Главная / Ҷамъият / ҚИСМИ ДУЮМИ КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚИСМИ ДУЮМИ КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, мод. 323; соли 2002, № 4, қисми 1, мод. 170; соли 2006, №4, мод. 194; соли 2009, №12, мод. 821; с. 2010, №7, мод. 540; Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 с., №849; ҚҶТ аз 22.07.2013 с. №977)

ФАСЛИ  IV. НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ ӮҲДАДОРӢ.. 14

БОБИ 29. Хариду фурӯш.. 14

Моддаи 488. Шартномаи хариду фурӯш.. 14

Моддаи 489. Шакли шартномаи хариду фурӯш.. 14

Моддаи 490. Шартҳои шартнома оид ба  мол. 14

Моддаи 491. Ӯҳдадории фурӯшанда оид ба додани мол. 14

Моддаи 492. Мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории супурдани мол. 14

Моддаи 493. Лаҳзаи иҷрои ӯҳдадории фурӯшанда оид ба супурдани мол. 15

Моддаи 494. Ӯҳдадории фурӯшанда оид ба ҳифзи  моли фурӯхташуда. 15

Моддаи 495. Гузаштани таваккали тасодуфан нобуд шудани мол. 15

Моддаи 496. Ӯҳдадории фурӯшанда вобаста ба додани моли аз ҳуқуқи ашхоси сеюм озод. 15

Моддаи 497. Ӯҳдадориҳои  харидор  ва  фурӯшанда дар ҳолатҳои пешниҳоди даъво оид ба кашида гирифтани амвол. 15

Моддаи 498. Масъулияти фурӯшанда ҳангоми аз харидор кашида гирифтани мол. 16

Моддаи 499. Оқибатҳои аз ҷониби фурӯшанда рад  кардани супоридани мол. 16

Моддаи 500. Оқибатҳои иҷро накардани ӯҳдадории додани асбобу анҷом ва ҳуҷҷатҳои марбути мол  16

Моддаи 501. Теъдоди мол. 16

Моддаи 502. Оқибатҳои вайрон кардани шартҳои шартнома вобаста ба теъдод. 16

Моддаи 503. Навъ (ассортимент)-и молҳо. 16

Моддаи 504. Оқибатҳои вайрон кардани шартҳои вобаста ба навъ (ассортимент)-и мол. 17

Моддаи 505. Сифати мол. 17

Моддаи 506. Кафолати сифат. 17

Моддаи 507. Тартиби баҳисобгирии мӯҳлати кафолат. 17

Моддаи 508. Мӯҳлати коршоямии мол. 18

Моддаи 509. Ба ҳисобгирии мӯҳлати коршоямии мол. 18

Моддаи 510. Тафтиши сифати мол. 18

Моддаи 511. Оқибатҳои додани моли дорои  сифати номатлуб. 18

Моддаи 512. Норасоиҳои мол, ки барои он фурӯшанда ҷавобгар аст. 18

Моддаи 513. Мӯҳлати ошкор намудани норасоиҳои  моли додашуда. 18

Моддаи 514. Мукаммалии мол. 19

Моддаи 515. Маҷмӯъ (комплект)-и мол. 19

Моддаи 516. Оқибати додани молҳои ғайримаҷмӯъ  (ғайрикомплект) 19

Моддаи 517. Зарф ва борпеч. 19

Моддаи 518. Оқибатҳои бидуни зарф ва (ё) борпеч ё дар зарф ва (ё) таҳти борпеч  номатлуб додани мол  20

Моддаи 519. Огоҳ намудани фурӯшанда дар хусуси номатлуб иҷро кардани  шартномаи хариду фурӯш   20

Моддаи 520. Ӯҳдадории харидор оид ба  қабули мол. 20

Моддаи 521. Ӯҳдадории харидор оид ба пардохти нарх. 20

Моддаи 522. Пардохти мол. 20

Моддаи 523. Пешпардохти мол. 21

Моддаи 524. Пардохти молҳое, ки ба кредит  фурӯхта шудааст. 21

Моддаи 525. Бастани шартномаи хариду фурӯш бо кредит. 21

Моддаи 526. Суғуртаи мол. 21

Моддаи 527. Нигоҳ доштани ҳуқуқи  моликии фурӯшанда. 22

Моддаи 528. Шартномаи хариду фурӯши чакана. 22

Моддаи 529. Офертаи оммавии мол. 22

Моддаи 530. Ба харидор пешниҳод намудани  маълумот оид ба мол. 22

Моддаи 531. Фурӯши мол бо истифодаи автоматҳо. 22

Моддаи 532. Шартномаи бо шарти ба харидор  расонидани мол. 22

Моддаи 533. Шартнома бо шарти аз ҷониби харидор барои мӯҳлати муайян гирифтани мол. 23

Моддаи 534. Фурӯши мол тибқи намунаҳо. 23

Моддаи 535. Арзиш ва пардохти мол. 23

Моддаи 536. Иваз кардани моли дорои сифатан  матлуб. 23

Моддаи 537. Ҳуқуқи харидор дар ҳолатҳои ба ӯ фурӯхтани моли сифатан номатлуб. 24

Моддаи 538. Ҷуброни фарқи нарх ҳангоми ивази мол, паст кардани нархи харид ва баргардонидани моли сифатан номатлуб. 24

Моддаи 539. Масъулияти фурӯшанда ва дар шакли асл (натура) иҷро намудани ӯҳдадорӣ. 24

Моддаи 540. Ҷуброни зарари маънавӣ. 24

Моддаи 541. Шартномаи маҳсулотсупорӣ. 24

Моддаи 542. Мӯҳлати амали шартномаи маҳсулотсупорӣ. 25

Моддаи 543. Бастани шартномаи  маҳсулотсупорӣ. 25

Моддаи 544. Давраҳои маҳсулотсупорӣ. 25

Моддаи 545. Ҳалли ихтилофи назар ҳангоми бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ. 25

Моддаи 546. Тартиби маҳсулотсупорӣ. 25

Моддаи 547. Молрасонӣ. 26

Моддаи 548. Пурра намудани камбудии  маҳсулотсупорӣ. 26

Моддаи 549. Навъ (ассортимент)-и мол ҳангоми пурра намудани камбудии маҳсулотсупорӣ. 26

Моддаи 550. Қабули мол аз ҷониби харидор. 26

Моддаи 551. Нигаҳдошти масъулиятноки моле, ки  харидор қабул накардааст. 27

Моддаи 552. Интихоби мол. 27

Моддаи 553. Ҳисобу китоб барои моли расонидашаванда. 27

Моддаи 554. Зарф ва борпеч. 27

Моддаи 555. Оқибатҳои расонидани молҳои  сифатан номатлуб. 27

Моддаи 556. Оқибатҳои фиристодани молҳои  номукаммал. 27

Моддаи 557. Ҳуқуқи харидор дар ҳолати камбудии маҳсулотсупорӣ, иҷро накардани талабот дар бораи  рафъи  норасоии мол ё дар хусуси мукаммал сохтани мол. 28

Моддаи  558. Ноустуворона барои кам  супоридани  маҳсулот. 28

Моддаи 559. Адо кардани ӯҳдадориҳои шабеҳ (якхела) оид ба якчанд шартномаҳои маҳсулотсупорӣ  28

Моддаи 560. Радди якҷонибаи иҷрои  шартномаи маҳсулотсупорӣ. 28

Моддаи 561. Баҳисобгирии зарар ҳангоми бекор кардани шартнома. 28

Моддаи 562. Асосҳои маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлат. 29

Моддаи 563. Эҳтиёҷоти давлатӣ оид ба бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ. 29

Моддаи 564. Радди харидор аз бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ. 29

Моддаи 565. Иҷрои фармоиши давлатӣ. 30

Моддаи 566. Пардохти мол тибқи шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ. 30

Моддаи 567. Ҷуброни зараре, ки вобаста ба иҷро ё бекор кардани фармоиши давлатӣ расонида шудааст  30

Моддаи 568. Радди  фармоишгари давлатӣ  аз моле, ки тибқи фармоиши давлатӣ расонида шудааст. 30

Моддаи 569. Шартномаи таъмини барқ. 30

Моддаи 570. Бастани шартнома. 31

Моддаи 571.  Меъёри қувваи барқ. 31

Моддаи 572. Оқибатҳои вайрон кардани шартҳои шартнома оид ба миқдори барқ. 31

Моддаи 573. Сифати барқ. 31

Моддаи 574. Ӯҳдадории мизоҷ (абонент) оид ба таъмин ва истифодаи шабакаҳо,  асбоб, таҷҳизот. 31

Моддаи 575. Пардохти барқ. 32

Моддаи 576.  Аз ҷониби мизоҷ (абонент) ба дигар шахс додани барқ. 32

Моддаи 577. Тағйир додан ва бекор кардани  шартномаи таъмини барқ. 32

Моддаи 578. Масъулият оид ба шартномаи  таъмини барқ. 32

Моддаи 579. Истифодаи қоидаҳои шартномаи таъмини барқ нисбат ба муносибатҳои дигари оид ба таъминот тавассути шабакаи васлгардида. 32

Моддаи 580.  Шартномаи  фурӯши  амволи ғайриманқул. 33

Моддаи 581. Шакли шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул. 33

Моддаи 582. Бақайдгирии давлатии гузаштани ҳуқуқи моликӣ ба амволи ғайриманқул. 33

Моддаи 583. Ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ҳангоми фурӯши бино, иншоот ё дигар  амволи ғайриманқули  дар он ҷойгиршуда. 33

Моддаи 584. Муайян намудани мавзӯи шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул. 33

Моддаи 585. Нарх дар шартномаи фурӯши  амволи ғайриманқул. 33

Моддаи 586.  Додани амволи ғайриманқул. 34

Моддаи 587. Оқибатҳои додани амволи ғайриманқули сифатан номатлуб. 34

Моддаи 588. Хусусиятҳои фурӯши биноҳои истиқоматӣ. 34

Моддаи 589. Шартномаи фурӯши корхона. 34

Моддаи 590.  Шакл ва бақайдгирии давлатии шартномаи фурӯши корхона. 34

Моддаи 591. Муқаррар намудани таркиб ва баҳодиҳии арзиши корхонае, ки бояд фурӯхта шавад. 35

Моддаи 592. Ҳуқуқи кредитор ҳангоми фурӯши  корхона. 35

Моддаи 593. Додани корхона. 35

Моддаи 594. Гузаштани ҳуқуқи моликият  ба корхона. 35

Моддаи 595. Оқибатҳои бо норасоиҳо додан ва қабул намудани корхона. 35

Моддаи 596. Нисбат ба шартномаи фурӯши корхонаҳо истифода бурдани қоидаҳо оид ба оқибатҳои  беэътибор будани аҳдҳо ва оид ба бекор кардан ё тағйир додани шартнома. 36

Моддаи 597. Шартномаи контрактатсия. 36

Моддаи 598. Ӯҳдадории истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ. 36

Моддаи 599. Ӯҳдадории маҳсулоттайёркунанда. 36

Моддаи 600. Масъулияти истеҳсолкунандаи  маҳсулоти кишоварзӣ. 36

БОБИ  30.  Мубодила. 37

Моддаи 601. Шартномаи мубодила. 37

Моддаи 602. Нарх ва хароҷот вобаста ба шартномаи мубодила. 37

Моддаи 603. Иҷрои мутақобилаи ӯҳдадории тибқи шартномаи мубодила супурдани мол. 37

Моддаи 604. Гузаштани ҳуқуқи моликият ба молҳои мубодилашаванда. 37

Моддаи 605. Масъулияти кашида гирифтани моле, ки тибқи шартномаи мубодила ба даст оварда шудааст. 37

БОБИ 31. Ҳадя. 37

Моддаи 606. Шартномаи ҳадя. 37

Моддаи 607.  Шакли шартномаи ҳадя. 37

Моддаи 608. Аз ҷониби ҳадягиранда рад кардани қабули ҳадя. 38

Моддаи 609. Манъи ҳадя. 38

Моддаи 610.  Маҳдуд сохтани ҳадядиҳӣ. 38

Моддаи 611. Бекор кардани ҳадя. 38

Моддаи 612. Оқибатҳои расонидани зарар дар натиҷаи камбудии ашёи ҳадякардашуда. 38

Моддаи 613. Хайрия. 38

БОБИ 32. Таъминоти якумрӣ бо саробонӣ. 39

Моддаи 614. Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ. 39

Моддаи 615. Шакли шартномаи таъминоти якумрӣ  бо саробонӣ. 39

Моддаи 616. Ӯҳдадорӣ дар мавриди таъминот бо саробонӣ. 39

Моддаи 617. Бо пардохтҳои давра ба давра иваз намудани таъминоти якумрӣ. 39

Моддаи 618. Таваккали тасодуфан нобуд шуда ё зарар дидани амволи дода шуда. 39

Моддаи 619. Радди шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ. 39

Моддаи 620. Бегона кардан ва истифода бурдани амволе, ки барои таъминоти якумрӣ  таҳвил дода шудааст. 40

Моддаи 621. Бе кор кардани шартномаи таъминоти  якумрӣ бо саробонӣ. 40

Моддаи 622. Қатъи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ. 40

Моддаи 623. Оқибати фавти саробон. 40

БОБИ 33. Кироя (иҷора)-и амвол. 40

Моддаи 624. Шартномаи кироя (иҷора)-и амвол. 40

Моддаи 625. Ҳуқуқи моликияти кироягир ба маҳсулот, меваҷот ва даромад аз амволи кироягирифташуда. 40

Моддаи 626. Объектҳои кироя (иҷора)-и амвол. 40

Моддаи 627. Кироядеҳ. 40

Моддаи 628. Шакли шартномаи кироя (иҷора)-и амвол. 41

Моддаи 629. Мӯҳлати шартномаи кироя (иҷора)-и амвол. 41

Моддаи 630. Ба кироягир додани амвол. 41

Моддаи 631. Масъулияти кироядеҳ барои камбудиҳои амволи ба кироя додашуда. 41

Моддаи 632. Ҳуқуқи ашхоси сеюм ба амволе, ки ба кироя (иҷора) дода мешавад. 42

Моддаи 633. Музди истифодаи амвол. 42

Моддаи 634. Истифодаи амволи ба кироя (иҷора) гирифташуда. 42

Моддаи 635. Аз тарафи кироягир ихтиёрдорӣ кардани амвол. 43

Моддаи 636. Ӯҳдадориҳои кироядеҳ дар мавриди нигаҳдории амвол. 43

Моддаи 637. Ӯҳдадориҳои кироягир доир ба  нигаҳдории амволи ба кироя  гирифташуда. 43

Моддаи 638.  Нигоҳ доштани эътибори шартномаи кирояи амвол дар сурати тағйир  ёфтани тарафҳо  43

Моддаи 639. Қатъи шартномаи зеркироя ҳангоми пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани шартномаи кирояи амвол. 43

Моддаи 640. Пеш аз мӯҳлат қатъ намудани шартнома бо талаби кироядеҳ. 43

Моддаи 641. Пеш  аз  мӯҳлат  қатъ шудани шартнома бо талаби кироягир. 44

Моддаи 642.  Ҳуқуқи афзалиятнокии кироягир ба бастани шартнома барои мӯҳлати нав. 44

Моддаи 643. Баргардонидани амвол ба кироядеҳ. 44

Моддаи 644. Беҳтарсозии алоҳидаи амволи ба кироя гирифташуда. 44

Моддаи 645. Харида гирифтани амволи ба кироя гирифташуда. 45

Моддаи 646. Хусусиятҳои навъҳои алоҳидаи кирояи амвол ва кирояи навъҳои  алоҳидаи амвол. 45

Моддаи 647. Шартномаи киро (прокат) 45

Моддаи 648. Мӯҳлати шартномаи киро (прокат) 45

Моддаи 649. Ба кирогир додани амвол. 45

Моддаи 650. Бартараф намудани камбудиҳои  амволи ба киро додашуда. 45

Моддаи 651. Музди истифодаи амвол. 46

Моддаи 652. Истифодаи амволи ба киро  гирифташуда. 46

Моддаи 653. Шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бо экипаж.. 46

Моддаи 654. Шакли шартномаи иҷораи воситаи  нақлиёт. 46

Моддаи 655. Ӯҳдадории иҷорадеҳ оид ба нигоҳдории воситаи нақлиёт. 46

Моддаи 656. Ӯҳдадориҳои иҷорадеҳ дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникии воситаи нақлиёт. 46

Моддаи 657. Ӯҳдадории иҷорагир доир ба пардохти хароҷоте, ки бо истифодабарии тиҷоратии воситаи нақлиёт вобаста мебошад. 47

Моддаи 658. Суғуртаи воситаи нақлиёт. 47

Моддаи 659.  Шартномаҳо бо ашхоси сеюм доир ба истифодаи воситаи нақлиёт. 47

Моддаи 660. Ҷавобгарӣ барои зараре, ки ба воситаи нақлиёт расонида шудааст. 47

Моддаи 661. Ҷавобгарӣ барои зараре, ки воситаи нақлиёт расонидааст. 47

Моддаи 662. Мушаххасоти иҷораи навъҳои алоҳидаи воситаҳои нақлиёт. 47

Моддаи 663. Шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бе экипаж.. 47

Моддаи 664. Шакли шартномаи иҷораи воситаи  нақлиёт. 47

Моддаи 665. Ӯҳдадории иҷорагир доир ба  нигоҳдории воситаи нақлиёт. 48

Моддаи 666. Ӯҳдадории иҷорагир дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникии воситаи нақлиёт. 48

Моддаи 667. Ӯҳдадории иҷорагир дар бобати пардохти хароҷоти нигоҳдории воситаи нақлиёт. 48

Моддаи 668. Шартномаҳо бо ашхоси сеюм доир ба истифодабарии воситаи нақлиёт. 48

Моддаи 669. Ҷавобгарӣ барои зараре, ки тавассути воситаи нақлиёт расонида шудааст. 48

Моддаи 670. Хусусиятҳои иҷораи навъҳои алоҳидаи воситаҳои нақлиёт. 48

Моддаи 671. Шартномаи иҷораи бино ё  иншоот. 48

Моддаи 672. Шакл ва бақайдгирии давлатии шартномаи иҷораи бино ё иншоот. 48

Моддаи 673. Ҳуқуқ ба қитъаи замине, ки бино ё иншооти иҷорагирифта дар он ҷойгир аст. 49

Моддаи 674. Ҳуқуқи  истифодаи қитъаи замин ҳангоми ба иҷора додани бино ва иншоот. 49

Моддаи 675. Андозаи музди иҷора. 49

Моддаи 676. Таҳвил додани бино ё иншоот. 49

Моддаи 677. Шартномаи иҷораи корхона. 49

Моддаи 678. Ҳуқуқи қарздиҳандагон ҳангоми иҷораи корхона. 50

Моддаи 679. Шакл ва бақайдгирии давлатии шартномаи иҷораи корхона. 50

Моддаи 680. Таҳвил додани корхонаи ба иҷора гирифташуда. 50

Моддаи 681. Ӯҳдадориҳои иҷорагир дар бобати нигоҳдории корхона ва пардохти хароҷоти баҳрабардории он. 50

Моддаи 682. Истифодаи амволи корхонаи ба иҷора гирифташуда. 50

Моддаи 683. Аз тарафи иҷорагир беҳтар карда шудани корхонаи ба иҷора гирифташуда. 51

Моддаи 684. Ба шартномаи иҷораи корхона татбиқ намудани қоидаҳо доир ба оқибатҳои беэътибории аҳдҳо ва қатъу тағйирдиҳии  шартнома. 51

Моддаи 685. Баргардонидани корхонаи ба иҷора  гирифташуда. 51

Моддаи 686. Шартномаи иҷораи замин  ва дигар захираҳои табиӣ. 51

Моддаи 687. Субъектҳои иҷораи замини таъиноти кишоварзӣ ва дигар захираҳои табиӣ. 51

Моддаи 688. Шакл ва мӯҳлати шартномаи иҷораи замин ва дигар захираҳои табиӣ. 51

Моддаи 689. Ӯҳдадории иҷорадеҳ. 52

Моддаи 690. Ӯҳдадории иҷорагир. 52

Моддаи 691. Ҳуқуқи ҷуброн кардани арзиши беҳсозӣ. 52

Моддаи 692. Ҳуқуқи дароз кардани мӯҳлати  шартномаи иҷора. 52

Моддаи 693. Шартномаи иҷораи молиявӣ. 52

Моддаи 694. Огоҳонидани фурӯшанда дар бораи  ба иҷора додани амвол. 52

Моддаи 695. Ба иҷорагир таҳвил додани мавзӯи  шартномаи иҷораи молиявӣ. 52

Моддаи 696. Ба иҷорагир гузаштани таваккали нобудшавии тасодуфӣ ё вайроншавии  тасодуфии  амвол. 53

Моддаи 697. Масъулияти фурӯшанда. 53

БОБИ  34. Иҷораи манзили истиқоматӣ. 53

Моддаи 698. Шартномаи иҷораи манзили  истиқоматӣ. 53

БОБИ 35. Истифодаи ройгон (ссуда) 53

Моддаи 699. Мафҳуми шартномаи истифодаи  ройгон. 53

Моддаи 700. Ссудадиҳанда (қарздеҳ) 53

Моддаи 701. Барои истифодаи ройгон додани  ашёву асбоб. 53

Моддаи 702. Оқибатҳои барои истифодаи ройгон надодани ашёву асбоб. 54

Моддаи 703. Масъулият барои камбудиҳои ашёву асбобе, ки ба истифодаи ройгон дода шудааст. 54

Моддаи 704. Ҳуқуқи ашхоси сеюм ба ашёву асбобе, ки барои истифодаи ройгон дода мешавад. 54

Моддаи 705. Ӯҳдадориҳои ссудагиранда дар бобати нигоҳдории ашёву асбоб. 54

Моддаи 706. Ҷавобгарии ссудагиранда. 54

Моддаи 707. Масъулият барои зараре, ки ба шахси сеюм бо истифодаи ашёву асбоб расидааст. 54

Моддаи 708. Ба шахси сеюм додани ашёву асбобе, ки барои  истифодаи ройгон гирифта  шудааст. 54

Моддаи 709. Бо талаби ссудадиҳанда пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартнома. 54

Моддаи 710. Бо талаби ссудагиранда пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартнома. 54

Моддаи 711. Радди шартнома. 55

Моддаи 712. Тағйир ёфтани тарафҳо дар шартнома. 55

Моддаи 713. Қатъи шартнома. 55

БОБИ 36. Пудрат. 55

Моддаи 714. Шартномаи пудрат. 55

Моддаи 715. Корҳое, ки тибқи шартномаи  пудрат анҷом дода мешаванд. 55

Моддаи 716. Иҷрои корҳо аз ҷониби пудратчӣ. 55

Моддаи 717. Таваккали тасодуфан нобуд ва вайрон шудани мавод. 55

Моддаи 718.  Пудратчии генералӣ ва пудратчии ғайриасосӣ (фаръӣ) 56

Моддаи 719. Дар иҷрои кор иштирок намудани якчанд шахс. 56

Моддаи 720. Мӯҳлати иҷрои корҳо. 56

Моддаи 721. Арзиши кор. 56

Моддаи 722. Сарфакории пудратчӣ. 57

Моддаи 723. Тартиби пардохти корҳо. 57

Моддаи 724.  Ҳуқуқи пудратчӣ барои нигоҳ доштан. 57

Моддаи 725. Иҷрои кор бо истифодаи маводи фармоишгар. 57

Моддаи 726.  Масъулияти пудратчӣ барои нигаҳдошти амволи фароҳамовардаи  фармоишгар. 57

Моддаи 727. Ҳуқуқи фармоишгар ҳангоми иҷрои кор. 58

Моддаи 728. Ҳолатҳое, ки пудратчӣ вазифадор аст дар маврид фармоишгарро огоҳ намояд. 58

Моддаи 729. Аз ҷониби фармоишгар иҷро накардани ӯҳдадориҳои мутақобила оид ба шартномаи пудрат. 58

Моддаи 730. Мусоидати фармоишгар. 58

Моддаи 731. Қабули иҷрои кор аз ҷониби  фармоишгар. 59

Моддаи 732. Сифати кор. 59

Моддаи 733. Кафолати сифати кор. 59

Моддаи 734. Тартиби баҳисобгирии мӯҳлати кафолат. 59

Моддаи 735. Масъулияти пудратчӣ барои сифати номатлуби кор. 60

Моддаи 736. Мӯҳлатҳои ошкор намудани сифати номатлуби натиҷаҳои кор. 60

Моддаи 737. Мӯҳлати даъво оид ба даъвоҳо дар мавриди кори сифатан номатлуб. 60

Моддаи 738. Ӯҳдадории пудратчӣ дар мавриди ба фармоишгар додани маълумот. 61

Моддаи 739. Махфӣ нигоҳ доштани маълумоти  бадастовардаи тарафҳо. 61

Моддаи 740. Ба фармоишгар баргардонидани мавод ва таҷҳизот. 61

Моддаи 741. Оқибатҳои қатъи шартномаи пудрат то қабули натиҷаи кор. 61

Моддаи 742. Шартномаи пудрати маишӣ. 61

Моддаи 743. Кафолати ҳуқуқи фармоишгар. 61

Моддаи 744. Шакли шартнома. 62

Моддаи 745.  Офертаи оммавии корҳо. 62

Моддаи 746. Ба фармоишгар пешниҳод намудани маълумот оид ба кор. 62

Моддаи 747.  Иҷрои корҳо аз маводи пудратчӣ. 62

Моддаи 748. Иҷрои кор аз маводи фармоишгар. 62

Моддаи 749. Нарх ва пардохти кор. 62

Моддаи 750. Огоҳ сохтани фармоишгар дар мавриди шартҳои истифодаи кори иҷрошуда. 62

Моддаи 751. Оқибатҳои ошкор намудани камбудиҳои иҷрои кор. 63

Моддаи 752. Оқибатҳои барои гирифтани кор ҳозир нашудани фармоишгар. 63

Моддаи 753. Ҳуқуқи фармоишгар дар сурати иҷрои номатлуб ё иҷро накардани кор тибқи шартномаи пудрати маишӣ. 63

Моддаи 754. Оқибатҳои фавти яке аз тарафҳо дар шартнома. 63

Моддаи 755. Шартномаи пудрати сохтмон. 63

Моддаи 756. Тақсими таваккал байни тарафҳо. 64

Моддаи 757. Масъулият барои бехатарии корҳои  анҷомдодашаванда. 64

Моддаи 758. Суғурта кардани иншооти сохташаванда. 64

Моддаи 759. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ. 64

Моддаи 760. Ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ. 64

Моддаи 761. Таъмини моддии корҳо. 64

Моддаи 762. Пардохти корҳо. 65

Моддаи 763. Фароҳам овардани қитъаи замин барои сохтмон. 65

Моддаи 764. Ӯҳдадориҳои иловагии фармоишгар дар шартномаи пудрати сохтмон. 65

Моддаи 765. Аз ҷониби фармоишгар тибқи шартнома назорат кардан ва санҷидани иҷрои кор. 65

Моддаи 766. Ҳамкории тарафҳо дар шартномаи  пудрати сохтмон. 65

Моддаи 767. Ӯҳдадории пудратчӣ оид ба ҳифзи муҳити атроф ва бехатарии пешбурди корҳои сохтмон  65

Моддаи 768. Ӯҳдадории тарафҳо ҳангоми муваққатан хобондани (консерватсияи) сохтмон. 66

Моддаи 769. Супурдан ва қабули кор. 66

Моддаи 770. Масъулияти пудратчӣ барои сифати кор. 66

Моддаи 771.  Кафолати сифат дар шартномаи пудрати сохтмон. 66

Моддаи 772. Мӯҳлатҳои ошкор намудани сифати  номатлуби корҳои сохтмон. 67

Моддаи 773. Бартараф намудани камбудиҳои содиршуда  аз тарафи пудратчӣ. 67

Моддаи 774. Ҷуброни зарари маънавӣ. 67

Моддаи 775. Шартномаи пудрат ба корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ. 67

Моддаи 776. Маълумоти ибтидоӣ барои корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ. 67

Моддаи 777. Ӯҳдадориҳои фармоишгар. 67

Моддаи 778. Ӯҳдадориҳои пудратчӣ. 67

Моддаи 779. Масъулияти пудратчӣ барои камбудиҳои ҳуҷҷатҳо ва корҳо. 68

Моддаи 780. Фармоиши давлатӣ ҷиҳати иҷрои корҳои пудратӣ барои эҳтиёҷоти  давлатӣ. 68

Моддаи 781. Тарафҳо дар фармоиши давлатӣ. 68

Моддаи 782. Асосҳо ва тартиби бастани шартномаи пудрат барои эҳтиёҷоти давлатӣ. 68

Моддаи 783. Мӯҳтавои фармоиши давлатӣ. 68

Моддаи 784. Тағйир додани фармоиши давлатӣ. 68

Моддаи 785. Танзими ҳуқуқии фармоиши давлатӣ. 69

Моддаи 786. Шартномаҳо барои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию (озмоишӣ) конструкторӣ ва корҳои технологӣ. 69

Моддаи 787.  Иҷрои  кор. 69

Моддаи 788. Супоридан, қабул ва пардохти кор. 69

Моддаи 789. Махфӣ будани маълумот оид ба шартнома. 69

Моддаи 790. Ҳуқуқи тарафҳо барои натиҷаҳои кор. 69

Моддаи 791. Ӯҳдадории фармоишгар. 69

Моддаи 792. Ӯҳдадории пудратчӣ (иҷрокунанда) 70

Моддаи 793. Оқибатҳои имконнопазирии ба дастовардани натиҷаҳо дар шартнома оид  ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва технологӣ. 70

Моддаи 794. Оқибати имконнопазирии ба даст овардани натиҷаҳо дар шартнома оид ба корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ. 70

Моддаи 795. Масъулияти пудратчӣ (иҷрокунанда) барои вайрон кардани шартнома. 70

Моддаи 796. Танзими ҳуқуқии шартномаҳо барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ. 70

БОБИ 37. Хизматрасонии пулакӣ. 71

Моддаи 797. Шартномаи хизматрасонии пулакӣ. 71

Моддаи 798. Мавзӯи шартномаи хизматрасонии пулакӣ. 71

Моддаи 799. Иҷрои шартнома. 71

Моддаи 800. Нархи хизматрасонӣ. 71

Моддаи 801. Масъулияти иҷрокунанда барои вайрон кардани шартнома. 71

Моддаи 802. Даст кашидан аз  шартнома. 71

Моддаи 803. Танзими ҳуқуқии шартномаи хизматрасонии пулакӣ. 71

БОБИ 38. Ҳамлу нақл. 71

Моддаи 804. Муқаррароти умумӣ. 71

Моддаи 805. Шартномаи боркашонӣ. 71

Моддаи 806. Шартномаи мусофиркашонӣ. 72

Моддаи 807. Шартномаи чартер. 72

Моддаи 808. Ҳамлу нақли мустақими омехта. 72

Моддаи 809. Ҳамлу нақл тавассути нақлиёти истифодаи умум.. 72

Моддаи 810. Музди ҳамлу нақл. 72

Моддаи 811. Додани воситаҳои нақлиёт, борбардорӣ (борфарорӣ) 72

Моддаи 812. Мӯҳлати расонидани бор,  мусофир ва бағоҷ. 73

Моддаи 813. Масъулият оид ба ӯҳдадориҳое, ки аз ҳамлу нақл бармеояд. 73

Моддаи 814. Масъулияти боркашон барои фароҳам наовардани воситаҳои нақлиёт ва борфиристанда барои  истифода  набурдани воситаи нақлиёти пешкашшуда. 73

Моддаи 815. Масъулияти боркашон барои ба таъхир андохтани мусофиркашонӣ. 73

Моддаи 816. Масъулияти боркашон барои гум кардан, камомад ва зарар дидани бор ё бағоҷ. 73

Моддаи 817. Шартнома оид ба ташкили ҳамлу нақл. 74

Моддаи 818. Шартномаҳо байни ташкилотҳои  нақлиётӣ. 74

Моддаи 819. Эътироз ва даъво оид ба  боркашонӣ. 74

Моддаи 820. Масъулияти боркашон ҳангоми фавт ё зарар дидани саломатии мусофир. 74

БОБИ 39. Экспедитсияи нақлиётӣ. 74

Моддаи 821.  Шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ. 74

Моддаи 822.  Шакли шартнома. 75

Моддаи 823. Масъулияти  экспедитор  оид  ба шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ. 75

Моддаи 824. Ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумоте, ки ба экспедитор дода мешавад. 75

Моддаи 825. Иҷрои ӯҳдадории экспедитор аз ҷониби шахси сеюм.. 75

Моддаи 826. Даст кашидан  аз шартномаи экспедитсия. 75

БОБИ 40. Қарз ва кредит. 75

Моддаи 827. Шартномаи қарз. 75

Моддаи 828. Шакли шартномаи қарз. 76

Моддаи 829. Фоизҳо оид ба шартномаи қарз. 76

Моддаи 830. Ӯҳдадории қарзгиранда оиди  баргардонидани маблағи қарз. 76

Моддаи 831. Оқибатҳои вайрон кардани шартнома аз ҷониби қарзгиранда. 76

Моддаи 832. Баҳс вобаста ба шартномаи қарз. 77

Моддаи 833. Таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои қарзгиранда. 77

Моддаи 834. Қарзи мақсаднок. 77

Моддаи 835.  Нав шудан (новатсия)-и қарз бо ӯҳдадории қарз. 77

Моддаи 836. Шартномаи қарзи давлатӣ. 77

Моддаи 837. Вексел. 78

Моддаи 838.  Вомбарг (облигатсия) 78

Моддаи 839. Шартномаи кредит. 78

Моддаи 840. Шакли шартномаи кредит. 78

Моддаи 841. Радди додан ё гирифтани кредит. 78

Моддаи 842. Кредити молӣ. 78

Моддаи 843. Кредити тиҷоратӣ. 78

БОБИ 41. Маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ. 79

Моддаи 844. Шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ. 79

Моддаи 845. Миёнарав. 79

Моддаи 846. Талаботи пулие, ки бо мақсади ба даст овардани маблағгузорӣ гузашт карда мешавад. 79

Моддаи 847. Масъулияти муштарӣ дар назди  миёнарав. 79

Моддаи 848. Беэътибор будани манъи гузашт кардани талаботи пулӣ. 79

Моддаи 849. Минбаъд гузашт кардани талаботи пулӣ. 79

Моддаи 850. Аз ҷониби қарздор ба миёнарав  иҷро намудани талаботи пулӣ. 80

Моддаи 851. Ҳуқуқи миёнарав ба маблағҳое, ки аз қарздор гирифта шудааст. 80

Моддаи 852. Талаботи мутақобилаи қарздор. 80

Моддаи 853. Ба қарздор баргардонидани маблағе, ки миёнарав гирифтааст. 80

БОБИ 42. Пасандози бонкӣ. 80

Моддаи 854. Шартнома пасандози бонкӣ. 80

Моддаи 855. Ҳуқуқи ба пасандозҳо ҷалб кардани маблағҳои пулӣ. 81

Моддаи 856.  Кафолати пасандоз. 81

Моддаи 857. Шакли шартномаи пасандози бонкӣ. 81

Моддаи 858.  Навъҳои пасандозҳо. 81

Моддаи 859. Фоизҳо ба пасандоз. 81

Моддаи 860. Тартиби ҳисоб кардан ва пардохти фоизҳо ба пасандоз. 82

Моддаи 861. Таъмини баргардонидани пасандоз. 82

Моддаи 862. Масъулият барои иҷро накардани талаботи баргардонидани пасандоз. 82

Моддаи 863. Аз ҷониби ашхоси сеюм ба суратҳисоби амонатгузор гузаронидани маблағҳои пулӣ. 82

Моддаи 864.  Пасандозҳо ба манфиати ашхоси сеюм.. 82

Моддаи 865. Дафтарчаи амонат. 83

БОБИ 43. Суратҳисоби бонк. 83

Моддаи 866. Шартномаи суратҳисоби бонк. 83

Моддаи 867. Аз ҷониби бонк истифода бурдани маблағҳои молики суратҳисоб. 83

Моддаи 868. Аз ҷониби молики суратҳисоб ихтиёрдорӣ кардани  маблағҳои пулӣ. 83

Моддаи 869.  Шакли шартномаи суратҳисоби бонкӣ. 83

Моддаи 870.  Бастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ. 83

Моддаи 871. Тасдиқи ҳуқуқи ихтиёрдории маблағҳои пулие, ки дар суратҳисоб мавҷуданд. 84

Моддаи 872. Амалиёте, ки бонк вобаста ба суратҳисоб анҷом медиҳад. 84

Моддаи 873. Мӯҳлатҳои амалиёт оид ба суратҳисоб. 84

Моддаи 874. Кредитонии суратҳисоб. 84

Моддаи 875.  Пардохти  хароҷоти бонк  барои анҷом додани амалиёти вобаста ба суратҳисоб. 84

Моддаи 876. Фоизҳо барои аз ҷониби бонк истифода бурдани маблағҳои пулии суратҳисоб. 85

Моддаи 877. Баҳисобгирии талаботи мутақобилаи бонк ва молики суратҳисоб. 85

Моддаи 878.  Асосҳои аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ аз суратҳисоб. 85

Моддаи 879. Тибқи навбат аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулии суратҳисоб. 85

Моддаи 880. Масъулияти бонк барои сари вақт анҷом надодани амалиёт оид ба суратҳисоб ва беасос аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ. 86

Моддаи 881. Махфӣ будани суратҳисобҳои  бонкӣ. 86

Моддаи 882. Тавқифи маблағҳои суратҳисоб. 86

Моддаи 883. Ситонидан аз маблағҳои суратҳисоб. 86

Моддаи 884. Бастани суратҳисоб. 86

Моддаи 885. Суратҳисобҳои бонкҳо. 86

БОБИ 44. Ҳисоббаробаркунӣ. 86

Моддаи 886. Ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ. 87

Моддаи 887. Шакли ғайринақдии ҳисоббаробаркуниҳо. 87

Моддаи 888. Муқаррароти умумӣ. 87

Моддаи 889. Шарти қабули супоришномаи пардохт аз ҷониби бонк. 87

Моддаи 890. Иҷрои супоришнома. 87

Моддаи 891. Ҷавобгарӣ барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби супоришнома. 88

Моддаи 892. Муқаррароти умумӣ оид ба ҳисоббаробаркунии аккредитив. 88

Моддаи 893. Аккредитиви бозхостшаванда. 88

Моддаи 894. Аккредитиви бозхостнашаванда. 88

Моддаи 895. Иҷрои аккредитив. 89

Моддаи 896. Радди қабули ҳуҷҷатҳо. 89

Моддаи 897. Ҷавобгарии бонки иҷрокунандаи аккредитив. 89

Моддаи 898. Маҳкам кардани аккредитив. 89

Моддаи 899. Муқаррароти асосӣ. 89

Моддаи 900. Иҷрои супоришномаи инкассавӣ. 89

Моддаи 901. Огоҳинома дар хусуси радди пардохт. 90

Моддаи 902. Муқаррароти умумӣ. 90

Моддаи 903. Реквизитҳои чек. 90

Моддаи 904. Пардохти чек. 90

Моддаи 905. Додани ҳуқуқ  оид ба чек. 91

Моддаи 906. Кафолати пардохт (авал) 91

Моддаи 907. Инкассакунонии чек. 91

Моддаи 908. Вазифаҳои пардозанда. 91

Моддаи 909. Тасдиқи рад аз пардохти чек. 91

Моддаи 910. Огоҳинома аз напардохтани чек. 92

Моддаи 911. Оқибати напардохтани чек. 92

БОБИ 45. Супориш.. 92

Моддаи 912. Шартномаи супориш.. 92

Моддаи 913. Подошпулӣ дар шартномаи супориш.. 92

Моддаи 914. Иҷрои супориш мутобиқи дастурҳои ваколатдиҳанда. 92

Моддаи 915. Вазифаҳои вакил. 93

Моддаи 916. Вазифаҳои ваколатдиҳанда. 93

Моддаи 917. Вогузоштани ваколат. 93

Моддаи 918. Қатъи шартномаи супориш.. 93

Моддаи 919.  Оқибатҳои қатъи шартномаи супориш.. 93

Моддаи 920.  Ворисии ҳуқуқӣ дар шартномаи супориш.. 94

БОБИ 46. Фаъолият ба манфиати ғайр бидуни супориш.. 94

Моддаи 921. Фаъолият ба манфиати ғайр  бидуни супориш.. 94

Моддаи 922. Бастани аҳд ба манфиати ғайр. 94

Моддаи 923. Ӯҳдадории шахсе, ки ба манфиаташ бидуни супориш фаъолият анҷом дода шудааст. 94

Моддаи 924. Ҷуброни зараре, ки вобаста ба фаъолият ба манфиати ғайр расонида шудааст. 95

Моддаи 925. Ҷуброни хароҷоти вобаста ба пешгирии зарар ба амволи ашхоси дигар. 95

Моддаи 926. Ҳисоботдиҳии шахсе, ки ба манфиати ғайр амал кардааст. 95

БОБИ 47. Комиссия. 95

Моддаи 927.  Шартномаи комиссия. 95

Моддаи 928. Подошпулии комиссионӣ. 95

Моддаи 929. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои комиссионер вобаста ба аҳд бо ашхоси сеюм.. 95

Моддаи 930. Иҷрои супориши комиссионӣ. 95

Моддаи 931. Субкомиссия. 96

Моддаи 932. Нархи амволе, ки комиссионер мефурӯшад. 96

Моддаи 933. Сарфи назар кардан  аз супориши комитент. 96

Моддаи 934. Ҳуқуқ  ба амволе, ки мавзӯи комиссия мебошад. 96

Моддаи 935.  Аз ҷониби комиссионер нигоҳ доштани маблағҳои ба комитент тааллуқдошта. 97

Моддаи 936. Масъулияти комиссионер барои гум кардан,  камомад  ё  зарар дидани амволи комитент  97

Моддаи 937. Ҳисоботи комиссионер. 97

Моддаи 938. Қабули иҷро аз ҷониби комитент. 97

Моддаи 939. Ҷуброни хароҷот вобаста ба иҷрои  супориши комиссионӣ. 97

Моддаи 940. Бекор кардани супориш аз ҷониби комитент. 97

Моддаи 941. Радди иҷрои супориш аз ҷониби комиссионер. 97

Моддаи 942. Қатъи шартномаи комиссия. 98

БОБИ 48.  Идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол. 98

Моддаи 943. Шартномаи идораи ба боварӣ  асосёфтаи амвол. 98

Моддаи 944. Объекти идораи ба боварӣ асосёфта. 98

Моддаи 945. Асосҳои ба миён омадан (таъсис додан)-и идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол. 98

Моддаи 946. Субъектҳои идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол. 99

Моддаи 947. Шартҳои муҳими шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол. 99

Моддаи 948. Шакли шартнома. 99

Моддаи 949. Амволи махсусе, ки таҳти идораи ба боварӣ асосёфта қарор дорад. 99

Моддаи 950. Идораи ба боварӣ асосёфтаи амволе, ки бо гаронии ҳуқуқи ашхоси сеюм фаро гирифта шудааст. 99

Моддаи 951. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои сардори ваколатдор. 100

Моддаи 952. Ба дигар кас додани идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол. 100

Моддаи 953. Масъулияти сардори ваколатдор. 100

Моддаи 954. Подошпулӣ ба сардори ваколатдор. 100

Моддаи 955. Қатъи шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта. 100

Моддаи 956. Барои идораи ба боварӣ асосёфта додани коғазҳои қиматнок. 101

Моддаи 957. Идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол тибқи асосҳои пешбининамудаи қонун. 101

БОБИ 49. Консессия (имтиёз)-и  тиҷоратӣ. 101

Моддаи 958. Шартномаи консессияи тиҷоратӣ. 101

Моддаи 959.  Шакл ва бақайдгирии шартномаи  консессияи тиҷоратӣ. 102

Моддаи 960. Субконсессияи тиҷоратӣ. 102

Моддаи 961.  Подошпулӣ тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ. 102

Моддаи 962. Ӯҳдадории дорандаи ҳуқуқ. 102

Моддаи 963. Ӯҳдадориҳои истифодабаранда. 103

Моддаи 964. Маҳдуд сохтани ҳуқуқи тарафҳо тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ. 103

Моддаи 965. Масъулияти дорандаи ҳуқуқ вобаста ба талаботе, ки нисбат ба истифодабаранда пешниҳод мегардад. 103

Моддаи 966. Ҳуқуқи истифодабаранда оид ба бастани шартномаи консессияи тиҷоратӣ ба мӯҳлати нав  103

Моддаи 967. Тағйир додани шартномаи консессияи тиҷоратӣ. 104

Моддаи 968. Қатъи шартномаи консессияи тиҷоратӣ. 104

Моддаи 969. Дорои эътибор нигоҳ доштани шартномаи консессияи тиҷоратӣ ҳангоми тағйир ёфтани тарафҳо. 104

Моддаи 970. Оқибатҳои тағйир додани номи фирмавӣ ё нишонаи тиҷоратии дорандаи ҳуқуқ. 104

Моддаи 971. Оқибатҳои қатъи ҳуқуқи мустасно, ки истифодаи он тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ дода шудааст. 104

БОБИ 50. Нигаҳдошт. 104

Моддаи 972. Шартномаи нигаҳдошт. 105

Моддаи 973. Шартнома дар бораи ҷиҳати нигаҳдошт қабул кардани ашё. 105

Моддаи 974. Шакли шартномаи нигаҳдошт. 105

Моддаи 975. Ӯҳдадории қабули ашё барои нигаҳдошт. 105

Моддаи 976. Мӯҳлати нигаҳдошт. 105

Моддаи 977. Нигаҳдошти амвол бидуни зикри мушаххасот. 105

Моддаи 978. Ӯҳдадории нигаҳбон оид ба таъмини ҳифзи ашё. 105

Моддаи 979. Истифодаи ашёи барои нигаҳдошт  супурдашуда. 106

Моддаи 980. Тағйир додани шароити нигаҳдошт. 106

Моддаи 981.  Барои нигаҳдошт ба шахси сеюм додани ашё. 106

Моддаи 982. Подошпулӣ барои нигаҳдошт. 106

Моддаи 983. Нигаҳдошти ашёи дорои хусусияти  хатарнок. 106

Моддаи 984. Ҷуброни хароҷоти нигаҳдошт. 107

Моддаи 985.  Пас гирифтани ашё аз ҷониби  молгузор. 107

Моддаи 986. Хароҷотҳои фавқулодда барои нигаҳдошт. 107

Моддаи 987. Ӯҳдадории нигаҳбон барои баргардонидани ашё. 107

Моддаи 988. Масъулияти нигаҳбон барои гум кардан, камомад ё зарар дидани ашё. 107

Моддаи 989. Андозаи масъулияти нигаҳбон. 108

Моддаи 990. Ҷуброни зараре, ки ба нигаҳбон расонида шудааст. 108

Моддаи 991. Қатъи ӯҳдадории нигаҳдошт тибқи талаби молгузор. 108

Моддаи 992. Татбиқи муқаррароти умумии нигаҳдошт вобаста ба навъҳои алоҳидаи он. 108

Моддаи 993. Нигаҳдошт бо ҳукми қонун. 108

Моддаи 994. Нигаҳдошт дар гаравхона (ломбард) 108

Моддаи 995. Ашёи аз гаравхона (ломбард) талаб карда  нашуда. 108

Моддаи 996. Нигаҳдошти сарватҳо дар бонк. 109

Моддаи 997. Дар бағоҷхонаи нигаҳдошти ташкилотҳои нақлиётӣ нигоҳ доштани ашё. 109

Моддаи 998. Нигаҳдошт дар  либосхона (гардероб)-и ташкилот. 109

Моддаи 999. Нигаҳдошт дар меҳмонхона. 110

Моддаи 1000. Нигаҳдошти ашёи баҳснок (секвестр) 110

Моддаи 1001. Анбори мол. 110

Моддаи 1002. Шартномаи нигаҳдошт дар анбор. 110

Моддаи 1003. Нигаҳдошти мол бо ҳуқуқи ихтиёрдории он. 110

Моддаи 1004. Ӯҳдадории анбори мол. 111

Моддаи 1005. Талаботи молики мол ба  анбори мол. 111

Моддаи 1006. Аз ҷониби анбори мол рад кардани шартномаи нигаҳдошт. 111

Моддаи 1007. Ҳуҷҷатҳои анбор. 111

Моддаи 1008. Шаҳодатномаи дугонаи анбор. 111

Моддаи 1009. Ҳуқуқи дорандаи шаҳодатномаҳои анбор ва гарав ба мол. 111

Моддаи 1010. Таҳвили шаҳодатномаҳои анбор ва гарав. 112

Моддаи 1011. Шаҳодатномаи оддии анбор. 112

Моддаи 1012. Додани мол тибқи шаҳодатномаи дугонаи анбор. 112

БОБИ 51. Суғурта. 112

Моддаи 1013. Суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ. 112

Моддаи 1014. Манфиатҳое, ки суғуртаи онҳо иҷозат дода намешавад. 112

Моддаи 1015. Шартномаи суғуртаи амвол. 112

Моддаи 1016. Суғуртаи амвол. 113

Моддаи 1017. Суғуртаи масъулият барои расонидани зарар. 113

Моддаи 1018. Суғуртаи масъулият оид ба шартнома. 113

Моддаи 1019. Суғуртаи таваккали соҳибкорӣ. 113

Моддаи 1020. Шартномаи суғуртаи шахсӣ. 113

Моддаи 1021. Суғуртаи ҳатмӣ. 114

Моддаи 1022. Анҷом додани суғуртаи ҳатмӣ. 114

Моддаи 1023. Оқибатҳои вайрон кардани қоидаҳои суғуртаи ҳатмӣ. 114

Моддаи 1024. Суғуртакунанда. 114

Моддаи 1025. Тибқи шартнома ӯҳдадориро иҷро намудани суғуртакунанда ва бадастоварандаи фоида  115

Моддаи 1026. Шакли шартномаи суғурта. 115

Моддаи 1027. Суғурта оид ба полиси генералӣ. 115

Моддаи 1028. Шартҳои муҳими шартномаи суғурта. 115

Моддаи 1029. Муайян кардани шартҳои шартномаи суғурта дар қоидаҳои суғурта. 116

Моддаи 1030. Маълумоте, ки суғуртакунанда ҳангоми бастани шартнома пешниҳод мекунад. 116

Моддаи 1031. Ҳуқуқи суғуртакунанда барои аз назар гузаронидани объекти суғурташаванда. 116

Моддаи 1032. Сирри суғурта. 116

Моддаи 1033. Маблағи суғурта. 116

Моддаи 1034. Баҳс кардани арзиши суғуртавии  амвол. 117

Моддаи 1035. Суғуртаи иловагии амвол. 117

Моддаи 1036. Оқибатҳои суғуртаи бештар аз арзиши суғурта. 117

Моддаи 1037. Суғуртаи дубора. 117

Моддаи 1038. Суғуртаи муштарак. 118

Моддаи 1039. Мукофоти суғурта ва ҳаққи суғурта. 118

Моддаи 1040. Беэътибории шартномаи суғурта. 118

Моддаи 1041. Иваз намудани шахси суғурташуда. 118

Моддаи 1042. Иваз намудани бадастоварандаи фоида. 118

Моддаи 1043. Оғози амали шартномаи суғурта. 118

Моддаи 1044. Пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани шартнома. 118

Моддаи 1045. Оқибатҳои зиёд кардани таваккали суғурта дар давраи амали шартномаи суғурта. 119

Моддаи 1046. Ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқ ба амволи суғурташуда. 119

Моддаи 1047. Огоҳ намудани суғуртакунанда аз  фарорасии ҳодисаи суғурта. 119

Моддаи 1048. Кам кардани зарар аз ҳодисаи суғурта. 120

Моддаи 1049. Оқибатҳои фаро расидани ҳодисаи суғурта бо гуноҳи суғурташаванда, бадастоварандаи  фоида ё шахси суғурташуда. 120

Моддаи 1050. Асосҳо барои аз пардохти ҷуброни суғурта ва маблағи суғурта  озод  кардани суғуртакунанда. 120

Моддаи 1051. Радди пардохти ҷуброни суғурта ё маблағи суғурта. 120

Моддаи 1052. Пардохти маблағи суғурта оид ба  шартномаи суғуртаи шахсӣ. 121

Моддаи 1053. Ба суғуртакунанда гузаштани ҳуқуқи суғурташаванда барои ҷуброни зарар  (суброгатсия) 121

Моддаи 1054. Аз нав суғурта кардан. 121

Моддаи 1055. Суғуртаи мутақобила. 121

Моддаи 1056. Суғуртаи ҳатмии давлатӣ. 122

Моддаи 1057. Истифодаи қоидаҳои умумии суғурта нисбат ба навъҳои махсуси суғурта. 122

БОБИ 52. Фаъолияти якҷоя (ширкати оддӣ) 122

Моддаи 1058. Шартномаи фаъолияти якҷоя (ширкати оддӣ) 122

Моддаи 1059. Ҳиссаи шарикон. 122

Моддаи 1060. Амволи умумии шарикон. 123

Моддаи 1061. Пешбурди корҳои умумии шарикон. 123

Моддаи 1062. Ҳуқуқи шарик ба маълумот. 123

Моддаи 1063. Хароҷоти умумӣ, зарар ва масъулияти  шарикон. 123

Моддаи 1064. Тақсими фоида. 124

Моддаи 1065. Ҷудо кардани ҳиссаи шарик бо талаби кредитори он. 124

Моддаи 1066. Қатъи шартномаи фаъолияти якҷоя. 124

Моддаи 1067. Радд кардани шартномаи бемӯҳлати фаъолияти якҷоя. 124

Моддаи 1068. Бекор кардани шартномаи фаъолияти  якҷоя бо талаби тарафҳо. 124

Моддаи 1069. Масъулияти шарике, ки аз шартнома даст кашидааст ё бекор кардани онро  талаб кардааст. 125

БОБИ 53. Озмуни оммавӣ. 125

Моддаи 1070. Ташкили озмуни оммавӣ. 125

Моддаи 1071. Тағйир додани шарт ва бекор  кардани озмуни оммавӣ. 125

Моддаи 1072. Қарор дар бораи пардохти мукофот. 125

Моддаи 1073. Истифодаи асарҳои илмӣ, адабӣ ва санъат, ки ғолиби озмуни оммавӣ гардидаанд. 125

Моддаи 1074. Ба  иштирокчиёни озмун баргардонидани корҳои пешниҳодшуда. 126

БОБИ 54. Ба таври оммавӣ эълон кардани мукофот. 126

Моддаи 1075. Ӯҳдадории пардохти мукофот. 126

Моддаи 1076. Бекор кардани эълони оммавии мукофот. 126

Моддаи 1077. Талаботи вобаста ба ташкили бозиҳо, шартҳо ва иштирок дар онҳо. 126

Моддаи 1078. Хусусиятҳои гузаронидани лотерея, тотализаторҳо ва бозиҳои дигар аз ҷониби давлат ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ. 126

БОБИ  55. Ӯҳдадориҳо вобаста ба расонидани зарар. 127

Моддаи 1079. Асосҳои умумии масъулият барои расонидани зарар. 127

Моддаи 1080. Пешгирии расонидани зарар. 127

Моддаи 1081. Расонидани зарар дар ҳолати  мудофиаи зарурӣ. 127

Моддаи 1082. Расонидани зарар дар ҳолати ниҳояти зарурат. 127

Моддаи 1083. Масъулияти шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванд барои зараре, ки корманди он расонидааст. 127

Моддаи 1084. Масъулият барои зараре, ки мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, инчунин ашхоси мансабдори онҳо расонидаанд. 128

Моддаи 1085. Мақомот ва ашхосе, ки ҳангоми ҷуброни зарар аз ном ва ҳисоби хазина баромад  мекунанд. 128

Моддаи 1086. Масъулият барои зараре, ки бо амали ғайриқонунии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва суд расонида шудааст. 128

Моддаи 1087. Ҷуброни  зарар аз ҷониби  шахси масъулияти худро суғуртанамуда. 128

Моддаи 1088. Масъулият барои зараре, ки ноболиғони то синни чордаҳсола расонидаанд. 128

Моддаи 1089. Масъулият барои зараре, ки ноболиғони аз синни чордаҳсола то ҳаждаҳсола расонидаанд  129

Моддаи 1090. Масъулияти волидайни аз ҳуқуқи волидайн маҳрумшуда барои зарари  расонидаи ноболиғон. 129

Моддаи 1091. Масъулият барои зарари расонидаи шаҳрванди ғайри қобили амал эътирофгардида. 129

Моддаи 1092. Масъулият барои зарари расонидаи шаҳрванди қобили маҳдуди амал эътирофгардида  129

Моддаи 1093. Масъулият барои зарари расонидаи шаҳрванде, ки қобилияти дарки амалҳои худро надорад. 129

Моддаи 1094. Масъулият барои расонидани зарар тавассути фаъолияте, ки барои атрофиён хатари калонро ба миён меоварад. 130

Моддаи 1095. Масъулият барои якҷоя расонидани зарар. 130

Моддаи 1096. Ҳуқуқи даъвои мутақобила (регрессӣ) ба шахсе, ки зарар расонидааст. 130

Моддаи 1097. Ҳаҷм ва андозаи ҷуброни зарар. 131

Моддаи 1098. Усулҳои ҷуброни зарари амволӣ. 131

Моддаи 1099. Баҳисобгирии гуноҳи ҷабрдида ва вазъи амволи шахсе, ки зарар расонидааст1. 131

Моддаи 1100. Ҷуброни зараре, ки ба ҳаёт ё саломатии шаҳрванд ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ ё дигар ӯҳдадориҳо расонида шудааст. 131

Моддаи 1101. Андоза ва хусусияти ҷуброни зараре, ки ба саломатӣ осеб расонидааст. 131

Моддаи 1102. Муайян кардани музди меҳнат (даромад), ки дар натиҷаи ба саломатӣ расонидани зарар аз даст рафтааст. 131

Моддаи 1103. Ҷуброни зарар ҳангоми расонидани осеб ба саломатии шахси ба балоғат нарасида. 132

Моддаи 1104. Ҷуброни зарар ба ашхосе, ки вобаста ба марги шаҳрванд расонида шудааст. 132

Моддаи 1105. Андозаи ҷуброни зарари дар натиҷаи фавти шаҳрванд расонидашуда. 133

Моддаи 1106. Тағйир додани андозаи ҷуброни зарар. 133

Моддаи 1107. Баланд кардани андозаи ҷуброни зарар вобаста ба боло рафтани арзиши рӯзгузаронӣ ва афзудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо. 133

Моддаи 1108. Пардохтҳо оид ба ҷуброни зарар. 133

Моддаи 1109. Ҷуброни зарар дар сурати қатъи  шахси ҳуқуқӣ. 134

Моддаи 1110. Ҷуброни хароҷот барои дафн. 134

Моддаи 1111. Асосҳои ҷуброни зарари дар натиҷаи камомади мол, кор,  хизматрасонӣ  расонидашуда  134

Моддаи 1112. Ашхосе, ки барои зарари дар натиҷаи норасогиҳои мол, кор, хизматрасонӣ расонидашуда ҷавобгаранд. 134

Моддаи 1113. Мӯҳлатҳои  ҷуброни зарари дар  натиҷаи норасогиҳои мол, кор,  хизматрасонӣ  расонидашуда. 134

Моддаи 1114. Асосҳои  озод  намудан  аз масъулият барои  зарари  дар  натиҷаи  норасогии  мол, кор, хизматрасонӣ расонидашуда. 135

Моддаи 1115. Ҷуброни зарари маънавӣ. 135

Моддаи 1116. Андозаи ҷуброни зарари маънавӣ. 135

БОБИ  56. Ӯҳдадориҳо дар натиҷаи дорошавии беасос. 135

Моддаи 1117. Ӯҳдадории баргардонидани дороии беасос. 135

Моддаи 1118. Мутаносибии талабот дар бораи баргардонидани дороии беасос бо дигар талабот оид ба  ҳифзи  ҳуқуқҳои гражданӣ. 135

Моддаи 1119. Баргардонидани дороии беасос дар шакли асл. 136

Моддаи 1120. Ҷуброни арзиши дороии беасос. 136

Моддаи 1121. Оқибатҳои беасос ба шахси дигар додани ҳуқуқ. 136

Моддаи 1122. Ба ҷабрдида баргардонидани даромадҳои гирифтанашуда. 136

Моддаи 1123. Ҷуброни хароҷоти амволе, ки бояд баргардонида шавад. 136

Моддаи 1124. Дороии беасосе, ки баргардонида намешавад. 136

 

 

ФАСЛИ IV. НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ ӮҲДАДОРӢ

БОБИ 29. Хариду фурӯш 

1. Муқаррароти умумии хариду фурӯш

 

Моддаи 488. Шартномаи хариду фурӯш

  1. Мутобиқи шартномаи хариду фурӯш як тараф (фурӯшанда) ӯҳдадор мешавад, ки молро ба моликият (ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ)-и тарафи дигар (харидор) диҳад ва харидор ӯҳдадор мешавад ин молро қабул карда, бар ивазаш маблағи муайяни пулӣ (арзиши он)-ро супорад.
  2. Нисбат ба фурӯши коғазҳои қиматнок ва арзишҳои асъорӣ, агар дар қонун қоидаҳои махсуси фурӯши онҳо муайян нагардида бошад, муқаррароти пешбининамудаи ҳамин зербоб истифода бурда мешавад.
  3. Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин зербоб нисбат ба фурӯши ҳуқуқи амвол, агар аз мӯҳтаво ё хусусияти ин ҳуқуқ тартиби дигаре барнаояд, низ истифода бурда мешавад.
  4. Хусусиятҳои намудҳои шартномаи хариду фурӯш (хариду фурӯши чакана, маҳсулотсупорӣ, маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ, контрактатсия, таъмини барқ, фурӯши амволи ғайриманқул, фурӯши корхонаҳо)-ро, ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар муқаррар менамоянд.

 

Моддаи 489. Шакли шартномаи хариду фурӯш

Шартномаи хариду фурӯши иншооти ғайриманқул, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 466 ҳамин Кодекс зикр шудааст, бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шавад.

Шартномаи хариду фурӯши иншооти ғайриманқул бояд мутобиқи моддаи 189 ҳамин Кодекс ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

 

Моддаи 490. Шартҳои шартнома оид ба  мол

  1. Таҳти мафҳуми мол дар шартномаи хариду фурӯш бо риояи қоидаҳои моддаи 141 ҳамин Кодекс ҳама гуна ашё қарор гирифтанаш мумкин аст.
  2. Шартномаи хариду фурӯш ба моли нақд, инчунин моле ки дар оянда сохта шуданаш мумкин аст, агар дар ҳамин Кодекс ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, баста шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 491. Ӯҳдадории фурӯшанда оид ба додани мол

  1. Фурӯшанда ӯҳдадор аст моли дар шартномаи хариду фурӯш пешбинишударо ба харидор диҳад.
  2. Агар дар шартномаи хариду фурӯш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фурӯшанда ӯҳдадор аст ҳамзамон бо додани мол ба харидор асбобу анҷоми марбути он, инчунин ҳуҷҷатҳои ба он тааллуқдошта (паспорти техникӣ, сертификати сифат ва ғайра)- ро, ки қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё шартнома пешбинӣ намудааст, диҳад.

 

Моддаи 492. Мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории супурдани мол

  1. Мӯҳлати аз ҷониби фурӯшанда иҷро кардани ӯҳдадории ба харидор супурдани мол тибқи шартномаи хариду фурӯш ва агар шартнома имкон надиҳад, ки ин мӯҳлат муайян карда шавад, тибқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 335 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
  2. Шартномаи хариду фурӯш бо шарти иҷрои он дар мӯҳлати қатъиян муайянгардида, агар аз шартнома аниқ чунин барояд, ки ҳангоми вайрон кардани ин мӯҳлат харидор нисбат ба иҷрои шартнома ҳавасмандии худро аз даст медиҳад, басташуда эътироф мегардад.

Фурӯшанда ҳуқуқ надорад бидуни розигии харидор чунин шартномаро то фарорасӣ ё баъди гузашти мӯҳлати дар он муқарраршуда ва  инчунин дар ҳолате, ки харидор аз иҷрои шартнома даст  накашидааст, иҷро кунад.

 

Моддаи 493. Лаҳзаи иҷрои ӯҳдадории фурӯшанда оид ба супурдани мол

 

  1. Агар дар шартномаи хариду фурӯш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ӯҳдадории фурӯшанда оид ба супурдани мол ба харидор дар лаҳзаи зайл иҷрошуда ба ҳисоб меравад:

– ба харидор ё ба шахси аз ҷониби ӯ зикргардида супурдани мол, агар дар шартнома ӯҳдадории фурӯшанда вобаста ба расонидани мол пешбинӣ гардида бошад;

– ба ихтиёри харидор пешниҳод кардани мол, агар мол бояд ба харидор ё шахси зикрнамудаи ӯ дар маҳалли ҷойгиршавии мол супурда шавад.

Мол ҳангоме ба ихтиёри харидор ё шахси зикрнамудаи ӯ вогузошта ба ҳисоб меравад, ки агар он бо мақсади ҳамин шартнома бо роҳи тамғагузорӣ, огоҳонӣ, ба харидор интиқол додан ё усули дигар дақиқ ҳаммонанд (идентификатсия) карда шуда бошад.

  1. Дар ҳолатҳое ки аз шартномаи хариду фурӯш ӯҳдадории фурӯшанда дар мавриди расонидани мол ё дар маҳалли ҷойгиршавии мол додани он ба харидор барнаояд ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ӯҳдадории фурӯшанда аз лаҳзаи ба боррасон ҷиҳати ҳамлу нақл ба харидор ё ташкилоти алоқа супурдани мол иҷрогардида ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 494. Ӯҳдадории фурӯшанда оид ба ҳифзи  моли фурӯхташуда

Ҳангоме ки ҳуқуқи моликият (ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ) ба харидор қабл аз супурдани амвол мегузарад, фурӯшанда вазифадор аст, то супурдани он амволро ҳифз намояд ва ба бесифат шудани он роҳ надиҳад.

Агар дар шартномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, харидор бояд хароҷоти барои ин кор заруриро ба фурӯшанда ҷуброн намояд.

 

Моддаи 495. Гузаштани таваккали тасодуфан нобуд шудани мол

  1. Агар дар шартномаи хариду фурӯш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, таваккали тасодуфан нобуд шудан ё тасодуфан зарар дидани мол аз лаҳзае ба харидор мегузарад, ки мутобиқи қонун ё шартнома фурӯшанда ӯҳдадории худро оид ба супурдани мол ба харидор иҷронамуда меҳисобад.
  2. Таваккали тасодуфан нобуд шудан ё тасодуфан зарар дидани моле, ки ҳангоми дар роҳ будани он (интиқоли он) фурӯхта шудааст, агар дар шартномаи тарафҳо ё анъанаҳои муомилоти корӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз лаҳзаи бастани шартномаи хариду фурӯш ба харидор мегузарад.
  3. Шарти шартнома дар бораи он, ки таваккали тасодуфан нобуд шудан ё тасодуфан зарар дидани мол аз лаҳзаи ба боррасони аввалин супурдани он ба харидор мегузарад, агар дар лаҳзаи бастани шартнома фурӯшанда медонист ё мебоист донад, ки мол нобуд шудааст ё зарар дидааст, вале ба харидор иттилоъ надодааст, тибқи талаби харидор аз ҷониби суд ғайриқонунӣ эътироф шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 496. Ӯҳдадории фурӯшанда вобаста ба додани моли аз ҳуқуқи ашхоси сеюм озод

  1. Фурӯшанда вазифадор аст ба харидор моли аз ҳуқуқи ҳама гуна ашхоси сеюм озодро, ба истиснои ҳолате ки харидор розӣ шудааст моли дорои гаронии ҳуқуқи ашхоси сеюмро қабул кунад, супорад.

Аз ҷониби фурӯшанда иҷро накардани чунин ӯҳдадорӣ, ба истиснои ҳолатҳои исботи он, ки харидор дар мавриди ҳуқуқҳои ашхоси сеюм медонист ва ё мебоист донад, ба харидор ҳуқуқ медиҳад, ки паст кардани арзиши хариди мол ё бекор кардани шартномаи хариду фурӯш ва ҷуброни зарарро талаб намояд.

  1. Қоидаҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда мутаносибан инчунин дар ҳолатҳое ки нисбат ба ҳамин мол дар лаҳзаи супурдани он ба харидор даъвои ашхоси сеюм вуҷуд дошт ва харидор огоҳ буд ва агар ин даъвоҳо минбаъд тибқи тартиби муқарраршуда ҳаққонӣ эътироф гардида бошанд, истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 497. Ӯҳдадориҳои  харидор  ва  фурӯшанда дар ҳолатҳои пешниҳоди даъво оид ба кашида гирифтани амвол

  1. Агар шахси сеюм тибқи асосҳои то иҷрои шартномаи хариду фурӯш бамиёномада ба харидор дар мавриди кашида гирифтани амвол даъво арз кунад, харидор ӯҳдадор аст барои иштирок дар парванда фурӯшандаро ҷалб намояд ва фурӯшанда вазифадор аст дар ин парванда ба ҷонибдории харидор баромад кунад.
  2. Аз ҷониби харидор барои иштирок дар парванда ҷалб накардани фурӯшанда, агар фурӯшанда исбот намояд, ки дар парванда иштирок намуда, ӯ метавонист аз харидор кашида гирифтани моли фурӯхташударо пешгирӣ намояд, ӯро аз масъулият дар назди харидор озод мекунад.
  3. Фурӯшандае, ки аз ҷониби харидор барои иштирок дар парванда ҷалб шудааст, вале дар он иштирок накардааст, аз ҳуқуқи исботи он, ки харидор парвандаро нодуруст пеш мебарад, маҳрум карда мешавад.

 

Моддаи 498. Масъулияти фурӯшанда ҳангоми аз харидор кашида гирифтани мол

  1. Ҳангоми аз ҷониби ашхоси сеюм аз харидор кашида гирифтани мол тибқи асосҳое, ки то иҷрои шартномаи хариду фурӯш ба миён омадаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки харидор оид ба мавҷуд будани чунин ҳолатҳо медонист ва ё мебоист донад, фурӯшанда вазифадор аст зарари ба харидор расонидашударо ҷуброн намояд.
  2. Дар сурати аз ҷониби ашхоси сеюм талаб карда гирифтани амволи бадастовардаи харидор созишномаи тарафҳо дар мавриди аз ҷавобгарӣ озод намудани фурӯшанда ё маҳдуд кардани он эътибор надорад.

 

Моддаи 499. Оқибатҳои аз ҷониби фурӯшанда рад  кардани супоридани мол

  1. Агар фурӯшанда ба харидор додани моли фурӯхтаашро рад намояд, харидор ҳуқуқ дорад аз иҷрои шартномаи хариду фурӯш даст кашад ва ҷуброни зарарро талаб намояд.
  2. Ҳангоми додани ашёи инфироди муайяншударо рад кардани фурӯшанда харидор ҳуқуқ дорад нисбат ба фурӯшанда талаботи пешбининамудаи моддаи 429 ҳамин Кодексро пешниҳод кунад.

 

Моддаи 500. Оқибатҳои иҷро накардани ӯҳдадории додани асбобу анҷом ва ҳуҷҷатҳои марбути мол

Агар фурӯшанда ба харидор асбобу анҷом ё ҳуҷҷатҳои марбути молро надиҳад ё додани онро, ки бояд мутобиқи қонунҳо ё шартнома (қисми 2 моддаи 491) анҷом диҳад рад намояд, харидор ҳуқуқ дорад барои додани он мӯҳлати мувофиқ муқаррар намояд.

Дар ҳолате ки агар асбобу анҷом ё ҳуҷҷатҳои марбути мол дар мӯҳлати муқарраршуда аз ҷониби фурӯшанда супурда нашавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, харидор ҳуқуқ дорад аз қабули мол даст кашад ва ҷуброни зарарро талаб намояд.

 

Моддаи 501. Теъдоди мол

  1. Теъдоди моли ба харидор додашаванда дар шартномаи хариду фурӯш бояд бо воҳидҳои ченаки дахлдор ё дар шакли пулӣ инъикос гардад.
  2. Агар шартномаи хариду фурӯш имконият надиҳад, ки теъдоди моли додашаванда муайян гардад, шартнома басташуда ҳисобида намешавад.

 

Моддаи 502. Оқибатҳои вайрон кардани шартҳои шартнома вобаста ба теъдод

  1. Дар сурате ки фурӯшанда шартҳои шартномаро вайрон карда, ба харидор нисбат аз теъдод камтар мол диҳад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, харидор ҳуқуқ дорад ё теъдоди боқимондаи камбудро талаб кунад ё аз молҳои додашуда ё аз пардохти маблағи он даст кашад ва агар маблағи он пардохта шуда бошад, баргардонидани маблағи пардохташуда ва товони зарарро талаб намояд.
  2. Дар сурате ки агар фурӯшанда нисбат ба теъдоди дар шартномаи хариду фурӯш зикргардида ба харидор теъдоди бештарро дода бошад, харидор вазифадор аст тибқи тартиби пешбининамудаи қисми 1 моддаи 519 ҳамин Кодекс фурӯшандаро огоҳ созад. Агар теъдоди мол нисбат ба теъдоди дар шартнома нишон дода шуда зиёд бошад, харидор ҳуқуқ дорад ин молро қабул кунад ва мувофиқи нархи шартнома маблағи онро пардозад.

 

Моддаи 503. Навъ (ассортимент)-и молҳо

  1. Агар тибқи шартномаи хариду фурӯш додани мол бояд бо таносуби муайян вобаста ба навъ, намуна, андоза, ранг ва дигар аломатҳо (ассортимент) сурат гирад, фурӯшанда вазифадор аст ба харидор молро тибқи навъе, ки байни тарафҳо мувофиқа шудааст, супорад.
  2. Агар навъ (ассортимент) дар шартномаи хариду фурӯш муайян нашуда бошад ва дар шартнома тартиби муайян кардани он муқаррар нагардида бошад, вале аз моҳияти ӯҳдадорӣ чунин барояд, ки мол бояд ба харидор тибқи навъ (ассортимент) супурда шавад, фурӯшанда ҳуқуқ дорад ба харидор, бо назардошти талаботи ӯ, ки ҳангоми бастани шартнома ба фурӯшанда маълум гардида буд, мувофиқи навъ (ассортимент) мол диҳад ё аз иҷрои шартнома даст кашад.

 

Моддаи 504. Оқибатҳои вайрон кардани шартҳои вобаста ба навъ (ассортимент)-и мол

  1. Ҳангоми аз ҷониби фурӯшанда тибқи шартномаи хариду фурӯш додани мол бо навъ (ассортимент)-е, ки ба шартнома мутобиқат намекунад, харидор ҳуқуқ дорад аз қабул ва пардохти он даст кашад ва агар арзиши он пардохта шуда бошад, баргардонидани маблағи пардохташударо талаб намояд.
  2. Агар фурӯшанда дар баробари моле, ки навъ (ассортимент)-и он ба шартномаи хариду фурӯш мувофиқ аст, ба харидор моли хилофи шартҳои шартнома оид ба навъ (ассортимент)-ро супорад, харидор ҳуқуқ дорад мувофиқи салоҳдиди худ:

– молҳои ба шарти шартнома оид ба навъ (ассортимент) мувофиқро қабул намояд ва аз молҳои дигар даст кашад;

– аз ҳамаи молҳои додашуда даст кашад;

– иваз намудани молҳои ба шарти навъ (ассортимент)-и мол ва  молҳои ба навъ (ассортимент)-и пешбининамудаи шартнома мувофиқ набударо талаб намояд;

– тамоми молҳои додашударо қабул кунад.

  1. Ҳангоми радди қабули молҳои навъ (ассортимент)-ашон ба шартҳои шартномаи хариду фурӯш номувофиқ ё пешниҳоди талаб оид ба иваз намудани молҳое, ки ба шарти навъ (ассортимент) мувофиқ намебошанд, харидор ҳамчунин ҳуқуқ дорад аз пардохти онҳо даст кашад ва агар арзиши онҳо пардохта шуда бошад, баргардонидани маблағи пардохташударо талаб намояд.
  2. Молҳое, ки ба шартҳои шартномаи хариду фурӯш оид ба навъ (ассортимент) мувофиқ нестанд, агар харидор дар мӯҳлати мувофиқи баъди гирифтани он ба фурӯшанда дар бораи радди қабули онҳо иттилоъ надиҳад, қабулгардида ба ҳисоб меравад.
  3. Агар харидор аз молҳои навъ (ассортимент)-ашон ба шартҳои шартномаи хариду фурӯш номувофиқ даст накашад, ӯ вазифадор аст арзиши онҳоро тибқи нархи бо фурӯшанда мувофиқашуда пардозад.

 

Моддаи 505. Сифати мол

  1. Фурӯшанда бояд ба харидор молеро, ки сифати он ба талаботи шартномаи хариду фурӯш ё одатан барои ҳамин мақсад истифодаи чунин мол мувофиқ аст, диҳад.
  2. Ҳангоми тибқи намуна ва (ё) тибқи тасвир (тавсиф) фурӯхтани мол фурӯшанда вазифадор аст ба харидор молеро диҳад, ки ба намуна ва (ё) тасвир (тавсиф) мувофиқ аст.
  3. Агар тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун нисбат ба сифати моли фурӯхташаванда талаботи ҳатмӣ пешниҳод гардида бошад, дар ин сурат фурӯшандае, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад, вазифадор аст ба харидор моли ба ин талабот мувофиқро супорад.

Мутобиқи созишномаи байни фурӯшанда ва харидор нисбат ба моле, ки ба талаботи ҳатмии тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пешбинишуда ҷавобгӯ мебошад, моли дорои талаботи баландтар дода шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 506. Кафолати сифат

  1. Моле, ки фурӯшанда ӯҳдадор аст ба харидор диҳад, дар лаҳзаи супоридан ба харидор, агар дар шартномаи хариду фурӯш лаҳзаи дигари муайян кардани мутобиқати молҳо ба ин талабот пешбинӣ нагардида бошад, бояд ба талаботи пешбининамудаи моддаи 505 ҳамин Кодекс мутобиқ бошад.
  2. Дар сурате ки агар дар шартномаи хариду фурӯш аз ҷониби фурӯшанда додани кафолати сифати мол пешбинӣ гардида бошад, фурӯшанда вазифадор аст ба харидор молеро диҳад, ки ба талаботи дар шартнома муқаррар гардида (мӯҳлати кафолат) мувофиқат намояд.
  3. Кафолати сифат, агар дар шартномаи хариду фурӯш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, инчунин барои ҳамаи ҷузъҳои таркиби он (асбобу анҷом) дода мешавад.

 

Моддаи 507. Тартиби баҳисобгирии мӯҳлати кафолат

  1. Мӯҳлати кафолат, агар дар шартномаи хариду фурӯш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз лаҳзаи ба харидор супурдани мол (моддаи 491) ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Агар харидор аз имконияти истифодаи моли тибқи шартнома ба он мӯҳлати кафолат муқарраршуда вобаста ба ҳолатҳои марбут ба фурӯшанда маҳрум гардида бошад, мӯҳлати кафолат то лаҳзаи аз ҷониби фурӯшанда рафъ нашудани ҳолатҳои дахлдор, ҷараён намеёбад ба шарте, ки  фурӯшанда оиди норасоиҳои мол бо тартиби муқаррар кардаи моддаи 519 ҳамин Кодекс огоҳ карда бошад.
  3. Агар дар шартномаи хариду фурӯш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, мӯҳлати кафолат ба асбобу анҷоми таркибӣ ба мӯҳлати кафолат ба асбобу анҷоми асосӣ баробар дониста шуда, ҳамзамон аз рӯзи мӯҳлати кафолати асбобу анҷоми асосӣ ҷараён мегирад.
  4. Ҳангоми иваз намудани мол (асбобу анҷоми таркибӣ) ҷараёни мӯҳлати кафолат аз нав оғоз меёбад.

 

Моддаи 508. Мӯҳлати коршоямии мол

Тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрӣ, талаботи ҳатмии намуна (стандарт)-ҳои давлатӣ ё дигар қоидаҳои ҳатмӣ метавонад мӯҳлате муқарраркарда шавад, ки бо гузашти он мол барои тибқи таъинот истифода бурда шуданаш корношоям эътироф  гардад (мӯҳлати коршоямӣ).

 

Моддаи 509. Ба ҳисобгирии мӯҳлати коршоямии мол

Мӯҳлати коршоямии мол бо давраи вақте, ки аз рӯзи истеҳсоли он ба ҳисоб гирифта шуда, дар ҷараёни он мол барои истифода коршоям мебошад ё бо санае, ки то фаро расидани он мол барои истифода коршоям аст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 510. Тафтиши сифати мол

  1. Тафтиши сифати мол мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои ҳуқуқӣ, талаботҳои ҳатмии намуна (стандарт)-и давлатӣ ё шартнома анҷом дода мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки агар намуна (стандарт)-ҳои давлатӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба намуна (стандартизатсия) вобаста ба тафтиши сифат талаботи ҳатмӣ пешбинӣ карда бошанд, тафтиши сифат бояд мутобиқи талаботи дар онҳо зикргардида анҷом дода шавад.

  1. Агар тибқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда, шарти тафтиши сифат пешбинӣ нагардида бошад, дар он сурат тафтиши сифат бояд мутобиқи анъаноти муомилоти корӣ ё шартҳои дигари тафтиши одатан истифодашаванда нисбат ба моле, ки тибқи шартнома бояд супурда шавад, сурат мегирад.
  2. Агар қонунҳо, талаботи ҳатмии намуна (стандарт)-ҳои давлатӣ, дигар санадҳои меъёрӣ оид ба намуна (стандартизатсия) ё шартнома ӯҳдадории фурӯшандаро оид ба тафтиши сифати моли ба харидор фурӯхташаванда (озмоиш, ташхис, азназаргузаронӣ (муоина)) ва ғайра пешбинӣ намуда бошанд, фурӯшанда бояд мутобиқи талаби харидор далелҳои анҷом дода шудани тафтиши сифати молро пешниҳод намояд.
  3. Тафтиши сифати мол аз ҷониби фурӯшанда ва харидор бояд таҳти ҳамон як шароит анҷом дода шавад.

 

Моддаи 511. Оқибатҳои додани моли дорои  сифати номатлуб

  1. Агар норасоиҳои мол аз ҷониби фурӯшанда қайду шарт нашуда бошад, харидоре, ки ба ӯ моли сифатан номатлуб дода шудааст, ҳуқуқ дорад бо интихоби хеш аз фурӯшанда талаб намояд, ки:

– ба андозаи муносиб нархи фурӯшро паст кунад;

– ройгон, дар мӯҳлатҳои мувофиқ норасоиҳои молро бартараф намояд;

– хароҷоти вобаста ба рафъи норасоиҳои молро ҷуброн намояд.

  1. Дар сурати моҳиятан вайрон кардани талабот нисбат ба сифати мол (ошкор намудани норасоиҳои рафънопазир, норасоиҳое, ки бидуни хароҷоти беандоза ё масрафи вақт бартараф кардани онҳо ғайриимкон аст, ё чандин маротиба ошкор гардидаст ё баъди бартараф намудан боз такрор меёбад ва дигар норасоиҳои монанд) харидор ҳуқуқ дорад тибқи салоҳдиди хеш:

– аз иҷрои шартномаи хариду фурӯш даст кашад ва баргардонидани маблағи барои харидории мол масрафшударо талаб намояд;

– иваз намудани молро бо моли дорои сифати матлуби ба шартнома мувофиқ талаб намояд.

  1. Дар сурати сифатан номатлуб будани қисми моле, ки ба маҷмӯъ (комплект)-и мол (моддаи 515) шомиланд, харидор метавонад нисбат ба чунин мол ҳуқуқҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин моддаро истифода барад.

 

Моддаи 512. Норасоиҳои мол, ки барои он фурӯшанда ҷавобгар аст

  1. Фурӯшанда барои норасоиҳои мол ҷавобгар аст агар харидор исбот карда тавонад, ки норасоиҳои мол то ба харидор додани он ё бо сабабҳои то ин лаҳза ба миёномада фаро расидаанд.
  2. Фурӯшанда нисбат ба моле, ки барои он кафолат додааст, агар исбот карда натавонад, ки норасоиҳои мол баъди ба харидор додани он дар натиҷаи аз ҷониби харидор риоя накардани қоидаҳои истифодаи мол ё нигаҳдошт ё таъсири ашхоси сеюм ё қувваи рафънопазир ба миён омадааст, ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 513. Мӯҳлати ошкор намудани норасоиҳои  моли додашуда

  1. Агар дар қонунҳо ё шартномаи хариду фурӯш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, харидор ҳуқуқ дорад вобаста ба норасоиҳои мол, ба шарте ин норасоиҳо дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи ҳамин модда ошкор карда шуда бошанд, талабот арз намояд.
  2. Агар ба мол мӯҳлати кафолат ё мӯҳлати коршоямӣ муқаррар нагардида бошад, аз ҷониби харидор талаботи вобаста ба норасоиҳо ба шарте арз карда мешавад, ки агар норасоиҳои мол дар мӯҳлати мувофиқ, вале дар зарфи ду сол аз рӯзи ба харидор додани мол ошкор гардидааст ва агар қонун ё шартномаи хариду фурӯш мӯҳлати бештареро пешбинӣ накарда бошанд. Мӯҳлат барои ошкор кардани норасоиҳои моле, ки бояд интиқол дода шавад ё таҳти ирсоли почта қарор гирад, аз рӯзи дар маҳалли таъинот гирифтани мол ба ҳисоб гирифта мешавад.
  3. Агар барои мол мӯҳлати кафолат муқаррар гардида бошад, харидор ҳуқуқ дорад ҳангоми ошкор намудани камбудии вобаста ба норасоии мол дар ҷараёни мӯҳлати кафолат талабот арз намояд.

Агар дар шартномаи хариду фурӯш ба асбобу анҷоми таркибӣ нисбат ба асбобу анҷоми асосӣ мӯҳлати кӯтоҳтари кафолат муқаррар гардида бошад, харидор ҳуқуқ дорад ҳангоми дар ҷараёни мӯҳлати кафолати асбобу анҷоми асосӣ ошкор намудани норасоӣ вобаста ба норасоиҳои маҷмӯи таркибӣ талабот арз кунад.

Агар дар шартномаи хариду фурӯш ба асбобу анҷоми такмилӣ нисбат ба асбобу анҷоми асосӣ мӯҳлати бештари кафолат муқаррар гардида бошад ва норасоиҳои асбобу анҷоми такмилӣ, сарфи назар аз гузашти мӯҳлати кафолат ба асбобу анҷоми асосӣ, дар ҷараёни мӯҳлати кафолат ошкор  гардида бошанд, харидор ҳуқуқ дорад оид ба норасоии мол шикоят арз кунад.

  1. Нисбат ба моли барои он мӯҳлати коршоямӣ муқарраргардида харидор ҳуқуқ дорад оид ба норасоии мол, агар он дар ҷараёни мӯҳлати коршоямӣ ошкор гардида бошад, талабот арз кунад.
  2. Агар харидор норасоии молро баъди гузашти мӯҳлати кафолат ё мӯҳлати коршоямӣ ошкор намуда бошад ва агар исбот карда тавонад, ки норасоии мол то ба харидор додани он ё бо сабабҳои то ин лаҳза фарорасида ба миён омадаанд, фурӯшанда ҷавобгариро ба зимма дорад.

 

Моддаи 514. Мукаммалии мол

  1. Фурӯшанда ӯҳдадор аст ба харидор молеро диҳад, ки ба шартҳои шартномаи хариду фурӯш оид ба мукаммалии мол мувофиқ мебошад.
  2. Ҳангоми дар шартномаи хариду фурӯш муайян карда нашудани мукаммалии мол, фурӯшанда вазифадор аст ба харидор молеро фурӯшад, ки мукаммалии он тибқи анъанаҳои муомилоти корӣ ё талаботи дигари одатан пешниҳодшаванда муайян мегардад.

 

Моддаи 515. Маҷмӯъ (комплект)-и мол

  1. Агар шартномаи хариду фурӯш ӯҳдадории фурӯшандаро ба харидор дар маҷмӯъ (комплект) додани номгӯи муайяни мол пешбинӣ карда бошад, ӯҳдадорӣ аз лаҳзаи ба харидор додани ҳамаи моле, ки ба маҷмӯъ (комплект) дохил гардидаанд, иҷрошуда ба ҳисоб меравад.
  2. Агар дар шартномаи хариду фурӯш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд, фурӯшанда вазифадор аст ба харидор ҳамзамон ҳамаи молҳои ба маҷмӯъ тааллуқдоштаро супорад.

 

Моддаи 516. Оқибати додани молҳои ғайримаҷмӯъ  (ғайрикомплект)

  1. Дар сурати додани молҳои ғайримаҷмӯъ (ғайрикомплект) (моддаи 514) харидор ҳуқуқ дорад тибқи интихоби худ аз фурӯшанда талаб намояд, ки:

– ё мутаносибан нархро паст кунад;

– ё дар мӯҳлатҳои мувофиқ молро мукаммал намояд.

  1. Агар фурӯшанда дар мӯҳлатҳои мувофиқ талаби харидорро дар мавриди мукамал намудани мол иҷро накунад, харидор ҳуқуқ дорад тибқи ихтиёри худ:

– ё моли номукаммалро ба моли мукаммал иваз намояд;

  • ё аз иҷрои шартномаи хариду фурӯш даст кашад ва баргардонидани маблағи барои онҳо пардохташуда, инчунин ҷуброни зарарро талаб намояд.
  1. Оқибатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, агар дар шартномаи хариду фурӯш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд, инчунин дар ҳолатҳои аз ҷониби фурӯшанда вайрон кардани ӯҳдадории ба харидор супурдани маҷмӯи мол (моддаи 515) истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 517. Зарф ва борпеч

  1. Агар дар шартномаи хариду фурӯш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд, фурӯшанда ӯҳдадор аст ба харидор молро, ба истиснои молҳое, ки мувофиқи хосияти худ зарф ва (ё) борпечро тақозо намекунанд, дар зарф ва (ё) таҳти борпеч диҳад.
  2. Агар дар шартномаи хариду фурӯш талабот нисбат ба зарф ё борпеч муайян нагардида бошад, мол бояд бо усули одатан барои чунин навъ муқарраршуда дар зарф ҷойгир ё борпеч карда шавад ва дар сурати набудани чунин имкон бо усуле, ки ҳангоми ҳамлу нақл ҳифзи чунин навъи молро дар шароити муқаррарии нигаҳдошт ва интиқол таъмин менамояд.
  3. Агар тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун нисбат ба зарф ва (ё) борпеч талаботи ҳатмӣ пешбинӣ гардида бошад, дар он сурат фурӯшандае, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад, вазифадор аст ба харидор молро дар зарф ва (ё) таҳти борпече, ки ба ин талабот ҷавобгӯ мебошад, супорад.

 

Моддаи 518. Оқибатҳои бидуни зарф ва (ё) борпеч ё дар зарф ва (ё) таҳти борпеч  номатлуб додани мол

Дар ҳолатҳое ки агар молҳои дар зарф ҷойгиршаванда ва (ё) борпечдошта ба харидор бидуни зарф ва (ё) борпеч ё дар зарф ва ё таҳти борпечи номатлуб дода мешавад, агар аз ӯҳдадорӣ ё хосияти мол тартиби дигаре барнаояд, харидор ҳуқуқ дорад аз фурӯшанда дар зарф ҷой додан ё борпеч кардани мол ё иваз намудани зарф ва (ё) борпечи номатлуби молро талаб намояд.

Дар баробари ба фурӯшанда арз намудани талаби зикргардида харидор ҳуқуқ дорад нисбат ба ӯ инчунин дигар талаботеро, ки аз додани молҳои дорои сифати номатлуб (моддаи 511) бармеоянд, арз кунад.

 

Моддаи 519. Огоҳ намудани фурӯшанда дар хусуси номатлуб иҷро кардани  шартномаи хариду фурӯш

  1. Харидор вазифадор аст дар мӯҳлатҳои муқаррар намудаи қонунҳо ё шартномаи хариду фурӯш ва агар чунин мӯҳлат муқаррар нагардида бошад дар мӯҳлатҳои мувофиқи минбаъда, ки чунин вайрон кардани шартҳои дахлдори шартнома вобаста ба хусусият ва таъиноти мол бояд ошкор гардад, фурӯшандаро дар мавриди вайрон кардани шартномаи хариду фурӯш вобаста ба теъдод, навъ (ассортимент), сифат, мукаммалӣ, зарф ва (ё) борпеч огоҳ созад.
  2. Дар сурати аз ҷониби харидор иҷро накардани ӯҳдадориҳои зикргардида фурӯшанда, агар исбот карда тавонад, ки он боиси имконпазирии талаботи дахлдори харидор гардидааст ё барои фурӯшанда боиси хароҷоти номутаносибе мешавад, ки дар муқоиса бо хароҷоти ӯ ҳангоми сари вақт оид ба вайрон карда шудани шартҳои шартнома огоҳ буданаш масраф мегардид, ҳуқуқ дорад пурра ё қисман қонеъ намудани талаботи дахлдори харидорро рад намояд.
  3. Агар фурӯшанда медонист ё мебоист донад, ки молҳои ба харидор додашуда ба шартҳои шартномаи хариду фурӯш мувофиқ нестанд, ӯ ҳуқуқ надорад ба иҷро нашудани ӯҳдадориҳои барои харидор пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда истинод кунад.

 

Моддаи 520. Ӯҳдадории харидор оид ба  қабули мол

  1. Харидор ӯҳдадор аст моли ба ӯ додашударо, ба истиснои ҳолатҳое, ки ӯ ҳуқуқ дорад иваз намудани молро талаб кунад ё аз иҷрои шартномаи хариду фурӯш даст кашад, қабул кунад.
  2. Дар ҳолатҳое ки харидор бо вайрон кардани қонунҳо ё шартномаи хариду фурӯш молро қабул намекунад ё қабули онро рад менамояд, фурӯшанда ҳуқуқ дорад аз харидор қабули молро талаб кунад ё аз иҷрои шартнома даст кашад.

 

Моддаи 521. Ӯҳдадории харидор оид ба пардохти нарх

  1. Харидор ӯҳдадор аст молро тибқи нархе, ки мувофиқи қоидаҳои моддаи 456 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад, пардозад.
  2. Ҳангоми вобаста ба вазни мол муқаррар гардидани нарх, агар дар шартномаи хариду фурӯш тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, он тибқи вазни холис муайян карда мешавад.
  3. Агар шартномаи хариду фурӯш пешбинӣ намояд, ки нархи мол бояд вобаста ба нишондиҳандаҳое, ки нархи молро қайду шарт менамоянд (арзиши асли, хароҷот ва ғайра) тағйир ёбад, вале ҳамзамон тариқи аз нав арзёбӣ намудани нарх муайян нагардида бошад, нарх бо назардошти мутаносибии ин нишондиҳандаҳо дар лаҳзаи иҷрои ӯҳдадорӣ вобаста ба додани мол муайян карда мешавад.

Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин қисм, агар ҳамин Кодекс, дигар санадҳои қонунӣ тартиби дигаре муқаррар накарда бошанд ё аз моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд, истифода бурда мешаванд.

Моддаи 522. Пардохти мол

  1. Агар аз шартҳои шартнома ва қонунҳо ӯҳдадории дар мӯҳлати муайян пардохтани арзиши мол барнаояд, харидор вазифадор аст арзиши онро баъди додани мол аз ҷониби фурӯшанда ё додани ҳуҷҷатҳои ихтиёрдорӣ ба ин мол бидуни таъхир пардозад.
  2. Агар дар шартномаи хариду фурӯш тамдиди пардохти арзиши моли додашуда пешбинӣ нагардида бошад, харидор вазифадор аст ба фурӯшанда маблағро вобаста ба ҳаҷми пурраи моли додашуда пардозад.
  3. Агар харидор сари вақт арзиши моли тибқи шартномаи хариду фурӯш додашударо напардозад, фурӯшанда ҳуқуқ дорад бо интихоби худ пардохти арзиши мол ва пардохти фоизҳоро вобаста ба истифодаи воситаҳои пулии ғайр (бегона) (моддаи 426) талаб намояд.
  4. Агар харидор хилофи шартномаи хариду фурӯш аз қабули мол ва пардохти арзиши он даст кашад, фурӯшанда ҳуқуқ дорад бо интихоби худ пардохти арзиши молро талаб кунад ё аз иҷрои шартнома даст кашад.

 

Моддаи 523. Пешпардохти мол

  1. Дар ҳолатҳое ки агар дар шартномаи хариду фурӯш ӯҳдадории харидор дар мавриди то аз ҷониби фурӯшанда додани мол пурра ё қисман пардохтани арзиши мол (пешпардохт) пешбинӣ гардида бошад, харидор вазифадор аст дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи шартнома ва агар дар шартнома чунин мӯҳлат муқаррар нагардида бошад, дар мӯҳлатҳои тибқи моддаи 335 ҳамин Кодекс муайянгардида, пардозад.
  2. Дар сурати ӯҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи хариду фурӯшро дар хусуси пешпардохти арзиши мол иҷро накардани харидор қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 353 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.
  3. Дар ҳолатҳое ки агар фурӯшанда маблағи пешпардохтро гирифта, ӯҳдадории худро вобаста ба додани мол (моддаи 492) анҷом надиҳад, харидор ҳуқуқ дорад додани молҳои арзишашон пардохташуда ё баргардонидани пешпардохти барои молҳои аз ҷониби фурӯшанда доданашударо бо ҳисоб кардани фоиз аз рӯзе, ки мебоист додани мол сурат гирад, то рӯзи додани мол ба харидор ё ба ӯ баргардонидани пешпардохт, талаб кунад.
  4. Дар шартнома ӯҳдадории фурӯшанда оид ба пардохти фоиз ба маблағи пешпардохт аз лаҳзаи аз харидор гирифтани ин маблағ пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 524. Пардохти молҳое, ки ба кредит  фурӯхта шудааст

  1. Дар ҳолате ки тибқи шартномаи хариду фурӯш пардохти мол пас аз муддати муайяни баъди додани он ба харидор (фурӯши мол ба кредит) пешбинӣ шудааст, харидор бояд пардохтро дар мӯҳлати дар шартнома пешбинигардида ва агар чунин мӯҳлат дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, дар мӯҳлатҳои мутобиқи моддаи 335 ҳамин Кодекс муайяншуда пардозад.
  2. Дар ҳолати аз ҷониби фурӯшанда иҷро нагардидани ӯҳдадории додани мол қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 353 ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд.
  3. Дар сурате ки агар харидори молро гирифта ӯҳдадориашро вобаста ба пардохти арзиши мол иҷро нанамояд, фурӯшанда ҳуқуқ дорад пардохти мол ё баргардонидани молҳои пардохташударо талаб намояд.

Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар ҳолатҳои дар мӯҳлати муайянгардида аз ҷониби харидор иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба пардохти моли додашуда, аз рӯзе ки мол мебоист пардохта шавад то рӯзи пардохти он аз ҷониби харидор, ба маблағи мӯҳлаташ гузаронидашуда мутобиқи моддаи 426 ҳамин Кодекс бояд фоиз супурда шавад.

  1. Дар шартнома ӯҳдадории харидор дар мавриди аз рӯзи гирифтани мол супурдани фоизе, ки ба нархи мол мутаносиб мебошад, пешбинӣ карда шуданаш мумкин аст.
  2. Фурӯши мол ба кредит тибқи нархҳои дар рӯзи фурӯш амалкунанда анҷом дода мешавад. Тағйирёбии минбаъдаи нарх ба молҳои ба кредит фурӯхташуда, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, боиси ҳисобу китоби нав намегардад.

 

Моддаи 525. Бастани шартномаи хариду фурӯш бо кредит

Шартномаи бо кредит фурӯхтани мол бо шарти пардохти давра ба давра, агар дар он ҳамзамон бо дигар шартҳои муҳими шартномаи хариду фурӯш нархи мол, тартиб, мӯҳлат ва андозаи пардохт зикр гардида бошад, басташуда эътироф мегардад.

 

Моддаи 526. Суғуртаи мол

  1. Агар дар шартномаи хариду фурӯш ӯҳдадории фурӯшанда ё харидор дар мавриди суғуртаи мол пешбинӣ гардида, вале дар айни замон шартҳои суғурта ва маблағи ҳадди ақале, ки ба он мол суғурта карда мешавад, зикр нагардида бошад, маблағи ҷуброни суғурта, ки шартномаи суғурта пешбинӣ намудааст, наметавонад аз арзиши мол камтар бошад.
  2. Ҳангоми аз ҷониби тарафи анҷомдиҳандаи суғурта тибқи шартҳои шартнома анҷом надодани суғурта тарафи дигар ҳуқуқ дорад молро суғурта намуда, аз тарафи масъул ҷуброни хароҷоти вобаста ба суғуртаро талаб намояд ё аз иҷрои ӯҳдадорӣ даст кашад.

 

Моддаи 527. Нигоҳ доштани ҳуқуқи  моликии фурӯшанда

  1. Ҳангоми дар шартномаи хариду фурӯш пешбинӣ гардидани он, ки ҳуқуқи моликӣ ба моли ба харидор додашуда то пардохти он ё фаро расидани дигар ҳолатҳо ба фурӯшанда нигоҳ дошта мешавад, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ё аз таъинот ва хосияти мол барнаояд, харидор ҳуқуқ надорад то лаҳзаи ба ӯ гузаштани ҳуқуқи моликӣ молро бегона намояд ё ба таври дигар онро ихтиёрдорӣ кунад.
  2. Дар ҳолатҳои дар мӯҳлати пешбининамудаи шартнома пардохта нашудани моли додашуда ё ҳолатҳои дигаре, ки вобаста ба он ҳуқуқи моликӣ ба харидор мегузарад фаро намерасанд, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фурӯшанда ҳуқуқ дорад аз харидор баргардонидани молро талаб намояд.

 

2. Хариду фурӯши чакана

 

Моддаи 528. Шартномаи хариду фурӯши чакана

  1. Тибқи шартномаи хариду фурӯши чакана фурӯшандае, ки фаъолияти соҳибкориро оид ба фурӯши чаканаи мол анҷом медиҳад, ӯҳдадор мешавад ба харидор молҳоеро диҳад, ки одатан барои истифодаи шахсӣ, манзилӣ ё дигар навъи истифода таъин гардидааст.
  2. Шартномаи хариду фурӯши чакана оммавӣ (моддаи 458) мебошад.

 

Моддаи 529. Офертаи оммавии мол

  1. Пешниҳоди мол, ки тамоми шартҳои муҳими шартномаи хариду фурӯши чаканаи моли дар рекламаи мол, феҳраст (каталог) зикргардидаро дар бар гирифтааст, инчунин дигар навъи тасвири мол, ки ба доираи номуайяни ашхос нигаронида шудааст, офертаи оммавӣ эътироф карда мешавад (банди 2 моддаи 469).
  2. Ба тамошо гузоштан, намоиши намунаҳои мол ё додани маълумот оид ба молҳои фурӯшӣ (тасвир, феҳрастҳо, аксҳо ва ғайра) дар маҳалли фурӯши мол, сарфи назар аз он, ки оё нарх ва дигар шартҳои муҳими шартномаи хариду фурӯш зикр гардидааст ё на, ба истиснои ҳолатҳое ки фурӯшанда барои фурӯш таъин нагардидани молҳои дахлдорро дақиқ муайян кардааст, офертаи оммавӣ эътироф карда мешавад.

 

Моддаи 530. Ба харидор пешниҳод намудани  маълумот оид ба мол

  1. Фурӯшанда вазифадор аст ба ихтиёри харидор оид ба моли барои фурӯш пешниҳодгардида маълумоти зарурӣ ва саҳеҳро гузорад, ки ба талаботи дахлдори муқаррарнамудаи қонун, дигар санадҳои ҳуқуқӣ ё одатан дар савдои чакана пешниҳодшавандаи вобаста ба мӯҳтаво ва усули пешниҳоди он мувофиқ мебошад.
  2. Харидор ҳуқуқ дорад то бастани шартнома молро аз назар гузаронад ва агар ин вобаста ба хосияти мол истисно нагардида бошад ва хилофи қоидаҳои дар савдои чакана қабулгардида набошад, дар ҳозирии ӯ анҷом додани санҷиши хосияти мол ё намоиши истифодаи молро талаб кунад.
  3. Агар ба харидор имконияти бетаъхир, дар маҳалли фурӯш ба даст овардани маълумот оид ба мол, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикр гардидааст, фароҳам оварда нашуда бошад, ӯ ҳуқуқ дорад аз фурӯшанда ҷуброни зарари вобаста ба саркашии беасос аз бастани шартномаи хариду фурӯши чакана (қисми 4 моддаи 477) ба ӯ расонидашударо талаб намояд ва агар шартнома баста шуда бошад, дар мӯҳлати мувофиқ аз иҷрои шартнома даст кашад, баргардонидани маблағи барои мол пардохташуда ва ҷуброни дигар зарарро талаб намояд.

 

Моддаи 531. Фурӯши мол бо истифодаи автоматҳо

  1. Дар ҳолатҳое ки фурӯши мол бо истифодаи автоматҳо сурат мегирад, соҳиби автомат ӯҳдадор аст ба харидорон бо усули дар автомат ҷойгир намудани иттилоот оид ба фурӯшандаи мол ё бо усули дигар номи фурӯшанда (номи фирмавӣ), маҳалли ҷойгиршавии он, низоми кор, инчунин оид ба амале, ки харидорон барои гирифтани мол ҳатман анҷом диҳанд, маълумот пешкаш намояд.
  2. Шартномаи хариду фурӯши чакана бо истифодаи автоматҳо аз лаҳзаи аз ҷониби харидор анҷом додани амале, ки барои харидани мол зарур мебошад, басташуда ҳисобида мешавад.
  3. Агар ба харидор моли арзишаш пардохташуда дода нашавад, фурӯшанда вазифадор аст фавран ба харидор дастрас шудани молро таъмин намояд ё маблағи пардохтаи ӯро баргардонад. Дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ харидор ҳуқуқ дорад аз фурӯшанда ҷуброни зарари расонидашударо талаб намояд.

 

Моддаи 532. Шартномаи бо шарти ба харидор  расонидани мол

  1. Дар ҳолатҳое ки шартномаи хариду фурӯши чакана бо шарти ба харидор расонидани мол баста шудааст, фурӯшанда вазифадор аст, ки дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи шартнома молро ба маҳалли зикрнамудаи харидор ва агар маҳалли супурдани молро харидор зикр накарда бошад, ба маҳалли истиқомати шаҳрванд ё маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, ки харидор мебошад, расонад.
  2. Шартномаи хариду фурӯши чакана, агар қонунҳо ё шартнома тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд ё аз моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд, аз лаҳзаи ба харидор ва дар сурати набудани ӯ ба ҳар шахси пешниҳодкардаи квитансия ё дигар санади тасдиқкунандаи бастани шартнома ё ба расмият даровардани супурдани мол аз ҷониби фурӯшанда иҷрогардида ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 533. Шартнома бо шарти аз ҷониби харидор барои мӯҳлати муайян гирифтани мол

  1. Тарафҳо метавонанд бо шарти аз ҷониби харидор барои мӯҳлати муайян гирифтани мол, ки дар ҷараёни он ин мол ба дигар харидор фурӯхта намешавад, шартномаи хариду фурӯши чакана банданд.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳозир нашудани харидор ё дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома барои гирифтани мол анҷом надодани дигар амали заруриро фурӯшанда метавонад ҳамчун аз ҷониби харидор рад намудани иҷрои шартнома арзёбӣ намояд.
  3. Хароҷоти иловагии фурӯшанда вобаста ба таъмини додани мол ба харидор дар мӯҳлати муайяннамудаи шартнома, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба арзиши мол зам карда мешавад.

Моддаи 534. Фурӯши мол тибқи намунаҳо

  1. Тарафҳо метавонанд оид ба фурӯши мол тибқи намуна (тасвир, феҳраст ва ғайра) шартномаи хариду фурӯши чаканаро ба имзо расонанд.
  2. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, чунин шартнома аз лаҳзаи расидани бор ба маҳалли дар шартнома зикргардида ва агар маҳалли додани мол дар шартнома зикр нагардида бошад, аз лаҳзаи расонидани бор ба ҷои истиқомати шаҳрванд ё маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ иҷрогардида ҳисобида мешавад.
  3. Харидор, бо шарти ба фурӯшанда ҷуброн намудани хароҷоти мувофиқе, ки бо анҷом додани амали дахлдор оид ба иҷрои шартнома сарф намудааст, метавонад то додани мол аз иҷрои шартномаи хариду фурӯши чакана даст кашад.

 

Моддаи 535. Арзиш ва пардохти мол

  1. Харидор, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд, ӯҳдадор аст пардохти молро мувофиқи нархе, ки фурӯшанда ҳангоми бастани шартномаи хариду фурӯши чакана эълон намудааст, пардозад.
  2. Дар ҳолате ки шартномаи хариду фурӯши чакана пешпардохти молро (моддаи 523) пешбинӣ намудааст, агар дар шартномаи байни тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҷониби харидор дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома напардохтани арзиши мол ҳамчун аз ҷониби харидор рад намудани шартнома эътироф карда мешавад.
  3. Нисбат ба шартномаҳои хариду фурӯши чакана бо кредит, аз ҷумла бо шарти аз ҷониби харидор давра ба давра пардохтани арзиши мол, қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 525 ҳамин Кодекс бояд татбиқ карда нашаванд.

 

Моддаи 536. Иваз кардани моли дорои сифатан  матлуб

  1. Харидор ҳуқуқ дорад дар ҷараёни чордаҳ рӯз аз лаҳзаи ба ӯ додани моли ғайриозуқаворӣ, агар фурӯшанда мӯҳлати бештареро эълон накарда бошад, моли харидаашро дар маҳалли харид ё ҷойҳои дигаре, ки фурӯшанда эълон кардааст, ба моли якхелаи дорои андозаи дигар, навъ, ҳаҷм, тарз, ранг, такмил (комплектатсия)-и дигар ва ғайра иваз кунад ва дар сурати фарқияти нарх бо фурӯшанда ҳисоббаробаркунии заруриро анҷом диҳад.

Агар фурӯшанда барои иваз моли заруриро надошта бошад, харидор ҳуқуқ дорад моли харидаашро баргардонад ва маблағи пардохтаашро пас гирад.

Талаби харидор дар мавриди иваз ё баргардонидани маблағ, агар мол истифода нашуда бошад, хосияти истеъмоли худро гум накарда бошад, дорои далелҳое бошад, ки аз ҳамин фурӯшанда харида шудааст, бояд аз ҷониби фурӯшанда қонеъ гардонида шавад.

  1. Номгӯи молҳое, ки тибқи асосҳои дар ҳамин модда зикргардида иваз ё баргардонида намешаванд, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунҳо муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 537. Ҳуқуқи харидор дар ҳолатҳои ба ӯ фурӯхтани моли сифатан номатлуб

  1. Харидоре, ки ба ӯ моли сифатан номатлуб фурӯхта шудааст ва агар норасоиҳои он бо фурӯшанда қайду шарт нагардида бошанд, ҳуқуқ дорад бо интихоби худ талаб кунад:

– моли сифатан номатлубро бо моли хушсифат иваз намояд;

– бидуни таъхир, ройгон норасоиҳоро бартараф созад;

– ҷуброни хароҷоти вобаста ба бартараф намудани норасоиҳоро пардозад;

– мутаносибан нархи харидро паст кунад.

Харидор ҳуқуқ дорад дар сурати моҳиятан вайрон кардани талаботи сифат нисбат ба моли аз нигоҳи техникӣ мураккаб ва гаронарзиш (қисми 2 моддаи 511) иваз кардани онро талаб намояд.

  1. Дар сурати ошкор намудани норасоиҳои моле, ки хосияти он имконият намедиҳад ин норасоиҳо рафъ карда шаванд (молҳои озуқаворӣ, маҳсулоти химиявии маишӣ ва ғайра) харидор ҳуқуқ дорад бо интихоби худ бо моли хушсифат иваз намудани чунин мол ё мутаносибан паст кардани нархи фурӯшро талаб намояд.
  2. Бар замми арзу талаботи дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида харидор ҳуқуқ дорад моли сифатан номатлубро ба фурӯшанда баргардонда, инчунин додани маблағи пардохташуда ва ҷуброни дигар зарарро талаб кунад.

Ҳангоми баргардонидани маблағи харидор, ки барои мол пардохта шуда буд, фурӯшанда ҳуқуқ надорад аз он маблағеро, ки дар натиҷаи пурра ё қисман истифода шудани мол, аз даст додани сифати молӣ ва ғайра боиси паст гардидани нархи он гаштааст, нигоҳ дорад.

 

Моддаи 538. Ҷуброни фарқи нарх ҳангоми ивази мол, паст кардани нархи харид ва баргардонидани моли сифатан номатлуб

  1. Ҳангоми ивази моли бесифат ба моли мувофиқи шартномаи хариду фурӯши чакана сифатан матлуб фурӯшанда ҳуқуқ надорад ҷуброни фарқияти нархи моли дар шартнома муқарраршуда ва нархи моли ҳангоми ивази мол ё ҳангоми баровардани қарори суд дар хусуси иваз намудани мол мавҷудбударо талаб кунад.
  2. Ҳангоми ивази моли бесифат ба моли шабеҳ, вале моли аз ҷиҳати андоза, шакл ва навъ ва ғайра фарқкунанда фарқи байни арзиши моли ивазшаванда дар лаҳзаи ивази мол ва нархи моли бар ивази моли бесифат додашаванда бояд пардохта шавад.

Агар талаби харидор аз ҷониби фурӯшанда қонеъ нагардида бошад, ин нархҳо  вобаста ба нархҳои аз лаҳзаи қабул намудани қарори суд оид ба ивази мол муайян карда мешаванд.

  1. Ҳангоми пешниҳоди талабот оид ба мутаносибан паст кардани нархи хариди мол нархи мол дар лаҳзаи пешниҳоди талаб оид ба паст кардани арзиш ва агар талаби харидор ихтиёран қонеъ нашуда бошад, аз лаҳзаи аз ҷониби суд баровардани қарор оид ба мутаносибан кам кардани нархи мол ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Ҳангоми ба фурӯшанда баргардонидани моли бесифат харидор ҳуқуқ дорад пардохтани фарқияти байни нархи моли дар шартномаи хариду фурӯши чакана пешбинигардида ва нархи моли дахлдор дар лаҳзаи ихтиёран қонеъ кардани талаботи ӯ мавҷудбударо ва агар талабот қонеъ гардонида нашуда бошад, дар лаҳзаи баровардани қарори суд мавҷудбударо талаб намояд.

 

Моддаи 539. Масъулияти фурӯшанда ва дар шакли асл (натура) иҷро намудани ӯҳдадорӣ

Дар сурати аз ҷониби фурӯшанда иҷро накардани ӯҳдадории шартномаи хариду фурӯши чакана ҷуброни зарар ва пардохти ноустуворона фурӯшандаро аз ӯҳдадории дар шакли асл (натура) иҷро намудани он озод намекунад.

 

Моддаи 540. Ҷуброни зарари маънавӣ

Зарари маънавие, ки ба истеъмолкунанда дар натиҷаи аз ҷониби фурӯшанда вайрон кардани ҳуқуқҳои ӯ расонида шудааст, ҳангоми мавҷуд будани гуноҳ аз ҷониби шахсе, ки зарар расондааст, ҷуброн карда мешавад. Андозаи ҷуброни зарари расонидашуда, агар дар санадҳои қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҷониби суд муқаррар карда мешавад.

 

3. Шартномаи маҳсулотсупорӣ

 

Моддаи 541. Шартномаи маҳсулотсупорӣ

Мутобиқи шартномаи маҳсулотсупорӣ фурӯшанда (маҳсулотсупор) ӯҳдадор мешавад, ки дар мӯҳлати қайду шартшуда ё мӯҳлатҳои истеҳсол ё мӯҳлатҳои аз ҷониби ӯ харидани мол барои харидор ҷиҳати истифода дар фаъолияти соҳибкорӣ ё мақсадҳои дигар, молро ба харидор расонад.

 

Моддаи 542. Мӯҳлати амали шартномаи маҳсулотсупорӣ

  1. Шартномаи маҳсулотсупорӣ ба мӯҳлати як сол, ба мӯҳлати бештар аз як сол (шартномаи дарозмуддат) ё ба мӯҳлати дигари дар созишномаи тарафҳо пешбинигардида баста шуданаш мумкин аст.

Агар дар шартнома мӯҳлати он муайян нагардида бошад, шартнома ба мӯҳлати як сол басташуда эътироф карда мешавад.

  1. Агар дар шартномаи дарозмуддат теъдоди моли супоридашаванда ё дигар шартҳои шартнома барои як сол ё ба мӯҳлати камтар аз он муайян гардида бошад, дар шартнома бояд тартиби аз ҷониби тарафҳо ба мувофиқа расонидани ин шартҳо барои мӯҳлатҳои минбаъда то қатъ гардидани мӯҳлати амали шартнома муайян карда шаванд. Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани чунин тартиб шартнома ба мӯҳлати як сол ё ба мӯҳлате, ки шартҳои шартнома ба мувофиқа расонида шудаанд, басташуда эътироф карда мешавад.
  2. Ҳангоми аз ҷониби яке аз тарафҳои шартномаи дарозмуддат рад кардан ё саркашӣ аз мувофиқаи теъдоди маҳсулоти супурдашаванда ё шартҳои дигари шартнома барои давраи минбаъда, ки тибқи тартиби муайяннамудаи шартнома муқаррар гардидааст, тарафи дигар ҳуқуқ дорад бо талаботи муайян намудани шартҳои маҳсулотсупорӣ барои давраҳои дахлдор ё бекор кардани шартнома ба суд муроҷиат намояд.

 

Моддаи 543. Бастани шартномаи  маҳсулотсупорӣ

  1. Ҳангоми пешниҳоди як тараф дар хусуси бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ, ки дар шакли лоиҳаи шартнома ба тарафи дигар фиристода шудааст ва тарафи дигар минбаъд розӣ аст тибқи шартҳои дигар шартномаро имзо кунад, дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди гирифтани лоиҳа протоколи ихтилофи назар таҳия намуда, онро бо шартномаи ба имзо расонидашуда бармегардонад. Тарафе, ки протоколи ихтилофи назарро гирифтааст, вазифадор аст дар мӯҳлати 30 рӯз ҷиҳати ба мувофиқа расонидани он (дар сурати имконпазир якҷоя бо тарафи дигар) тадбирҳо андешад.
  2. Агар дар мӯҳлати муайянкарда тарафи лоиҳаи шартномаро гирифта чораҳои оиди бастани шартнома наандешида бошад, шартнома баста нашуда ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 544. Давраҳои маҳсулотсупорӣ

  1. Агар тарафҳо дар давоми мӯҳлати ҷараёни амали шартномаи молсупорӣ бо қисматҳои алоҳида супоридани маҳсулотро пешбинӣ карда бошанд, мӯҳлати расонидани қисматҳои алоҳида (давраи маҳсулотсупорӣ) дар он муайян нашуда бошад, дар он сурат мол бояд ҳар моҳ бо қисматҳои баробар расонида шаванд, зеро аз қонунҳо ё анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти ӯҳдадорӣ тартиби дигаре барнамеояд.
  2. Ҳамзамон бо муайян кардани давраи маҳсулотсупорӣ дар шартнома инчунин ҷадвали маҳсулотсупорӣ (ҳар даҳрӯза, шабонарӯзӣ, соат ба соат ва ғайра) муқаррар карда шуданаш мумкин аст.
  3. Маҳсулотсупории пеш аз мӯҳлат танҳо бо розигии харидор анҷом дода шуданаш мумкин аст.

Моли пеш аз мӯҳлат супоридашуда ва аз ҷониби харидор қабулгардида ба ҳисоби теъдоди моле, ки бояд дар давраи минбаъда расонида шавад, ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 545. Ҳалли ихтилофи назар ҳангоми бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ

  1. Дар сурати ҳангоми бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ оид ба шартҳои алоҳида байни тарафҳо ба миён омадани ихтилофи назар тарафе, ки бастани шартномаро пешниҳод намуда, оид ба мувофиқаи шартҳо пешниҳоди тарафи дигарро гирифтааст, бояд дар мӯҳлати сӣ рӯз аз рӯзи гирифтани ин пешниҳод, агар дар қонун мӯҳлати дигаре муқаррар нагардида бошад ё бо тарафҳо мувофиқа нагардида бошад, дар хусуси ба мувофиқа расонидани шартҳои дахлдори шартнома тадбирҳо андешад ё ба таври хаттӣ тарафи дигарро оид ба радди бастани шартнома огоҳ созад.
  2. Тарафе, ки оид ба шартҳои дахлдори шартнома пешниҳодот гирифта, вале барои мувофиқаи шартҳои шартномаи маҳсулотсупорӣ тадбирҳо наандешидааст ва тарафи дигарро дар мавриди радди бастани шартнома дар мӯҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда огоҳ накардааст, бояд зарари вобаста ба радди ин шартҳои шартнома расонидашударо ҷуброн намояд.

 

Моддаи 546. Тартиби маҳсулотсупорӣ

  1. Маҳсулотсупорӣ аз ҷониби маҳсулотсупор тибқи шартнома ба харидор ё шахси дар шартнома ба сифати харидор зикргардида бо усули бор карда фиристодан (додан)-и мол анҷом дода мешавад.
  2. Дар ҳолатҳое ки агар дар шартнома ҳуқуқи харидор дар бобати ба маҳсулотсупор додани супориш оид ба фиристодани бор ба молгиранда (таъиноти борфиристӣ)-гон пешбинӣ гардида бошад, фиристодан (додан)-и мол аз ҷониби маҳсулотсупор ба молгирандагони дар таъиноти борфиристӣ зикргардида анҷом дода мешавад.

Мӯҳтавои таъиноти борфиристӣ ва мӯҳлатҳои аз ҷониби харидор ба маҳсулотсупор фиристодани он тибқи шартнома муайян карда мешавад. Агар мӯҳлати фиристодани таъиноти борфиристӣ дар шартнома муайян нагардида бошад, он бояд ба маҳсулотсупор дар мӯҳлати на камтар аз сӣ рӯзи то фаро расидани давраи маҳсулотсупорӣ ирсол гардад.

  1. Аз ҷониби харидор дар мӯҳлати муайяншуда пешниҳод накардани таъиноти борфиристӣ, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба маҳсулотсупор ҳуқуқ медиҳад, ки аз иҷрои шартнома даст кашад.

 

Моддаи 547. Молрасонӣ

  1. Маҳсулотсупорӣ аз ҷониби маҳсулотсупор бо усули борфиристӣ (ҳамлу нақл) тавассути нақлиёте, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст ва тибқи шартҳои муайяннамудаи он анҷом дода мешавад.

Агар дар шартнома тавассути кадом навъи нақлиёт ва тибқи кадом шарт интиқол додани мол муайян нагардида бошад, ҳуқуқи интихоби навъи нақлиёт ё муайян кардани шарти ҳамлу нақл ба маҳсулотсупор мегузарад, зеро аз қонунҳо, анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти ӯҳдадорӣ тартиби дигаре барнамеояд.

  1. Тибқи шартномаи маҳсулотсупорӣ аз ҷониби харидор (боргиранда) дар маҳалли ҷойгиршавии маҳсулотсупор гирифтани мол (интихоби мол) пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

Агар мӯҳлати интихоби мол дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, интихоби мол аз ҷониби харидор (молгиранда) бояд дар мӯҳлатҳои мувофиқ, пас аз гирифтани огоҳиномаи маҳсулотсупор дар мавриди таҳияи мол анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 548. Пурра намудани камбудии  маҳсулотсупорӣ

  1. Молрасоне, ки дар давраи муайяни маҳсулотсупорӣ ба пурра нарасонидани мол роҳ додааст, ӯҳдадор аст ки теъдоди камбудии молро барои давра  (давраҳо)-и минбаъда, дар доираи мӯҳлати  амали шартнома, нисбати шартномаҳои дарозмуддат бошад дар доираи ҳамон соле ба пурра нарасонидани мол роҳ додасст, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пурра намояд.
  2. Дар ҳолатҳое ки маҳсулотсупор ҳамзамон ба якчанд молгирандагони дар шартнома ё дар таъиноти борфиристии харидор зикргардида мол мефиристад, моле, ки ба як молгиранда зиёда аз теъдоди дар шартнома ё таъиноти борфиристӣ пешбинигардида фиристода шудааст, барои пӯшонидани камбудии маҳсулотсупорӣ ба дигар молгиранда ба ҳисоб гирифта намешавад ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бояд аз ҷониби маҳсулотсупор пурра карда шавад.
  3. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, харидор ҳуқуқ дорад, ки молрасонро огоҳ намуда, аз қабули моле, ки мӯҳлати расонидани он гузаштааст, даст кашад. Харидор вазифадор аст молеро, ки то аз ҷониби маҳсулотсупор гирифтани огоҳинома расидааст, қабул намояд ва арзиши онҳоро пардозад.

 

Моддаи 549. Навъ (ассортимент)-и мол ҳангоми пурра намудани камбудии маҳсулотсупорӣ

  1. Навъ (ассортимент)-и моле, ки камбудии молрасонии онҳо бояд барқарор гардад, тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин созишнома маҳсулотсупор вазифадор аст камбудии теъдоди молро тибқи навъ (ассортимент)-и барои ҳамон давра муайяншуда, ки дар он давра ба камбуди маҳсулотсупорӣ роҳ дода шуда буд, пурра намояд.
  2. Нисбат ба теъдоди пешбининамудаи шартнома расонидани теъдоди зиёди як номгӯи мол барои пӯшонидани камбуди дигар номгӯи мол, ки ба ҳамон як навъ (ассортимент) дохил мешаванд, ба ҳисоб гирифта намешавад ва ба истиснои ҳолатҳое ки чунин маҳсулотсупорӣ бо розигии хаттии пешакии харидор анҷом дода шудааст, бояд пурра карда шавад.

 

Моддаи 550. Қабули мол аз ҷониби харидор

  1. Харидор (молгиранда) бояд барои таъмини қабули моли тибқи шартнома расида тамоми амалиётҳои заруриро анҷом диҳад.
  2. Моле, ки харидор (молгиранда) гирифтааст, бояд аз ҷониби ӯ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунҳо, шартнома ё анъанаҳои муомилоти корӣ аз назар гузаронида шавад.

Харидор (молгиранда) вазифадор аст дар ҳамин мӯҳлат теъдод ва сифати молҳои қабулшударо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, шартнома ё анъанаҳои муомилоти корӣ санҷида, дар мавриди номутобиқатиҳои ошкоргардида ва норасоиҳои мол бетаъхир дар шакли хаттӣ молрасонро огоҳ намояд.

  1. Дар сурати аз ташкилоти нақлиётӣ гирифтани молҳои расонидашуда харидор (молгиранда) вазифадор аст мутобиқати молро бо маълумоти дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва ҳамроҳикунанда зикргардида тафтиш намуда, инчунин бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи қонунҳое, ки фаъолияти нақлиётро танзим менамоянд , ин молҳоро аз ташкилоти нақлиётӣ қабул кунад.

 

Моддаи 551. Нигаҳдошти масъулиятноки моле, ки  харидор қабул накардааст

  1. Ҳангоме ки харидор (молгиранда) мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрӣ ё шартномаи маҳсулотсупорӣ аз моли фиристодаи маҳсулотсупор даст мекашад, ӯ вазифадор аст ҳифзи ин мол (нигаҳдошти масъулиятнок)-ро таъмин намуда, фавран молрасонро огоҳ созад.
  2. Маҳсулотсупор вазифадор аст моли таҳти нигаҳдошти масъулиятнок гирифтаи харидор (молгиранда)-ро интиқол диҳад ё онро дар мӯҳлати мувофиқ ихтиёрдорӣ намояд.

Агар маҳсулотсупор дар ҳамин мӯҳлат молро ихтиёрдорӣ накунад, харидор ҳуқуқ дорад онро фурӯшад ё ба маҳсулотсупор баргардонад.

  1. Хароҷоти зарурии харидор вобаста ба қабули моли таҳти нигаҳдошти масъулиятнок, фурӯш ё баргардонидани он ба маҳсулотсупор бояд аз ҷониби маҳсулотсупор ҷуброн карда шавад.

Дар айни замон маблағи аз фурӯши мол гирифташуда, бо нигаҳ доштани маблағи  ба харидор  тааллуқдошта, ба маҳсулотсупор гузаронида мешавад.

 

Моддаи 552. Интихоби мол

  1. Агар дар шартнома дар маҳалли ҷойгиршавии маҳсулотсупор ба харидор (молгиранда) додани мол (интихоби мол) пешбинӣ гардида бошад, харидор (молгиранда) бояд моли ба ӯ додашавандаро аз назар гузаронад. Ҳангоми ошкор намудани номутобиқатии мол ба шартнома ӯ ҳуқуқ дорад аз қабули он даст кашад.
  2. Интихоб карда нагирифтани мол аз ҷониби харидор (молгиранда) дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома ва агар мӯҳлат муайян нагардида бошад, дар мӯҳлатҳои мувофиқи баъди гирифтани огоҳиномаи маҳсулотсупор дар хусуси тайёр будани мол ба маҳсулотсупор ҳуқуқ медиҳад, ки аз иҷрои шартнома даст кашад ё аз харидор пардохти арзиши молро талаб кунад.

 

Моддаи 553. Ҳисобу китоб барои моли расонидашаванда

  1. Харидор пардохти моли расонидашавандаро бо риояи тартиб ва шакли ҳисобу китобе, ки дар шартнома пешбинӣ гардидааст, анҷом медиҳад.
  2. Агар дар шартнома қисм ба қисм расонидани бор пешбинӣ гардида бошад, ки ба маҷмӯъ (комплект) дохил мешавад, аз ҷониби харидор пардохтани он баъди гирифтани охирин қисмати он мол (интихоби мол)-е, ки ба маҷмӯъ (комплект) дохил мегардад, анҷом дода мешавад, зеро дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст.
  3. Агар дар шартнома пешбинӣ гардида бошад, ки пардохт аз ҷониби молгиранда (пардозанда) анҷом дода мешавад ва охирин бидуни асос аз пардохт даст кашад ё дар мӯҳлати муқарраршуда пардохтро анҷом надиҳад, маҳсулотсупор ҳуқуқ дорад аз харидор пардохти моли расонидашударо талаб кунад.

 

Моддаи 554. Зарф ва борпеч

Зарф ва борпеч, тибқи тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунҳо ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ ё шартнома ба маҳсулотсупоранда баргардонда мешавад.

 

Моддаи 555. Оқибатҳои расонидани молҳои  сифатан номатлуб

  1. Харидор (молгиранда)-е, ки барояш моли сифатан номатлуб фиристода шудааст, ҳуқуқ дорад ба молсупор талаботи пешбининамудаи моддаи 511 ҳамин Кодексро, ба истиснои ҳолатҳое ки агар молсупор огоҳиномаи харидорро оид ба норасоиҳои молҳои расонидашуда гирифта, бидуни таъхир молҳои сифатан номатлубро ба молҳои хушсифат иваз карда бошад пешниҳод намояд.
  2. Харидор (молгиранда)-е, ки молҳои ба ӯ расонидашударо чакана ба фурӯш мерасонад, агар дар шартномаи маҳсулотсупорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқ дорад дар мӯҳлатҳои мувофиқ иваз кардани моли сифатан номатлуберо, ки истеъмолкунанда баргардонидааст, талаб намояд.

 

Моддаи 556. Оқибатҳои фиристодани молҳои  номукаммал

  1. Харидор (молгиранда)-е, ки ба ӯ хилофи шартҳои шартномаи маҳсулотсупорӣ, талаботи қонунҳо, санадҳои дигари меъёрӣ, талаботи маъмулии барои мукаммалии мол пешниҳодшаванда мол расонида шудааст, ҳуқуқ дорад ба маҳсулотсупор ба истиснои ҳолатҳое, ки агар маҳсулотсупор огоҳиномаи харидорро оид ба номукаммалии мол гирифта, фавран онро мукаммал месозад ё онро ба моли мукаммал иваз намуда, талаботи пешбининамудаи моддаи 516 ҳамин Кодексро пешниҳод кунад.
  2. Харидор (молгиранда)-е, ки молҳои ба ӯ расонидашударо чакана ба фурӯш мерасонад, агар дар шартномаи маҳсулотсупорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқ дорад дар мӯҳлатҳои мувофиқ иваз кардани моли номукаммалро, ки истеъмолкунанда баргардонидааст, талаб намояд.

 

Моддаи 557. Ҳуқуқи харидор дар ҳолати камбудии маҳсулотсупорӣ, иҷро накардани талабот дар бораи  рафъи  норасоии мол ё дар хусуси мукаммал сохтани мол

Агар маҳсулотсупор теъдоди дар шартнома пешбинишудаи молро нарасонида бошад ё талаби харидорро дар мавриди иваз кардани моли бесифат ё дар мавриди мукаммал сохтани мол дар мӯҳлатҳои муайян иҷро накунад, харидор  (молгиранда) ҳуқуқ дорад аз пардохти арзиши моли сифатан номатлуб ва номукаммал даст кашад ва агар арзиши онҳо пардохта шуда бошад, то замони рафъи норасоӣ ва ё такмил ё иваз кардани он баргардонидани маблағи пардохтшударо талаб кунад.

 

Моддаи  558. Ноустуворона барои кам  супоридани  маҳсулот

Ноустуворонае, ки қонун ё шартнома барои кам супурдани мол ё гузаронидани мӯҳлати маҳсулотсупорӣ муқаррар намудааст, агар тартиби дигари ситонидани ноустуворона тибқи қонун ё шартнома муқаррар нагардида бошад, аз маҳсулотсупор то иҷрои воқеии ӯҳдадорӣ, дар доираи мӯҳлати амали шартнома (моддаи 548) ситонида мешавад.

 

Моддаи 559. Адо кардани ӯҳдадориҳои шабеҳ (якхела) оид ба якчанд шартномаҳои маҳсулотсупорӣ

  1. Дар ҳолатҳое ки ба харидор расонидани борҳои якхела аз ҷониби маҳсулотсупор ҳамзамон вобаста ба якчанд шартномаи маҳсулотсупорӣ анҷом дода мешавад ва теъдоди моли расонидашаванда барои адои ӯҳдадории маҳсулотсупор оид ба ҳамаи шартномаҳо нокифоя мебошад, молҳои расонидашуда бояд ба ҳисоби иҷрои шартномае, ки маҳсулотсупор ҳангоми маҳсулотсупорӣ зикр намудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Агар харидор ба маҳсулотсупор маблағи молҳои якхелаи оид ба якчанд шартномаи маҳсулотсупорӣ гирифтаашро пардохта бошад ва маблағи супурдашуда барои адоиӯҳдадории харидор вобаста ба ҳама шартномаҳо нокифоя бошад, маблағи пардохташуда бояд ба ҳисоби иҷрои шартномае, ки харидор ҳангоми пардохти мол ё бидуни таъхир пас аз пардохти мол зикр намудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.
  3. Агар маҳсулотсупор ё харидор аз ҳуқуқҳои ба онҳо мутаносибан фароҳамовардаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда истифода набурда бошад, иҷрои ӯҳдадорӣ ба ҳисоби пӯшонидани он ӯҳдадории шартномае ба ҳисоб гирифта мешавад, ки мӯҳлати иҷрои он зудтар фаро расидааст.

Агар мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорӣ оид ба якчанд шартнома ҳамзамон фаро расида бошад, иҷрои пешниҳодгардида мутаносибан барои адои ӯҳдадорӣ вобаста ба ҳамаи шартномаҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 560. Радди якҷонибаи иҷрои  шартномаи маҳсулотсупорӣ

  1. Радди якҷонибаи иҷрои  шартномаи маҳсулотсупорӣ (пурра ё қисман) ё якҷониба тағйир додани он дар сурати аз ҷониби як тараф моҳиятан вайрон кардани шартнома (сарсатри 2 қисми 2 моддаи 482) роҳ дода мешавад.
  2. Вайрон кардани шартнома аз ҷониби маҳсулотсупор дар ҳолатҳои зайл моҳиятан арзёбӣ мегардад:

– расонидани моли сифатан номатлуб бо норасоиҳое, ки наметавонад дар мӯҳлатҳои барои харидор муносиб рафъ гардад;

– якчанд маротиба вайрон кардани мӯҳлати боррасонӣ.

  1. Вайрон кардани шартнома аз ҷониби харидор дар ҳолатҳои зайл моҳиятан арзёбӣ мегардад:

– якчанд маротиба вайрон кардани мӯҳлати пардохт;

– якчанд маротиба  интихоб карда нагирифтани мол.

  1. Дар созишномаи тарафҳо асосҳои дигари якҷониба рад кардани иҷрои шартномаи маҳсулотсупорӣ ё якҷониба тағйир додани он пешбинӣ шуданаш мумкин аст.
  2. Шартномаи маҳсулотсупорӣ аз лаҳзаи аз ҷониби як тараф гирифтани огоҳиномаи тарафи дигар дар хусуси якҷониба рад кардани иҷрои шартнома, агар мӯҳлати дигари бекор кардан ё тағйир додани шартнома дар огоҳинома пешбинӣ нагардида бошад ё дар созишномаи тарафҳо муайян нашуда бошад, мутаносибан тағйирёфта ё бекоркардашуда ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 561. Баҳисобгирии зарар ҳангоми бекор кардани шартнома

  1. Агар дар мӯҳлатҳои мувофиқи баъди бекор кардани шартнома дар натиҷаи аз ҷониби маҳсулотсупоранда вайрон кардани ӯҳдадориҳо харидор аз шахси дигар бо нархи нисбатан баландтар, вале бо нархи муносиб бар ивази моли дар шартнома пешбинишуда мол ба даст оварда бошад, харидор метавонад ба фурӯшанда дар мавриди ҷуброни зарар дар шакли фарқи байни нархи дар шартнома муқарраргардида ва нархе, ки дар аҳди анҷомдодашуда мавҷуд аст, талабот пешниҳод кунад.
  2. Агар дар мӯҳлати муносиби баъди бекор кардани шартнома дар натиҷаи аз ҷониби харидор вайрон кардани ӯҳдадориҳо маҳсулотсупоранда молро ба шахси дигар ба нархи нисбатан арзонтар нисбат ба оне, ки дар шартнома пешниҳод шудааст, вале бо нархи муносиб фурӯхта бошад, фурӯшанда метавонад ба харидор дар мавриди ҷуброни зарар дар шакли фарқи байни нархи дар шартнома муқарраргардида ва нархе, ки дар аҳди анҷомдодашуда мавҷуд аст, талабот пешниҳод кунад.
  3. Қонеъгардонии талаботе, ки қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ намудаанд, тараферо, ки ӯҳдадориро иҷро накардааст ё номатлуб иҷро кардааст аз ҷуброни дигар зараре, ки дар асоси моддаи 15 ҳамин Кодекс ба тарафи дигар расонида шудааст, озод намекунад.

 

4. Маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлат

 

Моддаи 562. Асосҳои маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлат

  1. Маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлат дар асоси фармоиши давлатӣ оид ба маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷи давлат, инчунин шартномаҳои дар асоси он басташудаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ анҷом дода мешавад. Эҳтиёҷоти давлат талаботест, ки бо тартиби муқаррар кардаи қонун муайян гардида, аз ҳисоби маблағи буҷет таъмин карда мешавад.
  2. Нисбат ба маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ, агар дар ҳамин Кодекс қоидаҳои дигаре пешбинӣ нашуда бошанд, қоидаҳо дар мавриди маҳсулотсупорӣ (моддаҳои 541 – 561) татбиқ мегарданд.

Нисбат ба маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар қисмате, ки ҳамин зербоб танзим нанамудааст, қонунҳои маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 563. Эҳтиёҷоти давлатӣ оид ба бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ

  1. Агар дар фармоиши давлатӣ пешбинӣ шуда бошад, ки маҳсулотсупорӣ аз ҷониби маҳсулотсупор (иҷрокунанда) ба харидоре сурат мегирад, ки фармоишгари давлатӣ тибқи шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ муқаррар намудааст, фармоишгари давлатӣ дар мӯҳлати на дертар аз сӣ рӯз аз рӯзи имзои фармоиши давлатӣ ба маҳсулотсупор (иҷрокунанда) ва харидор дар мавриди ба маҳсулотсупор (иҷрокунанда) вобаста кардани харидор огоҳинома ирсол медорад.

Огоҳинома дар мавриди ба маҳсулотсупор (иҷрокунанда) вобаста кардани харидор, ки аз ҷониби фармоишгари давлатӣ тибқи фармоиши давлатӣ дода шудааст, барои бастани шартномаи давлатии маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ асос ҳисоб меёбад.

  1. Маҳсулотсупор (иҷрокунанда) вазифадор аст лоиҳаи шартномаи маҳсулотсупори барои эҳтиёҷоти давлатӣ ба харидоре, ки дар огоҳинома оид ба вобаста кардани ӯ зикр гардидааст, дар мӯҳлати на дертар аз сӣ рӯз аз рӯзи гирифтани огоҳинома аз фармоишгари давлатӣ, агар тартиби дигари таҳияи лоиҳаи шартнома  дар фармоиши давлатӣ пешбинӣ нашуда бошад ё лоиҳаи шартнома аз ҷониби харидор пешниҳод нагардида бошад,  ирсол дорад.
  2. Тарафе, ки лоиҳаи шартномаи маҳсулотсупориро барои эҳтиёҷоти давлатӣ гирифтааст, онро имзо намуда, як нусхаашро дар мӯҳлати на дертар аз сӣ рӯз ба тарафи дигар мефиристад ва дар сурати мавҷуд будани ихтилофоти назар оид ба шартҳои фармоиши давлатӣ дар ҳамин мӯҳлат протоколи ихтилофи назар тартиб дода, онро якҷоя бо шартномаи давлатии имзошуда ба тарафи дигар ирсол медорад.
  3. Тарафе, ки лоиҳаи имзошудаи шартномаи маҳсулотсупориро барои эҳтиёҷоти давлатӣ бо протоколи ихтилофи назар гирифтааст, бояд дар муддати сӣ рӯз онро баррасӣ намуда, ҷиҳати мувофиқа бо тарафи дигар тадбирҳо андешад ва тарафи дигарро дар бораи қабули шартнома дар таҳрири он ё дар мавриди  радди  протоколи ихтилофи назар  огоҳ созад. Ихтилофоти назари ҳаллу фасл нагардида дар муддати сӣ рӯз метавонад аз ҷониби тарафи дигар ба баррасии суд пешниҳод карда шавад.
  4. Агар маҳсулотсупор (иҷрокунанда) аз бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ саркашӣ намояд, харидор ҳуқуқ дорад ба суд бо талаботи доир ба маҷбур кардани маҳсулотсупор (иҷрокунанда) барои бастани шартнома дар асоси шартҳои лоиҳаи шартномаи таҳиянамудаи харидор муроҷиат намояд.

 

Моддаи 564. Радди харидор аз бастани шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ

  1. Харидор ҳуқуқ дорад аз молҳое, ки дар огоҳинома оид ба вобаста шудан зикр гардидаанд ва аз бастани шартнома дар мавриди таҳвили онҳо пурра ё қисман даст кашад.

Дар ин ҳолат маҳсулотсупор (иҷрокунанда) бояд бетаъхир фармоишгари давлатиро огоҳ сохта, ҳуқуқ дорад аз ӯ дар бораи ба дигар харидор вобаста намудан огоҳинома талаб намояд.

  1. Фармоишгари давлатӣ дар мӯҳлати на дертар аз сӣ рӯз аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи маҳсулотсупор (иҷрокунанда) ё дар мавриди ба ӯ вобаста намудани дигар харидор огоҳинома медиҳад ё ба маҳсулотсупор (иҷрокунанда) таъиноти борфиристиро бо зикри молгиранда ирсол медорад ё дар мавриди қабул ва пардохти мол розигии худро иттилоъ медиҳад.
  2. Ҳангоми аз ҷониби фармоишгари давлатӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда маҳсулотсупор (иҷрокунанда) ҳуқуқ дорад аз фармоишгари давлатӣ қабул ва пардохти молро талаб кунад ё тибқи салоҳдиди худ молро фурӯхта, хароҷоти муносиби вобаста ба фурӯши онро аз ҳисоби фармоишгари давлатӣ ҷуброн намояд.

 

Моддаи 565. Иҷрои фармоиши давлатӣ

  1. Дар ҳолатҳое ки тибқи шартҳои фармоиши давлатӣ маҳсулотсупорӣ бевосита ба фармоишгари давлатӣ ё бо супориши ӯ (таъиноти борфиристӣ) ба шахси дигар (молгиранда) анҷом дода мешавад, муносибати тарафҳо дар мавриди иҷрои фармоиши давлатӣ тибқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 541 – 561 ҳамин Кодекс танзим мегардад.
  2. Дар ҳолатҳое ки маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ аз ҷониби молгирандаи дар таъиноти борфиристӣ зикргардида анҷом дода мешавад, агар дар фармоиши давлатӣ тартиби дигари ҳисобу китоб пешбинӣ нагардида бошад, пардохти мол аз ҷониби фармоишгари давлатӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 566. Пардохти мол тибқи шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ

Ҳангоми ба харидорон тибқи шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ таҳвил додани мол  пардохти он аз ҷониби харидорон мувофиқи нархе, ки дар асоси фармоиши давлатӣ муайян мегардад, агар дар фармоиши давлатӣ тартиби дигари муайян кардани нарх ё ҳисобу китоб пешбинӣ нагардида бошад, анҷом дода мешавад.

Ҳангоми аз ҷониби харидорон пардохтани мол тибқи шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ фармоишгари давлатӣ кафолатдиҳандаи харидор оид ба ҳамин ӯҳдадорӣ эътироф карда мешавад ( моддаҳои 390 – 396).

 

Моддаи 567. Ҷуброни зараре, ки вобаста ба иҷро ё бекор кардани фармоиши давлатӣ расонида шудааст

  1. Агар дар қонунҳои маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, зарари ба маҳсулотсупор (иҷрокунанда) вобаста ба иҷрои фармоиши давлатӣ расонидашуда бояд аз ҷониби фармоишгари давлатӣ дар мӯҳлати на дертар аз сӣ рӯз аз рӯзи тибқи фармоиши давлатӣ супурдани мол ҷуброн карда шавад.
  2. Дар сурате ки зарари ба маҳсулотсупор (иҷрокунанда) вобаста ба иҷрои фармоиши давлатӣ расонидашуда ҷуброн карда нашавад, маҳсулотсупор (иҷрокунанда) ҳуқуқ дорад аз иҷрои фармоиши давлатӣ даст кашад ва ҷуброни зарари вобаста ба бекор кардани фармоиши давлатӣ расонидашударо талаб намояд.
  3. Ҳангоми тибқи асосҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида бекор кардани фармоиши давлатӣ маҳсулотсупор ҳуқуқ дорад аз иҷрои шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ даст кашад.

 

Моддаи 568. Радди  фармоишгари давлатӣ  аз моле, ки тибқи фармоиши давлатӣ расонида шудааст

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун фармоишгари давлатӣ ҳуқуқ дорад аз молҳое, ки расонидани онҳо тибқи фармоиши давлатӣ пешбинӣ шудааст, бо шарти ба маҳсулотсупор ҷуброн намудани зарари бо чунин раддия расонидашуда пурра ё қисман даст кашад.

Агар дасткашии фармоишгари давлатӣ аз молҳое, ки расонидани онҳо тибқи фармоиши давлатӣ пешбинӣ гардидааст, боиси бекор кардан ё тағйир додани шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ гардида бошад, зарари бо чунин бекор кардан ё тағйир додани шартнома ба харидор расонидашуда аз ҷониби фармоишгари давлатӣ ҷуброн карда мешавад.

 

5. Таъмини барқ

 

Моддаи 569. Шартномаи таъмини барқ

  1. Тибқи шартномаи таъмини барқ ташкилоти таъминкунандаи барқ ӯҳдадор мешавад, аз тариқи хати барқи васлшуда нерӯи барқ диҳад ва мизоҷ (абонент) бошад ӯҳдадор мегардад, ки арзиши барқи истифодашударо пардозад, инчунин низоми истифодаи онро, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, риоя намояд, таъмини бехатарии истифодаи шабакаҳои барқи таҳти ихтиёраш қарордошта, инчунин дастгоҳ ва таҷҳизоти истифода менамудаашро вобаста ба истифодаи барқ дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ дорад.
  2. Нисбат ба муносибатҳои шартномаи таъмини барқ, ки ҳамин Кодекс танзим нанамудааст, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ оид ба таъмини барқ, инчунин қоидаҳои ҳатмии мутобиқи он қабулгардида истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 570. Бастани шартнома

  1. Шартномаи таъмини барқ бо мизоҷ (абонент) ҳангоми дар ӯ мавҷуд будани таҷҳизоти барқие, ки ба талаботи муқаррар гардида ҷавоб медиҳад ва дар шабакаҳои ташкилоти таъмини барқ тибқи тартиби муқаррарнамуда сабт шудаанд, инчунин мавҷуд будани таҷҳизот ва дастгоҳҳои дахлдори баҳисобгирии истифодаи барқ баста мешаванд.

Шартнома ба мӯҳлати номуайян баста шуда ба ҳисоб меравад ва мумкин аст тибқи асосҳои дар моддаи 577 ҳамин Кодекс нишон дода шуда тағйир ё бекор карда шавад.

  1. Дар ҳолатҳое ки ба сифати мизоҷ (абонент) тибқи шартномаи таъмини барқ шаҳрванде баромад мекунад, ки нерӯи барқро барои истифодаи маишӣ ба кор мебарад, шартнома аз лаҳзаи воқеии тибқи тартиби муқарраршуда васл намудани мизоҷ (абонент) ба шабакаи васлгардида басташуда эътироф мегардад.

 

Моддаи 571.  Меъёри қувваи барқ

  1. Ташкилоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ба мизоҷ (абонент) аз тариқи шабакаи васлгардида ба ҳамон миқдоре, ки дар шартнома пешбинӣ гардидааст, бо риояи низоми додани он, ки аз ҷониби тарафҳо мувофиқа шудааст, барқ диҳад. Меъёри барқи додашуда аз ҷониби ташкилоти таъмини барқ ва барқи қабулнамудаи мизоҷ (абонент) тибқи нишондоди дастгоҳи баҳисобгирии барқ ва дар сурати мавҷуд набудани он тибқи ҳисобу китоб муайян карда мешавад.
  2. Дар шартнома ҳуқуқи мизоҷ (абонент) дар мавриди тағйир додани миқдори барқи дар шартнома муайяншуда бо шарти ҷуброни хароҷоти ташкилоти таъмини барқ, ки вобаста ба интиқоли барқ тибқи миқдори дар шартнома пешбинишуда масраф намудааст, пешбинӣ гардиданаш мумкин аст.
  3. Дар ҳолатҳои ба сифати мизоҷ (абонент) тибқи шартномаи таъмини барқ баромад кардани шаҳрванде, ки қувваи барқро барои истеъмоли маишӣ истифода мебарад, ӯ ҳуқуқ дорад қувваи барқро ба миқдори барояш зарурӣ истифода барад. Миқдори барқе, ки аз ҷониби ташкилоти таъмини барқ дода шудааст ва мизоҷ (абонент) қабул кардааст, тибқи нишондоди дастгоҳи баҳисобгирӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 572. Оқибатҳои вайрон кардани шартҳои шартнома оид ба миқдори барқ

Агар ташкилоти таъмини барқ тавассути шабакаи васлгардида нисбат ба он, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, ба мизоҷ (абонент) камтар барқ дода бошад, агар дар қонунҳо ё шартномаҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва ё аз моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд, қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 502 ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 573. Сифати барқ

  1. Сифати барқе, ки ташкилоти таъмини барқ таъмин менамояд, бояд ба талаботи муқаррарнамудаи намуна (стандарт)-ҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ оид ба намуна (стандартизатсия) ё сифати пешбининамудаи шартнома мутобиқат намояд.
  2. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти таъмини барқ вайрон кардани талаботе, ки ба сифати барқ пешниҳод мегардад, агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ё аз моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд, қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 511 ҳамин Кодекс истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 574. Ӯҳдадории мизоҷ (абонент) оид ба таъмин ва истифодаи шабакаҳо,  асбоб, таҷҳизот

  1. Мизоҷ (абонент) вазифадор аст ҳолати дахлдори техникӣ ва бехатарии шабакаҳои барқи истифодашаванда, асбобу анҷом ва таҷҳизотро таъмин намояд, низоми муқарраршудаи истифодаи барқро риоя карда, инчунин ба ташкилоти таъмини барқ дар бораи садамаҳо, сӯхтор, норасогиҳои асбобу анҷоми баҳисобгирии барқ ва дигар вайронкориҳое, ки ҳангоми истифодаи барқ рух додаанд, фавран иттилоъ диҳад.
  2. Дар ҳолатҳое ки оид ба шартномаи таъмини барқ ба ҳайси мизоҷ (абонент) шаҳрванде баромад карда барқро барои эҳтиёҷоти маишӣ истифода мебарад, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ӯҳдадории таъмини ҳолати муносиби техникӣ ва бехатарии шабакаҳои барқ, инчунин асбоби баҳисобгирии истифодаи барқ ба зиммаи ташкилоти таъмини барқ гузошта мешавад.
  3. Талабот нисбат ба ҳолати техникӣ ва истифодаи шабакаҳои барқ, асбоб ва таҷҳизот, инчунин тартиби татбиқи назорати риояи он тибқи қонунҳо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 575. Пардохти барқ

Агар дар қонунҳо, санадҳои дигари меъёрӣ ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пардохти барқ барои миқдори воқеии барқи истифоданамудаи мизоҷ (абонент), ки мутобиқи моддаи 571 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад,  сурат мегирад

 

Моддаи 576.  Аз ҷониби мизоҷ (абонент) ба дигар шахс додани барқ

  1. Мизоҷ (абонент) метавонад барқеро, ки ӯ аз ташкилоти таъмини барқ гирифтааст, тавассути шабакаи пайваста танҳо бо розигии ташкилоти таъмини барқ ба шахси дигар мизоҷ (абонент)-и фаръӣ интиқол диҳад.
  2. Нисбат ба шартнома дар мавриди аз ҷониби мизоҷ (абонент) ба мизоҷ (абонент)-и фаръӣ интиқол додани барқ, агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, қоидаҳои ҳамин зербоб истифода бурда мешаванд.
  3. Ҳангоми интиқоли барқ ба мизоҷ (абонент)-и фаръӣ, агар дар қонунҳо тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, дар назди ташкилоти таъмини барқ мизоҷ (абонент) масъул мебошад.

 

Моддаи 577. Тағйир додан ва бекор кардани  шартномаи таъмини барқ

  1. Дар ҳолатҳое ки ба ҳайси мизоҷ (абонент) оид ба шартномаи таъмини барқ шаҳрванде баромад мекунад, ки барқро барои эҳтиёҷоти маишӣ истифода мебарад, он ҳуқуқ дорад бо шарти огоҳ намудани ташкилоти таъмини барқ ва пурра пардохтани арзиши барқи истифодашуда якҷониба шартномаро бекор кунад.

Дар ҳолатҳое ки ба ҳайси мизоҷ (абонент) оид ба шартномаи таъмини барқ шахси ҳуқуқӣ баромад мекунад, ташкилоти таъмини барқ ҳуқуқ дорад тибқи тартиби якҷониба дар асосҳои пешбининамудаи моддаи 560 ҳамин Кодекс ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунҳо ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, аз иҷрои шартнома даст кашад.

  1. Танаффус дар интиқоли барқ, қатъ ё маҳдуд кардани интиқоли барқ тибқи созишномаи тарафҳо, ба истиснои ҳолатҳои тасдиқнамудаи мақомоти назорати давлатии энергетикӣ, ки вазъи ғайриқаноатбахши таҷҳизоти мизоҷ (абонент) дорои таҳдиди садама мебошад ё ба ҳаёт ва амнияти шаҳрвандон хатар ба миён меоварад, иҷозат дода мешавад. Дар мавриди танаффуси интиқоли барқ, қатъ ё маҳдуд кардани интиқоли он ташкилоти таъмини барқ бояд мизоҷ (абонент)-ро огоҳ созад.
  2. Танаффус дар интиқоли барқ, қатъ ё маҳдуд сохтани интиқоли он бидуни мувофиқаи мизоҷ (абонент) ва бидуни огоҳонии дахлдор танҳо дар ҳолатҳои зарурати андешидани тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати пешгирӣ ё рафъи садама дар системаи ташкилоти таъмини барқ бо шарти фавран огоҳ намудани мизоҷ (абонент) иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 578. Масъулият оид ба шартномаи  таъмини барқ

  1. Дар ҳолати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои вобаста ба шартномаи таъмини барқ ташкилоти таъмини барқ ва мизоҷ (абонент) ӯҳдадоранд зарари воқеии (қисми 2 моддаи 15) ба ин васила расонидашударо ҷуброн намоянд.
  2. Агар танаффус дар интиқоли барқ дар натиҷаи аз ҷониби ташкилоти таъмини барқ танзим намудани низоми истифодаи барқ ҳангоми нокифоя будани иқтидор ва нерӯи барқ бошад, ки дар асоси қонунҳо анҷом дода шудааст, ташкилоти таъмини барқ танҳо дар сурати мавҷуд будани гуноҳи он вобаста ба иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои шартнома масъулият дорад.

 

Моддаи 579. Истифодаи қоидаҳои шартномаи таъмини барқ нисбат ба муносибатҳои дигари оид ба таъминот тавассути шабакаи васлгардида

  1. Нисбат ба муносибатҳои оид ба таъмини қувваи гармӣ тавассути шабакаи пайваста, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қоидаҳои ҳамин зербоб истифода бурда мешаванд.
  2. Нисбат ба муносибатҳо оид ба таъмини газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ ва дигар молҳо тавассути шабакаи пайваста қоидаҳои ҳамин зербоб истифода бурда мешаванд, агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ё аз моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд.

 

6. Фурӯши амволи ғайриманқул

 

Моддаи 580.  Шартномаи фурӯши  амволи ғайриманқул

  1. Тибқи шартномаи хариду фурӯши амволи ғайриманқул (шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул) фурӯшанда ӯҳдадор мешавад, ки ба моликии харидор бино, иншоот, хона ё дигар амволи ғайриманқулро (моддаи 142) диҳад.
  2. Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин зербоб вобаста ба фурӯши корхонаҳо истифода бурда мешаванд, зеро дар қоидаҳои шартномаи фурӯши корхонаҳо (моддаҳои 589 – 596) тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст.

 

Моддаи 581. Шакли шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул

Шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул дар шакли хаттӣ бо роҳи тартиб додани як ҳуҷҷате, ки тарафҳо имзо намудаанд, баста (қисми 2 моддаи 466) мешавад.

Риоя накардани шакли шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул боиси беэътибор шудани он мегардад.

 

Моддаи 582. Бақайдгирии давлатии гузаштани ҳуқуқи моликӣ ба амволи ғайриманқул

  1. Ба харидор тибқи шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул гузаштани ҳуқуқи моликият ба амволи ғайриманқул бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
  2. Иҷрои шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул аз ҷониби тарафҳо то лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифтани гузаштани ҳуқуқи моликият барои тағйир додани муносибати онҳо бо ашхоси сеюм асос буда наметавонад.
  3. Дар ҳолате ки агар яке аз тарафҳо аз бақайдгирии давлатии гузаштани ҳуқуқи моликият ба амволи ғайриманқул саркашӣ намояд, суд ҳуқуқ дорад бо талаби тарафи дигар дар мавриди бақайдгирии давлатии гузаштани ҳуқуқи моликият қарор барорад. Тарафе, ки аз бақайдгирии давлатии гузаштани ҳуқуқи моликият беасос саркашӣ намудааст, бояд ба тарафи дигар зарари дар натиҷаи ба таъхир андохтани бақайдгирӣ расонидашударо ҷуброн намояд.

 

Моддаи 583. Ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ҳангоми фурӯши бино, иншоот ё дигар  амволи ғайриманқули  дар он ҷойгиршуда

  1. Мувофиқи шартномаи фурӯши бино, иншоот ё дигар амволи ғайриманқул ба харидор ҳамзамон бо додани ҳуқуқи моликият ба чунин амволи ғайриманқул инчунин ҳуқуқи истифодаи он қисмати қитъаи замине, ки дар он ин амволи ғайриманқул ҷойгир аст ва барои истифодаи он зарур мебошад, дода мешавад.
  2. Дар ҳолатҳое ки агар фурӯшанда истифодабарандаи қитъаи замине бошад, ки дар он амволи ғайриманқули ба фурӯш баровардашуда ҷойгир аст, ба харидор ҳуқуқи истифода ё ҳуқуқи иҷора ё дигар ҳуқуқи пешбининамудаи шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул ё дигар ҳуқуқ ба қисми дахлдори қитъаи замин дода мешавад.
  3. Фурӯши амволи ғайриманқуле, ки дар қитъаи замини ба фурӯшанда дар асоси ҳуқуқи истифода қарор надошта ҷойгир шудааст, агар ин хилофи шартҳои истифодаи чунин қитъаҳои замин, ки қонунҳо ё шартнома муқаррар намудаанд, набошад, бидуни розигии истифодабарандаи ин қитъаи замин иҷозат дода мешавад.

Ҳангоми фурӯши чунин амволи ғайриманқул харидор ҳуқуқи истифодаи қисми дахлдори қитъаи заминро тибқи ҳамон шарте, ки фурӯшандаи амволи ғайриманқул доро мебошад, ба даст меорад.

 

Моддаи 584. Муайян намудани мавзӯи шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул

Дар шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул бояд маълумоте зикр ёбад, ки имконият диҳад ба таври дақиқ амволи ғайриманқули ба харидор тибқи шартнома додашаванда муайян гардад, аз ҷумла маълумоте ки тарзи ҷойгиршавии амволи ғайриманқулро дар қитъаи замини дахлдор ё дар таркиби дигар амволи ғайриманқул муқаррар менамояд.

Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани чунин маълумотҳо шартҳо оид ба  амволи ғайриманқуле, ки бояд дода шавад, аз тарафи ҷонибҳо ба мувофиқа расонидашуда ҳисобида намешавад ва шартномаи дахлдор басташуда эътироф намегардад.

 

Моддаи 585. Нарх дар шартномаи фурӯши  амволи ғайриманқул

Шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул бояд нархи ин амволро пешбинӣ намояд.

Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани нархи амволи ғайриманқуле, ки аз ҷониби тарафҳо дар шакли хаттӣ мувофиқа шудааст, шартномаи фурӯши он  басташуда ҳисоб намеёбад. Дар айни замон қоидаҳои муайян намудани нархе, ки қисми 3 моддаи 456 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 586.  Додани амволи ғайриманқул

  1. Додани амволи ғайриманқул аз ҷониби фурӯшанда ва қабули он аз ҷониби харидор тибқи ҳуҷҷати доду гирифт бо имзои тарафҳо ё дигар ҳуҷҷати доду гирифт сурат мегирад.

Агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ӯҳдадории фурӯшанда оид ба додани амволи ғайриманқул ба харидор баъди супурдани ин амвол ба харидор ва аз ҷониби тарафҳо имзо намудани ҳуҷҷати дахлдор оид ба додани амвол иҷрогардида ба ҳисоб меравад.

Аз имзои ҳуҷҷати додани амволи ғайриманқул тибқи шартҳои пешбининамудаи шартнома саркашӣ кардани яке аз тарафҳо мутаносибан ҳамчун аз ҷониби фурӯшанда рад кардани иҷрои ӯҳдадории додани амвол ва аз ҷониби харидор ӯҳдадории қабули амвол ҳисобида мешавад.

  1. Аз ҷониби харидор қабул намудани амволи ғайриманқуле, ки ба шартҳои шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул мувофиқ намебошанд, аз ҷумла дар ҳолатҳое ки чунин номутобиқатӣ дар ҳуҷҷати додани амвол қайду шарт гардидааст, барои фурӯшандаро аз масъулияти иҷрои номатлуби шартнома озод кардан асос буда наметавонад.

 

Моддаи 587. Оқибатҳои додани амволи ғайриманқули сифатан номатлуб

Дар сурати аз ҷониби фурӯшанда ба харидор додани амволи ғайриманқуле, ки ба шартҳои шартномаи фурӯши амволи ғайриманқул вобаста ба шакли он мутобиқат намекунад, ба истиснои муқаррарот оид ба ҳуқуқи харидор дар мавриди талаб кардани ивази моли сифатан номатлуб ба моле, ки ба шартнома мувофиқат мекунад, қоидаҳои моддаи 511 ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 588. Хусусиятҳои фурӯши биноҳои истиқоматӣ

  1. Шарти муҳими шартномаи фурӯши бинои истиқоматӣ, хона, қисми бинои истиқоматӣ ё хонае, ки дар онҳо ашхосе зиндагӣ мекунанд, ки мутобиқи қонун ҳуқуқи истифодаи ин биноро баъди аз ҷониби харидор гирифтани он нигоҳ медоранд, номнависи ин ашхос бо зикри ҳуқуқҳои онҳо барои истифодаи бинои истиқоматии бафурӯшрасанда нишон дода мешавад.
  2. Шартномаи фурӯши бинои истиқоматӣ, хона, қисми хонаи истиқоматӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад ва аз лаҳзаи чунин бақайдгирӣ басташуда ба ҳисоб меравад.

 

7. Фурӯши корхона

 

Моддаи 589. Шартномаи фурӯши корхона

  1. Тибқи шартномаи фурӯши корхона фурӯшанда ӯҳдадор мешавад корхонаро пурра ҳамчун маҷмӯи амвол (моддаи 144) ба моликияти харидор диҳад, ба истиснои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки фурӯшанда ҳақ надорад ба дигар ашхос супорад.
  2. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо нисбат ба кормандони корхона тибқи тартиби пешбининамудаи қонунҳо оид ба меҳнат барои гузаштани чунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо дар ҳолати аз нав таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз фурӯшанда ба харидори корхона мегузарад.
  3. Ҳуқуқи истифодаи номи фирмавӣ, нишонаҳои мол, нишонаи хизматрасонӣ ва дигар воситаҳои инфиродисозии фурӯшанда ва маҳсулоти он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба харидор мегузарад.
  4. Ҳуқуқи фурӯшанда, ки дар натиҷаи иҷозати махсус (литсензия) барои машғул шудан ба фаъолияти дахлдор гирифта шудааст, агар дар қонунҳо тартиби дигаре  пешбинӣ нагардида бошад, ба харидори корхона дода намешавад. Ба таркиби ӯҳдадориҳое, ки тибқи шартнома ба корхона дода мешаванд ва иҷрои онҳо ҳангоми дар он мавҷуд набудани чунин иҷозати махсус (литсензия) аз ҷониби харидор имконнопазир аст, фурӯшандаро аз ӯҳдадориҳои дахлдор дар назди кредиторон озод намекунад.

 

Моддаи 590.  Шакл ва бақайдгирии давлатии шартномаи фурӯши корхона

  1. Шартномаи фурӯши корхона дар шакли хаттӣ бо роҳи таҳияи як ҳуҷҷате, ки тарафҳо имзо намудаанд (қисми 2 моддаи 466), бо замимаи ҳатмии ҳуҷҷате, ки дар қисми 2 моддаи 594 ҳамин Кодекс зикр гардидаанд, баста мешавад.
  2. Риоя накардани шакли шартномаи фурӯши корхона боиси беэътибор донистани он мегардад.
  3. Шартномаи фурӯши корхона бояд ба қайди давлатӣ гирифта шуда, аз лаҳзаи чунин бақайдгирӣ басташуда ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 591. Муқаррар намудани таркиб ва баҳодиҳии арзиши корхонае, ки бояд фурӯхта шавад

  1. Таркиб ва баҳодиҳии арзиши корхонае, ки бояд фурӯхта шавад, дар асоси ҳисобраси (инвентаризатсия)-и пурраи корхона, ки тибқи қоидаҳои муқарраршудаи чунин ҳисобрасӣ (инвентаризатсия) гузаронида мешавад, муайян мегардад.
  2. То ба имзо расонидани шартномаи фурӯши корхона бояд аз ҷониби тарафҳо акти ҳисобрасӣ (инвентаризатсия), баланси муҳосибавӣ, хулосаи аудитори мустақим оид ба таркиб ва арзиши корхона, ҳамчунин номгӯи ҳамаи қарз (ӯҳдадори)-ҳои шомили таркиби корхона бо зикри кредиторон, хусусият, андоза ва мӯҳлати талаботи онҳо таҳия ва мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Амвол, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки дар ҳуҷҷати зикршуда сабт гардидаанд, агар аз моддаи 582 ҳамин Кодекс тартиби дигаре барнаояд ва дар шартнома муқаррар нашуда бошад, бояд аз ҷониби фурӯшанда ба харидор супурда шавад.

 

Моддаи 592. Ҳуқуқи кредитор ҳангоми фурӯши  корхона

  1. Кредиторҳо оид ба ӯҳдадориҳое, ки ба таркиби корхонаи фурӯхташаванда дохиланд, бояд аз ҷониби фурӯшанда дар шакли хаттӣ оид ба фурӯши корхона то лаҳзаи додани он ба харидор огоҳ карда шаванд.
  2. Кредиторе, ки дар шакли хаттӣ фурӯшандаро дар хусуси розигии худ оид ба гузаронидани қарз огоҳ накардааст, ҳуқуқ дорад дар тӯли се моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳинома дар хусуси фурӯхтани корхона ё қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадорӣ ва аз ҷониби фурӯшанда ҷуброн кардани зарарро талаб кунад ё шартномаи фурӯши корхонаро пурра ё дар қисми дахлдори он беэътибор эътироф намояд.
  3. Кредиторе, ки дар мавриди фурӯши корхона тибқи тартиби пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда огоҳ карда нашудааст, ҳуқуқ дорад дар бораи қонеъ гардонидани талаботи пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда дар ҷараёни як сол аз рӯзе, ки ӯ дар мавриди аз ҷониби фурӯшанда ба харидор додани корхона фаҳмидааст ва ё мебоист фаҳмад, метавонад даъво пешниҳод намояд.
  4. Баъди ба харидор додани корхона фурӯшанда ва харидор вобаста ба қарзҳои ба таркиби корхона гузаронидашуда, ки ба харидор бидуни розигии кредитор гузаронида шудааст, масъулияти муштарак доранд.

 

Моддаи 593. Додани корхона

Аз ҷониби фурӯшанда ба харидор додани корхона тибқи ҳуҷҷати доду гирифт, ки дар он маълумот оид ба таркиби корхона ва огоҳ намудани кредиторон дар хусуси фурӯши корхона, инчунин маълумот дар бораи норасоиҳои ошкоргардидаи амволи додашуда сабт карда мешаванд ва номгӯи амволе, ки иҷрои вазифаи додани онҳо аз сабаби гум шуданашон имконнопазир аст,  сурат мегирад.

Омодасозии корхона барои додани он, аз ҷумла таҳия ва ба имзо пешниҳод намудани ҳуҷҷати доду гирифт вазифаи фурӯшанда ба ҳисоб меравад ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҳисоби ӯ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 594. Гузаштани ҳуқуқи моликият  ба корхона

  1. Ҳуқуқи моликият ба корхона аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифтани ин ҳуқуқ ба харидор мегузарад. Аз ҳамин лаҳза таваккали тасодуфан нобуд шудан ва вайрон шудани мол ба харидор мегузарад.
  2. Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ба корхона мустақиман баъди ба харидор додани корхона (моддаи 593) анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 595. Оқибатҳои бо норасоиҳо додан ва қабул намудани корхона

  1. Оқибатҳои тибқи ҳуҷҷати доду гирифт аз ҷониби фурӯшанда додан ва аз ҷониби харидор қабул намудани корхона, ки таркиби он ба таркиби дар шартнома пешбинишуда мутобиқ намебошад, аз ҷумла вобаста ба сифати амволи супурдашуда, агар аз шартнома тартиби дигаре барнаояд ва дар қисмҳои 2-4 ҳамин модда пешбинӣ нагардида бошад, дар асоси қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 496-498, 502, 505, 511, 516 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
  2. Дар сурате ки корхона тибқи ҳуҷҷати доду гирифт супурда ё қабул карда шудааст, ки дар он норасоиҳои ошкоршудаи корхона ва амволи гумкардашуда зикр гардидаанд (қисми 1 моддаи 595), агар дар чунин ҳолатҳо ҳуқуқи пешниҳоди дигар талабҳо дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, харидор ҳуқуқ дорад мутаносибан паст кардани нархи корхонаро талаб намояд.
  3. Харидор ҳуқуқ дорад дар сурати ба ӯ дар таркиби корхона додани қарз (ӯҳдадори)-ҳои фурӯшанда, ки дар шартнома ё ҳуҷҷати доду гирифт зикр нагардидааст, кам кардани нархи харидро талаб намояд.
  4. Фурӯшанда ҳангоми гирифтани огоҳиномаи харидор дар хусуси норасоиҳои амволи дар таркиби корхонаи ба он додашуда ё дар ин таркиб мавҷуд будани навъҳои алоҳидаи амвол, ки бояд супурда шавад, метавонад бидуни таъхир амволи сифатан номатлубро иваз намояд ё ба харидор амволи камбудро фароҳам орад.
  5. Харидор, агар ошкор карда шавад, ки корхона аз сабаби норасоиҳои барои он фурӯшанда ҷавобгар ҷиҳати иҷрои мақсадҳои дар шартномаи фурӯш зикргардида коршоям намебошад ва ин норасоиҳо аз ҷониби фурӯшанда мувофиқи шартҳо ва тартибу мӯҳлати шартнома бартараф карда нашудаанд ё рафъи ин норасоиҳо ғайриимкон аст, метавонад ба суд дар хусуси бекор кардан ё иваз намудани шартномаи фурӯши корхона ва баргардонидани чизе, ки тарафҳо оид ба иҷрои шартнома анҷом додаанд, талабот пешниҳод намояд.

 

Моддаи 596. Нисбат ба шартномаи фурӯши корхонаҳо истифода бурдани қоидаҳо оид ба оқибатҳои  беэътибор будани аҳдҳо ва оид ба бекор кардан ё тағйир додани шартнома

Қоидаҳои ҳамин Кодекс оид ба оқибатҳои беэътибор будани аҳдҳо ва оид ба бекор кардан ё тағйир додани шартномаи хариду фурӯш, ки баргардонидан ё дар шакли асл (натура) ситонидани ҳамаи оне, ки тибқи шартнома як тараф ё ҳарду тараф ба даст овардаанд, пешбинӣ менамояд, агар чунин оқибатҳо моҳиятан ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи кредиторони фурӯшанда ва харидор ё дигар ашхосро вайрон накунад ва ба манфиати ҷомеа мухолиф набошад, нисбат ба шартномаи фурӯши корхона истифода бурда мешавад.

 

8. Контрактатсия

 

Моддаи 597. Шартномаи контрактатсия

  1. Мутобиқи шартномаи контрактатсия истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ӯҳдадор мешавад, ки дар мӯҳлатҳои қайду шартшуда ба маҳсулоттайёркунанда шахсе, ки харидории чунин маҳсулотро анҷом медиҳад, барои коркард ё фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ диҳад (медиҳад) ва маҳсулоттайёркунанда ӯҳдадор мешавад, ки ин маҳсулотро қабул кунад (қабул мекунад) ва дар мӯҳлатҳои муқарраршуда тибқи нархи муайян ҳаққи онро пардозад (мепардозад).
  2. Нисбат ба шартномаи контрактатсия, агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти ӯҳдадорӣ тартиби дигаре барнаояд, қоидаҳои шартномаи маҳсулотсупорӣ ва дар ҳолатҳои дахлдор қоидаҳо дар бораи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 598. Ӯҳдадории истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ

  1. Истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ӯҳдадор аст ба маҳсулоттайёркунанда маҳсулоти парваришкарда (истеҳсолнамуда)-и кишоварзиро мувофиқи теъдод ва навъ (ассортимент)-е, ки дар шартномаи контрактатсия пешбинӣ шудааст, супорад.
  2. Агар пешакӣ ошкор гардад, ки дар натиҷаи аз ҷониби истеҳсолкунандаи маҳсулот иҷрои ӯҳдадории дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида иҷро намешавад ва маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқи теъдод ва навъ (ассортимент)-и дар шартномаи контрактатсия пешбинишуда гирифта намешавад, маҳсулоттайёркунанда ҳуқуқ дорад бекор кардан ё тағйир додани шартнома ё ҷуброни зарарро талаб кунад.

 

Моддаи 599. Ӯҳдадории маҳсулоттайёркунанда

  1. Маҳсулоттайёркунанда ӯҳдадор аст аз маҳалли ҷойгиршавии истеҳсолкунанда маҳсулоти кишоварзиро қабул кунад ва агар дар шартномаи контрактатсия тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад , интиқоли онро таъмин намояд.
  2. Агар қабули маҳсулот дар маҳалли ҷойгиршавии маҳсулоттайёркунанда ё дигар маҳалли зикршуда сурат гирад, маҳсулоттайёркунанда ҳуқуқ надорад аз қабули маҳсулоти кишоварзие, ки истеҳсолкунанда тибқи шартномаи контрактатсия ва дар мӯҳлати қайду шартшуда овардааст, саркашӣ намояд.
  3. Дар ҳолате ки агар маҳсулоттайёркунанда интиқол ё қабули маҳсулоти кишоварзиро таъмин карда натавонад, ӯ ба истеҳсолкунанда арзиши маҳсулоти кишоварзӣ ва хароҷоти вобаста ба интиқоли онро мепардозад.
  4. Маҳсулоттайёркунандае, ки коркарди маҳсулоти кишоварзии тибқи шартномаи контрактатсия гирифтаашро анҷом медиҳад, вазифадор аст мувофиқи талаби истеҳсолкунанда партов (боқимонда)-и аз коркарди маҳсулоти кишоварзӣ боқимондаро бо пардохти арзиши он тибқи нархи аз ҷониби тарафҳо мувофиқашуда ба ӯ баргардонад.

 

Моддаи 600. Масъулияти истеҳсолкунандаи  маҳсулоти кишоварзӣ

Истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзие, ки ӯҳдадории худро иҷро накардааст ё номатлуб ба ҷо овардааст, ҳангоми мавҷуд будани гуноҳ масъулиятро ба ӯҳда дорад.

 

БОБИ  30.  Мубодила

 

Моддаи 601. Шартномаи мубодила

  1. Мутобиқи шартномаи мубодила ҳар яке аз тарафҳо ӯҳдадор мешавад, ки ба моликияти тарафи дигар бар ивази як мол моли дигар диҳад.
  2. Нисбат ба шартномаи мубодила мутаносибан қоидаҳои хариду фурӯш татбиқ мегардад (боби 29), агар он хилофи қоидаҳои ҳамин боб ва моҳияти мубодила набошад. Дар айни замон ҳар яке аз тарафҳо фурӯшандаи моле эътироф мегардад, ки ӯҳдадор мешавад онро супорад ва харидори моле ба ҳисоб меравад, ки ӯҳдадор мешавад бар ивази он қабул кунад.

 

Моддаи 602. Нарх ва хароҷот вобаста ба шартномаи мубодила

  1. Агар аз шартнома тартиби дигаре барнаояд, молҳои ивазшаванда ба тарзи баробарарзиш дар назар дошта мешавад ва хароҷоти вобаста ба супоридан ва қабули он дар ҳар як ҳолат аз ҷониби тарафе анҷом дода мешавад, ки дорои масъулияти дахлдор мебошад.
  2. Дар ҳолатҳои нобаробарарзиш эътироф гардидани молҳои мубодилашаванда тарафи моле, ки арзиши он нисбат ба моли барои мубодила пешниҳодшуда пасттар аст, бояд бидуни таъхир, баъди супурдани мол ё ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи мол фарқияти байни нархро, агар тарзи дигари пардохт дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, пардозад.
  3. Агар молҳои мубодилавӣ баробарарзиш эътироф нагарданд, вале нархи онҳо дар шартнома пешбинӣ нашуда бошад ва бо назардошти шарти шартнома муайян кардани он имконнопазир бошад, ин нарх тибқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 456 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

 

Моддаи 603. Иҷрои мутақобилаи ӯҳдадории тибқи шартномаи мубодила супурдани мол

Дар ҳолатҳое ки мутобиқи шартнома мӯҳлати супурдани молҳои мубодилашаванда мувофиқ намеоянд, нисбат ба иҷрои ӯҳдадорӣ оид ба супурдани мол аз ҷониби тарафе, ки бояд онро баъди супурдани мол ба тарафи дигар иҷро кунад, қоидаҳои иҷрои мутақобилаи ӯҳдадорӣ (моддаи 353) истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 604. Гузаштани ҳуқуқи моликият ба молҳои мубодилашаванда

Агар қонунҳо ё шартнома тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, ҳамзамон баъди аз ҷониби ҳарду тараф иҷро намудани ӯҳдадории супурдани молҳои дахлдор, ҳуқуқи моликият ба молҳои мубодилашаванда ба тарафҳое, ки тибқи шартномаи мубодила ба сифати харидор баромад мекунанд, мегузарад.

 

Моддаи 605. Масъулияти кашида гирифтани моле, ки тибқи шартномаи мубодила ба даст оварда шудааст

Тарафе, ки моли тибқи шартномаи мубодила бадастовардаи ӯ аз ҷониби шахси сеюм кашида гирифтааст, дар сурати мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 498 ҳамин Кодекс ҳуқуқ дорад аз тарафи дигар баргардонидани молеро, ки охирин дар натиҷаи мубодила ба даст овардааст ва ҷуброни зарарро талаб намояд.

 

БОБИ 31. Ҳадя

 

Моддаи 606. Шартномаи ҳадя

Тибқи шартномаи ҳадя як тараф (ҳадякунанда) ройгон ба тарафи дигар (ҳадягиранда) ашёро ба моликият ё  ҳуқуқи молу мулк (талабот)-ро медиҳад ё онро аз ӯҳдадории  молу мулкӣ нисбат ба худ озод менамояд.

 

Моддаи 607.  Шакли шартномаи ҳадя

  1. Ҳадя, ки бо тақдими ҳадя ба ҳадягиранда сурат мегирад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 – 3 ҳамин модда шифоҳӣ анҷом дода шуданаш мумкин аст.

Тақдими ҳадя тавассути додани он, ба таври рамзӣ супурдани он (супурдани калид ва ғайра) ё супурдани ҳуҷҷатҳои муқарраркунандаи ҳуқуқ, анҷом дода мешавад.

  1. Шартномаи ҳадяи амволи манқул бояд дар шакли оддии хаттӣ дар ҳолатҳои зайл баста мешавад:

1) ҳадякунанда шахси ҳуқуқӣ буда, арзиши ашёи дар шартнома қароргирифта аз андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №849)

2) ҳадякунанда шаҳрванд буда, арзиши ашёи шартнома аз андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.

  1. Шартномаи ҳадяи амволи ғайриманқул бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ ва ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

 

Моддаи 608. Аз ҷониби ҳадягиранда рад кардани қабули ҳадя

Ҳадягиранда ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи то ба ӯ супурдани ҳадя аз он даст кашад. Дар ин ҳолат шартномаи ҳадя бастанашуда  ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 609. Манъи ҳадя

Ба истиснои тӯҳфаҳои оддии дорои арзиши на он қадар баланд ҳадя иҷозат дода намешавад:

1) аз ҷониби  ашхоси ҳуқуқӣ – ҳадяи амволе, ки ба онҳо таҳти ҳуқуқи  пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ марбут аст;

2) аз номи атфоли хурдсол ва шаҳрвандони ғайри қобили амал эътирофгардида – аз ҷониби намояндагони қонунии онҳо.

 

Моддаи 610.  Маҳдуд сохтани ҳадядиҳӣ

  1. Ҳадя намудани амволе, ки таҳти моликияти муштараки умумӣ қарор дорад, танҳо бо розигии ҳамаи иштирокчиёни моликияти муштарак бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 301 ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
  2. Ҳадяи ҳуқуқи марбут ба ҳадякунанда дар мавриди талабот ба шахси сеюм бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 411 – 415, 417 – 419 ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.
  3. Ҳадядиҳӣ тавассути бар ивази ҳадягиранда иҷро намудани ӯҳдадориҳои он дар назди ашхоси сеюм бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 334 ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.

Ҳадядиҳӣ тавассути аз ҷониби ҳадякунанда ба зиммаи худ гузаронидани қарзи ҳадягиранда дар назди ашхоси сеюм бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 420 ва 421 ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.

  1. Ваколатнома барои анҷом додани ҳадядиҳӣ аз ҷониби намоянда, ки дар он номи ҳадягиранда сабт нагардидааст ва мавзӯи ҳадя зикр нагардидааст, қурб надорад.

 

Моддаи 611. Бекор кардани ҳадя

  1. Ҳадякунанда, агар ҳадягиранда ба ҳаёти ӯ таҷовуз карда бошад ё ба ҳаёти яке аз аъзои оилаи ӯ ё хешу ақрабои наздики ӯ сӯиқасд карда бошад ё дидаю дониста (бадқасдона) ба ҳадякунанда зарари ҷисмонӣ расонида бошад, ҳуқуқ дорад ҳадядиҳиро бекор кунад.

Дар сурати дидаю дониста аз ҷониби ҳадягиранда аз ҳаёт маҳрум кардани ҳадякунанда ҳуқуқи дар суд  пешниҳод намудани талаби бекор кардани ҳадядиҳӣ ба ворисони ҳадякунанда марбут мебошад.

  1. Ҳадякунанда, агар муносибати ҳадягиранда бо ашёи ҳадяшуда, ки барои ҳадякунанда дорои арзиши калони ғайриамволӣ буда, боиси таҳдиди бебозгашт несту нобуд шудани он мегардад, ҳуқуқ дорад тибқи тартиби судӣ бекор кардани ҳадякуниро талаб намояд.
  2. Тибқи талаби шахси манфиатдор суд метавонад ҳадядиҳиро, ки соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ бо вайрон кардани муқаррароти қонун дар бораи ғайри қобили пардохт (муфлисӣ) аз ҳисоби маблағҳое, ки вобаста ба фаъолияти соҳибкории ӯ дар ҷараёни шаш моҳи то лаҳзаи чунин шахсро ғайри қобили пардохт (муфлис) эълон намудан анҷом додааст, бекор кунад.
  3. Дар шартномаи ҳадя мумкин аст шартҳои ҳуқуқи ҳадякунанда оиди бекор кардани ҳадя дар сурате, агар ҳадякунанда аз ҳадягиранда дарозтар умр бинад, муқаррар карда шавад.

 

Моддаи 612. Оқибатҳои расонидани зарар дар натиҷаи камбудии ашёи ҳадякардашуда

Зараре, ки дар натиҷаи норасоии ашёи ҳадякардашуда ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шаҳрванди ҳадягиранда расонида шудааст, агар исбот карда шавад, ки ин норасоиҳо то додани ашё ба ҳадягиранда ба миён омадаанд ва ба шумули норасоиҳои ошкоро дохил намешаванд ва ҳадякунанда ҳарчанд дар маврид огоҳ буд, вале оид ба онҳо ҳадягирандаро огоҳ насохтааст, бояд аз ҷониби ҳадякунанда мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи боби 59 ҳамин Кодекс ҷуброн карда шавад.

 

Моддаи 613. Хайрия

  1. Хайрия ҳадяе эътироф мегардад, ки бо мақсадҳои манфиати умум бахшида шудааст. Хайрияро шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба ҳамаи субъектҳои ҳуқуқи гражданӣ дар ҳолатҳои муқаррар кардаи қонун дода метавонанд.
  2. Барои қабули хайрия иҷозат ё розигии касе талаб карда намешавад.
  3. Хайрияи амвол ба шаҳрванд бояд ва ба дигар ашхос мумкин аст аз ҷониби хайркунанда оид ба истифодаи ин амвол тибқи таъиноти муайян қайду шарт карда шавад. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин шарт хайрияи амвол ба шаҳрванд ҳамчун ҳадяи муқаррарӣ ҳисобида мешавад ва дар ҳолатҳои дигар хайрияи амвол аз ҷониби хайриягиранда тибқи таъиноти амвол истифода бурда мешавад.
  4. Нисбат ба хайрия моддаи 611 ҳамин Кодекс истифода бурда намешавад.

 

БОБИ 32. Таъминоти якумрӣ бо саробонӣ

 

Моддаи 614. Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ

  1. Мувофиқи шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ шаҳрванд ҳавлии истиқоматӣ, хона ё дигар амволи ғайриманқулеро, ки ба ӯ тааллуқ дорад, ба моликияти пардозандаи саробон, ки ӯҳдадор мешавад ин шаҳрванд ва (ё) шахси сеюми нишондодаи ӯро якумрӣ бо саробонӣ таъмин мекунад, таҳвил медиҳад.
  2. Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ метавонад ба фоидаи якчанд шаҳрванд, ки онҳо ба гирифтани ҳиссаи тахминии баробар ҳуқуқ пайдо мекунанд, баста шавад. Дар сурати фавти яке аз гирандагони таъминот ҳуқуқи гирифтани ҳиссаи таъминот ба гирандаи таъминоте, ки зинда мондааст мегузарад ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад дар сурати фавти охирин гирандаи таъминот ӯҳдадории пардохти таъминот қатъ мегардад.

Моддаи 615. Шакли шартномаи таъминоти якумрӣ  бо саробонӣ

  1. Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ дар шакли хаттӣ баста шуда ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда мешавад ва шартномае, ки бегона кардани амволи ғайриманқулро бо шарти таъминоти якумрӣ бо саробонӣ пешбинӣ менамояд, ҳамчунин ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
  2. Риоя накардани қоидаҳои пешбиникардаи қисми якуми ҳамин модда боиси беэътибор шудани он мегардад. Чунин аҳд эътибор надорад.

 

Моддаи 616. Ӯҳдадорӣ дар мавриди таъминот бо саробонӣ

  1. Ӯҳдадории пардозандаи саробонӣ дар мавриди таъминот бо саробонӣ метавонад аз таъмини эҳтиёҷот ба манзил, хӯрок ва пӯшок ва агар вазъи саломатии шаҳрванд талаб намояд, ҳамчунин аз нигоҳубини ӯ иборат бошад.

Дар шартнома ҳамчунин аз тарафи пардозандаи саробонӣ пардохта шудани хароҷоти хизматрасонии маросимӣ пешбинӣ шуда метавонад.

  1. Дар шартнома бояд арзиши тамоми ҳаҷми таъминот бо саробонӣ муайян карда шавад. Зимнан ҳаҷми умумии таъминот дар як моҳ наметавонад аз андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки бо қонун муқаррар гардидааст, камтар бошад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №849)
  2. Ҳангоми ҳалли баҳси байни тарафҳо ба вуҷудомада оид ба ҳаҷми таъминоте, ки ба шаҳрванд расонида мешавад ё бояд расонида шавад, суд бояд қоидаҳои шартнома ё қонунро дастури амал қарор диҳад.

 

Моддаи 617. Бо пардохтҳои давра ба давра иваз намудани таъминоти якумрӣ

Дар шартнома имконияти бо пардохти пулии давра ба давра иваз намудани таъминоти молӣ бо саробонӣ пешбинӣ шуда метавонад.

 

Моддаи 618. Таваккали тасодуфан нобуд шуда ё зарар дидани амволи дода шуда

Тасодуфан нобуд шудан ё зарар дидани амволи ба саробон супорида, ӯро аз таъмини саробонӣ озод наменамояд.

 

Моддаи 619. Радди шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ

1.Агар дар натиҷаи вайрон кардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ ё тоқатнопазир гардидан ё бо сабабҳои дигари ҷиддӣ аз ҳад зиёд душвор гардидани муносибат тарафҳо метавонанд аз шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ даст кашанд.

  1. Агар шартнома тартиби дигареро пешбинӣ нагардида бошад амволи тибқи шартнома супорида, дар сурати қатъ ёфтани шартнома ба саробон баргардонда мешавад ва хароҷоти то қатъи шартнома барояш ҷуброн карда намешавад.

 

Моддаи 620. Бегона кардан ва истифода бурдани амволе, ки барои таъминоти якумрӣ  таҳвил дода шудааст

  1. Пардозандаи таъминот ҳақ дорад амволи ғайриманқулеро, ки ба ӯ барои таъминоти якумрӣ таҳвил дода шудааст, танҳо дар сурати мавҷуд будани ризоияти гирандаи таъминот бегона кунад, ба гарав гузорад ё ба тарзи дигар истифода барад.
  2. Пардозандаи таъминот вазифадор аст ҳамаи тадбирҳои заруриро андешад, ки дар давраи расонидани таъминоти якумрӣ бо саробонӣ истифодаи амволи зикршуда боиси кам шудани арзиши ин амвол нагардад.
  3. Дар сурати ба саробон додани амвол, гирандаи таъминот нисбати таъмини ӯҳдадорӣ ҳуқуқи ба гарав мондани ин амволро дорад.

 

Моддаи 621. Бе кор кардани шартномаи таъминоти  якумрӣ бо саробонӣ

  1. Шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ метавонад бо талаби тарафҳо бекор карда шавад.
  2. Дар ҳолати шартномаро куллан риоя накардани саробон, гирандаи таъминот ҳуқуқ дорад бекор кардани шартномаро талаб намояд.

 

Моддаи 622. Қатъи таъминоти якумрӣ бо саробонӣ

  1. Ӯҳдадории таъминоти якумрӣ бо саробонӣ ба сабаби фавти гирандаи таъминот қатъ мегардад.
  2. Дар сурати аз тарафи пардозандаи таъминот ба андозаи муҳим вайрон карда шудани ӯҳдадориҳои ӯ гирандаи таъминот ҳуқуқ дорад баргардонидани амволи ғайриманқули барои таъминоти якумрӣ таҳвил дода шударо ё ба ӯ пардохтани нархи харида гирифтани таъминотро талаб намояд. Зимнан, пардозандаи таъминот ҳуқуқ надорад ҷуброни хароҷотеро, ки вобаста бо таъминоти гирандаи таъминот анҷом дода шудааст, талаб намояд.

 

Моддаи 623. Оқибати фавти саробон

  1. Дар сурати фавти саробон ӯҳдадории саробонӣ ба ворисоне мегузарад, ки амволи додаро қабул кардаанд.
  2. Дар сурати аз мерос даст кашидани ворис (ворисон) амвол ба гирандаи таъминот баргардонда мешавад ва дар натиҷаи ин шартнома қатъ меёбад.

 

БОБИ 33. Кироя (иҷора)-и амвол 

1. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 624. Шартномаи кироя (иҷора)-и амвол

Мувофиқи шартномаи кироя (иҷора)-и амвол кироядеҳ ӯҳдадор мешавад, ки амволро пулакӣ ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатӣ ё ба истифодаи кироягир таҳвил диҳад.

 

Моддаи 625. Ҳуқуқи моликияти кироягир ба маҳсулот, меваҷот ва даромад аз амволи кироягирифташуда

Маҳсулот, меваҷот ва даромадҳои дигаре, ки кироягир дар натиҷаи истифодаи амволи кироягирифташуда ба даст овардааст, моликияти ӯ мебошанд, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.

 

Моддаи 626. Объектҳои кироя (иҷора)-и амвол

  1. Ба кироя (иҷора)-и амвол метавонанд қитъаҳои замин, канданиҳои фоиданоки умумӣ ва дигар объектҳои алоҳидаи табиӣ, корхонаҳо ва дигар маҷмӯъ (комлекс)-ҳои амвол, биноҳо, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар ашёе, ки дар ҷараёни истифода (ашёи ғайриистеъмолӣ) онҳо хосияти аслии худро гум намекунанд, дода шаванд.
  2. Бо қонун метавонанд навъҳо (гурӯҳҳо)-и корхонаҳо ва навъҳои амволе, ки ба кирояи амвол додани онҳо мумкин нест ё ба кироя додани онҳо маҳдуд карда мешавад, муқаррар карда шаванд.

 

Моддаи 627. Кироядеҳ

  1. Ҳуқуқи ба кироя (иҷора) додани амвол ба молики он тааллуқ дорад.
  2. Ҳамчунин ашхосе, ки аз тарафи қонун ё молик барои ба кироя (иҷора) додани амвол ваколатдор карда шудаанд, метавонанд кироядеҳ бошанд.

 

Моддаи 628. Шакли шартномаи кироя (иҷора)-и амвол

  1. Шартномаи кироя (иҷора)-и амвол барои мӯҳлати зиёда аз як сол ва агар ҳатто яке аз тарафҳои шартнома шахси ҳуқуқӣ бошад, сарфи назар аз мӯҳлат, бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
  2. Шартномаи кироя (иҷора)-и амволи ғайриманқул, бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
  3. Шартномаи кироя (иҷора)-и амволе, ки гузариши минбаъдаи ҳуқуқи моликияти амволро ба кироягир пешбинӣ мекунад, дар шакле баста мешавад, ки барои шартномаи хариду фурӯши чунин амвол пешбинӣ гардидааст.

 

Моддаи 629. Мӯҳлати шартномаи кироя (иҷора)-и амвол

  1. Шартномаи кироя (иҷора)-и амвол барои мӯҳлати муайяннамудаи шартнома баста мешавад.
  2. Агар дар шартнома мӯҳлати кироя (иҷора)-и амвол муайян нашуда бошад, шартнома барои мӯҳлати номуайян басташуда ҳисоб мегардад. Зимнан, ҳар яке аз тарафҳо ҳуқуқ дорад ҳар вақт аз шартнома сарфи назар намояд ва дар ин бобат тарафи дигарро як моҳ пеш ва ҳангоми кироя (иҷора)-и амволи ғайриманқул се моҳ пеш огоҳ созад. Дар қонун ё шартнома барои огоҳ кардан аз қатъи шартномаи кироя (иҷора)-и амвол, ки барои мӯҳлати номуайян баста шудааст, мӯҳлати дигар муқаррар карда шуда метавонанд.
  3. Дар қонун метавонанд барои навъҳои алоҳидаи кироя (иҷора)-и амвол, ҳамчунин барои навъҳои алоҳидаи амвол мӯҳлатҳои ҳадди аксар (ниҳоӣ)-и шартнома муқаррар карда шаванд. Дар ин ҳолатҳо, агар дар шартнома мӯҳлати кироя (иҷора) муайян нашуда бошад ва ягон тарафи аз шартнома то хотимаи мӯҳлати ниҳоии шартнома, ки қонун муқаррар намудааст, сарфи назар накарда бошад, шартнома баъди хотимаи мӯҳлати ниҳоӣ қатъ мегардад.

Шартномаи кироя (иҷора)-и чунин амволе, ки барои мӯҳлати зиёда аз мӯҳлати ниҳоии муқаррарнамудаи қонун баста шудааст, барои мӯҳлати баробар бо мӯҳлати ниҳоӣ басташуда ҳисоб мешавад.

 

Моддаи 630. Ба кироягир додани амвол

  1. Кироядеҳ вазифадор аст амволро ба кироягир дар ҳолате, ки бо шартҳои шартнома ва таъиноти амвол мутобиқ бошад, диҳад.
  2. Амвол ба кироя якҷоя бо ҳамаи лавозим ва ҳуҷҷатҳои марбут ба он (паспорти техникӣ, сертификати сифат ва ғайра), агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дода мешавад.

Агар чунин лавозим ва ҳуҷҷатҳо дода нашуда бошанд ва кироягир бе онҳо амволро мутобиқи таъиноти он истифода бурда натавонад ё ба дараҷаи муҳим аз он шароите, ки ҳангоми бастани шартнома ба онҳо ҳақ дошт, маҳрум монад, ӯ метавонад аз кироядеҳ додани чунин лавозим ва ҳуҷҷатҳо ё бекор кардани шартнома, ҳамчунин ҷуброни зарарро талаб намояд.

  1. Агар кироядеҳ амволи ба кироя додашударо дар мӯҳлати дар шартнома зикршуда ба кироягир надиҳад ва агар дар шартнома чунин мӯҳлат зикр нашуда бошад, кироягир дар мӯҳлати қобили қабул ҳуқуқ дорад аз кироядеҳ ин амволро мутобиқи моддаи 429 ҳамин Кодекс дархост намояд ё бекор кардани шартномаро талаб кунад.

 

Моддаи 631. Масъулияти кироядеҳ барои камбудиҳои амволи ба кироя додашуда

  1. Кироядеҳ барои камбудиҳои амволи ба кироя додашуда, ки монеи истифодаи пурра ё қисмии он мегарданд, ҳатто агар ҳангоми бастани шартнома ӯ дар бораи ин камбудиҳо надониста бошад ҳам, ҷавобгар аст.

Ҳангоми ошкор гардидани чунин камбудиҳо кироягир ҳақ дорад бо интихоби худ ё бепул бартараф намудани камбудиҳои амвол ё мутаносибан кам кардани музди кироя ё ҷуброн намудани хароҷоти вобаста ба бартараф кардани камбудиҳои амвол ё бевосита кам кардани маблағи хароҷоти анҷомдодаи ӯро доир ба бартараф сохтани ин камбудиҳо аз музди истифодаи амвол талаб намояд ва дар ин бобат кироядеҳро пешакӣ огоҳ кунад ё пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартномаро талаб намояд.

  1. Кироядеҳе, ки дар бораи талаби кироягир ё нияти ӯ доир ба бартараф кардани камбудиҳои амвол аз ҳисоби кироягир огоҳонида шудааст, метавонад бетаъхир амволи ба кироя додашударо бо дигар амволи ҳаммонанде, ки дар ҳолати дуруст қарор дорад, иваз кунад ё камбудиҳои амволро ройгон бартараф намояд.
  2. Агар қонеъ сохтани талаботи кироягир ё аз тарафи ӯ аз музди истифодаи амвол нигоҳ доштани хароҷот барои бартараф намудани камбудиҳо зарари ба кироягир расидаро пӯшонида натавонад, ӯ ҳақ дорад, ки ҷуброни қисми пардохтанашудаи зарарро талаб намояд.
  3. Кироядеҳ барои он камбудиҳои амволи ба кироя додашуда, ки ҳангоми бастани шартнома зикр шуда буданд ё қаблан ба кироягир маълум буданд ё мебоист аз тарафи ӯ ҳангоми муоинаи амвол ё тафтиши дурусти он ҳангоми бастани шартнома ё ба кироя (иҷора) додани амвол ошкор карда мешуданд, ҷавобгар намебошад.

 

Моддаи 632. Ҳуқуқи ашхоси сеюм ба амволе, ки ба кироя (иҷора) дода мешавад

Ба кироя (иҷора) дода шудани амвол боиси қатъ гардидан ё тағйир ёфтани ҳуқуқи ашхоси сеюм ба ин амвол намегардад.

Ҳангоми бастани шартнома кироядеҳ вазифадор аст кироягирро оид ба ҳамаи ҳуқуқи ашхоси сеюм ба амволи ба кироя (иҷора) додашаванда (сервитут, ҳуқуқи гарав ва ғайра) огоҳ намояд. Иҷро накардани ин қоида ба кироягир ҳуқуқ медиҳад, ки кам кардани музди истифодаи амвол ё бекор кардани шартнома ва ҷуброни зарарро талаб намояд.

 

Моддаи 633. Музди истифодаи амвол

  1. Кироягир вазифадор аст, ки музди истифодаи амволро сари вақт пардозад.

Тартиб, шартҳо ва мӯҳлатҳои пардохти музд дар шартнома муайян карда мешаванд. Дар ҳолатҳое ки агар онҳо дар шартнома муайян нашуда бошанд, чунин ҳисобида мешавад, ки тартиб, шартҳо ва мӯҳлатҳое, ки маъмулан ҳангоми кирояи амволи ҳаммонанд ва дар ҳолатҳои муқоисашаванда истифода мегарданд, муқаррар карда шудаанд.

  1. Музд барои тамоми амволи ба кироя гирифташуда дар маҷмӯъ ё аз рӯи ҳар як қисми таркибии он алоҳида дар шакли зерин муқаррар карда мешавад:

1) маблағи муайяни устувор гардида, ки давра ба давра ё якбора пардохта мешавад;

2) ҳиссаи муқарраргардидаи маҳсулот, меваҷот ё даромадҳое, ки дар натиҷаи истифодаи амволи ба кироя гирифташуда ба даст омадаанд;

3) аз тарафи кироягир расонида шудани хизматҳои муайян;

4) аз тарафи кироягир ба моликият ё кирояи кироядеҳ таҳвил дода шудани ашёи дар шартнома зикргардида;

5) ба зиммаи кироягир вогузор кардани хароҷоти дар шартнома зикргардида оид ба беҳтар намудани амволи ба кироя гирифташуда.

Тарафҳо метавонанд дар шартнома шаклҳои мувофиқи зикршудаи музди истифодаи амвол ё шаклҳои дигари пардохтро пешбинӣ намоянд.

  1. Андозаҳои музди истифодаи амвол метавонанд бо созиши тарафҳо дар мӯҳлатҳои дар шартнома пешбинигардида, аммо на бештар аз як бор дар сол тағйир дода шаванд. Дар қонун дигар мӯҳлатҳои ҳадди ақал ҷиҳати аз нав дида баромадани андозаи музд барои навъҳои алоҳидаи кирояи амвол, ҳамчунин барои навъҳои алоҳидаи амвол пешбинӣ шуда метавонанд.
  2. Агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кироягир ҳақ дорад, ки агар бо сабабҳои берун аз масъулияти ӯ шароити истифодаи дар шартнома пешбинигардида ё ҳолати амвол ба андозаи муҳим бад шуда бошад, мутобиқан кам кардани муздро талаб намояд.
  3. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар сурати аз тарафи кироягир ба андозаи муҳим вайрон карда шудани мӯҳлатҳои пардохти музди истифодаи амвол кироядеҳ ҳақ дорад, ки аз ӯ пеш аз мӯҳлат пардохтани муздро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи кироядеҳ талаб намояд. Зимнан, кироядеҳ ҳақ надорад, ки пеш аз мӯҳлат пардохтани муздро барои на зиёда аз ду мӯҳлат паи ҳам талаб намояд.

 

Моддаи 634. Истифодаи амволи ба кироя (иҷора) гирифташуда

  1. Кироягир вазифадор аст, ки амволро мутобиқи шартҳои шартнома ва агар чунин шартҳо дар шартнома муайян нашуда бошанд, мутобиқи таъиноти амвол истифода намояд.
  2. Агар дар Кодекс, дигар қонунҳо ё санадҳои дигари ҳуқуқӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кироягир ҳақ дорад бо ризоияти кироядеҳ амволи ба кироя (иҷора) гирифташударо ба зеркироя (кирояи фаръӣ) супорад, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро аз рӯи шартномаи кироя (иҷора) ба шахси дигар вогузор намояд (кирояи такрорӣ), амволи кирояро ройгон ба истифода диҳад, ҳамчунин ҳуқуқи ба гаравмониро ва гузашткуниро ва онҳоро ҳамчун ҳисса ба сармояи оинномавии ширкатҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ё ҳиссаи дохилшавӣ ба коопреативи истеҳсолӣ гузорад. Агар дар қонун ё санадҳои дигари ҳуқуқӣ тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, нисбати шартномаи зеркироя қоидаҳои шартномаи кирояи амвол татбиқ карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зикршуда, ба истиснои кирояи такрорӣ, масъулият аз рӯи шартнома ба зиммаи кироягир мебошад.

Шартномаи зеркироя набояд аз мӯҳлати шартномаи кироя зиёдтар баста шавад.

Нисбати шартномаи зеркироя агар дар қонун ё дигар санадҳои ҳуқуқи тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, қоидаҳо оид ба шартномаи кироя татбиқ мегардад.

  1. Агар кироягир сарфи назар аз огоҳии кироядеҳ амволро мутобиқи шартҳои шартнома ё таъиноти он истифода набарад, он гоҳ  кироядеҳ ҳуқуқ дорад, ки бекор кардани шартнома ва ҷуброни зарарро  талаб намояд.

 

Моддаи 635. Аз тарафи кироягир ихтиёрдорӣ кардани амвол

Агар тибқи қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кироягир ҳақ дорад бо ризоияти кироядеҳ амволи ба кироя гирифташударо ба зеркироя (иҷораи фаръӣ) диҳад, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро аз рӯи шартномаи кироя ба шахси дигар вогузор намояд (кирояи такрорӣ), амволи ба кироя гирифташударо ба истифодаи ройгон диҳад, ҳамчунин ин ҳуқуқро ба гарав гузорад ва онҳоро ҳамчун ҳисса ба сармояи оинномавии ширкатҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ё ҳиссаи дохилшави ба кооперативи истеҳсолӣ гузорад. Дар ҳолатҳои зикршуда, ба истиснои кирояи такрорӣ, масъулият аз рӯи шартнома ба зиммаи кироягир мебошад.

Шартнома дар бораи ба ашхоси дигар таҳвил додани амвол наметавонад барои мӯҳлати зиёда аз мӯҳлати шартномаи кироя баста шавад.

Ба шартномаи зеркироя, агар тибқи қонунгузорӣ тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, қоидаҳои шартномаи кирояи амвол истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 636. Ӯҳдадориҳои кироядеҳ дар мавриди нигаҳдории амвол

  1. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кироядеҳ вазифадор аст, ки таъмири асосии амволи ба кироя додашударо аз ҳисоби худ анҷом диҳад.
  2. Кироядеҳ вазифадор аст аз ҳисоби худ таъмиреро, ки онро зарурати ногузир тақозо мекунад ва бо сабабҳое, ки кироягир барои онҳо ҷавобгар нест, ба вуҷуд омадааст, анҷом диҳад.
  3. Таъмири асосӣ бояд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартномаи кирояи амвол ва агар чунин мӯҳлат дар шартнома муайян нашуда бошад ё зарурати ногузир ба вуҷуд омада бошад, дар мӯҳлати қобили қабул анҷом дода шавад.
  4. Аз тарафи кироядеҳ вайрон карда шудани ӯҳдадорӣ оид ба анҷом додани таъмири асосӣ ба кироягир ҳуқуқ медиҳад, ки ё таъмири асосии дар шартнома пешбинигардида ё бо сабаби зарурати ногузир бавуҷудомадаро анҷом дода, аз кироядеҳ арзиши таъмирро рӯёнад ё онро ба ҳисоби музди кирояи амвол дохил кунад ва ё мутобиқан кам кардани ин музд ё бекор кардани шартномаро талаб намояд.

 

Моддаи 637. Ӯҳдадориҳои кироягир доир ба  нигаҳдории амволи ба кироя  гирифташуда

Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, кироягир вазифадор аст, ки амволро дар ҳолати дуруст нигаҳ дорад, аз ҳисоби худ таъмири ҷориро анҷом диҳад ва хароҷоти нигаҳдории амволро ба зимма дошта бошад.

 

Моддаи 638.  Нигоҳ доштани эътибори шартномаи кирояи амвол дар сурати тағйир  ёфтани тарафҳо

  1. Ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликияти амволи ба кироя додашуда барои тағйир ёфтан ё бекор кардани шартномаи кирояи амвол асос намебошад.
  2. Дар сурати фавти шаҳрванде, ки кироягири амволи ғайриманқул мебошад, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ӯ аз рӯи шартномаи кирояи ин амвол ба меросхӯр мегузаранд.

Кироядеҳ ба истиснои ҳолатҳое, ки бастани шартнома бо сифатҳои шахсии кироягир вобаста буд, ҳақ надорад, ки ба шартнома дохил шудани чунин меросхӯрро барои мӯҳлати боқимондаи амали шартнома рад намояд.

 

Моддаи 639. Қатъи шартномаи зеркироя ҳангоми пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани шартномаи кирояи амвол

  1. Агар дар шартномаи кирояи амвол чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани шартномаи кирояи амвол боиси қатъ гардидани шартномаи зеркирояи мутобиқи он басташуда мегардад.
  2. Агар шартномаи кирояи амвол аз рӯи асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс қурб надошта бошад, шартномаҳои мутобиқи он басташудаи зеркироя низ қурб надорад.

 

Моддаи 640. Пеш аз мӯҳлат қатъ намудани шартнома бо талаби кироядеҳ

  1. Бо талаби кироядеҳ шартномаи кирояи амвол метавонад аз тарафи суд дар ҳолатҳое, қатъ карда шавад, ки агар кироягир:

1) амволро бо ба андозаи муҳим вайрон кардани шартҳои шартнома ё таъиноти амвол ё худ бо вуҷуди огоҳии хаттии кироядеҳ бо вайрон кардани чандинкарата истифода намояд;

2) амволро ба андозаи муҳим бад гардонад;

3) зиёда аз ду дафъа паиҳам баъди хатми мӯҳлати пардохти муқарраркардаи шартнома музди истифодаи амволро напардозад;

4) дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи шартномаи кироя ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо дар шартнома дар мӯҳлатҳои қобили қабул дар ҳолатҳое ки агар мутобиқи қонун ё шартнома ӯҳдадории таъмири асосӣ ба зиммаи кироягир бошад, таъмири асосии амволро анҷом надиҳад.

Дар шартномаи кирояи амвол барои пеш аз мӯҳлат қатъ гардонидани шартнома бо талаби кироядеҳ тибқи қисми 2 моддаи 482 ҳамин Кодекс метавонанд асосҳои дигар низ муқаррар карда шаванд.

  1. Кироядеҳ ҳақ дорад пеш аз мӯҳлат қатъ намудани шартномаро танҳо баъди ба кироягир додани имконияти қобили қабули иҷрои ӯҳдадории ӯ талаб намояд.

 

Моддаи 641. Пеш  аз  мӯҳлат  қатъ шудани шартнома бо талаби кироягир

Бо талаби кироягир шартномаи кирояи амвол метавонад аз тарафи суд дар ҳолатҳое қатъ карда шавад, ки агар:

1) кироядеҳ амволро ба истифодаи кироягир надиҳад ё барои истифодаи амвол мутобиқи шартҳои шартнома ё таъиноти амвол монеа ба вуҷуд орад;

2) амволи ба кироягир додашуда камбудиҳои барои истифодаи он монеъшавандае дошта бошад, ки ҳангоми бастани шартнома аз тарафи кироядеҳ зикр карда нашудаанд, ба кироягир қаблан маълум набуданд ва дар вақти муоинаи амвол ё тафтиши дурустии он ҳангоми бастани шартнома наметавонистанд аз тарафи кироягир ошкор карда шаванд;

3) кироядеҳ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи шартнома ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо дар шартнома – дар мӯҳлатҳои қобили қабул ӯҳдадории ба зиммаи ӯ гузошташударо доир ба таъмири асосии амвол иҷро нанамояд;

4) амвол бо сабабҳое, ки барои онҳо кироягир ҷавобгар нест, ба ҳолати ғайри қобили истифода расида бошад.

Дар шартномаи кирояи амвол  барои пеш аз мӯҳлат қатъ гардонидани шартнома бо талаби кироягир тибқи қисми 2 моддаи 482 ҳамин Кодекс метавонанд асосҳои дигар низ муқаррар карда шаванд.

 

Моддаи 642.  Ҳуқуқи афзалиятнокии кироягир ба бастани шартнома барои мӯҳлати нав

  1. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кироягире, ки ӯҳдадориҳои худро ба таври лозима иҷро мекунад, баъди хотимаи мӯҳлати шартнома дар сурати шароити дигари баробар ба бастани шартномаи кирояи амвол барои мӯҳлати нав нисбат ба дигар ашхос ҳуқуқи афзалиятнок дорад. Кироягир вазифадор аст, ки ба кироядеҳ дар бораи хоҳиши бастани чунин шартнома дар мӯҳлати дар шартномаи кирояи амвол зикршуда ва агар дар шартнома чунин мӯҳлат зикр нашуда бошад, дар мӯҳлати қобили қабул, то хотимаи эътибори шартнома ба таври хаттӣ хабар диҳад.

Ҳангоми бастани шартномаи кирояи амвол барои мӯҳлати нав шартҳои шартнома метавонанд бо созиши тарафҳо тағйир дода шаванд.

  1. Агар кироягир истифодаи амволро баъди хотимаи мӯҳлати шартнома ҳангоми мавҷуд набудани эътироз аз тарафи кироядеҳ идома диҳад, шартнома бо ҳамон шартҳо барои мӯҳлати номуайян навшуда (моддаи 629) ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 643. Баргардонидани амвол ба кироядеҳ

  1. Ҳангоми қатъи шартномаи кирояи амвол кироягир вазифадор аст амволро дар ҳамон ҳолате, ки онро гирифта буд, бо назардошти фарсоиши мӯътадил ё бо ҳолате, ки дар шартнома зикр гардидааст, ба кироядеҳ баргардонад.
  2. Агар кироягир амволи ба кироя гирифташударо ба кироядеҳ барнагардонад ё сари вақт барнагардонидааст, кироядеҳ ҳуқуқ дорад пардохтро барои истифодаи амвол барои тамоми давраи гузаронидашуда талаб намояд. Дар ҳолати зарари хароҷоти кироядеҳро напӯшондани маблағи мазкур ӯ ҳуқуқ дорад пардохти онро талаб намояд.

Дар сурате ки агар барои сари вақт барнагардонидани амволи ба кироя гирифташуда  дар шартнома ноустуворона пешбинӣ шуда бошад,  агар дар шартнома  тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, зарар метавонад дар ҳаҷми пурраи зиёда аз ноустуворона ситонида шавад.

 

Моддаи 644. Беҳтарсозии алоҳидаи амволи ба кироя гирифташуда

  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, корҳои беҳтарсозии алоҳидаи амволе, ки кироягир анҷом додааст, моликияти шахсии ӯ ба ҳисоб меравад.
  2. Дар ҳолате ки агар кироягир аз ҳисоби маблағҳои худ ва бо ризоияти кироядеҳ амволи ба кироя гирифташударо бе расонидани зарар ба он беҳтар карда бошад, кироягир баъди қатъи шартнома, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба ҷуброни арзиши чунин беҳтаркунӣ ҳақ дорад.
  3. Арзиши беҳтарсозиҳои ҷудонашавандаи амвол, ки аз тарафи кироягир бидуни ризоияти кироядеҳ анҷом дода шудаанд, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҷуброн карда намешавад.
  4. Беҳтарсозиҳои ҳам ҷудошаванда ва ҳам ҷудонашавандаи амвол, ки аз ҳисоби маблағҷудокуниҳои фарсоиш аз ин амвол анҷом дода шудаанд, моликияти кироядеҳ мебошанд.

 

Моддаи 645. Харида гирифтани амволи ба кироя гирифташуда

  1. Дар шартномаи кирояи амвол пешбинӣ шуда метавонад, ки амволи ба кироя гирифташуда баъди хотимаи мӯҳлати кирояи амвол ё то хотимаи он ба шарти аз тарафи кироягир пардохта шудани тамоми нархи дар шартнома зикргардидаи харида гирифтан ба моликияти кироягир мегузарад.
  2. Агар шарти харида гирифтани амволи ба кироя гирифташуда дар шартнома пешбинӣ нашуда бошад, он метавонад бо созиши иловагии тарафҳо, ки зимнан ҳуқуқ доранд дар бораи ба нархи харида гирифтани амвол ҳисоб кардани музди пештар пардохташудаи истифодаи амвол аҳд намоянд, муқаррар карда шавад.
  3. Муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ба шартномаи иҷораи амволи давлатӣ паҳн намегарданд.
  4. Қонун метавонад ҳолатҳои манъи харида гирифтани амволи ба кироя гирифташударо муқаррар намояд.

 

Моддаи 646. Хусусиятҳои навъҳои алоҳидаи кирояи амвол ва кирояи навъҳои  алоҳидаи амвол

Ба навъҳои алоҳидаи шартномаи кирояи амвол ва шартномаҳои навъҳои алоҳидаи амвол (прокат, иҷораи воситаҳои нақлиёт, иҷораи корхонаҳо, иҷораи молиявӣ), агар дар қоидаҳои ҳамин Кодекс оид ба онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, муқаррароти дар ҳамин зербоб пешбинишуда истифода мегарданд.

 

2. Киро (Прокат)

 

Моддаи 647. Шартномаи киро (прокат)

  1. Аз рӯи шартномаи киро (прокат) кироядеҳе, ки амволро ҳамчун объекти фаъолияти доимии соҳибкорӣ ба киро медиҳад, ӯҳдадор мешавад, ки амволи манқулро пулакӣ ба кирогир барои ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатӣ таҳвил диҳад.

Амволе, ки аз рӯи шартномаи киро (прокат) таҳвил дода шудааст, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ  нагардида бошад ё аз моҳияти ӯҳдадорӣ барнаояд, барои мақсадҳои эҳтиёҷоти матлуботӣ истифода бурда мешавад.

  1. Шартномаи киро (прокат) дар шакли хаттӣ баста мешавад.
  2. Шартномаи киро (прокат) оммавӣ мебошад (моддаи 458).

 

Моддаи 648. Мӯҳлати шартномаи киро (прокат)

  1. Шартномаи киро (прокат) барои мӯҳлати то як сол баста мешавад.
  2. Қоидаҳои нав кардани шартномаи кирои амвол барои мӯҳлати номуайян ва ҳуқуқи афзалиятноки кирогир барои нав кардани шартномаи амвол (моддаи 642) ба шартномаи киро (прокат) татбиқ намешаванд.
  3. Кирогир ҳақ дорад, ки киродеҳро дар мӯҳлати на камтар аз 10 рӯз пеш ба таври хаттӣ огоҳ карда, шартномаи киро (прокат)-ро ҳар вақт рад намояд.

 

Моддаи 649. Ба кирогир додани амвол

Киродеҳе, ки шартномаи киро (прокат)-ро мебандад, вазифадор аст дар ҳузури кирогир дурустии амволи ба киро додашавандаро санҷад, ҳамчунин кирогирро бо қоидаҳои истифодабарии амвол шинос намояд ё ба ӯ дар бораи истифодабарии ин амвол дастури хаттӣ диҳад.

 

Моддаи 650. Бартараф намудани камбудиҳои  амволи ба киро додашуда

  1. Дар сурати аз тарафи кирогир ошкор гардидани камбудиҳои амволи ба киро додашуда, ки истифодаи онро пурра ё қисман ғайриимкон месозанд, киродеҳ вазифадор аст аз рӯзи арзи кирогир дар бораи камбудиҳо дар мӯҳлати даҳ рӯз, агар дар шартнома мӯҳлати кӯтоҳтар муқаррар нашуда бошад, камбудиҳои амволро дар ҷояш ройгон бартараф намояд ё амволи додашударо бо дигар амволи ҳаммонанде, ки дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад, иваз кунад.
  2. Агар камбудиҳои амволи ба киро додашуда дар натиҷаи аз тарафи кирогир вайрон карда шудани қоидаҳои истифодабарӣ ва нигаҳдории амвол ба вуҷуд омада бошанд, кирогир ба киродеҳ арзиши таъмир ва интиқоли амволро мепардозад.

 

Моддаи 651. Музди истифодаи амвол

  1. Музди истифодаи амвол аз рӯи шартномаи киро (прокат) дар шакли маблағи муайяне, ки давра ба давра ё якбора пардохта мешавад, муқаррар мегардад.
  2. Дар ҳолати аз тарафи кирогир пеш аз мӯҳлат баргардонида шудани амвол киродеҳ ба ӯ қисми дахлдори музди барои истифодаи амвол гирифтаашро бо баҳисобгирӣ аз ҳамон рӯзе, ки баъди рӯзи баргардонидани воқеии амвол фаро мерасад, бармегардонад.
  3. Аз кирогир рӯёнидани қарзи пардохти музди кирои амвол бо тартиби бебаҳс дар асоси санади иҷроияи нотариус анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 652. Истифодаи амволи ба киро  гирифташуда

  1. Таъмири асосӣ ва ҷории амволи мувофиқи шартномаи киро (прокат) додашуда вазифаи киродеҳ мебошад.
  2. Ба зеркиро додани амволе, ки мувофиқи шартномаи киро (прокат) ба кирогир дода шудааст, аз тарафи кирогир ба шахси дигар вогузор гардидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ӯ мувофиқи шартномаи киро (прокат), ба гарав гузоштани ҳуқуқи кирогир ва чун ҳиссаи амволӣ ба ширкатҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ба сифати ҳаққи дохилшавӣ ба кооперативҳои истеҳсолӣ гузоштани ин ҳуқуқ мумкин нест.

 

3. Иҷораи воситаҳои нақлиёт

1. Иҷораи воситаи нақлиёт бо хизматрасонӣ дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникӣ

 

Моддаи 653. Шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бо экипаж

  1. Аз рӯи шартномаи иҷора воситаи нақлиёт бо экипаж иҷорадеҳ вазифадор аст воситаи нақлиётро пулакӣ ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатии иҷорагир диҳад ва бо қувваи худ дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникии он хизмат расонад.
  2. Қоидаҳои ҳамин боб доир ба нав кардани шартномаи иҷора барои мӯҳлати номуайян ва ҳуқуқи афзалиятноки иҷорагир ба нав кардани шартномаи иҷора (моддаи 642) ба шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бо экипаж татбиқ намегарданд.

 

Моддаи 654. Шакли шартномаи иҷораи воситаи  нақлиёт

Шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бо экипаж сарфи назар аз мӯҳлати он бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Ба шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт қоидаҳои қисми дуюми моддаи 628 ҳамин Кодекс дар бораи бақайдгирии шартномаҳои иҷора татбиқ намегарданд.

 

Моддаи 655. Ӯҳдадории иҷорадеҳ оид ба нигоҳдории воситаи нақлиёт

Иҷорадеҳ ӯҳдадор аст дар давоми тамоми мӯҳлати амали шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бо экипаж ҳолати лозимии воситаи нақлиёти ба иҷора додашударо нигоҳ дорад, ҳамчунин таъмири ҷорӣ ва асосӣ ва расонидани лавозимоти заруриро анҷом диҳад.

 

Моддаи 656. Ӯҳдадориҳои иҷорадеҳ дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникии воситаи нақлиёт

  1. Хизматҳое, ки ба иҷорагир аз тарафи иҷорадеҳ дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникии воситаҳои нақлиёт расонида мешаванд, бояд истифодабарии мӯътадил ва бехатари онро тибқи мақсадҳои дар шартнома зикршудаи иҷора таъмин намоянд. Дар шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бо экипаж метавонанд доираи боз ҳам васеътари хизматҳое, ки ба иҷорагир расонида мешаванд, пешбинӣ гарданд.
  2. Ҳайати экипажи воситаи нақлиёт ва сатҳи ихтисоси он бояд ба қоидаҳои барои тарафҳо ҳатмӣ ва шартҳои шартнома ва агар дар қоидаҳо барои тарафҳо чунин талаботи ҳатмӣ муқаррар нашуда бошанд, ба талаботи амалияи маълуми истифодабарии воситаи нақлиёти навъи додашуда ва шартҳои шартнома ҷавобгӯй бошад.
  3. Аъзои экипаж муносибатҳои меҳнатии худро бо иҷорадеҳ нигоҳ медоранд. Онҳо ба амрҳои иҷорадеҳ дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникӣ ва ба амрҳои иҷорагир дар бобати истифодабарии тиҷоратии воситаи нақлиёт итоат мекунанд.
  4. Агар дар шартномаи иҷора тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, хароҷот доир ба пардохти хизматҳои аъзои экипаж, ҳамчунин хароҷоти нигоҳдории онҳо ба зиммаи иҷорадеҳ мебошад.

 

Моддаи 657. Ӯҳдадории иҷорагир доир ба пардохти хароҷоте, ки бо истифодабарии тиҷоратии воситаи нақлиёт вобаста мебошад

Агар дар шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бо экипаж тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, хароҷоти пардохти сӯзишворӣ ва дигар маводи дар ҷараёни истифодабарӣ сарфшаванда, пардохти боҷҳо ва дигар хароҷоте, ки вобаста бо истифодабарии тиҷоратии воситаи нақлиёт ба вуҷуд меоянд, ба зиммаи иҷорагир мебошанд.

 

Моддаи 658. Суғуртаи воситаи нақлиёт

Агар дар шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бо экипаж тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ӯҳдадории суғурта кардани воситаи нақлиёт ва (ё) суғурта кардани ҷавобгарӣ барои зараре, ки метавонад аз тарафи иҷорагир дар ҷараёни истифодабарӣ расонида шавад, дар ҳолатҳое ба зиммаи иҷорагир гузошта мешавад, ки чунин суғуртакунӣ мувофиқи қонун ё шартнома ҳатмӣ бошад.

 

Моддаи 659.  Шартномаҳо бо ашхоси сеюм доир ба истифодаи воситаи нақлиёт

  1. Агар дар шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бо экипаж тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иҷорагир ҳуқуқ дорад бе ризоияти иҷорадеҳ воситаи нақлиётро ба зериҷора диҳад.
  2. Иҷорагир дар доираи анҷом додани истифодабарии тиҷоратии воситаи нақлиёти ба иҷора гирифташуда ҳуқуқ дорад бе ризоияти иҷорадеҳ бо ашхоси сеюм аз номи худ шартномаҳои ҳамлу нақл ё дигар шартномаҳо бандад, агар онҳо хилофи мақсадҳои истифодаи воситаи нақлиёт, ки дар шартномаи иҷора зикр шудаанд ва дар сурате ки чунин мақсадҳо муқаррар нашудаанд, мухолифи таъиноти воситаи нақлиёт набошанд.

 

Моддаи 660. Ҷавобгарӣ барои зараре, ки ба воситаи нақлиёт расонида шудааст

Дар сурати нобудшавӣ ё зарар дидани воситаи нақлиёт, агар иҷорадеҳ исбот кунад, ки нобудшавӣ ё зарар дидани воситаи нақлиёт бо сабабҳое ба вуҷуд омадаанд, ки барои онҳо иҷорагир тибқи қонун ё шартнома ҷавобгар аст, иҷорагир ӯҳдадор аст ба иҷорадеҳ зарари расидаро ҷуброн намояд.

 

Моддаи 661. Ҷавобгарӣ барои зараре, ки воситаи нақлиёт расонидааст

Ҷавобгарӣ барои зараре, ки ба ашхоси сеюм тавассути воситаи нақлиётӣ, механизмҳо, таҷҳизот, дастгоҳҳои он ва ғайра расонида шудааст, тибқи қоидаҳои боби 55 ҳамин Кодекс ба зиммаи иҷорагир аст.

 

Моддаи 662. Мушаххасоти иҷораи навъҳои алоҳидаи воситаҳои нақлиёт

  1. Мушаххасоти иҷораи навъҳои алоҳидаи воситаҳои нақлиёт бо расонидани хизмат дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникӣ, ғайр аз мушаххасоте, ки дар ҳамин зербоб пешбинӣ шудаанд, метавонанд тибқи қонун муқаррар карда шаванд.
  2. Иҷораи воситаи нақлиёт бе хизматрасонӣ аз тарафи иҷорадеҳ дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникӣ.

 

Моддаи 663. Шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бе экипаж

  1. Аз рӯи шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бе экипаж иҷорадеҳ ба иҷорагир воситаи нақлиётро пулакӣ, бидуни расонидани хизмат дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникии он ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатӣ медиҳад.
  2. Қоидаҳои ҳамин боб дар бораи нав кардани шартномаи иҷора барои мӯҳлати номуайян ва ҳаққи афзалиятноки иҷорагир оид ба нав кардани шартномаи иҷора (моддаи 642) ба шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бе экипаж татбиқ намегарданд.

 

Моддаи 664. Шакли шартномаи иҷораи воситаи  нақлиёт

Шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бе экипаж сарфи назар аз мӯҳлати он бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.  Ба шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт қоидаҳои қисми дуюми моддаи 628 ҳамин Кодекс дар бораи бақайдгирии шартномаҳои иҷора истифода намешаванд.

 

Моддаи 665. Ӯҳдадории иҷорагир доир ба  нигоҳдории воситаи нақлиёт

Иҷорагир вазифадор аст дар давоми тамоми мӯҳлати амали шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бе экипаж ҳолати лозимии воситаи нақлиётро нигоҳ дорад, аз ҷумла таъмири ҷорӣ, ҳамчунин агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, таъмири асосиро анҷом диҳад.

 

Моддаи 666. Ӯҳдадории иҷорагир дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникии воситаи нақлиёт

Иҷорагир бо қувваи худ идоракунии воситаи нақлиёти ба иҷора гирифташуда, ҳамчунин истифодабарии тиҷоратӣ ва техникии онро анҷом медиҳад.

 

Моддаи 667. Ӯҳдадории иҷорагир дар бобати пардохти хароҷоти нигоҳдории воситаи нақлиёт

Агар дар шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт бе экипаж тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, хароҷоти нигоҳдории воситаи нақлиёти ба иҷора гирифташуда, суғурта кардани он, аз ҷумла суғуртаи ҷавобгарии иҷорагир, ҳамчунин хароҷоти вобаста бо истифодабарии воситаи нақлиёт ба зиммаи иҷорагир мебошад.

 

Моддаи 668. Шартномаҳо бо ашхоси сеюм доир ба истифодабарии воситаи нақлиёт

  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иҷорагир ҳуқуқ дорад воситаи нақлиёти ба иҷора гирифташударо бо шартҳои шартномаи иҷора бо экипаж ё бе экипаж бо ризоияти иҷорадеҳ ба зериҷора диҳад.
  2. Иҷорагир ҳуқуқ дорад, ки бидуни ризоияти иҷорадеҳ бо ашхоси сеюм аз номи худ шартномаҳои ҳамлу нақл ва дигар шартномаҳо бандад, агар онҳо хилофи мақсадҳои истифодаи воситаи нақлиёти дар шартномаи иҷора зикршуда набошанд ва дар сурате ки чунин мақсадҳо муқаррар нашудаанд, мухолифи таъиноти воситаи нақлиёт набошанд.

 

Моддаи 669. Ҷавобгарӣ барои зараре, ки тавассути воситаи нақлиёт расонида шудааст

Ҷавобгарӣ барои зараре, ки ба ашхоси сеюм тавассути воситаи нақлиёт, механизмҳо, таҷҳизот, дастгоҳҳои он ва ғайра расонида шудааст, тибқи қоидаҳои боби 55 ҳамин Кодекс ба зиммаи иҷорагир аст.

 

Моддаи 670. Хусусиятҳои иҷораи навъҳои алоҳидаи воситаҳои нақлиёт

Хусусиятҳои иҷораи навъҳои алоҳидаи воситаҳои нақлиёт бидуни расонидани хизмат дар мавриди идоракунӣ ва истифодабарии техникӣ, ғайр аз хусусиятҳое, ки дар ҳамин зербоб пешбинӣ шудаанд, метавонад бо қонун муқаррар карда шаванд.

 

4. Иҷораи биноҳҳо ва иншоот

 

Моддаи 671. Шартномаи иҷораи бино ё  иншоот

  1. Аз рӯи шартномаи иҷораи бино ё иншоот иҷорадеҳ ӯҳдадор мегардад, ки бино ё иншоотро ба ихтиёрдории муваққатӣ ва истифода ё истифодаи муваққатии иҷорагир диҳад.
  2. Қоидаҳои ҳамин зербоб ба иҷораи корхонаҳо, агар дар қоидаҳои ҳамин Кодекс доир ба иҷораи корхона тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 672. Шакл ва бақайдгирии давлатии шартномаи иҷораи бино ё иншоот

  1. Шартномаи иҷораи бино ё иншоот дар шакли хаттӣ бо роҳи тартиб додани як ҳуҷҷати аз ҷониби тарафҳо (қисми 2 моддаи 466) имзошуда баста мешавад.

Риоя накардани шакли шартномаи иҷораи бино ё иншоот боиси беэътибор дониста шудани он мегардад.

  1. Шартномаи иҷораи бино ё иншооте, ки барои мӯҳлати на камтар аз як сол баста шудааст, бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад ва аз лаҳзаи бақайдгирӣ басташуда дониста мешавад.

 

Моддаи 673. Ҳуқуқ ба қитъаи замине, ки бино ё иншооти иҷорагирифта дар он ҷойгир аст

  1. Аз рӯи шартномаи иҷораи бино ё иншоот ҳамзамон бо таҳвили ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ва истифодаи чунин амволи ғайриманқул ба иҷорагир ҳамчунин ҳуқуқ ба он қисми қитъаи замине, ки таҳти он амволи ғайриманқул қарор дорад ва барои истифодаи он зарур мебошад, таҳвил дода мешавад.
  2. Дар ҳолатҳое ки иҷорадеҳ истифодабарандаи қитъаи замине мебошад, ки бино ё иншооти ба иҷора додашаванда дар он қарор дорад, ба иҷорагир ҳуқуқи иҷора ё дигар ҳуқуқи дар шартномаи иҷораи бино ё иншоот пешбинигардида ба қитъаи замини дахлдор таҳвил дода мешавад.

Агар дар шартнома ҳуқуқи ба иҷорагир додашаванда ба қитъаи дахлдори замин муайян нагардида бошад, ба ӯ ҳуқуқи истифодаи ҳамон қитъаи замине, ки таҳти бино ё иншоот қарор дорад ва барои мутобиқи таъинот истифода бурдани ин амволи ғайриманқул зарур мебошад, мегузарад.

 

Моддаи 674. Ҳуқуқи  истифодаи қитъаи замин ҳангоми ба иҷора додани бино ва иншоот

Ҳангоми ба иҷора додани бино ё иншоот ҳуқуқи истифодаи қитъаи замине, ки онро бино ё иншоот ишғол кардааст ба иҷорагир то ба анҷом расидани мўҳлати иҷораи бино ё иншоот дода мешавад.

 

Моддаи 675. Андозаи музди иҷора

  1. Дар шартномаи иҷораи бино ё иншоот бояд андозаи музди иҷора пешбинӣ карда шавад. Дар сурати мавҷуд набудани шартҳои дар шакли хаттӣ мувофиқанамудаи тарафҳо дар бораи андозаи музди иҷора, шартномаи иҷораи бино ё иншоот басташуда ба ҳисоб намеравад. Дар ин сурат қоидаҳои муайян кардани нарх, ки дар қисми 3 моддаи 456 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, татбиқ намегарданд.
  2. Музди дар шартномаи бино ё иншоот барои истифодаи бино ё иншоот муқарраргардида музди истифодаи қитъаи замин, ки бино ё иншоот дар он воқеъ аст ё қисми дахлдори қитъаи заминеро, ки ҳамроҳи бино ё иншоот дода мешавад, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар бар мегирад.
  3. Дар ҳолатҳое ки музди иҷораи бино ё иншоот дар шартнома барои воҳиди майдони бино (иншоот) ё дигар нишондиҳандаи андозаи он муқаррар шуда бошад, музди иҷора бо назардошти андозаи воқеии бино ё иншооти ба иҷорагир додашуда муайян карда мешавад.

 

Моддаи 676. Таҳвил додани бино ё иншоот

  1. Аз тарафи иҷорадеҳ таҳвил додани бино ё иншоот ва аз тарафи иҷорагир қабул карда шудани он бо акти таҳвил ё дигар ҳуҷҷат дар бораи таҳвилдиҳӣ, ки тарафҳо имзо мекунанд, анҷом дода мешавад.

Агар дар қонун ё шартномаи иҷораи бино ё иншоот тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ӯҳдадории иҷорадеҳ дар бораи ба иҷорагир таҳвил додани бино ё иншоот баъди ба ихтиёрдорӣ ё истифодаи иҷорагир таҳвил додани он ва аз ҷониби тарафҳо имзо шудани ҳуҷҷати дахлдор доир ба таҳвилдиҳӣ иҷрошуда ба ҳисоб меравад.

Аз имзои ҳуҷҷати таҳвилдиҳии бино ё иншоот бо шартҳои пешбининамудаи шартнома саркашӣ кардани яке аз тарафҳо мутобиқан маънои даст кашидани иҷорадеҳ аз иҷрои ӯҳдадорӣ доир ба таҳвилдиҳии амвол ва даст кашидани иҷорагир аз қабули амволро дорад.

  1. Дар сурати қатъи шартномаи иҷораи бино ё иншоот бино ё иншооти ба иҷора гирифташуда бояд бо риояи қоидаҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида ба иҷорадеҳ баргардонида шавад.

 

5. Иҷораи корхона

 

Моддаи 677. Шартномаи иҷораи корхона

  1. Аз рӯи шартномаи иҷораи корхона (моддаи 144) иҷорадеҳ ӯҳдадор мешавад, ки ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатии иҷорагир корхонаро ҳамчун маҷмӯи амволӣ, ба истиснои он ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки иҷорагир барои ба ашхоси дигар додани онҳо ҳуқуқ надорад, пулакӣ таҳвил диҳад.
  2. Дар бораи ба иҷорагир гузаронидани қарзҳо иҷорадеҳ вазифадор аст ба қарздиҳандагони худ, ки дар сурати розӣ набуданашон дар бобати гузаронидани қарзҳо ҳуқуқ доранд, дар давоми се моҳ аз рӯзи гирифтани хабарнома аз иҷорадеҳ қатъи ӯҳдадориҳо ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳои дахлдорро талаб намоянд. Агар дар мӯҳлати зикршуда ягон талаби мазкур пешниҳод нашавад, қарздиҳанда барои гузаронидани қарзи дахлдор ба иҷорагир ризоиятдода ҳисобида мешавад.

Корхона танҳо баъди хотимаи ҳисоббаробаркунӣ бо қарздиҳандагоне, ки аз иҷорадеҳ қатъ кардан ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳоро талаб кардаанд, ба иҷора дода шуда метавонад.

Баъди ба иҷора додани корхона ҳамчун маҷмӯи амволӣ иҷорадеҳ ва иҷорагир барои қарзҳои ба таркиби корхонаи ба иҷора додашуда дохилгардидае, ки бе ризоияти қарздиҳанда ба номи иҷорагир гузаронида шудаанд, ҷавобгарии муштарак доранд.

  1. Ҳуқуқҳои иҷорадеҳ, ки аз тарафи ӯ дар асоси иҷозатнома (литсензия)-и махсус барои машғулият бо фаъолияти дахлдор гирифта шудаанд, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, ба иҷорагир дода намешаванд. Ба таркиби корхонаи мувофиқи шартнома додашаванда дохил кардани ӯҳдадориҳое, ки иҷрои онҳо аз тарафи иҷорагир дар сурати мавҷуд набудани иҷозатнома (литсензия)-и махсус аз имкон берун аст, иҷорадеҳро аз ӯҳдадориҳои дахлдор дар назди қарздиҳандагон озод намекунад.
  2. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳо нисбат ба кормандони корхона бо тартиби пешбининамудаи қонун дар бораи меҳнат дар мавриди гузариши чунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳо аз иҷорадеҳ ба иҷорагир мегузаранд.

 

Моддаи 678. Ҳуқуқи қарздиҳандагон ҳангоми иҷораи корхона

  1. Қарздиҳандагон аз рӯи ӯҳдадориҳои ба таркиби корхона дохилкардашуда бояд то таҳвил додани корхона ба иҷорагир аз тарафи иҷорадеҳ дар бораи ба иҷора дода шудани корхона ба таври хаттӣ огоҳ карда шаванд.
  2. Қарздиҳандае, ки ба иҷорадеҳ дар бораи ризоияти худ доир ба гузаронидани қарз ба таври хаттӣ хабар надодааст, ҳақ дорад аз рӯзи гирифтани огоҳинома дар бораи ба иҷора додани корхона дар давоми се моҳ қатъи ӯҳдадориҳо ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳо ва ҷуброни зарари дар натиҷаи ин расидаро талаб намояд.
  3. Қарздиҳандае, ки дар бораи ба иҷора додани корхона бо тартиби пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда огоҳ карда нашудааст, метавонад доир ба қонеъ гардонидани талаботи пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда дар давоми як сол аз рӯзе, ки дар бораи ба иҷора додани корхона хабардор шудааст ё бояд хабардор мешуд, даъво пешниҳод кунад.
  4. Баъди ба иҷора додани корхона иҷорадеҳ ва иҷорагир аз рӯи қарзҳои ба ҳайати корхона дохил кардашудае, ки бе ризоияти қарздиҳанда ба номи иҷорагир гузаронида шудаанд, масъулияти муштарак доранд.

 

Моддаи 679. Шакл ва бақайдгирии давлатии шартномаи иҷораи корхона

  1. Шартномаи иҷораи корхона дар шакли хаттӣ бо роҳи тартиб додани як ҳуҷҷате, ки аз ҷониби тарафҳо имзо карда шудааст, баста мешавад ва бояд аз тарафи нотариус тасдиқ карда шавад ва ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

Шартномаи иҷораи корхона аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он басташуда ба ҳисоб меравад.

  1. Риоя накардани талаботи дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда боиси беэътибор дониста шудани шартнома мегардад. Чунин шартнома беқурб дониста шуда, иҷрои он мумкин нест ва нисбат ба он қоидаҳои пешбинишудаи қисми 2 моддаи 190 ҳамин Кодекс татбиқ намегарданд.

 

Моддаи 680. Таҳвил додани корхонаи ба иҷора гирифташуда

Таҳвил додани  корхона ба иҷорагир бо акти таҳвил анҷом дода мешавад.

Ба таҳвилдиҳӣ омода намудани корхона, аз ҷумла тартиб додан ва барои имзо пешниҳод кардани акти таҳвил вазифаи иҷорадеҳ мебошад ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, аз ҳисоби ӯ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 681. Ӯҳдадориҳои иҷорагир дар бобати нигоҳдории корхона ва пардохти хароҷоти баҳрабардории он

  1. Иҷорагири корхона вазифадор аст, ки дар давоми тамоми мӯҳлати амали шартнома корхонаро дар ҳолати лозимаи техникӣ, бо ҳисоби таъмири ҷорӣ ва асосии он нигоҳ дорад.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, хароҷоти вобаста бо истифодабарии корхонаи ба иҷора гирифташуда, ҳамчунин супоридани пардохтҳои суғуртаи амволи ба иҷора гирифташуда, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба зиммаи иҷорагир гузошта мешаванд.

 

Моддаи 682. Истифодаи амволи корхонаи ба иҷора гирифташуда

  1. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иҷорагир ҳақ дорад бе ризоияти иҷорадеҳ арзишҳои моддиеро, ки ба таркиби амволи корхонаи ба иҷора гирифташуда дохил мешаванд фурӯшад, иваз намояд, ба истифодаи муваққатӣ ё қарз диҳад, онро ба зериҷора диҳад ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро аз рӯи шартномаи иҷора дар мавриди арзишҳо ба шахси дигар таҳвил диҳад, ба шарте ки ин амал боиси камшавии арзиши корхона нагардад ва дигар муқаррароти шартномаи иҷораро вайрон насозад. Тартиби зикршуда нисбат ба замин ва дигар захираҳои табиӣ, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун татбиқ намегардад.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иҷорагир ҳақ дорад азнавсозии амволи ба иҷора гирифташуда, васеъ намудани он, азнавтаҷҳизонии техникии онро, ки арзиши онро зиёд мекунад, анҷом диҳад.

 

Моддаи 683. Аз тарафи иҷорагир беҳтар карда шудани корхонаи ба иҷора гирифташуда

Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иҷорагир ба ҷуброни арзиши беҳтаркуниҳои ҷудонашавандаи амволи ба иҷора гирифташуда сарфи назар аз иҷозати иҷорадеҳ барои чунин беҳтаркуниҳо ҳақ дорад.

Иҷорадеҳ метавонад аз ӯҳдадории ҷуброн намудани арзиши чунин беҳтаркуниҳо ба иҷорагир аз тарафи суд озод карда шавад, агар исбот намояд, ки хароҷоти иҷорагир барои ин беҳтаркуниҳо арзиши амволи ба иҷора гирифташударо бидуни беҳтар намудани хусусиятҳои истифодабарии он зиёд мекунад ё ҳангоми чунин беҳтаркуниҳо усулҳои поквиҷдонӣ ва қобили қабул вайрон карда шудаанд.

 

Моддаи 684. Ба шартномаи иҷораи корхона татбиқ намудани қоидаҳо доир ба оқибатҳои беэътибории аҳдҳо ва қатъу тағйирдиҳии  шартнома

Қоидаҳои ҳамин Кодекс доир ба оқибатҳои беэътибории аҳдҳо ва қатъу тағйирдиҳии шартнома, ки баргардонидан ё дар шакли аслӣ рӯёнидани амвол аз рӯи шартнома аз як тараф ё аз ҳар ду тараф, ба шартномаи иҷораи корхона, агар чунин оқибатҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳимояшавандаи қарздиҳандаи, иҷорадеҳ ва иҷорагир, дигар ашхосро ба андозаи муҳим вайрон накунанд ва мухолифи манфиатҳои ҷамъият набошанд, татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 685. Баргардонидани корхонаи ба иҷора  гирифташуда

Дар сурати қатъи шартномаи иҷораи корхона маҷмӯи амволи ба иҷора гирифташуда бояд ба иҷорадеҳ бо риояи қоидаҳои дар моддаҳои 678 ва 681 ҳамин Кодекс пешбинигардида баргардонида шавад. Омодасозии корхона барои таҳвилдиҳӣ ба иҷорадеҳ, аз ҷумла тартиб додан ва барои имзо пешниҳод намудани акти таҳвил дар ин ҳолат вазифаи иҷорагир мебошад ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҳисоби ӯ анҷом дода мешавад.

 

6. Иҷораи заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва дигар захираҳои табиӣ

 

Моддаи 686. Шартномаи иҷораи замин  ва дигар захираҳои табиӣ

  1. Иҷорадеҳ тибқи шартномаи иҷораи замин ва дигар захираҳои табиӣ ӯҳдадор мешавад, ки ба иҷорагир барои ихтиёрдории муваққатӣ ва истифодабарӣ замин ва дигар захираҳои табииро ба иҷора диҳад, иҷорагир бошад, ӯҳдадор мешавад, ки онҳоро мувофиқи таъинот истифода бурда, маблағи иҷораро пардозад.
  2. Агар қонун ё шартнома тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, қоидаҳои шартномаи иҷора нисбати иҷораи замини таъиноти кишоварзӣ ва дигар захираҳои табиӣ татбиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 687. Субъектҳои иҷораи замини таъиноти кишоварзӣ ва дигар захираҳои табиӣ

  1. Мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия ва мақомоти назорати кӯҳкорӣ мутобиқи Кодекси замин ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ҳақ доранд замин ва дигар захираҳои табииро ба иҷора супоранд.
  2. Истифодабарандагони дуюми замин ҳақ доранд мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи заминро мустақилона ба иҷора супоранд.
  3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, корхонаҳои муштарак, ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷӣ иҷорагир буда метавонанд.

 

Моддаи 688. Шакл ва мӯҳлати шартномаи иҷораи замин ва дигар захираҳои табиӣ

  1. Шартномаи иҷораи замин ва дигар захираҳои табиӣ бояд хаттӣ баста шавад.
  2. Мӯҳлати аққали шартномаи иҷораи замин аз як навбати майдони киштгардон камтар буда наметавонад.
  3. Мӯҳлати шартномаи иҷораи дигар захираҳои табиӣ дар шартнома 5 сол ва бештар аз ин муайян карда мешавад.

 

Моддаи 689. Ӯҳдадории иҷорадеҳ

  1. Иҷорадеҳ ӯҳдадор аст замини таъиноти кишоварзиро ба иҷорагир дар ҳолате супорад, ки барои таъиноти дар шартнома пешбинишуда мутобиқ бошад
  2. Иҷорадеҳ ӯҳдадор аст чорабиниҳоро барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ба мақсади истифодаи самарабахши замини ба иҷора дода шуда (обрасонӣ, чораҳои ҳосилхез кардани хок, роҳсозӣ ва таъмири он ва ғайра) амалӣ гардонад.
  3. Иҷорадеҳ ӯҳдадор аст хароҷоти заруриро, ки дар замини иҷоравӣ сарф кардааст, инчунин дигар хароҷоти зарурии бо розигии иҷорагир сарфшударо ҷуброн кунад.
  4. Иҷорадеҳ ӯҳдадор аст ба иҷорагир хароҷоти заруриро, аз ҷумла арзиши ҳосили ҳанӯз ғундоштанашуда, ки ба он бо талаби иҷорагир қатъ кардани шартномаи иҷораи замин сабаб шудааст, ҷуброн намояд.

 

Моддаи 690. Ӯҳдадории иҷорагир

  1. Иҷорагир ӯҳдадор аст:
  • заминро аз рӯи таъиноташ истифода барад;
  • заминро бе истифода нагузорад;
  • барои беҳтар намудани ҳолати замин чораҳо андешад.
  1. Музди иҷораро сари вақт пардохт намояд.
  2. Баъди адо шудани мӯҳлати шартномаи иҷора заминро дар ҳолати даркорӣ баргардонад.

 

Моддаи 691. Ҳуқуқи ҷуброн кардани арзиши беҳсозӣ

Иҷорагири замин ва дигар захираҳои табиӣ барои ҷуброни арзиши беҳсозиҳои анҷом додашуда бо розигии иҷорадеҳ ё беҳсозиҳои зарурӣ барои истифодаи муътадили замини иҷора ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 692. Ҳуқуқи дароз кардани мӯҳлати  шартномаи иҷора

  1. Баъди ба охир расидани мӯҳлати шартнома иҷорагир ба аз нав барқарор кардани мӯҳлати шартнома ҳуқуқ дорад.
  2. Дар сурати набудани аризаи яке аз тарафҳо дар бораи қатъ кардан ё тағйир додани шартнома оиди итмоми мӯҳлат вай бо ҳамон шартҳое, ки шартнома пешбинӣ карда буд, тамдид меёбад.

 

7. Иҷораи молиявӣ (лизинг)

 

Моддаи 693. Шартномаи иҷораи молиявӣ

  1. Аз рӯи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) иҷорадеҳ (лизингдеҳ) ӯҳдадор мешавад, ки амволи нишондодаи иҷорагир (лизинггир)-ро аз фурӯшандаи муайянкардаи ӯ ба моликият харидорӣ намояд ва ин амволро пулакӣ ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатӣ барои мақсадҳои соҳибкорӣ пешниҳод кунад.

Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иҷорадеҳ барои интихоби амволи ба иҷора гирифташуда ва фурӯшанда ҷавобгар нест.

  1. Аз рӯи шартномаи иҷораи молиявӣ ҳама гуна ашёву анҷоми ғайриистеъмолие, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд, ба истиснои қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиӣ метавонанд таҳвил дода шаванд.

 

Моддаи 694. Огоҳонидани фурӯшанда дар бораи  ба иҷора додани амвол

Иҷорадеҳ амволро барои иҷорагир харидорӣ намуда, бояд фурӯшандаро дар бораи он, ки амвол ҷиҳати ба шахси муайян ба иҷора додани он таъин шудааст, огоҳ созад.

 

Моддаи 695. Ба иҷорагир таҳвил додани мавзӯи  шартномаи иҷораи молиявӣ

  1. Агар дар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, фурӯшанда амволеро, ки мавзӯи ин шартнома мебошад, бевосита ба иҷорагир дар маҳалли қарор доштани ӯ таҳвил медиҳад.
  2. Агар амволе, ки мавзӯи шартномаи иҷораи молиявӣ мебошад, дар мӯҳлати дар ин шартнома зикршуда ва агар дар шартнома чунин мӯҳлат зикр нашуда бошад, дар мӯҳлати қобили қабул ба иҷорагир таҳвил нагардад, иҷорагир ҳақ дорад, ки агар мӯҳлат бо сабабҳои вобаста ба иҷорадеҳ гузашта бошад, қатъи шартнома ва ҷуброни зарарро талаб намояд.

 

Моддаи 696. Ба иҷорагир гузаштани таваккали нобудшавии тасодуфӣ ё вайроншавии  тасодуфии амвол

Таваккали нобудшавии тасодуфӣ ё вайроншавии тасодуфии амволи ба иҷора гирифташуда ба иҷорагир, агар дар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар лаҳзаи ба ӯ таҳвил додани ин амвол мегузарад.

 

Моддаи 697. Масъулияти фурӯшанда

  1. Иҷорагир ҳуқуқ дорад амволеро, ки мавзӯи шартномаи иҷораи молиявӣ мебошад, талаботеро, ки аз шартномаи хариду фурӯши байни фурӯшанда ва иҷорадеҳ басташуда, аз ҷумла дар бобати сифат ва мукаммалии амвол, мӯҳлатҳои таҳвили он ва дар дигар ҳолатҳои ба таври лозима иҷро нагардидани шартнома бармеоянд, бевосита ба фурӯшанда пешниҳод намояд. Зимнан иҷорагир ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои барои фурӯшанда пешбининамудаи ҳамин Кодексро дар мавриде, ки агар ӯ яке аз тарафҳои шартномаи хариду фурӯши амволи зикршуда бошад, дорад. Аммо иҷорагир наметавонад шартномаи хариду фурӯшро бо фурӯшанда бидуни ризоияти иҷорадеҳ бекор намояд.

Дар муносибат бо фурӯшанда иҷорагир ва иҷорадеҳ ҳамчун қарздиҳандагони муштарак (моддаи 349) баромад мекунанд.

  1. Агар дар шартномаи иҷораи молиявӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иҷорадеҳ дар назди иҷорагир барои аз тарафи фурӯшанда иҷро гардидани талаботе, ки аз шартномаи хариду фурӯш бармеоянд, ғайр аз ҳолатҳое, ки масъулият барои интихоби фурӯшанда ба зиммаи иҷорагир мебошад, ҷавобгар нест. Дар ҳолати мазкур (охирин) иҷорагир ҳақ дорад бо интихоби худ талаботеро, ки аз шартномаи хариду фурӯш бармеоянд, бевосита ҳам ба фурӯшандаи амвол ва ҳам ба иҷорадеҳ, ки масъулияти муштарак доранд, пешниҳод намояд.

 

БОБИ 34. Иҷораи манзили истиқоматӣ

 

Моддаи 698. Шартномаи иҷораи манзили  истиқоматӣ

  1. Аз рӯи шартномаи иҷораи манзили истиқоматӣ иҷорадеҳ ӯҳдадор мегардад, ки ба иҷорагир ва аъзои оилаи ӯ манзили истиқоматиро пулакӣ барои ихтиёрдорӣ ва истифода диҳад.
  2. Муносибатҳо аз рӯи шартномаи иҷораи манзили истиқоматӣ тавассути Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.

 

БОБИ 35. Истифодаи ройгон (ссуда)

 

Моддаи 699. Мафҳуми шартномаи истифодаи  ройгон

  1. Аз рӯи шартномаи истифодаи ройгон (шартномаи ссуда) як тараф (ссудадеҳ) ӯҳдадор мешавад, ки ашёву асбобро ба тарафи дигар (ссудагир) ба истифодаи муваққатии ройгон диҳад ё медиҳад ва тарафи охирин ӯҳдадор мешавад, ки худи ҳамон ашёву асбобро дар ҳамон ҳолате, ки онро гирифта буд, бо дарназардошти фарсоиши мӯътадил ё дар ҳолате, ки дар шартнома зикр шудааст, бармегардонад.
  2. Ба шартномаи истифодаи ройгон мутобиқан қоидаҳои қисми 1 моддаи 626, қисми 1 ва қисми 2 моддаи 629, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 630, моддаи 634, қисми 2 моддаи 642, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 644 ҳамин Кодекс татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 700. Ссудадиҳанда (қарздеҳ)

Ҳуқуқи таҳвили ашёву асбоб барои истифодаи ройгон ба молики он ва дигар ашхосе, ки аз тарафи қонун ё молик ба ин кор ваколатдор карда шудаанд, тааллуқ дорад.

 

Моддаи 701. Барои истифодаи ройгон додани  ашёву асбоб

  1. Ссудадиҳанд (қарздеҳ) вазифадор аст ашёву асбобро дар ҳолати мутобиқ бо шартҳои шартнома ва таъиноти он бо ҳамаи лавозимоташ ва ҳуҷҷатҳои ба он тааллуқдошта диҳад.
  2. Агар чунин лавозим ва ҳуҷҷат дода нашуда бошанд ва бидуни онҳо ашёву асбоб мувофиқи таъинот истифода шуда натавонанд ё истифодаи он арзиши худро барои ссудагиранда ба андозаи муҳим гум кунад, ссудагиранда ҳақ дорад, ки додани чунин лавозим ва ҳуҷҷатро ё бекор кардани шартнома ва ҷуброни хароҷоти воқеии худро талаб намояд.

 

Моддаи 702. Оқибатҳои барои истифодаи ройгон надодани ашёву асбоб

Агар ссудадиҳанда ашёву асбобро ба ссудагир надиҳад, ссудагир ҳақ дорад, ки бекор кардани шартнома ва ҷуброни  зарарро  дар шакли хароҷоти воқеӣ талаб намояд.

 

Моддаи 703. Масъулият барои камбудиҳои ашёву асбобе, ки ба истифодаи ройгон дода шудааст

Ссудадиҳанда барои камбудиҳои ашёву асбобе, ки онҳоро ҳангоми бастани шартнома қасдан ё аз беэҳтиётии дағалона зикр накардааст, ҷавобгар аст.

Дар сурати ошкор гардидани чунин камбудиҳо ссудагиранда ҳуқуқ дорад, ки бо интихоби худ аз ссудадиҳанда ба таври ройгон бартараф намудани камбудиҳои ашёву асбоб ё ҷуброни хароҷоти барқарор намудани камбудиҳои ашёву асбоб ё пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартнома ва ҷуброни зарари воқеиро талаб намояд.

 

Моддаи 704. Ҳуқуқи ашхоси сеюм ба ашёву асбобе, ки барои истифодаи ройгон дода мешавад

Таҳвил додани ашёву асбоб ба истифодаи ройгон барои тағйирёбӣ ё қатъи ҳуқуқи ашхоси сеюм ба ин ашёву асбоб асос намебошад.

Ҳангоми бастани шартнома ссудадиҳанда вазифадор аст, ки ссудагирандаро доир ба ҳуқуқҳои ашхоси сеюм ба ин ашёву асбоб (сервитут, ҳуқуқи гарав ва ғайра) огоҳ намояд. Иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ ба ссудагиранда ҳуқуқ медиҳад, ки бекор кардани шартнома ва ҷуброни зарари воқеиро талаб намояд.

 

Моддаи 705. Ӯҳдадориҳои ссудагиранда дар бобати нигоҳдории ашёву асбоб

Ссудагиранда вазифадор аст, ки ашёву асбоби барои истифодаи ройгон гирифташударо дар ҳолати дуруст нигоҳ дорад. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ссудагиранда вазифадор аст, ки таъмири ҷорӣ ва асосии ашёву асбобро анҷом диҳад ва тамоми хароҷоти нигоҳдории онро ба зимма гирад.

 

Моддаи 706. Ҷавобгарии ссудагиранда

Агар ашёву асбоб аз сабаби онро мувофиқи шартнома ё таъиноташ истифода набурдан ё бе розигии ссудадиҳанда ба шахси сеюм додан нобуд ё вайрон шуда бошад, ӯ барои зарари ба ашёву асбоб расондааш ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 707. Масъулият барои зараре, ки ба шахси сеюм бо истифодаи ашёву асбоб расидааст

Ссудадиҳанда барои зараре, ки бо истифодаи ашёву асбоб ба шахси сеюм расонида шудааст, агар исбот накунад, ки зарар дар натиҷаи ғараз ё беэҳтиётии дағалонаи ссудагиранда ё шахсе, ки ин ашёву асбоб бо ризоияти ссудадиҳанда дар ихтиёри ӯ буд, расидааст, ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 708. Ба шахси сеюм додани ашёву асбобе, ки барои  истифодаи ройгон гирифта  шудааст

Ссудагиранда ҳуқуқ дорад танҳо бо ризоияти ссудадиҳанда, дар назди ӯ масъул боқӣ монда, ба истифодаи шахси сеюм ашёву асбоби ройгон гирифташударо диҳад.

 

Моддаи 709. Бо талаби ссудадиҳанда пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартнома

Ссудадиҳанда ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин пеш аз мӯҳлат бекоркунии шартномаро талаб намояд, агар ссудагиранда:

1) ашёву асбобро мутобиқи шартнома ё тибқи таъинот истифода набарад;

2) ӯҳдадориҳои дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани ашёву асбоб ё нигоҳдории онро иҷро накунад;

3)  ҳолати ашёву асбобро моҳиятан бад гардонад;

4) бе ризоияти ссудадиҳанда ба шахси сеюм ашёву асбобро дода бошад.

 

Моддаи 710. Бо талаби ссудагиранда пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартнома

Ссудагиранда ҳуқуқ дорад пеш аз мӯҳлат бекоркунии шартномаи истифодаи ройгонро талаб  намояд:

1) ҳангоми ошкор кардани камбудиҳо, ки истифодаи дурусти ашёву анҷомро имконнопазир ё мушкил мегардонад ва дар бораи мавҷудияти онҳо ӯ дар лаҳзаи бастани шартнома намедонист ва дониста ҳам наметавонист;

2) агар ашёву асбоб аз рӯи ҳолате, ки ба он ӯ ҷавобгӯ нест, дар вазъияти барои истифода корношоям бошад;

3) агар ҳангоми бастани шартнома ссудадиҳанда ӯро аз ҳуқуқҳои ашхоси сеюм дар бораи ашёву асбобе, ки дода мешавад, огоҳ накарда бошад.

 

Моддаи 711. Радди шартнома

Агар мӯҳлати истифодаи ройгони ашёву асбоб дар шартнома муайян нашуда бошад, ҳар яке аз тарафҳо ҳуқуқ дорад ҳар вақт, тарафи дигарро як моҳ пеш дар маврид огоҳ намуда, агар тибқи шартнома мӯҳлати дигари огоҳкунӣ пешбинӣ нагардида бошад, аз шартнома даст кашад.

 

Моддаи 712. Тағйир ёфтани тарафҳо дар шартнома

  1. Ссудагиранда ҳуқуқ дорад бегона кардани ашёву асбобро ба ҷо орад. Дар ин маврид шартномаи ройгон истифодабарии ашёву анҷом қувваи ҳуқуқиро барои соҳибмулки нав нигоҳ медорад.
  2. Дар сурати вафот кардани шаҳрванд – ссудадиҳанда ё аз нав таъсис ёфтан ё барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ – ссудадиҳанда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо тибқи шартнома ба ворис ё дигар вориси ҳуқуқӣ ё шахси дигар, ки ба ӯ ҳуқуқи моликият ба ашёву асбоб ё ҳуқуқи дигар гузаштааст ва дар асоси он ашёву анҷом ба истифодаи ройгон дода шудааст, мегузарад.

Дар сурати аз нав таъсис ёфтани шахси ҳуқуқӣ – ссудагиранда ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои ӯ тибқи шартнома, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба вориси ҳуқуқӣ мегузарад.

 

Моддаи 713. Қатъи шартнома

Шартномаи истифодаи ройгон ғайр аз асосҳои умумии қатъи ӯҳдадориҳо, инчунин дар сурати фавти шаҳрванд – ссудагиранда ё барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ – ссудагиранда, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қатъ мегардад.

 

БОБИ 36. Пудрат 

1. Муқаррароти умумӣ оид ба пудрат

 

Моддаи 714. Шартномаи пудрат

  1. Тибқи шартномаи пудрат як тараф (пудратчӣ) ӯҳдадор мешавад тибқи супориши тарафи дигар (фармоишгар) кори муайянеро анҷом диҳад, онро дар мӯҳлати муайян ба фармоишгар супорад ва фармоишгар бошад, ӯҳдадор мешавад корро қабул намуда, ҳаққи онро пардозад (ҳаққи корро пардозад). Кор агар дар қонунҳо ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бо таваккали фармоишгар анҷом дода мешавад.
  2. Нисбат ба шаклҳои алоҳидаи шартномаи пудрат (пудрати маишӣ, пудрати сохтмон, пудрат доир ба корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустҷӯӣ) муқаррароти пешбининамудаи ҳамин зербоб истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 715. Корҳое, ки тибқи шартномаи  пудрат анҷом дода мешаванд

  1. Шартномаи пудрат барои тайёр кардан ё коркарди ашё ё барои иҷрои корҳои дигар бо додани натиҷаи он, ба фармоишгар баста мешавад.
  2. Тибқи шартномаи пудрат, ки барои тайёр кардани ашё баста шудааст, пудратчӣ ҳуқуқи онро ба фармоишгар медиҳад.
  3. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ мустақилона усули иҷрои супориши фармоишгарро муайян менамояд.

 

Моддаи 716. Иҷрои корҳо аз ҷониби пудратчӣ

  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, корҳо аз ҷониби пудратчӣ бо мавод ва тавассути қувва ва воситаҳои ӯ анҷом дода мешавад.
  2. Пудратчӣ барои маводи сифатан номатлуб ва таҷҳизоти додашуда, инчунин мавод ва таҷҳизоти пешниҳодшудае, ки гаронии ҳуқуқҳои шахси сеюмро доро аст, масъул мебошад.

 

Моддаи 717. Таваккали тасодуфан нобуд ва вайрон шудани мавод

Таваккали тасодуфан несту нобуд гардидан ё тасодуфан вайрон шудан (осеб дидан)-и маводро, агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, то фаро расидани мӯҳлати аз ҷониби пудратчӣ дар шартнома пешбинишудаи корҳо, ки  маводро  фароҳам овардааст ва баъди  фаро расидани ин мӯҳлат тарафе, ки мӯҳлатро гузаронидааст, ба зимма доранд.

 

Моддаи 718.  Пудратчии генералӣ ва пудратчии ғайриасосӣ (фаръӣ)

  1. Агар аз қонунҳо ё шартномаи пудрат ӯҳдадориҳои пудратчӣ вобаста ба шахсан иҷро намудани корҳои дар шартнома пешбинишуда барнаояд, пудратчӣ ҳуқуқ дорад барои иҷрои як қисми ӯҳдадориҳои худ дигар ашхос (пудратчиёни ғайриасосӣ)-ро ҷалб кунад. Дар ин ҳолат пудратчӣ ба сифати пудратчии генералӣ баромад мекунад.
  2. Пудратчии генералӣ дар назди пудратчии ғайриасосӣ барои аз ҷониби фармоишгар иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои худ оид ба шартномаи пудрат ва дар назди фармоишгар барои оқибатҳои аз ҷониби пудратчии ғайриасосӣ иҷро накардан ё номатлуб иҷро намудани ӯҳдадориҳои худ мутобиқи моддаи 434 ҳамин Кодекс масъулият дорад.

Агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фармоишгар ва пудратчии ғайриасосӣ ҳуқуқ надоранд вобаста ба вайрон кардани шартномаҳое, ки ҳар кадоми онҳо бо пудратчии генералӣ бастаанд, яке ба дигаре талабот пешниҳод кунанд.

  1. Бо мувофиқаи пудратчии генералӣ фармоишгар ҳуқуқ дорад барои иҷрои корҳои алоҳида бо дигар ашхос шартнома бандад. Дар чунин ҳолат ашхоси зикргардида барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби кор дар назди фармоишгар мустақиман масъулият доранд.

 

Моддаи 719. Дар иҷрои кор иштирок намудани якчанд шахс

  1. Агар аз ҷониби пудратчӣ ҳамзамон ду ё якчанд шахс баромад кунанд, дар сурати тақсим нашудани мавзӯи ӯҳдадорӣ онҳо нисбат ба фармоишгар қарздорони муштарак дониста шуда, мутаносибан кредиторони муштарак эътироф карда мешаванд.
  2. Ҳангоми тақсимшаванда будани мавзӯи ӯҳдадорӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ё шартнома ҳар яке аз ашхоси дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардида нисбат ба фармоишгар дар доираи ҳиссаи худ ҳуқуқ ба даст меоранд ва дорои масъулият (моддаи 344) мебошанд.

 

Моддаи 720. Мӯҳлати иҷрои корҳо

  1. Дар шартномаи пудрат мӯҳлати ибтидоӣ ва ниҳоии иҷрои кор зикр мегардад. Бо мувофиқаи байни тарафҳо дар шартнома метавонад, инчунин мӯҳлати хотимаи давраҳои алоҳидаи кор (мӯҳлатҳои мобайнӣ) пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

Агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ барои вайрон кардани ҳам мӯҳлати ибтидоӣ ва ҳам мӯҳлати ниҳоӣ, инчунин мӯҳлатҳои мобайнии иҷрои кор масъулият дорад.

  1. Мӯҳлатҳои ибтидоӣ, ниҳоӣ ва мобайнии иҷрои корҳо, ки дар шартнома зикр гардидаанд, тибқи ҳолат ва тартиби пешбининамудаи шартнома метавонад тағйир дода шаванд.
  2. Оқибатҳои гузаронидани мӯҳлати иҷро, ки дар моддаи 436 ҳамин Кодекс зикр гардидаанд, ҳангоми вайрон кардани мӯҳлати ниҳоии иҷрои кор фаро мерасанд.

 

Моддаи 721. Арзиши кор

  1. Дар шартномаи пудрат арзиши коре, ки бояд иҷро шавад ё усули муайян кардани он зикр мешавад. Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани чунин нишондод нарх мутобиқи банди 3 моддаи 456 ҳамин Кодекс аз ҷониби суд муқаррар карда мешавад.
  2. Нарх дар шартномаи пудрат ҷуброни хароҷоти пудратчӣ ва подошпулии ба ӯ марбутаро дар бар мегирад.
  3. Нархи корҳо метавонад бо роҳи тартиб додани смета муайян карда шавад.

Дар ҳолатҳое ки агар кор мутобиқи сметаи тартибдодаи пудратчӣ анҷом дода шавад, смета аз лаҳзаи аз ҷониби фармоишгар тасдиқ шудани он дорои эътибор гардида, як ҷузъи шартнома ба ҳисоб меравад.

  1. Нархи корҳо (смета) метавонад тахминӣ ё устувор бошад. Ҳангоми дар шартнома набудани нишондодҳои дигар нархи корҳо (смета) устувор ҳисобида мешавад.
  2. Агар зарурати гузаронидани корҳои иловагӣ ва аз ин сабаб моҳиятан баланд гардидани нархи кори тахминан муайянгардида (сметаи тахминӣ) ба миён ояд пудратчӣ вазифадор аст сари вақт фармоишгарро огоҳ созад. Фармоишгаре, ки ба баланд шудани нархи кор (смета) розӣ намебошад, ҳуқуқ дорад аз шартнома даст кашад. Дар ин ҳолат пудратчӣ метавонад барои иҷрои қисми кор аз фармоишгар пардохти арзиши онро талаб намояд.

Пудратчие, ки сари вақт фармоишгарро дар  мавриди зарурати баланд кардани нарх (смета)-и дар шартнома пешбинишуда огоҳ накардааст, вазифадор аст, бо ҳифзи ҳуқуқи худ оид ба пардохти кор тибқи нархе, ки дар шартнома муайян гардидааст, шартномаро иҷро кунад.

  1. Пудратчӣ ҳуқуқ надорад зиёд кардани нархи устувор (сметаи устувор) ва фармоишгар кам кардани онро талаб намояд, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки ҳангоми бастани шартнома имконияти пешбинӣ намудани ҳаҷми умумии корҳои иҷрошаванда ё хароҷоти барои ин зарурӣ истисно шудааст.

Ҳангоми баъди бастани шартнома ба таври муҳим баланд шудани арзиши мавод ва таҷҳизоте, ки бояд пудратчӣ фароҳам орад, инчунин боло рафтани арзиши хизмати  ашхоси сеюм пудратчӣ ҳуқуқ дорад зиёд кардани нарх (смета)-и муқарраршударо талаб кунад ва дар сурати аз ҷониби фармоишгар рад кардани иҷрои талаботи ӯ мутобиқи моддаи 483 ҳамин Кодекс бекор кардани шартномаро талаб намояд.

 

Моддаи 722. Сарфакории пудратчӣ

  1. Дар ҳолатҳое ки агар хароҷоти воқеии пудратчӣ нисбат ба оне, ки ҳангоми муайян кардани нарх (таҳияи смета) ба ҳисоб гирифта шудааст, камтар бошад, агар фармоишгар исбот карда натавонад, ки сарфаи ба даст овардаи пудратчӣ ба сифати иҷрои кор таъсир расондааст, пудратчӣ ҳуқуқи худро барои пардохти кор тибқи нарх (смета)-е, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, нигоҳ медорад.
  2. Дар шартномаи пудрат метавонад тақсими сарфаи ба дастовардаи пудратчӣ байни тарафҳо пешбинӣ карда шавад.

 

Моддаи 723. Тартиби пардохти корҳо

  1. Агар дар шартномаи пудрат пешпардохти иҷрои кор ё давраҳои алоҳидаи он пешбинӣ нагардида бошад, фармоишгар вазифадор аст ба пудратчӣ баъди хотимаи кор, ба шарте ки кор ба таври дахлдор ва дар мӯҳлати мувофиқашуда ва ё бо мувофиқаи фармоишгар пеш аз мӯҳлат анҷом дода шуда бошад, маблағи қайду шартшударо пардозад.
  2. Пудратчӣ ҳуқуқ дорад ба андози дар шартнома зикргардида аз фармоишгар пардохти бунак (аванс)-ро талаб кунад.

 

Моддаи 724.  Ҳуқуқи пудратчӣ барои нигоҳ доштан

Ҳангоми аз ҷониби фармоишгар иҷро накардани ӯҳдадории пардохти арзиши муқарраршуда ё дигар маблағе, ки вобаста ба иҷрои кор ба пудратчӣ тааллуқ дорад, пудратчӣ мутобиқи моддаҳои 388, 389 ҳамин Кодекс натиҷаи кор, инчунин таҷҳизоти марбути фармоишгарро, ки барои коркарди ашё дода шудааст, боқимондаи маводи истифоданашуда ва дигар амволи дар наздаш бударо то аз ҷониби фармоишгар пардохта шудани маблағи дахлдор метавонад нигоҳ дорад.

 

Моддаи 725. Иҷрои кор бо истифодаи маводи фармоишгар

  1. Пудратчӣ вазифадор аст маводи фароҳамовардаи фармоишгарро сарфакорона ва боэҳтиёт истифода бурда, баъди ба итмом расонидани кор оид ба масрафи мавод ҳисобот дода, бақияи онро баргардонад ё бо мувофиқаи фармоишгар бо назардошти арзиши маводи истифоданашудае, ки дар назди пудратчӣ боқӣ мондааст, арзиши корро пасттар кунад.
  2. Агар бо сабабҳои камбудии маводе, ки фармоишгар фароҳам овардааст, натиҷаи кор ба даст наомада бошад ё натиҷаи бадастовардашуда дорои камбудие бошад, ки истифодаи онро тибқи таъиноти пешбининамудаи шартнома имконнопазир мегардонад ва ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани шарти дахлдор барои истифодаи оддӣ номумкин аст, пудратчӣ ҳуқуқ дорад пардохти кори анҷомдодаашро талаб намояд.
  3. Пудратчӣ, агар исбот карда тавонад, ки камбудии мавод ҳангоми ба таври дахлдор қабул кардани мавод аз ҷониби пудратчӣ ошкор карда шуданаш номумкин буд, метавонад ҳуқуқҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардидаро татбиқ намояд.

 

Моддаи 726.  Масъулияти пудратчӣ барои нигаҳдошти амволи фароҳамовардаи  фармоишгар

Пудратчӣ барои эҳтиёт накардани маводу таҷҳизоте ки фармоишгар барои коркарди мавод фароҳам овардааст, инчунин дигар амволе, ки вобаста ба иҷрои шартномаи пудрат таҳти ихтиёри пудратчӣ қарор гирифтааст, масъулият дорад.

 

Моддаи 727. Ҳуқуқи фармоишгар ҳангоми иҷрои кор

  1. Фармоишгар ҳуқуқ дорад ҳар вақте ҷараёни иҷро ва сифати корро бидуни дахолат ба фаъолияти пудратчӣ тафтиш намояд.
  2. Агар пудратчӣ сари вақт ба иҷрои шартномаи пудрат оғоз накунад ё корро чунон бо оҳистагӣ иҷро кунад, ки то мӯҳлати муқарраршуда анҷом додани он баръало имконнопазир гардад, фармоишгар ҳуқуқ дорад аз шартнома даст кашад ва ҷуброни зарарро талаб намояд.
  3. Агар ҳангоми иҷрои кор аён гардад, ки кор ба таври дахлдор анҷом дода намешавад, фармоишгар ҳуқуқ дорад ба пудратчӣ барои рафъи камбудиҳо мӯҳлати муносиб муайян кунад ва дар сурати аз ҷониби пудратчӣ дар мӯҳлати муайяншуда иҷро накардани ин талабот аз шартнома даст кашад ё барои ислоҳи кор аз ҳисоби пудратчӣ ба дигар шахс муроҷиат кунад, инчунин ҷуброни зарарро талаб намояд.
  4. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фармоишгар метавонад дар ҳар лаҳза, то ба ӯ супурдани иҷрои кор аз шартномаи пудрат даст кашад ва ба пудратчӣ қисми муқарраршудаи арзиши корро, ки то гирифтани огоҳинома дар мавриди аз шартнома даст кашидани фармоишгар анҷом дода шудааст, пардозад. Фармоишгар инчунин вазифадор аст ба пудратчӣ зарареро, ки вобаста ба қатъи шартнома расонида шудааст, ҷуброн намояд.

 

Моддаи 728. Ҳолатҳое, ки пудратчӣ вазифадор аст дар маврид фармоишгарро огоҳ намояд

  1. Пудратчӣ вазифадор аст фавран фармоишгарро огоҳ созад ва то аз ӯ гирифтани нишондод корро ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои зайл қатъ намояд:

– корношоямӣ ё бесифатии мавод, таҷҳизот, ҳуҷҷатҳои техникӣ ё ашёи барои коркард пешниҳоднамудаи фармоишгар;

– оқибатҳои имконпазири нохуши ба иҷрои супориши фармоишгар  оид ба усули иҷрои кор вобаста;

– дигар ҳолатҳои ба пудратчӣ вобастанабудае, ки ба коршоямӣ ё устувории натиҷаҳои иҷрои кор таҳдид мекунанд ё дар мӯҳлати муайянгардида анҷом додани корро ғайриимкон мегардонанд.

  1. Пудратчие, ки фармоишгарро дар мавриди ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида огоҳ насохтааст ё мӯҳлати дахлдореро, ки барои гирифтани ҷавоб ба огоҳонӣ зарур аст мунтазир нашуда, корро идома додааст ё сарфи назар аз огоҳонии саривақтии фармоишгар дар мавриди боздоштани корҳо фаъолиятро давом додааст, ҳуқуқ надорад ҳангоми нисбат ба ӯ ё пешниҳод шудани талабот ё аз ҷониби ӯ пешниҳод кардани талаботи дахлдор ба фармоишгар ба ҳолатҳои зикргардида истинод кунад.
  2. Агар фармоишгар, сарфи назар аз огоҳонии саривақтӣ ва асосноки пудратчӣ оид ба ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, дар мӯҳлати муносиб маводи корношоям ё бесифатро иваз накунад, супоришро оид ба усули иҷрои кор тағйир надиҳад ё барои рафъи ҳолатҳое, ки ба коршоямӣ ё устувории корҳо таҳдид менамоянд, чораҳои дигар наандешад, пудратчӣ ҳуқуқ дорад аз шартнома даст кашад ва ҷуброни зарари вобаста ба қатъи шартнома расонидашударо талаб намояд.

 

Моддаи 729. Аз ҷониби фармоишгар иҷро накардани ӯҳдадориҳои мутақобила оид ба шартномаи пудрат

  1. Пудратчӣ, ҳангоме ки фармоишгар ӯҳдадориҳои худро оид ба шартномаи пудрат ба ҷо намеорад, аз ҷумла мавод, таҷҳизот, ҳуҷҷатҳои техникӣ ё ашёи барои коркард заруриро таҳия намекунад, барои аз ҷониби пудратчӣ иҷро намудани шартномаи пудрат монеа мешавад, инчунин ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки баръало дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро нагардидани ин ӯҳдадориҳо гувоҳӣ медиҳанд, ҳуқуқ дорад ба кор шурӯъ накунад ё корҳои оғозгардидаро (моддаи 353) қатъ намояд.
  2. Агар дар шартномаи пудрат тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида пудратчӣ ҳуқуқ дорад аз иҷрои шартнома даст кашад ва ҷуброни зарари расонидашударо талаб намояд.

 

Моддаи 730. Мусоидати фармоишгар

  1. Фармоишгар вазифадор аст тибқи ҳолатҳо, ҳаҷм ва тартиби дар шартномаи пудрат пешбинигардида ба пудратчӣ дар иҷрои кор мусоидат намояд.

Ҳангоми аз ҷониби фармоишгар иҷро накардани ин ӯҳдадориҳо пудратчӣ ҳуқуқ дорад ҷуброни зарари расонидашуда, инчунин хароҷоти иловагиро вобаста ба бекористӣ ё гузаронидан (тамдид)-и мӯҳлати иҷрои кор ё зиёд кардани арзиши корро талаб намояд.

  1. Дар ҳолатҳое ки дар натиҷаи амал ё камбудиҳои фармоишгар иҷрои кор вобаста ба шартномаи пудрат имконнопазир гардидааст, пудратчӣ ҳуқуқи худро барои пардохтани маблағи муқарраршуда бо назардошти қисми кори анҷомдодашуда, нигоҳ медорад.

 

Моддаи 731. Қабули иҷрои кор аз ҷониби  фармоишгар

  1. Фармоишгар вазифадор аст тибқи мӯҳлат ва тартиби пешбининамудаи шартномаи пудрат бо иштироки пудратчӣ иҷрои корро аз назар гузаронад ва қабул кунад ва ҳангоми ошкор намудани сарфи назар кардани шартнома, ки корро бадтар мегардонад ё дигар норасоиҳо фавран ба пудратчӣ арз намояд.
  2. Фармоишгаре, ки ҳангоми қабул камбудиҳои корро аён сохтааст, ҳуқуқ дорад ба онҳо танҳо дар ҳолате истинод намояд, ки агар дар акт ё дар дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабул ин норасоиҳо қайду шарт шудаанд ё имконияти минбаъд пешниҳод шудани талаб дар мавриди рафъи онҳо зикр гардидааст.
  3. Фармоишгаре, ки корро бидуни тафтиш қабул кардааст, аз ҳуқуқи истинод ба камбудиҳо, ки метавонист ҳангоми усули оддии қабули кор (камбудиҳои ошкоро) ошкор карда шавад, маҳрум мегардад.
  4. Фармоишгаре, ки баъди қабули кор риоя нашудани шартнома ё дигар камбудиҳоро ошкор намудааст, ки ҳангоми усули оддии қабул муайян намудани онҳо (камбудиҳои ноаён) ғайриимкон аст аз ҷумла чунин камбудиҳое, ки қасдан аз ҷониби пудратчӣ пинҳон карда шудаанд, вазифадор аст пудратчиро дар мӯҳлати қобили қабул огоҳ созад.
  5. Ҳангоми ба миён омадани баҳс байни фармоишгар ва пудратчӣ вобаста ба камбудиҳои иҷрои кор ё сабабҳои он бо талаби ҳар кадоме аз тарафҳо экспертиза таъин карда шуданаш мумкин аст. Хароҷоти вобаста ба гузаронидани экспертиза ба истиснои ҳолатҳое, ки агар экспертиза вайрон карда нашудани шартнома ё байни амали пудратчӣ ва камбудии ошкоршуда вуҷуд надоштани алоқамандиро муқаррар карда бошад, ба зиммаи пудратчӣ мебошад. Дар чунин ҳолатҳо хароҷоти гузаронидани экспертизаро тарафе анҷом медиҳад, ки гузаронидани онро талаб кардааст ва агар экспертиза тибқи созишномаи тарафҳо гузаронида шуда бошад, аз ҷониби ҳар ду тараф пардохта мешавад.
  6. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳангоми саркашии фармоишгар аз қабули иҷрои кор пудратчӣ бо гузашти мӯҳлати як моҳ аз рӯзе, ки бояд мувофиқи шартнома кор ба фармоишгар супурда шавад ва баъд аз ду маротиба огоҳ намудани ӯ, ҳуқуқ дорад натиҷаи корро фурӯшад ва маблағи бадастовардаро бо аз ҳисоб баровардани ҳамаи пардохтҳои ба пудратчӣ тааллуқдошта ба депозити идораи нотариалӣ ба номи фармоишгар гузаронад.
  7. Агар саркашии фармоишгар аз иҷрои қабули кор боиси минбаъд гузаронидани мӯҳлати супурдани кор гардида бошад, ҳуқуқи моликият ба ашёи тайёркардашуда (коркардшуда) аз лаҳзае, ки супурдани он сурат гирифтааст, ба фармоишгар гузашта эътироф карда мешавад.

 

Моддаи 732. Сифати кор

  1. Кори анҷомдодаи пудратчӣ бояд ба шартҳои шартнома мутобиқат намояд ва дар сурати мавҷуд набудани шарт ё комилан пурра набудани он ба талаботе, ки одатан ба чунин кори навъи дахлдор пешниҳод мегардад, ҷавобгӯ бошад. Агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, иҷрои кор бояд:

– дар лаҳзаи супурдан ба фармоишгар дорои хосиятҳои дар шартнома пешбинигардида ё ба талаботи муайяни одатан пешниҳодшаванда ҷавоб диҳад;

– дар давоми давраи қобили қабул барои истифода тибқи таъиноти дар шартнома пешбинишуда коршоям бошад ва агар он дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, барои истифодаи чунин навъи корҳо муносиб бошад.

  1. Агар тибқи қонунpо ё тартиби муқаррарнамудаи онҳо нисбат ба кори тибқи шартномаи пудрат иҷрошаванда талаботи ҳатмӣ пешбинӣ гардида бошад, пудратчии ба сифати соҳибкор баромадкунанда бояд корро бо риояи ҳамон талаботи ҳатмӣ анҷом диҳад.

Пудратчӣ метавонад вобаста ба шартнома ӯҳдадорӣ қабул намуда, иҷрои корро тавре анҷом диҳад, ки нисбат ба талаботи сифати дар талаботи ҳатмӣ муқарраргардида ҷавобгӯи  талаботи сифатан баландтар бошад.

 

Моддаи 733. Кафолати сифати кор

  1. Ҳангоме ки тибқи қонунҳо ё шартнома ё тибқи анъанаҳои муомилоти корӣ аз ҷониби пудратчӣ ба фармоишгар додани кафолати сифати кор пешбинӣ шуда бошад, пудратчӣ вазифадор аст ба фармоишгар дар тӯли тамоми мӯҳлати кафолат натиҷаи кореро, ки бояд ба талаботи қисми 1 моддаи 732 ҳамин Кодекс мутобиқ бошад, супорад.
  2. Кафолати сифати натиҷаи кор, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба ҳамаи он чизе, ки натиҷаи корро ташкил медиҳад, татбиқ мегардад.

 

Моддаи 734. Тартиби баҳисобгирии мӯҳлати кафолат

  1. Агар дар шартномаи пудрат тартиби дигаре, пешбинӣ нагардида бошад ҷараёни мӯҳлати кафолат аз лаҳзае ки иҷрои кор қабул гардидааст ё мебоист аз ҷониби фармоишгар қабул гардад, оғоз меёбад.
  2. Барои баҳисобгирии мӯҳлати кафолат тибқи шартномаи пудрат, агар дар қонунҳо ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ё аз мушахассоти шартномаи пудрат барнаояд, мутаносибан қоидаҳои дар қисмҳои 2 – 4 моддаи 507 ҳамин Кодекс зикргардида истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 735. Масъулияти пудратчӣ барои сифати номатлуби кор

  1. Агар кор аз ҷониби пудратчӣ бо риоя накардани шартнома анҷом дода шуда бошад, ки боиси бад шудани кор гаштааст ё бо камбудиҳои дигаре анҷом ёфтааст, ки истифодаи онро барои мақсади дар шартнома пешбинигардида ношоям сохтааст ё ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани чунин шартҳо барои истифодаи оддӣ ғайриимкон аст, азбаски дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст, фармоишгар ҳуқуқ дорад тибқи интихоби худ аз пудратчӣ талаб кунад, ки:

– дар мӯҳлати муносиб камбудиҳои корро ройгон рафъ намояд;

– мутаносибан нархҳои барои кор муқарраргардидаро паст кунад;

– хароҷоташро барои рафъи камбудиҳо дар сурате ки агар дар шартнома ҳуқуқи фармоишгар оид ба рафъи камбудиҳо пешбинӣ гардида бошад, ҷуброн намояд.

  1. Пудратчӣ ҳуқуқ дорад бар ивази рафъи камбудиҳои коре, ки барои онҳо ӯ ҷавобгар мебошад, ройгон, бо ҷуброни зараре, ки вобаста ба гузаронидани мӯҳлати иҷрои кор расонида шудааст, аз нав корҳоро иҷро кунад. Дар ин сурат фармоишгар вазифадор аст кори қаблии анҷомдодашударо, агар мувофиқи хусусияти кор чунин баргардонидан имконпазир бошад, ба пудратчӣ баргардонад.
  2. Агар дар кор сарфи назар кардани шарти шартнома ё дигар камбудиҳои кор муҳим ё рафънопазир бошанд ё дар мӯҳлати мувофиқи муқаррарнамудаи фармоишгар норасоиҳои ошкоргардида бартараф карда нашуда бошанд, фармоишгар ҳуқуқ дорад аз шартнома даст кашад ва ҷуброни зарари расонидашударо талаб намояд.
  3. Шартҳои шартномаи пудрат дар хусуси барои камбудиҳои дахлдор аз масъулият озод кардани пудратчӣ, агар исбот шуда бошад, ки чунин камбудиҳо дар натиҷаи амал ё беамалии гунаҳкоронаи пудратчӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ӯро аз масъулият озод карда наметавонад.
  4. Пудратчие, ки барои иҷрои корҳо мавод таҳия намудааст, барои сифати онҳо тибқи қоидаҳо оид ба масъулияти фурӯшанда барои молҳои сифатан номатлуб (қисмҳои 1 – 3 ва 5 моддаи 511) ҷавобгар аст.

 

Моддаи 736. Мӯҳлатҳои ошкор намудани сифати номатлуби натиҷаҳои кор

  1. Агар дар қонунҳо ё шартномаи пудрат тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фармоишгар ҳуқуқ дорад вобаста ба сифати номатлуби кор ба шарти дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳамин модда ошкор гардидани онҳо талабот пешниҳод кунад.
  2. Дар сурате ки агар барои натиҷаи кор мӯҳлати кафолат муқаррар нагардида бошад, талаботи вобаста ба камбудиҳои натиҷаи кор аз ҷониби фармоишгар ба шарти дар мӯҳлатҳои мувофиқ ошкор намудани онҳо, вале дар доираи ду сол аз рӯзи супурдани натиҷаи кор, агар дар қонунҳо, шартнома ё анъанаҳои муомилоти корӣ мӯҳлати дигаре муқаррар нашуда бошад, пешниҳод шуданаш мумкин аст.
  3. Фармоишгар ҳуқуқ дорад вобаста ба камбудиҳои натиҷаи коре, ки дар натиҷаи ҷараёни мӯҳлати кафолат ошкор гардидааст, талабот пешниҳод намояд.
  4. Дар ҳолатҳое, ки мӯҳлати кафолати пешбининамудаи шартнома аз ду сол камтар бошад ва норасоиҳои натиҷаи кор аз ҷониби фармоишгар пас аз гузашти мӯҳлати кафолат, вале дар доираи ду сол аз лаҳзаи пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда ошкор гардидааст, агар фармоишгар исбот карда тавонад, ки камбудиҳо то супурдани натиҷаи кор ба фармоишгар ё бо сабабҳое, ки то ин лаҳза рух додаанд, ба миён омадаанд, пудратчӣ масъулиятро ба зимма дорад.
  5. Агар дар шартномаи пудрат тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, мӯҳлати кафолат (қисми 1 моддаи 734) аз лаҳзае, ки натиҷаи иҷрои кор қабул гардида буд ё мебоист аз ҷониби фармоишгар қабул гардад, ҷараён меёбад.
  6. Нисбат ба ҳисоби мӯҳлати кафолат тибқи шартномаи пудрат, агар дар қонунҳо, санадҳои дигари ҳуқуқӣ ё созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ё аз мушаххасоти шартномаи пудрат барнаояд, мутаносибан қоидаҳои дар қисмҳои 2 ва 4 моддаи 507 ҳамин Кодекс зикргардида истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 737. Мӯҳлати даъво оид ба даъвоҳо дар мавриди кори сифатан номатлуб

  1. Мӯҳлати даъво барои талаботе, ки вобаста ба кори сифатан номатлуб тибқи шартномаи пудрат анҷомдодашуда ба миён омадаанд, мувофиқи қоидаҳои моддаи 221 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

Мӯҳлати даъво барои талабот вобаста ба камбудиҳои бино, сохтмон, иншоот, агар ин камбудиҳо ҳангоми усули оддии қабули кор ошкор шуданашон ғайриимкон бошад, аз лаҳзаи ошкор шудани камбудиҳо панҷ солро дар бар мегирад.

  1. Агар дар қонунҳо ё шартномаи пудрат аз ҷониби пудратчӣ додани кафолати сифати кор пешбинӣ, мӯҳлати кафолат муқаррар гардида бошад ва ариза дар мавриди камбудиҳои кор дар доираи мӯҳлати кафолат дода шуда бошад, ҷараёни мӯҳлати даъво аз рӯзи додани ариза дар мавриди камбудиҳо оғоз меёбад.
  2. Агар мутобиқи шартномаи пудрат кор аз ҷониби фармоишгар қисм ба қисм қабул карда шуда бошад, ҷараёни мӯҳлати даъво аз рӯзи пурра қабул кардани кор оғоз меёбад.

 

Моддаи 738. Ӯҳдадории пудратчӣ дар мавриди ба фармоишгар додани маълумот

Пудратчӣ вазифадор аст якҷоя бо натиҷаи кор ба фармоишгар маълумотеро супорад, ки ба истифода ё навъи дигари истифодаи мавзӯи шартнома дахл дорад, агар ин дар шартнома пешбинӣ гардида ё маълумот дорои хусусияте бошад, ки бидуни он истифодаи натиҷаҳои кор барои мақсадҳои дар шартнома зикргардида ғайриимкон аст.

 

Моддаи 739. Махфӣ нигоҳ доштани маълумоти  бадастовардаи тарафҳо

Агар тарафҳо ба туфайли иҷрои ӯҳдадориҳои хеш вобаста ба шартнома аз ҷониби дигар дар мавриди тасмим ва донишҳои техникӣ маълумоте гирифта бошанд, аз ҷумла маълумоте, ки аз ҳуқуқи ҳифз истифода намебарад, инчунин маълумоте, ки метавонад чун сирри тиҷоратӣ арзёбӣ гардад, он ҳуқуқ надорад бидуни розигии тарафи дигар  ба ашхоси сеюм иттилоъ диҳад.

Тартиб ва шартҳои истифодаи чунин маълумот тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 740. Ба фармоишгар баргардонидани мавод ва таҷҳизот

Дар ҳолатҳое ки агар фармоишгар дар асоси қисми 4 моддаи 727 ё қисми 3 моддаи 735 ҳамин Кодекс аз шартномаи пудрат даст кашад, пудратчӣ вазифадор аст мавод ва таҷҳизоти фароҳамовардаи фармоишгарро, ки барои коркарди ашё дода шуда аст ё дигар амволро баргардонад ё онро ба ашхоси зикрнамудаи фармоишгар диҳад ва агар иҷрои ин кор ғайриимкон гардида бошад, арзиши мавод, таҷҳизот ва дигар амволро ҷуброн намояд.

 

Моддаи 741. Оқибатҳои қатъи шартномаи пудрат то қабули натиҷаи кор

Дар сурати қатъ гардидани шартномаи пудрат то қабули натиҷаи кор аз ҷониби фармоишгар тибқи асосҳои пешбининамудаи қонунҳо ё шартномаи пудрат, ки пудратчӣ анҷом додааст (қисми 1 моддаи 731), фармоишгар ҳуқуқ дорад ба ӯ супурдани натиҷаи кори ба итмом расониданашударо бо ҷуброни хароҷоти масрафнамудаи пудратчӣ талаб намояд.

 

2. Пудрати маишӣ

 

Моддаи 742. Шартномаи пудрати маишӣ

  1. Мувофиқи шартномаи пудрати маишӣ пудратчие, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад, ӯҳдадор мешавад тибқи фармоиши шаҳрванд – фармоишгар фаъолияти муайянеро, ки барои қонеъ гардонидани талаботи маишӣ ё дигар талаботи шахсии фармоишгар таъин шудааст, анҷом диҳад ва фармоишгар бошад ӯҳдадор мешавад корро қабул намуда, ҳаққи онро пардозад.
  2. Шартномаи пудрати маишӣ ба шартномаи оммавӣ (моддаи 458) дохил мешавад.
  3. Нисбат ба шартномаи пудрати маишӣ, ки бо ҳамин Кодекс танзим нагардидааст, қонунҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки дар асоси он қабул гардидаанд, истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 743. Кафолати ҳуқуқи фармоишгар

  1. Пудратчӣ ҳуқуқ надорад ба фармоишгар ба шартномаи пудрати маишӣ дохил намудани кор ва хизматрасонии иловагии пулакиро талаб намояд. Ҳангоми вайрон кардани ин талабот фармоишгар ҳуқуқ дорад аз пардохти кор ё хизматрасониҳои дахлдор даст кашад.
  2. Фармоишгар ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи то ба ӯ супурдани кор аз шартномаи пудрати маишӣ бо пардохти қисми нархи муқарраршуда барои кор, ки то гирифтани огоҳинома дар мавриди радди фармоишгар аз шартнома аз ҷониби пудратчӣ анҷом дода шудааст, даст кашад ва ба ӯ хароҷоти то ин лаҳза бо мақсади иҷрои кор масрафнамудаашро, агар онҳо ба арзиши ҳамин қисмати кор дохил нашуда бошад, пардозад. Шартҳои шартномае, ки фармоишгарро аз ин ҳуқуқ маҳрум месозанд, қурб надоранд.

 

Моддаи 744. Шакли шартнома

Агар дар қонунҳо ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагадида бошад, шартномаи пудрати маишӣ аз лаҳзаи аз ҷониби фармоишгар  ба пудратчӣ супурдани квитансия ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бастани шартнома баимзорасида ҳисобида мешавад.

Мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зикргардида фармоишгарро аз ҳуқуқи истинод ба баёноти шоҳидон ҷиҳати тасдиқи далели бастани шартнома ё шартҳои он маҳрум намесозад.

 

Моддаи 745.  Офертаи оммавии корҳо

  1. Нисбат ба реклама ва дигар пешниҳоди корҳое, ки тибқи шартномаи пудрати маишӣ иҷро карда мешавад, мутаносибан қоидаҳо дар мавриди офертаи оммавии молҳо, ки дар моддаи 529 ҳамин Кодекс зикр шудааст, истифода бурда мешавад.
  2. Ҳангоми ба фармоишгар супурдани кор пудратчӣ вазифадор аст ба ӯ оид ба талаботе, ки барои самарабахш ва бехатар истифода бурдани ашёи таҳиягардида ё коркардашуда ё корҳои дигари анҷомдодашуда риоя кардани онҳо зарур аст, инчунин оид ба оқибатҳои эҳтимолие, ки риоя накардани талаботи дахлдор ба худи фармоишгар ё дигар ашхос таҳдид карда метавонад, маълумот диҳад.
  3. Фармоишгар, агар дар натиҷаи аз пудратчӣ гирифтани маълумоти нопурра ё нодуруст барои иҷрои кор шартнома баста бошад, ки дорои хосиятҳои дарназардоштаи фармоишгар намебошад, ҳуқуқ дорад бекор кардани шартномаи пудрати маишӣ ва ҷуброни зарарро талаб намояд.

 

Моддаи 746. Ба фармоишгар пешниҳод намудани маълумот оид ба кор

Пудратчӣ вазифадор аст то бастани шартномаи пудрати маишӣ ба фармоишгар оид ба корҳои пешниҳодшаванда, навъ ва мушаххасоти он, оид ба нарх ва шакли пардохт маълумоти зарурӣ ва саҳеҳ диҳад, инчунин бо хоҳиши фармоишгар дар мавриди маълумотҳои дигари марбут ба шартнома ва кори дахлдор иттилоъ диҳад.  Агар тибқи хусусияти кор ин дорои аҳамият бошад, пудратчӣ бояд ба фармоишгар шахси аниқро, ки ин корро анҷом медиҳад, зикр намояд.

 

Моддаи 747.  Иҷрои корҳо аз маводи пудратчӣ

  1. Агар кор оид ба шартномаи пудрати маишӣ аз маводи пудратчӣ анҷом дода шавад, арзиши мавод ҳангоми бастани шартнома пурра ё қисман, чуноне ки дар шартнома зикр шудааст, бо ҳисоббаробаркунии ниҳоӣ баъди аз ҷониби фармоишгар аз пудратчӣ гирифтани мол пардохта мешавад.

Мутобиқи шартномаи пудрати маишӣ мавод метавонад ба пудратчӣ ба таври кредит, аз ҷумла бо шарти аз ҷониби фармоишгар давра ба давра пардохтани он пешниҳод карда шавад.

  1. Тағйир ёфтани нархи маводе, ки пудратчӣ пешниҳод кардааст, баъди бастани шартнома боиси ҳисобу китоби нав шуда наметавонад.

 

Моддаи 748. Иҷрои кор аз маводи фармоишгар

Агар корҳо оид ба шартномаи пудрати маишӣ аз маводи фармоишгар анҷом дода шавад, дар квитансия ё ҳуҷҷати дигаре, ки ҳангоми бастани шартнома пудратчӣ ба фармоишгар медиҳад, бояд номи дақиқ, тасвир ва арзиши маводи тибқи созишномаи тарафҳо муқарраргардида зикр карда шавад. Нархгузории мавод дар квитансия ё дигар ҳуҷҷати шабеҳ метавонад минбаъд аз ҷониби фармоишгар дар суд, бо роҳи пешниҳоди далелҳои хаттӣ мавриди баҳс қарор дода шавад.

 

Моддаи 749. Нарх ва пардохти кор

Нархи кор дар шартномаи пудрати маишӣ тибқи созишномаи тарафҳо муқаррар гардида, наметавонад аз нархи дар  нархнома (прейскурант) эълоннамудаи пудратчӣ болотар бошад. Корро фармоишгар баъди аз ҷониби пудратчӣ пурра супурдани он мепардозад. Тибқи созишномаи тарафҳо кор метавонад аз ҷониби фармоишгар ҳангоми бастани шартнома пурра ё бо усули додани  бунак (аванс) пардохта шавад.

 

Моддаи 750. Огоҳ сохтани фармоишгар дар мавриди шартҳои истифодаи кори иҷрошуда

Ҳангоми ба фармоишгар супурдани кор пудратчӣ вазифадор аст ба ӯ оид ба талаботе, ки барои кори самарабахш ва бехатари истифодаи натиҷаи кор риоя намудани онҳо зарур аст, инчунин аз оқибатҳои имконпазири риоя накардани талаботи дахлдор барои худи фармоишгар ва дигар ашхос иттилоъ диҳад.

 

Моддаи 751. Оқибатҳои ошкор намудани камбудиҳои иҷрои кор

  1. Фармоишгар, дар сурати ҳангоми қабули кор ё дар вақти истифодаи ашёи пудрат ошкор намудани камбудиҳо метавонад дар ҷараёни мӯҳлати дар моддаи 731 ҳамин Кодекс зикргардида ва ҳангоми мавҷуд будани мӯҳлати кафолат дар тӯли ин муддат яке аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 736 ҳамин Кодексро истифода барад.
  2. Талабот оид ба рафъи ройгони чунин камбудиҳои кори тибқи шартномаи пудрати маишӣ анҷомдодашуда, ки метавонад ба ҳаёт ё саломатии худи фармоишгар ва дигар ашхос таҳдид кунад, агар дар тартиби муайяннамудаи қонун мӯҳлати нисбатан бештаре муқаррар (мӯҳлати хизмат) нагардида бошад, аз ҷониби фармоишгар ё вориси ҳуқуқии ӯ дар ҷараёни даҳ сол аз лаҳзаи қабули кор пешниҳод шуданаш мумкин аст. Чунин талаботро, сарфи назар аз он, ки кай чунин камбудиҳо ошкор гардидаанд, аз ҷумла баъди хотимаи мӯҳлати кафолат ошкор шуданашон низ пешниҳод намудан мумкин аст.

Ҳангоми аз ҷониби пудратчӣ иҷро накардани талаботи зикргардида фармоишгар ҳуқуқ дорад дар ҷараёни ҳамин мӯҳлат ё баргардонидани қисми арзише, ки барои кор супурда буд ё ҷуброни хароҷотеро, ки барои рафъи камбудиҳо бо қувваи худ ё бо кӯмаки ашхоси сеюм масраф кардааст, талаб намояд.

 

Моддаи 752. Оқибатҳои барои гирифтани кор ҳозир нашудани фармоишгар

  1. Дар сурати барои гирифтани кор ҳозир нашудани фармоишгар ё ба таври дигар аз қабули кор саркашӣ намудани ӯ пудратчӣ ҳуқуқ дорад ба таври хаттӣ фармоишгарро огоҳ намуда, бо гузашти ду моҳ аз рӯзи огоҳонӣ ашёи пудратро бо нархи муносиб фурӯшад ва маблағи аз фурӯш ба даст овардаашро, бо касри ҳамаи маблағи пардохти ба ӯ тааллуқдошта мутобиқи моддаи 352 ҳамин Кодекс ба номи фармоишгар ба депозити нотариус гузаронад.
  2. Дар ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида пудратчӣ метавонад бар ивази фурӯши ашёи пудрат аз ҳуқуқи нигоҳ доштан (боздоштан)-и ашё (моддаи 724) истифода барад ё аз фармоишгар ҷуброни зарари расонидашударо ситонад.

 

Моддаи 753. Ҳуқуқи фармоишгар дар сурати иҷрои номатлуб ё иҷро накардани кор тибқи шартномаи пудрати маишӣ

Дар сурати иҷрои номатлуб ё иҷро накардани корҳо тибқи шартномаи пудрати маишӣ фармоишгар метавонад аз ҳуқуқҳои мувофиқи моддаҳои 537-539 ҳамин Кодекс ба харидор додашуда истифода барад.

 

Моддаи 754. Оқибатҳои фавти яке аз тарафҳо дар шартнома

Ҳангоми қатъи шартномаи пудрати маишӣ тибқи асосҳои пешбининамудаи моддаи 450 ҳамин Кодекс оқибатҳои қатъи шартнома мувофиқи созишномаи байни вориси ҳуқуқии тарафи дахлдор ва контрагенти ӯ ва дар сурати ба мувофиқа нарасидани онҳо аз ҷониби суд бо дарназардошти ҳаҷми кори анҷомдодашуда ва нархи он арзиши маводи масрафшуда ва боқимонда, инчунин дигар ҳолатҳои назаррас муайян карда мешавад.

 

3. Пудрати сохтмон

 

Моддаи 755. Шартномаи пудрати сохтмон

  1. Мувофиқи шартномаи пудрати сохтмон пудратчӣ вазифадор мешавад дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома тибқи супориши фармоишгар иншооти муайян ё дигар корҳои сохтмониро анҷом диҳад ва фармоишгар ӯҳдадор мешавад барои пудратчӣ ҷиҳати иҷрои кор шароити зарурӣ фароҳам оварад, корро қабул кунад ва ба он нархи қайду шартшударо пардозад.
  2. Шартномаи пудрати сохтмон барои сохтмон ё азнавсозии корхонаҳо, бино (аз ҷумла бинои истиқоматӣ), иншоот ё дигар объектҳо, инчунин барои иҷрои корҳои васл, танзиму истифодадиҳӣ ва дигар корҳои ба ҳам алоқаманди иншооти эъморшаванда баста мешавад.

Агар ин дар шартнома пешбинӣ гардида бошад, пудратчӣ ӯҳдадор мешавад, ки истифодаи иншоотро баъди қабули он аз ҷониби фармоишгар дар ҷараёни мӯҳлати дар шартнома зикргардида таъмин намояд.

  1. Дар ҳолатҳое ки агар тибқи шартномаи пудрати сохтмон корҳо ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи маишӣ ё дигар талаботи шахсии шаҳрванд (фармоишгар) анҷом дода шавад, нисбат ба чунин шартнома мутаносибан қоидаҳои зербоби 2 ҳамин модда оид ба ҳуқуқҳои фармоишгар вобаста ба шартномаи пудрати маишӣ истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 756. Тақсими таваккал байни тарафҳо

  1. Таваккали тасодуфан несту нобуд гардидан ё тасодуфан осеб дидани иншооти сохтмон, ки мавзӯи шартномаи пудрати сохтмонро ташкил медиҳад, то лаҳзаи аз ҷониби фармоишгар қабул гардидани ин иншоот ба зиммаи пудратчӣ мебошад.
  2. Агар иншооти сохтмон то қабули он аз ҷониби фармоишгар несту нобуд гардида бошад ё дар натиҷаи бесифатии маводи фароҳамовардаи фармоишгар (асбобу анҷом, конструксияҳо) ё таҷҳизот ё иҷрои нодурусти супориши фармоишгар осеб дида бошад, пудратчӣ ҳуқуқ дорад пардохти тамоми арзиши дар смета пешбинишудаи корҳоро бо шарти он ки ӯ ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 728 ҳамин Кодексро иҷро кардааст, талаб намояд.

 

Моддаи 757. Масъулият барои бехатарии корҳои  анҷомдодашаванда

Масъулият барои бехатар анҷом додани корҳо ба зиммаи пудратчӣ гузошта мешавад.

 

Моддаи 758. Суғурта кардани иншооти сохташаванда

Пудратчӣ ӯҳдадор аст, аз ҳисоби худ суғуртаи иншоот ё маҷмӯи корҳоеро, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, агар дар шартнома тартиб ва шарти дигаре аз ҷониби тарафҳо муқаррар нагардида бошад, суғурта кунад.

Тарафе, ки ба зиммаи ӯ ӯҳдадории суғурта вогузошта шудааст, бояд ба тарафи дигар тибқи тартиби пешбининамудаи шартнома далели аз ҷониби он бастани шартномаи суғуртаро мутобиқи шартҳои шартномаи пудрати сохтмон, аз ҷумла маълумотро дар бораи суғуртакунанда, маблағи суғурта ва таваккалҳои суғурташуда  пешкаш намояд.

 

Моддаи 759. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ

  1. Пудратчӣ вазифадор аст сохтмон ва корҳои вобаста ба онро тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки ҳаҷм ва мӯҳтавои корҳо ва дигар талаботи ба кор алоқаманд ва сметае, ки арзиши корро муайян менамояд, анҷом диҳад.
  2. Пудратчие, ки дар ҷараёни сохтмон корҳои дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ зикрнагардида ва вобаста ба ин зарурати корҳои иловагӣ ва зиёд кардани арзиши сметавии сохтмонро ошкор менамояд, бояд дар маврид ба фармоишгар маълумот диҳад.

Дар сурати дар тӯли даҳ рӯз аз фармоишгар нагирифтани ҷавоб ба маълумоти ирсолгардида, агар дар қонун ё шартнома барои ин мӯҳлати дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ вазифадор аст корҳои дахлдорро боздорад ва зарари вобаста ба бекористӣ расонидашударо аз ҳисоби фармоишгар ҷуброн намояд. Фармоишгар, агар исбот карда тавонад, ки ба гузаронидани корҳои иловагӣ зарурат нест, аз ҷуброни чунин зарар озод карда мешавад.

  1. Пудратчие, ки ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи қисми 2 ҳамин моддаро иҷро накардааст аз ҳуқуқи аз фармоишгар талаб кардани пардохти корҳои иловагии анҷом додашуда ва зарари вобаста ба он расонидашуда, маҳрум мегардад.

 

Моддаи 760. Ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ

  1. Фармоишгар ҳуқуқ дорад ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, ки ба хароҷоти иловагии пудратчӣ алоқаманд нестанд, ворид намудани тағйиротро талаб намояд.
  2. Тағйир додани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, ки хароҷоти иловагии пудратчиро талаб мекунад, аз ҳисоби фармоишгар дар асоси сметаи иловагии аз ҷониби тарафҳо мувофиқашуда анҷом дода мешавад.
  3. Пудратчӣ, агар бо сабабҳои ба ӯ вобастанабуда арзиши корҳоро нисбат ба он, ки дар смета пешбинӣ шудааст на камтар аз даҳ фоиз афзуда бошад, ҳуқуқ дорад мутобиқи моддаи 446 ҳамин Кодекс аз нав дида баромадани сметаро талаб кунад.
  4. Пудратчӣ ҳуқуқ дорад ҷуброни хароҷотҳои оқилонаеро, ки вобаста ба муқаррар намудан ва рафъи норасогиҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ расонида шудааст, талаб намояд.

 

Моддаи 761. Таъмини моддии корҳо

  1. Ӯҳдадории бо мавод, аз ҷумла ҷузъҳо ва конструксияҳо, инчунин бо таҷҳизот таъмин намудани сохтмон, агар дар шартнома таъмини моддии сохтмонро дар маҷмӯъ ё вобаста ба як қисми он фармоишгар анҷом диҳад, ба ӯҳдаи пудратчӣ вогузошта мешавад.
  2. Пудратчие, ки ба зиммааш таъминоти моддии сохтмон гузошта шудааст, таваккали ошкор намудани имконнопазирии истифода бурдани мавод (ҷузъҳо ва конструксияҳо) ё таҷҳизоти пешниҳодшударо бидуни бад гардонидани сифати иҷрои корҳо ба ӯҳда дорад.
  3. Дар сурати ошкор намудани имконнопазирии истифодаи мавод (ҷузъҳо ва конструксияҳо) ё таҷҳизоти фароҳамовардаи фармоишгар бидуни бад гардонидани сифати иҷрои корҳо пудратчӣ ӯҳдадор аст аз фармоишгар дар мӯҳлатҳои мувофиқ бартараф кардани онҳоро талаб намояд ва агар ин талаб иҷро нагардад пудратчӣ ҳуқуқ дорад аз шартнома даст кашида, аз фармоишгар талаб намояд, ки арзиши шартномаро мутаносибан ба иҷрои қисми кор, инчунин зарареро, ки бо ин маблағ пӯшонида нашудааст, ҷуброн намояд.

 

Моддаи 762. Пардохти корҳо

  1. Пардохти корҳои анҷомдодашуда аз ҷониби фармоишгар тибқи андозаи дар смета пешбинишуда дар мӯҳлат ва мувофиқи тартибе, ки қонун ё шартнома пешбинӣ намудаанд, анҷом дода мешавад. Ҳангоми дар қонун ё шартнома мавҷуд набудани супориши дахлдор пардохти корҳои анҷомдодаи пудратчӣ мутобиқи моддаи 723 ҳамин Кодекс сурат мегирад.
  2. Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмон таҳти шарти “супурдани калид” (хотимаи пурра), баъди қабули иншоот аз ҷониби фармоишгар, нархи дар шартнома зикргардида дар ҳаҷми пурра, якдафъаина пардохта мешавад.

 

Моддаи 763. Фароҳам овардани қитъаи замин барои сохтмон

Фармоишгар вазифадор аст барои сохтмон сари вақт чунин қитъаи заминеро ҷудо намояд, ки аз ҷиҳати майдон ва ҳолат дар шартнома зикр гардидааст. Ҳангоми дар шартнома набудани чунин нишондод – майдон ва ҳолати қитъаи замин бояд оғози сари вақти кор, пешбурди мӯътадил ва дар мӯҳлати муайянгардида анҷом додани корро таъмин намояд.

 

Моддаи 764. Ӯҳдадориҳои иловагии фармоишгар дар шартномаи пудрати сохтмон

Фармоишгар ӯҳдадор аст, тибқи ҳолат ва тартиби пешбининамудаи шартномаи пудрати сохтмон ба пудратчӣ ҷиҳати анҷом додани кор барои истифода бино ва иншооти заруриро дода, ба унвонии ӯ ҳамлу нақли бор, гузаронидани хатҳои муваққатии шабакаи барқ, об, налҳои буғгузаронӣ ва ғайраро таъмин намояд.

 

Моддаи 765. Аз ҷониби фармоишгар тибқи шартнома назорат кардан ва санҷидани иҷрои кор

  1. Фармоишгари шартномаи пудрати сохтмон ҳуқуқ дорад назорат ва санҷиши ҷараёни кор ва сифати он, риояи мӯҳлати иҷро (нақша), сифати маҳсулоти фароҳамовардаи пудратчӣ, инчунин дурустии аз ҷониби пудратчӣ истифода бурдани маводи фармоишгарро анҷом дода, вале дар айни замон ба фаъолияти оперативию хоҷагидории пудратчӣ дахолат накунад.
  2. Фармоишгаре, ки ҳангоми анҷом додани назорат ва санҷиши ҷараёни иҷрои кор риоя накардани шарти шартномаро, ки метавонад боиси паст шудани сифати кор гардад ё дигар камбудиҳоро ошкор намудааст, вазифадор аст фавран пудратчиро огоҳ созад. Фармоишгаре, ки чунин арзро пешниҳод накардааст, минбаъд ҳуқуқи худро ба истисно ба камбудиҳои ошкоргардида аз даст медиҳад.
  3. Пудратчӣ вазифадор аст супоришҳои дар ҷараёни сохтмон аз фармоишгар гирифтаашро, агар ин супоришҳо хилофи шартҳои шартнома набошанд, иҷро кунад.

 

Моддаи 766. Ҳамкории тарафҳо дар шартномаи  пудрати сохтмон

  1. Агар ҳангоми иҷрои сохтмон ва корҳои вобаста ба он барои иҷрои матлуби шартномаи пудрати сохтмон монеъаҳо ошкор гарданд, ҳар кадоме аз тарафҳо ӯҳдадоранд барои рафъи чунин монеъаҳо тадбирҳои муносиби ба онҳо вобастаро андешанд. Тарафе, ки ин ӯҳдадориро иҷро накардааст, аз ҳуқуқи худ барои ситонидани ҷуброни зарари вобаста ба рафъ накардани камбудиҳои дахлдор расонидашуда маҳрум мегардад.
  2. Хароҷоти ба иҷрои ӯҳдадориҳо вобастаи тарафҳо, ки дар қисми 1 ҳамин модда нишон дода шудааст, дар ҳолатҳои пешбиникардаи шартномаи пудрати сохтмон аз ҷониби тарафи дигар ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 767. Ӯҳдадории пудратчӣ оид ба ҳифзи муҳити атроф ва бехатарии пешбурди корҳои сохтмон

  1. Пудратчӣ вазифадор аст ҳангоми анҷом додани сохтмон ва корҳои вобаста ба он талаботи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқиро оид ба ҳифзи муҳити атроф ва бехатарии пешбурди сохтмон риоя намояд ва дар назди ашхоси сеюм барои вайрон кардани ин талабот ҷавобгар аст.
  2. Пудратчӣ, агар ин боиси вайрон кардани талаботи ҳатмӣ барои тарафҳо оид ба ҳифзи муҳити атроф ва пешбурди бехатари корҳои сохтмонӣ гардад, ҳуқуқ надорад дар ҷараёни кор мавод (ҷузъҳо ва конструксияҳо) ва таҷҳизоти фароҳамовардаи фармоишгарро истифода барад ё супоришҳои ӯро иҷро кунад.

 

Моддаи 768. Ӯҳдадории тарафҳо ҳангоми муваққатан хобондани (консерватсияи) сохтмон

Агар бо сабабҳои ба тарафҳо алоқаманд набуда корҳои вобаста ба шартномаи пудрати сохтмон боздошта шуда бошанд ва иншооти сохтмон муваққатан хобонда шуда (консерватсия) бошад, фармоишгар ӯҳдадор аст,  корҳои то лаҳзаи муваққатан хобонда шудан (консерватсия)  иҷрошударо ба пудратчӣ дар ҳаҷми пурра пардозад, инчунин хароҷоти бо зарурати қатъи кор ва муваққатан хобонда шудан (консерватсия)-и сохтмон масрафшударо бо дарназардошти фоидае, ки пудратчӣ мегирифт ё метавонист дар натиҷаи қатъи корҳо ба даст орад, ҷуброн намояд.

 

Моддаи 769. Супурдан ва қабули кор

  1. Фармоишгаре, ки иттилооти пудратчиро дар мавриди омодагӣ барои супурдани кори тибқи шартномаи пудрати сохтмон анҷомдодашуда ё давраи кори дар шартнома пешбинигардида гирифтааст, вазифадор аст фавран ба қабули он шурӯъ намояд.
  2. Фармоишгар, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қабули корро аз ҳисоби худ ташкил ва анҷом медиҳад. Дар ҳолатҳои дар қонун ё санадҳои дигари ҳуқуқӣ муқарраргардида дар қабули кор бояд намояндагони мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ иштирок намоянд.
  3. Фармоишгаре, ки давраҳои алоҳидаи корро пешакӣ қабул намудааст, таваккали несту нобуд гардидан ё зарар дидани сохтмонро, ки бо айби пудратчӣ сурат нагирифтааст, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки дар шартнома иҷрои корҳо тибқи таваккали пудратчӣ пешбинӣ гардидааст, ба зимма дорад.
  4. Аз ҷониби пудратчӣ супурдани кор ва қабули он аз ҷониби фармоишгар бо акте, ки ҳар ду тараф имзо намудаанд, ба расмият дароварда мешавад.  Дар сурати аз имзои акт саркашӣ намудани яке аз тарафҳо дар акт сабт гардида, он аз ҷониби тарафи дигар имзо карда мешавад.

Акти яктарафа супурдан ва ё қабул кардани кор метавонад аз ҷониби суд ғайриқонунӣ эътироф гардад.

  1. Дар ҳолатҳое ки агар ин дар қонун ё дар шартнома пешбинӣ гардида бошад ё аз хусусияти коре, ки тибқи шартномаи пудрати сохтмон анҷом дода мешавад ба миён ояд, пеш аз қабули кор бояд санҷиши пешакии он сурат гирад. Дар ин ҳолат қабули кор танҳо баъди натиҷаи мусбии санҷиши пешакӣ анҷом дода шуданаш мумкин аст.
  2. Фармоишгар дар ҳолати ошкор намудани камбудиҳое, ки имконияти истифодаи онро барои тибқи мақсадҳои дар шартнома зикргардида ғайриимкон мегардонад ҳуқуқ дорад, аз қабули кор даст кашад.

 

Моддаи 770. Масъулияти пудратчӣ барои сифати кор

  1. Пудратчӣ барои риоя накардани талаботи пешбининамудаи шартнома, лоиҳаи техникӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмони барои ҳар ду тараф ҳатмӣ, инчунин барои ноил нагардидан ба нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сохтмонӣ пешбинигардидаи ҳаҷми сохтмон, аз ҷумла ба монанди иқтидори истеҳсолии корхона, дар назди фармоишгар ҷавобгар мебошад.

Ҳангоми азнавсозӣ (навсозӣ, бозсозӣ, таҷдид ва ғайра)-и бино ё иншоот барои кам кардан ё аз даст додани пойдорӣ, (устуворӣ)  ва эътимоднокии бино, иншоот ё як қисми он пудратчӣ масъулиятро ба зимма дорад.

  1. Пудратчӣ барои бидуни розигии фармоишгар ҷузъан дур рафтан аз ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки манфиатҳои муҳими фармоишгарро дахолат намекунад, масъулият надорад.

 

Моддаи 771.  Кафолати сифат дар шартномаи пудрати сохтмон

  1. Агар дар шартномаи пудрати сохтмон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ ба даст овардани нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ зикргардидаро аз ҷониби иншооти сохтмон ва барои тамоми мӯҳлати кафолат имконияти истифода бурдани иншоотро тибқи шартнома кафолат медиҳад. Агар дар қонун ё шартнома мӯҳлати дигари кафолат муқаррар нагардида бошад, мӯҳлати кафолат аз рӯзи қабули иншоот аз ҷониби фармоишгар даҳ солро дар бар мегирад.
  2. Пудратчӣ агар исбот карда натавонад, ки камбудиҳо дар натиҷаи мӯътадил фарсуда шудани иншоот ё як қисми он, истифодаи нодуруст ё нишондодҳои нодурусти вобаста ба истифодаи он, ки худи фармоишгар ё ашхоси сеюми ҷалбкардаи он таҳия намудаанд, таъмири номатлуби иншоот, ки худи фармоишгар анҷом додааст ё бо ҷалби ашхоси сеюм иҷро кардааст, барои камбудиҳои дар давраи мӯҳлати кафолат ошкоргардида ҷавобгар мебошад.
  3. Ҷараёни мӯҳлати кафолат барои тамоми мӯҳлате, ки дар давоми он иншоот дар натиҷаи камбудиҳо (норасоиҳо ва номукаммалӣ) истифода бурда нашуд ва барои он пудратчӣ ҷавобгар аст, ба таъхир андохта мешавад.
  4. Дар ҳолати дар ҷараёни мӯҳлати кафолат ошкор намудани камбудиҳои дар қисми 1 моддаи 809 ҳамин Кодекс зикргардида фармоишгар вазифадор аст дар мӯҳлатҳои мувофиқи баъди ошкор кардани он ба пудратчӣ арз кунад.

 

Моддаи 772. Мӯҳлатҳои ошкор намудани сифати  номатлуби корҳои сохтмон

Ҳангоми пешниҳоди талаботи вобаста ба сифати номатлуби иҷрои кор қоидаҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 – 5 моддаи 735 ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд.

Дар айни замон мӯҳлати ниҳоии ошкор сохтани камбудиҳо мутобиқи қисмҳои 2 ва 4 моддаи 735 ҳамин Кодекс панҷ солро дар бар мегирад.

 

Моддаи 773. Бартараф намудани камбудиҳои содиршуда  аз тарафи пудратчӣ

  1. Пудратчӣ ӯҳдадор аст камбудиҳои содиркарда (норасоиҳо ва камукостҳо)-ро дар давоми мӯҳлати муайянкардаи акти қабул ва супоридани кор бартараф намояд.
  2. Пудратчӣ барои сари вақт бартараф накардани камбудиҳо тибқи тартиби муқарраркардаи шартнома ё қонун ҷавобгар аст.

 

Моддаи 774. Ҷуброни зарари маънавӣ

Зарари маънавие, ки ба фармоишгар дар натиҷаи аз ҷониби иҷрокунанда вайрон кардани ҳуқуқҳои ӯ расонида шудааст, дар сурати мавҷуд будани гуноҳ аз ҷониби расонандаи зарар ҷуброн карда мешавад. Андозаи ҷуброни зарари маънавӣ, агар дар санадҳои қонунӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҷониби суд муқаррар карда мешавад.

 

4. Пудрат барои корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ

 

Моддаи 775. Шартномаи пудрат ба корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ

Тибқи шартнома барои корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ пудратчӣ (лоиҳакаш, ҷустуҷӯкунанда) ӯҳдадор мешавад, ки бо супориши фармоишгар санадҳои лоиҳавию сметавӣ ва (ё) корҳои ҷустуҷӯиро анҷом диҳад ва фармоишгар бошад, ӯҳдадор мешавад, ки онро қабул намуда, ҳаққи корро пардозад.

 

Моддаи 776. Маълумоти ибтидоӣ барои корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ

  1. Тибқи шартномаи пудрат барои корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ фармоишгар вазифадор аст ба пудратчӣ дар мавриди лоиҳакашӣ супориш диҳад, инчунин дигар маълумоти ибтидоии барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ заруриро пешниҳод намояд. Вазифаи лоиҳакаширо бо супориши фармоишгар метавонад пудратчӣ низ анҷом диҳад. Дар ин ҳолат чунин вазифа аз лаҳзаи аз ҷониби фармоишгар тасдиқ шуданаш барои тарафҳо ҳатмӣ мебошад.
  2. Пудратчӣ вазифадор аст талаботи дар супориш ва дигар маълумоти ибтидоии барои лоиҳакашӣ ва иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ мавҷударо риоя намуда, танҳо бо розигии фармоишгар метавонад аз талаботи он сарфи назар намояд.

 

Моддаи 777. Ӯҳдадориҳои фармоишгар

Тибқи шартномаи пудрат барои корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ, агар дар шартномаи тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фармоишгар вазифадор аст:

– ба пудратчӣ баъди анҷом додани ҳамаи корҳо ё қисман, баъди анҷом додани давраҳои алоҳидаи  кор, нархи муқарраршударо пардозад;

– ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавиро, ки аз пудратчӣ гирифтааст, танҳо барои мақсадҳои дар шартнома пешбинигардида истифода барад, ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавиро ба ашхоси сеюм надиҳад ва бидуни розигии пудратчӣ маълумоти дар онҳо зикргардидаро ошкор нанамояд;

– ба пудратчӣ дар иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ тибқи андоза ва шартҳои пешбининамудаи шартнома хизмат расонад;

– якҷоя бо пудратчӣ дар корҳои бо мақомоти салоҳиятноки давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба мувофиқа расонидани ҳуҷҷатҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ иштирок намояд;

– ба пудратчӣ хароҷоти иловагиро вобаста ба тағйир ёфтани маълумоти ибтидоӣ барои лоиҳакашӣ ва корҳои ҷустуҷӯӣ, ки дар натиҷаи ҳолатҳои ба пудратчӣ марбутнабуда ба миён омадаанд, ҷуброн намояд;

– пудратчиро ба парванда оид ба даъвое, ки шахси сеюм нисбат ба фармоишгар вобаста ба камбудиҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ё иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ пешниҳод намудааст, ҷалб кунад.

 

Моддаи 778. Ӯҳдадориҳои пудратчӣ

  1. Тибқи шартномаи пудрат барои иҷрои корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ пудратчӣ вазифадор аст:

– тибқи супориш ё дигар ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ оид ба лоиҳакашӣ ва шартнома корҳоро анҷом диҳад;

– ҳуҷҷатҳои таҳиягардидаи техникиро бо фармоишгар ва дар сурати зарурат якҷоя бо фармоишгар бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба мувофиқа расонад;

– ба фармоишгар ҳуҷҷатҳои тайёри техникӣ ва натиҷаи корҳои ҷустуҷӯиро супорад.

Пудратчӣ ҳуқуқ надорад ҳуҷҷатҳои техникиро бидуни мувофиқаи фармоишгар ба ашхоси сеюм диҳад.

  1. Пудратчӣ оид ба шартномаи пудрат дар мавриди иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ ба фармоишгар мавҷуд набудани ҳуқуқи ашхоси сеюмро барои монеъ шудан ба иҷрои корҳо ё маҳдуд сохтани иҷрои онҳоро дар асоси ҳуҷҷатҳои техникии таҳиянамудаи пудратчӣ кафолат медиҳад.

 

Моддаи 779. Масъулияти пудратчӣ барои камбудиҳои ҳуҷҷатҳо ва корҳо

  1. Пудратчӣ оид ба шартномаи пудрат ба корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ барои камбудиҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ ва ҷустуҷӯӣ, аз ҷумла камбудиҳое, ки дар натиҷаи ҷараёни сохтмон, инчунин дар ҷараёни истифодаи объекти дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ ва маълумоти корҳои ҷустуҷӯӣ таҳиягардида ошкор шудаанд, масъулият дорад.
  2. Ҳангоми ошкор намудани камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ ё корҳои ҷустуҷӯӣ, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ бо талаби фармоишгар вазифадор аст ройгон ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавиро аз нав таҳия намояд ва мутаносибан ба таври иловагӣ корҳои зарурии ҷустуҷӯиро анҷом диҳад, инчунин ба фармоишгар зарари расонидашударо ҷуброн намояд.

 

5. Корҳои пудратӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ

 

Моддаи 780. Фармоиши давлатӣ ҷиҳати иҷрои корҳои пудратӣ барои эҳтиёҷоти  давлатӣ

  1. Корҳои пудрати сохтмон (моддаи 755), корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ (моддаи 775), ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё воҳидҳои марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст ва аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор маблағгузорӣ мегардад, дар асоси фармоиши давлатӣ ҷиҳати иҷрои корҳои пудратӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ анҷом дода мешавад.
  2. Тибқи фармоиши давлатӣ ҷиҳати иҷрои корҳои пудратӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ пудратчӣ вазифадор мешавад, ки корҳои сохтмон, лоиҳакашӣ ва дигар корҳои вобаста ба сохтмон ва таъмири иншооти дорои хусусияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолиро анҷом диҳад ва онро ба фармоишгари давлатӣ супорад ва фармоишгари давлатӣ ӯҳдадор мешавад, ки корҳои иҷрошударо қабул намуда, арзиши онҳоро пардозад ё пардохти онро таъмин кунад.

 

Моддаи 781. Тарафҳо дар фармоиши давлатӣ

Ба сифати фармоишгари давлатӣ мақомоти давлатие, ки дорои захираҳои инвеститсионии зарурӣ мебошанд ё ташкилоте, ки аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ ба он ҳуқуқи ихтиёрдории чунин захираҳо дода шудааст ва ба сифати пудратчӣ бошад шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванд баромад мекунанд.

 

Моддаи 782. Асосҳо ва тартиби бастани шартномаи пудрат барои эҳтиёҷоти давлатӣ

  1. Асос барои бастани шартномаи пудрат барои эҳтиёҷоти давлатӣ фармоиши давлатӣ ба ҳисоб меравад.
  2. Тартиби бастани шартномаи пудрат барои эҳтиёҷоти давлатӣ мутобиқи қоидаи моддаи 563 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 783. Мӯҳтавои фармоиши давлатӣ

Фармоиши давлатӣ бояд шартҳоро оид ба ҳаҷм ва арзиши корҳои иҷрошаванда, мӯҳлати оғоз ва хотимаи он, андоза ва тартиби маблағгузорӣ ва пардохти корҳо, усули таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои тарафҳоро дар бар гирад.

 

Моддаи 784. Тағйир додани фармоиши давлатӣ

  1. Ҳангоми аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда кам кардани маблағи буҷети дахлдори барои маблағгузории корҳои пудрат ҷудокардашуда тарафҳо бояд мӯҳлатҳои нав ва агар зарур бошад шартҳои дигари иҷрои корро ба мувофиқа расонанд. Пудратчӣ ҳуқуқ дорад аз фармоишгари давлатӣ ҷуброни зарари вобаста ба тағйир додани мӯҳлати ирои корҳо расонидашударо талаб намояд.
  2. Агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тағйир додани фармоиши давлатӣ, ки ба ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида алоқаманд намебошанд, тибқи созишномаи тарафҳо анҷом дода мешаванд.

 

Моддаи 785. Танзими ҳуқуқии фармоиши давлатӣ

Нисбат ба фармоиши давлатӣ ҷиҳати иҷрои корҳои пудратӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар қисмате, ки бо ҳамин Кодекс танзим нагардидааст, қонуни пудрат барои эҳтиёҷоти давлатӣ татбиқ мегардад.

 

6. Пудрат барои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавӣ (озмоишӣ)-ю конструкторӣ ва  корҳои технологӣ

 

Моддаи 786. Шартномаҳо барои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию (озмоишӣ) конструкторӣ ва корҳои технологӣ

  1. Тибқи шартнома барои корҳои илмию тадқиқотӣ пудратчӣ (иҷрокунанда) ӯҳдадор мешавад, ки тадқиқоти илмии бо фармоишгар қайду шартшударо анҷом диҳад ва тибқи шартномаи таҷрибавию конструкторӣ ва корҳои технологӣ бошад намунаи маҳсулоти нав, ҳуҷҷатҳои конструктории он, технологияи навро таҳия намояд ва ё намунаи нав созад; фармоишгар ӯҳдадор мешавад, ки ба пудратчӣ (иҷрокунанда) супориши техникӣ диҳад, корро қабул кунад ва арзиши онро пардозад.
  2. Шартнома бо пудратчӣ (иҷрокунанда) метавонад ҳам тамоми силсилаи (сикли) гузаронидани тадқиқ, таҳия ва тайёр кардани намунаҳо, ҳамчунин ҷузъҳои алоҳидаи онро дар бар гирад.

 

Моддаи 787.  Иҷрои  кор

  1. Пудратчӣ ӯҳдадор аст танҳо дар сурате шахсан корро иҷро намояд, ки он аз ӯҳдадории мушаххас ё хусусияти кор бармеояд. Дар ҳолатҳои дигар вай ҳақ дорад ба иҷрои шартномаи корҳои илмию тадқиқотӣ шахсони сеюмро ҷалб намояд.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳангоми иҷрои корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ пудратчӣ ҳуқуқ дорад ҷиҳати иҷрои ин корҳо ашхоси сеюмро ба сифати пудратчиёни ғайриасосӣ ҷалб намояд.

 

Моддаи 788. Супоридан, қабул ва пардохти кор

Пудратчӣ (иҷрокунанда) вазифадор аст корҳои иҷрошудаи илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологиро супорад ва фармоишгар онро қабул намояд ва арзиши онро пардозад. Дар шартнома қабул ва пардохти давраҳои алоҳидаи кор ё усули дигари пардохт пешбинӣ гардиданаш мумкин аст.

 

Моддаи 789. Махфӣ будани маълумот оид ба шартнома

Агар дар шартномаи оид ба корҳои илмию тадқиқотӣ ё барои корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад:

– ҳам пудратчӣ (иҷрокунанда) ва ҳам фармоишгар вазифадоранд махфӣ нигоҳ доштани малъумоти вобаста ба мавзӯи шартнома, ҷараёни иҷрои он ва натиҷаҳои ба даст овардашударо таъмин намоянд. Ҳаҷми маълумоте, ки махфӣ эътироф мешавад, тибқи шартнома муқаррар мегардад;

– пудратчӣ ҳуқуқ дорад танҳо бо розигии фармоишгар патенткунонии натиҷаҳои корро, ки тибқи шартномаи зикргардида ба даст оварда шудааст, анҷом диҳад.

 

Моддаи 790. Ҳуқуқи тарафҳо барои натиҷаҳои кор

  1. Фармоишгар оид ба шартномаи корҳои илмию тадқиқотӣ ё барои корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва корҳои технологӣ ҳуқуқ дорад натиҷаҳои кори ба ӯ супурдашударо тибқи ҳаҷм ва шартҳои пешбининамудаи шартнома истифода барад.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ (иҷрокунанда) ҳуқуқ дорад натиҷаҳои кори иҷрокардаашро барои худ истифода барад.
  3. Дар шартнома ҳуқуқи пудратчӣ (иҷрокунанда) дар хусуси ба ашхоси сеюм фурӯхтани натиҷаи кор пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 791. Ӯҳдадории фармоишгар

Фармоишгар оид ба шартномаи илмию тадқиқотӣ ё оид ба корҳои таҷрибавию конструкторӣ ё технологӣ ӯҳдадор аст:

ба пудратчӣ (иҷрокунанда) вазифаи техникӣ диҳад ва бо ӯ барнома (параметрҳои техникию иқтисодӣ) ё мавзӯи корро  ба мувофиқа расонад;

ба пудратчӣ (иҷрокунанда) иттилооти барои иҷрои кор заруриро супорад;

корҳои иҷрошударо қабул намуда, арзиши онро (моддаи 788) пардозад.

 

Моддаи 792. Ӯҳдадории пудратчӣ (иҷрокунанда)

  1. Пудратчӣ (иҷрокунанда) оид ба шартномаи илмию тадқиқотӣ ё корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ ӯҳдадор аст:

1) корҳоро мутобиқи барнома (параметрҳои техникию иқтисодӣ) ё мавзӯъ иҷро намуда, дар мӯҳлати дар шартнома муқарраргардида натиҷаи онро ба фармоишгар супорад;

2) талаботи вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳниро (моддаи 152) риоя намояд;

3) бо қувва ва аз ҳисоби худ камбудиҳои бо гуноҳаш роҳдодашударо дар ҳуҷҷатҳои техникие, ки боиси дур гардидан аз параметрҳои техникию иқтисодии дар супориши фармоишгар ё дар шартнома пешбинигардида шуда метавонад, рафъ намояд;

4) бетаъхир ба фармоишгар дар хусуси имконнопазирии ба даст овардани натиҷаҳои дарназардошташуда ё мувофиқи мақсад набудани идомаи кор маълумот диҳад;

5) ба фармоишгар кафолат диҳад, ки ашхоси сеюм ба натиҷаҳои дар асоси чунин шартнома додашуда дорои ҳуқуқи мустасно намебошанд;

6) барои истифодаи натиҷаҳои кор иҷозатнома (литсензия)-и дахлдор диҳад.

  1. Агар дар шартнома оид ба корҳои илмию тадқиқотӣ ё барои корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, пудратчӣ (иҷрокунанда) вазифадор аст:

1) бидуни розигии фармоишгар аз нашри натиҷаҳои корҳои илмию техникие, ки ҳангоми иҷрои кор ба даст оварда шудаанд, худдорӣ намояд;

2) барои ҳифзи натиҷаҳое, ки ҳангоми иҷрои корҳо ба даст оварда шудаанд ва қобили ҳимояи ҳуқуқӣ мебошанд, тадбирҳо андешад ва  фармоишгарро огоҳ созад.

  1. Ба фармоишгар, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, барои истифодаи натиҷаҳои илмию техникии дорои ҳимояи ҳуқуқи дар корҳои иҷрошуда истифодагардида иҷозатнома (литсензия)-и мустасно фароҳам орад.

 

Моддаи 793. Оқибатҳои имконнопазирии ба дастовардани натиҷаҳо дар шартнома оид  ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва технологӣ

Агар дар ҷараёни корҳои илмию тадқиқотӣ ва технологӣ ошкор гардад, ки истифодаи натиҷаҳои кор вобаста ба ҳолатҳои ба пудратчӣ (иҷрокунанда) марбутнабуда имконнопазир аст, фармоишгар вазифадор аст арзиши корҳои то ошкор гардидани имконнопазирии ба даст овардани натиҷаҳои дар шартнома пешбинигардида анҷомдодашударо, вале на бештар аз он қисми дахлдори нархе, ки дар шартнома зикр гардидааст, пардозад.

 

Моддаи 794. Оқибати имконнопазирии ба даст овардани натиҷаҳо дар шартнома оид ба корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ

Агар дар ҷараёни корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ ғайриимкон ё мувофиқи мақсад набудани идомаи кор ошкор гардад, ки дар он пудратчӣ гуноҳ надорад, фармоишгар вазифадор аст хароҷоти иҷрокунандаро ҷуброн намояд.

 

Моддаи 795. Масъулияти пудратчӣ (иҷрокунанда) барои вайрон кардани шартнома

  1. Пудратчӣ (иҷрокунанда) барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби шартнома барои корҳои илмию тадқиқотӣ ё корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ, агар исбот карда натавонад, ки вайрон кардани шартнома на бо гуноҳи пудратчӣ (иҷрокунанда) рух додааст, дар назди фармоишгар ҷавобгар мебошад.
  2. Пудратчӣ (иҷрокунанда), агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, вазифадор аст ба фармоишгар зарарро дар шакли зарари воқеӣ, дар доираи арзиши кор ҷуброн намояд.

 

Моддаи 796. Танзими ҳуқуқии шартномаҳо барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ

Нисбат ба мӯҳлати иҷро ва арзиши корҳо, инчунин оқибатҳои ҳозир нашудани фармоишгар барои қабули кор мутаносибан қоидаҳои моддаҳои 720-723 ва 752 ҳамин Кодекс  татбиқ карда мешаванд.

Нисбат ба фармоишҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ қоидаҳои пешбининамудаи моддаҳои 781 – 785 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешаванд.

 

БОБИ 37. Хизматрасонии пулакӣ

 

Моддаи 797. Шартномаи хизматрасонии пулакӣ

Тибқи шартномаи хизматрасонии пулакӣ бо супориши фармоишгар иҷрокунанда вазифадор аст хизмате расонад (амали муайяне ё фаъолияти муайянеро анҷом диҳад), ки дорои шакли ашёӣ набошад ва фармоишгар ӯҳдадор аст арзиши онро пардозад.

 

Моддаи 798. Мавзӯи шартномаи хизматрасонии пулакӣ

Мавзӯи шартнома аз хизматрасонии алоқа, тиббӣ, байторӣ (ветеринарӣ), аудиторӣ, машваратӣ, иттилоотӣ, оид ба таълим, хизматрасонии фарҳангӣ, туристӣ ва ғайра иборат аст.

 

Моддаи 799. Иҷрои шартнома

Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани нишондоди дигар иҷрокунанда ӯҳдадор аст хизматрасонӣ (хизматрасониҳо)-и дар шартнома пешбинишударо шахсан анҷом диҳад.

 

Моддаи 800. Нархи хизматрасонӣ

  1. Фармоишгар ӯҳдадор аст хизмат (хизматҳо)-и ба ӯ расонидашударо тибқи мӯҳлат ва тартиби дар шартнома зикргардида пардозад.
  2. Дар сурати имконнопазирии иҷро, ки бо гуноҳи иҷрокунанда ба миён наомадааст, фармоишгар вазифадор аст бо нигоҳ доштани фоидае, ки иҷрокунанда ба даст овардааст ё метавонист дар натиҷаи озод намудани ӯ аз иҷрои хизматрасонӣ (хизматрасониҳо) ба даст орад, подошпулии муносиб диҳад.

Дар сурати бо гуноҳи фармоишгар ба миён омадани имконнопазирии иҷро, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, арзиши хизматрасонӣ дар ҳаҷми пурра пардохта мешавад.

 

Моддаи 801. Масъулияти иҷрокунанда барои вайрон кардани шартнома

  1. Дар сурати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби шартномаи хизматрасонии пулакӣ иҷрокунанда вазифадор аст ба фармоишгар зарари расонидашударо дар ҳаҷми пурра, ҷуброн намояд.
  2. Дар ҳолате ки агар иҷрокунанда ӯҳдадориро ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ иҷро накардааст ё номатлуб анҷом додааст, дар шартнома нисбат ба масъулияти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида масъулияти баландтаре пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 802. Даст кашидан аз  шартнома

  1. Фармоишгар ҳуқуқ дорад дар ҳолати аз тарафи иҷрокунанда пардохтани арзиши ҳақиқии хизматрасонӣ аз шартномаи хизматрасонии пулакӣ даст кашад.
  2. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад танҳо баъди пурра ҷуброн кардани зарари вобаста ба бекор кардани шартнома ба фармоишгар расонидашударо, ба истиснои ҳолатҳое, ки он бо гуноҳи фармоишгар рух додааст ва аз иҷрои шартнома хизматрасонии пулакӣ талаб намояд.

 

Моддаи 803. Танзими ҳуқуқии шартномаи хизматрасонии пулакӣ

Муқаррароти умумӣ оид ба пудрат (моддаҳои 714 – 741) ва муқаррарот оид ба пудрати маишӣ (моддаҳои 742 – 754), агар онҳо хилофи қоидаҳои ҳамин боб, инчунин мушаххасоти мавзӯи шартномаи хизматрасонии пулакӣ набошанд, нисбат ба шартномаи хизматрасонии пулакӣ  татбиқ карда мешаванд.

 

БОБИ 38. Ҳамлу нақл

 

Моддаи 804. Муқаррароти умумӣ

  1. Ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ дар асоси шартномаи ҳамлу нақл анҷом дода мешавад.
  2. Хусусияти шартҳои ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти алоҳида, инчунин масъулияти тарафҳо оид ба чунин ҳамлу нақл, агар дар ҳамин Кодекс, оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт, дигар қонунҳо ё қоидаҳои дар асоси онҳо баровардашуда тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, мувофиқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 805. Шартномаи боркашонӣ

  1. Тибқи шартномаи боркашонӣ боркашон вазифадор аст бори аз ҷониби борфиристанда ба ӯ боваркардашударо ба маҳалли таъинот расонад ва онро ба шахси барои гирифтани бор ваколатдор (боргиранда) супорад ва борфиристанда бошад, ӯҳдадор мешавад, ки барои ҳамлу нақли бор музди муайяншударо пардозад.
  2. Бастани шартномаи боркашонӣ бо таҳияи борномаи нақлиёт, коносамент ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар оинномаҳои нақлиёт ё кодексҳо муқаррар шудаанд, тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 806. Шартномаи мусофиркашонӣ

  1. Тибқи шартномаи мусофиркашонӣ мусофиркашон ӯҳдадор мешавад, ки мусофирро ба маҳалли таъинот расонад ва дар сурате ки мусофир бағоҷ супурда бошад, инчунин бағоҷро ба маҳалли таъинот интиқол дода, онро ба шахси барои гирифтани бағоҷ ваколатдор супорад, мусофир бошад ӯҳдадор аст барои сафар маблағи муқарраршуда ва ҳангоми супоридани бағоҷ инчунин маблағи интиқоли онро пардозад.
  2. Бастани шартномаи мусофиркашонӣ ва интиқоли бағоҷ мутаносибан бо роҳхат (билет) ва квитансияи бағоҷ тасдиқ карда мешавад.
  3. Мусофир тибқи тартиби муқаррарнамудаи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиётӣ ҳуқуқ дорад, ки ройгон:

– ҳамроҳи худ атфол ё дигар шартҳои имтиёзнок интиқол диҳад;

– дар доираи меъёри муқарраргардида  бағоҷро  бо худ дошта бошад;

– барои ҳамлу нақл дар доираи меъёри муқарраргардида бор супорад ва дар сурати аз меъёр зиёд будани он тибқи тариф арзиши онро пардозад.

 

Моддаи 807. Шартномаи чартер

Тибқи шартномаи чартер яке аз тарафҳо (кирогиранда) ӯҳдадор мешавад, ки ба тарафи дигар (кирокунанда) ба таври пулакӣ  пурра ё як қисми боркашонӣ як ё якчанд васоити нақлиётро барои як ё якчанд рейс ҷиҳати ҳамлу нақли мусофир, бор ва бағоҷ ҷудо кунад.

Тартиби бастани шартномаи чартер, инчунин шакли шартномаи зикргардида ва навъи он тибқи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 808. Ҳамлу нақли мустақими омехта

Ҳамкориҳои мутақобилаи ташкилотҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ тавассути навъҳои мухталифи нақлиёт оид ба ҳуҷҷати ягонаи нақлиётӣ (ҳамлу нақли мустақими омехта), инчунин тартиби ташкили чунин ҳамлу нақл тибқи созишномаи ташкилотҳои дахлдори навъҳои нақлиёт, ки мутобиқи қонунҳо дар бораи ҳамлу нақли мустақими омехта (мураккаб) ба имзо мерасонад, муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 809. Ҳамлу нақл тавассути нақлиёти истифодаи умум

Ҳамлу нақле, ки ташкилоти тиҷоратӣ анҷом медиҳад, агар аз қонун, санадҳои дигари қонунӣ ё иҷозатнома (литсензия)-и ба ин ташкилот додашуда чунин хулоса барояд, ки ин ташкилот вазифадор аст ҳамлу нақли мусофирон, бор ва бағоҷро тибқи муроҷиати ҳар як шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ иҷро мекунад, ҳамчун ҳамлу нақл тавассути нақлиёти истифодаи умум (моддаи 458) эътироф карда мешавад.

 

Моддаи 810. Музди ҳамлу нақл

  1. Барои ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, музд тибқи созишномаи тарафҳо муқаррар карда мешавад.
  2. Пардохт барои ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умум дар асоси тарифе, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт тасдиқ гардидаанд, муайян карда мешавад.
  3. Кор ва хизматрасониҳои тибқи талаби моликони бор анҷомдодашуда, ки дар тариф пешбинӣ нагардидаанд, мувофиқи созишномаи тарафҳо пардохта мешаванд.
  4. Агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, боркашон ҳуқуқ дорад бори ҷиҳати ҳамлу нақл ба ӯ супурдашударо барои таъмини пардохти ҳамлу нақл ва дигар пардохтҳои боркашонӣ (моддаҳои 388 – 389) нигоҳ дорад.
  5. Дар ҳолатҳое ки агар тибқи қонун ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ оид ба маблағи пардохт вобаста ба ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ имтиёз ё афзалият муқаррар гардида бошад, хароҷоти вобаста ба он аз ҷониби ташкилоти нақлиёт аз ҳисоби буҷети дахлдор ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 811. Додани воситаҳои нақлиёт, борбардорӣ (борфарорӣ)

  1. Боркашон вазифадор аст ба борфиристанда таҳти борбардорӣ дар мӯҳлате, ки дар дархост (фармоиш)-и қабулнамуда, шартномаи ташкили ҳамлу нақл ё дигар шартнома зикр шудааст, воситаҳои нақлиёти коршоями барои интиқоли бори дахлдор муносибро фароҳам орад.

Борфиристанда ҳуқуқ дорад аз воситаҳои нақлиёти пешниҳодшуда, ки барои интиқоли бори дахлдор муносиб нестанд, даст кашад.

  1. Борбардорӣ (борфарорӣ) аз ҷониби ташкилоти нақлиётӣ ё борфиристанда (боргиранда) тибқи тартиби пешбининамудаи шартнома, бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи оинномаҳо, кодексҳои нақлиёт ё дигар қоидаҳои дар асоси онҳо қабулгардида анҷом дода мешавад.
  2. Борбардорӣ (борфарорӣ) тавассути қувва ва воситаҳои борфиристанда (боргиранда) бояд дар мӯҳлатҳои дар шартнома пешбинигардида ва агар чунин мӯҳлатҳо муайян карда нашуда бошанд тибқи оинномаҳо, кодексҳои нақлиёт ё дигар қоидаҳои дар асоси онҳо баровардашуда анҷом дода шаванд.

 

Моддаи 812. Мӯҳлати расонидани бор,  мусофир ва бағоҷ

Боркашон вазифадор аст ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофирро дар мӯҳлати муқарраргардида, ки тибқи тартиби пешбининамудаи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт муайян карда шудаанд ва дар сурати мавҷуд набудани чунин мӯҳлатҳо дар мӯҳлати муносиб  ба маҳалли таъинот расонад.

 

Моддаи 813. Масъулият оид ба ӯҳдадориҳое, ки аз ҳамлу нақл бармеояд

  1. Дар ҳолатҳои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо вобаста ба ҳамлу нақл тарафҳо дорои масъулияти муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт, инчунин созишномаи тарафҳо мебошанд.
  2. Созишномаҳои ташкилотҳои нақлиётӣ бо мусофирон ва соҳибони бор дар бораи маҳдуд кардан ё барҳам додани масъулияти муқаррарнамудаи қонун, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии чунин созишномаҳо ҳангоми интиқоли бор дар оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт пешбинӣ гардидаанд, эътибор надоранд.

 

Моддаи 814. Масъулияти боркашон барои фароҳам наовардани воситаҳои нақлиёт ва борфиристанда барои  истифода  набурдани воситаи нақлиёти пешкашшуда

  1. Боркашон барои тибқи дархост (фармоиш) ё дигар шартнома фароҳам наовардани воситаҳои нақлиёт ҷиҳати интиқоли бор ва борфиристанда барои пешниҳод накардани бор ё бо сабабҳои дигар истифода набурдани воситаҳои нақлиёти додашуда дорои масъулияти муқаррарнамудаи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт, инчунин созишномаи тарафҳо мебошанд.
  2. Боркашон ва борфиристанда барои фароҳам наовардани воситаҳои нақлиёт ё сари вақт надодани воситаҳои нақлиёт ё истифода набурдани воситаҳои нақлиёт дар сурате аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд, ки агар он бо сабабҳои зайл рух дода бошад:

дар натиҷаи қувваи рафънопазир ё дигар рӯйдодҳои дорои хусусияти табиӣ, инчунин амалиёти ҷангӣ;

қатъ ё маҳдуд сохтани ҳамлу нақли бор дар самтҳои муайян ё ба самтҳои муайян тибқи тартиби муқаррарнамудаи оинномаҳо ё кодексҳои нақлиёт;

дигар ҳолатҳои пешбининамудаи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт.

 

Моддаи 815. Масъулияти боркашон барои ба таъхир андохтани мусофиркашонӣ

  1. Боркашон барои ба таъхир андохтани фиристодани воситаҳои нақлиёт ҷиҳати мусофиркашонӣ ё сари вақт ба маҳалли таъинот нарасидани воситаҳои нақлиёт ба истиснои ҳамлу нақл дар хатҳои шаҳрӣ ва байнишаҳрӣ, агар исбот карда натавонад, ки ба таъхир андохтан ва ё дер мондан дар натиҷаи қувваи рафънопазир, бартараф намудани норасоиҳои воситаи нақлиёт, ки ба ҳаёт ва саломатии мусофирон таҳдид менамуд ё дигар ҳолатҳои ба боркашон марбутнабуда ба миён омадааст, ба мусофир ба андозаи пешбининамудаи оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт ҷарима мепардозад.
  2. Дар сурати бо сабаби ба таъхир андохтани ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз сафар даст кашидани мусофир боркашон вазифадор аст ба ӯ ҳаққи сафар ва дигар хароҷоташро пардозад.

 

Моддаи 816. Масъулияти боркашон барои гум кардан, камомад ва зарар дидани бор ё бағоҷ

  1. Боркашон, агар исбот карда натавонад, ки гум кардан, камомад ва зарар дидани бор ва бағоҷ бо гуноҳи ӯ рух надодааст, барои гум кардан, камомад ва зарар дидани бор ё бағоҷи барои ҳамлу нақл қабулкардааш ҷавобгар аст.

Дар оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт метавонад ҳолатҳое пешбинӣ гардад, ки исботи гуноҳи боркашон дар гум кардан, камомад ва зарар дидани бор ё бағоҷ ба зиммаи боргиранда ё борфиристанда гузошта мешавад.

  1. Зарари ҳангоми ҳамлу нақли бор ё бағоҷ расонидашуда аз ҷониби боркашон ба андозаи зайл пардохта мешавад:

– ҳангоми гум кардан ё камомади бор ё бағоҷ – ба андозаи арзиши бор ё бағоҷи гумкардашуда ё камбуд;

– ҳангоми зарар дидани бор ё бағоҷ – ба андозаи маблағе, ки арзиши он поин рафтааст ва ҳангоми имконнопазирии барқарор сохтани бор ё бағоҷи зарардида – ба андозаи арзиши он;

– ҳангоми гум кардани бор ё бағоҷе, ки барои интиқол бо эълони арзиши он супурда шудааст – ба андозаи арзиши эълоншудаи бор ё бағоҷ.

Арзиши бор ё бағоҷ, бо назардошти нархи он, ки дар нархномаи фурӯшанда зикр шудааст ё дар шартнома пешбинӣ гардидааст ва агар нархнома мавҷуд набошад ва дар шартнома нарх зикр нагардида бошад, бо назардошти нархе, ки дар ҳолатҳои қиёсӣ одатан барои чунин молҳои шабеҳ гирифта мешавад, муайян карда мешавад.

  1. Ташкилоти нақлиёт ҳамзамон бо ҷуброни зарари воқеӣ ба борфиристанда (боргиранда) инчунин маблағи ҳамлу нақлеро, ки барои интиқоли мол ва бағоҷи гумшуда, камбуд, вайроншуда ё зарардида пардохтааст, агар ин пардохт ба арзиши мол дохил нашуда бошад, ҷуброн менамояд.
  2. Барои гум кардан, вайрон кардан, зарар дидан ё камомади мол ё бағоҷ боркашонҳои самти ҳамлу нақли мустақими омехта дар назди борфиристанда (боргиранда) масъулияти муштарак доранд.

Масъулияти ба таъхир андохтан (гузаронидан)-и мӯҳлат ба зиммаи боркашони ниҳоӣ гузошта мешавад, агар исбот карда натавонад, ки гузаронидани мӯҳлат бо гуноҳи ӯ рух надодааст.

 

Моддаи 817. Шартнома оид ба ташкили ҳамлу нақл

Боркашон ва молики бор ҳангоми зарурати анҷом додани ҳамлу нақли мунтазам метавонанд оид ба ташкили ҳамлу нақл шартномаҳои дарозмуддат ба имзо расонанд.

Тибқи шартнома оид ба ташкили ҳамлу нақл боркашон вазифадор мешавад дар мӯҳлати муайян молро қабул кунад ва молики бор бошад, ҷиҳати интиқол борро дар ҳаҷми қайду шартшуда пешниҳод намояд. Дар шартномаи ташкили ҳамлу нақли бор ҳаҷм, мӯҳлат ва дигар шартҳои фароҳам овардани воситаҳои нақлиётӣ ва пешниҳоди бор ҷиҳати интиқол, тартиби ҳисобу китоб, инчунин шартҳои дигари ташкили ҳамлу нақл муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 818. Шартномаҳо байни ташкилотҳои  нақлиётӣ

Байни ташкилотҳои навъҳои гуногуни нақлиёт оид ба ташкили кор, ҷиҳати таъмини ҳамлу нақли бор созишнома (созишномаҳои узелӣ, шартномаҳо оид ба воридот (содирот)-и мутамаркази борҳо ва ғайра) мутобики қоидаҳои нақлиётӣ баста шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 819. Эътироз ва даъво оид ба  боркашонӣ

  1. То ба боркашон пешниҳод намудани даъво, ки аз интиқоли бор бармеояд, тибқи тартиби пешбининамудаи оинномаҳо ё кодексҳои нақлиёт пешниҳоди эътироз ҳатмӣ мебошад.
  2. Даъво ба боркашон аз ҷониби борфиристанда ё боргиранда ҳангоми пурра ё қисман аз ҷониби боркашон рад намудани қонеъгардонии эътироз ё аз ҷониби боркашон дар мӯҳлати сӣ рӯз нагирифтани ҷавоб пешниҳод шуданаш мумкин аст.
  3. Мӯҳлати даъво тибқи талаботе, ки аз боркашонӣ бармеояд, аз лаҳзае ки тибқи оинномаҳо ё кодексҳои нақлиёт муайян мегардад, ба мӯҳлати як сол муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 820. Масъулияти боркашон ҳангоми фавт ё зарар дидани саломатии мусофир

Масъулияти боркашон ҳангоми фавт  ё расонидани зарар ба саломатии мусофир, агар дар қонун ё шартнома масъулияти баландтари боркашон пешбинӣ нагардида бошад, тибқи қоидаҳои боби  55 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

 

БОБИ 39. Экспедитсияи нақлиётӣ

 

Моддаи 821.  Шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ

  1. Тибқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ экспедитор ӯҳдадор мешавад бо пардохти подошпулӣ ва аз ҳисоби муштарӣ (борфиристанда ё боргиранда) хизматрасонии вобаста ба боркашониро, ки дар шартномаи экспедитсия муайян гардидааст, иҷро ё ташкил намояд.

Дар шартномаи экспедитсия метавонад ӯҳдадории экспедитор дар мавриди боркашонӣ тавассути нақлиёт ва  ба самти ҳаракате, ки экспедитор ё муштарӣ интихоб намудаанд, ӯҳдадории экспедитор дар мавриди аз номи муштарӣ ё аз номи худ бастани шартнома (шартномаҳо)-и боркашонӣ, таъмини фиристодан ва гирифтани бор, инчунин дигар ӯҳдадориҳои вобаста ба ҳамлу нақл пешбинӣ карда шавад.

Дар шартномаи экспедитсия ба сифати хизматрасонии иловагӣ анҷом додани чунин амалиётҳои барои боркашонӣ муҳим ба монанди гирифтани ҳуҷҷатҳои барои воридот ва содирот зарурӣ, иҷрои расмиёти гумрукӣ ва дигар расмиёт, санҷиши теъдод ва ҳолати бор, борбардорӣ ва борфарорӣ, пардохти боҷу хироҷ ва дигар хароҷотҳое, ки ба зиммаи борфиристанда (боргиранда) гузошта мешавад, нигаҳдошти бор, гирифтани он дар маҳалли таъинот, инчунин дигар амалиёт ва хизматрасонӣ пешбинӣ карда шуданаш мумкин аст.

  1. Қоидаҳои ҳамин боб нисбат ба ҳолатҳое, ки тибқи шартнома ӯҳдадории экспедиторро боркашон анҷом медиҳад, татбиқ мегардад.
  2. Шартҳои иҷрои шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ, агар дар қонунҳо оид ба фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 822.  Шакли шартнома

  1. Шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад.
  2. Борфиристанда (боргиранда) бояд ба экспедитор ваколатнома диҳад, агар он барои иҷрои ӯҳдадориҳои ӯ зарур бошад.

 

Моддаи 823. Масъулияти  экспедитор  оид  ба шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ

Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба экспедитсияи нақлиётӣ экспедитор тибқи асосҳо ва андозае, ки мутобиқи қоидаҳои боби 24 ҳамин Кодекс муайян мегарданд, дорои масъулият мебошад.

Агар экспедитор исбот карда тавонад, ки вайрон кардани ӯҳдадориҳо бо сабаби иҷрои номатлуби шартномаи боркашонӣ рух додааст, масъулияти экспедитор дар назди борфиристанда (боргиранда) тибқи ҳамон қоидаҳое, ки мутобиқи онҳо экспедитор дар назди боркашони дахлдор ҷавобгар аст, муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 824. Ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумоте, ки ба экспедитор дода мешавад

  1. Муштарӣ вазифадор аст ба экспедитор ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумотро оид ба хосияти бор, шартҳои ҳамлу нақли он, инчунин дигар маълумотеро, ки ба экспедитор барои иҷрои ӯҳдадориҳои дар шартнома пешбинишуда зарур аст, пешниҳод намояд.
  2. Экспедитор вазифадор аст ба муштарӣ дар бораи камбудиҳои ошкоршудаи маълумоти гирифташуда ва дар сурати номукаммал будани маълумот аз муштарӣ маълумотҳои иловагии заруриро талаб намояд.
  3. Дар сурати аз ҷониби муштарӣ фароҳам наовардани маълумоти зарурӣ экспедитор ҳуқуқ дорад, то пешниҳоди чунин маълумот ба иҷрои ӯҳдадориҳои дахлдор шурӯъ накунад.
  4. Муштарӣ барои зарари ба экспедитор расондашуда вобаста ба вайрон кардани иҷрои ӯҳдадории пешниҳоди маълумоте, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидааст, ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 825. Иҷрои ӯҳдадории экспедитор аз ҷониби шахси сеюм

Агар аз шартномаи экспедитсия ӯҳдадории экспедитор оид ба шахсан иҷро намудани ӯҳдадорӣ барнаояд, экспедитор ҳуқуқ дорад барои иҷрои ӯҳдадориҳояш ашхоси дигарро ҷалб намояд.

Вогузоштани иҷрои ӯҳдадориҳо ба зиммаи шахси сеюм экспедиторро аз масъулияти иҷрои шартнома дар назди муштарӣ озод намекунад.

 

Моддаи 826. Даст кашидан  аз шартномаи экспедитсия

Муштарӣ ё экспедитор ҳуқуқ доранд бо огоҳ кардани ҳамдигар аз иҷрои шартномаи экспедитсия дар давоми ду ҳафта даст кашанд.

Тарафе, ки раддия пешниҳод намудааст, бояд ба тарафи дигар зарари вобаста ба қатъи шартнома  расонидашударо ҷуброн намояд.

 

БОБИ 40. Қарз ва кредит 

1. Қарз

 

Моддаи 827. Шартномаи қарз

  1. Тибқи шартномаи қарз як тараф (қарздиҳанда) ба тарафи дигар (қарзгиранда) ба моликият пул ё ашёи дорои аломати навъи муайянро месупорад ва қарзгиранда ӯҳдадор мешавад, ки ба қарздиҳанда ба таври якдафъаина ё давра ба давра ба ҳамин андоза маблағ ё баробар ба теъдоди ашёи ба қарз гирифташудаи дорои ҳамон навъ ва сифат (маблағи қарз)-ро баргардонад.
  2. Шартномаи қарз аз лаҳзаи супурдани пул ё ашё басташуда ба ҳисоб меравад.
  3. Асъори хориҷӣ ва арзишҳои асъорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо риояи қоидаҳои моддаҳои 155, 156 ва 340 ҳамин Кодекс мавзӯи шартнома қарор гирад.

 

Моддаи 828. Шакли шартномаи қарз

  1. Шартномаи қарз, агар маблағи он на камтар аз бист нишондиҳанда барои ҳисобҳои муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ баландтар бошад, инчунин дар ҳолате ки як тарафи шартнома, сарфи назар аз маблағ, шахси ҳуқуқӣ мебошад, бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №849)
  2. Риоя накардани шакли хаттии шартномаи қарз боиси оқибатҳои пешбининамудаи моддаи 187 ҳамин Кодекс мегардад.
  3. Шартномаи қарз дар сурати мавҷуд будани забонхати қарзгиранда ё дигар ҳуҷҷате, ки ба ӯ аз ҷониби қарздиҳанда додани маблағи муайян ё теъдоди муайяни ашёро тасдиқ мекунад, дар шакли хаттӣ басташуда эътироф мегардад.
  4. Шакли хаттии шартномаи қарз, агар ӯҳдадории қарз бо вексел, вомбарг ё дигар коғази қиматноки додаи қарзгиранда, ки маблағи қарз ва ҳуқуқи қарздиҳандаро барои ситондани он муқаррар менамояд, риояшуда ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 829. Фоизҳо оид ба шартномаи қарз

  1. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қарздиҳанда барои аз қарзгиранда аз маблағи қарз тибқи андоза ва тартиби муайяннамудаи шартнома гирифтани фоиз ҳуқуқ дорад. Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани шартҳо оид ба фоиз андозаи он тибқи ставкаи ба таври дахлдор муайяннамудаи фоизи бонк дар рӯзи аз ҷониби қарзгиранда баргардонидани қарзи худ ё як қисми дахлдори он муайян карда мешавад.
  2. Шартномаи қарзе, ки байни шаҳрвандон ба маблағ на бештар аз андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо тибқи қонун пешбинигардида баста шудааст ва ба анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби ҳатто яке аз тарафҳо алоқаманд намебошад, агар дар он мустақиман тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бидуни фоиз  тахмин шуданаш мумкин аст. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №849)
  3. Агар тибқи шартномаи қарз ба қарзгиранда ашёи дорои аломатҳои навъи муайян супурда шавад, фоиз дар ҳолате бояд пардохта шавад, ки агар андоза ва шакли он (пулӣ ё дар шакли асл) дар шартнома пешбинӣ шудааст.
  4. Тартиб ва мӯҳлати пардохти фоизҳо тибқи шартномаи қарз муқаррар карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани чунин нишондод фоизҳо тибқи тартиб ва мӯҳлати пешбининамудаи шартнома оид ба баргардондани қарзи асосӣ пардохта мешаванд.

 

Моддаи 830. Ӯҳдадории қарзгиранда оиди  баргардонидани маблағи қарз

  1. Қарзгиранда вазифадор аст ба қарздиҳанда маблағи гирифтаашро тибқи мӯҳлат ва тартиби пешбининамудаи шартнома баргардонад.

Агар мӯҳлати баргардонидани қарз дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, он бояд аз ҷониби қарзгиранда дар мӯҳлати сӣ рӯз аз рӯзи пешниҳод намудани талабот аз ҷониби қарздиҳанда баргардонида шавад.

  1. Маблағи пешниҳод кардаи қарз пеш аз мӯҳлат баргардонида шуданаш мумкин аст.

Фоизҳо оид ба қарз дар ҳар лаҳза пеш аз мӯҳлат пардохта шуданашон мумкин аст.

  1. Агар дар шартномаи қарз тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, маблағи қарз аз лаҳзаи ба қарздиҳанда додани қарз ё гузаронидани маблағи пулии дахлдор ба суратҳисоби бонкии ӯ баргардонидашуда ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 831. Оқибатҳои вайрон кардани шартнома аз ҷониби қарзгиранда

  1. Агар дар қонунҳо ё дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар ҳолатҳое ки қарзгиранда маблағи қарзро дар мӯҳлати муайяншуда барнамегардонад, ба ҳамин маблағ бояд дар ҳаҷми муайяннамудаи қисми 1 моддаи 426 ҳамин Кодекс аз ҳамон рӯзе, ки қарз бояд баргардонида шавад ва то рӯзи баргардонидани он ба қарздиҳанда фоиз пардозад.
  2. Агар дар шартнома қисман баргардонидани қарз (давра ба давра) пешбинӣ гардида бошад, дар ин сурат ҳангоми аз ҷониби қарзгиранда вайрон кардани мӯҳлати барои баргардонидани қисми навбатии қарзи муқарраргардида қарздиҳанда ҳуқуқ дорад пеш аз мӯҳлат баргардонидани ҳамин маблағҳои қарзи боқимондаро якҷоя бо фоизҳои марбута талаб кунад. Агар қарзгиранда беш аз нисфи маблағи қарзро баргардонида бошад, қоидаи мазкур татбиқ намегардад.
  3. Агар дар шартнома пардохти фоизи қарз дар мӯҳлате, ки аз мӯҳлати баргардонидани худи қарз пештар аст пешбинӣ гардида бошад, дар ин сурат ҳангоми вайрон кардани чунин ӯҳдадорӣ қарздиҳанда ҳуқуқ дорад аз қарзгиранда пеш аз мӯҳлат баргардонидани маблағи қарзро якҷоя бо фоизҳои марбута талаб кунад.

 

Моддаи 832. Баҳс вобаста ба шартномаи қарз

  1. Қарзгиранда ҳуқуқ дорад вобаста ба бепулӣ ва бо исботи он, ки пул ё ашё воқеан аз қарздиҳанда гирифта нашудааст ё нисбат ба он чи дар шартнома зикр гардидааст андозаи камтарро ташкил медиҳад, шартномаи қарзро таҳти баҳс қарор диҳад.
  2. Шартномаи қарзе, ки бояд дар шакли хаттӣ баста шавад (моддаи 828) наметавонад вобаста ба бепулии он, ба истиснои ҳолате, ки агар шартнома таҳти таъсири фиреб, зӯроварӣ, таҳдид, созишномаи бадаҳдонаи намояндаи қарздиҳанда бо қарзгиранда ё ба миён омадани ҳолатҳои вазнин (моддаи 204) баста шудааст, тавассути баёноти шоҳидӣ мавриди баҳс қарор дода шавад.
  3. Агар дар ҷараёни баҳси қарзгиранда оид ба бепулии шартномаи қарз муқаррар карда шавад, ки пул ё дигар ашё дар ҳақиқат аз қарздиҳанда гирифта нашудааст, шартномаи қарз бастанашуда ба ҳисоб меравад. Дар сурате ки агар пул ё ашё дар ҳақиқат аз ҷониби қарзгиранда нисбат ба оне, ки дар шартнома зикр гардидааст, камтар гирифта шуда бошад, шартнома ба андозаи ҳамин маблағ ё теъдоди ашё басташуда ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 833. Таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои қарзгиранда

Ҳангоми аз ҷониби қарзгиранда иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномаи қарз ҷиҳати баргардонидани маблағи қарз, инчунин ҳангоми аз даст додани таъмин ё бад гардидани шартҳои он вобаста ба ҳолате, ки барои он қарздиҳанда ҷавобгар намебошад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қарздиҳанда ҳуқуқ дорад аз қарзгиранда пеш аз мӯҳлат пардохтани қарзро талаб намояд.

 

Моддаи 834. Қарзи мақсаднок

  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қарзгиранда маблағҳои қарзи тибқи шартнома гирифтаашро мувофиқи салоҳдиди худ истифода мебарад.
  2. Агар шартномаи қарз бо шарти аз ҷониби қарзгиранда барои мақсадҳои муайян (қарзи мақсаднок) истифода бурдани маблағҳои гирифташуда баста шуда бошад, қарзгиранда вазифадор аст ба қарздиҳанда имконияти назорати тибқи мақсад истифода гардидани маблағи қарзро фароҳам орад.
  3. Дар сурати аз ҷониби қарзгиранда иҷро накардани шарти шартнома оид ба истифодаи мақсадноки маблағи қарз қарздиҳанда ҳуқуқ дорад аз қарзгиранда пеш аз мӯҳлат пардохтани қарзро талаб намояд.

 

Моддаи 835.  Нав шудан (новатсия)-и қарз бо ӯҳдадории қарз

  1. Тибқи созишномаи тарафҳо ҳама гуна қарзе, ки аз хариду фурӯш, кирояи амвол ё дар асосҳои дигар ба миён омадааст, метавонад бо ӯҳдадории қарз иваз карда шавад.
  2. Иваз намудани қарз бо ӯҳдадории қарз бо риояи қоидаҳои ҳамин Кодекс дар мавриди нав шудани ӯҳдадорӣ (моддаи 446) ва дар шакли барои шартномаи қарз муқарраргардида (моддаи 828) анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 836. Шартномаи қарзи давлатӣ

  1. Тибқи шартномаи қарзи давлатӣ ба сифати қарзгиранда давлат ва ба сифати қарздиҳанда шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ баромад мекунанд.
  2. Қарзҳои давлатӣ ихтиёрӣ мебошанд.
  3. Шартномаи қарзи давлатӣ бо усули аз ҷониби қарздиҳанда ба даст овардани вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки баровардашудаи давлатӣ, ки ҳуқуқи қарздиҳандаро барои аз қарзгиранда гирифтани маблағҳои пулии қарзи додашуда ё вобаста ба шарти қарз додани дигар амвол, фоизҳои муқарраршуда ё дигар ҳуқуқи амволиро дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи шартҳои ба муомилот баровардани вомбаргҳо тасдиқ менамояд, баста мешавад.
  4. Тағйир додани шартҳои вомбаргҳои ба муомилот баровардашуда (конверсияи вомбарг), аз ҷумла тибқи асосҳои пешбининамудаи моддаи 483 ҳамин Кодекс ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷозат дода намешавад.
  5. Давлат оид ба шартномаи қарзи давлатӣ мутобиқи қоидаҳои моддаи 138 ҳамин Кодекс масъулият дорад.

 

Моддаи 837. Вексел

Дар ҳолатҳое ки тибқи созишномаи тарафҳо аз ҷониби қарзгиранда векселе дода шудааст, ки ӯҳдадории бидуни ҳеҷ гуна шарти векселдиҳанда (вексели оддӣ) ё дигар  пардозандаи дар вексел зикргардидаро (вексели интиқолӣ) дар мавриди бо фарорасии мӯҳлати пешбининамудаи вексел пардохтани  маблағҳои қарзи гирифташударо тасдиқ мекунад,  муносибати тарафҳо вобаста ба вексел мувофиқи қонун дар бораи вексели интиқолӣ ва оддӣ танзим карда мешавад.

Аз лаҳзаи додани вексел қоидаҳои ҳамин зербоб нисбат ба чунин муносибатҳо истифода бурда шуданашон мумкин аст, зеро онҳо хилофи қонун дар бораи вексели интиқолӣ ва оддӣ намебошанд.

 

Моддаи 838.  Вомбарг (облигатсия)

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ шартномаи қарз метавонад бо усули барориш ва фурӯши вомбаргҳо баста шавад.
  2. Вомбарг коғази арзишноке эътироф мегардад, ки ҳуқуқи дорандаи онро барои аз шахси вомбаргро бароварда дар мӯҳлати пешбининамудаи он гирифтани арзиши собит (номиналӣ)-и вомбарг ё дигар амволи баробарарзишро тасдиқ менамояд. Вомбарг ба дорандаи он инчунин ҳуқуқи гирифтани фоизи дар он муайяншударо медиҳад.
  3. Нисбат ба муносибатҳои байни шахсе, ки вомбаргро баровардааст ва дорандаи он қоидаи ҳамин зербоб татбиқ мегардад, зеро дар қонун чизи дигари пешбинӣ нагардидааст.

 

2. Кредит

Моддаи 839. Шартномаи кредит

  1. Тибқи шартномаи кредит як тараф – бонк ё ташкилоти дигари кредитӣ (кредитор) ӯҳдадор мешавад ба тарафи дигар (қарзгиранда) тибқи андоза ва шартҳои пешбининамудаи шартнома маблағҳои пулӣ (кредит) диҳад ва қарзгиранда бошад, ӯҳдадор мешавад маблағи пулии гирифтаашро баргардонад ва барои он фоиз супорад.
  2. Дар ҳолатҳое ки мувофиқи қонунҳо аз ҷониби ташкилотҳои тиҷоратие, ки ташкилотҳои кредитӣ ба ҳисоб намераванд, анҷом додани кредитонӣ иҷозат дода шудааст, нисбат ба муносибатҳои кредитоние, ки аз ҷониби чунин ташкилоти тиҷоратӣ анҷом дода шудааст, қоидаҳои шартномаи кредитӣ татбиқ мегардад.
  3. Нисбат ба муносибатҳо оид ба шартномаи кредит, агар тибқи қоидаҳои ҳамин зербоб тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти шартномаи кредит барнаояд, қоидаҳои ҳамин Кодекс дар бораи шартномаи қарз татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 840. Шакли шартномаи кредит

Шартномаи кредит бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.

Риоя накардани шарти хаттӣ боиси беэътибор донистани шартномаи кредитӣ мегардад. Чунин шартнома қурб надорад.

 

Моддаи 841. Радди додан ё гирифтани кредит

  1. Кредитор ҳуқуқ дорад ба қарзгиранда додани кредити дар шартнома пешбинигардидаро пурра ё қисман дар сурати ғайри қобили пардохт эътироф гардидани қарзгиранда, аз ҷониби ӯ иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба таъмини кредит, вайрон кардани ӯҳдадории дар шартнома пешбинигардидаи мақсадноки истифодаи кредит, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома рад намояд.
  2. Қарзгиранда ҳуқуқ дорад аз гирифтани кредит пурра ё қисман даст кашида дар маврид кредиторро то мӯҳлати дар шартнома муқарраргардидаи фароҳам овардани кредит огоҳ созад.

 

Моддаи 842. Кредити молӣ

Тарафҳо метавонанд шартномаеро ба имзо расонанд, ки ӯҳдадории як тарафро барои ба тарафи дигар тибқи шартҳои шартномаи кредит додани ашёи дорои аломатҳои навъи муайян пешбинӣ менамояд.

Агар дар чунин шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, шарти он дар мавриди теъдод,  навъ (ассортимент), мукаммалӣ, сифат, зарф ва (ё)  басту банди ашёи пешниҳодшуда бояд тибқи қоидаҳо оид ба шартномаи хариду фурӯши мол (моддаҳои 488 – 527) иҷро карда шавад.

 

Моддаи 843. Кредити тиҷоратӣ

  1. Шартномаҳое, ки иҷрои онҳо барои ба моликияти дигар тараф додани маблағи пулӣ ё амволи дорои аломатҳои навъи муайян тафриқашаванда алоқаманд мебошанд, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, метавонанд ба ин тараф ё аз ҷониби ин тараф додани кредитро, аз ҷумла дар шакли бунак (аванс), пешпардохт, тамдиди мӯҳлат ё давра ба давра пардохти мол, кор ё хизматрасонӣ (кредити молӣ) пешбинӣ намояд.
  2. Нисбат ба кредити молӣ мутаносибан қоидаҳои моддаҳои 839 – 841 ҳамин Кодекс татбиқ мегардад.

 

БОБИ 41. Маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ

 

Моддаи 844. Шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ

  1. Тибқи шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ як тараф – бонк ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ (миёнарав) ӯҳдадор мешавад ба муштарӣ барои маблағи моли пешниҳод карда, иҷрои кор ё хизматрасонии шахси сеюмро пардозад ва муштарӣ бошад, талаботи пулии шахси сеюмро ба миёнарав гузашт кунад ва подоши муайянро пардозад.

Талаботи пулӣ нисбат ба қарздор матавонад аз ҷониби муштарӣ ба миёнарав инчунин бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои муштарӣ дар назди миёнарав гузашт карда шавад.

  1. Ӯҳдадории миёнарав оид ба шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ метавонад барои муштарӣ пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ, инчунин ба мизоҷ фароҳам овардани дигар хизматрасониҳои молиявии вобаста ба талаботи пулиро, ки мавзӯи гузаштро ташкил медиҳанд, дар бар гирад.

 

Моддаи 845. Миёнарав

Ба сифати миёнарави шартномаи маблағгузорӣ бо гузашт кардани талаботи пулӣ метавонанд бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ, инчунин дигар ташкилотҳои тиҷоратие, ки барои анҷом додани чунин навъи фаъолият иҷозат (литсензия) доранд, баста метавонанд.

 

Моддаи 846. Талаботи пулие, ки бо мақсади ба даст овардани маблағгузорӣ гузашт карда мешавад

  1. Мавзӯи гузашт, ки таҳти он маблағгузорӣ пешниҳод карда мешавад, ҳам талаботи пулие, ки мӯҳлати пардохти он фаро расидааст (талаботи мавҷуда) ва ҳам ҳуқуқи гирифтани маблағи пулие, ки дар оянда ба миён меояд (талаботи минбаъда) буда метавонад.

Талаботи пулие, ки мавзӯи гузашт мебошад бояд дар шартномаи муштарӣ бо миёнарав чунон муайян карда шавад, ки имконият диҳад талаботи мавҷуда дар лаҳзаи бастани шартнома ва талаботи минбаъда бошад на дертар аз лаҳзаи ба миён омадани он ҳаммонанд ( идентификатсия) карда шавад.

  1. Ҳангоми гузашт кардани талаботи пулии минбаъда он баъди ба миён омадани худи ҳуқуқи аз қарздор гирифтани маблағҳои пулӣ, ки мавзӯи гузашти талаби пешбининамудаи шартнома мебошад, ба миёнарав гузашта ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 847. Масъулияти муштарӣ дар назди  миёнарав

  1. Агар дар шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, муштарӣ барои ҳаққонӣ будани талаботи пулие, ки мавзӯи гузашт мебошад, дар назди миёнарав масъулият дорад.
  2. Талаботи пулии мавзӯи гузашт қарордошта дар сурате қобили эътибор эътироф мегардад, ки агар муштарӣ барои додани талаботи пулӣ ҳуқуқ дошта бошад ва дар лаҳзаи гузашт кардани ин талабот ба ӯ ҳолатҳое, ки дар натиҷаи он қарздор ҳуқуқ дорад онро иҷро накунад, маълум набошанд.
  3. Муштарӣ барои аз ҷониби қарздор иҷро накардан ё иҷрои номатлуби талаботе, ки мавзӯи гузашт қарор дорад, агар дар шартномаи байни муштарӣ ва миёнарав тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар сурати аз ҷониби миёнарав ҷиҳати иҷро пешниҳод гардидидани он ҷавобгар намебошад.

 

Моддаи 848. Беэътибор будани манъи гузашт кардани талаботи пулӣ

  1. Ба миёнарав гузашт кардани талаботи пулӣ, ҳатто агар байни муштарӣ ва қарздори ӯ оид ба манъ ё маҳдуд кардани он созишнома мавҷуд бошад ҳам, қобили эътибор аст.
  2. Муқаррароти муайяннамудаи қисми 1 ҳамин модда муштариро дар назди қарздор аз ӯҳдадорӣ ё масъулияти вобаста ба гузашт кардани талабот хилофи созишномаи байни онҳо дар мавриди манъ ё маҳдуд кардани он озод намекунад.

 

Моддаи 849. Минбаъд гузашт кардани талаботи пулӣ

Агар дар шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, минбаъд гузашт кардани талаботи пулӣ аз ҷониби миёнарав иҷозат дода намешавад.

Дар ҳолатҳое ки агар минбаъд гузашт кардани талаботи пулӣ дар шартнома пешбинӣ гардида бошад, нисбат ба он мутаносибан муқаррароти ҳамин боб татбиқ мегардад.

 

Моддаи 850. Аз ҷониби қарздор ба миёнарав  иҷро намудани талаботи пулӣ

  1. Қарздор вазифадор аст ба миёнарав ба шарте, ки он аз муштарӣ ё аз миёнарав дар мавриди ба ҳамин миёнарав гузашт кардани талабот огоҳиномаи хаттӣ гирифта бошад ва дар огоҳинома иҷрои дахлдори талаботи пулӣ муайян, инчунин миёнараве, ки ба ӯ пардохт бояд анҷом дода шавад зикр гардида бошад, пардохтро анҷом диҳад.
  2. Бо хоҳиши қарздор миёнарав вазифадор аст дар мӯҳлати мувофиқ ба қарздор далели онро, ки гузашт кардани талаботи пулӣ дар ҳақиқат ба миёнарав ҷой дошт, пешниҳод намояд. Агар миёнарав ин ӯҳдадориро иҷро накунад, қарздор ҳуқуқ дорад оид ба талаботи мазкур ба муштарӣ ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар назди охирин пардохтро анҷом диҳад.
  3. Аз ҷониби қарздор ба миёнарав иҷро намудани талаботи пулӣ мутобиқи қоидаҳои ҳамин модда қарздорро аз ӯҳдадориҳои дахлдор дар назди муштарӣ озод месозад.

 

Моддаи 851. Ҳуқуқи миёнарав ба маблағҳое, ки аз қарздор гирифта шудааст

  1. Агар тибқи шарти шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ маблағгузории муштарӣ бо роҳи аз ӯ аз ҷониби миёнарав харидани ин талабот сурат гирад, охирин ҳуқуқро ба ҳамаи маблағҳо аз қарздор барои иҷрои талаботи мегирифтааш ба даст меорад ва муштарӣ бошад дар назди миёнарав барои он, ки маблағҳои гирифтаи ӯ нисбат ба нархи талаботро бадастовардаи миёнарав камтар мебошад, масъулият надорад.
  2. Агар гузашт кардани талаботи пулӣ ба миёнарав бо мақсади ба вай таъмин намудани иҷрои ӯҳдадории муштарӣ анҷом дода шуда бошад ва дар шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талабот тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, миёнарав вазифадор аст ба муштарӣ ҳисобот диҳад ва маблағи аз маблағи қарзи муштарӣ зиёдатиро, ки бо гузашт кардани талабот таъмин гардидааст, супорад. Агар маблағи пулие, ки миёнарав аз қарздор гирифтааст, аз маблағи қарзи муштарӣ ба миёнарав, ки бо гузашт кардани талабот таъмин гардидааст, камтар бошад, муштарӣ дар назди миёнарав барои бақияи қарз масъул боқӣ мемонад.

 

Моддаи 852. Талаботи мутақобилаи қарздор

  1. Дар сурати ба қарздор бо талаби пардохти маблағ муроҷиат кардани миёнарав қарздор ҳуқуқ дорад мутобиқи моддаҳои 442 – 444 ҳамин Кодекс баҳисобгирии талаботи пулии худро, ки ба шартнома бо муштарӣ асос ёфтааст ва он то вақти гирифтани огоҳинома дар мавриди гузашт кардани талаботи ӯ ба миёнарав, ки аллакай дар назди қарздор вуҷуд дошт, пешниҳод намояд.
  2. Талаботе, ки қарздор метавонист нисбат ба муштарӣ вобаста ба он, ки охирин созишномаро дар мавриди манъ ё маҳдуд кардани гузашти талабот вайрон кардааст пешниҳод намояд, нисбат ба миёнарав эътибор надорад.

 

Моддаи 853. Ба қарздор баргардонидани маблағе, ки миёнарав гирифтааст

  1. Дар сурати аз ҷониби муштарӣ вайрон кардани ӯҳдадориҳои вобаста ба шартнома, ки бо қарздор баста шудааст охирин ҳуқуқ надорад аз миёнарав баргардондани маблағи аллакай ба ӯ тибқи талаботи ба миёнарав гузашта пардохташударо талаб намояд, агар қарздор ҳуқуқ дошта бошад, ки чунин маблағро мустақиман аз муштарӣ гирад.
  2. Қарздоре, ки ҳуқуқ дорад мустақиман аз муштарӣ маблағи ба миёнарав дар натиҷаи гузашт кардани талабот додашударо ба даст орад, бо вуҷуди ин, агар исбот карда шавад, ки охирин ӯҳдадории худро дар мавриди ба муштарӣ анҷом додани пардохти ваъдашуда вобаста ба гузашт кардани талаботро иҷро накардааст ё аз ҷониби муштарӣ вайрон кардани ҳамон ӯҳдадориеро, ки нисбат ба он пардохти вобаста ба гузашт кардани талабот алоқамандро дониста, чунин пардохтро анҷом додааст, ҳуқуқ дорад аз ҷониби миёнарав баргардонидани ин маблағро талаб кунад.

 

БОБИ 42. Пасандози бонкӣ

 

Моддаи 854. Шартнома пасандози бонкӣ

  1. Тибқи шартномаи пасандози бонкӣ (депозити бонк) як тараф (бонк), ки маблағ (пасандоз)-и ба ҳисоби тарафи дигар (амонатгузор) воридшударо қабул кардааст, ӯҳдадор мешавад, ки ба амонатгузор ин маблағро баргардонад ва барои он фоиз ё дар шакли дигар тибқи шарт ва тартиби пешбининамудаи шартнома фоида пардозад.

Шартномаи пасандози бонкӣ аз рӯзи ворид шудани пасандоз ба бонк басташуда ба ҳисоб  меравад.

  1. Шартномаи пасандози бонкие, ки дар он амонатгузор шаҳрванд мебошад, шартномаи оммавӣ (моддаи 458) ба ҳисоб меравад.
  2. Нисбат ба муносибатҳои бонк ва амонатгузор оид ба суратҳисобе, ки ба он пасандоз гузошта шудааст, қоидаҳо дар бораи шартномаи суратҳисоби бонк (боби 43), агар дар қоидаҳои ҳамин боб тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти шартномаи пасандози бонкӣ тартиби дигаре барнаояд, татбиқ мегардад.

Ашхоси ҳуқуқӣ ҳуқуқ надоранд маблағҳои пулии дар пасандоз (депозитҳо) мавҷудбударо ба ашхоси дигар гузаронанд.

  1. Қоидаҳои ҳамин боб, ки марбут ба бонкҳо мебошанд, инчунин нисбат ба дигар ташкилотҳои кредитӣ, ҳангоми аз ҷониби онҳо бастани шартномаи пасандози бонкӣ татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 855. Ҳуқуқи ба пасандозҳо ҷалб кардани маблағҳои пулӣ

Ҳуқуқи ҷалби маблағҳои пулиро ба пасандозҳо бонкҳое доро мебошанд, ки ба онҳо ин ҳуқуқ тибқи иҷозатнома (литсензия)-и мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун гирифташуда дода шудааст.

 

Моддаи 856.  Кафолати пасандоз

Бонки амонатгузор ё шӯъбаҳои он ҳифз ва баргардондани пули пасандози амонатгузорро дар ҳар лаҳза кафолат медиҳад.

 

Моддаи 857. Шакли шартномаи пасандози бонкӣ

  1. Шартномаи пасандози бонкӣ бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.

Шакли хаттии шартномаи пасандози бонкӣ ба шарте риоягардида ба ҳисоб меравад, ки  агар гузаронидани пасандоз бо дафтарчаи амонат, сертификат (амонат)-и бонкӣ ё дигар ҳуҷҷати ба амонатгузор додаи бонк, ки ба талаботи барои чунин ҳуҷҷатҳо муайяннамудаи қонун, қоидаҳои мутобиқи он  муқаррарнамудаи бонкӣ ва дар амалияи анъанаҳои муомилоти кории бонкӣ истифодашаванда ҷавобгӯ бошад, тасдиқ карда шудааст.

  1. Риоя накардани шакли хаттии шартномаи пасандози бонкӣ боиси беэътибор гардидани ин шартнома шуда метавонад.

 

Моддаи 858.  Навъҳои пасандозҳо

  1. Шартномаи пасандози бонкӣ бо шарти тибқи талаби аввалини амонатгузор додани пасандоз (пасандози талаб карда гирифташаванда) ё тибқи шарти баргардонидани пасандоз бо гузашти мӯҳлати дар шартнома муқарраргардида (пасандози мӯҳлатнок) баста мешавад.

Дар шартнома гузоштани пасандоз таҳти шарти бо тартиби дигар баргардонидани он, ки хилофи қонунҳо намебошад, пешбинӣ гардиданаш мумкин аст.

  1. Тибқи шартномаи пасандози бонкии навъи мухталиф бонк ӯҳдадор аст маблағи пасандоз ё як қисми онро бо талаботи аввалини амонатгузор, ба истиснои пасандозҳои таҳти шартҳои дигари баргардонидани онҳо гузоштаи ашхоси ҳуқуқӣ, ки дар шартнома пешбинӣ гардидааст, диҳад.

Шартҳои шартнома дар бораи рад кардани ҳуқуқ барои бо талаби аввалин гирифтани пасандоз эътибор надорад.

  1. Дар ҳолатҳое ки пасандози мӯҳлатнок ё дигар пасандоз, ки аз пасандози тибқи талаб гирифташаванда фарқ мекунад, ба амонатгузор мувофиқи талаби ӯ то гузаштани мӯҳлат ё то фаро расидани мӯҳлатҳои дар шартнома зикргардида баргардонида мешавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фоизҳои пасандоз ба андозаи баробар ба андозаи фоизе, ки бонк тибқи пасандози мувофиқи талаб гирифташаванда мепардозад, пардохта мешавад.
  2. Дар ҳолатҳое ки амонатгузор баргардонидани маблағи пасандози мӯҳлатнокро бо гузашти мӯҳлат ё маблағи пасандозеро, ки бо дигар шарти баргардонидан бо фарорасии ҳолатҳои дар шартнома пешбинигардида талаб намекунад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, шартнома тибқи шартҳои пасандози талаб карда гирифташаванда тамдидгардида ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 859. Фоизҳо ба пасандоз

  1. Бонк ба маблағҳои пулии амонатгузор ба андозаи муайяннамудани шартнома фоиз мепардозад.

Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани шарт оид ба андозаи фоизҳои пардохтшаванда, бонк вазифадор аст фоизҳоро дар ҳаҷми мутобиқи қисми 1 моддаи 829 ҳамин Кодекс муайянгардида пардозад.

  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бонк ҳуқуқ дорад андозаи фоизи тибқи пасандози талаб карда гирифтан пардохташавандаро тағйир диҳад.

Дар сурати аз ҷониби бонк кам кардани андозаи фоиз, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, андозаи нави фоизҳо нисбат ба пасандозҳое истифода бурда мешавад, ки то лаҳзаи иттилоъ додани амонатгузор дар мавриди кам кардани фоиз бо гузашти як моҳ аз лаҳзаи додани чунин иттилоот, гузаронида шудаанд.

  1. Андозаи фоизи дар шартнома муқарраршуда ба пасандозе, ки тибқи шартҳои баргардонидани он бо гузашти мӯҳлати муайян ё фарорасии ҳолатҳои дар шартнома пешбинигардида гузаронида шудааст, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, наметавонад аз ҷониби бонк якҷониба кам карда шавад.

 

Моддаи 860. Тартиби ҳисоб кардан ва пардохти фоизҳо ба пасандоз

  1. Фоизҳо ба маблағи пасандози бонкӣ аз рӯзи баъди рӯзи ба бонк ворид шудани он фарорасанда то рӯзи ба амонатгузор баргардонидани он ё аз ҳисоби амонатгузор тибқи дигар асосҳо баровардани пасандоз ҳисоб карда мешавад.
  2. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, фоизҳо ба маблағи пасандози бонкӣ ба амонатгузор тибқи талаби ӯ бо гузашти ҳар як семоҳа, алоҳида аз маблағи пасандоз пардохта шуда, фоизҳои дар ин мӯҳлат талаб карда гирифтанашуда бошад маблағҳои пасандози ба он фоизҳо замшавандаро афзун менамоянд. Ҳангоми баргардонидани пасандоз ҳамаи фоизҳои то ин лаҳза замгардида пардохта мешаванд.

 

Моддаи 861. Таъмини баргардонидани пасандоз

  1. Восита ва усулҳое, ки бонк вазифадор аст барои таъмини баргардонидани пасандозҳои қабулкардааш истифода барад, тибқи қонун ё шартнома муайян карда мешавад.
  2. Бонк ӯҳдадор аст бо талаби амонатгузор дар мавриди таъмини баргардонидани пасандоз маълумот диҳад.
  3. Ҳангоми аз ҷониби бонк иҷро накардани ӯҳдадории таъмини баргардондани пасандоз, инчунин ҳангоми гум кардани таъмин ё бадтар кардани шартҳои он амонатгузор ҳуқуқ дорад аз бонк фавран баргардонидани маблағи пасандоз, пардохти фоизҳо ва ҷуброни зарари расонидашударо мутобиқи моддаи 829 ҳамин Кодекс талаб намояд.

 

Моддаи 862. Масъулият барои иҷро накардани талаботи баргардонидани пасандоз

Дар сурати аз ҷониби бонк иҷро накардани талаботи амонатгузор дар мавриди баргардонидани пасандоз ё як қисми он дар мӯҳлатҳое, ки моддаи 861 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, сарфи назар аз пардохти фоизҳо ба пасандоз, бонк вазифадор аст мутобиқи моддаи 426 ҳамин Кодекс зарари расонидашударо ҷуброн намояд.

 

Моддаи 863. Аз ҷониби ашхоси сеюм ба суратҳисоби амонатгузор гузаронидани маблағҳои пулӣ

Агар дар шартномаи пасандози бонкӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба пасандоз маблағҳое, ки ба бонк ба номи амонатгузор аз ашхоси сеюм бо зикри маълумотҳои зарурӣ дар мавриди суратҳисоби ӯ вобаста ба пасандоз ворид гардидаанд, гузаронида мешавад. Дар айни замон чунин эҳтимол меравад, ки амонатгузор барои аз шахси сеюм гирифтани маблағи пулӣ розигӣ изҳор кардааст ва ба ӯ оид ба пасандози худ дар суратҳисоб маълумоти зарурӣ додааст.

 

Моддаи 864.  Пасандозҳо ба манфиати ашхоси сеюм

  1. Пасандоз метавонад ба бонк ба номи шахси сеюми муайян гузаронида шавад.

Зикри номи шаҳрванд (моддаи 20) ё номи шахси ҳуқуқӣ (моддаи 55), ки ба манфиати он пасандоз гузаронида шудааст, шарти муҳими шартномаи дахлдори бонкӣ мебошад.

  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ашхоси сеюме, ки ба номаш пасандоз гузошта шудааст, аз лаҳзаи ба номаш ворид шудани маблағ ҳуқуқи амонатгузорро пайдо мекунад.
  2. Шартномаи пасандози бонкӣ ба манфиати шаҳрванде, ки то лаҳзаи бастани шартнома фавтидааст ё шахси ҳуқуқии то ҳамин лаҳза вуҷуднадошта қурб надорад.
  3. То лаҳзаи аз ҷониби шахси сеюм изҳор кардани нияти истифодаи ҳуқуқи амонатгузор шахсе, ки шартномаи пасандози бонкиро бастааст, метавонад аз ҳуқуқи амонатгузор вобаста ба воситаҳои пулие, ки ба суратҳисоб тибқи пасандоз гузаронидааст, истифода барад.
  4. Агар ашхоси сеюме, ки ба номаш пасандоз ворид гаштааст, аз пасандоз даст кашад, шахси ба номи шахси сеюм шартномаи пасандози бонкӣ баста, ҳуқуқ дорад пасандозро пас талаб карда гирад ё ки онро ба номи худ ё ба номи шахси дигар гузаронад.
  5. Қоидаҳо оид ба шартнома ба манфиати шахси сеюм (моддаи 462) нисбат ба шарномаи пасандози бонкӣ ба манфиати шахси сеюм, агар он хилофи қоидаҳои ҳамин модда ва моҳияти пасандози бонкӣ набошад, татбиқ мегардад.

 

Моддаи 865. Дафтарчаи амонат

  1. Агар дар созишномаи тарафҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бастани шартномаи пасандози бонкӣ бо шаҳрванд ва ба суратҳисоби ӯ гузаронидани маблағ тибқи пасандоз бо дафтарчаи амонат тасдиқ карда мешавад.

Дар дафтарчаи амонат бояд аз ҷониби бонк ном ва маҳалли ҷойгиршавии бонк (моддаи 55) ё филиали дахлдори он, инчунин рақами суратҳисоб тибқи пасандоз, ҳамаи маблағҳои пулие, ки дар суратҳисоб дохил шудаанд, ҳамаи маблағҳои пулие, ки аз суратҳисоб хориҷ карда шудаанд ва бақияи маблағҳои пулӣ дар суратҳисоб дар лаҳзаи ба бонк пешниҳод кардани дафтарчаи амонатӣ сабт ва тасдиқ карда шавад.

Бо сабаби исбот нашудани  ҳолати дигари пасандоз, маълумот оид ба пасандози дар дафтарчаи амонат сабтгардида барои ҳисобу китоби вобаста ба пасандоз байни бонк ва амонатгузор асос буда метавонад.

  1. Шартномаи пасандози бонк метавонад додани дафтарчаи амонатии номӣ ё дафтарчаи амонатии манзуркунандаро пешбинӣ намояд. Дафтарчаи амонатии манзуркунанда коғази қиматнок мебошад.
  2. Додани пасандоз, пардохти фоизҳо ва иҷрои супориши амонатгузор дар мавриди гузаронидани маблағҳои пулӣ аз суратҳисоби пасандоз ба дигар шахс аз ҷониби бонк ҳангоми пешниҳоди дафтарчаи амонат анҷом дода мешавад.

Агар дафтарчаи амонати номӣ гум шуда бошад ё ба ҳолате расонида шуда бошад, ки шоистаи пешниҳод нест, бонк тибқи аризаи амонатгузор ба ӯ дафтарчаи амонати нав медиҳад.

Барқарор кардани ҳуқуқ ба дафтарчаи амонатии манзуркунанда тибқи тартиби барои коғазҳои қиматнок ба манзуркунанда пешбинигардида анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 43. Суратҳисоби бонк

 

Моддаи 866. Шартномаи суратҳисоби бонк

Тибқи шартномаи суратҳисоби бонк як тараф (бонк) ё дигар муассисаи кредитӣ (минбаъд – «бонк») ӯҳдадор мешавад, ки маблағи пулии ба суратҳисоби тарафи дигар (молики суратҳисоб) воридшударо қабул кунад ва гузаронад, супориши молики суратҳисобро дар мавриди аз суратҳисоб гузаронидан ва пардохти маблағҳои дахлдор ва вобаста ба суратҳисоб иҷро намудани дигар амалиётро анҷом диҳад.

 

Моддаи 867. Аз ҷониби бонк истифода бурдани маблағҳои молики суратҳисоб

Бонк метавонад маблағҳои пулии дар суратҳисоби бонк мавҷудбудаи молики суратҳисобро бо кафолати вуҷуд доштани он ҳангоми пешниҳоди талабот ба суратҳисоб ва ҳуқуқи молики онро бидуни мамоният ихтиёрдорӣ кардани ин маблағҳо дар доираи маблағҳои дар суратҳисоб буда истифода барад.

 

Моддаи 868. Аз ҷониби молики суратҳисоб ихтиёрдорӣ кардани  маблағҳои пулӣ

Молики суратҳисоб маблағҳои пулии худро, ки дар суратҳисоби бонк мавҷуд аст, мустақилона ихтиёрдорӣ мекунад.

Бонк  ҳуқуқ надорад самти истифодаи воситаҳои пулии молики суратҳисобро таъин ва назорат кунад ва ё дигар маҳдудиятҳои ҳуқуқи ӯро дар мавриди тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ намудани маблағҳои пулӣ, ки дар қонун ё дар шартнома пешбинӣ нашудаанд, муқаррар намояд.

 

Моддаи 869.  Шакли шартномаи суратҳисоби бонкӣ

  1. Шартномаи суратҳисоби бонкӣ бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
  2. Риоя накардани шакли хаттии шартномаи суратҳисоби бонкӣ боиси беэътибор донистани ин шартнома мегардад. Чунин шартнома қурб надорад.

 

Моддаи 870.  Бастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ

  1. Шартномаи суратҳисоби бонкӣ бо роҳи аз ҷониби бонк тибқи шартҳои аз ҷониби тарафҳо мувофиқашуда ба муштарӣ ё шахси зикрнамудаи ӯ кушодани суратҳисоб дар бонк баста мешавад.
  2. Ашхоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон барои суратҳисоби ҷории худ ва таъмини кассавӣ мустақилона бонкро интихоб менамоянд ва метавонанд бо як ё якчанд бонкҳо шартномаи суратҳисоби бонкӣ банданд.
  3. Бонк вазифадор аст бо муштарие, ки тибқи шартҳои барои кушодани чунин навъи суратҳисоб эълонкардаи бонк бо пешниҳоди кушодани суратҳисоби ба талаботи пешбининамудаи қонун ва қоидаҳои мутобиқи онҳо қабулнамудаи бонк мувофиқ муроҷиат намудааст, суратҳисоб кушояд.

Бонк ҳуқуқ надорад кушодани суратҳисоб, анҷом додани амалиёти дахлдорро, ки қонун, ҳуҷҷатҳои муассисии бонк ва иҷозатнома (литсензия)-и ба ӯ додашуда пешбинӣ намудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин саркашӣ бо сабаби дар бонк мавҷуд набудани имконияти фароҳам овардани хизматрасонии бонкӣ ба миён омадааст, рад намояд.

Ҳангоми беасос аз бастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ саркашӣ намудани бонк муштарӣ ҳуқуқ дорад ба ӯ талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 477 ҳамин Кодексро пешниҳод намояд.

 

Моддаи 871. Тасдиқи ҳуқуқи ихтиёрдории маблағҳои пулие, ки дар суратҳисоб мавҷуданд

  1. Ҳуқуқи ихтиёрдории ашхосе, ки аз номи молики суратҳисоб дар мавриди гузаронидан ё додани маблағҳо аз суратҳисоб анҷом медиҳанд, аз ҷониби молики он бо роҳи ба бонк пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки қонун, қоидаҳои мутобиқи он муқаррарнамудаи бонк ва шартнома пешбинӣ намудаанд, тасдиқ карда мешаванд.
  2. Молики суратҳисоб метавонад ба бонк дар мавриди аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ тибқи талаботи ашхоси сеюм, аз ҷумла вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ аз ҷониби муштарӣ дар назди ин ашхос супориш диҳад. Бонк ин супоришро бо шарти дар он дар шакли хаттӣ зикр намудани маълумоти зарурие, ки имкон медиҳад ҳангоми пешниҳоди талаботи дахлдор шахси барои чунин пешниҳод ҳуқуқдоштаро ҳаммонанд созад ва хусусият ва асосҳои чунин талабро муқаррар намояд, қабул мекунад.
  3. Дар шартномаи суратҳисоби бонкӣ метавонад тасдиқи ҳуқуқ оид ба ихтиёрдории маблағҳои пулии дар суратҳисобҳо мавҷудбуда бо усули электронии пардохт ва дигар ҳуҷҷатҳо бо истифодаи имзои шабеҳи шахсӣ дар онҳо (қисми 2 моддаи 185) код, рамз ва дигар воситаҳо, ки аз ҷониби шахси барои ин кор ваколатдор дода шудани онро тасдиқ менамояд, пешбинӣ карда шавад.

 

Моддаи 872. Амалиёте, ки бонк вобаста ба суратҳисоб анҷом медиҳад

Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бонк вазифадор аст маблағҳои пулии воридшударо қабул кунад ва ба суратҳисоб дохил намуда, супориши молики онро дар бораи гузаронидан ва додани маблағҳои пулӣ бо усули анҷом додани амалиёти барои чунин навъи суратҳисобҳо пешбининамудаи қонунҳо, қоидаҳои тибқи онҳо қабулнамудаи бонкҳо ва анъанаҳои муомилоти кории дар амалияи бонкӣ  истифодашавандаро анҷом диҳад.

 

Моддаи 873. Мӯҳлатҳои амалиёт оид ба суратҳисоб

Бонк вазифадор аст тибқи супориши молики он на дертар аз як рӯзи баъд аз рӯзи ба бонк ворид гардидани ҳуҷҷатҳои дахлдори пардохт  фарорасида, агар дар шартнома мӯҳлати дигаре пешбинӣ нагардида бошад, маблағҳои пулии воридшударо ба суратҳисоб гузаронад, онро  диҳад ё онро аз суратҳисоб барорад.

 

Моддаи 874. Кредитонии суратҳисоб

  1. Дар ҳолатҳое ки агар тибқи шартнома бонк пардохтҳоро мувофиқи талабот ба молики суратҳисоб анҷом медиҳад, ҳарчанд дар суратҳисоби ӯ маблағҳои пулӣ мавҷуд набошанд, бонк аз рӯзи анҷом додани пардохт ба муштарӣ ба маблағи дахлдор кредитдода (кредитонии суратҳисоб) ба шумор меравад.
  2. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба кредитонии суратҳисоб, агар дар шартномаи суратҳисоби бонкӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тибқи қоидаҳо дар бораи қарз (моддаҳои 827-830, 833) муайян карда мешавад.

 

Моддаи 875.  Пардохти  хароҷоти бонк  барои анҷом додани амалиёти вобаста ба суратҳисоб

  1. Молики суратҳисоб хизматрасонии бонкро ҷиҳати анҷом додани амалиёт бо маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавҷудбуда тибқи шартҳои пешбининамудаи шартнома мепардозад.

Дар ҳолатҳое ки агар нархи хизматрасонии бонк оид ба анҷом додани амалиётҳои зикргардида дар шартнома муайян нашудаанд, пардохти хизматрасонӣ тибқи моддаи 456 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

  1. Пардохти хизматрасонии бонк, ки қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ намудааст, аз ҷониби бонк аз маблағҳои пулии молики суратҳисоб, ки дар суратҳисоби ӯ мавҷуд аст, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бо гузашти ҳар семоҳа ситонида мешавад.

 

Моддаи 876. Фоизҳо барои аз ҷониби бонк истифода бурдани маблағҳои пулии суратҳисоб

  1. Агар дар шартномаи суратҳисоби бонкӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, барои истифодаи маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавҷудбуда бонк ба молики он фоиз мепардозад, ки маблағи он ба суратҳисоб гузаронида мешавад.
  2. Фоизҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида аз ҷониби бонк тибқи андозае, ки дар шартнома муайян гардидааст ва ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани шартҳои дахлдор ба андозае, ки маъмулан бонк ба пасандозҳои талаб карда гирифташаванда (моддаи 859) мепардозад, пардохта мешавад.
  3. Маблағи фоизҳо тибқи мӯҳлатҳои пешбининамудаи шартнома ва дар ҳолатҳои дар шартнома пешбинӣ нагардидани чунин мӯҳлатҳо бо гузашти ҳар семоҳа ба суратҳисоб гузаронида мешавад.

 

Моддаи 877. Баҳисобгирии талаботи мутақобилаи бонк ва молики суратҳисоб

  1. Талаботи пулии бонк ба молики суратҳисоб вобаста ба кредитонии суратҳисоб (моддаи 874) ва пардохти хизматрасонии бонк (моддаи 875), инчунин талаботи молики суратҳисоб ба бонк дар мавриди пардохти фоиз барои истифодаи маблағҳои пулӣ (моддаи 876), агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бо баҳисобгирӣ (моддаи 442) қатъ мегардад.
  2. Баҳисобгирии талаботи дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида аз ҷониби бонке, ки вазифадор аст молики суратҳисобро дар бораи баҳисобгирии анҷомдодашуда тибқи тартиб ва мӯҳлати дар шартнома пешбинигардида огоҳ созад ва агар шартҳои дахлдор аз ҷониби тарафҳо мувофиқа нашуда бошад, тибқи тартиб ва мӯҳлати барои амалияи бонкӣ маъмулии додани иттилоот оид ба вазъи воситаҳои пулӣ дар суратҳисоби дахлдор анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 878.  Асосҳои аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ аз суратҳисоб

  1. Аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ аз суратҳисоб дар асоси супориши молики он анҷом дода мешавад.
  2. Бидуни супориши муштарӣ аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавҷудбуда танҳо бо қарори суд, инчунин ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, қонунҳои дигар ё шартномаи байни бонк ва муштарӣ шартномаи байни бонк ё муштарӣ иҷозат дода мешавад (Қ ҶТ аз 3.05.02с №5).

 

Моддаи 879. Тибқи навбат аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулии суратҳисоб

  1. Ҳангоми дар суратҳисоб мавҷуд будани маблағҳои пулие, ки он барои қонеъ гардонидани тамоми талаботи ба молики суратҳисоб пешниҳодшуда кофӣ мебошад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҳисоб баровардани ин маблағҳо аз суратҳисоби ӯ бо тартиби ворид гардидани супориши молики суратҳисоб ва дигар ҳуҷҷатҳои азҳисоббарорӣ (аз рӯи навбати тақвимӣ) сурат мегирад.
  2. Ҳангоми барои қонеъгардонии ҳамаи талаботи нисбат ба молики суратҳисоб пешбинишуда нокифоя будани маблағҳои пулии суратҳисоб аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ тибқи тартиби зайл анҷом дода мешавад:

– дар навбати аввал аз ҳисоб баровардан аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро ҷиҳати маблағгузаронӣ ё додани маблағи пулро аз суратҳисоб оиди қонеъгардонии талаботи ҷуброни зарар, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонида шудааст пешбинӣ менамояд, инчунин талабот оид ба ситонидани алимент ва ҳифзи манфиатҳои гаравгир;

– дар навбати дуюм аз ҳисоб баровардан  аз рӯи  ҳуҷҷатҳои иҷро барои ҳисобу китоб оид ба пардохти маблағи барои аз кор рафтан ва пардохти музди меҳнат ба ашхоси тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод коркунандаро, ки маблағгузаронӣ ё додани маблағи пулиро,  инчунин оид ба пардохти подошпулӣ тибқи шартномаи муаллифиро пешбинӣ менамояд;

– дар навбати сеюм аз ҳисоб баровардан аз рӯи ҳуҷҷатҳои пардохт, ки пардохт ба фондҳои буҷетро пешбинӣ менамояд;

– дар навбати чорум аз ҳисоб баровардан аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро, ки қонеъ гардонидани дигар талаботи пулиро пешбинӣ менамояд;

– дар навбати панҷум аз ҳисоб баровардан аз рӯи дигар ҳуҷҷатҳои пардохт тибқи  тартиби навбати тақвимӣ.

Аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоб тибқи талаботи марбут ба як навбат мувофиқи тартиби навбати тақвимӣ ворид гардидани ҳуҷҷатҳо анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 880. Масъулияти бонк барои сари вақт анҷом надодани амалиёт оид ба суратҳисоб ва беасос аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ

Дар ҳолатҳои сари вақт анҷом надодани амалиёти гузаронидани маблағҳои пулии воридшуда ба суратҳисоби молик ё беасос аз ҳисоби суратҳисоб баровардани маблағҳо бонк вазифадор аст, тибқи талаби молики суратҳисоб маблағи дахлдорро ба суратҳисоб гузаронад.

Бонк инчунин барои сари вақт нагузаронидан ё беасос аз ҳисоб баровардани маблағ ӯҳдадор аст фоиз супорад ва мутобиқи моддаи 426 ҳамин Кодекс зарари расонидашударо ҷуброн намояд. Бонк инчунин барои сари вақт аз суратҳисоб надодани маблағ ва сари вақт иҷро накардан фармоиши молики суратҳисоб дар мавриди аз суратҳисоб гузаронидани маблағ масъулият дорад.

 

Моддаи 881. Махфӣ будани суратҳисобҳои  бонкӣ

  1. Бонк махфӣ будани суратҳисоби бонкӣ, амалиётҳо вобаста ба он ва маълумот оид ба молики суратҳисобро кафолат медиҳад.
  2. Маълумот оид ба амалиёт ва суратҳисобҳо метавонанд танҳо ба соҳибони суратҳисоб ё намояндагони онҳо, инчунин судҳо, мақомоти тафтиш ва мақомоти таҳқиқ оид ба парвандаҳои таҳти пешбурдашон қарордошта, дар сурате ки агар маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавҷудбуда тавқиф карда шавад, аз он ҷарима ситонида шавад ё ин маблағҳо бояд мусодира гардад, пешниҳод шуданашон мумкин аст.

Чунин маълумот метавонад, инчунин аз ҷониби нотариус вобаста ба парвандаҳои меросӣ дар мавриди амволи моликони фавтидаи суратҳисобҳо, ки таҳти пешбурдашон қарор доранд, инчунин ба ашхосе, ки нисбат ба онҳо фавтида ба бонк фармоиши васиятӣ гузоштааст, пешниҳод шуданашон мумкин аст.

  1. Дар сурати аз ҷониби бонк ошкор намудани маълумоте, ки асоси махфӣ будани суратҳисобро ташкил медиҳад, муштарие, ки ҳуқуқи ӯ вайрон шудааст, ҳақ дорад аз бонк ҷуброни зарари расонидашударо талаб кунад.

 

Моддаи 882. Тавқифи маблағҳои суратҳисоб

  1. Маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавҷудбуда танҳо бо қарори суд ё бо қарори суд, қарори иҷрочии суд вобаста ба ҳуҷҷати иҷро ё бо қарори мақомоти тафтиш тавқиф карда шуданашон мумкин аст, агар дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.  (Қ ҶТ  аз 3.12.09с, №569; ҚҶТ аз 21.07.2010 с., №607)
  2. Мӯҳлати тавқифи маблағҳои пулӣ, ки дар суратҳисоби бонк мавҷуд аст, наметавонад аз мӯҳлати барои пешбурди парвандаҳои дахлдор муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиавӣ бештар бошад, агар дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №569).

 

Моддаи 883. Ситонидан аз маблағҳои суратҳисоб

Ситонидани маҷбурӣ аз маблағҳои пулии ашхоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, ки дар суратҳисоби бонкҳо мавҷуд аст, аз ҷумла ситонидани маҷбурӣ ва мусодира метавонад танҳо дар асоси ҳукм ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ва ё қарори иҷрочии суд вобаста ба ҳуҷҷати иҷро анҷом дода шавад, агар дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.  (Қ ҶТ  аз 3.12.09с, №569; ҚҶТ аз 21.07.2010 с., №607)

 

Моддаи 884. Бастани суратҳисоб

  1. Шартномаи суратҳисоби бонкӣ метавонад тибқи аризаи молики он дар ҳар лаҳза бекор карда шавад.
  2. Бонк дар сурате ки агар маблағи воситағои пулии дар суратғисоб мавҷуда аз андозаи ҳадди ақали пешбининамудаи қонун ва қидаҳои мувофиқи он муқаррарнамудаи бонкҳо ё шартнома камтар бошад, ҳуқуқ дорад бекор кардани шартномаи суратҳисоби бонкиро талаб намояд.
  3. Бекор кардани шартнома барои бастани суратҳисоб асос мебошад.
  4. Бақияи маблағҳои пулии суратҳисоб ба молики он баргардонида мешавад ё тибқи дастури ӯ ба дигар суратҳисоб гузаронида мешавад.

 

Моддаи 885. Суратҳисобҳои бонкҳо

Агар дар қонун, санадҳои дигари ҳуқуқӣ ё қоидаҳои мутобиқи онҳо муқаррарнамудаи бонкҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қоидаҳои ҳамин боб ба суратҳисобҳои корреспондентӣ, суратҳисобҳои фаръии (ғайриасосии) корреспондентӣ ва дигар суратҳисобҳои бонк татбиқ мегардад.

 

БОБИ 44. Ҳисоббаробаркунӣ 

1. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 886. Ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ

  1. Ҳисоббаробаркунӣ байни шаҳрвандон ва ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шаҳрвандон, ки бо иҷрои фаъолияти соҳибкории онҳо вобаста намебошад, бо пули нақд (моддаи 155) бидуни маҳдудияти маблағ анҷом дода мешавад.
  2. Ҳисоббаробаркунӣ байни ашхоси ҳуқуқӣ, инчунин ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шаҳрвандон, ки бо иҷрои фаъолияти соҳибкории (моддаи 24) онҳо вобаста аст ба таври ғайринақдӣ анҷом дода мешавад. Ҳисоббаробаркунӣ байни ашхоси зикргардида, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, инчунин бо пули нақд анҷом дода шуданаш мумкин аст.
  3. Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути бонкҳо, дигар ташкилотҳои кредитӣ (минбаъд – «бонкҳо»), ки дар онҳо суратҳисобҳои ашхоси иштирокчии ҳисоббаробаркуниҳо кушода шудаанд, агар аз қонун тартиби дигари ҳисоббаробаркунӣ барнаояд ва дар шакли ҳисоббаробаркуниҳои истифодашаванда қайду шарти дигаре набошад, анҷом дода мешавад.
  4. Тибқи шартнома бо муштарӣ бонк метавонад ӯҳдадории қабул ва хизматрасонии қарзи муштариро (шартномаи факторинг) ба зиммаи худ гирад. Баъди пӯшонидани қарз бонк маблағи бадастомадаро ба муштарӣ медиҳад ва аз ӯ ҳаққи хизмат, ки ҳаққи комиссиониро барои хизматрасонии қарз дар бар мегирад, дар ҳаҷми муайяннамудаи шартнома меситонад.

 

Моддаи 887. Шакли ғайринақдии ҳисоббаробаркуниҳо

  1. Ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳисоббаробаркунӣ бо супоришномаи пардохт, тибқи аккредитив, чекҳо, ҳисобу китоб тибқи инкассо, инчунин ҳисоббаробаркунӣ бо дигар шаклҳо, ки қонунҳо, қоидаҳои бонкии мутобиқи онҳо таҳиягардида ва анъанаҳои муомилоти кории дар амалияи бонкӣ истифодашаванда пешбинӣ намудаанд, иҷозат дода мешавад.
  2. Тарафҳои шартнома ҳуқуқ доранд дар шартнома ҳама гуна шаклҳои ҳисоббаробаркуниро, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидааст, интихоб ва пешбинӣ намоянд.

 

2. Ҳисоббаробаркунӣ бо супоришномаи пардохт

 

Моддаи 888. Муқаррароти умумӣ

  1. Ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо бо супоришномаҳои пардохт бонк ӯҳдадор мегардад бо супориши муштарӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки дар суратҳисоби ӯ мавҷуданд, маблағи муайяни пулиро ба суратҳисоби шахси зикркардаи муштарӣ дар мӯҳлати муқарраршуда (моддаи 873) ба ин ё он бонк гузаронад.
  2. Шахси дар супоришномаи пардохт зикргардида ба ҳайси маблағгиранда ҳуқуқи аз бонк талаб кардани иҷрои пардохтро, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин ҳуқуқро қонун ё шартномаи муштарӣ бо бонк пешбинӣ намудааст, ба даст намеорад.

 

Моддаи 889. Шарти қабули супоришномаи пардохт аз ҷониби бонк

  1. Мӯҳтавои супоришномаи пардохт ва ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунии якҷоя бо он пешниҳодшаванда ва шакли онҳо бояд ба талаботи муқарраркардаи қонун ва қоидаҳои бонкӣ мутобиқат намоянд.
  2. Дар сурати номутобиқатии супоришномаи пардохт ба талаботи дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида бонк метавонад мӯҳтавои супоришномаро аниқ кунад. Чунин дархост баъди гирифтани супоришнома ба пардозанда бояд фавран пешниҳод карда шавад. Дар сурати нагирифтани ҷавоб дар мӯҳлати пешбиникардаи қонун ё қоидаҳои мутобиқи он муқарраркардаи бонк ва ҳангоми вуҷуд надоштани онҳо, агар дар қонун ва қоидаҳои бонкии дар асоси он муқарраргардида ё шартномаи байни бонк ва пардозанда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар мӯҳлати қобили қабул бонк метавонад супоришномаро бидуни иҷро монад ва онро ба пардозанда баргардонад.
  3. Агар тибқи шартномаи байни муштарӣ ва бонк тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, супоришномаи муштарӣ аз ҷониби бонк ҷиҳати иҷро танҳо дар мавриди дар суратҳисоби муштарӣ вуҷуд доштани маблағ қабул карда мешавад.

 

Моддаи 890. Иҷрои супоришнома

  1. Бонке, ки супоришномаи пардохти муштариро қабул мекунад, вазифадор аст маблағи пулии дахлдорро ҷиҳати ворид намудани он ба суратҳисоби шахси дар супоришнома зикргардида ба бонки маблағгиранда дар мӯҳлати дар шартномаи суратҳисобҳои бонкӣ муқарраршуда ва агар дар шартнома мӯҳлат муқаррар нагардида бошад, дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қоидаҳои бонкӣ ё анъанаҳои муомилоти кории дар амалияи бонкӣ истифодашаванда гузаронад.
  2. Бонк ҳуқуқ дорад дигар бонкҳоро барои иҷрои амалиёти интиқоли маблағи пулӣ ба суратҳисоби дар супоришномаи муштарӣ зикргардида ҷалб намояд.
  3. Агар тибқи шартнома тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, бонк вазифадор аст ба муштарӣ дар хусуси иҷрои супоришнома фавран хабар диҳад.

 

Моддаи 891. Ҷавобгарӣ барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби супоришнома

  1. Дар ҳолати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби супоришномаи муштарӣ бонк барои ин вайронкунӣ мутобиқи моддаи 426 ҳамин Кодекс ҷавобгар аст.
  2. Дар ҳолатҳое ки агар иҷро накардан ё иҷрои номатлуби супоришнома бинобар вайронкунии қоидаҳои анҷом додани амалиёти ҳисоббаробаркунӣ аз ҷониби бонки барои иҷрои супоришномаи пардозанда ҷалбгардида рух дода бошад, мутобиқи қисми 1 ҳамин модда суд метавонад масъулиятро ба зиммаи ҳамин бонк гузорад.
  3. Агар вайронкунии қоидаҳои анҷом додани амалиёти ҳисоббаробаркунӣ аз ҷониби бонк боиси нигоҳдории ғайриқонунии маблағи пулӣ гардад, бонк вазифадор аст тибқи тартиб ва андозаи пешбининамудаи моддаи 426 ҳамин Кодекс фоизи онро пардозад.

 

3. Ҳисоббаробаркунӣ тибқи аккредитив

 

Моддаи 892. Муқаррароти умумӣ оид ба ҳисоббаробаркунии аккредитив

  1. Дар сурати ҳисоббаробаркунии аккредитив бонке, ки бо супориши пардозанда дар бораи кушодани аккредитив ва мутобиқи дастури ӯ (бонк – эмитент) амал мекунад, ӯҳдадор мешавад пардохтҳоро ба маблағгиранда гузаронад ё пардохт намояд, актсепт кунад ё вексели интиқолиро ба инобат гирад ё ваколати гузаронидани пардохтҳоро ба маблағгиранда ё пардохт намудан, актсепт кардан ё ба инобат гирифтани вексели интиқолиро ба зиммаи бонки дигар (бонки иҷрокунанда) гузорад.

Нисбат ба бонки эмитент, ки пардохтҳоро ба маблағгиранда мегузаронад ё худ пардохт мекунад, аксепт менамояд ё вексели интиқолиро ба инобат мегирад, қоидаҳо  оид ба бонки иҷрокунанда истифода бурда мешавад.

  1. Дар ҳолати кушодани аккредитиви пӯшонидашуда (ба депозит гузошташуда) бонки эмитент дар мавриди кушодани он вазифадор аст маблағи аккредитив (пӯшонидани он)-ро аз ҳисоби пардозанда ё кредити ба ӯ пешниҳодшуда барои тамоми мӯҳлати амали ӯҳдадории бонки эмитент ба ихтиёри бонки иҷрокунанда гузаронад.

Дар ҳолати кушодани аккредитиви пӯшониданашуда (кафолатнок) ба бонки иҷрокунанда ҳуқуқ дода мешавад, аз суратҳисоби бонки эмитент, ки пешбурди онро анҷом медиҳад, ҳамаи маблағи аккредитивро соқит гардонад.

  1. Тартиби анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ оид ба аккредитив тибқи қонун, инчунин қоидаҳои бонкии дар асоси он муқарраргардида ва анъанаҳои муомилоти кории дар амалияи бонкӣ истифодашаванда танзим карда мешавад.

 

Моддаи 893. Аккредитиви бозхостшаванда

  1. Аккредитиве бозхостшаванда эътироф мешавад, ки онро бонки эмитент бидуни огоҳониии пешакии маблағгиранда метавонад тағйир диҳад ё бекор кунад. Бозхости аккредитив ҳеҷ кадом ӯҳдадории бонки эмитентро дар назди маблағгиранда ба вуҷуд намеорад.
  2. Бонки иҷрокунанда вазифадор аст пардохтҳо ва дигар амалиётро оид ба аккредитиви бозхостшаванда анҷом диҳад, агар дар лаҳзаи анҷом додани онҳо дар хусуси тағйир додани шартҳо ё бекор кардани аккредитив огоҳинома нагирифта бошад.

 

Моддаи 894. Аккредитиви бозхостнашаванда

  1. Аккредитиве бозхостнашаванда дониста мешавад, ки бидуни ризоияти маблағгиранда онро бекор кардан мумкин нест.
  2. Тибқи хоҳиши бонки эмитент бонки иҷрокунанда, ки дар гузаронидани амалиёти аккредитиви иштирок дорад, метавонад аккредитиви бозхостнашаванда (аккредитиви кафолатнок)-ро тасдиқ намояд. Ин кафолат чунин маъно дорад, ки бонки иҷрокунанда иловатан ба ӯҳдадории бонки эмитент оид ба анҷом додани пардохт тибқи шартҳои аккредитив ӯҳдадорӣ қабул кардааст.

Аккредитиви кафолатнокро бидуни розигии бонки иҷрокунанда тағйир додан ё бекор кардан мумкин нест.

 

Моддаи 895. Иҷрои аккредитив

  1. Ҷиҳати иҷрои аккредитив маблағгиранда ба бонки иҷрокунанда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷрои ҳамаи шартҳои аккредитивро пешниҳод менамояд. Дар сурати вайрон кардани ҳатто яке аз ин шартҳо пардохт аз ҳисоби аккредитив  анҷом дода намешавад.
  2. Агар бонки иҷрокунанда мутобиқи шартҳои аккредитив пардохтро ба ҷо орад ё дигар амалиётро анҷом диҳад, бонки эмитент вазифадор аст ба ӯ товони хароҷоти масрафгардидаро тибқи қоидаҳои муқарраршудаи бонкӣ диҳад. Ин хароҷот, инчунин ҳамаи дигар хароҷоти бонки эмитент, ки бо иҷрои аккредитив вобаста аст, аз ҷониби пардозанда пӯшонида мешавад.

 

Моддаи 896. Радди қабули ҳуҷҷатҳо

  1. Агар бонки иҷрокунанда қабули ҳуҷҷатҳоеро, ки он бо аломатҳои зоҳирӣ ба шартҳои аккредитив мутобиқат намекунад, рад намояд, ӯ вазифадор аст дар ин хусус фавран, бо зикри сабабҳои рад ба маблағгиранда ва бонки эмитент хабар диҳад.
  2. Агар бонки эмитент, ҳуҷҷатҳои қабулнамудаи бонки иҷрокунандаро гирифта чунин ҳисоб кунад, ки он тибқи аломатҳои зоҳирӣ бо шартҳои аккредитив мутобиқат намекунад, ҳуқуқ дорад қабули онҳоро рад намояд ва аз бонки иҷрокунанда маблағи ба маблағгиранда бо вайрон кардани шартҳои аккредитив пардохташударо талаб намояд ва вобаста ба аккредитиви пӯшониданашуда бошад, метавонад ҷуброни маблағи пардохташударо рад кунад.

 

Моддаи 897. Ҷавобгарии бонки иҷрокунандаи аккредитив

Ҳангоми пардохти нодуруст ё радди беасоси пардохти маблағ тибқи аккредитив, ки дар натиҷаи ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қоидаҳои бонкиро вайрон кардани бонки иҷрокунанда рух додааст, бонки иҷрокунанда дар назди бонки эмитент ва дар ҳолатҳое ки иҷрои аккредитивро бонки эмитент амалӣ мегардонад, дар назди пардозанда ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 898. Маҳкам кардани аккредитив

  1. Аккредитив дар бонки иҷрокунанда дар ҳолатҳои зайл маҳкам карда мешавад:

бо гузашти мӯҳлати аккредитив;

тибқи аризаи маблағгиранда дар хусуси радди истифодаи аккредитив то гузаштани мӯҳлати амали он, агар имконияти чунин рад бо шартҳои аккредитив пешбинӣ шуда бошад;

тибқи талаби пардозанда дар бораи пурра ё қисман бозхости аккредитив, агар чунин бозхост тибқи шартҳои аккредитив мумкин бошад.

Дар бораи маҳкам кардани аккредитив бонки иҷрокунанда бояд бонки эмитентро огоҳ намояд.

  1. Маблағи истифоданашудаи аккредитиви депозитгардида бояд ҳамзамон бо маҳкам кардани аккредитив ба бонки эмитент баргардонида шавад. Бонки эмитент вазифадор аст маблағи баргардонидашударо ба суратҳисоби пардозанда, ки маблағи ӯ ба депозит гузошта шудааст, ворид намояд.

 

4. Ҳисоббаробаркунӣ тибқи инкассо

 

Моддаи 899. Муқаррароти асосӣ

  1. Ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои супоришномаи инкассавӣ муштарӣ ба бонки худ (бонки эмитент) супоришнома мефиристад, ки аз ҳисоби муштарӣ аз пардозанда гирифтани пардохт анҷом дода шавад.
  2. Бонки эмитенте, ки супоришномаи инкассавӣ гирифтааст, ҳуқуқ дорад барои иҷрои он бонки дигар (бонки иҷрокунанда)-ро ҷалб намояд.

Тартиби анҷом додани ҳисоббаробаркунии супоришномаи инкассавӣ тибқи қонунҳо, қоидаҳои бонкии мутобиқи он таҳиягардида ва анъанаҳои муомилоти кории дар амалияи бонкӣ истифодашаванда танзим карда мешавад.

  1. Дар сурати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби супоришномаи муштарӣ бонки эмитент дар назди он тибқи асосҳо ва андозаи пешбиникардаи боби 24 ҳамин Кодекс ҷавобгар мебошад.

Агар иҷро накардан ё иҷрои номатлуби супоришномаи муштарӣ бинобар вайронкунии қоидаҳои анҷом додани амалиёти ҳисоббаробаркунӣ аз ҷониби бонки иҷрокунанда ба миён омада бошад, ҷавобгарӣ дар назди муштарӣ ба зиммаи ҳамин бонк гузошта шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 900. Иҷрои супоришномаи инкассавӣ

  1. Ҳангоми вуҷуд надоштани ягон ҳуҷҷат ё аз рӯи аломатҳои зоҳирӣ номутобиқатии ҳуҷҷатҳо ба супоришномаи инкассавӣ бонки иҷрокунанда вазифадор аст аз ин хусус шахсеро, ки аз номи ӯ супоришномаи инкассавӣ гирифтааст, фавран огоҳ созад. Дар ҳолати бартараф нагардидани камбудиҳои зикршуда бонк ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳоро бидуни иҷро баргардонад.
  2. Ҳуҷҷатҳо ба пардозанда дар ҳамон шакле, ки гирифта шудааст, ба истиснои қайдҳо ва навиштаҷоти бонкҳо, ки барои расмиёти амалиёти инкассавӣ заруранд, баргардонида мешаванд.
  3. Агар ҳуҷҷатҳо бо манзур доштани онҳо мавриди пардохт қарор гирифта бошад, бонки иҷрокунанда бо гирифтани супоришномаи инкассавӣ бояд фавран онро барои пардохт пешниҳод намояд.

Агар ҳуҷҷатҳо дар дигар мӯҳлат пардохта шавад, бонки иҷрокунанда бояд ҷиҳати гирифтани актсепти пардозанда фавран бо гирифтани супоришномаи инкассавӣ ба актсепт ҳуҷҷатҳо пешниҳод намояд ва талаботи пардохт на дертар аз рӯзи фаро расидани мӯҳлати пардохти дар ҳуҷҷатҳо зикргардида бояд қонеъ гардонида шавад.

  1. Пардохтҳо қисман дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қоидаҳои бонкӣ ё ҳангоми мавҷудияти иҷозати махсус дар супоришномаҳои инкассавӣ қабул карда шуданашон мумкин аст.
  2. Бонки иҷрокунанда маблағи гирифта (инкассатсияшуда)-ро бояд фавран ба ихтиёри бонки эмитент, ки вазифадор аст ин маблағро ба суратҳисоби муштарӣ ворид кунад, интиқол диҳад. Бонки иҷрокунанда ҳуқуқ дорад аз маблағҳои инкассатсияшуда подоши ба ӯ тааллуқдошта ва пардохти хароҷотро нигоҳ дорад.

 

Моддаи 901. Огоҳинома дар хусуси радди пардохт

  1. Агар пардохт ва (ё) аксепт дастрас нагардида бошад, бонки иҷрокунанда вазифадор аст бонки эмитентро дар хусуси радди пардохт ё сабабҳои рад фавран огоҳ созад.

Бонки эмитент вазифадор аст фавран ба муштарӣ хабар диҳад ва вобаста ба амалиёти минбаъда  дастур талаб намояд.

  1. Ҳангоми дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қоидаҳои бонкӣ нагирифтани дастур оид ба амалиёти минбаъда ва дар сурати зикр нашудани чунин мӯҳлат – дар мӯҳлати қобили қабул бонки иҷрокунанда ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳоро ба бонке, ки аз он супоришномаи инкассавӣ гирифта шуда буд, баргардонад.

 

5. Ҳисоббаробаркунӣ бо чек

 

Моддаи 902. Муқаррароти умумӣ

  1. Чек коғази қиматнокест, ки дастури бидуни ягон қайду шарти чекдиҳанда ба бонк ҷиҳати ба дорандаи чек анҷом додани пардохти маблағи зикргардидаро дар бар мегирад.
  2. Ба ҳайси пардозандаи чек танҳо бонке метавонад зикр гардад, ки дар он чекдиҳанда маблағ дошта, метавонад онро бо роҳи пешниҳоди чек ихтиёрдорӣ намояд.
  3. Бозхости чек то гузаштани мӯҳлати манзур кардани он мумкин нест.
  4. Додани чек ӯҳдадории пулиеро, ки ҷиҳати иҷрои он дода шудааст, намепӯшонад.
  5. Тартиб ва шарти истифодаи чекҳо дар муомилоти пардохт тибқи ҳамин Кодекс танзим мешавад ва дар қисмати танзимнакардаи он, тибқи дигар қонунҳои ба масъалаҳои ҳуқуқии муносибатҳои чекӣ бахшидашаванда танзим мегардад.

 

Моддаи 903. Реквизитҳои чек

  1. Чек бояд инҳоро дар бар гирад:

1) номи “чек”, ки дар матни ҳуҷҷат ворид гардидааст;

2) супоришнома ба пардозанда оид ба пардохти маблағи муайяни пулӣ;

3) номи пардозанда ва зикри суратҳисобе, ки аз он бояд пардохт анҷом дода шавад.

4) зикри асъори пардохт;

5) зикри сана ва маҳалли  мураттаб сохтани чек;

6) имзои шахсе, ки чекро чекдиҳанда навишта додааст.

Дар ҳуҷҷат мавҷуд набудани яке аз реквизитҳои зикршуда чекро беэътибор мегардонад.

Чеке, ки дар он маҳалли мураттаб сохтани он зикр нагардидааст, ҳамчун имзогардида дар ҷое, ки маълумот оид ба чекдиҳанда нишон дода шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.

  1. Шакли чек ва тартиби пур кардани он тибқи қонунҳо ва қоидаҳои бонкии мутобиқи онҳо таҳиягардида муайян карда мешавад.

 

Моддаи 904. Пардохти чек

  1. Чек аз ҳисоби маблағҳои чекдиҳанда пардохта мешавад. Дар ҳолати ба депозит гузоштани маблағ тартиб ва шарти ба депозитгузории маблағ барои пӯшонидани чек тибқи қоидаҳои бонкӣ муқаррар карда мешаванд.
  2. Чекро бояд пардозанда бо шарти дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун барои пардохт пешниҳод кардани он пардозад.
  3. Пардозандаи чек вазифадор аст бо ҳама гуна усули ба ӯ дастрас ба ҳаққонӣ будани чек, инчунин ба он ки пешниҳодкунанда нисбат ба он шахси ваколатдор мебошад, боварӣ ҳосил намояд.

Ҳангоми пардохти чеки индосатсияшуда пардозанда бояд на имзои индоссантҳо, балки дурустии индоссаментҳоро тафтиш кунад.

  1. Зарари аз ҷониби пардозанда вобаста ба пардохти чеки қалбакӣ, дуздидашуда ё гумшуда расонидашуда, вобаста ба он ки зарар бо гуноҳи кӣ расонида шудааст, ба зиммаи пардозанда ё чекдиҳанда гузошта мешавад.
  2. Шахси пардозандаи чек ҳуқуқ дорад ба ӯ додани чекро бо забонхат оид ба гирифтани пардохт талаб намояд.

 

Моддаи 905. Додани ҳуқуқ  оид ба чек

  1. Додани ҳуқуқ оид ба чек тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 160 ҳамин Кодекс бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин модда сурат мегирад.
  2. Чеки номӣ ба шахси дигар дода намешавад.
  3. Дар чеки интиқолӣ индоссамент ба пардозанда барои гирифтани пардохт эътибори забонхатро дорад.

Индоссаменте, ки аз ҷониби пардозанда анҷом дода шудааст, эътибор надорад.

Шахси соҳиби чеки интиқолӣ, ки онро тибқи индоссамент гирифтааст, агар ӯ ҳуқуқи худро дар қатори индоссаментҳои бефосила (мусалсал) асоснок кунад, соҳиби қонунии чек ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 906. Кафолати пардохт (авал)

  1. Пардохт оид ба чек тавассути кафолат (авал) пурра ё қисман кафолатнок шуда метавонад.

Авалро ҳар шахс, ба истиснои пардозанда дода метавонад.

  1. Авал дар тарафи рости чек ё дар варақи иловагӣ бо роҳи сабти “авал ҳисобида шавад” ва зикри он, ки аз ҷониби кӣ, бар ивази кӣ дода шудааст, сабт мешавад. Агар бар ивази кӣ додани он зикр нашуда бошад, дар он ҳолат авал аз номи чекдиҳанда додашуда ба ҳисоб меравад.

Авалро соҳиби авал бо зикри суроғаи худ (маҳалли ҷойгиршавӣ) ва санаи ба ҷо овардани навиштаҷот ва агар соҳиби авал шахси ҳуқуқӣ бошад, бо зикри маҳалли ҷойгиршавии он ва санаи ба ҷо овардани навиштаҷот имзо мекунад.

  1. Соҳиби авал ба мисли шахсе, ки бар ивази он авалро додааст, дорои масъулият мебошад. Ӯҳдадории ӯ, ҳатто агар ӯҳдадории кафолатдодаи он нисбат ба ҳама гуна асосҳои дигар, ба ҷуз нуқсони вобаста ба шакл беэътибор бошад ҳам,  дорои эътибор  аст.
  2. Соҳиби авали чекро пардохта муқобили оне, ки ӯ ба вай кафолат додааст ва зидди онҳое, ки дар назди шахси охирин ӯҳдадор мебошанд, ҳуқуқеро, ки аз чек бармеояд, пайдо мекунад.

 

Моддаи 907. Инкассакунонии чек

  1. Пешниҳоди чек ба бонки ба соҳиби чек хизматрасон барои инкасса ҷиҳати гирифтани пардохт барои пардохт манзуршуда ба ҳисоб меравад.

Чек тибқи тартиби муқарраркардаи моддаи 900 ҳамин Кодекс пардохта мешавад.

  1. Ворид кардани маблағ тибқи чеки инкассашуда ба суратҳисоби соҳиби чек, агар дар шартномаи байни соҳиби чек ва бонк тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, баъди гирифтани пардохт аз пардозанда анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 908. Вазифаҳои пардозанда

Пардозандаи чек вазифадор аст бо ҳама гуна усули барояш дастрас ҳаққонӣ будани чек, инчунин ба он ки пешниҳодкунанда шахси ваколатдори вобаста ба чек мебошад, боварӣ ҳосил намояд.

Ҳангоми пардохти чеки инкассашуда пардозанда вазифадор аст на имзои индоссантҳо, балки дурустии индоссаментҳоро тафтиш намояд.

 

Моддаи 909. Тасдиқи рад аз пардохти чек

  1. Рад аз пардохти чек бояд бо яке аз усулҳои зайл тасдиқ карда шавад:

1) аз ҷониби нотариус тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пешниҳод кардани эътироз;

2)  бо  усули дар чек дар хусуси радди пардохт ва санаи пешниҳоди чек ба пардохт сабт гузоштани пардозанда;

3) қайди бонки инкассакунанда бо зикри санае, ки чек сари вақт пешниҳод гардида, вале пардохта нашудааст.

  1. Эътироз ё ҳуҷҷати ба он баробар бояд то гузаштани мӯҳлати пешниҳоди чек барои пардохт анҷом дода шавад.

Агар пешниҳоди чек дар рӯзи охирини мӯҳлат сурат гирифта бошад, эътироз ё ҳуҷҷати ба он баробарро дар рӯзи дигари корӣ анҷом додан мумкин аст.

 

Моддаи 910. Огоҳинома аз напардохтани чек

Дорандаи чек вазифадор аст индоссанти худ ва чекдиҳандаро дар бораи анҷом дода нашудани пардохт дар тӯли ду рӯзи кории баъди рӯзи эътироз ё санади ба он баробар фарорасанда огоҳ намояд.

Ҳар як индоссант дар тӯли ду рӯзи кории баъди рӯзи гирифтани огоҳинома фарорасанда бояд ба индоссанти худ (қаблӣ) дар бораи огоҳиномаи гирифтааш хабар диҳад. Дар ҳамин мӯҳлат огоҳинома ба шахсе фиристода мешавад, ки бар ивази ин шахс авал додааст.

Шахсе, ки дар мӯҳлати зикргардида огоҳинома нафиристодааст, ҳуқуқи худро ба чек гум намекунад. Ӯ вазифадор аст зарареро, ки вобаста ба огоҳ накардан аз напардохтани чек расонида шудааст, дар  доираи маблағи чек ҷуброн намояд.

 

Моддаи 911. Оқибати напардохтани чек

  1. Дар сурати пардохти чекро рад намудани пардозанда, дорандаи чек ҳуқуқ дорад тибқи интихоби худ нисбат ба як, якчанд ё ба ҳамаи ашхоси оид ба чек ӯҳдадор (ба чекдиҳанда, соҳиби авалҳо, индоссантҳо), ки дар назди вай масъулияти муштарак доранд, даъво арз кунад.
  2. Дорандаи чек ҳуқуқ дорад аз ашхоси зикргардида пардохти маблағи чек, хароҷоти худро барои гирифтани пардохт, инчунин фоизҳоро тибқи ҳаҷм ва тартиби дар қисми 1 моддаи 426 ҳамин Кодекс пешбинишуда талаб намояд.
  3. Даъвои дорандаи чек нисбат ба ашхоси дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида дар тӯли шаш моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани мӯҳлати барои пардохт пешниҳод намудани чек манзур шуданаш мумкин аст.

Талаботи регрессивӣ оид ба даъвои ашхоси нисбат ба ҳамдигар ӯҳдадор бо гузашти шаш моҳ, аз рӯзе, ки шахси ӯҳдадори дахлдор талаботро қонеъ гардонидааст ё аз рӯзи ба ӯ пешниҳод шудани даъво қатъ карда мешавад.

 

БОБИ 45. Супориш

 

Моддаи 912. Шартномаи супориш

  1. Тибқи шартномаи супориш як тараф (вакил) аз ном ва аз ҳисоби тарафи дигар (ваколатдиҳанда) иҷро кардан ё ба ҷо овардани амали муайяни ҳуқуқиро ӯҳдадор мешавад. Вобаста ба муомилае, ки вакил анҷом медиҳад, ҳуқуқ ва вазифаҳоро бевосита ваколатдиҳанда пайдо мекунад.
  2. Супориш аз ҷониби вакил анҷом додани як ё якчанд амалиёти муайяни ҳуқуқӣ ё пешбурди корҳои ваколатдиҳандаро мутобиқи нишондодҳои ӯ дар бар гирифта метавонад.
  3. Шартномаи супориш дар шакли хаттӣ баста мешавад.

 

Моддаи 913. Подошпулӣ дар шартномаи супориш

  1. Ваколатдиҳанда, агар дар қонун ё шартнома пешбинӣ шуда бошад, вазифадор аст ба вакил подошпулӣ пардозад.

Агар шартномаи супориш бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби ҳар ду тараф ё яке аз онҳо вобаста бошад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ваколатдиҳанда вазифадор аст ба вакил  подошпулӣ  пардозад.

  1. Ҳангоми дар шартномаи супориши пулакӣ мавҷуд набудани шартҳо оид ба ҳаҷми подошпулӣ ва тартиби пардохт он мувофиқи қисми 3 моддаи 456 ҳамин Кодекс тибқи нархномаи маъмулан ба чунин шакли хизматрасонӣ қабулшуда муайян гардида, баъди иҷрои супориш пардохта мешавад.

 

Моддаи 914. Иҷрои супориш мутобиқи дастурҳои ваколатдиҳанда

  1. Вакил вазифадор аст супориши ба ӯ мутобиқи дастурҳои ваколатдиҳанда додашударо иҷро намояд. Дастури ваколатдиҳанда бояд мушаххас, ҷоиз ва имконпазир бошад.
  2. Вакил, агар аз рӯи вазъи кор ин ба манфиати ваколатдиҳанда зарур бошад ва вакил пешакӣ аз ваколатдиҳанда дархост карда натавонад ё ба дархости худ сари вақт ҷавоб нагирад, ҳуқуқ дорад аз дастурҳои ваколатдиҳанда даст кашад. Дар ин ҳолат вакил вазифадор аст ваколатдиҳандаро бо фарорасии шароити имконпазири огоҳсозӣ дар мавриди сарфи назар огоҳ намояд.
  3. Бо созишномаи тарафҳо намояндаи тиҷоратиро аз иҷрои вазифаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида озод кардан мумкин аст.

 

Моддаи 915. Вазифаҳои вакил

  1. Вакил вазифадор аст супориши ба ӯ додашударо шахсан иҷро намояд.
  2. Вакил вазифадор аст ба ваколатдиҳанда тибқи талаботи ӯ оид ба ҷараёни иҷрои супориш ҳамаи маълумотро хабар диҳад.
  3. Вакил вазифадор аст ба ӯ бетаъхир тамоми маблағи вобаста ба анҷом додани муомилот ба даст овардаашро диҳад.
  4. Вакил вазифадор аст баъди иҷрои супориш ба ваколатдиҳанда бетаъхир ваколатномаи мӯҳлати эътибораш нагузаштаро баргардонад ва агар ин аз рӯи хусусияти супориш тақозо гардад, ҳисоботро бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод намояд.

 

Моддаи 916. Вазифаҳои ваколатдиҳанда

Ваколатдиҳанда, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, вазифадор аст:

1) вакилро бо васоити барои иҷрои супориш зарурӣ таъмин намояд;

2) бетаъхир аз ҷониби вакил иҷрои мутобиқи шартнома анҷомдодашударо қабул кунад;

3) ба вакил хароҷотеро, ки барои иҷрои супориш зарур буд, пардозад;

4)  баъди иҷрои супориш, агар он тибқи шартнома ё қонунҳо пешбинӣ шуда бошад, ба вакил подошпулӣ пардозад.

 

Моддаи 917. Вогузоштани ваколат

  1. Вакил, агар ин дар шартнома пешбинӣ гардида бошад ё агар вобаста ба ҳолатҳо вакил маҷбур шуда бошад, ки бо мақсади ҳифзи манфиатҳои ваколатдиҳанда ин корро анҷом диҳад, ҳуқуқ дорад иҷрои супоришро ба дигар шахс (муовин) вогузорад.
  2. Вакиле, ки иҷрои супоришро ба дигар шахс вогузоштааст, бояд фавран ваколатдиҳандаро огоҳ созад.

Ваколатдиҳанда ҳуқуқ дорад муовинашро, ки вакил интихоб кардааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин муовин дар шартнома номбар шудааст, рад намояд.

  1. Агар муовини вакил дар шартнома номбар шуда бошад барои пешбурди корҳо аз ҷониби муовинаш вакил ҷавобгар намебошад.
  2. Агар дар шартнома пешбурди корҳо аз ҷониби муовин пешбинӣ шуда, вале муовин дар он номбар нагардида бошад вакил барои кирдорҳои гунаҳкоронаи муовини худ ҷавобгар намебошад.
  3. Агар дар шартнома пешбурди корҳо аз ҷониби муовини вакил пешбинӣ нагардида бошад, вакил барои ҳама гуна амали мувоини худ ҷавобгар аст.

 

Моддаи 918. Қатъи шартномаи супориш

  1. Шартномаи супориш ҳамзамон бо асосҳои умумии қатъи ӯҳдадорӣ дар ҳолатҳои зайл қатъ мегардад:

1) аз ҷониби ваколатдиҳанда бекор кардани он;

2) рад кардани вакил;

3) марги ваколатдиҳанда ё вакил, ғайри қобили амал, қобили маҳдуди амал ё бедарак ғоиб шуда эътироф намудани яке аз онҳо.

  1. Агар вакил аз шартнома таҳти чунин шартҳое даст кашида бошад, ки ваколатдиҳанда имкон надорад ӯро иваз намояд ё ба таври дигар манфиатҳои худро таъмин кунад, вакил вазифадор аст, зарари вобаста бо қатъи шартнома расонидашударо ҷуброн намояд.
  2. Агар вакил дар бораи қатъи шартномаи супориш намедонист ва дониста ҳам наметавонист, дар ин сурат амали ӯ, ки қонунан тибқи супориши ваколатдиҳанда анҷом дода шудааст, ваколатдиҳанда (вориси ҳуқуқии ӯ)-ро нисбат ба ашхоси сеюм ва вакил ӯҳдадор месозад.
  3. Тарафе, ки аз шартнома бо вакили ба сифати соҳибкор баромадкунанда даст кашидааст, агар дар шартнома мӯҳлати нисбатан бештар пешбинӣ нагардида бошад, бояд тарафи дигарро дар мӯҳлати як моҳ пештар аз қатъи шартнома огоҳ созад.

Ҳангоми азнавтаъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ, ки намояндаи тиҷоратӣ мебошад, ваколатдиҳанда ҳуқуқ дорад супоришро бидуни чунин огоҳонии пешакӣ бекор кунад.

 

Моддаи 919.  Оқибатҳои қатъи шартномаи супориш

  1. Агар шартномаи супориш то лаҳзаи аз ҷониби вакил пурра иҷро гардидани он қатъ карда шуда бошад, ваколатдиҳанда ӯҳдадор аст ба вакил хароҷоти вобаста ба иҷрои супоришро ҷуброн намояд ва агар вакил ба подошпулӣ ҳақ дошта бошад, инчунин мутаносибан ба кори иҷронамудааш бояд ба ӯ подошпулӣ пардохта шавад. Ин қоида нисбат ба супорише, ки вакил баъди фаҳмидани қатъ гардидани супориш иҷро кардааст ё мебоист донад, татбиқ намегардад.
  2. Аз ҷониби ваколатдиҳанда бекор кардани супориш барои ҷуброни зараре, ки бо қатъи шартнома ба вакил расонида шудааст, ба истиснои ҳолатҳои қатъи шартнома бо вакиле, ки ба сифати соҳибкор фаъолият мекунад, асос буда наметавонад.
  3. Радди вакил аз иҷрои супориши ваколатдиҳанда, ба истиснои ҳолатҳои саркашии вакил вобаста ба шароите, ки ваколатдиҳанда аз имконияти ба таври дигар таъмин намудани манфиатҳои худ маҳрум шудааст, инчунин ҳолатҳои қатъи шартнома аз ҷониби вакиле, ки ба сифати соҳибкор баромад мекунад, барои ҷуброни зарари вобаста бо қатъи шартнома ба ваколатдиҳанда расонидашуда асос буда наметавонад.

 

Моддаи 920.  Ворисии ҳуқуқӣ дар шартномаи супориш

  1. Дар сурати фавти вакил ворисони он ё дигар ашхосе, ки ба зиммаашон таъмини ҳифзи амволи меросӣ гузошта шудааст, вазифадоранд ваколатдиҳандаро дар мавриди қатъи шартномаи супориш огоҳ созанд ва ҷиҳати ҳифзи амволи ваколатдиҳанда тадбирҳои зарурӣ андешанд, аз ҷумла ашё, инчунин ҳуҷҷатҳои вакилро ҳифз кунанд ва сипас онҳоро ба ӯ супоранд.

Чунин ӯҳдадорӣ инчунин ба зиммаи барҳамдиҳандаи шахси ҳуқуқӣ, ки вакил мебошад, низ гузошта мешавад.

  1. Ҳангоми азнавтаъсисдиҳии шахси ҳуқуқие, ки ба сифати намоянда амал мекунад, ваколатдиҳанда бояд бетаъхир тибқи моддаи 61 ҳамин Кодекс огоҳ карда шавад. Дар ҳолати зикргардида, агар ваколатдиҳанда дар мӯҳлатҳои мувофиқ дар мавриди аз ҷониби ӯ рад кардани шартнома иттилоъ надиҳад, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои чунин шахси ҳуқуқӣ ба вориси ҳуқуқии ӯ мегузарад .

 

БОБИ 46. Фаъолият ба манфиати ғайр бидуни супориш

 

Моддаи 921. Фаъолият ба манфиати ғайр  бидуни супориш

  1. Шахсе, ки ба манфиати ғайр бидуни супориши ӯ амал мекунад, бояд бо аввалин имконият шахси манфиатдорро огоҳ созад. Агар шахси манфиатдор ин амалро маъқул шуморад, минбаъд нисбат ба муносибати тарафҳо қоидаҳо оид ба шартномаи супориш татбиқ мегардад. Ҳангоми маъқул надонистани амалҳои зикргардида масъулият ба зиммаи шахсе гузошта мешавад, ки бидуни супориш амал кардааст.
  2. Ҳангоми имконнопазирии огоҳ сохтани шахси манфиатдор шахсе, ки амалро бидуни супориш оғоз кардааст, бояд онро то ба охир расонад ва ҷиҳати пешгирии оқибатҳои манфии чунин амал барои ин шахс тамоми тадбирҳои ба ӯ вобастаро андешад. Дар айни замон шахсе, ки бидуни супориш амал мекунад, бояд ҳамаи он чизеро, ки вобаста ба пешбурди кор алоқаманд аст, аз ҷумла ӯҳдадории бастани аҳдҳоро ба зиммаи худ гирад.
  3. Агар шахсе, ки ба манфиати шахси дигар бидуни супориши ӯ амал мекунад, бо аввалин имкон шахси манфиатдорро огоҳ насозад, ӯ ҳуқуқ надорад ҷуброни хароҷоташро талаб кунад.
  4. Шахсе, ки бидуни супориш ба манфиати ғайр амал мекунад, бояд амали оғознамудаашро инчунин дар ҳолати фавти шаҳрванд ё қатъ гардидани шахси ҳуқуқие, ки ба манфиати ӯ фаъолияти дахлдор иҷро мегардид, то лаҳзае, ки ворисон (ворисони ҳуқуқӣ)-и шахси манфиатдор наметавонанд ӯро иваз намоянд, идома диҳад.

 

Моддаи 922. Бастани аҳд ба манфиати ғайр

  1. Ӯҳдадорӣ оид ба аҳди ба манфиати ғайр басташуда ба шахсе, ки ба манфиати ӯ аҳд анҷом дода шудааст, агар тарафи дигар ҳангоми бастани аҳд медонист ё бояд медонист, ки аҳд ба манфиати ғайр баста шудааст, аз лаҳзаи аз ҷониби ӯ маъқул донистани ин аҳд ба вай мегузарад.

Ҳангоми тибқи чунин аҳд гузаштани ӯҳдадорӣ ба шахсе, ки ба манфиати он баста шуда буд, ба охирин бояд ҳуқуқ ба ин аҳд низ дода шавад.

  1. Шахсе, ки аҳд бастааст, метавонад то лаҳзаи ба ӯ ҷуброн намудани хароҷоти вобаста ба фаъолияташ ба манфиати ғайр додани ҳуқуқро боздорад.

 

Моддаи 923. Ӯҳдадории шахсе, ки ба манфиаташ бидуни супориш фаъолият анҷом дода шудааст

  1. Шахсе, ки ба манфиаташ бидуни супориш фаъолият анҷом дода шудааст, ӯҳдадор аст ба шахси ба манфиати ӯ амалкарда хароҷоти зарурӣ ва зарари воқеии расонидашударо ҷуброн намояд. Ӯҳдадории зикргардида инчунин дар ҳолате ки амал ба манфиати ғайр мувофиқ бошад ҳам, вале натиҷаи дарназардошташуда ба даст наомадааст, нигоҳ дошта мешавад.
  2. Агар фаъолияти шахс мустақиман ба таъмини манфиатҳои шахси дигар равона нашуда бошад, аз ҷумла ҳатто агар шахс саҳван дар назар дошта бошад, ки ба манфиати худ амал мекунад, суд ҳангоми ҳалли масъалаи ситонидани хароҷот ва андозаи он бояд он фоидаеро, ки амали шахси фаъолияти дахлдорро анҷомдода фароҳам овардаааст, ба инобат гирад.
  3. Дар ҳолатҳое ки агар амал ба манфиати ғайр ба доираи фаъолияти соҳибкории ӯ марбут аст, он метавонад ҳамзамон бо ҷуброни зарари воқеӣ, инчунин подошпулии мутаносибро пардозад.

 

Моддаи 924. Ҷуброни зараре, ки вобаста ба фаъолият ба манфиати ғайр расонида шудааст

Муносибат вобаста ба ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи фаъолият ба манфиати ғайр расонида шудааст, мутобиқи боби 55 ҳамин Кодекс (деликтҳо) танзим карда мешаванд.

 

Моддаи 925. Ҷуброни хароҷоти вобаста ба пешгирии зарар ба амволи ашхоси дигар

Агар шахс бидуни ваколатҳои дахлдор таҳдиди воқеии вобаста ба расонидани зарар ба амволи ашхоси дигарро дар шароите, ки имконнопазирии огоҳонии онҳоро оид ба чунин таҳдид истисно менамуд, пешгирӣ карда бошад, ҳуқуқ дорад аз ин ашхос ҷуброни хароҷоти зарурӣ, инчунин дигар зарари воқеии вобаста ба онро талаб  намояд.

 

Моддаи 926. Ҳисоботдиҳии шахсе, ки ба манфиати ғайр амал кардааст

Шахси ба манфиати ғайр амалнамуда вазифадор аст ба шахсе, ки ба манфиати ӯ фаъолиятро анҷом додааст, бо зикри даромади бадастоварда, хароҷот ва зарари расонидашуда ҳисобот диҳад.

 

БОБИ 47. Комиссия

 

Моддаи 927.  Шартномаи комиссия

  1. Тибқи шартномаи комиссия як тараф (комиссионер) ӯҳдадор мешавад бо супориши тарафи дигар (комитент) бо подошпулӣ як ё якчанд аҳдро бо номи худ, вале аз ҳисоби комитент анҷом диҳад.

Мутобиқи аҳди бо шахси сеюм  бастаи комиссионер, ҳарчанд агар комитент дар аҳд ном бурда шуда ё бо шахси сеюм мустақиман ҷиҳати иҷрои аҳд муносибат барқарор карда бошад ҳам, комиссионер ҳуқуқ ба даст меорад ва ӯҳдадор мегардад.

  1. Шартномаи комиссия ба мӯҳлати муайян ё бидуни муайян кардани мӯҳлати он бо зикри маҳалли иҷро ё бидуни зикри маҳалли иҷро баста шуданаш мумкин аст.
  2. Тибқи қонун ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ шудани мушаххасоти навъҳои алоҳидаи шартномаи комиссия мумкин аст.
  3. Шартномаи комиссия бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.

 

Моддаи 928. Подошпулии комиссионӣ

Комитент вазифадор аст ба комиссионер подошпулӣ диҳад ва дар ҳолати пешбининамудаи моддаи 939 ҳамин боб инчунин ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома подошпулии иловагӣ пардозад. Агар дар шартнома ин андоза пешбинӣ нагардида бошад ва вобаста ба шарти он муайян карда шуданаш ҳам имконнопазир бошад, андозаи подошпулӣ тибқи қисми 3 моддаи 456 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.

Агар шартномаи комиссия бо сабабҳои вобаста ба комитент иҷро нагардида бошад, комиссионер ҳуқуқи худро ба подошпулии комиссионӣ, инчунин ҷуброни хароҷоти масрафшуда нигоҳ медорад.

 

Моддаи 929. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои комиссионер вобаста ба аҳд бо ашхоси сеюм

  1. Вобаста ба аҳди бо шахси сеюм анҷомдодаи комиссионер, ҳарчанд комитент дар аҳднома номбар шуда буд ё бо шахси сеюм мустақиман оид ба аҳд муносибат дошт, комиссионер ҳуқуқ ва ӯҳдадорӣ ба даст меорад.
  2. Тибқи талаби комитент комиссионер вазифадор аст ба ӯ ҳуқуқи чунин аҳдро супорад ва ӯро аз додани ҳуқуқи шахси сеюме, ки бо ӯ аҳд анҷом дода шудааст, огоҳ созад. Охирин ҳуқуқ надорад ба муқобили талаботи комитент, ки ба талаботаш нисбат ба комиссионер асос ёфтааст ва аз ҳамин аҳд барнамеояд, эътироз пешниҳод кунад.

 

Моддаи 930. Иҷрои супориши комиссионӣ

  1. Комиссионер бояд тамоми ӯҳдадориҳоро анҷом диҳад ва тамоми ҳуқуқҳои худро, ки аз аҳди бо ашхоси сеюм басташуда бармеояд, татбиқ намояд.
  2. Комиссионер бояд супориши қабулкардаашро мутобиқи дастури комитент ва ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани чунин супориш тибқи анъанаҳои муомилоти корӣ ё талаботи маъмулан пешниҳодшаванда бо шартҳои барои комитент нисбатан муфид анҷом диҳад. Агар комиссионер аҳдеро нисбат ба он, ки комитент супориш дода буд, бо шартҳои нисбатан муфид анҷом дода бошад, дар ин сурат фоида байни онҳо баробар тақсим карда мешавад, зеро дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст.
  3. Комиссионер дар назди комитент ба истиснои ҳолате, ки комиссионер ҳангоми интихоби ӯ дурандешии зарурӣ зоҳир накардааст ё кафолати иҷрои аҳдро ба зиммаи худ гирифтааст, барои аз ҷониби шахси сеюм иҷро нашудани аҳд (делкредер) ҷавобгар намебошад.
  4. Дар сурати аз ҷониби шахси сеюм вайрон кардани аҳде, ки комиссионер бо ӯ бастааст, комиссионер вазифадор аст фавран комитентро огоҳ намуда, далелҳои заруриро ҷамъоварӣ ва таъмин намояд.
  5. Комитенте, ки дар мавриди аз ҷониби шахси сеюм вайрон кардани аҳди бо ӯ бастаи комиссионер огоҳ шудааст, ҳуқуқ дорад дар асоси ҳамин аҳд ба ӯ додани талаботи комиссионерро нисбат ба шахси сеюм талаб намояд.

 

Моддаи 931. Субкомиссия

  1. Комиссионер ҳуқуқ дорад бо дигар шахс шартномаи субкомиссия (комиссияи фаръӣ) ба имзо расонад ва агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар айни замон барои амали субкомиссионер дар назди комитент масъул монад.

Тибқи шартномаи субкомиссия комиссионер, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 929 ҳамин Кодекс ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои комитентро нисбат ба субкомиссионер ба даст меорад.

Дар ҳолатҳое ки қонун анҷом додани ин ё он аҳдро танҳо барои ашхоси махсус ваколатдоршуда иҷозат медиҳад, шартномаи субкомиссия танҳо бо чунин шахс баста шуданаш мумкин аст.

  1. То қатъ гардидани шартномаи субкомиссия, агар дар шартномаи байни комитент бо комиссионер тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, комитент ҳуқуқ надорад мустақилона бо субкомиссионер муносибат барқарор намояд.

 

Моддаи 932. Нархи амволе, ки комиссионер мефурӯшад

Нархи амволе, ки комиссионер мефурӯшад, агар дар қонун, санадҳои дигари меъёрӣ ё шартномаи комиссия тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, тибқи созишнома бо комитент муайян карда мешавад.

 

Моддаи 933. Сарфи назар кардан  аз супориши комитент

  1. Комиссионер ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 930 ҳамин Кодекс аз супориши комитент сарфи назар кунад.
  2. Комиссионере, ки амволро нисбат ба нархи бо комитент мувофиқашуда арзонтар фурӯхтааст, агар исбот карда натавонад, ки ӯ имконияти бо нархи мувофиқашуда фурӯхтани молро надошт ва бо нархи арзон фурӯхтани мол ӯро аз зарари бештаре эмин дошт, инчунин исбот намояд, ки имконият надошт розигии пешакии комитентро дар мавриди риоя кардани супориши ӯ гирад ӯҳдадор аст ба охирин фарқияти байни нархро пардозад.
  3. Агар комиссионер молро аз нархи бо комитент мувофиқашуда бо нархи баландтар харидорӣ намояд, комитенте, ки намехоҳад чунин молро қабул кунад вазифадор аст бетаъхир, бо гирифтани огоҳинома дар хусуси бастани аҳд бо шахси сеюм ба комиссионер дар маврид арз кунад. Дар акси ҳол моли харидашуда аз ҷониби комитент қабулгардида эътироф карда мешавад.

Агар комиссионер хабар диҳад, ки фарқияти байни нархро ба ҳисоби худ қабул мекунад, комитент ҳуқуқ надорад аз аҳди ба манфиати ӯ басташуда даст кашад.

 

Моддаи 934. Ҳуқуқ  ба амволе, ки мавзӯи комиссия мебошад

  1. Амволе, ки аз комиссионер ба комитент расидаст ё комиссионер онро аз ҳисоби комитент харидааст, моликияти комитент мебошад.
  2. Комиссионер ҳуқуқ дорад то пардохти маблағи тибқи шартномаи комиссия ба ӯ тааллуқдошта ашёеро, ки мувофиқи аҳди имзонамудаи комиссионер бояд ба комитент ё шахси сеюм дода шавад, нигоҳ дорад.
  3. Дар сурати ғайри қобили пардохт (муфлис) эълон кардани комитент ҳуқуқи зикршудаи комиссионер қатъ гардида, талаботи ӯ нисбат ба комитент дар доираи арзиши ашёе, ки ӯ нигоҳ доштааст, мутобиқи моддаҳои 388-389 ҳамин Кодекс баробар бо талаботи бо замонат таъмингардида қонеъ гардонида мешавад.

 

Моддаи 935.  Аз ҷониби комиссионер нигоҳ доштани маблағҳои ба комитент тааллуқдошта

Комиссионер ҳуқуқ дорад маблағҳои тибқи шартномаи комиссия ба вай тааллуқдоштаро аз ҳамаи маблағҳое, ки ба ӯ аз ҳисоби комитент ворид гардидаанд, нигоҳ дорад.

 

Моддаи 936. Масъулияти комиссионер барои гум кардан,  камомад  ё  зарар дидани амволи комитент

  1. Комиссионер дар назди комитент барои ҳар як камбудие, ки боиси гум кардан, камомад ё зарар дидани амволи дар назди ӯ будаи комитент шудааст, масъулият дорад.
  2. Агар ҳангоми аз ҷониби комиссионер қабул кардани моли фиристодаи комитент ё ба комиссионер расидани мол барои комитент дар ин амвол ба мушоҳида расидани норасогиҳое, ки ҳангоми аз назаргузаронии зоҳирӣ ошкор карда шуданаш мумкин аст, инчунин ҳангоми аз ҷониби ин ё он шахс расонидани зарар ба амволи комитент, ки дар назди комиссионер мебошад, комиссионер бояд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи комитент тадбирҳо андешад, далелҳои зарурӣ ҷамъ оварад ва бетаъхир комитентро огоҳ созад.
  3. Комиссионере, ки моли дар наздаш мавҷудбудаи комитентро суғурта накардааст, барои ин танҳо дар ҳолатҳое ҷавобгар аст, ки агар комитент суғурта кардани амволро супориш додааст ва ё суғуртаи чунин амвол бо ҳукми қонун ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 937. Ҳисоботи комиссионер

Бо иҷро намудани супориш комиссионер вазифадор аст ба комитент ҳисобот диҳад ва ҳамаи он чизи тибқи шартномаи комиссия гирифтаашро супорад. Комитенте, ки вобаста ба ҳисобот эътироз дорад, бояд дар ҷараёни сӣ рӯз аз рӯзи гирифтани ҳисобот, агар дар созишномаи тарафҳо тартиби дигаре набошад, ба комиссионер онро арз намояд. Дар акси ҳол, дар сурати набудани созишномаи дигар ҳисобот қабулгардида ба шумор меравад.

 

Моддаи 938. Қабули иҷро аз ҷониби комитент

Комитент ӯҳдадор аст:

– аз комиссионер ҳамаи иҷрои вобаста ба супоришро қабул намояд;

– амволи барои ӯ бадастовардаи комиссионерро аз назар гузаронад ва охиринро бетаъхир оид ба норасоиҳои дар ин амвол ошкоргардида огоҳ созад;

– комиссионерро ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои комиссионӣ, ки дар назди шахси сеюм оид ба иҷрои супориш ба зиммаи худ гирифта буд, бо ҳамаи чизҳои зарурӣ (маҳсулотсупорӣ, гузаронидани маблағи пулӣ ва ғайра)  таъмин намояд.

 

Моддаи 939. Ҷуброни хароҷот вобаста ба иҷрои  супориши комиссионӣ

Комитент вазифадор аст ба ғайр аз пардохти маблағи комиссионӣ ва дар ҳолатҳои дахлдор инчунин подошпулии иловагӣ барои делкредере ба комиссионер маблағҳои вобаста ба иҷрои супоришро ҷуброн намояд.

Комиссионер, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқ надорад хароҷоти вобаста ба ҳифзи амволи комитентро, ки дар наздаш мавҷуд аст, ҷуброн намояд.

 

Моддаи 940. Бекор кардани супориш аз ҷониби комитент

  1. Комитент ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳза супориши ба комиссионер додаашро бекор кунад. Дар айни замон зарари ба комиссионер вобаста бо бекор кардани супориш расонидашуда ҷуброн карда мешавад.
  2. Дар сурати бекор кардани супориш комитент вазифадор аст амволи дар назди комиссионер мавҷударо дар ҷараёни як моҳ аз лаҳзаи бекор кардани супориш, агар дар шартнома мӯҳлати дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ихтиёрдорӣ намояд. Агар комитент ин ӯҳдадориро анҷом надиҳад, комиссионер ҳуқуқ дорад амволро барои нигаҳбонӣ супорад ё онро бо нархи ҳаддалимкон барои комитент муфидтар ба фурӯш расонад.

 

Моддаи 941. Радди иҷрои супориш аз ҷониби комиссионер

  1. Комиссионер ба истиснои ҳолатҳое, ки аз ҷониби комитент вайрон кардани иҷрои ӯҳдадориҳои худ боиси имконнопазирии иҷрои супориши мутобиқи дастури комитент пешниҳодгардида мегардад ё имконнопазирии иҷро дар натиҷаи ҳолатҳои дигаре ба миён меояд, ки барои онҳо комиссионер ҷавобгар намебошад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқ надорад иҷрои супориши қабулкардаашро рад намояд.

Комиссионер вазифадор аст комитентро дар мавриди радди худ ба таври хаттӣ огоҳ созад ва барои амволи дар назди ӯ қарордоштаи комитент тадбирҳо андешад.

Комитенте, ки дар мавриди аз ҷониби комиссионер рад карда шудани иҷрои супориш огоҳ карда шудааст, агар дар шартнома мӯҳлати дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бояд амволи дар назди комиссионер мавҷудбударо дар ҷараёни як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳинома ихтиёрдорӣ намояд. Агар ӯ ин ӯҳдадориро иҷро накунад комиссионер ҳуқуқ дорад амволро барои нигаҳбонӣ супорад ё онро бо нархи ҳаддалимкон барои комитент муфидтар ба фурӯш расонад.

  1. Комиссионере, ки дар натиҷаи аз ҷониби комитент иҷро накардани ӯҳдадорӣ аз иҷрои супориш даст кашидааст, барои подошпулии комиссионӣ, инчунин ҷуброни ҳамаи хароҷотҳо ҳуқуқи худро нигоҳ медорад.
  2. Агар дар шартномаи комиссия тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, комиссионере, ки аз иҷрои супориш даст кашидааст, ҳуқуқи худро ба подошпулии комиссионӣ барои аҳдҳои то қатъ гардидани шартнома бастааш, инчунин ба ҷуброни хароҷоти то ин лаҳза масрафнамудааш нигоҳ медорад.

 

Моддаи 942. Қатъи шартномаи комиссия

Шартномаи комиссия ба ғайр аз тибқи асосҳои умумӣ инчунин дар ҳолатҳои зайл қатъ мегардад:

1) аз ҷониби комитент рад кардани иҷрои шартнома;

2) аз ҷониби комиссионер рад кардани иҷрои шартнома;

3) фавти комиссионер, ғайри қобили амал, қобили амали маҳдуд, бедарак ғоиб шудан ё ғайри қобили пардохт (муфлис) эътироф намудани он.

 

БОБИ 48.  Идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол

 

Моддаи 943. Шартномаи идораи ба боварӣ  асосёфтаи амвол

  1. Тибқи шартномаи ба боварӣ асосёфтаи амвол як тараф (муассиси идора) ба тарафи дигар (сардори ваколатдор) барои мӯҳлати муайян барои идораи ба боварӣ асосёфта амвол медиҳад ва тарафи дигар ӯҳдадор мешавад, ки идораи ин амволро ба манфиати муассиси идора ё шахси зикрнамудаи он (бадастоварандаи фоида) анҷом диҳад.

Додани амвол ба идораи ба боварӣ асосёфта боиси ба сардори ваколатдор гузаштани ҳуқуқи моликият ба ин амвол намегардад.

  1. Идораи ба боварӣ асосёфтаи амволро ба роҳ монда истода, сардори ваколатдор ҳуқуқ дорад вобаста ба ин амвол тибқи шартнома ҳама гуна амали ҳуқуқӣ ва амалиро вобаста ба идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол ба манфиати бадастоварандаи фоида анҷом диҳад.

Тибқи қонун ё шартнома нисбат ба амалҳои алоҳидаи вобаста ба идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол маҳдудиятҳо пешбинӣ гардиданаш мумкин аст.

  1. Аҳдҳои вобаста ба амволи таҳти идораи ба боварӣ асосёфта супурдашударо сардори ваколатдор аз номи худ ва дар айни замон бо зикри он, ки он ба сифати чунин сардор баромад мекунад, анҷом медиҳад. Чунин шартҳо, агар ҳангоми иҷрои амале, ки ба таври хаттӣ ба расмият даровардани онро талаб намекунад, тарафи дигар дар мавриди анҷом дода шудани он аз ҷониби сардори ваколатдор ба ҳамин сифат огоҳ карда шуда бошад ва дар ҳуҷҷатҳои хаттӣ бошад, баъди зикри ном ё сардори ваколатдор гузошта шудани сабти “С.В.” риоягардида ҳисобида мешаванд.

Ҳангоми набудани сабт оид ба амали сардори ваколатдор ба ҳамин сифат сардори ваколатдор дар назди ашхоси сеюм шахсан масъул буда, дар назди онҳо танҳо ба амволи ба ӯ тааллуқдошта ҷавобгар аст.

 

Моддаи 944. Объекти идораи ба боварӣ асосёфта

  1. Объекти идораи ба боварӣ асосёфта корхона ва дигар комплексҳои амволӣ, иншооти алоҳида, ки ба амволи ғайриманқул марбутанд, коғазҳои қиматнок, ҳуқуқҳое, ки бо коғазҳои қиматноки бидуни санад тасдиқ карда шудаанд, ҳуқуқҳои мустасно ва дигар амвол буда метавонанд.
  2. Амволе, ки таҳти пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ қарор дорад, наметавонад барои идораи ба боварӣ асосёфта дода шавад.

 

Моддаи 945. Асосҳои ба миён омадан (таъсис додан)-и идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол

Идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол дар асосҳои зайл ба миён меояд (таъсис дода мешавад):

1) дар асоси шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол, ки байни муассис ва сардори ваколатдор баста шудааст;

2) васиятномае, ки дар он иҷрокунандаи васият таъин гардидааст (сардори ваколатдор);

3) қарори суд;

4) қарори мақоми васоят ва парасторӣ дар мавриди муқаррар намудани васояти амволи шахси таҳти васоят;

5) дар асоси дигар далелҳои ҳуқуқии пешбининамудаи қонунҳо.

 

Моддаи 946. Субъектҳои идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол

Муассиси идора аз инҳо иборат аст:

1) молики амвол;

2) шахси дорои ҳуқуқи умрбод соҳибӣ кардани қитъаи замини меросӣ;

3) мақоми ваколатдори давлатӣ – нисбат ба амволе, ки таҳти моликияти давлат қарор дорад;

4) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун – нотариус, мақоми васоят ва парасторӣ, суд ё дигар мақоми ба он ваколатдор.

  1. Сардори ваколатдор метавонанд чунин ашхос бошанд:

1) шаҳрванд;

2) шахси ҳуқуқӣ.

Таъини сардори ваколатдор метавонад танҳо бо ризоияти ӯ сурат гирад.

  1. Бадастоварандаи фоида ба истиснои соҳиби ваколатдор ҳар гуна шахси дигаре буда метавонад.

 

Моддаи 947. Шартҳои муҳими шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол

  1. Шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол бояд инҳоро пешбинӣ намояд:

– номгӯи амволе, ки барои идора дода мешавад;

– зикри бадастоварандаи фоида;

– мӯҳлатҳои ҳисобот додани сардори ваколатдор;

– шахсе, ки дар ҳолати қатъи идора амволро мегирад;

– андоза ва шакли мукофотонии сардор.

Ҳангоми мавҷуд набудани шартҳои зикргардида шартнома бастанашуда ба ҳисоб меравад.

  1. Шартнома ба мӯҳлати на бештар аз 5 сол баста мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани аризаи як тараф оид ба қатъ ё тағйир додани шартнома баъди хатми мӯҳлати амал, он ба ҳамон мӯҳлат ва бо ҳамон шартҳое, ки дар шартнома пешбинӣ гардида буд, тамдидшуда ба ҳисоб меравад.

Барои навъҳои алоҳидаи амволе, ки барои идора дода мешавад, дар қонунҳо  мӯҳлатҳои дигари ниҳоии амали шартнома муқаррар шуданашон мумкин аст.

 

Моддаи 948. Шакли шартнома

  1. Шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол дар шакли хаттӣ баста мешавад.
  2. Шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амволи ғайриманқул тибқи шакл ва тартиби пешбининамудаи шартнома дар бораи бегона кардани амволи ғайриманқул баста мешавад.
  3. Риоя накардани шакли шартнома ё мавҷуд набудани бақайдгирии он ба амволи ғайриманқул боиси беэътибории он мегардад.

 

Моддаи 949. Амволи махсусе, ки таҳти идораи ба боварӣ асосёфта қарор дорад

  1. Амволи барои идораи ба боварӣ асосёфта додашуда аз дигар амвол муассиси идора, инчунин аз амволи сардори ваколатдор махсус ҷудо карда мешавад. Ин амвол дар баланси алоҳидаи сардори ваколатдор инъикос гардида, нисбат ба он баҳисобгирии мустақим пеш бурда мешавад. Барои ҳисобу китоб оид ба фаъолияти вобаста ба идораи ба боварӣ асосёфта суратҳисоби махсуси бонкӣ кушода мешавад.
  2. Ситонидани маблағ оид ба қарзҳои муассиси идора ба амволе, ки таҳти идораи ба боварӣ асосёфта интиқол дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои ғайри қобили пардохт (муфлис) будани он шахс, иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 950. Идораи ба боварӣ асосёфтаи амволе, ки бо гаронии ҳуқуқи ашхоси сеюм фаро гирифта шудааст

  1. Сардори ваколатдор бояд то баста шудани шартнома огоҳ карда шавад, ки амволи ба ӯ таҳти идора интиқолдодашуда дорои гаронии ҳуқуқи ашхоси сеюм мебошад.

Ҳангоми вайрон кардани ин шарт сардори ваколатдор ҳуқуқ дорад, беэътибор донистани шартномаро бо ҷуброни зарари воқеӣ ва пардохти мутаносиби подошпулӣ талаб намояд.

  1. Агар амволи барои идораи ба боварӣ асосёфта додашуда баъди бастани шартнома дорои гаронии ҳуқуқи ашхоси сеюм гардида бошад ва сардори ваколатдор дар мӯҳлати мувофиқ огоҳ карда нашуда бошад, он ҳуқуқ дорад бекор кардани шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаро бо ҷуброни зарари воқеии расонидашуда ва пардохти подошпулии мутаносиб талаб намояд.

 

Моддаи 951. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои сардори ваколатдор

  1. Аҳдҳоро вобаста бо амволи таҳти идора додашуда сардори ваколатдор аз номи худ бо зикри ҳатмии он, ки ӯ ба сифати чунин сардор баромад мекунад, анҷом медиҳад. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин зикр сардори ваколатдор дар назди ашхоси сеюм шахсан ӯҳдадор гардида, дар назди онҳо танҳо бо амволи ба ӯ тааллуқдошта ҷавобгар аст.
  2. Ҳуқуқе, ки сардори ваколатдор дар натиҷаи анҷом додани амали вобаста ба идораи амвол ба даст овардааст, ба таркиби чунин амвол шомил мешавад. Ӯҳдадорие, ки дар натиҷаи аз ҷониби сардори ваколатдор анҷом додани чунин амал ба миён омадааст, аз ҳисоби амволи ӯ иҷро карда мешавад.
  3. Бегона кардан ё ба гарав гузоштании амволи ғайриманқули барои идора додашударо сардори ваколатдор ҳуқуқ дорад танҳо дар он ҳолате, ки агар он дар шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол пешбинӣ гардидааст, анҷом диҳад.
  4. Сардори ваколатдор ба муассис ва бадастоварандаи фоида оид ба фаъолияти хеш тибқи мӯҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи шартномаи ба боварӣ асосёфтаи амвол ҳисобот медиҳад.

 

Моддаи 952. Ба дигар кас додани идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол

  1. Сардори ваколатдор идораи ба боварӣ асосёфтаи амволро ба ғайри аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, шахсан анҷом медиҳад.
  2. Сардори ваколатдор, агар вай барои ин тибқи шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол ваколатдор шуда бошад ё розигии муассисро дар шакли хаттӣ гирифта бошад ё вобаста ба ҳолатҳо ҷиҳати таъмини манфиатҳои муассиси идора ё бадастоварандаи фоида ба ин кор маҷбур аст ва ҳамзамон имкон надорад дастури муассиси идораро дар мӯҳлати мувофиқ гирад, метавонад ба шахси дигар супориш диҳад, ки аз номи сардори ваколатдор амали барои ӯҳдадории амвол заруриро анҷом диҳад.

Сардори ваколатдор барои амали шахси эътимодноки интихобнамудааш ҳамчун ба амали хеш ҷавобгар аст.

 

Моддаи 953. Масъулияти сардори ваколатдор

  1. Сардори ваколатдоре, ки ҳангоми идораи амвол дар мавриди манфиатҳои бадастоварандаи фоида, шахсе, ки ба он амвол таҳти ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи соҳибии умрбоди ворисӣ, ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир накардааст, барои ба даст овардани фоидаи аздастдодаашро дар давраи идораи амвол ҷуброн менамояд ва ба шахсе, ки амвол таҳти моликияти ҳуқуқи соҳибии умрбоди ворисӣ ё ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ карор дорад, зарари вобаста бо сабаби гум кардан, зарар расонидан ё нокифоя афзудани амволро, ки баъд аз қатъи идора бояд баргардонида шавад, бояд бо назардошти фарсудашавии мӯътадили он ҷуброн намояд.
  2. Дар сурати номатлуб анҷом додани идораи амвол шахсе, ки ба вай амвол тибқи ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё ҳуқуқи соҳибии умрбоди ворисӣ тааллуқ дорад, метавонад ба суд оид ба қатъи идора ва ҷуброни зарар талабот пешниҳод кунад.
  3. Аҳде, ки сардори ваколатдор бо вайрон кардани маҳдудиятҳои ба ӯ муқарраргардида анҷом додааст, агар ашхоси сеюми дар чунин аҳд иштирокдошта дар бораи ин маҳдудиятҳо намедонистанд ва дониста ҳам наметавонистанд, дорои эътибор эътироф карда мешавад. Сардори ваколатдор дар чунин ҳолатҳо масъулияти пешбининамудаи қисми 1 ҳамин моддаро ба ӯҳда дорад.
  4. Сардори ваколатдор дар назди ашхоси сеюм бо амволи шахсии худ барои зарари вобаста бо амали номатлбуи худ дар идораи амвол расонидааш масъулияти субсидиарӣ дорад.

 

Моддаи 954. Подошпулӣ ба сардори ваколатдор

Сардори ваколатдор ба подошпулии дар шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол пешбинигардида, инчунин ба ҷуброни хароҷоти зарурии ҳангоми идораи амвол масрафнамудааш аз ҳисоби амволи барои идора додашуда ё даромади аз истифодаи ин амвол ба даст оварда ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 955. Қатъи шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта

  1. Шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта ҳамзамон бо асосҳои умумии қатъи ӯҳдадорӣ, инчунин дар асосҳои зайл қатъ мегардад:

1) аризаи як тараф дар мавриди қатъи шартнома вобаста ба гузаштани мӯҳлати он;

2) фавти шаҳрванде, ки бадастоварандаи фоида мебошад, барҳам додани шахси ҳуқуқӣ – бадастовардани фоида, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад;

3) аз ҷониби бадастоварандаи фоида радди гирифтани фоида тибқи шартнома, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад;

4) фавти шаҳрванде, ки сардори ваколатдор мебошад, ғайри қобили амал ё қобили маҳдуди амал, ғайри қобили пардохт, бедарак ғоиб эътироф шудани он, барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ – сардори ваколатдор, ғайри қобили пардохт эътироф кардани он;

5) аз ҷониби сардори ваколатдор ё муассис рад кардани иҷрои идора вобаста ба он, ки сардори ваколатдор имконият надорад шахсан идораи амволро анҷом диҳад;

6) аз ҷониби муассис рад кардани шартнома бо шарти ба сардори ваколатдор пардохт намудани подошпулии дар шартнома қайду шартшуда;

7) ғайри қобили пардохт будани молики амвол;

8) бо қарори суд бекор кардани шартнома дар ҳолатҳои номатлуб анҷом додани ӯҳдадориҳо аз ҷониби сардори ваколатдор;

9) тибқи дигар асосҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома.

  1. Ҳангоми қатъи идора амволе, ки таҳти идора мавҷуд аст, ба шахсе, ки ин амвол тибқи ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё ҳуқуқи идораи оперативӣ тааллуқ дорад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, интиқол дода мешавад.
  2. Ҳангоми қатъи шартнома бо ташаббуси яке аз тарафҳо тарафи дигар бояд дар мӯҳлати на камтар аз се моҳ, агар дар шартнома мӯҳлати дигаре пешбинӣ нагардида бошад, огоҳ карда шавад.

 

Моддаи 956. Барои идораи ба боварӣ асосёфта додани коғазҳои қиматнок

Ҳангоми барои идораи ба боварӣ асосёфта додани коғазҳои қиматнок метавонад муттаҳид сохтани коғазҳои қиматноке, ки аз ҷониби ашхоси мухталиф барои идораи ба боварӣ асосёфта дода шудааст, пешбинӣ карда шавад.

Салоҳияти сардори ваколатдор оид ба ихтиёрдории коғазҳои қиматнок дар шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта муайян карда мешавад.

Мушаххасоти идораи ба боварӣ асосёфтаи коғазҳои қиматнок тибқи қонун муайян карда мешавад.

Қоидаҳои ҳамин модда мутаносибан ба ҳуқуқҳои ба коғазҳои қиматноки бидуни санад тасдиқгардида (моддаи 163) татбиқ карда мешаванд .

 

Моддаи 957. Идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол тибқи асосҳои пешбининамудаи қонун

  1. Идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол метавонад инчунин дар ҳолатҳои зайл таъсис дода шавад:

– дар натиҷаи зарурати идораи доимии амволи таҳти васоят қарордошта, дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 39 ҳамин Кодекс;

– дар асоси васиятномае, ки дар он иҷрокунандаи васият таъин гардидааст;

– тибқи дигар асосҳои пешбининамудаи қонун.

  1. Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин боб мутаносибан нисбат ба идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол, ки тибқи асосҳои дар қисми 1 ҳамин моддаи зикргардида таъсис ёфтаанд, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз моҳияти чунин муносибатҳо барнаояд, татбиқ мегардад.

Дар ҳолатҳое ки идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол мувофиқи асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида таъсис меёбад, ҳуқуқҳои муассиси идора, ки тибқи қоидаҳои ҳамин боб пешбинӣ гардидаанд, мутаносибан ба мақомоти васоят ва парасторӣ, иҷрокунандаи васият ё ба дигар шахсе, ки дар қонун зикр гардидааст, мегузарад.

 

БОБИ 49. Консессия (имтиёз)-и  тиҷоратӣ

 

Моддаи 958. Шартномаи консессияи тиҷоратӣ

  1. Тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ як тараф (дорандаи ҳуқуқ) ӯҳдадор мешавад, ки ба тарафи дигар (истифодабаранда) бо пардохти подошпулӣ барои мӯҳлати муайян ё бидуни зикри мӯҳлат барои фаъолияти тиҷоратии истифодабаранда маҷмӯи ҳуқуқҳои мустаснои барои истифода тааллуқдошта, аз ҷумла ҳуқуқи номи фирмавӣ ва (ё) аломати тиҷоратии дорандаи ҳуқуқ, ба иттилооти ҳифзшавандаи тиҷоратӣ, инчунин ба дигар объектҳои ҳуқуқи мустаснои дар шартнома пешбинишуда – тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ ва ғайраро диҳад.
  2. Шартномаи консессияи тиҷоратӣ истифодаи маҷмӯи ҳуқуқи мустасно, эътибори корӣ ва таҷрибаи тиҷоратии дорандаи ҳуқуқро дар ҳаҷми пурра (аз ҷумла бо муқаррар намудани ҳаҷми ҳадди ақал ё ҳадди аксари истифода), бо зикр ё зикр накардани минтақаи истифода вобаста ба соҳаи муайяни фаъолияти тиҷоратӣ (фурӯши моле, ки аз дорандаи ҳуқуқ гирифта шудааст ё истифодабаранда истеҳсол намудааст, анҷом додани дигар фаъолияти вобаста ба фурӯш, иҷрои кор, хизматрасонӣ) пешбинӣ менамояд.
  3. Тарафҳои консессияи тиҷоратӣ ташкилотҳои тиҷоратӣ ва шаҳрвандоне, ки ба сифати соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, буда метавонанд.

 

Моддаи 959.  Шакл ва бақайдгирии шартномаи  консессияи тиҷоратӣ

  1. Шартномаи консессияи тиҷоратӣ бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.

Риоя накардани шакли хаттии шартнома боиси беэътибор донистани он мегардад. Чунин шартнома қурб надорад.

  1. Шартномаи консессияи тиҷоратӣ аз ҷониби мақоми давлатии бақайдгиранда, ки бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии дар шартнома ба сифати дорандаи ҳуқуқ баромадкунандаро анҷом медиҳад, ба қайд гирифта мешавад.

Агар дорандаи ҳуқуқ ба сифати шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар кишвари хориҷӣ ба қайд гирифта шуда бошад, бақайдгирии шартномаи консессияи тиҷоратро мақоме анҷом медиҳад, ки бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиро, ки истифодабаранда мебошад, ба қайд гирифтааст.

Шартномаи консессияи тиҷоратӣ барои истифодаи объекте, ки тибқи қонунҳои патент ҳифз карда мешаванд, инчунин бояд дар муассисаи бақайдгирии патент ва аломати мол ба қайд гирифта шаванд. Ҳангоми риоя накардани ин талабот шартнома қурб надорад.

 

Моддаи 960. Субконсессияи тиҷоратӣ

  1. Дар шартномаи консессияи тиҷоратӣ ҳуқуқи истифодабаранда барои ба дигар ашхос иҷозат додани истифодаи маҷмӯи ҳуқуқҳои мустасно ё як қисми ин маҷмӯъ дар асоси субконсессия, ки бо дорандаи ҳуқуқ мувофиқа шудааст ё дар шартномаи консессияи тиҷоратӣ муайян гардидааст, пешбинӣ шуданаш мумкин аст. Дар шартнома ӯҳдадории истифодабаранда барои ба мӯҳлати муайян, ба теъдоди муайяни ашхос додани ҳуқуқи истифодаи ҳуқуқҳои зикргардида тибқи шартҳои субконсессия пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

Шартномаи субконсессияи тиҷоратӣ наметавонад аз мӯҳлати шартномаи консессияи тиҷоратӣ, ки дар асоси он баста шудаааст, ба мӯҳлати бештаре баста шавад.

  1. Агар шартномаи консессияи тиҷоратӣ беэътибор бошад, дар ин сурат ҳамаи шартномаи субконсессияи тиҷоратии дар асоси он баимзорасида низ беэътибор мебошанд.
  2. Агар дар шартномаи консессияи тиҷоратӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, шартномае, ки барои мӯҳлати муайян баста шудааст, дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ кардани он ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дорандаи ҳуқуқи дуюм оид ба шартномаи субконсессияи тиҷоратӣ (истифодабаранда тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ) ба дорандаи ҳуқуқ мегузарад, агар ӯ қабули ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои вобаста ба ҳамин шартномаро рад накунад. Ин қоида мутаносибан ҳангоми бекор кардани шартномаи консессияи тиҷоратӣ, ки бидуни зикри мӯҳлат баста шудааст, татбиқ мегардад.
  3. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, истифодабаранда барои зарари ба дорандаи ҳуқуқ вобаста ба амали истифодабарандагони дуюм расонидашуда масъулияти субсидиарӣ дорад.
  4. Агар аз мушаххасоти субконсессия тартиби дигаре барнаояд, нисбат ба шартномаи субконсессияи тиҷоратӣ қоидаҳои шартномаи консессияи тиҷоратӣ пешбининамудаи ҳамин боб татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 961.  Подошпулӣ тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ

Подошпулӣ тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабаранда ба дорандаи ҳуқуқ дар шакли пардохтҳои собитшудаи якдафъаина ё давра ба давра, маблағгузаронӣ аз даромад, илова кардани нарх ба нархи яклухти моле, ки дорандаи ҳуқуқ барои харида фурӯхтан медиҳад ё дар шакли дигари пешбининамудаи шартнома пардохта шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 962. Ӯҳдадории дорандаи ҳуқуқ

  1. Дорандаи ҳуқуқ ӯҳдадор аст:

– ба истифодабаранда ҳуҷҷатҳои техникию тиҷоратӣ ва дигар иттилооти ба ӯ ҷиҳати анҷом додани ҳуқуқи тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ додашуда заруриро диҳад, инчунин  ба истифодабаранда ва кормандони он оид ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи ин ҳуқуқҳо дастур диҳад;

– ба истифодабаранда иҷозатнома (литсензия)-ҳои дар шартнома пешбинишударо диҳад ва тибқи тартиби муқарраргардида ба расмият даровардани онро таъмин намояд.

  1. Агар дар шартномаи консессияи тиҷоратӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дорандаи ҳуқуқ вазифадор аст:

– бақайдгирии шартномаи консессияи тиҷоратиро (қисми 2 моддаи 959) таъмин намояд;

– ба истифодабаранда ба таври доимӣ мусоидати техникӣ ва машваратӣ, аз ҷумла дар таълим ва такмили тахассусии кормандон   мусоидат намояд;

– сифати мол (кор, хизматрасонӣ)-ро, ки дар асоси шартномаи консессияи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабаранда истеҳсол мешавад (иҷро карда мешавад, хизмат расонида мешавад),  назорат кунад.

 

Моддаи 963. Ӯҳдадориҳои истифодабаранда

Бо дарназардошти хосият ва мушаххасоти фаъолияте, ки истифодабаранда тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ анҷом медиҳад, истифодабаранда ӯҳдадор аст:

– ҳангоми анҷом додани фаъолияти пешбининамудаи шартнома номи фирмавӣ ва ё  нишонаи тиҷоратии дорандаи ҳуқуқро ба тарзи дар шартнома зикргардида истифода барад;

– сифати дахлдори маҳсулоти дар асоси шартнома баровардашаванда, иҷрои кор, сифати хизматрасонии молҳои шабеҳ, кор ё хизматрасониеро, ки мустақиман аз ҷониби дорандаи ҳуқуқ истеҳсол, иҷро ё хизмат расонида мешавад, таъмин намояд;

– дастур ва нишондоди дорандаи ҳуқуқро, ки барои таъмини мутобиқати хусусият, усул ва шарти истифодаи маҷмӯи ҳуқуқҳои мустасно вобаста ба он, ки чӣ тавр онро дорандаи ҳуқуқ истифода мебарад, аз ҷумла супоришҳоро вобаста ба ороиши намуди зоҳирӣ ва дохилии биноҳои тиҷоратӣ, ки аз ҷониби истифодабаранда ҳангоми татбиқи ҳуқуқи тибқи шартнома ба ӯ додашуда истифода мешавад, риоя намояд;

– ба харидор (фармоишгар)-он ҳамаи он хизматрасониҳои иловагиеро, ки онҳо ҳангоми ба даст овардан (фармоиш додан)-и мол (кор, хизматрасонӣ) мустақиман аз дорандаи ҳуқуқ чашмдошт буданд, фароҳам орад;

– сирри истеҳсолии дорандаи ҳуқуқ ва дигар иттилооти тиҷоратии махфии аз ӯ гирифташударо ошкор насозад;

– агар чунин ӯҳдадорӣ дар шартнома пешбинӣ гардида бошад, теъдоди қайду шартшудаи субконсессияро пешниҳод намояд;

– харидорон (фармоишгарон)-ро бо усули ба онҳо нисбатан маълумтар дар мавриди он, ки ӯ номи фирмавӣ, аломати тиҷоратӣ, тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ ё дигар воситаҳои инфиродиро бо ҳукми шартномаи консессияи тиҷоратӣ анҷом медиҳад, огоҳ созад.

 

Моддаи 964. Маҳдуд сохтани ҳуқуқи тарафҳо тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ

  1. Дар шартномаи консессияи тиҷоратӣ метавонад маҳдудиятҳои ҳуқуқи тарафҳо оид ба ҳамин шартнома, аз ҷумла маҳдудиятҳои зайл пешбинӣ карда шаванд:

– ӯҳдадории дорандаи ҳуқуқ дар мавриди ба дигар ашхос надодани маҷмӯи ҳуқуқҳои шабеҳи мустасно барои истифода дар ҳудуди ба истифодабаранда вобасташуда ё худдорӣ аз фаъолияти шабеҳи худӣ дар ин ҳудуд;

– ӯҳдадории истифодабаранда оид ба рақобат накардан бо дорандаи ҳуқуқ дар минтақае, ки амали шартномаи консессияи тиҷорат нисбат ба фаъолияти соҳибкории аз ҷониби истифодабаранда бо истифодаи ҳуқуқи мустаснои марбути дорандаи ҳуқуқ татбиқ мегардад;

– аз ҷониби истифодабаранда тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ рад кардани қабули ҳуқуқҳои шабеҳ аз рақибон (рақибони  эҳтимолӣ);

– ӯҳдадории истифодабаранда дар мавриди бо дорандаи ҳуқуқ ба мувофиқа расонидани маҳалли ҷойгиронии иншооти тиҷоратӣ, ки ҳангоми анҷом додани ҳуқуқҳои мустаснои тибқи шартнома пешбинигардида истифода мегардад, инчунин ороиши намуди зоҳирӣ ва дохилии бино.

  1. Шартҳои маҳдудкунанда бо талаби мақоми зиддиинҳисорӣ ё шахси дигари манфиатдор, агар ин шартҳо бо назардошти бозори дахлдор ва вазъи иқтисодии тарафҳо хилофи қонунҳои зиддиинҳисорӣ бошанд, беэътибор эътироф шуданашон мумкин аст.

 

Моддаи 965. Масъулияти дорандаи ҳуқуқ вобаста ба талаботе, ки нисбат ба истифодабаранда пешниҳод мегардад

Дорандаи ҳуқуқ вобаста ба талаботи нисбат ба истифодабаранда пешниҳодшуда дар мавриди номутобиқатии сифати мол (кор, хизматрасонӣ), ки аз ҷониби истифодабаранда тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ фурӯхта мешавад (иҷро карда мешавад, хизмат расонида мешавад), масъулияти субсидиарӣ дорад.

Оид ба талаботе, ки ба истифодабаранда ҳамчун ба тайёркунандаи маҳсулоти (мол) дорандаи ҳуқуқ пешниҳод мегардад, дорандаи ҳуқуқ бо истифодабаранда муштарак ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 966. Ҳуқуқи истифодабаранда оид ба бастани шартномаи консессияи тиҷоратӣ ба мӯҳлати нав

  1. Истифодабарандае, ки ба таври матлуб ӯҳдадориҳои худро анҷом додааст, бо гузашти мӯҳлати шартномаи консессияи тиҷоратӣ ҳуқуқ дорад тибқи ҳамон шарт ба мӯҳлати нав шартнома бандад.
  2. Дорандаи ҳуқуқ ҳақ дорад бастани шартномаи консессияи тиҷоратиро ба мӯҳлати нав, ба шарте ки дар ҷараёни гузашти се сол аз рӯзи бастани ҳамин шартнома он бо дигар ашхос чунин шартномаҳои консессияи тиҷоратии шабеҳро ба имзо нарасонад ва ба бастани чунин шартномаҳои субконсессияи тиҷоратӣ, ки амали онҳо дар минтақаҳои амали шартномаи қатъгардида паҳн мегардад розигӣ надиҳад, рад намояд. Дар сурате ки агар то гузашти мӯҳлати сесола дорандаи ҳуқуқ хоҳиш дошта бошад, ки ба ягон шахс ҳамон ҳуқуқҳои барои истифодабаранда вобаста ба шартномаи қатъшуда додашударо пешкаш намояд, ӯ вазифадор аст ба истифодбаранда пешниҳод намояд, ки шартномаи нав бандад.

 

Моддаи 967. Тағйир додани шартномаи консессияи тиҷоратӣ

Шартномаи консессияи тиҷоратӣ метавонад тибқи қоидаҳои пешбининамудаи боби 28 ҳамин Кодекс тағйир дода шавад.

 

Моддаи 968. Қатъи шартномаи консессияи тиҷоратӣ

  1. Ҳар яке аз тарафҳои консессияи тиҷоратии бидуни зикри мӯҳлат басташуда ҳуқуқ доранд дар ҳар лаҳза бо огоҳонии тарафи дигар дар мӯҳлати то шаш моҳ, агар дар шартнома мӯҳлати бештаре пешбинӣ нагардида бошад, шартномаро рад намоянд.
  2. Пеш аз мӯҳлат қатъ намудани шартномаи консессияи тиҷоратӣ, ки бо зикри мӯҳлат баста шудааст, инчунин бекор кардани шартномае, ки бидуни зикри мӯҳлат баста шудааст, бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 959 ҳамин Кодекс ба қайд гирифта шавад.
  3. Дар сурати қатъи ҳуқуқи ба дорандаи ҳуқуқ тааллуқдошта ба номи фирмавӣ ва нишонаи тиҷоратӣ бидуни ивази онҳо бо ҳуқуқҳои нави мушобеҳ шартномаи консессияи тиҷоратӣ қатъ мегардад.
  4. Ҳангоми ғайри қобили пардохт (муфлис) эълон гардидани дорандаи ҳуқуқ ё истифодабаранда шартномаи консессияи тиҷоратӣ қатъ мегардад.

 

Моддаи 969. Дорои эътибор нигоҳ доштани шартномаи консессияи тиҷоратӣ ҳангоми тағйир ёфтани тарафҳо

  1. Ба дигар шахс гузаштани кадом яке аз ҳуқуқҳои мустасное, ки ба маҷмӯи ҳуқуқҳои мустаснои ба истифодабаранда додашуда шомиланд, барои тағйир ё бекор кардани шартномаи консессияи тиҷоратӣ асос буда наметавонад. Дорандаи нави ҳуқуқ дар қисмати ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ба ҳуқуқи мустаснои ба ӯ гузашта марбутанд, тарафи ин шартнома мегардад.
  2. Дар сурати фавти дорандаи ҳуқуқ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ӯ оид ба шартномаи консессияи тиҷоратӣ, ба шарти ба қайд гирифта шудани он ё дар ҷараёни шаш моҳ аз рӯзи оғози мерос ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудани ворис, ба вориси ӯ мегузарад. Дар акси ҳол шартнома қатъ мегардад.

Татбиқи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдадориҳои дорандаи ҳуқуқи фавтида то аз ҷониби меросхӯр қабул кардани ин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо ё то лаҳзаи бақайдгирии меросхӯр ба сифати соҳибкори инфиродӣ аз ҷониби сардоре, ки нотариус таъин менамояд, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 970. Оқибатҳои тағйир додани номи фирмавӣ ё нишонаи тиҷоратии дорандаи ҳуқуқ

Дар сурати аз ҷониби дорандаи ҳуқуқ тағйир додани номи фирмавӣ ё нишонаи тиҷоратӣ, ки ҳуқуқи истифодаи он ба маҷмӯи ҳуқуқҳои мустасно шомил аст, агар истифодабаранда бекор кардани шартномаро талаб накунад, шартномаи консессияи тиҷоратӣ дар муносибат ба номи фирмавӣ ё нишонаи тиҷоратии дорандаи ҳуқуқ амал мекунад.

 

Моддаи 971. Оқибатҳои қатъи ҳуқуқи мустасно, ки истифодаи он тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ дода шудааст

Агар дар давраи амали шартномаи консессияи тиҷоратӣ мӯҳлати амали ҳуқуқи мустасно, ки истифодаи он тибқи ҳамин шартнома дода шудааст ё чунин ҳуқуқ вобаста ба дигар асос қатъ гардида бошад, ба истиснои муқаррароте, ки ба ҳуқуқи қатъшуда марбут аст, шартномаи консессияи тиҷоратӣ амали худро давом медиҳад ва истифодабаранда, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқ дорад мутаносибан кам кардани подошпулии ба дорандаи ҳуқуқ тааллуқдоштаро талаб намояд.

Дар сурати ба номи фирмавӣ ё нишонаи тиҷоратӣ қатъ гардидани ҳуқуқҳои дорандаи ҳуқуқ оқибатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 968 ва моддаи 970 ҳамин боб фаро мерасанд.

 

БОБИ 50. Нигаҳдошт

 

1. Муқаррароти умумии нигаҳдошт

 

Моддаи 972. Шартномаи нигаҳдошт

  1. Тибқи шартномаи нигаҳдошт як тараф (нигаҳбон) ӯҳдадор мешавад, ки ашёи додаи тарафи дигар (молгузор)-ро нигаҳбонӣ мекунад ва ин ашёро беосеб бармегардонад.
  2. Шартномаи нигаҳдошт аз лаҳзаи барои нигаҳдошт супурдани ашё басташуда эътироф мегардад.

 

Моддаи 973. Шартнома дар бораи ҷиҳати нигаҳдошт қабул кардани ашё

  1. Нигаҳбоне, ки нигаҳдошти ашёро ба сифати соҳибкор ё шакли дигари фаъолияти касбӣ анҷом медиҳад, метавонад тибқи шартнома ӯҳдадорӣ қабул кунад, ки ашёи молгузорро барои нигаҳдошт мегирад ва ашёи супурдаи молгузорро тибқи қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин боб нигаҳ медорад.
  2. Молгузоре, ки ашёро дар мӯҳлати тибқи шартнома пешбинигардида барои нигаҳдошт намесупорад, дар назди нигаҳбон барои зарари вобаста ба баргузор нашудани нигаҳдошт расонидашуда, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҷавобгар аст.

Молгузор, агар ӯ дар мӯҳлати мувофиқ оид ба радди хизмат нигаҳбонро огоҳ созад, барои ба нигаҳбонӣ надодани ашё аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.

  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар сурате ки агар ашё дар мӯҳлати дар шартнома қайду шартшуда барои нигаҳдошт супурда нашавад ва агар ин мӯҳлат муайян нагардида бошад, бо гузашти шаш моҳ аз рӯзи бастани шартнома нигаҳбон аз ӯҳдадории барои нигаҳдошт қабул кардани ашё озод карда мешавад.

 

Моддаи 974. Шакли шартномаи нигаҳдошт

  1. Дар ҳолатҳое ки шартномаи нигаҳдошт бояд дар шакли хаттӣ баста шавад (моддаи 186), шакли хаттии шартнома ҳангоме риоягардида эътироф мегардад, ки агар ашёи барои нигаҳдошт қабулгардида аз ҷониби нигаҳбон бо роҳи ба молгузор додани забонхат, квитансия, шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷати имзонамудаи нигаҳбон тасдиқ карда шавад.
  2. Риояи шакли хаттии шартнома, агар ашё барои нигаҳдошт дар ҳолатҳои фавқулодда (сӯхтор, офати табиӣ, бемории ногаҳонӣ, таҳдиди ҳуҷум ва ғайра) супурда шуда бошад, талаб карда намешавад.
  3. Шартномаи нигаҳдошт бо роҳи аз ҷониби нигаҳбон ба молгузор додани жетони рақамдор (рақам), дигар аломате, ки барои нигаҳдошт додани молро тасдиқ мекунад, агар чунин тарзро қонун ё анъанаи барои чунин навъи нигаҳдошт маъмул иҷозат диҳад, баста шуданаш мумкин аст.
  4. Дар ҳолатҳои баҳс оид ба айният (шабеҳӣ)-и ашёи барои нигаҳдошт қабулшуда ва ашёе, ки аз ҷониби нигаҳбон баргардонида мешавад, баёноти шоҳидӣ иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 975. Ӯҳдадории қабули ашё барои нигаҳдошт

Шахсе, ки ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар шакли фаъолияти касбӣ нигаҳдоштро дар анборҳо (бағоҷхонаҳо, биноҳо)-и истифодаи умумӣ анҷом медиҳад, ҳуқуқ надорад бастани шартномаи нигаҳдоштро рад намояд. Шартномаҳое, ки дар чунин ҳолатҳо бояд баста мешаванд, шартномаи оммавӣ (моддаи 458) эътироф мегарданд.

 

Моддаи 976. Мӯҳлати нигаҳдошт

Нигаҳбон ӯҳдадор аст ашёро дар ҷараёни мӯҳлати дар шартнома қайду шартшуда нигаҳ дорад ва агар дар шартнома мӯҳлати нигаҳдошт пешбинӣ нагардида бошад ва вобаста ба шартҳои он пешбинӣ шуданаш ҳам мумкин набошад, нигаҳдошт то талаб кардани ашё аз ҷониби молгузор ба пардохти хароҷотҳои иловагии содирнашудааш анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 977. Нигаҳдошти амвол бидуни зикри мушаххасот

Ҳангоми нигаҳдошт бидуни зикри мушаххасот ашёи барои нигаҳдошт қабулкарда бо ашёи ҳамшабеҳ ва ашёи дорои чунин сифати дигари молгузорон омехта шуданаш мумкин аст. Ба молгиранда миқдори баробар ё сифат ва навъи ашёи дар шартнома қайду шартнамудаи тарафҳо баргардонида мешавад.

 

Моддаи 978. Ӯҳдадории нигаҳбон оид ба таъмини ҳифзи ашё

  1. Нигаҳбон ӯҳдадор аст ҳамаи тадбирҳои дар шартнома пешбинишуда, инчунин дигар тадбирҳои зарурии барои таъмини ҳифзи ашёи барои нигаҳдошт супурдашударо андешад.

Агар нигаҳдошт ройгон анҷом дода шавад, нигаҳбон бояд  нисбат ба ашёи барои нигаҳдошт супурдашуда ҳамчун нисбат ба амволи худ ғамхорӣ зоҳир намояд.

  1. Нигаҳбон бояд ба молгузор ё шахси дигари аз ҷониби вай ба сифати боргиранда таъингардида, агар дар шартномаи нигаҳдошт бидуни зикри мушаххасот (моддаи 977) пешбинӣ нагардида бошад, ҳамон моли барои нигаҳдошт додаи ӯро баргардонад.
  2. Ашё бояд дар ҳамон ҳолате, ки барои нигаҳдошт супурда шуда буд, бо назардошти фарсудашавии табиӣ ё ба таври табиӣ кам гардидани вазни он баргардонида шавад.
  3. Ҳамзамон бо баргардонидани ашё, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, нигаҳбон ӯҳдадор аст самара ва даромади ҳангоми нигаҳдошт бадастовардаашро баргардонад.

 

Моддаи 979. Истифодаи ашёи барои нигаҳдошт  супурдашуда

Бидуни ризоияти молгузор нигаҳбон ҳуқуқ надорад ашёи барои нигаҳдошт додашударо истифода барад ва ҳамчунин ба истиснои ҳолатҳое, ки истифодаи ашёи нигаҳбонишаванда барои таъмини эҳтиёти он зарур аст, имконият надиҳад, ки онро ашхоси сеюм истифода баранд.

 

Моддаи 980. Тағйир додани шароити нигаҳдошт

  1. Нигаҳбон бояд фавран молгузорро дар мавриди зарурати тағйир додани шароити нигаҳдошти ашё огоҳ созад ва ҷавоби ӯро мунтазир шавад.
  2. Дар сурате ки агар хатари гум кардан ва ё зарар дидани ашё ба миён ояд, нигаҳбон ӯҳдадор аст усул ва ҷои нигаҳдошти дар шартнома пешбинигардидаро бидуни мунтазир шудани ҷавоби молгузор (қисми 1 ҳамин модда) иваз намояд.
  3. Агар ашё ҳангоми нигаҳдошт вайрон шуда бошад ё дигар ҳолатҳое ба миён омада бошад, ки имкон намедиҳад нигаҳдошти он таъмин гардад ва андешидани тадбирҳоро аз ҷониби молгузор мунтазир шудан бефоида бошад, нигаҳбон ҳуқуқ дорад ашё ё як қисми ашёро фурӯшад ва хароҷоташро вобаста ба фурӯш аз ҳисоби арзиши бадастоварда ҷуброн намояд.

 

Моддаи 981.  Барои нигаҳдошт ба шахси сеюм додани ашё

  1. Агар қонунҳо ё шартнома тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, ба шарте ки агар инро зарурати ҳифзи манфиати молгузор тақозо карда бошад ва нигаҳбон имкон надошта бошад, ки розигии ӯро ба даст орад, нигаҳбон ҳуқуқ надорад бидуни розигии молгузор ашёро барои нигаҳдошт ба шахси сеюм диҳад. Дар мавриди барои нигаҳдошт ба шахси сеюм додани ашё нигаҳбон вазифадор аст фавран молгузорро огоҳ созад.
  2. Нигаҳбон барои амали шахси сеюме, ки ашёро барои нигаҳдошт ба ӯ додааст, ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 982. Подошпулӣ барои нигаҳдошт

  1. Подошпулӣ барои нигаҳдошт ба нигаҳбон бояд бо қатъи нигаҳдошти ашё пардохта шавад ва агар пардохти нигаҳдошт давра ба давра пешбинӣ гардида бошад, он бояд бо қисматҳои дахлдор, бо гузашти ҳар давра пардохта шавад.
  2. Ҳангоми бештар аз нисфи мӯҳлати давра гузаронидаи мӯҳлати пардохти подошпулии нигаҳдошти ашё, ки барои ҳамин бояд пардохта мешуд, нигаҳбон ҳуқуқ дорад аз иҷрои шартнома даст кашад ва аз молгузор фавран гашта гирифтани ашёи барои нигаҳдошт супурдашударо талаб намояд.
  3. Агар нигаҳдошт то гузашти мӯҳлати вобаста ба ҳолатҳо қайду шартшуда қатъ гардад ва барои он нигаҳбон ҷавобгар набошад ӯ ба қисми мутаносиби подошпулӣ ва дар сурати пешбининамудаи қисми 1 моддаи 984 ҳамин Кодекс ба тамоми маблағи подошпулӣ ҳуқуқ дорад.

Агар нигаҳдошт вобаста ба ҳолатҳое қатъ гардад, ки барои он нигаҳбон ҷавобгар мебошад, ӯ ҳуқу надорад барои нигаҳдошти мол подош талаб кунад ва  маблағҳои ба ҳисоби подошпулӣ гирифтаашро бояд ба молгузор баргардонад.

  1. Агар бо гузашти мӯҳлати нигаҳдошт ашё аз ҷониби молгузор гирифта нашуда бошад, ӯ бояд ба нигаҳбон барои минбаъд нигоҳ доштани ашё подошпулии мутаносиб диҳад. Ин қоида инчунин дар ҳолате ки молгузор вазифадор аст, то гузашти мӯҳлати нигаҳдошт ашёро пас гирад, истифода бурда мешавад.
  2. Агар дар шартномаи нигаҳдошт тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қоидаҳои ҳамин модда истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 983. Нигаҳдошти ашёи дорои хусусияти  хатарнок

Ашёи зудоташгиранда, тарканда ё умуман ашёи вобаста ба табиати худ хатарнок, агар молгузор ҳангоми барои нигаҳдошт супурдани он  нигаҳбонро доир ба ин хусусиятҳо огоҳ накарда бошад, дар ҳар лаҳза аз ҷониби нигаҳбон бидуни ҷуброни зарар ба молгузор, безарар ё несту нобуд карда шуданаш мумкин аст. Молгузор барои зарари вобаста ба нигаҳдошти чунин ашё ба нигаҳбон ва ашхоси сеюм расонидашуда ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 984. Ҷуброни хароҷоти нигаҳдошт

  1. Агар дар шартномаи нигаҳдошт тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, хароҷоти нигаҳдошт ба маблағи подошпулӣ зам карда мешавад. Тахмин мегардад, ки хароҷотҳои фавқулодда ба маблағи подошпулӣ ё ба таркиби хароҷоти пешбининамудаи шартнома зам карда намешавад.
  2. Ҳангоми ройгон ҳифз кардани ашё молгузор вазифадор аст хароҷоти зарурии воқеан масрафшударо ҷуброн намояд.

 

Моддаи 985.  Пас гирифтани ашё аз ҷониби  молгузор

  1. Молгузор вазифадор аст ашёи барои нигаҳдошт супурдаашро бо гузашти мӯҳлати нигаҳдошти дар шартнома пешбинишуда пас гирад.
  2. Ҳангоми аз гирифтани ашё саркашӣ намудани молгузор, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, нигаҳбон ҳуқуқ дорад мустақилона ашёро фурӯшад ва дар ҳолате ки агар арзиши он аз аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳои пешбининамудаи қонун баландтар бошад, тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 480 ҳамин Кодекс амал кунад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №849)

Маблағи аз фурӯши ашё бадастомада бо кам кардани маблағи ба нигаҳбон тааллуқдошта ба молгузор интиқол дода мешавад.

 

Моддаи 986. Хароҷотҳои фавқулодда барои нигаҳдошт

  1. Хароҷот барои нигаҳдошти ашёе, ки аз чунин навъи хароҷоти одат баландтаранд ва тарафҳо ҳангоми бастани шартномаи нигаҳдошт онро пешбинӣ карда наметавонистанд (хароҷоти фавқулодда), агар молгузор ба ин хароҷот розӣ шуда бошад ё онро минбаъд маъқул дониста бошад, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, санадҳои дигари меъёрӣ ё шартнома ба нигаҳбон ҷуброн карда мешавад.
  2. Дар сурати зарурати анҷом додани масрафи фавқулодда нигаҳбон вазифадор аст аз дорандаи ҳуқуқ розигии ӯро пурсон шавад. Агар дорандаи ҳуқуқ норозигии худро дар мӯҳлати зикрнамудаи нигаҳбон ё дар ҷараёни мӯҳлати барои додани ҷавоб муносиб изҳор накарда бошад, чунин ҳисобида мешавад, ки ӯ ба хароҷоти фавқулодда розӣ мебошад.

Дар сурате ки агар нигаҳбон бидуни қаблан гирифтани розигии дорандаи ҳуқуқ хароҷоти фавқулодда карда бошад, ҳарчанд вобаста ба ҳолатҳо чунин амал имконпазир буд ва молгузор оқибат онҳоро напазируфтааст, нигаҳбон ҳуқуқ дорад ҷуброни хароpҷоти фавқулоддаро танҳо дар доираи зараре, ки  дар сурати анҷом надодани чунин хароҷот метавонист ба ашё расонида шавад, талаб намояд.

  1. Агар дар шартномаи нигаҳдошт тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, хароҷоти фавқулодда бар замми подошпулӣ барои нигаҳдошт ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 987. Ӯҳдадории нигаҳбон барои баргардонидани ашё

  1. Нигаҳбон ӯҳдадор аст ба молгузор ё шахси ба сифати молгиранда зикрнамудаи он ҳамон молеро, ки барои нигаҳдошт супурда шудааст, агар дар шартномаи нигаҳдошт бидуни зикри мушаххасот (моддаи 977) пешбинӣ нагардида бошад, баргардонад.
  2. Ашё бояд аз ҷониби нигаҳбон дар ҳамон ҳолате, ки он барои нигаҳдошт қабул карда шуда буд, бо дарназардошти фарсудашавии табиӣ ва кам шудани вазни табиӣ ё дигар тағйиротҳои вобаста ба хосияти он ба молгузор супурда шавад.
  3. Ҳамзамон бо баргардонидани ашё нигаҳбон ӯҳдадор аст самара ва даромадеро, ки дар давраи нигаҳдошт гирифтааст, агар дар шартномаи нигаҳдошт тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, баргардонад.

 

Моддаи 988. Масъулияти нигаҳбон барои гум кардан, камомад ё зарар дидани ашё

  1. Нигаҳбон барои гум кардан, камомад ё зарар дидани ашёи барои нигаҳдошт қабулкарда тибқи асосҳои пешбининамудаи боби 24 ҳамин Кодекс ҷавобгар мебошад.
  2. Нигаҳбоне, ки нигаҳдошти ашёро ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ ё шакли дигари фаъолияти касбӣ анҷом медиҳад (нигаҳбони касбӣ) барои гум кардан, камомад ё зарар дидани ашё ҷавобгар аст, агар исбот карда натавонад, ки гум шудан, камомад ва ё зарар дидани ашё бо сабабҳои зайл рух додааст:

1) дар натиҷаи қувваи рафънопазир;

2) вобаста бо хосиятҳои ниҳонии ашё, ки нигаҳбон ҳангоми барои нигаҳбонӣ қaбул кардани он намедонист ва дониста ҳам наметавонист;

3) дар натиҷаи қасд ё беэҳтиётии дағалонаи молгузор.

  1. Агар ашёи нигаҳдошташаванда бо гузашти мӯҳлати дар шартнома пешбинигардида ё мӯҳлате, ки дар ҷараёни он молгузор бо талаби нигаҳбон вазифадор буд ашёро гирад ( қисми 3 моддаи 987) пас гирифта нашавад, дар ин сурат нигаҳбон минбаъд танҳо дар сурати дарқасдона ва ё аз беэҳтиётии дағалона гум шудан, камомад ё зарар дидани ин ашё ҷавобгар аст.

 

Моддаи 989. Андозаи масъулияти нигаҳбон

  1. Зарари ба молгузор вобаста ба гум шудан, камомад ё зарари ба ашё расонидашуда, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҷониби нигаҳбон тибқи моддаи 423 ҳамин Кодекс ҷуброн карда мешавад.
  2. Ҳангоми ройгон нигоҳ доштани мол зарари ба молгузор дар натиҷаи гум кардан, камомад ё зарари ба ашё расонидашуда чунин ҷуброн карда мешавад:

1) барои гум кардан ё камомади ашё – ба андозаи арзиши ашёи гумшуда ё камомад;

2) барои зарар дидани мол – ба андозаи маблағе, ки арзиши ашё паст гардидааст.

  1. Агар дар натиҷаи зараре, ки барои он нигаҳбон ҷавобгар аст, сифати мол чунон тағйир ёфта бошад, ки тибқи таъиноти ибтидоӣ истифода бурдани он ғайриимкон аст, молгузор ҳуқуқ дорад аз он даст кашад ва аз нигаҳбон арзиши ин ашёро талаб кунад ва агар ин дар қонун ё шартнома пешбинӣ гардида бошад, инчунин ҷуброни дигар зарари расонидашударо низ талаб намояд.

 

Моддаи 990. Ҷуброни зараре, ки ба нигаҳбон расонида шудааст

Молгузор вазифадор аст ба нигаҳбон зарари вобаста ба хосияти ашё барои нигаҳдошт супурдашуда расонидаро, агар нигаҳбон ҳангоми қабули ашё ин хосиятҳоро намедонист ва донистан ҳам наметавонист, ҷуброн намояд.

 

Моддаи 991. Қатъи ӯҳдадории нигаҳдошт тибқи талаби молгузор

Нигаҳбон, ҳарчанд дар шартнома мӯҳлати дигари баргардонидани ашё муайян гардида бошад ҳам, вазифадор аст тибқи талаби молгузор фавран ашёи барои нигаҳдошт супурдаашро баргардонад.

Аммо дар чунин ҳолат молгузор вазифадор аст ба нигаҳбон зарари дар натиҷаи пеш аз мӯҳлат қатъ кардани шартнома расонидашударо, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҷуброн намояд.

 

Моддаи 992. Татбиқи муқаррароти умумии нигаҳдошт вобаста ба навъҳои алоҳидаи он

Муқаррароти умумии нигаҳдошт (моддаҳои 972-991), агар тибқи қоидаҳои оид ба навъҳои алоҳидаи нигаҳдошт муайяннамудаи моддаҳои 994 – 1112 ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо ё санадҳои меъёрӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, нисбат ба навъҳои алоҳидаи он низ татбиқ мегардад.

 

Моддаи 993. Нигаҳдошт бо ҳукми қонун

Қоидаҳои ҳамин боб инчунин нисбат ба ӯҳдадориҳое, ки вобаста ба ҳукми қонун ба миён меоянд, агар дар қонунҳо қоидаҳои дигаре муқаррар нагардида бошанд, татбиқ мешаванд.

 

2. Намудҳои алоҳидаи нигаҳдошт

 

Моддаи 994. Нигаҳдошт дар гаравхона (ломбард)

  1. Барои нигаҳдошт дар гаравхона (ломбард) аз шаҳрвандон ашёи манқули барои таъиноти истифодаи шахсӣ қабул карда шуда мумкин аст.
  2. Шартномаи нигаҳдошти ашё дар гаравхона (ломбард) бо додани квитансияи номии нигаҳдошт аз ҷониби гаравхона (ломбард) ба расмият дароварда мешавад.
  3. Ашёи барои нигаҳдошт ба гаравхона (ломбард) супурдашаванда бояд тибқи созишномаи тарафҳо мувофиқи нархи чунин навъ ва сифати ашё, ки маъмулан дар савдо дар лаҳзаи супурдан ва қабули он дар маҳалли нигаҳдошт муқаррар шудааст, нархгузорӣ карда шавад.
  4. Гаравхона (ломбард) вазифадор аст ба манфиати молгузор ашёи барои нигаҳдошт қабулкардаашро ба маблағи умумии арзиши он, ки мувофиқи қисми 3 ҳамин модда анҷом дода шудааст, суғурта кунад.

 

Моддаи 995. Ашёи аз гаравхона (ломбард) талаб карда  нашуда

  1. Ҳангоми аз гирифтани ашё саркашӣ намудани молгузор гаравхона (ломбард) вазифадор аст онро дар ҷараёни се моҳ нигоҳ дорад. Бо гузашти ин мӯҳлат ашёи гирифтанашуда аз ҷониби гаравхона (ломбард) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 999 ҳамин Кодекс фурӯхта шуданаш мумкин аст.
  2. Аз маблағи аз фурӯши ашё бадастомада маблағи нигаҳдошт ва дигар пардохтҳои марбут ба гаравхона (ломбард) пӯшонида мешавад. Маблағи боқимондаро гаравхона (ломбард) ба соҳиби квитансияи нигаҳдошт, ҳангоми пешниҳоди он бармегардонад.

 

Моддаи 996. Нигаҳдошти сарватҳо дар бонк

  1. Бонк метавонад барои нигаҳдошт коғазҳои қиматнок, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ашёи қиматнок ва дигар сарватҳо, инчунин ҳуҷҷатҳоро қабул кунад.
  2. Шартномаи нигаҳдошти сарват дар бонк бо додани ҳуҷҷати номии нигаҳдошт ба молгузор, ки пешниҳоди он барои аз ҷониби бонк баргардонидани сарватҳои молгузор асос мебошад, ба расмият дароварда мешавад.
  3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи нигаҳдошт (депозит)-и коғазҳои қиматнок, бонк ба ғайр аз таъмини ҳифз инчунин фаъолияти дорои аҳамияти ҳуқуқиро нисбат ба ин коғаз (намояндагӣ ва ғайра)-ҳо иҷро мекунад.
  4. Сарватҳои дар бонк нигаҳдошташуда аз ҷониби бонк ба молгузор ё намояндаи он ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷати нигаҳдошт дода шуданаш мумкин аст.
  5. Шартномаи нигаҳдошти сарват бо истифодаи сейфи инфиродии бонк (як хоначаи сейф, бинои алоҳидаи нигаҳдошт) метавонад бо усули аз ҷониби бонк қабул кардани сарват барои нигаҳдошт ва ба молгузор додани калиди сейф, карточкаи инфиродисозанда (индентификатсия)-и молгузор, дигар нишона ё ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи манзуркунандаро барои сейфро кушодан ва аз он гирифтани сарват тасдиқ менамояд, баста шавад.

Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, молгузор ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳза сарватро аз сейф гирад, онро пас гузорад, бо ҳуҷҷатҳои ҳифзшаванда кор кунад. Дар айни замон бонк ҳуқуқ дорад аз ҷониби молгузор гирифтан ва баргардонидани сарватро ба ҳисоб гирад.

Ҳангоми аз ҷониби молгузор аз сейф гирифтани як қисми сарват, аз ҷумла муваққатан гирифтани он, бонк барои эҳтиёти қисми боқимондаи сарват ҷавобгар аст.

Шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда оиди нигаҳдошти сарват дар сейфи бонк ба ҳолатҳое, ки бонк сейфи худро ба дигар шахс тибқи шарти кирояи амвол ба истифода додааст, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 997. Дар бағоҷхонаи нигаҳдошти ташкилотҳои нақлиётӣ нигоҳ доштани ашё

  1. Бағҷхонаи нигаҳдошти таҳти тобеияти ташкилотҳои нақлиётӣ ӯҳдадоранд ашёи мусофирон ва дигар шаҳрвандонро, сарфи назар аз доштани ҳуҷҷати сафар, барои нигаҳдошт қабул кунанд. Шартномаҳои нигаҳдошт дар бағоҷхонаҳои нигаҳдошти ташкилотҳои нақлиётӣ оммавӣ (моддаи 458) эътироф карда мешаванд.
  2. Барои тасдиқи қабули ашё ҷиҳати нигаҳдошт дар бағоҷхонаҳои нигаҳдошт (ба ҷузъ автоматикунонидашуда) ба молгузор квитансия ё жетони рақамдор дода мешавад.
  3. Маблағи зарари дар натиҷаи гум кардан, камомад ё зарар дидани ашёи ба бағоҷхонаи нигаҳдошт супурдаи молгузор расонидашуда, агар ҳангоми супурдани ашё барои нигаҳдошт нархгузории он сурат гирифта бошад ё тарафҳо оид ба арзиши пардохти ҷуброни зарар ба мувофиқа расида бошанд, ба молгузор дар ҷараёни як шабонарӯз ҷуброн карда мешавад.
  4. Ашё ҷиҳати нигаҳдошт дар бағоҷхонаи нигаҳдошт ба мӯҳлати дар доираи қоидаҳои махсус ё созишномаи тарафҳо муқарраргардида супурда шуданаш мумкин аст. Ашёи дар мӯҳлати муқарраргардида пас гирифта нашударо бағоҷхонаи нигаҳдошт вазифадор аст дар тӯли се моҳ нигоҳ дорад. Бо гузашти ин мӯҳлат ашёи гирифтанашуда фурӯхта шуда, маблағи аз фурӯш бадастомада тибқи моддаи 995 ҳамин Кодекс тақсим карда шуданаш мумкин аст.
  5. Дар сурати гум кардани квитансия ё жетон ашёи барои нигаҳдошт ба бағоҷхонаи нигаҳдошт супурдашуда ба молгузор дар сурати исботи ба ӯ тааллуқ доштани ашё баргардонида мешавад.

 

Моддаи 998. Нигаҳдошт дар  либосхона (гардероб)-и ташкилот

  1. Нигаҳдошт дар либосхона (гардероб)-и ташкилотҳо, агар ҳангоми барои нигаҳдошт супурдани ашё пардохти подошпулӣ қайду шарт нагардида бошад, ройгон тахмин карда мешавад.
  2. Барои тасдиқи ба либосхона (гардероб) ҷиҳати нигоҳдошт қабул кардани мол ба молгузор жетони рақамдор ё дигар нишонае, ки барои нигаҳдошт қабул кардани молро тасдиқ мекунад, супурда мешавад.
  3. Ашёи ба либосхона (гардероб) супурдашуда бо манзуркунандаи жетон дода мешавад. Дар айни замон нигаҳбон вазифадор намебошад ваколати манзуркунандаи жетонро тафтиш кунад. Вале, агар нигаҳбон шубҳа дошта бошад, ки жетон ба манзуркунанда тааллуқ надорад, метавонад баргардонидани ашёро ба манзуркунанда ба таъхир гузорад.
  4. Нигаҳбон ҳуқуқ дорад инчунин дар сурати гум кардани жетон низ, агар далели ба гардероб супурдани ашё ё ба молгузор марбут будани он нигаҳбонро ба шубҳа наоварад ё онро молгузор исбот карда бошад, ашёро ба молгузор баргардонад.

 

Моддаи 999. Нигаҳдошт дар меҳмонхона

  1. Меҳмонхона ҳамчун нигаҳбон, бидуни созишномаи махсус низ барои гум кардан ё зарар расонидан ба ашё, ба истиснои пул, дигар арзишҳои асъорӣ ва коғазҳои қиматноке, ки шахси дар он истиқоматдошта ба меҳмонхона овардааст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки гум шудан ё зарар дидани ашё дар натиҷаи қувваи рафънопазир, хосияти худи ашё ё бо гуноҳи худи сокини меҳмонхона, ашхоси ҳамроҳикунанда ё меҳмонони ӯ рух додааст, ҷавобгар мебошад.

Ашёи ба меҳмонхона овардашуда он ашёе ба ҳисоб меравад, ки онҳо ба кормандони меҳмонхона бовар карда шудаанд ё ашёе, ки дар ҷои барои онҳо (утоқи меҳмонхона ва ғайра) таъингардида нигоҳ дошта мешаванд.

  1. Меҳмонхона барои гум шудани пул, дигар арзишҳои асъорӣ ва коғазҳои қиматнок танҳо ба шарте ҷавобгар мебошад, ки агар онҳоро барои нигаҳдошт қабул карда бошад.
  2. Шахсе, ки дар меҳмонхона иқомат дорад, ҳангоми ошкор намудани гум шудани ашё ё зарар дидани он вазифадор аст фавран ба меҳмонхона хабар диҳад. Дар акси ҳол меҳмонхона аз масъулият озод мебошад.
  3. Меҳмонхона аз масъулияти муҳофизаи ашёи ашхоси дар он истиқоматкунанда озод карда намешавад, ҳарчанд эълон карда бошад, ки ба зиммаи худ чунин ӯҳдадориро қабул намекунад.
  4. Қоидаҳои ҳамин модда инчунин нисбат ба нигаҳдошти ашё дар меҳмонхонаҳои сайёҳон (мотелҳо), хонаҳои истиқматӣ, шифохона (санатория)-ҳо, хобгоҳҳои умумӣ, ҳаммом ва дигар ташкилотҳои шабеҳ, инчунин нигаҳдошт дар ташкилотҳое, ки барои нигаҳдошти сару либоси болоӣ, кулоҳ ва ашёи дигари шаҳрвандони ба ташкилот ташрифоваранда ҷойҳои махсус пешбинӣ кардаанд, татбиқ мегардад.

 

Моддаи 1000. Нигаҳдошти ашёи баҳснок (секвестр)

  1. Тибқи шартномаи секвестр ду ё якчанд шахсе, ки дар байни онҳо баҳс дар мавриди ҳуқуқ ба ашё ба миён омадааст, ашёи мавриди баҳсро ба шахси сеюм месупоранд ва он ӯҳдадор мешавад баъди ҳалли баҳс ашёро ба шахсе супорад, ки тибқи қарори суд ё тибқи созишномаи тарафҳои баҳс (секвестри шартномавӣ) ба вай дода шудааст.
  2. Ашёи мавриди баҳс барои нигаҳдошт бо қарори суд (секвестри судӣ) низ тибқи тартиби секвестр супурда шуданаш мумкин аст. Тибқи секвестри судӣ ҳам шахсе, ки ӯро суд таъин кардааст, ҳам шахсе, ки бо мувофиқаи тарафҳо муайян гардидааст, нигаҳбон буда метавонад. Дар ҳар ду ҳолат, агар аз қонун тартиби дигаре барнаояд, гирифтани розигии нигаҳбон талаб карда мешавад.
  3. Барои нигаҳдошти тибқи тартиби секвестр ҳам амволи манқул ва ҳам ғaйриманқул супурда шуданаш мумкин аст.
  4. Нигаҳбоне, ки ашёро тибқи тартиби секвестр анҷом медиҳад, агар дар шартнома ё қарори суди муқаррарнамудаи секвестр тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз ҳисоби тарафҳои баҳс ба подошпулӣ ҳуқуқ дорад.

 

3. Нигаҳдошт дар анбори мол

 

Моддаи 1001. Анбори мол

Анбори мол ташкилоте эътироф мегардад, ки нигаҳдошти мол ва хизматрасонии вобаста ба онро ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ анҷом медиҳад.

 

Моддаи 1002. Шартномаи нигаҳдошт дар анбор

  1. Тибқи шартномаи нигаҳдошт дар анбор анбори мол (нигаҳбон) ӯҳдадор мешавад бо пардохти подош молеро, ки молики мол (молгузор) барои нигаҳдорӣ супурдааст, нигаҳбонӣ кунад ва беосеб баргардонад.
  2. Шакли хаттии шартнома ҳангоме риояшуда ба шумор меравад, ки агар бастани он ва қабули мол ба анбор бо ҳуҷҷати анбор (моддаи 1007) тасдиқ гардида бошад.

 

Моддаи 1003. Нигаҳдошти мол бо ҳуқуқи ихтиёрдории он

Агар тибқи қонунҳо ё шартнома чунин пешбинӣ шуда бошад, ки анбори мол метавонад моли барои нигаҳдошт супурдашударо ихтиёрдорӣ кунад, дар ин сурат нисбат ба тарафҳо муқаррарот барои қарз истифода гардида, вале вақт ва маҳалли баргардонидани мол тибқи муқаррарот оид ба нигаҳдошт муайян карда мешавад.

 

Моддаи 1004. Ӯҳдадории анбори мол

  1. Анбори мол вазифадор аст шарт (низом)-и нигаҳдошти дар намуна (стандарт)-ҳо, шартҳои техникӣ, дастурҳои технологӣ, дастурҳои нигаҳдошт, қоидаҳои нигаҳдошти навъҳои алоҳидаи мол, дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии махсуси барои анбор зарурии муқаррар-гардидаро риоя кунад.
  2. Анбори мол бояд ҳангоми барои нигоҳдошт қабул кардани мол аз ҳисоби худ азназаргузаронии онро анҷом диҳад.
  3. Анбори мол, агар нигаҳдошт бидуни зикри мушаххасот анҷом дода шавад, вазифадор аст ба молики мол имконият диҳад, ки азназаргузаронии мол ё намунаҳои онҳоро анҷом диҳад, онро санҷад ва барои таъмини беосеб нигоҳ доштани он тадбирҳо андешад.
  4. Дар сурате ки агар барои таъмини муҳофизаи мол фавран тағйир додани шароити нигаҳдошт зарур бошад, анбори мол ҳуқyқ дорад мустақилона тадбирҳои фавриро андешад. Он бояд молики молро оид ба тадбирҳои андешидашуда огоҳ созад.
  5. Ҳангоми ошкор сохтани зарари ба мол расонидашуда анбор бояд фавран акт тартиб дода, худи ҳамон рӯз молики онро тибқи суроғаи дар анбори мол зикрнамудааш огоҳ созад. Бо гирифтани хабар молгузор ӯҳдадор аст молро аз назар гузаронад ва бо нигаҳбон шартҳои минбаъдаи шартномаро мувофиқат кунад.

 

Моддаи 1005. Талаботи молики мол ба  анбори мол

Агар дар шартнома оид ба гум кардани мол, камомад, ё зарар дидани мол, ки дар натиҷаи нигаҳдошти номатлуб ба миён омадааст, тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, молгузор ӯҳдадор аст ба анбори мол ҳангоми аз анбор гирифтани мол ва дар мавриди камбудиҳои ниҳонӣ бошад, дар ҷараёни ҳафт рӯз аз лаҳзаи ошкор намудани чунин камбудиҳо дар мӯҳлати муносиб  арз кунад. Агар дар мавриди зарар дидани мол ё камомади он дар мӯҳлатҳои дахлдор ба анбори мол арз карда нашавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки зарар қасдан ё дар натиҷаи беэҳтиётии дағалона расонида шудааст, анбори мол ҷавобгар намебошад.

 

Моддаи 1006. Аз ҷониби анбори мол рад кардани шартномаи нигаҳдошт

Анбори мол дар ҳолатҳои аз ҷониби молгузор пинҳон доштани хосияти хатарнокии мол, ки ба расонидани зарари муҳим таҳдид мекунад, ҳуқуқ дорад аз иҷрои шартномаи нигаҳдошт даст кашад.

 

Моддаи 1007. Ҳуҷҷатҳои анбор

  1. Анборҳои мол ҷиҳати тасдиқи нигаҳдошт қабул кардани мол яке аз ҳуҷҷатҳои зайлро дода метавонанд:

1) шаҳодатномаи дугонаи анбор;

2) шаҳодатномаи оддии анбор;

3) квитансияи анбор.

  1. Шаҳодатномаи дугонаи анбор ва ҳар як қисми он, инчунин шаҳодатномаи оддии анбор коғазҳои қиматнок мебошанд.
  2. Шаҳодатномаи дугона, оддии анбор мавзӯи гарав қарор дода шуданашон мумкин аст.

 

Моддаи 1008. Шаҳодатномаи дугонаи анбор

  1. Шаҳодатномаи дугонаи анбор аз шаҳодатномаи анбор ва шаҳодатномаи гарав (варрант) иборат аст, ки аз ҳамдигар ҷудо карда шуданаш мумкин аст.
  2. Дар ҳар як қисми шаҳодатномаи дугонаи анбор инҳо бояд зикр гарданд:

1) ном ва суроғаи анборе, ки молро барои нигаҳдошт қабул кардааст;

2) рақами ҷории шаҳодатномаи анбор тибқи феҳраст (реестр)-и анбор;

3) номи ташкилот ё шаҳрванде, ки аз онҳо барои нигаҳдошт мол қабул карда шудааст, инчунин маҳалли ҷойгиршавӣ (маҳалли истиқомат)-и молики мол;

4) номгӯй ва теъдоди мол, шумораи ҷои мол;

5) мӯҳлате, ки мол барои нигаҳдошт қабул гардидааст, агар чунин мӯҳлат муқаррар гардида бошад;

6) тарифҳо ва тартиби пардохти нигаҳдошт;

7) санаи қабул ва баргардонидани мол;

8) имзои шахси ваколатдор ва мӯҳри анбори мол.

 

Моддаи 1009. Ҳуқуқи дорандаи шаҳодатномаҳои анбор ва гарав ба мол

  1. Дорандаи шаҳодатномаҳои анбор ва гарав ҳуқуқ дорад дар ҳаҷми пурра моли дар анбор нигаҳдошташавандаро ихтиёрдорӣ намояд.
  2. Дорандаи шаҳодатномаи анборе, ки аз шаҳодатномаи гарав ҷудо карда шудааст, ҳуқуқ дорад молро ихтиёрдорӣ намояд, вале то пӯшонидани кредити тибқи шаҳодатномаи гарав додашуда молро аз анбор гирифта наметавонад.
  3. Дорандаи шаҳодатномаи гарав нисбат ба дорандаи шаҳодатномаи анбор барои гарави мол ба андозаи кредити оид ба шаҳодатномаи гарав додашуда ва фоизҳои он ҳуқуқ дорад. Ҳангоми гарави мол дар шаҳодатномаи анбор дар ин бора сабт гузошта мешавад.

 

Моддаи 1010. Таҳвили шаҳодатномаҳои анбор ва гарав

    Шаҳодатномаи анбор ва шаҳодатномаи гарав якҷоя ё алоҳида тибқи навиштаҷот таҳвил дода шуданашон мумкин аст.

 

Моддаи 1011. Шаҳодатномаи оддии анбор

  1. Шаҳодатномаи оддии анбор ба манзуркунанда дода мешавад.
  2. Шаҳодатномаи оддии анбор бояд маълумоти дар моддаи 1008 пешбинишуда, инчунин сабти онро, ки ба манзуркунанда дода шудааст, дар бар гирад.

 

Моддаи 1012. Додани мол тибқи шаҳодатномаи дугонаи анбор

  1. Анбори мол ба дорандаи шаҳодатномаи анбор ва шаҳодатномаи гарав (шаҳодатномаи дугонаи анбор) бар ивази ҳар ду шаҳодатнома дар якҷоягӣ молро бармегардонад.

Ба дорандаи шаҳодатномаи анбор, ки шаҳодатномаи гарав надорад, вале қарзи вобаста ба онро пардохтааст, мол аз анбор танҳо бар ивази шаҳодатномаи анбор ва ҳангоми пардохти тамоми маблағи қарз  тибқи шаҳодатномаи гарав, ки бо квитансия ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки гаравгир додани онро тасдиқ кардааст,  дода мешавад.

  1. Дорандаи шаҳодатномаи анбор ва шаҳодатномаи гарав ҳуқуқ дорад қисман додани молро талаб кунад. Дар айни ҳол бар ивази шаҳодатномаҳои аввалин барои моли дар анбор боқимонда ба ӯ шаҳодатномаҳои нав дода мешавад.
  2. Анбори мол, ки хилофи талаботи ҳамин модда ба дорандаи шаҳодатномаи анбор, ки дорои шаҳодатномаи гарав нест ва маблағи қарзи вобаста ба онро напардохтааст, мол додааст, дар назди дорандаи шаҳодатномаи гарав барои пардохти ҳамаи маблағҳои ба ӯ тааллуқдошта ҷавобгар аст.

 

БОБИ 51. Суғурта

 

Моддаи 1013. Суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ

  1. Суғурта дар асоси шартномаҳои амвол ё суғуртаи шахсӣ, ки байни шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ (суғурташаванда) бо ташкилоти суғурта (суғуртакунанда) баста шудааст, анҷом дода мешавад.

Шартномаи суғуртаи шахсӣ шартномаи оммавӣ (моддаи 458) мебошад.

  1. Дар ҳолатҳое ки дар қонун ба зиммаи ашхоси дар он зикргардида ӯҳдадории ба сифати суғуртакунанда суғурта кардани ҳаёт, саломатӣ ё амволи ашхоси дигар, ё масъулияти худи шаҳрванд дар назди ашхоси дигар аз ҳисоби худ ё аз ҳисоби ашхоси манфиатдор (суғуртаи ҳатмӣ) гузошта шудааст, суғурта бо роҳи мутобиқи қоидаҳои ҳамин боб бастани шартнома анҷом дода мешавад.

Ҳангоми суғуртаи ҳатмӣ суғурташаванда бояд бо суғуртакунанда тибқи шартҳои пешбининамудаи қонунҳои ҳамин навъи суғуртаро танзимкунанда шартнома бандад.

  1. Дар қонун суғуртаи ҳатмии ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон аз ҳисоби маблағҳои аз буҷетҳои дахлдор (суғуртаи ҳатмии давлатӣ) додашуда пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 1014. Манфиатҳое, ки суғуртаи онҳо иҷозат дода намешавад

  1. Суғуртаи манфиатҳои зиддиқонунӣ иҷозат дода намешавад.
  2. Суғуртаи зарари иштирок дар бозиҳо, лотереяҳо ва шарт (гарав)-ҳо иҷозат дода намешавад.
  3. Суғуртаи хароҷоте, ки шахс барои мақсади озод кардани гаравгонон маҷбуран ҷалб шуданаш мумкин аст, иҷозат дода намешавад.
  4. Шартҳои шартномаи суғурта, ки хилофи қисмҳои 1 – 3 ҳамин модда мебошанд, қурб надоранд.

 

Моддаи 1015. Шартномаи суғуртаи амвол

  1. Мутобиқи шартномаи суғуртаи амвол як тараф (суғуртакунанда) ӯҳдадор мешавад, ки бо пардохти дар шартнома қайду шартшуда (мукофоти суғурта) ҳангоми фаро расидани ҳодисаи дар шартнома пешбинишуда (ҳодисаи суғурта) ба тарафи дигар (суғурташаванда) ё шахси дигаре, ки ба манфиати он шартнома баста шудааст (бадастоварандаи фоида), зарари вобаста ба ин ҳодиса ба амволи суғуртакунанда расонидашуда ё зарари вобаста ба дигар манфиати амволии суғурташаванда расонидашударо дар доираи маблағи дар шартнома муайянгардида (маблағи суғурта) пардозад (ҷубронпулии суғуртаро пардозад).
  2. Тибқи шартномаи суғуртаи амвол инҳо метавонанд суғурта карда шавад:

1) амвол:

2) таваккали масъулияти шаҳрвандӣ вобаста ба ӯҳдадорие, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи ашхоси дигар  ба миён омадааст ва дар ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, инчунин масъулият (моддаҳои 1017 ва 1018) тибқи шартнома;

3) таваккали соҳибкорӣ – таваккали ба даст наовардани даромади дарназардошташуда аз фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба вайрон кардани ӯҳдадориҳои худ аз ҷониби контрагентҳои соҳибкор ё тағйир додани шарти ин фаъолият вобаста ба ҳолатҳое, ки ба соҳибкорӣ (моддаи 1019) алоқаманд намебошанд.

 

Моддаи 1016. Суғуртаи амвол

  1. Амвол тибқи шартномаи суғурта ба манфиати шахсе (суғурташаванда ё бадастоварандаи фоида), ки мувофиқи қонунҳо ё шартнома барои ба манфиати худ нигоҳ доштани ҳамин амвол асос дорад, ба манфиати молики он, шахсе, ки ба ин амвол ҳуқуқи дигари амволӣ дорад, иҷоракор, пудратчӣ, нигаҳбон, комиссионер ва ғайра суғурта шуданаш мумкин аст.
  2. Шартномаи суғуртаи амвол ба манфиати бадастоварандаи фоида бидуни зикри ном ё номгӯи бадастоварандаи фоида баста шуданаш мумкин аст.

Ҳангоми бастани чунин шартнома полиси суғурта ба манзуркунанда дода мешавад. Ҳангоми татбиқи ҳуқуқ оид ба чунин шартнома ба суғуртакунанда пешниҳод кардани чунин полис зарур мебошад.

 

Моддаи 1017. Суғуртаи масъулият барои расонидани зарар

  1. Тибқи шартномаи таваккали масъулият оид ба ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи дигар ашхос ба миён омадааст, таваккали масъулияти худи суғуртакунанда ё шахси дигаре, ки ба зиммаи он чунин масъулият гузошта мешавад, суғурта шуданаш мумкин аст.
  2. Шахсе, ки таваккали масъулияти ӯ барои расонидани зарар суғурта шудааст, бояд дар шартномаи суғурта зикр карда шавад. Агар чунин шахс дар шартнома зикр нашуда бошад, эътироф мегардад, ки таваккали масъулият худи суғуртакунанда суғурта шудааст.
  3. Шартномаи суғуртаи таваккали масъулият барои расонидани зарар ба манфиати ашхосе, ки ба онҳо зарар расонида шуданаш мумкин аст (бадастоварандагони фоида) басташуда ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 1018. Суғуртаи масъулият оид ба шартнома

  1. Суғуртаи таваккали масъулият барои вайрон кардани шартнома нисбат ба масъулияти соҳибкори инфиродӣ ё ташкилоти тиҷоратӣ барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби шартномаи оммавӣ (моддаи 458) ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷозат дода мешавад.
  2. Тибқи шартномаи суғуртаи таваккали масъулият барои вайрон кардани шартнома танҳо таваккали масъулияти худи суғуртакунанда суғурта карда шуданаш мумкин аст. Шартномаи суғурта, ки ба ин талабот мувофиқ намебошад, қурб надорад.
  3. Таваккали масъулият барои вайрон кардани шартнома ба манфиати тарафе, ки нисбат ба он тибқи шартҳои ин шартнома суғуртакунанда бояд ҷавобгарии дахлдор (бадастоварандаи фоида)-ро ба зимма гирад, суғурташуда ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 1019. Суғуртаи таваккали соҳибкорӣ

Тибқи шартномаи суғуртаи таваккали соҳибкорӣ (банди 2 қисми 2 моддаи 1015) танҳо таваккали соҳибкории худи суғуртакунанда ва танҳо ба манфиати вай суғурта шуданаш мумкин аст.

Шартномаи суғуртаи таваккали соҳибкории шахсе, ки суғуртакунанда намебошад, қурб надорад.

Шартномаи суғуртаи таваккали соҳибкорӣ ба манфиати шахсе, ки суғуртакунанда намебошад, ба манфиати суғуртакунанда басташуда ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 1020. Шартномаи суғуртаи шахсӣ

  1. Тибқи шартномаи суғуртаи шахсӣ як тараф (суғурташаванда) ӯҳдадор мешавад, ки тибқи пардохти дар шартнома қайду шартшуда (мукофоти суғурта), ки аз тарафи дигар пардохта мешавад (суғуртакунанда), дар ҳолати расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии худи суғуртакунанда ё шаҳрванди дигари дар шартнома зикргардида (шахси суғурташуда) бо расидан ба синну соли муайян ё дар ҳаёти ӯ фарорасии рӯйдоди дигари дар шартнома пешбинишуда (ҳодисаи суғурта) якдафъаина ё давра ба давра маблағи қайду шартшударо мепардозад.

Ҳуқуқи гирифтани маблағи суғурта ба шахсе тааллуқ дорад, ки ба манфиати вай шартнома баста шудааст.

  1. Шартномаи суғуртаи шахсӣ, агар дар шартнома ба сифати бадастоварандаи фоида шахси дигар номбар нагардида бошад, ба манфиати шахси суғурташуда басташуда ба ҳисоб меравад.

Дар сурати фавти шахси тибқи шартнома суғурташуда, агар дар шартнома бадастоварандаи дигари фоида номбар нашудааст, ворисони шахси суғурташуда бадастоварандагони фоида эътироф карда мешаванд.

Шартномаи суғуртаи шахсӣ ба манфиати шахсе, ки суғурта нашудааст, аз ҷумла ба манфиати шахсе, ки суғурташудаи суғуртакунанда намебошад, метавонад танҳо бо розигии хатти шахси суғурташуда баста шавад. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин розигӣ шартнома тибқи даъвои шахси суғурташуда ва дар сурати фавти чунин шахс  тибқи даъвои ворисони он беэътибор эътироф шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 1021. Суғуртаи ҳатмӣ

  1. Тибқи қонун ӯҳдадории суғуртаи зайл пешбинӣ шуданаш мумкин аст:

– ҳаёт, саломатӣ ё амволи ашхоси дигари дар қонун пешбинишуда дар ҳолати расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи онҳо;

– таваккали масъулияти худи шаҳрванд, ки метавонад дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи ашхоси дигар ё вайрон кардани шартнома бо ашхоси дигар фаро расад.

Ӯҳдадории баромад кардан ба сифати суғуртакунанда тибқи қонун ба зиммаи ашхоси  дар он муайянгардида вогузошта мешавад. Қонун метавонад инчунин дигар навъҳои суғуртаи ҳатмиро муқаррар намояд.

  1. Ӯҳдадории суғуртаи ҳаёт ё саломатии худ на тибқи қонун ва на тибқи шартнома ба зиммаи шаҳрванд вогузошта намешавад.
  2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи онҳо ба зиммаи ашхоси ҳуқуқӣ, ки таҳти пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ амволи марбути моликияти давлатиро доранд, ӯҳдадории суғурта кардани ин амвол гузошта шуданаш мумкин аст.
  3. Дар ҳолатҳое ки ӯҳдадории суғуртаи амвол на аз қонун, балки аз шартнома бо соҳиби амвол ё аз ҳуҷҷатҳои муассисии шахси ҳуқуқӣ, ки молики амвол аст, бармеояд, чунин шартнома тибқи муҳтавои ҳамин модда ҳатмӣ ба ҳисоб намеравад ва боиси оқибатҳои пешбининамудаи моддаи 1023 ҳамин Кодекс намегардад.

 

Моддаи 1022. Анҷом додани суғуртаи ҳатмӣ

  1. Суғуртаи ҳатмӣ бо усули бастани шартномаи суғурта аз ҷониби шахс (суғуртакунанда)-е, ки ба зиммааш бастани чунин суғурта гузошта шудааст, бо суғурташаванда баста мешавад.
  2. Суғуртаи ҳатмӣ аз ҳисоби суғурташаванда анҷом дода мешавад.
  3. Объекте, ки бояд суғуртаи ҳатмӣ шавад, таваккале, ки аз он бояд суғурта шавад ва андозаи ҳадди ақали маблағи суғурта тибқи қoнун ва дар ҳолатҳои пешбинишудаи қисми 3 моддаи 1036 ҳамин Кодекс бошад, тибқи қонун ё тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи он муайян карда мешавад.

 

Моддаи 1023. Оқибатҳои вайрон кардани қоидаҳои суғуртаи ҳатмӣ

  1. Шахсе, ки тибқи қонун бояд ба манфиати вай суғуртаи ҳатмӣ анҷом дода шавад, агар ба ӯ маълум гардида бошад, ки суғурта сурат нагирифтааст, ҳуқуқ дорад тибқи тартиби судӣ аз шахси ба сифати суғуртакунанда ба зимааш суғурта вогузошташуда анҷом додани онро талаб намояд.
  2. Агар шахси ба сифати суғуртакунанда ба зимааш вазифаи суғурта вогузошташуда суғуртаро анҷом надодааст ё шартномаи суғуртаро бо шартҳое ба имзо расонидааст, ки вазъи бадастоварандаи даромадро нисбат ба шароитҳои дар қонун муқарраршуда бадтар мегардонад, он дар назди бадастоварандаи фоида ҳангоми фарорасии ҳодисаи суғурта тибқи ҳамон шартҳое, ки дар сурати матлуб анҷом додани суғурта мебоист ҷуброни суғурта пардохта шавад, ҷавобгар мебошад.
  3. Маблағи беасос ҷамъовардаи шахси ба зиммааш вазифаи суғурта гузошташуда вобаста ба он, ки ӯ вазифаи худро анҷом надодааст ё номатлуб ба ҷо овардааст, тибқи даъвои мақомоти давлатии назорати суғурта бо баҳисобгирии фоиз ба ин маблағҳо тибқи моддаи 426 ҳамин Кодекс ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

 

Моддаи 1024. Суғуртакунанда

Ба сифати суғуртакунандагон шартномаи суғуртаро ашхоси ҳуқуқӣ, ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошанд ва барои анҷом додани навъи дахлдори суғурта иҷозатнома (литсензия) доранд, баста метавонанд.

Талаботе, ки ташкилотҳои суғурта бояд ба он ҷавобгӯ бошанд, тартиби иҷозатнома (литсензия)-кунонии онҳо ва анҷом додани назорати давлатии фаъолияти онҳо тибқи қонун дар мавриди ташкили фаъолияти суғурта муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 1025. Тибқи шартнома ӯҳдадориро иҷро намудани суғуртакунанда ва бадастоварандаи фоида

  1. Бастани шартномаи суғурта ба манфиати бадастоварандаи фоида, аз ҷумла ҳангоме ки ӯ худ шахси суғурташуда мебошад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ё ӯҳдадории ба зиммаи суғурташаванда вогузошташударо шахсе анҷом дода бошад, ки ба манфиати ӯ шартнома баста шудааст, суғурташавандаро аз иҷрои ӯҳдадории вобаста ба ин шартнома озод намекунад.
  2. Ҳангоми аз ҷониби бадастоварандаи фоида талаб кардани пардохти ҷуброни суғурта оид ба шартномаи суғуртаи амвол ё маблағи суғуртаи шартномаи суғуртаи шахсӣ суғуртакунанда ҳуқуқ дорад, аз ҷумла ҳангоми шахси суғурташуда будани бадастоварандаи фоида, иҷрои ӯҳдадориро оид ба шартномаи суғурта, аз ҷумла ӯҳдадорие, ки ба зиммаи суғурташаванда гузошта шудааст, вале иҷро накардааст, талаб намояд. Таваккали оқибатҳои иҷро накардан ё сари вақт анҷом надодани иҷрои ӯҳдадорӣ, ки бояд қаблан иҷро мегардид, ба зиммаи бадастоварандаи фоида мебошад.

 

Моддаи 1026. Шакли шартномаи суғурта

  1. Шартномаи суғурта бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Риоя накардани ин талабот ба истиснои шартномаи суғуртаи ҳатмии давлатӣ боиси беэътибор донистани шартнома мегардад.
  2. Шартномаи суғурта метавонад бо роҳи таҳияи як ҳуҷҷат (қисми 2 моддаи 466) ё аз ҷониби суғуртакунанда дар асоси аризаи хаттӣ ё шифоҳии ӯ додани полиси суғурта (шаҳодатнома, сертификат, квитансия), ки аз ҷониби суғуртакунанда имзо шудааст ва шартҳои шартномаи суғуртаро дар бар мегирад, баста шавад.

Дар ин сурат розигии суғурташаванда дар мавриди бастани шартнома тибқи шартҳои пешниҳоднамудаи суғуртакунанда бо гирифтани ҳуҷҷатҳое, ки дар сарсатри якуми ҳамин қисм зикр шудааст ва пардохти мукофоти суғурта ё ҳангоми давра ба давра гузаронидани мукофоти суғурта ба пардохти ҳаққи якум тасдиқ карда мешавад.

  1. Суғуртакунанда ҳангоми бастани шартнома ҳуқуқ дорад шаклҳои намуна (стандарт)-ии шартномаи суғурта (полиси суғурта)-и таҳиянамудаашро оид ба навъҳои алоҳидаи суғурта истифода барад.

 

Моддаи 1027. Суғурта оид ба полиси генералӣ

  1. Суғуртаи мунтазами қисматҳои мухталифи амволи якхела (мол, бор ва ғайра) бо шартҳои шабеҳ дар ҷараёни мӯҳлати муайян тибқи созишномаи суғурташаванда ва суғуртакунанда дар асоси як шартномаи суғурта бо роҳи додани полиси генералӣ баста шуданаш мумкин аст.
  2. Маблағи суғурта ҳамчун ҳисоби миёнаи муқаррар кардаи солонаи воридшаванда ва содиршаванда аз қисмати амволи суғурта муайян карда мешавад.

 

Моддаи 1028. Шартҳои муҳими шартномаи суғурта

  1. Ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи амвол байни суғуртакунанда ва суғурташаванда бояд дар мавриди зайл созиш ба миён ояд:

1) оид ба амволи муайян ё маҷмӯъ ё манфиати дигари амволӣ, ки объекти суғурта мебошад;

2) оид ба хусусияти ҳодисае, ки ҳангоми фарорасии он суғурта анҷом дода мешавад (ҳодисаи суғурта);

3) оид ба андозаи маблағи суғурта;

4) оид ба тартиби муайян намудани ҷуброни суғурта, агар дар шартнома имконияти нисбат ба маблағи суғурта камтар пардохтани маблағ пешбинӣ гардида бошад;

5) оид ба андозаи мукофоти суғурта ва мӯҳлат (мӯҳлатҳо)-и пардохти он;

6) оид ба мӯҳлати амали шартнома.

  1. Ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи шахсӣ байни суғурташаванда ва суғуртакунанда бояд дар мавриди зайл созиш ба миён ояд:

1) оид ба шахси суғурташуда;

2) оид ба хусусияти ҳодисае, ки ҳангоми фарорасии он дар ҳаёти шахси суғурташуда суғурта анҷом дода мешавад (ҳодисаи суғурта);

3) оид ба андозаи маблағи суғурта;

4) дар бораи андозаи мукофот ва мӯҳлат (мӯҳлатҳо)-и пардохти он;

5) оид ба мӯҳлати амали суғурта.

  1. Агар шартномаи суғурта шартҳоеро дар бар гирад, ки вазъи шаҳрванд, ки суғурташаванда мебошад, шахси суғурташуда ё бадастовардаи фоидаро нисбат ба муғаррароти муайяннамудаи қонунҳо бадтар мегардонад, бар ивази чунин шартҳои шартнома муқаррароти дахлдори қонунҳо татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 1029. Муайян кардани шартҳои шартномаи суғурта дар қоидаҳои суғурта

  1. Шартҳое, ки мувофиқи он шартномаи суғурта баста мешавад, дар қоидаҳои намуна (стандарт)-ии суғуртаи навъи дахлдори аз ҷониби суғуртакунанда ё идтиҳодияи суғуртакунандагон (қоидаҳои суғурта) қабулгардида маъқул ва тасдиқшуда муайян карда шуданаш мумкин аст.
  2. Шартҳое, ки дар қоидаҳои суғурта мавҷуданд ва ба матни шартномаи суғурта (полис) дохил карда нашудаанд, агар дар шартнома (полис) мустақилона оид ба истифодаи чунин қоидаҳо ишора шуда бошад ва худи қоидаҳо дар як ҳуҷҷат бо шартнома (полис) ё дар қисмати ақиби он зикр ё замима гардидааст, барои суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ҳатмӣ мебошад. Дар ҳолати охирин ба суғурташаванда ҳангоми бастани шартнома супурда шудани қоидаҳои суғурта бояд бо сабт дар шартнома тасдиқ карда шавад.
  3. Ҳангоми бастани шартномаи суғурта суғурташаванда ва суғуртакунанда дар мавриди тағйирот ё хориҷ кардани муқаррароти алоҳидаи қоидаҳои суғурта ва ба шартнома ворид намудани муқаррароте, ки дар қоидаҳо нестанд, метавонанд ба мувофиқа расанд.
  4. Суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ҳуқуқ дорад барои ҳифзи манфиатҳои хеш ба қоидаҳои суғуртаи навъи дахлдоре, ки ба онҳо дар шартномаи суғурта (полис) истинод шудааст, ҳарчанд ин қоидаҳо бо ҳукми ҳамин модда барои ӯ ҳатмӣ набошанд ҳам, истинод кунад.

 

Моддаи 1030. Маълумоте, ки суғуртакунанда ҳангоми бастани шартнома пешниҳод мекунад

  1. Ҳангоми бастани шартнома суғурташаванда бояд ба суғуртакунанда ҳолатҳои барояш маълумеро, ки ҷиҳати муайян кардани имконпазирии фаро расидани ҳодисаи суғурта муҳим мебошад ва андозаи эҳтимолии зарареро, ки бо фарорасии он расонида шуданаш мумкин аст (таваккали суғурта), пешниҳод кунад.

Ҳолатҳое муҳим эътироф мегарданд, ки аз ҷониби суғуртакунанда дар шакли намуна (стандарт)-ии шартномаи суғурта (полис) ва қоидаҳои суғуртаи ба суғурташаванда додашуда ё дархости хаттӣ дақиқ зикр гардидаанд.

  1. Агар шартномаи суғурта ҳангоми мавҷуд набудани ҷавоби суғурташаванда ба ин ё он саволи суғуртакунанда баста шуда бошад, суғуртакунанда наметавонад минбаъд дар асоси он, ки ҳолатҳои дахлдор аз ҷониби суғурташаванда иттилоъ дода нашудаанд, бекор кардани шартнома ё беэътибор донистани онро талаб намояд.
  2. Агар баъди бастани шартнома муқаррар карда шавад, ки суғурташаванда ба суғуртакунанда бадқасдона оид ба ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда маълумоти бардурӯғ додааст, суғуртакунанда ҳуқуқ дорад беэътибор донистани шартнома ва истифодаи оқибатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 204 ҳамин Кодексро талаб намояд.

Суғуртакунанда, агар ҳолатҳое, ки оид ба онҳо суғурташаванда изҳор накардааст, аз байн рафта бошанд, наметавонад беэътибор донистани шартномаро талаб кунад.

 

Моддаи 1031. Ҳуқуқи суғуртакунанда барои аз назар гузаронидани объекти суғурташаванда

  1. Ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи амвол суғуртакунанда ҳуқуқ дорад амволи суғурташавандаро аз назар гузаронад ва дар сурати зарурат бо мақсади муқаррар намудани арзиши ҳақиқии он, муоина (экспертиза) таъин намояд.
  2. Ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи шахсӣ суғуртакунанда ҳуқуқ дорад барои муқаррар намудани вазъи воқеии саломатии суғурташаванда муоинаи онро анҷом диҳад.

 

Моддаи 1032. Сирри суғурта

Суғуртакунанда ҳуқуқ надорад маълумоти дар натиҷаи суғурта оид ба суғурташаванда, шахси суғурташуда ва ба дастоварандаи фоида, вазъи саломатӣ, инчунин вазъи амволии ин ашхос барояш маълумгардидаро ошкор намояд. Барои вайрон кардани сирри суғурта, вобаста ба шакли вайрон кардани ҳуқуқ ва мушаххасоти қонуншиканӣ суғуртакунанда мутобиқи қоидаҳои моддаи 153 ҳамин Кодекс масъулият дорад.

 

Моддаи 1033. Маблағи суғурта

  1. Маблағе, ки дар доираи он суғуртакунанда ӯҳдадор шудаастҷ ҷуброни суғуртаро тибқи шартномаи суғуртаи амвол ё тибқи шартномаи суғуртаи шахсӣ пардозад (маблағи суғурта) бо созишномаи суғурташаванда ва суғуртакунанда муайян карда мешавад.
  2. Ҳангоми суғуртаи амвол ё таваккали соҳибкорӣ, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, маблағи суғурта набояд аз арзиши воқеии он (арзиши суғуртавӣ) баландтар бошад, ки чунон ба ҳисоб гирифта мешавад:

– барои амвол арзиши воқеии он дар маҳалли мавҷудият дар рӯзи бастани шартномаи суғурта;

– барои таваккали соҳибкорӣ даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, ки суғурташаванда, чуноне ки тахмин карда мешавад, дар ҳолати фарорасии ҳодисаи суғурта аз он маҳрум шуда метавонист.

  1. Дар шартномаҳои суғуртаи шахсӣ ва шартномаҳои суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ маблағи суғурта тибқи салоҳдиди тарафҳо муайян карда мешавад.

Моддаи 1034. Баҳс кардани арзиши суғуртавии  амвол

Арзиши суғуртавии амволи дар шартномаи суғурта зикршуда, ба истиснои ҳолате, ки агар суғуртакунанда то бастани шартнома аз ҳуқуқи худ дар мавриди нархбандии таваккали суғурта (қисми 1 моддаи 1045) истифода набурда, бадқасдона оид ба ин арзиш гумроҳ карда шуда буд, минбаъд мавриди баҳс қарор дода намешавад.

 

Моддаи 1035. Суғуртаи иловагии амвол

  1. Агар амвол ё таваккали соҳибкорӣ танҳо дар қисмати арзиши суғуртавӣ баста шуда бошад, суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ҳуқуқ дорад суғуртаи иловагии амволро, аз ҷумла бо дигар суғуртакунанда, вале ба шарте ки маблағи умумии суғурта вобаста ба ҳамаи шартномаҳо аз арзиши суғурта бештар набошад, анҷом диҳад.
  2. Риоя накардани муқаррароти қисми 1 ҳамин модда боиси оқибатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 1036 ҳамин Кодекс мегардад.

 

Моддаи 1036. Оқибатҳои суғуртаи бештар аз арзиши суғурта

  1. Агар маблағи дар шартномаи суғуртаи амвол ё таваккали соҳибкорӣ зикргардида аз арзиши суғуртавӣ бештар бошад, шартнома дар он қисмати маблағе, ки аз арзиши суғуртавӣ бештар аст, қурб надорад.

Дар чунин маврид қисмати зиёдатии маблағи мукофоти суғуртаи супоридашуда баргардонида намешавад.

  1. Агар мувофиқи шартномаи суғурта мукофоти суғурта давра ба давра пардохта шавад ва то лаҳзаи муайян намудани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида он пурра гузаронида нашуда бошад, ҳаққи боқимондаи суғурта бояд ба андозаи мутаносибан ба кам шудани андозаи маблағи суғурта пардохта шавад.
  2. Агар баланд кардани маблағи суғурта дар шартномаи суғурта натиҷаи фиреб додан аз ҷониби суғурташаванда бошад, суғуртакунанда ҳуқуқ дорад ҷуброни зарари вобаста ба ин расонидашударо ба андозае, ки аз мукофоти суғуртаи аз суғурташаванда гирифтааш бештар мебошад, талаб кунад.
  3. Қоидаҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 – 3 ҳамин модда мутаносибан барои суғуртаи дубора татбиқ мегардад.

Маблағи ҷуброни суғурта, ки бояд дар чунин ҳолат ба ҳар як суғурташаванда пардохта шавад, мутаносибан ба кам кардани маблағи ибтидоии суғурта оид ба шартномаи дахлдори суғурта кам карда мешавад.

 

Моддаи 1037. Суғуртаи дубора

  1. Қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 1036 ҳамин Кодекс мутаносибан инчунин дар ҳолатҳое татбиқ мегардад, ки агар маблағи суғурта дар натиҷаи суғурта намудани ҳамон як амвол ё таваккали соҳибкорӣ аз тариқи ду ё якчанд суғуртакунанда (суғуртаи дубора) аз арзиши суғуртавӣ бештар гардида бошад.
  2. Ҳангоми суғуртаи дубораи амвол ё таваккали соҳибкорӣ ҳар як суғуртакунанда ӯҳдадории пардохти ҷуброни суғуртаро дар доираи шартномаи басташуда ба зимма дорад, вале маблағи умумии ҷуброни суғурта, ки аз ҳамаи суғуртакунандагон гирифта шудааст, наметавонад аз зарари воқеӣ бештар бошад.

Дар айни замон суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ҳуқуқ дорад аз ҳар кадом суғуртакунанда дар доираи маблағе, ки дар шартномаҳои бо он басташуда пешбинӣ гардидааст, ҷуброни суғуртаро гирад. Дар ҳолате, ки агар ҷуброни суғуртаи гирифташуда зарари воқеан расонидашударо пӯшонида натавонад, суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ҳуқуқ дорад қисмати нокифояи маблағро аз дигар суғуртакунанда гирад.

  1. Ҳангоми суғуртаи дубораи шахсӣ ҳар як суғуртакунанда ӯҳдадории худро дар назди суғурташаванда, шахси суғурташуда ва бадастоварандаи фоида мустақиман, сарфи назар аз иҷрои ӯҳдадорӣ аз ҷониби дигар суғуртакунандагон, анҷом медиҳад.

 

Моддаи 1038. Суғуртаи муштарак

Объекти суғурта метавонад тибқи як шартнома аз ҷониби якчанд суғуртакунанда якҷоя суғурта карда шавад (суғуртаи муштарак). Агар дар чунин шартнома ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳар кадоме аз суғуртакунандагон муайян нагардида бошад, онҳо дар назди суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) барои пардохти ҷуброни суғурта оид ба шартномаи суғуртаи амвол ё маблағи суғуртаи шартномаи суғуртаи шахсӣ масъулияти муштарак доранд.

 

Моддаи 1039. Мукофоти суғурта ва ҳаққи суғурта

  1. Таҳти мафҳуми мукофоти суғурта маблағе дар назар дошта шудааст, ки суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) бояд барои суғурта тибқи тартиб ва мӯҳлатҳои дар шартномаи суғурта муқарраргардида ба суғуртакунанда пардозад.
  2. Суғуртакунанда ҳангоми муайян кардани андозаи мукофоти суғуртаи тибқи шартномаи суғурта пардохташаванда ҳуқуқ дорад нақшаҳои тарифии таҳиянамудаашро, ки бо назардошти объекти суғурта ва хусусияти таваккали суғурта мукофоти аз воҳиди маблағи суғурта ситонидашавандаро муайян менамояд, истифода барад.
  3. Агар дар шартномаи суғурта давра ба давра пардохтани мукофоти суғурта пешбинӣ гардида бошад, дар ҳамон шартнома оқибатҳои дар мӯҳлати муайянгардида напардохтани ҳаққи навбатии суғурта низ пешбинӣ шуданаш мумкин аст.
  4. Агар ҳодисаи суғурта то пардохтани ҳаққи навбатии суғурта, ки мӯҳлати он гузаронида шудааст, фаро расида бошад, суғуртакунанда ҳуқуқ дорад андозаи ҷуброни пардохташавандаи суғуртаро тибқи шартномаи суғуртаи амвол ё маблағи суғуртаро тибқи шартномаи суғуртаи шахсӣ мутаносибан ба қисми ба ӯ пардохташудаи мукофоти суғурта маҳдуд созад ва маблағи ҳаққи мӯҳлаташ гузаронидашудаи суғуртаро ба ҳисоб гирад.

 

Моддаи 1040. Беэътибории шартномаи суғурта

Шартномаи суғурта дар ҳолатҳои зайл қурб надорад:

1) агар дар лаҳзаи бастани шартнома объекти суғурта вуҷуд надошта бошад;

2) агар тибқи шартномаи суғуртаи амвол амволе суғурта шуда бошад, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст, ашёи ҷиноят мебошад ё бояд мусодира гардад.

Шартномаи суғурта инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 1041 ҳамин Кодекс ва ҳолатҳои дигари пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар қурб надорад.

 

Моддаи 1041. Иваз намудани шахси суғурташуда

  1. Дар ҳолате ки агар тибқи шартномаи суғуртаи таваккали масъулият барои расонидани зарар (моддаи 1061) масъулияти шахси нисбат ба суғуртакунанда дигар суғурта шуда бошад, охирин ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи то фаро расидани ҳодисаи суғурта ин шахсро ба дигар шахс иваз намояд ва суғуртакунандаро ба таври хаттӣ огоҳ созад, зеро дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашудааст.
  2. Шахси суғурташудае, ки дар шартномаи суғуртаи шахсӣ зикр шудааст, аз ҷониби суғуртакунанда танҳо бо розигии худи суғурташаванда ва суғуртакунанда ба дигар шахс иваз карда шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 1042. Иваз намудани бадастоварандаи фоида

Суғурташаванда ҳуқуқ дорад бадастоварандаи фоидаро, ки дар шартномаи суғурта зикр гардидааст, ба шахси дигар иваз намояд ва ба таври хаттӣ суғуртакунандаро огоҳ созад.

Бадастоварандаи фоида наметавонад, баъди он ки ӯ ин ё он ӯҳдадориро вобаста ба шартномаи суғурта анҷом додааст ё ба суғуртакунанда дар мавриди пардохти ҷуброни суғурта ё маблағи суғурта талабот пешниҳод кардааст, ба дигар шахс иваз намояд.

 

Моддаи 1043. Оғози амали шартномаи суғурта

  1. Шартномаи суғурта, агар дар он тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз лаҳзаи пардохти мукофоти суғурта ё саҳми нахустини он эътибор пайдо мекунад.
  2. Суғуртаи дар шартнома қайду шартшуда ба ҳодисаҳои суғуртае, ки баъди эътибор пайдо кардани шартномаи суғурта ба вуқӯъ пайвастаанд, татбиқ мегардад.

 

Моддаи 1044. Пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани шартнома

  1. Шартномаи суғурта то фаро расидани мӯҳлати барои он басташуда қатъ мегардад, агар:

1) несту нобуд гардидани амвол бо сабабҳои нисбат ба фарорасии ҳодисаи суғурта  фарқкунанда;

2) тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби шахсе, ки таваккали соҳибкорӣ ё таваккали масъулияти шаҳрвандиро вобаста ба ин фаъолият анҷом медод, қатъ шудани фаъолияти соҳибкорӣ;

3) ғайри қобили амал ё қобили маҳдуди амал эътироф кардани шахсе, ки таваккали масъулияти шаҳрвандиаш суғурта шуда буд.

  1. Суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳза аз шартномаи суғурта даст кашад, агар то лаҳзаи даст кашидан мувофиқи ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда имконияти фарорасии ҳодисаи суғурта аз байн нарафта бошад.
  2. Ҳангоми пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани шартномаи суғурта вобаста ба ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, агар ин ҳодисаҳо бо сабабҳое ба миён омада бошанд, ки ба суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) алоқаманд намебошанд, суғуртакунанда мутаносибан ба вақте ки дар ҷараёни он суғурта амал мекард, ба як қисми мукофоти суғурта ҳуқуқ дорад ва бояд маблағи изофагии қисми мукофоти суғуртаи гирифтааш-ро баргардонад. Дар ҳолатҳои дигари қатъ гардидани шартномаи суғурта тибқи ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида суғуртакунанда ҳуқуқи худро барои ҳамаи маблағи мукофоти суғурта нигоҳ медорад.

Ҳангоми пеш аз мӯҳлат аз шартномаи суғурта даст кашидани суғурташаванда (бадастоварандаи фоида), агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, мукофоти суғуртаи ба суғуртакунанда додашуда баргардонида намешавад.

 

Моддаи 1045. Оқибатҳои зиёд кардани таваккали суғурта дар давраи амали шартномаи суғурта

  1. Дар давраи амали шартномаи суғуртаи амвол суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) вазифадор аст ба суғуртакунанда оид ба ошкор гардидани тағйиротҳои муҳими ҳолатҳое, ки ӯ ҳангоми бастани шартнома ба суғуртакунанда баён карда буд, агар ин тағйиротҳо тавонанд ба таври муҳим ба афзудани таваккали суғурта таъсир расонанд, бетаъхир иттилоъ диҳад.

Дар ҳар ҳолат тағйиротҳои муҳим он тағйиротҳое эътироф мегарданд, ки дар шартномаи суғурта (полиси суғурта) қайду шарт шудаанд ва дар қоидаҳои суғуртаи ба суғурташаванда додашуда зикр ёфтаанд.

  1. Суғуртакунанда, ки оид ба ҳолатҳое, ки метавонанд боиси афзоиши таваккали суғурта шаванд, огоҳ гардидааст, ҳуқуқ дорад тағйир додани шартҳои шартнома ё мутаносибан ба афзоиши таваккали суғурта пардохтани мукофоти иловагии суғуртаро талаб намояд.

Агар суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ба иваз намудани шартҳои шартнома ё пардохти мукофоти суғурта эътироз намояд, суғуртакунанда ҳуқуқ дорад мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи боби 28 ҳамин Кодекс бекор кардани шартномаро талаб намояд.

  1. Ҳангоми аз ҷониби суғурташаванда ё бадастоварандаи фоида иҷро накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда суғуртакунанда ҳуқуқ дорад бекор кардани шартномаи суғурта ва ҷуброни зарари вобаста ба бекор кардани шартномаро (қисми 5 моддаи 485) талаб кунад.
  2. Суғуртакунанда, агар ҳолатҳое ки метавонистанд боиси афзудани таваккали суғурта гарданд, бартараф шуда бошанд, ҳуқуқ надорад бекор кардани шартномаро талаб намояд.
  3. Ҳангоми суғуртаи шахсӣ оқибатҳои тағйир додани таваккали суғурта дар давраи амали шартномаи суғурта, ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда зикр гардидаанд, метавонанд танҳо вақте фаро расанд, ки агар онҳо мустақиман дар шартнома пешбинӣ гардида бошанд.

 

Моддаи 1046. Ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқ ба амволи суғурташуда

Ҳангоми аз шахси ба манфиати он шартномаи суғурта басташуда ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқ ба амволи суғурташуда, ба истиснои ҳолатҳои тибқи асосҳои дар қисми 2 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикргардида маҷбурӣ кашида гирифтани амвол ва радди ҳуқуқи моликият (моддаи 260), ҳуқyқ ва ӯҳдадориҳо оид ба ҳамин шартнома ба шахсе мегузарад, ки ба ӯ ҳуқуқ ба амвол гузаштааст.

Шахсе, ки ба ӯ ҳуқуқ ба амволи суғурташуда гузаштааст бояд фавран дар шакли хаттӣ суғуртакунандаро огоҳ намояд.

 

Моддаи 1047. Огоҳ намудани суғуртакунанда аз фарорасии ҳодисаи суғурта

  1. Суғурташаванда тибқи шартномаи суғуртаи амвол баъди ба ӯ маълум гардидани фарорасии ҳодисаи суғурта вазифадор аст фавран дар мавриди фарорасии он ба суғуртакунанда ё намояндаи вай хабар диҳад. Агар дар шартнома мӯҳлат ва (ё) усули огоҳонӣ пешбинӣ гардида бошад, он бояд дар мӯҳлати муайяншуда ва усули муқарраргардида анҷом дода шавад.

Чунин ӯҳдадорӣ инчунин ба зиммаи бадастоварандаи фоида, ки ба манфиати ӯ баста шудани шартномаи суғурта барояш маълум аст, агар ӯ ният дошта бошад, ки ҳуқуқи ҷуброни суғуртаи тибқи шартномаи ба манфиати ӯ басташударо истифода барад, гузошта мешавад.

  1. Иҷро накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, агар исбот карда нашавад, ки суғуртакунанда оид ба фарорасии ҳодисаи суғурта огоҳ буд ё дар натиҷаи надоштани маълумот наметавонист ба ӯҳдадориҳои суғуртакунанда вобаста ба пардохти ҷуброни суғурта таъсир расонад, ба суғуртакунанда ҳуқуқ медиҳад пардохти ҷуброни суғуртаро рад намояд.
  2. Агар ҳодисаи суғурта фавти шахси суғурташуда ё расонидани зарар ба саломатии ӯ бошад, қоидаҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда мутаносибан ба шартномаи суғуртаи шахсӣ низ татбиқ мегардад. Дар айни ҳол мӯҳлати дар шартнома пешбинигардида оид бо огоҳсозии суғуртакунанда аз бист рӯз камтар буда наметавонад.

 

Моддаи 1048. Кам кардани зарар аз ҳодисаи суғурта

  1. Ҳангоми фарорасии ҳодисаи суғуртаи пешбининамудаи шартномаи суғуртаи амвол суғурташаванда вазифадор аст барои кам кардани зарари эҳтимолии ҳодиса тамоми тадбирҳои имконпазирро андешад.

Чунин тадбирҳоро андешида, суғурташаванда бояд тибқи дастури суғуртакунанда, агар онҳо ба суғурташаванда иттилоъ дода шуда бошанд, амал кунад.

  1. Хароҷоти бо мақсади кам кардани зарар масрафгардида, ки бояд суғуртакунанда ҷуброн намояд, агар чунин хароҷот зарурӣ бошад ё он барои иҷрои дастури суғуртакунанда анҷом дода шуда бошад, ҳатто агар тадбирҳои дахлдор натиҷа надода бошанд ҳам, бояд аз ҷониби суғуртакунанда пардохта шаванд.

Чунин хароҷот мутаносибан ба маблағи суғурта ва арзиши суғурта, сарфи назар аз он ки дар якҷоягӣ бо ҷуброни дигар зарарҳо метавонад аз маблағи суғурта бештар бошад, ҷуброн карда мешавад.

  1. Суғуртакунанда аз ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи аз ҷониби суғурташаванда дидаю дониста ҷиҳати кам кардани зарари имконпазир наандешидани тадбирҳо расонида шудааст, озод карда мешавад.

 

Моддаи 1049. Оқибатҳои фаро расидани ҳодисаи суғурта бо гуноҳи суғурташаванда, бадастоварандаи  фоида ё шахси суғурташуда

  1. Суғуртакунанда, агар ҳодисаи суғурта дар натиҷаи кирдори бадқасдонаи суғурташаванда, бадастоварандаи фоида ё шахси суғурташуда рух дода бошад, аз пардохти ҷуброни суғурта озод карда мешавад.
  2. Дар қонун ҳолатҳои аз пардохти ҷуброни суғурта оид ба шартномаи суғуртаи амвол озод кардани суғуртакунанда ё кам кардани андозаи ҷуброн ҳангоми фарорасии ҳодисаи суғурта дар натиҷаи беэҳтиётии дағалонаи суғурташаванда ё бадастоварандаи фоида пешбинӣ гардиданаш мумкин аст.

 

Моддаи 1050. Асосҳо барои аз пардохти ҷуброни суғурта ва маблағи суғурта  озод  кардани суғуртакунанда

  1. Агар дар қонун ё шартномаи суғурта тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, суғуртакунанда аз пардохти ҷуброн суғурта (маблағи суғурта) озод карда мешавад, агар ҳодисаи суғурта вобаста ба натиҷаҳои зайл фаро расида бошад:

1) таъсири таркиши силоњи ядроӣ, радиатсия ё заҳролудшавии радиоактивӣ; (ҚҶТ аз 22.07.2013с.№977)

2) амалиётҳои ҷангӣ,  инчунин ҷанги шаҳрвандӣ.

  1. Агар дар шартномаи суғуртаи амвол тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, суғуртакунанда аз пардохти зарари бо фармоиши мақомоти давлатӣ дар натиҷаи кашида гирифтан, мусодира, реквизитсия, тавқиф ё несту нобуд кардани амвол расонидашуда озод карда мешавад.

 

Моддаи 1051. Радди пардохти ҷуброни суғурта ё маблағи суғурта

  1. Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад ба суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) пардохти ҷуброни суғуртаро вобаста ба шартномаи суғуртаи амвол ё маблағи суғуртаро оид ба шартномаи суғуртаи шахсӣ дар ҳолатҳои зайл рад намояд:

1) агар амали шартномаи суғурта то фаро расидани ҳодисаи суғурта, аз ҷумла тибқи асосҳои дар моддаҳои 1043 ва 1044 ҳамин Кодекс зикргардида қатъ шуда бошад;

2) агар шартномаи суғурта тибқи асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ё дигар қонунҳо, аз ҷумла тибқи асосҳои дар моддаи 1040 ҳамин Кодекс зикргардида қурб надошта бошад;

3) агар суғуртакунанда аз пардохти ҷуброни суғурта ё маблағи суғурта тибқи асосҳои зикрнамудаи моддаҳои 1047 – 1049 ҳамин Кодекс озод карда шуда бошад;

4) агар суғуртакунанда дар мавриди беэътибор донистани шартномаи суғурта тибқи асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо ё дар бораи бекор кардани шартнома дар натиҷаи он, ки суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) барои тафтиши ҳолати ҳодисаи суғурта ё муайян кардани андозаи зарари расонидашуда монеа шудааст,  даъво пешниҳод карда бошад.

  1. Қарори суғуртакунанда дар мавриди радди пардохти ҷуброни суғурта ё маблағи суғурта бояд ба суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ рӯзи баъди муроҷиати онҳо барои пардохти ҷуброни суғурта ё маблағи суғурта иттилоъ дода шуда, раддия бояд сабаби дақиқ асоснокшударо дар бар гирад.
  2. Раддияи пардохти ҷуброни суғурта ё маблағи суғурта аз ҷониби суғуртакунанда бо усули нисбат ба ӯ пешниҳод кардани даъво ба суд мавриди баҳс қарор дода шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 1052. Пардохти маблағи суғурта оид ба  шартномаи суғуртаи шахсӣ

  1. Маблағи суғурта тибқи шартномаи суғуртаи шахсӣ сарфи назар аз маблағи ба суғурташаванда, шахси суғурташуда ё бадастоварандаи фоида оид ба суғуртаи иҷтимоӣ, таъминоти иҷтимоӣ, оид ба дигар шартномаҳои суғурта ё тибқи ҷуброни зарар тааллуқдошта ба шахсе пардохта мешавад, ки ба манфиати вай шартнома (қисми 2 моддаи 1020) баста шудааст.
  2. Маблағи суғурта тибқи шартномаи суғуртаи шахсӣ, ки ба ворисони шахси суғурташуда мувофиқи асосҳои қисми 2 моддаи 1020 ҳамин Кодекс пардохта мешавад, ба таркиби мероси шахси суғурташуда дохил намешавад.

 

Моддаи 1053. Ба суғуртакунанда гузаштани ҳуқуқи суғурташаванда барои ҷуброни зарар  (суброгатсия)

  1. Агар шартномаи суғуртаи амвол ё қонун тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, ба суғуртакунандае, ки ҷуброни суғуртаро пардохтааст, дар доираи маблағҳои пардохташуда ҳуқуқи талаби суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) нисбат ба шахсе, ки барои расонидани зарари дар натиҷаи суғурта ҷуброншуда масъулият дорад, мегузарад.
  2. Ҳуқуқи талаби ба суғуртакунанда гузашта аз ҷониби ӯ бо риояи қоидаҳое, ки муносибати байни суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) ва шахси масъули зарарро танзим менамояд, татбиқ карда мешавад.
  3. Суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) вазифадор аст ба суғуртакунанда тамоми ҳуҷҷат ва далелҳоро супорида, ба ӯ тамоми маълумотеро, ки ҷиҳати татбиқи ҳуқуқи талаботи гузашт барояш зарур мебошанд, иттилоъ диҳад.
  4. Агар суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) аз ҳуқуқи талаби худ нисбат ба шахси масъули зараре, ки суғуртакунанда ҷуброн кардааст, даст кашад ё анҷом додани ин ҳуқуқ бо гуноҳи суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) имконнопазир гардад, суғуртакунанда аз пардохти ҷуброни суғурта пурра озод мегардад.

 

Моддаи 1054. Аз нав суғурта кардан

  1. Таваккали пардохти ҷуброни суғурта ё маблағи суғурта, ки суғуртакунанда мувофиқи шартномаи суғурта ба зиммаи худ қабул кардааст, метавонад аз ҷониби ӯ пурра ё қисман дар назди дигар суғуртакунанда (суғуртакунандагон) тибқи шартномаи бо охирин басташуда аз нав суғурта карда шавад.
  2. Нисбат ба шартномаи аз нав суғурта кардан, қоидаҳои ҳамин боб, ки бояд нисбат ба суғуртаи фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда шавад, татбиқ мегардад. Дар айни замон суғуртакунанда оид ба шартномаи суғурта (шартномаи асосӣ), ки шартномаи аз нав суғурта карданро бастааст, дар ҳамин шартнома охирин суғурташаванда ба ҳисоб меравад.
  3. Ҳангоми аз нав суғурта кардан оид ба шартномаи асосии суғурта ҷиҳати пардохти ҷуброни суғурта ё маблағи суғурта суғуртакунанда дар назди суғурташаванда масъул боқӣ мемонад.

Вале ҳангоми барҳам додани ташкилоти суғурта, ки оид ба шартномаи асосӣ суғуртакунанда ба ҳисоб меравад, то фаро расидани ҳодисаи суғурта ҳуқуқ ва ӯҳдадории ӯ оид ба ҳамин шартнома дар қисмати аз нав суғуртакардашуда ба зиммаи суғуртакунандаи  шартномаи аз нав суғурта кардан мегузарад.

  1. Ба таври муттасил бастани як ё якчанд шартномаи аз нав суғурта кардан иҷозат дода мешавад. Ҳар яке аз чунин шартномаҳо нисбат ба шартномаи минбаъдаи аз нав суғурта кардан шартномаи асосии суғурта ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 1055. Суғуртаи мутақобила

  1. Шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ метавонанд амволи худ ё дигар манфиатҳои амволии дар қисми 2 моддаи 1015 ҳамин боб зикршударо дар асоси мутақобила, бо роҳи дар ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила муттаҳид намудани маблағҳои барои ин зарурӣ суғурта кунанд.
  2. Ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила суғуртаи амвол ва дигар манфиатҳои амволии аъзои худро анҷом дода, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд.

Мушаххасоти вазъи ҳуқуққии ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила ва шарти фаъолияти онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс, қонуни суғуртаи мутақобила муайян карда мешавад.

  1. Аз ҷониби ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила суғурта кардани амвол ва манфиатҳои амволии аъзои худ, агар дар ҳуҷҷатҳои муассисии ҷамъият дар чунин ҳолатҳо бастани шартномаи суғурта пешбинӣ нагардида бошад, мустақиман, дар асоси узвият анҷом дода мешавад.

Қоидаҳои ҳамин боб нисбат ба суғурта байни ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила ва аъзои он истифода бурда мешавад, зеро дар қонуни суғуртаи мутақобила, ҳуҷҷатҳои муассисии ҷамъияти дахлдор ё қоидаҳои тибқи он муқарраргардидаи суғурта тартиби дигаре пешбинӣ нашудааст.

  1. Анҷом додани суғуртаи ҳатмӣ бо роҳи суғуртаи мутақобила танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни суғуртаи мутақобила иҷозат дода мешавад.
  2. Ҷамъияти суғуртаи мутақобила метавонад ба сифати суғуртакунанда суғуртаи манфиати ашхосеро, ки узви он намебошанд, агар чунин фаъолияти суғурта дар ҳуҷҷатҳои муассисии он пешбинӣ гардида бошад, агар ҷамъият дар шакли ташкилоти тиҷоратӣ таъсис ёфта бошад, барои анҷом додани суғуртаи навъи муайян иҷозатнома (литсензия) дошта бошад ва ба дигар талаботи муқаррарнамудаи қонун оид ба ташкили фаъолияти суғурта ҷавобгӯ бошад, анҷом диҳад.

Суғуртаи манфиатҳои ашхосе, ки узви ҷамъияти суғуртаи мутақобила намебошанд, аз ҷониби ҷамъият тибқи шартнома мувофиқи қоидаҳои ҳамин боб анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 1056. Суғуртаи ҳатмии давлатӣ

  1. Бо мақсади таъмини манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва манфиатҳои давлат тибқи қонун суғуртаи ҳатмии давлатии ҳаёт, саломатӣ ва амволи гурӯҳҳои муайяни маъмурин (хизматчиён)-и давлатӣ пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

Суғуртаи ҳатмии давлатӣ аз ҳисоби маблақғое, ки барои чунин мақсад аз буҷети давлат ҷудо карда мешаванд, сурат мегирад.

  1. Суғуртаи ҳатмии давлатӣ мустақиман дар асоси қонунҳо оид ба чунин суғурта, ки дар ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ташкилотҳoи суғуртаи давлатӣё дигар мақомоти давлатӣ (суғуртакунандагон) зикр намудаанд ё дар асоси шартномаи суғурта, ки мутобиқи ҳамин ҳуҷҷатҳо байни суғурташаванда ва суғуртакунанда баста мешавад, сурат мегирад.
  2. Қоидаҳои ҳамин боб нисбат ба суғуртаи ҳатмии давлатӣ татбиқ мегардад, зеро дар қонун оид ба чунин суғурта тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст ва аз моҳияти муносибатҳои дахлдори вобаста ба суғурта барнамеояд.

 

Моддаи 1057. Истифодаи қоидаҳои умумии суғурта нисбат ба навъҳои махсуси суғурта

Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин боб нисбат ба суғуртаи инвеститсияҳои хориҷӣ аз таваккали ғайритиҷоратӣ, суғуртаи баҳрӣ, суғуртаи тиббӣ, суғуртаи пасандозҳои бонк ва  суғуртаи нафақа истифода бурда мешаванд, зеро дар қонун оид ба чунин навъи  суғуртаҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст.

 

БОБИ 52. Фаъолияти якҷоя (ширкати оддӣ)

 

Моддаи 1058. Шартномаи фаъолияти якҷоя (ширкати оддӣ)

  1. Тибқи шартномаи фаъолияти якҷоя ширкати оддӣ (шартнома оид ба фаъолияти якҷоя) ду ё зиёда ашхосе, ки шарикон номида мешаванд, ӯҳдадор мегарданд ҳиссаҳои худро муттаҳид намуда, якҷоя, бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ барои ба даст овардани фоида ё ноил шудан ба мақсади дигар, ки хилофи қонун намебошад, амал кунанд.
  2. Шартномаи фаъолияти якҷоя бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
  3. Тарафҳои шартномаи фаъолияти якҷоя, ки ҷиҳати анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ баста мешавад, танҳо соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) ташкилотҳои тиҷоратӣ буда метавонанд.

 

Моддаи 1059. Ҳиссаи шарикон

  1. Ҳиссаи шарик ҳамаи он чизе, ки ӯ ба манфиати кори умум гузаронидааст, аз ҷумла пул, амволи дигар, дониши касбӣ ва дониши дигар, малака ва маҳорат, инчунин эътибори корӣ ва робитаҳои корӣ ба ҳисоб мераванд.
  2. Агар аз шартнома ё ҳолатҳои воқеӣ тартиби дигаре барнаояд, ҳиссаи шарикон баробар тахмин карда мешавад. Арзёбии арзиши пулии ҳиссаи шарик тибқи созишномаи байни шарикон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 1060. Амволи умумии шарикон

  1. Амволи додаи шарикон, ки онро тибқи ҳуқуқи моликият соҳиб буданд, инчунин маҳсулоти дар натиҷаи фаъолияти муштарак истеҳсолгардида, маҳсул ва даромади аз чунин фаъолият бадастовардашуда моликияти умумии ҳиссавии онҳо эътироф мегардад, зеро дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст.

Амволи таҳти моликияти умумии ҳиссавии шарикон қарордошта, инчунин талаботи умумии онҳо ва ҳуқуқҳои мустаснои умумии онҳо амволи умумии шариконро ташаккул медиҳад. Амволи умумӣ ба манфиати ҳамаи шарикон истифода бурда мешавад.

  1. Пешбурди баҳисобгирии муҳосибавии амволи умумӣ метавонад ба яке аз шахси ҳуқуқии иштирокчиёни ширкат супурда шавад.
  2. Истифодаи амволи умумии шарикон бо мувофиқаи умумии онҳо ва дар сурати ба мувофиқа нарасидан, тибқи тартиби муқаррарнамудаи суд сурат мегирад.
  3. Ӯҳдадории шарикон оид ба эҳтиёти амволи умум ва тартиби ҷуброни хароҷоти вобаста ба иҷрои ин ӯҳдадориҳо дар шартнома пешбинӣ карда мешавад.

 

Моддаи 1061. Пешбурди корҳои умумии шарикон

  1. Пешбурди корҳои умумии иштирокчиёни шартнома оид ба фаъолияти якҷоя тибқи тартиби пешбининамудаи шартнома анҷом дода мешавад.
  2. Ҳангоми пешбурди корҳои умумӣ, агар дар шартнома муқаррар нагардида бошад, ки ҳамаи иштирокчиёни он корро якҷоя пеш мебаранд ва ё пешбурди кор ба иштирокчиёни алоҳида супурда шудааст, ҳар як шарик ҳуқуқ дорад аз номи шарикони худ баромад кунад.

Ҳангоми пешбурди яҷояи кор барои анҷом додани ҳар як аҳд  розигии шарикон талаб карда мешавад.

  1. Дар муносибат бо ашхоси сеюм салоҳияти шарик дар мавриди аз номи шарикон бастани аҳд тибқи ваколатномае, ки ба ӯ шарикон додаанд, тасдиқ карда мешавад ё аз шартномаи ширкати оддӣ чунин аён мегардад.
  2. Дар муносибат бо ашхоси сеюм шарикон наметавонанд ба маҳдуд будани ҳуқуқ оиди пешбурди корҳои умумии шарике, ки аҳдро анҷомдода, ба истиснои ҳолате ки агар онҳо исбот намоянд, ки ҳангоми бастани аҳд дар мавриди мавҷудияти чунин маҳдудият шахси сеюм медонист ё бояд қаблан медонист, истинод намоянд.
  3. Шарике, ки аз номи тамоми шарикон аҳдҳо бастааст ва нисбат ба онҳо ҳуқуқи ӯ барои пешбурд маҳдуд гардида буд ё ба манфиати шарикон аҳдро аз номи худаш бастааст, агар зарурати ин аҳд дар мӯҳлатҳои қобили қабул аз ҷониби иштирокчиёни дигар мавриди баҳс қарор нагирифта бошад, ба ҷуброни маблағҳои хароҷоти аз ҳисоби худ масрафнамудааш ҳуқуқ дорад.

Агар бо чунин аҳдҳо ба шарикони дигар зарар расонида шуда бошад, онҳо ҳуқуқ доранд ҷуброни зарарро талаб намоянд.

  1. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қарорҳои марбут ба корҳои умумӣ аз ҷониби шарикон бо мувофиқаи умум қабул карда мешаванд.
  2. Иштирокчиёни шартномае, ки барои пешбурди корҳои умумӣ ваколатдор шудаанд, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба подошпулии алоҳида ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 1062. Ҳуқуқи шарик ба маълумот

Ҳар як шарик, сарфи назар аз он ки барои пешбурди корҳои умумӣ салоҳият дорад ё на, ҳуқуқ дорад бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешбурди кор  шинос шавад. Рад кардани чунин ҳуқуқ ё маҳдуд кардани он, аз ҷумла бо мувофиқаи шарикон, иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 1063. Хароҷоти умумӣ, зарар ва масъулияти  шарикон

  1. Тартиби пӯшонидани хароҷот ва зарари вобаста ба фаъолияти якҷояи шарикон тибқи созишномаи байни онҳо муайян карда мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин созишнома ҳар як шарик хароҷот ва зарари худро мутаносибан ба арзиш ҳиссаи ӯ дар кори умумӣ ба зимма дорад.

Созишномае, ки яке аз шариконро аз  иштирок дар пӯшонидани хароҷот ё зарар озод мекунад, иҷозат дода намешавад.

  1. Агар шартномаи фаъолияти якҷоя бо фаъолияти соҳибкории анҷомдодашавандаи аъзои он иртибот надошта бошад, дар он сурат вобаста ба ӯҳдадории шартномавии умумӣ ҳар як шарик мутаносибан ба арзиши ҳиссаи он дар кори умумӣ ҷавобгӯ мебошад.

Оид ба ӯҳдадориҳои умумӣ, ки аз шартнома ба миён наомадааст, шарикон муштарак ҷавобгар мебошанд.

Агар шартномаи фаъолияти якҷоя бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби иштирокчиёни он алоқаманд бошад, оид ба ӯҳдадориҳои умумӣ шарикон муштарак ҷавобгар мебошанд.

 

Моддаи 1064. Тақсими фоида

Фоидаи дар натиҷаи фаъолияти якҷоя бадастовардаи шарикон, агар дар шартнома ё дигар созишномаи шарикон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, мутаносибан ба арзиши ҳиссаи шарикон ба кори умумӣ тақсим карда мешавад.  Созишнома дар мавриди аз иштирок дар фоида бартарф кардани яке аз шарикон иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 1065. Ҷудо кардани ҳиссаи шарик бо талаби кредитори он

Кредитори иштирокчии шартномаи фаъолияти якҷоя ҳуқуқ дорад оид ба ҷудо кардани ҳиссаи ӯ дар амволи умумӣ тибқи моддаи 303 ҳамин Кодекс талабот пешниҳод намояд.

 

Моддаи 1066. Қатъи шартномаи фаъолияти якҷоя

  1. Шартномаи фаъолияти якҷоя дар ҳолатҳои зайл қатъ мегардад:

1) дар натиҷаи бедарак ғоиб шуда, ғайри қобили амал ё қобили маҳдуди амал эълон кардани яке аз шарикон;

2) дар натиҷаи ғайри қобили пардохт (муфлис) эълон кардани яке аз шарикон;

3) дар натиҷаи фавти яке аз шарикон ё барҳам додан ё аз нав ташкилшавии шахси ҳуқуқии иштирокчии шартнома, агар дар шартнома ё созишномаи минбаъда нигоҳ доштани шартнома дар муносибат байни шарикони дигар ё иваз кардани шарики фавтида (шахси ҳуқуқии аз нав ташкилшуда) бо ворисони он (ворисони ҳуқуқӣ) пешбинӣ нагардида бошад;

4) дар натиҷаи аз иштирок дар шартномаи бемӯҳлати фаъолияти якҷоя даст кашидани яке аз шарикон;

5) дар натиҷаи бекор кардани шартномаи фаъолияти якҷояи бо зикри мӯҳлат басташуда, тибқи талаби яке аз шарикон дар муносибати байни ӯ ва шарикони дигар;

6) дар натиҷаи бекор кардани шартномаи фаъолияти якҷоя бо созишномаи тарафҳо;

7) дар натиҷаи гузашти мӯҳлати шартномаи фаъолияти якҷоя;

8) дар натиҷаи ноил шудан ба мақсадҳои шартномаи фаъолияти якҷоя ё фарорасии шароите, ки ноил шудан ба ин мақсадҳоро имконнопазир мегардонад;

9) дар натиҷаи ҷудо кардани ҳиссаи шарик бо талаби кредитори он;

10) тибқи асосҳои дигаре, ки ҳамин Кодекс ё шартномаи фаъолияти якҷоя пешбинӣ намудаанд.

Дар шартномаи фаъолияти якҷоя ё созишномаи минбаъдаи иштирокчиён дар ҳолатҳои дар бандҳои якум, дуюм, чорум, панҷум ва нуҳуми ҳамин қисм зикргардида нигоҳ доштани шартнома дар муносибат байни дигар шарикон пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

  1. Ҳангоми қатъи шартномаи фаъолияти якҷоя ашёе, ки барои соҳибии умум ва (ё) истифодаи шарикон дода шуда буд, бидуни подошпулӣ ба шарикони онҳоро фароҳамоварда баргардонида мешавад, зеро дар созишномаи тарафҳо тартиби дигар пешбинӣ нагардидааст.

Аз лаҳзаи қатъи шартномаи фаъолияти якҷоя иштирокчиёни он вобаста ба иҷро накардани ӯҳдадориҳои умумӣ дар назди ашхоси сеюм масъулияти муштарак доранд.

Тақсими амволи таҳти моликияти умумии шарикон қарордошта ва ҳуқуқҳои умумии талаби байни онҳо бамиёномада тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 302 ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад.

Шарике, ки ба моликияти умумӣ ашёи инфироди муайяншударо фароҳам овардааст, ҳуқуқ дорад ҳангоми қатъи шартномаи фаъолияти якҷоя, бо шарти риояи манфиатҳои шарикони боқимонда ва  кредиторон ба ӯ баргардонидани ин ашёро талаб кунад.

Моддаи 1067. Радд кардани шартномаи бемӯҳлати фаъолияти якҷоя

Ариза дар мавриди шартномаи бемӯҳлати фаъолияти якҷояро рад кардани шахс бояд аз ҷониби чунин шахс дар мӯҳлати на дертар аз се моҳ то лаҳзаи эҳтимолии аз шартнома баромадан, агар дар шартнома мӯҳлати дигар пешбинӣ нагардида бошад, арз карда шавад.

Созишнома дар хусуси маҳдуд кардани ҳуқуқи радди шартномаи бемӯҳлати фаъолияти якҷоя иҷозат дода намешавад.

Моддаи 1068. Бекор кардани шартномаи фаъолияти  якҷоя бо талаби тарафҳо

Дар баробари асосҳои дар банди 1 қисми 2 моддаи 482 ҳамин Кодекс зикргардида тарафи шартномаи фаъолияти якҷояе, ки бо зикри мӯҳлат ё бо зикри мақсад ба сифати шарти бекор сохтан баста шудааст, ҳуқуқ дорад бо сабабҳои узрнок дар муносибати байни худ ва дигар шарикон бекор кардани шартномаро бо ҷуброни зарари воқеии вобаста ба бекор кардани шартнома ба шарикони боқимонда расонидашуда, талаб кунад.

 

Моддаи 1069. Масъулияти шарике, ки аз шартнома даст кашидааст ё бекор кардани онро  талаб кардааст

Дар сурате ки агар шартномаи фаъолияти якҷоя дар натиҷаи аризаи яке аз иштирокчиёни он вобаста ба радди иштироки минбаъда дар он ё бекор кардани шартнома бо талаби яке аз шарикон қатъ нагардидааст, ё иштироки он дар шартнома қатъ гардидааст, ӯ дар назди ашхоси сеюм оид ба ӯҳдадориҳои умумӣ, ки дар давраи иштирокаш дар шартнома ба миён омадааст, ҳамон тавре, ки агар вай ҳамчун иштирокчии шартномаи фаъолияти якҷоя боқӣ монад ҳам, ҷавобгар мебошад.

 

БОБИ 53. Озмуни оммавӣ

 

Моддаи 1070. Ташкили озмуни оммавӣ

  1. Шахсе, ки ба таври оммавӣ дар мавриди пардохти подошпулӣ ё додани дигар мукофот (оид ба пардохти мукофот) барои иҷрои беҳтарини кор ё ба даст овардани натиҷаҳои дигар (озмуни оммавӣ) эълон кардааст, бояд ба шахси тибқи шартҳои гузаронидани озмун ғолиб эътирофгардида мукофоти қайду шартшударо пардозад.
  2. Озмуни оммавӣ, ҳангоме ки пешниҳоди ташкилкунандаи озмун дар хусуси иштирок дар озмун ба ҳамаи иштирокчиён нигаронида шудааст ва он бо роҳи эълон дар матбуот ё дигар воситаҳои ахбори умум дастрас гардидааст, озмуни кушода ва агар пешниҳоди иштирок ба озмун ба гурӯҳи муайяни ашхос тибқи интихоби ташкилкунандаи озмун фиристода шавад, пӯшида буданаш мумкин аст.

Озмуни кушода метавонад бо дарназардошти  дараҷaи тахассусии ( маҳорати) қаблии иштирокчиёни он, ҳангоме, ки ташкилкунандаи озмун интихоби қаблии ашхоси  барои иштирок дар озмун хоҳишмандро муайян месозад, қайду шарт карда шавад.

  1. Эълони озмуни оммавӣ бояд шартҳоеро, ки моҳияти вазифа, меъёр ва тартиби арзёбии натиҷаҳои кор ё дигар комёбиҳо, маҳал, мӯҳлат ва тартиби пешниҳоди он, андоза ва навъи мукофот, ҳамчунин тартиб ва мӯҳлати эълони натиҷаҳоро пешбинӣ менамояд, дар бар гирад.
  2. Нисбат ба озмуни оммавӣ, ки бо ғолиби он бастани шартномаро пешбинӣ менамояд, қоидаҳои ҳамин боб истифода мегарданд, зеро дар моддаҳои 479-481 ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ нагардидааст.

 

Моддаи 1071. Тағйир додани шарт ва бекор  кардани озмуни оммавӣ

  1. Шахсе, ки дар бораи гузарондани озмуни оммавӣ эълон додааст, ҳуқуқ дорад танҳо дар ҷараёни қисмати аввали мӯҳлати барои пешниҳоди корҳо муқарраргардида шарти озмунро тағйир диҳад ё онро бекор кунад.
  2. Огоҳинома дар мавриди тағйир додани шарт ё бекор кардани озмун бояд бо ҳамон усуле, ки озмун эълон карда шуда буд, сурат гирад.
  3. Дар сурати иваз кардани шарти озмун ё бекор кардани он шахси озмунро эълоннамуда бояд хароҷоти ҳар шахсеро, ки пурра ё қисман кори дар огоҳиномаи озмун пешбинишударо анҷом додааст, ҷуброн намояд.
  4. Агар ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани озмун талаботи дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда вайрон карда шуда бошанд, шахсе, ки дар бораи гузаронидани озмун эълон додааст, бояд зарари дар натиҷаи он ба иштирокчиёни озмун расонидашударо ҷуброн намояд.
  5. Шахсе, ки дар бораи гузаронидани озмун эълон додааст, агар исбот карда тавонад, ки кори зикргардида баръало ба шартҳои озмун мувофиқ набуд, аз ҷуброни хароҷот ва зарари пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда озод карда мешавад.

 

Моддаи 1072. Қарор дар бораи пардохти мукофот

  1. Қарор дар бораи пардохти мукофот ба ғолиби озмун бояд бароварда шуда, тибқи тартиб ва мӯҳлати дар эълони озмун муқарраргардида ба иттилои иштирокчиёни озмуни оммавӣ расонида шавад.
  2. Агар комёбиҳои дар эълон зикргардида дар коре ба даст оварда шуда бошад, ки онро ба таври муштарак ду ё зиёда ашхос анҷом дода бошад, мукофот тибқи созишномаи байни онҳо баробар тақсим карда мешавад. Агар чунин созишнома ба мувофиқа нарасида бошад, тартиби тақсими мукофотро суд муайян мекунад.

 

Моддаи 1073. Истифодаи асарҳои илмӣ, адабӣ ва санъат, ки ғолиби озмуни оммавӣ гардидаанд

Агар мавзӯи озмуни оммавӣ асарҳои илмӣ, адабӣ ва санъат бошанд, шахси озмунро эълоннамуда барои бастани шартнома бо муаллифи асар дар хусуси истифодаи асар бо пардохти ҳаққи қалам, агар дар шартҳои озмун тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқи афзалиятнокро пайдо мекунад.

 

Моддаи 1074. Ба  иштирокчиёни озмун баргардонидани корҳои пешниҳодшуда

Шахсе, ки оид ба озмуни оммавӣ эълон додааст, агар дар шарти озмун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз хусусиёти кори иҷрошуда барнаояд, ӯҳдадор аст, ки ба иштирокчиёни озмун асарҳои сазовори мукофот донистанашударо баргардонад.

 

БОБИ 54. Ба таври оммавӣ эълон кардани мукофот 

1. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1075. Ӯҳдадории пардохти мукофот

  1. Шахсе, ки барои ҳар каси амали қонунии дар эълон зикргардидаро дар мӯҳлати дар он зикршуда анҷом доданаш супоридани подошпулӣ ё мукофоти дигар (дар бораи пардохти мукофот)-ро ба таври оммавӣ эълон намудааст, вазифадор аст ба ҳар каси чунин амалро анҷомдода, аз ҷумла ашёи гумшударо пайдонамуда ва ё ба шахси эълоннамудаи мукофот маълумоти заруриро иттилоъ дода, мукофоти ваъдашударо пардозад.
  2. Агар дар эълони оммавии мукофот андозаи он муайян нагардида бошад, он тибқи созишнома бо шахсе, ки эълонро додааст ва дар сурати баҳс аз тариқи суд муайян карда мешавад.
  3. Ӯҳдадории пардохти мукофот, сарфи назар аз он ки амали дахлдор вобаста ба эълон анҷом дода шудааст ё бидуни он, ба миён меояд.
  4. Дар ҳолатҳое ки амали дар эълон зикршударо якчанд шахс анҷом додаанд, ҳуқуқи гирифтани мукофотро шахсе ба даст меорад, ки аввалин шуда амали дахлдорро иҷро кардааст.

Агар амали дар эълон зикршударо ҳамзамон ду ё зиёда ашхос анҷом дода бошанд, мукофот байни онҳо баробар ё  тибқи  тартиби дигари дар созишномаи байни онҳо пешбинигардида тақсим карда мешавад.

  1. Агар дар эълон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад ва аз хусусияти амали дар он зикршуда барнаояд, мутобиқати иҷрои амал бо талаботи дар эълон ҷойдошта аз ҷониби шахсе, ки ба таври оммавӣ мукофотро эълон намудааст ва дар сурати баҳс аз ҷониби суд муайян карда мешавад.

 

Моддаи 1076. Бекор кардани эълони оммавии мукофот

  1. Шахсе, ки ба таври оммавӣ дар бори пардохти мукофот эълон кардааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар худи эълон пешбинӣ гардидааст ё дар он имконнопазирии радди он зикр шудааст ё барои иҷрои амал, ки барои он мукофот ваъда шудааст, мӯҳлати муайян муқаррар гардидааст ё то лаpҳзаи эълони рад як ё якчанд шахс аллакай амали дар эълон зикршударо анҷом додаанд, ҳуқуқ дорад бо ҳамон усул аз ваъдаи худ даст кашад.
  2. Бекор кардани ваъдаи оммавии мукофот шахси дар бораи мукофот эълондодаро аз ҷуброни хароҷоти шахсе, ки вобаста ба амали дар эълон зикргардида масраф намудааст, озод намекунад. Андозаи хароҷот дар ҳар сурат наметавонад аз мукофоти дар эълон ваъдашуда бештар бошад.

 

2. Хусусиятҳои гузаронидани бозиҳо ва шартҳо

 

Моддаи 1077. Талаботи вобаста ба ташкили бозиҳо, шартҳо ва иштирок дар онҳо

Талаботи шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ вобаста ба ташкил намудани бозиҳо ва шартҳо, ки ба таваккал асос ёфтаанд (бозиҳои сархушкунанда ва шартҳо) ё иштирок дар онҳо, ба истиснои талаботи ашхоси дар ин бозиҳо ё шартҳо таҳти таъсири фиреб, зӯроварӣ, таҳдид ё созишномаи риёкоронаи намояндагони онҳо бо ташкилотчиёни бозиҳо ё шартҳо иштироккарда ва талаботе, ки аз муносибатҳои дар моддаи 1098 ҳамин Кодекс бармеояд, таҳти ҳимояи судӣ қарор дода намешаванд.

 

Моддаи 1078. Хусусиятҳои гузаронидани лотерея, тотализаторҳо ва бозиҳои дигар аз ҷониби давлат ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ

  1. Муносибати байни давлат, сохторҳои маъмурию марзӣ ё шахсе, ки аз мақоми ваколатдори давлатӣ барои гузаронидани лотерея, тотализаторҳо (шартҳои байниҳамдигарӣ) ва дигар мусобиқоти ба таваккал асосёфта бо иштирокчиёни бозиҳо иҷозатнома (литсензия) гирифтааст, ба шартнома асос меёбад. Чунин шартнома бо додани лотерея, квитансия ё ҳуҷҷати дигар ба расмият дароварда шуда, аз лаҳзаи аз ҷониби иштирокчӣ пардохтани арзиши билети лотерея ё шакли дигари пардохти маблағи бозӣ басташуда эътироф мегардад.
  2. Ба ашхосе, ки мутобиқи шартҳои гузаронидани лотерея, тотализатор ё дигар бозиҳо ғолиб эътироф мегарданд, ташкилотчии бозӣ бояд бурди дар шарти бозӣ пешбинишударо тибқи андоза, шакл (бо пул ё дар шакли асл) ва дар мӯҳлатҳои муайяншуда ва агар мӯҳлат зикр нагардида бошад, дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз аз лаҳзаи ҷамъбасти натиҷаи бозиҳо пардозад.
  3. Дар сурати аз ҷониби ташкилотчии бозӣ риоя накардани ӯҳдадориҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида иштирокчие, ки дар лотерея ё тотализатор ё бозии дигар бурд кардааст, ҳуқуқ дорад пардохти бурд, инчунин ҷуброни зарари вобаста ба вайрон кардани шартнома аз ҷониби ташкилотчии бозӣ расонидашударо талаб намояд.

 

БОБИ  55. Ӯҳдадориҳо вобаста ба расонидани зарар 

1. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1079. Асосҳои умумии масъулият барои расонидани зарар

  1. Зараре, ки бо амал (беамалӣ)-и ғайриқонунӣ ба шахс ё амволи шаҳрванд, инчунин ба шахси ҳуқуқӣ, давлат расонида шудааст, бояд дар ҳаҷми пурра аз ҷониби шахсе, ки зарар расонидааст, ҷуброн карда шавад.

Қонун метавонад ӯҳдадории ҷуброни зарарро ба зиммаи шахсе гузорад, ки зараррасон намебошад.

Мувофиқи қонун ё шартнома масъулияти баландтари зараррасон ё андозаи баландтари ҷуброни зарар муқаррар шуданаш мумкин аст.

  1. Зараррасон, агар исбот намояд, ки зарар бо гуноҳи ӯ расонида нашудааст, аз ҷуброни зарар озод карда мешавад. Қонун метавонад ҷуброни зарарро дар сурати гуноҳ надоштани зараррасон низ пешбинӣ намояд.
  2. Зарари бо амали қонунӣ расонидашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун бояд ҷуброн карда шавад.

 

Моддаи 1080. Пешгирии расонидани зарар

  1. Хатари дар оянда расонидани зарар барои арзи даъво ҷиҳати манъи амале, ки боиси расонидани зарар мегардад, асос буда метавонад.
  2. Агар зарари расонидашуда аз оқибатҳои истифодаи корхона, иншоот ё дигар фаъолияти истеҳсолӣ ба миён омада бошад, ки зараррасониро идома медиҳад ё бо зарари нав таҳдид мекунад, суд ҳуқуқ дорад ҷавобгарро бар замми ҷуброни зарар, инчунин ба қатъи фаъолияти дахлдор ӯҳдадор созад.
  3. Суд, агар қатъ гардонидани фаъолият хилофи манфиати ҷомеа бошад, метавонад даъворо вобаста ба фаъолияти дахлдор рад намояд. Радди қатъи чунин фаъолият ҷабрдидагонро аз ҳуқуқи ситонидани ҷуброни зарари вобаста ба фаъолият расонидашуда маҳрум намесозад.

 

Моддаи 1081. Расонидани зарар дар ҳолати  мудофиаи зарурӣ

Зарари дар ҳолати мудофиаи зарурӣ расонидашуда, агар дар айни замон гузаштан аз ҳадди мудофиа сурат нагирифта бошад, ҷуброн карда намешавад.

 

Моддаи 1082. Расонидани зарар дар ҳолати ниҳояти зарурат

Зарари дар ҳолати ниҳояти зарурат, яъне рафъи хатари ба худи зараррасон ё дигар ашхос таҳдидкунанда расонида шуда, агар рафъи ин таҳдид дар ҳамин ҳолат бо усули дигар имконнопазир бошад, бояд аз ҷониби шахси зараррасон ҷуброн карда шавад.

Бо назардошти ҳолате ки вобаста ба он чунин зарар расонида шудааст, суд метавонад ӯҳдадории ҷуброни зарарро ба зиммаи шахси сеюм, ки ба манфиати он зараррасон амал кардааст, гузорад ё ҳам зараррасон ва ҳам шахси сеюмро пурра ё қисман аз ҷуброни зарар озод кунад.

 

Моддаи 1083. Масъулияти шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванд барои зараре, ки корманди он расонидааст

  1. Шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванд зарареро, ки корманди он ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнати (хизматӣ, вазифавӣ)-и худ расонидааст, ҷуброн менамояд.
  2. Дар иртибот бо муқаррароти ҳамин Кодекс оид ба ӯҳдадориҳои вобаста ба ҷуброни зарар кормандон он шаҳрвандоне эътироф карда мешаванд, ки корҳоро дар асоси шартномаи меҳнатӣ (қарордод), инчунин дар асоси шартномаи ҳуқуқи гражданӣ ба ҷо меоранд, агар дар айни ҳол онҳо тибқи вазифа ё таҳти назорати шахси дахлдори ҳуқуқӣ ё шаҳрванди масъули пешбурди бехатари корҳо амал кардаанд ё мебоист амал кунанд.

Ширкатҳои хоҷагидорӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ зарареро, ки иштирокчиён (аъзо)-и он ҳангоми аз ҷониби охирин анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсолӣ ё навъи дигари фаъолияти ширкат ё кооператив расонидаанд, ҷуброн менамоянд.

 

Моддаи 1084. Масъулият барои зараре, ки мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, инчунин ашхоси мансабдори онҳо расонидаанд

  1. Зарари дар натиҷаи аз ҷониби мақомоти давлатӣ баровардани санади ба қонунҳо номувофиқ расонидашуда сарфи назар аз гуноҳи мақомот ё ашхоси мансабдоре, ки санадро баровардааст, бо қарори суд ҷуброн карда шавад. Зарар аз ҳисоби хазинаи давлат (моддаи 151) ҷуброн карда мешавад.
  2. Зараре, ки тавассути амал (беамалӣ)-и ғайриқонунии ашхоси мансабдори мақомоти давлатӣ дар соҳаи идораи маъмурӣ расонида шудааст, тибқи асосҳои умумӣ (моддаи 1100), аз ҳисоби маблағҳои пулии дар ихтиёри ин мақомот қарордошта, ҷуброн карда мешавад. Ҳангоми нокифоя будани онҳо зарар ба таври субсидиарӣ аз ҳисоби буҷети давлат ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 1085. Мақомот ва ашхосе, ки ҳангоми ҷуброни зарар аз ном ва ҳисоби хазина баромад  мекунанд

Дар ҳолатҳое ки мутобиқи ҳамин Кодекс, дигар қонунҳо ҷуброни зарар аз ҳисоби хазинаи ҷумҳурӣ ё хазинаи сохтори мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ анҷом дода мешавад, аз номи ин хазина мақомоти дахлдори молиявӣ баромад мекунанд.

 

Моддаи 1086. Масъулият барои зараре, ки бо амали ғайриқонунии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва суд расонида шудааст

  1. Зараре, ки дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳкум намудан, ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ғайриқонунӣ ба сифати чораи пешгирикунанда истифода бурдани баҳабсгирӣ ё забонхат барои ба ҷое нарафтан, ғайриқонунӣ андешидани ҷазои маъмурӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба шаҳрванд расонида шудааст, сарфи назар аз гуноҳи шахси мансабдори мақоми таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва суд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз ҷониби давлат ба андозаи пурра ҷуброн карда мешавад.
  2. Зарари ба шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ дар натиҷаи фаъолияти дигари ғайриқонунии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва суд расонидашуда, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар асосҳои умумӣ (моддаи 1104) ҷуброн карда мешавад.
  3. Зараре, ки дар натиҷаи баровардани қарори ғайриқонунӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ расонида шудааст, дар ҳолате ҷуброн карда мешавад, ки агар гуноҳи судя тибқи қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд муқаррар гардида бошад.

 

Моддаи 1087. Ҷуброни  зарар аз ҷониби  шахси масъулияти худро суғуртанамуда

Шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванде, ки масъулияти худро тибқи тартиби суғуртаи ихтиёрӣ ё суғуртаи ҳатмӣ суғурта кардааст, ҳангоми ҷиҳати пурра ҷуброн намудани зарар нокифоя будани маблағи суғурта фарқи байни маблағи суғурта ва андозаи воқеии зарарро мепардозад.

 

Моддаи 1088. Масъулият барои зараре, ки ноболиғони то синни чордаҳсола расонидаанд

  1. Барои зараре, ки ноболиғони ба синни чордаҳсолагӣ нарасида (хурдсолон) расонидаанд, волидайни онҳо (фарзандхондагон), ё васиён, агар исбот карда натавонанд, ки зарар бо гуноҳи он расонида нашудааст, ҷавобгар мебошанд.
  2. Агар хурдсоли мӯҳтоҷи васоят дар муассисаи дахлдори тарбиявӣ, муассисаи муолиҷавӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоӣ ё дигар муассисаи шабеҳ қарор дошта бошад, ки бо ҳукми қонун васии он ба ҳисоб меравад , агар исбот карда натавонад, ки зарар бо гуноҳи ӯ содир нашудааст, ин муассиса вазифадор аст зарари расонидаи хурдсолро ҷуброн намояд.
  3. Агар хурдсол ҳангоми таҳти назорати муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, муолиҷавӣ ё дигар муассиса қарор доштанаш гуноҳ содир карда бошад ва он муассиса вазифадор буд назорати ӯро анҷом медод, инчунин хурдсол таҳти назорати шахсе буд, ки дар асоси шартнома ӯро назорат менамуд, ин муассиса ё шахс, агар исбот карда натавонанд, ки зарар бо гуноҳи онҳо расонида нашудааст, барои ин зарар ҷавобгар мебошанд.

Агар волидайн (фарзандхондагон) ё васиён фавтида бошанд ё онҳо, инчунин шаҳрвандони дигаре, ки дар қисми 3 ҳамин модда зикр шудаанд, барои ҷуброни зарари ба ҳаёт ё саломатии ҷабрдида расонидашуда маблағи кофӣ надошта бошанд ва худи зараррасон, ки пурра қобили амал гардидааст ва дорои чунин маблағ бошад, суд бо назардошти вазъи амволии ҷабрдида ва зараррасон, инчунин дигар ҳолатҳо ҳуқуқ дорад дар бораи пурра ё қисман аз ҳисоби худи зараррасон ҷуброн намудани зарар  қарор қабул кунад.

 

Моддаи 1089. Масъулият барои зараре, ки ноболиғони аз синни чордаҳсола то ҳаждаҳсола расонидаанд

  1. Ноболиғони аз синни чордаҳсола то ҳаждаҳсола барои зарари расонидаашон мустақилона, дар асосҳои умумӣ ҷавобгар мебошанд.
  2. Дар сурате, ки агар ноболиғи аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола барои ҷуброни зарар амвол ё манбаи дигари даромад надошта бошад, зарар бояд пурра ё дар қисмати нокифояи он аз ҳисоби волидайн (фарзандхондагон)-и ӯ ё парасторон, агар исбот карда натавонанд, ки зарар бо гуноҳи онҳо расонида нашудааст, ҷуброн карда мешавад.

Агар ноболиғи аз синни чордаҳсола то ҳаждаҳсола, ки мӯҳтоҷи сарпарастӣ мебошад, дар муассисаи дахлдори тарбиявӣ, муассисаи муолиҷавӣ ё муассисаи ҳифзи иҷтимоӣ ё дигар муассисаи шабеҳе қарор дошта бошад, ки бо ҳукми қонун парастори ӯ ба шумор мераванд, ин муассисаҳо, агар исбот карда натавонанд, ки зарар бо гуноҳи онҳо расонида нашудааст, ӯҳдадоранд пурра ё дар қисмати нокифояи он зарарро ҷуброн намоянд.

  1. Ӯҳдадории волидайн (фарзандхондагон), парасторон ва муассисаҳои дахлдор вобаста ба ҷуброни зарар баъди ба синни балоғат расидани зараррасон ё баъди он ки то ба синни балоғат расидан дорои амвол ё дигар манбаи даромаде мегардад, ки барои ҷуброни зарар кифоя мебошад ё то расидан ба синни балоғат қобили амал гардидааст, қатъ мегардад.

 

Моддаи 1090. Масъулияти волидайни аз ҳуқуқи волидайн маҳрумшуда барои зарари  расонидаи ноболиғон

Суд метавонад ба зиммаи падар ё модари аз ҳуқуқи волидайн маҳрумшуда масъулияти ҷуброни зарареро, ки фарзандони ноболиғи онҳо дар ҷараёни се соли баъди аз ҳуқуқи волидайн маҳрум гардидани онҳо расонидаанд, агар рафтори кӯдаке, ки боиси расонидани зарар гардидааст, оқибати ба таври муносиб анҷом надодани ӯҳдадории тарбияи фарзанд аз ҷониби волидайн бошад, гузорад.

 

Моддаи 1091. Масъулият барои зарари расонидаи шаҳрванди ғайри қобили амал эътирофгардида

  1. Зарари расонидаи шаҳрванди ғайри қобили амал эътирофгардидаро (моддаи 30) васӣ ё ташкилоте, ки вазифадор аст назорати ӯpо анҷом диҳад, агар исбот карда натавонанд, ки зарар бо гуноҳи онҳо расонида нашудааст, ҷуброн менамоянд.
  2. Ӯҳдадории васӣ ё ташкилоти ҷубронкунандаи зараре, ки аз ҷониби шаҳрванди ғайри қобили амал эътирофгардида расонида шудааст, инчунин дар ҳолати барқарор шудани қoбилияти амали ӯ низ қатъ намегардад.
  3. Агар васӣ фавтида бошад ё барои ҷуброни зарар маблағи кофӣ надошта бошад ва худи зараррасон дорои чунин маблағ бошад, суд бо дарназардошти вазъи амволии ҷабрдида ё зараррасон, инчунин ҳолатҳои дигар ҳуқуқ дорад оид ба қисман ё пурра аз ҳисоби амволи худи зараррасон ҷуброн намудани зарари ба ҳаёт ё саломатии ҷабрдида расонидашуда қарор қабул кунад.

 

Моддаи 1092. Масъулият барои зарари расонидаи шаҳрванди қобили маҳдуди амал эътирофгардида

Зарари расонидаи шаҳрванди дар натиҷаи истеъмоли машрубот ё маводи нашъадор қобили маҳдуди амал эътирофгардида (моддаи 31) аз ҷониби худи зараррасон тибқи асосҳои умумӣ ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 1093. Масъулият барои зарари расонидаи шаҳрванде, ки қобилияти дарки амалҳои худро надорад

  1. Шаҳрванди қобили амал, инчунин ноболиғи аз синни чордаҳсола то ҳаждаҳсола, агар дар ҳолате зарар расонида бошад, ки моҳияти кирдори худро дарк ё идора карда наметавонист, барои зарари расонидааш ҷавобгар намебошад.
  2. Зараррасон, агар худро ба чунин ҳолат дар натиҷаи истифодаи машрубот, маводи нашъадор ё бо усули дигар расонида бошад, аз масъулият озод карда намешавад.
  3. Агар зарар аз ҷониби шахсе расонида шуда бошад, ки дар натиҷаи бемории рӯҳӣ ё камақлӣ моҳияти амали худро дарк ё идора карда наметавонист, ӯҳдадории ҷуброни зарарро суд метавонад ба зиммаи шахси қобили меҳнати бо ӯ якҷоя зиндагикунанда: ҳамсар, волидайн, фарзандони болиғ, ки дар бораи чунин ҳолати зараррасон огоҳ буданд, вале оид ба ғайри қобили амал эътироф шудан ва таъини васояти ӯ масъала нагузоштаанд, вогузорад.

 

Моддаи 1094. Масъулият барои расонидани зарар тавассути фаъолияте, ки барои атрофиён хатари калонро ба миён меоварад

  1. Манбаи хатари калон гуфта қувваҳои физикӣ, физикӣ-химиявӣ ва биологиро меноманд, ки субъектҳои ҳуқуқи гражданӣ дар асоси ҳуқуқи ба онҳо тааллуқ доштаи моликият, пешбурди хоҷагӣ ва идораи оперативӣ ё бо асосҳои дигари иҷозатдода (шартнома, қонун, санадҳои маъмурӣ ва ғайра), ки барои атрофиён хатари калон дорад.
  2. Ашхоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне, ки фаъолияти онҳо бо хатари калон барои атрофиён алоқаманд мебошад (ташкилотҳои нақлиётӣ, корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, моликони воситаҳои нақлиёт ва ғайра), агар исбот карда натавонад, ки зарар дар натиҷаи қувваи рафънопазир ё нияти бадқасдонаи ҷабрдида рух додааст, вазифадоранд зарари тавассути манбаи хатари калон расонидашударо ҷуброн намоянд.

Ӯҳдадории ҷуброни зарар ба зиммаи шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванде гузошта мешавад, ки манбаи хатарро дар асоси ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё ҳуқуқи идораи оперативӣ ё тибқи ҳама гуна асосҳои дигари қонунӣ (шартномаи кирояи амвол, эътимоднома барои идораи воситаи нақлиёт, бо ҳукми фармоиши мақомоти салоҳиятдор оид ба интиқоли манбаъ ва ғайра)  соҳибӣ менамоянд.

  1. Соҳибони манбаъҳои хатари калон барои зарари дар натиҷаи амали мутақобилаи манбаъҳо (бархурди воситаҳои нақлиёт ва ғайра) ба ашхоси сеюм расонидашуда тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда масъулияти муштарак доранд.

Зарари дар натиҷаи амали мутақобилаи манбаъҳои хатари калон ба соҳибони он расонидашуда тибқи асосҳои умумӣ ҷуброн карда мешавад. Дар айни замон:

– зарари бо гуноҳи як тараф расонидашуда дар ҳаҷми пурра аз ҷониби ҳамин тараф ҷуброн карда мешавад;

– зарари бо гуноҳи ҳарду тараф ё якчанд тараф расонидашуда мутаносибан ба гуноҳи ҳар кадоме  аз онҳо ҷуброн  карда мешавад.

Ҳангоми имконнопазирии муқаррар намудани андозаи гуноҳи ҳар кадоме аз тарафҳо масъулият байни онҳо баробар тақсим карда мешавад.

Ҳангоми мавҷуд набудани гуноҳи тарафҳо дар зараррасонӣ ҳеҷ яке аз онҳо ҳуқуқ надоранд ҷуброни зарарро талаб намоянд. Ҳар яке аз тарафҳо дар чунин ҳолат таваккали зарари расонидашударо ба ӯҳда дорад.

  1. Соҳиби манбаъи дорои хатари калон барои зараре, ки ин манбаъ расонидааст, агар исбот карда тавонад, ки манбаъ дар натиҷаи амали ғайриқонунии ашхоси сеюм аз ихтиёри ӯ баромадааст, ҷавобгар намебошад. Дар чунин ҳолат масъулият барои зарари расонидаи манбаи дорои хатари калон ба зиммаи ашхосе вогузошта мешавад, ки зиддиқонунӣ манбаи дорои хатари калонро тасарруф намудаанд. Ҳангоми дар зиддиқонунӣ тасарруф намудани манбаи дорои хатари калон мавҷуд будани гуноҳи соҳиби он масъулият ҳам ба зиммаи соҳиби манбаъ ва ҳам ба зиммаи ашхоси манбаъро ғайриқонунӣ тасарруфнамуда вогузошта мешавад.

 

Моддаи 1095. Масъулият барои якҷоя расонидани зарар

Ашхоси якҷоя зараррасонида дар назди ҷабрдида муштарак ҷавобгар мебошанд.

Тибқи аризаи ҷабрдида ва ба манфиати ӯ суд ҳуқуқ дорад ба зиммаи ашхосе, ки якҷоя зарар расонидаанд, масъулияти ҳиссавӣ гузорад.

 

Моддаи 1096. Ҳуқуқи даъвои мутақобила (регрессӣ) ба шахсе, ки зарар расонидааст

  1. Шахсе, ки зарари расонидаи шахси дигарро ҷуброн намудааст (зарари расонидаи корманд ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ (хизматӣ, вазифавӣ, шахсе, ки воситаи нақлиётро идора менамуд ва ғайра) ҳуқуқ дорад нисбат ба ҳамин шахс ба андозаи ҷубронпулии пардохташуда, агар дар қонун андозаи дигар пешбинӣ нагардида бошад, талаботи мутақобила пешниҳод намояд.
  2. Зараррасоне, ки зарари якҷоя расонидашударо ҷуброн намудааст, ҳуқуқ дорад аз ҳар як зараррасон пардохти ҳиссаи ба ҷабрдида пардохташударо дар ҳаҷме, ки ба андозаи гуноҳи ба ҳамин зараррасон муносиб мебошад, талаб намояд. Ҳангоми имконнопазирии муайян кардани дараҷаи гуноҳ ҳиссаҳо баробар эътироф карда мешаванд.
  3. Давлат, агар он зарари расонидаи ашхоси мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва судро (қисми 1 моддаи 1086) ҷуброн намуда бошад, дар ҳолатҳои бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд муқаррар гардидани гуноҳи онҳо, ҳуқуқ дорад нисбат ба чунин ашхос даъвои мутақобила (регрессӣ) пешниҳод кунад.
  4. Мақомоти давлатии ҳифзи иҷтимоие, ки зарари ба ҷабрдида расондаро ҷуброн кардааст ҳуқуқи даъвои мутақобилаи ба ҷавобгари зарар расондаро дорад.
  5. Ашхосе, ки зарарро тибқи асосҳои дар моддаҳои 1088-1091 ҳамин боб зикр гардида ҷуброн намудаанд, ҳуқуқ надоранд нисбат ба шахси зараррасон талаботи мутақобила (регрессӣ) пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 1097. Ҳаҷм ва андозаи ҷуброни зарар

  1. Ҳаҷми зарар баробари андозаи зарари расонда шударо, ки ба камшавии ҳолати амволии ҷабрдида вобаста аст, дар бар мегирад.
  2. Андозаи ҷуброни зарар – ин миқдори муайяни товоне мебошад, ки ҷабрдида ба он талабгор аст.

 

Моддаи 1098. Усулҳои ҷуброни зарари амволӣ

Барои ҷуброни зарар қарор бароварда, суд мутобиқи ҳолатҳои парванда шахси барои расонидани зарар масъулро ӯҳдадор менамояд, ки зарари расонидашударо пурра ҷуброн намояд (қисми 2 моддаи 15) ё онро дар шакли асл баргардонад (ашёи ҳамон навъ ва дорои ҳамон сифатро пешниҳод кунад, ашёи зарардидаро барқарор намояд ва ғайра).

 

Моддаи 1099. Баҳисобгирии гуноҳи ҷабрдида ва вазъи амволи шахсе, ки зарар расонидааст1.

Зараре, ки дар натиҷаи қасди ҷабрдида расонида шудааст, ҷуброн карда намешавад.

  1. Агар беэҳтиётии дағали худи ҷабрдида боиси ба миён омадан ё афзоиши зарар гардида бошад, дар чунин сурат вобаста ба дараҷаи гуноҳи ҷабрдида ё зараррасон андозаи ҷуброн кам карда мешавад.
  2. Ҳангоми беэҳтиётии дағали ҷабрдида ва мавҷуд набудани гуноҳи зараррасон дар ҳолатҳое, ки масъулият он сарфи назар аз гуноҳ фаро мерасад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, андозаи ҷуброн бояд кам карда шавад ё ҷуброни зарар рад карда шавад.

Ҳангоми расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрванд радди ҷуброни зарар иҷозат дода намешавад.

  1. Гуноҳи ҷабрдида ҳангоми ҷуброни хароҷоти иловагӣ (қисми 1 моддаи 1101), ҳангоми ҷуброни зарар вобаста ба фавти саробон (моддаи 1104), инчунин ҳангоми ҷуброни хароҷоти маросими дафн (моддаи 1110) ба инобат гирифта намешавад.
  2. Суд метавонад ҷуброни зарари ба шаҳрванд расонидашударо ба истиснои ҳолатҳое, ки зарар вобаста ба амали бадқасдона расонида шудааст, бо назардошти вазъи амволии ӯ кам кунад.

 

2. Ҷуброни зараре, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрванд расонида шудааст

 

Моддаи 1100. Ҷуброни зараре, ки ба ҳаёт ё саломатии шаҳрванд ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ ё дигар ӯҳдадориҳо расонида шудааст

Зарари ба ҳаёт ё саломатии шаҳрванд ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ, инчунин ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ, хизмат дар милитсия ва дигар ӯҳдадориҳои дахлдор расонидашуда, агар дар қонун ё шартнома андозаи баландтари масъулият пешбинӣ нагардида бошад, мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин боб ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 1101. Андоза ва хусусияти ҷуброни зараре, ки ба саломатӣ осеб расонидааст

  1. Ҳангоми осеб расонидан ба шаҳрванд ё дигар зарар ба саломатии ӯ бояд музди меҳнат (даромад)-е, ки ӯ дошт ё баръало гирифта метавонист, инчунин хароҷоти вобаста ба осеб дидани саломатӣ (барои муолиҷа, хӯроки иловагӣ, истеъмоли доруворӣ, протезкунонӣ, нигоҳубини шахси дигар, муолиҷаи санитарию курортӣ, ба даст овардани воситаҳои махсуси нақлиёт, омодагӣ ба омӯхтани касби нав ва ғайра), агар эътироф гардида бошад, ки ҷабрдида ба чунин навъи кӯмак ва нигоҳубин мӯҳтоҷ аст ва барои гирифтани кӯмаки ройгон ҳуқуқ надорад, ҷуброн карда мешавад.
  2. Ҳангоми муайян кардани музди меҳнат (даромад)-и аздастрафта нафақаи маъюбӣ, ки ба ҷабрдида вобаста ба осеб ё зарари дигари ба саломатии ӯ расонидашуда таъин гардидааст, ҳамчунин дигар навъи нафақаҳо, кӯмакпулиҳо ва навъи дигари пардохт, ки то расонидани осеб ба саломатӣ ва ҳам баъди он аз ҳисоби ҷуброн таъин гардидаанд, ба ҳисоб гирифта намешавад. Ба ҳисоби ҷуброни зарар инчунин музди меҳнате, ки ҷабрдида баъди расонидани зарар ба саломатӣ мегирад, дохил карда намешавад.
  3. Қонун ё шартнома метавонад мутобиқи ҳамин модда андоза ва ҳаҷми бештари ҷуброни зарари ба ҷабрдида тааллуқдоштаро муайян кунад.

 

Моддаи 1102. Муайян кардани музди меҳнат (даромад), ки дар натиҷаи ба саломатӣ расонидани зарар аз даст рафтааст

  1. Андозаи музди меҳнат (даромад)-и дар натиҷаи ба саломатӣ расонидани зарар аздастрафта бо фоиз нисбат ба музди миёнаи меҳнат (даромад) то бардоштани осеб ё зарари дигар ба саломатӣ ё то фарорасии гум кардани қобилияти меҳнат, дараҷаи дахлдори гум кардани қобилияти кории касбӣ ва дар сурати мавҷуд набудани он коршоямии умумӣ муайян карда мешавад.
  2. Ба таркиби музди меҳнат (даромад)-и аздастрафта ҳама гуна навъи пардохти музди меҳнат оид ба шартномаҳои меҳнатӣ (қарордод) ва ҳуқуқи гражданӣ чӣ дар ҷои кори асосӣ ва чӣ дар якчанд ҷои кор, ки таҳти андозбандӣ қарор мегирад, дохил карда мешавад. Пардохтҳои дорои хусусияти якдафъаина (ҷубронпулӣ барои истифода набурдани рухсатӣ, кӯмакпулӣ ҳангоми рафтан аз кор ва ғайра) ба таркиби музди меҳнат (даромад)-и аздастрафта ба ҳисоб гирифта намешавад. Дар давраи корношоямии муваққатӣ ва рухсатии вобаста ба ҳомиладорӣ ва ҳамл кӯмакпулии пардохтшуда ба инобат гирифта мешавад. Даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин ҳаққи муаллифӣ ба таркиби музди меҳнати аздастрафта ба ҳисоб гирифта шуда, дар айни замон даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси маълумоти бозрасии андоз ба он дохил карда мешавад.

Ҳама навъҳои музди меҳнат (даромад) ба андозаи маблағе, ки то ситонидани андоз аз он ҳисоб карда шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.

Музди миёнаи меҳнат (даромад) бо усули ба дувоздаҳ тақсим кардани ҳамаи маблағи музди меҳнат (даромад)-и дувоздаҳ моҳи кор, ки то ба саломатӣ расонидани зарар гузаштааст, ҳисобу китоб карда мешавад. Дар сурате ки агар ҷабрдида дар лаҳзаи расонидани зарар ба саломатӣ камтар аз дувоздаҳ моҳ кор карда бошад, музди миёнаи меҳнат (даромад) бо усули тақсими маблағи умумии музди меҳнат (даромад)-и моҳҳои воқеии кор, ки то расонидани зарар ба саломатӣ гузаштааст, ба маҷмӯи ин моҳҳо ҳисобу китоб карда мешавад.

Дар ҳолатҳое ки агар ҷабрдида дар лаҳзаи расонидани зарар кор намекард, бо хоҳиши ӯ музди  меҳнати то озодшавӣ аз кор ё андозаи оддии подошпулии корманди дорои тахассуси ӯ дар ҳамин  маҳал, вале на камтар аз  андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррарнамудаи қонун ба ҳисоб гирифта мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №849)

  1. Агар дар музди меҳнат (даромад)-и ҷабрдида то ба саломатии ӯ расонидани осеб ё зарари дигар тағйироти устуворе рух дода бошад, ки вазъи амволии ӯро беҳбуд мебахшад (вобаста ба вазифаи хизматӣ моҳона баланд шуда бошад, ба кори нисбатан сердаромад гузаронида шуда бошад, баъди хатми муассисаи маълумоти рӯзона ба кор қабул гардида бошад), инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки устувории тағйирот исбот карда мешавад, ҳангоми муайян намудани музди миёнаи меҳнат танҳо музди меҳнат (даромад)-е, ки ӯ гирифтааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 1103. Ҷуброни зарар ҳангоми расонидани осеб ба саломатии шахси ба балоғат нарасида

  1. Дар сурати расонидани осеб ё ба таври дигар рассонидани зарар ба саломатии ноболиғ, ки ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст ва музди меҳнат надорад, ашхоси барои расонидани зарар гунаҳкор вазифадоранд хароҷоти вобаста ба зарар дидани саломатиро ҷуброн намоянд.
  2. Ҳангоми ба синни чордаҳсолагӣ расидани ҷабрдида, инчунин ҳангоми расонидани зарар ба ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсола, ки музди меҳнат (даромад) надорад, ашхоси барои расонидани зарар масъул вазифадоранд ба ҷабрдида ба ғайр аз хароҷоти вобаста ба зарари ба саломатӣ расонидашуда, инчунин зарари вобаста ба гум кардани қобилияти меҳнат ё кам гардидани онро, бо назардошти андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррарнамудаи қонун ҷуброн намоянд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №849)

Агар то лаҳзаи расонидани зарар ба саломатӣ ҷабрдида дорои музди меҳнат бошад, дар ин сурат зарар бо назардошти андозаи ин маблағ, вале на камтар аз андозаи панҷкаратаи маоши ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонун ҷуброн карда мешавад.

Баъди оғози фаъолияти меҳнатӣ ҷабрдида ҳуқуқ дорад, бо назардошти маоши гирифтааш, вале на камтар аз мукофотпулие, ки тибқи мансаби ишғолнамудааш муқаррар гардидааст ё музди меҳнати корманди дорои ҳамин дараҷаи тахассуси ҷои кораш афзоиши ҷуброни зарарро талаб намояд.

 

Моддаи 1104. Ҷуброни зарар ба ашхосе, ки вобаста ба марги шаҳрванд расонида шудааст

  1. Дар ҳолати марги шаҳрванд ашхоси ғайри қобили меҳнати таҳти таъмини шахси фавтида қарордошта ё то рӯзи марги ӯ ба гирифтани таъминоти ӯ ҳуқуқдошта, фарзанди фавтида, ки пас аз марги ӯ ба дунё омадааст, инчунин яке аз волидайн, ҳамсар ё дигар аъзои оила, сарфи назар аз қобилияти меҳнатӣ, ки кор намекунад ва фарзандон, наберагон, бародарон ва хоҳарони шахси фавтидаро, ки ба синни чордаҳсолагӣ нарасидаанд ё ҳарчанд ба синну соли зикршуда расида бошанд ҳам ва тибқи хулосаи мақомоти тиббӣ вобаста ба саломатӣ мӯҳтоҷи нигоҳубини дигаронанд, нигоҳубин менамояд, ба ҷуброни зарар ҳуқуқ доранд.
  2. Ҳуқуқи ҷуброни зарарро инчунин ашхосе, ки таҳти таъминоти шаҳрванди фавтида буда, дар тӯли панҷ соли баъди фавти ӯ ғайри қобили меҳнат гардидаанд, доро мебошанд.

Яке аз волидайн, ҳамсар ё аъзои дигари оила, ки кор намекунад ва фарзандон, наберагон, бародару хоҳарони шахси фавтидаро, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, нигаҳбонӣ менамояд ва дар давраи нигоҳубин ғайри қобили меҳнат гардидааст, баъди адои нигоҳубини ин ашхос ҳуқуқи ҷуброни зарарро нигоҳ медорад.

  1. Зарар чунин ҷуброн мегардад: ба ноболиғон то расидан ба синни ҳаждаҳсолагӣ, ба хонандагони ҳаждаҳсола ва болотар аз он – то хатми таҳсил дар муассисаҳои таълимии рӯзона, вале на бештар аз синни то бисту сесолагӣ; ба занони аз синни панҷоҳу панҷ боло ва мардони аз синни шастсола боло умрбод; ба маъюбон – ба мӯҳлати маъюбӣ; ба яке аз волидайн, ҳамсар ё дигар аъзои оила, ки ба нигоҳубини фарзандон, наберагон, хоҳару бародарони таҳти таъмини шахси фавтида қарордошта машғул аст, то ба синни чордаҳсолагӣ расидани онҳо ё тағйир ёфтани вазъи саломатӣ.

 

Моддаи 1105. Андозаи ҷуброни зарари дар натиҷаи фавти шаҳрванд расонидашуда

  1. Ба ашхосе, ки вобаста ба марги шаҳрванд ба ҷуброни зарар ҳуқуқ доранд, зарар ба андозаи ҳамон қисми музди меҳнат (даромад)-и фавтида ҷуброн карда мешавад, ки мувофиқи қоидаҳои моддаи 1102 ҳамин Кодекс ба ҳисоб гирифта шудааст ва онҳо онро ҳангоми дар ҳаёт будани ӯ барои таъминоти худ мегирифтанд ё ҳуқуқи гирифтани онро доштанд. Ҳангоми ба ин ашхос муайян намудани ҷуброни зарар ба таркиби даромади шахси фавтида ҳамзамон бо музди меҳнат, инчунин нафақаи ҳангоми дар қайди ҳаёт мегирифтааш, таъминоти умрбодӣ ва дигар чунин пардохтҳо дохил карда мешаванд.
  2. Ҳангоми муайян кардани андозаи ҷуброни зарар нафақае, ки ба ашхос вобаста ба марги саробон муқаррар шудааст, инчунин навъи дигари нафақаҳои то фавти саробон ё пас аз фавти ӯ таъингардида, инчунин музди меҳнат, ротиба (стипендия) ба маблағи ҷуброн ба ҳисоб гирифта намешавад.
  3. Маблағи ҷуброни вобаста ба марги саробон, ки ба ҳар як шахси барои ҷуброни зарар ҳуқуқдошта ба ҳисоб гирифта шудааст, ба истиснои ҳолатҳои зайл аз нав ҳисобу китоб карда намешавад: баъди фавти саробон таваллуд шудани тифл; таъин (қатъ)-и пардохти ҷубронпулӣ бо ашхосе, ки ба нигоҳубини фарзандон, наберагон, бародарон ва хоҳарони саробони фавтида машғуланд.

Тибқи қонун ё шартнома ҳаҷм ва андозаи ҷубронпулӣ зиёд карда шуданаш мумкин аст.

 

Моддаи 1106. Тағйир додани андозаи ҷуброни зарар

  1. Ҷабрдидае, ки қисман қобилияти меҳнатро гум кардааст, ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳза аз шахси ба зиммааш ӯҳдадории ҷуброни зарар вогузошташуда, агар қобилияти меҳнатии ӯ вобаста ба расонидани зарар ба саломатӣ нисбат ба оне, ки ӯ дар лаҳзаи таъини ҷубронпулӣ дошт, камтар гардида бошад, дар ҳаҷми дахлдор баланд кардани ҷубронпулиро талаб намояд.
  2. Ашхосе, ки вобаста ба расонидани зарар ба саломатии ҷабрдида ба зиммаашон ҷуброни зарар вогузошта шудааст, агар қобилияти кории ҷабрдида нисбат ба оне, ки ӯ дар лаҳзаи таъини ҷубронпулӣ барои зарар дошт, баландтар гардида бошад, ҳуқуқ доранд ба таври дахлдор кам кардани андозаи ҷубронпулиро талаб намоянд.
  3. Агар вазъи амволии шахси ба зиммааш ҷуброни зарар вогузошташуда беҳбуд ёфта бошад, вале ҷубронпулӣ мутобиқи қисми 5 моддаи 1099 ҳамин Кодекс кам карда шуда бошад, ҷабрдида ҳуқуқ дорад баланд кардани андозаи ҷуброни зарарро талаб намояд.
  4. Суд метавонад бо талаби шаҳрванди зараррасон, агар вазъи амволии ӯ дар натиҷаи маъюбӣ ё расидан ба синни нафақа нисбат ба оне, ки дар лаҳзаи ҷуброни зарар дошт, бадтар гардида бошад (қисми 5 моддаи 1099), андозаи ҷуброни зарарро камтар кунад.

 

Моддаи 1107. Баланд кардани андозаи ҷуброни зарар вобаста ба боло рафтани арзиши рӯзгузаронӣ ва афзудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо

Маблағи ҷуброни зараре, ки шаҳрванд вобаста ба расонидани зарар ба саломатӣ ё марги ҷабрдида мепардозад, бояд ҳангоми боло рафтани арзиши рӯзгузаронӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун индексатсия карда шавад.

Ҳангоми тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун баланд бардоштани нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷуброни музди меҳнат (даромад)-и аздастдодашуда ва дигар пардохтҳои вобаста ба расонидани зарар ба саломатӣ ва марги ҷабрдида таъингардида мутаносибан ба баланд шудани андозаи маоши ҳадди aқал (моддаи 341) меафзояд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №849)

 

Моддаи 1108. Пардохтҳо оид ба ҷуброни зарар

  1. Ҷуброни зарари вобаста ба паст гардидани қобилияти меҳнатӣ ё марги ҷабрдида ҳар моҳ пардохта мешавад.

Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои мӯътамад суд бо назардошти имконияти зараррасон метавонад бо талаби шаҳрванди ба ҷуброни зарар ҳуқуқдошта дар хусуси якдафъаина анҷом додани ҳамаи пардохтҳо, вале на барои бештар аз се сол,  қарор барорад.

  1. Ҷуброни хароҷоти иловагӣ метавонад дар доираи мӯҳлатҳои дар асоси хулосаи (экспертиза)-и тиббӣ муқарраргардида, инчунин ҳангоми зарурати пардохти пешакии арзиши хизматрасонӣ ва амвол (ба даст овардани роҳхати истироҳатгоҳ, роҳкиро, пардохти воситаҳои нақлиёти махсус ва ғайра) барои мӯҳлати оянда сурат гирад.
  2. Дар ҳолатҳое ки агар ҷабрдида мутобиқи қонун ҳуқуқ дорад қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳоро талаб намояд, чунин талаб бо роҳи ба сармоя даровардан (капитализатсия)-и пардохтҳои дахлдори вақтбайъ қонеъ гардонида мешавад.

 

Моддаи 1109. Ҷуброни зарар дар сурати қатъи  шахси ҳуқуқӣ

  1. Дар сурати азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои зарари ба ҳаёт ва саломатӣ расонидашуда масъул эътироф шудааст, ӯҳдадории вобаста ба пардохтҳои дахлдор ба зиммаи ҳуқуққабулкунандаи ӯ гузошта мешавад. Талабот дар мавриди ҷуброни зарар низ ба ӯ пешниҳод карда мешавад.

Дар сурати барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, ки тибқи тартиби муқараргардида барои зарари ба ҳаёт ва саломатӣ расонидашуда масъул эътироф шудааст, пардохтҳои дахлдор барои ҷабрдида бояд тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонун, дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба сармоя дароварда (капитализатсия) шавад.

  1. Дар ҳолате ки агар ба сармоя даровардан (капитализатсия)-и пардохт аз сабаби мавҷуд набудан ё нокифоя будани амволи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда ғайриимкон бошад, маблағҳои таъингардида аз ҷониби давлат тибқи қоидаҳои пешбининамудаи қонун пардохта мешавад.

 

Моддаи 1110. Ҷуброни хароҷот барои дафн

Ашхоси барои зарари вобаста ба марги ҷабрдида масъул вазифадоранд хароҷоти зарурии барои дафн масрафнамудаи шахсеро, ки ин хароҷотро анҷом додааст, ҷуброн намоянд.

Ёрдампулӣ барои дафн, ки шаҳрванди ин хароҷотро масрафнамуда гирифтааст, ба ҳисоби ҷуброни зарар дохил карда намешавад.

 

3. Ҷуброни зарари дар натиҷаи камомади мол, кор, хизматрасонӣ расонидашуда

 

Моддаи 1111. Асосҳои ҷуброни зарари дар натиҷаи камомади мол, кор,  хизматрасонӣ  расонидашуда

Зараре, ки ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шаҳрванд ё амволи шахси ҳуқуқӣ дар натиҷаи камбудиҳои конструктивӣ, дастурӣ (ретсептурӣ) ё дигар норасоии мол  (кор, хизматрасонӣ), инчунин дар натиҷаи иттилооти нодуруст ё нокифоя будани иттилоот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) расонида шудааст, бояд аз ҷониби фурӯшанда ё таҳиякунанда (иҷрокунанда), сарфи назар аз гуноҳи онҳо ва он, ки ҷабрдида бо онҳо муносибатҳои шартномавӣ дошт ё на, ҷуброн карда шавад.

Қоидаҳои мазкур танҳо дар ҳолатҳои ба даст овардани мол (кор, хизматрасонӣ) бо мақсадҳои истеъмолӣ истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 1112. Ашхосе, ки барои зарари дар натиҷаи норасогиҳои мол, кор, хизматрасонӣ расонидашуда ҷавобгаранд

  1. Зарари дар натиҷаи норасогиҳои мол, кор, хизматрасонӣ расонидашуда тибқи интихоби ҷабрдида аз ҷониби фурӯшанда ё таҳиякунандаи мол ҷуброн карда мешавад.
  2. Зарари дар натиҷаи норасогиҳои кор, хизматрасонӣ расонидашуда аз ҷониби иҷрокунанда ҷуброн карда мешавад.
  3. Зарари дар натиҷаи пешниҳод накардани иттилооти пурра ва саҳеҳ оид ба хосият ва қоидаҳои истифодаи мол расонидашуда бояд мутобиқи қоидаҳои қисмҳои 1 – 2 ҳамин модда ҷуброн карда шавад.

 

Моддаи 1113. Мӯҳлатҳои  ҷуброни зарари дар  натиҷаи норасогиҳои мол, кор,  хизматрасонӣ  расонидашуда

  1. Зарари норасогии мол (кор, хизматрасонӣ), агар он дар ҷараёни мӯҳлати муқарраршудаи коршоямии мол (кор, хизматрасонӣ) расонида шуда бошад, ҷуброн карда мешавад ва агар ин мӯҳлат муқаррар нагардида бошад, дар ҷараёни даҳ сол аз рӯзи истеҳсоли мол (кор, хизматрасонӣ) бояд ҷуброн карда шавад.
  2. Берун аз доираи мӯҳлати муқарраргардида зарар бояд дар ҳолатҳои зайл ҷуброн карда шавад:

– агар хилофи талаботи қонун мӯҳлати коршоямӣ муқаррар  нагардида бошад;

– агар шахс дар мавриди баъди гузашти мӯҳлати коршоямӣ анҷом додани амалҳои зарурӣ ва оқибатҳои имконпазир ҳангоми иҷро накардани амалҳои зикршуда огоҳ карда нашуда бошад.

 

Моддаи 1114. Асосҳои  озод  намудан  аз масъулият барои  зарари  дар  натиҷаи  норасогии  мол, кор, хизматрасонӣ расонидашуда

Фурӯшанда ё таҳиякунандаи мол, иҷрокунандаи кор (хизматрасонӣ) танҳо дар ҳолати исботи он, ки зарар дар  натиҷаи таъсири қувваи рафънопазир ё аз ҷониби истеъмолкунанда вайрон кардани қоидаҳои истифода ё нигаҳдошти мол (натиҷаҳои кор, хизматрасонӣ) рух додааст, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.

 

4. Ҷуброни зарари маънавӣ

 

Моддаи 1115. Ҷуброни зарари маънавӣ

  1. Зарари маънавӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда дар сурати мавҷуд будан гуноҳи зараррасон аз ҷониби зараррасон ҷуброн карда мешавад.
  2. Зарари маънавӣ сарфи назар аз гуноҳи зараррасон дар ҳолатҳои зайл ҷуброн карда мешавад:

– агар зарар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрванд аз манбаи хатари калон расида бошад;

– агар зарар ба шаҳрванд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳкум кардан, ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ба сифати чораҳои эҳтиётӣ ғайриқонунӣ истифода бурдани баҳабсгирӣ ё забонхат барои ба ҷое нарафтан, ғайриқонунӣ андешидани ҷазои маъмурӣ дар шакли ҳабс ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ расонида шуда бошад;

– агар зарар дар натиҷаи паҳни маълумоте, ки шаъну эътибор ва обрӯи кориро паст мезанад, расонида шуда бошад;

– инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қoнун.

  1. Зарари маънавӣ, ки дар натиҷаи амал (беамал)-и вайронкунандаи ҳуқуқи амволии шаҳрвандон расонида шудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ҷуброн карда намешавад.

 

Моддаи 1116. Андозаи ҷуброни зарари маънавӣ

  1. Зарари маънавӣ дар шакли пулӣ ҷуброн карда мешавад.
  2. Андозаи ҷуброни зарари маънавӣ вобаста ба хусусияти ба ҷабрдида расонидани ранҷу азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ, инчунин дараҷаи гуноҳи зараррасон дар ҳолатҳое ки агар гуноҳ асоси ҷуброн бошад, аз ҷониби суд муайян карда мешавад. Ҳангоми муайян кардани андозаи ҷуброни зарар бояд талаботи оқилона ва одилона ба инобат гирифта шавад.

Мушаххасоти ранҷу азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ аз ҷониби суд бо назардошти ҳолатҳои воқеӣ, ки дар натиҷаи он зарари маънавӣ расонида шудааст ва хусусиятҳои инфиродии ҷабрдида баҳо дода мешавад.

  1. Зарари маънавӣ сарфи назар аз ҷуброни зарари амволии ситонидашаванда ҷуброн карда мешавад.

 

БОБИ  56. Ӯҳдадориҳо дар натиҷаи дорошавии беасос

 

Моддаи 1117. Ӯҳдадории баргардонидани дороии беасос

  1. Шахсе, ки бидуни асосҳои муқаррарнамудаи қонун ё аҳд аз ҳисоби шахси дигар (ҷабрдида) амвол ба даст овардааст ё нигоҳ дошта аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 1142 ҳамин Кодекс ӯҳдадор аст ба ҷабрдида амволи беасос бадастоварда ё нигоҳ доштаашро (дороии беасос)-ро баргардонад.
  2. Ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда инчунин ҳангоми минбаъд аз байн рафтани асосҳое, ки тибқи он амвол ба даст оварда ё нигоҳ дошта шудааст, низ ба миён меояд.
  3. Қоидаҳои ҳамин боб, сарфи назар аз он ки дороии беасос натиҷаи рафтори бадастоварандаи амвол худи ҷабрдида ё ашхоси сеюм ва ё оқибати ҳодисаҳо мебошад, татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 1118. Мутаносибии талабот дар бораи баргардонидани дороии беасос бо дигар талабот оид ба  ҳифзи  ҳуқуқҳои гражданӣ

Азбаски дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардидаанд ва аз моҳияти муносибатҳои дахлдор барнамеоянд, қоидаҳои ҳамин боб инчунин бояд нисбат ба талаботи зайл татбиқ гарданд:

1) дар бораи баргардонидани иҷрои аҳди беэътибор;

2) дар бораи аз ҷониби молик талаб карда гирифтани амвол аз соҳибии ғайриқонунии ғайр;

3) талаботи як тарафи ӯҳдадорӣ нисбат ба тарафи дигар дар мавриди баргардонидани иҷрои вобаста ба ҳамин ӯҳдадорӣ;

4) дар бораи ҷуброни зарар, аз ҷумла ҷуброне, ки тавассути рафтори бевиҷдононаи шахси дорогардида расонида шудааст.

 

Моддаи 1119. Баргардонидани дороии беасос дар шакли асл

  1. Амволе, ки дороии беасоси бадастоварандаро ташкил медиҳад, бояд дар шакли асл ба ҷабрдида баргардонида шавад.
  2. Бадастоваранда дар назди ҷабрдида барои ҳамагуна камомад, аз ҷумла камбудии тасодуфӣ ё фарсуда шудани амволи беасос бадастовардашуда ё нигаҳдошташуда, ки баъди аз ҷониби ӯ фаҳмидани дороии беасос рух додааст ё мебоист фаҳмад, ҷавобгар мебошад. То ин лаҳза ӯ танҳо барои қасд ё беэҳтиётии дағалона ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 1120. Ҷуброни арзиши дороии беасос

  1. Ҳангоми имконнопазирии дар шакли асл баргардонидани амволи беасос бадастовардашуда ё нигаҳдошташуда бадастоваранда бояд ба ҷабрдида арзиши аслии ин амволро дар рӯзи ба даст овардани он пардозад, инчунин зарари вобаста ба тағйир ёфтани арзиши минбаъдаи амвол бамиёномадаро, агар бадастоваранда арзиши онро фавран, баъди огоҳӣ ёфтан аз дороии беасос ҷуброн накарда бошад, ҷуброн намояд.
  2. Шахсе, ки беасос амволи ғайрро муваққатан, бидуни нияти ба даст овардани он ё тавассути хизматрасонии ғайр истифода бурдааст, бояд ба ҷабрдида чизи дар натиҷаи чунин истифода бадастовардаашро мувофиқи нархе, ки дар вақти хатми истифода ва дар маҳалли анҷом додани он мавҷуд буд, ҷуброн намояд.

 

Моддаи 1121. Оқибатҳои беасос ба шахси дигар додани ҳуқуқ

Шахсе, ки бо роҳи гузашт талабот ё ба тарзи дигар ҳуқуқи марбутаашро дар асоси ӯҳдадории вуҷуднадошта ё беэътибор ба шахси дигар додааст, ҳуқуқ дорад барқарор намудани ҳолати қаблӣ, аз ҷумла ба ӯ баргардонидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи ба ӯ интиқолдодашударо талаб кунад.

 

Моддаи 1122. Ба ҷабрдида баргардонидани даромадҳои гирифтанашуда

  1. Шахсе, ки беасос амволро гирифтааст ё нигаҳ доштааст, бояд ба ҷабрдида тамоми даромадеро, ки ӯ ба даст овардааст ё мебоист аз ин амвол аз лаҳзае, ки беасосии дороиро фаҳмидааст ё мебоист фаҳмад, ба даст овардааст, баргардонад ё ҷуброн намояд.
  2. Ба маблағи дороии беасоси пулӣ бояд аз ҳамон вақте, ки бадастоваранда дар хусуси беасосии ба даст овардан ё нигаҳдории маблағи пулӣ фаҳмидааст ё мебоист фаҳмад барои истифодаи маблағи ғайр (моддаи 426) фоизҳо ба ҳисоб гирифта шаванд.

 

Моддаи 1123. Ҷуброни хароҷоти амволе, ки бояд баргардонида шавад

Ҳангоми баргардонидани амволи беасос бадастовардашуда ё нигаҳдошташуда (моддаи 1119) ё ҷуброни арзиши он (моддаи 1120) бадастоваранда ҳуқуқ дорад ҷуброни хароҷоти зарурии вобаста ба нигаҳдошт ва эҳтиёти амволро аз ҳамон вақте, ки он вазифадор аст даромадро баргардонад (моддаи 1122), бо баҳисобгирии даромади гирифта, аз ҷабрдида талаб намояд. Ҳуқуқи ҷуброни хароҷот дар ҳолати аз ҷониби бадастоваранда қасдан нигаҳ доштани амволи баргардонидашаванда аз даст дода мешавад.

 

Моддаи 1124. Дороии беасосе, ки баргардонида намешавад

Инҳо ба сифати дороии беасос баргардонида намешаванд:

1) амволи барои иҷрои ӯҳдадорӣ то фарорасии мӯҳлати иҷро додашуда, агар дар ӯҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад;

2) амволи ҷиҳати иҷрои ӯҳдадорӣ бо гузашти мӯҳлати даъво додашуда;

3) музди меҳнат ё пардохтҳои ба он баробаркардашуда, нафақа, кӯмакпулӣ, ротиба (стипендия), ҷуброни зарари ба ҳаёт ё саломатӣ расонидашуда, алимент ё дигар маблағҳои пулие, ки ба шаҳрванд ба сифати воситаи рӯзгузаронӣ фароҳам оварда шудааст, ҳангоми мавҷуд набудани бевиҷдонӣ аз ҷониби ӯ ё иштибоҳи ҳисобӣ;

4) маблағҳои пулӣ ё дигар амвол, агар бадастоваранда исбот намояд, ки шахси баргардонидани амволро талабкарда дар мавриди мавҷуд будани ӯҳдадорӣ огоҳ буд ё амволро бо мақсадҳои хайрхоҳона ба ӯ додааст.

 

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли  1999, №12, моддаи 324)

 

Моддаи 1. Қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад (минбаъд қисми дуюми Кодекс).

Моддаи 2. Аз 1 июли соли 2000 зерфасли 2 “Навъҳои алоҳидаи ӯҳдадориҳо”-и фасли сеюм, “Ҳуқуқи ӯҳдадорӣ”-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1963 “Дар бораи тасдиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи онҳо ба фаслҳои ишорашудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, беэътибор дониста шавад.

Моддаи 3. Минбаъд, то мутобиқ гардондани қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии дар қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда бо қисми дуюми Кодекс қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон то вақте истифода бурда мешаванд, ки онҳо хилофи қисми дуюми Кодекс набошанд.

Моддаи 4. Қисми дуюми Кодекс нисбат ба муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки баъди татбиқ гардидани он ба вуҷуд омадааст, истифода бурда мешавад.

Аз рӯи муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки то дар амал татбиқ гардидани он вуҷуд омадааст, қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба он ҳуқуқҳо ва вазифаҳо истифода бурда мешавад, ки онҳо баъди ба амал татбиқ кардани он ба вуҷуд меоянд.

Моддаи 5. Меъёрҳои барои тарафҳо ҳатмии қисми дуюми Кодекс оид ба асосҳо, оқибатҳо ва тартиби бекор кардани навъҳои алоҳидаи шартномаҳо, инчунин нисбат ба шартномаҳое, ки баъди татбиқи қисми дуюми Кодекс, сарфи назар аз санаи бастани он, амал мекунанд, татбиқ карда мешаванд.

Меъёрҳои барои тарафҳо ҳатмии қисми дуюми Кодекс дар бораи ҷавобгарӣ барои вайрон кардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, агар чунин қонуншиканӣ баъди дар амал татбиқ гардидани қисми дуюми Кодекс рух дода бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар дар шартномаҳои то 1 июли соли 2000 басташуда барои чунин қонуншиканӣ навъи дигари ҷавобгаpӣ пешбинӣ шудааст, истифода бурда мешавад.

Моддаи 6. Меъёрҳои қисми дуюми Кодекс дар қисмате, ки ба аҳдҳо вобаста ба қитъаҳои замин марбут аст, то ҳадде истифода бурда мешавад, ки равиши онро қонунгузории замин иҷозат медиҳад.

 

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                             Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе, 11 декабри соли 1999,

№ 884

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди мавриди амал қарор додани қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли  1999, №12, моддаи 325)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интишори расмӣ аз 1 июли соли 2000 мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати шаш моҳ аз рӯзи мавриди амал қарор додани қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– қарорҳои худро бо қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намояд;

– дар бораи бо қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардондани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур кунад.

 

 

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                          С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе, 11 декабри соли 1999,

           № 885

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …