Главная / Илм / КАСРУФ

КАСРУФ

kasrufКАСРУФ (Ferula eugenii), каструф, растаниест бисёрсолаи худрӯй. Баландиаш то 1 м; пояи ғафс, барги мураккаби пармонанд, чатргули гетероморфӣ, гули зардтоби майда дорад. Дар тамоми умри худ як маротиба гулу мева (май – июн) карда, пас тамоман нобуд мешавад. Фақат дар мавзеи Кондараи водии д. Варзоб, дар нишебиҳои регу санглох ва алафзори шиблак (1200 – 1500 м аз с. б.) вомехӯрад. Пояи наврустаи онро (то гулшукуфт) ба монанди ров, рошак мехӯранд. Онро ғизои сервитамину доруворӣ (мушаҳҳӣ) меҳисобанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …