Главная / Гуногун / КАЛИЛА ВА ДИМНА (Китоб)

КАЛИЛА ВА ДИМНА (Китоб)

Адабиёти куҳани форсу тоҷик дар ганҷинаи гаронбаҳои худ дурҳое дорад, ки то ба имрўз аз ҷониби аҳли башар чун муҷаллотарину олитарин дастоварди инсонӣ ҳифзу пуштибонӣ карда шуда, дар шоҳкулоҳи фарҳанги ҷаҳонӣ сахт маҳкаманд. Дар ин мақоми воло “Калила ва Димна”, ки аз оғози пайдоиши худ то ин дам даст ба даст гашта, мавриди хонишу ҳифзу пажўҳиш қарор гирифтааст, ҳамтои худро надорад ва халқе нест, ки ло ақал боре аз бархўрдории худ бо он ифтихор накарда бошад. Ин аст, ки ҳатто бо вуҷуди эътирофи умуми уламову фузало ҳақиқати “фарҳанг комгори халқ асту шоҳкорӣ (шедевр) марзу бум надорад” – дар мансубияти он ба халқу қавму миллати худ то ҳол талошҳо намуда, санадҳо меоваранду баъзан ба ифрот ҳам расидаанд.

Таҳқиқотҳоеро, ки то ба имрўз ба майдон омадаанд метавон ба ду гурўҳи калон ҷудо кард: онҳое, ки ба нусхаҳои арабӣ мансубанду ононе, ки ба нусахи форсӣ-тоҷикӣ. Вале, бо вуҷуди ин, баҳси асосӣ ҳамоно перомуни сарчашмаи асосӣ, мусаннифии Барзуяи пизишку Ибни Муқаффаъ, дараҷаи духули онон бар тартибу таркиби асли асар аст.

Муқоисаву мушоҳидаҳо нишон доданд, ки баҳси мазкур ба интишори “Калила ва Димна”-и Ибни Муқаффаъ, аз суханони “ва ҳиндувон бар он асос гузоштанд” такя намуда, тавассути боби “Барзуя ва сафари ў ба Ҳинд”, ки мутарҷимии ўро гўё ба исбот мерасонаду тақвият меёбад, оғоз мегирад.

Чуноне маълум гардид, аввалин нуктаи баҳсӣ дар ин асос нисбат ба асли “Калила ва Димна” дар асари Абўрайҳони Берунӣ “Китоб фӣ таҳқиқи мо ли-л-Ҳинд” дида мешавад. Дар он муаллиф мушоҳидаву мутолиъаҳои бевоситаи хешро роҷеъ ба урфу одат, таъриху маданияти ҳиндувон гирд оварда, минҷумла аз хусуси “Панчатантра”, ки дар хориҷи Ҳинд бо номи “Калила ва Димна” шўҳрат пайдо кардааст, изҳори ақида менамояд. ва ба хусус тадвини арабии Ибни Муқаффаъро бинобар вуҷуди бобҳои фавқаззикр ва санаду маводҳои дигар чун “аз асл дур ва беэътимод”, яъне на “Панчатантра” меҳисобад.

Пасон мутарҷимону муҳаққиқон бар ин гуфтаҳо такя намуда, бо пардози тозае онро тақвият додаанд. Таҳқиқи ҷиддии асли пайдоиши “Калила ва Димна” бошад дар асри XIX бо интишори матни комили он аз тарафи барон Силвестер де Сасӣ (Calila et Dimna ou Fables de Bidpai en arabe; precedees d’une memoire sur l’origine de ce livre et sur les diverses traductions qui ete faites dans l’Orient. Paris, 1816) сурат гирифт. Мурратиб дар таҳқиқоти худ, ки бар интишори матн зам гардидааст, роҷеъ ба муносибати Барзуя ва Ибни Муқаффаъ ба “Калила ва Димна”, дараҷаи таъсирашон бар матн, рўйнавису баргардониҳои минбаъда баҳси доманадоре пеш оварда, ба хусус асоси ҳиндӣ доштани асарро, ки дар тўли қуруни вусто аз ҷониби баъзе муҳаққиқину мутарҷимин ба шубҳа гузошта мешуд, ба тасбит мерасонад.

Дар асоси таҷмеъи ҳама нусахи “Калила ва Димна” соли 1897 В. Чайвин (Bibliographie des ouvrages arabes ou relatifs aux arabes publies dans l’Europe chretienne de 1810 a 1885. Liege) таҳқиқи хешро пешкаш намуда, мувофиқи онон таърихи сайри асарро то ин давр равшан намуда, дар боби манбаъи аслӣ бошад, ҳамоно гуфтаҳои Силвестер де Сасиро тақвият медиҳад.

Матни интиқодӣ ва таърихи мукаммали сайри таърихии “Калила ва Димна” соли 1905 аз тарафи Л. Шайхо (La version arabe de Kalilah et Dimnah d’apres le plus ancien Manuscrit arabe date. Beyrouth) нигошта шуда, таҳлили ҳамаҷонибаи матнҳои арабии вуҷуддоштаро ба сомон мерасонад. Муаллиф асосан ба таҳқиқи матн пардохта, дар боби асли асар аз муҳаққиқони собиқа пайгирӣ намуда, хидмати Барзуяву Ибни Муқаффаъро чун мутарҷимони хушзавқи боистеъдод ёд мекунад.

Натиҷаи ин ҳама пажўҳишҳо бошад аз тарафи К. Брокелман (Enzyklopaedie des Islam, B. II.) ҷамъбаст гардидааст.

Ҳамчунин, дар паи таҳқиқи манбаъу маол ва баъзе ҷанбаҳои хоси матнҳои дастёфтаи  “Калила ва Димна” ва гардонишҳову табъҳои он ба беш аз 60 забон ва таблиғи ғояҳои абадзиндаи асар хидматҳои шоёни И. Ҷюдӣ, А. Кристенсен, М. Рябинин, Т. Бенфӣ, Г. Ричер, Т. Нёлдеке, Э. Браун, И. Ҳалавӣ, И. Шлайфер, Б. Владимиртсов, И. Крачковский, Р. Шор, Ф. Габриэлли, Аҳмад Закипошо, Ш.А. Табора, Г. Клинге, А. Аззом, Х. Язиҷӣ, А. Мўнисӣ, М. Сабрӣ, А.М. Исмоъил, М. Ғуфронӣ, Шакигапур, Ҳ. Фохурӣ, А. Кримский, В. Иванов, Е. Бертелс, Я. Рипка, И. Брагинский, Н. Чхеидзе, Х.А. Балох, А.В. Пайкова, И. Филштинский, Б. Шедфар ва дигаронро бояд зикр намуд.

Чизи дигар ва аз ҳама аҷибаш ин аст, ки миллату фарҳанге, ки “Калила ва Димна” – ро ба ҷомеъаи башарӣ пешкаш намуд, дар аксари ҳолот, нақши мунозирро бозида, то солҳои наздик дар тасдиқи мансубияти худ бад-он саҳмгузорие нанамуд. Дар ин ҳисоб танҳо асари М. Маҳҷуб “Дар бораи “Калила ва Димна”-ро метавон истисно донист, ки дар паи таҳқиқи тарҷумаи Ибни Муқаффаъ заҳматҳои зиёди муаллифро нишон дода, бисёр нуктаҳои мансубии онро бар дигарон, ва хоса аъроб, ки асарро мояйи дастранҷи тафаккури арабӣ медонанд, ҳувайдо намудааст. Ҳамчунин, асари мазкур ду боберо, ки Насруллоҳи Муншӣ аз арабӣ ба форсӣ тарҷума накарда буд, ба забони шевову мизони воло ва килки гиро дар бар мегирад.

Дигар аз уламои ин фарҳанг, ба ҷуз номбурда, А. Қариб, М. Минавӣ, Маликушшуаро Баҳор, С. Нафисӣ, Ҳ. Котибӣ, З. Сафо, А. Мирзоев, Р. Шафақ, Р. Ҳодизода, Х. Беҳрўз, А. Афсаҳзод, А. Алимардонов, У. Каримов, Қ. Чиллаев, С. Маҳдиев, М. Муҳаммадӣ ва дигарон бо он сару кор намуда, асосан, ба ҷуз ахбороти информасионии таҳаввулӣ, ба таҳлили сабку услуб ва хусусиятҳои жанрии баъзе тарҷумаҳои форсӣ, бештар тарҷумаҳои Рўдакӣ, Абулмаъолӣ, Ҳусайн Воъизи Кошифӣ ва Абулфазл ибни Муборак пардохта, мақолаҳои ҷудогона ва ё маълумотномае дар рисолаҳои таҳаққуқии хеш пешкаш кардаанд.

Як навъ ҷамъбасти пажўҳиш перомуни муносибати асарҳои Абулмаъолӣ Насруллоҳ ва Ҳусайн Воъизи Кошифӣ дар рисолаи номзадии М. Солеҳов, ки ташреҳи хасоиси жанриву бадеъии ин ду тарҷумаро дар бар мегирифт, таҳти унвони “Пажўҳиши қиёсии “Калила ва Димна”-и Абулмаъолӣ Насруллоҳ ва “Анвори Суҳайлӣ”-и  Ҳусайн Воъизи Кошифӣ” оварда шуда буд, ки мутаассифона, то ба ин вақт рўйи нашр наомада.

Пас чунин ба назар мерасад, ки таҳқиқи дақиқи асолати “Калила ва Димна”, дараҷаи таъсиру бархўрдории он бо адабу фарҳанг ва урфу одоти Машриқзамин, таъйни амиқи услубу мақосиди пешгирифтаи мусаннифу мутарҷимон, мизони қаробату бўъди матнҳои Ибни Муқаффаъу Насруллоҳи Муншӣ, боздошту тазйиди саноеъи охирӣ дар баргардон, теъдоди ба имрўз маълуми тарҷумаҳо, сифоти маводи онон дар як рисола дида баромада шавад.

Аз ин хотир, бо истифода аз тавсиъаи имконоти истифодаи адабиёти гуногунпаҳлў ва хоса дар ин боб дастаҷамъии маводи мухталифи илмии хилофи ҳаму мубҳам, моро во дошт, ки бори дигар бар таърихи тадвини вариантҳои арабиву форсӣ-тоҷикии “Калила ва Димна” ворид шуда, фикри худро роҷеъ ба онҳо дар асоси асноди наву қиёс арз намоем. Дар ридифи ин навиҳо метавон тарҷумаҳои солҳои охири “Маҳабҳарата”-ву “Панчатантра”, бозёфти варианти суғдии “Се моҳӣ”, тарҷумаву тазйинҳо ва содданависиҳову интишори вариантҳои “Калила ва Димна” ва ғайраро ёд кард, ки то ин замон ба якҷоягӣ фаро гирифта нашуда, таҳқиқ нагардидаанд.

pdfБорбардор кардан (скачать) >>>> Барои комгорӣ аз ин мақсади пешгузошта воҷиб донистем корро дар пояйи таҳқиқи шароиту авомили таърихӣ ва заминаҳои пайдо шудани асар дар адаби Аҷаму Араб, асолати он, сабабу дараҷаи пазироӣ ва гиромидошташ, мўҳтавиёти китоб, ғаразҳои воқеъиву тахайюлии мутадаввинон, мубоҳисоти олимон перомуни ину интиқоли он (асар), шеваи нигоришу андозаи таъсири ақшор дар тадвину тарҷумаи асар, мақому мартабаи “Калилаву Димна”-и Баҳромшоҳӣ”, ҳадду ҳудуди қаробати ин тарҷума, услуби мавриди истифода ва дараҷаи пайгирӣ аз анъанаи қабулшуда, завқу маҳорати гардонанда, мақому манзалати ин тарҷума, гардиши ҷаҳонии “Калилаву Димна”, теъдоди тарҷума аз нусхаи форсиву арабӣ бо тазйидкориҳои минбаъда анҷом бидиҳем. Ҳамчунин, дар аснои кор таъкиди мақому манзалат ва мероси адабии мусаннифон, бинобар парешонӣ, амри маъруф дониста шуд.

Бояд таъкид кард, ки дар ин кор бори аввал дар адабиётшиносии тоҷик муқоисаи сатрии “Калила ва Димна”-и Ибни Муқаффаъу Абулмаъолӣ Насруллоҳ сурат мегирад, ки то ҷое ба пайравӣ аз муҳаққини варзидаи форсу тоҷик С. Нафисӣ (122), А. Мирзоев (56; 57) ва ховаршиноси гурҷӣ Ғ. Алиев (31) дар муносибати абёти боқимондаи Устод Рўдакӣ бо “Калила ва Димна”- и арабист.

Барои пешбурди кор ба вақти муқоисаву такя асосан аз табъҳои шинохтаву писандидашудаи Форуқ Саъд (Бейрут, 1979) ва Муҷтабойи Минавӣ (Теҳрон, 1343) истифода карда шуд.

Ҳамчунин, ин ҷо таъкид кардан зарур аст, ки барои пешгирии яккатозии баъзе муҳаққиқини ғайри эронӣ ва як навъ беғаразии таҳқиқ ба вақти тасбити маншаъу манбити асар, бинобар зодаву парвардаи ин фарҳанг будан, аз далоили барон Силвестер де Сасӣ аз андоза бештар истифода карда шуд, ки иллати маълум бояд бошад.

Дар интиҳои кор ҷадвали “Сайри таърихии “Калила ва Димна” аз ибтидо то ин дам оварда мешавад, ки собиқа надорад.

Борбардор кардан (скачать) >>>> 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …