Главная / Илм / КАРАФС

КАРАФС

karafsКАРАФС (Apium graveolens), карафш, гиёҳест дусола. Аз 20 то 150 см қад мекашад. Пояаш рост, сершох; баргаш пармонанд, гултӯдааш чатрнамо, гулаш майдаи сафед ё сабзтоб. Моҳи июл гул карда, донаш авг. – сент. мепазад. Одатан дар заминҳои партов, канори ҷӯй, рӯди кӯҳӣ, обанбор ё шибару ботлоқҷойҳо мерӯяд. Дар кӯҳи Мевағул, қ. – кӯҳҳои Туркистон ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 400 – 1500 м) вомехӯрад.
К. гиёҳи доруии қадимист. Реша ва тухми онро аз қадим чун воситаи пешоброн истифода мебаранд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино К. варамҳоро мегардонад, қабзиятро мекушояд, арақ меоварад ва дардро таскин мебахшад, барои сулфа, зиқи нафас, ҷигар ва сипурз муфид аст, пешоб ва ҳайзро меронад. Ҳама қисмҳои К. гурда, масона ва бачадонро тоза мекунад. Тухми К. барои обхӯра давои хуб аст, қабзияти ҷигар ва сипурзро рафъ месозад, давои бодрон, киҷҷарон ва пешоброн мебошад. Дарди санги гурда, масона ва миёнро таскин мебахшад. Бино ба маълумоти муаллифи «Махзану-л-адвия» қисми аз ҳама пуртаъсири К. реша, сипас тухм ва барги он мебошад. Тухми К. то 2 сол ва решааш то 3 сол қобилияти шифобахширо гум намекунад.
Дар тибби халқӣ нақеъи решаи К.-ро ҳангоми заъфи узвҳои ҳозима, камиштиҳоӣ ва чун омили исҳоловар рӯзе 3 – 4 маротиба 1 чумча менӯшанд. Шираи решаи тару тозаи онро ҳангоми бемориҳои гурда, нақрис, асабдард, тарбод, саглес ва илтиҳоби пӯст (рӯзе 3 маротиба 1 – 2 қошуқча 30 дақиқа пеш аз хӯрок) тавсия медиҳанд. Чойи меваи К.-ро ҳангоми нафастангӣ, ҳиккак ва чун воситаи қайбанд менӯшанд. Аз барги тару тозаи К. доруи пешоброни «Сукапичравеол» тайёр мекунанд.
Ад.: Комаров Б. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Д., 1967; Марков В. М., Овощеводство, М., 1974; Василенко Н. Г., Знаете ли вы эти овощӣ?, М., 1975; Чиков П. С., Лаптев Ю. П., Витаминные и лекарственные растения, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …