Главная / Илм / КИФОСКОЛИОЗ

КИФОСКОЛИОЗ

kifoskoliozКИФОСКОЛИОЗ, ба чап ё рост каҷ шудани сутунмӯҳра, ки дар натиҷа хамидагии қомат возеҳтар ба мушоҳида мерасад. К. боиси хурд шудани ҳаҷми шуш ва зӯр омадан ба мушакҳои нафаскашӣ, камҳаракатии сандуқи сина, суст кашиш ёфтани паренхимаи шуш ва диг. иллатҳо мегардад. Ҳангоми К.-и возеҳ мубодилаи газ халал меёбад. Рух намудани дамкӯтоҳӣ дар мавриди иҷрои кори ҷисмонӣ, дард кардани ҷойҳои иллатии сутунмӯҳра, ихтилоли фаъолияти дил ва ғ. аломатҳои К. мебошанд. Ба пайдоиши К. мумкин аст пурра инкишоф наёфтани устухону бандҳо, зарбу лат хӯрдан, полиомиелит, бемориҳои илтиҳобии бофтаҳо мусоидат намоянд.
К. бо усулҳои гуногун, мас., остеопатия, масҳ ва диг. роҳҳои табобати дастӣ муолиҷа карда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …