Главная / Илм / КАЗЕИН

КАЗЕИН

kazeinКАЗЕИН (лот. caseus – панир), сафедаи шир, ки дорои ҳама гуна аминокислотаҳо аст. К. манбаи асосии калтсий ва фосфори ғизоӣ низ мебошад. Доруҳои К.-ро дар тиб фаровон кор мефармоянд, мас., ҳангоми тағзияи сунъӣ, муолиҷаи панкреатит, перитонит. К. ба таркиби марҳамҳо ва ширешҳои биологӣ низ дохил карда мешавад.
К.-и шири гов, мисли диг. анвои К., гликопротеин буда, аз омехтаи се сафеда – алфа-, бета- ва гаммаказеинҳо иборат аст; алфа- ва бетаказеинҳо ба миқдори зиёд фосфор доранд. Ҳангоми турш шудани шир (pH 4,6 дар ҳарор. 20°) К. таҳшон мегардад. Тақр. 75 – 85% сафедаҳои шири гов ва 30% сафедаҳои шири модар аз К. иборат аст. К. сафедаи асосии панир, ширтуппа (творог) ва диг. маҳсулоти ширӣ маҳсуб мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …