Главная / Биология / МУБОДИЛАИ ЭНЕРГЕТИКӢ – КАТАБОЛИЗМ

МУБОДИЛАИ ЭНЕРГЕТИКӢ – КАТАБОЛИЗМ

Раванде, ки муқобили синтез аст, диссимилятсия – маҷмўи реаксияҳои таҷзия мебошад. Ҳангоми таҷзия шудани пайвастагиҳои калонмолекула энергия хориҷ мешавад, ки барои реаксияҳои синтези биологӣ зарур аст. Бинобар ин,

диссимилятсияро мубодилаи энергетикии ҳуҷайраҳо ё катаболизм (аз юнонӣ кatabole – вайронкунӣ, ба паст партофтан) низ меноманд.

katabolizm

Энергияи химиявии моддаҳои ғизоӣ дар бандҳои гуногуни ковалентии байни атомҳои молекулаи пайвастагиҳои органикӣ мавҷуданд. Масалан, ҳангоми кандашавии чунин банди химиявӣ – банди пептидӣ, қариб 12 кҶ дар 1 мол энергия озод мешавад. Дар глюкоза миқдори энергияи потенсиалӣ, ки дар бандҳои байни атомҳои С, Н ва О мавҷуд аст, 2800 кҶ-ро дар як мол (яъне дар 180 г глюкоза) ташкил медиҳад. Ҳангоми таҷзияи глюкоза энергия бо иштироки як қатор ферментҳо давра ба давра мувофиқи муодилаи зерин ҷудо мешавад:

C6H12O6 + 6O2 6H2O + 6CO2 > + 2800 кҶ

Як қисми энергия, ки аз моддаҳои ғизоӣ озод мешавад, дар шакли гармӣ пароканда шуда, қисми дигар дар энергияи бандҳои фосфатии АТФ захира мегардад. Маҳз АТФ энергияи ҳама намудҳои фаъолияти ҳуҷайраҳо – синтези биологӣ, кори механикӣ (тақсимшавии ҳуҷайра, кашишхўрии мушак-ҳо), гузаронидани моддаҳо аз мембрана, нигоҳ доштани потенциали мембранавӣ дар ҷараёни интиқоли импулсҳои асаб, ихроҷи усораҳои гуногунро таъмин месозад.

Молекулаи АТФ аз асоси нитрогении аденин, қанди рибоза ва се боқимондаи кислотаи фосфат иборат мебошад (расми 4.4). Аденин, рибоза ва фосфати аввалин аденозин монофосфат (АМФ) ҳосил мекунад. Агар ба фосфати аввалин фосфати дуюмин пайваст шавад, аденозиндифосфат ҳосил мегардад. Молекула бо се боқимондаи кислотаи фосфат (АТФ) бештар энергияталаб мебошад. Таҷзияи охири фосфати АТФ ба ҷои 12 кҶ, ки ҳангоми кандашавии банди оддии химиявӣ ҷудо мешавад, бо хориҷшавии 40 кҶ мегуза-рад. Ба туфайли энергияи зиёди бандҳо дар молекулаи АТФ ҳуҷайра метавонад дар фазои хеле хурд миқдори бештари энергияро захира карда, онро ба қадри зарурӣ сарф намояд.

Синтези АТФ дар митохондрияҳо ба амал меояд. Аз ин ҷо, молекулаи АТФ ба қисмҳои гуногуни ҳуҷайра дохил шуда, энергияи раванди фаъолияти ҳаётро таъмин менамояд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …