Главная / Биология / Кит – Қатори китшаклон

Кит – Қатори китшаклон

Қатори китшаклон. Ширхӯрҳои белпой зиёдтар ба ҳаёти об пурра мутобиқ шуда, аз об ҳаргиз берун намебароянд. Ба ин қатор китхо, далфинҳо, вол дохил мешаванд. Аз ҷумла китшаклҳо ба зерқатори дандондорҳо ва бедандонҳо ё мӯйлабдорон тақсим мешаванд.

Дандонҳои баъзе китшаклҳо мисли арра якхела буда, шумораи онҳо ба 240-300 мерасад. Ба ин зерқатор далфинҳо, волҳо дохил мешаванд. Делфинҳо аз 1.5 то 3 м дарозии бадан доранду дар баҳрҳои Сиёҳ, Балтика, Беринг, Япон сокин мебошанд. Дар уқёнуси Ором бошад, далфини сафед дида мешавад. Вай то 6 м дарозӣ дошта, хӯрокаш Моҳӣ аст.

Волҳо китҳои калони дандондор буда, 10-21 м дарозӣ доранд. Онҳо бештар дар обҳои гарм сокинанд. Тобистон ба баҳрҳои Шарқи Дур меоянд. Хӯроки асосии оихо моллюскҳои сарпо (хаштпо калмар) ва баъзан моҳӣ ба ҳисоб мераванд. Волҳо то 1 соат дар зери об истода метавонанд ва боз сарашонро аз об берун мебароранду нафаси чуқур мегиранд, китҳои мӯйлабдор ба ҷойи дандон пластинкаи шоҳин доранд, китҳои бедандон дар тамоми уқёнусҳо вомехӯранд. Онҳо зимистонро дар обҳои гарм ва тобистонро дар обҳои хунук мегузаронанд, яъне аз як ҷо ба чойи дигар мекӯчанд.

.Ба ин гуна китхо кити кабуд мисол шуда метавонад, ки то 33 м дарозию 150 т вазн дорад. яъне вазни як киги кабуд ба вазни 25 фил ё ба 150 cap барзагов баробар аст. Вазни дилашон 500-700 кг буда, дар баданашон 8-9 т хун дар гардиш аст, дарозии рӯдааш то 250 м буда, ғунҷоиши меъдааш 3000 л. аст, ҷигараш то 1000 кг, забонаш 1.5-2 т мешавад.

kitДар як шабонарӯз 4-5 тонна харчангшаклону моҳичаҳоро мехурад. Як кити модина дар 24 соат ба бачааш 200-300 л шир медиҳад, ки он 40% равғаннокӣ дорад. Дарозии насли навзодаш қариб м мешавад, ки он то 7 мох шир мемакад ва дар як шабона то 60-100 кг вазн пайдо карда. дар синни 3-солагй қобилияти насл додан дорад, кити болиғшуда дар ҳар ду сол як маротиба яктоӣ бача мезояд.

Флотҳои китшикоркунӣ ҳаргуна китҳои обҳои Шарқи Дур ва Антарктидаро шикор карда, аз он равған, пӯст ва гӯшт гирифта, гӯшташро коқу орд мекунанд, ки ин барои чорво, ҳавзҳои моҳипарварӣ, фермаҳои паррандапарварӣ ғизои хуб аст. Асосан финвол ном китро шикор мекунанд, ки 16-27 м дарозӣ дорад. Шакли бадани кит ба моҳӣ монанд аст. Қисмҳои cap, тан ва думаш якҷоя шуда, пойҳои пеш белшакл мебошанду вазифаи боли шиновариро адо мекунанд ва думаш вазяфаи шиноварик муайян намудани самти ҳаракатро иҷро мекунад. Пойҳои ақиби кит таҳфиф (редуксия) шуда, фақат устухони косаш боқй мондааст.

Руйи бадани кит мӯй ё пулакча надорад. Танҳо дар назди даҳонаш як бандчаи мӯй боқӣ мондаасту халос. Дар зери пӯсташ қабати ғафси равғанӣ (1 м) дорад, ки баданро аз хунукӣ нигоҳ медорад ва вазни хоси баданро дар об сабук мекунад.

Кит даҳони калонашро аз об пур мекунад, 06 аз байни шилшилаҳои лаъличаҳо гузашта, ҳайвоноти дар даҳонаш мондаро фурӯ мебарад, яъне кит бо даҳонаш ғалбер мекунад. Вай аз ҳавои атмосфера нафас мегирад ва аз ин сабаб ҳар сари 10-15 дақиқа як маротиба сарашро аз об боло мекунад ва дар Вақти нафас баровардан об аз сӯрохии болои сараш фаввора мезанад. Дар вақги ба зери об рафтан сӯрохихои биниаш бо кашишхӯрии мушакхо пӯшида мешавад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …