Главная / Гуногун / КИТОБИ СИЁСАТШИНОСӢ

КИТОБИ СИЁСАТШИНОСӢ

Китоби дарсӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2017, №11/14 ба чоп тав- сия шудааст.

Муҳаррири масъул: Муҳаммад А.Н. – доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ

Муқарризон:

Нуриддинов Р.Ш. – доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Искандаров А.- доктори илмҳои сиёсӣ.

Саидов А.С. – доктори илмҳои фалсафа, профессор

Муҳабатов А. – номзади илмҳои фалсафа, профессор

Муаллифони мавзӯъҳо:

Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз – доктори илмҳои сиёсӣ, про- фессор (мавзӯъҳои 1, 2, 4, 5, 7, 9, 16, 18, 19, 20, 24).

Хидирзода Махфират Умар – доктори илмҳои фалсафа, про- фессор (мавзӯъҳои 8, 13, 17, 21).

Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент (мавзӯъҳои 3, 6, 10, 11, 12, 14, 15, 22, 23, 25).

18В^ 978-99975-994-4-5

© Муҳаммад Абдураҳмон,

Хидирзода Махфират, Сафарализода Хуҷамурод, 2018.

ПЕШГУФТОР

Аз қадимулайём падидаи сиёсат ҳамчун як соҳаи муҳимми фаъолияти инсон муайян гардидааст, ки дар раванди инкишофи ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи одамонро ба ҳаёти сиёсӣ ва қонунҳои он ҷалб менамояд. Фаҳмиши сиёсат ҳамчун соҳаи равобити гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва умумиятҳои одамон ба воситаи методологияи коммуникатсионӣ ифода меёбад. Асосгузори чунин фаҳмиши сиёсат Арасту ба шумор меравад. Ӯ сиёсатро ҳамчун шакли муошират ва ҳамчун воситаи мавҷудияти гурӯҳии инсон донистааст. Ба андешаи Арасту, инсон аз рӯйи табиати худ мавҷудоти ҷамъиятӣ мебошад ва ӯ худро танҳо дар ҷомеа (оила, маҳалла, давлат) метавонад ташаккул диҳад. Давлат ба сифати шакли олии алоқаҳои иҷтимоӣ ва муоширати инсонҳо муаррифӣ мегардад.

Мутафаккирони гузаштаи тоҷик низ дар ин самт таҳлилҳои зиёде ба анҷом расонидаанд, ки то имрӯз арзиши худро гум накардаанд. Масалан, Ибни Сино сиёсатро чун навъи санъат меҳисобад. Ӯ дарҷ менамояд, ки сиёсат ва муносибатҳои сиёсӣ ҷавлонгоҳи на танҳо ақл, балки маҳорат низ ҳастанд ва ба онҳо бояд чун навъи санъати олӣ муносибат намуд. Бинобар ин маснади сиёсии давлатро, аз назари Сино, бояд подшоҳ ё султон сарварӣ намояд. «Дар тадбири умур ва ҳусни сиёсат сазовортарин мардум ба тафаккур подшоҳону шаҳриёронанд, ки Худо ононро зимомдори умури бандагони худ намуда ва барои танзими билод дорои тасаллут ва қудрат намудааст».[1]

Оини сарварии подшоҳ ё султон, тибқи ақидаи вай, бояд қабл аз ҳама, ба омилҳои маънавӣ вобаста бошад. «Нахустин сиёсате, ки сазовор аст, инсон бо он оғоз кунад, ҳамоно сиёсати нафси худи ӯст. Яъне, аввал, бояд дар ислоҳи нафси худ бикӯшад, сиёсату тадбирашро дар он кору кӯшиш ба кор бурда, хештанро солеҳу неку бинамояд. Чи нафси одамӣ наздиктарину муҳтарамтарини чеҳраҳост нисбат ба ӯ ва дар миёни онҳо ба инояту таваҷҷуҳ сазовортар ва шоистатар аст. Ва агар касе аз уҳдаи сиёсати неку ва ислоҳи нафси худ барояд, он гоҳ боке бар вай нест, ки ба болотар аз он иқдом карда, ба сиёсати билод бипардозад. Яъне, касе ки худро ислоҳ карда бошад, метавонад ба сиёсату тадбири умури мардум иштиғол варзад».[2]

Ҳамин тавр, вобаста ба талаботи ҳаёти ҷомеа андешаҳо хеле мухталифанд ва бисёре аз донишмандон дар ин самт таҳлилҳои зиёде доранд. Баъдан, қисми алоҳидаи дониш, яъне фалсафаи амалии он – илм дар бораи сиёсат ба вуҷуд омад, ки дар ҷараёни таҳқиқи зуҳуроти сиёсӣ ва равандҳои сиёсӣ мақоми хосса дорад.

Бояд тазаккур дод, ки илмҳои сиёсӣ таърихи зиёда аз дуҳазорсола доранд, вале ҳамчун фанни мустақили таълимӣ дар кишварҳои аврупоӣ тӯли сад соли охир таълим дода мешаванд. Дар кишвари мо омӯзиши сиёсатшиносӣ ҳамчун фанни таълимӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ба миён гузошта шуд. Имрӯз донистани фанни сиёсатшиносӣ яке аз омилҳои асосии маърифатнокии умумии ҳар як фард, бахусус мутахассисони оянда маҳсуб меёбад.

Ба вуҷуд овардани тасаввуроти мукаммал дар бораи сиёсат, баррасии мафҳумҳои илмию масъалаҳои назариявии соҳаи сиёсат, истифодаи онҳо барои таҳлили раванду ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ва пайдо намудани малакаю таҷриба барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ мақсадҳои асосии сиёсатшиносӣ мебошанд.

Ҳамзамон, боиси қаноатмандист, ки дар айни ҳол, барои устувории асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва заминаҳои рушди илмҳои ҷомеашиносӣ як қатор қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ гардидаанд, ки самтҳои асосии сиёсати илмиро муайян менамоянд. Барномаи «Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» ва «Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028» яке аз муваффақиятҳое ба шумор мераванд, ки дар замони дигаргуниҳои ҷомеа барои рушду нумӯи илмҳои мазкур заминаи мусоидро фароҳам меоваранд.

Дар баробари ин, омӯзиши фанни мазкур яке аз воситаҳои муҳимтарини иҷтимоикунонии шахс ва ташаккули маданияти сиёсӣ ба шумор меравад. Муҳимтарин ҷанбаи фанни сиёсатшиносӣ муайян намудани моҳияти фаъолияти сиёсӣ мебошад. Фанни мазкур барои донишҷуён методологияи таҳлили ҳаёти сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва алоқамандии донишҳои сиёсиро фароҳам меоварад. Ҳамчунин, фанни сиёсатшиносӣ дар раванди таълиму тарбия дар зеҳну тафаккури донишҷӯён худшиносию худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсиро устувор менамояд.

Китоби мазкур дар асоси нақшаи таълимӣ ва барномаи таълимӣ барои факултетҳои ғайриихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат омода шудааст. Муаллифон ба методика ва усулҳои таълими илмҳои сиёсӣ такя намуда, сарчашмаҳои илмии гуногунро мавриди истифода қарор додаанд. Махсусан, инъикоси равандҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе мавзӯъҳои нав бори нахуст барои донишҷӯён пешниҳод мегарданд.

Муҳаммад Абдураҳмон, профессор

МАВЗӮИ 1. СИЁСАТ ҲАМЧУН
ПАДИДАИ ҶАМЪИЯТӢ

Гар теғи сиёсати салотин набувад, Дар олами хок оби хуш кас нахӯрад.

  • 1. Мафҳум ва моҳияти сиёсат

Мафҳуми «сиёсат» дар таърихи тамаддуни башарият ҳамеша мавриди истифода ва баҳси ҳамагон қарор дошт. Ҳамзамон, сиёсат ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон таъсир расонида, новобаста аз хоҳишу фаъолият шахсро вориди дунёи сиёсат мегардонад. Аз ин рӯ, дарки мазмуну мундариҷа ва моҳияти сиёсат, муайян намудани қонуниятҳои рушду инкишофи он, нишон додани алоқамандии сиё- сат бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хеле муҳим мебошад. Ҳанӯз дар замони худ мутафаккири Юнони қадим Перикл иброз намуда буд, ки дар бораи сиёсат ҳама метавонанд муҳокимаронӣ намо- янд, аммо на ҳар кас метавонад сиёсат офарад.

Маълум аст, ки бори аввал сиёсатро бо мафҳуми «политика» ифода намудаанд. Мафҳуми мазкур дар зери таъсири асари машҳу- ри Арасату «Политика» ташаккул ёфтааст. Ин истилоҳ аз забони юнонӣ (ро1111ка) гирифта шуда, маънояш «санъати идораи давлат ва корҳои давлатию ҷамъиятӣ» мебошад.

Мутафаккирони шинохтаи тоҷику форс Имоми Аъзам, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Форобӣ, Унсурулмаолии Кайко- вус, Низомулмулк, Муҳаммад Ғазолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон низ дар осори худ нисбат ба мазмуни сиёсат ва дар амал тадбиқ намудани он андешаҳои ҷолиб пешниҳод намуда- анд, ки то имрӯз арзиши аслии худро нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар китоби «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» дар боби сиёсат чунин овардааст, ки мадори олам бар сиёсат аст, агар забти сиёсат набошад, муҳиммоти ҷаҳон бар насақ намонад ва агар қону- ни таъдибу таъзиб набувад, корҳо рӯй ба табоҳӣ ниҳанд:

Аз сиёсат низом ёбад мулк,

Бе сиёсат халалпазир бувад.

Насақи корҳои оламро,

Аз сиёсат ногузир бувад.

Дар баробари ин, ӯ чунин ибрози ақида дорад, ки «сиёсат забт кардан аст ва доштани сиёсат ду навъ аст: яке, сиёсати нафси худ, яке сиёсати ғайри худ. Ва аммо сиёсати нафс бар интизоми ахлоқ замина аст. Ва касби авсофи ҳамида ва сиёсати ғайр аз ду қисм аст. Яке, сиёсати хосу муқаррибони даргоҳ ва забту насақи эшон ва дувум, сиёсати авом. Сиёсати авом бар он ваҷҳ аст, ки бадону бад- феълонро бояд ки пайваста тарсону ҳаросон дорад. Ва некону нек- кирдоронро умедвор созад»[3].

Ҳамин тавр, аксарияти бузургони олами илму адаби Шарқ фаҳмиши сиёсатро дар меҳвари санъати идораи давлат тарҳрезӣ намуда, муҳтавои асосии андешаҳои худро бо назму наср баррасӣ намудаанд.

Дар замони муосир сиёсатро дар мазмуни васеъ ҳамчун па- дидаи ҷамъиятӣ ва дар мазмуни маҳдуд ҳамчун фаъолияти воқеии гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки ба сиёсати амалӣ машғуланд, маънидод кар- дан мумкин аст. Фаҳмиши сиёсат ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ хосси фанни сиёсатшиносӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳангоми баррасии муҳтавои асосии ҳар як илм, аз омӯзиши масъалаҳои марказӣ ва муҳимми он шурӯъ мена- моянд. Масалан, агар барои фалсафа материя ва шуур, барои физика қувва, барои иқтисоди сиёсӣ шаклҳои истеҳсолот мафҳумҳои мар- казӣ бошанд, пас барои сиёсатшиносӣ категорияҳои «сиёсат» ва «ҳокимияти сиёсӣ» масъалаҳои бунёдӣ ба шумор мераванд. Албат- та, муайян намудани мафҳумҳои асосии ин ё он фан мушкилиҳои зиёди худро дорад ва сиёсат низ зуҳуроти хеле мураккаб буда, дар- ки мазмуну мундариҷаи он хеле мушкил аст. Ҳатто дар замони худ Алберт Эйнштейн мушоҳида намуда буд, ки «сиёсат аз физика низ мураккабтар аст».

Инчунин, сиёсат омили муҳимми мавҷудияти ҷомеа мебошад. Он дар натиҷаи тағйироти иқтисодию иҷтимоӣ ва дар шароити гу- зариши ҷомеаҳои ибтидоӣ ба сохтори навбатии ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, барои ҳалли низоъҳо ва ихтилофҳои мухталиф, ки бо нигоҳ доштан ва истифода бурдани ҳокимият алоқаманд буд, равона гар- дидааст.

Аз ин рӯ, сиёсат соҳаи фаъолиятест, ки муносибатҳои байни умумиятҳои иҷтимоиро дарбар гирифта, ба воситаи ба даст овардан ва истифода бурдани ҳокимияти давлатӣ ҳимоя наму- дани манфиатҳои худ ва идора намудани равандҳои ҷамъияти- ро ифода менамояд.

Сиёсат дорои хусусиятҳои зерин мебошад, ки ба воситаи онҳо моҳияти падидаи мазкурро муайян намудан мумкин аст:

  1. Сиёсат ҳама вақт бо фаъолияти оммаи мардум, ҳимояи манфиатҳои халқ ва гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ алоқамандӣ дорад. Аз ин рӯ, сиёсат ба воситаи шумораи зиёди одамон, ки миллионҳо нафарро ташкил дода, барои ҳимояи манфиатҳои оммавӣ равона шудаанд, зоҳир мегардад. Аммо дар чунин ҳолат низ номувофиқатии манфиатҳо дида мешавад, ки гурӯҳҳои дӯсту душман, пайравон ва мухолифон ба вуҷуд меоянд. Маҳз натиҷаи чунин муносибат аст, ки дар ҷомеа гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳамаи ин гурӯҳҳо кӯшиш менамоянд, ки манфиатҳои гурӯҳии худро ба сифати манфиатҳои муҳимми оммаи мардум нишон диҳанд. Маҳз дар чунин вазъият ҳалли низоъҳо ва мухолифатҳои ҷамъиятӣ яке аз вазифаҳои муҳимми сиёсат ба шумор меравад.
  2. Сиёсат бо фаъолияти давлат, ки яке аз институтҳои марказии системаи сиёсӣ мебошад, алоқамандӣ дорад. Зеро давлат дар ҳалли мушкилоте, ки диққати ҷомеаро ба худ ҷалб менамоянд, хизмат ме- кунад. Дар ҳама шароит нигоҳ доштани тавозуни манфиатҳои гурӯҳӣ ва ҷамъиятӣ хосси давлат ва сиёсат мебошад. Сарфи назар намудан аз чунин раванд ба вайрон шудани механизми давлату давлатдорӣ оварда мерасонад.
  3. Сиёсат бо таҳлили ҷиддии шароитҳои мавҷуда, фаъолияти сиёсӣ, лоиҳаҳои сиёсӣ ва ояндабинии равандҳои ҷамъиятию сиёсӣ алоқаманд аст. Ин аст, ки воқеият ва мавҷудияти шароитҳои ҷамъи- ятӣ дар шакли барнома, таълимот, баённомаҳо ва монанди инҳо ифода меёбанд.
  4. Сиёсат раванди ҳукмронӣ буда, бо қобилияти таъсиррасонӣ алоқаманд мебошад ва ба иҷрои вазифаҳои муҳимми ҷамъиятӣ ра- вона гардидааст. Дар чунин ҳолат сиёсат на танҳо маҷмӯи ақидаҳои назариявист, балки амалҳои воқеӣ оид ба ташаккули ҳокимият ва истифода бурдани он низ мебошад. Роҷеъ ба ин масъала Макс Ве- бер андешаи ҷолиб иброз намудааст. Ба ақидаи ӯ, сиёсат илмест, ки механизм ва технологияҳои ҳукмрониро ифода менамояд. Аммо чӣ гуна ташкил шудани ҳокимияти давлатӣ ва қонеъ сохтани талаботи мардум аз мавҷудияти шароит ва рушду инкишофи ҷомеа вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар як шахс нисбат ба сиёсат бояд муносиба- ти ҷиддӣ дошта бошад. Зеро ҳеҷ кас наметавонад аз таъсири сиёсат худро дар канор гирад. Мабодо шумо агар фикр дошта бошед, ки ба сиёсат сару кор намегиред ва ба он коре ҳам надоред, вале сиёсат новобаста аз хоҳиши касе ҳатман ба инсон сару кор мегирад.
  • 2. Методологияи фаҳмиши сиёсат

Дар замони муосир дарки моҳияти сиёсат хеле душвор аст. Аслан, моҳияти онро мувофиқи мавқеи истифодашавиаш муайян менамоянд. Айни замон барои муайян намудани мазмун ва мунда- риҷаи сиёсат якчанд муносибатҳои методологӣ вуҷуд доранд.

Пеш аз ҳама, сиёсат маҷмӯи муносибатҳое мебошад, ки дар ми- ёни умумиятҳои мухталифи иҷтимоӣ зоҳир мегардад (дар миёни миллатҳо, синфҳо, табақаҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ғ.). Омилҳои таърихии пайдоиши сиёсат бо ҷомеаҳои анъанавӣ, динӣ ва этникӣ алоқаманд аст. Ба воситаи сиёсат манфиат ва талаботи да- розмуддати гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ ифода меёбанд, ки дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо барояшон хеле зарур аст. Дар чунин вазъият сиёсат ҳамчун воситаи танзимнамоии раванди таъмини манфиатҳо баромад менамояд, ки устувории ҷомеа аз он вобастагии зиёд дорад.

Шарҳи антропологии сиёсат ҷиҳатҳои низоӣ ва ба созиш ома- дани онро муайян менамояд. Дар ин ҷо диққати асосӣ ба ихтилофи манфиатҳо, ки асоси сиёсатро ташкил менамоянд, равона мегардад. Аз ин рӯ, муносибат ва фаъолияти якҷояи субъектҳои сиёсат мета- вонанд дар шаклҳои мухталиф (аз қабили мубориза, бархӯрд, рақобат, ба созиш омадан (консенсус), ҳамкорӣ, компромис ва ғ.) зоҳир гарданд.

Ҷиҳатҳои низоии фаҳмиши сиёсатро марксистон ва назариячи- ёни низоъшинос, чун Р.Дарендорф таҳлил намуда, ташаккул дода- анд. Аз ин нуқтаи назар, сиёсат фаъолиятест, ки ба воситаи он ни- зоъҳои сиёсӣ бо роҳи зӯрӣ ва ё осоишта ҳал карда мешаванд. Мубо- риза ҳамчун шакли асосии муносибатҳои сиёсӣ аз ҷониби марксизм ташаккул дода шуда, идеяи муборизаи синфӣ ҳамчун оғози ҷараёни таърихӣ дониста шудааст. Инчунин, ба ақидаи марксистон «сиёсат – ин мубориза барои ҳокимият мебошад. Сиёсат ин бо зӯрӣ бор кардани иродаи синфи ҳукмрон аз болои синфҳои дигар аст».

Фаҳмиши консенсуалии сиёсат дар алоқамандӣ бо рушди демо- кратия ва назарияҳои плюралистии демократия (А.Бентли, Г.Ласки, Р.Дал) ташаккул меёбад. Аз ин нуқтаи назар, сиёсат санъати ба со- зиш омадан ва пайдо кардани тавозуни манфиатҳо миёни гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ мебошад.

Аз ин ҷо саволе ба миён меояд, ки моҳияти муносибатҳои сиёсӣ дар чӣ ифода меёбад? Барои посух ба ин савол бояд донист, ки ҷавҳари асосии сиёсатро мубориза барои ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани ҳокимият ташкил медиҳад. Ҳокимияти сиёсӣ қобилияти воқеии қувваҳои иҷтимоӣ буда, ба воситаи он манфиатҳои махсуси объективӣ амалӣ гардида, иродаи субъект дар сиёсат ва меъёрҳои ҳуқуқӣ бор карда мешавад. Моҳияти ҳокимият ба воситаи механизмҳои ҳукмронии иҷтимоӣ муайян карда меша- вад.

Ҳамин тариқ, сиёсат шакли махсуси ҳукмронӣ буда, ба воситаи он идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад. Ҳокимият асоси сиёсат буда, асли муносибатҳои сиёсӣ ва хусуси- ятҳои муҳимми муайянкунандаи он низ ба шумор меравад. Ба воси- таи чунин хусусият сиёсат ва муносибатҳои сиёсиро аз дигар ша- клҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ фарқ кардан мумкин аст. Дар робита бо ин, мутафаккири немис Макс Вебер қайд намудааст, ки: «сиёсат кӯшиши иштирок дар ҳокимият ва ё таъсир расонидан дар тақсими ҳокимият чи дар дохили давлат ва ё миёни давлатҳо ва чи миёни гурӯҳҳои мухталифи одамон мебошад. Касе, ки бо сиёсат сару кор мегирад, вай ба сӯйи ҳокимият майл мекунад…»[4]. Ба воситаи ҳоки- мият муайян намудани моҳияти сиёсат хосси тафаккури аксари му- тафаккирон мебошад. Аз ҷумла Н.Макиавелли, В.Паретто, К.Маркс ва дигарон ба ин гурӯҳ шомиланд. Чунин шарҳу баён оид ба моҳи- яти сиёсат муносибати директивӣ ном гирифтааст.

Аз нуқтаи назари ҳокимият муайян намудани сиёсат ба воситаи фаҳмиши институтсионалӣ низ инъикоси васеи худро пайдо ме- намояд. Муносибати инстутсионалӣ сиёсатро ҳамчун соҳаи муно- сибатҳои давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сохтор ва институтҳои ҷамъиятию сиёсӣ нишон медиҳад, ки дар он ҳокимият ва сиёсат ба таври хеле равшан таҷассум меёбанд. Пайдоиши ин- ститутҳои сиёсии мазкур аз рӯйи дараҷаи даркнамоии манфиатҳо аз ҷониби синфҳо ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ муайян карда мешавад. Инчунин, маҳз намояндагии ин гурӯҳҳо метавонанд, ки инсти- тутҳои сиёсию ҷамъиятиро ба вуҷуд оваранд. Мавҷудияти ҳар як институти сиёсӣ нишондиҳандаи ҳимояи манфиатҳои гурӯҳи муа- йян мебошад. Дар системаи сиёсии ҷомеа мавқеи марказиро давлат ишғол менамояд, ки он аз ташкилоти олии сиёсӣ иборат буда, дорои ҳуқуқи расмии маҷбурнамоӣ мебошад. В.И.Ленин қайд намуда буд, ки «дар сиёсат аз ҳама чизи муҳим -сохтори ҳокимияти давлатӣ ме- бошад»[5]. Дар чунин ҳолат «сиёсатро ҳамчун иштирок дар корҳои давлатӣ, самти фаъолияти давлат, муайян намудани шакл, вазифа ва мундариҷаи фаъолияти давлат» шарҳ додан мумкин аст[6].

Дар шароити муосир дар баробари давлат дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои таъсиррасон нақши фаъол доранд. Дар маҷмӯъ, инсти- тутҳои мазкур асоси амалишавии сиёсатро ташкил намуда, таркиби дохилии онро мукаммал менамоянд ва имкон медиҳанд, ки сиёсат дар ҷомеа вазифаи махсусро иҷро намояд.

Инчунин, сиёсат ҳамчун соҳаи махсуси ҷамъиятӣ зерсистемаи мустақили ҷомеа ба шумор рафта, дорои маркази қабули қарор ва муҳити муайян мебошад. Сиёсат раванди омода сохтан, қабул намудан ва амалӣ гардонидани қарорҳои муҳим мебошад. Ҳадафи асосии сиёсат идора намудани равандҳои иҷтимоӣ мебошад, ки дар шакли таъсирасонии системанок ва мақсаднок нисбат ба ҷомеа амалӣ мегардад. Сиёсат бо чунин хусусиятҳои худ дар низоми му- носибатҳои ҷамъиятӣ мавқеи марказиро ишғол намуда, муҳимми- яти қарорҳои сиёсиро муайян намуда, онҳоро барои кулли ҷомеа ҳатмӣ мегардонад.

Намояндагони чунин навъи фаҳмиши сиёсат олимони машҳури амрикоӣ Т.Парсонс, Д.Истон ва Г.Алмонд мебошанд, ки муносиба- ти системавиро ташаккул додаанд. Ба ақидаи Т.Парсонс, сиёсат маҷмӯи воситаҳои ташкилие мебошад, ки дар мувофиқат бо вази- фаҳои бунёдии системаи сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои умумӣ хизмат менамояд.

Дар заминаи ин навъи фаҳмиши сиёсат муносибати функсио- налӣ ташаккул дода шудааст, ки он моҳияти сиёсатро бо роҳи шарҳи вазифаҳои асосии он муайян менамояд. Ташаккулдиҳандаго- ни функсионализм вазифаҳои сиёсатро ба таври зерин муайян намудаанд: идоранамоӣ, таъмини тартибот, нигоҳ доштани устуво- рии ҷомеа, дар мувофиқа бо ҳокимият тақсим намудани арзишҳо ва ғ. Дар ин замина вазифаҳои системаи сиёсӣ низ аз ҷониби Г.Алмонд ба таври муфассал таҳлили худро ёфтаанд.
pdfБорбардори кардани китоб >>>
 Чунин шарҳу баён нисбат ба моҳияти сиёсат кофӣ нест, аммо он имкон медиҳад, ки сиёсатро ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ дарк намоем. Ҳамин тариқ, сиёсат фаъолиятест, ки бо муноси- батҳои умумиятҳои иҷтимоӣ алоқаманд буда, ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани ҳокимияти давлатӣ ва идо- ра намудани равандҳои иҷтимоӣ моҳияти онро ташкил медиҳад.

Сиёсат ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ одатан ба се шакли муноси- бат ҷудо мегардад: сиёсат ҳамчун фаъолият; сиёсат ҳамчун илм; сиёсат ҳамчун санъат.

  1. Сиёсат ҳамчун фаъолият – сиёсате мебошад, ки дар ин ё он самт амалӣ карда мешавад (масалан, дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, амният, муносибатҳои байналхалқӣ ва ғ.).
  2. Сиёсат ҳамчун илм – ин лоиҳаҳои гуногуни назариявие ме- бошанд, ки аз доктринаҳои сиёсӣ ва асосҳои методологии сиёсат ва дигар падидаҳои сиёсӣ иборатанд. Вазифаи асосии сиёсат ҳамчун илм аз ояндабинии омилҳои мухталифи фаъолияти сиёсӣ, муайян намудани мақсад ва вазифаҳои сиёсати давлатӣ иборат мебошад.
  3. Сиёсат ҳамчун санъат – ин санъати идоранамоӣ, амалӣ гар- донидани ҳокимият, ҳимоя намудани манфиатҳои гурӯҳҳои гуногу- ни иҷтимоӣ, санъати ба даст овардан ва нигоҳ доштани ҳокимият, санъати интихоб намудани усул ва воситаҳои ба ҳадаф расидан ва ғ. мебошад.

[1]Абӯалӣ ибни Сино. Осор. – Ҷ.2. – С.14.

[2]Ҳамон ҷо. – С.16.

[3] Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Ахлоқи Муҳсинӣ. – Душанбе, 1991. – С.207.

[4] Макс Вебер. Избранные произведения. – М., 1990. – С.646.

[5] Ленин В.И. Полное собрание сочинений. – Т.23. – С.239.

[6] Ленин В.И. Полное собрание сочинений. – Т.33. – С.340.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …