Главная / Гуногун / ҲИКОЯҲО АЗ «АНВОРИ СУҲАЙЛӢ» («КАЛИЛА ВА ДИМНА»)

ҲИКОЯҲО АЗ «АНВОРИ СУҲАЙЛӢ» («КАЛИЛА ВА ДИМНА»)

Ин ҳикоя тахминан дар асри IV ё соли 300 (яъне тақри бан 1700 сол пеш аз ин) аз тарафи муаллифи номаълуме дар Ҳиндустон таълиф гардидааст.

Аммо матни аслии он то замони мо омада нарасидааст. Он китобе, ки аз рўи он таҳрирҳою тарҷумаҳои баъдина ба вуҷуд омадаанд, соли 1199 таҳрир ёфтааст. «Калила ва Димна» дар Ҳиндустон бо номи «Панчатанра» (яъне «Панҷ китоб») машҳур аст.

grandfather-stories

Ҳукмрони сулолаи Сосониён Хусрави Анўшервон (531-579) шунидааст, ки дар кўҳҳои Ҳинд гиёҳе мерўидааст ва агар онро ба мурда диҳанд, зинда мешудааст. Анўшервон Барзуя ном ҳакими худро ба Ҳиндустон мефиристад, ки он гиёҳро дастрас намояд. Барзуя дар кўҳсори Ҳиндустон ин гиёҳро бисёр ҷустуҷў мекунад, вале онро пайдо карда наметавонад Аз донишманди кўҳансоли Ҳинд сирри ин гиёҳи «ҷонбахш»-ро мефаҳмад: гиёҳи ҷонбахш китоби «Калила ва Димна» будааст, ки суханони пандомўзи он одамони нодони ба мурда баробарро донову бино мекардааст. Барзуя он китобро пайдо карда, аз он нусха мебардорад ва ба Эрон назди Анўшервон меорад. Тахмин мекунанд, ки Барзўя «Калила ва Димна»-ро ба забони паҳлавӣ тарҷума кардааст.

Дар натиҷаи ҳамлаи арабҳо бисёр осори тамаддун ва адабиёти халқҳои Эрону Осиёи Миёна аз байн рафт. «Калила ва Димна» дар қатори китобҳои нобуднашуда, хушбахто на, боқӣ монд ва дар асри VIII аз забони паҳлавӣ ба арабӣ бо қалами шоир ва мутарҷими машҳур Абдулло ибни Муқаффаъ тарҷума шуд.

«Калила ва Димна» баъдтар тадриҷан ба забонҳои юнонӣ, славянӣ, яҳудӣ, лотинӣ, ҳамагӣ ба шаст забон тарҷума шуда, дусад маротиба таҳрир ёфт.

Дар асри XII Абулмаолии Насруллоҳ «Калила ва Дим-на»-ро аз забони арабӣ аз нав ба забони форсӣ тарҷума намуд. То асри XV тарҷумаи форсии Абулмаолии Насруллоҳшўҳрати калоне дошт. Бо мурури замон, баробари тағйироти сиёсию иқтисодӣ, ақидаву афкори иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, завқу писанди бадеӣ низ тағйир ёфт. Акнун зарурати аз нав таҳрир намудани «Калила ва Димна» ба вуҷуд омад.

Нависандаи барҷаста, олими намоён ва воъизи беҳамтои асри XV Мавлоно Ҳусайн Воъизи Кошифӣ ба тарҷумаи Абулмаолии Насруллоҳ либоси нав пўшонида, «Калила ва Димна»-ро аз нав таҳрир намуд. Ў ба шарафи Шайх Аҳма-ди Суҳайлӣ, ки аз хосони Султон Ҳусайни Бойқаро (1468-1506) буд, ба ин китоб «Анвори Суҳайлӣ» ном гузошт.

Ҳикояти «Калила ва Димна» таърихи дуҳазорсола дорад ва дар муддати бист аср, бешубҳа, аз ҷиҳати мазмун, сабк ва услуб борҳо тағйир ёфтааст.

Ҳусайн Воъизи Кошифӣ ба китоби «Калила ва Димна» ҳикояти подшоҳи Чин ва ба воситаи он ҳикояти Рой Доб шилим ва Бараҳман Бидпойро дохил намуд.

Дар мамлакати Чин подшоҳи адолатпарваре буд, ки ўро Ҳумоюнфол мегуфтанд. Ў Ҳуҷистарой ном вазири донишманд ва соҳибтадбире дошт. Рўзе шоҳу вазир бо лашкари зиёд ба шикор баромаданд. Рўзи дароз онҳо дар дашту кўҳсор ҷонварону ҳайвонотро сайд намуданд. Баъди шикор шоҳ лашкари худро ҷавоб дода, ҳамроҳи вазир ва чанд тан аз сипоҳиён ба тарафи шаҳр равона шуд.

Ҳумоюнфол ба Ҳуҷистарой таклиф намуд, ки дар ягон ҷои сояву салқин каме истироҳат намуда, пас ба роҳ даро янд. Ҳуҷистарой ўро ба доманаи кўҳе, ки марғзори сабзу хуррам ва чашмасорҳои бешумор дошт, овард. Онҳо дар лаби ин чашмаҳо ва сояи дарахтҳо нишаста истироҳат мекарданд.

 Дар марғзор дарахти кўҳнаи себ буд, ки аз нашъунамо монда, танаи он аз захми кирмон холӣ шуда буд. Дар ковокии ин дарахт занбўрҳои асал хона сохта буданд ва бо навбату тартиб даробаро мекарданд. Ҳумоюнфол, ки ин ҳолро пеш аз ин надида буд, чӣ будани ин занбўрҳо ва сабаби таку дави онҳоро аз вазири худ пурсид. Ҳуҷистарой ҷавоб дод:

– Ин занбўрҳо гурўҳеанд, ки манфиати бисёру зарари андаке доранд. Онҳо подшоҳе доранд, ки ба ҷусса аз онҳо бузургтар аст ва ҳамаи онҳо ба ў сари итоат хам кардаанд:

барои идора намудани онҳо вазир, ҳоҷиб, дарбон, посбон ва нақиби лашкар таъин намудааст. Ҳар як аз ин занбўрҳо барои худ аз мум хонаи шашкунҷае сохтааст ва ба ҳукми султонашон аз хонаҳояшон берун меоянд. Амирашон мефармояд, ки онҳо тани худро ба ҳар чизи нопок олуда насозанд. Аз ин сабаб, онҳо фақат болои гулу шукуфаҳои тоза нишаста, гардҳои онро мехўранд.

Аз гарди ин гулу шукуфаҳо дар дохили онҳо шарбате ҳосил мешавад. Вақте ки ба хонаҳои худ меоянд, дарбонон онҳоро тафтиш мекунанд, агар мабодо аз онҳо бўи баде ояд, ҳамон замон онҳоро ду пора карда мекушанд. Агар дарбонон тағофул кунанд ва дар ҳамин ҳол онҳоро ба хона роҳ диҳанд, подшоҳ аз ин бўи бад хабардор шуда, ҳам он занбўр ва ҳам он дарбонро мекушад. Агар фарзанди занбўре аз занбўрхонаи дигар ба хонаи онҳо даромаданӣ шавад, онро манъ мекунанд, агар гўш накунад, ўро низ ба қатл мерасонанд.

Ривоят мекунанд, ки Ҷамшед тарзи давлатдориро бо усули ҳамин занбўрҳо сохта будааст. Ҳумоюнфол аз ин суханони Ҳуҷистарой дар ҳайрат монда гуфт:

 «Аҷаб дар он аст, ки бо вуҷуди сирати ҳайвонӣ доштанашон якдигарро озор намедиҳанд ва ҳарчанд неш дошта бошанд ҳам, ҳосили он фақат шарбати нўш аст. Мо дар байни одамон хилофи ин одатро мебинем, ки ҷамъе аз онҳо ба гурўҳи дигаре зарар мерасонанд ва мехоҳанд, ки бунёде ҳамчун худро барандозанд».

Пас шоҳу вазир аз ахлоқи инсонӣ ва муносибати одамон бо ҳамдигар хеле сўҳбатҳо карданд. Дар зимни ин сўҳбат

Ҳуҷистарой гуфт:

– Ҳар подшоҳи одил, ки мадори кори худро бар ҳикмат ниҳад, панду насиҳати ҳакимон ва донишмандонро дастуру амали кори худ кунад, ҳам мамлакаташ ободон ва ҳам раияташ хушдилу шодон хоҳанд шуд. Чунончи Рой Аъзами Добшилими ҳиндӣ, ки асоси салтанати худро аз рўи қоидаҳои ҳакими донишманд Бараҳман Бидпой сохта буд, рўзгори худро ба комронӣ гузаронида.

Ҳумоюнфол мегўяд, ки ў ҳам аз қиссаи ин Ройи Аъзам бисёрҳо шунидааст, аммо тафсили он то ҳол ба ў маълум нест. Сипас аз Ҳуҷистарой хоҳиш намуд, ки ин қиссаро батафсил ба ў ҳикоят кунад.

Ҳуҷистарой гуфт:

– Дар яке аз кишварҳои Ҳинд подшоҳе буд, ки ўро Рой Добшилим мегуфтанд. Добшилим ба забони ҳиндӣ подшоҳи бузург гуфтан аст. Добшилим шоҳи ниҳоят раиятпарвар ва саховатманд буд. Дар сўҳбати ў пайваста ҳакимони дониш-

манд ва олимони фозил ҳозир буданд.

– Рўзе Добшилим маҷлисе ишрат ороста буд. Дар ин маҷлис аз хислатҳои писандида ва сифатҳои сутудаи одамон ва шоҳон сухан мерафт. Дар айни сўҳбат сухан аз саховатмандӣ ва эҳсону иньом ба миён омад. Ҳама гуфтанд, ки барои инсон ва махсусан, шоҳон хислати беҳтарин ва писандатарин саховатмандӣ аст.

Добшилим чун ин суханҳо шунид, фармуд, ки дари хазинаро кушоянд ва зару сим ба хосу ом бидиҳанд. Аз ин саховат ва инъомҳои бисёру бешумори шоҳ хурду калон хурсанду хушдил шуданд.

Ҳамин шаб Добшилим дар хоб дид, ки пирамарди нуроние пеши ў омада гуфт:

– Имрўз ту ганҷи гаронмояро ҳадяи хосу ом ва хурду калон кардӣ. Субҳидам бархез ва ба сўӣ Машриқ бирав, ки дар он ҷо ганҷе ниҳон аст ва он насибаи туст.

Пагоҳии барвақт Добшилим аз ҷой бархеста, савор ба Шарқ равон шуд. Ў ба домани кўҳи баландқуллае расид, ки дар зери он ғори бетаге буд. Бар дари он ғор пирамарди равшандиле нишаста буд. Добшилим чун назди он пир расид, салом кард, пирамард аз дилҷўии шоҳ хурсанд шуда ўро таҳният хонд ва гуфт:

 – Шоҳо, ман ба расми тўҳфа ганҷномаеро, ки аз падарам мерос мондааст, ба ту тақдим медорам. Дар он ганҷнома навишта шудааст, ки дар гўшаи ин ғор ганҷи фаровоне ҳаст.

Ман, ки аз давлати дунё даст кашидаам, мехоҳам, ки ин ганҷро ту бибарӣ ва сарфи давлати худ бисозӣ.

Добшилим ба хидмадгорон фармуд, ки атрофи он ғорро бикованд.Дар андак муддате хидматгорон сандуқҳои бисёре пайдо карда, пеши шоҳ оварданд. Добшилим фармуд,

сари сандуқҳо кушоданд, дар онҳо симу зари фаровон ва тўҳфаҳои бешумор диданд. Аммо дар байни ин сандуқҳо сандуқе диданд, ки бо бандҳои маҳкам баста ва қулфи румие ба он зада буданд. Ҳарчанд ҷустуҷў карданд, калиди ин қулф пайдо нашуд. Бо фармоиши Добшилим оҳангарони чобукдаст мувофиқи он қулф калиде сохта сандуқро кушоданд ва аз он дурҷе берун оварданд. Даруни он дурҷ ҳуққае буд. Ҳуққаро пеши шоҳ оварда кушоданд, ки аз он пораи ҳарире берун омад, дар рўи ҳарир ба хати суриёнӣ чизе навишта буд.

Пас олимеро, ки аз хату забони суриёнӣ воқиф буд, ҳозир карданд ва он олим мазмуни ин хатро чунин шарҳ дод:

– Ин ганҷнома мактубест, ки анвои манфиату фоидаҳо дар он дарҷ ёфтааст. Мазмуни мухтасари он ин аст: Ман, ки Ҳушанг подшоҳам, ин нома ва хазинаро барои Ройи Аъзам Добшилим ниҳодаам. Медонам, ки вақте ки ҳамаи ин ганҷҳо насиби ў мешавад, ин васиятномаро низ байни ин ганҷҳо ниҳодам, то ки ў ба зару сим фирефта нашуда, аз рўи ҳамин  васиятнома корҳои худро анҷом диҳад. Васияти аввал он аст, ки агар подшоҳ ҳар касро аз ҷумлаи мулозимонаш ба худ наздик созад, ҳаргиз бадгўии дигаронро дар ҳаққи ў қабул насозад. Зеро ҳар кӣ ба подшоҳ наздик шуд, албатта, ҷамъе аз ҳамкорон ба ў ҳасад мебаранд ва дар ҳаққи ў ҳар гуна бадгўӣ мекунанд, то ўро аз пой дароваранд.

Васияти дувум: ба маҷлиси худ касони хабаркаш ва ғараздорро роҳ надиҳад ва агар ин сифатро аз касе мушоҳида кунад, ҳар чӣ зудтар дар пайи пешгирии зарари ў шавад.

Васияти савум: бо арбоби давлати худ ҳамеша тариқи му вофиқат ва накўхоҳиро риоя намоянд, зеро ба иттифоқи дўстони якдилу якҷиҳат кор ҳамеша пешрав аст. Васияти чорум: ба лутфу меҳрубонии душман ҳаргиз бовар накунад, ки аз душман ҳаргиз дустӣ наояд.

Васияти панҷум: чун гавҳари мурод ба даст даромад, дар муҳофизати он ғафлат накунад, ки агар мабодо мақсуд аз даст равад, ба даст овардани он басо душвор аст ва дар рафтани он пушаймонӣ суд надорад. Васияти шашум: дар корҳо шитобзадагӣ ва сабуккорӣ накунад, балки тааммулу таанниро пеш гирад, ки зарари таъҷил бисёру манфиати сабру сукун бешумор аст. Васияти ҳафтум: ҳеҷ гоҳ тадбиру чораандеширо фурў нагузорад. Чун бинад, ки ҷамъе аз душ-

манон ба қасди вай иттифоқ кардаанд, салоҳ дар он бинад, ки бо яке аз онҳо дўстиву меҳрубонӣ карда, ба ин васила роҳи халосӣ кунад. Васияти ҳаштум: аз касони ҳасуд ва бадкина ҳазар кунад ва ба нармзабонии онҳо мағрур нашавад, чун ниҳоли кина дар замини сина нишонда шуд, самари он танҳо зарару озор хоҳад буд.

Васияти нўҳум: анвор ва бахшидани гуноҳро шиори худ созад ва мулозимони худро ба андак ҷарима ба азобу шиканҷа гирифтор насозад. Васияти даҳум: гирди озори ҳеҷ кас нагардад, то ки ба тариқи мукофот ба худи ў зарар нарасад. Васияти ёздаҳум: ба коре, ки мувофиқи тавру лоиқи ҳоли ў набошад, майл накунад. Васияти дувоздаҳум: дар корҳо ҳамеша ҳалиму вазнин ва босубот бошад.

Васияти сез даҳум: мулозимони азим ва боварибахш ба даст оварда, аз мардуми хоин ва ғаддор дурӣ гузинад. Ҳар як аз ин васиятҳо, ки ёд кардем, достоне ва ҳикояте дорад. Агар Рой хоҳад, ки ба тафсили ин достону ҳикоёт хабар ёбад, бояд ба Сарандеб равад, ки сирри ин гуфтор дар ҳамон ҷо кушода хоҳад шуд.

Добшилим чун ин суханҳо шунид, бо чанде аз арбоби давлат азимати сафари Сарандеб намуда, ба роҳ баромад. Ў ба шаҳри Сарандеб расида, ду-се рўз аз ранҷи роҳ баросуда, баъд бо ду-се тан маҳрамони худ ба сўи кўҳи Сарандеб равон гашт. Вақте ки ба болои кўҳ расид, назараш ба ғоре афтод, ки он маскани ҳакими донишманд Бидпой будааст.

Маънии Бидпой ба забони ҳиндӣ табиби меҳрубон гуфтан аст. Добшилим ба зиёрати ў рафт. Бараҳман Бидпой ўро бо меҳрубонӣ қабул намуд, сабаби ранҷи қадам пурсид. Добшилим қиссаи худ ба Бараҳман бозгуфт ва аз васиятномаи Ҳушанг сухан ба миён овард. Добшилим як-як аз ин васият ҳоро ба ҳакими донишманд Бидпой Бараҳман арз мекард ва Бараҳман дар он боб ба Добшилим ҳикоятҳо мегуфт. Китоби «Калила ва Димна» баёни ҳамин суолу ҷавоби Рой ва Бараҳман аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …