Главная / Илм / КАРДИОСКЛЕРОЗ

КАРДИОСКЛЕРОЗ

kardiosklerozКАРДИОСКЛЕРОЗ (аз кардио… ва sklerosis – сахт шудан, сахтӣ), қисман иваз шудани бофтаҳои миокард ба бофтаҳои пайвандӣ. К. дар ҷойҳои мавтшудаи нахҳои миокард бинобар миокардит, миокардиодистрофия, сактаи дил ва ғ. инкишоф меёбад. К. мунташир (диффузӣ) ва манбаӣ мешавад. Ҳангоми К.-и мунташир унсурҳои бофтаи пайвандӣ дар сатҳи миокард нисбатан баробар густариш меёбанд. Аломати К.-и мавзеӣ дар сатҳи миокард ба вуҷуд омадани қитъаҳои нисбатан хурд ва калони бофтаҳои пайвандӣ (хадшаҳо) мебошад. К.-и мунташир бинобар якмаром осеб ёфтани мушаки дил, К.-и мавзеи бошад чун оқибати сактаи дил (К.-и баъдисактавӣ), баъзан чун анҷоми илтиҳоби манбаӣ пайдо мешавад. К.-и мунташирро ҳангоми бемории камхунии дил (ишемия) бисёр вақт К.-и атеросклерозӣ (вобаста ба пайдоиш) меноманд; вай метавонад якҷоя бо К.-и манбаии баъдисактавӣ рух намояд.
Зуҳуроти К. ба ҷойгирӣ ва густариши он дар миокард вобаста аст. Чи қадаре, ки фоизи массаи бофтаи пайвандӣ аз фоизи массаи миокарди солим зиёд бошад, ихтилоли низоми дил ҳамон қадар меафзояд.
Ҳангоми ташхиси К. бемориҳое, ки дар гузашта аз сар гузаронда шудаанд (миокардит, сактаи дил ва ғ.), инчунин дамкутоҳӣ, варам, акросианоз, экстрасистолия ва ғ. ба назар гирифта мешаванд. Барои ташхиси аниқ аз усулҳои электрокардиография, эхокардиография, тадқиқи радиоизотопии миокард истифода мебаранд.
Муолиҷаи беморони гирифтори К. аз беҳтар сохтани фаъолияти нахҳои боқимонда (солим)-и миокард иборат аст: кам кардан ё зарур будани машқҳои ҷисмонӣ, варзиши шифоӣ, витаминҳо, доруҳои рибоксин, оротати калий ва ғ. Барои табобати К. ҳамчунин аз доруҳои пешоброн истифода мекунанд. Баъзан зарурати кардиостимулятсия ба миён меояд.
Фарҷоми К. ба дараҷаи зуҳурот ва тарзи пайдоиши он вобаста аст. Ҳангоми халал наёфтани гардиши хун ва кори дил оқибати К. одатан бад нест. Барои ҳаёт хусусан падидаҳои тахикардияи пароксизмии меъдачаӣ ва инҳисор (блокада)-и пурраи даҳлезу меъдачаҳо хавфнок мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …