Главная / Гуногун / Китоби Рўдакӣ

Китоби Рўдакӣ

Мақоми волои шеър, ҳунари офарандагӣ ва хизматҳои бузурги адабии Устод Рўдакиро бисёр шоъирони қарнҳои ҷаҳорум то даҳуми ҳиҷрӣ (асрҳои X-—XVI мелодӣ)-и форсигўй (Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ, Маъруфии Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Унсурӣ, Рашидии Самарқандӣ, Манучеҳрӣ, Носири Хусрав, Адиб Собири Тирмизӣ Муиззӣ, Масъуди Саъди Салмон, Ибни Ямин, Ҷомӣ ва дигарон), тазкиранависон ва таърихнигорони асрҳои XI—XX мелодӣ (Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ,  Низомии Арўзии Самарқандӣ, Саолабӣ, Муҳаммад Авфӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Амин Аҳмади Розӣ, Ғуломалихони Орзу, Озари Бегдилӣ, Ризоқулихони Ҳидоят), пажўҳишгарони дусад соли ахири Ғарбу Шарқ ва мутахассисини муосири тоҷику форс (А. Журден, Ҳ. Эте, Ж. Дармстетер, Ч.Пикеринг, П. Ҳорн, Э. Броун, В. Ҷексон, Шиблии Нўъмонӣ, Ризозода Шафақ, Садриддин Айнӣ, Саъид Нафисӣ, Бадеъуззамони Фирўзонфар, Бобоҷон Ғафуров, Абдулғанӣ Мирзоев ва садҳои дигар), ки фақат зикри номи онҳо чандин варақро пур мекунад, эътироф намудаанд. Ҳамаи онҳо, чунон ки борҳо ишора шуд, Устод Рўдакиро чун номитарин, барўмандтарин, куҳантарин ва муҳтарамтарин шоъири форсибаён эътироф намуда, чун Одамушшуъаро, Султонушшуъаро, корвонсолори шоъирон, муқаддами шоъирон, султони шоъирон, соҳибқирони шоъирӣ, устоди устодон ва монанди ин васфу ситойиш намудаанд. Гуфтори ўро некўтару беҳтар аз ҳамагон шинохта, Устодро суханвари некўшеър гуфтаанд, ки хулосаи ҳамаи ин ҳамон гуфтаи Балъамист, ки дар олами адаб машҳур аст: «Рўдакиро дар Арабу Аҷам монанд нест».

Шаҳиди Балхӣ хатто сухани Устод Рўдакиро мисли оятҳои «Қуръон» нотакрору мўъҷизавӣ мешуморад:

Ба сухан монад шеъри шуъаро,

Рўдакиро  суханаш   тилви   Нубост!

Шоъиронро хаҳу аҳсант мадеҳ,

Рўдакиро хаҳу ахсант ҳиҷост!

Бисёр шоъирони дигар санову мадеҳи Устод Рўдакиро аз наъими ҷовидоние мешуморанд, ки аз Оли Сомон боқӣ мондааст ва, ҳатто, бархе Рўдакиро чун устоди шоъирони ҷаҳон медонанд, ки байти Кисоии Марвазӣ намунаи он аст:

Рўдакӣ устоди шоъирони ҷаҳон буд,

Садяк аз ў туйӣ, Кисойӣ, яргист?!

Низомии Арўзии Самарқандӣ ба дабирон тавсия медиҳад, ки барои сайқал додан ва мукаммал гардонидани ҳунари нигорандагии худ, баробари китобҳои дигар, шеъри Устод Рўдакиро бояд бидонанд, ки ин ба арзиши бузурги гуфтори Устод Рўдакӣ қойил будани суханпардозонро ифода мекунад ва дар ин хусус дигар далеле овардан басанда аст.

Пажўҳишгарони Ғарб Устод Рўдакиро аз тавонотарин шуъарои Эрон, касе, ки бо ҷулуси Сомониён шеъри форсии дариро ба тахт нишонд, устоди бемонанд, номитарин шоъири давраи Сомониён, гўяндае, ки тамоми анвоъи шеъри форсиро ба мунтаҳои камол расонида, нағмасарои бомдод шинохтаву эътироф кардаанд.189

«Хулоса, ин аст — менависад Абдулғанӣ Мирзоев, — сирри ба лақабҳои эҳтиромӣ ва ифтихории Одамушшуъаро, Соҳибқирони шоъирӣ, Султонушшуъаро, Корвонсолори шоъирон ва амсоли он сазовор гардидани ин ҳайкали бузурги назм ва ин аст сабаби асосии ба эҳтиромоти беандозаи дўстдорони адабиёт, халқҳои ҳамсоя, форсизабонон, махсусан тоҷикон ва умуман ҷомеъаи советӣ соҳиб гардидани Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва ҷовидон мондани номи ў».190

Аз ин рў, марги устод дар вақташ барои фарҳанги мо ва аз байн рафтани он барои инсоният талафоти азиме ба шумор мерафт. Аз ҳамин ҷиҳат, шоъире аз муосирони устод гуфта буд:

Рўдакӣ рафту монд ҳикмати ўй,

Май бирезад, нарезад аз вай бўй!

Шоъират ку кунун, ки шоъир рафт,

Набувад низ ҷовидона чун ўй!

Хун гашт оби чашмам аз ғами вай,

3-андуҳаш мум гашт оҳану рўй!

Нолаи  ман  нигар,  шигифт мадор,

Шав, бишав, зор-зор нол бар ўй!

Чанд ҷўйӣ, чу ў наёбӣ боз,

Аз чун ў дар замона даст бишўй!

Ҳамаи ин гуфтаҳо бурҳони онанд, ки донишмандони олам дар тамоми асру замонҳои 1100 соли баъдина, ки аз даврони зиндагии Устод Рўдакӣ сипарӣ шудааст, асосгузор ва падари адабиёти форсии тоҷикӣ буданашро эътироф кардаанд.

Пас, мақоми хосаи таърихии Рўдакӣ чун асосгузори назми тоҷику форс дар чист?

Барои муайян кардани мақоми таърихии Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, пеш аз ҳама, ба чунин савол ҷавоб додан лозим аст: Ҳунари шоъирии Рўдакӣ ва сирри маҳбубияти осори ў дар чист? Ҷавоби кўтоҳи ин савол _____________________________

  1. А. Мирзоев. Абўабдулло Рўдакӣ, саҳ. 235-240.
  2. А. Мирзоев. Ҳамон ҷо, саҳ. 252.

чунин аст: Рўдакӣ дар таърихи халқи тоҷик аввалин устоди сухан аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштагони худро дар соҳаи адабиёти тоҷик ҷамъбаст ва нуқсону сустиҳои онро рафъ намуда, адабиёти тоҷик-халқи худро аз ҷиҳати мазмун, ғоя ва шакл ба низом даровард ва роҳи минбаъдаи пешрафту такомулу инкишофи онро муайян намуд. Мувофиқи таъбири рўдакишиноси машҳури Франция Дармстетер, устод шеъри форсӣ-дарии тоҷикиро аз ҷиҳати бузургӣ ба тахт нишонд ва роҳи тараққиёти ояндаи онро муайян кард. Бо ин хизмати худ Рўдакӣ нуфузи назми арабро дар хоки Сомониён ба дараҷаи нестӣ расонда, истиқлоли адабии халқи худро амалӣ гардонд. Бар замми ин, ў ба тоҷикӣ чунон шеърҳо офарид, ки сухансанҷони араб фасоҳат ва балоғати онҳоро эътироф кардаанд.

Барҳақ, Устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, қабл аз ҳама, бо мероси фавқулода фаровон ва бузурги худ адабиёти моро ғанӣ гардонд. Ў аз шоъирони пуркор ва пурмаҳсултарини дунё буд, ки ҳанўз дар кўдакӣ саводи комил бароварда, аз ҳаштсолагӣ шеърҳои пурмаъно мегуфт. Аз ибтидо мардум шеърҳои ўро меписандиданд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи гарми халқ дили Рўдакиро ба гуфтани шеър гарм мекард. Муҳаммади Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» дар кўдакӣ зоҳир шудани истеъдоди Рўдакиро таъкид намуда, хабар медиҳад: «Чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръон тамом ҳифз кард ва қироат биёмўхт ва шеър гуфтан гирифт ва маъонии дақиқ мегуфт, чунон ки халқ бар вай иқбол намуданду рағбати ў зиёдат шуд». 191

Илова ба ин, Рўдакӣ чунон истеъдоди бузурге дошт, ки асарҳои калонеро дар муддати кўтоҳе эҷод мекард. Масалан, ў соли 932 бо хоҳиши дўсташ Балъамӣ «Калилаву Димна»-ро дар 12 ҳазор байт ба назм даровард. Баъди ин достони «Синдбоднома»-ро навишт, ки аз он 41 байт боқӣ мондааст. Соли 933 қасидаи «Модари май»-ро дар чанд рўз гуфт, ки дар шакли боқимондааш аз 94 байт иборат аст.

Ҳамин тариқ, эҷодиёти Рўдакӣ қариб 75 сол, яъне аз ҳашгсолагӣ то 83-солагии ў давом кардааст. Соҳиби девони бузурги ашъори лирикӣ будани ў аниқ аст. Бар замми «Калилаву Димна» ва «Синбоднома» Устод Рўдакӣ чандин маснавии дигар доштааст. Яке аз онҳо «Даврони Офтоб» аст, ки роҷеъ ба ҳаракат ва хосиятҳои таҳрики офтоб баҳс мекунад. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки Рўдакӣ, бешубҳа, аз шоъирони ниҳоят пурмаҳсул будааст. Бар замми ин, ба Рўдакӣ таълифи луғати манзуми арабӣ-форсиеро нисбат медиҳанд, ки ин байт, гўё, аз он ҷост:

Заръу зиръ аз баҳор шуд чу биҳишт,

Заръ кишт асту зиръ гўшаи кишт.

Бисёр асарҳои таърихӣ ва тазкираҳо хабар медиҳанд, ки Рўдакӣ шеъри арабиро низ хуб мегуфтааст.

  1. Муҳаммади Авфӣ. Лубоб-ул-албоб. Ба кўшиши Э.  Броун , Лейдан, 1903, ҷ. 2, саҳ. 6.

Бинобар ҳамин, шахсияти фавкулъода, эҷодиёти ғанӣ ва афкори ҳакимонаи Устод Рўдакӣ дар тамоми асру замонҳои баъди даргузашти ў мавриди баҳси муҳаққиқон ва ҷадали мубоҳисон буда, дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва осори шуъарои гуногун ў чун устоди устодони шеъри дарӣ муаррифӣ мешавад.

Масоили роҷеъ ба Рўдакӣ, ки бештар боиси баҳсу баррасии фузало гардидааст, аз инҳо иборат аст: лақаби Рўдакӣ чӣ будааст, ватани ў куҷост, ваҷҳи тахаллуси ў чист? Оё Рўдакӣ кўри модарзод буд, миқдори ашъори Рўдакӣ чӣ қадар буд, ў ба кадом намудҳои назм шеър мегуфт? Вазъи зиндагии ў чӣ ранг дошт, нуфузи вай дар замонаш чӣ навъ буд, қудрати шеъргўйии вай чӣ миқдор буд ва ғайра. Бояд хотирнишон кард, ки ба ин пурсишҳо ҳанўз посухи пурра дода нашудааст ва бисёр  суханоне, ки дар ин бораҳо то кунун гуфта шудаанд, қатъӣ ва охирин нестанд.

Устод Рўдакӣ на фақат шаклу анвоъи назми моро ба ҳадди такомул расонд, балки бо эҷодиёти ғанӣ, пурсарват, гаронбаҳо ва нотакрори худ ба сабки хуросонӣ ибтидо гузошт. Латофату барҷастагии шеъри Рўдакӣ, баробари мазмуни баланду санъати олӣ, дар тозагии забону суфтагиву пухтагии он ҳувайдо мегардад. Рўдакӣ на ба забони кўҳнашудаи шоъири қарни IX майл мекунад, на дар осораш калимаву ибораҳои арабиро зиёд кор мефармояд ва на ба лаҳҷаи маҳаллӣ шеър менависад. Вай нахустин суханварест, ки забони адабии тоҷикиро дар шеъри бисёр мавзуни сода ва ҳамафаҳм кор мефармояд. Дар осори ў ҳам калимаҳои касбу ҳунару деҳқонӣ ва ҳам калимаҳое, ки мафҳумҳои илмӣ, таърихӣ ва зебоиро ифода мекунанд, дар ягонагӣ кор фармуда шудаанд.

Дар осори Рўдакӣ парниён ва паранду дебо, анбару ёсуман, обу хоб, хандаву гиря, досу полик, «Аржанг»-у «Авасто», кишту дарав, хўрдану ошомидан ва ғайра ҳама баробар буда, яке ба дигаре имтиёз надорад. Вай ба ин васила дар такомулу инкишофи забони адабии тоҷикӣ хизмати бузургеро анҷом додааст. Забони осораш забони ширадору зебову зиндаи тамоми табақаҳои мардум мебошад, ки аз лиҳози луғат, таъбирҳои халқӣ, ибораҳои рехта, истифодаи мақолу зарбулмасалҳо ниҳоят пурмоя ва рангин аст.

Устод Рўдакӣ бо хизмат ва макоми таърихии худ аз ҳудуди маданияти халқи тоҷик берун мебарояд. Вай на танҳо асоси адабиёти форсу тоҷикро гузошт, балки бунёди тамоми адабиёти форсизабонро устувор кард. Аз ин ҷиҳат, ўро эрониён, афғонҳо ва дигарон барҳақ поягузори адабиёти худ мешиносанд ва азизу муҳтарамаш медоранд. Абдураҳмони Ҷомӣ дуруст мефармояд:

Номи онро, ки мебаранд имрўз,

Ҳаст аз он шеъри анҷуманафрўз! 

Асрори Раҳмонфар 

АЪЛОХОН  АФСАҲЗОД  ВА  ШИНОХТИ  РЎДАКӢ      

         Тоҷи  шарафу  ифтихори  мардуми  ориёнажоди, тоҷдор, асосгузори  адабиёти  бостонии форсизабонони ҷаҳон, падару поягузори шеъри оламшумули  тоҷик, Одамушшуъарои мулки  Аҷам, султони шоъирони дарибаён, қофиласолори назми форсӣ ва муқаддаму муқаддимаи шуъарои форсилисон эътироф шудан, бештару пештар аз ҳар шоъири дигаре  маҳбуби хонадон ва мақбули хонандагони адабиёти классики форсии тоҷикӣ будани Устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, дар назари аввал, шояд имкону иҳмол дода бошад, ки бархе  нуктаҳои торику уқдаҳои борики ҷараёни зиндагӣ, таҳдобу муҳтавои мероси боқимонда ва дигар мушкилаву масъалаҳои рўзгору осори ўро битамом омўхтаву баррасишуда ва таҳқиқу тадқиқёфта ба тасвиру  тасаввур оваранд.

         Аммо, дар асл, бо вуҷуди маълумоти фаровони даҳҳо сарчашмаи хаттӣ ва садҳо тадқиқоти илмӣ, то ҳанўз бисёре аз мушкилаву  муаммоҳои ҳаёту эҷодиёти Падари шеъри форсӣ, монанди ҷалби тамоми сарчашмаҳои маҳфуз дар осорхонаву кутубхонаҳои мамолики араб, Ҳиндустону Покистон, Исроилу Муғулистон ва ғайра, таҳқиқи  густардаи  дастовардаҳои илму фарҳанги даврони Рўдакӣ, мақоми росиху ростини ў дар наҳзати озодихоҳони замон, нақди ашъори маҷъулу машкуку «сайёр», баррасии маҳорати бузурги сухангустарӣ, таъйини фаровези мактабу сабки хосаи эҷодӣ, таҳияи матни комили мероси боқимонда ва, ниҳоят, оғози нашри «Энсиклопедияи Рўдакӣ», номакшуфу нокушуда ва нотамому ноиҷро боқӣ мемонанд.

         Бад-ин маънӣ, саъйе дар омўзиши рўзгору сайре дар пажўҳиши осори Устод Рўдакӣ варзидан ва худро дар ин ҷодаи душворгузари илмӣ ҳамқатору ҳамҷавори  бузургсоликоне чун Ҳерман Эте, Устод Айнӣ, Саъид Нафисӣ, Денисон Росс, Абдулғанӣ Мирзоев, Павл Ҳорн, Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдусалом Деҳотӣ, Михаил  Занд, Сотим Улуғзода, Иосиф  Брагинский, Абдураҳмон Тоҳирҷонов, Холиқ Мирзозода, Расул Ҳодизода ва дигарон гуморидан аз ҳар касе ҷасорати азиму шуҷоъати  салим тақозо мекунад.

         Пас, кадом омилҳо сабабгори мунтазаму қадам ба қадам ворид омадани профессор Аълохон Афсаҳзод (1935 – 1999) ба ин воҳаи вахим  ва дар имтидоди 35 – 40  соли фаъолияти эҷодӣ, то охирин айёми барҳаётӣ, худро саргарми машғулияти  мушкилписанди  Рўдакишиносӣ доштани ў гардидаанд?

         Аввалан, Аълохон Афсаҳзод, монанди ҳар тоҷикзодаи дигари мактабхон, ба сифати талабаи мактаби  миёнаи ҳамагонии шўравӣ ва донишҷўйи  шўъбаи филологияи тоҷики  факултаи  таъриху филологияи донишгоҳи  миллӣ,  ки  дар  ҳар   дуи  ин  махрута таълиму тадриси таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ва дигар  фунуни ҳамзоду ҳамгун ҳатмӣ буду ҳаст, наметавонист аз омўзиши қаринаҳои муҳити зиндагӣ ва  ҳазинаҳои ҷараёни ҳаёту  эҷодиёти Устод Рўдакӣ, дар баробари дигар устодони адабиёти классикии миллӣ, барканор бимонад.

         Сониян, аз сабаби он ки мавсуф аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта, баъди  хатми  донишгоҳ, ба ҳайси корманди Шўъбаи  шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ (баъдҳо Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ)-и АИ ҶТ расман  ба омўзишу пажўҳиш ва таҳияи матни осори классикони адабиёти тоҷик, махсусан Абдураҳмони Ҷомӣ, муваззаф гардида буд, хоҳу нохоҳ, наметавонист кореву ибтикореро бе шинохту корбурди осору афкори  Рўдакӣ ба сомон расонад.

         Солисан, омилу имтиёзи ногузири дигаре – ба  ҳусни қозии  тақдир бевосита дар инҳисори зодгоҳи кўчаки Устод Рўдакӣ, дар саргаҳи шохоби рости рўдхонаи Рўдак ба дунё омадани Аълохон Афсаҳзод ва дар муҳити растохези илмиву адабии солҳои панҷоҳуму шастуми садаи гузаштаи  шаҳри бостонии Панҷакат, ки  мудомаш боди фарҳанги  суннатии Самарқанду Бухоро ба димоғ мерасад,  ҳусни  камолу  ҷамоли инсонӣ пазируфтани Аълохон Афсаҳзод ангезаи нахустини пештару бештар аз дигар ҳамсолон огоҳӣ пайдо карданаш аз ному мақоми сухансарои панҷрўдӣ гардидааст.

         Бале, муҳити созгори зиндагиву тарбияти сазовори хонаводагӣ мусоядат намудаанд, ки Аълохон Афсаҳзод ҳанўз аз ибтидои солҳои панҷоҳум, аз овони хонандаи  синфи ҳаштум – даҳум (1951 – 1954), ҷавони 16–19-солае буданаш, оғози қаламфарсойӣ намуда, дар мавзўъҳои доғи ҳаёти  иҷтимоӣ – фарҳангии  зодгоҳаш хабару лавҳаҳо нависад, дар маркази ноҳияву ҷумҳурӣ ба табъашон расонад ва худро бармаҳал ба фаъолиятмандии  ҷасуронаи  илмӣ – иҷтимоъии пасин омода бисозад.

         Ба «Осорномаи  Аълохон Афсаҳзод» (Душанбе, «Давиштач», 2005), ки ҳоло дар  ихтиёрамон қарор дорад, санадҷўёна назар андозем, ба хубӣ аён мегардад, ки  мавсуф  аз овони мактабхонӣ дар мавзўъҳои гуногуни зиндагиву  ҷомиъа хомаронӣ кунад ҳам, асоси  диққату рағбаташро масоъили фарҳангу  маданият, албатта, аз дидгоҳу дилхоҳи ҳамон ҷавону  ҳамон замон,  ташкил додаанд. Аз ҷумла, дар миёни солҳои 1952 – 1956,  то рўзҳои донишҷўйи мактаби олӣ шуданаш, бо номи  «Выставка»  (таассурот  аз намойиши мусаввараҳои талабагон), «Обаш   хунук»  ( дар   бораи   ҳаммоми   шаҳрӣ),  «Ҷойи   дўстдоштаи  меҳнатка-                                      

шон»  (оид ба китобхонаи шаҳрӣ),  «Тайёрии хонандагон» (ба Иди  Якуми Май),  «Выставка  оид   ба нақшакашӣ», «Экскурсияи  шавқовар», «Ин роҳҳо кай дуруст мешаванд?», «Сафи  комсомол меафзояд», «Баччагони хушбахт», «Барои номаи камол», «Баромади ҳаваскорони  ҷавон», «Хизматрасонӣ   беҳтар  карда  шавад!»  ва  ғ.  чандин  ахбору  дархост интишор медиҳад, ки  то куҷоҳо ҷўёву пўё будани ҷавони хомакашро равшан мегардонанд.

         Дар давоми солҳои донишҷўйӣ (1956 – 1961), табиъист, ки паҳнои ҷўйишу пўйиш ва дидаву навиштаҳои Аълохон Афсаҳзод густардатар мегардад, аз зинаи мактаби миёна то донишгоҳи олӣ қадаме пеш рафтанаш, аз сода ба мураккабтар наздик омаданаш, донишу  малакаи бештару васеътари касбӣ (филологӣ) пайдо намуданаш аёнтар зуҳур мекунад. Чунончи, дар ин марҳалаи  кўтоҳи тақдирсозу раҳнамо пайиҳам чандин офаридаи  шогирдона, вале  пухтаву суфтаи илмӣ – оммавии  мавсуф – «Аз се баҳр гузашта…»  (ҳамроҳи Х.Шарифов; таассурот аз  тамошои кинофилми «Аз се баҳр убур карда…»), «Ҳамеша дар баҳри ҳаёт» (аз рўзгори донишҷўёни донишгоҳ), «Гогол ва хонандаи тоҷик» (ҳамроҳи Ҷ.Азизқулов), «Баъзе  хусусиятҳои луғати «Чароғи ҳидоят», «Ҷавонии  республикаро дидем» (таассурот аз тамошои филми  бадеъии  «Одам  пўсташро дигар мекунад), «Сатрҳои муҳаббат» (дар бораи ашъори Розия Озод), «Ба мактабҳо рафтанд» (дар хусуси таҷрибаомўзии донишҷўён), «Нависандаи ҳақиқатнигор» (оид ба ҳаёту навиштаҷоти нависандаи бузурги ҳинд Премчанд), «Фарзанди комсомол» (ҳамроҳи Ғ.Ҷўраев; аз  рўзгори собиқадори комсомол Аҳмадҷон Исмоилов), «Пандҳои пири хирад» (ҳамроҳи М.Хоҷаев; оид ба панду ҳикматҳои Аҳмади Дониш), «Иҷоранишин» (таассурот аз тамошои намойишномаи  ҳамноми театрии Файзулло Ансорӣ), «Байрақи Кова» (андешаҳо дар хусуси филми бадеъии «Байрақи оҳангар»), «Шоъири мўътабари мо» (портрети эҷодии Муҳаммадҷон Раҳимӣ) ва ғ. дар маркази ҷумҳурӣ ба табъ мерасанд, ки нигоҳи ҷиддитару доманадортари  олимона ва талоши босамари ҷавоне навомўзу  навпардозро таҷассум  менамоянд, азми минбаъд аз  кадом шохаву пайраҳаҳои эҷодӣ қадам заданашро муъайянтар месозанд.

         Ниҳоят,  дар ҳамон айём, аниқтараш, дар охирҳои   соли 1959, дар баробари  навиштаҳои дигараш, ду хабарномаи муфассал – «Ёдгориҳои ҳазорсола» (журнали «Машъал», 1959, №9, саҳ. 2 – 3) ва «Ганҷинаи  маданияти тоҷик» (журнали «Занони Точикистон», 1959, №11, саҳ.12 – 13)-и ў мунташир мегарданд, ки дар хусуси дастовардаҳои ҳафриёти бостоншиносии Панҷакати Қадим ва дороиҳои Музейи  навтаъсиси  ҷумҳуриявии таърихӣ – кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ сухан  ронда, нахустин  иртиботу  мулоқоти  равониву маънавии ўро бо зодгоҳи бостониву падаркалони ҷаҳониаш таъмину тақдим  медоранд.

Ана, аз ҳамон давра, Аълохон Афсаҳзод барои дидану шинохтани Устод Рўдакӣ ва муҳити зисту эҷодаш барои худ равзанаи кўчаке кушода, оҳиста – оҳиста, зина ба зина, вале пайваставу эътиқодмандона ва самарабахшу ҳадафгирона вусъаташ мебахшад.

Аълохон Афсаҳзод минбаъд, аз соли 1961 (корманди  илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ шудан)  то 1999 (соли фавти нобаҳангомаш),   дар   соҳаҳои   мухталифи  филологияи тоҷик чирадасту мумтоз шуда бошад ҳам, лаҳзае шуғли шинохтану шиносонидан ва омўхтану омўзонидани  Устод Рўдакиро фаро нагузоридааст ва дар ҳар мавриду  мавқеъи муносиб рўй бар он овардааст.

         Чунончи, соли 1971 «Шарҳи ҳоли Рўдакӣ дар «Баҳористон»- и Ҷомӣ»,  соли 1974 «Баҳсе, ки давом дорад», соли 1976 «Манбаъи пурбаҳо оид ба водии Зарафшон», соли 1978 «Баҳсҳо оид ба Рўдакӣ дар асри XV», соли 1983 «Соҳибқирони шоъирӣ» ва соли 1986  «Рўдакӣ» ном мақолаҳояшро пешкаши ҳамагон медорад, ки мавзўъи баҳсашон аз унвонашон ҳувайдост.

         Ҳамчунин, солҳои 1987 ва 2001  «Адабиёти тоҷик. Китоби  дарсӣ барои талабагони  синфи 8» ва солҳои 1988, 1991, 2003 «Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои талабагони синфи 9» дар таълифи Аълохон Афсаҳзод  аз чоп баромаданд, ки бо маълумоти муфассал  дар боби Устод Рўдакиву муҳити зисти ў ҳусни  оғоз  ёфтанашон амре табиъист.

         Асару мақолаву тақризномаҳои «Саҳми олими намоёни тоҷик» (ҳамроҳи Н.Маъсумӣ ва дигарон, 1972), «Мизони сухан» (1972), «Дўст ва  сабақомўз» (1975), «Дарахти борвар» (1981), «Академик  Абдулғанӣ Мирзоев» (1985) ва «Марди фарзона» (1988) дар хусуси  навиштаву  комёбиҳои Рўдакишиносоне чун А.Мирзоев, И.С.Брагинский, Х.Мирзозода, Р.Ҳодизода сухан ронда, «Маҳаки истеъдод» (1973) оид ба драмаи  «Рўдакӣ»-и Сотим Улуғзода ва «Бобоҷон Ғафуров ва пажўҳиши Рўдакӣ» (1997, 1999) дар боби дастовардаҳои ховаршиноси номӣ дар соҳаи шинохти Рўдакӣ маълумоти муфассал медиҳанд.

         Аълохон Афсаҳзод соли 1970 котиби илмии Анҷумани «Солонаи Рўдакӣ» интихоб гардида, дар баргузории ҷаласаҳои анҷуман дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,  Кўлоб, Панҷакат ҳиссаи сазовор гузоридааст ва як даста маърўзаҳои муфиду муҳимми Рўдакишиносонро ҷамъ овардаву бо таҳриру такмили даркорӣ соли 1978 дар маҷмўъаи «Ёдбуди Устод Рўдакӣ» дар дастраси умум қарор додааст, ки саҳми дигаре дар тарғиби ному каломи шоъири бузургвор мебошад.

         Аълохон Афсаҳзод соли 1984 дар шаҳри Боку (ҳамроҳи адабиётшиноси тоҷик Мирзо Муллоаҳмадов) ба  забони озарӣ «Нафаси гарм. Аз  Рўдакӣ  то   Лоиқ»   ном  тазкираи  намунаҳои  шеъри  тоҷикӣ, соли 1986 дар Душанбе асари  нодири таърихӣ–этнографии  Абдураҳмони  Мустаҷир  «Рўзномаи  сафари Искандаркўл»-ро, ки дар хусуси зодгоҳи Рўдакӣ маълумоти нотакроре медиҳад, мунташир сохта, дар имтидоди тамоми фаъолияти эҷодӣ дар ҷавҳари бисёр асару мақолаҳои дигари судманди худ, аз ҷумлаи «Давлатшоҳи Самарқандӣ ва тазкираи  ў»   (1974),  «Калила  ва   Димна»   (1981),  «Назира»   (1984), «Панднома» (1984), «Адабиёти дарборӣ» (1988), «Адабиёти дидактикӣ» (1988), «Адабиёти классикӣ» (1988), «Адабиёти форс – тоҷик» (1988), «Андарз» (1988),  «Андарзнома»  (1988), «Китобхонаи Сомониён» (1989), «Мирзоев Абдулғанӣ Муҳаммадович» (1989), «Фирдавсӣ ва суннати андарзофаринӣ» (1994, 1995) ва ғ. ҳатман маводу мадракеро аз осори Рўдакӣ ба кор бурдаву ягон лаҳза ва ё ҷанбаи рўзгору офаридаҳои шоъирро равшану мукаммалтар гардонидааст, ки самти дигари саргармиҳои Рўдакишиносии ўро нишон медиҳанд.

         Ниҳоят, соли 2003 дар нашриёти «Адиб»-и шаҳри Душанбе рисолаи муфассалу мудаллали устод Афсаҳзод «Одамушшуъаро Рўдакӣ» (дар ҳаҷми 304 саҳифа) аз чоп  баромад, ки аз ҷиҳати хронолияи таълиф охирин асари бузургҳаҷми марҳум буда, матнашро худи устод пеш аз фавташон барои нашр омода сохта буданд, ки нақду баррасии қиёсии он баҳси  ҷиддии алоҳидаеро  тақозо мекунад.

         Алҳол ҳамин қадар афзудан кофист, ки устод Аълохон Афсаҳзод бо фарҷоми кору  ҷусторҳои заҳматписанди мавсуф ва таълифи рисолаи фарогири мазкур марҳалаи навбатии Рўдакишиносии ҷаҳониро ҷамъбаст намуда, барои рушду давоми марҳалаи навини он раҳ кушодааст ва бад-ин васила ба занҷири заррини рисолаву мақолаҳои мутаъаддиди худ як ҳалқаи дигари рангин, вале асосиву бунёдиро зам намуда,  дигарбора хостаасту тавонистааст  исбот кунад, ки барҳақ «Устод Рўдакиро муосиронаш ва  суханварони баъдина зери унвонҳои ифтихории қофиласолори назми форсӣ, соҳибқирони шоъирӣ, устоди шоъирони ҷаҳон, султони шоъирон, одамушшуъаро, муқаддамушшуъаро, муқаддимаи шуъаро ва амсоли инҳо ёд мекунанд. Ин, аслан, эътирофи умум аст, ки имрўз Устод Рўдакиро сардафтар ва асосгузори адабиёти форсу тоҷик меномем. Гурўҳе  гумон мекунанд, ки асосгузор ва сардафтари адабиёт будани Устод Рўдакӣ, гўё, маънои онро дорад, ки вай бояд нахустин касе бошад, ки аввалин бор ба тоҷикӣ шеър гуфтааст. Ин ақида дар давоми 800 соли ахир пайваста  такрор шудааст, ки фикри саҳеҳ нест, зеро қабл аз Устод Рўдакӣ ҳам шеъру адабиёти тоҷик вуҷуд дошт. Асосгузор  ва сардафтари адабиёт будан аслан маънии қабл  аз дигарон асар навиштанро надорад. Устод Рўдакӣ бо хидматҳои бузургаш ба ин мақоми шойистаи таърихӣ соҳиб шудааст, ки ин рисола (– «Одамушшуъаро Рўдакӣ»- А.Р.) барои равшан кардани баъзе ҷиҳатҳои он навишта гардид». 

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …