Калтакалосҳои хақиқӣ хаҷман хурд, миёна ва нисбатан калон буда, пойҳои панҷадори нағз инкишофёфта доранд. To ҳол 150 намуди онҳо маълум аст. Намудҳои он дар дашту биёбонҳо, нишебии кӯҳу теппаҳои офтобрӯя зиндагӣ мекунанд.
Дар минтақаҳои шимолии ҷангалзорҳои Россия намуди калтакалоси оддии зиндазой вомехӯрад. Намудҳои калтакалосҳои ҳақиқӣ ранги сабз доранд, ки бештар дар Украина, Кавказ ва баъзе Намудҳои дигараш дар Осиё ва Африка зиндагӣ мекунанд.
Калтакалосҳои пулакчаҳамвор ба ҳаёти рӯизаминӣ мувофиқ шудаанд. Пойҳояшон нағз инкишоф наёфта, қариб бархҳам хӯрдаанд. Онҳо дар кӯҳҳои санглох зиндагӣ мекунанд.
Пулакчаи онҳо мисли пулакчахои моҳиҳои устухонӣ мебошад. Пулакчаҳо дар иқлими гарм ва мӯътадил бештар вомехӯранд. Масалан, дар Арманистон мабуяи тиллоранг ва дар Осиёи Миёна чашмлучи биёбонӣ ҳаст. Калтакалоси аз ҳама хурдтарини ҷаҳон лепазома ном дорад, ки дар Америкаи Марказй зиндагӣ карда, 5 см дарозй ва 4-5 гр вазн дорад.