Главная / Илм / КАКАВ

КАКАВ

kakaoКАКАВ (Theobroma cacаo), какао, растаниест ҳамешасабз. Баландиаш то 12 м, баргаш борик, байзашакл; гулаш сафеди гулобӣ, К. дар Америкаи Ҷанубӣ ва Марказӣ худрӯ аст. Онро дар бештари мамлакатҳои тропикӣ парвариш мекунанд. Тухми К. аз сабаби дар он мавҷуд будани моддаҳои даббоғӣ ва алкалоиди теобромин маззаи талх дорад. Барои беҳтар шудани таъм онро ферментатсия мекунанд. Дар натиҷа тухми К. бӯй ва таъми хуш пайдо менамояд. Баъд аз хушконидан, тоза ва ба хелҳо ҷудо кардан, онро майда карда, барои кашидани равған ва шоколад истифода мебаранд. К. ашёи хӯрокии қимматбаҳо ба шумор меравад. Мағзи он 4,4% об, 51 – 54% равған, 7 – 10% крахмал, 1 – 2% глюкоза ва фруктоза, 10 – 12% сафеда, 1 – 1,5% теобромин ва кофеин, 4 – 7% моддаҳои даббоғӣ, 1 – 2% кислота ва 2 – 3% моддаҳои минералӣ дорад.
Аз К. нӯшокиҳои гарм ва хунук таҳия мекунанд, онро ба шириниҳо, кремҳои қаннодӣ, шарбатҳо ва ғ. илова кардан мумкин. Бо мақсади тайёр кардани К.-и гарм ба дегчаи сирдори майда 2 қошуқчаи он ва шакар (мувофиқи табъ)-ро андохта, меомезанд, сипас каме шир илова карда, то нест шудани ғурӯшаҳо лат мезананд. Ҳамзамон бо ин кам-кам шири гарм (тақр. як истакон) меандозанд. К.-ро баъди ҷӯшиданаш аз рӯи оташ мегиранд.
Бино ба баъзе маълумот эпикатехини таркиби К. пайдоиши бемориҳои сактаи майна, сактаи дил, саратон ва диабетро пешгирӣ мекунад. Олимон дар таркиби К. моддаҳоеро пайдо кардаанд, ки баҳри рушди ҳуҷайраҳои пӯст ва шифо ёфтани захм заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ғилофакҳои К. ба миқдори зиёд антиоксидантҳо доранд, ки садди хуруҷи амрози дил мешаванд. К. савияи холестеринро дар хун паст мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …