахси нишондодаи тараф, гузаронидани экспертиза аз тарафи намояндагони дигар муассисаи экспертӣ, гузаронидани экспертиза бо иштироки тарафҳо мефаҳмонад.
  4. Дар маҷлиси суд коршинос ҳуқуқ дорад ба шахсони пурсидашаванда савол диҳад, бо далелҳои хаттӣ, протоколҳои амали тафтишӣ, хулосаи дигар коршиносон шинос шавад, дар азназаргузаронӣ ва озмоиш (эксперимент) ва дигар амалҳои судӣ, ки ба мавзўи экспертиза алоқаманд мебошанд, иштирок намояд.
  5. Ҳангоми зарурати ба ихтиёри коршинос вогузоштани намунаҳо барои таҳқиқи муқоисавӣ қоидаҳои моддаи 215 Кодекси мазкур истифода бурда мешаванд.
  6. Раисикунанда баъди муайян кардани ҳамаи ҳолатҳои барои додани хулоса аҳамиятнок ба тарафҳо пешниҳод мекунад, ки саволҳои худро ба тариқи хаттӣ ба коршинос пешниҳод намоянд. Саволҳо бояд эълон карда, нисбат ба онҳо ақидаи иштирокчиёни муҳокимаи судӣ шунида шавад. Суд, судя ин масъалаҳоро баррасӣ намуда, бо таъиноти (қарори) худ саволҳоеро, ки ба парванда алоқаманд нестанд ва ё таҳти салоҳияти коршинос намебошанд, рад намуда, саволҳои навро тартиб медиҳад, ки баъди он коршинос ба доир намудани экспертиза ва тартиб додани хулоса шурўъ мекунад.
  7. Хулосаи коршинос ба тариқи хаттӣ дода, дар маҷлиси суд аз ҷониби ў эълон карда, якҷоя бо саволҳо ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.
  8. Агар ба суд коршинос даъват шуда бошад, ки дар тафтиши пешакӣ хулоса додааст, суд метавонад пас аз эълони хулоса, ба шарте, ки он аз ҷониби тарафҳо мавриди эътироз қарор нагирад, экспертиза таъин накунад ва танҳо бо пурсиши коршинос қаноат кунад.

 

Моддаи 319. Пурсиши коршинос

 

  1. Баъди аз ҷониби коршинос додани хулоса ба ў барои тавзеҳ ё пурра кардани хулосааш савол додан мумкин аст.
  2. Ба коршинос тарафҳо савол медиҳанд, зимнан аввал тарафе савол медиҳад, ки бо дархости он экспертиза таъин карда шудааст. Суд, судя ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи пурсиш ба коршинос савол диҳад.

 

Моддаи 320. Гузаронидани экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ

 

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 220 Кодекси мазкур суд, судя метавонанд экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ таъин карда, дар ин бора таъинот (қарор) бароранд.
  2. Экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ тибқи қоидаҳои муайяннамудаи моддаҳои 208-210, 215, 217-219 Кодекси мазкур гузаронида мешавад.

 

Моддаи 321. Азназаргузаронии далелҳои шайъӣ

 

  1. Далелҳои шайъии ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба парванда ҳамроҳ кардашуда, инчунин далелҳои шайъии нав пешниҳодгардида бояд аз ҷониби суд аз назар гузаронида шавад ва ба тарафҳо пешниҳод гарданд.
  2. Далелҳои шайъиро бо дархости тарафҳо ва ё бо ташаббуси суд, судя дар ҳар лаҳзаи тафтиши судӣ аз назар гузаронидан мумкин аст.
  3. Далелҳои шайъиро барои азназаргузаронӣ ба шоҳидон, коршинос, мутахассис пешниҳод кардан мумкин аст.
  4. Шахсоне, ки ба онҳо далелҳои шайъӣ пешниҳод шудаанд, метавонанд таваҷҷўҳи суд, судяро бо ҳолатҳои вобаста ба азназаргузаронӣ ҷалб намоянд.
  5. Натиҷаи азназаргузаронӣ дар протоколи маҷлиси суд сабт карда мешавад.
  6. Далелҳои шайъиро дар маҳалли ҷойгиршавиашон суд бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда аз назар мегузаронад.

 

Моддаи 322. Эълони протоколи амали тафтишӣ ва ҳуҷҷатҳо

 

  1. Протоколи амалҳои тафтишӣ, ки ҳолату далелҳои дар рафти азназаргузаронӣ, шаҳодаткунонӣ, ёфта гирифтан, кофтуков, ҳабси молу мулк, дастгиркунӣ, барои шинохтан пешниҳод кардан, озмоиши тафтишӣ, гўш кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар гуфтушуниди айбдоршаванда, судшаванда ё дигар шарикони ҷиноят муқарраршуда инчунин ҳуҷҷатҳои ба парванда ҳамроҳшуда ё ба маҷлиси суд пешниҳодгардидаро тасдиқ менамоянд, ба шарте, ки дар онҳо ҳолатҳои барои парванда аҳамиятнок инъикос ё тасдиқ шуда бошанд, бояд аз ҷониби раисикунанда пурра ё қисман эълон карда шаванд.
  2. Ҳуҷҷатҳои ба маҷлиси суд пешниҳодгардида мумкин аст бо таъиноти (қарори) суд, судя ба парванда ҳамроҳ карда шаванд.

 

Моддаи 323. Азназаргузаронии маҳал ва бино

 

  1. Суд, судя зарурати азназаргузаронии ягон бино ё маҳалро эътироф намуда, онро бо иштироки тарафҳо аз назар мегузаронанд. Ҳангоми зарурат объект бо иштироки шоҳидон, коршинос ва мутахассис аз назар гузаронида мешавад. Барои азназаргузаронии бино суд, судя таъинот (қарор) мебарорад.
  2. Ҳангоми расидан ба маҳалли азназаргузаронӣ раисикунанда идомаи маҷлиси судро эълон карда, суд, судя ба азназаргузаронӣ шурўъ менамоянд ва ба ҷабрдида, шоҳид, коршинос, мутахассис ва судшаванда метавонанд вобаста ба азназаргузаронӣ савол диҳанд.
  3. Натиҷаи азназаргузаронӣ дар протоколи маҷлиси суд сабт карда мешавад.

 

Моддаи 324. Гузаронидани озмоиши (эксперименти) тафтишӣ

 

  1. Агар тафтиш ё дақиқ кардани маълумот, вазъият ё дигар ҳолатҳои ҳодисаи муайян ва анҷом додани амали озмоишӣ зарур бошад, суд, судя ҳуқуқ дорад озмоиш гузаронад.
  2. Озмоиш аз ҷониби суд, судя бо иштироки тарафҳо гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар озмоиш шоҳид ва мутахассис ҷалб карда мешаванд.
  3. Суд, судя озмоишро бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 188 Кодекси мазкур мегузаронад.

 

Моддаи 325. Нишондиҳӣ барои шинохтан

 

Дар ҳолатҳои зарурӣ ба суд барои шинохтан нишон додани шахс ё ашё бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 205 ва 206 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 326. Шаҳодаткунонӣ

 

  1. Шаҳодаткунонӣ дар маҷлиси суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 186 Кодекси мазкур тибқи таъиноти (қарори) суд гузаронида мешавад.
  2. Шаҳодаткунонӣ, ки бо бараҳна кардани шахс вобаста аст, дар бинои алоҳида аз ҷониби духтур ё дигар мутахассис анҷом дода мешавад ва пас аз анҷоми кор санади шаҳодаткунонӣ таҳия намуда, имзо мегузоранд. Баъд ин шахсон ба толори маҷлиси суд баргашта, дар ҳузури тарафҳо ва шахси шаҳодаткунонидашуда дар бораи паю нишонаҳои бадани ў, ба шарте, ки чунин нишонаҳо ошкор шуда бошанд, ба суд маълумот дода, ба саволҳои тарафҳо ва суд, судя ҷавоб медиҳанд. Санади шаҳодаткунонӣ ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.

 

Моддаи 327.  Анҷоми тафтиши судӣ

 

  1. Баъди ба анҷом расонидани таҳқиқи ҳамаи далелҳо раисикунанда аз тарафҳо мепурсад, ки оё онҳо хоҳиши пурра кардани тафтиши судиро доранд ва маҳз бо кадом далелҳо. Ҳангоми арзи дархост дар бораи пурра кардани тафтиши судӣ онҳоро суд баррасӣ мекунад.
  2. Баъди ҳалли дархостҳо ва иҷрои амали зарурии судӣ раисикунанда анҷом ёфтани тафтиши судиро эълон мекунад.

 

БОБИ 35. МУЗОКИРАИ СУДӢ ВА СУХАНИ  ОХИРИНИ СУДШАВАНДА

 

Моддаи 328. Мазмун ва тартиби музокираи судӣ

 

  1. Суд, судя баъди анҷоми тафтиши судӣ ба музокираи судӣ мегузарад, ки он аз нутқи айбдоркунанда, ҷабрдида ё намояндаи ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо, судшаванда дар ҳолати даст кашидан аз ҳимоятгар ва ҳимоятгар иборат мебошад. Пайдарҳамии баромади иштирокчиёни музокираи судӣ тибқи пешниҳоди онҳо аз ҷониби суд муайян гардида, вале дар ҳама ҳолат айбдоркунандаи давлатӣ ё хусусӣ, ки мутобиқи натиҷаҳои тафтиши судӣ бояд хулосаро дар бораи айбдории судшаванда асоснок намоянд, ба кирдори ў баҳо диҳанд, ақидаи худро дар бораи ҷазое, ки бояд дода шавад, изҳор намоянд ё ҳуқуқ доранд аз айбдоркунӣ даст кашанд, аввалин шуда суханронӣ мекунанд.
  2. Иштирокчиёни музокираи судӣ ҳуқуқ надоранд, суханронии худро бо далелҳое, ки дар маҷлиси суд баррасӣ нашудаанд, асоснок кунанд. Онҳо ҳангоми зарурат барои таҳқиқ ба суд пешниҳод намудани далелҳои навро дар бораи аз нав оғоз намудани тафтиши судӣ дархост карда метавонанд.
  3. Суд, судя ҳуқуқ надоранд давомнокии музокираи тарафҳоро бо вақти муайян маҳдуд созанд, вале раисикунанда ҳуқуқ дорад суханронии шахсони ширкаткунандаи музокираро, агар онҳо ҳолатҳоеро дар бар гиранд, ки бо парвандаи баррасишаванда иртибот надоранд, қатъ намояд.
  4. Баъди суханронии иштирокчиёни музокираи судӣ ҳар кадоми онҳо метавонанд дар ҷавоби нутқи намояндагони тарафҳо бо эродҳо (норизоии ҷавобӣ, луқмапартоӣ) боз якмаротибагӣ баромад кунанд. Ҳуқуқи изҳори эроди охирин ба судшаванда ё ҳимоятгари ў тааллуқ дорад.
  5. Ҳар як иштирокчии музокираи судӣ метавонад ба тариқи хаттӣ ба суд тавсияи қарори таклифнамудаашро оид ба масъалаҳои дар сархатҳои якум-шашуми қисми 1 моддаи 335 Кодекси мазкур нишондодашуда пешниҳод кунад. Тавсияи пешниҳодгардида барои суд, судя ҳатмӣ нест.

 

Моддаи 329. Сухани охирини судшаванда

 

  1. Пас аз хотима ёфтани музокираҳои судӣ раисикунанда ба судшаванда сухани охирин медиҳад. Ҳангоми сухани охирин ба судшаванда додани ҳама гуна савол манъ аст.
  2. Суд, судя наметавонанд давомнокии сухани охирини судшавандаро бо вақти муайян маҳдуд созад, вале раисикунанда ҳуқуқ дорад, агар судшаванда ба ҳолатҳое дахолат намояд, ки ба парвандаи баррасишаванда марбут намебошанд, ўро аз суханронӣ боздорад.

 

Моддаи 330. Аз нав сар кардани тафтиши судӣ

 

Агар иштирокчиёни музокираи судӣ ё судшаванда дар сухани охирин оид ба ҳолатҳои наве, ки барои парванда аҳамият дорад, маълумот диҳанд ё ба далелҳои қаблан таҳқиқнашудаи ба парванда дахлдошта истинод кунанд, суд, судя бо дархости тарафҳо ё бо ташаббуси худ тафтиши судиро аз нав оғоз мекунад. Пас аз хатми тафтиши судии аз нав оғозшуда суд, судя аз сари нав музокираи судиро кушода, ба судшаванда сухани охирин медиҳад.

 

Моддаи 331. Ба хонаи машваратӣ даромадани суд, судя

 

  1. Суд, судя баъди шунидани сухани охирини судшаванда барои баровардани ҳукм дарҳол ба хонаи машваратӣ медароянд ва дар ин бора раисикунанда дар маҷлиси суд эълон мекунад.

2 Раисикунанда вақти хондани ҳукмро ба иштирокчиёни мурофиаи суд пеш аз даромадан ба хонаи машваратӣ эълон мекунад.

 

БОБИ 36. БАРОВАРДАНИ ҲУКМ

 

Моддаи 332. Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ҳукм

 

Суд ҳукмро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарорад.

 

Моддаи 333.  Талаботе, ки нисбат ба ҳукм пешниҳод карда мешаванд

 

  1. Ҳукми суд бояд қонунӣ, асоснок ва одилона бошад.
  2. Ҳукм ҳангоме қонунӣ эътироф карда мешавад, ки он бо риояи талаботи қонун ва дар асоси қонун бароварда шуда бошад.
  3. Ҳукм ҳамон вақт асоснок эътироф карда мешавад, ки он дар асоси таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи далелҳое, ки ба суд пешниҳод гардида, дар маҷлиси суд муҳокима шудаанд, бароварда шуда бошад.
  4. Ҳукми суд ба шарте одилона дониста мешавад, ки дар он ҷазои ба гунаҳгор таъингардида мутобиқи моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани ҷиноят пешбинӣ мекунад, бо назардошти шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои вазнинкунада ва сабуккунандаи ҷазо таъин шуда бошад.
  5. Ҳар шахси бегуноҳ бояд сафед карда шавад.

 

Моддаи 334. Махфӣ будани машварати судяҳо

 

  1. Ҳукм аз ҷониби суд, судя дар хонаи машваратӣ бароварда мешавад. Ҳангоми баровардани ҳукм дар хонаи машваратӣ танҳо ҳайати суде, ки ҳамин парвандаро баррасӣ кардааст, ҳузур дошта метавонад.
  2. Суд, судя ҳуқуқ доранд бо фарорасии шаб, ҳангоми зарурат, инчунин рўзона аз хонаи машваратӣ баромадан барои истироҳат танаффус эълон кунанд. Судяҳо ҳуқуқ надоранд фикру мулоҳизаи ҳангоми муҳокима ва баровардани ҳукм ҷойдоштаро фош кунанд.

 

Моддаи 335.  Масъалаҳое, ки суд ҳангоми баровардани ҳукм ҳал мекунад

 

  1. Суд дар хонаи машваратӣ ҳангоми баровардани ҳукм масъалаҳои зеринро ҳал мекунад:

– кирдоре, ки дар содир намудани он судшаванда айбдор карда мешавад, ҷой дорад ё не;

– оё исбот шудааст, ки кирдорро судшаванда содир кардааст;

– ин кирдор ҷиноят аст ё не ва он маҳз бо кадом моддаи қонуни ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст;

– судшаванда дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор аст ё не ва ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо мавҷуданд ё не;

– ба судшаванда барои ҷинояти содирнамудааш ҷазо додан лозим аст ё не;

– ба судшаванда кадом ҷазо бояд таъин карда шавад;

– шахси аз озодӣ маҳрумшуда дар кадом намуд ва низоми муассисаи ислоҳӣ бояд мўҳлати ҷазоро адо намояд.

– даъвои гражданӣ қобили қонеъгардонӣ аст ё не, ба манфиати кӣ ва инчунин агар даъвои гражданӣ арз нашуда бошад, товони зарари молу  мулкӣ  ситонида мешавад ё не;

– бо молу мулке, ки барои таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодира таҳти ҳабс қарор дода шудааст, чӣ бояд кард;

– бо далелҳои шайъӣ чӣ бояд кард;

– хароҷоти мурофиавӣ ба кадом андоза ба зиммаи кӣ бояд гузошта шавад;

– судшавандаро аз унвонҳои махсус ё рутбаҳои ҳарбӣ, инчунин ордену медалҳо ва унвонҳои фахрӣ маҳрум созад ё не;

– татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро, дар ҳолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи 98 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ шудаанд;

– дар хусуси чораи пешгирӣ ба ҳаққи судшаванда.

  1. Агар судшаванда дар содир намудани якчанд ҷиноят айбдор карда шавад, суд масъалаҳои дар сархатҳои якум-шашуми қисми 1 ҳамин модда зикршударо оид ба ҳар як ҷиноят дар алоҳидагӣ ҳал мекунад.
  2. Агар ба содир намудани ҷиноят якчанд судшаванда айбдор карда шавад, суд ин масъалаҳоро бо муайян кардани нақш ва дараҷаи иштирокашон дар кирдори содиршуда нисбат ба ҳар як судшаванда дар алоҳидагӣ ҳал мекунад.

 

Моддаи 336. Ҳалли масъалаи мукаллафии судшаванда

 

  1. Суд вазифадор аст ҳангоми баровардани ҳукм масъалаи мукаллафии судшавандаро муҳокима кунад.
  2. Бо эътирофи он ки судшаванда ҳангоми содир намудани кирдор дар ҳолати номукаллафӣ қарор дошт ё баъди содир намудани ҷиноят ба бемории рўҳӣ мубтало шудааст, ки ўро аз имконияти дарки воқеии моҳияти амали содирнамуда, зарари он ё идора кардани он маҳрум сохтааст, суд ҳуқуқ дорад парвандаи ҷиноятиро мутобиқи талаботи боби 45 Кодекси мазкур баррасӣ намуда, қарор қабул намояд.

 

Моддаи 337. Тартиби машварати судяҳо ҳангоми баррасии дастаҷамъонаи парванда

 

  1. Ҳангоми баррасии дастаҷамъонаи парванда қабл аз баровардани қарор машварати судяҳо доир мегардад. Раисикунанда масъалаҳоро бо тартиби дар моддаи 335 Кодекси мазкур зикргардида барои ҳал пешниҳод мекунад.
  2. Ҳангоми ҳалли ҳар як масъала ҳеҷ яке аз судяҳо, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда, ҳуқуқ надорад, аз овоздиҳӣ худдорӣ кунад. Ҳамаи масъалаҳо бо аксарияти овозҳо ҳал карда мешаванд. Раисикунанда пас аз ҳама овоз медиҳад.
  3. Судяи дар ақаллият қарордошта ҳуқуқ дорад фикри худро оид ба ҳукми баровардашуда хаттӣ баён кунад, ки он ба ҳукм замима гардида, набояд дар толори маҷлиси суд эълон карда шавад.

 

Моддаи 338. Намудҳои ҳукм

 

  1. Ҳукми суд айбдоркунанда ё сафедкунанда шуда метавонад.
  2. Ҳукми айбдоркунӣ метавонад бароварда шавад:

– бо таъини ҷазои ҷиноятӣ, ки маҳкумшуда бояд онро адо кунад;

– бо  таъини ҷазои ҷиноятӣ ва озод кардан аз адои он;

– бе таъини ҷазои ҷиноятӣ.

 

Моддаи 339. Асосҳои қабули ҳукми айбдоркунанда

 

  1. Ҳукми айбдоркунанда танҳо ба шарте бароварда мешавад, ки дар ҷараёни муҳокимаи судӣ гунаҳгор будани судшаванда дар содир намудани ҷиноят бо маҷмўи далелҳои таҳқиқшуда тасдиқ гардидааст. Ҳукми айбдоркунанда ба тахмин асос ёфта наметавонад.
  2. Суд ҳукми айбдоркунандаро бо таъини ҷазо, ки судшаванда онро бояд адо кунад, бароварда, бояд намуд‚ андоза ва оғози баҳисобгирии мўҳлати адои ҷазоро дақиқ муайян кунад.
  3. Суд ҳукми айбдоркунандаро бо таъини ҷазо ва озод кардан аз адои он дар ҳолатҳое мебарорад, ки то лаҳзаи баровардани ҳукм:

– санади авф қабул гардад, ки он маҳкумшударо аз татбиқи ҷазои бо ин ҳукм таъингардида озод мекунад;

– мўҳлати оид ба ҳамин парванда таҳти ҳабс қарор доштани судшаванда мутобиқи қоидаҳои баҳисобгирии ҳабси пешакӣ, ки моддаи 70 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҷазои таъиннамудаи судро дар бар гирад.

  1. Суд ҳукми айбдоркунандаро бе таъини ҷазо дар ҳолатҳое мебарорад, ки дар лаҳзаи қабули он:

–  мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои ҳамин ҷиноят гузашта бошад;

–  судшаванда фавтида бошад.

 

Моддаи 340. Асосҳои баровардани ҳукми сафедкунанда

 

  1. Ҳукми сафедкунанда дар сурате бароварда мешавад, ки:

– ҳодисаи ҷиноят вуҷуд надошта бошад;

– дар кирдори судшаванда таркиби ҷиноят мавҷуд набошад;

– иштироки судшаванда дар содир кардани ҷиноят исбот нашуда бошад.

  1. Сафедкунӣ вобаста ба ҳар яке аз асосҳои номбаршуда маънои эътирофи бегуноҳии судшавандаро дошта, боиси пурра сафед кардани ў мегардад.
  2. Агар ҳангоми баровардани ҳукми сафедкунанда бинобар исбот нашудани иштироки судшаванда дар содир намудани ҷиноят ва шахсе, ки ин ҷиноятро содир кардааст, муайян нашуда бошад, суд баробари эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм парвандаро ба прокурор барои андешидани чора ҷиҳати муайян кардани шахсе, ки ба сифати айбдоршаванда бояд ҷалб гардад, равон мекунад.

 

Моддаи 341. Тартиб додани ҳукм

 

  1. Суд пас аз ҳалли масъалаҳои дар моддаи 335 Кодекси мазкур зикргардида ба тартиб додани ҳукм мегузарад. Он ба забоне таҳия карда мешавад, ки бо он муҳокимаи судӣ сурат гирифта буд ва аз қисми муқаддима, баёнию асосноккунӣ ва қисми хулосавӣ иборат мебошад.
  2. Ҳукм бояд аз ҷониби яке аз судяҳо, ки дар баровардани он иштирок дошт, навишта шавад ё бо ёрии воситаҳои техникӣ таҳия гардад ва аз ҷониби ҳамаи судяҳо имзо карда шавад.
  3. Ислоҳ даровардан ба ҳукм бояд то эълон кардани он дар хонаи машваратӣ ворид карда шуда, эзоҳ дода ва бо имзои ҳамаи судяҳо тасдиқ карда шавад.

 

Моддаи 342. Қисми муқаддимавии ҳукм

 

Дар қисми муқаддимавии ҳукм  инҳо инъикос мегарданд:

– баровардани ҳукм аз номи  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– вақт ва ҷои баровардани ҳукм;

– номи суде, ки ҳукмро баровардааст, ҳайати суд, котиби маҷлиси суд, айбдоркунанда, ҳимоятгар;

насаб, ном ва номи падари судшаванда, сол, моҳ, рўз ва ҷои таваллуди ў, ҷои истиқомат, ҷои кор, шуғл, таҳсилот,  вазъи оилавӣ ва дигар маълумот оид ба судшаванда, ки барои парванда аҳамият доранд;

– қонуни ҷиноятие, ки ҷавобгариро барои ҷинояте, ки дар содир намудани он судшаванда айбдор дониста мешавад, пешбинӣ мекунад.

 

Моддаи 343. Қисми баёнию асосноккунии ҳукми айбдоркунанда

 

  1. Дар қисми баёнию асосноккунӣ бояд баёни кирдори ҷиноятӣ, ки суд онро исботшуда эътироф кардааст, бо нишон додани маҳал, вақт, тарзи содир кардани он, намуди гуноҳ, сабаб, мақсад ва оқибатҳои ҷиноят инъикос гарданд. Дар ҳукм далелҳое, ки хулосаи суд бо онҳо асоснок карда шудаанд ва ваҷҳҳое, ки мутобиқи он суд дигар далелҳоро рад кардааст, оварда мешаванд. Дар он ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо ва дар сурати эътирофи беасосии қисми айб ё муайян намудани нодурустии бандубасти ҷиноят асос ва сабабҳои тағйир додани айб зикр мешаванд.
  2. Суд инчунин вазифадор аст асосҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳоеро, ки бо таъини ҷазои ҷиноятӣ, озод кардан аз ҷазо ё аз адои он, татбиқи дигар чораҳои таъсиррасонӣ алоқаманданд, инъикос кунад.
  3. Қисми баёнию асосноккунӣ асоснокии қарорҳои қабулшударо оид ба масъалаҳое, ки дар моддаи 335 Кодекси мазкур зикр гардидаанд, дар бар мегирад.

 

Моддаи 344. Қисми хулосавии ҳукми айбдоркунанда

 

  1. Дар қисми хулосавии ҳукми айбдоркунанда инҳо бояд нишон дода шаванд:

насаб, ном ва номи падари судшаванда;

– қарори гунаҳгор донистани судшаванда дар содир намудани ҷиноят;

– қисм ва бандҳои моддаи қонуни ҷиноятӣ, ки тибқи он судшаванда гунаҳгор эътироф шудааст;

– намуд ва андозаи ҷазои нисбат ба судшаванда таъиншуда барои ҳар як ҷинояте, ки дар содир намудани он ў гунаҳгор эътироф шудааст, чораи ниҳоии ҷазо, ки дар асоси моддаҳои 67, 68 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд адо карда шавад, намуд ва низоми муассисаи ислоҳӣ, ки дар он бояд маҳкумшуда ҷазоро адо кунад;

– давомнокии мўҳлати санҷиш ҳангоми шартан татбиқ накардани ҷазо ва ўҳдадориҳое, ки ба зиммаи маҳкумшуда гузошта мешаванд;

– қарор дар бораи таъин кардани ҷазои иловагӣ;

– қарори баҳисобгирии мўҳлати дар ҳабси пешакӣ қарор доштан, ба шарте, ки судшаванда то баровардани ҳукм дастгир ё нисбати ў чораҳои пешгирӣ дар намуди баҳабсгирӣ, ҳабси хонагӣ татбиқ шуда бошад ё ў дар муассисаҳои равонпизишкӣ ҷой дода шуда бошад.

– қарори чораҳои пешгирӣ нисбат ба судшаванда то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм.

  1. Агар ба судшаванда оид ба якчанд моддаҳои‚ конуни ҷиноятӣ айб эълон шуда бошад, дар қисми хулосавии ҳукм бояд дақиқ нишон дода шавад, ки бо кадоме аз онҳо судшаванда сафед ва бо кадоме аз онҳо маҳкум карда шудааст.
  2. Дар сурати озод кардани судшаванда аз адои ҷазо ё баровардани ҳукм бе таъини ҷазо дар ин бора дар қисми хулосавии ҳукм нишон дода мешавад.

 

Моддаи 345. Қисми баёнию асосноккунии ҳукми сафедкунанда

 

Дар қисми баёнию асосноккунии ҳукми сафедкунанда инҳо зикр мегарданд:

– моҳияти айби пешниҳодшуда, ҳолатҳои парванда, ки суд муайян кардааст;

– далелҳое, ки барои сафед кардани судшаванда асос шудаанд;

– асосҳое, ки мувофиқи онҳо далелҳои пешниҳоднамудаи тарафи айбдоркунӣ рад карда мешаванд;

– асосҳои қарор нисбат ба даъвои гражданӣ.

 

Моддаи 346. Қисми хулосавии ҳукми сафедкунанда

 

Дар қисми хулосавии ҳукми сафедкунанда инҳо бояд зикр гарданд:

насаб, ном ва номи падари судшаванда;

– қарори бегуноҳ эътироф кардани судшаванда ва сафед     кардани ў;

– асосҳои сафедкунӣ;

– қарори бекор кардани чораҳои пешгирӣ, ба шарте, ки он татбиқ шуда бошад;

– қарори бекор кардани таъмини мусодираи молу мулк, ба шарте, ки чунин чораҳо андешида шуда бошанд.

 

Моддаи 347. Дигар масъалаҳое, ки бояд дар қисми хулосавии ҳукм ҳал карда шаванд

 

Дар қисми хулосавии ҳам ҳукми айбдоркунанда ва ҳам ҳукми сафедкунанда ғайр аз масъалаҳое, ки мувофиқан дар моддаҳои 344 ва 346 Кодекси мазкур номбар шудаанд, бояд инъикос гарданд:

– қарори даъвои граждании арзшуда;

– ҳалли масъалаҳои далелҳои шайъӣ;

– қарори тақсими хароҷоти мурофиавӣ;

– фаҳмондани тартиб ва мўҳлати овардани шикоят ё эътирози кассатсионӣ  ба ҳукм.

 

Моддаи 348. Эълони ҳукм

 

  1. Пас аз имзои ҳукм суд, судя ба толори маҷлиси суд бармегардад ва раисикунанда ё судя ҳукмро эълон мекунад. Ҳамаи ҳозирони толори маҷлиси суд ҳукмро аз ҷой бархоста мешунаванд.
  2. Раисикунанда ба судшаванда, тарафҳои дигар мазмуни ҳукм, тартиб ва мўҳлати аз он шикоят карданро мефаҳмонад. Агар ба судшаванда ҷазои қатл таъин шуда бошад, ба ў инчунин ҳуқуқи пешниҳоди дархости бахшиши ҷазо фаҳмонда мешавад.
  3. Ҳангоми эълон кардани қисми муқаддимавӣ ва хулосавии ҳукм раисикунанда ба иштирокчиёни мурофиаи судӣ тартиби бо матни пурраи он шинос шуданро мефаҳмонад.(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1134)

 

Моддаи 349. Озод кардани судшаванда аз ҳабс

 

Ҳангоми сафед кардани судшаванда, инчунин ҳангоми баровардани ҳукми бо озод кардан аз адои ҷазо ё бе таъини ҷазо ё бо шартан маҳкум кардан ё бо маҳкум кардан ба ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ алоқаманд намебошад, судшавандаи ба ҳабс гирифташуда бояд фавран дар толори маҷлиси суд озод карда шавад.

 

Моддаи 350. Супурдани нусхаи ҳукми суд

 

На дертар аз панҷ шабонарўз баъд аз эълони ҳукми суд нусхаи он бояд ба маҳкумшуда ё сафедшуда супурда шавад. Дар ҳамин мўҳлат нусхаи ҳукм ба айбдоркунандаи давлатӣ ва ба истиснои парвандаҳое, ки дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ карда мешаванд ба,ҳимоятгар, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо бо дархости шахсони зикргардида супурда мешавад. (ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1067; аз 27.11.14с., №1134)

 

Моддаи 351. Масъалаҳое, ки суд ҳамзамон бо баровардани ҳукм ҳал мекунад

 

  1. Агар шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда фарзандони ноболиғ, дигар шахсони дар таъминоташ буда ё падару модари пиронсол, ки бе нигоҳбон мемонанд, дошта бошад, суд ҳамзамон бо баровардани ҳукми айборкунанда масъалаи ба хешовандони наздик, ё дигар шахсон супоридани ин шахсон ё ҷиҳати ҷойгир намудани онҳо дар муассисаҳои кўдакона ё ҳифзи иҷтимоӣ қарор ё таъинот мебарорад. Агар маҳкумшуда молумулк ё манзиле дошта бошад, ки бе нигаҳбон мемонанд, суд ҷиҳати муҳофизати онҳо низ чора меандешад.
  2. Агар дар парванда ҳимоятгар мутобиқи таъинот иштирок дошта бошад, суд ҳамзамон бо баровардани ҳукм дар бораи андозаи подошпулӣ, ки судшаванда бояд ба машваратхонаи ҳуқуқӣ супорад, таъинот (қарор) мебарорад.
  3. Ҳамаи қарорҳои мурофиавии дар ҳамин модда номбаршуда бояд дар толори маҷлиси суд баъд аз эълони ҳукм эълон карда шаванд.

 

Моддаи 352. Додани имконияти вохўрӣ бо маҳкумшуда

 

То ба иҷро расонидани ҳукми суд раисикунанда ё раиси суд бояд ба хешовандони наздики маҳкумшудаи таҳти ҳабс қарордошта бо хоҳиши онҳо имконият диҳад то бо ў вохўрӣ кунанд.

 

БОБИ 37. ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ АЙБДОРКУНИИ ХУСУСӢ

 

Моддаи 353. Тобеияти судии парвандаи айбдоркунии хусусӣ

 

Парвандаи айбдоркунии хусусӣ, ки дар қисми 2 моддаи 24 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст‚ аз тарафи судяи суди шаҳру ноҳия  баррасӣ карда мешавад.

 

Моддаи 354. Оғоз кардани парвандаи айбдоркунии хусусӣ

 

  1. Парвандаи айбдоркунии хусусӣ аз ҷониби ҷабрдида ё намояндаи қонунии ў бо роҳи ба суд додани ариза дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс оғоз карда мешавад.
  2. Парвандаи айбдоркунии хусусӣ аз ҷониби прокурор тибқи талаботи қисми 4 моддаи 24 Кодекси мазкур оғоз карда мешавад.
  3. Ариза бояд инҳоро дар бар гирад:

– номи судеро, ки ариза ба он супурда мешавад;

– баёни ҳодисаи ҷиноят;

– маҳал ва вақти содир кардани ҷиноят бо нишон додани далелҳо;

– дархост ба суд оид ба қабул карда гирифтани парванда барои пешбурд;

– маълумот дар бораи шахсе, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад;

– рўйхати шоҳидоне, ки даъваташон ба суд зарур аст;

– имзои шахси арзкарда.

  1. Ариза ба суд бо нусхаҳои баробари шумораи шахсоне, ки дар ҳаққи онҳо парвандаи айбдоркунии хусусӣ оғоз мегардад, пешниҳод карда мешавад.
  2. Аз лаҳзаи аризаро барои пешбурд қабул кардани суд шахси онро пешниҳодкарда айбдоркунандаи хусусӣ ҳисобида шуда, ба ў бояд ҳуқуқҳои бо моддаи 43 Кодекси мазкур пешбинишуда фаҳмонда шаванд.

 

Моддаи 355. Ваколатҳои суд оид ба парвандаи айбдоркунии хусусӣ то оғози муҳокимаи судӣ

 

  1. Дар ҳолате ки аризаи пешниҳодшуда ба талаботи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 354 Кодекси мазкур ҷавобгў набошад, судя бо қарори худ шахси арзнамударо вазифадор мекунад, ки далелҳо пешниҳод кунад, камбудиҳоро бартараф созад ва барои он мўҳлат муқаррар мекунад. Ҳангоми иҷро накaрдани қарор судя бо қарори худ ҷиҳати баррасӣ қабул намудани аризаро рад намуда, дар ин бора шахси арзнамударо огоҳ месозад.
  2. Ба маҷлиси суд бе сабабҳои узрноки дар қисми 2 моддаи 224 Кодекси мазкур зикргардида ҳозир нашудани айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндаи ў боиси қатъ кардани пешбурди парванда мегардад.
  3. Бо дархости айбдоркунандаи хусусӣ судя бояд ба ў дар ҷамъоварии далелҳо мусоидат кунад.
  4. Судя ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои таъини маҷлиси суд дар мўҳлати то ҳафт шабонарўз аз лаҳзаи ворид гардидани ариза ба суд вазифадор аст, шахсеро, ки нисбати ў шикоят карда шудааст, даъват намуда, ўро бо маводи парванда шинос кунад ва ҳуқуқҳои судшавандаро дар маҷлиси суд, ки моддаи 47 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, фаҳмонад ва муайян кунад, ки киҳоро ба сифати шоҳид ва ҳимоятгар ба суд даъват кардан мумкин аст.
  5. Судя вазифадор аст ба тарафҳо имконияти оштӣ шуданро фаҳмонад.
  6. Дар сурати аз ҷониби тарафҳо расидани ариза дар бораи оштӣ пешбурди парванда дар асоси сархати панҷуми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мазкур бo қарори судя қатъ карда мешавад.
  7. Агар тарафҳо бо ҳамдигар оштӣ нашаванд, судя пас аз иҷрои талаботи қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда тибқи қоидаҳои моддаи 262 Кодекси мазкур баррасии парвандаро таъин мекунад.

 

Моддаи 356. Баррасии парванда дар маҷлиси суд

 

  1. Парванда дар маҷлиси суд аз тарафи судя тибқи қоидаҳои умумии муҳокимаи судӣ бо истиснои тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда, баррасӣ карда мешавад.
  2. Муҳокимаи судӣ бояд дар мўҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарўз аз лаҳзаи ба суд расидани ариза сар карда шавад.
  3. Баррасии аризаро оид ба парвандаи айбдоркунии хусусӣ бо баррасии аризаи мутақобила якҷоя пеш бурдан мумкин аст. Якҷоя кардан тибқи қарори судя то оғози тафтиши судӣ иҷозат дода мешавад. Ҳангоми якҷоя кардани аризаҳо дар як пешбурд, шахсоне, ки онро арз кардаанд, дар мурофиа ҳамзамон ба сифати айбдоркунандаи хусусӣ ва судшаванда иштирок мекунанд. Барои омодагӣ ба ҳимоя ва вобаста ба ворид шудани аризаи мутақобила ва якҷоя кардани пешбурд тибқи дархости шахсе, ки нисбати ў аризаи мутақобила дода шудааст, парвандаро ба мўҳлати на бештар аз се шабонарўз мавқуф гузоштан мумкин аст.
  4. Пурсиши ин шахсон оид ба ҳолатҳои дар аризаҳо инъикоснамудаашон тибқи қоидаҳои пурсиши ҷабрдида, оид ба ҳолатҳои дар аризаҳои мутақобила инъикосёфта бошад, тибқи қоидаҳои пурсиши судшаванда анҷом дода мешавад.
  5. Айбдоркунӣ дар маҷлиси суд аз ҷониби айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндаи ў тақвият дода мешавад.
  6. Тафтиши судӣ аз зикри ариза аз тарафи шахси онро арзкарда ё намояндаи ў оғоз меёбад.

 

ФАСЛИ IV. АЗ НАВ  ДИДА БАРОМАДАНИ ҲУКМ, ТАЪИНОТ ВА ҚАРОРЕ, КИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДО НАКАРДААНД

БОБИ 38. ШИКОЯТ ВА ЭЪТИРОЗИ КАССАТСИОНӢ АЗ ҚАРОРИ СУД, КИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДО НАКАРДААСТ

 

Моддаи 357. Ҳуқуқи овардани шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз ҳукм

 

  1. Мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи боби мазкур аз ҳукми суд, ки эътибори қонунӣ пайдо накардааст, аз ҷониби тарафҳо тибқи тартиби кассатсионӣ шикоят ва эътироз овардан мумкин аст.
  2. Тибқи тартиби кассатcионӣ шикоят ва эътирозҳо ба ҳукмҳои эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди марҳилаи якум баррасӣ карда мешаванд.
  3. Ҳуқуқи шикоят оварданро ба ҳукм маҳкумшуда, сафедшуда, ҳимоятгари онҳо ва намояндагони қонунии онҳо, ҷабрдида ва намояндаи ў доранд.
  4. Даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд ба ҳукм дар қисми вобаста ба даъвои гражданӣ, инчунин дигар шахсоне, ки ҳуқуқу манфиятҳои молумулкии онҳо бо ҳукм халалдор шудааст, дар қисми ҳуқуқу манфиятҳои молумулкии халалдоршуда ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд ба ҳукм дар қисми вобаста ба даъвои гражданӣ шикоят оваранд.(ҚҶТ аз 28.12.12с., №932)
  5. Ҳуқуқи эътироз овардан ба ҳукм ба прокуроре тааллуқ дорад, ки дар суд ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ баромад кардааст. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда ва муовинони онҳо дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд, сарфи назар аз ширкаташон дар мурофиаи судии парвандаи ҷиноятӣ, ба ҳукм эътироз оваранд.

 

Моддаи 358. Тартиби шикоят кардан ва эътироз овардан ба ҳукмҳо

 

  1. Бо тартиби кассатсионӣ шикоят карда ва эътироз оварда мешаванд аз:

– ҳукмҳои судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва ҳукмҳои судҳои ноҳиявии шаҳри Душанбе ба суди шаҳри Душанбе;

– ҳукмҳои судҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳукмҳои суди  Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, суди вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳукмҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳукмҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Шикоятҳо ва эътирозҳои кассатсионӣ ба воситаи суде, ки ҳукмро баровардааст, пешниҳод мегардад, аммо бевосита ба марҳилаи кассатсионӣ овардани шикоят ё эътироз ба баррасии шикоят ё эътироз монеъ намешавад.
  2. Аз ҳукме, ки ҳангоми баррасии такрории парванда бароварда шудааст‚ бо тартиби умумӣ шикоят ва эътироз овардан мумкин аст.

 

Моддаи 359. Мўҳлатҳои шикоят кардан ва эътироз овардан ба ҳукмҳо

 

  1. Тарафҳо метавонанд аз ҳукми суд дар мўҳлати даҳ шабонарўз аз лаҳзаи эълони он, агар маҳкумшуда таҳти ҳабс қарор дошта бошад‚ дар ҳамин мўҳлат аз лаҳзаи ба ў супорида шудани нусхаи ҳукм шикоят кунанд ё эътироз оваранд.
  2. Дар ҷараёни мўҳлати барои шикоят кардан аз ҳукм муайянгардида парвандаро аз суд талаб карда гирифтан мумкин нест.
  3. Шикоят ва эътирозҳое, ки бо гузаронидани мўҳлат арз шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.

 

Моддаи 360. Тартиби барқарор намудани мўҳлати шикоят  кардан ва эътироз овардан

 

  1. Дар сурати бо сабаби узрнок гузаронидани мўҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан шахсоне, ки барои шикоят кардан ва эътироз овардан ҳуқуқ доранд, метавонанд ба суди ҳукмбароварда дар хусуси барқарор намудани мўҳлат дархост пешниҳод намоянд Дархости барқарор намудани мўҳлат дар муҳокимаи судии парванда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, судя ҳуқуқ дорад, шахсеро, ки дархостро пешниҳод кардааст, барои додани баёнот ё хулоса даъват кунад.
  2. Аз қарори суд дар хусуси рад намудани барқарор кардани мўҳлати гузаронидашуда ба суди болоӣ, ки ҳуқуқ дорад, мўҳлати гузаронидашударо барқарор ва парвандаро тибқи шикоят ё эътироз баррасӣ намояд, шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст.

 

Моддаи 361. Огоҳ кардани тарафҳо аз шикоят ва эътирози пешниҳодшуда

 

  1. Дар хусуси шикоят ва эътирози дохилшуда судяе, ки ҳукм баровардааст, маҳкумшуда ё сафедшуда, ҳимоятгар, айбдоркунанда, ҷабрдида ё намояндаи ў, инчунин даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳоро, ба шарте ки эътироз ё шикоят ба манфиати онҳо дахолат кунад, огоҳ намуда, мефаҳмонад, ки онҳо ҳуқуқ доранд, бо шикоят ё эътироз шинос шаванд ва ба таври хаттӣ эродҳои худро ба шикоят ё эътироз пешниҳод кунанд.
  2. Бо хоҳиши онҳо суд нусхаи эътироз ё шикоятро, ки тарафи дигар додааст, ба онҳо месупорад.
  3. Эродҳое, ки нисбат ба эътироз ё шикоят расидаанд‚ ба парванда ҳамроҳ карда мешаванд.

 

Моддаи 362. Оқибатҳои шикоят кардан ва эътироз овардан

 

  1. Шикоят кардан ва эътироз овардан иҷрои ҳукмро бозмедорад.
  2. Пас аз гузаштани мўҳлати барои шикоят ё эътирози ҳукм муайянгардида судяе, ки ҳукмро баровардааст, парвандаро бо шикоят, эътироз ва эродҳои нисбат ба он расида ба суди марҳилаи кассатсионӣ мефиристад ва дар ин бора тарафҳоро огоҳ мекунад.
  3. Шахсе, ки аз ҳукм шикоят кардааст ва эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад онро то оғози маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ бозхонад.
  4. Шахсе, ки аз ҳукм шикоят кардааст ва эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад онро тағйир диҳад ё шикоят ё эътирози худро бо далелҳои нав пурра кунад. Зимнан дар эътирози иловагии прокурор ё дар шикояти шахс дар бораи тағйир додани шикоят, ҳамчунин дар шикояти иловагии ҷабрдида, айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндагони онҳо, ки пас аз гузаштани мўҳлати овардани шикоят ё эътироз ба ҳукм пешниҳод шудааст‚ дар бораи бад кардани вазъи маҳкумшуда, ба шарте ки чунин талаб дар шикоят ё эътирози пештар овардашуда ҷой надошта бошад, масъала гузоштан мумкин нест.

 

Моддаи 363. Шикоят кардан ва эътироз овардан аз таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум

 

  1. Аз таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум‚ ба истиснои муқаррароти қисми 3 ҳамин модда‚ аз ҷониби шахсони дар моддаи 357 Кодекси мазкур зикршуда шикояти хусусӣ кардан ё эътирози хусусӣ овардан мумкин аст.
  2. Мутобиқи қоидаҳои ҳамин модда аз таъиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи таҳқиқи далелҳо, дархости иштирокчиёни мурофиа, инчунин риояи тартибот дар толори маҷлиси суд, ғайр аз таъиноти (қарори) дар хусуси ситонидани ҷарима баровардашуда, шикоят ё эътироз карда намешавад. Эрод ба қарорҳои дар боло зикршуда мумкин аст ба тариқи шикояти кассатсионӣ ё эътироз нисбати ҳукм пешниҳод шавад. (ЌЉТ аз 14.03.14 с., № 1067)
  3. Шикояти хусусӣ ё эътироз аз таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум аз ҷониби тарафҳо дар мўҳлати даҳ шабонарўз аз лаҳзаи бароварда шуданашон дода шуда, тибқи талаботи боби 39 Кодекси мазкур баррасӣ карда мешаванд.
  4. Дар сурати шикоят кардан ва эътироз овардан ба таъиноте (қароре), ки дар ҷараёни муҳокимаи судӣ бо баровардани ҳукм хотима ёфтааст, парванда танҳо пас аз гузаштани мўҳлати барои шикояти ҳукм муайянгардида ба суди марҳилаи болоӣ фиристода мешавад. Зимнан, агар ба ҳукм шикояти кассатсионӣ оварда шуда бошад, тафтиши шикояти хусусӣ ё эътирози хусусӣ аз ҷониби он марҳилаи судӣ анҷом дода мешавад, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ мекунад.
  5. Ҳуқуқи шикоят кардан аз таъиноти суд ва қарори судя, инчунин ба шахсоне тааллуқ дорад, ки дар парвандаи мазкур ба сифати тараф иштирок надоштанд, вале таъинот ё қарор ба манфиати онҳо дахолат мекунад.

 

БОБИ 39. БА ТАРИҚИ КАССАТСИОНӢ БАРРАСӢ КАРДАНИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

 

Моддаи 364. Мавзўи муҳокимаи судӣ дар марҳилаи кассатсионӣ

 

Суди марҳилаи кассатсионӣ аз рўи шикоят ва эътирозҳои кассатсионӣ қонунӣ, асоснок ва одилона будани ҳукм ва дигар қарорҳои судиро тафтиш менамояд.

 

Моддаи 365. Ҳайати  суд  ҳангоми  баррасии  парвандае, ки аз он шикоят карда ва ба он эътирози кассатсионӣ оварда шудааст

 

Парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ аз тарафи суд дар ҳайати се нафар судя баррасӣ карда мешавад.

 

Моддаи 366. Мўҳлатҳои баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ

 

  1. Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе бояд парвандаи тибқи шикоят ё эътирози кассатсионӣ расидаро дар мўҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарўз аз рўзи ворид шуданаш баррасӣ кунанд. Ҳангоми махсусан мураккаб будани парванда ё дар ҳолатҳои дигари истисноӣ раиси суди дахлдор метавонад бо қарори худ ин мўҳлатро то чордаҳ шабонарўз дароз кунад.
  2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи тибқи шикоят ё эътирози кассатсионӣ расидаро бояд дар мўҳлати на дертар аз як моҳ аз рўзи ворид шуданаш баррасӣ кунад. Дар ҳолатҳои истисно Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ў метавонанд бо қарори худ ин мўҳлатро то як моҳ дароз кунад.
  3. Дар сурати дароз кардани мўҳлати баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ иштирокчиёни парванда бояд пешакӣ огоҳ карда шаванд.

 

Моддаи 367. Шикоят ё эътирози кассатсионӣ

 

Шикоят ё эътирози  кассатсионӣ  инҳоро бояд  дар бар гирад:

–  номи суде, ки аз он шикоят ё ба он эътироз оварда шудааст;

– маълумот дар хусуси шахсе, ки шикоят ё эътирозро овардааст (вазъи мурофиавии ў), ҷои  истиқомат ва маҳалли будубоши ў;

– ҳукм ё дигар қароре, ки аз он шикоят ё ба он эътироз оварда шудааст ва суде, ки ин қарорро баровардааст;

– ваҷҳҳои шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст, нодурустии ҳукм ё дигар қарор дар чист  ва хоҳиши ў аз чӣ иборат аст;

– номгўи маводе, ки ба шикоят ё эътироз замима карда шудааст;

– имзои шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст.

 

 Моддаи 368. Таъини маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ

 

  1. Ҳангоми бо шикоят ё эътирози кассатсионӣ ворид шудани парванда раиси суди марҳилаи кассатсионӣ ё муовини ў оид ба парванда ҳайати коллегияи кассатсионӣ ва судяи маърўзакунандаро таъин намуда, дар айни замон раисикунанда, ҷой ва вақти дар маҷлиси суд баррасӣ кардани парвандаро муайян мекунад.
  2. Дар бораи ҷой ва вақти баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ тарафҳо бояд огоҳ карда шаванд. Масъалаи даъвати маҳкумшудае, ки таҳти ҳабс қарор дорад, аз ҷониби суд ҳал карда мешавад. Маҳкумшудаи таҳти ҳабс қарордошта, ки хоҳиши ширкат кардан дар баррасии шикояташ ё эътирози хилофи манфиати ў овардаи прокурор намудааст, бояд ба маҷлиси судии марҳилаи кассатсионӣ оварда шавад.
  3. Ҳозир нашудани шахсоне, ки дар бораи ҷой ва вақти маҷлиси кассатсионӣ сари вақт огоҳ гардидаанд, барои баррасии парванда монеа шуда наметавонад.
  4. Шахсоне, ки мутобиқи қисми 3 моддаи 357 Кодекси мазкур барояшон ҳуқуқи шикоят овардан аз ҳукм дода шудааст, инчунин ҳимоятгари маҳкумшуда (сафедшуда) ё намояндаи ҷабрдида, ки пас аз баровардани ҳукм супориши онҳоро қабул кардаанд, дар ҳама ҳолатҳо ба маҷлиси кассатсионӣ роҳ дода мешаванд. Бо хоҳиши онҳо барои асоснок кардани шикоят ё эътироз ё эрод гирифтан ба онҳо сухан дода мешавад.

 

Моддаи 369. Тартиби баррасии парванда аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ

 

  1. Раисикунанда маҷлиси судро кушода, эълон мекунад, ки кадом парванда ва дар асоси шикоят ё эътирози кассатсионии кӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Пас аз ин раисикунанда муайян мекунад, ки аз рўи парванда киҳо ҳозир шудаанд ва баъд суд масъаларо дар бораи имконияти баррасии парванда ҳал менамояд. Сипас раисикунанда ҳайати суд, прокурор ва тарҷумонро эълон мекунад ва ба шахсони ба суд ҳозиршуда ҳуқуқи изҳори рад намуданро фаҳмонда, аз онҳо мепурсад, ки аризаҳои радкунӣ доранд ё не. Оид ба радкунии арзшуда суд таъинот мебарорад.
  2. Раисикунанда аз шахсони ҳозиршуда дар бораи дархости онҳо пурсида ва суд аз рўи баррасии дархост таъинот мебарорад.
  3. Баррасии парванда бо иттилооти судяи маърўзакунанда оғоз ёфта, ў моҳияти парванда ва ваҷҳҳои шикоят ё эътирозро баён мекунад. Пас аз маърўза шахсони шикоят ё эътироз арзкарда ваҷҳҳои худро асоснок мекунанд. Дар сурати пешниҳоди маводи иловагӣ раисикунанда ё судяи маърўзакунанда онҳоро эълон мекунад ва барои шиносоӣ ба прокурор ва шахсони дар моддаи 368 Кодекси мазкур нишондодашуда медиҳад, ба шарте ки онҳо дар мурофиа иштирок дошта бошанд. Пас аз ин маҳкумшуда ё сафедкардашуда, ҳимоятгарони онҳо ва намояндагони қонунии онҳо, даъвогари гражданӣ ва ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо, ба шарте ки онҳо дар мурофиа иштирок дошта бошанд, баёнот медиҳанд. Баъди додани баёнот суд хулосаи прокурорро мешунавад ва барои баровардани таъинот ба хонаи машваратӣ меравад.
  4. Маводи иловагии пешниҳодгардида набояд бо роҳи гузаронидани амалҳои тафтишӣ ба даст оварда шуда бошад.
  5. Тартиби маҷлиси суд ва чораҳое, ки нисбат ба вайронкунандагон андешида мешаванд, аз рўи талаботи моддаҳои 291 ва 292 Кодекси мазкур муайян карда мешаванд.
  6. Суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаро, ғайр аз ҳолатҳои дар моддаи 273 Кодекси мазкур зикргардида‚ дар маҷлиси ошкорои суд баррасӣ мекунад.
  7. То сар шудани маҷлиси суд шахсе, ки аз ҳукм шикоят ё ба он эътироз овардааст, ҳуқуқ дорад шикоят ё эътирози худро бозхонад. Прокурори болоӣ ҳуқуқ дорад, ки эътирози овардаи прокурори поёниро бозпас хонад.

 

Моддаи 370. Ҳадди баррасии парванда дар суди  марҳилаи кассатсионӣ

 

Суд бо ваҷҳҳои дар шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардашуда вобаста набуда, парвандаро дар ҳаҷми пуррааш дар ҳаққи ҳамаи айбдорон, аз ҷумла нисбат ба онҳое, ки шикоят ё эътирози кассатсионӣ наовардаанд, месанҷад.

 

Моддаи 371. Қароре, ки суди марҳилаи кассатсионӣ қабул мекунад

 

Ҳангоми бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ намудани парванда суд яке аз қарорҳои зайлро қабул мекунад:

– ҳукмро бетағйир ва шикоят ё эътирозро беқаноат мемонад;

– ҳукмро бекор ва парвандаро қатъ менамояд;

– ҳукмро тағйир медиҳад;

– ҳукмро бекор мекунад ва парвандаро барои тафтиши нав ё ба муҳокимаи нави судӣ мефиристад.

 

Моддаи 372. Асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани ҳукм дар суди  марҳилаи кассатсионӣ

 

Барои бо тартиби кассатсионӣ бекор кардан ё тағйир додани ҳукм инҳо асос шуда метавонанд:

– яктарафа ё нопурра будани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ;

– мувофиқат накардани хулосаи суд, ки дар ҳукм баён шудаанд, ба ҳолатҳои воқеии парванда;

– ба таври ҷиддӣ вайрон карда шудани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ;

– нодуруст татбиқ карда шудани қонуни ҷиноятӣ;

– номувофиқии ҷазои таъиншуда ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти маҳкумшуда.

 

Моддаи 373.  Яктарафа ё нопурра будани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ

 

  1. Таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ яктарафа ё нопурра ба ҳисоб меравад, ба шарте ки зимни анҷом додани он ҳолатҳои барои баровардани ҳукм аҳамияти ҷиддӣ дошта муайян карда нашуда бошанд.
  2. Таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ дар ҳама ҳолат яктарафа ё нопурра эътироф карда мешавад, ба шарте ки доир ба парванда:

– шахсоне нопурсида монда бошанд, ки нишондодҳои онҳо барои парванда аҳамияти ҷиддӣ доранд ё экспертизае гузаронида нашуда бошад, ки мувофиқи қонун гузаронидани он ҳатмист, ҳамзамон ҳуҷҷатҳое талаб карда гирифта ё далелҳои шайъие, ки дарёфт нагардида ба парванда ҳамроҳ карда нашуда бошанд, ки аҳамияти ҷиддӣ доранд;

– ҳолатҳое таҳқиқ нашуда бошанд, ки дар таъиноти судӣ парвандаи ҷиноятиро ба тафтиши нав ё муҳокимаи нави судӣ фиристода нишон дода шудаанд;

– маълумот оид ба шахсияти судшаванда пурра муайян карда нашуда бошад.

 

Моддаи 374. Ба ҳолатҳои воқеии кор мувофиқ набудани хулосаи суд, ки дар ҳукм ифода ёфтаанд

 

Ҳукм ба ҳолатҳои воқеии кор номувофиқ эътироф карда мешавад, ба шарте ки:

– хулосаи суд бо далелҳое, ки дар маҷлиси суд таҳқиқ шудаанд, тасдиқ нашаванд;

– суд ҳолатҳоеро, ки ба хулосаи он таъсири ҷиддӣ расонида метавонистанд, ба ҳисоб нагирифта бошад;

– далелҳои ба ҳам муқобил, ки барои хулосаи суд аҳамияти ҷиддӣ доранд, мавҷуд бошанду дар ҳукм нишон дода нашуда бошад, ки суд бо кадом асосҳо баъзеи ин далелҳоро қабул кардаасту далелҳои дигарро рад намудааст;

– хулосаи суд, ки дар ҳукм ифода ёфтаанд, ихтилофҳо дошта бошанду барои ҳал намудани масъалаи гунаҳгор будан ё бегуноҳии шахси маҳкумшуда, ё худ сафед кардашуда, барои дурустии татбиқ намудани қонуни ҷиноятӣ ё барои муайян кардани чораи ҷазо таъсир расонанд ё худ таъсир расонда метавониста бошанд.

 

Моддаи 375. Ба  таври ҷиддӣ вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ

 

  1. Ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ чунин вайронкунии принсипҳо ва дигар муқаррароти умумии Кодекси мазкур ҳангоми пешбурди парванда эътироф карда мешавад, ки бо роҳи маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои ба шахсони дар парванда иштироккунанда кафолатдодаи қонун, риоя накардани расмияти пешбурди судӣ ё бо роҳи дигар ба таҳқиқи ҳамаҷониба ва холисонаи ҳолатҳои парванда халал расонида, барои баровардани ҳукми одилонаи судӣ таъсир расонидаанд ё метавонистанд таъсир расонанд.
  2. Ҳукм бояд бекор карда шавад:

– вақте ки яктарафа ё нопурра будани тафтиши судӣ натиҷаи саҳван аз баррасӣ истисно кардани далелҳои имконпазир ё беасос рад кардани пешниҳоди тараф дар таҳқиқи далелҳое бошад, ки барои парванда аҳамият дошта метавонистанд;

– таҳқиқ накардани далелҳое, ки бояд ҳатман таҳқиқ шаванд (набудани хулосаи коршинос, ҳангоме ки он ҳатмӣ мебошад, иҷро накардани таъиноти суде, ки парвандаро аз муҳокимаи пешакӣ барои тафтиши иловагӣ фиристодааст ва ғайра).

  1. Ҳукм дар ҳар ҳолат бояд бекор карда шавад, ба шарте ки:

– ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 288 Кодекси мазкур парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби суд қатъ нагардида бошад;

– ҳукм бо ҳайати ғайриқонунии суд бароварда шуда бошад;

– парванда дар ғоибии судшаванда баррасӣ гардида бошад, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 280 Кодекси мазкур;

– парванда бе иштироки ҳимоятгар баррасӣ шудааст, ҳангоме ки иштироки ў тибқи қонун ҳатмӣ мебошад ё бо тарзи дигар ҳуқуқи айбдоршаванда барои доштани ҳимоятгар вайрон карда шуда бошад;

– дар суд ҳуқуқи айбдоршаванда (судшаванда) дар бобати истифодаи забони модарӣ ё хизмати тарҷумон вайрон карда шуда бошад;

– ба судшаванда ҳуқуқи иштирок дар музокираи судӣ пешниҳод нашуда бошад;

– ба судшаванда сухани охирин дода нашуда бошад;

– ҳангоми баровардани ҳукм махфӣ будани машварати судяҳо вайрон карда шуда бошад;

–  ҳукм аз тарафи судя ё яке аз судяҳо имзо нашуда бошад;

–  дар парванда протоколи маҷлиси суд набошад.

 

Моддаи 376. Нодуруст татбиқ карда шудани қонуни ҷиноятӣ

 

Қонуни ҷиноятӣ нодуруст татбиқшуда ба ҳисоб меравад, ба шарте ки:

– суд қонунеро, ки татбиқ карда шудани он лозим буд, татбиқ накарда бошад;

– суд қонунеро, ки татбиқ карда шудани он лозим набуд, татбиқ карда бошад;

– суд қонунро нодуруст маънидод кардааст, ки он ба мазмуни дақиқи қонун мухолиф бошад.

 

Моддаи 377. Номувофиқии ҷазои таъиннамудаи суд

 

Ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти мaҳкумшуда чунин ҷазо номувофиқ дониста мешавад, ки агар он аз доираи пешбиникардаи қонуни ҷиноятӣ берун набаромада бошад ҳам, вале аз рўи намуд ва андозаи худ, чӣ аз ҷиҳати сабукӣ ва чӣ аз ҷиҳати вазниниаш баръало беадолатона мебошад.

 

Моддаи 378. Норавоии вазнин кардани ҷазои маҳкумшуда ё дар ҳаққи ў татбиқ намудани қонуни оид ба ҷинояти вазнинтар дар марҳилаи кассатсионӣ

 

  1. Суд дар вақти ба тариқи кассатсионӣ дида баромадани парванда метавонад ҷазоеро, ки суди марҳилаи якум таъин кардааст, сабуктар намояд ё ки қонуни оид ба ҷинояти сабуктарро татбиқ кунад, вале ҳуқуқ надорад, ки ҷазоро пурзўр намояд ва ҳамчунин қонуни доир ба ҷинояти вазнинтарро татбиқ кунад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  2. Ҳукмро бо зарурати татбиқи қонун дар бораи ҷинояти вазнинтар ё худ барои сабук будани ҷазо фақат дар ҳамон мавридҳо бекор кардан мумкин аст, ки бо ҳамин асосҳо прокурор эътироз оварда ё ҷабрдида шикоят карда бошад.

 

Моддаи 379. Бекор кардани ҳукми айбдоркунӣ ва қатъ кардани парванда

 

Суд парвандаро бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ намуда, ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи сархатҳои панҷум-нўҳуми қисми 1 моддаи 27 ва моддаи 28 Кодекси мазкур ҳукми айбдоркуниро бекор карда ва парвандаро қатъ мекунад.

 

Моддаи 380. Бекор кардани ҳукми сафедкунанда

 

  1. Ҳукми сафедкунандае, ки судя танҳо ё суд баровардаанд, дар марҳилаи кассатсионӣ танҳо аз рўи эътирози прокурор ё шикояти ҷабрдида, айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндагони онҳо, инчунин шикояти шахси аз ҷониби суд сафедкардашуда, ки бо асосҳои сафедкунӣ розӣ намебошад, мумкин аст бекор карда шавад.
  2. Ҳукми сафедкунанда, таъинот дар бораи қатъ кардани парванда ё дигар қароре, ки ба манфиати судшаванда бароварда шудааст, наметавонад бинобар ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои дуюм, нўҳум ва даҳуми қисми 3 моддаи 375 Кодекси мазкур бекор карда шавад.

 

Моддаи 381. Оқибатҳои бекор кардани ҳукм

 

  1. Суд ҳангоми бекор кардани ҳукм ва ба муҳокимаи нави судӣ ирсол намудани парванда дар таъйинот нишон медиҳад, ки пешбурди парванда бояд аз таҳқиқ ё тафтиши нав ё аз муҳокимаи судӣ сар карда шавад.
  2. Дар сурати бекор кардани ҳукм бинобар зарурати эълон кардани айби нисбатан вазнинтар ё айбе, ки аз рўи ҳолатҳои воқеӣ аз айби дар ибтидо эълон кардашуда ҷиддан фарқ мекунад, парванда тавассути суде, ки ҳукм баровардааст, барои тафтиши нав ба прокурор равон карда мешавад.
  3. Дар сурати бекор кардани ҳукм бо сабаби роҳ додан ба вайронкунии қонун ҳангоми баррасии парванда дар суд, парванда барои баррасии нав ба ҳамон суде, ки ҳукмро баровардааст, дар ҳайати нав ё ба суди дигар ирсол карда мешавад.

 

Моддаи 382. Тағйир додани ҳукм

 

  1. Агар зимни баррасии парванда ба тариқи кассатсионӣ муайян карда шавад, ки суди марҳилаи якум қонуни ҷиноятиро нодуруст татбиқ кардааст ё ҷазои таъинкарда ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти маҳкумшуда мувофиқ нест, суди марҳилаи кассатсионӣ метавонад парвандаро ба баррасии нав надода, тибқи муқаррароти моддаи 378 Кодекси мазкур ба ҳукм тағйирот ворид намояд, ба шарте ки ҷазои тағйирдодашуда аз ҷазои дар ибтидо таъиншуда зиёд набошад ва ё қонуни ҷиноятии нисбатан вазнин татбиқ нашуда бошад.
  2. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад ба ҳукм тағйироте дарорад, ки ба ҳолатҳои дар ҳукми суди марҳилаи якум муқаррар карданашуда ё ин ки ба далелҳои радкардаи он асос карда шуда бошад.

 

Моддаи 383. Мазмуни таъиноти кассатсионӣ

 

  1. Дар таъиноти кассатсионӣ инҳо бояд зикр гарданд:

– вақт ва ҷои баровардани  таъинот;

– номи суд ва ҳайати коллегияи кассатсионӣ, ки таъинотро  баровардааст;

– шахсоне, ки зимни баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ иштирок доштанд;

– шахсоне, ки шикоят ё эътирози кассатсионӣ арз намудаанд;

– моҳияти шикоят ё эътироз;

– мазмуни қисми хулосавии ҳукме, ки аз он шикоят карда ё эътироз оварда шудааст;

– асосҳои қабули қарор дар марҳилаи кассатсионӣ;

– қарори суди марҳилаи кассатсионӣ оид ба шикоят ё эътироз.

  1. Қисми баёнияи таъинот дарҷи мухтасари ваҷҳҳои шахсеро, ки шикоят арз ё эътироз кардааст, эродҳои дигар шахсони иштирокчии марҳилаи кассатсионӣ, инчунин асосҳои қабул кардани қарорро дар бар мегирад. Агар шикоят ё эътироз қонеъ гардонида нашуда бошад, асосҳое, ки тибқи он шикоят ё эътироз беасос ё камаҳамият дониста шудааст, нишон дода мешаванд. Ҳангоми бекор кардан ё тағйир додани ҳукм зикр карда мешавад, ки талаботи кадом моддаҳои қонуни ҷиноятӣ ё мурофиавии ҷиноятӣ вайрон карда шудааст ва ин вайронкуниҳо аз чиҳо иборатанд; асосҳое, ки тибқи онҳо ҷазои таъиннамудаи суди марҳилаи якум ғайриодилона эътироф шудааст. Дар сурати ба тафтиши нав ва муҳокимаи нави судӣ фиристодани парванда нишон дода мешавад, ки кадом вайронкуниҳои қонун бояд бартараф карда шаванд. Дар айни замон суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад оид ба исботшуда ё исботнашуда будани айб, оид ба ҳаққонӣ ё нодурустии ин ё он далел ва бартарии як далел нисбат ба далели дигар, оид ба татбиқи қонуни ҷиноятӣ дар бораи ҷазо аз ҷониби суди марҳилаи якум, дар бораи чораи ҷазо масъалаҳоро пешакӣ ҳал намояд.
  2. Таъинот дар хонаи машваратӣ бароварда шуда, ба он ҳамаи ҳайати суд имзо мегузоранд ва пас аз баргаштани ҳайати суд аз хонаи машваратӣ фавран эълон карда мешавад.

 

Моддаи 384. Ҳадди ҳуқуқҳои суди марҳилаи кассатсионӣ

 

Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолати зарурӣ оид ба парванда экспертизаи судӣ таъин намуда, баррасии парвандаро боздорад, маводи иловагии пешниҳодшударо таҳқиқ кунад, намуди низомро таъин кунад, ба шарте ки он бо ҳукм таъин нашуда бошад, инчунин ба қарори суд дигар тағйиротро, ки вазъи маҳкумшударо бадтар намекунанд, ворид намояд.

 

Моддаи 385. Ба иҷро расонидани таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ

 

  1. Таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ барои иҷро дар мўҳлати на дертар аз ҳафт шабонарўзи баъди баровардани он якҷоя бо парванда ба суде, ки ҳукмро баровардааст, фиристода мешавад.
  2. Таъиноте, ки мувофиқи он маҳкумшуда бояд аз ҳабс озод карда шавад дар ин қисм фавран иҷро карда мешавад, ба шарте ки маҳкумшуда дар маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок дошта бошад. Дар ҳолатҳои дигар нусхаи қисми хулосавии таъинот ҷиҳати иҷрои қарори аз ҳабс озод кардани маҳкумшуда фавран ба маъмурияти маҳалли таҳти ҳабс нигоҳдорӣ фиристода мешавад.

 

БОБИ 40. БА ИҶРО РАСОНИДАНИ ҲУКМ, ТАЪИНОТ ВА ҚАРОР

 

Моддаи 386. Эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ва иҷрои он

 

  1. Ҳукми суди марҳилаи якум пас аз гузаштани мўҳлати овардани шикоят ё эътирози кассатсионӣ, ба шарте ки аз он шикоят ё ба он эътироз оварда нашуда бошад, эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва бояд ба иҷро расонида шавад. Дар сурати шикоят ё эътироз овардан ба тариқи кассатсионӣ ҳукм, ба шарте ки бекор карда нашуда бошад, дар рўзи баровардани таъинот эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
  2. Ҳукм аз ҷониби суди марҳилаи якум дар мўҳлати на дертар аз се шабонарўз аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани он ё баргардонидани парванда аз суди марҳилаи кассатсионӣ ба иҷро расонида мешавад.
  3. Агар ҳукми айбдоркунанда дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 81 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро нашуда бошад, шахси барои ҷиноят маҳкумшуда аз адои ҷазо озод карда мешавад.
  4. Агар ҳукм танҳо нисбат ба яке аз маҳкумшудагон шикоят ё эътироз оварда шуда бошад, он то баррасии тамоми ҳукм дар суди марҳилаи кассатсионӣ ба андозаи пуррааш эътибори қонунӣ пайдо намекунад.

 

Моддаи 387. Эътибори қонунӣ пайдо кардани таъиноти (қарори) суд ва иҷрои он

 

  1. Таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум пас аз гузаштани мўҳлати шикоят ё эътироз, вале дар сурати арзи шикояти хусусӣ ё эътироз кардан пас аз баррасии парванда аз ҷониби суди болоӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва ба иҷро расонида мешавад.
  2. Таъиноти (қарори) суде, ки аз он шикоят ё ба он эътироз кардан мумкин нест, пас аз баровардани он фавран эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва ба иҷро расонида мешавад.
  3. Таъиноти (қарори) суд дар бораи қатъ кардани пешбурди парванда ҳангоми ҳалли масъалаи таъини маҷлиси суд ё дар маҷлиси суд дар он қисме, ки ба озод кардани айбдоршаванда ё судшаванда аз ҳабс марбут аст, бояд фавран иҷро карда шавад.
  4. Таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ аз лаҳзаи эълони он эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва танҳо бо тартиби пешбининамудаи бобҳои 42 ва 43 Кодекси мазкур аз нав дида баромада мешавад.
  5. Таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ, инчунин таъинот ё қарори суди марҳилаи назоратӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 388 Кодекси мазкур иҷро карда мешавад.

 

Моддаи 388. Тартиби иҷрои ҳукм, таъинот ва қарори суд

 

  1. Ҳукм, таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, барои ҳамаи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ буда, дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба иҷро расонида шаванд.
  2. Иҷрои ҳукм, таъинот ва қарор ба зиммаи суде гузошта мешавад, ки парвандаро дар марҳилаи якум баррасӣ намудааст. Фармоиши иҷрои ҳукм аз тарафи судя якҷоя бо нусхаи ҳукм ба он мақомоте, ки тибқи қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иҷрои ҳукм ба зиммааш гузошта шудааст, ирсол мегардад. Дар сурати бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ намудани парванда тағйир додани ҳукми суди марҳилаи якум ба нусхаи ҳукм нусхаи таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ замима карда мешавад.
  3. Иқтибос аз ҳукми суд вобаста ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ирсол карда мешавад (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., №1306).
  4. 4. Мақомоти иҷрокунандаи ҳукм фавран ба суде, ки ҳукмро баровардааст, аз иҷрои он хабар медиҳанд. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ судеро, ки ҳукм баровардааст, бояд аз маҳалли адои ҷазо аз тарафи маҳкумшуда огоҳ созад.
  5. 5. Иҷро накардани ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд боиси ҷавобгарии ҷиноятии пешбининамудаи моддаи 363 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

 

Моддаи 389. Хабар додан ба хешовандони наздики маҳкумшуда ва даъвогари гражданӣ дар бораи иҷрои ҳукм

 

  1. Пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм, ки тибқи он маҳкумшудаи таҳти ҳабси пешакӣ қарордошта аз озодӣ маҳрум карда шудааст, маъмурияти маҳалли адои ҷазо вазифадор аст яке аз хешовандони наздики маҳкумшударо огоҳ созад, ки ў барои адои ҷазо ба куҷо равон карда мешавад.
  2. Барои вохўрӣ бо маҳкумшудае, ки таҳти ҳабси пешакӣ қарор дорад, то ба иҷро расонидани ҳукм тибқи муқаррароти моддаи 352 Кодекси мазкур имконият дода мешавад.
  3. Дар ҳолати қонеъ гардонидани даъвои гражданӣ дар хусуси иҷрои ҳукм даъвогари гражданӣ огоҳ карда мешавад.

 

БОБИ 41. ПЕШБУРД ОИД БА БАРРАСӢ ВА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ИҶРОИ ҲУКМ

 

Моддаи 390. Мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм

 

  1. Иҷрои ҳукм дар бораи маҳкум кардани шахс ба маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум кардан аз озодӣ ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин мумкин аст мавқуф гузошта шавад:

– бемории вазнини маҳкумшуда, ки ба адои ҷазо халал мерасонад – то шифо ёфтани ў;

– ҳомила будани маҳкумшуда ё фарзандони ноболиғ доштани зани маҳкумшуда, ба ғайр аз онҳое, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд, – то ба ҳаштсолагӣ расидани фарзанди хурдӣ;

– ҳангоме ки адои фаврии ҷазо барои маҳкумшуда ё аъзои оилаи ў аз сабаби сўхтор ё дигар офатҳои табиӣ, бемории вазнин, марги ягона узви қобили меҳнати оила ё дигар ҳолатҳои истисно боиси оқибатҳои вазнин гардида метавонад, – ба мўҳлати муайяннамудаи суд, вале на бештар аз шаш моҳ.

  1. Агар фавран пардохтани ҷарима барои маҳкумшуда ғайриимкон бошад, пардохти онро ба мўҳлати то шаш моҳ дароз кардан ё ба давраҳо тақсим кардан мумкин аст.
  2. Масъалаи мавқуф гузоштани мўҳлати иҷрои ҳукм аз ҷониби суд бо дархости маҳкумшуда, намояндаи қонунии ў, хешовандони наздик, ҳимоятгар ё бо пешниҳоди прокурор ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 391. Озод кардан аз адои ҷазо вобаста ба бемории вазнин

 

  1. Агар маҳкумшуда дар давоми адои ҷазо ба бемории рўҳӣ ё дигар бемории вазнин гирифтор шуда бошад, ки ба адои ҷазо халал мерасонад, суд бо пешниҳоди сардори мақомоте, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳад, дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ ҳуқуқ дорад маҳкумшударо аз адои минбаъдаи ҷазо озод кунад.
  2. Суд ҳуқуқ дорад, ҳамзамон бо озод кардани маҳкумшудаи гирифтори бемории рўҳӣ аз адои минбаъдаи ҷазо нисбат ба ў чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро татбиқ намояд ё ўро ба парастории мақомоти тандурустӣ ё хешовандони наздик супорад.
  3. Ҳангоми ҳалли масъалаи аз адои минбаъдаи ҷазо озод кардани шахсоне, ки гирифтори бемории вазнин мебошанд ва он ба адои ҷазо халал мерасонад, ба ғайр аз онҳое, ки ба бемории рўҳӣ гирифторанд, судя вазнинии ҷинояти содиркардашуда, шахсияти маҳкумшуда ва дигар ҳолатҳоро ба эътибор мегирад.
  4. Суд, судя баробари маҳкумшударо бо сабаби беморӣ аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудан ҳуқуқ дорад, ўро на танҳо аз ҷазои асосӣ, балки аз ҷазои иловагӣ низ озод кунад.

 

Моддаи 392. Шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан

 

  1. Шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 76 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суди маҳалле, ки маҳкумшуда ҷазоро адо мекунад, бо пешниҳоди якҷояи мақомоти иҷрои ҷазо ва комиссияи назоратӣ (комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак) татбиқ карда мешавад. Нисбат ба онҳое, ки ҷазоро дар қисми ҳарбии интизомӣ адо мекунанд, чунин чораҳо аз ҷониби суд бо пешниҳоди фармондеҳии қисми интизомӣ татбиқ мегарданд.
  2. Шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардани шахсоне, ки то ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содир кардаанд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 91 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди якҷояи мақомоти иҷрои ҷазо ва комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак ё комиссияи назоратӣ татбиқ карда мешавад.
  3. Агар суд шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод карданро рад намояд, баррасии такрории пешниҳод оид ба ҳамин масъала баъди се моҳи аз рўзи баровардани қарор дар бораи рад кардан имконпазир аст.
  4. Суд баробари татбиқи шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан метавонад ба зиммаи маҳкумшуда ўҳдадориҳои зеринро гузорад:

– бе иҷозат тағйир надодани маҳалли истиқомат;

– нарафтан ба ҷойҳои муайян;

– гузаштани курси муолиҷаи майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ва ё бемориҳои сил ё таносулӣ; (ҚҶТаз 23.11.15 с., №1229)

– расонидани ёрии моддӣ ба оила;

– иҷрои ўҳдадориҳои дигаре, ки барои ислоҳи ў мусоидат мекунанд.

  1. Назорати рафтори шахсе, ки аз ҷазо шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод карда шудааст, ба зиммаи мақомоти давлатии ваколатдор рафтори хизматчиёни ҳарбӣ ба зиммаи фармондеҳии қисмҳо ва муассисаҳои ҳарбӣ гузошта мешавад.
  2. Агар маҳкумшуда дар давоми мўҳлати қисмати адонакардаи ҷазо тартиботи ҷамъиятиро вайрон кунад, ки барои он дар ҳаққи ў ҷазои маъмурӣ андешида шуда бошад ё аз иҷрои ўҳдадорие, ки суд ҳангоми татбиқи шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан ба зиммааш гузошта буд, ашаддӣ саркашӣ кунад, суд бо пешниҳоди мақомоти дар қисми 5 ҳамин модда зикргардида дар бораи бекор кардани шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан ва татбиқи қисми адонашудаи ҷазо қарор қабул мекунад.

 

Моддаи 393. Бекор кардани маҳкумкунии шартӣ

 

  1. Агар то гузаштани мўҳлати санҷиш шахси шартан маҳкумшуда бо рафтори худ ислоҳ шудани худро собит карда бошад, суд бо пешниҳоди мақомоте, ки аз болои рафтори шартан маҳкумшуда назорат мекунад, метавонад дар бораи бекор кардани маҳкумкунии шартӣ ва бардоштани доғи судии маҳкумшуда қарор қабул кунад.
  2. Суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 7 моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди мақомоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида дар бораи бекор кардани шартан маҳкумкунӣ ва барои адои ҷазои мутобиқи ҳукм таъиншуда фиристодани маҳкумшуда қарор қабул мекунад.

 

Моддаи 394. Иваз кардани мўҳлати адонакардаи ҷазо бо ҷазои нисбатан сабуктар

 

  1. Мутобиқи моддаҳои 77 ва 92 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсе, ки ҷазои маҳрум кардан аз озодиро адо мекунад, суд мутобиқи рафтори ў дар давраи адои ҷазо метавонад қисми адонакардаи ҷазоро ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз кунад.(ҚҶТ аз 21.07.10с., № 618)
  2. Иваз намудани қисми ҷазое, ки адо карда нашудааст, ба ҷазои нисбатан сабуктар баъди аз тарафи маҳкумшуда воқеан адо кардани мўҳлате, ки дар қисми 3 моддаи 77 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, мумкин аст татбиқ шавад. Дар ин сурат мумкин аст маҳкумшуда ҳамзамон аз ҷазои иловагӣ низ пурра ё қисман озод карда шавад.

 

Моддаи 395. Иваз кардани корҳои ислоҳӣ ва ҷарима бо чораҳои  дигари ҷазо

 

  1. Дар сурати ашаддӣ саркашӣ кардани маҳкумшуда аз корҳои ислоҳӣ суд онро дар доираи мўҳлатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 52 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум кардан аз озодӣ иваз мекунад. Дар айни замон вақте, ки дар тўли он маҳкумшуда кор кардааст, ҳангоми муайян кардани мўҳлати маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум кардан аз озодӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Дар сурати ашаддӣ саркашӣ кардани маҳкумшуда аз пардохти ҷарима суд онро дар доираи мўҳлатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои ислоҳӣ ё маҳдуд кардани озодӣ ё бо тартиби пешбинимамудани қисми 9 моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда метавонад. (ҚҶТ аз 21.07.10с., № 618)

 

Моддаи 396. Қатъ кардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

 

Қатъ кардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ, ки бо адои ҷазо ҳамроҳ карда шудааст, аз ҷониби суд бо пешниҳоди мақомоти иҷрокунандаи ҷазо, ки ба хулосаи комиссияи духтурони равонпизишкӣ ё бемории сил асос ёфтааст, анҷом дода мешавад. (ҚҶТаз 23.11.15 с., №1229; ҚҶТ аз 23.07.2016 с., №1332)

 

Моддаи 397. Аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ гузаронидани маҳкумшуда

 

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ гузаронидани маҳкумшуда аз ҷониби суд тибқи аризаи шахси маҳкумшуда ё бо пешниҳоди сардори муассисаи ислоҳӣ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 398. Баҳисобгирии мўҳлати дар муассисаи табобатӣ гузаронидашуда ба мўҳлати адои ҷазо

 

Агар шахсе, ки ҷазои маҳрум кардан аз озодиро адо мекунад, дар муассисаи табобатӣ ҷойгир карда шуда бошад, мўҳлати дар он ҷо будани маҳкумшуда ба мўҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 399. Иҷрои ҳукм дар сурати мавҷуд будани ҳукмҳои дигари иҷронашуда

 

  1. Агар дар ҳаққи маҳкумшуда якчанд ҳукми иҷронашуда мавҷуд бошад ва суде, ки ҳукми охиринро баровардааст ин масъаларо ҳал накарда бошад суде, ки ҳукми охиринро баровардааст ё суди ҳамноми маҳалли иҷрои ҳукм вазифадор аст, дар бораи нисбати маҳкумшуда татбиқ кардани ҷазоҳоро аз рўи ҳамаи ҳукмҳои зикршуда дар асоси моддаи 68 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинот (қарор) қабул кунад.
  2. Агар мўҳлати умумии ҷазоҳо зиёда аз панҷ сол маҳрум кардан аз озодиро ташкил диҳад, масъала аз ҷониби ҳайати дастаҷамъонаи суд баррасӣ карда мешавад.

 

Моддаи 400. Судҳое, ки масъалаҳои марбут ба иҷрои ҳукмро ҳал мекунанд

 

  1. Масъалаҳои мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм – мутобиқи моддаи 390 Кодекси мазкур, доир ба озод намудан аз адои ҷазо бо сабаби гузаштани мўҳлати ҳукми айбдоркунӣ – мутобиқи моддаи 81 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 3 моддаи 386 Кодекси мазкур, дар бораи иваз кардани маҳдуд кардани озодӣ ва ҷарима бо чораҳои дигари ҷазо – мутобиқи моддаҳои 49, 54 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 395 Кодекси мазкур, ҳамчунин тамоми гумонҳо ва норавшаниҳое, ки ҳангоми иҷрои ҳукм ба вуҷуд меоянд, аз ҷониби суде, ки ҳукмро баровардааст, ҳал карда мешаванд.
  2. Агар ҳукм берун аз ҳудуди фаъолияти суде, ки ҳукмро баровардааст, иҷро карда шавад, ин масъалаҳо аз ҷониби суди ҳамном ва дар сурати дар ноҳияи иҷрои ҳукм мавҷуд набудани суди ҳамном аз тарафи суди болоӣ ҳал карда мешаванд. Дар ин ҳолат нусхаи қарори иҷрои ҳукм ба суде, ки ҳукмро баровардааст, фиристода мешавад.
  3. Масъалаҳои озод намудан аз адои ҷазо бо сабаби бемории вазнин – мутобиқи моддаҳои 79 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 391 Кодекси мазкур, доир ба шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод намудан – мутобиқи моддаҳои 76 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 392 Кодекси мазкур, дар бораи иваз кардани қисми адо карданашудаи ҷазо бо ҷазои нисбатан сабуктар – мутобиқи моддаҳои 77 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 394 Кодекси мазкур, оид ба қатъ намудани татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббии ба адои ҷазо ҳамроҳ кардашуда – мутобиқи моддаҳои 100 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 396 Кодекси мазкур, дар бораи гузаронидан аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 397 Кодекси мазкур аз тарафи суди ноҳиявии маҳалли адои ҷазо, сарфи назар аз ин ки ҳукм аз ҷониби кадом суд бароварда шудааст, ҳал карда мешаванд.
  4. Масъалаҳои бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо – мутобиқи моддаҳои 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 393 Кодекси мазкур, доир ба шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан – мутобиқи моддаҳои 76 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 392 Кодекси мазкур аз ҷониби суди ноҳиявии маҳалли зисти маҳкумшуда ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 401. Тартиби ҳалли масъалаҳои марбут ба иҷрои ҳукм

 

  1. Татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бо озод кардан аз адои ҷазо дар ҳолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи 391 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, аз тарафи суд ба таври дастаҷамъона анҷом дода мешавад. Ҳамаи масъалаҳои дигари марбут ба иҷрои ҳукмро судя дар маҷлиси суд танҳо ҳал мекунад.
  2. Дар бораи вақти баррасии масъалаи марбут ба иҷрои ҳукм ба прокурор ва маҳкумшуда хабар дода мешавад. Масъалаи даъвати маҳкумшударо, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад, суд, судя ҳал мекунад. Агар масъала бо иҷрои ҳукм дар қисми даъвои гражданӣ марбут бошад, даъвогари гражданӣ даъват карда мешавад. Ҳозир нашудани шахсони зикршуда ба баррасии парванда монеъ намегардад.
  3. Ҳангоми аз тарафи суд баррасӣ шудани масъалаҳои шартан, пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан, дар бораи иваз кардани қисми адокарданашудаи ҷазо бо ҷазои нисбатан сабуктар, доир ба гузаронидани маҳкумшуда аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ намояндаи мақомоти иҷрои ҷазо даъват карда мешавад.
  4. Дар ҳолатҳое, ки парванда аз тарафи суд бо пешниҳоди якҷояи мақомоти иҷрои ҷазо, комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак ё комиссияи назоратӣ ё ин ки бо пешниҳоди бо комиссияҳои мазкур мувофиқашудаи мақомоти иҷрои ҷазо баррасӣ карда мешавад, судя ба ин мақомот доир ба вақт ва маҳалли баррасии пешниҳод хабар медиҳад.
  5. Ҳангоми аз тарафи суд баррасӣ шудани масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо нисбат ба маҳкумшуда ба маҷлиси суд намояндагони мақомоте, ки ба рафтори маҳкумшуда назорат менамояд, даъват карда мешавад.
  6. Баррасии парванда бо маърўзаи судя (ё раисикунанда ҳангоми баррасии дастҷамъона) оғоз шуда, сипас баёноти шахсони ба маҷлис ҳозиршуда шунида мешаванд.
  7. Аз рўи натиҷаҳои баррасии масъалаи марбут ба иҷрои ҳукм суд таъинот ва судя қарор мебарорад, ки бояд дар толори маҷлиси суд эълон карда шавад. Нусхаи таъинот (қарор) дар мўҳлати панҷ шабонарўз ба маҳкумшуда, прокурор, мақомоте, ки бо пешниҳоди он масъалаи марбут ба иҷрои ҳукм баррасӣ гардидааст, ҳамчунин ба даъвогари гражданӣ, ба шарте, ки масъалаи иҷрои ҳукм ба даъвои гражданӣ дахл дошта бошад, равон карда мешавад.

 

Моддаи 402. Баррасии дархост дар бораи бардоштани доғи судӣ

 

  1. Масъалаи бардоштани доғи судӣ мутобиқи қисми 6 моддаи 84 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суди ноҳиявӣ ё шаҳрии маҳалли зисти шахсе, ки ҷазоро адо кардааст, бо дархости ў ҳал карда мешавад.
  2. Дар суд ҳозир будани шахсе, ки нисбат ба ў дархости бардоштани доғи судӣ баррасӣ карда мешавад, ҳатмист.
  3. Баррасии дархости бардоштани доғи судӣ бо маърўзаи судя оғоз мегардад, сипас ў баёноти шахсони даъватшударо мешунавад.
  4. Дар ҳолати рад кардани бардоштани доғи судӣ ба суд на пештар аз як соли баъди рўзи бароварда шудани қарори рад кардани он дархости такрорӣ пешниҳод кардан мумкин аст.

 

ФАСЛИ V. АЗ НАВ ДИДА БАРОМАДАНИ ҲУКМ, ТАЪИНОТ ВА ҚАРОРЕ, КИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНӢ ПАЙДО КАРДААНД (ПЕШБУРДИ НАЗОРАТӢ)

БОБИ 42. ПЕШБУРД ДАР СУДИ МАРҲИЛАИ НАЗОРАТӢ

 

Моддаи 403. Эътироз ё шикоят овардан ба тариқи назоратӣ аз ҳукм, таъинот, қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд

 

  1. Эътироз ё шикоят дар бораи аз сари нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарори суде, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, ба истиснои қарорҳои раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби прокурор, маҳкумшуда, сафедкардашуда, ҳимоятгарон ва намояндагони онҳо, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони қонунии онҳо, инчунин дигар шахсоне, ки ҳуқуқу манфиятҳои молумулкии онҳо бо ҳукм халалдор шудааст тибқи муқаррароти ҳамин боб пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с., №932)
  2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ў, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ба санадҳои суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 404 Кодекси мазкур метавонанд эътироз оваранд.
  3. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини таҷрибаи ягонаи судӣ ҳуқуқ дорад бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ барои аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ба тариқи назоратӣ эътироз оварад.
  4. Шахси эътироз ё шикоятоварда ҳуқуқ дорад, онро бозхонад. Бозхонди эътироз ё шикоят то оғози маҷлиси суде, ки дар он эътироз ё шикоят бояд баррасӣ гардад, имконпазир аст.

 

Моддаи 404. Тартиби пешниҳоди эътироз ё шикояти назоратӣ

 

  1. Эътироз ё шикояти назоратӣ бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ, ки ҳуқуқи аз нав дида баромадани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаро дорад, пешниҳод карда мешавад.
  2. Эътироз ё шикояти назоратӣ ба санадҳои судии зерин пешниҳод мегардад:

– оид ба таъиноти суди марҳилаи кассатсионии суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе, оид ба ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳр ва ноҳия – мутаносибан ба раёсати суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе;

– оид ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, оид ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, ки ба сифати суди марҳилаи якум қабул кардаанд, ба шарте, ки ин ҳукм, таъинот ё қарор дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии кассатсионӣ қарор нагирифта бошад, оид ба қарори раёсати суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, оид ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарте, ки онҳо ба тариқи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифта бошанд, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– оид ба ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои ҳарбии гарнизонҳо–ба коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– оид ба таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таъиноти коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон–ба Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 405. Мўҳлати ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарори суд

 

Ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани ҳукми айбдоркунанда, таъинот ва қарори суд вобаста ба зарурати татбиқи қонун дар бораи ҷинояти нисбатан вазнинтар, сабукии ҷазо ё бо дигар асосҳо, ки ба бад кардани вазъи маҳкумшуда меоваранд, инчунин аз нав дида баромадани ҳукми сафедкунанда ё таъинот, қарори суд дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар давоми як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо имконпазир аст. (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

 

Моддаи 406. Мўҳтавои эътироз ё шикояти назоратӣ

 

  1. Эътироз ё шикояти назоратӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– номи суде, ки ба он шикоят ё эътирози назоратӣ ирсол мегардад;

– ном, номи падар ва насаби шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод кардааст, маҳалли истиқомат ё маҳалли будубош ва мавқеи мурофиавии ў дар парванда;

– зикри судҳое, ки парвандаро ба сифати суди марҳилаи якум ё марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ намудаанд ва мўҳтавои санадҳои судии қабулнамудаи онҳо;

– зикри санадҳои судӣ, ки таҳти эътироз ё шикояти назоратӣ қарор гирифтаанд;

– ишора ба вайрон кардани қонун ҳангоми пешбурди парванда;

– хоҳиши шахсе, ки эътироз ё шикоят пешниҳод кардааст.

  1. Агар эътироз ё шикояти назоратӣ қаблан ба марҳилаи назоратӣ пешниҳод шуда бошад, дар он бояд ба қарори қабулнамудаи суд ишора гардад.
  2. Шикояти назоратиро бояд шахси онро пешниҳоднамуда ё намояндаи ў имзо кунад. Ба шикояти назоратӣ, ки намоянда пешниҳод кардааст, ваколатнома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима мегардад. Эътирози назоратӣ бояд аз ҷониби прокуроре, ки эътироз овардааст, имзо карда шавад.
  3. Ба эътироз ё шикояти назоратӣ нусхаи санадҳои нисбат ба парванда қабулнамудаи суд ва ҳуҷҷатҳои дигари мурофиавии тасдиқкунандаи ваҷҳҳои дар шикоят ё эътироз овардашуда, ки ба таври дахлдор тасдиқ карда шудаанд, замима мегардад.
  4. Маводи иловагии пешниҳодгардида набояд бо роҳи гузаронидани амалҳои тафтишӣ ба даст оварда шуда бошанд.

 

Моддаи 407. Бе баррасӣ баргардонидани эътироз ё шикояти  назоратӣ

 

Эътироз ё шикояти назоратӣ аз ҷониби судя дар мўҳлати як моҳ аз рўзи воридшавӣ ба суди марҳилаи назоратӣ бе баррасӣ дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:

– эътироз ё шикоят ҷавобгўи талаботи пешбининамудаи моддаи 406 Кодекси мазкур набошад;

– эътироз ё шикоятро шахсе пешниҳод карда бошад, ки барои муроҷиат ба суди марҳилаи назоратӣ ҳуқуқ надорад;

– мўҳлати пешниҳоди эътироз ё шикоят нисбат ба санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ гузаронида шуда бошад;

– то қабули эътироз ё шикоят барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар хусуси баргардонидан ё бозхонди онҳо дархост ворид шуда бошад;

– эътироз ё шикоят бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 404 Кодекси мазкур пешниҳод шуда бошад.

 

Моддаи 408. Амалҳо оид ба эътироз ё шикояти назоратии воридшуда

 

  1. Эътироз ё шикояти назоратӣ баъди ба суди дахлдор ворид шудан аз тарафи Раис ё муовини ў барои баррасӣ ба судяи ҳамин суд супорида мешавад. Эътироз ё шикояти назоратӣ бояд дар мўҳлати 30 шабонарўз баррасӣ карда шавад.
  2. Судя, ки шикоят ё эътирозро меомўзад, парвандаҳои ҷиноятии дахлдорро аз судҳои поёнӣ талаб менамояд.
  3. Судя эътироз ё шикояти назоратиро омўхта, яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:

-дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратӣ;

– дар бораи оғоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии марҳилаи назоратии судӣ додани эътироз ё шикояти назоратӣ.

  1. Қарори судя бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:

– сана ва маҳалли қабул кардани қарор;

– номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки қарорро қабул кардааст;

насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод намудааст;

– ишора ба санадҳои судӣ, ки мавриди шикоят ва эътироз қарор гирифтаанд;

– асосҳои қабули қарор.

  1. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, раисони суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе ҳуқуқ доранд бо қарори судя дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратӣ розӣ нашаванд. Дар ин маврид шахсони номбурда қарори судяро бекор карда, мутобиқи сархати дуюми қисми 3 ҳамин модда қарор мебароранд. Эътирози Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар суди марҳилаи назоратӣ баррасӣ мегардад.
  2. Қарор ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда, нусхаи он ба шахси эътироз ва шикоятоварда равон карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1134)

 

Моддаи 409. Талаб карда гирифтани парвандаи ҷиноятӣ

 

  1. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ў, прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ метавонанд парвандаи ҷиноятиро, ки санади судии аз рўи он қабулшуда эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бо мақсади омӯзиши асоснокии қарорҳои судӣ аз суди дахлдор талаб намоянд. (ЌЉТ аз 14.03.14 с., №1067)
  2. Прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда аз судҳои шаҳр ва ноҳия, судҳои ҳарбии гарнизонҳо ҳуқуқи талаб карда гирифтани парвандаҳои ҷиноятиро доранд ва дар мавридҳои зарурӣ ба прокурори болоӣ дар хусуси ба таври назоратӣ овардани эътироз пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 410. Ҳайат ва тартиби баррасии парвандаи ҷиноятӣ аз рўи эътироз ё шикоят

 

  1. Парванда ба тариқи назоратӣ дар коллегияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати се нафар судя, дар раёсати суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои раёсат баррасӣ карда мешавад.
  2. Дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи назоратӣ инҳо иштирок мекунанд:

– дар Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ў;

– дар Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – прокуроре, ки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор намудааст;

дар Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокуроре, ки Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор намудааст; (ҚҶТ аз 2.08.11с., №755)

– дар раёсати судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе – мувофиқан прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ё муовинони онҳо.

  1. Суде, ки парвандаи ҷиноятиро ба тариқи назоратӣ дида мебарояд, ҳуқуқ дорад ё агар зарур шуморад, маҳкумшударо ба маҷлиси суд даъват намояд.
  2. Парвандаи ҷиноятӣ аз лаҳзаи ба баррасии суди марҳилаи назоратӣ супурдан дар мўҳлати на дертар аз як моҳ бояд баррасӣ карда шавад.
  3. Дар мавридҳои зарурӣ ба маҷлиси суд, ки дар он парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи назоратӣ баррасӣ мегардад‚ барои додани баёнот маҳкумшуда, сафедкардашуда, ҳимоятгарони онҳо, намояндагони қонунӣ, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, намояндагони онҳо даъват карда мешаванд. Ба шахсони ба маҷлиси суд даъватшуда имконияти бо эътироз шинос шудан дода мешавад.
  4. Парвандаи ҷиноятиро раиси суд ё бо супориши ў яке аз аъзои раёсат ё судяе, ки пеш дар баррасии ин парванда иштирок накардааст, маърўза мекунад. Маърўзачӣ ҳолатҳои кор, мазмуни ҳукм, таъинот, қарор, эътироз ё шикоятро баён мекунад. Ба маърўзачӣ аз ҷониби судяҳое, ки парвандаро баррасӣ менамоянд, инчунин прокурор саволҳо доданашон мумкин аст. Агар дар маҷлиси суд маҳкумшуда, сафедшуда, ҳимоятгарони онҳо, намояндагони қонунӣ, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндагони онҳо иштирок дошта бошанд, онҳо баъди маърўзаи судя ҳуқуқи додани баёноти шифоҳиро доранд.
  5. Тарафҳо баъд аз баромади маърўзачӣ хулосаи прокурорро оид ба эътироз ё шикояти назоратӣ шунида, пас аз он толори маҷлиси судро тарк мекунанд.
  6. Дар муҳокимаи эътироз ё шикоят мувофиқан танҳо аъзои раёсатҳои судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе, Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Раёсатҳои суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мебароранд, ки онҳо бо аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои раёсат, ки дар маҷлис иштирок кардаанд, қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳои тарафдор ва муқобил эътироз ё шикоят дар Раёсати суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, радкардашуда эътироф мешавад.
  7. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаи машваратӣ таъинот мебарорад ва он бо аксарияти овозҳо қабул карда мешавад.
  8. Қисми хулосавии таъиноти баровардашуда дар маҷлиси суд аз ҷониби раисикунанда ё яке аз судяҳо эълон карда мешавад.

 

Моддаи 411. Таъинот ва қарори суде, ки эътироз ё шикоятро дида мебарояд

 

  1. Дар натиҷаи ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ суд метавонад:

– эътироз ё шикоятро рад намояд;

– ҳукм ва ҳамаи таъиноту қарорҳои минбаъд баровардашударо бекор кунад ва пешбурди парвандаро қатъ намояд ё онро ба тафтиши нав ё ин ки барои баррасии нави судӣ равон кунад;

– таъиноти кассатсионӣ, инчунин таъинот ва қарорҳои минбаъдаи судро, ба шарте ки онҳо бароварда шуда бошанд, бекор кунад ва парвандаро барои аз нав ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ кардан равон кунад;

– таъинот ва қарорҳоеро, ки ба тариқи назоратӣ бароварда шудаанд, бекор кунад ва ҳукми суд ва таъиноти кассатсиониро бетағйир мононад ё ки тағйир диҳад;

– ба ҳукм, таъинот ё қарори суд тағйирот дохил кунад.

  1. Суде, ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ мекунад, ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 35 Кодекси мазкур пешбинишуда таъиноти (қарори) хусусӣ мебарорад.

 

Моддаи 412. Асосҳои бекор кардан ё тағйир додани ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд

 

  1. Дар вақти баррасии парванда ба тариқи назоратӣ ҳолатҳое, ки дар моддаи 372 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, барои бекор кардан ё тағйир додани ҳукм асос шуда метавонанд.
  2. Таъиноти суди марҳилаи якум, қарори судя, таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ, таъинот ва қарори марҳилаи назоратӣ дар мавридҳое бояд бекор карда шаванд, ки суди эътирозро баррасикунанда эътироф намояд, ки бо ин таъинот ё қарор суди марҳилаи якум қарори ғайриқонунӣ ё беасос баровардааст ё ки суди болоӣ таъинот, қарор ё ҳукмеро, ки пеш аз ин оид ба ҳамин парванда мавҷуд буд, беасос бетағйир монондааст, бекор кардааст ё тағйир додаст ё ки агар дар вақти дида баромадани парванда дар суди болоӣ чунин вайронкуниҳои қонун рўй дода бошанд, ки онҳо ба дурустии таъинот ё қарори баровардаи суди мазкур таъсир кардаанд ё таъсир карда метавонистанд.

 

Моддаи 413. Ҳадди ҳуқуқҳои суди марҳилаи назоратӣ

 

  1. Суд дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда ба ваҷҳҳои эътироз ё шикоят вобаста нест ва вазифадор аст, ки ҳамаи маводи парвандаро дар ҳаҷми пуррааш санҷида барояд. Агар мувофиқи парванда якчанд кас маҳкум шуда бошаду аммо эътироз ё шикоят фақат дар ҳаққи як нафар ё ки баъзе маҳкумшудагон баён карда шуда бошад, суд ўҳдадор аст, ки парвандаро дар ҳаққи ҳамаи маҳкумшудагон санҷида барояд.
  2. Суд дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда метавонад ҷазоеро, ки дар ҳаққи маҳкумшуда таъин карда шудааст, сабуктар намояд ё худ қонун оид ба ҷинояти сабуктарро татбиқ намояд, низоми адои ҷазоро тағйир диҳад, ба ҳисоб гирифтани саршавии воқеии мўҳлати адои ҷазо ва масъалаҳои дигари вобаста ба тағйир додани ҳукмро ҳал намояд, аммо ҳуқуқ надорад, ки ҷазоро пурзўр кунад ё қонун оид ба ҷинояти вазнинтарро татбиқ намояд.
  3. Агар суди марҳилаи назоратӣ эътироф намояд, ки дар суди марҳилаи якум судшаванда нодуруст сафед карда шудааст ё дар суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаи ҷиноятӣ нодуруст қатъ карда шудааст, ҳамчунин ҷазое, ки дар ҳаққи маҳкумшуда таъин карда шудааст, ба сабаби сабукиаш ба кирдори содиршуда номувофиқ аст, дар он сурат ҳуқуқ дорад, бо риояи шартҳое, ки дар моддаи 378 Кодекси мазкур муқаррар кардашуда ҳукм ё таъинотро бекор кунад ва парвандаи ҷиноятиро барои баррасии нав мувофиқан ба суди марҳилаи якум ё ки ба марҳилаи кассатсионӣ равон кунад.
  4. Агар беасос қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ё ғайриқонунӣ сабук намудани ҷазои маҳкумшуда дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда рўй дода бошад, марҳилаи болоии назоратӣ ҳуқуқ дорад, ки таъинот ё ки қарори марҳилаи поёнии назоратиро бекор кунад ва ҳукми суди марҳилаи якум ё таъиноти марҳилаи кассатсиониро бетағйир мононад.
  5. Дар мавридҳое, ки аз рўи парванда якчанд нафар судшаванда маҳкум ё сафед карда шуда бошанд, суд ҳуқуқ надорад ҳукм, таъинот ё қарорро дар ҳаққи он шахсони маҳкумшуда ё сафедкардашуда, ки нисбат ба онҳо эътироз баён карда нашудааст, бекор кунад, ба шарте ки бекор кардани ҳукм, таъинот ё қарор вазъияти онҳоро бад мекарда бошад.

 

Моддаи 414. Ҳатмӣ будани дастурҳои суде, ки ба тариқи назоратӣ парвандаро баррасӣ кардааст

 

  1. Дастурҳои суди марҳилаи назоратӣ дар вақти баррасии такрории ҳамин парванда барои судҳои поёнӣ ҳатмӣ мебошанд.
  2. Суде, ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд, ҳуқуқ надорад ҳолатҳоеро, ки дар ҳукм муайян карда нашудаанд ё ки рад карда шуда буданд, муқаррар кунад ё ин ки исботшуда шуморад, ҳамчунин ҳуқуқ надорад, ки масъалаҳои исботшуда ё исботнашуда будани айбдорӣ, эътиборнокӣ ё беэътибории ин ё он далел ва бартарии баъзе далелҳоро назар ба дигарашон, татбиқ намудани ин ё он қонуни ҷиноятиро аз тарафи суди марҳилаи якум ва масъалаи чораи ҷазоро пешакӣ ҳал намояд.
  3. Инчунин суд вақте ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ карда, таъиноти кассатсиониро бекор мекунад, ҳуқуқ надорад хулосаҳоеро, ки марҳилаи кассатсионӣ мумкин аст дар вақти маротибаи дуюм баррасӣ кардани парванда барорад, пешгўӣ намояд.

 

Моддаи 415. Мазмуни таъинот ё қарор

 

  1. Қароре, ки ҳангоми баррасии парванда Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе, ё худ таъиноте, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё ин ки коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ баровардаанд, бояд ба талаботи моддаи 383 Кодекси мазкур мувофиқ бошад.
  2. Таъинотро ҳамаи ҳайати суд, қарорро– раисикунандаи маҷлиси Раёсат имзо мекунанд.
  3. Таъинот ё қарори суд якҷоя бо эътироз ё шикоят ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.

 

Моддаи 416. Баррасии парванда баъд аз бекор карда шудани ҳукми аввал ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ

 

  1. Баъд аз бекор карда шудани ҳукми аввал ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаи ҷиноятӣ аз рўи тартиби умумӣ баррасӣ мешавад.
  2. Вазнин кардани ҷазо ё худ татбиқ кардани қонун оид ба ҷинояти вазнинтар дар вақти парвандаро аз нав баррасӣ кардани суди марҳилаи якум фақат ба шарте мумкин аст, ки ҳукм ба тариқи назоратӣ барои сабук будани ҷазо ё худ бинобар зарур будани татбиқ кардани қонун оид ба ҷинояти вазнинтар бекор карда шуда бошад.

 

БОБИ 43. АЗ НАВ САР КАРДАНИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БИНОБАР ҲОЛАТҲОИ НАВ ОШКОРШУДА

 

Моддаи 417. Асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ

 

  1. Ҳукм, таъиноти суд ва қарори судя, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, метавонанд бекор карда шаванд ва пешбурд аз рўи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав сар карда шавад.
  2. Асосҳои аз нав сар кардани пешбурд аз рўи парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби ҳолатҳои нав ошкоршуда иборатанд аз:

– дидаю дониста нишондоди бардурўғ додани ҷабрдида ё шоҳид, хулосаи коршинос, ҳамчунин қалбакӣ будани далелҳои шайъӣ, протоколҳои амалҳои тафтишӣ ва суд ва дигар ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста бардурўғ тарҷума кардан, ки боиси қабули ҳукм, таъинот ё қарори ғайриқонунӣ ё беасос шудаанд ва бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд муқаррар шудаанд;

– аъмоли ҷинояткоронаи таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор, ки боиси қабули ҳукм, таъинот ё қарори ғайриқонунӣ ва беасос шудаанд ва бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд муқаррар шудаанд;

– аъмоли ҷинояткоронаи судяҳо, ки ҳангоми баррасии парвандаи мазкур содир кардаанд ва бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд муқаррар шудаанд;

– аз ҷониби Суди конститутсионӣ хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани қонуне, ки суд зимни баррасии парвандаи ҷиноятии мушаххас татбиқ намудааст;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)

– ҳолатҳои дигаре, ки ба суд ҳангоми баровардани ҳукм, таъинот, ки худ ба худ ё якҷоя бо ҳолатҳои қаблан муқарраршуда дар бораи бегуноҳии маҳкумшуда ё дар хусуси аз тарафи ў содир шудани ҷинояти дигари дорои дараҷаи вазнин нисбат ба ҷинояте, ки барои он маҳкум шудааст ва ё оид ба гунаҳгор будани шахси сафедшуда ё шахсе, ки нисбат ба ў пешбурди парванда қатъ карда шудааст, шаҳодат медиҳанд ва онҳо дар натиҷаи санҷиш ва тафтиши бо тартиби пешбиникардаи моддаи 419 Кодекси мазкур муқаррар ва дар хулосаи прокурор баён гардидаанд.

  1. Ҳолатҳои дар сархатҳои якум – сеюми қисми 2 ҳамин модда зикршуда метавонанд ба ғайр аз ҳукм, таъиноти суд бо қарори судя, прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани мўҳлат, бинобар татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазо, бо сабаби фавти айбдоршаванда ё нарасидан ба синне, ки барои ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардан мумкин аст, муқаррар карда шаванд.

 

Моддаи 418. Мўҳлатҳои аз нав сар кардани пешбурд

 

  1. Аз нав дида баромадани ҳукми айбдоркунанда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ба нафъи маҳкумшуда бо ҳеҷ гуна мўҳлат маҳдуд карда намешавад.
  2. Фавти маҳкумшуда барои аз нав сар кардани мурофиа бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бо мақсади сафедкунии ў монеъ намегардад.
  3. Аз нав дида баромадани ҳукми сафедкунӣ, таъинот, қарор доир ба қатъи парванда, ҳамчунин аз нав дида баромадани ҳукми айбдоркунӣ бо сабабҳои сабукии ҷазо ё зарурати нисбат ба маҳкумшуда татбиқ намудани қонун оид ба ҷинояти нисбатан вазнинтар танҳо дар давоми мўҳлатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ки дар моддаи 75 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд ва на дертар аз як сол аз рўзи ошкор шудани ҳолатҳои нав мумкин аст.
  4. Рўзи ошкор шудани ҳолатҳои нав ҳисоб карда мешавад:

– рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани қонуне, ки суд зимни баррасии парвандаи ҷиноятии мушаххас татбиқ намудааст;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)

– дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум-сеюми қисми 2 моддаи 417 Кодекси мазкур рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм (таъинот, қарор) нисбат ба шахсоне, ки дар додани нишондоди бардурўғ, пешниҳоди далелҳои бардурўғ, тарҷумаи нодуруст ё аъмоли ҷинояткоронае, ки ҳангоми таҳқиқ ё баррасии парванда содир шудаанд, гунаҳгоранд;

– дар ҳолати пешбининамудаи сархати чоруми қисми 2 моддаи 417 Кодекси мазкур рўзи аз тарафи прокурор имзо шудани хулосаи аз нав сар кардани пешбурд бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда.

 

Моддаи 419. Аз нав сар кардани пешбурд

 

  1. Ҳуқуқи аз нав сар кардани пешбурд бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав ба прокурор тааллуқ дорад, ба истиснои ҳолати дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинишуда.
  2. Аризаҳои шаҳрвандон, хабарҳои шахсони мансабдори муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳо, ҳамчунин маълумоти дар ҷараёни таҳқиқ ва баррасии дигар парвандаҳои ҷиноятӣ ошкоршуда сабабҳои аз нав сар кардани пешбурд бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав мегарданд.
  3. Агар дар ариза ё хабари воридгардида ба мавҷуд будани ҳукми суд, ки он вобаста ба ҳолатҳои дар сархатҳои якум-сеюми қисми 2 моддаи 417 Кодекси мазкур зикрёфта бароварда шудааст, ишорае бошад‚ прокурор бо қарори худ пешбурдро бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав сар мекунад, санҷиши дахлдор гузаронида, нусхаи ҳукм ва маълумотномаи судро оид ба эътибори қонунӣ пайдо кардани он талаб карда мегирад.
  4. Агар дар ариза ё хабар ҳолатҳои дигари дар сархати чоруми қисми 2 моддаи 417 Кодекси мазкур зикр шуда бошанд, прокурор дар ҳадди салоҳияти худ дар бораи аз нав сар кардани пешбурд бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда қарор мебарорад ва ин ҳолатҳоро таҳқиқ мекунад ё дар ин бобат ба муфаттиш супориш медиҳад. Ҳангоми чунин таҳқиқи ҳолатҳои нав ошкоршуда бо риояи қоидаҳои Кодекси мазкур метавонанд пурсишҳо, муоинаҳо, экспертизаҳо, ёфта гирифтани ашё ва дигар амалҳои тафтишӣ анҷом дода шаванд.
  5. Аз нав дида баромадани ҳукм, таъинот ё қарори суд бинобар ҳолатҳои ошкор гардидаи сархати чоруми қисми 1 моддаи 421 Кодекси мазкур бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати на дертар аз як моҳ аз лаҳзаи ворид шудани пешниҳод баррасӣ мегардад.

 

Моддаи 420. Амали прокурор баъди анҷоми таҳқиқ ё тафтиш

 

  1. Баъди анҷом ёфтани таҳқиқ ё тафтиши ҳолатҳои нав ошкоршуда, дар сурати мавҷуд будани асосҳо барои аз нав сар кардани пешбурд аз рўи парванда, прокурор парвандаро бо хулосаи худ, нусхаи ҳукм дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум-сеюми қисми 2 моддаи 417 Кодекси мазкур ва маводи таҳқиқ ба суди дахлдор мефиристад ва зимнан қисми 1 моддаи 417 Кодекси мазкурро ба асос мегирад.
  2. Дар сурати мавҷуд набудани асосҳо барои аз нав сар кардани пешбурд аз рўи парванда прокурор бо қарори далелноки худ пешбурди аз ҷониби ў бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда оғозгардидаро қатъ мегардонад.
  3. Қарор дар бораи қатъ гардидани пешбурд ба маълумоти шахсони манфиатдор расонида, фаҳмонда мешавад, ки онҳо ҳуқуқ доранд нисбат ба қарор ба суд шикоят кунанд ва суд мутобиқи моддаи 413 Кодекси мазкур салоҳият дорад масъалаи аз нав сар кардани пешбурдро аз рўи парвандаи мазкур бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ҳал намояд.

 

Моддаи 421. Аз ҷониби суд ҳал намудани масъалаи аз нав сар кардани пешбурд аз рўи парванда

 

  1. Пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рўи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бо тартиби зайл баррасӣ мегардад:

– дар бораи ҳукм, таъинот ва қарори суди ноҳия (шаҳр) аз ҷониби раёсати суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе;

– дар бораи ҳукм, таъинот ва қарори суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ЌЉТ аз 14.03.14 с., №1067)

– дар бораи ҳукм, таъинот ва қарори судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз ҷониби Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар бораи ҳукм, таъиноти дар марҳилаи аввал баровардашуда ва қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Баррасии қаблии парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ ё назоратӣ ба баррасии он дар ҳамон марҳилаи судӣ ҷиҳати аз нав сар кардани пешбурд бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда монеъ намегардад.
  2. Пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор дар бораи аз нав сар кардани пешбурд аз рўи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда дар маҷлиси суд мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи 410 Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.

 

Моддаи 422. Таъиноти (қарори) суде, ки пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи  прокурорро баррасӣ мекунад

 

Суд пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро дар бораи аз нав сар кардани пешбурд аз рўи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ карда, яке аз таъиноти зеринро мебарорад:

– доир ба бекор кардани ҳукм, таъиноти суд ё қарори судя ва равон кардани парванда барои гузаронидани таҳқиқ ва тафтиши иловагӣ  ё мурофиаи нави судӣ;

– дар бораи бекор кардани ҳукм, таъинот ё қарори суд ва оид ба қатъи парванда, вақте ки таҳқиқ ва тафтиши иловагӣ ё мурофиаи нави судӣ барои қабули қарори ниҳоӣ аз рўи парванда талаб карда намешавад;

– дар  хусуси рад кардани пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурор.

 

Моддаи 423. Пешбурди  парванда  баъди бекор кардани қарорҳои суд

 

Пешбурди тафтиш ва мурофиаи судӣ аз рўи парванда баъди бекор кардани қарорҳои суд оид ба он бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда, ҳамчунин шикоят кардан аз қарорҳои нав баровардаи суд ё эътироз намудан ба онҳо бо тартиби умумӣ анҷом дода мешавад.

 

ФАСЛИ VI. ХУСУСИЯТҲОИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТИИ КАТЕГОРИЯҲОИ АЛОҲИДА

БОБИ 44.  ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ҶИНОЯТҲОИ НОБОЛИҒОН

 

Моддаи 424.  Тартиби пешбурди парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон

 

  1. Муқаррароти ҳамин боб дар бораи парванда марбут ба шахсе, ки дар лаҳзаи содир намудани ҷиноят ба ҳаждаҳсолагӣ нарасидааст, татбиқ мегардад.
  2. Тартиби пешбурди парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содиркардаи ноболиғон бо қоидаҳои умумии Кодекси мазкур, инчунин бо назардошти моддаҳои ҳамин боб муайян карда мешавад.

 

Моддаи 425. Ҳолатҳое, ки бояд муқаррар карда шаванд

 

Ҳангоми гузаронидани тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғон дар баробари исботи ҳолатҳои дар моддаи 85 Кодекси мазкур зикршуда муайян кардан зарур аст:

– синну соли ноболиғ (сана, моҳ, соли таваллуд);

– шароити зиндагӣ таълиму ва тарбия, дараҷаи инкишофи ақлӣ, ирода ва рўҳӣ, хислат ва миҷоз, талабот ва завқу рағбат ва дигар ҳолатҳое, ки дар моддаи 25 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд; (ҚҶТ аз 2.08.11c., №755)

– таъсири шахсони калонсол ва ноболиғони дигар.

 

Моддаи 426. Ба пешбурди алоҳида ҷудо кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғ

 

Парванда нисбат ба ноболиғе, ки дар содир намудани ҷиноят якҷоя бо калонсолон иштирок кардааст, дар марҳилаи тафтиши пешакӣ ба тафтиши алоҳида ҷудо карда мешавад. Агар ба тафтиши алоҳида ҷудо кардани парванда нисбати ноболиғ барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва холисонаи ҳолатҳои парванда монеаи ҷиддӣ ба вуҷуд оварда тавонад, нисбат ба айбдоршавандаи ноболиғе, ки аз рўи як парванда бо калонсолон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, бояд қоидаҳои ҳамин боб татбиқ карда шаванд.

 

Моддаи 427. Татбиқи чораҳои пешгирӣ ва дастгир намудан нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшавандаи ноболиғ

 

  1. Ҳангоми татбиқи чораи пешгирӣ нисбат ба ноболиғ дар ҳар як ҳолат бояд имконияти интихоби чораи пешгирии дар моддаи 108 Кодекси мазкур пешбинишуда муҳокима гардад.
  2. Дастгир намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳамчунин ба ҳабс гирифтан ба сифати чораи пешгирӣ дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар моддаҳои 92, 93, 101, 111 Кодекси мазкур зикршуда танҳо дар ҳолатҳои истисно ҳангоми содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин татбиқ шуда метавонанд.
  3. Мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршавандаи ноболиғ ҳамчун чораи пешгирӣ дар давраи тафтиши пешакӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 112 Кодекси мазкур метавонад ба муддати то шаш моҳ дароз карда шавад.
  4. Дар бораи дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан ё дароз кардани мўҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршавандаи ноболиғ ба намояндагони қонунии ў хабар дода мешавад.

 

Моддаи 428. Тартиби даъвати гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ

 

Гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаи ноболиғе, ки дар ҳабс қарор надорад, ба воситаи падару модари ў ё намояндагони дигари қонунии вай ва агар ноболиғ дар муассисаи махсуси кўдакон бошад‚ ба воситаи маъмурияти ин муассиса ба назди муфаттиш ё ба суд даъват карда мешавад.

 

Моддаи 429. Пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ

 

Пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ наметавонад дар як рўз бетанаффус зиёда аз ду соат ва дар маҷмўъ бештар аз чор соат давом ёбад.

 

Моддаи 430. Иштироки омўзгор ва равоншинос (психолог)

 

  1. Ҳангоми пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандае, ки ба синни шонздаҳ нарасидааст, ҳамчунин ба ин син расидаасту ноқисулақл дониста шудааст, иштироки омўзгор ва равоншинос ҳатмист. Омўзгор ё равоншинос ҳангоми пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи калонтар аз шонздаҳсола бо салоҳдиди муфаттиш, прокурор ва ё бо дархости ҳимоякунанда иштирок мекунад.
  2. Омўзгор ва равоншинос ҳуқуқ доранд бо иҷозати муфаттиш ба гумонбаршуда, айбдоршаванда саволҳо диҳанд ва баъди ба охир расидани пурсиш бо протоколи пурсиш шинос шаванд ва доир ба дурустӣ ва пуррагии сабтҳои он мулоҳизаҳояшонро навишта диҳанд. Ин ҳуқуқро муфаттиш пеш аз пурсиши ноболиғ ба омўзгор ё равоншинос мефаҳмонад. Дар ин бобат дар протоколи пурсиш сабт карда мешавад.
  3. Иштироки омўзгор ё равоншинос ҳангоми пурсиши судшавандаи ноболиғ дар суд бо қоидаҳои қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда муайян карда мешавад.

 

Моддаи 431. Иштироки намояндаи қонунии гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ дар тафтиши пешакӣ

 

  1. Намояндаи қонунӣ барои иштирок дар парванда бо қарори муфаттиш аз лаҳзаи пурсиши аввалини гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ роҳ дода мешавад. Ҳангоми иҷозат додан барои иштирок дар парванда ба намояндаи қонунӣ ҳуқуқи дар қисми 2 ҳамин модда фаҳмонда мешавад.
  2. Намояндаи қонунӣ ҳуқуқ дорад:

– донад, ки ноболиғ бо кадом гуноҳ гумонбар ё айбдор карда мешавад;

– ҳангоми эълон кардани айб ҳозир бошад, дар вақти пурсиши ноболиғ, ҳамчунин бо иҷозати муфаттиш дар амалҳои дигари тафтишӣ, ки бо иштироки гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ ва ҳимоятгари ў сурат мегиранд, иштирок намояд;

– бо протоколи амалҳои тафтишӣ, ки ў иштирок дошт, шинос шавад ва доир ба дуруст ва пуррагии сабтҳои он мулоҳизаҳояшро навишта диҳад;

– дархост ва раддия диҳад;

– оид ба амалҳо ва қарорҳои муфаттиш ва прокурор шикоят пешниҳод намояд;

– далелҳо пешниҳод кунад;

– баъди анҷоми тафтиш бо тамоми маводи парванда шинос шавад, аз он ҳама гуна маълумотро ба андозаи дилхоҳ нависад.

  1. Баъди анҷоми тафтиш муфаттиш ҳуқуқ дорад дар бораи ба ноболиғ ҷиҳати шиносоӣ пешниҳод накардани маводе, ки метавонанд ба ў таъсири манфӣ расонанд, қарор барорад ва бо ин мавод намояндаи қонунии ноболиғро шинос намояд.
  2. Агар асосҳое мавҷуд бошанд, ки иштироки намояндаи қонунӣ ба манфиатҳои ноболиғ зарар мерасонад ё ба тафтиши холисонаи парванда монеъ мешавад, намояндаи қонунӣ аз иштирок дар пешбурди парванда дур карда мешавад. Муфаттиш дар ин бобат қарори асоснок қабул мекунад. Барои иштирок дар парванда, мумкин аст ба намояндаи дигари қонунии ноболиғ иҷозат дода шавад.

 

Моддаи 432. Қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ бо истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ

 

  1. Агар дар ҷараёни тафтиши пешакӣ аз рўи парванда оид ба ҷинояти на чандон вазнин ё дараҷаи миёна муқаррар гардад, ки ноболиғ ин ҷиноятро бори аввал содир намудааст ва ислоҳи ў метавонад бе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан имкон дошта бошад, прокурор, ҳамчунин муфаттиш бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд, ки парвандаро дар ҳаққи ноболиғ бо татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявии дар қисми 2 моддаи 89 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда қатъ намоянд. Ин гуна қарор танҳо дар ҳолате қабул шуда метавонад, ки ба он айбдоршавандаи ноболиғ ва намояндаи қонунии ў розӣ бошанд. Нусхаи қарор дар бораи қатъи парванда нисбат ба ноболиғ бо татбиқи чораҳои зикршуда ба комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак фиристода мешавад.
  2. Дар ҳолати аз тарафи ноболиғ мунтазам иҷро нагардидани талаботе, ки бо чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявии нисбат ба ў таъингардида пешбинӣ шудаанд, прокурор бо пешниҳоди комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак қарорро дар бораи қатъи парванда бекор мекунад ва он баъди ба охир расидани тафтиш мувофиқи қоидаҳои умумӣ бо фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода мешавад. Чунин қарор метавонад то гузашти як сол аз рўзи қабули қарор дар бораи қатъи парванда бароварда шавад.

 

Моддаи 433. Иштироки намояндаи қонунии судшавандаи ноболиғ дар муҳокимаи судӣ

 

  1. Намояндагони қонунии судшавандаи ноболиғ бояд ба маҷлиси суд даъват карда шаванд. Онҳо ҳуқуқ доранд дар таҳқиқи далелҳо дар тафтиши судӣ иштирок намоянд, нишондод диҳанд, далелҳо пешниҳод кунанд, дархостҳо ва раддияҳо баён намоянд, доир ба амалҳо ва қарорҳои суд шикоят кунанд, дар маҷлиси суде, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ мекунад, иштирок намоянд ва шикоятҳои худро шарҳ диҳанд. Ҳуқуқи мазкур бояд ба онҳо дар қисми тайёрии мурофиаи судӣ фаҳмонда шавад. Намояндагони қонунӣ дар толори маҷлиси суд дар давоми тамоми мурофиаи суд ҳозир мебошанд. Бо ризои намояндагони қонунӣ суд метавонад онҳоро ҳамчун шоҳид пурсиш намояд.
  2. Намояндаи қонунӣ метавонад бо таъиноти (қарори) асосноки суд, судя агар асос мавҷуд бошад, ки амалҳои ў ба манфиатҳои судшавандаи ноболиғ зарар мерасонанд ё барои баррасии холисонаи парванда монеа ба вуҷуд меоранд, аз ширкат дар мурофиаи суд дур карда шавад. Дар ин ҳолат ба мурофиаи суд намояндаи дигари қонунии судшавандаи ноболиғ роҳ дода мешавад.
  3. Ҳозир нашудани намояндаи қонунии судшавандаи ноболиғ‚ ба шарте ки суд иштироки ўро ҳатмӣ нашуморад, боиси боздоштани баррасии парванда намегардад.
  4. Агар намояндаи қонунии судшавандаи ноболиғ барои иштирок дар парванда ҳамчун ҳимоятгар ё ҷавобгари гражданӣ ҷалб шуда бошад, ў дорои ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои иштирокчиёни зикршудаи мурофиа мегардад.

 

Моддаи 434.  Аз толори маҷлиси суд берун кардани судшавандаи ноболиғ

 

  1. Бо дархости ҳимоятгар ё намояндаи қонунӣ ё пешниҳоди прокурор, инчунин бо ташаббуси худ суд ҳуқуқ дорад дар асоси ақидаҳои тарафҳо бо таъиноти худ дар муддати таҳқиқи ҳолатҳое, ки ба судшавандаи ноболиғ таъсири манфӣ расониданашон мумкин аст, ўро аз толори маҷлиси суд берун кунад.
  2. Баъди баргашта овардани ноболиғ раисикунанда дар ҳаҷм ва андозаи зарурӣ ба ў мазмуни амалҳоеро, ки дар набудани ў доир гардидааст, хабар медиҳад ва ба ноболиғ имкон медиҳад, ки ба шахсони дар набудани ў пурсидашуда саволҳо диҳад.

 

Моддаи 435. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳукм нисбат ба судшавандаи ноболиғ ҳал менамояд

 

  1. Ҳангоми баровардани ҳукм дар ҳаққи судшавандаи ноболиғ суд ғайр аз масъалаҳои дар моддаи 335 Кодекси мазкур зикршуда вазифадор аст масъалаи шартан аз озодӣ маҳрум кардан, таъини ҷазое, ки ба маҳрум кардан аз озодӣ вобаста нест, ҳамчунин аз ҷазо озод карданро дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 90 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намояд.
  2. Дар ҳолатҳои шартан аз озодӣ маҳрум кардан, таъини чораи ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста нест, дар муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ ҷойгир кардан ва ё татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ суд ба комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак дар ин бобат хабар медиҳад ва назорати рафтори маҳкумшударо ба зиммаи он мегузорад.

 

Моддаи 436. Бо татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ ноболиғро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани суд

 

Агар ҳангоми баррасии парванда оид ба ҷинояти на чандон вазнин ё дараҷаи миёна эътироф гардад, ки ноболиғи ҷинояти мазкурро содиркарда метавонад бе татбиқи чораҳои ҷазои ҷиноятӣ ислоҳ шавад, суд ҳуқуқ дорад парвандаро қатъ намуда, нисбат ба ноболиғ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявии дар қисми 2 моддаи 89 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо татбиқ намояд. Нусхаи қарор ба комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак ва прокурор фиристода мешавад.

 

Моддаи 437. Ноболиғро аз ҷазо озод кардани суд бо равон кардани ў ба муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ

 

1.Агар ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шавад, ки ислоҳи ноболиғи бори аввал ҷинояти на чандон вазнин ё дараҷаи миёна содирнамуда бо роҳи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ имконпазир аст, суд ҳуқуқ дорад ҳукми айбдоркунанда бароварда, ўро аз адои ҷазо озод намояд ва ба яке аз муассисаҳои махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ равон кунад.

  1. Дар муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ қарор доштани ноболиғ метавонад то ба синни балоғат расидан, ба шарте, ки бо сабаби ислоҳшавии ноболиғ ба татбиқи минбаъдаи чораҳои таъсиррасонии мазкур зарурат боқӣ намонад, қатъ карда шавад. Дароз кардани мўҳлати дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ қарор доштани шахс пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ танҳо то давраи хатми таҳсилоти умумӣ ё омодагии касбӣ иҷозат дода мешавад. Масъалаи қатъ намудан ё дароз кардани мўҳлати дар муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ қарор доштани шахс бо пешниҳоди комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак судяи суде, ки ҳукмро баровардааст ё суди маҳалли зисти маҳкумшудаи ноболиғ дар мўҳлати даҳ шабонарўз аз рўзи ворид гардидани пешниҳод танҳо баррасӣ ва ҳал мекунад.
  2. Ба маҷлиси суд маҳкумшудаи ноболиғ, намояндаи қонунии ў, ҳимоятгар, прокурор ва намояндаи комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак даъват карда мешаванд. Ҳозир нашудани шахсони мазкур монеи баррасии парванда намегардад.
  3. Дар маҷлиси суд пешниҳоди комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак таҳқиқ ва ақидаҳои шахсони иштироккунандаи парванда шунида мешаванд.
  4. Аз натиҷаи баррасии парванда судя дар хонаи машваратӣ қарор қабул мекунад, ки он бояд дар маҷлиси суд эълон карда шавад.
  5. Нусхаи қарор дар мўҳлати панҷ шабонарўз ба намояндаи қонунии маҳкумшудаи ноболиғ, комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак, прокурор ва суде, ки ҳукм баровардааст, фиристода мешавад.
  6. Оид ба қарор шикоят ва эътироз кардан мумкин нест.

 

БОБИ 45. ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲО ДОИР БА ТАТБИҚИ ЧОРАҲОИ МАҶБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББӢ

 

Моддаи 438. Асосҳо барои пешбурди парвандаҳо доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

 

  1. Пешбурди парвандаҳо доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббии дар қисми 1 моддаи 97 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, нисбат ба шахсоне, ки дар ҳолати номукаллафӣ кирдори хавфноки ҷамъиятӣ содир намудаанд ё баъди содир кардани ҷиноят ба бемории рўҳӣ гирифтор шудаанд, ки таъин ё иҷрои ҷазоро ғайриимкон мегардонад, анҷом дода мешавад.
  2. Чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ танҳо дар ҳолате таъин карда мешаванд, ки бемории рўҳӣ барои худи шахс ё шахсони дигар хавф дошта бошад ва ё хавфи аз тарафи ў расонида шудани зарари ҷиддии дигар мавҷуд бошад.
  3. Пешбурди парвандаҳо доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ мутобиқи қоидаҳои умумии Кодекси мазкур ва бо дарназардошти муқаррароти ҳамин боб ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 439. Ҳолатҳое, ки бояд исбот карда шаванд

 

Ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ бояд ҳолатҳои зерин исбот карда шаванд:

– вақт, ҷой, тарз ва дигар ҳолатҳои кирдори содиршуда;

– аз тарафи шахс содир гардидани кирдоре, ки бо қонуни ҷиноятӣ манъ шудааст;

– хусусият ва андозаи зараре, ки дар натиҷаи кирдори содиршуда расидааст;

– рафтори шахс то содир кардани ҷиноят ва баъди он;

– қаблан гирифтори бемории рўҳӣ будани шахс, дараҷа ва хусусияти бемории рўҳӣ дар лаҳзаи содир кардани ҷиноят ва пешбурди тафтиши пешакӣ;

– хавфи бемории рўҳӣ барои худи шахс ё дигарон ва ё хавфи аз тарафи ў расонидани зарари дигари ҷиддӣ.

 

Моддаи 440. Дар муассисаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рўҳӣ ҷойгир кардан

 

  1. Ҳангоми муқаррар кардани воқеияти бемории рўҳии шахсе, ки нисбат ба ў дар ҳабс нигоҳ доштан ҳамчун чораи пешгирӣ татбиқ шудааст, дар асоси дархости прокурор бо иҷозати суд ба муассисаи махсусгардонидашудае, ки барои нигоҳ доштани ҳабсшудагон мувофиқ гардонида шудааст, гузаронида мешавад.
  2. Дар муассисаи бемориҳои рўҳӣ ҷойгир намудани шахсе, ки ба ҳабс гирифта нашудааст, аз ҷониби суд иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 441. Ҷудо кардани парвандаи ҷиноятӣ

 

Ҳангоми тафтиши парвандаи ҷиноятии гурўҳи ашхос муқаррар гардад, ки яке аз онҳо дар ҳолати номукаллафӣ ҷиноят содир кардааст ё баъди содир кардан ба бемории рўҳӣ гирифтор шудааст, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ў барои тафтиши алоҳида ҷудо карда мешавад.

 

Моддаи 442. Ҳуқуқи шахсе, ки нисбат ба ў парванда оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ пеш бурда мешавад

 

Шахсе, ки нисбат ба ў парванда оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ пеш бурда мешавад, агар мувофиқи хулосаи экспертизаи судию равонпизишкӣ хусусият ва вазнинии бемории ў ба ин монеъ нагардад, метавонад ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 47 Кодекси мазкурро истифода барад.

 

Моддаи 443. Иштироки намояндаи қонунӣ

 

  1. Хешовандони наздики шахсе, ки нисбат ба ў парванда доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ пеш бурда мешавад, бо қарори муфаттиш ё прокурор ва ё таъиноти суд намояндаи қонунии шахси мазкур дониста мешавад ва барои иштирок дар парванда ҷалб карда мешавад.
  2. Намояндаи қонунӣ ҳуқуқ дорад:

– донад, ки шахсе, ки ў намояндагӣ мекунад, дар содир кардани кадом кирдори бо қонуни ҷиноятӣ манъшуда гунаҳгор дониста мешавад;

– дархост ва раддияҳо баён кунад;

далелҳо пешниҳод намояд;

– бо иҷозати муфаттиш дар амалҳои тафтишӣ, ки бо дархости ў ё ҳимоякунанда гузаронида мешаванд, иштирок кунад;

– бо протоколҳои амалҳои тафтишӣ, ки дар онҳо иштирок кардааст, шинос шавад ва мулоҳизаҳои худро доир ба дуруст ва пуррагии сабти онҳо хаттӣ баён намояд;

– баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣ бо тамоми маводи парванда шинос шавад, аз он ҳар гуна маълумотро ба ҳар андоза навишта гирад;

– нусхаи қарорро доир ба қатъи парванда ё ба суд барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ равон кардани парвандаро гирад;

– дар мурофиаи суд иштирок намояд;

– аз амалҳои муфаттиш, прокурор ва суд шикоят кунад;

– аз таъиноти суд шикоят пешниҳод намояд ва нусхаи қарорҳои шикоятшавандаро гирад;

– шикоятҳо ва эътирозҳои оид ба парванда овардашударо донад ва норозигии худро доир ба онҳо пешниҳод кунад;

– дар баррасии судии шикоятҳо ва эътирозҳо иштирок намояд.

  1. Дар бораи ба намояндаи қонунӣ фаҳмондани ҳуқуқи ў дар протокол қайд карда мешавад.

 

Моддаи 444. Иштироки ҳимоятгар

 

  1. Иштироки ҳимоятгар дар пешбурди парванда доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ аз лаҳзаи муқаррар шудани далели номукаллафӣ ё бемории рўҳии шахсе, ки нисбат ба ў тафтиш гузаронида мешавад, агар ҳимоятгар пештар аз рўи асосҳо дигар дар парванда иштирок накарда бошад, ҳатмист.
  2. Ҳимоятгар аз лаҳзаи ба пешбурди парванда шомил шудан ба мулоқоти рў ба рў бо ҳимояшаванда ҳуқуқ дорад, ба шарте ки вазъи саломатии ҳимояшаванда ба ин монеъ нагардад, ҳамчунин ҳуқуқ дорад аз ҳамаи ҳуқуқҳои дигаре, ки дар моддаи 53 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, истифода барад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)

 

Моддаи 445. Анҷом додани тафтиши пешакӣ

 

  1. Пас аз анҷом додани тафтиши пешакӣ муфаттиш яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:

– дар бораи қатъи парванда-дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 27 ва сархати дуюми қисми 1 моддаи 234 Кодекси мазкур, ҳамчунин вақте ки бемориҳои рўҳӣ ба худи шахс ё шахсони дигар хавфнок нестанд ё имкони расонидани зарари дигари ҷиддӣ надоранд;

– дар бораи равон кардани парванда ба суд барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ.

  1. Муфаттиш шахсеро, ки нисбат ба ў тафтиши пешакӣ гузаронида шудааст, ба шарте ки ў бинобар вазъи рўҳии худ дар амалҳои тафтишӣ иштирок карда тавонад, намояндаи қонунӣ ва ҳимоятгари ў, ҳамчунин ҷабрдидаро оид ба қатъи пешбурди парванда ё ба суд фиристодани парванда хабардор мекунад. Муфаттиш ҳуқуқи иштирокчиёни зикршудаи мурофиаро дар хусуси шинос шудан бо маводи парванда мефаҳмонад ва хабар медиҳад, ки дар куҷо ва кай онҳо ин ҳуқуқро истифода бурда метавонанд. Тартиби шинос шудан бо парванда, аризаҳо ва ҳалли дархост доир ба пурра намудани тафтиш дар асоси моддаҳои 240-243 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.
  2. Қарори қатъи пешбурди парванда мувофиқи моддаи 235 Кодекси мазкур бароварда мешавад.
  3. Дар қарор дар бораи ба суд равон кардани парванда барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ баён карда мешавад:

– ҳолатҳои дар моддаи 439 Кодекси мазкур зикрёфта ва далелҳои оид ба парванда муқарраршуда;

– асосҳо барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ;

– ваҷҳҳои ҳимоятгар ва дигар шахсон, ки асосҳои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ мавриди баҳс қарор додаанд, ба шарте ки изҳор шуда бошанд.

  1. Замимаҳо ба қарори ба суд фиристодани парванда аз рўи қоидаҳои моддаи 245 Кодекси мазкур тартиб дода мешаванд.
  2. Муфаттиш парвандаро бо қарори ба суд равон кардан ба прокурор месупорад, ки ў парвандаро омўхта, яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:

– қарори муфаттишро тасдиқ карда, парвандаро ба суд равон мекунад;

– парвандаро ба муфаттиш барои гузаронидани тафтиши иловагӣ бармегардонад;

– парвандаро бо асосҳое, ки дар сархати якуми қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, қатъ мекунад.

  1. Нусхаи қарори ба суд равон кардани парванда барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ба намояндаи қонунӣ супорида мешавад.

 

Моддаи 446. Таъин кардани маҷлиси суд

 

Баъди ба суд ворид гардидани парванда дар хусуси татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ судя баррасии онро дар маҷлиси суд мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи боби 31 Кодекси мазкур таъин мекунад.

 

Моддаи 447. Муҳокимаи судӣ

 

  1. Баррасии парванда доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бо иштироки ҳатмии прокурор ва ҳимоятгар анҷом дода мешавад.
  2. Тафтиши судӣ аз тарафи прокурор бо баёни далелҳои зарурати татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбат ба шахсе, ки номукаллаф дониста ё ба бемории рўҳӣ гирифтор шудааст, оғоз меёбад. Тафтиши далелҳо ва мубоҳисаҳои тарафҳо аз рўи қоидаҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда сурат мегирад.

 

Моддаи 448. Масъалаҳое, ки аз тарафи суд ҳангоми қабули қарор оид ба парванда ҳал карда мешаванд

 

  1. Дар ҷараёни мурофиаи суд бояд масъалаҳои зерин тафтиш ва ҳал карда шаванд:

– оё кирдори бо қонуни ҷиноятӣ пешбинишуда вуҷуд дошт;

– оё шахсе, ки дар хусуси ў парванда баррасӣ мешавад,  кирдорро содир кардааст;

– оё шахсе, ки дар ҳаққи ў парванда баррасӣ мешавад, кирдорро дар ҳолати номукаллафӣ содир кардааст;

– оё шахси мазкур баъди содир кардани ҷиноят ба бемории рўҳӣ гирифтор шудааст, ки таъин ё иҷрои ҷазоро номумкин мегардонад;

– оё бемории рўҳии шахс ба худи ў ё шахсони дигар хавф дорад ва ё  имкони расонидани зарари дигари ҷиддӣ ба онҳо мавҷуд аст;

– оё  татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ зарур аст ва маҳз кадоме аз онҳо.

  1. Суд ҳамчунин масъалаҳоеро, ки дар сархатҳои даҳум, ёздаҳум ва сенздаҳуми қисми 1 моддаи 335 Кодекси мазкур зикр шудаанд, ҳал мекунад.

 

Моддаи 449. Қарори суд

 

  1. Суд бо эътирофи исбот шудани ин ки ҷиноят аз тарафи шахси мазкур дар ҳолати номукаллафӣ содир шудааст ё ин шахс баъди содир намудани ҷиноят ба бемории рўҳие гирифтор шудааст, ки таъин ё иҷрои ҷазоро номумкин гардонидааст, мутобиқи моддаҳои 24 ва 98 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба озод  кардани ин шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз ҷазо ва дар бораи нисбат ба ў татбиқ кардани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ва маҳз кадом чора таъинот мебарорад.
  2. Агар шахси дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда мувофиқи вазъи рўҳии худ хавфнок набошад ё аз тарафи ў кирдори начандон вазнин содир шуда бошад, суд доир ба қатъи пешбурди парванда ва дар хусуси татбиқ накардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ қарор мебарорад.
  3. Агар суд эътироф намояд, ки иштироки шахси мазкур дар содир кардани кирдор исбот нашудааст, ҳамчунин дар сурати муқаррар намудани ҳолатҳои дар моддаҳои 27 ва 28 Кодекси мазкур пешбинишуда, суд доир ба қатъи пешбурди парванда аз рўи асоси аз ҷониби он муқарраргардида, сарфи назар аз вуҷуд доштани беморӣ ё хусусияти бемории шахс қарор мебарорад.
  4. Дар сурати қатъи пешбурди парванда бо асосҳое, ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда зикр шудаанд, нусхаи қарори суд дар мўҳлати панҷ шабонарўз ба мақомоти тандурўстӣ ҷиҳати ҳалли масъалаи табобат ё ба муассисаи равонпизишкии таъминоти иҷтимоӣ фиристодани шахсоне, ки ба ёрии равонпизишкӣ мўҳтоҷанд, фиристода мешавад.
  5. Агар собит шуда бошад, ки бемории рўҳии шахсе, ки нисбат ба ў парванда баррасӣ мешавад, муқаррар нашудааст ё бемории шахсе, ки ҷиноят содир кардааст, татбиқи чораҳои ҷазоро нисбат ба ў бартараф накунад, суд бо қарори худ парвандаро барои гузаронидани тафтиши иловагӣ бармегардонад.
  6. Дар қарори суд масъалаҳое, ки дар моддаи 347 Кодекси мазкур зикр шудаанд, ҳал мегарданд.

 

Моддаи 450. Шикоят ва эътироз овардан ба таъиноти суд

 

Ба таъиноти суд ҳимоятгар, ҷабрдида ва намояндаи ў, намояндаи қонунӣ ё хешованди наздики шахсе, ки нисбат ба ў парванда баррасӣ гардид, шикоят карда метавонанд, ҳамчунин прокурор метавонад бо тартиби кассатсионӣ  мувофиқи қоидаҳои дар боби 38 Кодекси мазкур баёншуда эътироз оварад.

 

Моддаи 451. Тартиби дароз кардани мўҳлат, тағйир додан ва  қатъ намудани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

 

  1. Суд бо пешниҳоди маъмурияти муассисае, ки ёрии равонпизишкӣ мерасонад ва хулосаи комиссияи равонпизишкӣ татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро қатъ менамояд, тағйир медиҳад ё мўҳлати онро шаш моҳи дигар дароз мекунад.
  2. Масъалаҳои қатъ намудан, тағйир додан ва ё дароз кардани мўҳлати татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ аз тарафи суде, ки дар бораи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ қарор баровардааст ё аз ҷониби суди маҳалли татбиқи ин чора дастаҷамъона баррасӣ карда мешаванд.
  3. Суд дар бораи таъин кардани парванда барои дида баромадан дар маҷлиси суд ба намояндаи қонунии шахсе, ки нисбат ба ў чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ шудааст, маъмурияти муассисаи тиббӣ, ҳимоятгар ва прокурор хабар медиҳад. Иштироки ҳимоякунанда ва прокурор дар маҷлиси суд ҳатмӣ буда, ҳозир нашудани дигар шахсон монеи баррасии парванда намегардад.
  4. Дар маҷлиси суд пешниҳоди муассисаи тиббӣ, фикри комиссияи равонпизишкӣ таҳқиқ карда, ақидаи иштирокчиёни маҷлис шунида мешавад. Агар хулосаи комиссияи равонпизишкӣ мавриди шубҳа қарор гирад, суд бо дархости шахсони дар маҷлис иштироккунанда ё бо ташаббуси худ метавонад экспертизаи судию равонпизишкӣ таъин намояд, ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб карда гирад, ҳамчунин шахсеро, ки нисбат ба ў масъалаи қатъ намудан, тағйир додан ё дароз кардани мўҳлати татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ баррасӣ мегардад, ба шарте, ки ин кор аз рўи вазъи рўҳии ў имконпазир бошад, пурсиш намояд.
  5. Суд чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббиро дар сурати чунин вазъи рўҳии шахс, ки ба татбиқи чораи пештар таъиншуда зарурат боқӣ намонда бошад ё зарурати таъини чораи дигари дорои хусусияти тиббӣ ба миён ояд қатъ мегардонад ё тағйир медиҳад. Суд мўҳлати табобати маҷбуриро дар сурати мавҷуд набудани асосҳо барои қатъ намудан ё тағйир додани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дароз мекунад.
  6. Дар бораи қатъ намудан, тағйир додан ё дароз кардан, ҳамчунин дар бораи радди қатъ намудан, тағйир додан ё дароз кардани мўҳлати татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ суд дар хонаи машваратӣ таъинот мебарорад ва онро дар маҷлиси суд эълон мекунад.

 

Моддаи 452. Аз нав сар кардани парванда дар ҳаққи шахсе, ки нисбат ба ў чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ шудааст

 

  1. Агар шахсе, ки нисбат ба ў бинобар гирифтор шуданаш ба бемории рўҳӣ баъди содир кардани ҷиноят чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ шудааст, аз ҷониби комиссияи равонпизишкӣ шифоёфта эътироф гардад, суд дар асоси хулосаи муассисаи тиббӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 400 Кодекси мазкур оид ба қатъи татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъинот мебарорад ва масъаларо доир ба гузаронидани таҳкиқ ё тафтиши пешакӣ, ҷалби шахси мазкур ҳамчун айбдоршаванда ва бо тартиби умумӣ ба суд додани парвандаро ҳал мекунад.
  2. Вақти дар муассисаи табобат гузаронида ба мўҳлати адои ҷазо ҳисоб карда мешавад.

 

БОБИ 46. ПЕШБУРДИ СУРЪАТНОК

 

Моддаи 453. Тартиби пешбурди суръатнок

 

  1. Ҳангоми мавҷуд будани аломатҳои ҷиноятҳои бо қисми 1 моддаи 111, қисми 1 моддаи 125, қисми 1 моддаи 126, қисми 1 моддаи 131, қисми 4 моддаи 196, қисми 1 моддаи 230, қисми 1 моддаи 232, қисми 1 моддаи 234, қисми 1 моддаи 237, қисми 1 моддаи 247, қисми 1 моддаи 253, қисми 1 моддаи 254, қисми 1 моддаи 255, қисми 1 моддаи 294, моддаи 334, ва моддаи 339 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, дар ҳолатҳое ки воқеияти ҷиноят аён асту шахси гумонбар барои содир кардани ҷиноят маълум ва ў дар содир кардани ҷиноят алоқаманд будани худро рад намекунад, мақомоти таҳқиқ дарҳол ба пешбурди суръатнок шурўъ менамояд. (ҚҶТ аз 2.08.11c., №755)
  2. Тартиби пешбурди суръатнок бо қоидаҳои умумии Кодекси мазкур, бо назардошти муқаррароти моддаҳои ҳамин боб муайян карда мешаванд.
  3. Ҳангоми пешбурди суръатнок мақомоти таҳқиқ то оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ дар муддати ҳафт шабонарўз аз шахси ҷиноят содиркарда, шоҳидон ва дигар шахсон дар бораи ҳолатҳои ҷинояти содиршуда баёнот мегирад, маълумотро дар бораи мавҷуд будан ё набудани доғи судии шахси ҷиноят содиркарда, маълумот доир ба шахсият ва дигар маълумотҳоро, ки барои баррасии парванда дар маҷлиси суд аҳамият дорад, талаб менамояд.
  4. Шахси ҷиноят содиркарда барои аз рўи даъват ҳозир шудан ба мақомоти таҳқиқ ва суд, хабар додан аз тағйири ҷои истиқомат ўҳдадор карда мешавад. Дар ҳолати ҳозир нашудан ба мақомоти таҳқиқ ё ба маҷлиси суд шахс маҷбуран оварда мешавад.

 

Моддаи 454. Мўҳлати пешбурди суръатнок

 

Пешбурди суръатнок бояд на дертар аз даҳ шабонарўз аз рўзи ба мақомоти таҳқиқ ворид шудани ариза ё хабар дар бораи ҷиноят то ба прокурор фиристодани парванда тамом карда шавад.

 

Моддаи 455. Анҷом додани пешбурди суръатнок

 

  1. Мақомоти таҳқиқ маводи ҷамъовардаро барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ва ба суд равон кардани он кифоя эътироф карда, дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул  карда,  онро

ба пешбурди худ қабул мекунад ва шахси ҷиноят содиркардаро бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 221 –228 Кодекси мазкур ба сифати айбдоршаванда ҷалб менамояд, масъаларо дар бораи чораи пешгирӣ нисбат ба айбдоршаванда мутобиқи моддаҳои 101-111 Кодекси мазкур ҳал менамояд, ҳамчунин дар бораи эътироф намудани шахс ба сифати ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ қарор қабул мекунад.

  1. Мақомоти таҳқиқ амалиёти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо иҷро намуда, аз рўи асосҳо ва бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 239-246 Кодекси мазкур мурофиаи суръатнокро ба анҷом мерасонад.

 

Моддаи 456. Амали прокурор оид ба парвандаи ҷиноятӣ

 

Ҳангоми аз мақоми таҳқиқ ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ, ки бо тартиби пешбурди суръатнок анҷом дода шудааст, прокурор ё муовини ў вазифадоранд дар муддати на зиёда аз 24 соат парвандаро санҷида, бо асосҳо ва бо тартиби дар моддаҳои 247-250 Кодекси мазкур пешбинишуда дар бораи он қарор қабул намояд.

 

Моддаи 457. Пешбурди таҳқиқ

 

  1. Таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳои дар моддаи 453 Кодекси мазкур номбаркардашуда аз ҷониби мақомоти таҳқиқ аз рўи қоидаҳои умумии Кодекси мазкур дар ҳолатҳои зерин анҷом дода мешавад:

– ҳангоми аз ҷониби сардори мақомоти таҳқиқ оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, ба шарте, ки дар давоми ҳафт шабонарўз муайян намудани ҳолатҳои муҳими содир шудани ҷиноят аз имкон берун бошад;

– ҳангоми аз ҷониби прокурор барои пешбурди таҳқиқ баргардонидани парвандаи ҷиноятие, ки бо тартиби пешбурди суръатнок анҷом дода шудааст;

– ҳангоми дар муддати се шабонарўз аз имкон берун будани иҷрои амалҳои мурофиавии дар моддаи 453 Кодекси мазкур пешбинишуда.

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур таҳқиқ бояд на дертар аз бист шабонарўз аз рўзи оғози парвандаи ҷиноятӣ ё баргардонидани он анҷом дода шавад.

 

Моддаи 458. Пешбурди тафтиши пешакӣ

 

  1. Доир ба ҷиноятҳои дар моддаи 453 Кодекси мазкур пешбинишуда, ба шарте, ки онҳо аз ҷониби ноболиғон содир шуда бошанд, ҳамчунин дар бораи кирдори барои ҷамъият хавфноки бо қонуни ҷиноятӣ пешбининамудаи номукаллафон ё шахсоне, ки баъди содир кардани ҷиноят ба касалии рўҳӣ дучор шудаанд, тафтиши пешакӣ анҷом дода мешавад.
  2. Тафтиши пешакӣ бояд на дертар аз як моҳ аз рўзи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шавад.

 

Моддаи 459. Салоҳияти судя доир ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда

 

  1. Доир ба парвандаи ҷиноятии аз прокурор ба суд воридшуда судя амалиёти тайёриро гузаронида, мутобиқи қоидаҳои боби 31 Кодекси мазкур қарор қабул менамояд.
  2. Доир ба парвандаи ҷиноятӣ судя бояд на дертар аз панҷ шабонарўз аз рўзи ба суд ворид шудани он қарор қабул кунад.

 

Моддаи 460. Баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси суд

 

Баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси суд аз ҷониби судя мутобиқи қоидаҳои умумии муҳокимаи судӣ анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 47. ПЕШБУРД ОИД БА РЎЁНИДАНИ ЗАРАРЕ, КИ ДАР НАТИҶАИ АМАЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ СУД ВА МАҚОМОТИ АНҶОМДИҲАНДАИ ПЕШБУРДИ ТОСУДӢ  ДОИР БА ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ РАСИДААСТ

 

Моддаи 461. Асосҳо ва шартҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқ барои рўёнидани товони зарар

 

  1. Товони зараре, ки ба шахс дар натиҷаи ғайриқонунӣ дастгир кардан, дар ҳабс ва ҳабси хонагӣ нигоҳ доштан, муваққатан аз вазифа дур кардан, дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардан, маҳкум кардан, татбиқ намудани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ расонида шудааст, аз тарафи давлат сарфи назар аз гуноҳи таҳқиқбаранда, мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ва суд пурра рўёнида мешавад.
  2. Ҳуқуқи рўёнидани товони зарар дар ҳолатҳои зерин ба вуҷуд меояд:

– дар сурати озод намудани дастгиршуда ё ҳабсшуда бо сабаби тасдиқ нагардидани гумон дар содир кардани ҷиноят;

– қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 27 ва сархати дуюми қисми 1 моддаи 234 Кодекси мазкур пешбинишуда;

– баровардани ҳукми сафедкунанда;

– тағйир ёфтани бандубасти кирдор дар асоси он моддаи қонун, ки ҷинояти нисбатан сабуктарро бо таъини ҷазои нисбатан сабуктар мувофиқи ин модда ё аз ҳукм хориҷ кардани қисми айбдоркунӣ ва бо ин сабаб сабук кардани ҷазоро пешбинӣ менамояд;

– бекор карда шудани қарори ғайриқонунии суд доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ.

  1. Дар ҳолати фавти шаҳрванд ҳуқуқи рўёнидани товони зарар бо тартиби муқарраршуда ба ворисони ў ва дар қисмати гирифтани нафақа ва кўмакпулиҳое, ки пардохти онҳо боздошта шудааст, ба он аъзои оилаи ў мегузарад, ки ба доираи шахсони дар ҳолати фавти сарпараст бо нафақаи вобаста ба гум кардани сарпараст таъминшаванда мансубанд.
  2. Товони зарар дар ҳолате рўёнида намешавад, ки шаҳрванд дар ҷараёни таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ бо роҳи худайбдоркунӣ барои ба миён омадани оқибатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда мусоидат карда бошад. Аммо худайбдоркуние, ки дар натиҷаи нисбат ба шаҳрванд татбиқ гардидани зўроварӣ, таҳдид ва дигар чораҳои ғайриқонунӣ ба вуҷуд омадааст, ба рўёнидани товони зарар монеъ намегардад. Зимнан далели татбиқи чораҳои ғайриқонунӣ бояд аз тарафи мақомоти тафтишотӣ, прокурор ё суд муқаррар карда шаванд.
  3. Қоидаҳои ҳамин модда ба ҳолатҳое дахл надоранд, ки чораҳои маҷбуркунии мурофиавии нисбат ба шахс татбиқшуда ё ҳукми айбдоркунанда бекор карда ё бо сабаби қабули санади афв, гузаштани мўҳлати даъво, нарасидани синну сол ё қабули қонуне, ки ҷавобгарии ҷиноятиро аз байн мебарад ё ҷазоро сабук мегардонад, тағйир дода шуда бошанд.

 

Моддаи 462. Товони зараре, ки бояд рўёнида шавад

 

Дар сурати мавҷуд будани асосҳо ва шартҳои дар  қисмҳои 1 ва 2 моддаи 464 Кодекси мазкур зикршуда, шахс ҳуқуқ дорад ба:

– рўёнидани товони зарари молумулкӣ (маош, нафақа, кўмакпулӣ ва маблағҳои дигаре, ки аз онҳо дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ, мусодираи ғайриқонунии молу мулк ё дар асоси ҳукмҳо ё қарорҳои суд ба фоидаи давлат дохил кардани молу мулк маҳрум гаштааст, ҷаримаҳо ва хароҷоти мурофиавие, ки барои иҷрои ҳукми ғайриқонунии суд ситонида шудаанд, маблағе, ки барои расонидани кўмаки ҳуқуқӣ пардохта шудаанд ва хароҷоти дигар);

– барҳам додани оқибатҳои зарари маънавӣ;

– барқарор намудани ҳуқуқҳои меҳнатӣ, нафақавӣ, манзилӣ ва ғайра.

 

Моддаи 463. Эътирофи ҳуқуқ ба рўёнидани товони зарар

 

Суд, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ доир ба пурра ё қисман сафедкунии шахс қарор қабул карда, бояд ҳуқуқи ўро оид ба рўёнидани товони зарар эътироф намоянд. Нусхаи ҳукми сафедкунанда ё таъиноти (қарори) қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, бекор кардан ё тағйир додани дигар қарорҳои ғайриқонунӣ ба шахси манфиатдор супорида ё тавассути почта фиристода мешавад. Ҳамзамон бо ин ба ў хабарнома бо фаҳмондани тартиби рўёнидани товони зарари молумулкӣ ва барқарор намудани ҳуқуқи дигари ў фиристода мешавад.

 

Моддаи 464. Муайян кардани андозаи зарари молумулкӣ ва тартиби рўёнидани товони он

 

  1. Шахс ҳуқуқ дорад, дар давоми шаш моҳ аз лаҳзаи гирифтани нусхаи ҳуҷҷатҳои дар моддаи 463 Кодекси мазкур зикршуда бо хабарномаи тартиби рўёнидани товони зарар, ба мақомоте, ки ҳукми сафедкунанда, оид ба қатъи парванда, бекор кардан ё тағйир додани қарорҳои дигари ғайриқонунӣ таъинот (қарор) баровардааст, бо талабнома рўёнидани зарари молумулкӣ муроҷиат намояд. Агар аз тарафи суди болоӣ парванда қатъ карда ё ҳукм тағйир дода шуда бошад, аризаи рўёнидани товони зарар ба суде, ки ҳукм баровардааст, равон карда мешавад.
  2. Судя, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ на дертар аз як моҳи баъд аз рўзи ворид гардидани ариза андозаи зарарро муайян мекунанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз мақомоти молия ва таъминоти иҷтимоӣ ҳисобу китобро дархост карда, дар бораи анҷом додани пардохтҳо доир ба рўёнидани товони зарар қарор мебароранд.
  3. Аризаи рўёнидани товони зарари молумулкӣ аз тарафи судя бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 401 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.
  4. Нусхаи тасдиқгардидаи қарор ба шахс ва дар ҳолати фавти ў ба шахсони дар қисми 3 моддаи 461 Кодекси мазкур зикршуда барои пешниҳод ба мақомоте, ки вазифадоранд пардохтро анҷом диҳанд, супорида ё фиристода мешавад.

 

Моддаи 465. Шикоят аз қарорҳои анҷом додани пардохтҳо

 

Аз қарорҳои судя, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ оид ба анҷом додани пардохтҳо мувофиқи тартибе, ки дар Кодекси мазкур муқаррар гардидааст, шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 466. Бартараф кардани оқибати зарари маънавӣ ва зарарҳои дигар

 

  1. Даъвои рўёнидан ба тариқи пулӣ барои зарари расонидашуда бо тартиби мурофиаи судии гражданӣ пешниҳод карда мешавад.
  2. Агар маълумоти дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, муваққатан аз вазифа дур сохтан, дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардан, маҳкум намудан ва амалҳои дигари ғайриқонунии нисбат ба шахс татбиқшуда дар матбуот чоп карда, тавассути радио, телевизион ва воситаҳои дигари ахбори омма интишор шуда бошад, бо талаби шахси мазкур ва дар ҳолати фавти ў бо талаби хешовандони ў ё супориши суд, прокурор, муфаттиш ё мақомоти таҳқиқ воситаҳои дахлдори ахбори умум вазифадоранд, ки дар муддати як моҳ дар ин бобат хабари зарурӣ интишор намоянд.
  3. Бо талаби шахс ва дар ҳолати фавти ў бо талаби хешовандони ў судя, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ вазифадоранд, ки дар муддати то чордаҳ шабонарўз доир ба бекор кардани қарорҳои ғайриқонунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои кор, таҳсил ё зисти ў ба тариқи хаттӣ хабар диҳанд.

 

Моддаи 467. Барқарор кардани ҳуқуқҳои дигар

 

  1. Агар ариза доир ба барқарор кардани ҳуқуқи меҳнатӣ, нафақавӣ ва манзилӣ, анҷом додани пардохтҳо, ҳамчунин дар бораи баргардонидани молу мулк ё арзиши он қонеъ гардонида нашавад ё шахс бо қарори қабулшуда розӣ набошад, ў ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби мурофиаи гражданӣ ба суд муроҷиат намояд.
  2. Ба шахсоне, ки аз рутбаҳои ҳарбӣ ва унвонҳои дигар, дараҷаҳои тахассусӣ, ҳамчунин ордену медалҳо маҳрум карда шудаанд, бо тартиби муқарраршуда рутбаю унвонҳо, дараҷаҳои тахассусӣ барқарор карда, ордену медалҳои онҳо баргардонида мешаванд.

 

Моддаи 468. Мўҳлати пешниҳоди ариза

 

  1. Ариза оид ба анҷом додани пардохтҳои пулӣ ба ивази товони зарари молумулкӣ метавонад дар давоми се сол аз лаҳзае, ки шахсони дар қисми 3 моддаи 461 Кодекси мазкур зикршуда таъинот ё қарорро доир ба анҷом додани чунин пардохтҳо мегиранд, пешниҳод карда шаванд.
  2. Ариза дар хусуси барқарор кардани ҳуқуқҳои дигар метавонад аз тарафи шахс дар давоми як сол аз лаҳзаи гирифтани хабарномае, ки тартиби барқарор намудани ҳуқуқро мефаҳмонад, пешниҳод карда шавад.
  3. Дар сурати бо сабабҳои узрнок гузаштани мўҳлатҳои зикршуда, ин муҳлатҳо бо аризаи шахсони манфиатдор метавонанд аз тарафи муфаттиш, прокурор ё суд барқарор карда шаванд.

 

Моддаи 469. Рўёнидани товони зарар ба шахсони ҳуқуқӣ

 

Товони зараре, ки ба шахсони ҳуқуқӣ дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии суд, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ расонида шудааст, аз тарафи давлат пурра ва дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб рўёнида мешавад.

 

ФАСЛИ VII.  МУҚАРРАРОТИ  АСОСИИ ТАРТИБИ ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ СУДҲО, ПРОКУРОРҲО, МУФАТТИШОН ВА МАҚОМОТИ ТАҲҚИҚ БО МАҚОМОТ ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ДАХЛДОРИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДОИР БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

 

БОБИ 48. ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ СУДҲО, ПРОКУРОРҲО, МУФАТТИШОН ВА МАҚОМОТИ ТАҲҚИҚ БО МАҚОМОТ ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ ДАХЛДОРИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТАРТИБИ РАСОНИДАНИ КӮМАКИ ҲУҚУҚӢ ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

 

Моддаи 470. Равон кардани супориш доир ба гузаронидани амалиёти мурофиавӣ

 

  1. Суд, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ ҳангоми зарурати гузаронидани пурсиш, муоина, ёфта гирифтан, кофтуков, экспертиза ва амалиёти дигари алоҳидаи мурофиавии пешбининамудаи Кодекси мазкур дар ҳудуд давлати хориҷӣ гузаронидани онҳоро ба мақомоти дахлдори давлати хориҷие, ки бо он доир ба расонидани кўмаки мутақобили ҳуқуқӣ шартнома ё созишномаи байналмилалӣ мавҷуд аст, супориш медиҳад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  2. Супориши гузаронидани амали алоҳидаи тафтишӣ ба воситаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани амали суд ба воситаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мутобиқан тавассути муовинони онҳо фиристода мешавад, ки онҳо дар ҳолатҳои зарурӣ барои мусоидат ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  3. Ҳангоми ба расмият даровардани супориш, ба шарте, ки дар шартномаи байналмилалӣ ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, забони ҳамон давлате татбиқ мегардад, ки супориш ба он равон карда мешавад.

 

Моддаи 471. Мазмуни супориши гузаронидани амалиёти мурофиавӣ

 

Супориши гузаронидани амалҳои алоҳидаи тафтишӣ ва судӣ бояд ба тариқи хаттӣ тартиб дода, аз тарафи шахси мансабдоре, ки супоришро мефиристад, имзо ва бо мўҳри нишондори мақомот тасдиқ карда шавад ва маълумоти зеринро дошта бошад:

– номи мақомоте, ки супоришро мефиристад;

– ном ва суроғаи мақомоте, ки супориш ба он фиристода мешавад;

– номи парванда ва мушаххасоти супориш;

– маълумот дар бораи шахсоне, ки нисбат ба онҳо супориш дода мешавад, шаҳрвандии онҳо, шуғл, ҷои зист ё маҳалли будубош ва барои шахсони ҳуқуқӣ – ном ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо;

– баёни ҳолатҳое, ки бояд муайян карда шаванд, ҳамчунин номгўйи ҳуҷҷатҳо, далелҳои шайъӣ ва далелҳои дигари дархостшаванда;

– маълумот доир ба ҳолатҳои воқеии ҷинояти содиршуда ва бандубасти он бо замимаи нусхаи матни моддаи дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди зарурат маълумот дар бораи андозаи зараре, ки дар натиҷаи амали содиргардида расонида шудааст.

 

Моддаи 472. Даъват ва пурсиш кардани шоҳид, ҷабрдида, коршинос, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндагони онҳо, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд

 

  1. Агар шоҳид, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндагони онҳо ва коршинос шаҳрвандони давлати хориҷӣ бошанд, метавонанд бо ризоии онҳо аз тарафи шахси мансабдоре, ки парвандаи ҷиноятиро тафтиш мекунад, барои гузаронидани амалҳои тафтишӣ ё судӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  2. Дархост дар бораи даъвати шахс бо тартиби дар Кодекси мазкур пешбинишуда фиристода мешавад.
  3. Амалҳои тафтишӣ ва судӣ бо иштироки шоҳид, ҷабрдида, дигар иштирокчиёни мурофиа, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, аз рўи қоидаҳои Кодекси мазкур гузаронида мешавад.
  4. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда, ки ба даъват ҳозир шудаанд наметавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд, ба ҳабс гирифта шаванд ё ҳуқуқҳои шахсии дигари онҳо маҳдуд карда шаванд, ба шарте, ки ҳукми суд то ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани ин шахсон бароварда шуда бошад. Масуният ба шарте қатъ меёбад, ки шахси бо даъват ҳозиршуда имкони тарк кардани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, дар мўҳлати 15 шабонарўз аз лаҳзаи аз байн рафтани зарурати ҳузури ў ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намекунад ва ё баъди тарки ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегардад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)

 

Моддаи 473. Иҷрои супориш оид ба гузаронидани амалҳои мурофиавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Суд, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ супоришҳои бо тартиби муқарраргардида ба онҳо додаи мақомот ва шахсони мансабдори дахлдори давлатҳои хориҷиро оид ба гузаронидани амалҳои тафтишӣ ё судӣ мувофиқи қоидаҳои умумии Кодекси мазкур иҷро мекунанд.
  2. Ҳангоми иҷрои супориш метавонанд меъёрҳои мурофиавии давлати хориҷӣ истифода шаванд, ба шарте, ки ин амал дар шартномаи байналмилалӣ бо он давлат пешбинӣ шуда бошад.
  3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалӣ, ҳангоми иҷрои супориш намояндаи мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ иштирок карда метавонад.
  4. Агар иҷрои супориш имкон надошта бошад, ҳуҷҷатҳои воридшуда мутобиқан тавассути Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти хориҷие, ки супориш аз он омадааст, бо зикри сабабҳое, ки ба иҷрои он монеъ гардидаанд, баргардонида мешаванд. Агар иҷрои супориш ба истиқлолият ё амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида тавонад ва ё мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бе иҷро баргардонида мешавад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)

 

Моддаи 474. Барои идома додани таъқиби ҷиноятӣ равон кардани маводи парванда

 

Дар ҳолати содир шудани ҷиноят дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрванди давлати хориҷие, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафтааст, тамоми маводи парвандаи оғозшуда ва таҳқиқшаванда ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, то ки масъалаи фиристодани маводро ба мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ барои идома додани таъқиби ҷиноятӣ ҳал кунад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)

 

Моддаи 475. Иҷрои дархости идома додани таъқиби ҷиноятӣ ё оид ба оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Муроҷиати мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ доир ба додани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати хориҷӣ ҷиноят содир карда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштааст, барои тафтиши минбаъда аз ҷониби Прокуратураи генералӣ баррасӣ карда мешавад. Тафтиши пешакӣ, таҳқиқ ва мурофиаи суд дар чунин ҳолатҳо бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  2. Далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқи парванда дар ҳудуди давлати хориҷӣ аз ҷониби шахси мансабдори ваколатдоршуда дар доираи салоҳияти ў ва бо тартиби муқарраршуда ба даст оварда шудаанд, ҳангоми идома додани тафтиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари дигар далелҳои доир ба парвандаи ҷиноятӣ ҷамъшуда эътибори ҳуқуқӣ доранд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  3. Дар ҳолати аз тарафи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди давлати хориҷӣ содир кардани ҷиноят ва то нисбат ба ў оғоз шудани таъқиби ҷиноятӣ дар маҳалли содир шудани ҷиноят ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанаш парвандаи ҷиноятӣ метавонад аз тарафи мақомоти босалоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводе, ки мақомоти давлати хориҷӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, оғоз ва тафтиш карда шавад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)

 

БОБИ 49. СУПОРИДАНИ ШАХС БАРОИ БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИДАН Ё БАРОИ ИҶРОИ ҲУКМ

 

Моддаи 476. Равон кардани талабнома дар хусуси додани шахсе, ки дар ҳудуди давлати хориҷӣ мебошад

 

  1. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолат ва бо тартибе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ба мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ бо талабномаи додани шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир кардааст, муроҷиат мекунад ба шарте, ки оид ба ин шахс ҳукми айбдоркунанда ё қарори ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда қабул шуда бошад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  2. Талабнома бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

насаб, ном ва номи падари маҳкумшуда (айбдоршаванда), соли таваллуд, маълумот дар бораи шаҳрвандӣ, тасвири зоҳирӣ, аксҳо;

– баёни ҳолатҳои воқеии ҷинояти содиршуда бо зикри матни қонуне, ки барои ин ҷиноят ҷавобгариро пешбинӣ мекунад ва зикри ҳатмии ҷазо;

– маълумот дар бораи ҷой ва вақти баровардани ҳукме, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст ё қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардан бо замимаи нусхаҳои тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои дахлдор.

 

Моддаи 477. Ҳадди ҷавобгарии ҷиноятии шахси ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридашуда

 

  1. Шахсе, ки аз тарафи давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст, бе ризои давлате, ки ўро супоридааст, барои ҷинояти дигаре, ки бо супоридани ў вобаста нест, наметавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, ҷазо дода шавад, ҳамчунин ба давлати сеюм супорида шавад.
  2. Қоидаи қисми 1 ҳамин модда дар ҳолати аз тарафи шахс содир шудани ҷиноят баъди супоридани ў татбиқ намегардад.

 

Моддаи 478. Иҷрои талабномаи супоридани шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад

 

  1. Талабномаи супоридани шаҳрванди давлати хориҷӣ, ки дар содир намудани ҷиноят айбдор карда мешавад ё дар ҳудуди давлати хориҷӣ маҳкум шудааст, аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ў баррасӣ карда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани талабномаи якчанд давлат доир ба супоридани шахс қарори ба кадом давлат супоридани шахсро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)
  2. Шарт ва тартиби супоридан тавассути Кодекси мазкур ва шартномаи тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати хориҷӣ муайян карда мешавад.
  3. Агар дар бораи шаҳрванди давлати хориҷӣ, ки барои ҷинояти дигар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо мекунад, дархости супоридани ў ворид гардад, супоридан метавонад то ба охир расидани мўҳлати ҷазо ё озод кардан аз ҷазо мувофиқи ҳар гуна асоси қонунӣ ба таъхир андохта шавад. Агар шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошад, мўҳлати супоридани ўро то баровардани ҳукм, ба охир расидани мўҳлати ҷазо ё озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз ҷазо мувофиқи ҳар гуна асоси қонунӣ мумкин аст, ба таъхир андохта шавад. Агар ба таъхир андохтани мўҳлати супоридани гунаҳгор боиси гузаштани мўҳлати таъқиби ҷиноятӣ гардад ё ба таҳқиқи ҷиноят халал расонад, шахсеро, ки супоридани ў дар асоси талабнома зарур аст, муваққатан супоридан мумкин аст. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1381)

 

Моддаи 479. Рад кардани супоридани шахс

 

Супоридани шахс дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, агар:

– ба шахс аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳгоҳи сиёсӣ дода шуда бошад;

– кирдоре, ки асоси талабнома доир ба супоридан қарор дода шудааст, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноят эътироф нагардад;

– нисбат ба шахс аллакай барои ҳамон ҷиноят ҳукме бароварда шуда бошад, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст ё тафтиши парванда қатъ карда шудааст;

– дар бораи дар давлати супоридашаванда мавриди шиканҷа қарор гирифтани шахс маълумот мавҷуд бошад; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1134)

– мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби гузаштани мўҳлат ё аз рўи асоси дигари қонунӣ парвандаи ҷиноятӣ наметавонад оғоз ё ҳукм иҷро карда шавад.

 

Моддаи 480. Супоридани шахсони дорои душаҳрвандӣ ва шахсони бешаҳрванд

 

  1. Тартиби супоридани шахсони дорои душаҳрвандӣ ва шахсони бешаҳрванд бо қоидаҳои моддаи 478 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.
  2. Супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои душаҳрвандӣ мебошад, танҳо дар ҳолатҳое имконпазир аст, ки махсус дар шартнома ё созишномаи тарафайн пешбинӣ шуда бошанд.

 

Моддаи 481. Ба ҳабс гирифтан барои супоридан

 

  1. Ҳангоми аз мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ ворид гардидани талабномаи ба таври зарурӣ ба расмият даровардашуда ва дар сурати мавҷуд будани асосҳои қонунӣ барои супоридан ў метавонад дастгир карда ва нисбат ба ў чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан бо тартиби муқаррарнамудаи боби 12 Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.
  2. Дар бораи ба ҳабс гирифтани шахс ба мақомоти давлати хориҷие, ки талабномаи супориданро фиристодааст, якҷоя бо пешниҳоди вақт ва ҷои супоридан фавран хабар дода мешавад.
  3. Агар дар давоми сӣ шабонарўз супоридан иҷро нагардад, шахсе, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад бояд бо қарори суд озод карда шавад. Такроран ба ҳабс гирифтан танҳо баъди баррасии талабномаи нав доир ба супоридан мутобиқи қисми 1 ҳамин модда имконпазир аст.

 

Моддаи 482. Супоридани ашё

 

  1. Ҳангоми ба мақомоти давлати хориҷӣ супоридани шаҳрванд, инчунин ашёе, ки олоти ҷиноят аст ва осори ҷиноят дорад ё бо роҳи ҷиноятӣ ба даст оварда шудааст, дода мешавад. Ин ашё дар асоси талабнома ва дар ҳолате, ки супоридани шахс ба сабаби фавти ў ё бо сабабҳои дигар амалӣ шуда наметавонад дода мешавад.
  2. Агар ашёи дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, барои тафтиш аз рўи парвандаи дигари ҷиноятӣ зарур бошад, мумкин аст муваққатан нигоҳ дошта шавад.
  3. Барои таъмини ҳуқуқи қонунии шахсони сеюм супоридани ашёи дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, танҳо дар сурати мавҷуд будани кафолатҳои мақомоти давлати хориҷӣ дар бораи баргардонидани ашё баъди ба охир расидани тафтиш аз рўи парванда анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 50. СУПОРИДАНИ  ШАХСЕ, КИ БА МАҲРУМ КАРДАН АЗ ОЗОДӢ МАҲКУМ ШУДААСТ, БАРОИ АДОИ ҶАЗО БА ДАВЛАТЕ, КИ Ӯ ШАҲРВАНДИ ОН АСТ

 

Моддаи 483. Асосҳо барои супоридани шахсе, ки ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо ба давлате, ки ў шаҳрванди он аст

 

Шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати хориҷии дахлдор ё созиши хаттии бо шартҳои мутақобил имзонамудаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти босалоҳият ва шахсони мансабдори давлати хориҷӣ барои супоридани шахсе, ки аз тарафи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо дар давлате, ки ў шаҳрванди он давлат мебошад, ҳамчунин барои супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи суди давлати хориҷӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ба шумор меравад.

 

Моддаи 484. Шарт ва тартиби супоридани маҳкумшуда барои  адои ҷазо ба давлате, ки ў шаҳрванди он  аст

 

  1. Супоридани шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст, барои адои ҷазо ба давлате, ки ў шаҳрванди он давлат аст, то хатми ҷазои ў ба тариқи маҳрум кардан аз озодӣ дар асоси дархости маҳкумшуда, намояндаи қонунӣ ё хешовандони наздики ў, ҳамчунин дар асоси талабномаи мақомоти босалоҳияти давлати дахлдор бо ризои маҳкумшуда имконпазир аст.
  2. Шахс танҳо баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм бо қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ў метавонад супорида шавад ва онҳо дар бораи супорида шудани маҳкумшуда ба суде, ки ҳукм баровардааст, хабар медиҳанд.

 

Моддаи 485.  Рад кардани супоридани шахси ба маҳрум кардан аз  озодӣ маҳкумшуда ба давлати хориҷӣ барои адои ҷазо

 

Супоридани шахси ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкумшуда барои адои ҷазо ба давлате, ки ў шаҳрванди он давлат аст дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, ба шарте, ки:

– кирдоре, ки шахс барои он маҳкум шудааст, бо қонунгузории давлате, ки ў шаҳрванди он мебошад, ҷиноят эътироф нагардад;

– ҷазо бо сабаби гузаштани мўҳлат ё бо дигар асоси пешбининамудаи қонунгузории ин давлат наметавонад дар давлати хориҷӣ адо карда шавад;

– аз маҳкумшуда ё аз давлати хориҷӣ кафолатҳои иҷрои ҳукм дар қисми даъвои гражданӣ ворид нашуда бошанд;

– доир ба супоридани маҳкумшуда дар асоси шартҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалӣ мувофиқа ҳосил нашуда бошад;

– маҳкумшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои зисти доимӣ дошта бошад.

 

Моддаи 486. Баррасии дархост дар бораи дар Ҷумҳурии   Тоҷикистон адо намудани ҷазо

 

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи суди давлати хориҷӣ ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, намояндаи  қонунӣ ё хешовандони наздики ў, ҳамчунин мақомоти босалоҳияти давлати хориҷӣ бо ризои маҳкумшуда метавонанд ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости адои ҷазо аз тарафи маҳкумшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14-уми октябри соли 2009, № 1425

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, № 9-10, моддаи 591) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19-уми ноябри соли 2009, № 694

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, № 11, моддаи 702) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Моддаи 1. Қабули Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

 

Моддаи 2. Мавриди амал қарор додани  Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2010 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Моддаи 3. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1961 тасдиқ карда шудааст (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, c.1961, №24, мод.126; с. 1962, №1, мод.7; с. 1964, №1, мод. 9; с.1967, №1, мод.8,9; с.1968, №24, мод.204; с. 1970,№12, мод.67 (сархатҳои 1 ва 3); с.1973, №1, мод.9 (сархати 3), №12, мод.114; с.1975, №13, мод.14; с.1977, №11, мод.90; с. 1978, №14, мод, 142; с.1981, №24, мод. 225; с.1984, №2, мод. 15 (сархатҳои 3 ва 5), №4, мод.36 (сархати 3), №23, мод.222; с.1985, №7, мод.9 (сархати 1), №23, мод.233; с.1987, №5, мод.74, №24, мод.333; с.1988, №5, мод.55, №21, мод.167, №24, мод.225; с.1990, №7, мод.56, №16, мод.268, №24, мод.410; с.1991, №14, мод.237; Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1992, №23, мод.333; с.1993, №9-10, мод.137, №19-20, мод.438, №21-22, мод.455; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №23-24, мод.358; с.1996,№4, мод.62; с.1997, №9, мод.117; с.1998, №10, мод.72; с.1999, №12, мод.305; с.2000, №11, мод.523; с.2002, №4, қ.1, мод.281; с.2004, №7, мод.461;  с.2005, №7, мод.644; с.2007, №5, мод.359; с.2008, №3, мод.287, №6, мод.445; с.2009, №3, мод.79) аз 1 апрели соли 2010 аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 4. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе, 3 декабри соли 2009

№ 564

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …