Главная / Илм / КАРСИНОМА

КАРСИНОМА

karsinomaКАРСИНОМА (Carcinoma), бодхӯра, як навъ омоси саратонист, ки ба ҳуҷайраҳои узвҳои дохилӣ ва ҳуҷайраҳои эпителияи пӯсти одам зарар мерасонад. К. чанд хел мешавад, мас., асосҳуҷайра, паҳнҳуҷайра, К.-и шуш ва ғ. К.-и асосҳуҷайра ниҳоят суст афзоиш меёбад. Дар пӯст гиреҳчаи сурхи сатҳаш ҳамвор пайдо шуда, бо мурури вақт ранги худро тағйир (аз гулгун то ҷигарии баланд) медиҳад. Қисми марказии гиреҳча карахш дорад. Он метавонад ба яра табдил ёфта, бофтаҳои поёниро хароб созад. К.-и паҳнҳуҷайра аз ҳуҷайраҳои серқабати эпителияи паҳн иборат аст; бисёр вақт шуға мебандад. Ҳуҷайраҳои омос ба тавассути десмасомаҳо (пулчаҳои байниҳуҷайравӣ) пайваст мебошанд. Омос зуд афзоиш ёфта реша меронад. К.-и шуш шаклҳои гуногун дорад: эпидермоидӣ, аденокарсинома, калонҳуҷайра ва хурдҳуҷайра.
Табобати К. ба табиати омоси аввалин вобаста аст. Барои муолиҷаи он аз доруҳои гуногун ва усули ҷарроҳӣ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …