Главная / Маданият ва санъат / Китоби “ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ” Синфи 8

Китоби “ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ” Синфи 8

Сарсухан: Инсон ҳамеша ба аcбобҳои ҳисоббарорӣ эҳтиёҷ дошт. Дар ҷамъияти ибтидоӣ одамон барои ҳисобкуниҳо аз ангуштони худ истифода мебурданд. Чўбчаҳои нишонадор, тасмаҳои сўрохдор, ресмонҳои гиреҳдор ва дигар асбобҳои оддитарин низ намунаҳои ихтирооти он давраҳо мебошанд.

Ҷаҳиши асосӣ дар пайдоиш ва барқароршавии техникаи ҳисоббарор дар қарнҳои XVII-XVIII ба вуҷуд омад. Мошинҳои аввалини арифметикӣ мансуби маҳсули афкори олимони ин асрҳо шумурда мешаванд.

exnologiyai-info

Компютери аввалин дар нимаи дуюми асри XX дар ИМА сохта шуд, ки дарозии он зиёда аз 30 метр ва вазнаш 30 тонна буд. Дар даврони мо компютерҳое сохта шудаанд, ки онҳо озодона дар кафи дасти инсон меғунҷанд, вале зудкорӣ ва маҳсулнокиашон аз компютери аввалин чандин маротиба зиёдтар аст. Имрўз ба куҷое, ки назар нанамоем, дар ҳама ҷо чашмонамон ба компютерҳо бармехўранд. Ва раванди ҷомеа низ ҳаминро талаб менамояд.

Хонандагони азиз!

Китобе, ки дар даст доред, шуморо ба олами мўъҷизаҳои компютерӣ ворид месозад. Агар шумо забони компютерро хуб аз худ намоед, он гоҳ тавассути он беҳтарин дўсти беминнат, доно, хушҳол, беозор, меҳнатдўст, хоксор ва бовиҷдонро дарёфт хоҳед кард. Албатта дар муносибати байни шумо ва «дўстатон» саҳми шумо ҳамчун инсон бояд зиёдтар бошад. Кўшиш кунед, ки сохти компютер, тарзи кори он ва моҳияти программаҳои бо он коркунандаро дуруст ва амиқ дарк намоед. Ин бисёр зарур аст. Фардо маҳз шумо завод-автоматҳо, муассисаҳои бе ҳуҷҷатҳои коғазин коркунанда, истеҳсолоти бе иштироки одам неъматҳои моддӣ офаранда ва дигар соҳаҳои прогрессивиро бунёд месозед. Ин дастовардҳо танҳо ба туфайли бемайлон дар ҳаёт тадбиқ намудани имкониятҳои компютерӣ амалӣ мегарданд.

Барои он ки шумо асосҳои кор бо компютерро хуб аз худ намоед, бояд дигар фанҳо, хусусан математика, физика ва химияро чуқуртар омўзед. Фанҳои номбурда аз ҷумлаи он предметҳоеанд, ки сатҳи азхудкунии принсипи кори компютер пеш аз ҳама ба дараҷаи дониши аз ин фанҳо андўхта вобастагӣ дорад. Асоси забони гуфтугўи байни шумо ва компютерро бошад, забони англисӣ ташкил медиҳад. Вале истифодабарии компютер шуморо водор месозад, ки омўзиши дигар фанҳоро фаромўш нанамоед. Шахси баркамол бояд аз ҳамаи илмҳои замони худ бохабар бошад.

Омўзиши асосҳои кор бо компютерро ба азхудкунии тарзи идоракунии автомобил муқоиса намудан мумкин аст. Одатан ҳангоми аз тарафи навомўзон идора намудани автомобил онҳоро доимо устод роҳнамоӣ мекунад. Шумо низ метавонед дилпур бошед, ки «Технологияҳои информатсионӣ»-ро ба шумо утодони соҳибихтисосос ва ботаҷрибаи донандаи тарзи кори компютерҳои фардии IBM PC ва системаҳои оператсионии MS-DOS ва Windows дарс мегўянд.

Марҳабо, шогирдони азиз, ба олами компютер!

МУНДАРИҶА

  1. Информатика ва компютер
  2. Имкониятҳои компютер
  3. Программа – супориш ба компютер
  4. Заминаҳои пайдоиши компютер
  5. Мошини аналитикии Беббиҷ
  6. Принсипи фон Нейман
  7. Наслҳои МЭҲ
  8. Программаҳои компютерӣ
  9. Компютерҳои фардӣ
  10. Компютерҳои IBM PC
  11. Клавиатура
  12. Муш
  13. Монитор
  14. Блоки системавӣ
  15. Микропротсессор
  16. Хотираи компютер
  17. Дискҳо
  18. Принтерҳо
  19. Қисмҳои иловагии компютер
  20. Тарзи коркарди информатсия дар компютер
  21. Кодиронии матнҳо ва тасвирҳо
  22. Компютер ва саломатӣ: қоидаҳои дурусти кор
  23. Компютер ва саломатӣ: эҳтиёткунии чашмон ва истеъмоли витаминҳо
  24. Системаҳои оператсионӣ
  25. Системаи оператсионии MS DOS
  26. Системаи файлии MS DOS
  27. Қисмҳои СО MS DOS, драйверҳо ва программаҳои резидентӣ
  28. Оғози кори системаи MS DOS
  29. Командаҳои системаи MS DOS
  30. Командаҳои коркарди файлҳо
  31. Командаҳои хидматии MS DOS
  32. Файлҳои Config.sys ва Autoexec.ӣat

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …