Главная / Илм / КАТАРАКТА

КАТАРАКТА

katakrataКАТАРАКТА (юн. katarrháktes – шаршара, шалола), оби марворид, тирашавии ҷалидияи чашм, ки боиси суст шудани қувваи босира мегардад. Истилоҳи К. ақидаи нодурусти юнониёни қадимро, ки сабаби К.-ро аз пайдо шудани моеи тира дар байни инабия ва ҷалидияи чашм медонистанд, акс менамояд. Мафҳуми дурусти К.-ро аввали а. 18 олими франсавӣ П. Бриссо муайян кардааст.
К. вобаста ба ҷойгиршавии худ дар ҷалидия ситорашакл, доирашакл, қабатнок, косашакл, халтагӣ (дар капсулае, ки ҷалидияро мепӯшад), пӯстӣ (дар қабатҳои периферии ҷалидия) ва ядрогӣ (дар қабатҳои марказии ҷалидия) мешавад.
К.-и модарзодӣ ва ғайримодарзодиро фарқ мекунанд. К.-и модарзодӣ дар давраи дохилибатнӣ инкишоф ёфта, вобаста синну сол тағйир намеёбад, қувваи босира пурра суст намешавад. К.-и ғайримодарзодӣ, одатан, дар одамони кӯҳансол (К.-и пирӣ), баъзан дар натиҷаи бемориҳои дигари чашм, заҳролудии умумӣ, инчунин зери таъсири омилҳои механикӣ, химиявӣ ва ғ. осеб дидани ҷалидия ба вуҷуд меояд. Аломатҳои асосии К.-и ғайримодарзодӣ тадриҷан тира гаштани ҷалидия мебошад. Ҳангоми К.-и пирӣ ҷалидия торафт тира шуда, ранги он сафеди хокистарранг ва чашм нобино мешавад.
К.-ро бо ҷарроҳӣ табобат мекунанд.
Дар Тоҷикистон чунин ҷарроҳиро бори аввал проф. Л. Ф. Парадоксов (1940) гузаронидааст.
Ад.: Вовси Б. М., Итоги операций экстракции старческой катаракти по материалам клиники глазных болезней. Сборник работ клиники глазных болезней им. А. Ф. Парадоксова, Сталинабад, 1959; Вовси Б. М., Мамадшоев А. М., Вопросы полостной офтальмохирургии на Памире, «Тр. Таджикского госмединститута», т. 128, 1976.

З. Д. Аҳророва.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …