Главная / Илм / КАРДИОСПАЗМ

КАРДИОСПАЗМ

kardiospazmКАРДИОСПАЗМ (юн. kardia – даромадгоҳи меъда ва spasmos – ташаннуҷ, ихтилоҷ), ташаннуҷи даромадгоҳи меъда, ки боиси боздоштани ғизо ва васеъ гаштани қисми болои сурхрӯда мешавад. Ба К. одамони аз 20 то 40-сола гирифтор мешаванд. Сабаби К. нуқси инкишоф ва ихтилоли асабгарии сурхрӯда аст.
Аломати хоси болинии К. дисфагия – ихтилоли фурӯбарии луқма бинобар аз сурхрӯда бо душворӣ гузаштани ғизо мебошад. Ҳангоми тановул ногаҳон ҳисси дар сурхрӯда дармондани хӯроки сахт, баъзан чой ба вуҷуд меояд. Баъди чанд муддат луқма ба меъда фаромада, эҳсоси ногувор барҳам мехӯрад. Минбаъд чунин ҳолатҳо зуд-зуд ба вуқӯъ мепайванданд. Бинобар пурра холӣ нашудани сурхрӯда ва дар он боқӣ мондани ғизо бемор маҷбур мешавад, ки қай кунад. Дар мавридҳои аз ҳад гузаштани беморӣ мӯҳтавои сурхрӯда худ аз худ берун ва дар сандуқи сина дард пайдо мешавад. Бинобар аспиратсияи боқимондаҳои ғизо мумкин аст пневмония, думбал ва ателектази шуш рух намояд.
Бо мақсади муолиҷаи К. аз парҳез, доруҳои рафъи ташаннуҷ (атропин, папаверин), карахткунии гиреҳҳои асаб, амали ҷарроҳӣ истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …