Главная / Илм / ҚАЮМОВ Абдулҳамид

ҚАЮМОВ Абдулҳамид

nophoto-manҚАЮМОВ Абдулҳамид (тав. 02. 06. 1954, ноҳ. Рашт), духтури терапевт, доктори илми тиб (1998), проф. (2002). Хатмкардаи факулати муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1978). Лаборанти калон (1978 – 80), ходими хурди илмӣ (1980 – 90), ходими пешбари илмии лабораторияи тадқиқоти тиббию биологии баландкӯҳ (1990 – 93) ва мудири Лабораторияи генетикаи экологӣ ва заҳршиносии экологии Шӯъбаи ҳифзи табиати АИ ҶТ (1991 – 93). Директори кулли Боғи миллии Тоҷикистон (1993 – 98). Аз с. 1998 ассистенти кафедраи беҳдошти умумӣ ва экология, мудири кафедраи беҳдошти умумии № 2, проф. кафедраи беҳдошт ва экологияи ДДТТ. Дар мавзӯи «Тағйироти мӯрагию паренхимавии тухмдонҳо дар рафти мутобиқат ба шароити баландкӯҳи Помир ва Антарктида» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Таъсири ифлосии иқлим ба саломатӣ ва давомоти умри аҳолӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. С-ҳои 1978 – 92 дар экспедитсияи илмӣ дар Помир, Тиёншон ва ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии ҷумҳурӣ ширкат варзидааст. С-ҳои 1983 – 84 дар ҳайати Экспедитсияи Байналмилалии Антарктида иштирок намуда, равандҳои мутобиқати одам ва ҳайвоноти таҷрибавиро ба шароити қаҳратуни иқлими он ҷо омӯхтааст. Бо мақсади гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи тиб дар Экспедитсияи 54-уми Антарктида иштирок дошт (2009). Қ. аввалин тоҷикест, ки парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Антарктида афроштааст. Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 6 монография ва 10 навоварӣ.
Ос.: Изменение климата и его влияние на состояние здоровья человека, Д., 2002; В поисках климата от Душанбе до Антарктиды, Д., 2002.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …