Главная / Гуногун / Кашфиёти шахси

Кашфиёти шахси

Агар сухан дар бораи банда равад ман гуфтаниам; ба чанд кашфиёт чи дар соҳаи илми табиатшиносӣ ва чӣ дар соҳаи илми ҷамъиятшиносӣ ба ман муяссар гардид, ки ин тухми кайҳо аз тарафи дигарон кишт карда шударо бордор намуда, ҳосилашро бигирам. Масалан, дар илми табиатшиносӣ, дар соҳаи физика; кашф карда шудани назарияи «Креатсионизми илмӣ» ба қалами банда тааллуқ дорад. (Дар ин хусус китоби банда «Пайдоиши Олам ва Одам – аз назари илми табиатшиносӣ» далели раднопазир аст).

Дар ин китоб аз ибтидо то интиҳо ба назарияи «Креатсионизми илмӣ» асос гузошта шуд. Исбот карда шуд, ки Олам офарида шудааст. Ҳаракати ҷирмҳои коинотӣ – аз 25 галактикаи беандоза бузург то сайёраҳои хурдтарин ҳама аз рўи қонуни ягонаи аз тарафи Касе муайян карда шуда офарида шудаанду ба мисли одам умри муайяни худро доранд.

Ҷирми коинотии беандоза бузург ситораи Галей, ки мо тоҷикон «Ситораи думдор» мегўем, дар ҳар 75 сол як бор ба Замин наздик мешавад ва ин ҳодиса дар арзи миллиардҳо соли мавҷудияти Сайёраи Замони мо рух медиҳад, вале боре ҳам ба Замин бар нахўрдааст.

Тамоми ҳайвоноту набототу инсон умри муайяни худро доранд. Онҳо офарида мешаванду мемиранд. Ва ҳеҷ вақт аз як наъви наботот як наъви дигар ва ҳеҷ вақт аз як намуди ҳайвонот  як намуди дигар пайдо намешаванд. Олам аз рўи илм офарида шудааст. Ҳеҷ чизро нест карда намешавад ва ҳеҷ чизро офарида намешавад, берун аз Ҳукми Худо.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …