Главная / Ҷамъият / ҚАРОРИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶТ

ҚАРОРИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶТ

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2019

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2018-2019 таъмин намоянд.
  3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2018-2019 мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаи он ҳар семоҳа ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
  4. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои барномаи мазкур ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 26 октябри соли 2017, № 499

ш. Душанбе

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …