Главная / Илм / КИШТИ ҲУҶАЙРА ВА БОФТАҲО

КИШТИ ҲУҶАЙРА ВА БОФТАҲО

kishti-hujayra-bakteriyaКИШТИ ҲУҶАЙРА ВА БОФТАҲО, яке аз усулҳои ташхису тадқиқот. Ҳуҷайраҳо, қисмҳои бофта ва ҷанини узв берун аз организм низ қобили сабзиш ва ҳаёт мебошанд. Бо ин мақсад онҳоро кишт мекунанд. К. барои ба даст овардани дорувор ва пайвастҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, тадқиқоти вирусологӣ (баҳри афзоиш, титронӣ ва қиёси вирусҳо), ҳамчунин дар соҳаи инженерияи генетикӣ истифода мегардад. Бо роҳи К. ҳосилкунандаҳои гормонҳои одам, интерферон, подтанҳои моноклонӣ ва ғ. ба даст оварда шудаанд.
Ҳуҷайраҳо дар суспензия, спиралҳои пластикӣ, нах, култиваторҳо ва ғ. кишт карда мешаванд. Мурод аз истифодаи усулҳои мазкур бо сарфи ками муҳити ғизоӣ ба даст овардани миқдори зиёди ҳуҷайраҳо аст. Интихоби муҳити ғизоӣ барои парвариш ба хосияти биологии ҳуҷайраҳо вобастагӣ дорад. Яке аз унсурҳои асосии муҳити ғизоӣ зардоби хун (онро аз ҷанини гов мегиранд) маҳсуб мешавад. Муҳити ғизоӣ ҳамчунин аминокислотаҳо, витаминҳо, глюкоза ва ғ. иборат аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …