Главная / Биология / Карам – як навъи растани

Карам – як навъи растани

Карам сабзавоти серистеъмол аст ва дар ноҳияҳои иқлимашон гарм ду бор ҳосил медиҳад. Бинобар ҳамин карам тамоми сол дастрас аст.

Карамро дар ҳазорсолаи сеюми пеш аз мелод киштукор карда, истеҳсол мекарданд. Онро ҳамчун сирпиёз аҷдодони қадими мо ба сифати сабзавоти шифобахш истифода мебурданд. Карамро барои табобати ҷароҳатҳои мадданок ва пучакҳо тавсия мекарданд. Ватани карам соҳили баҳри Миёназамин мебошад.

karam

Карам хусуиятҳои баланди хӯроквории табобатӣ ва парҳезӣ дорад. дар таркибаш бисёр витаминҳо ва намакҳои минералӣ дорад. Витамини С-и дар таркиби карам буда, бо витамини С-и дар таркиби лимон буда баробар мебошад ва дар навъи карами ранга он ду маротиба зиёд аст. Дар таркиби карам витаминҳои бисёре (В1, В2, В3, РР, К ва махсусан то 70 мг% витамини С) мавҷуд аст. Барои он ки вақти пухтан витамини С нигоҳ дошта шавад, карамро ба оби ба ҷӯшомада меандозанд.

Навъҳои карами сафед, сурх, брюсселӣ, савоягӣ, гулкарам, карамшалғам ва ғайра маълуманд. Дар Тоҷикистон бисёртар карами сафедро истеъмол мекунанд. Карами сафед хусусияти парҳезӣ дошта, ҳамчун хӯроки табобатӣ истифода мешавад. ҳамаи навъҳои карам об, қанд, сафеда, клечатка, намакҳои минералӣ ва витаминҳо доранд.

Карамро дар пухтупази таомҳои равону сахт (дар об, дар равған, дар буғ) тайёр кардани хуриш, гарнир ва очоронӣ (консервонӣ) васеъ истифода мебаранд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …