Главная / Илм / ҚИЗИЛРАБОТ

ҚИЗИЛРАБОТ

kizilrabotҚИЗИЛРАБОТ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Дар водии д. Оқсу, 2 км ғарбтари деҳаи Қизилработ воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 3380 м. Оби чашма газнок (кислотаи карбон – 87%, нитроген – 12,5%) буда, аз миёнаҷои д. Оқсу дар ҷазирачаи хурде мебарояд. Дебиташ 1,2 – 1,6 л/с, минералнокиаш 1,53 г/л, ҳарор. обаш +37 – +380С. Таркиби оби чашма аз калсий (193 мг/л), натрий (71,0 мг/л), магний (23,0 мг/л), калий (8,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (756 мг/л), сулфатҳо (69,0 мг/л), хлоридҳо (18,0 мг/л), ангидриди озоди карбон (335 мг/л), кислотаи силикат (51,0 мг/л), метаборат (6,0 мг/л), ҳамчунин литий, оҳан, никел, фтор, бром, руҳ ва сурб иборат аст. Барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима тавсия карда мешавад. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан истифода бурд. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба обҳои минералии Тсагвери ва Шови (Гурҷистон) наздик аст.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …