Главная / Илм / КАРАНТИН

КАРАНТИН

karantinКАРАНТИН (Quarantine; итал. qarantena, аз quaranta giorni – чил рӯз), тадбирҳое, ки баҳри пешгирӣ кардани густариши бемориҳои сироятӣ (тоун, вабо, нағзак ва ғ.) андешида мешаванд. К. аввалин маротиба дар Италия (а. 14) ба вуҷуд омадааст; киштиҳоеро, ки аз маҳалҳои вабозада меомаданд, дар бандар чил рӯз нигоҳ медоштанд.
Ҳангоми хатари паҳн гаштани бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок шахсони алоҳида, оилаҳо, коллективҳои гуногун (боғчаи бачагон, хобгоҳ, қисми ҳарбӣ, киштӣ, эшелон ва ғ.), маҳалҳои аҳолинишин ва ҳатто ноҳия ба К. гирифта мешаванд. Ҳангоми К. бидуни обсерватсия аз минтақае, ки карантин эълон шудааст, баромадан манъ мебошад. Ба шахсоне, ки дар карантинанд, варақаи беморӣ дода мешавад (онҳо дар асоси он музди меҳнат мегиранд). Мӯҳлати итмоми К. аз давраи изолаятсияи бемори охирон то дезинфексияи ниҳоӣ ҳисоб карда мешавад (баъди ин К. боз ҳангоми тоун 6 ва вабо 5 шаборӯз идома меёбад). Истилоҳи «карантин»-ро баъзан дар беморхонаҳо, муассисаҳои бачагона ва ғ. ҳангоми хуруҷи грипп, махмалак, сурхча ва диг. бемориҳо истифода мебаранд. Вале дар ин маврид он ба маънои илмиаш мувофиқ нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …