Главная / Гуногун / Китоби «Таърихи тамаддуни ориён»

Китоби «Таърихи тамаддуни ориён»

Савол: Ман зиди ин ақидаҳои Шумо нестам. Вале он чи ки шумо дар бораи тадқиқотҳои илмии дар Аврупо, дар асрҳои 17-19 шуда гузашта мегўед, ин шахсан барои ман ҳам чандон равшан нест.

Ҷавоб: Ба китоби «Таърихи тамаддуни ориён»-и банда рў меорем. Дар он чунин гуфта шудааст: «Инқилоб барои барқарор кардани таърихи тамаддуни ориён асосан аз соли 1621 милодӣ оғоз ёфт. Ин соле буд, ки бори аввал сайёҳи итолиёнӣ Петро Делле Валле аз шаҳри Истахр катибаҳои мехиро ёфта, онҳоро ба Аврупо бурд. Ў якчанд нишонаи хати мехиро кашида, ба чунин хулоса омад, ки ин хат аз чап ба рост хонда мешавад. Кардин соли 1674 аз шаҳрҳои форснишин навиштаҷоти бисёри хати мехиро ёфта, ба Аврупо бурд. Сайёҳони гуногун дар ин давра тавонистанд чандин нусхаи хати мехиро ба даст оварда, нусхабардорӣ кунанд.

Вале нусхаи аслиро бардоштан соли 1765 ба Кастрен Нибур муяссар гардид ва дар айни ҳол ў дар матни хати мехӣ мавҷуд будани се намуди услубро дарк кард, ки оддитарини онҳо 42 намуди нақши ҳурофот будааст. Соли 1802 академики данияг­ӣ Мюнтер хусусияти ҳиҷогӣ доштани услуби дуюми хати мехиро муайан кард ва ҳуруфоти сеюмро идеографӣ номид. Ҳар се ҳуруфот дар як навиштаҷот ҷой дошта, як матнро ба се забон хондан мумкин аст. Дар ҷои аввал мувофиқи гуфтаи академик Мюнтер, забони халқи ҳукмрон меистад. Ин забон – забони Форсии Қадим буд» ки ватанаш Осиёи Миёна аст.

Мо метавонем дар радифи олимони забардаст Гротефенду Бюрнуф боз даҳҳо муҳаққиқонро, ки то ибтидои асри 20 барои барқарор намудани таърихи гузаштаи инсоният ҷонбозиҳо кардаанд, номбар кунем, вале дар ин ҷо, ба фикрам, лозим нест.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …