Главная / Илм / КАРДИАЛГИЯ

КАРДИАЛГИЯ

kardialgiyaКАРДИАЛГИЯ (Cardialgia), дард кардани мавзеи мушакҳои дил. К. метавонад аломати бемории рагҳо, сактаи дил, стенокардия ва ғ. бошад. Дар натиҷаи бемориҳои илтиҳобӣ, мас., миокардит ё перикардит, ихтилоли мубодилаи моддаҳо дар мушаки дил, суиистеъмоли машруботи спиртдор, бемориҳои сутунмӯҳра, асабҳои наздик ба дил, остеохондрози мӯҳраҳои гардан, невралгияи байни қабурғаҳо, бемориҳои роҳи меъдаю рӯда, амрози шуш ва пардаи он, дистонияи нейросиркулярӣ низ падид омадани К. аз эҳтимол дур нест.
К. одатан дар ҳолати оромӣ ба вуҷуд меояд. Эҳсоси дард бардавом буда, шадид нест. Агар одам сахт хаста ё асабонӣ бошад, беморӣ хуруҷ мекунад. Дард бештар дар мавзеи синаи тарафи чап ба вуҷуд меояд. Дар аснои К.-и шадид дард метавонад ба диг. мавзеъҳои атрофи дил низ паҳн шавад. Ҳангоми К. ҳисси нарасидани ҳаво, номураттабии кори дил, беқарорӣ ба мушоҳида мерасад, сар дард карда чарх мезанад, фишори хун баланд мешавад.
Муолиҷаи К. зери назорати духтур сурат мегирад. Бемор бояд ба реҷаи кору истироҳат эътибори хоса диҳад, хӯроки серғизо истеъмол намояд, дар ҳавои тоза бештар гардад. Ором будани асабҳо дар кори пешгирии К. хеле муҳим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …