ҚИМИЗ

kimizҚИМИЗ, як навъ нӯшокие, ки аз шири байтал (баъзан аз шири гову шутур) тайёр мекунанд. Қ. дар байни халқҳои бодиянишин аз қадимулайём маъмул аст. Шири хоми байталро дар ҳарор. 26 – 28°С бо бактерияҳои туршонанда ва ширмоя метуршонанд; сипас шири то 60°С туршонидаро дар зарфи чӯбин то як соат меомезанд. Баъд онро ба шишаҳои гарданборик рехта, даҳони шишаҳоро маҳкам мекунанд. Шишаҳоро барои ҳосил шудани газ дар ҳарор. 20 – 22°С 30 – 40 дақ. нигоҳ дошта, баъдан дар ҳарор. 4 – 6°С 12 – 14 соат хунук мекунанд. Қ.-и тайёр нӯшокии кафкдорест, ки аз он таъм ва бӯи спирт меояд. Қ.-ро организм нағз ҳазм мекунад; вай ҳазми сафедаву равғанҳои хӯрокро метезонад, мубодилаи моддаҳоро беҳтар менамояд.
Қ. хусусияти давоӣ дорад, онро барои табобати сил, шуста тоза кардани захмҳои носур, табобати гурда ва роҳҳои пешоб истифода мебаранд. Таркиби Қ. аз асиди шир, спирт, асиди карбонат, намакҳои калтсий, микроэлементҳо, витаминҳои гурӯҳи В ва ғ. иборат аст. Асиди шири Қ. ихтилоли мувозанати кислотаю ишқорҳоро дар организм ба сомон меорад. Истеъмоли Қ. дар беморон норасоии витаминҳоро бартараф сохта, амалиёти туршшавиро дар рӯдаҳо фурӯ менишонад. Қ. тарашшӯхи шираи меъдаро метезонад, ҳазми равған ва сафедаҳои ғизоро беҳтар менамояд, иштиҳоро мекушояд, таъсири номатлуби доруҳоро ба организм барҳам медиҳад. Қ. ҳамчунин позаҳри хубе аст. Қ.-и якрӯза хосияти дарунронӣ дошта, Қ.-и чандрӯза қабзиятовар мебошад.
Ба калонсолон рӯзе 11/2 л Қ. таъин карда мешавад; дар нимаи аввали рӯз 2/3, дар нимаи дуюми рӯз 1/3 ҳиссаи онро истеъмол мекунанд. Қ.-ро баъди 2 – 21/2 соати тановули ғизо меошоманд.
Дар Тоҷикистон қимизшифоӣ дар Беморхонаҳои ҷумҳуриявии № 1 ва № 3-и бемориҳои сил, Шифохонаи ҷумҳуриявии бачагонаи Тангаӣ ва Шифохонаи Шаҳристон ҷорӣ шуда буд.
Ад.: Кузнетсов Д. И., Гаврилов П. Ф., Кумыс – ценное лечебно-профилактическое средство, Тамбов, 1961; Кумыс, Алма-Ата, 1968; Мироненко М. С., Кумыс – богатырский напиток, М., 1969; Зоҳидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.
У. Ю. Сироҷиддинова.

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …