Главная / Илм / КАРИЕСИ ДАНДОН

КАРИЕСИ ДАНДОН

kariesi-dandonКАРИЕСИ ДАНДОН (Caries dentium), хӯраи дандон, бемории маъмули дандонҳо. Ҳангоми К. д. бофтаҳо нарму вайрон ва дандон сӯрох мегардад. К. д. дар овони ҷавонӣ рӯй медиҳад. Дар кӯдакон бештар дандонҳои курсии аввал ба кариес дучор мешаванд.
Сабабҳои пайдоиши К. д. алҳол пурра муайян нашудааст. Вале як чиз маълум аст, ки тағзияи нодуруст, мас., бисёр истеъмол кардани қанду ғизоҳои хамирӣ, нарасидани витаминҳо, калсий ва фосфор, кам истеъмол кардани сабзавоту мева (вақти жовидани онҳо дандонҳо худ ба худ тоза мешаванд), нигоҳубини нодурусти дандонҳо ба инкишофи К. д. мусоидат мекунанд. Азбаски мабдаи дандонҳо ҳанӯз дар 5 – 6 ҳафтагии ҷанин (дар батн) ташаккул меёбад, тағзияи нодуруст ва бемориҳои давраи ҳомилагии модар низ боиси ба К. д. гирифтор шудани кӯдак мегарданд. Дар баъзе ноҳияҳои ҷуғрофӣ дар таркиби об фтор намерасад. Ин ҳолат, албатта, ба дандони кӯдакон бе таъсир намемонад. К. д. дар мавриди хуруҷи табларза ва бемориҳои сироятии вазнин, дар давраи ба балоғат расидани кӯдакон (алалхусус духтарон) низ мушоҳида мешавад. Хуруҷи бештари К. д. ба давраи ҳомилагӣ вобаста аст. Сабаби он тағийроти физиологии организми модар, дигаргунии фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ, ихтилоли мубодилаи моддаҳо (бинобар ташаккули скелети ҷанин бисёр зарур шудани калсий) маҳсуб мешаванд.
Оғози К. д., одатан, ноаён мемонад, чунки қариб ягон нишона надорад; баъзан дар ғилофаки дандон ё назди вора доғҳои бӯрмонанд ё зардча намоён мешаванд, ки аломати тағйир ёфтани сирри дандон аст. Минбаъд сирри ҳамин ҷои дандон нарм мешавад (онро фақат духтур бо асбобҳои махсус ошкор мекунад). Ин иллатро кариеси сатҳӣ меноманд. Дар ин давра ҳангоми ба дандон расидани чизи ширин, турш, бо чӯтка шустани дандон дард ба вуҷуд меояд. Сӯрохӣ тадриҷан чуқур ва устухони дандон вайрон мешавад, агар ба сӯрохӣ хӯрок дарояд ё оби гарму хунук расад, дард мекунад (баъди дур кардани ангеза дарди дандон зуд бартарф мегардад). Ин давраи кариеси амиқ аст. Агар саривақт ба духтури дандон муроҷиат карда, иллати кариес боздошта нашавад, бактерияҳо ба мағзи дандон – пулпа медароянд ва он газак мегирад (ниг. Пулпит). Ҳамзамон бо ин пулпите, ки табобат наёфтааст аҳволро вазнинтар карда, боиси газаки бофтаҳои атрофи решаи дандон мегардад (ниг. Периодонтит). К. д.-ҳои ширӣ ва доимии бачаҳои синни мактабӣ нисбат ба калонсолон зудтар ба амал меояд. Дар давоми 1 – 1,5 сол дандон вайрон шуда, оризаҳои гуногун сар мезананд. Баъзан дандон дар зери пломба низ аз кор мебарояд. Сабаб дар он аст, ки бофтаҳои сахти дандони бачаҳо нисбат ба калонсолон камтар оҳак бастаанд ва ба таъсири микроорганизмҳо чандон бардошт надоранд.
К. д.-ро духтури стоматолог табобат мекунад. Муолиҷаро ҳар чӣ пештар, дар ибтидои пайдоиши сӯрохӣ, оғоз бояд кард. Муолиҷа аз коркарди махсус ва пломба кардани дандонҳои иллатӣ иборат аст. Вақти тоза кардани сӯрохи дандон ва пломба гузоштан ба кариеси сатҳӣ одам дардро ҳис намекунад. Азбаски табобати кариеси амиқ дарднок мешавад, бинобар ин мавриди муолиҷа аз усули бедардгардонӣ истифода мебаранд.
Пешгирии К. д. ба маънои васеъаш бояд дар давраи ҳомилагӣ оғоз ёбад: табобати бемориҳои зани ҳомила; истеъмоли ғизои хушсифате, ки ба миқдори зарурӣ сафеда, равған, карбогидрат, витамину намакҳои минералӣ, хусусан калсий ва фосфор дорад (онҳо барои бунёди скелети ҷанин ва мубодилаи моддаҳои ҳомилагон хеле муҳиманд) ва ғ. Ҳамаи ин барои инкишофи ҷанин, аз ҷумла, бунёди дурусти мабдаъ ва ташаккули минбаъдаи дандонҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ба навзодҳо ва кӯдакони ширмак, агар хӯрондани шири сина ғайриимкон бошад, омехтаҳои хӯрокии махсус додан зарур аст (ниг. Кӯдаки ширмак). Бачаҳои синни яслӣ бояд ғизоеро истеъмол кунанд, ки сафедаҳои ҳайвонот доранд (шир, гӯшт, тухм ва ғ.). Баробари пайдо шудани ширдандонҳои курсӣ (тақрибан аз дусолагӣ) ба кӯдак сабзӣ, себ ва карам додан зарур аст. Ба ғизои кӯдакони синни томактабӣ қанд ва маҳсули қаннодиро бисёр дохил кардан ҷоиз нест. Дар ин синну сол кӯдаконро мунтазам бояд ба стоматолог нишон дод. Агар духтур К. д.-ҳои шириро ошкор кунад, ба табобати он зуд шурӯъ намуда, минбаъд назорат бояд кард, ки иллат дуюмбора пайдо нашавад (дар зери пломба); дар мавриди дар зери пломба ба вуҷуд омадани кариес пломбаро нав мекунанд, кӯшиш менамоянд, ки ширдандонҳои иллатиро то баромадани дандонҳои доимӣ нигоҳ доранд. Барвақт кандани ширдандонҳо инкишофи устухони ҷоғро суст карда, ба нодуруст баромадани дандонҳо сабаб мешавад, таносуби раддаи дандонҳоро вайрон месозад. Ба кӯдакон дуруст ва доимо истифода бурдани чӯткаи дандон, дандонковак ва баъди тановул обгардон кардани даҳонро ёд бояд дод.
Агар дар таркиби оби нӯшокӣ фтор кам бошад, ба он фтор илова мекунанд. Дар ҳолати зиёд будани фтор миқдори онро кам менамоянд, то ки сири дандонро вайрон насозад. Барои шустани дандонҳо аз хамираҳои фтордор истифода бурда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …