Главная / Маданият ва санъат / КАСБУ КОРИ МУҲАММАД (Паёмбар САВ)

КАСБУ КОРИ МУҲАММАД (Паёмбар САВ)

Чи тавре, ки зикр гардид, давраи кўдакии Муҳаммад дар саҳро, дар маҳалли бодиянишинон гузашта буд. Аз ҳамон вақт дар хотираи вай саҳроҳои васеъи беканор, ҳавои тозаи беғубор накш баста буд ва вақте ки масъалаи ба коре машғул шудан пеш омад, вай касби чупониро интихоб кард. Муҳаммад гўсфандони амакҳояш ва моли мардуми Маккаро мечаронид. Рўзҳо ҳавои софу хомушии саҳро, ҳангоми шаб дурахшидани ситорагон дар осмони беканор ўро ба андешаҳо гутавар месохтанд. Вай дар бораи дунё, замину осмон ва бунёди ҷурмҳои осмонӣ андешаҳо мекард. Муҳаммад вазифаи чупониашро бомасъулият ба ҷо меовард, чорворо дар ҷойҳои серғизо мечаронд, аз гургҳо галларо муҳофизат мекард. Раммаи гўсфандони вай аз дигарҳо дида фарбеҳу солим буд.

arabho

Шуғли чупонӣ ба Муҳаммад фоидаи зиёде намеовард, аммо ў ба масьалаи моддӣ чандон аҳамияте намедод. Он рўзҳои чупониро ба ёд оварда Муҳаммад мегуфт; “Ҳеҷ кас ба пайғамбарӣ нарасид, ҷуз ин ки чўпон буд. Мўсо, ки мабъус шуд, чупон буд. Довуд низ чупон буд. Ман низ гўсфандони касони худро мечаронидам”.

Ахлоқу одоби Муҳаммад бисёр мақбулу комил буд. Ў ҳаргиз дурўғ намегуфт, ба касе хиёнат намекард, беинсофӣ, бемурувватӣ ва беҳаёи аз тарафи вай зоҳир намешуд.

Абўтолиб, ки марди аёлманд буд, мехост барои бародарзодааш ягон коре пайдо кунад, ки даромадаш бештар бошад. Рўзе хабар ёфт, ки Хадича барои корҳои тиҷорат коргар киро мекунад ва Муҳаммадро ба вай тавсия кард. Хадича ҳама сифатҳои нек ва рафтори ҳамидаи Муҳаммадро шунида буд ва ўро дар синни 25 – солагӣ барои корҳои тиҷоратии худ ба кор гирифт. Ин сабаб шуд, ки сафари Шом барои Муҳаммад бори дуввум муяссар гашт.

Вақте ба Шом расид, бо пешвоёни дини масеҳ гуфтугў кард, дар бораи ақида ва ихтилофҳои дини Масеҳӣ изҳори ақида кард. Аз китоби осмонии онҳо саволҳо кард. Хулоса, кушид ҳар чӣ бештар дар бораи ин дин маълумоте гирад. Муҳаммад ба воситаи кордонии худ аз ин сафар бо фоидае зиёд баргашт. Хадича аз кору рафтори Муҳаммад розӣ буд. Вай бо ин ҷавони хоксору поктинат меҳр баст. Хадича, ки хостгории чандон одамони обруманди Маккаро қаблан рад карда буд ба воситаи ходимааш Нафиса ба Муҳаммад изҳори ишқ кард. Ба Муҳаммад ҳам ин зани меҳрубон маъқул шуда буд ва муҳаббати ўро қабул кард.

Муҳаммаду Хадича тўй оростанд ва хонадор шуданд. Дар он вақт Хадича чилсола ва Муҳаммад бисту панҷсола буданд. Баъд аз издивоҷ Муҳаммад ба хонаи Хадича гузашт ва аз кори тиҷорат ҳам даст кашид.

Зиндагии Мухаммад орому осуда буд. Вақти худро бо риёзату ибодат ва суҳбатҳо бо Хадича мегузаронид. Муҳаммад муҳаббату вафодории занашро ҳис мекард ва худаш ҳам бо ў чунин муносибат мекард. Хадича зани хубу меҳрубон ва тамоми ҳастии худро дар ихтиёри шавҳараш гузошта буд.

Солҳо мегузаштанд. Онҳо соҳиби чанд фарзанд гаштанд. Аммо писарони онхо Қосим ва Абдуллоҳ дар овони хурдсолӣ вафот карданд. Марги писарон меҳри зану шавҳарро ба духтаронашон Зайнаб, Руқайя ва Умми Кулсуму Фотима бештар мекард. Онҳо духтарони худро дўст медоштанду онҳоро дар руҳияи мехрубонӣ, меҳнатдустию инсонпарварӣ тарбия мекарданд. Дар оилаи онҳо як муҳити меҳру вафо ва садоқат ҳукмфармо буд. Бо вуҷуди ин онҳо ранҷу ғами писаронро фаромўш карда наметавонистанд. Муҳаммад наметавонист ҷои писарони хешро холи бубинад ва бо розигии Хадича ғуломбача Зайдро харида, ўро озод ва ба писархондӣ қабул кард. Онҳо бо Зайд ҳамчун ба фарзанди худ муносибат доштанд.

Муҳаммад медонист, ки амакаш аёлманд асту зиндагии фақиронае ба сар мебарад.Ў некиҳои амакаш Абўтолибро фаромўш накарда буд. Барои сабуктар намудани бори зиндагии амакаш бо розигии ў писари хурдӣ Алиро барои тарбия ба оилаи худ гирифт. Духтаронаш калон шуданд, онҳоро ба шавҳар баровард. Ба Алӣ, ки меҳри зиёд дошт, аз ў тоқати ҷудоӣ надошт. Аз ин хотир духтари хурдиаш Фотимаро ба Алӣ хонадор кард ва дар оилаи худ нигоҳ дошт. Писархонд Зайдро ҳам хонадор карда, ба ҳаёти мустақил ҳидоят намуд.

Супориш ва саволҳо.

  1. Дар бораи ҳазрати Муҳаммад кадом қиссаҳоро шунидед ва медонед?
  2. Сафарҳои вай ба ҷаҳонбиниаш чи тавр таъсир мекарданд?

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …