Главная / Биология / Картошка зироати муҳими хурок

Картошка зироати муҳими хурок

Картошка зироати муҳими хуроки, техникӣ ва хӯроки чорвост

Картошка яке аз маводи асосии хӯроки инсон ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки мардум картошкаро “нони дуюм” меноманд. Муқаррар карда шудааст, ки аз картошка зиёда аз 200 хел таом тайёр кардан мумкин аст. Инчунин дар саноат аз картошка оҳар, каучук, коғаз, ранг, спирт ва ғайраҳо ҳосил мекунанд. Дар тиб низ барои табобати касалиҳои гуногун аз он истифода мебаранд. Бар замми ин, картошка хӯроки серғизои чорво ба ҳисоб меравад. Хулоса, картошка зироати пурарзиши ғизоӣ, техникӣ ва хӯроки чорво ба ҳисоб рафта, хусусиятҳои хуби табобатӣ дорад.

Сурати Картошка
Сурати Картошка

Картошка (тушка низ мегуянд)  яке аз растаниҳои лӯндабанданда (лӯндаҳосилкунанда) ба ҳисоб рафта, ба оилаи авранҷиҳо тааллуқ дорад. Лӯнда навдаи шаклдигаркардаи зеризаминии картошка буда, дар он моддаҳои ғизоӣ захира мешавад. Лӯндаҳои картошка шаклхои гуногун дошта, дар аксари ҳолатҳо шакли мудаввар ва ё дарозрӯя доранд. Лӯндаҳо аз берун бо пӯсти тунуки клетчаткагӣ пӯшида шудаанд. Пӯст лӯндаро аз хушкшавӣ ва таъсири занбӯруғҳои касалиовар муҳофизат мекунад.

Дар сатҳи берунии лӯндаи картошка чашмакчахо ҷойгиранд. Чашмакчаҳо барги инкишофнаёфта буда, аз бағалбуни онҳо муғҷаҳс пайдо мешаванд. Дар ниҳоли картошка ба ҷуз лӯндаҳо дар қабати хок боз решаҳо инки- шоф меёбанд, ки одатан дар қабати болотари хок шоха меронанд. Аз чашмак муғҷаҳои лӯндаи картошка аз 4 то 8 поя бо баргҳояш ба рӯи замин сабзида мебароянд. Баргҳои картошка пар- монанд мешаванд. Гули онҳо ранги сафед, кабуд ё бунафш дорад.

Ҳар гул аз 5 косабарг, 5 гулбарг, 5 гардбарг ва 1 мевадон иборат аст. Гул худ аз худ гардолуд шуда, меваи сабзи сероб ҳосил мекунад. Дар мева, поя ва пӯсти лӯндаи картошка моддаи заҳрнок соланин ғун мешавад. Хусусан, миқдори соланин дар вақти нашъунамои картошка хеле зиёд аст. Аз меъёр зиёд будани соланин дар лӯндакартошкаи хӯрокӣ барои саломатии одамон ва ҳайвонот хавфнок аст. Бо пухта расидани лӯндаи картошка миқдори соланин кам шуда, хавфи заҳролудкунии он бартараф мешавад.

Дар лӯндаи картошка оҳар (20,7 фоиз), сафеда (2 фоиз), равған (0,1 фоиз), намакҳои маъданӣ ва витаминҳои гуногун мавҷуд мебошанд.

Картошка ба дигар мамлакатҳо аслан аз Чили ва кӯҳсори Перу паҳн гардидааст. Дар аввал картошка чун растании ороишӣ шӯҳрат дошт. Танҳо дар охири асри 17 дар Аврупо картошкаро барои лӯндаи хӯрданиаш парвариш мекардагӣ шуданд.

Дар Тоҷикистон ба парвариши картошка дар миёнаи асри 19 шурӯъ карданд. Ҳоло картошка чун яке аз зироатҳои асосӣ дар та моми ноҳияҳои ҷумҳуриамон кишт карда мешавад. Кишоварзон; ҷумҳуриамон дар парваришу нигоҳубини картошка соҳибтаҷриба буда, ҳосили баланди дилхоҳ мерӯёнанд. Дар аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳар гектар картошказор 150-180 сентнер ҳосил мерӯёнанд.

Картошка навъҳои гуногун дорад. Дар Тоҷикистон бештар навъҳои Ранняя роза, Лорх, Берлинген, Полёт, Кардинал ва ғай- раҳо кишт карда мешаванд.

Афзоиши картошка. Агар тухми меваи картошкаро кишт кунем, аз он ниҳол месабзад, вале лӯндаҳояш ниҳоят хурд мешаванд. Бинобар он, картошкаро на аз тухмаш, балки аз лӯндаҳояш ба таври нашвӣ афзоиш медиҳанд.

Барои коштан лӯндаҳои солиму бенуқсро интихоб мекунанд, ки вазни миёнаи онҳо аз 60 то 80 г бошад. Аз ҳама беҳтараш картош- каи тухмиро дар ҷои гарму равшан нигоҳ медоранд (тақрибан 30 рӯз то коштани он). Дар ин муддат чашмакмуғҷаҳои картошка ба сабзиш сар мекунанд. Ин мӯхдат сабзиши картошкаро тезонида дар муддати кӯтоҳ ба даст овардани ҳосили барвақтиро таъмин меку- над.

Дар равшанӣ лӯндаи картошка сабзранг мешавад. Чунин лӯндаҳои ранги сабз пайдокарда қобилияти ба касалиҳо тобоварӣ дошта, аз онҳо растании солиму пурқувват месабзад.

Барои дар хок шинондан лӯндаи картошкаро ба бахшҳо тақсим мекунанд ва дар ин ҳолат бояд дар ҳар бахш (ё қисми по]эашуда) 2-3 чашмакмуғҷа бошад.

Лӯндаи картошка дар ҳолати 18—20°С гарм будани ҳарорати хок нағз неш мезанад. Дар ҳарорати 20-25°С бошад, вай боз беҳтар месабзад. Картошка ба хунукӣ тобовар нест. Дар ҳарорати — 3°С будани ҳаво нобуд мешавад.

Картошка зироати рӯшноидӯст буда, дар айёми гулшукуфташ ба об талаботи калон дорад. Нархи картошка солхои 2015-2019 аз 1 сомони то  2,5 сомони аст, ки ин вобаста ба фасли сол аст.

Пеш аз кишти картошка заминро шудгор ва мола карда, нуриҳои маъданӣ меандозанд. Дар ноҳияҳои нисбатан гарми ҷумҳуриамон картошкаи баҳориро охирҳои октябр — аввали ноябр ё нимаи ду- юми феврал-аввали март мекоранд. Лӯндаҳои картошкаи тухмиро, ки дар фасли тирамоҳ мекоранд, барои дар зимистон хунук наза- данаш дар чуқурии 15—17 см мешинонанд. Картошкаи тирамоҳи- ро, одатан, дар нимаи дӯюми моҳи июн-аввалҳои июл дар чуқурии 6—8 см мешинонанд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ кишти картошка дар моҳи апрел ва аввалҳои май ба мақсад мувофиқ аст. Коштани картошка бештар дастӣ ва дар хоҷагиҳо бошад, бо мошинҳои картошкаши- нонӣ, анҷом дода мешавад.

Дар давраи нашъунамои картошка бехи ниҳолҳои онро нарм ва хокгардон карда, аз алафҳои бегона тоза мекунанд.

Мувофиқи тавсияи мутахассисон дар шароити ҷумҳуриамон кар- тошказорро пас аз ҳар 5—6 рӯз обёрӣ мекунанд. Дар тамоми давраи нашъунамояш бошад, тақрибан 14—15 маротиба обёрӣ карда мешавад.

Барои рӯёндани ҳосили фаровони картошка ба киштзор пору ва нуриҳои маъданӣ меандозанд. Ба ҷамъоварии ҳосили картошка ҳамон вақт сар мекунанд, ки агар баргҳои картошка зард ва пӯсти лӯндаҳоаш ғафс шуда бошанд.

  1. Картошка мансуби кадом оила аст?
  2. Сохти гули картошка чӣ гуна аст?
  3. Аҳамияти ғизоӣ, хӯрокӣ ва техникии картошкаро маънидод кунед?
  4. Барои сабзиши картошка чӣ гуна шароит лозим аст?
  5. Афзоиши картошка чӣ тавр сурат мегирад?
  6. Лӯндаи картошка кадом узви шаклдигаркарда ба ҳисоб меравад?
  7. Дар шароити Тоҷикистон мӯҳлати кишти картошкаро чӣ тавр муқаррар мекунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …