Главная / Илм / КАРИМОВ Муқим

КАРИМОВ Муқим

nophotoКАРИМОВ Муқим (тав. 02. 06. 1934, ш. Хуҷанд), доктори илмҳои тиб (1986), проф. (1987), Аълочии мактабҳои олии ИҶШС, Аълочии ҳифзи тандурустии ИҶШС, дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (1987), Ходими шоистаи илми ҶТ (1999). Устоди варзиши ИҶШС. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1960). Ординатори клиникӣ (1960 – 62), аспирант (1962 – 65) ва ассистенти кафедраи анатомияи топографӣ ва амалиёти ҷарроҳии ДДТТ (1965 – 71), мудири кафедраи анатомия ва морфологияи спортӣ, муовини ректор оид ба корҳои таълим ва илми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1971 – 80), мудир (1980 – 87) ва проф. (1987 – 92) кафедраи анатомияи топографӣ ва амалиёти ҷарроҳӣ, ҳамзамон (аз с. 1981) декани факултаи педиатрии ДДТТ (1980 – 86). Проф. кафедраи анатомия (1992 – 93), декани факултаи тиббӣ (1993 – 94) ва муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1994 – 96). Директор ва ҳамзамон мудири кафедраи муттаҳидаи анатомия, анатомияи топографӣ ва амалиёти ҷарроҳии филиали ДДТТ дар ш. Хуҷанд (1996 – 2006). Аз сент. 2006 проф. кафедраи анатомияи топографӣ ва амалиёти ҷарроҳии ДДТТ. Дар мавзӯи «Бурришҳои кӯндаланг дар девораи пеши ҷавфи шикам» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Морфологияи узвҳои дарунӣ ҳангоми гипокинезия» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 150 асару мақолаҳои илмӣ, чандин пешниҳоди навоварона, дастуру тавсияҳои методӣ ва кашфиёт. Солҳои донишҷӯӣ футболбози тими «Энергетик Душунбе» буд.
Ос.: Характеристика некоторых хирургических разрезов передней брюшной стенки живота. Маҷ. «Хирургия», М., 1966, №10; Влияние гипокинезии на морфофункциональное состояние почек и половых желез. Маҷ. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 1979, №1; Методические разработки по анатомию человека для студентов физической культуры, Д., 1980; Асрори узви инсон, Хуҷанд, 1994; Учебно-методические пособия к практическим занятиям и лекциям для студентов лечебного факультета, Д., 1994; Библиография отечественных работ по гипокинезии (гиподинамии), Хуҷанд, 1977; Здоровый бизнесмен – успешный бизнесмен. Маҷ. «Информация бизнес», М., 2002, № 4, Валеология, 2010.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …