Главная / Илм / ҚИЗИЛТУМШУҚ

ҚИЗИЛТУМШУҚ

kiziltumshukҚИЗИЛТУМШУҚ, оби минералии гарм дар ноҳ. Ҷалолиддини Румӣ. Аз пармачоҳ (чуқурии 500 – 700 м) ҷорӣ мешавад. Бӯи тези гидрогенсулфид дорад. Таркиби об аз хлоридҳо, сулфатҳо, натрий, калий, ҳамчунин йод, бром, бор, оҳан, алюминий, газҳои радон, карбогидрид, нитроген ва ғ. иборат аст. Он асосан барои табобати амбулаторӣ истифода мегардад. Тобистон барои беморони вазнин дар Беморхонаи ноҳиявӣ 40 кат ҷудо карда мешавад. Дармонгоҳи обшифоии Қ. аз моҳи май то октябр фаъолият менамояд. Он 6 км дуртар аз маркази ноҳия воқеъ гаштааст. Оби пармачоҳ барои табобати бемориҳои узвҳои такяву ҳаракат, силсилаи асабҳои канорӣ, бемориҳои занона, пӯст (псориаз, нейродермит, себорея, шукуфаи сурхи паҳн ва ғ.) нафъ дорад.
Ад.: Зоиров П. Т., Рахматов Б. Р., Целебные минеральные источники Таджикистана и болезни кожи, Д., 2003.
П. Т. Зоиров.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …