Главная / Ҷамъият / Китоби хотираҳо – дафтари сабти шахси!

Китоби хотираҳо – дафтари сабти шахси!

Китоби хотира ё худро инчунин «Дафтари хотира» меноманд – ин маводест, ки дар он одамон дар бораи сарнавишти худ ва дигар шахсоне, ки ба онҳо маъқул шудааст ва ё ба онҳо алоқаманд ҳастанд, менависанд. Дафтари хотира дар замонҳои қадим низ вуҷуд дошт вале он замонҳо танҳо шахсони бой метавонистанд ки чунин дафтар дошта бошанд. Сабаб дар он буд, ки он замонҳо қоғаз ниҳоят қиммат буд ва ҳатто китоб ҳам хеле нодир ҳисоб меёфт.

китоби хотира

Китоби хотираҳоро асосан дар замони мо духтарон бештар ташкил карда дар он эҳсосот ва фикрҳои худро менависанд. Писароне ки дафтари хотира дошта бошанд бениҳоят кам ҳастанд. Духтарон асосан дар сини 10-12 солаги дар навиштани дафтари хотира ҳавас пайдо мекунанд ва аз ҳамон солҳо алакай дар бораи корҳои мекардаашон сабт мекунанд ва бо ҳар гуна усул дафтарашонро орову торо медҳанд.

Сабабҳои ташкил – кушодани дафтари хотира. Барои чи дафтари хотира лозим аст:

  1. Худшиносӣ – яъне бо навиштани ин дафтар касс дар он эҳсосотҳои худро навишта бо ин роҳ мехоҳад худро бидонад. Ин ба он одамоне таалуқ дорад, ки ҳунари эъҷодӣ доранд ва дар таҳлили ҳаракатҳои худ ҳавас доранд. Ин гуруҳи одамон ба муҳити гирду атроф хеле нозукона баҳо медиҳанд;
  2. Баёнкунӣ – баъзеҳо ниҳоят мехоҳанд фикру андешаҳои худро бо қалам дар қоғаз сабт кунанд ва барои ҳамин ҳам дафтари хотираро ташкил мекунанд;
  3. Таърихсозӣ – ба хотири сабт кардани корҳои анҷомшаванда барои дар фақти пири хонда ба хотир овардани рӯзҳои ҷавонӣ;
  4. Лаззаткунӣ – барои баъзеҳо навиштан ва ё умуман доштани дафтари хотира ин ҳаловат аст ва ё аз бахилӣ – рашк сохта мешавад.  Яъне ҳама дорад ва ман ҳам бояд дошта бошам;

Тартиби ғайри расмӣ дар бораи кушодани дафтари хотира

Дар мавриди кушодани китоби хотира хотира ягон талаботи қонунӣ нест ва ҳар касе ки хоҳад дафтари хотира мекушояд ва хоҳад дар шакили қоғазӣ мекунад ва хоҳад дар шакли электронӣ.

Дар замони ҳозира як қатор маҳсулоти гуногуну рангобаранги дафтардорӣ ҳаст, ки дар интихоби дафтари хотира шароити хуб мебошад. Дар мағозаву бозорҳо китобчаҳо, дафтарҳо, қоғазҳои зебову ҳарҳела дар фурш гузошта шудаанд, ки барои дили меписандидаи мардум хеле серинтихоб мебошад.

 Интихоби китоб вобаста ба хоҳишу имконият аст. Барои касе дафтар бояд калону зебо бошад вале барои дигарон метавонад хурдакак бошаду дар киссаш меғунҷида бошад.

Дафтари хотира метавонад ҳар замон бо пур шуданаш боз дигараш кушода шавад ва ё якбора якчанд дафтари хотира бошад. Масалан дафтари хотира барои ҳамсинфон, Дафтари хотираи барои корҳои шахсӣ, Дафатари хотираи оилавӣ ва ғайра.

Аз сабабе, ки баъзеҳо мехоҳанд, ки дафтарашонро тозаву озода нигоҳ доранд барои ин 2-шакли дафтар мекушоянд, ки яке дафтари хотираи сиёҳнависӣ ва дигаре дафтари хотираи сафеднависӣ.

Дугонаҳо аксар вақт дар мактабҳо ва донишгоҳҳо ба хондани китоби хотираи якдигар ҳавас доранд. Бачаҳо дар хондани дафтари хотираи духтари дустдоштаашон хеле қушиш мекунанд. Чунки аз хондани ин дафтар ба бисёр хуосаҳо омаданд мумкин ва дилу нияти соҳиби дафтарро кушодан мумикин. Бо ин роҳ писарон метавонанд роҳи худро ба дили духтари меписандидаашон кушоянд ва бахти худро он ҷо ёбанд.

Ҳоло бо пайдо шудани сомона ва компютерҳо баъзеҳо дафтари хотираро дар сомонаҳои фейсбук, одноклассники, инстаграм, ютуб, моймир, вконтакте ва ғайраҳо мебинанд.

Қоидаҳои тавсиявӣ дар навишти китоби хотира:

  1. Ҳаракат кунед, ки ҳар рӯз дар дафтар кори ҳамон рӯз иҷрокардаатонро кӯтоҳакак наисед. Хуб мешуд ҳодисаҳои аз ҳама хотирмон сабт шаванд;
  2. Дар таги ҳар як навиштаҷот вақту рӯз сабт шавад;
  3. Мавзуҳоро омехта накунед.
  4. Фикрро пурра нависед;
  5. Суханҳо беҳтараш адабона ва фаҳмо бошанд;
  6. Имконият бошад ҳолатҳои менавишта бо сурату ҳуҷҷатҳо замима шаванд;
  7. Расми шиносҳои худ ё дигар шахсонро тасвир кунед тоинки хандаовар бошад. Бо ин роҳ сатҳи ҳунари расомии худро низ мебинед;

Дигар тавсияи асоси ин дар ҷойи паноҳ ва бо муқова нигоҳ доштани дафтари хотира то инки дузд онро нарабояд!

322

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …