Главная / Гуногун / Китоби таърихӣ тоҷикон

Китоби таърихӣ тоҷикон

Дар ин китоб барои дарёфти ҳақиқат бо одамони касбу кори гуногун; аз донишҷў сар карда, то рўзноманигору академик сўҳбати доманадоре ба сомон расонидем. Баъзе аз мусоҳибаҳои мо рўйи чопро дидаанд, ки мо онҳоро дар қисми дуюми китоб ҷой додем. Қисми дигари саволу ҷавоб бори аввал ба хонанда пешкаш карда мешаванд.

Мақсади муаллиф барқарор кардани ҳақиқати таърихӣ аст. Барои чӣ Г.В.Ф. Гегел барин шахси ҷаҳонӣ Форс гўён маҳз мардуми сарзамини бостонии тоҷиконро тараннум карда, мегўяд: «Форсҳо (тоҷикҳо – И. У.) нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд. Онҳо инкишофро ба вуҷуд оварданд, табаддулот карданд, ки хусусияти таърихӣ дошт. Дар (сарзамини – И. У.) Форс бори нахуст нур афканданд, равшанӣ доданд, ин нур ба олами маърифат тааллуқ дошт.

Дар давлати Форс мо ягонагии соф олиро мебинем, ки ба озодии шахс роҳ мекушояд; нур падидор мегардад, мо ваҳдатро мебинем, ки ба фард  ҳукмронӣ мекунад, фақат аз баҳри он ки ҷасоратро бедор кунад, хусусиятҳои нуҳуфтаи хешро зоҳир намояд. Ба шарофати ин – усули фаъолият – ҳаёт зоҳир мегардад. Шарти инкишоф дар таърихи Форс тантана мекунад, аз ин лиҳоз, рости гап, таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи Форс (тоҷикон – И. У.) оғоз меёбад»

Барои чи Гегел  ва садҳо олиму муаррихони аврупоӣ нисбати таърихи гузаштаи мо ин қадар  баҳои баланд додаанду вале мо бошем таърихи чандҳазорсолаи худро то кунун авроқ назадаем?! Баъзе империяҳои тоҷикон, ки зиёда аз 500 сол ҳукмронӣ карда, юнониву мақдунӣ ва Рими ҳавобаландро таслим намудаанду мо бошем дар бораи онҳо лаб во накардаем?

Аврупоиён дар тўли солҳои 1621 то охири асри XIX, яъне то деформатсияи тафаккури инсонӣ аз тарафи ленинизм, шаҳрҳои таърихии дунёи қадимро ғирбол намуданд, гўё, ки ба сари онҳо ҷанги ҷаҳон барафрухта шуда бошад, пулҳои хеле зиёдеро сарф намуданд. Вале, билохира, маълум шуд, ки баромади халқҳои мутамаддини  аврупои муосир – аз ин диёри кўҳан – диёри тоҷикон иборат будааст. Дар ин хусус авропоиён садҳо китобу навиштаҷоти илмиро ба табъ расонидаанд. Мо бошем ҳатто дар бораи даврони Сомониён маълумоти кофӣ надорем.

Хулоса, (баъзе аз) зиёиёни  тоҷик, то кунун аз доираи скептитсизм берун нарафтаанд Ҳақ ба ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки «Халқи тоҷикро, халқи «кўчак» нагўед» мегўяд. Ба шарофати Президенти Тоҷикистон таърихи тамаддуни Ориён ва баромади халқҳои ориёинажот аз ватани бобогии тоҷикони муосир исбот карда шуданд. Ин зарбаи сахтарин ба баъзе аз авомфиребони бесаводу бефарҳанги унвондор буд, ки худро олим тарошида дар бораи тамаддуни ориёӣ ба забони шевагии эронӣ китоб менависанд ва баромади Ориёнро аз ватани бобогии тоҷикон рад карда, даъво кардани мешаванд, ки гўё Ориён аз Уралиё баромада бошанд.

Хизмати аз ҳама бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори нобиғахои маданияти бойи тоҷиконро ҷашн гирифтан, қайд кардани 1310 солагии бузургдошти Имоми Аъзам буд. Ин ҷашне гардид, ки дар ҷодаи тамаддун миллати тоҷиконро ба саҳнаи ҷаҳонӣ баровард. Олами Ислом дуогўи халқи тоҷик ва Президенти он Эмомалӣ Рахмон гардиданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …