Главная / Илм / КИШОВАРЗӣ

КИШОВАРЗӣ

kishovarziКИШОВАРЗӣ (гигиенаи меҳнат), яке аз қадимтарин намудҳои фаъолияти хоҷагии одам. Пайдоиши К. ба даврае мансуб аст, ки одам заминро бо олоти содатарин шудгор ва ҳайвонотро ба худ ром мекард. Бо тағйири муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусият ва навъи К. низ дигар шуд.
Дар ҶТ дар натиҷаи ба амал баровардани сиёсати аграрӣ нафақат дар инкишофи иқтисодии деҳот, балки дар пешрафти иҷтимоии он ҳам тағйироти куллӣ рӯй дод: дараҷаи маданияти сокинони деҳот афзуда, шароити меҳнат, зиндагӣ ва хизмати тиббию санитарии онҳо беҳтар шуд.
К. ба ду соҳа ҷудо мешавад: зироат ё растанипарварӣ (зироаткорӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ, пахтакорӣ ва ғ.) ва чорводорӣ (хукпарварӣ, гӯсфандпарварӣ, мурғпарварӣ ва ғ.). К. инчунин навъҳои гуногуни коркарди маҳсулоти набототу ҳайвонот, тайёр кардану серғизо гардондани ему хошок ва ғ.-ро дарбар мегирад. Гигиенаи меҳнат дар К. таъсири омилҳои муҳити зист ва ҷараёни меҳнатро ба организми кормандон меомӯзад, инчунин хусусиятҳои кори кишоварзонро ба назар гирифта, барои беҳтар намудани шароити меҳнат, ҳифз ва таҳкими саломатии онҳо тадбирҳо меандешад.
Дар зироат омилҳое, ки ба организм таъсири ногувор мерасонанд бештар зоҳир мегарданд: мавсимӣ ва таъҷилӣ будани корҳои асосӣ сабаби нобаробарии меҳнати деҳқонон дар давоми сол ва дароз шудани рӯзи корӣ дар давраи киштукор ва ҳосилғундорӣ мегардад. Корҳои асосии деҳқонӣ дар ҳавои кушод зери таъсири доимии омилҳои номусоид гузаронида мешаванд. Азбаски корҳои деҳқонӣ дар саҳро мегузаранд, тай кардани масофаи байни иқоматгоҳ ва ҷои кор сарфи вақту қувваи зиёдро металабад. Фаровон истифода бурдани воситаҳои химиявии муҳофизати растанӣ (ниг. Заҳрҳои кишоварзӣ), инчунин нуриҳои минералӣ ва диг. моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол ҳосили зироатро баланд бардошта, имконпазирии тамоси деҳқонон ва мутахассисонро бо пайвастҳои химиявии заҳрнок зиёд мекунад.
Пешрафти илмию техникие, ки тамоми соҳаи истеҳсолоти К.-ро дарбар гирифтааст, шароити меҳнати деҳқононро низ тағйир дод. Коргарони асосӣ дар К.-и ҳозира механизаторҳо мебошанд: меҳнати заминрон, даравгар, ки сарфи қувваи зиёди ҷисмониро металабад, амалан моҳияташро гум кард. Дараҷаи баланди механизатсия сабаби меҳнати дастиро иваз кардани мошинҳо гардид.
Тракторҳо, мошинҳои худгард ва маҷмӯи агрегатҳои гуногун асоси механизатсияро ташкил медиҳанд. Тракторҳои сериявии солҳои охир нисбат ба тракторҳои пешина талаботи беҳдоштиро пурратар қонеъ мегардананд.
Барои беҳдошти шароити меҳнати тракторчӣ ва диг. механизаторон сохти ҳуҷраи ин гуна мошинҳо мунтазам беҳтар мегардад; онҳо бо амортизатор, дастгоҳи ҳарорат, конденсионер ва ғ. ҷиҳозонида шудаанд, садоро намегузаронанд. Дараҷаи садогузаронии ҳуҷраи тракторҳои ҳозира ва қувваи мушакҳое, ки ҳангоми идораи агрегатҳо ба фишанг ва педал сарф мешавад, одатан, аз меъёр зиёд нест.
Дар давраи авҷи корҳои К. бо мақсади таъмини шароити мусоиди истеҳсолот ва маишат бошишгоҳҳои доимӣ ва муваққатии саҳроӣ сохта мешаванд. Масоҳати қитъаи замини бошишгоҳи саҳроӣ аз 0,5 то 1,25 га буда дар минтақаи кабудизор ҷойгир мешавад. Меъёри истифодаи об дар як шаборӯз ба ҳар нафар дар бошишгоҳи доимии саҳроӣ 30 – 40 л, дар бошишгоҳи муваққатӣ 10 – 12 л аст. Зарф барои кашондан ва муваққатан нигоҳ доштани об бояд ҷумаку сарпӯш дошта бошад, онро баъди ҳар 3 – 4 рӯз бо маҳлули оҳаки хлордор (ба 100 л об як истакон маҳлули 10 фоиза) безарар гардондан лозим аст; дар ин маврид баъди 2 соат маҳлулро рехта, зарфро мечайқонанд ва сипас бо оби тоза пур мекунанд. Хонаи хоби бошишгоҳҳо барои 4 – 6 кат (4,5 м барои як кас) пешбинӣ шудааст. Хобгоҳҳо бояд барои хушконидани либос ва пойафзор ҷои махсус дошта бошанд.
Дар чорводорӣ ширдӯшии дастӣ, тақсими ему хошок, нигоҳубини чорво, баровардани саргин корест басо душвор. Меҳнати говдӯшоне, ки бо даст шир медӯшанд, хеле вазнин буда, дар онҳо мумкин аст иллати даст, радикулити камару чорбанд, дарди асаб инкишоф ёбад. Ҳангоми пӯсидани срагин ва дар ҳаво пайдо шудани меркаптан, индол, аммиак, сулфиди гидроген ва диг. моддаҳо, ки бӯи нофорам доранд, муҳити кории чорводорон номусоид мегардад. Дар аснои тақсими ему хошоки хушк ва рубӯчини бино, миқдори гарду чанг ва микроорганизмҳо дар ҳаво якбора меафзояд. Микрофлораи бинои чорводорӣ, одатан, аз микробҳои сапрофитӣ ва шартан бемориовар иборат аст.
Дар заводҳои хӯроки омехтаи чорво ё сехҳое, ки барои серғизогардонии ему хошок таъин шудаанд, ба коргарон гарду чанги заҳролуд, садои баланд, микроиқлими ногувор таъсир мерасонанд. Ҳангоми бор кардани маҳсулот, инчунин дар ҷойҳои нигаҳдории маҳсулоти тайёр ва дар назди мошинҳои резагар ғилзати баланди гарду чанг ба вуҷуд меояд. Ба ҳавои ҷои кор ворид шудани гарду чанг бинобар халал ёфтани ҳавокашии таҷҳизот рӯй медиҳад; дар ҳаво боқимондаи пестисидҳои ашёи хом, инчунин микроорганизмҳо ва занбӯруғҳоро ошкор намудан мумкин аст.
Ҳангоми силосхобонӣ дар анборҳои махсус, чуқурию хандақ ва чоҳҳо дар натиҷаи равандҳои микробиологӣ ва биохимиявӣ растанӣ пӯсида, гази «силосӣ» хориҷ мешавад; он дар аснои аз анбор баровардани силос ба коркунон мумкин аст таъсири ногувор расонад.
Беҳдошти шароити меҳнат дар чорводорӣ тадбирҳои зеринро дарбар мегирад: ҷиҳозонидани биноҳои чорводорӣ бо асбобҳои ҳавокашӣ, мунтазам рӯбучин кардан ва безарар гардондани бино, бо сарулибоси махсус, пойафзор ва диг. воситаҳои муҳофизат таъмин кардани коргарон. Истифодаи мошинҳо кори ҷисмониро хеле кам ва шароити меҳнати чорводоронро беҳтар намуд. Мас., дӯшидани мошинии шир нафақат маҳсулнокии меҳнатро 2 – 4 маротиба баланд бардошт, балки онро хеле осон ҳам гардонд. Дар комплексҳои саноатии чорводорӣ ва паррандапарварӣ низоми аз нигоҳи физиологӣ оқилонаи меҳнатро ҷорӣ карда, дар фермаҳое, ки ҳоло ширдӯшии дастӣ боқӣ мондааст, барои пешгирии бемориҳои даст тадбирҳои махсус меандешанд. Бо ин мақсад тағораи дарозрӯяеро оби гарм (26 – 380С) пур мекунанд ва дастҳоро тоза шуста то оринҷ ба об меғӯтонанд. Давомоти проседура 10 – 15 дақиқа. Дастро то оғози ширдӯшӣ 5 – 7 дақ. масҳ мекунанд. Дастро ба рӯи миз озодона мегузоранд; сипас ангуштон ва мушакҳои банди дастро бо ангуштону кафи дасти дигар ба тарафи бадан молиш медиҳанд. Ҳар як машқро 5 – 6 маротиба такрор мекунанд. Аввал тарафи паҳлуии ангуштон, баъд кафу пушти дастро молиш медиҳанд. Панҷаи даст давродавр масҳ карда мешавад. Бо кафи як даст пушти дасти дигарро молиш медиҳанд. Ҳангоми пайдоиши амрози пӯст, кафидаҳои амиқ, буридан ё харошхӯрии даст ба духтур муроҷиат бояд кард.
Барои пешгирии хасташавӣ ва дарди даст ҳангоми дӯшидани шир, суръати кашиш ёфтану суст шудани ангуштон бояд дар як дақ. аз 70 – 80 ҳаракат зиёд набошад. Ба курсичаи мувофиқи қад нишаста говро медӯшанд. Дар ин маврид рост ва озод бояд нишаст. Баландии курсича барои одами қадбаланд 29 – 30 см, миёнақад 26 – 28 см, қадтпаст 23 – 25 см аст. Коркунони фермаҳои чорводорӣ қоидаҳои беҳдошти шахсиро бояд қатъӣ риоя кунанд. Дар комплексҳои чорводорӣ сохтани биноҳои санитарию маишӣ, душхона, хонаи дамгирӣ ва беҳдошти занон пешбинӣ шудааст.
Тадбирҳои муҳимме, ки ба беҳдошти шароити меҳнат нигаронида шудаанд: беҳтар намудани нақшагирии сехҳои асосӣ ва таҷҳизот (хусусан дар заводу сехҳое, ки хӯроки омехтаи чорво тайёр мекунанд), такмил додани кори асбобҳои ҳавокаш, механиконии рӯбучини бино ва ғ.
Назорати санитарие, ки дар тамоми соҳаҳои К. мегузаронанд, бояд дар робитаи зич бо умури ветеринарӣ ба амал бароварда, дар айни ҳол қоидаҳои беҳдоштие, ки шароити меҳнат талаб мекунад, ба асос гирифта шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …