Главная / Ҷамъият / Ки ба намоз омада буд?

Ки ба намоз омада буд?

Халифа Ҳорунаррашид дар яке аз рӯзҳои моҳи Рамазон ба Баҳлули Доно гуфт:

– Дар вақти намози шом ба масчид рав ва ҳамаи намозгузоронро ба зиёфат даъват кун.

Вақти намози шом фаро расид. Дар масҷид аз як саф бештар одамон ҳозир буданд. Азон дода шуд. Баъди намоз Баҳлули Доно бо гурӯҳе иборат аз панҷ нафар назди халифа ҳозир гардид. Ҳорунаррашид дар ҳайрат афтода гуфт: -Ҳамин қадарро хабар кардй!? Ман гуфта будам, ки ҳамаи намозгузорони намози шомро ба зиёфати дарбор давъат кун. Аз он микдор шумо танҳо чанд нафареро овардаед!?

Баҳлул ҷавоб дод:

Султони ман! Шумо амр намуда будед, ки касонеро даъват кун, ки намоз мегузоранд, на касонеро, ки ба масҷид меоянд. Баъди намоз ман назди дари баромад истодам ва аз ҳама чунин суол кардам: “Имом дар намоз кадом сураҳоро хонд?” Бисёре аз ҷамоат ба ёд оварда натавонистанд, ки имом кадом сураҳоро хонда буд. Ва ононеро ки ба хотир оварданд, ба назди шумо ҳозир намудам. Одамони ба масҷид омада бисёр буданд, аммо дар асл намозро танҳо ин шахсон гузоштанд. Ва ман амри Шуморо ба ҶО оварда, онҳоро ба дарбор овардам.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …