Главная / Гуногун / ГУЛЧИНЕ A3 КИТОБИ «ШАРҲИ АВРОДИ ФАТҲИЯ»

ГУЛЧИНЕ A3 КИТОБИ «ШАРҲИ АВРОДИ ФАТҲИЯ»

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ҳар кӣ бо зикри Худо унс бигирад шабу рӯз,

Гар бувад мурдаи садсола, ки рӯҳаш бахшад,

Ҳар кӣ дар фотиҳаи рӯз ба фатҳия шитофт,

Ҳеҷ шак нест, ки Фаттоҳ футуҳаш бахшад.

Дар «Саҳеҳи Муслим» омадааст: Нест, ки бинишинанд қавме, ки ёд кунанд Худойро субҳонаҳу магар ин, ки иҳота кунад эшонро малоика ва фурӯ гирад эшонро раҳмат ва фурӯд ояд бар эшон сакина, яъне суботу қарори дил. Ва ёд кунад эшонро Ҳақ субҳонаҳу ва таоло дар ҷамоате, ки назди Парвардгоранд.

Ва низ дар «Саҳеҳи  Муслим» омадааст, ки гуфт Пайғамбар (с), ки: Худойро субҳонаҳу фариштагонанд сайркунанда, ки фозилони малоикаанд. Металабанд маҷлисҳои зикрро, пас ҳар гоҳ ки ёфтанд маҷлисе, ки дар вай зикр аст, менишинанд бо эшон ва мепечанд ба болҳои худ, то нур месозанд миёни худ ва миёни осмони дунёро. Ва ҳар гоҳ ки парешон шаванд аҳли зикр аз ин маҷлис уруҷ кунанд[1] малоика ва бароянд ба осмон. Кайфият пурсад Ҳақ субҳонаҳу ва таоло аз эшон ва ҳол он, ки ӯ донотар аст:

  • Аз куҷо омадед?

Гӯянд:

  • Аз пеши бандагони Ту, ки дар заминанд, тасбеҳ мегӯянд туро ва такбир мегӯянд ва «Ло илоҳа иллаллоҳ» мегӯянд ва аз Ту чизе металабанд.

Гӯяд:

  • Чи металабанд аз Ман?

Гӯянд:

  • Металабанд аз Ту биҳиштро.

Гӯяд:

  • Оё дидаанд биҳишти Маро?

Гӯянд:

  • Не, эй Парвардгори мо.

Гӯяд ба тариқи тааҷҷуб, ки:

  • Чун бошад, агар бинанд биҳиштро?

Гӯянд:

  • Амон металабанд аз Ту.

Гӯяд:

  • Аз чи амон металабанд аз Ман?

Гӯянд:

  • Аз дӯзахи Ту.

Гӯяд:

  • Оё онҳо дидаанд дӯзахро?

Гӯянд:

-Не.

Гӯяд:

  • Оё чун бошад, агар бубинанд дӯзахи Маро?

Гӯянд малоика, ки:                                                                                                   ,

  • Омурзиш мехоҳанд аз Ту.

Гӯяд, ки:

  • Омурзидаам эшонро ва бидодам он чи металабанд ва амон додам эшонро аз он чи мехоҳанд.

Пас гӯянд малоика, ки:

– Эй Парвардгори мо, дар миёни ин зокирон, ки омурзидаӣ, фалон банда бисёр гуноҳгор аст, ки мегузашт ин ҷо, пас бинишаст бо эшон. Гӯяд Парвардгор, ки:

  • Омурзидам, яъне вайро низ бахшидам. Ва ин низ қавмеанд, ки бадбахт намебошад ба сабаби эшон уммати эшон.

Байт:

Нори хандон боғро хандон кунад,

Суҳбати мардонат аз мардон кунад.

Гар ту санги хорову мармар шавӣ,

Чун ба соҳибдил расӣ гавҳар шавӣ.

Ҳар маҳол аз ҳоли эшон ҳол шуд,

Наҳс он ҷо рафту некӯфол шуд.

Байт:

Рӯзе падарам ҳикояте кард,

К-аз хайли муҳаққиқон яке мард.

Аз дарди фироқ худ барошуфт,

Дар ҳолати сукр бо Худо гуфт:

Кори дилу дида нурам аз Ту,

Охир ба чӣ ҷурм дурам аз Ту?

Гуфтанд: Туӣ ҳиҷоб кас нест,

Ин зистан ҳиҷоб бас нест.

Ҳай-ҳай ба худ ой ҳамчунин аст,

Он ҷо гунаҳи кабир ин аст.

Ин турфа касе бидид ҳаргиз,

В-ин қисса касе шунид ҳаргиз.

Девона шавад ҳазор оқил,

Осуда касе, ки ҳаст ғофил.

[1] Уруҷ кунанд – боло раванд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …