Главная / Илм / КАРДИОЛОГИЯ

КАРДИОЛОГИЯ

kardiologiyaКАРДИОЛОГИЯ (аз кардио … ва … логия), яке аз соҳаҳои илми тиб, ки ба омӯзиши сохт ва вазифаҳои системаи дилу рагҳо, сабаб ва механизми бемориҳои дил, дарёфти усулҳои муолиҷаю пешгирии онҳо машғул аст. К. ҳамчун илм ва фанни амалӣ аз давраҳои қадим арзи вуҷуд мекунад. Дар таҳқиқи хусусиятҳои анатомию физиологии силсилаи дилу рагҳо ва ҷамъбасти маълумоти давр роҷеъ ба ташхису табобати амрози дилу рагҳо саҳми олими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино бузург аст. Асарҳои ӯ «Ал-Адвияту-л-қалбия» («Доруҳои дил»), «Рисолаи набз», инчунин усулҳои санҷиши кори дил, ба монанди ангуштзанӣ (перкуссия) ва ғ., ки ӯ пешниҳод кардааст, дар ҳалли масъалаҳои ташхису табобати беморони гирифтори амрози дил мақоми намоён доранд.
Дар инкишофи К. дар а. 19 ва авв. а. 20 В. Гис, Л. Ашофф, олимони шуравӣ С. П. Боткин, И. М. Сеченов, И. П. Павлов, А. Л. Мясников, Н. Н. Аничков ва диг. саҳми босазо гузоштанд. Аз миёнаи а. 20 сар карда инкишофи усулҳои ташхиси ҳолати силсилаи дилу рагҳо барои истифодаи ҷарроҳӣ дар табобати онҳо имконият фароҳам овард. С. 1964 ҷарроҳи кейптунӣ К. Барнард аввалин шуда дар таърихи тиб ҷарроҳии иваз кардани дилро гузаронид.
К.-и муосир бо асбобҳои мураккаби ташхисӣ ва табобатӣ ҷиҳозонида шудааст; барои гузаронидани табобати таъҷилӣ ва реаниматсия умури махсус вуҷуд дорад, ки он имкон медиҳад сактаи дил, тромбоэмболияи рагҳо ва диг. бемориҳо муолиҷа карда шаванд. Дар К. барои муолиҷаи беморон усулҳои табобати ғайриҷарроҳӣ, табобат дар санаторияю курортҳо ва ҷарроҳиро истифода мебаранд. Ҷарроҳӣ барои барҳам додани нуқс ва иллатҳои дилу раг, бо хун беҳтар таъмин шудани мушакҳои дил, дасту пойҳо ва ғ. гузаронда мешавад.
К. дар Тоҷикистон умури махсус буда, мақсади он ёрии саривақтӣ ба ашхоси гирифтори бемориҳои дил аст. Расондани кумак ба одамони гирифтори амрози шадиди дил зина ба зина сурат мегирад: бригадаи ёрии таъҷилӣ – бригадаи кардиологии ёрии таъҷилӣ (дар мавриди таҳдиди хавф бо даъвати наздикони бемор бевосита ба кумак мешитобад) – шӯъбаи (блоки) табобатӣ – шӯъбаи махсусгардонидаи реабилитатсиявӣ (табобати барқарорсозанда) – санаторияи махсуси кардиологӣ. Дар ҳама зинаҳои ёрии кардиологӣ аз асбобҳои замонавии ташхису табобат истифода бурда мешавад.
Таърихи инкишофи К. дар Тоҷикистон ба рушду инкишоф ва дастоврадҳои К. – и назарӣ ва амалӣ дар Европа, Осиё. Америка, хусусан Россия сахт вобастагӣ дорад. Диспансери аввалини К. дар ш. Душанбе с. 1970 бо ташаббуси проф. А. Я. Орифов ва дастгирии бевоситаи акад. АИТ Россия Е. И. Чазов ташкил карда шуда буд. С. 1985 дар назди кафедраи фармакологияи клиникии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино курси К. – и клиникӣ таъсис дода шуд, ки с. 1990 ба кафедраи мустақил табдил ёфт. Аз с. 1993 кафедра дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон фаъолият дорад. Саҳми устодони кафедра дар кори тарбияи мутахассисон – кардиологҳо дар интернатура, ординатура ва аспирантура бағоят калон аст.
С. 1991 дар ҷумҳурӣ Ассотсиатсияи кардиологҳо ташкил шуд. Он с. 1992 ба Ассосиатсияи кардиологҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва с. 1995 ба Ассотсиатсияи кардиологҳои ИДМ шомил гашт. Сент. с. 1993 Конфронси 1 – уми ҷумҳуриявии Ассотсиатсияи кардиологҳо баргузор шуд (ш. Кӯлоб). Кардиологҳои тоҷик дар кори Конгрессҳои I (Бишкек, 1993), II (Алмаато, 1995) ва III (Ташкент, 1997)-и Ассотсиатсияи кардиологҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ширкат доштанд.
Кардиологҳои ҷумҳурӣ дар робита ба омӯзиши масоили актуалии бемориҳои мавзеӣ (регионӣ), кардиологияи баландкӯҳҳо, густариши бемориҳои дилу рагҳо ва омилҳои хавфпазири онҳо дар мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон, дарёфт ва дар амал ҷорӣ намудани технологияи нави ташхису муолиҷа ва пешгирии амрози дилу рагҳо саҳми назаррас гузоштаанд. Дар ин бобат хусусан саҳми акад. АИ ҶТ Ҳ. Ҳ. Мансуров, узви вобастаи АИ ҶТ Н. Ҳ. Ҳамидов, профессорон А. Я. Орифов ва Н. Л. Попова, дотсентон З. С. Қосимова ва З. Я. Раҳимов арзанда аст. Рушду инкишофи ҷарроҳии дилу рагҳо дар Тоҷикистон ба номи академикон К. Т. Тоҷиев ва Н. У. Усмонов, узви вобастаи АИ ҶТ Т. Г. Гулмуродов, профессорон А. Ҷ. Ғоибов ва Ҷ. Д. Султонов вобастагии ногусастанӣ дорад. Эшон оид ба аортографияи транслюмбалӣ ҳангоми алоими Периш, перикардитҳо, ҷарроҳии дил бо истифода аз дастгоҳи хунгардиши сунъӣ, аневризмаҳои шоҳраги қафаси сина, пластикаи нуқси девораи байни меъдачаҳои дил, ҷарроҳии тармимии дил ҳангоми нуқси модарзод ва ғайримодарзодии он пажӯҳишҳои ҷолиб анҷом доданд. С. 1981 дар ш. Душанбе Маркази ҷумҳуриявии кардиологӣ ташкил шуд. Он с. 1998 бо таҷҳизоти ташхису табобатии навтарин муҷаҳҳаз гашт. Ин имкон дод, ки амрози дилу рагҳо дар давраҳои аввали пайдоиш ошкор ва табобат карда шаванд. Дар маркази вилоятҳо низ диспансерҳои кардиологӣ фаъолият доранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …