Главная / Илм / ҚОБИЛОВ Наримон Мавлонович

ҚОБИЛОВ Наримон Мавлонович

nophoto-manҚОБИЛОВ Наримон Мавлонович (11. 6. 1929, Конибодом – 07. 07. 1989, ш. Душанбе), фармаколог, доктори илми тиб (1972). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1952). Чанд муддат дар ҳамин донишгоҳ аввал лаборанти калон, баъд ассистенти кафедра буд. С-ҳои 1954 – 57 аспиранти Ин-ти тиббии 2-юми Москва, 1957 – 59 ассистенти кафедраи фармакологияи ДДТТ, 1959 – 63 мудири лабораторияи «Растаниҳои доруворӣ»-и Пажӯҳишгоҳи тибби кишварӣ, 1963 – 73 мудири шӯъбаи фармакологияи Ин-ти марказии тадқиқоти илмии стоматологияи ш. Москва, 1974 – 81 мудири кафедраи физиологияи Ин-ти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, 1982 – 89 мудири редаксияи химия, биология ва тибби Энсиклопедияи Шӯравии Тоҷик. Оид ба фармакологияи моддаҳои табобатии химиявӣ, моддаҳои фаъоли физиологие, ки аз растаниҳо гирифта шудааст, доруҳои мусаккину зидди дард, физиологияи ҳисси дард ва ғ. пажӯҳиш анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 70 китобу мақолаҳои илмӣ.
Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин» мукофотонида шудааст.
Ос.: Лекарственные растения Таджикистана, Д., 1961; Обезболивание в амбулаторной стоматологической практике, М., 1966; Опыт проведения спецкурса «Физиологическая характеристика отдельных видов спорта». Дар кит.: Пути совершенствования физвоспитания, Д., 1980.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …