Главная / Без рубрики / КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Камоли Хуҷандӣ соли 1318 дар шаҳри Хуҷанд таваллудшудааст. Айёми кўдакӣ ва таҳсили ибтидоии ў дар зодгоҳаш гузаштааст. Баъд таҳсилро дар мадрасаҳои Самарқанд, Тошканд ва Хоразм давом дода, қариб ҳамаи илмҳои замонашро аз худ намудааст. Ў бештар ба адабиёт шавқу ҳавас дошт, шеъру нақл, ривояту афсонаҳои фаровонеро аз ёд карда буд.

Камоли ХучандиБаъди хатми таҳсил муддате дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва Хоразм саёҳат кардааст. Дар синни 40 -45-солагӣ бо роҳи Ҳиҷоз ба ҳаҷ сафар карда, баъди баргаштан дар шаҳри Табрез мемонад. Вақте Тўхтамиш ба Табрез ҳуҷум мекунад, Камолро бо худ гирифта ба Олтинурда мебарад. Камол он ҷо дар шаҳри Сарой (наздикии Астрахан) ҳаёти осуда ва бофароғат гузаронидааст. Темурланг соли 1395 Саройро истило намуд. Камол баъди 10-11 соли ҳиҷрон ба Табрез бармегардад, зеро аҳли оилааш дар он ҷо буд.

Минбаъд Камол зиндагии фақиронае дошт. Камол умри дароз дидааст. Вале ин умри азизи ў дар ғарибӣ зери азоби бекасӣ ва маҳрумӣ гузаштааст. Вай аз он бекасӣ ва оворагардӣ аз синаи пурдард нолаҳои дилхарош мебарорад:

Дилам ба зулфи ту чун аст, аз ин ғариб мапурс,

Ки шом чун гузарад бар ғариб, ман донам.

Камол, ки шоири ватандўст буд, ҳеҷ гоҳ зодгоҳи азизи худ – Хуҷандро аз ёд набароварда, ҳамеша аз он ёд карда, аз хуҷандӣ будани худ фахр мекард:

Бо лутфи табъ мардуми Шероз аз Камол Бовар намекунанд, ки гўям: хуҷандиям.

Камол соли 1401 дар Табрез вафот кард. Ўро дар боғи худаш, ки Биҳишт ном дошт, ба хок супурданд. Мақбараи ў то имрўз боқист ва зиёратгоҳи аҳли хирад аст.

Аз Камоли Хуҷандӣ девоне боқӣ мондааст, ки аз 7335 байт иборат аст.

ҒАРИБӢ

Дил муқими кўи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.
Орзўманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бе сару бе по ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад хеч кас, илло, гариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рўзе напурсидӣ, ки чист,
Ҳоли зори мустамандӣ монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ кӣ афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Ғазалро ифоданок қироат кунед.
  2. Мазмуни ғазалро нақл кунед.
  3. Чаро шоир аз ҳоли дар ғарибӣ доштааш шикоят кардааст?
  4. Мисраи «Дар ҷаҳон то чанд гардам бе сару бе по ғариб»?! –

чӣ маъно дорад?

ГУФТАМ: БА ЧАШМ!

Ёр гуфт: аз ғайри мо пўшон назар, гуфтам: ба чашм!
В-он гаҳе дуздида дар мо менигар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар ёбӣ нишони номи мо бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бубар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардад лабат хушк аз дами сўзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз гиря тар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашқ
Ҳам ба мижгонат бирўб он хоки дар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардӣ шабе аз рўи чун моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар дорӣ хаёли дур(р)и васли мо, Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар, гуфтам: ба чашм!

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Ғазалро ифоданок қироат кунед.
  2. Мазмуни ғазалро мухтасар нақл кунед.
  3. Байти охирини ғазалро ба наср баргардонед.

ОШЎБИ ҶОНӢ

Ошўби ҷонӣ, шўхи ҷаҳонӣ,
Беэътиноӣ, номеҳрубонӣ.
Гоҳам навозӣ, гоҳам гудозӣ,
Гоҳе чунинӣ, гоҳе чунонӣ.
Аз ту сабурӣ кардан, нигоро,
Натвон, валекин ту метавонӣ.
3-ин сон, ки дорӣ аз хеш дурам,
Гар мирам аз ғам, аз ман надонӣ.
Гуфтам: нисорат созам дурри ашк,
Гуфто: чӣ гўям дурр мечаконӣ.
Бо ту чӣ монад, Хизру Масеҳо,
Умре ту ҳаргиз бо кас намонӣ.
Гар аз Камол, ай мунис, малўлӣ,
Рафтам зи пешат, бурдам гаронӣ.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Ғазалро бурро ва ифоданок қироат намоед.
  2. Мундариҷа ва ғояи ғазалро таҳлил кунед.

ДЎСТ МЕДОРАД ДИЛАМ ҶАБРУ ҶАФОИ ДЎСТРО

Дўст медорад дилам ҷабру ҷафои дўстро,
Дўсттар аз ҷону сар дарду балои дўстро.
Заҳмати худ бо табиби муддаӣ хоҳам намуд,
То бисозад чораи дарду давои дўстро.
Чун муроди дўст ҷон афшондан аст аз дўстон,
Зудтар дарёб, ҷони ман, ризои дўстро.
Дар ҳавои ў тавонад дод ошиқ сар ба бод,
Лек натвонад ниҳод аз сар ҳавои дўстро.
Гар бадал кардӣ ба сад Фирдавс гарди кўи дўст,
Ройгон аз даст додӣ хоки пои дўстро.
Дастбўси дўст мехоҳӣ, бишў даст аз ду кавн131,
Дастолуда нашояд марҳабои дўстро.
Дўстиҳои ҳама олам бирўб аз дил, Камол,
Пок бояд доштан хилватсарои дўстро.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Шарҳи калимаҳои мушкилро аз луғат ёбед ва ба ёд гиред.
  2. Ғазалро бурро ва ифоданок қироат намоед.
  3. Мазмуни ғазалро ҳикоя кунед.
  4. Дар ин ғазал дўст дар маркази диққат аст. Бигўед, ки шоир дар зери мафҳуми дўст киро дар назар дорад?
  5. Байти мақтаъро ба наср гардонед.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

sayidoi-nasafi

Адабиёт дар асрҳои XVII-XVIII

Асри XVII- нимаи аввали асри XVIII давраҳои бисёр муҳими таърихи адабиёти тоҷик мебошад. Дар аҳди …