Главная / Ҷамъият / БОВАРӢ БА КИТОБҲОИ МУҚАДДАС

БОВАРӢ БА КИТОБҲОИ МУҚАДДАС

Китобҳои Муқаддас – ин ваҳйи Худои Таъоло аст, ки ба пайғамбарон фиристода мешавад. Ваҳй – ин донишҳое аст, ки Худои Таъоло онро ба пайғамбарон бо роҳи махсуси рўҳонӣ тавассути фаришта Ҷабраил, алайҳи-с-салом, мефиристад. Ваҳй танҳо ба пайғамбарон фиристода мешавад.

kitobhoi_muqadas

Баъзе Навиштаҷоти Муқаддаси мухтасарро, ки ҳамагӣ аз якчанд саҳифа иборатанд, суҳуф меноманд. Онҳо фиристода шуда буданд:

Ба Одам-пайғамбар, алайҳи-с-салом – 10 саҳифа. Ба Шис-пайғамбар, алайҳи-с-салом – 50 саҳифа. Ба Идрис-пайғамбар, алайҳи-с-салом – 30 саҳифа. Ба Иброҳим-пайғамбар, алайҳи-с-салом – 10 саҳифа. Ҳеҷ кадом аз ин Навиштаҷот боқӣ намондааст.

Китобҳои Муқаддаси Бузург чаҳор тоанд:

  1. Таврот: Он ба Мўсо-пайғамбар, алайҳи-с-салом,фиристода шудааст. Баъдтар матни он аз ҷониби одамон тағ-йир дода шуд.
  2. Забур: Он ба Довуд-пайғамбар, алайҳи-с-салом,фи-ристода шудааст. Баъдтар матни он аз ҷониби одамон тағ-йир дода шуд.
  3. Инҷил: Он ба Исо-пайғамбар, алайҳи-с-салом,фирис-тода шудааст. Баъдтар матни он аз ҷониби одамон тағйир дода шуд.
  4. Қуръони карим: Он аз тариқи фаришта Ҷабраил, алайҳи-с-салом, ба Муҳаммад-пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, фиристода шудааст. Ин ягона Китоб аз ҷумлаи Китобҳои нозилшудаи Худои Таъоло аст, ки дар шакли тағйирнопазир вуҷуд дорад.

Дар замони мо як қисми мусулмонони дар гумроҳӣ буда чунин меҳисобанд, ки Қуръони карим танҳо як китоби зарурӣ барои мурдагон – ҳангоми зиёрати қабрҳо ва мазорҳо асту бас. Ҳамчунин он китобе аст барои хондани бемороне, ки маънои пурраи онро намефаҳманд. Қуръони карим дар матни худ тамоми қонуну қоидаҳои муқаррарнамудаи Худои Таъолоро дар бар гирифтааст, ки барои мусулмон аз рўзи таваллуд шудан то вақти мурдан зарур аст. Мусулмон дар тўли тамоми ҳаёти худ дар ҳар соҳаи фаъолияти зиндагӣ бояд ба фармудаҳои Қуръони карим пайравӣ кунад.

Қуръони карим дар муддати 23 сол нозил карда шуд ва аз 114 қисмат – сура ва 6666 оят иборат аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …