Главная / Гуногун / Касбу ҳунар

Касбу ҳунар

Дар давлати Ҷониён шароит барои тараққиёти касбу ҳунар номусоид буд. Вале косибон ҳунари худро фаромӯш намекарданд. Шоҳиди замон, шоири ширинкалом Сайидои Насафӣ дар як худи Бухоро дусад намуди ҳунарро ном бурдааст. Касбу ҳунар, ки маҳсулоти он ба хориҷ содир мешуд, як дараҷа вазъи беҳтаре дошт. Талаботи берунӣ дар чунин шароити сахт ба пешрафти истеҳсолот мусоидат мекард.

Косибон матоъҳои ҳархеларо бештар дар хонаҳояшон истеҳсол мекарданд. Ҳунари бофандагӣ хело ривоҷу равнақ ёфта, газворҳои пахтагӣ бартарӣ доштанд ва онҳоро ба бозорҳои берунӣ мебароварданд. Харидорони чунин матоъҳо бештар қабилаҳои бодиянишин ва давлати Рус буд. Бинобар он муносибатҳои тиҷоратии вусъатёбанда бо Русия аҳамияти махсусе дошт.

8-mavzolej-pahlavan-mahmuda

Мисли асрҳои гузашта сохтани асбобҳои оҳанин ва мисин афзалият пайдо кард. Устоҳо аз сӯзан cap карда то юғу сипор ва асбобҳои рӯзгор истеҳсол мекарданд. Чун пештара устоҳои соҳибҳунари силоҳсоз аслиҳаи гуногун камон, найза, шамшер, ханҷар, ҷавшан, зиреҳ, сипар месохтанд. Дар шаҳрҳои марказӣ, махсусан дар Бухоро, истеҳсоли гиру тӯп ва боруз ба роҳ монда шуд. Истеҳсоли маҳсулоти фулузӣ бо сабаби кам будани истеҳсоли оҳан дар Осиёи Миёна нисбатан маҳдуд буд. Ҳукумати подшоҳии рус ба ин сарзамин овардани мис, оҳан ва фӯлодро манъ кард. Миқдори ночизи фулузот дар вилоятҳои Бухоро ва Самарқанд истeҳcoл мешуд. Дар вилоятҳо мутахассисоне буданд, ки ба истеҳсоли санги мармар ва гаҷ шуғл доштанд.

Истеҳсоли намудҳои гуногуни сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо бештар дар Бадахшон мушоҳида мешуд. Лаъли Балахшон дар аксари мамлакатҳо маъруф буд.

Ба нисбатан ҷоннок шудани касбу косибӣ васеъ шудани савдои дохилӣ ва хориҷӣ сабаб гашт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …